Муҳаммад Иқбол. Паёми Машриқ

iqbol

Муҳаммад Иқбол (1877-1938) бузургтарин шоири форсигӯйи Ҳинду Покистони садаи бист, яке аз маҳбубтарин гӯяндагони шеър миёни форсизабонони ҷаҳон аст. Нахустин ошноиро бо Иқбол банда соли 1972, ҳангоми донишҷӯйӣ пайдо карда будам.

Он замон дар мактабҳои миёна, агар ғалат накунам, касе аз Иқбол огаҳие надошт. Ёд дорам, яккаву ягона китоби гулчини соли 1966 виростаи шодравон Мирсаид Миршакар бо номи «Паёми Машриқ» дар байни донишҷӯёни ду-се курс сайёра буд. Дувоздаҳ сол пас бо кӯшиши А. Ғаффоров нашри мукаммалтари осори шоир бо номи «Садои Машриқ» чоп шуд.

Ва ниҳоят пас аз 30 соли хомӯшӣ, соли 2008 бо саъю эҳтимоми яке аз ҳаводорони шеъри ноби Иқбол – Қиёмиддин Сатторзода тамоми осори форсии шоир, яъне «Куллиёти Форсӣ» ба хати кириллик баргардон ва чоп шуд. Ва банда бо камоли сипосгузорӣ аз рафиқи замони донишҷӯйиам Қиёмиддин аз ин куллиёт китоби «Паёми Машриқ»-ро барои хондани бархат (онлайн) ба Шумо, хонандагон, пешкаш мекунам.

Паёми Машриқ

(Дар ҷавоби шоири олмонӣ Ҳёте)
Ли-л-лоҳи-л-Машриқу ва-л-Мағриб
Пешкаш ба ҳузури аълоҳазрат амир Амонуллоҳхон
фармонравои давлати мустақилаи Афғонистон
халлада-л-лоҳу мулкаҳу ва иҷлолаҳу

