123. Биҳӣ
Ин меваи маълум аст, ки се синф мебошад: а)
биҳии ширин, ки онро биҳии озод меноманд; б) биҳии
майхуш, яъне туршу ширин, ки ин ҳам бисёр аст; в)
биҳии маҳз турш.
Мизоҷи биҳии ширин дар гармиву сардӣ қариб дар
эътидол аст ва дар дараҷаи якум тар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, дил,
майна ва меъдаро қувват мебахшад; рӯҳи ҳайвониро,
ки манбаи он дил аст ва рӯҳи нафсониро, ки манба-
аш мағзи сар аст, сурур мебахшад; пешобро меронад.
Оби биҳии ширинро гарм карда бимоланд, варами
дасту поҳо ва сустии ҷигари гарммизоҷонро ба ибро
меоварад, вале хунукмизоҷонро зарар дорад.
Биҳии ширинро напухта бихӯранд, аз ҷоҳои дигари
бадан рехта шудани моддаҳои зарарнокро манъ меку-
над, вале дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо менамояд.
Мизоҷи биҳии турш дар дараҷаи якум сард ва дар
дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд,
хислатҳояш дар бобати қувват бахшидан барои меъ-
даи гарммизоҷон аз биҳии ширин қавитар аст. Ва
агар инро аз болои таом бихӯранд, оҳиста исҳол ме-
оварад ва агар дар вақти холӣ будани меъда бихӯ-
ранд, дар одамони гарммизоҷ дарунро мебандад.
Усораи биҳии туршро, яъне оби онро дар офтоб
ғафс гардонида бинӯшанд, барои иллати ростнафас,
ки бемораш дароз кашида ва хобида нафас гирифта
наметавонад, дамкӯтаҳӣ, хун қай кардан, иллати қай-
кунӣ, дафъи хумор, таскин додани ташнагӣ, бисёр
пешоб шудан ва дигар хунравиҳо даво мебошад.
Мизоҷи биҳии майхуш, яъне туршу ширин дар гар-
мӣ ва сардӣ мӯътадил ва дар дараҷаи дуввум хушк
аст.
305
Хислатҳои шифобахши он: таъсир ва хусусиятҳои ин
қариб ба ҳар ду навъҳои зикрёфта аст. Вале аз он ҳар
ду гаронтар мебошад. Ба қавли ҳаким Қурайшӣ агар
инро аз ҳад бисёр бихӯранд, оруғ меоварад дарҳол.
Ҳар як навъи биҳиро бихӯранд, фараҳ меоварад,
рӯҳҳои ҳайвони ва нафсониро қувват медиҳад, беҳузур
(беҷо) шудани дилро қатъ мекунад ва аз узвҳои бо-
тини рафтани хунро манъ менамояд.
Хӯрдани биҳиҳо, хусусан ширини он фараҳ меова-
рад; васвос, дарди сар ва назлаҳоро дафъ мекунад,
ҷигар, меъда ва сари меъдаро қавӣ месозад ва сустии
ин аъзоро дафъ мекунад; иштиҳоро ба таом бармеан-
гезад, бачаро дар шиками ҳомила аз афтодан нигоҳ
медорад, бадбӯйии даҳонро нест менамояд, бухорҳои
зарарнокро аз он, ки дил ва майна бароянд, манъ ме-
кунад. Мастро ҳушёр, беҳузур шудани дил ва иллати
қайкуниро нест мекунад, ланҷии баданро ба ислоҳ
меоварад; дилтапак (дилбозӣ) ва зардпарвинро шифо
мебахшад, аз дигар ҷоҳои бадан ба меъда рехта шу-
дани моддаҳои зарарнок ва исҳолро мебандад; тафси-
дани меъда ва дарди сари меъдаро, ки аз рехта шу-
дани моддаҳои сӯхта бошад, ба ибро меоварад ва хо-
ҳиши гил ва чизҳои нописанд хӯрдани занони ҳомила
ва кӯдаконро дафъ мекунад.
Худи биҳиро бихӯранд, дар узвҳо гиреҳҳо пайдо
мекунад ва зарарнокиаш зиёда аз оби он аст. Биҳиро
бо асал мураббо карда бихӯранд. ҳамаи зарарҳояш
нест мегардад. Агар биҳиро мураббо нокарда, худаш-
ро бихӯранд, ба узвҳои заифи даруни шикам зарар
дорад, қасабаи шушро, яъне роҳи нафасро дағал ме-
гардонад; иллатҳои ларзак, сурфа ва қулинҷро, ки
варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст, пайдо мекунад. Дар
ин ҳолат асал ва арпабодиён бихӯранд, зарараш ис-
лоҳ меёбад.
Обашро дар сӯрохи закар ва фарҷи занҳо бичако-
нанд, сӯзиши пешоб ва захмҳои роҳи пешобро дафъ
меканад.
Биҳиро дар зери оташ бигузоранд, то он ки ран-
гаш тира гардад, баъд онро бихӯранд, исҳоли кӯҳна-
ро қатъ мекунад, хусусан тухми биҳиро дур карда ва
дар ҷойи холии он ҷавзи баввои реза кардашударо пур
сохта бипазанд, таъсираш зиёдтар мегардад.
Миқдори як бор нӯшидан аз оби он барои давоӣ
дар як рӯз то 100 грамм аст.
306
Оби биҳиро дар оташ қивом кунанд, ин рубби би-
ҳӣ ном дорад.
Мизоҷи рубби биҳии турш дар дараҷаи якум сард
ва хушк аст. Ва агар инро бихӯранд, моддаҳоеро, ки
аз дигар ҷоҳои бадан ба узве рехта мешаванд, манъ
мекунад; қай ва исҳоли сафровиро қатъ месозад ва
намегузорад, ки бухорҳои зарарнок аз ҷоҳои дигари
бадан ба сар бароянд; ташнагӣ, тафс, дарди меъда ва
рӯдаҳоро, ки аз моддаи мавҷуда бошад, таскин ме-
диҳад. Агар инро бо оби барги наъно биёшоманд,
беҳузур шудани дил ва қайи сафровиро манъ меку-
над. Вале ин ба шушҳои суст ва ба одамони мубта-
лои сурфа зарар дорад.
