Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 113-122

113. Бодён

114. Чоқула

115. Юнучқа

116. Анор

117. Зарингиёҳ

118. Дӯлона

119. Заъфарон

120. Занҷабил

121. Сагпистон

122. Саломалек

113. Бодён

Ин ду навъ аст: бодёни оддӣ (арпабодиён) ва
бодёни хитойӣ — ин ситорашакл аст. Бодёни оддӣ низ
ду навъ дорад: саҳроӣ ва бӯстонӣ. Беҳтарини он од-
дии бӯстонии он аст. Ин тухми маълум ва машҳур ме-
бошад.
Мизоҷи бӯстонии он дар аввали дараҷаи саввум
гарм ва дар дараҷаи якум хушк аст. Вале ҳаким Буқ-
рот дар дуввум гарм ва дар якум хушк донистааст.
Мизоҷи тухмаш гармтар назар ба барги он. Решааш
барои давогӣ қавитар аз қисмҳои дигари он аст.
Хислатҳои шифобахши он: тухмашро бирён кар-
да бихӯранд, маҷроҳои узвҳои даруни сина, ҷигар, си-
пурз, гурда ва хичакро мекушояд ва инчунин дардҳои
ин узвҳоро, ки аз сардӣ бошанд, таскин медиҳад;
чашм ва меъдаро қувват медиҳад, бодҳо ва ахлоти
ғафсгаштаро таҳлил мебахшад ва пароканда мекунад,
шири занонро пайдо ва зиёда мегардонад, хусусан на-
ви он пешоб ва ҳайзро равон месозад, бар зидди заҳр-
ҳои ҳайвонӣ тарёқ мешавад.
Тухми онро дар об ҷӯш дода, он обро бо гули гов-
забон ва он тухм бинӯшанд, дилтапак (дилбозӣ) ва
иллати беҳушшавиро дафъ мекунад; агар инро бо сун-
бул ва анҷир бихӯранд, барои сурфа, дамкӯтаҳӣ ва
душвории нафас дору мешавад. Агар худашро танҳо
биёшоманд, бодҳои ғафсгаштаро таҳлил медиҳад ва
пароканда месозад; дардҳои паҳлу ва тиҳигоҳро тас-
кин медиҳад; қулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои
ғафс аст ва ба забони русӣ колит меноманд, мекушо-
яд; рутубати ғафс ва часпаки меъда, беҷо (беҳузур)
287
шудани дил, балғами шӯр—ҳамаашро дафъ менамо-
яд; қуввати давоҳоро ба ҷоҳои дури бадан, ҳатто ба
дасту поҳо низ мерасонад; исҳоли кӯҳнаро мебандад
ва агар якчанд рӯз бо зираи сабз бихӯранд, исҳолҳои
дигарро низ баста мегардонад, меъдаро қувват меди-
ҳад; бо асал ва ё бо сиканҷабин бихӯранд, табҳои
кӯҳнаро ба ибро меоварад: ҳангоми гирифтани табҳо
бо оби хунук бинӯшанд, беҷо шудани дил ва тафси
меъдаро, ки аз ҷамъ шудани балғами шӯр бошад, тас-
кин медиҳад бо воситаи ба худ ҷаббидан ва бухор
гардонидани он модда ва ҳамон тавр бо воситаи пе-
шоб хориҷ мекунад.
Агар кӯфтаи инро бо гулқанд сиришта бихӯранд,
меъдаро қувват мебахшад, инчунин рутубат ва бал-
ғамҳоро аз он дафъ месозад.
Шираи онро бо кӯфтаи он сиришта, андак гарм
карда, ба шиками тифлон бимоланд, боди даруни он-
ро пароканда мекунад, дарди онро низ шифо мебах-
шад.
Агар аз рӯзи якуми моҳи ҳамал то сар шудани мо-
ҳи саратон ҳар рӯз 3,5 грамм тухми арпабодиёнро бо
ҳамвазни он шакар талқон сохта, тановул намоянд,
дар он сол ба хӯрандаи ин иллат ва беморӣ намера-
сад.
Оби барги тару тозаи онро дар офтоб қивом намо-
янд, инро усораи арпабодиён меноманд. Усораи хуш-
ки онро ос карда чун сурма ба чашм кашанд, чашмро
тез мекунад. Баъзеҳо гиёҳи тару тозаи онро дар оташ
дошта ва аз он рутубатеро берун меоваранд ва онро
ҷамъ карда ба чашм мекашанд, фоидаи ин ба чашм
назар ба усораи баргаш қавитар аст.
Оби барги тару тозаи онро дар зарфе ба оташ гу-
зоранд, чун ду-се ҷӯш хӯрад, кафки онро бо асал ва
шилми сакбина (шилмест, ки дарахташ ҳеҷ нафъ на-
дорад) даромехта дар чашм кашанд, барои манъ кар-
дани зардоби ба гавҳарак фуроянда, қавӣ гардонида-
ни рӯшноии чашм даво мебошад.
Чун усораи оби барги онро дар офтоб хушк гар-
донида, бо заҳраи калхот дар шиша андохта, се ҳаф-
та дар офтоб биёвезанд ва баъд ба чашм кашанд, фу-
ромадани зардобро ба гавҳарак манъ ва заифии чашм-
ро дафъ мекунад. Ин боз як фоида дорад. Баъзан
гавҳараки чашм васеъ гашта, ҳамаи сиёҳии чашмро
(қарнияро) фаро мегирад — инро низ шифо мебахшад.
288
Решаи ин растаниро кӯфта, бо асал сиришта би-
моланд, барои газидани саги девона нафъ лорад.
Шилмаш дар хислат монанди усораи он аст. Агар
онро чун сурма ба чашм кашанд, барои пурқувват
гардонидани чашм ва рад кардани оби ба гавҳарак
фуроянда ва инчунин агар он об дар он фуромада бо-
шад, даво мешавад. Агар инро бихӯранд, санги гурда
ва хичакро майда карда мерезонад.
Вале истеъмоли арпабодиён ба дарун барои ода-
мони гарммизоҷ зарар дорад — дар ин ҳолат барои
ислоҳаш сиканҷабин бояд бихӯранд.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми он дар як рӯз аз
3,5 то 9 грамм аст; аз обе, ки решаи он ҷӯшонида шу-
да бошад, аз 9 то 14 грамм андохта биҷӯшонанд. Ба
ҷойи ин тухми карафсро метавон истеъмол намуд.
Бодёни саҳроиро шохҳояш ғафстар, вале решааш
хурдтар назар ба решаи бӯстонӣ мебошад, бисёр
хушбӯй, тухмаш низ калонтар ва сабзтар аст.
Мизоҷи ин дар дараҷаи саввум гарм ва дар дув-
вум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ҳар як қисми инро би-
хӯранд, чакмезакро ислоҳ менамояд, бачадонро аз мод-
даҳои зарарнок пок мегардонад, решҳоро аз чирку
рим пок месозад, исҳоли кӯҳнаро мебандад; ҳайзи
бандшударо мекушояд, яъне равон мекунад; сангҳои
гурда ва хичакро майда карда мерезонад, табҳои кӯҳ-
на ва зардпарвинро шифо мебахшад.
Онро дар об ҷӯшонида, он обро бо шароб бинӯ-
шанд, заҳри ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад. Агар
инро кӯфта гузошта банданд, барои газидани саги де-
вона фоида дорад.

