224. Мӯрди саҳроӣ
Инро тоҷикон девмӯрд меноманд ва ба забони ара-
бӣ райҳон-ул-қубур, яъне райҳони қабристон мегӯ-
янд.
Растании ин аз буттаи мӯрди бӯстонӣ, ки мо дар
боло гуфтем, хурдтар ва баргаш каме сербар ва зард-
ранги нӯгтез. Чӯбаш нисбатан сахттар; самараш кулӯ-
ла ва баъди расидан бағоят сурх мегардад, ки аз ми-
ёнаи баргаш бармеояд. Аз як бех шохҳои бисёр ме-
рӯянд ва дар зимистон хазон намекунад.
Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумиаш:
таҳлилдиҳандаи варамҳо ва моддаҳои ғализ, бахудка-
шандаи моддаҳо ва қувватбахш аст.
Агар инро бибӯянд, рутубати майнаро кашида
дафъ мекунад ва худи майнаро қувват мебахшад. Ва
агар инро бихӯранд, барои саръ (припадка) ва дарди
сари балғамӣ дармон мешавад, рутубати мағзи сарро
дафъ ва ин узвро қавӣ мегардонад.
Самар ва баргашро бо шароб бихӯранд, меъда ва
ҷигарро қувват мебахшад, исҳол ва зардпарвинро
дафъ мекунад, шири беҷо аз пистон рехташавандаро
манъ месозад.
Агар инро кӯфта, дар сӯрохи пушт бардоранд, кир-
ми меъдаро ихроҷ мекунад.
Барг ва самарашро бо шароб биёшоманд, сангҳои
гурда ва хичакро майда карда мерезонад ва чакме-
закро, ки аз афзудани рутубат бошад, ба ибро мео-
варад.
Табиб Ибни Талмиз инро барои аз кӯфт ё афто-
дан зарба хӯрдан (аз ҷумла ба чалакидани майна)
муфид донистааст.
225. Пойи зоғ
Ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо панҷаи зоғ ҳам ме-
номанд. Тухмашро ба забони арабӣ отрилол мегӯянд
ва дар тиб маҳз тухми он ба кор меравад. Ин гиёҳ
520
дар ҳамаи кӯҳистон ва минтақаҳои доманакӯҳӣ мерӯ-
яд. Растаниаш каме ба шибит монанд, гулаш сафед,
баргаш пошхӯрдаи пароканда, пояаш чорпаҳлу, дар
охири фасли баҳор мерасад. Тухмаш бисёр реза, ран-
гаш тираи моил ба кабудӣ, дарозак, хеле талх ва тунд,
забонро мегазад ва сахт аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: тухми инро бихӯранд,
бодҳои дарунро таҳлил медиҳад ва нест мекунад, ба-
данро аз моддаҳои бегона пок месозад, ахлоти нодар-
корро бо воситаи пешоб дафъ мекунад, гиреҳҳои дохи-
ли баданро мекушояд, гурда ва хичакро аз олойишҳо
пок ва тоза мегардонад.
Инро бо шиша якҷо сӯхта, бо асал якҷо карда
бихӯранд, сангҳои гурда ва хичакро майда карда ме-
резонад. 3,5 грамм аз тухми он бо асал бихӯранд, бод-
ҳои иловусро, ки рӯдаи борики болоиро ба дард мео-
варанд ва варам мекунонанд, ба ғояти хубӣ таҳлил
медиҳад.
Агар тухми инро кӯфта гузошта банданд, решҳоро
хушк ва доғҳои пӯстро нест мекунад. Онро дар найча
андохта, ба даруни бинии занҳои ҳомила пуф кунанд,
бачаи онҳоро аз шикам меафтонад.
Чун 3,5 грамми онро нокӯфта, дар айёми гармои
тобистон бо оқирқирҳо, турбуд ва занҷабил — аз ҳар
яке ним грамм кӯфта дохил намуда, бо асал сиришта,
баъд аз баданро аз балғам танқия кардан бихӯранд
ва дар офтоб нишаста, мавзеи доғи песро ба офтоб
бидоранд, то он ки арақ кунад; ва агар ташнагӣ ғо-
либ ояд, об бинӯшанд, дар рӯзи аввал ва ниҳоят рӯ-
зи саввум ҷойи доғи пес обила мекунад ва баъд аз
дафъ гаштани зардоб аз он ҷо, пес батамом сиҳат ме-
ёбад. Дар ин бобат табиби ҳозиқи машҳур Ибни Бай-
тор ва муаллифи китоби «Ихтиёроти бадеӣ» навишта-
анд, ки батакрор имтиҳон карда шуда, ин сирри аҷиб
аст, аммо шарташ ҳамин, ки аввал бо давоҳои покку-
нандаи бадан танқия кардан даркор аст. Инчунин гуф-
таанд, ки ҳар рӯз фақат аз тухми он 10,5 грамм бо
асал то 15 рӯз пай дар ҳам бихӯранд ё аз мураккаби
он ва ё худи онро бо оқирқирҳо муддати понздаҳ рӯз
истеъмол намоянд, ҳатман доғи песро дафъ мекунад.
Агар доғи пес дар ҷоҳои гӯштдори бадан бошад, аз ин
ҳам зудтар сиҳат меёбад.
Баъзе табибони корозмуда гуфтаанд, ки худи тух-
521
машро танҳо истеъмол кунанд ҳам, кифоя мебошад,
ки доғи пес нест гардад ва баъзеи дигарҳо тасдиқ
мекунанд, ки агар якуним миқдор аз тухми пойи зоғ;
аз пӯсти мор, барги судоб, аз ҳар як як миқдор —ҳа-
маро кӯфта, бехта, то панҷ рӯз ҳар рӯз 10,5 граммӣ
онро бо шароби ангурӣ биёшоманду дар офтоб ниши-
нанд, аз ин иллат наҷот меёбанд.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми ин гиёҳ дар як
рӯз аз 3,5 то 10,5 грамм аст, бояд ки бо асал ё бо ша-
роб бихӯранд.