Рубби биҳии ширин аз ҷиҳати мизоҷ дар гармиву
сардӣ қариб мӯътадил аст, вале хушкӣ дар он ғолиб-
тар, яъне бештар мебошад назар ба рубби биҳии турш,
хусусияти қабзкунандагиаш ҳам камтар аст ва дар
дигар хислатҳо монанди он мебошад. Ин барои ода-
мони узвҳои даруни шикам ва даруни синаашон заиф
назар ба рубби биҳии ширин форамтар аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз рубби биҳиҳои ширин
ва турш то 70 грамм аст.
Гули тару тозаи биҳӣ аз ҷиҳати мизоҷ мӯътадил
дар гармиву сардӣ мебошад, андак қуввати қабзку-
нандагӣ дорад. Агар инро бихӯранд, дарди сар ва
туғёни ҳарорати баданро таскин медиҳад; дил, май-
на ва меъдаро қувват мебахшад.
Агар аз гули биҳӣ мураббо тайёр карда бихӯранд,
узвҳои даруни сина, дил, узвҳои даруни шикамро қа-
вӣ мегардонад; тапидани дилро, ки сабабаш гармӣ
бошад, шифо мебахшад ва баромадани бухорҳои за-
рарнокро ба майна манъ мекунад.
Мева ва барги онро кӯфта, бардавом гузошта бан-
данд, варамҳои гарми чашм ва дигар узвҳоро таҳлил
медиҳад ва намегузорад, ки моддаҳои зарарнок ба
узвҳо рехта шаванд, заҳри ҷонваронро аз бадан дафъ
мекунад. Низ барги онро кӯфта гузошта банданд,
захмҳоро хушк мекунад.
Пашмаки рӯйи самари биҳӣ ба ҳалқ ва овоз зарар
дорад. Агар инро бипошанд, хуни ҷароҳатро мебан-
дад.
Аз биҳӣ равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ.
Биҳиро муҳарро пухта, оби онро фишурда гирифта.
307
бо дучанди он равғани зайтун меҷӯшонанд, то обаш
бухор шуда раваду равғани холис бимонад. Вале эҳ-
тиёт намоянд, ки равған доғ нагардад.
Мизоҷи ин равған хунук ва тар аст.
Молидани ин барои сабӯсаки сар, мӯрчагазак ва
захмҳои даруни даҳан дору мешавад. Агар ба даруни
бинӣ бичаконанд, чарх задани сар, дар гӯш бичако-
нанд, ҷаранги даруни гӯш; агар дар сӯрохи закар ва
дар фарҷи занҳо бичаконанд, захмҳои роҳи пешобро,
ки сӯзок низ меноманд, шифо мебахшад. Агар бимо-
ланд, омадани арақро манъ мекунад. Агар бихӯранд,
мондагиро дафъ мекунад.
Ин равғанро биёшоманд, дарди сари гарм, хун қай
кардан, варами ҷигар, исҳоли кӯҳна, захми рӯдаҳо ва
рафтани дарун аз гармӣ бошад, дафъ мекунад. Ва
агар бо ин равған ҳуқна кунанд, низ барои бемори-
ҳои номбурда ҳамон асарро дорад.
Аз гули биҳӣ низ равған тартиб медиҳанд монан-
ди равғани гулисурх. Вале ин барои табобат аз рав-
ғани худи биҳӣ заифтар аст.
Луоби тухмашро бихӯранд, дағалии ҳалқ ва ҳал-
қумро ислоҳ мекунад, сурфаи гарм ва хушкро шифо
мебахшад; ҳарорати меъда, сӯзиши забон, табҳо ва
даҳан, инчунин хушкии онро таскин медиҳад. Агар
инро бимоланд, сӯхтагии оташ ва зарари гармии оф-
тобро дафъ мекунад. Агар инро бихоянд, кундии дан-
донро, яъне гирифтагии онро ислоҳ менамояд.
Мағзи тухми биҳӣ каме часпандагӣ дорад. Агар
инро гарммизоҷон бихӯранд, қуввати боҳ мебахшад;
барои узвҳои нафас, сурфа, гирифтагии овоз, сил ва
захми сатҳи даруни рӯдаҳо даво мешавад.
Миқдори як бор хӯрдан аз мағзи тухми биҳӣ дар
як рӯз то 9 грамм аст ва аз луоби тухми биҳӣ то 45
грамм аст. Вале агар инро бихӯранд, меъдаро заиф ва
суст мегардонад. Барои ислоҳаш одамони гарммизоҷ
бояд шакар бихӯранд ва агар ба касони сардмизоҷ
зиён кунад, арпабодиён бихӯранд, то ислоҳи зарар
намояд.
Тариқи луч кардани тухми биҳӣ чунин аст, ки луо- ,
би маскамонанди онро батамом ҷудо карда гирифта,
он тухми белуобгаштаро дар халтачаи дағал баста,
бо қуввати комил бимоланд, пӯсташ ҷудо мегардад.
Тариқи гирифтани луоби тухмаш ин тавр аст. Тух-
308
ми биҳиро ҷамъ намуда, дар латтае ё халтачае андох-
та, дар обе, ки миқдораш мувофиқи он тухм бошад,
як шаб тар кунанд, луоб ба даруни об мегузарад аз
халтача дамида.
124. Лаблабу
Ин ду навъ аст: а) лаблабуи сурх, ки ширин аст;
б) лаблабуи сафеди зардтоб, ки ширинии он камтар
назар ба навъи сурхи он. Беҳтаринаш навъи сафеди
он аст барои даво.
Мизоҷаш мураккаб-ул-қуво, яъне дар мизоҷҳо мӯъ-
тадил аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин поккунандаи узвҳо,
таҳлилдиҳандаи моддаҳои ғафси бадан, кушояндаи
гиреҳҳо, парокандакунандаи балғам, сард ва хомӯш-
гардонандаи ҳарорат аст. Агар худашро бихӯранд,
дарунро мебандад, ғизоияташ кам, боднок аст. Беҳта-
рин қисми он оби баргаш мебошад, бандҳои барги он
беҳтар аз қисми заминиаш мебошад. Агар инро би-
пазанд, таъми сӯзандагии он нест мешавад.
Лаблабуро пухта ҳамчун ғизо бихӯранд, барои
иллати ларзак дору мешавад, иштиёқи мубошаратро
ба ҳаракат меоварад, хусусан, ки пояаш сурх бошад,
дар ин бобат беҳтар аст. Агар инро бо сирко ва хар-
дал (горчица) бихӯранд, гиреҳи сипурзро мекушояд
ва варами ин узвро таҳлил медиҳад; барои дарди
гурда, хичак ва бемориҳои мақъад дору мешавад.
