218. Панҷангушт
Ин буттаест баргаш монанди панҷ ангушти дасти
одамӣ аз як нуқта ба ҳар тараф кашидашуда мебо-
шад. Дар республикаҳои Осиёи Миёна онро ҳамчун
растании оройиш парвариш медиҳанд. Инро ба забони
502
арабӣ аслақ ва ба ҳиндӣ синбҳолу меноманд ва дар
баъзе маҳалҳо тоҷикон содда карда симболӣ мегӯян-
даш. Дар худи шаҳри Душанбе аз паҳлуҳои кӯчаҳо
бисёр буттаҳои ин мавҷуд мебошанд. Гулаш дар хӯ-
ша бунафш ва гоҳо сафед мебошанд, аз нимаи баҳо-
рон то тангии тирамоҳ гул мекунад ва тухм мебандад,
Тухмаш ба миқдори мурч аст. Бинобар ҳамин инро
дар Эрон мурчи кӯҳӣ мехонанд.
Мизоҷаш гарм ва хушк дар дараҷаи дуввум аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, да-
рунро мебандад, варам ва моддаҳои ғафсро таҳлил
медиҳад, гиреҳҳои дар мағзи сар ва дар ҷигар пайдо-
шударо мекушояд; дарди сарро, ки аз зиёд шудани
рутубат ва ба ҳам расидани варам дар майна бошад,
шифо мебахшад; ва агар дар рагҳои ширёнии (арте-
рияи) майна варам пайдо шуда ва ин варам аз зиёд
шудани балғам дар мағзи сар ба амал омада бошад,
онҳоро таҳлил медиҳад; бемориҳои девонагӣ ва дил-
тапак (дилбозӣ)-ро дафъ мекунад; хуни бандшудаи
ҳайз ва бавосирро мекушояд, яъне равон мекунад, ги-
реҳи дар сипурз баамаломадаро мекушояд, варами
бачадонро таҳлил медиҳад, асабҳои печидаро рост ме-
гардонад, кафидани мақъадро сиҳат мебахшад, заҳри
морро аз бадан дафъ менамояд. Одатан аз ин рас-
танӣ ҷонварони газанда мегурезанд.
Барги тарашро кӯфта, монанди фулус қурсҳо паҳн
кунанд, ки вазни ҳар як қурс тақрибан 2,5 грамм бо-
шад. Баъд онҳоро дар рӯйи товае, ки бо равғани гов
чарб карда шуда бошад, аз як рӯяш бирён намоянд.
Сонӣ дар асали сараи баҳорӣ андозанд. Аз ин таркиб
то се рӯз пагоҳӣ ба дили наҳор як қурси онро зане, ки
ба иллати парсут гирифтор бошад, бихӯрад. Агар би-
гуворад, яъне бифораду мувофақат кунад, то ду ҳаф-
та ҳар як қурси онро субҳ ва як қурси дигар ба вақти
шом бихӯрад. Агар аз ин сиҳат ёбад, хуб аст ва агар
на, тарк намояд. Аммо асаре аз парсут монда бошад,
боз як ҳафтаи дигар низ ду маҳал ё як маҳал истеъ-
мол намояд. Дар рӯзҳои хӯрдан аз маҳсулоти ширӣ,
туршиҳо, сабзиҳо (кашниз, шибит, кабуд ва ғайра),
чизҳои тармизоҷ ва равғани бисёр парҳез намояд.
Парсут — озорест, ки баъзе занонро баъди зойидан
содир мегардад, намудаш гуногун мебошад: баъзеро
дарунаш меравад, рангро зард, баданро заиф ва ло-
ғар мегардонад. Бемор ба ягон хӯрок рағбат намеку-
503
над. Агарчи камтар бихӯрад, ба зудӣ ҳазм намеёбад,
то агар бо воситаи даво ихроҷ накунанд, он ғизо аз
шикамаш дафъ намегардад, низ соҳибаш ором ҳам на-
мегирад. Баъзе занҳоро баробари он чизҳое, ки зикр
ёфтанд, боз таби сабук ҳам мегирад.
Барги тари ин буттаро кӯфта гузошта банданд,
дарди сари рутубӣ ё аз варами ширёнҳои майна ба
судур омада бошад, шифо мебахшад.
Оби баргашро бинӯшанд, девонагиро сиҳат меку-
над, гиреҳҳои майнаро мекушояд; тапидани дилро, ки
аз зиёд шудани моддаҳои балғам ва савдо ба зуҳур
пайваста бошад, шифо мебахшад, гиреҳҳои даруни
ҷигар ва сипурзро мекушояд.
Барг ва самари панҷангуштро кӯфта, занҳо аз таг
бардоранд ё ки барги онро баробармиқдор бо пудинаи
даштӣ гирифта, сӯхта, дудашро занҳо ба миёни поҳои
худ бигиранд, ҳайзи бастаро равон мекунад. Самар ва
барги онро дар об ҷӯшонида, занҳо то ноф дар он об
даромада нишинанд, варами бачадонро таҳлил меди-
ҳад ва агар шахсеро, ки мақъадаш варам карда бо-
шад, барои он низ даво мешавад.
Барги онро бо барги ток якҷо кӯфта, бо маскаи
тоза марҳам сохта, гузошта банданд, хояҳои сахтгаш-
таро ба ҳоли аслиашон меоваранд. Ҳар як қисми панҷ-
ангуштро дуд кунанд, ҷонварони зарарнок аз он ат-
роф мегурезанд.
Баргҳои тари онро паҳн карда, яъне густарда бар
болояш нишинанд, қуввати боҳро, яъне пушти камар-
ро мешиканад. Барги тари онро дар оташ гарм карда,
гузошта банданд, варамҳои хунукро таҳлил медиҳад
ва агар ба хояҳо об фуромада бошад, ҳамин тавр бо
ин гармбандӣ кунанд, инро ҳам шифо мебахшад.
Аз чӯби он асо сохта, ба он такя карда бигар-
данд, шаҳвати мардиро қатъ мекунад.
Баргҳои онро ба зери ҷогаҳи хоб бигустаранд, дар
хоб ҷимоъ кардан, яъне дар хоб шайтон заданро ба
ибро меоварад, инчунин бархостани олати мардиро
қатъ мекунад.
Хислати тухмаш назар ба барги он сабуктар аст.
Хӯрдани панҷангушт ба гурда зарар дорад ва дар-
ди сар меоварад. Дар ин маврид шилми бодомҳоро
хӯрдан ҷоиз аст, ки зиёнашро ислоҳ намояд.
504
Миқдори як бор хӯрдан аз барг ва тухми панҷан-
гӯшт дар як рӯз то 4,5 грамм аст. Беҳтар он аст, ки ин-
ро бидуни шилми бодомҳо, ки ислоҳкунандаи зарараш
мебошад, истеъмол накунанд.
219. Олу
Дар тиб аксар олуи сиёҳ ба кор меравад, ки пухта
шодоб ва ширин шуда бошад.
Мизоҷи олуи сиёҳ дар дараҷаи якум хунук ва дар
дуввум тар аст. Мизоҷи дигар олуҳо низ тақрибан ба
он наздик мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: модоме ки олуи сиёҳ аз
нуқтаи назари тиббӣ ҷолиби диққат аст, вале мо ба-
рои муқоиса хусусиятҳои олуҳои дигарро низ ба за-
бон мегирем.
Олуи сиёҳ ҳамчун ғизо камқувват, вале мулоимку-
нанда ва лағжонандаи дарун аст, хусусан дар тари
пухтагии он ин хислат зиёдтар мебошад, зеро руту-
бат ва часпандагӣ дар он афзун аст. Агар олуи сиёҳ-
ро пеш аз таом бихӯранд, сафрои рақиқро меронад,
дарди сари аз гармӣ баамаломада ва табҳои сафро-
виро фоида дорад; ғалабаи сафроро, яъне афзудани
сафроро хомӯш мекунад, қайи сафровиро бозмедорад,
ташнагиро таскин медиҳад, ҳарорати дил ва шиддати
тафси онро хомӯш мегардонад, хориши баданро нест
мекунад, сафрои рақиқ (суюқ)-ро бо воситаи исҳол
дафъ месозад; беҷо (беҳузур) гаштани дилро, ки аз
бисёр шудани моддаи сафро дар меъда ба амал ома-
да бошад, дафъ менамояд; хусусан майхуш (туршу ши-
рин)-и он дар ин бобат пуртаъсир аст. Вале олуи сиё-
ҳи ширин дарунро суст ва мулоим мегардонад ва бо
ин хислаташ бештар дарунро меронад. Басост, ки
навъи турши олуи сиёҳ дарунро меронад. Зеро ки он
дар шикам ба чизҳои турш бирасад, онҳоро мулоим
сохта, аз ҷояшон канда ва ҷудо намуда дафъ мегар-
донад, вале агар ба моддаҳои ғайри турш бирасад,
дарунро шах мекунад.
Агар олуи сахти майда бошад, баъд аз хӯрдан да-
рунро сахт мекунад. Агар инро бо шаҳдоб бихӯранд,
он гоҳ дарунро меронад, инчунин барои дарун беза-
рар мегардад.
Олуи хушкро дар об бипазанд ва он обро соф кар-
505
да, бо асал ё бо шакар, ё бо тарангабин (шакари ян-
тоқ) биёшоманд, дарунро мулоим месозад. Олуи са-
фед бадҳазм аст ва монанди олуи турш дарунро на-
меронад.
Гули олуро бихоянд, аз боло ба пойи фуромадани
моддаҳои зарарнокро манъ мекунад. Агар онро кӯфта
ба сар гузошта банданд, дарди сареро, ки аз гармӣ
бошад, нафъ мебахшад.
Барг ё решаашро дар об ҷӯшонида, бо он об ғар-
ғара кунанд ва он обро дар даҳан гардонанд, аз май-
на фуромадани назларо манъ мекунад, варами забон-
чаи ҳалқум ва омоси ғадудҳои бодомшакли гулӯро
таҳлил медиҳад ва милки дандонро мустаҳкам мегар-
донад. Агар ин обро бинӯшанд, кирмҳои меъдаро их-
роҷ мекунад.
Баргашро кӯфта, ба зери ноф гузошта банданд,
кирмҳои шикамро мекушад.
Вале олуро бисёр бихӯранд, ба майна зарар до-
рад—ин гуна офати онро бо челон хӯрдан ислоҳ мета-
вон кард; агар ба меъда зарар расонад, гулқанд бо-
яд истеъмол намуд.
Миқдори як бор хӯрдан аз меваи олу дар як рӯз
то 150 грамм аст.
Мизоҷи шилмаш аз шилми бодомҳо гармтар аст,
вале хушкиаш камтар аз он мебошад. Агар инро би-
хӯранд, барои сурфа фоида дорад, сангҳои гурда ва
хичакро (пешобдонро) майда карда мерезонад.
Ин шилмро ба захмҳо гузошта банданд, дар онҳо
гӯшти солим мерӯёнад. Агар инро сойида, чун сурма
ба чашм кашанд, чашмро тез мегардонад. Агар бо сирко
хамир карда, ба шукуфаҳои пӯст гузошта банданд, ши-
фо мебахшад ва ҷӯшишҳои бадани кӯдаконро дафъ
мекунад.
220. Мухаллас
Ин гиёҳ аз як реша то 15—20 соқ бармеоварад, ги-
реҳдор, баландиаш аз 20 то 60 сантиметр мешавад. Аз
ҳар гиреҳи поя барг мебарорад чун сари барги ганду-
ми майса ба дарозӣ то 2—3 сантиметр. Дар сари ҳар
соқ яктоӣ кӯсак дорад ба тӯлонии якуним—ду сан-
тиметр ва ғафсии он ба андозаи ҷуволдӯз аст. Дар
нӯги ҳар як кӯсак гул мекунад: сепарра, рангаш са-
506
фед ва пуштӣ. Ҳамин кӯсак ғилофаки тухмҳояш ме-
бошад.
Ин растаниро дар маҳалҳои гуногун тоҷикон му-
халлиса, махлас ва махласкаҳ низ меноманд. Тоҷико-
ни шимол «чинигул» мегӯяндаш. Дар заминҳои шӯра-
надоштаи доманаҳои кӯҳсор, дар ҷоҳои хокдори кӯҳҳо,
адирҳо ва инчунин дар ҳамвориҳои намнок мерӯяд.
Ин гиёҳи бисёрсола мебошад, ҳар сол аз решааш
месабзад ва аз тухмаш низ пайдо мегардад. Ин на-
мудҳои гуногун дорад. Ҳангоми гул карданаш қисми
рӯйизаминии онро даравида мегиранду дар соя хушк
мекунанд.
Мувофиқи даъвои муаллифони як қатор китобҳои
тибби қадим мизоҷаш дар аввали дараҷаи саввум
гарм ва хушк аст. Вале мо мегӯем, ки дар дараҷаи
дуввум сард аст. Зеро ки ягон давои гарммизоҷ фи-
шори баланди хунро паст намекунад, балки баръакс,
баланд мегардонад. Аммо мухаллас фишори баланди
хунро паст мегардонад.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро як ҳафта ё
камтар аз он ба ҷойи чой дам карда ё дар об ҷӯшони-
да биёшоманд (бояд ки гармогарм бинӯшанд), фи-
шори баланди хунро паст мекунад. Илова бар ин раг-
ҳои хунгард агар сахт шуда бошанд, ислоҳ мебахшад;
инчунин қулинҷҳои шадиде, ки варам ва дард
кардани рӯдаҳои ғафс мебошад, дафъ мекунад;
дар ҳар як ҷойи бадан: дар ҷигар, рӯдаҳо, мағзи
сар ва ғайра манфазҳо, ахлоти часпак, ки касалиҳои
бисёрро ба амал меоваранд, ҷой гирифта бошанд, он-
ҳоро ба таҳлил дода хориҷ месозанд; агар меъда, ҷи-
гар, сипурз ва рӯдаҳо суст гашта бошанд, ба ҳоли
аслиашон меоварад, ғадуд ва узвҳои ҳозимаро қавӣ
мегардонад ва ба дараҷае солим месозад, ки одам би-
дуни ёрии ягон даво нони қоқро ҳам бе чою об хойида
хӯрдан мегирад, нисён (фаромӯшхотирӣ)-ро сиҳат ме-
кунад; мардон ва заноне, ки фарзанд намеёфта бо-
шанд, инро истеъмол намоянд, фарзанд, меёбанд; қув-
вати мардиро, ки дар одамони ҷавон барҳам хӯрда бо-
шад, барқарор мекунад; дар натиҷаи корҳои фикрӣ
асабҳо суст гашта бошанд, аз нав қувват мебахшад;
касро ҳушёр ва зеҳнро тез мекунад, пуртоқат мегар-
донад ва ҳофизаро қувват мебахшад.
Зимнан як чизро хотиррасон намоем, ки ҳашароти
гаҳвораҷунбон дар вақти тухм бастани мухаллас аз
507
куҷое пайдо мешаваду ғилофи тухми ин гиёҳро сӯрох
намуда, тухмашро мехӯрад. Дар хусуси ҷасорат, ҳуш-
ёрӣ ва пуртоқатии ин ҷонвар худи табиатдӯстон ба
дараҷаи аъло медонанд.
Инчунин ин гиёҳро чой карда нӯшида гарданд, дар
натиҷаи иллати асабҳо ва вайрон шудани низоми
ивазшавии моддаҳо мӯйи сар пеш аз вақт сафед, гашта
бошад, аз нав сиёҳ мегардонад (бо худи ман ин ҳо-
диса рӯй дода буд); дар ҳар як ҷойи аъзо, пайвандҳо
(буғумҳо), по ва ғайра дард пайдо шавад, барта-
раф меронад, инчунин дарди пушт, дарди шона, дар-
ди ронҳо ва дигар дардҳои пайдошударо дафъ ме-
кунад. Ҳар гуна хунравиҳоро қатъ месозад, ҳатто ома-
дани ҳайзро ҳам дар занҳо бозмедорад.
Агар аз 3,5 то 7 грамми онро кӯфта ё чой барин
дам карда бихӯранд, чӣ навъе, ки ба онҳо заҳр раси-
да бошад; хоҳ аз мори шохдор (ин қаттолтарин мор-
ҳост), хоҳ аз каждум, хоҳ аз ғунда ва ғайра бошад,
қувват ва таъсири заҳрро аз бадан дафъ мекунад, ҳат-
то агар заҳр дода бошанд ҳам, аз он наҷот медиҳад, хоҳ
пеш аз заҳр расидан (ё хӯрдан) ва ё баъд аз он бо-
шад, монеи таъсир мешавад ва дафъи зарари он ме-
кунад. Инчунин хилти сафроро, ки дар бадан ҷамъ
шуда, азият расонида бошад, меронад ва дарунро
нарм мекунад, рӯдаҳоро пурқувват мегардонад. Агар
дар рӯзҳои аввали даройиши моҳи ҳамал то се рӯз мут-
тасил 4,5-граммӣ тухмашро кӯфта бихӯранд, дар ҳа-
мон сол чӣ навъе, ки заҳр бирасад ва ё бихӯранд, таъ-
сир намекунад ба истеъмолкунандааш.
Агар мавсими чидани ин гиёҳ гузашта бошад, ре-
шаашро шуста, ҷӯшонида, он обро истеъмол фармо-
янд ҳам, таъсири дар боло зикрёфтаро дорад, балки
қавитар аз он аст.
Бояд қайд кард, ки чойи ин гиёҳ ҳангоми аввалин
бор нӯшидан пиёлаи якумаш як андоза бӯйи алафро,
ҳатто бӯйи мушро медиҳад, вале дар вақти нӯшидани
пиёлаи дуввумаш ва минбаъд ба табъ чунон мефорад
ва мегуворад, ки чӣ миқдор бисёр нӯшида гардад,
ҳамон қадар зиёда баҳри дилро мекушояд, ҳамон қа-
дар ҳаловатбахш аст ва ҳамон қадар табиат онро ме-
кашад. Инак, агар инро ҳар чӣ қадар бисёр истеъмол
кунанд ҳам, зарар намерасонад. Ҳамаи ин хислатҳояш
дар амал озмуда шудаанд.
Аз гиёҳи мухаллас бо воситаи асбоби анбиқ арақ
508
ҳам мекашанд. Вале арақи ин чун дигар шаробҳо
масткунанда нест. Нӯшидани ин арақ узвҳои дағал-
гаштаи дохилиро нарм мегардонад, модда ва ахлоти
бегонаи дар бадан ғализшударо таҳлил медиҳад; мағ-
зи сар, меъда, ҷигар, асаб ва ғадудҳои мардиро пур-
зӯр мекунад, қулинҷи шадидтаринро мекушояд.
Агар ин растанӣ зироат карда шавад, барои танду-
рустии одамият манфиатҳои бисёре меоварад.
221. Турб
Ин сабзаи машҳур аст, ки зироат мекунанд.
Мизоҷи тухми ин гарм аст дар дараҷаи саввум ва
дар дараҷаи дуввум хушк аст. Яъне тухмашро бихӯ-
ранд, барои одамони хунукмизоҷ ва тармизоҷ форам
аст, вале хӯрдани худи турб ба одамони тармизоҷ ва
меъдаашон рутубатнок зарар дорад. Зеро ки бехре-
шаи он, яъне қисми заминии он дар дараҷаи якум
гарм ва дар дуввум тар аст.
Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумии
турб; агар инро бихӯранд, ахлоти ғафсгаштаи баданро
рақиқ (суюқ) менамояд, варам ва моддаҳои ғализро
дар бадан таҳлил медиҳад, бод пайдо мекунад, оруғ
меоварад агар беҳад бихӯранд (вале тухмаш нестку-
нандаи оруғ аст), барои баъзе одамон ҳазмкунандаи
таомҳои ҳазмнопазир, хусусан барги он, вале дар баъ-
зеҳо, ки меъдаашон рутубати бисёр дошта бошад,
ҳазмро манъ мекунад, ҳатто ба дараҷае зарарнок аст,
ки феъли меъдаи онҳоро вайрон месозад (хусусан ху-
ди турбро бихӯранд), зеро ки дар турб моддаҳои са-
буки зуд бадбӯшаванда мавҷуданд ва пешобро меро-
над. Агар барги баҳории онро пухта, бо равғани зай-
тун бихӯранд ё бо ин равған пухта бихӯранд, ғизоия-
таш аз худи турб зиёдтар мегардад. Дар турб се хо-
сият мавҷуд аст: баргаш парокандакунандаи бодҳои
дарун мебошад, тухмаш пешобро меронад ва худи
турб балғамро қатъ мекунад.
Хӯрдани турб ба сар, дандон ва ком зарар дорад,
агар аз ҳад зиёд истеъмол намоянд.
Даруни турбро холӣ карда, равғани гулисурх дар
он рехта, ба рӯйи оташ гузоранд, то равған биҷӯшад,
баъд он равғанро нимгарм чанд қатра дар гӯш чако-
нанд, барои нест кардани боди даруни он, дарди гӯш
509
зуд ва хуб таъсир мекунад. Агар оби турбро бо равға-
ни гулисурх якҷо карда, дар оташ биҷӯшонанд, то
он ки обаш бухор шуда раваду равған бимонад, ин
равғанро низ бичаконанд, ҳамон таъсирро дорад,
Хӯрдани турб ба чашм зарар дорад, вале оби онро
дар чашм чаконанд, доғи таги гӯшаи чашмро аз тара-
фи бинӣ дафъ мекунад. Ва агар оби баргашро дар
чашм чаконанд, қуввати бинишро тез мегардонад.
Барги турбро кӯфта, ба зери чашм гузошта бан-
данд, хунеро, ки дар таги чашм мурда ва аз он доғи
кабуд зоҳир гашта бошад, онро дафъ мекунад. Ва
баргашро кӯфта, бо асал хамир карда, ба чашм гу-
зошта банданд, оби бегонаи дар гавҳарак фуромада-
ро, ки соҳибашро кӯр мегардонад, пароканда сохта,
чашмро аз нав равшан месозад.
Турбро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, сур-
фаи кӯҳнаи чандвақтаро шифо мебахшад, моддаҳои
дар даруни сина пайдошударо суюқ гардонида, берун
меронад ва дарди гулӯро, ки аз хӯрдани замбӯруғи
заҳрнок ба амал омада бошад, сиҳат мекунад. Турб-
ро дар об ҷӯшонида, он обро бо асале, ки дар он сир-
ко андохта турш карда бошанд, омехта, бо он ғарға-
ра кунанд, дарди гулӯи шадидро дафъ мекунад, сар-
фи назар аз он, ки ин ба ҳалқ зарар дорад. Дар ин
ҳолат зарари мазкури онро сиркову асал дафъ месо-
зад. Ҳамин оби турб ҷӯшонидашударо батанҳоӣ агар
занҳо бинӯшанд, шири онҳоро зиёд мегардонад.
Турб барои меъда бо як хислаташ зарарнок аст:
оруғ меоварад. Таом хӯрда, аз болояш турб истеъмол
намоянд, шикамро мулоим мекунад ва барои ғизоро
ба узвҳои бадан фиристодан кӯмак медиҳад. Вале агар
турбро пеш аз таом бихӯранд, намегузорад, ки таом
ба бадан нуфуз намояд, балки худаш дар қаъри меъ-
да қарор гирифта, ғизои хӯрдашударо дар сари меъда
нигоҳ медорад ва намегузорад, ки он ба қисми поёни
меъда фурояду ҳазми дуввуми худро баҷо оварад. Ам-
мо ин ҳолат барои осон қай кардан қулай мебошад,
хусусан пӯсташро бо сиканҷабин (сиркоасал) бихӯ-
ранд.
Хӯрдани турб барои узвҳои даруни сина, паҳлу ва
сипурз мувофиқ аст, инчунин тухмашро агар ҳар рӯз
бихӯранд, ба узвҳои мазкур фоида мебахшад. Табиби
машҳур Ибни Мосавия гуфтааст: «Оби турбро бинӯ-
шанд, таомро ҳазм мекунад, гиреҳҳои рагҳоро дар ҷи-
510
гар ва сипурз мекушояд; истисқо, иллатҳои сипурз ва
зардпарвинро фоида дорад; тифлаш феъли меъдаро
вайрон мекунад; тухмаш бодҳои дарунро пароканда
менамояд, иштиҳо меоварад, пасмондаи ғизоро ба зу-
дӣ аз рӯдаҳо берун меронад ва барои дарди ҷигар
нафъ дорад». Агар хӯроки вазнин тановул карда, аз
болояш 2,5 грамм тухмашро хойида бихӯранд, онро зуд
ҳазм мекунад. Агар ин миқдор тухмашро кӯфта, бо си-
канҷабин бинӯшанд, башиддат қай меоварад, бо ин
восита меъдаро аз ахлоти бегона пок мегардонад.
Ҳар рӯз аз тухмаш як маҳал 2—3 грамм бихӯранд,
луққос зада дард кардани пайвандҳо (буғумҳо)-ро ба
ислоҳ меоварад, ирқуннасоро сиҳат мебахшад, дарди
суринҳоро дафъ мекунад ва хориши баданро, ки саба-
баш бисёр ҷамъ шудани балғам бошад, нест меку-
над. Худи турбро низ бихӯранд, бемориҳои мазкурро
дафъ месозад, балки аз тухмаш зӯртар аст.
Турбро кӯфта, бо асал даромехта, ба захмҳои ха-
биса (злокачественные язвы), решҳои бадтарини фасо-
дашон ширмонанд ва асалранг гузошта банданд, ши-
фо мебахшад. Ва агар тухмашро кӯфта, бо сирко си-
ришта, ба доғи ғонағароё (гангрена) ва ба шукуфаи
пӯст гузошта банданд, онҳоро нест мекунад. Худи
турбро кӯфта, бо орди гандуми девона хамир карда,
ба рихинакҳои рухсора гузошта банданд, чеҳраро аз
онҳо пок менамояд.
Турбро дар об ҷӯшонида, он обро занҳо бинӯшанд,
ҳайзи бастаи онҳоро равон мекунад. Бандҳои барги
турбро кӯфта, фишурда обашро гирифта, 25 грамм аз
он бинӯшанд, санги хичакро майда карда мерезонад,
вале агар инро бо сиканҷабин даромехта бинӯшанд,
таъсираш зудтар ва зиёдтар мегардад дар ин амал.
Оби барг ва банди барги онро ба миқдори 75 грамм
гирифта, бо шакар ширин карда бинӯшанд, тамоми
зард обро аз бадан дур мекунад ва бо ин восита ил-
лати истисқоро ҳам шифо мебахшад; агар инро бо
намак бинӯшанд, иллатҳои сипурзро ба ибро меова-
рад, гиреҳҳои даруни ҷигарро мекушояд ва зардпар-
винро нафъ мебахшад. Даруни турбро кофта гириф-
та, дар он ковокӣ тухми шалғам пур кунанду даҳани
онро бо порчаи турб маҳкам намуда, баъд онро ба
миёни хамир гирифта, дар қӯри оташ пухта, бо асал
бихӯранд, ҳамин тариқ се рӯз пай дар ҳам амал ку-
нанд, санги хичакро майда карда мерезонад. Ва агар
511
як худи тухми турбро бихӯранд, ҳайз ва шири занонро
ҷорӣ мекунад, қуввати боҳро ба ҳаракат меоварад,
инчунин қайовар низ мебошад; барои дарди ҷигар, ки
аз хунукӣ бошад, шифо мебахшад ва барои варами
сипурз фоида дорад.
Агар турбро кӯфта, ба мавзеи мори афъӣ гази-
да гузошта банданд, зарари заҳри онро нест мекунад
ва агар тухмашро кӯфта, бо шароб даромехта гузошта
банданд, мори шохдор газида ва заҳрҳои ҷонварони
дигарро, ки ба бадан андохта бошанд, безарар мегар-
донад. Хоҳ турби тарошидаро бар болои каждум пар-
тоянд, хоҳ обашро бар каждум бирезанд, каждум ме-
мирад. Касеро, ки турб хӯрда бошад, каждум бигазад,
зарар намекунад. Оби турбро бар аъзои бадан моли-
да, шаб дар ҳар ҷо, ки бошад, бихобанд, ҷонварони
заҳрандоз наздик намеоянд.
Хӯрдани турб ранги рухсорро неку мегардонад.
Турбро кӯфта, бо орди гандуми девона хамир сохта,
ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш гузош-
та банданд, мӯй мерӯёнад; ва агар инро бо асал ха-
мир карда, ба доғҳои зери чашм гузошта банданд,
онҳоро дур мекунад. Оби турбро ба шукуфаи пӯст би-
моланд, фоида дорад. Тухмашро кӯфта, бо асал ха-
мир карда, ба доғҳои нуқтамонанди сиёҳ ва сафеди
дар рӯйи пӯст пайдошуда ва инчунин ба дигар доғҳои
бегонаи пӯст гузошта банданд, пӯстро аз он доғҳо
пок мекунад, аз он ҷумла доғҳои кунҷидакро ҳам дафъ
ва ранги рӯйро тоза месозад, шукуфаи пӯстро шифо
мебахшад.
Ногуфта намонад, ки турбро аз андоза зиёд бихӯ-
ранд, рӯдаҳоро ба дард меоварад, ахлоти баданро бад-
бӯ мегардонад; инчунин ба сар, дандонҳо ва ҳалқ за-
рар мерасонад. Дар ин гуна ҳолат намак, асал ва зи-
раи дар сирко тар кардашударо хӯрдан даркор аст,
то ки зарараш ислоҳ ёбад.
Турбро як шабонарӯз дар сиркои тунди ангурӣ тар
карда, баъд ба дили наҳор бихӯранд, сипурзи сахт-
шударо мулоим мекунад, инчунин онро бо таом бихӯ-
ранд ҳам, чунин фоидаро дорад.
Чунонки гуфтем, тухмашро бихӯранд, қай меова-
рад, вале барои дарди ҷигар ва дарди сипурз дору
мешавад; дар бобати пешоб ва ширу ҳайзро равон
кардан ва дафъ намудани заҳрҳо фоидаи аҷиб дорад.
Агар инро бо шароб бихӯранд, бар зидди газидани мо-
512
ри шохдор дармон мешавад. Дар ин бобат тухми турб
аз худи турб зӯртар аст. 2,5 грамм тухмашро баъд
аз таом бихӯранд, онро ҳазм менамояд ва агар бо си-
канҷабин бихӯранд, меъдаро пок мегардонад. Агар ин-
ро кӯфта, ба шукуфаҳои пӯст гузошта банданд, шифо
мебахшад ва агар бо сирко хамир карда гузошта бан-
данд, захми ғонағароё (гангрена)-ро, ки дар тибби ҳо-
зира илоҷпазир нест, сиҳат мекунад; бо асал даромех-
та гузошта банданд, дарди пайвандҳо (буғумҳо)-ро
дафъ месозад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз то
3,5 грамм аст, аз обаш то 100 грамм ва аз худаш то
70 грамм мебошад.
Аз турб равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ.
Тухм ва оби барги онро дар ибтидои тухм бастан кӯф-
та, фишурда, обашро гирифта, дар зарфе аз болои он
об ду баробари вазни он равғани зайтун ё равғани
кунҷид дохил карда, бо оташи мулоим меҷӯшонанд.
Ҷӯшида-ҷӯшида, об бухор гашта меравад ва равған
боқӣ мемонад. Ҳамин равған равғани турб ҳисоб ме-
ёбад. Аз ин равған ҳар рӯз як ё ду қошуқ бихӯранд,
фолиҷ ва каҷ шудани рӯйро сиҳат мекунад, азияти
заҳри каждум ва ҷонварони дигарро низ дафъ меку-
над. Агар ин равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд,
бодҳои даруни гӯшро, ки дар даруни гӯш садоҳои гу-
ногунро ба амал меоваранд, дафъ месозад ва дардаш-
ро ҳам таскин медиҳад. Агар аз рӯ бимоланд, низ
иллати фолиҷ, каҷ шудани рӯ ва нотавон гаштани
аъзоро шифо мебахшад, шахшӯлии пӯстро ислоҳ ме-
кунад, ранги рӯйро соф мегардонад, доғҳои сафеди
пӯст ва песро аз пӯст пок мекунад.
222. Гули офтобпараст
Ин растании машҳур аст, ки бӯстонӣ мебошад ва
даштӣ низ дорад. Баргаш гӯё ғуборолуд бошад, паш-
макдор метобад. Гулаш калони паҳн ва зарди тилло-
ранг, ба монанди нон гирдак ва дурахшанда аст. Дар
миёнаҷойи он баргҳои резаи моил ба сиёҳӣ ва сурхӣ
дорад, бӯяш тез, худаш хушнамуд, рӯзона гулаш ҳа-
меша рӯ ба офтоб ва баробари ҳаракати он гардиш
мекунад, вале дар вақти шаб пажмурда мегардад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар ҳамин
513
дараҷа хушк аст, вале мизоҷи гулаш назар ба мизоҷи
қисмҳои дигараш гармтар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро кӯфта гузош-
та банданд, варамҳоро мегардонад ва агар бихӯранд,
моддаҳои ғафси баданро пароканда ва нест месозад;
хусусияти поккунандагӣ дорад, бар зидди заҳрнокшавии
бадан тарёқи хубест, гиреҳҳои дар рагҳои майна ва
ҷигар бударо мекушояд, мағзи сарро аз моддаҳои бе-
гона ва зарарнок, инчунин аз олойишҳои дигар пок ме-
кунад; барои саръи (припадкаи) тифлон ва бемориҳои
сарди вобаста ба майна, инчунин асабҳо доруи хубест,
дарди дандонро таскин медиҳад, дарди дилро шифо
мебахшад, боҳро (пушти камарро) қавӣ мегардонад,
олати мардиро ба ҳаракат меоварад; барои бавосир,
захмҳои шуш, зардпарвин, истисқо (водянка) дармон
мешавад; пешоб, ҳайз ва дигар чизҳои нодаркори ба-
данро меронад, бачаро аз шиками занони ҳомила ме-
афтонад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда ме-
резонад; инчунин қулинҷро, ки варам ва дарди рӯ-
даҳои ғафс аст, даво мешавад ва заҳрро аз бадан
дафъ мекунад.
Агар оби решаи онро дар даҳан гардонанд, дарди
дандонро, ки сабабаш аз хунукӣ бошад, шифо мебах-
шад. Аз ин об 3,5 грамм бинӯшанд, дили одамони ху-
нукмизоҷро қавӣ мегардонад, вале агар инро одамони
гарммизоҷ бинӯшанд, ғазаби онҳоро ба ҷӯш меоварад.
Аз оби барги он 15 грамм бо оби гарм бинӯшанд,
сахт қай меоварад ва меъдаро аз моддаҳои бегона пок
мекунад.
Ҳар як қисми ин растаниро кӯфта гузошта бан-
данд, дарди пайвандҳоро дар ҳар ҷойи бадан, ки бо-
шад, инчунин ирқуннасо (радикулит), ниқрис (подаг-
ра) ва ханозер (хукгардан)-ро дафъ мекунад. Агар
инро бар камар гузошта банданд, қуввати пушти ка-
марро афзун мегардонад, олати мардиро ба ҳаракат
меоварад.
Решаашро хуб кӯфта, занҳои ҳомила аз таг бардо-
ранд, бачаро аз шиками онҳо меафтонад, вале агар
занҳои назоянда ин тавр амал кунанд, барои ҳомила
шудани онҳо мадад мерасонад. Аз барги кӯфтааш об
фишурда бинӯшанд, бачаи дар шикам бударо меафто-
над, ҳайзи бандшударо мекушояд.
Миқдори як бор нӯшидан аз оби барг, гул ва ре-
514
шаи он дар як рӯз то 20 грамм аст ва миқдори хӯр-
дан аз ҷирмаш, яъне аз худаш 4,5 грамм аст.
Аммо хӯрдани гули офтобпараст ба одамони гарм-
мизоҷ зарар мекунад. Давои ин зарараш асалро бо
сирко турш карда, яъне сиканҷабин хӯрдан лозим аст,
ки ислоҳи зарар намояд. Инчунин ба сипурз ҳам зи-
ён мерасонад — дар ин маврид қанди сафед, асал ва
сиканҷабин бихӯранд, зарарашро ислоҳ мекунад.
Яке аз хусусиятҳои гули офтобпараст он аст, ки ма-
гас ба гули он наменишинад, аз дуди он муш ва кал-
такалосҳо (келасҳо) мегурезанд.
223. Мӯрд
Ин буттаро ба арабӣ ос ва ба русӣ мирт меноманд.
Навъҳои бӯстонӣ ва саҳроӣ низ дорад. Дарахти саҳ-
роии он нисбат ба бӯстониаш кӯчактар ва интиҳояш
ба бузургии буттаи анор мешавад. Барги бӯстониаш
сабзтар, ғафстар ва он қадар дароз намешавад, хуш-
бӯй аст, хазон намекунад. Таъмаш андак талх ва чун
мозу забонро мегазад. Гулаш сафед ва хушбӯй мебо-
шад. Самараш дар аввал сабз ва баъди расидан, яъне
ҳангоми пухтан ба худ ранги сиёҳ мегирад, таъмаш
андак ширин ва каме талхӣ низ дорад. Агар онро би-
хоянд, чун пӯсти анор сатҳи даруни даҳанро ба ҳам
меоварад, яъне мазааш тунҷ аст, балки аз пӯсти анор
ҳам қавитар ва ҳамчун ғизо камқувват аст. Тухмаш
майдаи сафед ва ҳамвори суфта, дар баъзе самараш
сето ва дар баъзе бисёр — хуллас, аз се то даҳ дона
тухм дорад, ки ин вобаста ба калон ё хурд будани са-
мари он аст.
Мизоҷаш мураккаб-ул-қувват, балки қисми хунукӣ
дар мизоҷи он ғолибтар мебошад ва, инак, ҷузъи гар-
мӣ дар он камтар аст. Сардии мизоҷи он то ба дара-
ҷаи якум ва хушкаш дар дараҷаи дуввум аст.
Барг, гул, самар, тана ва решаи он нисбат ба як-
дигар дар хушкиву сардӣ фарқият доранд. Яъне дар
тухм, барг ва решаи он сардӣ бештар аст ва қисми
дигари он зидди инҳо мебошад. Аммо тухмаш думи-
зоҷа мебошад, яъне ба ҳамаи мизоҷҳо форам аст, за-
рар намекунад. Таъмаш тунҷӣ, талхӣ ва ширинӣ, ин-
чунин латофат низ дорад: бинобар ширинӣ доштанаш
сурфаи гармро шифо мебахшад, аз ҷиҳати таъми тун-
515
ҷӣ доштагиаш исҳолро мебандад ва бинобар талхӣ
доштанаш пешоброн аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин бинобар хушбӯй бу-
данаш рӯҳи одамиро мулоим, яъне ором мекунад; ба
сабаби қуввати қабзияташ, яъне бинобар неруи нигоҳ-
дорандагӣ ва латиф доштанаш дарунро мебандад —
азбаски чунин аст, боиси пок, тоза, мустаҳкам, рав-
шан, қавӣ гаштани рӯҳи инсонӣ мегардад. Бо воситаи
ин хислатҳояш ба дил низ қувват мебахшад, иллати
дилтапак (дилбозӣ), дарди сар, чарх задани сар, си-
ёҳ задани чашм, дарди гӯш ва омадани рим аз дару-
ни он, дарди дандон, ҷӯшиши (пухтани) даҳан ва но-
тавонии забонро шифо мебахшад, чашмро қавӣ меку-
над, варамҳоро пас мегардонад, захм ва ҷароҳатро си-
ҳат мебахшад.
Агар инро бихӯранд ва гузошта банданд, хун қай
кардан ва хунравиро аз ҳар аъзо, ки бошад, дафъ ме-
кунад, арақкуниро манъ месозад, меъда ва рӯдаҳоро
қувват мебахшад; пешобро меронад, варамҳоро таҳ-
лил медиҳад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда
мерезонад, хуни ҳайзро манъ, ҳатто қатъ мекунад, сус-
тии гурдаро барҳам медиҳад, бавосирро шифо мебах-
шад ва устухони шикастаро бо ҳам пайваст мегардо-
над.
Самари он қуввати тарёқӣ дорад, яъне таъсири
заҳрҳоро мешиканад ва аз бадан онро дафъ мекунад,
хусусан заҳри ғунда ва каждумро зиёдтар ва зудтар
дафъ месозад.
Барги тарашро кӯфта батанҳоӣ ё бо сирко сириш-
та, ба пешонӣ гузошта банданд, хуни биниро манъ
мекунад; ва ба сар гузошта банданд, сабӯсаки сарро
пок менамояд ва агар сар захм дошта бошад, хушк
мекунад. Чун дар оби баргаш як миқдор гулоб ва кам-
тар кофур дохил карда ва баъд латтаи зағирпоягиро
дар он тар намуда, аз рӯ ба меъда бигузоранд, дарди
сареро, ки сабабаш ғалабаи сафро, яъне зиёд шудани
сафро дар меъда бошад, шифо мебахшад.
Самари онро пухта, бо шароб хамир карда, ба сар
гузошта банданд, дарди сареро, ки сабабаш ғалабаи
балғам ва сафро бошад, дафъ мекунад.
Баргашро кӯфта, бо равғани гулисурх ва зардаи
тухми мурғ сиришта, ба сар гузошта банданд, чарх
задани сар ва сиёҳ задани чашмро, ки аз зарба хӯр-
дан ва дар натиҷаи сахт афтодан содир шуда бошад,
516
даво мешавад. Барги тарашро бибӯянд, майнаро қув-
ват мебахшад ва намегузорад, ки бухорҳои зарарнок
аз поёни бадан ба мағзи сар бароянд ва инчунин на-
мемонад, ки он бухорҳоро майна қабул кунад, низ
иллатҳои чарх задани сар ва сиёҳ задани чашмро дафъ
мекунад.
Агар бо равғани он сарро чарб намоянд, варамҳои
сар ва суботро, ки хоби сахт ва ба душворӣ бедорша-
ванда аст, ки аз расидани бухори поёни бадан ба мағ-
зи сар бошад, шифо мебахшад. Ин хислати он бино-
бар қуввати сардӣ доштанаш майнаро қавӣ мегардо-
над ва намегузорад, ки бухорҳои нав ба боло бароянд,
балки онҳоро таҳлил медиҳад ва пароканда мекунад.
Оби барги тарашро дар чашм чаконанд, дарди
чашмро таскин медиҳад ва чашми аз косахонааш бе-
рунбаромадаро, ки дар тибби қадим ҳуҷуз-ул-айн ме-
номанд, аз нав ба ҷояш мебарад.
Хокистари ҳар як қисми онро чун сурма ба чашм
кашанд, барои иллатҳои нохунак, шилпуқӣ ва обра-
вии чашм давои хубест ва дар ин бобат беҳтар аз тӯ-
тиё мебошад, инчунин инро дар иллатҳои чашм ба ҷойи
тӯтиё бо муваффақияти том истифода тавон кард.
Оби барги онро дар гӯш чаконанд, дарҳол дардаш-
ро дур мекунад, гӯшро қавӣ ва омадани римро аз он
дафъ мегардонад—бо ин восита захми даруни гӯш-
ро ба ибро меоварад. Оби барги онро дар даҳан гар-
донанд, дарди дандонҳоро, ки аз гармӣ бошад, таскин
медиҳад, инчунин сустии милки дандон, нотавон гаш-
тани забон ва пухтани даҳанро нафъ мебахшад. Нӯ-
шидани оби барг ва шарбати самари он низ бемори-
ҳои мазкурро дармон мебошад.
Баргашро бӯй кунанд, дилро қавӣ ва иллати дил-
тапак (дилбозӣ)-ро дафъ мекунад. Оби барги онро би-
моланд ва самари расида ё шарбаташро бихӯранд,
меъдаро қувват медиҳад, хусусан усораи онро, ки оби
дар офтоб ғафсгардонидаи он мебошад, бо қивоми бар-
ги зуф бихӯранд, зудтар таъсир мебахшад
Хоҳ самарашро ё баргашро дар об ҷӯшонида, он
обро бинӯшанд, ҳама навъҳои исҳолро, ки давомнок
бошанд, қатъ мекунад. Агар тухмашро кӯфта бихӯ-
ранд, намегузорад, ки моддаҳои бегона ба меъда рех-
та шаванд.
Баргашро кӯфта ба зери ноф гузошта банданд, ис-
ҳолҳои сафровӣ ва савдовиро дафъ мекунад.
517
Чун 75 грамм оби барги онро бо равғани кунҷид
бинӯшанд, балғамро башиддат аз бадан бо воситаи
исҳол дафъ мекунад. Ин оби барги онро дар офтоб
ғафс гардонида, яъне усораи барги онро бихӯранд,
дарунро мебандад, исҳолҳои кӯҳнаро манъ мекунад ва
барои бавосир фоида дорад. Агар оби барг ва меваи
онро бардавом бинӯшанд, бемориҳои мазкур, инчунин
иллати қай кардан ва иллати ташнашавиро, ки обхӯ-
ра меноманд, шифо мебахшад.
Агар барг ва самари онро сӯхта, ба дудаш бидо-
ранд, донаи бавосирро, ки сабаби тӯл кашидани ин
беморӣ мебошад, меафтонад. Ва аз дуди он ҷонварони
майдаи зарарнок мегурезанд, вале нагурезанд, меми-
ранд.
Самарашро бихӯранд, сӯзиши пешоб (сӯзок), зах-
ми хичак, беҷо равон шудани ҳайзи занҳо ва бисёру
бемаврид омадани рутубатро аз бачадони онҳо, шифо
мебахшад.
Усораи самарашро, яъне оби самарашро дар офтоб
ғафс гардонида бихӯранд, пешоб ва ҳайзи бандшударо
равон мекунад. Ва агар самари онро дар об ҷӯш до-
да, он обро бинӯшанд, беандоза равон шудани руту-
батро аз бачадон ба ҳолати эътидолаш меоварад.
Баргашро кӯфта, бар бавосир гузошта банданд, он-
ро шифо мебахшад ва агар ба хоя гузошта банданд,
варами онро мегардонад.
Дар обе, ки барги он ҷӯшонида шуда бошад, то
ноф даромада нишинанд, мақъад (кӯтан) ва бачадони
беруномадаро ба ҷоҳои худашон мегардонад ва бис-
ёр равон шудани рутубати бачадонро ислоҳ мекунад.
Агар оби барги онро ба мақъаде, ки берун баромада
бошад, бимоланд, онро ба ҷояш мебарад ва дигар бар-
намеояд.
Баргашро кӯфта гузошта банданд, варамҳои гарм-
ро мегардонад, реши ҷамра (карбункул), ки реши
мӯҳлик аст, обилаҳо, доначаҳои дар пӯст пайдогашта,
захмҳо, милкаки нохун, инчунин захмҳоеро, ки дар
кафи дасту поҳо бошанд, инчунин аз оташ сӯхтагӣ —
ҳамаашро шифо мебахшад.
Самарашро пухта, бо шароб хамир карда гузошта
банданд, решҳоеро, ки дар буҷулаки по ва дар зери
поҳо пайдо мешаванд, дафъ мекунад, инчунин ба сӯх-
тагии оташ ва обилаҳои он нафъ дорад.
518
Самарашро дар об пухта, баъд онро бо шароб ха-
мир карда гузошта банданд, нотавон гаштани пай-
вандҳои баданро ба ислоҳ меоварад. Баргашро кӯф-
та, ба ҷоҳои латхӯрдаи аъзо гузошта банданд, ба иб-
ро меоварад ва инчунин ба пошнаи по, ки дард ме-
карда бошад, нафъ дорад.
Наск, мозуи сабз, гулисурх ва шилми ақоқиёро
кӯфта, бо оби барги мӯрд хамир карда, ба аъзо ва
асабҳое, ки сусту нотавон гашта бошанд, гузошта бан-
данд, ба ислоҳ меоварад, инчунин пиронро бағоят фои-
да дорад.
Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро ба пайванд-
ҳое, ки дардманд бошанд, бирезанд, дарди онҳоро дар
бадан таскин медиҳад ва инчунин ба узве ҳам, ки ус-
тухонаш шикаста бошад, бирезанд, боиси зуд пай-
васт ва сиҳат шудани он мегардад. Агар бо ин об до-
ғи сафеди пӯстро бишӯянд, сиҳат мебахшад.
Чун барги хушки онро кӯфта бипошанд, аз пой-
афзор харошида шудани пошнаро ва аъзои шикастаро
ба ислоҳ меоварад. Реша, барг ва самари онро — ҳар
якеро аз инҳо дар об ҷӯш дода бошанд, он об доруи
қувватбахши мӯй аст, яъне намегузорад, ки мӯй бире-
зад, балки онро дароз ва сиёҳ мегардонад. Инчунин
баргашро дар об ҷӯшонида, бо он об сарро бишӯянд,
ҳамин хислатҳоро дорад.
Тухмашро ос карда, дар ҳаммом ба ҳар ҷойи бадан,
ки гузошта банданд, рутубатҳои бегонаро, ки баданро
суст мегардонанд, аз пӯст дур мегардонад ва барои
бадан қувват мебахшад.
Тухмашро бо равғани гов ва равғани гӯсфанд ҷӯ-
шонида, ба ҳар ҷойи бадан, ки бимоланд, арақ кардан-
ро манъ мекунад.
Барги хушкашро кӯфта бипошанд, бӯйи бади зери
бағал ва каши ронро дафъ мекунад ва агар сӯхтани
он ё хокистарашро бипошанд, доғҳои кунҷидакро аз
пӯсти рӯ дур мекунад.
Агар самари онро бо оби барги лаблабу бипазанду
онро ба сар бимоланд, дона ва обилаҳои сабӯсакҳои
сарро нест мегардонад. Чун онро кӯфта, бо оби боқи-
ло хамир карда, ба доғҳои кунҷидаки рухсора бимо-
ланд, онҳоро нест месозад.
Инчунин самари он барои газидани каждум ва ғун-
519
да даво мешавад, ҳангоме ки ба миқдори то 10,5
грамми онро бо шароб биёшоманд.
Агар дарахти мӯрдро ёфтан душвор гардад, ба ҷойи
он барги тутро истеъмол намоянд, раво мебошад.
Ба мундариҷа
|