Сипосгузорӣ

Сипосгузорам!

Аз устоди ДДОТ Сайнаков С. П., ки барои сомона бештар аз 100 дона китоби электрониро фиристодаанд. Ин файлҳои устод ҳама китобҳои камёфт ҳастанд, ки қариб ҳамаашон дар сомона насб гардиданд.

Аз он ҷумла:

  • «Рӯдакӣ»-и устод А. Мирзоев,
  • «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ҷҷ. 4-5 (1965),
  • «Маснавӣ»-и Мавлавии Балху Рум,
  • «Шарафнома»-и Ҳаким Низомӣ,
  • «Куллиёти ашъор»-и устод Лоиқ (2001)
  • «История таджиков мира»-и устод М. Бобохонов,
  • «Мақоми Ибни Сино»-и устодон Ш. Ҳусейнзода ва Х. Шарифов,
  • «Муҳаммад Иқбол»-и устод А. Ғаффоров,
  • «Таърихи табартақсим»-и устод Р. Масов (ба русӣ),
  • 10 китоби нодири устод Аҳрор Мухторов,
  • «Государство Саманидов»-и устод Н. Неъматов ва дигар китобҳо.

Барои ин иқдоми наҷибашон ба нафъи фарзандони миллат ба устод Сайнаков С. П. тандурустӣ ва барори кор орзу мекунем.

Сипосгузорам!

Аз проф. Ниёзӣ А., ки аз нахуст дӯстӣ ва ёрии маънавии сомонаро ба ҷой оварда, барафзун давоми ин солҳо якчанд китобҳои риштаи заминшиносӣ, таърих ва адабиётро роҳӣ кардаанд.

Ба проф. Ниёзӣ А. рӯзгори хуш ва комёбиҳо орзу мекунем.

Сипосгузорам!

Аз муҳандис Мадаминов Туйчибой — дӯсти сомона, барои пуштибонии моддӣ ва маънавии мунтазамашон аз сомона.

Ба дӯстамон Мадаминов Туйчибой барори кор ва тандурустӣ орзу мекунем.

Сипосгузорам!

Аз аспирант Убайдуллоев А. — барои ҷустуҷӯйи зиёд, дарёфт ва роҳӣ кардани китоби нодири Яблоков A. A. оиди тармаҳои Тоҷикистон.

Ба дӯстамон Убайдуллоев А. пешравиҳои илмӣ ва зиндагонии хушбахтона орзу мекунем.

Сипосгузорам!

Аз ҷавонони бедори миллат Фаридун Маллаев ва Шаҳриёр Усмонов барои раҳоии сомона аз нобудии ногузир дар моҳи августи соли 2019.

Ба дӯстони сомона Фаридун Маллаев ва Шаҳриёр Усмонов комёбӣ, тандурустӣ ва зиндагонии бениёз орзу мекунем.
05.08.2019

Сипосгузорам!

Аз донишманди шинохтаи риштаи мардумшиносӣ устод Дилшод Раҳимӣ ‒ барои таваҷҷуҳ ба сомонаи хоксоронаи мо ва роҳӣ кардани нашри охирини «Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ» ва нусхаи беҳтари «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ».

Ба устод Дилшод Раҳимӣ дар ҷустуҷӯ ва сабти мероси фарҳангии ғайримоддии халқамон комёбиҳо мехоҳем.
11.12.2020

Сипосгузорам!

Аз забоншинос, тарҷумон-полиглот, барномасоз ва китобдӯсти Осиёи Марказӣ, дӯсти сомона Маҳдӣ Абуасл — Tyulemissov Madi aka Tmadi ‒ барои эътибори хос ба фарҳангу забони мардуми эроннажод, бавижа тоҷикон, ва рақамисозии осори гузаштаву ҳозираи мо ва омода кардану фиристодани «Девони Рӯдакии Самарқандӣ (2007)».