Оби баргашро бо талхшувоқ биёшоманд, балғамро
аз бадан хориҷ мекунад, инчунин дардҳои буғумҳо ва
ниқрис (подагра)-ро ба ибро меоварад.
Оби бехрешаи онро бо асал даромехта, дар бинӣ
бирезанд, майнаро аз моддаҳои зарарнок пок месо-
зад; бо заҳраи куланг ном паранда даромехта дар би-
нӣ резанд, барои каҷ шудани рӯй, дарди сар, дарди
нимсар, ларзак, дарди дандон ва сурхии чашм, ки аз
ҷамъ шудани ахлоти часпак бошад, даво мебошад,
инчунин муттасил оби барги онро дар бинӣ бирезанд,
низ ҳамин фоидаҳоро дорад.
Оби барги онро бо равғани бодоми ширин ё бо
асал даромехта, нимгарм бичаконанд, дарди гӯшро
шифо мебахшад.
309
Барг ва бехрешаи онро дар об ҷӯш дода, бо он об
бишӯянд ё он обро кам-кам ва бардавом бирезанд,
сабӯсаки сар, шапуш ва ришкро дафъ мекунад, дарди
буғумҳо ва ниқрисро шифо мебахшад.
Оби баргашро нимгарм бо натрун (танакори ар-
манӣ) хамир сохта гузошта банданд, доғи сафеди
пӯстро дафъ мекунад, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯй-
рехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, варами пушти поро
мегардонад, истисқо (водянка)-ро шифо мебахшад ва
дигар варамҳоро таҳлил медиҳад. Хусусан оби барги
лаблабуи сафед дар ин амал қавитар аст.
Бо оби лаблабу ё бо обе, ки дар он лаблабу ҷӯшо-
нида шуда бошад, ҳуқна кунанд, моддаҳои сахти да-
руни рӯдаҳоро хориҷ мекунад, харошида шудани сат-
ҳи даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад, мақъади берун
баромадаро ба ҷойи аслиаш мебарад.
Баргашро дар об ҷӯш дода, дар он об вақти ним-
гарм шудан батакрор дасту поҳоро андозанд, аз сар-
мо кафидани ин узвҳоро шифо мебахшад.
Баргашро пухта, баъди хунук шуданаш бимоланд,
сӯхтагии оташ ва аз оби ҷӯш сӯхта ва инчунин сурх-
бодро шифо мебахшад.
Оби барги онро бо мумравғани аз муми занбӯри
асал тайёр кардашуда даромехта бимоланд, дарди
варамҳо ва доғи кунҷидакро дафъ мекунад.
Барги хоми онро кӯфта гузошта банданд, доғи са-
феди пӯстро дафъ мекунад, ба ҷоҳои гирдак-гирдак
мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, захмҳои хабиса
(злокачественные язвы) ва ширинчаро шифо мебах-
шад, инчунин дарди буғумҳоро таскин медиҳад. Агар
ин баргро кӯфта, бо асал хамир карда гузошта бан-
данд, шукуфаи пӯст ва озахҳоро хушк мекунад; бо ҳи-
но даромехта гузошта банданд, мӯйро мерӯёнад ва
онро сара мегардонад; ва агар бо равғани бодоми
ширин даромехта гузошта банданд, варамҳоро мулоим
мекунад.
Ҳар як қисми лаблабуро бо хардал ва обкома (оши
турш) бихӯранд, қулинҷро таҳлил медиҳад ва бодҳои
ғализро пас менишонад.
Вале хӯрдани лаблабу ба меъда зарар дорад ва
агар бисёр бихӯранд, дилро беҳузур (беҷо) мекунад,
хунро месӯзонад, қулинҷ ва дарди рӯдаҳоро ба амал
меоварад. Ва агар лаблабуро бо наск пухта, бо обко-
310
ма, оби ғӯраи ангур ва ғайра бихӯранд, ҳамаи ин за-
рарҳояш ислоҳ меёбанд.
Агар оби лаблабуро дар сирко бирезанд, баъд аз
чор соат онро шароб мегардонад.
125. Сияҳак
Инро мумкин аст гуфтан, ки мушунги ғайрихӯрокӣ
мебошад. Ин гиёҳест, ки дар миёни гандумзор ва наск
мерӯяд, гулаш кабуд. Пояаш ба растании дигар такя
намуда месабзад. Ғилофи тухмаш монанди ғилофи
тухми мош аст, донааш ҳам қариб ба андозаи мош,
вале сиёҳ ва сахт мебошад. Дар тиб ҳамон донааш
ба кор меравад.
Хислатҳои шифобахши он: ин башиддат таҳлилди-
ҳанда ва гардонандаи варамҳои хеле сахти шадид,
инчунин мулоимкунандаи онҳост. Чун тухми онро тар
карда, бо сиркои обомехта хамир карда, ҳашт соат
дар офтоб бигузоранд ва баъд бо оби холис сиришта,
ба варамҳои бисёр сахт ва дарднок гузошта банданд,
онҳоро таҳлил медиҳад ва дардашро ҳам дафъ меку-
над.
Огоҳ кунем, ки сиёҳак ғизои бадфиол аст, агар би-
хӯранд, бод ва қулинҷи бодиро пайдо мекунад. Дар
ин ҳолат сиркоро бо ширинӣ даромехта биёшоманд,
зарараш ислоҳ меёбад. Бинобар бад будани истеъмо-
лаш ба дарун, мизоҷи инро нагуфтем.
126. Шубрум (Шибрим)
Ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон говкушак
меноманд ва ба гӯсфандон зарар надорад. Ин раста-
нӣ дар бӯстонҳо ва киштзорҳо низ мерӯяд. Пояаш
рост, пашмакдор, гиреҳнок, баландиаш то дувуним ва-
ҷаб, ба най монандӣ дорад, ширнок; баргаш мисли
баргҳои тархун ва санавбар аст; гулаш бунафш, тух-
маш ба наск мемонад, вале моил ба сафедию зардӣ.
