Солатон чист?

muchal

Чанд даҳсола пеш дар байни мардуми мо барои донистани синну соли ҳамсӯҳбат ё пур кардани санаде пурсиши «Солатон чист?» маъмул буд.

Солшумории дувоздаҳгонаи мучал, ки дар кӯҳистони тоҷик бо номи «сол» машҳур аст, аз замонҳои бостон корбурд мешавад. Рӯзгори дувоздаҳсола банавбат ба 12 ҷонвар номгузорӣ шуда, ки ба гуфти мардумонамон 6 ҳалолу 6 ҳаром аст:

mush

Ҳарчанд имрӯз солбарорӣ бар усулҳои нав поя гирифтааст, вале ҳамоно барои таърих, муайян намудани замони зисти падару модар, бобою бибӣ ва дигар ниёгонамон солбарории дувоздаҳгона даркор аст. Агар фаромӯш накарда бошед, дар китоби «Дар ҷустуҷӯйи Карим-Девона»-и шодравон Ҳабибулло Назаров муаллиф маҳз бо кӯмаки солбарорӣ замони зист ва рӯзгори мардони таърихии водии Ҳисорро бознигорӣ кардааст.

Барои мучал ҷадвалҳои гуногун сохта ва корбурд мешаванд. Лекин ман бароятон усулеро пешниҳод мекунам, ки бе ягон ҷадвал мучалҳоро барои ҳар кадом сол аз садаи 1 то садаи 21 солшумории хуршедии исавӣ метавонед муайян карда бошед.

1. Пеш аз ҳама бояд ин рубоиро азёд кунем ва шумораи тартибии солҳоро азбар намоем:

Мушу бақару палангу харгӯш шумор,

З-ин чор чу бигзарӣ наҳанг ояду мор,

Он гоҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб,

Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.

Яъне,

Муш-1,

Бақар-2,

Паланг-3,

Харгӯш-4,

Наҳанг-5,

Мор-6,

Асп-7,

Гӯсфанд-8,

Ҳамдуна-9,

Мурғ-10,

Саг-11,

Хук-12 аст.

2. Аз соли матлуб 3 якиро кам карда посухи онро ба 12 бахш мекунем. Бозмондаи (бақияи) бахш ҷамъи 1 воҳид худ шумораи тартибии соли мучал аст.

bozmonda

Барои намуна:

Соли 2014

(2014-3):12=167 ва 7 бозмонда (бақия), онро як воҳид зиёд мекунем.

8 – шумораи тартибии Гӯсфанд аст.

Соли 1917

(1917-3):12=159 ва 6 бозмонда (бақия), онро як воҳид зиёд мекунем.

7 — шумораи тартибии Асп аст.

Соли 1932

(1932-3):12=161 ва бозмонда (бақия) 9 аст, онро як воҳид зиёд мекунем.

10 – шумораи тартибии Мурғ аст.

Соли 1878 (зодсоли С. Айнӣ)

(1878-3):12=156 ва бозмонда (бақия) 3 аст, онро як воҳид зиёд мекунем.

4 – шумораи тартибии Харгӯш аст.

Соли 858 (зодсоли Одамушшуаро Рӯдакӣ)

(858-3):12=71 ва бозмонда (бақия) 3 аст, онро як воҳид зиёд мекунем.

4 – шумораи тартибии Харгӯш аст.

3. Дониста ва огоҳ бошед, ки соли ҳар як ҷонвар дар Осиёи Пеш ва Марказӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистон, аз Соли нави ҳақиқӣ (Наврӯз) оғоз меёбад, на аз оғози Соли нави исавӣ. Бинобар ин, ақидаи вақтҳои охир маъмулгашта, ки масалан, соли Асп гӯё аз 01.01.2014 оғоз меёбад, хатост. Ҳол он ки соли Асп аз Наврӯзи соли 2014 сар шуда, то Наврӯзи соли 2015 давом мекунад.

Барои онҳое, ки ба ҳисобу китоб камтар хуш доранд, дар охири мақолае барномачаеро манзур мегардонам, ки бо даровардани ҳамагӣ се бузургии сарҳисоб (сол, моҳ ва рӯзи таваллуди шахс) на танҳо мучали шахсро муайян мекунад, балки бар замми он бурҷи дувоздаҳгонаи фалакро, ки зери он шахс зода шудааст, яъне гороскопро нишон медиҳад. Фақат бояд дар хотир дошт, ки ин барномача оғози мучалро аз 1 январ ҳисоб мекунад ва Шумо бояд онро аз 21 март донед.

Яъне ҳангоми дар миёни 1 январ – 20 март қарор доштани зодрӯзатон соли кӯҳна мучали Шумо ҳисоб мешавад. Масалан, солу моҳи таваллудатон 14 феврали соли 1976 аст. Барномача мучалатонро (барои соли 1976) НАҲАНГ муайян кард, вале мучали ҳақиқии Шумо мучали соли кӯҳна (1975), яъне ХАРГӮШ аст.

Соли таваллуд
Моҳи таваллуд
Зодрӯз
Бурҷи Шумо (Знак Зодиака):
Мучали Шумо:

 

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

гузориш 14

  1. Салом бакияро чи тавр меебед , нофахмо?

  2. Соли 2007 ро ба мисолатон кор кардам гусфанд баромад неки ин хук аст чигуна ман нафахмидам

  3. Мо чунин барномаро аллакай сохтаем. Агар иҷозат диҳед, мехоҳам онро дар сомонаатон ҷойгир намоям, аммо чӣ гуна гузоштанашро намедонам.

  4. Шумо мувофиқи формулаатон соли устод, А. Рӯдакӣ (858)-ро харгӯш баровардед, ки ин хатост. Соли устод рӯдакӣ Паланг аст

  5. Салом

  6. аз руи гузориши шумо до Ахмад соли 1995 соли МУШ АСТ,ки ин хатост.
    1996 МУШ мешавад

  7. Агар аз руи формулаи Шумо { бозмонда аз (сол — 3) : 12 } хисоб кунем пас { бозмонда аз (1995 — 3) : 12 = 0 }. Бозмондаи (бақияи) бахш худ шумораи тартибии соли мучал аст. Нол ба дар шумораи тартиби нест! Ин чи тавр мешавад?

    • Аҳмад, ташаккур аз Шумо!
      Дар ҳақиқат, дар матни намунаҳо саҳв роҳ ёфтааст, ки мо онро ислоҳ кардем. Барои рақами тартибиро ёфтан ба бақия адади 1-ро зам кардан лозим аст. Агар бақия 0 бошад, шумораи тартибӣ 1 (Муш) мешавад.

  8. Муташаккирам. Дер боз ин дубайтиро мекофтам.

    • Олимҷон, хурсандам, ки ин рубоиро барои мисол овардаам.

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.