Агар инро аз ҳад бисёр ё давомнок бихӯранд, ба
ҷигар зарар мекунад—дар ин ҳолат сиканҷабин биё-
шоманд, зиёни онро ислоҳ мебахшад ва агар ба гурда
офат расонад, катиро бояд бихӯранд.
226. Каллакарам
Ин ба ҳама маълум аст, ки инро дар китобҳои тиб-
би қадим карами румӣ низ меноманд. Гиёҳи расидаи
ин монанди калла кулӯла мешавад. Беҳтарини он хуб
печида ва ранги сафедтобандаи он аст.
Мизоҷаш мураккаб-ул-қувват, яъне дар гармӣ ва
сардӣ мӯътадил мебошад, вале рутубат дар он мавҷуд
аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин карамро ҳатман бо
равғанҳо ё бо гӯшти фарбеҳ муҳарро пухта бихӯранд,
баъд безарар мегардад ва ин тавраш гиреҳҳоро меку-
шояд, моддаҳои ғализро дар бадан мулоим мекунад,
боднок аст, пешобро меронад, аз хӯрдани он хуни сав-
довӣ пайдо мешавад, майнаро суст мегардонад, дар
бадан бухор ҳосил мешавад, ҳамчун ғизо носара, бод-
нок, дар узвҳо гиреҳҳо пайдо мекунад. Яке аз хосият-
ҳояш он аст, ки хуморро пароканда месозад ва онро
сокин мекунад, моддаҳои савдовӣ ва бемориҳои савдо-
виро ба амал меоварад, ба фикрҳои носара мебарад,
хаёлҳои нописандро ба амал меоварад, хобҳои му-
шавваш мебинонад, мағзи сарро заиф мегардонад,
чашмро хира мекунад — ин хосияташ бинобар бухор
доштани таркиби он аст.
Оби ин карамро бинӯшанд, мастиро манъ мекунад.
Каллакарамро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва
бардавом бирезанд, дарди пайвандҳои баданро таскин
медиҳад.
522
Вале агар онро дар об бо гӯшти фарбеҳ муҳарро
пухта, бо чизҳои гарммизоҷ бихӯранд, ҳамаи зарар-
ҳояш дафъ мегарданд.
Каллакарами сафед боднок, оруғ меоварад, вале
маниро зиёд мекунад, шаҳвати ҷимоъро бармеанге-
зад, хусусан агар онро бо равған бирён карда бихӯ-
ранд, ин хислаташ зиёда зоҳир мегардад.
Мизоҷи тухмаш гарм ва хушк аст.
Агар инро бо шароб ё пеш аз шароб нӯшидан ис-
теъмол намоянд, мастиро манъ мекунад, хуморро па-
роканда месозад ва маниро зиёда мегардонад.
227. Карами тоҷикӣ
Ин намудҳои гуногун: бӯстонӣ, даштӣ ва баҳрӣ низ
дорад. Инчунин навъҳои бӯстониаш ҳам гуногун аст.
Қисми аз бӯстониашро бехрешааш монанди лаб-
лабу, пӯсташ шахшӯл, сабзранг, баргаш сербари ғафс-
тар аз барги лаблабу, рангаш сабзи ғуборнок аст.
Тухмаш резаи кулӯла ва сурхи тираранг, ки ин аз
қисмҳои карами набатӣ мебошад. Низ бехрешаи қис-
ми дигараш ба шалғам монанд мебошад, рангаш са-
фед, пӯсташ он қадар дурушт нест, ҷирми мағзаш но-
зуки береша. Баргаш монанди барги қисми якум, вале
аз он кӯчактар. Инчунин қисми дигараш низ мавҷуд
аст, ки аз бехаш пояе мерӯяд, ки каме аз замин ба-
ланд гашта, бар он монанди шалғам сабзи камранг
гиреҳи басташуда дорад ва бар болои он ҳам то ба
ду ваҷаб пояе месабзад ва дар нӯги ҳамон соқаш
баргҳо бармеоварад, ки хуллас, ба қисми дуввум ша-
боҳат дорад — ин хӯрокӣ аст ва ана ҳамин гиреҳаш
ба истеъмол дода мешавад, на бехрешаи он, ки дар
замин аст. Низ қисми дигар ҳам дорад, ки аз бехи он
баргҳояш мерӯянд. ки ба баргҳои қисми аввал мо-
нанд мебошанд. Вале баргҳои беруни он аз он калон-
тар ҳастанд ва баргҳои даруниаш майдатар. Дар миё-
наҷояш аз бехаш пояҳои нозуки кӯтоҳ ба дарозии ду-
се ангушт мерӯяд. Бар сари он пояҳо қуббаҳои сафед-
ранг ҳамааш бо ҳам пайваст мебошад Дар байни
ҳар як қубба як баргчаи борик — қуббаҳои он то 15
адад мешаванд, инро гулкарам меноманд, ки мо ме-
донем ва шох ва қуббаҳои ин низ хӯрда мешаванд ва
дар тиб низ истеъмол меёбанд, на бехрешаи он. Инаш
523
аз ҳамаи навъҳои дигараш нозуктар ва сабуктар ме-
бошад.
Хуллас, навъҳои карам дар шакл: шомӣ (визан-
тиягӣ), ҳамадонӣ, мавсилӣ, андалусӣ ва ғайра меша-
ванд.
Мақсад аз карами тоҷикӣ гуфтан дар ин ҷо бӯсто-
нӣ (зироатӣ)-и он ва беҳтарин қисмҳои он нозуки бе-
решаи тару тозаи он аст.
Мизоҷи ҳамаи навъҳои карами тоҷикии бӯстонӣ дар
дараҷаи якум гарм ва дар дуввум хушк аст, вале та-
ри дар бехрешааш бештар аз барги он аст.
Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумиаш:
пазонанда, нармкунанда, ва хушкнамоянда аст, ху-
сусан чун дар об ҷӯшонида, он обро пур намо-
янд, ҳамчун ғизо камтар ва аз наск тармизоҷтар ме-
гардад. Чун инро бо гӯшти фарбеҳ ва мурғи ҷавон
бипазанд, ҳамчун ғизо сара мегардад.