114. Чоқула

Ин ду навъ аст: сиёҳ ва зард. Ранги гули навъи
сиёҳи он бунафш аст, бинобар тирагии ранги гулаш
чоқулаи сиёҳ ё сиёҳандиз меноманд. Ранги гули навъи
дуюмаш зард аст, бинобар ҳамин чоқулаи зард ва
зардандиз меноманд. Баргҳояш сербар ва хеле дароз.
Ҳангоми нашъунамои ин растанӣ ба даруни ҷангалаш
дароянд, гӯё чун дар беша бошад, нопадид мегар-
данд. Ин аз растаниҳои хӯрданист.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
289
Ба қавли баъзеҳо дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: решаи чоқулаи сиёҳро
дар об ҷӯшонида, он обро бихӯранд, қуввати тарёқӣ
дорад; дил, сари меъда, ҳозима (меъда, ҷигар, рӯда-
ҳо, сипурз), боҳ ва хичакро қувват мебахшад; молиху-
лиёи пардаи шикамӣ, хавф, тарсончакӣ ва ҳузнро, ки
бо иштироки меъда бошанд, дафъ мекунад; гиреҳи
ҷигар ва сипурзро мекушояд; агар кӯфта гузошта бан-
данд, бод ва боднокшавиро пароканда мекунад ва таҳ-
лил медиҳад; дардҳои ҷигар, буғумҳо, пушт, ниқрис
(подагра) ва ирқуннасоро, ки ҳама аз сардӣ бошанд,
таскин медиҳад; инчунин онро дар об ҷӯш дода, он
обро бинӯшанд, бемориҳои тари хунукмизоҷро дафъ
месозад; чакмезакро, ки аз ҷамъ шудани моддаҳои
тармизоҷ бошад, ба ибро меоварад; дар ҳолати хоб
ба ҷогаҳ шошиданро ислоҳ мекунад, ҳайзи бандшу-
даро мекушояд.
Чоқулаи сиёҳро дар об ҷӯшонида, он обро бо ша-
роб даромехта, ба ҷойи матлуб кам-кам ва бардавом
бирезанд, дараи нимсар, бемориҳои сарди тари майна
ва варамҳои гуногуни онро дафъ мекунад.
3,5 грамм решаи хушкашро кӯфта, бо асал сириш-
та, лесида бихӯранд, барои сурфа, дамкӯтаҳӣ ва душ-
вории нафас дору мешавад ва узвҳои даруни синаро
аз балғам ва рутубатҳо пок мегардонад.
Агар инро дар об ҷӯшонида, он обро бо шароб
бинӯшанд, заҳрҳои хунукмизоҷи ҷонваронро аз бадан
дафъ мекунад. Оберо, ки дар он решаи чоқулаи сиёҳ
ҷӯшонида шуда бошад, нимгарм дар гӯш чаконанд,
ҷарангҳои гуногуни даруни онро дафъ мекунад. Ва
агар инро сӯхта, дудашро бо воситаи найча дар да-
ҳан бикашанд, кирми дандонро мерезонад; ва агар
занҳо зери ноф ва миёни пойҳои худро ба дуди ин
бидоранд, ҳайзи бастаро кушода мегардонад.
Инро дар шароб ҷӯшонида гузошта банданд, дар-
ди нимсар, саръ (припадка) ва бемориҳои балғамиро
шифо мебахшад, ирқуннасо ва дигар дардҳои аз сар-
дӣ баамаломадаро дур месозад.
Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро истеъмол на-
моянд, дар хислати давогӣ монанди он обест, ки ре-
шаи он ҷӯшонида шудааст.
Баргашро кӯфта гузошта банданд, мушакҳои да-
290
рида ва чокшударо ба ҳам мечаспонад ва варамҳоро
таҳлил медиҳад.
Чоқулаи сиёҳ ҳангоми ба дарун истеъмол кардан
ба одамони гарммизоҷ зарар дорад, дарди сар меку-
над; агар бисёр бихӯранд, хунро мурдор ва вайрон
мекунад, маниро месӯзонад, пушти камарро қатъ ме-
созад. Дар ин маврид сирко, шарбатҳои меваҳои турш
бинӯшанд ва анори турш бимаканд, ислоҳи зарар ме-
намояд.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз решаи чоқу-
лаи сиёҳ то 7 грамм аст. Ба ҷойи ин решаи савсани
кӯҳиро истеъмол намоянд, равост.
Ба қавли як қатор одамон чун як адад тухми он-
ро фурӯ баранд, зуд омадани маниро ҳангоми ҷимоъ,
ислоҳ мекунад. Агар тухмашро сӯхта, дудашро ба
дандон бигиранд, кирми онро мерезонад. Ва агар тух-
машро кӯфта, бо об хамир сохта бимоланд, ранги
рухсораро неку месозад; бо асал хамир карда гузош-
та банданд, доғҳои гуногуни пӯстро дафъ мекунад.
Решаи чоқулаи зардро бихӯранд, дардеро, ки аз
газидани ҷонварони заҳрнок ба амал омада бошад,
дафъ мекунад ҳамон дам.
Ба қавли як қатор донишмандон агар кордро аз
оби ин об диҳанд, ба ҳар ҷонваре, ки он бихалад, зуд
ҳалок мегардад.

