Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 241-246

241. Бобунаи говчашм

242. Зирк

243. Гулихайрӣ

244. Ғор

245. Харбузаи сагак

246. Кавар

241. Бобунаи говчашм

Ин гиёҳ аз ҷинси бобуна аст, вале гулаш нисбат ба
гули бобуна хеле калон аст. Дар гирди маркази гулаш
гулбаргҳои сафед монанди парра ҷойгир шудаанд ва
миёнаҷойи гул зарди бахмалӣ мебошад. Баргаш ба бар-
ги кашниз монанд аст, таъмаш андаке ба талхӣ моил.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум
хушк аст.
Хислатҳои шифобахшии он: агар инро биёшоманд,
баданро гарм мекунад, моддаҳои ғализ ва варамҳои
дохилиро таҳлил медиҳад, гиреҳи ҷигар ва даҳани
рагҳоро мекушояд, хуни дар хичак шахшударо батаҳ-
лил мебарад, варами мақъадро мегардонад; пешоб,
арақ ва хуни ҳайзро равон месозад, бачаи занҳои ҳо-
миларо аз шикам меафтонад, санги гурда ва хичакро
майда карда мерезонад, бар зидди заҳрҳо ва заҳрнок-
шавӣ тарёқ мешавад; барои дарди хичак, варами си-
пурз, истисқо, қароқури меъда, қулинҷ (варам ва дар-
ди рӯдаи ғафс) ва фуромадани об ба кисаҳои хояҳо
нафъ дорад. Агар инро бо сиканҷабин (сиркоасал) ва
ё бо намак бихӯранд, моддаҳои савдо ва балғамро
аз бадан хориҷ мегардонад. Чун бо зарпечак низ бар-
давом бихӯранд, савдо ва балғамро меронад.
Гули тарашро бибӯянд, хоб меоварад, вале агар
бисёр ва бардавом бибӯянд, хоболуд мекунад. Агар
инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд ё чун чой
дам карда биёшоманд, пирони бехобро хоб меоварад.
Модоме ки бо сиканҷабин ё бо намак бихӯранд,
савдо ва балғамро дафъ мекунад, барои молихулиё,
ваҳшат (тарсончакӣ ) ва саръ нафъ дорад. Агар ҳар
рӯз 4,5 грамм решаи хушки онро кӯфта, бо обе, ки
дар он фовониё (заячья капуста) ҷӯшонида шуда бо-
шад, то сӣ рӯз биёшоманд, иллати саръро ҳатман ши-
553
фо мебахшад. Инчунин ҳар рӯз 7 грамм аз гули
он бо шароби райҳонӣ то 25 рӯз бихӯранд, низ илла-
ти саръро дафъ мекунад.
Гулашро сӯхта, хокистари онро дар чашм бипо-
шанд, обравии онро ислоҳ менамояд. Худи гулашро
чун гард маҳин ос карда, монанди сурма ба чашм ка-
шанд, ҳамаи табақаҳои чашмро пурқувват мегардонад,
зулмати, яъне торикии чашмро дафъ мекунад ва нури
чашмро тез мегардонад; фуромадани зардобро ба да-
руни гавҳараки чашм, ки чашмро нобино месозад,
манъ мекунад ва агар фуромада бошад, дафъ мена-
мояд.
Гулашро кӯфта, бо асал хамир сохта лесида бихӯ-
ранд, дамкӯтаҳӣ, сурфа ва хун қай карданро ба ибро
меоварад. Агар 10,5 грамм барги хушкашро кӯфта, со
сиканҷабин ва намак бихӯранд, дамкӯтаҳӣ ва савдои
омехта бо сафроро дафъ месозад, рутубати зарарноки
ба меъда рехташавандаро пароканда ва хушк меку-
над, инчунин хунеро, ки дар меъда шах шуда бошад,
мегудозад. 4,5 грамм гули хушки онро кӯфта, бо си-
канҷабин биёшоманд, дамкӯтаҳиро нест мекунад; иш-
тиҳоро ба таом бармеангезад, меъдаро хушбӯй мегар-
