Канзи шифо. Давоҳои наботӣ ва беҷон 286-296

286. Нишоиста

287. Шакари янтоқ

288. Мисвок

289. Қатод

ДАВОҲОИ БЕҶОН

290. Хок

291. Гили бӯта

292. Ақиқ

293. Сулаймонӣ

294. Елими пӯсти ҳайвонот

295. Нуқра

296. Сандарус

286. Нишоиста

Тайёр намудани ин чунин аст. Гандумро дар об то
бӯйи бад пайдо кардан тар мекунанд. Ин вақт пӯсти
он аз мағзаш ҷудо мегардад. Баъд ҳамаи онро бо
чангол мемоланд, мағзаш аз пӯст ҷудо мегардад, яъне
мағзи он аз даруни пӯсташ берун меояд. Баъд онро
аз ширахалта мегузаронанд, суфлашро мепартоянд ва
аз ширахалта гузаштаашро то муддате таҳшин гаштан
мегузоранд, вақте ки тамоман таҳшин шуд, оби боло-
яшро рехта мепартоянд ва таҳшинашро қурсҳо сохта,
дар офтоб хушк мекунанд. Баъд ба истеъмол меди-
ҳанд. Беҳтарини нишоистаҳо сафеди нав ва софи сиёҳ
нагаштаи он аст.
Мизоҷи ин дар охири дараҷаи аввал сард ва хушк
аст, вале баъзеҳо сард ва тар донистаанд.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бо давоҳои
чашм ҳамроҳ намоянд, хислатҳои номанзури онҳоро ис-
лоҳ менамояд ва он доруро ба чашм кашанд, чашмро
қавӣ мегардонад, захмҳои чашмро хушк мекунад, қӯ-
тури ин узвро шифо мебахшад ва моддаҳои ғайрии
ба чашм рехташавандаро манъ месозад.
Нишоистаро дар шири занон ё дар сафедаи тухми
мурғ ҳал карда, ба чашм кашанд, сӯзиши ин узвро
таскин медиҳад, дарди чашмро сиҳат мекунад ва шах-
шӯлии пилкҳои чашмро мулоим мегардонад.
Нишоистаро бо набот ё бо равғани бодоми ширин
пухта, нимгарм бихӯранд, хун қай карданро манъ ме-
кунад; дағалии ҳалқ, сурфаи гарм, дарди узвҳои да-
656
руни сина ва силро шифо мебахшад, хуни бавосир ва
ҳайзро қатъ мекунад. Агар инро бо наски бирёнкар-
да пухта бихӯранд, исҳолро мебандад.
Аз нишоиста ҳарира (кисель) тайёр карда бихӯранд,
моддаҳои ғайриро, ки ба узвҳои даруни сина фурӯд
меоянд, аз фуромадан манъ мекунад. Нишоистаро бо
чарбии буз ба ин тариқ, ки бояд як вазн нишоистаро бо
чор баробар вазни он об ва чарбии буз хуб бипазанду
бихӯранд, аз ҳад зиёдати амали давои исҳоловарро
дафъ мекунад, харошида шудани сатҳи даруни рӯда-
ҳоро шифо мебахшад.
Нишоистаро дар оби гарм ҳал карда, бо он ҳуқна
кунанд, захмҳои сатҳи даруни рӯдаҳоро ба ибро мео-
варад.
Нишоистаро бо сирко хамир сохта гузошта банданд,
дарди гулӯро шифо мебахшад ва варамҳои гармро
таҳлил медиҳад.
Нишоистаро бо шароб даромехта бимоланд, барои
газидани мори афъӣ даво мешавад.
Нишоиста ҳамчун ғизо камқувват аст.
Вале бисёр хӯрдани нишоиста маниро кам мекунад,
дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо мекунад, дер ҳазм
мешавад ва мегӯянд, ки моддаи савдоро ба амал мео-
варад. Давои ин зарарҳояш шириниҳо ва қаранфули
гардан хӯрдан аст. Ба ҷойи ин биринҷи шустагӣ ва гар-
ди осиёро истеъмол кунанд, раво мебошад.
Миқдори як бор хӯрдан аз нишоиста дар як рӯз аз
4,5 то 70 грамм аст.