115. Юнучқа

Инро дар як қатор маҳалҳои тоҷикон ришқа мено-
манд, ки шакли адабии тоҷикиаш ҳамин аст, вале
«юнучқа» аз туркӣ дохил шудааст. Ин растанӣ ба ҳа-
ма маълум мебошад, зироат мекунандаш.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Баъ-
зеҳо дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк низ гуфтаанд.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, да-
рунро мулоим мекунад, қуввати боҳ мебахшад, вале
шикамро дам низ менамояд. Агар бо шакар бо мудо-
вамат бихӯранд, баданро фарбеҳ менамояд, хуни со-
лим аз он пайдо мешавад.
Инро кӯфта, бо асал хамир сохта гузошта банданд,
варами хунукро таҳлил медиҳад; бо сирко сиришта
гузошта банданд, варами гармро мегардонад. Агар
юнучқаро пухта, рӯзе ду бор ба мабдои асабҳо гу-
зошта банданд, иллати ларзакро дафъ мекунад.
291
Тухмаш дар давогӣ назар ба қисмҳои дигари он,
қавитар аст, вале хислати қабзкунандагӣ дорад. Агар
ннро бихӯранд, манӣ ва шир пайдо мекунад, баданро
фарбеҳ мегардонад, ҳайзро равон месозад, хусусан
дар ҳаммом ва ё баъд аз ҳаммом кардан тановул на-
моянд, дар ин амал қавитар аст; барои дағалии узв-
ҳои даруни сина ва сурфа дору мешавад. Қувваташ
то панҷ сол боқӣ мемонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз аз
7 то 17,5 грамм аст.
Аз юнучқа равған ҳам тайёр мекунанд ба ин та-
риқ: 1. Тухмашро кӯфта, камтар оби гарм бар он по-
шида нам гиронда, баъд бо воситаи фишор додан рав-
ғанашро меситонанд. 2. Оби барги тару тозаашро ги-
рифта, баробари он об аз болояш равғани зайтун ан-
дохта, дар зарфе бо оташи мулоим меҷӯшонанд. Ҷӯ-
шишаш басанда гардад, зуд аз оташ фурӯд меова-
ранд — ин равғани юнучқа ҳисоб меёбад.
Молидан ва хӯрданаш каҷ шудани рӯй ва ларзак-
ро шифо мебахшад.
Агар юнучқаи хушкро бихӯранд, дарунро мебандад.
Гулаш дар давогӣ назар ба тухмаш зиёдтар мебо-
шад. Агар дуди инро бардавом бигиранд, каҷ шудани
рӯйро ба ибро меоварад.

