Рубоиёти Умари Хайёми Нишопурӣ

Khayyom

Умари Хайёми Нишопурӣ
(1048–1123)

<0>   Ба пеш   →

Шумори рубоиёти Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ (1048-1131) – ро наметавон бозрасӣ кард. Дар дарозои таърихи шеъри форсӣ рубоиёти зиёдеро ба ӯ нисбат додаанд. Аммо он миқдореро, ки муҳаққиқон дар дарозои дусад соли охир борҳо баргузидаанд, на бештар, балки камтар аз 200 рубоӣ аст.

Аммо мо кӯшидем, то ки он миқдор рубоиҳои Умари Хайёмро, ки дар ин муддат дар кишварамон ва берун аз он (Эрон, Инглистон, Фаронса, Русия ва ғ.) ба нашр расидаанд (камобеш 600 рубоӣ, бо дигаргунаҳояшон беш аз 2000), ба шумо пешкаш намоем. Зеро арзёбии ба Хайём тааллуқ доштан ё надоштани онхо корест ғайри имкон ва муроди мо низ ин нест ва танҳо он аст, ки то хонанда бидонад, ки чиҳоро ба ӯ нисбат медиҳанд. Гузашта аз ин, бо тасмими банда, бори нахуст дар Торхона, матни аслии бештари рубоиҳо бо тарҷумаи русиашон нашр мегардад.

Барои ба нашр омода кардан аз сарчашмаҳои зерин истифода бурдем:

1. Рубоиёти Ҳаким Хайём. Дар асл ва дар тарҷума ба фаронсавӣ. Нашри Ж. Б. Никола. (Les Quatrains de Кhеуаm. Traduits du persan par J. В. Nicolas.) — Порис, MDCCCLXVIII (1867).

2. ‘Омар Хаййāм. Рубā’ийāт. Подготовка текста, перевод и предисловие Р. М. Алиева и М.-Н. О. Османова. Под редакцией Е. Э. Бертельса. Часть 1. Факсимиле /АН СССР; Институт востоковедения. ‒ М.: ИВЛ, 1959. (Ин дастнависи Кембриҷ, ки гуё соли 1207/08 китобат шудааст, нусхаи бостонитарини рубоиҳои Хайём шумурда мешуд ва ҳатто устод Е. Э. Бертелс ҳам дар арафаи маргаш ба ин бовар дошт. Вале мурури замон шубҳанок будани соли китобати онро тасдиқ кард ва соли 1972 М.-Н. О. Османов ба ин иқрор шуд.)

3. ‘Омар Хаййāм. Рубā’ийāт. Подготовка текста, перевод и предисловие Р. М. Алиева и М.-Н. О. Османова. Под редакцией Е. Э. Бертельса. Часть 2. [Оригинал] /АН СССР; Институт востоковедения. ‒ М.: ИВЛ, 1959. (Дар ин китоб бархе рубоиҳо аз дастнавис саҳлангорона баргардон шудаанд, ки мо дар ин нашр барсӯй кардаем.)

4. Омар Хайям. Четверостишия избранные (Переводы О. Румера, Л. Н(екоры), И. Тхоржевского). — Сталинабад, 1954.

5. Омар Хайам. Рубайат. Перевод с персидского Г. Плисецкого. ‒ М.: Наука, ГИВЛ, 1972.

6. Омар Хайям. Рубаи. Перевод В. Державина. ‒ М.: Наука, ГИВЛ, 1972.

7. Омар Хайям. Рубаи. Перевод с фарси Н. Стрижкова. — Ташкент, 1980.

8. Омар Хайям. Четверостишия. — Смоленск: Русич, 2001.

9. Омар Хайям. Рубаи. Под ред. Н. Соломадиной. — Харьков,: Аргумент Принт, 2010.

10. Алиев Р. М. и Османов М.-Н. О. Омар Хайям. — М.: Издательство АН СССР, 1959.

11. Умари Хайём. Рубоиёт. Мураттиб Музаффар Холов. Муҳаррирон: Мубашшир Акбарзод ва Воробёва С. А. – Д.: Маориф ва фарҳанг, 2010.(Ин нашр дар интихоби рубоиҳо ҳамчун сарчашмаи нахустин корбурд шуд ва 70 дарсади рубоиҳои моддаи асосиро аз ин китоб гирифтаем.)