287. Шакари янтоқ

Ин шабнамест, ки бар гиёҳи шутурхор, яъне янтоқ
дар ноҳияҳои Хуросон, сарзаминҳои мобайни дарёҳои
Ому ва Сир, Гурҷистон, Туркманистон ва Ҳамадон ме-
нишинад ва монанди резаҳои набот шах мегардад. Таъ-
маш ширин аст. Беҳтарини он нав ва аз баргу хори
гиёҳаш ҷудо кардашудаи он аст. Шохҳои шакарбори
онро бурида ҷамъ намуда, ба суфра ва дастархонҳо
метаконанд, то он, ки шакараш ҷудо гардад. Баъд аз
хору баргу хошок пок сохта истеъмол мекунанд. Агар
ба шоху баргу хори янтоқ часпида монад ва дар вақ-
ти таконидан ҷудо нагардад, он гоҳ онро ба об андох-
та меҷӯшонанду полида, аз хасу хошок пок намуда, бо
657
ҷӯши бисёр ғафс мегардонанд ва дар офтоб мехуш-
конанд.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Хис-
лати поккунандагиаш аз шакар зиёдтар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: ошомидани он дарунро
мулоим мекунад, хилти (моддаи) сафроро ба осонӣ
хориҷ менамояд; барои сурфа, дарди узвҳои даруни си-
на, беҷо (беҳузур) шудани дил ва табҳои гарм даво
мебошад, ташнагиро мешиканад; агар инро бо оби
панир биёшоманд, ахлоти сӯхтаро аз бадан дафъ меку-
над; бо оби ҷав бо мудовамат бихӯранд, ахлоти гар-
ми тезро аз бадан ихроҷ менамояд. Агар инро бо ши-
ри навдӯшида бихӯранд ва бо он мудовамат намоянд,
боҳро (пушти камарро) бармеангезад ба ин тариқ, ки
25 грамми онро бо 150 грамм шири говмеш (буйвол)
биёшоманд.
Ин шакари янтоқро бо оби зира биёшоманд, қа-
роқули шикамро, ки бо таби сабук бошад, дафъ ме-
кунад.
Вале инро барои бемориҳои таби сахт, нағзак (гу-
лак), сурхича (қизамуқ), исҳоли хунин, бавосир, хун
пешоб кардан истеъмол намекунанд,— ҳамин тавр Абу-
алӣ ибни Сино муайян кардааст.
Миқдори як бор хӯрдан аз шакари янтоқ дар як
рӯз аз 15 то 30 грамм аст.

288. Мисвок

Ин буттаи даштӣ ва кӯҳии маълум мебошад. Бар-
гаш сербари дароз, сабз, хушранг, анбӯҳ; чӯбаш муло-
им. Ин растанӣ хазон намекунад, хорнок ва бехор низ
мешавад. Гулаш сурхтоб, самараш ба андозаи нахӯд
дар хӯша, ҳангоми хом будан каме талхтаъми бо тун-
ҷии бисёр, сабз, вале дар охир баъди расидан баъзе-
аш сурх, сафед ва баъзе бунафш мегардад, баъд си-
ёҳ мешавад, андак ширинӣ, талхӣ, тунҷӣ ва тезӣ пайдо
мекунад. Тухми саҳроияш майда мешавад, вале хӯшаи
самари кӯҳиаш назар ба саҳроӣ калонтар, самараш
бетухм, бирасад таъмаш андак ширин, тунҷ ва тез ме-
гардад, вале дар баъзе мавзеъҳо самараш тухмдор ва
ширинтар, бузургтар мерӯяд, ки баъзе мардум онро
мехӯранд.
Ба қавли табиб Бағдодӣ мизоҷи буттааш хушк, са-
658
мараш дар гармӣ ва хушкӣ мӯътадил, вале табиб Ан-
токӣ мизоҷи инро дар дараҷаи дуввум гарм ва дар
саввум хушк, аммо муаллифи китоби «Тӯҳфат-ул-мӯъ-
минин» ҳаким Муҳаммад Мӯъмин дар дараҷаи аввал
гарм ва дар охири дуввум хушк донистааст.
Хислатҳои шифобахши он: хусусияти поккунан-
дагӣ дорад, таҳлилдиҳандаи варамҳо ва модда-
ҳои ғафси бадан, гиреҳҳоро мекушояд, барои дафъ
кардани рутубатҳои часпак ва бодҳои ғафс даво
мебошад, назлаҳоро мебандад, меъдаро қувват меди-
ҳад, исҳолро манъ мекунад, варами бачадонро мегар-
донад, бавосирро дафъ мекунад, душвор шошиданро ис-
лоҳ месозад, хичакро аз моддаҳои нодаркор ва зарар-
нок пок мегардонад; обила, донаҳои ба сар бароянда
ва решгарданда, инчунин саромос ва мӯрчагазакро ши-
фо мебахшад, дардҳоро таскин медиҳад, милки дан-
донро мустаҳкам менамояд.
Баргашро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳ-
лил медиҳад, назлаҳоро аз фуромадан манъ мекунад,
саромос ва мӯрчагазакро дафъ месозад. Агар самари
инро дар равғани зайтун пухта гузошта банданд, дард-
ҳои бачадонро таскин ва варами онро таҳлил медиҳад,
бавосирро нест мекунад ва барои решҳои сар фоида
дорад.
Самарашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд,
душвор шошиданро осон мекунад ва хичакро аз мод-
даҳои зарарнок пок месозад, меъдаро қувват мебах-
шад ва исҳолро мебандад. Инчунин тухмашро дар об
ҷӯш дода он обро бинӯшанд низ, ҳамчунин меъдаро
қавӣ мегардонад ва исҳолро дафъ мекунад.
Бо чӯби он мисвок кунанд, яъне чӯби онро ба дан-
дон бимоланд, дандонро аз чирк пок ва милкашро
мустаҳкам мегардонад ва агар аз ҳад зиёд мисвок ку-
нанд, дар забончаи ҳалқ ҷӯшишҳо пайдо мекунад ва
агар онро ба дарун истеъмол намоянд, сатҳи даруни
рӯдаҳоро мехарошад. Ин қабил зарари онро катиро
бихӯранд, ислоҳ мекунад.
Миқдори як бор ошомидан аз обе, ки дар он мис-
вок ҷӯшонида шуда бошад, дар як рӯз то 150 грамм
ва аз тухмаш то 10,5 грамм аст.
Муаллифи китоби «Дастур-ул-атиббо» ва дигар та-
бибони машҳур гуфтаанд, ки баргаш барои қӯтур, ма-
хав, бавосир ва мурдор шудани хун фоида дорад.
Самари мисвок талх аст ва агар инро бихӯранд
659
балғамро дафъ мекунад ва агар балғаму сафро мур-
дор гарданд, ба ислоҳ меоварад; барои сӯзиши узвҳо,
истисқо (водянка), варамҳо, махав. табҳои гарм ва
резонидани кирмҳои меъда ва рӯдаҳо (ҳатто кирми ка-
дудона) даво мебошад.