донад. Агар 17,5 грамм гули онро кӯфта, бо чой фурӯ
баранд, арақ меоварад ва иллати қулинҷро дафъ ме-
кунад.
Гулашро дар об ҷӯшонида, он обро бо шаҳдоб
(асалоб) биёшоманд, пешобро башиддат меронад, ху-
ни дар меъда ва хичак шахшударо мегудозад. Агар
онро дар об ҷӯшонида, он обро якҷо бо гулаш биёшо-
манд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад,
қулинҷро мекушояд. Агар гулашро бо шароб бихӯ-
ранд, пешоб ва ҳайзро равон мекунад, бачаи занони
ҳомиларо аз шикам меафтонад, оби дар кисаҳои хоя-
ҳо ҷамъшударо барҳам медиҳад.
Занҳое, ки аз омадани ҳайзи худ маҳрум гашта бо-
шанд, гулашро хуб кӯфта, аз таг бардоранд, ҳайзи он-
онро башиддат ҷорӣ мекунад, бачадони сахтро муло-
им ва солим мегардонад ва гиреҳҳои онро мекушояд,
инчунин даҳани раги бавосирро низ мекушояд, бача-
донро аз чизҳои ғайрӣ пок менамояд.
Агар ин гиёҳро бо гулаш якҷо дар об ҷӯшонида,
дар он об занҳо то ноф даромада нишинанд, сахтии
бачадонро ба ҳоли солим ислоҳ мекунад. Оби гиёҳи
тари инро ба хояҳо, закар ва каши рон бимоланд, пуш-
554
ти камарро (боҳро) қавӣ мегардонад — дар ин бобат
пуртаъсир аст.
Дар обе, ки гулҳои ин гиёҳ ҷӯшонида шуда бошад,
латтаро тар карда бигузоранд, печиши асабро ислоҳ
мекунад, ҷонварони заҳрнок газида бошанд, заҳри
онҳоро аз бадан дафъ мекунад. Агар инро бо муми
занбӯри асал ба равған даромехта гузошта банданд,
варами соқҳои по ва дигар ҷоҳоро мегардонад.
Ҳар як қисми ин гиёҳро кӯфта, ба сурхбод гузош-
та банданд, шифо мебахшад, варамҳои гарм ва хунук-
ро таҳлил медиҳад, решҳои хушкро сиҳат месозад,
захмҳои хабиса ва ҷароҳати закарро ба ибро меова-
рад, бавосирро нафъ дорад.
Гулашро кӯфта гузошта банданд, варамҳои ғализ-
ро таҳлил медиҳад ва гиреҳҳоро мекушояд.
Вале агар инро аз ҳад зиёд биёшоманд, дарди сар
меоварад, сарро вазнин мекунад. Дар ин ҳолатҳо ё си-
канҷабин бихӯранд, ё гули нилуфарро истеъмол намо-
янд, зиёни онро ислоҳ мекунад. Инчунин сари меъда-
ро суст мегардонад — дар ин маврид низ ё бунафша
сиканҷабин бояд истеъмол фармуд.
Миқдори як бор хӯрдан аз бобунаи говчашм дар
як рӯз то 9 грамм аст. Ба ҷойи бобунаи говчашм юнуч-
қаи зардакро ба кор баранд, раво мебошад.
Аз ин гиёҳ равған ҳам тайёр мекунанд ба ин та-
риқ. Дар таносуби 100 грамм гули бобунаи говчашм,
400 грамм равғани зайтун ё равғани кунҷиди нав, гул-
ро дар равған андохта, он шишаро дар офтоб мегу-
зоранд чил рӯз. Баъд полида, равғанро соф карда ме-
гиранд—ҳамин равғани бобунаи говчашм ҳисоб меё-
бад. Агар инро нимгарм дар гӯш чаконанд, дардҳои
даруни онро шифо мебахшад. Агар инро бимоланд,
каҷ шудани рӯйро ба ибро меоварад, асабҳои печи-
даро рост мекунад, масомҳои пӯсти баданро мекушо-
яд, арақ меоварад, варамҳои қисми поёни баданро ме-
гардонад, инчунин он варамҳоро мепазонад, ҷароҳати
узвҳои асабониро шифо мебахшад — ҳам бихӯранд ва
ҳам бимоланд.

242. Зирк

Инро тоҷикони баъзе маҳалҳо зелол низ меноманд.
Зирк буттадарахти маълум аст, ки танаш хорҳои сего-
на дорад ва чӯбаш дар зери пӯстлохаш зард мебошад.
555
Гулаш зарди сафедтоб, самараш дар хӯша, дар вақти
ғӯрагӣ кабудсабз ва баъди пухтан сиёҳ ва сурх ме-
гардад. Қисми беҳтаринаш он аст, ки самараш даро-
зак бошад, он чӣ кулӯла аст, шарбаташ кам ва барои
давогӣ суст аст.
Мизоҷаш хунук ва хушк дар дараҷаи саввум аст.
Хусусиятҳои нигоҳдорандагӣ, яъне қабзият ва тарёқӣ
дорад.
Хислатҳои шифобахши он: чойники миёнаҳаҷмро
бо оби ҷӯш чайқонида, ҳар як бемор як чанголи худ
аз самари хушки зирк дар он андозаду аз болояш
оби ҷӯш пур карда, баъди хунук шудан оби онро би-
нӯшад, ҳамин тавр се рӯз давом диҳад, хилти сафроро
қатъ мекунад; ташнагӣ, тафси меъда ва ҷигарро тас-
кин медиҳад, фишори баланди хунро ба эътидол мео-
варад ва аз дарун рафтани хунро, ки аз ҳар як узве
бошад, манъ мекунад; дил, ҷигар ва меъдаи гармро
қувват мебахшад ва намегузорад, ки моддаҳои зарар-
нок ва нодаркор ба ин узвҳо рехта шаванд, инчунин
барои бавосир ва рафтани рутубати беҷо аз бачадон
низ мумкин аст, биёшоманд. Вале барои кушодани ги-
реҳи ҷигар, дафъ кардани истисқо, қувват бахшидан
ба ҷигари хунукмизоҷ ва дигар узвҳои даруни шикам
ва даруни сина, барои манъ кардани исҳол аз сустии
ҷигар ё бар зидди таби кӯҳнае, ки аз бисёрии балғам
мегирифта бошад, бо дорчинӣ ва асал бихӯранд, шифо
мебахшад. Агар он оби зирк тар кардашударо бо оби
талхшувоқ якҷо бинӯшанд, узвҳои ҳозимаро (меъда,
ҷигар, сипурз ва рӯдаҳоро) қавӣ мегардонад; бо заъ-
фарон бинӯшанд, барои сахтии ҷигар ва рондани пе-
шоб дору мешавад. (Дар омади гап, қайд кунем, ки
агар ҷигар сахт гардад, инро бо усули тибби қадим
илоҷ накунанд, ранги бемор торафт заҳиртар тофта,
иллат рӯз ба рӯз бадтар мегардад ва оқибат гирифто-
раш барҷомонда гашта, аз олам чашм мепӯшад).
Самари зиркро кӯфта гузошта банданд, ҷоҳои сахт-
гаштаи баданро мулоим мекунад.
Оби меваашро бинӯшанд, қай ва беҳузур шудани
дилро манъ месозад.
Тухмашро маҳин кӯфта бихӯранд, захми рӯдаҳо ва
харошида шудани сатҳи даруни онҳоро шифо мебах-
шад, инчунин исҳолеро, ки аз сустии узвҳои шикам ҳо-
дис шуда бошад, бозмедорад.
Чун бигиранд як миқдор оби меваи зирк ва баро-
556
бари он оби себи пухтагӣ, оби лиму чоряки он, ки
нисфи яке мебошад, шакари сафед дар он ҳал карда,
ба қивом оваранд, то ки ғафс гардад — ин тарёқи ҳар
гуна заҳрҳои қаттол аст. Ин таркиб барои газидани
мори афъӣ, иллатҳои дилтапак (дилбозӣ). беҳушшавӣ.
ғамгинӣ ва сустии иштиҳо дору мешавад Агар ба ин
таркиб туршак (щавель), турунҷ ва ҳалли марворид