Ин намуд карамро пухта ва инчунин тухмашро би-
хӯранд, ба мағзи сар баромадани бухорро манъ меку-
над, дарди сарро таскин медиҳад, торикии чашмро ис-
лоҳ мекунад ва мастиро дафъ месозад, қабзият меова-
рад. Агар инро муҳарро пухта бихӯранд ҷараёни мод-
даҳоро манъ ва хуморро сокин менамояд, ларзакро
дафъ мекунад, хоб меоварад, ба чашми хира қувват
мебахшад.
Усораи онро, яъне обашро дар офтоб ғафс гардо-
нида, ба даруни бинӣ бирезанд, майнаро аз моддаҳои
бегона пок месозад, хоб меоварад ва забонро хушк ме-
кунад.
Ин карамро муҳарро пухта бихӯранд, сурфаи кӯҳ-
на, варами пардаҳо ва узвҳои дохили шикам ва сина-
ро шифо мебахшад.
Ҳар рӯз 25 грамми онро бихӯранд, овозро соф ва
гирифтагии онро дафъ мекунад, дарди сипурзро шифо
мебахшад; инчунин онро бардавом бихоянд ва оби он-
ро бимаканд, барои овози гирифтагӣ ҳамчунин таъсир-
ро дорад.
Бо усораи он ё ки бо равғани кунҷиде, ки ин ка-
рам дар он ҷӯшонида шуда бошад, ғарғара кунанд,
дарди гулӯи шадидро шифо мебахшад.
Карами тоҷикӣ ҳамчун ғизо дерҳазм бодангез аст,
хусусан дар фасли тобистон рӯйидааш чунин мебошад
Ва агар намакхӯрдаи онро дар об ҷӯшонида бипазанд,
боз ҳам бадтар мегардад.
524
Барги тару тозаи онро бо сирко бихӯранд, варами
сипурзро дафъ мекунад. Агар инро дар об ҷӯшонида,
он обро бинӯшанд, ҳайз ва пешобро равон мекунад.
Усораи инро бо решаи савсани кӯҳӣ ва натрун (та-
накори арманӣ) биёшоманд, дарунро меравонад.
Тухмашро бихӯранд, боҳро ба ҳаракат меоварад.
Агар инро занҳо баъд аз ҷимоъ кардан аз таг бардо-
ранд, мании дохилшударо вайрон мекунад.
Гули ин растаниро кӯфта, занҳо аз таг бардоранд,
ҳайзи бандшударо равон месозад ва бачаро дар ши-
ками занони ҳомила мекушад, хусусан агар бо орди
гандуми девона хамир сохта, ин амалро баҷо оваранд,
қавитар мегардад.
Усораи гиёҳи онро бо шароб биёшоманд, заҳри мо-
ри афъӣ ва саги девона газидаро аз бадан дафъ меку-
над. Инчунин тухми карами мисрӣ аз ҳамин ҷумла
тарёқот аст.
Ҳар як қисми ин растании се навъи ин карами бӯс-
тониро кӯфта гузошта банданд, сахтиҳоро дар ҳар ҷойи
бадан, ки бошанд, мепазонад.
Барги ин карами бӯстониро бисёр маҳин кӯфта,
бо орди ҷав даромехта гузошта банданд, варамҳои
гарм ва сарди балғамиро таҳлил медиҳад; сурхбод,
шаро (аллергия) ва саратонро шифо мебахшад. Агар
ин кӯфтаи барги онро бо намак даромехта гузошта
банданд, нори форсӣ ном реши раддитаринро ба таҳлил
мебарад; агар инро бо зок ва сирко даромехта, гузош-
та банданд, барои пес ва шукуфаи пӯст даво меша-
вад; бо сафедаи тухми мурғ сиришта гузошта банданд,
барои сӯхтагии оташ ва қӯтури решгашта дармон ме-
шавад; бо сирко ва ҳулба сиришта, ба решҳои чуқур-
рафта гузошта банданд, дору мебошад ва онҳоро аз
паҳн гаштан манъ мекунад.
Барги ин карамҳоро сӯхта гузошта банданд, захм-
ҳоро башиддат хушк мекунад ва инчунин захмҳои са-
ри тифлонро шифо мебахшад, ҳатто рӯйидани мӯйро
ҳам манъ месозад, агар ҳамин мурод бошад. Инро бо
чарбии хук марҳам сохта гузошта банданд, барои ха-
нозер (хукгардан), ҷароҳатҳои сахт ва дубайлаҳо (кӯр-
яраҳо) дору мешавад. Инчунин инро бо сафедаи тух-
ми мурғ марҳам намуда гузошта банданд, сӯхтагии
оташро шифо мебахшад.
Баргашро кӯфта гузошта банданд иллати ларзак-
ро ба ибро меоварад; инро бо орди ҳулба ва сирко ха-
525
мир карда гузошта банданд, дарди буғумҳо ва ниқрис
(подагра)-ро дафъ мекунад.
Барги онро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва
бардавом бирезанд, барои иллатҳои гуногуни буғум-
ҳои бадан давои шойистае мебошад.
Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк
аст.
Агар инро бихӯранд, қуввати боҳ мебахшад ва ку-
шандаи кирми меъда аст. Агар инро кӯфта бимо-
ланд, доғҳои кунҷидак ва дигар доғҳоро аз пӯст дафъ
мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз то 9
грамм аст.
Зарарҳои ин растанӣ: бадбӯкунанда, баамаловаран-
даи хилти савдо ва инчунин худаш ғизои бад аст. Агар
инро аз ҳад бисёр бихӯранд, хобҳои бад ва мушав-
ваш мебинанд.
228. Кашниз
Ин растании машҳур аст, ки онро дар боғҳо ва
ҳавлиҳо зироат мекунанд, инчунин намуди саҳроӣ ҳам
мерӯядаш, вале инаш барои давогӣ заифтар аст.