289. Қатод

Ин буттаи даштии пурхор аст ва хорҳояш нӯгтез,
вале пояаш бехор мебошад. Шутур онро намехӯрад,
аммо маҳз дар соле беборон, ки гиёҳҳои дигар нарӯ-
янд, шутур маҷбур аст, ки бихӯрад ва тӯъмаи худ на-
мояд. Ва агар чорпоён чаро карда онро бихӯранд, фар-
беҳ мегарданд. Гулаш зардтоб ва дар он порчаҳои сурх-
ранг ҳаст, меваи он аз гулаш берун меояд ва рангаш
монанди донаки хурмо мебошад. Катиро шилми ҳамин
бутта, ки аз самараш мегиранд ва ё танаи пояашро бо
теғ тарошида ё чок намуда, монанди афюн шилмаш-
ро берун медамонанд. Дурусттараш баъди тарошидан
шилмаш аз он ҷоҳои захминаш берун медамад. Ин рас-
таниро болишти ошиқон ҳам меноманд, ба забони ру-
сӣ астрагал мегӯяндаш, дар сарзаминҳои мамлакати
мо бисёр аст.
Мизоҷи гиёҳаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк
аст ва ба қавли муаллифи «Ихтиёроти бадеӣ» гарм ва
тар аст. Хислатҳои шифобахши он: оби инро бинӯ-
шанд, барои сурфа, зиқ-ун-нафас (бронхиальная аст-
ма) ва захми шуш (сил) дармон мешавад.
Оби инро бо сирко ва асал даромехта бимоланд,
доғи сафеди пӯст ва дигар доғҳои пӯстро дафъ меку-
над.
Решаи ин растанӣ равғандор аст, ки худи тарашро
бидуни равған оташ диҳанд, монанди машъал месӯзад.
Шилми ин буттаро, ки катиро меноманд, рангаш са-
фед ва сиёҳ мешавад. Беҳтарини он сафеди соф, ҳам-
вор ва таъмаш моил ба ширини он аст, навъи сиёҳаш
бекора мебошад.
Мизоҷи шилмаш, яъне катиро дар гармӣ ва сардӣ
мӯътадил мебошад ва дар дараҷаи якум тар ва инчу-
нин серрутубат аст. Вале ба қавли баъзеҳо мизоҷаш
дар дараҷаи якум хунук ва хушк мебошад, ки хушки-
аш камтар аз сардии он аст. Вале баъзеҳо гарм ва тар
гуфтаанд, инчунин баъзеҳо мураккаб-ул-қувват донис-
таанд.
660
Хислатҳои шифобахши он: Хусусиятҳои тиббии он:
часпонанда, камтар хушк ҳам мекунад, тезии давоҳоро
мешиканад, хунро ҳам ғафс мегардонад, сахтиҳои узв-
ҳои баданро мулоим менамояд, шасти ахлот ва сӯзиши
онҳо пас менишонад, инчунин тезии давоҳои ошоми-
даниро дар рӯдаҳо кам мекунад ва таъсири шифобах-
шии он давоҳоро зиёда мегардонад бинобар хосияти
часпандагӣ доштанаш.
Агар инро бо луоб ва давоҳои дигари муносиб да-
ромехта ба чашм кашанд, дард, захм ва обилаҳои
чашмро шифо мебахшад.
Катироро бо шири хар ва ё бо шири навдӯшида
бихӯранд, хун қай карданро хоҳ аз меъда бошад, хоҳ
аз узвҳои даруни сина ва дигар ҷоҳои дарун, қатъ ме-
кунад; барои сурфа, дағалии узвҳои даруни сина ва
ҳалқ, захми шуш ва гирифтагии овоз дармон мешавад.
Агар катироро бо асал сиришта, ҳаб ё қурс сохта, дар
даҳан нигоҳ доранду обашро фурӯ баранд, барои ҳа-
маи иллатҳои узвҳои даруни сина дармон мешавад.
Агар инро бо давоҳои муносиб биёшоманд, рӯдаҳо-
ро қувват мебахшад ва инчунин захм ва сӯзиши онҳо-
ро дафъ мекунад, дарди гурда ва хичакро таскин ме-
диҳад, захми хичак ва роҳҳои пешобро сиҳат меку-
над, инчунин сӯзиши пешобро, ки сӯзок низ меноманд,
дафъ месозад, ҳоли давоҳои заҳрнокро ислоҳ медиҳад
ва мегӯянд, ки моддаи сафро ва балғамро, ки часпак
бошад, бо исҳол дафъ мекунад.
Агар инро бо мағзи ҳар гуна бодоми бепӯст бо му-
довамат бихӯранд ва ё баробари вазни он шакар ва
хоҳ аз ин таркиб нишоиста тайёр карда биёшоманд, ба-
данро бағоят фарбеҳ мекунад, хусусан баъд аз он ши-
реро, ки дар он норгил (ҷавзи ҳиндӣ) ҷӯшонида шуда
бошад, бинӯшанд, зуд ва зиёда таъсир дорад.
Ин шилмро бимоланд, барои дафъ кардани доғи
кунҷидак, нарм гардонидани пӯст, дафъи шахшӯлии он
ва кафидани лаб дармон мешавад. Агар инро бо сирко
сиришта бимоланд, барои дафъ кардани доғи сафеди
пӯст ва пес дору мешавад; бо луобҳо даромехта бимо-
ланд, тарқидани мӯйҳоро ислоҳ мекунад.
Агар инро бо гӯгирд сиришта гузошта банданд, ба-
рои қӯтур, решҳои хӯранда, вале агар бо давоҳои му-
носиб даромехта гузошта банданд, барои аксари захм-
ҳои аз гармӣ ва сардӣ суратгирифта дору мешавад.
Вале истеъмоли катиро ба дарун ба қисми поёни
661
бадан зарар дорад. Агар зиён кунад, арпабодиён бихӯ-
ранд, ислоҳаш медиҳад.
Миқдори як бор хӯрдан аз катиро дар як рӯз аз
3,5 то 17,5 грамм аст.
Ба ҷойи ин барои часпонидани решҳо ва ғайраҳо
шилми бодомҳоро бихӯранд ва барои мулоим кардани
сахтиҳо ва ғафс гардонидани моддаҳо тухми кадуро
истеъмол намоянд, ҷоиз аст.
Бехи ин буттаро, яъне қатодро бикӯбанд, ҳангоме
ки хушк бошад, бо сирко ба доғи сафеди пӯст бимо-
ланд, онро дафъ мекунад.