116. Анор

Ин самар навъҳои гуногун дорад: ширин, майхуш,
турш.
Мизоҷи анори ширин умуман сард дар дараҷаи
дуввум ва дар якум тар аст. Мизоҷи пӯсташ сард ва
хушк аст, бисёр қабзиятовар мебошад.
Беҳтарини самари анори ширин бузургдона ва
шодоби он аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар бихӯранд, ғизоия-
таш кам, вале аз он хуни солим пайдо мешавад, бод-
нок аст.
Агар инро одамони гарммизоҷ бихӯранд, олати мар-
дии онҳоро ба ҳаракат меоварад, узвҳои баданро аз
моддаҳои зарарнок пок мегардонад, гиреҳҳои мавҷу-
даро мекушояд, дарунро мулоим мекунад, пешобро
меронад, ташна мегардонад. Агар инро баъд аз таом
бихӯранд, таомро зуд аз меъда фурӯд меоварад. Ин-
чунин хӯрдани ин рӯҳи табииро, ки маконаш ҷигар
292
аст, соф ва дурахшон мегардонад, худи ҷигарро қув-
ват мебахшад; барои истисқои обӣ, сустии ҷигар (су-
улқиня), зардпарвин, бемориҳои сипурз, дилтапак
(дилбозӣ) дарди узвҳои даруни сина, сурфаи гарм
дору мешавад, овозро соф ва равшан мекунад, бадан-
ро фарбеҳ мегардонад; қӯтур ва хоришро дафъ ме-
созад, ранги рухсораро неку менамояд.
Вале ин анори ширинро аз ҳад зиёд бихӯранд, ғи-
зоро вайрон ва мурдор мекунад, меъдаро заиф мегар-
донад; азбаски ин боднок аст, масомҳои пӯстро да-
ғал мегардонад, инчунин барои одамони табгирифта
зарар дорад. Дар ин маврид барои ислоҳи ин анори
турш бояд бихӯранд. Ва агар ба одамони сардмизоҷ
зарар кунад, занҷабил бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меё-
бад.
Оби анори ширинро дар об ҷӯшонида, ғафс гардо-
нида бошанд, инро рубби анори ширин мегӯянд. Руб-
би онро бихӯранд, назар ба оби он қавитар аст. Вале
хӯрдани ин ҳам меъдаро суст мегардонад — дар ин
ҳолат барои ислоҳи зиёнаш мустако бояд хӯрд.
Чун сари анори ширинро сӯрох карда, дафъа ба
дафъа ба қадри ғунҷоиши он равғани бодоми ширин
ё равғани бунафша дар он рехта, ба рӯйи оташ гузо-
ранд, то он, ки равғанро бимакад ва ба ҳадде расад,
ки дигар равғанро ҷазб накунад. Он анорро бима-
канд, дарди узвҳои даруни сина ва сурфаи хушки кӯҳ-
наро дафъ мекунад. Оби анори ширинро бо шакар
ва нишоиста, шилми бодом ва равғани бодом, ки ним-
гарм бошад, нимгарм бардавом бихӯранд, низ ҳамин
асарро дорад.
Оби ин анорро дар шиша рехта ба офтоб гузо-
ранд, то он ки ғафс гардад ва баъд онро дар чашм
кашанд, рӯшноии онро меафзояд — ҳарчанд ин кӯҳна-
тар шавад, беҳтар ва қавитар мегардад.
Хӯрдани тухмаш бодангез аст, дар меъда бод пай-
до мекунад.
Гулашро сӯхта бипошанд, ҷароҳатҳоро ба ҳам
оварда хушконида, сиҳат мекунад.
Мизоҷи анори майхуш (туршу ширин) дар сардӣ
ва тарӣ моил ба эътидол аст. Дар дигар ҷиҳат мо-
нанди анори ширин мебошад. Вале дар таскин додани
ҷӯшиши сафро ва ҷӯшиши хун аз он қавитар аст ва
барои одамони сафровимизоҷ назар ба анори ширин
ва турш форамтар мебошад.
293
Хислатҳои шифобахши он: оби анори майхушро,
ки бо ҷирмҳои дарунаш фишурда гирифта бошанд, аз
150 то 300 грамм бо 70 грамм шакари нав биёшоманд,
барои дафъ кардани моддаи сафро бо исҳол ва қув-
ват бахшидан ба меъда даво мебошад; табҳои сафро-
вӣ, зардпарвин, қӯтур ва хоришро дафъ мекунад —
дар ин хислат монанди ҳалилаи зард аст.
Чун оби анори майхушро дар зарфи мис ба қивом
оваранду бимоланд, барои шилпуқӣ, қӯтур ва қавӣ
гардонидани чашм давои хубест, инчунин ҷароҳатҳои
кӯҳна ва хабисаро (злокачественные язвы)-ро шифо
мебахшад.
Мизоҷи анори турш дар дараҷаи дуввум сард ва
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, дарунро
сахт мекунад; тафс, гармии меъда ва ҷигарро таскин
медиҳад; ҷӯшиш ва фишори баланди хун ва сафроро
паст мегардонад ва ба меъда рехта шудани моддаҳои
зарарнокро манъ мекунад, пешобро меронад, намегу-
зорад, ки бухорҳои зарарнок аз поёни бадан ба майна
бароянд ва дуднокии онҳоро дафъ месозад. Хумор,
қай ва дилтапак (дилбозӣ)-ро ба ибро меоварад.
Вале инро аз ҳад зиёд бихӯранд, рӯдаҳоро захмин
мекунад, сатҳи даруни рӯдаҳоро мехарошад. Агар
баъд аз таом бихӯранд, ба мағзи сар баромадани бу-
хорҳои зарарнокро манъ мекунад. Инчунин ба одамо-
ни хунукмизоҷ зиёнкор аст, қуввати ҷозибаи ҷигарро
заиф мегардонад, инчунин қуввати боҳро суст меку-
над. Дар ин ҳолат анори ширин, сир (саримсоқ) ва
занҷабил бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.
Оби анори туршро ба чашм кашанд, барои ноху-
нак ва сурхиҳои он дору мешавад. Ва агар оби онро
дар даҳан гардонанд ва муддате дар он нигоҳ доранд,
захмҳои раддӣ ва бадфиоли онро манъ мекунад. Ин
оби анори туршро дар зарфи мис бо асал хуб ҷӯшо-
нида, онро дар даҳан гардонанд, решҳои хӯрандаи да-
руни даҳанро шифо мебахшад.
Оби ин анори туршро то ғафс шуданаш биҷӯшо-
нанд, ки ғафс гардад, инро рубби анори турш мено-
манд. Рубби анори туршро бо асал даромехта чако-
нанд, решҳои даруни бинӣ ва дарди гӯшро ба ибро
меоварад. Инро ба решҳои хабиса гузошта банданд,
сиҳат мегардонад, гӯшти зоидро низ дур мекунад.
Анори туршро бо пӯсташ пухта гузошта банданд,
294
қӯтур ва хориши сафровиро шифо мебахшад. Инро
дар шароб хуб ҷӯшонида, ба варам бимоланд, онро
таҳлил медиҳад.
Шароби ин бандкунандаи дарун аст. Агар инро
биёшоманд, одати бади хок ва чизҳои ношойистаи ди-
гар хӯрдани занони ҳомила ва дигаронро дафъ ме-
кунад.
Рубби анори турш назар ба шароби он қавитар
аст.
Чун даруни анори туршро холӣ карда, баъд дар
сирко муҳарро бипазанд, то он ки ғафс гардад ва
онро ба миқдори донаҳои мурч ҳабҳо банданду 15
адад ё зиёда аз он бихӯранд, исҳоли кӯҳнаро дафъ
мекунад ва харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо-
ро, ки хатарнок бошад, инчунин захми рӯдаҳову мақъ-
адро шифо мебахшад.
Мизоҷи рубби анори майхуш дар дараҷаи дуввум
сард ва дар аввал хушк аст. Ин барои дафъ кардани
тафси меъда ва иллати обхӯра дору мебошад, табҳои
тезро таскин медиҳад, хуморро мешиканад, хоҳишҳои
бади занони ҳомиларо нест мекунад, ранги зардро ис-
лоҳ месозад, ғамро дур мегардонад.
Оби анори майхушро дар даҳан гардонанд, милки
дандонро мустаҳкам мекунад. Агар пӯсти онро бихӯ-
ранд, беихтиёр равон шудани пешобро ислоҳ мекунад.
Хушки онро сойида, ба қадри 3,5 грамм бо оби гарм
бихӯранд, кирмҳои меъда ва рӯдаҳоро, ҳатто кирми
кадудонаро дафъ мекунад. Низ решаи ҳамаи анорҳо-
ро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, ҳамин гуна
асар дорад; ин обро дар даҳан гардонанд, милки дан-
донро мустаҳкам мегардонад ва дарди дандонро тас-
кин медиҳад.
Анордона барои давогӣ қавитар аст назар ба қисм-
ҳои дигари онҳо. Агар тухми анор ва баробари он
мавизи ангурро гирифта, панҷяки он зираи сиёҳ —
ҳамаро кӯфта бихӯранд, иллати қай карданро манъ
месозад ва меъдаро қувват мебахшад. Вале хӯрдани
ин ба одамоне, ки сатҳи даруни рӯдаҳояшон хароши-
да шуда бошад ва сурфа доштагон зарар дорад. Дар
ин маврид мавизи ангур бояд бихӯранд, ислоҳи зара-
ри он намояд.
Тухми ҳамаи навъҳои анорро дар об ҷӯшонида, то
ноф дар он даромада нишинанд, беҷо ва бемаврид
омадани ҳайзро ислоҳ мекунад, мақъади (кӯтани) ба-
295
ромадаи тифлонро ба ҷояш мебарад, инро кӯфта, бо
асал хамир сохта, гузошта банданд, доғи обиларо дур
мекунад. Ин тухми анорро сӯхта, бо асал сиришта, ба
оина ва меъда аз рӯ бимоланд, хунравӣ ва хун қай
карданро манъ мекунад. Бо обе, ки дар он тухми
анор ҷӯшонида шуда бошад, бо бӯдодаи ҷави муқаш-
шар ва биринҷ—ҳамаро якҷо дар об ҷӯшонида, бо
он об нимгарм ҳуқна кунанд, исҳол, харошида шуда-
ни сатҳи даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад; бо ин об
мақъадро бишӯянд, хуни бавосирро манъ мекунад ва
бемориҳои мақъадро даво мебошад.
Гули анор дар хислатҳои тиббӣ монанди гулнори
форсӣ аст. Агар хушки онро кӯфта бипошанд, хуни
буни дандонро қатъ мекунад, ҷароҳатҳоро ба ҳам
меоварад, ҷӯшиши (пухтани) даҳанро шифо мебах-
шад, даридани пардаҳои шикам (ҷурра, дабба)-ро
сиҳат мекунад. Агар инро дар об ҷӯш дода, он обро
дар даҳан гардонанд, дандонҳои ҷунбонакро сахт ме-
созад, хуни аз милки дандон меомадагиро нигоҳ ме-
дорад, ҷӯшиши даҳанро шифо мебахшад.
Гули анорро бо барги тари ангур якҷо кӯфта, ба
сари меъда аз рӯ гузошта банданд, иллати бисёр
қай карданро ба ибро меоварад.
Оби гули анорро бо гулоб даромехта, дар чашм
чаконанд, рехта шудани моддаҳои зарарнокро ба
чашм манъ мекунад ва варами онро таҳлил медиҳад;
агар бо оби сагангур ё оби барги зуф бичаконанд, зах-
ми сӯрохи закарро, ки сӯзок меноманд, шифо мебах-
шад; рутубати онро хушк мекунад ва моддаҳои зарар-
нокро намегузорад, ки ба закар рехта шаванд. Агар
инро бо оби соф даромехта бичаконанд, харошидагӣ
ва хойидагии кафш ва мӯзаро ба ибро меоварад ва
милкаки нохунро ҳам дар вақти ибтидо бошад, сиҳат
мебахшад; бо сирко даромехта бимоланд, сурхбодро
дафъ мекунад.
Пӯсти тари анорро кӯфта, фишурда обашро биги-
ранд ва онро дар офтоб ғафс гардонанд, инро усораи
пӯсти анор меноманд. Ин дар хусусият баробари гу-
ли он аст.
Чун ҳафт адад ғунчаи ношукуфтаи онро даст на-
расонида фурӯ баранд, дар муддати як сол ба тани
он кас пучак барнамеояд, дарди чашм намерасад.
Чун анорро дар об то муҳарро шуданаш биҷӯшо-
нанду 15 грамми онро бо оби ҳамон анор ҷӯшонида-
296
шуда бо 50 грамм орди арзан даромезанд, то атола
барин гардад ва дар он равғани зайтун ё равғани гу-
лисурх рехта бихӯранд, исҳоли бадтарини илоҷнопа-
зирро манъ мекунад.
Бемори табгирифта андак хӯрок хӯрда, баъд оби
анори ширин ё туршро бимакад, фоида мебахшад ва
агар пеш аз ғизо бимакад, беҳтар аст.
Чун аноррро дар шароб то пухтанаш биҷӯшонанд,
баъд онро сойида, бар гӯш гузошта банданд, дарди он-
ро дафъ мекунад.

