Матни китоб аз рӯйи нашри зерин: «Зоҳидов Ҳ. Канзи шифо. Муҳаррир Аҳмад Қаҳҳор. – Д.: Ирфон, 1991. – 720 с.» дар коргоҳи сомона рақамӣ (электронӣ) карда шуд. Ҳангоми баргардон ҳолату тартиби аслии бобу зербобҳо, сатру саҳифаҳо ва хусусияти имлоии ин нашри нодир нигоҳ дошта шуд.
Аз виростор:
Чунонки дар мақолаи қаблӣ қайд кардем, шодравон Ҳомидҷон Зоҳидов (29.06.1921-1993) дар деҳаи Чодаки ноҳияи Попи вилояти Намангони водии Фарғона зойида шудааст. Факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории Самарқандро хатм кардааст. Донандаи хуби забонҳои арабию форсӣ ва дастхатҳои қадима буд.
Агарчанде ки маълумоти пизишкӣ надошт, ба истилоҳоти тибби бостонии тоҷик шинос буд. Чунки падару бобояш дар баробари пешаи асосиашон – кишоварзӣ, ҳамчунин табибӣ мекарданд ва осори тибби бостонии тоҷикро хуб медонистанд ва онро ба Ҳомидҷони наврас омӯхта буданд.
Авҷи фаъолияти Ҳ. Зоҳидов, ки ӯро ба оммаи мардуми тоҷик ҳамчун донишманди беҳамтои риштаи тиб шиносонд, ба охири солҳои 80-ум ва оғози солҳои 90-уми садаи гузашта рост меояд. Дар ин давра китобҳои машҳури ӯ «Хазинаи тибби қадим» (1990), «Канзи шифо» (1991, бознашр 2013, тарҷимаи ӯзбекиаш 2004) ба чоп расиданд. Дар рӯзномаҳо якчанд мақолаҳояш, инчунин саволу ҷавобҳояш (масалан, «Тоҷикистони Советӣ» 27.01.1990, 16.06.1990) бо хонандагон дарҷ гардид. Маҳз дар ҳамон солҳо бисёре аз донишмандони имрӯзаи тибби тоҷик аз сабақҳои Ҳомидҷон Зоҳидов, ки ба таври ғайрирасмӣ ба вижа барои олимони ҷавон ва дигар шахсони боистеъдод анҷом мегирифтанд, баҳра бардоштаанд. Ӯ дар ҳақиқат беҳтарин омӯзгор ва тарғибгари беғарази асосҳои тибби бостонии Ховар, ба вижа тибби анъанавии тоҷик, аз он миён шинохти гиёҳҳои доруӣ ва тарзҳои омодагардонии давоҳои гиёҳӣ буд. Ҳомидҷон Зоҳидов баҳри ҷустуҷӯ ва гирдоварии гиёҳҳову дигар маводи доруӣ қариб тамоми сарзаминҳои тоҷикнишинро пиёдаву савора тай кардааст.
Ба ҷуз аз мақолаҳои бешумор илмӣ доир ба тибби суннатии тоҷик, натиҷаи заҳмати пайвастаи беш аз чилсолаи ӯ китоби «Хазинаи тибби қадим» (1990) гардид. Дар ин асар бештар аз 3600 истилоҳи тибби бостонии форсу тоҷик шарҳ ёфтаанд, ки ҳамаи соҳаҳои илми тиб (анатомия ва физиология, патология, терапия ва хирургия, дерматология ва фармакология)-ро фаро мегиранд. Дар он нишонаҳои асосии бемориҳои алоҳида батафсил баён карда мешаванд ва барои табобати онҳо даҳҳо нусха (ресепт) -ҳои содда ва мураккаб оварда мешаванд. Он тарзҳои маъмули табобати бемориҳо баён гардидаанд, ки садсолаҳо дар тибби суннатии тоҷик истифода мешуданд. Муаллиф дар ин китоб баъзан аз чаҳорчӯбаи фарҳанги муқаррарии тибби бостон гузар мекунад ва мақолаҳои алоҳида онро шабеҳи донишномаҳои имрӯза гардонидаанд.
Дар бораи китоби «Канзи шифо» (1991) чизе намегӯем, матни пурраи онро пешкаш карда, қазоватро ба худи хонанда вомегузорем.
Ба ин марди фидокор, меҳандӯст ва мардумдӯст равони шоду раҳмати Парвардигор хоҳонем.
Бо сипоси бекарон виростор
Абдуҳамид Тағоев.
МУНДАРИҶА
МУҚАДДИМА
Фасли якум. Дар баёни баъзе ҳолатҳо доир ба ситора ва сайёраҳо ва табииёт
Фасли сеюм. Дар баёни мураккаб-ул-қуво, зулхосията ва таъсири ҳар яки онҳо
Фасли чорум. Дар баёни мизоҷ, қисмҳои он ва шинохтани дараҷаҳои он
Фасли панҷум. Дар баёни усули шинохтани мизоҷҳои давоҳо ва ғизоҳо бо воситаи таҷриба ва қиёс
Фасли шашум. Дар баёни эҳтиёҷ ба мураккаб сохтани давоҳо
Фасли ҳафтум. Дар баёни кайфияти давоҳои мураккаб ва муайян кардани миқдори хӯрдани онҳо
Фасли ҳаштум. Дар баёни донистани дараҷаҳои давоҳои мураккаб ва муайян кардани онҳо
Фасли нӯҳум. Дар баёни тариқи муайян кардани миқдори хӯрдани давоҳои мураккаб
Фасли даҳум. Дар баёни умрҳои давоҳои муфрад (содда)
Фасли ёздаҳум. Дар баёни расидан (болиғ шудан) ва муддати умрҳои давоҳои мураккаб
Фасли дувоздаҳум. Дар баёни сабаби ихтилофнок будани қавли табибон дар моҳият ва хусусияти давоҳо
Фасли сенздаҳум. Дар баёни тариқи гирифтан ва нигоҳ доштани давоҳо
Фасли чордаҳум. Дар баёни одоби таом хӯрдан, об нӯшидан ва таомҳое, ки бо ҳам якҷо хӯрдан раво нест
Фасли шонздаҳум. Дар баёни танқияи бадан
Беҳтарин. Саломат бошед
Шумо низ!
Китоби Хазинаи тибби қадимро ёфта мешавад устод
Мешавад, дар ин ҷост:
Зоҳидов Ҳ. Хазинаи тибби қадим
Зинда бошед Абдухамид Тагоев, хизмати шумо барои мардум бехамтост. Ин барои мардуми точик. ки асрхои аср шарафи табибони мо дар тамоми дунье пахн гардидаву нибати беахмиятии мо кадр надорад, воло намудед. Ташаккури зиёд. Хеле аз хидмати шумо мамнун гаштам.
Зинда бошед!
РАХМАТИ КАЛОН БАРОИ КОРИ ХАЙРАТОН БОВАР КУНЕД МАН 10 СОЛПЕШ ИН КИТОБРО ХОНДА БУДАМ ВАЛЕ ИМРУЗ ДАР СОМОНА ИНРО ДИДАМ ХЕЛЕ ХУРСАНД ШУДАМ Канзи шифо НА ИНКИ КИТОБ ТАБИБИ МАРДУ МОСТ.
Зинда бошед!
Як чахон ташаккур барои ин кори хайратон. Рахмати Худовад бар Шумо!
Саломат бошед!