Решааш ғафс, пуршир ва ҳамчун даво қавитар аз
тухми он аст, тухмаш қавитар аз баргаш. Беҳтарин
навъи он сурхранги сабуквазни нарми он аст. Бадта-
рин навъи он тираранг ва сахти он мебошад. Агар ҳан-
гоми шикастани қисми заминии он чизҳои риштамо-
311
нанд дошта бошад, он заҳри қаттол аст, набояд онро
истеъмол фармуд. Ин гиёҳро ба руси молочай мено-
манд.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар охири
дараҷаи дуввум хушк аст. Ба қавле баъзеҳо дар дара-
ҷаи саввум гарм ва хушк аст. Вале мизоҷи шири он
то дараҷаи чорум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин гиёҳ яке аз заҳрҳои
кушанда ба ҳисоб меравад; вале моддаҳои балғам,
савдо ва зардобро башиддат аз бадан меронад; хисла-
ти бандкунандагӣ низ дорад, даҳани рагҳоро меку-
шояд, ахлоти зиёдатиро аз чуқурӣ ва дуриҳои бадан
ронда, бо воситаи пешоб дафъ мекунад. Барои меъ-
даҳои сард ва тармизоҷ мувофиқ ва форам мебошад;
истисқои обӣ, қулинҷ ва дарди буғумҳоро шифо ме-
бахшад.
Агар инро кӯфта гузошта банданд, шукуфаи пӯстро
дафъ мекунад.
Хӯрдани ин барои одамони гарммизоҷ ва касони
нимҷон, ба меъда, ҷигар ва боҳ зарар дорад, табҳои
тезро ба амал меоварад, иштиҳоро суст мегардонад ва
маниро месӯзонад.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз 0,1 то 0,5
грамм аст. Агар ҳар кас 4,5 грамми онро бихӯрад,
қай мекунонад, ғамгин месозад ва беҳуш мекунаду
хафа карда ҳатман мекушад. Агар ин ҳол рӯй ди-
ҳад, маска ва равғани гов, инчунин шӯрбои гарм
хӯрда баъд онро бихӯранд.
Инчунин 2,25 грамм шири онро бихӯранд, низ қо-
тил аст. Ислоҳ карданаш ин тавр аст, ки се маротиба
якшабонарӯзӣ дар шир тар карда ва ҳар мартаба
шири нав истифода бурдан ҷоиз аст.
Агар худи шубрумро ба дарун истеъмол карданаш
зарур афтад, барои шикастани тезии он бо давоҳои
исҳоловар, ки ислоҳкунандаи он аст, ҳамроҳ менамо-
янд, вале танҳо худашро истеъмол намекунанд. Барои
муолиҷаи қулинҷи бодӣ ва балғамӣ бо саргини гург
ҳаб сохта, баъд мехӯранд, барои табобати варамҳо,
кушодани гиреҳҳои узвҳои бадан ва дафъ намудани
истисқо, балғам ва савдо дар оби коснӣ, арпабодиён,
сагангури соф кардашуда се шабонарӯз тар карда,
баъд дар соя хушконида, бо камтар сабир (алоэ),
турбуд ё ҳалила ҳаб сохта, истеъмол менамоянд.
312
127. Шавкарон
Ин гиёҳи заҳрнок аст, ки ба тоҷикӣ тафт мено-
манд. Гулаш анбӯҳи сафеди чатрӣ монанди гули ши-
бит, вале аз он хеле зиёд мебошад. Тухмаш мисли
нонхоҳ моил ба сафедӣ ва луоб дорад.
Мизоҷаш дар дараҷаи чорум сард ва дар дуввум
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хосиятҳои карахтиовар,
масткунанда ва хобоварӣ дорад.
Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз 0,25 грамм
мебошад. Ба ҷойи ин тухми банг (кирмрезонак)-ро ис-
теъмол фармоянд, равост. Агар инро 7 грамм ҳар кас
бихӯрад, бо кушандагии заҳри хунукмизоҷаш, ки ақл-
ро барҳам медиҳад, фикр ва зеҳнро беҷо гардонида,
аз сухан мемононад, чарх задани сар, торикии чашм
ва парда дар чашм пайдо намуда, ба ҳиккак (ҳиқи-
чоқ) гирифтор карда, дарун ва дасту поҳоро хунук
гардонида ва дар охир ҷингак кардани узвҳои бадан,
дарди гулӯ оварда, тангӣ дар қасабаи шуш ва сурх-
ной (сурхрӯда) содир намуда, оқибат мекушад. Да-
вояш қай карда, даруни шикамро аз заҳри он пок
намудан ва баъд чизҳои муфидтар, монанди шароби
софи мусаллас ёфта нӯшидан ва баъд андак мӯҳлат
дода, баъд аз он шири хар, талхшувоқ, мурч, хояи са-
гобӣ, судоб ва ҳар кадоме, ки ба даст ояд, бо шароби
мазкур бинӯшанд ва дигар тадбирҳоеро, ки монанди
тадбири афюнхӯрда бошад, ба кор баранд.
Чун хӯшаи гули онро пеш аз он, ки тухм бандад
ва то тухмаш хушк шуданаш бигиранду бикӯбанд ва
оби онро фишурда гирифта, дар офтоб хушк кунанд,
фоидаҳои бисёр дорад. Аз ҷумла он, ки давои тас-
киндиҳандаи дардҳои чашм аст. Агар онро гузошта
банданд, дардҳои гарммизоҷро басанда мекунад; мӯр-
чагазак ва ҷамра (карбункул) ном реши мӯҳликро ши-
фо мебахшад.
Барг ва тухмашро кӯфта, ба пистони ширдор гу-
зошта банданд, шири онро қатъ мекунад ва намегу-
зорад, ки пистон пажмурда ва овезон гардад; агар
инро ба пистони духтарон гузошта банданд, намегу-
зорад, ки вай калон шавад. Агар ин кӯфтаро ба хояи
писарон ва ба хояву каши рони ҷавонон гузошта бан-
данд, иҳтилом (дар хоб шайтон задан)-ро манъ ме-
гардонад ва варами он узвро ҳам таҳлил медиҳад; ба
313
закар гузошта банданд, боҳро суст менамояд ва наме-
гузорад, ки ин узв бузург гардад; ва ба зери ноф ва
ба ҳар узве, ки хоҳанд, гузошта банданд, мӯй дар он
ҷо намерӯяд; ба шикам гузошта банданд, исҳоли ху-
нин ва дигар навъ исҳолро зуд мебандад. Инро ба пе-
шонӣ гузошта банданд, хуни биниро қатъ мегардонад.