Мизоҷаш мураккаб-ул-қувват аст, вале ба қавли
Буқрот сард ва хушк мебошад дар дараҷаи дув-
вум, инчунин сард то охири дараҷаи аввал ва то сав-
вум, аммо хушк дар дараҷаи дуввум гуфтаанд. Ба
қавли Абӯҷариҳ дар дараҷаи саввум хушк ва ба қавли
Шайхурраис хушкии он моил ба андак гармӣ ва ба
қавли Ҷолинус ҳамаи он моил ба гармӣ бо ҷавҳари
гарми сабук, ки ба зудӣ ба таҳлил мерасад ва то ба
меъда намерасад, ки гармии он зоҳир гардад.
Хислатҳои шифобахши он: кашнизи тару тозаашро
бихӯранд, каме тезӣ дорад. 35 грамм оби кашнизи тар-
ро бинӯшанд, хоб меоварад ва бухорҳои бадро, ки аз
қисми поёни бадан боло мехеста бошанд, намегузорад,
ки онҳо ба майна бароянд ва дохили он гарданд. Агар
ба он сирко пошида бихӯранд, ин хислаташ қавитар
мегардад. Оби инро дар чашм чаконанд, намегузорад,
ки дар он обила дамад ё сурхакон барояд, инчунин
зардии чашмро дафъ мекунад. Кашнизро кӯфта, бо
шири ҷавонзанон сиришта, яъне хамир карда, ба
чашм гузошта банданд, дарди луққосии онро рафъ
месозад; ва агар бо нони хушк якҷо кӯфта, ба чашм
526
гузошта банданд, шилпуқии чашмро, ки аз он чашм
обрав гашта, моддаҳои тези он мижаҳоро бирезонанд,
низ дармон мешавад ва инчунин дарди чашмро ҳам
сиҳат мекунад.
Оби кашнизро дар даҳан гардонанд, дард ва ҷӯ-
шишҳои (пухтани) гуногуни даруни даҳанро дур ме-
кунад ва дарди дандони кирмхӯрдаро таскин меди-
ҳад. Кашнизро бихоянд, бӯйи шаробро аз нафас ва аз
даҳан нест мегардонад ва суръати мастшавиро аз нӯ-
шидани шароб паст менамояд.
Кашнизро нимкӯфта, ба дандон ва милкҳои он би-
моланд, онҳоро мустаҳкам мекунад ва аз милки дан-
дон рафтани хунро манъ менамояд.
Аз кашниз шароб тартиб дода, яъне оби онро бо
шакар ё бо асал ширин карда бинӯшанд, ё онро дар
об ҷӯш дода, он обро бо қанд ширин сохта бинӯшанд,
хоб меоварад, барои иллатҳои сиёҳ задани чашм ва
чарх задани сар, инчунин барои маст нашудан аз
шаробнӯшӣ даво мебошад; барои бемориҳои сурфа,
зиқ-ун-нафас, ки ҳама аз гармиву тарӣ бошанд, инчу-
нин барои иллати дилбозӣ (дилтапак) фоида дорад.
35 грамм оби онро бо шакар ширин карда биёшо-
манд, иштиҳоро мекушояд, хоб меоварад, иллати ту-
хамаро, яъне бемории ҳазм нашуда фуромадани ғи-
зоро аз меъда, инчунин бо ҳамон ҳолат ба қай дафъ
шудани онро шифо мебахшад.
Худи кашнизро хоҳ тар ва хоҳ хушк бихӯранд, ху-
рӯши моддаи сафроро дар бадан, ки даҳанро талх ва
касро беҳол мегардонад, таҳ менишинонад, тафси меъ-
даро таскин медиҳад, шиддати ташнагиро мешиканад,
иллати қайкуниро қатъ мекунад, вале қуввати боҳро,
яъне иқтидори пушти камарро суст мегардонад ва
агар бардавом бихӯранд, он қувватро ҳатто барҳам
медиҳад.
Кашнизро кӯфта гузошта банданд, ба он ҷо аз мав-
зеи дигари бадан рехта шудан ва фуромадани мод-
даҳои гарммизоҷи зарарнокро манъ мекунад; ба ва-
рамҳои гуногун гузошта банданд, онҳоро ба зудӣ таҳ-
лил медиҳад; ба сурхбод гузошта банданд, онро аз
пӯсти бадан дар ҳар ҷое, ки бошад дафъ менамояд.
Агар инро бо нони қоқ якҷо кӯфта, ба решҳои даван-
да ва паҳншаванда, ба қӯтури пӯст ва хоришҳои ба-
дан гузошта банданд, ҳамаи ин иллатҳоро шифо ме-
бахшад. Кашнизи тарро кӯфта, бо орди ҷав хамир
527
карда, ба ханозер (хукгардан) гузошта банданд, даво
мешавад ва ҳамчунин варамҳои сахти бадфиолро низ
таҳлил медиҳад. Агар ин кашнизи тари кӯфтаро бо
орди боқило хамир карда гузошта банданд, низ хано-
зер ва ҳамин гуна варамҳоро дафъ мекунад.
Ду пора сурб (қӯрғошим)-ро бо оби кашниз ва
равғани гулисурх ба якдигар бисоянд ва моддаеро, ки
аз ин сойиш ҳосил гардад, ба саратони решгашта ва
ғайри решгашта ба такрори амал бимоланд, онро дафъ
мегардонанд, ки ин озмуда шудааст.
Миқдори як бор нӯшидан аз оби кашниз дар як
рӯз то 25 грамм аст ва аз худи кашниз миқдори хӯр-
данаш то 50 грамм мебошад.
Ба ҷойи кашниз барги кӯкнор ва коҳуро истеъмол
намоянд, равост.
Мизоҷи тухмаш то дараҷаи дуввум сард ва хушк
аст.
Тухми кашнизро кӯфта бихӯранд, ба дил фараҳ ме-
бахшад, яъне табъро чоқ мекунад: дил ва мағзи сар-
ро қавӣ мегардонад ва намегузорад, ки бухорҳои за-
рарнок аз поёни бадан ба майна бароянд; дилтапак
(дилбозӣ) ва васвосро, ки сабабашон афзудани мод-
даҳои гарммизоҷ дар бадан бошад, рафъ мекунад,
меъдаро қувват мебахшад, исҳолро мебандад, беих-
тиёр равон гаштани маниро ислоҳ мекунад ва захмҳои
роҳҳои пешобро, ки сӯзок низ меноманд, шифо мебах-
шад.