ДАВОҲОИ БЕҶОН

290. Хок

Беҳтарини хокҳо хоки холис аст, яъне таркиби он
шӯра, рег ва гӯгирд надошта бошад ва аз ҷоҳои обаш
ширин бошад. Латифтарини хокҳо он аст, ки аз оби
ширини равон таҳшин гашта бошад.
Мизоҷи хоки холис мутлақан сард ва хушк аст. Ва-
ле дар таркиби хок намак ва гӯгирд бошанд, хоки об-
ҳои талх, инчунин хоки оби баҳрҳои шӯр ва уқёнус-
ҳо албатта дар мизоҷ гарм ва хушканд.
Хислатҳои шифобахши он: ҳамаи навъҳои хокро би-
хӯранд, бимоланд ва гузошта банданд, қабз, хушк ва
поккунандаи пӯст аст; банд ва манъкунандаи исҳол,
таҳлилдиҳандаи варамҳо, таскиндиҳандаи тафс ва гар-
мии мақъад; агар узвҳо аз бисёрии савор ва ҳара-
катҳои бисёр ва шадид сусту нотавон гашта бошанд,
қувват мебахшад.
Хоки холисро бихӯранд, барои иллати сил, хун қай
кардан ва харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо
дармон мешавад, заҳрҳои ҷонваронро аз бадан дафъ
мекунад.
Ин хоки холисро дар об ҳал карда, бо он ҳуқна ку-
нанд, харошида шудани даруни рӯдаҳоро шифо ме-
бахшад. Ва агар онро лой карда бимоланд заҳри афъ-
иро дафъ мекунад ва газидани саги девонаро шифо ме-
бахшад. Хокро бо сирко ва равғани гулисурх хамир
сохта бимоланд, варами гармро таҳлил медиҳад.
662
Хокеро, ки муддати тавил офтоб бар он тобида
бошад, бимоланд, барои истисқо (водянка) дору меша-
вад, узвҳои сусту нотавонгашта ва лоғарро ба ислоҳ
меоварад. Агар инро бо сирко сиришта бимоланд, га-
занди ҷонварони заҳрнокро дафъ мекунад. Бо он хок
сарро бишӯянд, сарро аз чирк пок мегардонад, мӯйро
мустаҳкам ва дароз мекунад.
Хокеро, ки оташи бисёр дида бошад монанди хо-
ки оташдон, бисёр хушккунанда ва поккунандаи ба-
шара аст, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад, инчунин
дағалии ҷоҳои бадан ва хоришро нест менамояд. Инро
бо сирко хамир карда гузошта банданд, газидани зан-
бӯрро шифо мебахшад. Агар инро бо мумравған си-
ришта гузошта банданд, ханозер (хукгардан) ва сах-
тиҳоро таҳлил медиҳад.
Хоки танӯрро бо намак ва сирко сиришта бимо-
ланд, качалии (каляраи) сари кӯдаконро дафъ ме-
гардонад.
Хоке, ки муддати дароз дар намак монда бошад ва
зарфи гиле, ки дар он намак мегузоранд, барои таҳлил
додани варамҳои сард, кафонидани пучакҳо ва чиртак-
ҳо доруи хубест. Агар ин қабил хокро бо пешоби буз ё
шутур, ё гов хамир сохта гузошта банданд, истисқоро
шифо мебахшад. Коҳгилро бо сирко хамир сохта гу-
зошта банданд, барои газидани каждум ва ҷонварони
дигар дору мебошад, варамҳои гармро таҳлил меди-
ҳад. Чун ба коҳгил гулоб бипошанду бибӯянд, дил ва
майнаро қавӣ мегардонад, дилтапакро дафъ мекунад,
иллати беҳушшавӣ ва тафси ин узвҳоро ислоҳ меди-
ҳад.
Коҳгилро бо гулоб, арақи говзабон ва дигар арақ-
хо хамир сохта, як шабонарӯз дар тобистон болояшро
пӯшида бигузоранду баъд бо анбиқ аз он арақ каши-
да, аз он арақ биёшоманд, дилро қавӣ мегардонад
дилтапак (дилбозӣ) ва сустии меъдаи гармро беан-
доза фоида дорад.
Молидан ва гузошта бастани хоки таҳшини наҳрҳои
обашон ширин, узвҳоро қавӣ мегардонад ва варамҳои
кӯҳнаро таҳлил медиҳад; сусту нотавон ва лоғарии
аъзоро, ки аз бисёр рафтани хун ва хун қай кардан
сурат гирифта бошад, шифо мебахшад
Хоки чорраҳаро гузошта банданд, решҳоро хушк ва
аз рим пок мегардонад. Агар инро бимоланд ё гузош-
663
та банданд, узвҳои сустгаштаро мустаҳкам месозад, ба
истисқо нафъ дорад.
Инро дар замонҳои қадим ба таркиби баъзе маъ-
ҷунҳо дохил менамуданд.