Ҳаким Мирмуҳаммад Мӯъмин дар китоби «Тӯҳфат-
ул-мӯъминин» -и худ навиштааст, ки чун решаи шав-
каронро бо тухми банг аз ҳар як 17,5-граммӣ кӯфта,
бо 675 грамм об, 150 адад мавизи ангури бузургдона
дар оташи мулоим то тамоман бухор шудани об биҷӯ-
шонанд, баъд мавизҳоро аз он ҷудо карда нигоҳ до-
ранд, аз он мавиз аз як то се адад бихӯранд, сахт
маст мекунад, маниро ҳангоми ҷимоъ аз зуд омадан
нигоҳ медорад. Вале зиёда аз се адад бихӯранд, сахт
хоб меоварад. Ва инчунин ҳакими мазкур навиштааст,
ки ман инро «мавизи умру» ном кардаам.
128. Тархун
Ин гиёҳро ба забони тоҷикӣ тархонӣ мегӯянд. Тару
тозаи онро мардуми сарзамини Эрон монанди кабуди-
ҳои дигар, чун: наъно, пудина, таратезак (индов) ва
монанди инҳо бо нон, ҷуғрот, панир ва ғайра мехӯ-
ранд. Ин растанӣ навъҳои бӯстонӣ ва саҳроӣ дорад.
Онро бо усули киштан и тухмаш ва қаламчаи шохаш-
ро шинонида месабзонанд. Дар таъми он тезӣ, гиран-
дагӣ, тунҷӣ ва камтар ширинӣ ҳам мавҷуд аст. Агар
инро батанҳоӣ ба дили наҳор бихоянд, дарҳол ба за-
бон карахтӣ меоварад. Бинобар ҳамин пеш аз оби да-
воҳои исҳоловар ҷӯшонидашударо нӯшидан, тархунро
бо ҷав якҷо мехоянд, ки таъми он давоҳо дар даҳан
маҳсус нагардад. Решаи тархуни саҳроӣ ҳамон оқир-
қирҳо мебошад. Тархунро ба русӣ эстрагон меноманд.
Мардумони пешаи деҳқонӣ мегӯянд, ки агар тухми
испандро дар сиркои кӯҳна тар намоянд, то он ки нам
кашад, баъд бикоранд, тархун мегардад. Ва инчунин
он тухмро дар миёни турб ҷо карда бикоранд, низ
тархун мерӯяд. Беҳтарини тархун тару тозаи он аст.
Мизоҷи тархуни саҳроӣ дар дараҷаи саввум гарм
ва хушк аст, вале бӯстониашро дар дараҷаи якум
гарм ва хушк гуфтаанд.
Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои умумии тар-
314
хун: парокандакунандаи бодҳо ва ахлоти часпак, ку-
шояндаи гиреҳҳои дохили бадан, қувватбахши меъда,
барангезандаи иштиҳо, хушккунандаи рутубатҳои зи-
ёдатӣ ва зарарнок.
Инро бихоянд, даҳанро хушбӯй мекунад, ҳисси
таъмро дар даҳан тағйир медиҳад ва узвҳои даруни
даҳанро карахт мегардонад. Агар онро хойида, мудда-
те дар даҳан нигоҳ доранд, барои дарди гулӯ фоида
дорад, ба ҷиҳати ислоҳи ҳавои вабоӣ ва тоун даво
мешавад.
Оби гиёҳи тару тозаи онро бо шароби кодӣ, ки да-
рахти хушбӯйи ҳиндист, ҳал карда бинӯшанд, барома-
дани обила (нағзак) ва сурхичаро манъ мекунад ва
намегузорад, ки дигар иллати вабоӣ бирасад.
Тархунро хойида, баъд об бинӯшанд, он об лазиз
мегардад.
Вале тархун ба одамони гарммизоҷ зарар дорад.
Агар онро бардавом бихӯранд, хунро месӯзонад, ҳат-
то қуввати боҳро қатъ мегардонад. Дар ин гуна мав-
рид кабудиҳои сардмизоҷ бояд бихӯранд, то он ки
зарари он ислоҳ ёбад. Инчунин узвҳои даруни синаро
шахшӯл мегардонад—дар ин ҳолат асал бихӯранд,
ислоҳи ҳол менамояд. Тархун ҳамчун ғизо дерҳазм
аст ва барои осон намудани ҳазми он карафс ё бо ка-
рафс бояд бихӯранд.
Агар ба тархун тухми арпабодиёнро ҳамроҳ кар-
да бихӯранд, қуввати онро зиёда мегардонад.
129. Ғофат
Ин гиёҳро ғофис ҳам меноманд ва ба русӣ ре-
пейник аст, вале ҳаргиз мушхор нест.
Растаниаш хорнок, баргаш сербару дароз ва паш-
макдор аст. Аз миёнаҷойи баргҳои он шохи миёнхолии
дағал мерӯяд. Гулаш кабуди бунафш ва дарозак. Таъ-
ми тамоми қисмҳои гиёҳи он бисёр талх, ҳатто аз са-
бир ҳам талхтар аст, тунҷӣ ва каме гирандагӣ дорад,
гармие чандон надорад. Дар тиб гулаш ва усораи он
истеъмол мешавад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум
хушк аст. Вале муаллифи «Иршод» гарм ва хушк дар
дараҷаи дуввум бо каме гирандагӣ донистааст.
Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои нарм ва
315
рақиқкунандагии ахлоти ғафс дорад, моддаҳои час-
пакро аз пояшон канда берун мекунад, маҷроҳои ба-
данро аз олойишҳо пок мегардонад, гиреҳҳои ҷигар ва
сипурзро мекушояд ва маҷроҳои ин ҳар ду узвро пок
месозад, барои табҳои мураккаб даво мешавад, мод-
даҳои сӯхтаи зарарнокро бо исҳол дафъ мекунад; пе-
шоб, шир ва ҳайзро равон мегардонад.
Агар гиёҳи хушк ё усораи онро биёшоманд, дараи
ҷигарро таскин медиҳад, гиреҳҳои ҷигар ва сипурзро
мекушояд; ҷигарро қувват мебахшад ва варами онро
таҳлил медиҳад, ҳамаи навъҳои варами сипурзро ме-
гардонад, инчунин сахтии сипурз ва сахтии меъдаро
ба ибро меоварад; суулқиняро, ки сустии ҷигар аст
ва аз он дасту поҳо варам меоваранд, дафъ мекунад;
барои истисқо (водянка) даво мебошад, пешоб ва
ҳайзро меронад. Агар инро бо шароб бихӯранд, захми
рӯдаҳоро дафъ менамояд. Занҳое, ки аз дидани ҳайз
маҳрум гашта бошанд, ин растаниро аз таг бардоранд,
ҳайзашон равон мегардад.