изофа намоянд, ҷойи тарёқи кабирро мегирад. Тар-
ёқи кабир —ин беҳтарин давои мураккаби тибби
Шарқ мебошад, ки барои аксари бемориҳои сардми-
зоҷ нафъ дорад.
Хуллас, зирк ба одамони гарммизоҷ ва сафрови-
мизоҷ фоидабахш ва мувофиқ аст, вале барои касони
хунукмизоҷ, яъне ба онон, ки дар баданашон хилти-
ҳои савдо ва балғам зиёд бошанд, зарар дорад, инчу-
нин ба беморони қулинҷ ва иллати бодӣ доштагон низ
зиён мекунад. Агар ба хунукмизоҷон зарар расонида
бошад, бояд қаранфули гардан бихӯранд ва агар ба
одамони дорои мизоҷи дигар зарар кунад, шакар ва
дигар шириниҳоро истеъмол фармоянд, безарар мегар-
дад.
Миқдори як бор нӯшидан аз оби самари зирк то
100 грамм аст дар як рӯз ва миқдори хӯрдан аз тух-
маш то 14 грамм аст. Агар тухми зирк ёфт нашавад,
ба ҷойи он ҳамин миқдор тухми гулисурхро ба кор ба-
ранд, раво мебошад.
Аз реша ва чӯби зирк қивом ҳам тайёр мекунанд
ба ин тариқ. Решаашро бо теша тароша карда, дар
зарфи калон аз болояш об рехта, муддате то қувва-
таш ба об гузаштан меҷӯшонанд. Баъд он обро ҷудо
намуда, ба офтоб мегузоранд, ки қивом гардад. Ҳа-
мин қивоми зирк аст ва хеле талх мебошад.
Мизоҷи қивоми зирк гарм дар дараҷаи якум дар
дуввум хушк аст.
Агар аз ин қивом камеро дар гулоб ҳал карда, дар
чашм кашанд ё чаконанд, рутубатҳои равони чашмро
хушк мекунад ва бақоёи дарди онро, ки кӯҳна шуда
бошад, дафъ месозад. Агар пеш аз дард карданаш ба
чашм кашанд, дарди чашмро пешгирӣ мекунад.
Агар инро бихӯранд, исҳолро мебандад ва намегу-
зорад, ки моддаҳо дар бадан бадбӯ гарданд ва агар
бӯйи бад гирифта бошанд, манъ мекунад, гиреҳҳоро ме-
кушояд, пухтани (ҷӯшиши) даҳан ва сустии милкҳои
557
дандонро шифо мебахшад, чашми заифро қавӣ мегар-
донад.
Инро бипошанд, реш ва захмҳоро хушк мекунад.
Қивоми хушки зиркро маҳин ос карда, чун сурма
ба чашм кашанд, чашмро қавӣ мегардонад. Агар инро
дар об ҳал карда, он обро дар даҳан гардонанд, бад-
тарин дарди даҳан ва ҷӯшиши бехи дандонҳоро шифо
мебахшад, дарди дандонро таскин медиҳад ва милки
дандонро мустаҳкам мекунад. Камтарашро аз он дар
шароб ҳал карда бинӯшанд, иллатҳои номбурдаро ши-
фо мебахшад.
Аз қивоми зирк ҳар рӯз ба андозаи донаи ҷав дар
об ҳал карда бинӯшанд ё онро бо об фурӯ баранд,
дар муддати як ҳафта ё даҳ рӯз кирми ҷигарро нест
мекунад. Агар инро бо шароб бихӯранд, дарди ҷига-
ри бетабро даво мешавад, вале бо оби хунук биёшо-
манд, дарди ҷигари табнокро ба ибро меоварад.
Инро дар об ҳал карда, бо он нимгарм ҳуқна
(клизма) кунанд, захми рӯдаҳоро аз чирк пок меку-
над.
Вале хӯрдани қивоми зирк ба одамони сурфа дош-
тагон зарар мекунад. Дар ин маврид асал бихӯранд,
зиёнаш ислоҳ мегардад.