291. Гили бӯта

Ин хокест сафедранг, мулоим, часпак ва андак
чарб аст. Он рагҳои хоки холиси часпак аст.
Мизоҷаш хунук ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар бо ин сарро би-
шӯянд, мӯйро аз чирк пок мегардонад.
Агар инро бипошанд, гузошта банданд ва бимоланд,
барои захмҳои кӯҳна, пучак ва чиртакҳо, таҳлил до-
дани варамҳои гарм ва таскин додани дарди онҳо дар-
мон мешавад.

292. Ақиқ

Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон ҳақиқ ҳам ме-
гӯянд. Ақиқ санги қиматбаҳоест маълум ва кони он
дар мулки Яман ва дар Канбоят бештар, инчунин дар
соҳили баҳри Рум (Византия) низ мебошад. Беҳтарини
он яманӣ аст, ки соф ва шаффоф бошад. Фарқи миёни
ақиқи яманӣ ва ғайрияманӣ дар он аст, ки ақиқи яма-
нӣ сахт мебошад баръакси ғайриямании он ва бо
рангҳои гуногун аст: сурх, зард, сафед, сиёҳ (ҳар яки
аз инҳо рангин, нимранг, сурх, ҷигарӣ, соф, шаффоф,
нософ, ало, сангранг, қабатдор). Ҳар якеи онҳо ҳанго-
ми аз конаш баровардан камранг мебошанд. Қитъа-
ҳои, соф, шаффоф, инчунин беҷирми онро ҷудо карда,
меҷӯшонанд, сонӣ рангин мегардад. Тариқи ҷӯшонида-
наш чунин аст, ки деги калони сафолӣ ё мисиро, ки
баланд бошад, то ба гардан дар он чӯбҳо мечинанду
даруни дегро то нисфаш об меандозанд. Қитъаҳои
ақиқро бар он чӯбҳо мечинанду сари дегро маҳкам
баста, аз таги он оташи мулоим меафрӯзанд, ки бухо-
роти гарм ба он қитъаҳо бирасад. Касоне, ки ин амал-
ро баҷо меоваранд, назди худ одамони қарорӣ до-
ранд, то ки онҳо барои рангин кардани ақиқ дастёрӣ
намоянд. Баъд аз рангин шуданаш, қитъаҳои ақиқро
бароварда, тарошида, суфта, ба ҳар шакл ва намуде,
664
ки хоҳанд, медароранд. Он чӣ аз онҳо бисёр ранги-
ни софи шаффофи барроқи якранг бошад, бисёр хуб
аст.
Барои давоҳо, ангуштаринӣ қисми бисёр сурх,
шаффоф ва барроқи онро сарачин мекунанд. Баъд
зард ва он чӣ дар ҷирми он шаклҳои монанди шохи
дарахтон ё сурати кӯҳпорае бошад, онро ҳаҷарӣ (сан-
гӣ) меноманд. Он чӣ қабат бар қабат бошад, ҳар яке-
ро ба ранги ҳамон қисм метарошанд, ки қабатҳои он
яке аз болои дигаре мебошад, онро ҷазъ (бомшакл)
меноманд. Он чӣ ба паҳноӣ бурида бошанд, ки дар
сатҳи рӯйи он хатҳои гирдшакл ва ё ғайри гирдак бо-
шанд, онро ҳаҷари (санги) сулаймонӣ ва ба тоҷикӣ
бобоғӯрӣ меноманд. Ин навъи охирин аксар сахттар
мебошад назар ба хелҳои дигари он. Аксар санги мӯҳ-
раро аз ҳамин навъаш месозанд.
Мизоҷи ақиқ дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: як грамм ақиқи маҳин-
сойидаро батанҳоӣ ё бо шарбати себ биёшоманд, дил-
ро қувват мебахшад ва дилтапак (дилбозӣ)-ро дафъ
мекунад: ин миқдорро батанҳоӣ бихӯранд, хун қай кар-
дан ва хунравиро аз ҳар узве, ки бошад, хусусан хуни
ҳайзро, ки бо ҳеҷ даво наистода бошад, манъ меку-
над. Агар ин миқдор ақиқро бо асал ё бо ҷадвор бихӯ-
ранд, гиреҳи ҷигарро мекушояд; бо тухми гулихайрӣ ё
бо шибит ва ё бо ҷадвор бихӯранд, сангҳои гурда ва
хичакро майда карда мерезонад.
Инро маҳин ос карда ё бо дигар давоҳои чашм
даромехта, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро қувват
медиҳад ва даруни милки чашмро неку мегардонад.
Ақиқи сӯхтаро ос карда батанҳоӣ ё бо марворид, ё
бо марҷон ба дандон бимоланд, дандонҳои ҷунбонак
ва милки онро мустаҳкам мекунад, рафтани хунро аз
буни дандон манъ месозад ва чирки онро нест мегар-
донад.
Агар ақиқро бо худ овезанд, шиддати ғазабро тас-
кин медиҳад ва хунравиро аз ҳар узве, ки бошад, манъ
месозад, хусусан барои ҳайзи ҳамешаравон дору мебо-
шад.
Агар ангуштари ақиқро ба даст бипӯшанд (бигузо-
ранд), дилтапакро дафъ мекунад, дар назари душман
ҳайбатнок мегарданд ва аз дарди узвҳои даруни си-
на эмин мемонанд.
Нақл аст, ки чун ақиқро бо мушк, кофур ва рав-
665
ғани зайтун сойида, ба рӯ ва мӯйи худ биноланду назди
султон ва амирону амалдорон раванд, азиз ва гиромӣ
мегарданд, маҳбуби ҳамаи халқ мешаванд, чунонки
мардуми аҷам фирӯзаро ба фол неку медонанд.
Истеъмоли ақиқ ба дарун барои гурда зарар до-
рад — давояш катиро хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз ақиқ дар як рӯз то 1,75
грамм аст. Ва ба ҷойи ин марҷонро истеъмол намоянд,
раво мебошад.