Аз тухми кашниз шира кашида, он шираро ё онро
як шабонарӯз дар об тар карда, он обро соф намуда
биёшоманд, исҳоли хунин ва дигар намуд исҳолҳоро
даво мешавад. Инчунин тухми кашнизро то бӯяш ба-
ромадан битафсонанду баъд бихӯранд, аз гармӣ тапи-
дани дилро дафъ мекунад. Агар инро бо майи пухтагӣ
бихӯранд, маниро пайдо мекунад, кирмҳои меъдаро ме-
резонад ва намегузорад, ки дигар бор дар меъда кирм
пайдо шавад.
Тухми инро бихоянд, бӯйи шаробро аз даҳан дафъ
мегардонад ва намегузорад, ки аз шароб нӯшидан ба
зудӣ маст шаванд.
Аз тухми кашниз шарбат тайёр карда биёшоманд,
иллатҳои сиёҳ задани чашм ва чарх задани сарро
дафъ мекунад ва нӯшандаи ин шарбат аз майнӯшӣ
маст намегардад. Ва агар ин тухмро як шабонарӯз
528
дар сирко тар карда, баъд кӯфта, каф зада бихӯранд,
низ хислатҳои боло номбаршударо дорад.
Агар ин тухмро кӯфта гузошта банданд, дарди сар-
ро, ки аз гармӣ бошад, зуд таскин медиҳад. Инро
кӯфта, бо майи пухтагӣ бихӯранд, манӣ тавлид меку-
над, кирмҳои меъдаро мерезонад ва намегузорад, ки
онҳо дигар пайдо шаванд. Агар инро бо асал ва рав-
ғани зайтун даромехта бихӯранд, ҷӯшишҳои дар пӯсти
бадан баамаломадаро шифо мебахшад, реши бадта-
ринро, ки нори форсӣ меноманд, инчунин монанди ин
решҳоро дафъ менамояд.
Дар омади гап бифаҳмонем, ки майи пухтагӣ он
аст, ки оби ангурро ҷӯшонида, баъд дар зарфе нигоҳ
медоранд то он, ки худ ба худ ба ҷӯш ояд, яъне май
гардад —ҳамин майи пухтагӣ ном дорад.
Тухми кашнизро кӯфта бипошанд, хуни ҷароҳатро,
ки равон бошад, мебандад, яъне манъ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми кашниз дар як
рӯз аз 12,5 то 25 грамм аст. Агар ин ёфт нашавад, ба
ҷояш тухми коҳуро метавон истифода намуд. Агар аз
ин зиёд то 100 грамм аз худи кашниз ва оби онро ин
миқдор биёшоманд, зарар дорад, яъне фаромӯшхотир
мекунад, зеҳнро кунд мегардонад, иллатҳои хоболудӣ
ва сиёҳзании чашмро пайдо мекунад, овозро мегирад,
маниро кам мегардонад, пушти камарро суст месозад,
олати мардиро аз ҳаракат бозмедорад, ҳайзи занҳоро
низ кам мегардонад ва аз бадани ошоманда бӯйи каш-
низ меояд. Илоҷи ҳамаи ин зарарҳояш: баъди он, ки
қай мекунанд ва дарунро меронанд, зардаи тухми мур-
ғи нимпухтаро бо мурчу намак ва шӯрбои мурғи фар-
беҳ, ки бо нахӯду лӯбиё пухта бошанд, хӯрдан аст.
Инчунин кашниз ба одамони иллати дамкӯтаҳӣ ва
зиқ-ун-нафас дошта зиён мекунад. Инро бо хӯрдани
тухми мурғи нимпухта, шарбатҳо ва сиркои биҳиро бо
асал ё бо шакар ширин карда биёшоманд, ислоҳ ме-
кунад.
229. Шалғам
Ин растании зироатӣ ба ҳама маълум аст, ки барг-
ҳояш монанди баргҳои турб мебошанд. Қисми зери-
заминиашро, яъне бехрешаи онро пухта мехӯранд. Тух-
маш сурхи тираранг аст.
529
Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дуввум гарм ва дар
охири дараҷаи якум тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: бехрешаи онро, яъне
қисми зеризаминиашро пухта бихӯранд, ҳамчун ғизо
пурқувват аст, сурфаро дафъ менамояд, узвҳои дару-
ни сина ва шикамро мулоим мекунад, чашмро қавӣ
мегардонад, ба таом иштиҳо меоварад, қуввати мар-
диро бармеангезад. маниро зиёда мекунад, сангҳои
гурда ва хичакро майда карда, бо воситаи пешоб ме-
резонад, худи пешобро низ меронад.
Баргҳои нозуки онро пухта бихӯранд, агарчи душ-
ворҳазм аст. Вале дар амали рондани пешоб қавитар
аз қисми заминиаш мебошад, инчунин шикамро пур-
бод мекунад. Ин хислати бади он бо воситаи истеъмо-
ли мурч, зира ва шириниҳо ислоҳ карда мешавад.
Решаҳои борики онро сойида, бо асал бихӯранд, ба-
рои бемориҳои сипурз ва пешоби бандшударо кушо-
дан давои хубест. Ва агар он решаҳоро дар об пухта,
лат карда, ба варамҳо гузошта банданд, онҳоро таҳ-
лил медиҳад.
Ҳар як қисми растании шалғамро дар об ҷӯшони-
да, он обро бимоланд, ҷоҳои аз таъсири сардӣ кафи-
дан баданро сиҳат мебахшад: агар ин обро ба панҷа-
ҳои дасту поҳо бимоланд, иллати ниқрисро, яъне дард
ва варами буғумҳои ин аъзоро дафъ мекунад ва хори-
шеро, ки аз зиёд гаштани моддаи сафро ҳодис шуда
бошад, таскин медиҳад. Инчунин барг, қисми зериза-
минӣ ва тухми онро кӯфта, гузошта банданд ё бимо-
ланд. барои иллатҳои номбаршуда дармон мешавад.