Ба бародари арҷманд Маҳдӣ дар зиндагӣ ва кору эҷодаш барору омад мехоҳем.
03.01.2021

Сипосгузорам!

Аз дӯсти сомона Мирзоалӣ Азимов — барои таваҷҷуҳи вижа ба сомона ва фиристодани ҷилдҳои ноёби 19, 20, 21, 22 ва 25-и силсилаи «Ахтарони адаб».

Ба бародари арҷманд Мирзоалӣ Азимов тандурустӣ ва комёбӣ мехоҳем.
10.01.2021

Сипосгузорам!

Аз китобдӯстони тоҷик Исломҷон ва Анварҷон — барои гирд овардан, рақамӣ сохтан ва дар интернет нашр кардани осори олимони тоҷик ва мероси бузургонамон, ки мо низ аз онҳо дар сомона фаровон истифода бурдаем.

Ба дӯстонамон Исломҷон, Шарифҷон ва Анварҷон тандурустӣ, бахти фарзандон ва зиндагонии комёб мехоҳем.
12.01.2021

Сипосгузорам!

Аз марди китобдӯст, донанда ва ҷонсупори рушди фарҳанги тоҷик, дӯстам Шарифҷон Тоҷибоев — барои ҷустуҷӯ, гирдоварӣ, рақамисозӣ ва интишори осори мероси бузургонамон, ба вижа китобҳои ноёби устодон С. Айнӣ, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил ва дигарон.

Ба дӯстам Шарифҷон тандурустӣ ва зиндагонии комёб мехоҳам ва умедворам, ки ин кори наҷибашонро идома хоҳанд дод.
28.01.2021

Сипосгузорам!

Аз донишманди тоҷик, файласуф, дӯсти сомона Назарамонов Шаҳбоз Парвонаевич — барои дарёфт ва ба сомона фиристодани нашри охирини китоби устод Сайнаков С. П. «Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ».

Ба устод Шаҳбоз Назарамонов тандурустӣ ва комёбии эҷодӣ мехоҳем.
03.02.2021

Сипосгузорам!

Аз бостоншиноси тоҷик, устод Галина Раҳимовна Каримова, барои ба сомона фиристодани якчанд китоби илмӣ аз риштаи археологияи (бостоншиносии) Тоҷикистон.

Ба устод Г. Р. Каримова тандурустӣ ва дар ҷустуҷӯҳои илмиашон барор хоҳонем.
28.03.2022

Сипосгузорам!

Аз Саиданвар Умаров. Бо камоли хиҷолат бояд арз кунам, ки дӯсти сомона Саиданвар дар оғози соли равон ду китоби устод Тухтасунов О.-ро барои интишор фиристода буданд, вале он вақт аз сабаби рӯйдодҳои маълуми Русия, ки бонкҳои интернетӣ баста шуда буданд, ман дар пайи наҷоти сомона банд будам ва ин файлҳо дигар аз ёдам зудуда шуданд. Аз бародари арҷманд Саиданвар Умаров барои ин кӯтаҳӣ маъзарат мехоҳам ва умедвори онам, ки ҳамеша тандуруст ва комёб бошанд.
13.10.2023

Сипосгузорам!

Аз устоди ДДОТ Сайнаков С. П. барои ба сомона фиристодани китоби «Актуальные проблемы истории Парфянской империи».

Ба устод С. П. Сайнаков тандурустӣ ва дар ҷустуҷӯҳои илмиашон барор хоҳонам.
27.01.2024

Сипосгузорам!

Аз устоди ДДОТ Сайнаков С. П. барои ба сомона фиристодани китоби «Маводи конференсияи Сосониён».

Ба устод С. П. Сайнаков барору комёбӣ хоҳонам.
09.05.2024

Сипосгузорам!

Аз устоди ДДОТ Сайнаков С. П. барои ба сомона фиристодани китоби «Таърихи Россия дар давраи империя».

Ба устод С. П. Сайнаков тандурустӣ ва барору комёбӣ хоҳонам.
31.12.2024

Сипосгузорам!