2,25 грамм гиёҳи хушки онро кӯфта, бо оби шоҳи-
тара биёшоманд ва инчунин гул ва усораашро бо ин
чизҳо ва сиканҷабин бихӯранд ё гиёҳи онро кӯфта,
бо равғани кӯҳнаи хук ё ҳайвоноти дигар сиришта гу-
зошта банданд, решҳои беҳношавро ба ҳам оварда си-
ҳат мебахшад.
Усораи онро, яъне оби гиёҳи тари онро дар офтоб
ғафс гардонида бимоланд, қӯтур ва хоришро дармон
мешавад. Усораашро хушконида, кӯфта бипошанд,
захм ва решҳоро ба ибро меоварад.
Барои табҳои кӯҳна ва мураккаб, ки аз афзудани
савдо ва сафро мегирифта бошанд ва тарсончак бо-
шанд, усораи ин растаниро бо усораи талхшувоқ да-
ромехта бихӯранд, давои хубест. Инчунин ба гирдак-
гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.
Вале хӯрдани ғофат ба сипурз зарар дорад. Дар
ин маврид бодёни ситорашакл бихӯранд, зарараш
ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушки он дар як
рӯз то 10,5 грамм аст ва агар инро дар об ҷӯшони-
данӣ бошанд, 24 граммашро андозанд.
Ба ҷойи ғофат баробари ним вазни он талхшувоқро
истифода баранд, раво мебошад.
Тариқи гирифтани усораи ғофат ба таври мушах-
хас чунин аст. Оби гиёҳи тару тозаи онро гирифта, то
316
ғафс гаштан дар офтоб бигузоранд. Баъд қурсҳо сох-
та хушк намоянд.
Мизоҷи усорааш сард ва хушк аст ва сабуктар аз
гиёҳаш мебошад ҳамчун даво, яъне латифтар.
Хислатҳои шифобахши он: ин низ хусусиятҳои
нармкунандагӣ ва канандагии моддаҳои ғафс ва час-
паки нодаркор дорад, қӯтур ва хоришҳоро дафъ ме-
кунад, табҳои кӯҳна ва дарди ҷигарро шифо мебах-
шад, агар бо оби шоҳитара ва сиканҷабин бихӯранд,
хубтар аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз ин усора дар як рӯз аз
2,25 то 4,5 грамм аст.
Вале ошомидани ин ба хояҳо зарар мерасонад. Ба
ҷойи ин се вазни он ғофат ва ба қавле се вазни он та-
тумро истеъмол намоянд, равост.
Тухми ин гиёҳро чун бо шароб биёшоманд, захм-
ҳои сатҳи даруни рӯдаҳо ва барои дафъ кардани заҳ-
ри ҷонварон аз бадан фоида дорад.
130. Фанҷиюн
Ин гиёҳест баргаш монанди баргҳои печаки бузург,
вале аз он калонтар, ҳафт адад мешавад, ки зиёда
аз ин миқдор нест. Тарафи ба замин часпидаи он са-
фед ва тарафи болои он бисёр сабз аст. Дар фасли
баҳор аз миёни баргҳои он пояе мехезад, ки то як ва-
ҷаб мебошад. Гулаш зард аст ва зиёда аз даҳ рӯз
намемонад. Бинобар ҳамин ин гиёҳро саҳван бепоя
ва бегул медонанд. Бехрешааш борик. Ин дар замин-
ҳои намнок ва лаби обҳо месабзад. Таъмаш тез, талх
ва гиранда аст. Инро дар ҳолати тару тозагӣ истеъ-
мол менамоянд ва агар хушк кунанд, талхиаш меаф-
зояд. Ин гиёҳро ба забони руси мать и мачеха мено-
манд.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои умумиаш
таҳлилдиҳанда ва парокандакунандаи бодҳост.
Камтареро аз реша ва барги он дар даҳан нигоҳ
доранд, барои сурфаи кӯҳна, зиқ-ун-нафас, ростна-
фас, дамкӯтаҳӣ ва захми узвҳои даруни сина даво
мебошад ва бодҳои дар даруни сина ҷамъшударо па-
роканда месозад. Хушкашро сӯхта, дудашро бигиранд
ва дудашро дар бинӣ бикашанд, низ иллатҳои ном-
бурдаро шифо мебахшад.
317
Ҳар як қисми гиёҳи онро кӯфта гузошта банданд,
варамҳоро таҳлил медиҳад ва пучакҳои гуногунро ме-
кафонад; захм ва решҳоро ба ҳам оварда сиҳат ме-
бахшад.
Агар кӯфтаи инро занҳои ҳомила аз таг бардо-
ранд, бачаи онҳоро, ки зинда ё мурда бошад, аз ши-
кам меафтонад.
131. Васма
Ин барги растаниест, ки дар мамлакатҳои гарм
мепарваранд. Дар Тоҷикистони мо низ парвариши он
ривоҷ дорад. Баргаш ба барги мӯрд монанд аст. Поя-
аш миёнхолӣ нест, шохҳояш анбӯҳ, самараш ба ан-
дозаи донаи мурч аст, ки баъди расидан сиёҳ мегар-
дад ва дар миёни он самар тухми реза дорад. Навъи
саҳроӣ ва кӯҳии он дар канорҳои рӯдҳо ки регзор бо-
шад, месабзад. Шохҳои он анбӯҳтар, баргаш васеъ-
тари дарозтар аст. Растаниаш ба зағир мемонад. Беҳ-
тарини он васмаи навъи ҳиндӣ аст. Фарқи миёни вас-
маи ҳиндӣ ва кирмонӣ дар он аст, ки навъи кирмо-
нии онро рангаш камтар, вале мӯйро бо он ранг ку-
нанд, рангаш сиёҳ мегардад ва дер мепояд назар ба
навъи ҳиндии он. Васмаро ба русӣ басма мегӯянд ва
ба арабӣ катам мехонанд.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои умумиаш
поккунандаи бадан аз моддаҳои бегона, гиранда ва
манъкунанда, инчунин таҳлилдиҳанда аст.
Ин растаниро бо об ва намак кӯфта ба сар гузош-
та банданд ё бимоланд, барои дарди сари бодӣ ва
балғамӣ, яъне барои дарди сар, ки аз ҷамъ шудани
бод ва балғам дар сар дору мешавад, инчунин байза
ном дарди сареро, ки тамоми сарро фаро мегирад ва
муттасил мебошад, ба ибро меоварад.