Шалғамро дар сирко парварда, яъне як шабона-
рӯз дар он тар карда, баъд бихӯранд, лазиз мегар-
дад, рутубати ғализи баданро рақиқ, яъне суюқ ме-
гардонад ва ҳамаи узвҳои даруни сина ва даруни ши-
камро қувват мебахшад, иштиҳо меоварад ва ҳанго-
ми хӯрдан боднокиаш барҳам мехӯрад. Хусусан агар
бо чизҳои тезмаза, яъне бо хардал (горчица) ва мурч
таъмашро тунд карда бихӯранд, дарунро аз моддаҳои
ғайрӣ пок месозад.
Шалғамро дар мағзи хамир гирифта, дар зери оташ
пухта бихӯранд, қуввати пазонандагиаш кам ва оруғо-
вар мегардад, вале хислати ба ҳаракат овардани қув-
вати боҳ, яъне иқтидори пушти камар, ки қуввати
мардӣ мебошад, назар ба он, ки дар сирко парварда
530
шудааст, зиёдтар аст. Зеро рутубати қувватбахши он
дар зери хамир маҳфуз мемонад.
Ҳамаи қисмҳои шалғам хусусияти тарёқӣ дорад
яъне ба одамони заҳролудшудагон ва ба онон, ки ҷон-
варони заҳрнок газида бошанд, шифо мебахшад.
Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар
якум тар аст.
Тухмаш дар бобати афзудани қуввати пушти ка-
мар қавитар мебошад. Агар инро то бӯяш баромадан
бирён намоянд, дар ин феъл боз ҳам пурқувваттар
мегардад; хӯрданаш иштиҳо меоварад, хислати тар-
ёқӣ дорад. Ин дар ҳама ҷиҳат қавитар аз худи шал-
ғам мебошад, вале бинобар гармии баланд доштани
мизоҷаш дар одамони гарммизоҷ дарди сар меоварад
ва бодангез аст. Дар ҳолати ин навъ зарар карданаш
сиканҷабин, туршиҳо, гулқанд ва шакар бихӯранд, за-
рари расонидаашро ислоҳ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми шалғам дар як
рӯз 7 грамм аст.
Аз тухми шалғам равған ҳам мегиранд ба ин та-
риқ. Тухми онро чӣ қадар, ки хоҳанд, бигиранду нағз
бикӯбанд. Баъд онро дар об андохта биҷӯшонанд. Ҳан-
гоми ҷӯшидани об равған аз тухм ҷудо шуда, рӯйи об
бармеояд. Онро бо қошуқ оҳиста бармедоранд. Хӯрда-
ни равғани тухми шалғам бодҳои аъзоро таҳлил меди-
ҳад, мондагиро дафъ мекунад ва агар олати таносул
суст бошад, ба он бимоланд, онро пурқувват ва мус-
таҳкам мегардонад.
230. Шибит
Ин растании хӯрданӣ, ки боғӣ мебошад, дар халқи
мо маълум аст. Инро ба забони русӣ укроп мегӯянд.
Аз сабзаҳои мӯътабартарин ва боқадр ҳисоб меёбад.
Агар инро дар соя хушк кунанд, қувваташ то ду сол
боқӣ мемонад ва баъд аз он бекора мегардад.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи дуввум гарм ва дар
аввали дуввум хушк аст. Тару тозаи он дар охири да-
раҷаи якум гарм ва хушки он дар аввали дараҷаи
якум гарм низ гуфтаанд.
Хислатҳои шифобахши он: агар тари онро кӯфта,
ба варамҳо гузашта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад
ва мепазонад, ва агар бо равғани зайтун сиришта, ба
531
варамҳои напазанда гузошта банданд, онҳоро мепазо-
над. Онро хоҳ дар ошҳо ва хоҳ бо дигар таомҳо би-
хӯранд, низ варамҳои дохилиро мегардонад ва ё мепа-
зонад; ҳамаи гиреҳҳои дар узвҳои бадан пайдошударо
мекушояд, ғизоро ҳазм мекунад; инчунин ҳангоми
заҳролуд гаштани бадан хоҳ аз хӯроки мурдор
заҳролуд шавад, хоҳ ҷонварони заҳрнок бигазанд — ба
ҳамааш шифо мебахшад; дарди рӯдаҳо ва дигар дард-
ҳоеро, ки дар ҷоҳои дигари бадан пайдо шаванд, тас-
кин медиҳад.
Агар инро бихӯранд, пешоб ва ҳайзро равон меку-
над ва барои иллатҳои гуногуни дамкӯтаҳӣ давои ху-
бест; ҳиккак, яъне ҳиқичоқро, ки дар натиҷаи пурии
меъда содир шуда бошад, таскин медиҳад; сустии меъ-
да, ҷигар ва сипурзро ислоҳ мекунад. (Зимнан аз ин
огоҳ кунем, ки агар меъда ва ҷигар суст бошанд, со-
ҳибаш ба корҳои сахт намешояд, хӯрок ҳазм наме-
ёбад, вале агар сипурз суст шавад, иштиҳо тамоман
баста мегардад).
Ҳар рӯз 50 грамм тари онро дар об 5—6 дақиқа
ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, интиҳояш дар рӯзи пан-
ҷум ё шашум сангҳои гурда ва хичакро майда карда,
бо воситаи пешоб мерезонад. Инчунин хӯрдани шибит
хоҳ хушк бошад ва хоҳ тар, иллатҳои қулинҷро, ки
варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст ва инро дар тибби
ҳозира колит меноманд, шифо мебахшад; таом дар
меъда вайрон шуда бошад, ислоҳ мекунад. Ҳар як
қисми инро, яъне хоҳ тухмаш, хоҳ баргаш ё пояашро
бо баргҳояш бихӯранд. бемориҳоеро, ки аз зиёд гаш-
тани моддаи балғам дар узвҳои даруни сина ё дар
меъда ба судур расида бошанд, ба ибро меоварад.
инчунин бемориҳои олати таносулро шифо мебахшад.
Агар инро бо асал якҷо бихӯранд, зарари ҳамаи заҳр-
ҳоро аз бадан дафъ мекунад ва бо воситаи қай дафъ
намудан мадад мерасонад, инчунин ахлоти ғализро аз
меъда хориҷ месозад. Низ хоҳ тарашро ва хоҳ хуш-
кашро ва ё тухмашро дар об 10 дақиқа ҷӯшонида, он
обро бинӯшанд, бодҳоро аз ҳама узвҳои бадан паро-
канда менамояд ва агар он бодҳо ғализ гашта ҷой ги-
рифта бошанд, низ таҳлил медиҳад; дардҳои пушт,
гурда ва хичакро таскин медиҳад, пешобро меронад,
дарди рӯдаҳоро хомӯш месозад; агар аз бисёр исто-
дани таом дар меъда ва ҷӯшидани он дар ин узв дил
беҳузур (беҷо) мешуда бошад, қатъ мегардонад; ҳик-
532
какеро, ки дар натиҷаи зиёд гаштани балғам дар меъ-
да ё аз пурии таом дар он ба судур омада бошад, со-
кин мекунад.
Гӯшти бӯгирифтаро бо шибит бипазанд, бӯй ва мод-
даҳои вайронгаштаи онро дур мекунад ва барои зуд-
тар пухтанаш ёрӣ медиҳад ва баъд он гӯшт зудҳазм
мегардад.
Шибитро кӯфта, бо асал то қивом шуданаш бипа-
занд ва онро аз рӯ ба меъда бимоланд, ба осонӣ исҳол
меоварад.
Ҳар як қисми шибитро сӯхта, хокистари онро ба
захмҳои гуногун бипошанд, онҳоро хушк мекунад ва
инак шифо мебахшад.
Баргҳои шибитро дар об ҷӯшонида, дар он об зан-
ҳо то ноф даромада нишинанд ё тухмашро бардавом
бихӯранд, ҳамаи беморӣ ва иллатҳои бачадонро дафъ
мекунад; бодҳои гурда, хичак ва хояҳоро пароканда
месозад. Оби шибитро, ки аз кӯфтаи тари он гирифта
бошанд, нимгарм дар гӯш чаконанд, барои бемориҳои
гӯш даво мешавад.
Миқдори як бор хӯрдан аз шибит дар як рӯз то 25
грамм аст. Агар аз ин бисёр бихӯранд, барои одамо-
ни гарммизоҷ зарар дорад, зеро мизоҷи шибит ҳам
гарм аст; шикамро боднок мекунад ва дилро беҷо ме-
созад. Ва агар оберо, ки дар он шибит ҷӯшонида шу-
да бошад, аз ҳад зиёд бардавом бинӯшанд, майна,
чашм, меъда, хичак ва гурдаро зарар мекунад, яъне
ин узвҳоро суст ва заиф мегардонад, инчунин мани-
ро кам ва хушк мегардонад. Инчунин худи шибитро
бисёр бихӯранд, низ ба узвҳои мазкур сустӣ меова-
рад. Дар ин ҳолат барои дафъи зарараш оби лиму,
сиканҷабин, оби ғӯраи ангур ва туршиҳои дигар мео-
шоманд, агар ба гарммизоҷон зарар карда бошад ва
агар ба хунукмизоҷон зиён карда бошад, кӯфтаи қа-
ранфули гардан, дорчинӣ ва асал бояд бихӯранд.
Агар ёфтани гиёҳи шибит душвор гардад, ба ҷояш
тухмашро истеъмол кунанд, раво мебошад.
Аз шибит равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ.
Оби барги тарашро як миқдор ситонида дар зарфе аз
болояш ҳамон миқдор равғани зайтун рехта, бо оташи
мулоим меҷӯшонанд ба ҳадде, ки обаш бухор шуда
раваду равған бимонад. Вале эҳтиёт кунанд, ки рав-
ған насӯзад, яъне доғ нагардад. Ё ки баргашро дар
533
ҳамон равғани зайтун парварда тайёр мекунанд, яъне
дар зарфи шиша равғани зайтун рехта, он равғанро
аз баргҳои шибит пур мекунанду ба офтоб мегузоранд.
Ранги баргҳо табдил ёбад, яъне бипарад, фишурда он
баргҳоро дур мекунанду аз нав барги дигар меандо-
занд. Ҳамин тавр то се-чор маротиба баргро нав кар-
да, баъд равғанро ҷудо намуда, дар зарфи шиша ё
чинӣ нигоҳ медорад. Ҳамин равғани шибит ҳисоб ме-
ёбад.
Ин равғанро бимоланд, сахтҳои узвҳои баданро му-
лоим мекунад, баданро гарм мекунад ва барои монда-
гии узвҳо, варами дасту поҳо, дур кардани аъзошика-
нӣ, ларзи табҳо бағоят таъсирбахш ва фоиданок аст.
Мизоҷи тухмаш нисбат ба баргҳои он гармтар ва
хушктар аст.
Агар онро дар таомҳо андохта бихӯранд ва ё бо
туршиҳо бихӯранд, ҳолати бади меъдаро ислоҳ мена-
мояд. Агар онро бо чизҳои турш турш карда, яъне да-
ромехта, баъд аз таом бихӯранд, сахт қай меоварад,
ки барои пок гардонидани меъда аз чизҳои бегона
тадбири хубест. Агар тухмашро низ бардавом бихӯ-
ранд, ба одамони гарммизоҷ зарар дорад: дилро беҷо
мекунад, қуввати майнаро кам мегардонад, чашмро
хира ва боҳро суст месозад, аз онро хӯрдан манӣ кам
ва ҳатто хушк мегардад.
Тухмашро бисӯзанд, мизоҷаш дар дараҷаи саввум
гарм ва хушк мегардад. Агар онро ба асал сиришта
бихӯранд ё бо асал хамир карда гузошта банданд, бе-
мориҳои мақъад ва иллати бавосирро шифо мебахшад.
Ин сӯхтаи тухми онро ос карда, ба захм ва решҳои
тар бипошанд, онҳоро хушк ва сиҳат мекунад ва ба-
рои захми закар давои аҷибе ва беҳамто мебошад.
Агар дарун сахт ва фуромаданаш душвор гардад,
тухмашро кӯфта, бо асал бипазанд, то он ки ғафси
хамиршакл гардад, баъд ба мақъад гузошта банданд,
дарунро мулоим карда фурӯд меоварад.
Миқдори як бор хӯрдан аз шибити сабз дар як
рӯз то 25 грамм аст ва агар инро дар об ҷӯш дода,
он обро нӯшиданӣ бошанд, аз тараш то 50 грамм ан-
дозанд ва аз хушкаш то 25 грамм. Агар тухмашро хӯр-
данӣ бошанд, меъёри ин то 10,5 грамм аст.
534
231. Маҳсар
Ин гули гиёҳи маълум аст, ки гулаш пӯпакшакли
риштавор аз миёни қуббаҳои хорнок, монанди ришта-
ҳои заъфарон беруномада мебошад. Ин ҳам боғӣ ме-
шавад ва ҳам саҳроӣ.
Мизоҷи гули даштиаш дар дараҷаи саввум гарм
ва дар дуввум хушк аст, вале мизоҷи бӯстониаш дар
дараҷаи дуввум гарм ва дар якум хушк аст. Қувва-
таш то се сол боқӣ мемонад.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, модда-
ҳои ғализи даруни баданро пазонида, барои дафъ шу-
дан тайёр месозад ва агар гузошта банданд, решҳоро
мепазонад ва ё агар ба варам гузошта банданд, онро
пас мегардонад. Хӯрданаш хоб меоварад, ба ҷигар
қувват мебахшад, хуни шахшударо якбора мегудозад.
Инро кӯфта, бар кафи дасту поҳо гузошта банданд,
дамидани обила (нағзак)-ро дар онҳо кам мегардонад
ва агар пеш аз баромадани обила гузошта банданд,
ҷараёни бемории онро сабук мегузаронад. Агар инро
бо асал сиришта бимоланд, доғҳои сафеди пӯст ва пес-
ро дафъ мекунад ва агар инро ба даруни даҳан бимо-
ланд, пухтан ва ҷӯшиши даҳани тифлонро ба ибро мео-
варад. Бо асал сиришта гузошта банданд, шукуфаҳои
пӯстро дафъ менамояд; бо ҷуғрот хамир карда, ба зе-
ри шикам гузошта банданд, пешоби бандшударо меку-
шояд. Бо сирко сиришта бимоланд, хориши бадан, ва-
рамҳои гарм ва сурхбодро нест мекунад, аз рӯ бар
ҷигар бимоланд, варами ин узвро таҳлил медиҳад.
Вале агар инро аз ҳад зиёд бихӯранд. ба меъда
зарар мекунад. Дар ин ҳолат асал бояд хӯрд ё ҳанго-
ми истеъмолаш бо асал якҷо бихӯранд, онро безиён
мегардонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз гули маҳсар дар як рӯз 4,5
грамм аст. Агар гули маҳсарро бо гӯшт бипазанд, ба-
рои зуд пухтан ва муҳарро гаштани он мадад мера-
сонад, инчунин гӯштро лазиз мегардонад.
Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар
якум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, ах-
лоти сӯхта ва балғами рақиқ (суюқ)-ро бо исҳол дафъ
менамояд, бодҳоро пароканда мекунад.
Чун 17,5 грамми онро кӯфта, аз он шира кашида,
он шираро бо қанди сафед ё бо асал биёшоманд ва
535
низ чун 7 граммашро кӯфта, дар 150 грамм об ҷӯшо-
нида ва молида соф карда, 35 грамм шакари сурх дар
он дохил намуда, дар вақти хоб бинӯшанд, пиронро
бисёр мувофиқ аст.
Аз ин панироб низ тайёр мекунанд. Зарпечакро дар
халтача баста, дар шираи он андозанд ва ё ба ҳадде
дар он бимоланд, ки қувваташ ба он барояд —ҳамин
об панироби он аст. Панироби инро бинӯшанд ва аз
болояш ширинии муносиб биёшоманд, барои иллатҳои
молихулиё (меланхолия), тарсончакӣ, яъне ваҳшоният,
дилтапак (дилбозӣ), махав, қӯтур, хориш ва аксари
бемориҳои савдовӣ доруи хубе мебошад.
Шираи онро бо обе, ки анҷир як шабонарӯз тар
карда шуда бошад, бо қанди сафед ё бо асал бихӯ-
ранд, узвҳои даруни синаро аз моддаҳои зарарнок пок
мегардонад, овозро соф мекунад, назлаҳоро пазонида,
барои хориҷ шудан муҳайё месозад ва аксари иллат-
ҳои сардмизоҷи даруни синаро дафъ мекунад, боҳро
қувват мебахшад, маниро зиёда мегардонад, ранги
рухсорро неку мекунад ва бодҳои дарунро дафъ мена-
мояд. Агар ба ошҳои аз мош ва нахӯд пухташаванда
инро дохил намоянду пухта бихӯранд, балғами хом ва
ахлоти сӯхтаро мепазонад ва бо воситаи исҳол дафъ
мегардонад.
35 грамм шираи онро бо қанди сафед ё бо асал
бинӯшанд, истисқои (водянкаи) обӣ ва гӯштиро даво
мешавад.
Мағзи бепӯсти тухмашро низ бо қанди сафед ё бо
асал бихӯранд, қулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои
ғафс аст, дафъ мекунад.
Тухми маҳсар хислате дорад, ки шири рақиқро шах
мегардонад ва шири шахшударо мегудозад. Бинобар
ин тухми инро аз болои шир хӯрдан ҷоиз нест.
Хӯрдани тухми маҳсар ба меъда зарар дорад. Дар
ҳолати зарар карданаш чизҳои ширин бояд хӯрд, ки
ислоҳи зарар намояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми маҳсар дар як
рӯз аз 17,5 то 35 грамм аст. Аз ин зиёдаш зарарнок
аст ва хӯрданаш ҷоиз нест.
Агар инро бо шир хӯрданӣ шаванд дар таносуби
300 грамм шир 35 грамм тухми маҳсар дохил намо-
янду 150 грамми онро дар як рӯз биёшоманд, ки амал
мекунад.
536
Ба мундариҷа
|