243. Гулихайрӣ

Ин растанӣ ба ҳама маълум аст, ки даштӣ мебо-
шад ва дар боғҳо низ месабзонанд. Гулаш сафед, сурх
ва ба рангҳои гуногуни мураккаб аз ду ранг аст, ҳат-
то бунафши сиёҳтоб ҳам дорад. Беҳтарини ҳамаи ин
қисми сафед ва баъд аз он навъи сурх — пуштии он
аст. Барги ин кулча барин гирдак ва калон-калон аст.
Тухмаш дар ғилофе монанди тугмаи палтои мардон
аст ва дар даруни он тухмҳои сиёҳи паҳни мудаввар
дар доира қатор ҷойи гирифтаанд. Қадди ин гиёҳ дар
заминҳои хокаш пурзӯр ва ҳавояш гарм то чор метр
мехезад. Гулихайрӣ дар ҳамаи заминҳои хокаш шӯра
надошта бошад, рӯйида метавонад.
Мизоҷи инро табиби асри якуми милод Ҷолинус
сард ва тар донистааст, вале Абӯалӣ ибни Сино гарми
мӯътадил гуфтааст. Ҳаққаш он аст, ки мизоҷи ин беш-
тар ба сардӣ моил аст.
558
Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумии он:
варамҳоро таҳлил медиҳад, яъне мегардонад. Реш ва
пучакҳои гуногунро мепазонад ва ба зудӣ мекафонад,
моддаҳои бегонаро аз ҳаракат манъ мекунад ва наме-
гузорад, ки онҳо аз ҷоҳои дигари бадан ба узве бифу-
роянд ва рехта шаванд ва гулихайрӣ мулоим ва нарм-
кунандаи ҷоҳои сахти бадан аст. Агарчи давоии гули
он заифтар аз тухм, поя ва барги он бошад, вале бо
ин ҳама таъсири хубе дорад.
Барги тарашро кӯфта ба сар гузошта банданд,
варамҳои раддии майна ва пардаҳои онро, ки дар тиб-
би ҳозира менингит меноманд, шифо мебахшад, инчу-
нин агар гузошта банданд, варамҳои бехи гӯшро таҳ-
лил медиҳад; барои бардамида шудан ва боднок гаш-
тани пилкҳои чашм давои хубе мебошад. Инро кӯфта,
ба захмҳо гузошта банданд, даҳани онҳоро ба ҳам
оварда сиҳат мекунад; ба варамҳои гуногун гузошта
банданд, зуд дардашро таскин медиҳад ва худи ва-
рамҳоро мегардонад — таҳлил медиҳад; барои ханозер
низ, ки аз он гулӯи одами варам карда, монанди гар-
дани хук ғафс мешавад, шифо мебахшад; пучак, чир-
так ва ҳамчунин решҳои римкунандаро зуд мепазонад
ва мекафонад; варамҳои пистон ва мақъадро зуд таҳ-
лил медиҳад ва ҷароҳатҳоро ба зудӣ сиҳат мегардо-
над. Агар ягон узв шикаста бошад, ба он кӯфта гу-
зошта банданд, устухони шикастаи онро ба ҳамдигар
пайваст мекунад; ирқуннасо, ки ҳоло онро радикулит
меноманд ва дарди буғумҳо, ки ҳама аз гармӣ бо-
шанд, шифо мебахшад. Баргашро кӯфта, бо равғанҳо
хамир карда, ба варамҳои пардаҳои даруни сина ва
ба варамҳои шуш аз рӯ гузошта банданд, барои ҳа-
маи инҳо дармони писандида мебошад, варамҳои маз-
курро шифо мебахшад. Барги инро аввал дар об ҷӯ-
шонида пухта, баъд бо равғани маска ё равғани зард
ва ё бо равғани ҷонвари дигар хамир карда, ба ва-
рамҳои гарм гузошта банданд, зуд онҳоро мепазонад
ва кафонида римашро берун меоварад ва баъди хо-
риҷ гаштани римаш гӯшти ҳароми онҳоро дур наму-
да, ба ҷояш гӯшти солим пайдо мекунаду сиҳат ме-
бахшад.
Агар ин растаниро дар об ҷӯшонида, он обро ба