12. Гулрухсор. Шинохти рубоиёти Умари Хайём. – Д.: Пайванд, 2010.

13. Нашрҳои гуногун дар Эрон аз сӯйи Содиқи Ҳидоят, Муҳаммад Алии Фурӯғӣ, Алии Даштӣ, Муҳаммади Рамазонӣ ва дигарон.

* * *

Уважаемые читатели. Вам впервые предлагается наиболее полное собрание четверостиший Омара Хайяма в оригинале – на таджикском языке (фарси на кириллице). Кстати, мною впервой в Интернете опубликуются тексты большинства оригинальных рубаи одновременно с русским переводом. Перевод в свое время был осуществлен известными советскими переводчиками. В настоящей публикации использованы блестящие переводы Бальмонта Константина Дмитриевича (1867-1942), Тхоржевского Ивана Ивановича (1878-1951), Некоры Леонида Сергеевича(Л. В.; Л. Н.) (1886-1935), Румера Осипа Борисовича (Боруховича) (1883-1954), Старостина Анатолия Васильевича (1918-1980), Державина Владимира Васильевича (1908-1975), Плисецкого Германа Борисовича (1931-1992), Бану Цецилии Бенциановны (Бакалейщик) (1911-1998), Стрижкова Николая и многих других.

  Ба номгуйи рубоиёт   →

А

Абр омаду боз бар сари сабза гирист,
Бе бодаи арғавон намебояд зист.
Ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи мост,
То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист?!
Давомаш…

Аз омаданам набуд гардунро суд,
В-аз рафтани ман ҷалолу ҷоҳаш нафузуд.
В-аз ҳеч касе низ ду гӯшам нашунуд,
К-ин омадану рафтанам аз баҳри чӣ буд.
Давомаш…

Аз ҳодисаи замони зоянда матарс
В-аз ҳар чӣ расад, чу нест поянда, матарс.
Ин як дами нақдро ғанимат медон,
Аз рафта маяндешу зи оянда матарс.
Давомаш…

Акнун, ки зи хушдилӣ ба ҷуз ном намонд,
Як ҳамдами пухта ҷуз майи хом намонд.
Дасти тараб аз соғари май бозмагир,
Имрӯз, ки дар даст ба ҷуз ҷом намонд.
Давомаш…

Асрори азалро на ту дониву на ман,
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.
Ҳаст аз паси парда гуфтугӯйи ману ту,
Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.
Давомаш…

Афсӯс, ки номаи ҷавонӣ тай шуд,
В-он тозабаҳори зиндагонӣ дай шуд.
Он мурғи тараб, ки номи ӯ буд шабоб,
Фарёд, надонам, ки кай омад, кай шуд.
Давомаш…

Б

Бар кӯзагаре парер кардам гузаре,
Аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре.
Ман дидам, агар надид ҳар бехабаре,
Хоки падарон дар кафи ҳар кўзагаре.
Давомаш…

Бархезу махӯр ғами ҷаҳони гузарон,
Биншину даме ба шодмонӣ гузарон.
Дар табъи замона гар вафое будӣ,
Ҳаргиз ба ту навбат нашудӣ аз дигарон.
Давомаш…

Бингар, зи сабо домани гул чок шуда,
Булбул зи ҷамоли гул тарабнок шуда.
Дар сояи гул нишин, ки бисёр ин гул,
Аз хок баромада-сту бар хок шуда.
Давомаш…

Бо мардуми покбозу оқил омез,
Аз ноаҳлон ҳазор фарсанг гурез.
Гар заҳр диҳад туро хирадманд, бинӯш,
В-ар нӯш диҳад зи дасти ноаҳл, бирез.
Давомаш…

В

Вақт аст, ки аз сабза ҷаҳон ороянд,
Мӯсосифатон зи шох каф бинмоянд.
Исосифатон зи хок берун оянд,
В-аз чашми саҳоб чашмаҳо бикшоянд.
Давомаш…

Г

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.
В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расидӣ осон.
Давомаш…

Гардун камаре зи умри фарсудаи мост,
Ҷайҳун асаре зи чашми полудаи мост.
Дӯзах шараре зи ранҷи беҳудаи мост,
Фирдавс даме зи вақти осудаи мост.
Давомаш…

Гаҳ шурбати айш соф бошад, гаҳ дурд,
Гаҳ пӯшиши мо палос бошад, гаҳ бурд.
Инҳо ҳама саҳл аст ба назди оқил,
Ин воқеа саҳл аст, ки мебояд мурд.
Давомаш…

Гӯянд маро, биҳишт бо ҳур хуш аст,
Ман мегӯям, ки оби ангур хуш аст.
Ин нақд бигиру даст аз он нася бидор,
К-овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст.
Давомаш…

Д

Дар даҳр касе ба гулъузоре нарасид,
То бар дилаш аз замона хоре нарасид.
Дар шона нигар, ки то ба сад шох нашуд,
Дасташ ба сари зулфи нигоре нарасид.
Давомаш…

Дар ҳикмат агар Арастуву Ҷамҳурӣ,
Дар қудрат агар Қайсару Фағфурӣ,
Май нӯш зи ҷоми Ҷам, ки гӯр охири кор,
Гар Баҳромӣ, ки оқибат дар гӯрӣ.
Давомаш…

Дил гуфт: «Маро илми ладуннӣ ҳавас аст,
Таълим бикун, агар туро дастрас аст».
Гуфтам, ки: «Алиф», гуфт: «Дигар ҳеч магӯ,
Дар хона агар кас аст, як ҳарф бас аст».
Давомаш…

Донӣ, ки сапедадам хурӯси саҳарӣ
Ҳар лаҳза чаро ҳамекунад навҳагарӣ?
Яъне, ки намуданд дар оинаи субҳ
К-аз умр шабе гузашту ту бехабарӣ.
Давомаш…

Дунё дидиву ҳар чӣ дидӣ, ҳеч аст,
В-он низ, ки гуфтиву шунидӣ, ҳеч аст.
Сар то сари офоқ давидӣ, ҳеч аст,
В-он низ, ки дар хона хазидӣ, ҳеч аст.
Давомаш…

Ё

Ё Раб, ту гилам сириштаӣ, ман чӣ кунам?
Пашму қасабам ту риштаӣ, ман чӣ кунам?
Ҳар неку баде, ки ояд аз ман ба вуҷуд,
Ту бар сари ман навиштаӣ, ман чӣ кунам?
Давомаш…

З

З-ин гунбади гарданда бадафъолӣ бин,
В-аз рафтани дӯстон ҷаҳон холӣ бин.
То битвонӣ, ту як нафас худро бош,
Фардо маталаб, дӣ манигар, ҳолӣ бин!
Давомаш…

З-он май, ки шароби ҷовидонист, бихӯр,
Сармояи айши инҷаҳонист, бихӯр.
Сӯзанда чу оташ аст, лекин ғамро,
Бурранда чу оби зиндагонист, бихӯр.
Давомаш…

И

Ибриқи майи маро шикастӣ, Раббӣ,
Бар ман дари айшро бибастӣ, Раббӣ.
Бар хок бирехтӣ майи ноби маро,
Хокам ба даҳан, магар ту мастӣ, Раббӣ?
Давомаш…

Имрӯз, ки мавсими ҷавонии ман аст,
Май хоҳам аз он ки шодмонии ман аст.
Айбам макунед, агарчи талх аст, хуш аст,
Талх аст аз он ки зиндагонии ман аст.
Давомаш…

Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст,
Дар банди сари зулфи нигоре будаст.
Ин даста, ки бар гардани ӯ мебинӣ,
Дастест, ки бар гардани ёре будаст.
Давомаш…

Ишқе, ки маҷозӣ бувад, обаш набувад,
Чун оташи ниммурда тобаш набувад.
Ошиқ бояд, ки моҳу солу шабу рӯз
Орому қарору хӯрду хобаш набувад.
Давомаш…