Эй амири комгор, эй шаҳриёр,
Навҷавону мисли пирон пухтакор.
Чашми ту аз пардагиҳо маҳрам аст,
Дил миёни синаат ҷоми Ҷам аст.
Азми ту поянда чун кӯҳсори ту,
Азми ту осон кунад душвори ту.
Ҳиммати ту чун хаёли ман баланд,
Миллати садпораро шерозабанд.
Ҳадя аз шоҳаншоҳон дорӣ басе,
Лаълу ёқути гарон дорӣ басе.
Эй амир, ибни амир, ибни амир,
Ҳадяе аз бенавое ҳам пазир!
То маро рамзи ҳаёт омӯхтанд,
Оташе дар пайкарам афрӯхтанд.
Як навои синатоб овардаам,
Ишқро аҳди шабоб овардаам.
Пири Мағриб, шоъири олмонавӣ,
Он қатили шеваҳои паҳлавӣ,
Баст нақши шоҳидони шӯху шанг,
Дод Машриқро саломе аз Фаранг.
Дар ҷавобаш гуфтаам пайғоми Шарқ,
Моҳтобе рехтам бар шоми Шарқ.
То шиносои худам, худбин наям,
Бо ту гӯям, ӯ кӣ буду ман киям.
Ӯ зи афрангӣ ҷавонон мисли барқ,
Шӯълаи ман аз дами пирони Шарқ.
Ӯ чаманзоде, чаманпарвардае,
Ман дамидам аз замини мурдае.
Ӯ чу булбул дар чаман «фирдавси гӯш»,
Ман ба саҳро чун ҷарас гарми хурӯш.
Ҳар ду донои замири коинот,
Ҳар ду пайғоми ҳаёт андар мамот.
Ҳар ду ханҷар, субҳханд, ойинафом,
Ӯ бараҳна, ман ҳанӯз андар наём.
Ҳар ду гавҳар, арҷманду тобдор,
Зодаи дарёи нопайдоканор.
Ӯ зи шӯхӣ дар таҳи қулзум тапид,
То гиребони садафро бардарид.
Ман ба оғӯши садаф тобам ҳанӯз,
Дар замири баҳр ноёбам ҳанӯз.
Ошнои ман зи ман бегона рафт,
Аз хумистонам тиҳипаймона рафт.
Ман шукӯҳи хусравӣ ӯро диҳам,
Тахти Кисро зери пойи ӯ ниҳам.
Ӯ ҳадиси дилбарӣ хоҳад зи ман,
Рангу оби шоъирӣ хоҳад зи ман.
Камназар бетобии ҷонам надид,
Ошкорам диду пинҳонам надид.
Фитрати ман ишқро дар бар гирифт,
Сӯҳбати хошоку оташ даргирифт.
Ҳақ рамузи мулку дин бар ман кушуд,
Нақши ғайр аз пардаи чашмам рабуд.
Барги гул рангин зи мазмуни ман аст,
Мисраъи ман қатраи хуни ман аст.
То напиндорӣ сухан девонагист,
Дар камоли ин ҷунун фарзонагист.
Аз ҳунар сармоядорам кардаанд,
Дар диёри Ҳинд хорам кардаанд.
Лолаву гул аз навоям бенасиб,
Тоирам, дар гулситони худ ғариб!
Баски гардун сифлаву дунпарвар аст,
Вой бар марде, ки соҳибҷавҳар аст!
Дидаӣ, эй хусрави кайвонҷаноб,
Офтоби мо таворат билҳиҷоб?
Абтаҳӣ дар дашти хеш аз роҳ рафт,
Аз дами ӯ сӯзи иллаллоҳ рафт.
Мисриён афтода дар гирдоби Нил,
Сустраг турониёни жандапил.
Оли Усмон дар шиканҷи рӯзгор,
Машриқу Мағриб зи хунаш лолазор.
Ишқро ойини салмонӣ намонд,
Хоки Эрон монду эронӣ намонд.
Сӯзу сози зиндагӣ рафт аз гилаш,
Он куҳаноташ фусурд андар дилаш.
Муслими ҳиндӣ шикамро бандае,
Худфурӯше, дил зи дин баркандае.
Дар мусалмон шони маҳбубӣ намонд,
Холиду Форуқу Айюбе намонд.
Эй, туро фитрат замири пок дод,
Аз ғами дин синаи садчок дод.
Тоза кун ойини Сиддиқу Умар,
Чун сабо бар лолаи саҳро гузар.
Миллати овораи кӯҳу даман,
Дар раги ӯ хуни шерон мавҷзан.
Зираку рӯинтану равшанҷабин,
Чашми ӯ чун ҷуррабозон тезбин.
Қисмати худ аз ҷаҳон ноёфта,
Кавкаби тақдири ӯ нотофта.
Дар каҳистон хилвате варзидаӣ,
Растахези зиндагӣ нодидаӣ.
Ҷони ту бар меҳнати пайҳам сабур,
Кӯш дар таҳзиби афғони ғаюр!
То зи сиддиқони ин уммат шавӣ,
Баҳри дин сармояи қувват шавӣ.
Зиндагӣ ҷаҳд асту истиҳқоқ нест,
Ҷуз ба илми анфусу офоқ нест.
Гуфт ҳикматро Худо хайри касир,
Ҳар куҷо ин хайрро бинӣ, бигир.
Сайиди кул, соҳиби Умму-л-китоб,
Пардагиҳо бар замираш беҳиҷоб.
Гарчи айни зотро бепарда дид,
«Раббӣ зиднӣ» аз забони ӯ чакид.
Илми ашё алламу-л-асмостӣ,
Ҳам асову ҳам яди байзостӣ.
Илми ашё дод Мағрибро фурӯғ,
Ҳикмати ӯ мост мебандад зи дӯғ.
Ҷони моро лаззати эҳсос нест,
Хоки раҳ ҷуз резаи алмос нест.
Илму давлат назми кори миллат аст,
Илму давлат эътибори миллат аст.
Он яке аз синаи аҳрор гир,
В-он дигар аз синаи кӯҳсор гир.
Дашна зан дар пайкари ин коинот,
Дар шикам дорад гуҳар чун Суманот.
Лаъли ноб андар Бадахшони ту ҳаст,
Барқи Сино дар кӯҳистони ту ҳаст.
Кишвари маҳкамасосе боядат,
Дидаи мардумшиносе боядат.
Эй басо одам, ки иблисӣ кунад,
Эй басо шайтон, ки идрисӣ кунад.
Ранги ӯ найрангу буди ӯ намуд,
Андаруни ӯ чу доғи лола дуд.
Покбозу каъбатайни ӯ дағал,
Риману ғадру нифоқ андар бағал.
Дарнигар, эй хусрави соҳибназар,
Нест ҳар санге, ки метобад, гуҳар.
Муршиди Румӣ —ҳакими покзод,
Сирри маргу зиндагӣ бар мо кушод.
«Ҳар ҳалоки уммати пешин, ки буд,
3-он, ки бар ҷандал гумон бурданд уд»*.
_____________________________________
*Ин баӣт аз Ҷалолиддини Румист (1207-1273).
Сарварӣ дар дини мо хидматгарист,
Адли форуқиву фақри ҳайдарист.
Дар ҳуҷуми корҳои мулку дин,
Бо дили худ як нафас хилват гузин.
Ҳар кӣ як дам дар камини худ нишаст,
Ҳеҷ нахчир аз каманди ӯ наҷаст.
Дар қабои хусравӣ дарвеш зӣ,
Дида бедору худоандеш зӣ.
Қоиди миллат шаҳаншоҳи Мурод,
Теғ ӯро барқу тундар хоназод.
Ҳам фақире, ҳам шаҳи гардунфаре,
Ардашере бо равони Бузаре.
Ғарқ будаш дар зиреҳ болову дӯш
Дар миёни сина дил мӯйинапӯш.
Он мусалмонон, ки мирӣ кардаанд,
Дар шаҳаншоҳӣ фақирӣ кардаанд.
Дар аморат фақрро афзудаанд,
Мисли Салмон дар Мадоин будаанд.
Ҳукмроне буду сомоне надошт,
Дасти ӯ ҷуз теғу Қуръоне надошт.
Ҳар кӣ ишқи Мустафо сомони ӯст,
Баҳру бар дар гӯшаи домони ӯст.
Сӯзи Сиддиқу Алӣ аз Ҳақ талаб,
Заррае ишқи Набӣ аз Ҳақ талаб.
3-он, ки миллатро ҳаёт аз ишқи ӯст,
Баргу сози коинот аз ишқи ӯст.
Ҷилваи бепардаи ӯ во намуд
Ҷавҳари пинҳон, ки буд андар вуҷуд.
Рӯҳро ҷуз ишқи ӯ ором нест,
Ишқи ӯ рӯзест, к-ӯро шом нест.
Хезу андар гардиш овар ҷоми ишқ,
Дар кӯҳистон тоза кун пайғоми ишқ.

Лолаи Тур

Афкор

Майи боқӣ

Нақши Фаранг

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

1 гузориш

  1. Муҳамад иқбол кулиёти форси

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.