293. Сулаймонӣ

Инро ба тоҷикӣ дафошшикана ва ба забони русӣ
сулема мегӯянд.
Ин чизест маснӯӣ (сунъӣ) сахт, ки аз симоб ва
марги муш тайёр мекунанд ба ин тариқ: дар таносуби
симоб 306 грамм ва марги муш 25,5 грамм—ҳар дуро
бисёр маҳин ос карда, бо воситаи гармӣ додаи бухо-
рашро шах карда мегиранд. Беҳтаринаш ба ранг са-
феди он аст, низ ба рангҳои дигар ҳам мешавад.
Мизоҷаш дар дараҷаи чорум гарм ва хушк ва ин
заҳри қотил аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро ба марҳамҳо до-
хил менамоянд, ки хусусияти дафъ кардани гӯшти ҳа-
ром дорад. Агар бихӯранд, ҳалок мегардонад. Давои
инро хӯрдагон шири навдӯшида, шӯрбо ва васма хӯр-
да, пай дар пай қай кардан аст.
Аз аломатҳои касе, ки инро хӯрда бошад: бехобӣ,
беҳушӣ, кӯр шудан, ҷӯшиши хун ва қайкунӣ аст. Илоҷ
ва давои инро хӯрдагон тадбири занҷарф, симоб ва
марги муш хӯрдагон аст.
Вале алҳол навъи сурхи онро камтар дар арақ ҳал
карда, рӯзе аз он қатрае дар як пиёла шир чаконида
мехӯранд низ. Аз ҷумла муаллифи ин сатрҳо — ман ҳам
соли 1952 ним ҳаби (таблеткаи) сурхи онро дар ним
литр арақ ҳал карда, аз он арақ ҳар рӯз як қошуқи
ошӣ истеъмол карда будам.