Васмаро сӯхта, дудашро ба машом бикашанд ё
кӯфтан онро бимоланд, зукомро дафъ мекунад ва
мӯйи сарро мустаҳкам мегардонад.
Оби баргашро ё оберо, ки дар он васма ҷӯшонида
шуда бошад, бинӯшанд, сахт қай меоварад, барои га-
зидани саги девона фоида дорад ва беҳтарини чиз-
ҳоест аз барои ранг кардани мӯй.
318
Васма зарар ҳам дорад, яъне майнаро заиф месо-
зад. Дар ин ҳолат қаранфули гардан бояд бихӯранд,
ки зиёнаш ислоҳ ёбад.
Аз васма равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ.
Як миқдор оби гиёҳи тари тозаи онро гирифта, дар
зарфе аз болояш ҳамон миқдор равғани кунҷид дохил
карда, баъд дар оташи мулоим то обаш бухор шуда
рафтан меҷӯшонанд. Батамом бухор гаштани обашро
аз он медонанд, ки аз ҷӯш мемонад. Ҳамин равғани
васма ҳисоб меёбад. Молидани ин равған барои дароз
кардани мӯй ва нигоҳ доштан аз рехтани он, сиҳат
бахшидани бавосир (геморрой), иллатҳои мақъад ва
дардҳои сардмизоҷ даво мебошад.
Тухми васма аз ҷиҳати ранг, андоза ва ғилофнокӣ
ба тухми турб шабоҳат дорад, низ моил ба сиёҳӣ.
Агар инро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм ка-
шанд, фуромадани зардобро ба даруни гавҳарак манъ
мекунад ва агар фуромада бошад, таҳлил медиҳад.
Решаашро дар об бисёр ҷӯшонида, он обро соф
намуда, дар он камтар шилми бодомҳоро дохил на-
моянд, барои китобат монанди сиёҳӣ мегардад. Бо ин
таркиб, аввал мӯйи баданро бо собун покиза шуста,
баъд бо ҳинои сойида молиш диҳанду бишӯянд ва
баъди муддате хушк кунанду сонӣ бо васма ранг ку-
нанд, рангаш неку мегардад.
132. Карвиё
Ин зираи сиёҳ аст, ки зироат мекунанд ва ҳам
саҳроӣ дорад. Баргаш монанди барги шибит, гулаш
низ чатрӣ монанди гули шибит аст, сафедранги моил
ба кабудӣ, ки ба гули бӯстонии он шабоҳат дорад.
Дар тиб навъи бӯстониашро ба кор мебаранд. Тухмаш
дар ҳаҷм ба андозаи зираи сафед, тезтаъм, талх. Бех-
решааш ба сабзӣ монандӣ дорад, низ мехӯранд. Қув-
вати зираи сиёҳи бӯстонӣ то се сол боқӣ мемонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин ахлоти ба-
данро нарм ва рақиқ мегардонад, бодҳоро таҳлил ме-
диҳад, дарунро мебандад, вале агар ин зираро ҳам-
роҳ карда бихӯранд, ғизоҳои дигари боднокро ислоҳ
мегардонад. Агар инро бихӯранд, бухорҳои зарарноки
ба сар барояндаро манъ мекунад.
319
Инро маҳин сойида, чун сурма ба чашм кашанд, ну-
ри чашмро тез мегардонад ва инчунин ин аз ҷумлаи
давоҳои чашм ба ҳисоб меравад. Вале агар инро аз
ҳад зиёда ба чашм кашанд, чашмро хира мекунад.
Хӯрдани ин барои зиқ-ун-нафас, дилтапак (дилбо-
зӣ), ки аз хунукӣ бошад, инчунин барои ислоҳ дода-
ни оруғи боднок даво мешавад: меъдаро гарм меку-
над, оруғ меоварад, иштиҳоро мекушояд, вайрон шу-
дани таомро дар меъда ва турш гаштани онро дар ин
узв манъ месозад; қай ва дарди рӯдаҳоро даво мебо-
шад, балғамро тит ва пароканда менамояд, пешобро
меронад, дарди меъда ва рӯдаҳоро таскин медиҳад,
бодҳои гурда ва хичакро пароканда мегардонад, ба-
данро қувват мебахшад ва фарбеҳ мекунад, вале ма-
ниро қатъ мекунад, кирмҳои рӯда ва меъдаро, ҳат-
то кирми кадудонаро ҳам мекушад ва дафъ мекунад.
10,5 грамми ин зираро бо 25 грамм равғани зайтун
ҳар рӯз то як ҳафта бихӯранд, истисқоро дармон ме-
шавад.
Ин зираро дар сирко парварда, яъне тар карда
баъд бихӯранд, барои одамони гарммизоҷ низ муво-
фиқ ва форам мегардад.
Гиёҳ ва тухмашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯ-
шанд, дарди рӯдаҳоро таскин медиҳад, пешобро меро-
над, маниро қатъ мекунад ва кирмҳои гуногуни ши-
камро мекушад.
Дар обе, ки зираи сиёҳ дар он ҷӯшонида шуда бо-
шад, занҳо то ноф даромада нишинанд, дардҳои ба-
чадонро дафъ мекунад.
Тухмашро сӯхта, ос карда гузошта банданд, баво-
сири овехташаклро хушк карда меафтонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз ин зира дар як рӯз
17,5 грамм аст.
Вале ба дарун истеъмол кардани ин ба шуш за-
рарнок аст. Барои ислоҳи ин зарараш асал ва кокути-
ро бихӯранд, кифоя аст. Ба гурда ҳам зиён мекунад—
барои ин катиро бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад
Ба ҷойи зираи сиёҳ арпабодиён ва зираи расмиро
бихӯранд, равост.
133. Татум
Ин самари буттаест ба андозаи наск, паҳнтар, рӯ-
яш пӯсти гарднок дорад, дар хӯша мебошад. Таъми
320
самараш турш аст. Ҳамаи қисмҳои дарахти он дар
тиб истифода мешавад. Ин ду навъ аст: саҳроӣ ва
кӯҳӣ.