117. Зарингиёҳ

Ин растании кӯҳистонист, решааш аз рӯ тира ва
дарунаш зард аст. Бинобар зард будани решааш ҳа-
мин тавр номида шудааст. Дар кӯҳсорҳои Осиёи Миё-
на бисёр мерӯяд. Ба русӣ золотой корень меноманд.
Гулаш зард аст. Қадди гиёҳаш то як ваҷаб мехезад,
баргҳояш сербар ва дурушт мебошанд.
Мизоҷаш гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: усораи решаи тари онро,
яъне оби решаи онро дар офтоб ғафс гардонида, до-
наи гандум барин аз он бо майи пухтагӣ бихӯранд,
ирқуннасоро шифо мебахшад, хуни дар хичак шахшу-
даро гудохта хориҷ мекунад, пешоби бандшударо ме-
кушояд ва душвор шошиданро осон мекунад, инчунин
ҳайзи бандшударо равон мегардонад.
Вале агар инро бисёр бихӯранд, ба хичак зарар
дорад. Дар ин ҳолат самари балутро, яъне ҷуфти ба-
лутро тановул намоянд, ислоҳи зарар менамояд.

118. Дӯлона

Ин ду навъ аст: дӯлонаи хасак, ки самараш сурх,
ки инро дӯлонаи сурхак низ меноманд; қисми дуввум-
ро самараш калон-калон ва дар вақти пухтан зард
мегардад. Беҳтараш калон-калони шодоб ва лазизи
он аст.
Мизоҷи дӯлонаи калон дар дараҷаи дуввум сард
ва дар якум хушк аст, вале ба қавли баъзеҳо тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: самари пухтагии онро
бихӯранд, ғизо мешавад; қабзият дар узвҳои бадан
пайдо мекунад, яъне моддаҳои зарарноки ба узвҳо
рехташавандаро манъ месозад; баданро фарбеҳ меку-
297
над, шиддати ҷӯшиши моддаҳои сафро ва фишори ба-
ланди хунро паст мегардонад, қайро таскин медиҳад,
меъда ва ҷигари гармро қавӣ менамояд, иштиҳоро ба
таом бармеангезад, исҳолро мебандад, чакмезакро ши-
фо мебахшад.
Оби дӯлонаро бо шакар бинӯшанд, дарди сареро,
ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад.
Дӯлонаро кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахт-
ро таҳлил медиҳад ва сурхбодро шифо медиҳад.
Вале агар дӯлонаро аз ҳад зиёд ва бисёр бихӯ-
ранд, ба гурда зарар дорад, иллати қулинҷро (колит-
ро) пайдо мекунад, меъдаро заиф мегардонад. Дар
ин маврид арпабодиён ва гулқанд бояд бихӯранд, то
он, ки зарараш ислоҳ ёбад.
Миқдори як бор нӯшидан аз оби меваи дӯлона то
90 грамм ва аз гӯшти мевааш то 55 грамм аст.
Ба ҷойи дӯлона себи туршро истифода баранд, раво
мебошад.
Мизоҷи дӯлонаи сурхак, ки навъи майдаи он аст,
ба мизоҷи дӯлонаи калон-калон наздик аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд,
хун қай кардан, аз дарун хунравӣ, инчунин қайро
манъ мекунад; пуштро қавӣ мегардонад, иллати фил-
поро нафъ дорад.
Зарар ва миқдори ошомиданаш монанди дӯлонаи
калон аст.