294. Елими пӯсти ҳайвонот

Тариқи тайёр карданаш чунин аст. Пӯсти ҳайвонот-
ро дар об то муҳарро шудан меҷӯшонанд. Баъд мегу-
зоранд, то он ки дурдааш таҳшин гардад. Инро соф
666
намуда аз нав меҷӯшонанд ва боз барои ҷудо гаштани
таҳшинаш мегузоранд. Ин амалро якчанд такрор ме-
намоянд, то он ки дигар дурда таҳшин нагардад. Сонӣ
он миқдор ҷӯш медиҳанд, ки ғафс шавад. Аз оташ фу-
рӯд оварда, дар офтоб чандон мекованд, ки ғализ ва
қобили бо корд буридан гардад. Пас порча-порча бу-
рида, хушк менамоянд. Дар вақти ҳоҷат миқдори му-
айян ва зарури онро дар оби гарм дар оташ то об
шилмак гаштанаш меҷӯшонанд. Баъд ҳар чизеро, ки
часпониданӣ бошанд, мечаспонанд. Беҳтарини елимҳо
аз пӯсти гови покиза тайёр карда мешавад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои ин часпо-
нанда ва хушккунанда мебошад.
Агар инро бимоланд, захм, ширинча ва обилаҳои
кӯҳнаи сарро шифо мебахшад.
Елимро дар об ҳал карда батанҳоӣ ё бо сирко да-
ромехта бинӯшанд, аз узвҳои даруни сина хун қай кар-
дан ва захми шушро даво мебошад.
Елимро бо асал даромехта гузошта банданд, вара-
ми захмҳоро мегардонад, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда
сиҳат мекунад, устухони шикастаро бо ҳам часпонида
мустаҳкам мегардонад ва устухони беҷошударо ба ҷо-
яш устувор месозад; ҷурраи обиро, яъне даббаеро, ки
аз фуромадани об ба хояҳо сурат гирифта бошад, ши-
фо мебахшад; агар инро бо об даромехта гузошта бан-
данд, сӯхтагии оташро ба ибро меоварад ва обила кар-
дани онро манъ мекунад.
Елимро бо зардчӯба, ғӯраи сарв ва сирко сиришта,
барои ҷурра, ки аз даридани пардаи шикам ва фуро-
мадани рӯдаҳо, агар нав бошад, то муддате бибандан-
ду накушоянд, шифо мебахшад, варами захмҳоро ме-
гардонад, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад.
Агар инро бо мозу ва ғӯраи сарв сиришта бибанданд,
барои дабба, ки аз даридани пардаи шикам ва аз фу-
ромадани об ба хояҳо бошад, даво мешавад; бо сирко
даромехта гузошта банданд, қӯтури пӯстхезак ва ил-
лати пӯстпартоӣ, шукуфаи пӯст, донача ва ширинчаҳои
сар, доғи сафеди пӯст ва песро дафъ мекунад ва ин-
чунин доғҳои дигари пӯстро дур менамояд, башараро
пок мегардонад.
Чун елимро гудохта, пашми харгӯшро ба он олон-
да, ба ҷароҳатҳое, ки хун аз онҳо равон бошад, гузо-
ранд, хунро манъ мекунад; инро ба сӯхтагии оташ гу-
667
зошта банданд, дард ва сӯзиши онро таскин медиҳад,
инчунин намегузорад, ки обила кунад.
Елими пӯсти ҳайвониро сӯхта, маҳин сойида, чун
сурма ба чашм кашанд, пурра таъсири тӯтиёро соҳиб
мебошад.

295. Нуқра

Маълум аст, ки ин аз фулузоти асил ҳисоб меёбад.
Ранги нуқраи соф ба сафедӣ моил аст балки сафед
мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хусусияти фараҳбахши-
аш ба ёқут наздик аст, барои молихулиё, девонагӣ ва
васвос дору мешавад.
Инро бо мили нуқра ба чашм кашанд, гули тунуки
чашмро дафъ мекунад, чашмро қувват мебахшад.
Аз дами сӯҳон баромадаи онро бо пиёзаки сафеди
саломалек бихӯранд, бӯйи бади даҳанро дафъ мекунад,
рутубатҳои часпаки бадбӯ ва балғамро мекашад.
Нуқраи аз дами сӯҳон баромадаи онро бардавом
бихӯранд, дамкӯтаҳӣ, сурфа, дилтапак (дилбозӣ), тар-
сончакӣ ва дигар бемориҳои дилро шифо мебахшад; бо
ҷадвор бихӯранд, меъда ва ҷигарро қавӣ месозад, ру-
тубатҳоро кашида берун мекунад, барои истисқо ва ил-
латҳои сипурз дору мешавад, санги гурда ва хичакро
майда карда мерезонад, душвор шошиданро осон ме-
кунад.
Аз дами сӯҳон баромадаи инро бо симоби куштагӣ
ҳал карда бимоланд, бавосирро дафъ мекунад ва агар
ин маҳлулро ба қӯтур ва хориш бимоланд, шифо ме-
бахшад.
Аз дами сӯҳон баромадаи нуқраро гузошта банданд,
варамҳоро таҳлил медиҳад.
Истеъмоли нуқра ба дарун барои рӯдаҳо зарар до-
рад. Ин зарарашро катиро бихӯранд, ислоҳ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз нуқра дар як рӯз аз 0,5
то 1,75 грамм аст.
Яке аз хислатҳои нуқра он аст, ки аз бухор ва бӯйи
гӯгирд ва инчунин бо он якҷо гузошта шавад, сиёҳ ме-
гардад. Агар ин тавр ҳодис шавад, бо намак бишӯянд,
пок мегардад.
668
Таом ва шаробро дар зарфҳои нуқра биёшоманд,
фараҳ меоварад.
Агар аз ҷоми нуқра шароб нӯшанд, зуд мастӣ мео-
варад.