Мизоҷи саҳроии он дар дараҷаи дуввум сард ва
хушк аст, вале кӯҳии он дар саввум хушк аст. Сардӣ
дар баргаш назар ба тухми он камтар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: самари онро бихӯранд,
қабзият меоварад дар ҳама ҷоҳои бадан, моддаҳои
ба узв рехташавандаро рад мекунад, меъда ва рӯда-
ҳоро қувват мебахшад, ба меъда ва рӯдаҳо рехта шу-
дани сафроро манъ менамояд, иллати қайкунӣ ва бе-
ҳузур (беҷо) шудани дилро ба ибро меоварад; рафта-
ни дарун ва исҳоли сафровиро, ки кӯҳна шуда бошад,
мебандад; хун қай кардан ва хунравиҳои дигарро
манъ месозад, бисёр пешоб карданро ба меъёр ме-
андозад.
Самари инро кӯфта, бо оби хунук биёшоманд, ҳам
аз боло ва ҳам аз поён рафтани хунро қатъ мекунад.
Нимкӯфтаи инро бо зира ва оби сард бинӯшанд, қайи
сахтро манъ мекунад ва ба касе, ки ҳамеша қай ме-
карда бошад ва таом дар меъдаи ӯ намонад, шифо
мебахшад, дар одамони гарммизоҷ иштиҳоро ба таом
бармеангезад. Инро бо зардаи тухми мурғ ва кашни-
зи хушк бихӯранд, исҳоли хунинро манъ мекунад.
Нимкӯфтаи онро бо шароби турш биёшоманд, барои
исҳол ва хунравии бачадон дору мебошад, пешобро
бисёр кам мекунад.
Қуввати қабз кардан дар бирёнкардаи он зиёда
аст, вале барои шикастани шиддати сафро заифтар
мебошад.
Аммо татум барои меъда ва ҷигари сардмизоҷ за-
рар дорад. Дар ин маврид арпабодиён бихӯранд ё бо
бодинҷон пухта бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми он дар як рӯз
17,5 грамм аст.
Агар гардеро, ки бар рӯйи самараш мебошад, ҷудо
намуда, каф зада бихӯранд, бисёр қабзкунандаи да-
рун аст ва бо андак таъми талхӣ мебошад, барои ис-
ҳоли кӯҳна ва барои қатъ гардонидани рафтани руту-
батҳои сафеди бачадон дору мешавад. Агар инро ба
дандон бимоланд, милки дандонро мустаҳкам меку-
над, пӯсидани раддӣ ва бадфиоли даҳанро ба ибро
меоварад, инчунин дарди дандони кирмхӯрдаро тас-
кин медиҳад.
321
Самари татумро аз гарди рӯяш пок карда, баъд
дар об тар намоянд, он обро дар чашм чаконанд, дар-
ди чашмро, ки дар вақти ибтидо бошад, шифо мебах-
шад.
25 грамм тухми онро дар 300 грамм об биҷӯшо-
нанд ба ҳадде, ки қувваташ ба об гузарад. Баъд лат-
таро дар он тар карда ба чашм гузоранд ва бо он
гармбандӣ кунанд, қӯтури хӯранда ва шилпуқии чашм-
ро шифо мебахшад. Ва агар батакрор он латтаро ба
пешонӣ гармбандӣ кунанд, хуни биниро қатъ мекунад
ва агар ба чашм гармбандӣ кунанд, қӯтур, обравӣ,
шилпуқӣ ва хориши чашмро шифо мебахшад ва наме-
гузорад, ки дар чашм обила барояд. Ва агар ҳамон
обро дар гӯш чаконанд, рими равонро аз он манъ ме-
созад ва намегузорад, ки дар даруни он обила барояд.
Самари татумро дар об ҷӯшонида, он обро кам-
кам ва бардавом бирезанд, намегузорад, ки ҷоҳои лат-
хӯрда ва зарбарасида варам кунанд.
Тухми татумро маҳин кӯфта, бо об сиришта гузош-
та банданд, варами косаи сар ва дигар варамҳоро
таҳлил медиҳад, инчунин варами лат ва зарбахӯрда-
ро мегардонад, решҳои давандаро шифо мебахшад;
агар инро бо асал хамир карда гузошта банданд, да-
ғалии пилкҳои чашмро нест мегардонад, ва бо ан-
гишти чӯби балут даромехта гузошта банданд, барои
бавосир даво мебошад.
Татумро бо барг, шохҳо ва чӯбаш дар об биҷӯшо-
нанд, то монанди асал қивом гардад, баъд гузошта
банданд ва ё бимоланд, барои бемориҳои пилки чашм
дору мебошад; варами чашм ва дигар узвҳоро таҳ-
лил медиҳад, мӯрчагазакро дафъ мекунад; решҳои
тар ва решҳои рутубаташон асалмонанд, вайрон шу-
дани милки дандон, доғҳои кунҷидак, милкаки нохун
ва хунравиҳои дигарро шифо мебахшад.
Баргашро пухта ба сар гузошта банданд, мӯйро
сиёҳ мекунад.
Баргашро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм хук-
на кунанд, захми рӯдаҳо, исҳоли хунин ва харошида
шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад.
Барги онро муҳарро пухта, баъд оби онро фишур-
да гирифта, ғафс гардонанду ба чашм бимоланд, мод-
даҳои ба чашм резандаро ба ақиб мегардонад. Он
оби ғафсгаштаро дар оби барги зуф ҳал карда бимо-
ланд, захмҳои хабисаро дафъ мекунад. Агар инро ба
322
сар, мӯҳраҳои пушт ва бехи закар гузошта банданд,
барои беихтиёр равон шудани пешоб, сустӣ ва нотавон
шудани узвҳо даво мешавад.
Баргашро кӯфта, ба меъдаи тифлон гузошта бан-
данд, исҳолро нафъ дорад, узвҳои даруни шикамро
қувват мебахшад.
Шилми дарахти он аз ҷиҳати мизоҷ башиддат
хушк аст ва хислати гармӣ ва сардӣ — ҳар серо до-
рост.
Шилми онро ос карда, чун сурма ба чашм кашанд
ё онро бо оби даҳан тар карда, ба милки чашм бимо-
ланд, чашмро тез мекунад ва бемориҳои пилкро шифо
мебахшад: агар бипошанд, ҷароҳат ва захмҳоро хушк
сохта ба ҳам мечаспонад ва бо ин восита сиҳат ме-
бахшад. Агар онро дар ковокии дандон гузоранд, дар-
ди дандони кирмхӯрдаро таскин медиҳад.
Ба мундариҷа
|