119. Заъфарон

Ин торҳои гули растанӣ мебошад, ки монанди гул-
ҳои маҳсар аст, бисёр хушбӯй. Рангаш зарди тираи
моил ба сурхӣ, вале чун маҳсар хор надорад. Бар-
гаш монанди барги ёсамин ва пиёзакаш монанди
пиёзаки наргис аст. Дар миёни гули он се-чор торҳои
заъфарон дорад.
Ин растаниро аксар дар Кашмир, Эрон, Испания
ва ғайра мамлакатҳо месабзонанд, дар мамлакати мо
фақат дар нимҷазираи Абшерони Республикаи Озар-
бойҷон воқеъ, мерӯёнанд. Беҳтарини ҳамааш кашми-
рӣ, баъд аз он эронӣ ва сонӣ испании он аст, вале
озарбойҷониаш камбӯй ва заиф мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро ба дарун ис-
298
теъмол фармоянд, фараҳи бисёр меоварад, ҳамаи даҳ
ҳисси одамиро қавӣ мегардонад; хислати часпандагӣ
дорад; моддаҳои зарарнок ва нодаркорро пазонида,
барои хориҷ шудан муҳайё месозад; хилти балғамро
аз бадбӯ гаштан манъ мекунад ва инчунин онро аз
вайрон шудан нигоҳ медорад; пешобро меронад, қабз-
кунанда аст, яъне моддаҳои зарарнок ва нодаркори
ба узвҳо рехташавандаро манъ мекунад; боҳро ба ҳа-
ракат меоварад; ҷавҳари рӯҳи ҳайвониро, ки манбааш
дил аст, қавӣ мегардонад; қувватбахши ҷигар, узвҳои
даруни шикам ва узвҳои нафас мебошад, дар инсон
ҳисси нишот меоварад, ханда пайдо мекунад, хичак
ва гурдаро пок менамояд, башараро соф мекунад;
қуввати даворо ба дил ва узвҳои дигар бурда мерасо-
над; гиреҳҳои майна, ҷигар ва сипурзро мекушояд.
4,5 граммашро занҳо бо чой фурӯ баранд, душво-
рии зойиданро осон мекунад. Агар ҳар рӯз аз он 0,2
грамм бихӯранд, сипурзро ба дараҷае пок мекунад,
ки ёфтани он амри муҳол мегардад; ин миқдорро бо
майи пухтагӣ бихӯранд, хуморро дафъ менамояд; агар
инро бо асал бихӯранд, санги гурда ва хичакро майда
карда мерезонад, бо кокутӣ бихӯранд, дарди бачадон
ва мақъадро дафъ мекунад.
Заъфаронро бибӯянд, варами пардаҳои даруни си-
наро нафъ дорад, хоб меоварад.
Агар заъфаронро ос карда, чун сурма ба чашм ка-
шанд, чашмро равшан мекунад ва пардаи ба он афто-
даро, ки чашмро торик мегардонад, дафъ менамояд,
инчунин дар натиҷаи беморӣ кабуд гаштани чашмро
ба ислоҳ меоварад; шилпуқӣ, қӯтур ва реши чашмро
шифо мебахшад.
Заъфаронро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва
бардавом ба сар бирезанд, дарди шадиди сар ва бе-
хобиро ба ибро меоварад.
Агар инро гузошта банданд, обравии чашмро ис-
лоҳ ва ба чашм фуромадани рутубатҳоро манъ меку-
над; реши ҷамра, ки мӯҳлик мебошад ва варами гар-
ми гӯшро мегардонад; дарди сари аз сардӣ баамал-
омадаро таскин медиҳад, бехобиро дафъ мекунад.
Инро бо фарфюн (молочай) даромехта бимоланд,
барои иллати ниқрис (подагра) ва бемориҳои буғум-
ҳо дору мешавад. Ва агар кӯфта бипошанд, хуни раф-
таистодаро манъ мекунад.
Заъфаронро занҳо аз таг бардоранд, дарди бача-
299
донро ба ибро меоварад ва агар дар мақъад бардо-
ранд, дарди онро таскин медиҳад.
Вале агар онро аз ҳад зиёд бихӯранд, ба гурда за-
рар дорад, иштиҳоро ба таом суст мекунад, мумкин
аст дилро беҳузур (беҷо) созад, зарараш бинобар
пайдо шудани туршӣ аз рехта гаштани моддаи савдо
ба меъда аст; инчунин меъдаро қавӣ мегардонад аз
сабаби он, ки дар заъфарон гармӣ, қуввати дибоғатку-
нандагӣ ва қабзиятовар мавҷуд аст; дарди сар меова-
рад. Агар бо шароб бихӯранд, мастӣ меоварад. Вале
бардавом бихӯранд, ҳисҳои одамиро тира мегардонад,
инчунин ба асабҳо ҳам зиён мекунад. Дар ин маврид
арпабодиён бихӯранд ё сиканҷабин биёшоманд, зара-
раш ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз заъфарон дар як рӯз
то 7 грамм аст; вале мегӯянд, ки 10,5 грамми он ку-
шанда мебошад бо воситаи беҳад хурсанд ва хушҳол
кардан.
Як тори заъфаронро дар сӯрохи закар гузоранд,
пешоби бандшударо равон мекунад.
7 грамми онро бо шароб хамир карда, монанди
чормағз кулӯла сохта, онро сӯрох карда, бо ресмон
ба шиками зани ҳомила биёвезанд, душвор зойиданро
осон мекунад ва ҳамроҳаки (ёраки) тифлро зуд фурӯд
меоварад.
Аз заъфарон равған ҳам тайёр мекунанд ба ин та-
риқ. 225 грамми заъфаронро дар 1050 грамм равғани
кунҷиди нав ё равғани зайтун панҷ рӯз андохта мо-
нанд ва ҳар рӯз барҳам зананд, яъне бикованд ё би-
ҷунбонанд, баъд соф карда нигоҳ доранд, ки ин рав-
ғани заъфарон ҳисоб меёбад.
Хислатҳои шифобахши ин равған: агар инро бимо-
ланд, асабро мулоим мекунад, сахтии бачадонро, ки
дар тибби ҳозира ноболиғии бачадон меноманд, ба
ҳоли сиҳат мегардонад, хоб меоварад. Агар инро дар
сӯрохи бинӣ бимоланд ва дар бинӣ бирезанд, зот-ул-
ҷанбро, ки варами пардаҳои даруни сина аст, шифо
мебахшад.
Молидани ин равған решҳои бачадон, решҳои ха-
биса (злокачественные язвы) ва бадфиоли дигар узв-
ҳоро пок мегардонад.
Агар ин равғанро бо муми занбӯри асал ва мағзи
устухон даромехта, занҳо аз таг бардоранд, реши ба-
чадонро шифо медиҳад.
300

120. Занҷабил

Ин бехрешаи гиёҳест, ки ба решаи сабзии саҳроӣ
мемонад, вале аз он майдатар ва баргҳояш борики
дароз аст. Ин дар сарзамини Ҳиндустон бисёр аст.
Навъҳои кӯҳӣ ва даштӣ низ дорад. Дар бозорҳои
шаҳрҳои Осиёи Миёна ёфт мешавад.
Мизоҷи тару тозааш дар дараҷаи саввум гарм ва
дар якум хушк аст. Мизоҷи хушкаш дар дараҷаи дув-
вум хушк ва бо рутубати зиёдатӣ мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин қуввати ҳо-
физаро афзун мегардонад, инчунин қувватҳои узвҳои
ҳозимаро, ки меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз мебо-
шанд, зиёд месозад; гиреҳи ҷигарро мекушояд, боҳро
мустаҳкам мекунад; бодҳои ғализи меъда ва рӯдаҳо-
ро таҳлил медиҳад; балғам ва рутубати ғафси ба сат-
ҳи даруни меъда часпидаро тит ва пароканда меку-
над; зардпарвин ва чакмезакро, ки аз сардӣ ва сустии
олатҳои пешоб ҳодис шуда бошанд, шифо мебахшад;
инчунин исҳолеро, ки аз вайрон шудани ғизо ба амал
омада бошад, манъ менамояд; заҳрҳои ҳайвониро аз
бадан дафъ мекунад; агар ташнагӣ аз зиёд гаштани
балғам ба зуҳур пайваста бошад, таскин медиҳад. Бо
набот ва шилми кундур бихӯранд, зарари, яъне газан-
ди аз хӯрдани меваҳои тар баамаломадаро дафъ ме-
созад, рутубати зиёдатии меъдаро ба эътидол меова-
рад. Инро бо зардаи тухми мурғи нимпухта ҳамроҳ
карда бихӯранд, маниро зиёда мегардонад ва ғафсии
маниро ислоҳ мекунад.
Занҷабили хушкро маҳин сойида, чун сурма ба
чашм кашанд, пардаи ба чашм афтодаро, ки торикии
басорат меоварад, инчунин сурхӣ ва гули чашмро дафъ
мекунад.
Занҷабилро дар даҳан нигоҳ доранд, ташнагиро, ки
аз ҷамъ шудани балғам дар меъда ба амал омада бо-
шад, таскин медиҳад.
Агар инро кӯфта гузошта банданд, узвҳоро қавӣ
мегардонад, кузоз (столбняк)-ро сиҳат мекунад, ба-
восири бодиро шифо мебахшад; дард ва варамро, ки
сабаби инҳо сардӣ ва афзудани балғам бошанд, дафъ
мекунад, варами вабоӣ ва бодии хояҳо, инчунин ва-
рамҳои дигар узвҳоро шифо мебахшад. Агар ба ин ба-
робари ду миқдораш ҳазориспандро ҳамроҳ намоянд,
таъсираш қавитар мегардад.
301
Вале хӯрдани занҷабил ба ҳалқ зарар дорад —
дар ин ҳолат асал ва равғани бодоми ширин бихӯранд,
ки ислоҳи зарар намояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз занҷабил дар як рӯз то
7 грамм аст.

121. Сагпистон

Ин самари дарахтест ду навъ мебошад: яке калон
ба андозаи олу ва дар дарунаш тухми зичи луобнок
дорад, тухмаш аз гӯшти самараш ҷудо мебошад; навъи
дуввумаш аз он майдатар аст, тухмҳояш ба гӯшти ме-
вааш часпидагӣ, вале луоби ин камтар аст, аммо ши-
ринтар аз навъи калон-калони он. Самарҳои ҳар ду
навъ ҳам дар хӯша мебошанд. Дар вақти пухта раси-
дан зард ва баъд аз хушк шудан сиёҳранг мегарданд.
Беҳтаринаш расида ва навъи сергӯшти он аст. Дарах-
таш дар бузургӣ то ба ду қомати одам ва зиёда аз
он ҳам мехезад. Ранги танаи он сафед, шохҳояш сабз,
баргаш гирдак ва андак шахшӯл аст.
Мизоҷаш дар гарму сардӣ мӯътадил, вале дар да-
раҷаи якум тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: самари онро дар даҳан
нигоҳ дошта, обашро фурӯ баранд ё як шабонарӯз
дар об тар карда, он обро бинӯшанд ва ё дар об ҷӯ-
шонида, он обро биёшоманд, узвҳои даруни сина ва
ҳалқро мулоим мекунад, инчунин варамҳои ин узвҳо-
ро таҳлил медиҳад; дағалии овозро ислоҳ медиҳад,
сурфаи гарми хушкро шифо мебахшад ва гирифтагии
овозро мекушояд; шиддат ва тезии баланди сафро ва
ташнагиро сокин мекунад; сӯзиши пешобро, ки саба-
баш тезии сафро бошад, ба ибро меоварад, кирмҳои
меъдаро ихроҷ мекунад, исҳоли одамони гарммизоҷро
мебандад, моддаҳои савдо ва балғами шӯрро дафъ
менамояд; хислати давоҳои исҳоловар, табҳои гарми
сафровӣ ва хуниро, яъне табҳоеро, ки аз зиёд гаштан
ва ҷӯшидани моддаҳои сафро ва хун ҳодис шуда бо-
шанд— ҳамаашро ба ибро меоварад. Агар аз нӯши-
дани шароби тез ё аз давоҳои тезтаъм рӯдаҳо харо-
шида шуда бошанд, шифо мебахшад.
Ғизо аз хӯрдани сагпистон кам ҳосил мешавад, дар
узвҳои бадан рутубатҳои балғамӣ пайдо мекунад ва
он чӣ дар рӯдаҳо бошанд, лағжонида фурӯд меоварад.
302
Агар сагпистонро дар об ҷӯшонда, бо он оби нимгарм
ҳуқна кунанд, сатҳи даруни рӯдаҳоро мешӯяд.
Сагпистонро дар дӯшоб пухта гузошта банданд,
пучакҳоро мекафонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз сагпистон дар як рӯз
аз 30 дона то 45 грамм аст.
Вале истеъмоли сагпистон ба дарун меъдаро заиф
мегардонад ва ба ҷигар ҳам зарар дорад. Агар ба
одамони сардмизоҷ зиён кунад, барги гулисурх ва ба
одамони дорои мизоҷи дигар зарар кунад, челон би-
хӯранд, ислоҳи зарар менамояд.
Ба ҷойи сагпистон растании гулихайриро истифода
баранд, раво мебошад.
Чун 4—5 адад барги навбаромадаи онро реза кар-
да, шаб дар об тар намуда, субҳ молида ва он обро
соф карда бинӯшанд, барои беҷо ва беихтиёр равон
шудани манӣ, захми сӯрохи закар, ки сӯзок низ мено-
манд, даво мешавад.
Пӯсти хушки дарахти онро сӯхта бипошанд, дарди
сӯхтагии оташро таскин медиҳад ва захмашро низ
шифо мебахшад.

122. Саломалек

Ин пиёзаки хушбӯест, ки сахт, кулӯлаи дарозак
ва баъзе фақат дарозак ва ғайра. Гиёҳаш дар замин-
ҳои корам ва ғайрикорам мерӯяд, ки намнок бошанд.
Инро мардум мешиносанд.
Дар тиб пиёзаки зеризаминии сиёҳ, пӯсти дарунаш
сафед, хушбӯйи сахти он ба кор меравад. Навъҳои ди-
гараш зарарнок, ҳатто заҳрнок аст.
Мизоҷи қисми дарунаш сафеди хушбӯйи он дар да-
раҷаи дуввум гарм ва хушк аст. Ба қавли баъзеҳо дар
аввал гарм ва дар дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро кӯфта гузошта
банданд, заҳри каждумро бе ҳеҷ гуна дард кашида
берун меоварад. Ва агар бихӯранд, пешоб ва ҳайзро
равон мекунад, санги гурда ва хичакро майда карда
мерезонад, даҳани рагҳоро мекушояд, ҳамаи бадбӯйи-
ҳои аъзоро дафъ мекунад ва инчунин фаҳм ва ақлу
фаросатро зиёда мегардонад; дарди сарро, ки саба-
баш сардӣ бошад, шифо мебахшад; бадбӯйии бинӣ, ба-
восири даруни бинӣ, агар кӯфтаи онро бо воситаи
303
найча пуф кунанд — ҳамаашро дафъ мекунад. Агар
гузошта банданд, бавосирро шифо мебахшад.
Инро бихӯранд, ранги рӯйро неку мегардонад; дил-
тапак (дилбозӣ) ва зардпарвинро шифо мебахшад;
меъда ва узвҳои ҳозимаро, ки иборат аз меъда, ҷигар,
рӯдаҳо ва сипурз мебошанд, қавӣ месозад; асабҳоро
қувват мебахшад: боҳ ва иштиҳоро бармеангезад,
захмҳои меъдаро сиҳат мекунад ва бодҳоро пароканда
менамояд.
Чун ин пиёзакро бо об сойида, дар зарфи сафолӣ
бар рӯйи оташ гузоранд, рутубаташ макида гардад,
баъд гирифта ҳар рӯз ба дили наҳор камакак аз он
бихӯранд, барои қавӣ сохтани меъда ва дафъ карда-
ни сӯзиши сари меъда, ки сабабаш бадҳазмӣ бошад
ва инчунин бадбӯйии даҳанро, ки вобаста ба меъда
бошад, яъне бо ширкати меъда бошад, дармон меша-
вад.
Агар оби онро дар гӯш чаконанд, гаронии гӯшро
дафъ мекунад.
Онро бимоланд, дандон ва милки онро мустаҳкам
мегардонад, даҳанро хушбӯй месозад, захм ва бӯйи
бади даҳанро дафъ мекунад.
Хушки инро кӯфта бипошанд, ба решҳои тари
кӯҳна гӯшт мерӯёнад, барои дардҳои сард, ки аз ҷамъ
шудани бод бошанд, даво мешавад. Агар инро пай
дар пай гузошта банданд, низ бемориҳои номбурдаро
шифо мебахшад.
Кӯфтаи онро бо зифти санавбар сиришта бимо-
ланд, ҷӯшишҳои пӯсти сарро сиҳат мекунад.
Инро дар об ҷӯшонида, бо он об рӯйро бишӯянд,
гунаи рухсораро соф мегардонад.
25 грамм пиёзаки сафеди саломалекро дар 300
грамм шароб ҷӯшонида, 25 грамм аз он бинӯшанд,
ҳамаи намудҳои кирми меъда ва кирмҳои дигари ши-
камро (ҳатто кирми кадудона—солитёр)-ро дафъ ме-
кунад.
Агар пиёзаки саломалекро бо решааш истеъмол
кунанд, қуввати онро вайрон мегардонад, ба ҳалқ ва
овоз зарар дорад —дар ин маврид шакар бояд хӯрд,
ки ислоҳи зарари он намояд. Ба шуш ҳам зиён меку- ,
над, дар ин ҳолат арпабодиён бихӯранд, зарараш ис-
лоҳ мегардад.
Агар ин пиёзакро аз меъёр зиёда бихӯранд ва ё
бардавом истеъмол намоянд, хунро месӯзонад, илла-
304
ти махавро пайдо мекунад. Барои ин қабил зарарҳо-
яшро нест кардан, онро се рӯз дар асал ва сирко тар
кунанд, кифоя аст, ки безарар гардад.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз пиёзаки са-
ломалек аз 3,5 то 9 грамм аст.
Агар инро дар собунгарӣ дохили собун намоянд,
боиси хушбӯй ва шифобахшии он мегардад.

Ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.