296. Сандарус

Ин чизест монанди каҳрабо ва аз ҷинси он аст. Ран-
гаш зард, баъзе порчаҳои он сурхранг, аз каҳрабо ре-
затар, дар равғани кунҷид ба оташ гузоранд, гудохта
мегардад. Равғани машҳур, ки наққошон истифода ме-
кунанд ва мутахассисони Ҳиндустон сохта, ба ҳарир
мемоланд ва аз он мумҷома месозанд, аз ҳамин аст.
Сандарус зоҳиран шилми дарахте мебошад, ки маъ-
лум нест. Дида мешавад, ки дар мағзи онҳо кирмҳои
майда ва мӯрчаҳо ҳастанд. Аз ин маълум аст, ки дар
вақти нав ва рақиқ (суюқ) будани ин шилм он ҷонва-
рон дар он ғӯтида ва баъди шах шудани шилм ҳамон
тавр мондаанд. Ин ҳам далели он аст, ки сандарус аз
қабили шилм аст.
Сандарус чор навъ мебошад: 1. Он, ки беруни он
зард ва дарунаш сурхи барроқ (ялаққосӣ); 2. Он, ки
зарди камранг, бисёр суст, яъне мулоим. 3. Он, ки
моил ба кабудӣ ва суст. 4. Он, ки рангаш сиёҳ ва са-
буки сахт. Қисми якумаш беҳтарини ҳамаи он аст.
Хубтарин сандарус он аст, ки монанди каҳрабо коҳро
ба худ бикашад. Қуввати он то 20 сол боқӣ мемонад.
Ин аз давоҳои волоқадр ба ҳисоб меравад. Фарқи мо-
байни сандарус ва каҳраборо муайян кардан бисёр
душвор аст. Зеро ки ин низ коҳро монанди каҳрабо
ба худ мекашад. Вале фарқаш дар ҳамин аст, ки из
аз каҳрабо сусттар аст ва чун ба оташ андозанд, аз
ин бӯйи бад, яъне бӯйи шохи ҳайвони сӯхта меояд ва аз
сӯхтаи каҳрабо бӯйи оби мустако шамида мешавад. Ди-
гар он, ки аз каҳрабо бӯйи оби лиму меояд, хусусан,
ки бимоланд ва гарм кунанд, ин бӯй зиёдтар зоҳир
мегардад. Таъми сандарус андак талх мебошад, вале
каҳрабо талхӣ надорад. Қуввати хасро ба худ каши-
дан дар сандарус камтар аз каҳрабост.
Мизоҷи сандарус дар дараҷаи дуввум гарм ва дар
саввум хушк аст ва ба қавле дар якум гарм ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро ос карда бихӯранд,
рутубатҳои зиёдатии майна ва дигар узвҳоро хушк
669
мегардонад; хун қай кардан ва хунравиро аз ҳамаи
узвҳо хоҳ аз дарун бошад, хоҳ аз берун, манъ меку-
над; исҳоли хунинро шифо мебахшад, балғамро аз меъ-
да ва рӯдаҳо канда дафъ менамояд, кирмҳои ин ҳар
ду узвҳо, ҳатто кирми кадудонаро мекушад, пешоб ва
ҳайзро равон месозад: агар асаб аз зиёд шудани балғам,
сардӣ ва рутубат суст ва нотавон шуда бошад, ислоҳ
мекунад; дилтапак (дилбозӣ), васвос, дамкӯтаҳӣ, зиқ-
ун-нафаси балғамӣ, табҳои давоӣ, бемориҳои сипурз,
бавосир ва исҳоли кӯҳнаро шифо мебахшад. Инро бо
сиканҷабин якҷо бо мудовамат бихӯранд, фарбеҳиро
дафъ мекунад, арақ карданро манъ месозад, қуввати
баданро нигоҳ медорад — бинобар ҳамин гӯштингирҳо
инро мехӯранд.
Агар инро бо шаҳдоб (асалоб) биёшоманд, хуни
ҳайз ва пешобро меронад.
Сандарусро бо сирко ё сиканҷабин ва ё бо ҳар ду
якбора биёшоманд, бачаи занони ҳомиларо аз шикам
башиддат меафтонад.
Агар сандарусро бо асал даромехта ба чашм ка-
шанд, гули чашм ва захми онро дафъ мекунад, доғ-
ҳои аз ҳар захм ё реш боқимонда ва шилпуқиро си-
ҳат мекунад.
Чун сандарусро сойида, ба ҷигари гӯсфанд ё оҳу по-
шида, дар рӯйи оташ кабоб кунанд ва оберо, ки аз он
барояд, ба чашм кашанд, шабкӯриро дафъ мекунад.
Ин обро дар гӯш чаконанд, дарди онро таскин меди-
ҳад, гаронии гӯшро бартараф мекунад. Ин обро бо
равғани зайтун ё бо равғани гулисурх даромехта бича-
конанд, ҷароҳати даруни онро ба ҳам меоварад.
Сандарусро бо шакар якҷо сӯхта, дудашро биги-
ранд, зуком ва бавосирро қатъ мекунад, носурро, ки
захми кӯҳнаи лоилоҷ аст, хушк мекунад, яъне сиҳат
мебахшад.
Агар сандаруси кӯфтаро ба дандон бимоланд, дар-
ди ин узвро таскин медиҳад ва дандони ҷунбонакро
мустаҳкам месозад, инчунин решҳои милки дандонро
сиҳат мекунад.
Кӯфтаи инро бипошанд, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда
сиҳат мебахшад.
Агар инро дар равғани бодоми ширин ҷӯшонида
ба қивом оваранду бимоланд, кафидани ҳар узверо, ки
бошад, шифо мебахшад. Ва агар бо равғани гулисурх
қивом карда муттасил бимоланд, кафидани гӯштҳои
670
дасту поҳоро сиҳат мекунад; бо қатрон (дёготь) да-
ромехта бимоланд, шукуфаи пӯстро шифо мебахшад.
Агар сойидаи сандарусро занҳои ҳомила аз таг бар-
доранд, бачаи онҳоро аз шикам меафтонад. Дар ди-
гар хислатҳо монанди каҳрабо аст.

Ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.