К

Кас мушкили асрори аҷалро накушод,
Кас як қадам аз ниҳод берун наниҳод.
Ман менигарам зи мубтадӣ то устод,
Аҷз аст, ба дасти ҳар кӣ аз модар зод.
Давомаш…

Қавме зи газоф дар ғурур афтоданд,
В-андар талаби ҳуру қусур афтоданд.
Маълум шавад, чу пардаҳо бардоранд,
К-аз кӯйи ту дуру дуру дур афтоданд.
Давомаш…

М

Май хӯрдани ман на аз барои тараб аст,
Н-аз баҳри фасоду тарки дину адаб аст.
Хоҳам, ки зи бехудӣ барорам нафасе,
Май хӯрдану маст буданам з-ин сабаб аст.
Давомаш…

Ман бандаи осиям, ризои ту куҷост?
Торикдилам, нуру сафои ту куҷост?
Моро ту биҳишт агар ба тоат бахшӣ,
Ин музд бувад, лутфу атои ту куҷост?
Давомаш…

Мо луъбатаконему фалак луъбатбоз,
Аз рӯйи ҳақиқате, на аз рӯйи маҷоз.
Бозӣ чӣ ҳамекунем бар натъи вуҷуд?
Афтем ба сандуқи адам як-як боз.
Давомаш…

Н

Нек аст, ба номи нек машҳур шудан,
Ор аст, зи ҷаври чарх ранҷур шудан.
Хаммор ба бӯйи оби ангур шудан,
Беҳ з-он ки ба зуҳди хеш мағрур шудан.
Давомаш…

Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист? Бигӯ.
В-он кас, ки гунаҳ накард, чун зист? Бигӯ.
Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,
Пас, фарқ миёни ману ту чист? Бигӯ.
Давомаш…

О

Он беҳ, ки ба ҷоми бода дил шод кунем,
В-аз омадаву гузашта кам ёд кунем.
В-ин ориятӣ равони зиндониро
Як лаҳза зи банди ақл озод кунем.
Давомаш…

Онон, ки муҳити фазлу одоб шуданд,
Дар ҷамъи камол шамъи асҳоб шуданд,
Раҳ з-ин шаби торик набурданд бурун,
Гуфтанд фасонаеву дар хоб шуданд.
Давомаш…

Онро, ки вуқуф аст бар аҳволи ҷаҳон,
Шодиву ғаму ранҷ бар ӯ шуд яксон.
Чун неку бади ҷаҳон ба сар хоҳад шуд,
Хоҳӣ ту ба дард бошу хоҳӣ дармон.
Давомаш…

Онҳо, ки ба кори ақл дармекӯшанд,
Беҳуда бувад, ки гови нар медӯшанд.
Он беҳ, ки либоси аблаҳӣ дарпӯшанд,
К-имрӯз ба ақл тарра мебифрӯшанд.
Давомаш…

П

Пайваста зи гардиши фалак ғамгинам,
Бо табъи хасиси хештан дар кинам.
Илме на, ки аз сари ҷаҳон бархезам,
Аҳле на, ки фориғ зи ҷаҳон биншинам.
Давомаш…

Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,
Гарданда фалак низ ба коре будаст.
Зинҳор, қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,
К-он мардумаки чашми нигоре будаст.
Давомаш…

Р

Рӯзе, ки гузаштаст, аз ӯ ёд макун,
Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.
Бар н-омадаву гузашта бунёд макун,
Ҳолӣ хуш бошу умр барбод макун.
Давомаш…

С

Соқӣ, гулу сабза бас тарабнок шудаст,
Дарёб, ки ҳафтаи дигар хок шудаст.
Май нӯшу гуле бичин, ки то дарнигарӣ,
Гул хок шудасту сабза хошок шудаст.
Давомаш…

Т

Тан дар ғами рӯзгори бедод мадеҳ,
Ҷонро зи ғами гузаштагон ёд мадеҳ.
Дил ҷуз ба шакарлаби паризод мадеҳ,
Бе бода мабошу умр барбод мадеҳ.
Давомаш…

Таркиби табоеъ чу ба коми ту дамест,
Рав, шод бизӣ, агарчи бар ту ситамест.
Бо аҳли хирад бош, ки асли тани ту,
Гардеву насимеву шарореву дамест.
Давомаш…

То битвонӣ, ранҷа магардон касро,
Бар оташи хашми хеш маншон касро.
Гар роҳати ҷовидон тамаъ медорӣ,
Меранҷ ҳамешаву маранҷон касро.
Давомаш…

То дар тани туст устухону рагу пай,
Аз хонаи тақдир манеҳ берун пай.
Гардан манеҳ, ар хасм бувад Рустами Зол,
Миннат макаш, ар дӯст бувад Ҳотами Тай.
Давомаш…

То кай ғами он хӯрам, ки дорам ё на?
В-ин умр ба хушдилӣ гузорам ё на?
Пур кун қадаҳи бода, ки маълумам нест,
К-ин дам, ки фурӯ барам, барорам ё на.
Давомаш…

То чанд асири рангу бӯ хоҳӣ шуд?
Чанд аз пайи ҳар зишту наку хоҳӣ шуд?
Гар чашмаи Замзамиву гар оби ҳаёт,
Охир ба дили хок фурӯ хоҳӣ шуд.
Давомаш…

У

Умрат чи дусад бувад, чи сесад, чи ҳазор,
З-ин куҳнасаро бурун барандат ночор.
Гар подшаҳию гар гадои бозор,
Ин ҳар ду ба як нарх бувад охири кор.
Давомаш…

Х

Хайём, зи баҳри гунаҳ ин мотам чист?
В-аз хӯрдани ғам фоида бешу кам чист?
Онро, ки гунаҳ накард, ғуфрон набувад,
Ғуфрон зи барои гунаҳ омад, ғам чист?
Давомаш…

Хоҳӣ, ки писандидаи айём шавӣ,
Мақбули қабули хосаву ом шавӣ.
Андар пайи муъмину ҷуҳуду тарсо
Бадгӯй мабош, то накуном шавӣ.
Давомаш…

Хуршеди сипеҳри безаволӣ ишқ аст,
Мурғи чамани хуҷастафолӣ ишқ аст.
Ишқ он набувад, ки ҳамчу булбул нолӣ,
Ҳар гаҳ ки бимириву нанолӣ, ишқ аст.
Давомаш…

Хуш бош, ки ғусса бекарон хоҳад буд,
Бар чарх қирони ахтарон хоҳад буд.
Хиште, ки зи қолаби ту хоҳанд задан,
Айвони саройи дигарон хоҳад буд.
Давомаш…

Ҳ

Ҳангоми гул аст, ихтиёре бикунам,
В-он гаҳ ба хилофи шаръ коре бикунам.
Бо сабзхатони лоларух рӯзе чанд
Бар сабза зи ҷуръа лолазоре бикунам.
Давомаш…

Ҳаргиз ба тараб шарбати обе нахӯрем,
То аз кафи андуҳ шаробе нахӯрем.
Ноне назанем дар намак ҳеч гаҳе,
То аз ҷигари хеш кабобе нахӯрем.
Давомаш…

Ҳарчанд ки рангу рӯйи зебост маро,
Чун лола руху чу сарв болост маро,
Маълум нашуд, ки дар тарабхонаи хок,
Наққоши азал баҳри чӣ орост маро.
Давомаш…

Ҳон, то наниҳӣ бар тани худ ғуссаву дард,
То ҷамъ кунӣ сими сафеду зари зард.
З-он пеш, ки гардад нафаси гарми ту сард,
Бо дӯст бихӯр, ки душманат хоҳад хӯрд.
Давомаш…

Ч

Чандон караму лутф зи оғоз чӣ буд?
В-он доштанам дар тарабу ноз чӣ буд?
Акнун ҳама дар ранҷи дилам мекӯшӣ,
Охир, чӣ гуноҳ кардаам, боз чӣ буд?
Давомаш…

Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун аҳд дуруст,
К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,
Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.
Давомаш…

Чун огаҳӣ, эй дӯст, зи ҳар асроре,
Чандин чӣ хӯрӣ ба беҳуда теморе?
Чун менаравад ба ихтиёрат коре,
Хуш бош дар ин нафас, ки ҳастӣ боре.
Давомаш…

Э

Эй бас, ки набошему ҷаҳон хоҳад буд,
Не ном зи мову не нишон хоҳад буд.
З-ин пеш набудему набуд ҳеч халал,
З-ин пас чу набошем, ҳамон хоҳад буд.
Давомаш…

Эй гашта шабу рӯз ба дунё нигарон,
Андеша намекунӣ ту аз рӯзи гарон.
Охир нафасе бибину бозой ба худ,
К-айём чӣ гуна мекунад бо дигарон.
Давомаш…

Эй дил, зи ғубори ҷисм агар пок шавӣ,
Ту рӯҳи муҷаррадӣ, бар афлок шавӣ.
Арш аст нишемани ту, шармат бодо,
К-ойию муқими хиттаи хок шавӣ.
Давомаш…

Эй он, ки натиҷаи чаҳору ҳафтӣ,
Дар ҳафту чаҳор доим андар тафтӣ.
Май хӯр, ки ҳазор бор бешат гуфтам,
«Бозомаданат нест, чу рафтӣ, рафтӣ».
Давомаш…

Эй чарх, дилам ҳамеша ғамнок кунӣ,
Пироҳани хуррамии ман чок кунӣ.
Боде, ки расад ба ман, туаш об кунӣ,
Обе, ки хӯрам, дар даҳанам хок кунӣ.
Давомаш…

Я

Як нон ба ду рӯз агар бувад ҳосили мард,
В-аз кӯзашикастае даме обе сард.
Махдуми кам аз худе чаро бояд буд,
Ё хидмати чун худе чаро бояд кард?
Давомаш…

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

гузориш 20

  1. Раҳмати бепоён, Абдуҳамид!

  2. Салом, Устод.
    Тасодуфан тарҷимаи хубтари русии ин рубоиро надоред-
    Эй бода, ту маъшуқи мани шайдоӣ.
    Ман май хураму натарсам аз расвоӣ.
    Чандон хурамат, ки ҳар ки бинад гуяд —
    Эй хуми шароб аз куҷо меоӣ?

    Қаблан муташшакирам.

    • Салом, Ансор!
      Марҳамат, он чӣ ки ман ёфтам:
      О чистое вино, о сок лозы хмельной!
      Я так тобой напьюсь и так сольюсь с тобой,
      Что каждый, издали меня завидев, кликнет:
      «Эй, дядя Хмель, куда ты путь направил свой?»
      (Переводчик Осип Румер)

      Вино! Любимая, чей облик так пригож!
      Тебя я буду пить, а ты мой стыд умножь!
      Я выпью столько, что меня увидев, спросят:
      «Кувшин вина, скажи, откуда ты идешь?»
      (Переводчик А. Старостин)

      Безумец я — влюблен в вино, — ну что ж:
      Позора не страшись, пока ты пьешь.
      Так много пил я, что прохожий спросит:
      «Эй, винный жбан, откуда ты бредешь?»
      (Переводчик Владимир Державин)

      О вино! Замени мне любовь и Коран.
      О духан! Я — из верных твоих прихожан,
      Выпью столько, что каждый идущий навстречу
      Сразу спросят: «Откуда бредет этот жбан?»
      (Переводчик Герман Плисецкий)

      Я в безумной любви лишь вину поклянусь,
      А гулякой меня назовут — ну и пусть!
      «Ты откуда идешь, — спросят, — винная бочка?» —
      Так я кровью лозы благодатной упьюсь.
      (Переводчик Николай Стрижков)

  3. Ташаккури зиёд барои меҳнататон!
    Метавонед ба ман кумак кунед? Дар бораи забоне ки ба одамон зиён мерасад рубаи Умари Хайёмро кофта наметавонам.

    • @Таши, танҳо ҳамин рубоиҳоро дарёфт кардам:
      Дар олами ҷон баҳуш мебояд буд,
      Дар кори ҷаҳон хамӯш мебояд буд.
      То чашму забону гӯш бар ҷо бошанд,
      Бе чашму забону гӯш мебояд буд.
      ***
      Донӣ, зи чӣ рӯй шуҳра гаштасту чӣ роҳ
      Озодии сарву савсан андар афвоҳ?
      К-ин дорад даҳ забон, ҳамеша хомӯш,
      В-онрост дусад забону доим кӯтоҳ.
      ***
      Донӣ, зи чӣ рӯй уфтодасту чӣ роҳ
      Озодии сарву савсан андар афвоҳ?
      Ин дорад даҳ забон, валекин хомӯш,
      В-он дорад сад даст, валекин кӯтоҳ.

  4. хазор рахмат ба шумо

  5. Мо ҳеҷ замона ҳеҷ дунё ҳама ҳеҷ
    Эё ҳеҷ зи баҳри ҳеҷ бар ҳеҷ мапеч
    Рубоиёти кист? Муаллифи ин рубоётро мегуфтед.

    • Бародар, Айём. Пурсиши аҷибе кардед. Ман худ дар ин бора боре андеша накарда будам. Бале, миёни авом рубоие ба ин вор ҳаст, ки ба Ҳаким Хайём нисбат медиҳанд:
      Мо ҳеч, замона ҳеч, дунё ҳама ҳеч,
      Эй ҳеч, зи баҳри ҳеч бар ҳеч мапеч!
      Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас –
      Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеч.
      Вале ҳаргиз чунин нест. Дар осори Хайём ин рубоӣ дида нашуд.
      Ба ин монанд рубоии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳаст (дар ду вариант):
      1. Дунё ҳама ҳечу аҳли дунё ҳама ҳеч,
      Эй ҳеч, барои ҳеч бар ҳеч мапеч!
      Донӣ, ки пас аз умр чӣ монад боқӣ –
      Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеч.
      ***
      2. Дунё ҳама ҳечу кори дунё ҳама ҳеч,
      Эй ҳеч, барои ҳеч бар ҳеч мапеч!
      Донӣ, ки пас аз умр чӣ монад боқӣ –
      Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеч.

  6. Ман бисьер бисьер хурсандам, ки ба ин сахифа нигох кардам. Ман миннатдор. Бисьертар гузоред чунин рубоию газалро. Бо эхтиром Фируза.

  7. Ман нафахмидам Шерали Чураев газали Румиро таржима кардаастми?

  8. Ташаккури Зиед!Интизори гузоришхои нав хастем.Агар имконият бошад ашъори Лохутиро низ гузоред.Ташаккур!!!

  9. Ғазалиёте аз Зебунисо (Махфӣ)-ро низ ҷори менамудет хеле шод мешудем

  10. Tashakkuri ziyod baroi zahmataton ustod.
    Я долго искал Бога y христиан,
    Но его не было на кресте.
    Я побывал в индуистском храме
    И древнем буддийском монастыре,
    Но и там не нашел я даже следов его.
    Я дошел до Герата и Кандагара, искал его повсюду,
    Но его не было ни внизу, ни вверху.
    Решившись, я дошел до горы Каф,
    Но и там я нашел только птицу Анка, а не Бога.
    Я отправился к Каабе, но Бога не было и там.
    Я спросил о нем Ибн Сину,
    Но он был выше суждений философов…
    Тогда я заглянул в свое сердце.
    И только там я узрел Бога,
    Которого не было больше нигде..
    .Хохиш менамоям дар забони асл ин рубоиро бихонам мадад намоед.

  11. Хазор рахмат ба шумо.

  12. Бехтаринкарсакхои самими дастонатон дардро набинад.

  13. Ташаккур ба Шумо вактро ганимат надониста барои мо захмат кашидед минатдорем саломат бошед, боз аз шумо пурсиданиям газали Руми шумораи 1247 аз девони Руми, ки онро Шерали Чураев бо забони Узбеки «билмассан» сароидааст хамонро ба забони асл пешниход мекардед. Ин шумораи газали Руми мумкин олими Эрони Фурузонфахр шуморагузори намудааст…

    • Ташаккур, Қосимҷон! Шодам агар хидмате карда бошам. Он чӣ ба хоҳиши дуюматон оид буд: маъзарат мехоҳам, ки дер кардам, зеро он сурудро нашунида будам ва Девони Кабир низ дар дастам набуд. Бо гузашти чанд рӯз ҳар дуро пайдо кардам. Шералӣ Ҷӯраев матни суруди худро ғазали 1247-уми Ҷалолиддини Румӣ наномидааст, балки мегӯяд, ки соли навишташ 1247 (дар шаҳри Қуния) аст. Матни суруд ин аст (ман туркиро хеле кам медонам, агар ғалате набошад):
      Кӯнгил ичра нечук олам, нечук султон, билмассан,
      Танам сарғайди пойим устувор чандон, билмассан.
      Мунаввар дур қуёш мен, дурр тӯла Уммон мен,
      Замин теграмда дур, дилда яшар осмон, билмассан.
      Жаҳон гулзорида бир боларидек учганим учган,
      Асалдек сузларим лекин сенга пинҳон, билмассан.
      Ақл бегонамиш сенга, йуқ эмиш фаҳму фаросат ҳам,
      Билурман деб дам урма, билганинг ялғон, билмассан.
      Чаюр ичра нечук олам, нечук султон, билмассан
      Танам сарғайди пойим устувор чандон, билмассан.

      Таҳти рақами 1247 дар девон ғазале ҷой гирифта, ки ба матни мазкур робитае надорад ва матлааш ин аст:
      Орифонро шамъу шоҳид нест аз беруни хеш,
      Хуни ангурӣ нахӯрда бода-шон аз хуни хеш.

      Дар азназаргузаронии сатҳии дурӯзаи Девони Кабир пешнамуни (оригинали) матни суруди мазкур дар Девон ба чашм нарасид. Агар тарҷума аз ягон сарчашмаи дигар анҷом дода шуда бошад, барои ман торик аст. Аз корбарони арҷманд хоҳиш дорам, ки агар касе чизе дар ин бора медонад, дар ин ҷо нависад.
      Бо ҳамаи ин, дар Девон ғазалеро ёфтам, ки мундариҷаи бархе аз сатрҳояш ба мазмуни суруд наздик аст.

      Ғазали № 1767
      Ту чӣ донӣ, ки мо чӣ мурғонем?!
      Ҳар нафас зери лаб чӣ мехонем?!
      Чун ба даст оварад касе моро?!
      Мо гаҳе ганҷ, гоҳ вайронем?!
      Чарх аз баҳри мост дар гардиш,
      З-он сабаб ҳамчу чарх гардонем!
      Кай бимонем андар ин хона,
      Чун дар ин хона ҷумла меҳмонем?!
      Гар ба сурат гадои ин кӯем,
      Ба сифат, бин, ки мо чу султонем!
      Чунки фардо шаҳем дар ҳама Миср,
      Чӣ ғам, имрӯз агар ба зиндонем?!
      То дар ин суратем, аз кас мо
      Ҳам наранҷему ҳам наранҷонем!
      Шамси Табрез чунки шуд меҳмон,
      Сад ҳазорон ҳазор чандонем!

  14. Ты выбрался из грязи в князи, но быстро князем становясь… Не позабудь, чтобы не сглазить…, не вечны князи — вечна грязь… Хохиш менамоям дар забони асл ин рубоиро бихонам мадад намоед. Пешаки ташаккур

    • Бародар, Косимчон, айнан ба ин мазмун рубоие аз Хайём дарёфт нагардид. Шояд тарҷумон аз сарчашмаи барои мо номаълум истифода кардааст. Вале аксари рубоиёти Хайём ва ба вижа ин ду рубоӣ оиди аз хок рустан ва боз ба хок рафтананд ва шояд тарҷумон яке аз онҳоро сарчашма карор додааст.
      1
      Якчанд ба кӯдакӣ ба устод шудем,
      Якчанд зи устодии худ шод шудем.
      Поёни сухан шунав, ки моро чӣ расид,
      Аз хок баромадему бар бод шудем.
      2
      То чанд асири рангу бӯ хоҳӣ шуд,
      Чанд аз пайи ҳар зишту наку хоҳӣ шуд?
      Гар чашмаи Замзамиву гар оби ҳаёт
      Охир ба дили хок фурӯ хоҳӣ шуд.

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.