Бори дигар аз дӯсти маҷозиам Мадаминов Туйчибой — корванди сомона, барои пуштибонии чандинкаратаи моддӣ ва маънавиашон аз сомона.

Ба дӯстам Мадаминов Туйчибой тандурустии ҳамешагӣ ва зиндагии пурсамар орзу мекунам.
09.09.2025

Сипосгузорам!

Бори дигар аз Мирзоалӣ Азимов, дӯстдори китоб, мураттиб ва созандаи китобҳои рақамӣ (диҷитал), маъмури чанд гурӯҳи паҳнкунандагони китоб дар Фейсбук. Мирзоалӣ ба мо як даста китобҳои силсилаи «Классикони адабиёти ҷаҳон барои бачаҳо ва наврасон» фиристодаанд, ки бо бозбинии имконоти техникӣ ба зудӣ дар сомона хоҳем гузошт.

Ба Мирзоалӣ Азимов ‒ дӯсти сомона дар зиндагиашон комёбию тандурустӣ ва дар кори неки гирдоварии китоб пешравӣ мехоҳам.
18.11.2025

Сипосгузорам!

Аз донишманди шинохтаи тоҷик, устод Дилшод Раҳимӣ ‒ барои ба сомона фиристодани китобҳои риштаи мардумшиносӣ ва фолклори тоҷик. Аз он ҷумла:
Меҳргон ‒ ҷашни баракату фаровонӣ;
Сада ‒ ҷашни гармию нур;
Тиргон ‒ ҷашни об;
Шаби Ялдо ‒ шаби оғози чилла;
Ҳамосаи «Гӯрғулӣ» ва шинохти он;
Фолклори тоҷик;
Фарҳанги мардуми диёри Турсунзода;
Гулчини зарбулмасалу мақолҳои халқҳои ҷаҳон.

Ба устод Дилшод Раҳимӣ дар ҷустуҷӯ ва пажӯҳиши осори гуфторию навиштории халқамон комёбӣ мехоҳем.
26.12.2025

Сипосгузорам!

Бори дигар аз дӯстам Мадаминов Туйчибой — корванди сомона, барои пуштибонии навбатии моддӣ ва маънавиашон аз сомона.

Ба дӯстам Мадаминов Туйчибой тандурустии ҳамешагӣ ва зиндагии пурсамар орзу мекунам.
26.12.2025

Сипосгузорам!

Бори дигар аз Мирзоалӣ Азимов, дӯстдори китоб, мураттиб ва созандаи китобҳои рақамӣ (диҷитал), маъмури чанд гурӯҳи паҳнкунандагони китоб дар Фейсбук. Мирзоалӣ ба мо ҷилди ноёби 50-уми силсилаи «Ахтарони адаб»-ро фиристодаанд, ки бо бозбинии имконоти техникӣ ба зудӣ дар сомона хоҳем гузошт.

Ба Мирзоалӣ Азимов ‒ дӯсти сомона, дар зиндагиашон комёбию тандурустӣ ва дар кори неки гирдоварии китоб пешравӣ мехоҳам.
26.12.2025


Бо дӯстонатон баҳам бинед:

9 гузориш ба “Сипосгузорӣ”

  1. Дуруд ба шумо. То ҳол «Таърихи табартақсим»-ро нагузоштаед. Лутфан онро гузоред дар сомона. Пешопеш сипос.

    Посух
  2. Ташаккури беандоза Устод барои чунин икдоми начиб!!! Ба Шумо комёбихоро дар коратон хохонам!

    Посух
  3. Камоли эҳтиром ва сипоси бепоён ба ташкилкунандагони ин сомона худованд хизматоятонро хайри чонтон гардонад. Олӣ.
    Достиев Ҷ.А

    Посух
  4. Сипосгузорам аз тамоми олимону бузургони миллати тоҷик!

    Посух

Гузориш додан

Ёбед: