Мо

zarowadk.ru торнамои шахсии Абдуҳамид Тағоев – суханшинос ва муҳандис аст.

Ин торнаморо нахуст чун сомонаи ройгони zarowadk.narod.ru соли 2011 сохта будам. Пас аз он ки моҳҳои апрел – июни соли 2013 сомонаҳои Народ.ру зина ба зина аз Яндекс бароварда шуданд ва сарнавишти онҳо ба сарпарасти нав – Юкоз супурда шуд, ин сомона имконоти пешинаашро гум кард ва аз рушд бозмонд.

Он гоҳ, моҳи июли соли 2013 зарурати созмони сомона (торнамо) –и сифатан нав ба миён омад, ки аз ҳар ҷиҳат мустақил буда, дар он ҳам вижагиҳои торнамо (сайт, вебсайт) ва ҳам торнигор (блог, веблог)-и фардии ҳирфаӣ бошад. Ҳамин тавр, торнамои zarowadk.ru сохта шуд.

СОМОНАИ ZAROWADK.RU – ТОРНАМОИ ҲАМАБОБ (УНИВЕРСАЛӢ) АСТ.

СОМОНАИ ZAROWADK.RU – СОМОНАИ ОМӮЗОНАНДА АСТ.

Дар ин рӯзгор, ки бахши бештари ҷавононамон ва, ҳатто, наврасонамон шаҳр ба шаҳру кӯ ба кӯйи бегона аз паси ҷустуҷӯйи рӯзӣ сарсонанд ва бо муҳиту фарҳанги бегона сар ба сар мезананд, зарурати дар онҳо рӯёнидану бедор кардани ҳисси худшиносӣ пеш омадааст.

Донистани таърих, забон, оинҳо, гузаштагону имрӯзиёни бузург, дастовардҳои ҳунару фановарии имрӯзаи ҷаҳониён барояшон бесуд нахоҳад буд. Ҳамаи инро сомона ҳаддалимкон дар бар хоҳад гирифт. Умедворам, ки ба ин васила Торкада (Интернет), ки аксари ҷавонон ба он даст доранд, аз як воситаи дилхушӣ ва рӯзкӯрӣ ба афзори тавонои омӯзиш ва худшиносӣ табдил мегардад.

Корбари арҷманд, метавонед, андешаҳои худро дар поёни ҳар маводи торнамо, дар ҷойи махсус ҷудошуда, баён намоед.

Барои номаҳо, муроҷиат ва таклифҳое, ки ба маводи мушаххас оид нестанд, бифармоед ба емейли мо — zarowadk@gmail.com

Ҳамёрӣ ба сомона

Хонандаи арҷманд! Агар хоҳед, ки сомона вуҷуд дошта бошад ва боз ҳам барои шумо судмандтар гардад, хоҳиш мекунам ба андозаи тавоноии худ ҳамёрӣ кунед, яъне саҳм гузоред. Чунки дар омодагардонии мавод танҳо банда машғул ҳастам ва пардохтҳои Интернет (барои номнависии домен, иҷораи ҳаррӯзаи сервери хостинг ва ғ.) барои як нафақахӯр бори сангин аст.

Дӯстони азиз! Ба сабаби воқеаҳои маълуми соли 2022 низоми суннатии интиқоли пул аз миён рафт. Маблағҳои ночизи сомона, ки ба харҷи худаш нӯг ба нӯг мерасиданд, дастнорас гардиданд.

Дар ин айём, ки нархи миёнаи китоби пурарзиш аз 50 сомонӣ болост, ман ба ҳамаи хоҳишмандон бе ягон тамаъ, бе ягон маҳдудият, бепул ҳазорон китоб (маҷозӣ бошад ҳам китоб аст!) пешниҳод мекунам. Наход ки Шумо натавонед дар умратон ақаллан боре 10 СОМОНӢ барои мавҷудияти як СОМОНАИ даркорӣ, барои боз бештар ба худи ШУМО хизмат карданаш сарф кунед! Фикри беҳуда накунед, пули Шумо шахсан ба ман даркор нест, ман ягон ғарази сиёсӣ ё молиявӣ надорам. Ман ҳам яке аз Шумоям, ки китоб меҷӯям ва китобро қадр мекунам.

Агар фикри ҳамёрӣ кардан дошта бошед, инак суратҳисоби сомона дар Юмани (ЮMoney):

Yoomoney

4100117784241460

Дар Русия аз тамоми банкҳо, мониторҳои пардохт, телефонҳои МТС, Мегафон; дар Тоҷикистон тавассути мониторҳои пардохт, Душанбе Сити пул гузаронидан мумкин аст.

Родмардоне, ки саҳм гузоштаанд:

11.08.22. Имрӯз дӯсти ношиносе ба ҳисоби мо 500 ₽ гузаронидааст. Аз QIWI bank, рақами пардохт № 4324987639. Ҳамеша комёб бошед, дӯсти арҷманд!

1. Orash — 5$ = 5 wmz.

2. Тӯйчибой — 100 рубл ~ 1.6 wmz.

3. Фаридун — 550 рубл ~ 9.1 wmz.

4. Сардор — 50 сомонӣ ~ 5 wmz.

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

гузориш 57

  1. СОЛҲОСТ,КИ АЗ ИН СОМОНА ИСТИФОДА МЕБАРАМ,ВАЛЕ МУТААССИФАМ,КИ ТО ҲОЛ БАРОИ ПЕШРАФТИ ИН СОМОНА ҒАЙРИ ДУОИ НЕК КОРИ ДИГАРЕ КАРДА НАТАВОНИСТАМ. МУТААССИФА, ВОҚЕАН МУТААССИФУ ШАРМАНДАМ🌲🌲🌲🌲🌲🌲

    • Дӯсти арҷманд, сипоси бекарон. Сухани нек низ ганҷи Қорун аст.

      • Ассалому алейкум мӯҳтарам устод. Мехостам дар бобати чанд китоб бо Шумо ҳарф бизанам лекин фурсати ёфтани саҳифаи интернетии Шуморо надорам агар душвори набошад илтимос почтаи электрониро нависед.

  2. Ассалому алайкум! Як ҷаҳон ташаккур, ки ин сомонаро ташкил намуда ҳазорон китобҳои арзишмандро пешкаши ҳамагон намудед, Худо шуморо дар паноҳаш нигаҳ дораду умри дарозу бобаракот бинед. Одаме, ки бе китоб зиндагӣ дорад, ҳаёти ӯ маъное надорад. Бигзор сафи китобхонҳо ва донишмандон дар байни мардуми мо зиёд шаваду ҷамъияти мо пеш рафтан гирад. Саҳми шумо барои пешрафти ҷамъият ва босавод шудани мардум калон аст устод! Дастатон дардро набинаду рӯзи камиро ҳаркиз набинед.

  3. Устоди азиз, барои дастрасии китоби «Забон ва сабки баёни Хаким Карим» мусоидат менамудед

  4. Шодам, ки сайти Шумо пайваста беҳтар шуда.
    Хоса пештоқи он хело ҷолиб аст.
    Аммо баъд.
    Хуб мешуд, ки «Ҳоло бо Шумо дар сомона: *** кас», ки дағал аст, чунин бошад:
    «Ҳоло бо Шумо дар сомона: *** нафар».

    Чу тақвим ҳиҷрӣ низ омада, чаро даври Моҳ — مرحلة القمر (фаза Луны) нишон дода нашавад (рақамӣ ё аксӣ ё ҳарду)?
    Боз қашанг мешуд агар вақти шом низ нишон дода мешуд (ин тақрибан ҳамон вақти намози шом аст, вале илман асоснокаш — ин оғози гражданские сумерки):
    Шом — соати **:** (дар сайт рӯзи нави ҳиҷрии қамарӣ бо рӯзи ҳиҷрии шамсӣ ва рӯзи мавлудӣ баробар фаро мерасад (таҷдид мешавад), ки нодуруст аст).
    Бо ин навовариҳо сайт беҳамто хоҳад буд.

    Хаста набошед!
    Дуогуйи Шумоем.

  5. Бо салом ва эҳтироми зиёд ва ташаккур барои заҳматҳое, ки дар ин ҷода меашед
    Аз ман хоҳиш шудааст, ки якчанд вожаҳои фесбукӣ ва интернетӣ ва капутариро ба тоҷикӣ баргардон кунам. мехостам пурсам, ки дар ин маврид ягон китобча ва ё дастурамали кучаке ҳаст, ки ба ман кумак кунад? агар ҳаст ва Ҷанобашон дастрасӣ доранд, ба инҷониб низ мешавад, ки ҳамрасонӣ кунед? ташаккури зиёд.

  6. Ман ҳеҷ надонам, ки мро он ки сиришт,
    Аз аҳли Биҳишт кард ё дузахи зишт.
    Ҷомеву маеву барбате бар лаби кишт,
    Ин ҳар се маро нақд, туро нася биҳишт.

    Факат мисраи охиринаш нофахмост хоҳишмандам маънидод кунед?
    Пешаки минатдорам)

    • Лутфулло, ҳар се — «Ҷомеву маеву барбате» нақд аст…)))

    • Дуруд бар шумо.
      Дар бештари манобеъи форсӣ мисраъи 3 ингуна навишта шудааст:
      Ҷомеву бутева барбате бар лаби кишт.
      Ба назар мерасад ҳамин ҳам дуруст бошад чун
      манзур аз ҷом, ҳамон ҷоми май аст.
      Агар иштибоҳ мекунам роҳнамоӣ бифармоед.
      Бо сипос.

  7. Ассалому алейкум.
    Хохиш дорам, дар мавриди номи сомона равшани андозед. Заровадк — чи маъно дорад?

  8. Агар имконият бошад ба ман ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ ки дар бораи Пайғамбар (с) гуфтааст ва ба хотири он ғазал уро ба шаҳри Макка аввал роҳ надода баъд роҳ медиҳанд даркор буд. Дар интернет ҷустуҷу кардам наёфтам. Онро ман чандин соли пеш дар кадом китобе хонда будам лекин дуруст дар ёдам нест.

    • Ҳадятулло, ҳазрати Ҷомӣ ба ин мазмун ашъор зиёд доранд. Оё байте ё мисрае аз ин ғазал дар ёдатон намондааст? Ё ҳеҷ набошад, иборае?
      То ҷое, ки ман медонам, шоир танҳо бо радифи «Муҳаммад»12 ғазал гуфтааст.

  9. Ассалом устоди гиромӣ! Шодем, ки барои мо чавонон маводҳои заруриро нашр менамоед. Хоҳони онем, ки асло хаста набошед ва хамеша саломату сарбаланд бошед. Ташаккури зиёд!
    Агар фурсат даст диҳад ва имконият бошад аз осори усдод Мирсаид Миршакар — шоир ва дроманависи шӯравии тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон ба қадри имкон нашр мекардед. Бо этироми хонандаи сомона.

  10. Салом Абдуҳамид,
    Чу фурсат даст дод, «Ғании Кашмирӣ» ба даст афтод.
    Алъон пдф-и саросемавориашро ирсол мекунам, чу ворд-версия шуд, пас — онро.
    Бо сипоси эҳтиром,
    Ансор

  11. Ассалому Алайкум Zarowadk.ru бисёр шод шудам аз ёфтани якчанд китобхои таърихи, адаби, бадеи аз сомонаи Шумо. Ба шумоён як чахон ташаккур. Мо дар мухочират хастем, ду сол боз аз Ватан дурем, вале мудом ташнаи китобхои точики мондем. Китобхои таърихи дар бораи Хучанд дида шод шудам аз кабили ШАРИФОВ — МАНЗИЛИ АЧДОД. Аз шумо этиромона хохиш мекунам, ки агар илочаш бошад, китоби Хистеварзи Усмончон Гаффоров (Хистеварз: Замон ва одамон. — Хуҷанд: Ношир, 2009. — 704 с.) — ро дар намуди pdf ба сомона мегузоштед. Аз Ватан дур хастем. Бисёр ин китобро кофтам дар интернет нест, нихоят ба ман лозим аст. Ташаккури Зиёд! Худованд ёру мададгоратон бод! Ман якчанд китобхои доштаамро ба шумо мефиристам.

  12. Сайти оли! Бисёр кори савоб мекунед. Ман хам, мисли шумо, мухандисам.Мухандиси бинокор. Агар лозим донед, маълумоти зарурии техникии бинокориро ба Шумо мефиристам, кумаке мешавад барои мухандисони бинокор.
    Бори дигар ташаккур ва хеч гох хаста набошед!!!
    Худо нигахдори Шумо!!!

    • Зинда бошед, бародар Умар! Ниятҳоятон пок ва олист! Агар чизе навиштанӣ бошед, метавонам махсус бароятон рубрика (мавзӯъ)-и «Худам месозам» ё «Худам таъмир мекунам» ё «Асрори бинокорӣ» ва ғ. созмон диҳам. Шумо мақоларо ба емайли zarowadk@gmail.com мефиристед, ман бошам онро таҳрир карда бо номи худатон дар рубрикаи нав нашр мекунам.

  13. Бисёр мехостам иншо дар бораи «Модарнома»- и Лоик Шералиро пайдо кунам, вале мутаасифона натавонистам. Илтимос агар дарёфт кардед чори мекардед ба сомона, то ин ки мо истифода барем. Ногуфта намонад сомона ба ман писанд омад.

  14. Дар ин сайт барои чи бвйтҳои шоир оварда нашудааст

  15. Муборак шавад дизайни нав!! Хеле оли

  16. Салом сайти хеле хуб сохтед. бисёр маълумотхои муфид пайдо кардем.
    Хуб мешуд агар тарчимаи холи Ахмад Зохирро ба таври пурратар дар хамин сомона пешниход мекардед. Бовари дорам шумо метавонед онро пайдо намуда инчо чойгир мекунед

    • Салом, Дилшод!
      Таклифи шуморо ба назар мегирем.

  17. Бале, Абдулҳамид! Ҳама рост шуд! Ӯ ҳамноми ман Ансор, феълан филолог, ки се курс баъди Шумо буд. Падари ӯ (р) низ муаллим буданд.
    Ба ҳар ҳол, муфтахарам, ки бо Шумо ошно шудам.
    Шоду масрур бошед!

    • Ман ҳам хурсандам, бародар!

  18. Салом, Абдуҳамид,
    Мутаассифона, Шумо каме иштибоҳ кардед. Ман, дарвоқеъ 3-4 курс поёнтар, аммо дар факултети дигар — геология таҳсил мекардам (таҳсилоти аввал).
    Ба Шумо шояд падари ман — шодравон Соҳиббой Ниёзов дарс гуфта бошанд. Падар чанд сол дар деҳи Шумо муаллим будаанд.

    • Ансор, салом! Ба ҳар ҳол он кас шахсе буд аз Дардар, номаш ба номи шумо монанд, ё ҳамқофия, падараш муаллим. Падари Шумо, инчунин Маҷидов, Саидов ва баъдтар Идибоев, Рофиев, Муродов ва чанде дигарон, ки ман шахсан мешинохтам, дар пешрафти маорифи кӯҳистон хидмати бузурге кардаанд. Фарҳанги баланд, масъулияти бузург ва фидокорӣ нишонаҳои беҳамтои ин устодон буд.

  19. Салом, Абдуҳамид. Қоим. Кӯчонидани файлҳо дастрас шудааст. Агар қабул фармоед, аз файл-хазинаи ватанӣ: ин сомона истифода кунед. Суръати кайҳонӣ!

    Бо эҳтиром, Ансор Ниёзии Дардарӣ

    • Ман Шуморо шинохтам, Ансор! Шумо ҳамон шахсед, ки аз ман 3-4 курс поёнтар мехондед. Ташаккур, барои дастгирӣ. Оиди ин сомона оянда машғул хоҳам шуд.

  20. Ман бисёр шоду хурсандам ки вебсайти Шуморо ёфтаги будам! Ана хамин вебсайт бисёре аз сурудхою таронахои Шашмакому мусикаи классики дорад ва ман хело сафедбахтам ки хозир метавонам хондан хамаи сурудхою таронахои махбубам бо орзую хаваси калон! Хазор рахмат Шумо ба, дастатон дард накунад Илохим!

    • Ташаккур, Роберт! Матни сурудҳое, ки ман овардаам, ганҷҳои бебаҳоеанд аз ганҷинаи бузурги фарҳанги мардуми форсизабони Осиёи Марказӣ ва Ховари Наздик, аз он ҷумла яҳудиёни тоҷикзабон. Шодам, ки барои Шумо коре судманд анҷом додаам. Хушбахт бошед.

  21. Ҳама кори ҷаҳон номусу ном аст,
    Вагарна ними нон рӯзи тамом аст
    гуфтааст Низомии бузург. Воқеан ҳастанд ахзосе ки тибқи гуфтаҳи бузургон амал менамоянд ва ин амали неки онон далели бузургии онон аст. Ҳар кӣ дар кори хайре иқдом кардааст, Худованд як бар даҳ мукофоти амалашро медиҳад . Аз даргоҳи Ҳудованд талаб дорем, ки ҳамеша сарсабзу сарбаланду хушрӯзу хушнуду хушкому хушном бошед!!

    • Беандоза сипосгузорам, бародар. Комёб бошед!

  22. Салом, Абдуҳамид,
    Чанд фурсате аз сайти Шумо дидан надоштам. Ҳоло чу кушодам, хело хушҳол шудам. Дизайни нав, тарҳи нав. Аҳсан!
    Таманно доштам, ки ҷиҳати hosting низ навоварӣ бошад, то кӯчонидани маводи Шумо осон ё имконпазир гардад.
    Боқӣ довар Худованд!

    Бо сипоси эҳтиром ва ташаккур.
    Ансор

    • Салом, Ансор! Бале дер боз гуфтугӯ накардаем. Хушҳолам, ки намуди нав писандатон омадааст. Нисбати фарокашии файлҳо низ пешбиниҳо ҳаст ва бархе тавассути gavitex, ки бисёр осон аст, аллакай амалӣ шудаанд. Зинда бошед.

  23. Маълумоте, ки дар ин чо нашр шудааст, дар хеч чойи дигар нахонда будам. Махсусан, дар бораи точикони Кизляркалъа ё Обисиёхкент. Ман бисёр дуст медорам, дар бораи таърихи точиконе, ки кисмат онхоро аз Ватани асли дур андохтааст, вале ба хар хол онхо забонашонро гум карда бошанд (ё шояд забони имрузаи мо чунон содда карда шуд, ки забони бобоёни мо ба онхо ва худи мо хам нофахмо шуд, масалан «Гулистон»,»Бахористон» «Маснавии маънави»навиштахои Ахмади Донишро кам андар кам касон мефахманд), вале онхо асли худро аз ёд набаровардаанд. Ман аз Шумо миннатдор хастам ва хохиш дорам, ки оиди точикони лаби дарёи Волга, точикони Казокистон, Хиндустон, Покистон (албатта агар маводе дастрас дошта бошед) дар ин торнома чоп намоед.

    • Олимҷон, Худованд агар хоҳад ва умр агар боқӣ бошад, бародари азиз, ин ниятҳо дар ман ҳаст.

  24. Аввалан ташаккур ба админи ин сайт.
    Ман мухлиси А.Зохир хастам.
    Аз як мухлиси А.Зохир, шеърхое,ки А.З сурудааст, Шумо дар ин сайти худ чой додаед, гирифтам. бисёр кори хуб аст, аммо якчанд шеърхо хатоги доранд. Агар ислох мекардем кори хуб мешуд.
    Боз як бори дигар ташаккур!

    • Ташаккур, бародар. Басо мамнун мешудам, агар мушаххасан мегуфтед, ки он хато кадом аст?

  25. Аввалан ташаккур ба админи ин сайт.
    Ман мухлиси А.Зохир хастам.
    Аз як мухлиси А.Зохир, шеърхое,ки А.З сурудааст, Шумо дар ин сайти худ чой додаед, гирифтам. бисёр кори хуб аст, аммо якчанд шеърхо хатоги доранд.
    Агар ислохот медаровардем бисёр кори хуб мешуд

  26. есть предложение, печатать тексты старых таджикских песен со времен СССР, например группы Гульшан (Точиддин Мухиддинов, Хурмо Ширинова, МУКАДДАС НАБИЕВА, и т.д.)
    а так же ансамблей в стиле МАВРИГИ, ШАШМАКОМ.
    Можно так же добавить популярных исполнителей конца 80-х, Кароматулло Курбонова например.
    Будет что показать нынешней попсе, что в музыке должен присутствовать смысл.
    Извините что пишу на русском, так как познания таджикского языка у меня на уровне разговорного диалекта г. Самарканда. Но я учусь, и песни и стихи один из путей изучения своего родного языка.
    Успехов в продвижение вашего проекта и сайта.
    Фарид Самаркандский (Регистони)

    • Фаридҷон, ташаккур аз Шумо! Мебинам, ки як шахси ба миллат ва ҳунару санъати вай ҷонсӯз ҳастед. Дар айни ҳол як корбар ва хонандаи фаъоли торнамои шогирдонаи ман мебошед. Умуман гирем, аз Шумо, ки бошандаи шаҳре, ки гаҳвораи фарҳанги тоҷик буду ҳаст, ин гуна муносибат табиист. Медонам, ки Шумо дар Торкадаи ҷаҳонӣ ба гирд овардани сурудҳои машҳури тоҷикӣ машғул ҳастед. Бори дигар ташаккур барои ин кори хайратон!
      Афсӯс, ки ман санъаткор нестам. Ман ҳам мисли дигарон сурудҳоро аз сабтҳо, радио ва телевизон шунида, матнашро дар китобҳо ҷустуҷӯ мекунам. Бисёре аз сурудҳои Кароматулло, Тоҷиддин, Муқаддас ва ғ. аз «Гулшан» дар навиштаҳои «Аҳмад Зоҳир», «Таронаҳо» омадаанд ва ин кор давом дорад. Мебинам, ки маслиҳати Шумо бо нақшаҳои ман як аст.
      Вале сурудҳои қадимаи Самарқанд, мавригиҳои Бухороро ёфта наметавонам. Ҳатто бисёр мавригиҳо кайҳост, ки ба забони дигар тарҷима ва суруда мешаванд ва матни тоҷикиашон фаромӯш шуда. Аммо он сурудҳоеро, ки дар гузоришатон ном бурдаед, дар ояндаи наздик нашр хоҳам кард.
      Таклифи ҳамкорӣ: Фаридҷон, агар имконатон бошад, ин гуна сурудҳо (сурудҳои қадимаи мардумӣ, мавригиҳо)-ро ёфта тавонед, як мавзӯи (рубрикаи) нав кушоям ва Шумо онро худатон бо номи худатон баред. Таҳрир ва вироста кардан тани ман. Емейли ман zarowadk@gmail.com

  27. Барои кушодани торнамои ҳамабоб (универсалӣ) Шуморо табрик мегум, баъзан калимот (терминхо)-е ки хаст техники аз ин торнома бахравард шудам . Муташакирам

    • Аз Шумо низ сипосгузорам!

  28. Аз сайти Шумо хело хушнуд шудам.
    Хостам бифаҳмам, ки ЗАРОВАДК чи маъноеро дорост. Рустое ҳаст дар н.Айнӣ Зароварк (Зароватк), ки расман Зеробод номгузорӣ шуда. Шояд ҳамрадифи Заровадки Шумо бошад.
    Ба ман ғазали Ҳилолӣ зарур шуд, матни саҳеҳи онро дар сайти Шумо пайдо кардам.
    Ташаккур аз Шумо!

    • Хуш омадед, бародар! Бале, чунин аст. Шодам, ки бароятон хидмате кардаам.

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.