сар бирезанд ё сарро бо он об бишӯянд, мӯйи сарро
абрешим барин мулоим мекунад. Ва агар дар ин об
то ноф даромада нишинанд, варами мақъадро таҳлил
559
медиҳад, даҳани бачадонро, ки баста гашта, аз ин бо-
ис он занон нозо шуда бошанд, даҳани бачадонро ме-
кушояд ва зоянда мегардонад.
Тухми хушкашро кӯфта, бехта, бо оби нимгарм би-
ёшоманд, сангҳои гурдаро ҳар навъ, ки бошанд, май-
да карда мерезонад. Тухми онро кӯфта, дар об тар
кунанд, моддаи шилмак ҳосил мешавад, ки инро лу-
оби тухми гулихайрӣ меноманд. Луоби хоми онро бо
шакар даромехта, нимгарм сохта бихӯранд, сурфаи
гарм ва иллати хун қай карданро дафъ мекунад. Тух-
ми инро кӯфта, бо сирко хамир карда, дар офтоб ни-
шаста, ба доғи сафеди пӯст гузошта банданд, он доғ-
ро дафъ месозад; инро бо равғани зайтун ва сирко ха-
мир карда, гузошта банданд, газанди ҷонварони заҳр-
нокро дафъ мекунад.
Як миқдор аз тухми гулихайрӣ ва бо ду миқдори
он хурмо — ҳар дуро якҷо кӯфта, бо сирко хамир кар-
да, ба варамҳои гуногун гузошта банданд, зуд онҳо-
ро таҳлил медиҳад. Агар ин тухмашро бихоянд, таш-
нагиро мешиканад. Инро дар об ҷӯшонида, ба суми
асп, агар он коста бошад, бимоланд, онро рӯёнида
пурра месозад. Тухми гулихайрӣ ва шилми бодом —
ҳар дуро баробарвазн гирифта, дар об ҷӯш дода, дас-
ту поҳоро бо он пайдарҳам бишӯянд, барои кафидан
ва пӯст партофтани кафи дасту поҳо давои хеле хубе
мебошад.
Пӯсти решаи он бисёр қавӣ аст. 10,5 грамм реша-
ашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, исҳолро
мебандад ва иллати қулинҷ (колит)-ро шифо мебах-
шад, гиреҳҳои рӯдаҳоро мекушояд, захми рӯдаҳоро
шифо мебахшад; исҳолро, ки аз бисёр ҷамъ шудани
хилти сафро бошад, сӯзиши пешоб (сӯзок), сӯзиш ва
варами рӯдаҳоро, инчунин шадидтарин рафтани да-
рун— ҳамаашро дафъ мекунад. Агар тухмашро низ
кӯфта, бардавом бихӯранд, барои бемориҳои номбар-
шуда дору мешавад: ва агар бо шароб даромехта биё-
шоманд, банд шудан ва ба душворӣ омадани пешобро
ислоҳ мекунад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда
мерезонад, моддаҳои хомро аз хичак берун меронад,
барои иллати ирқуннасо дармон мешавад, мушакҳои
кафида ва тарқидаро сиҳат мекунад. Тухмаш ё пӯсти
решаашро дар об ҷӯшонида, ба он об сирко ҳамроҳ
карда, бо ин таркиб даҳанро чайқонанд, дарди дан-
донро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад.
560
Решаашро кӯфта, дар латта баста, дар об андо-
занду шаб дар зери осмон нигоҳ доранд, чандон, ки
монанди ҷуғрот ғафс гардад, баъд онро бимоланд,
варами пилкҳои чашмро таҳлил медиҳад. Агар инро
бихӯранд, сурфаи гарм ва хун қай карданро шифо
мебахшад. Агар инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯ-
шанд, низ ҳамин гуна таъсирро дорад. Агар дар об
ҷӯшонида, дар он об даромада бихобанд ё бишинанд,
пайвандҳои шахшударо мулоим мекунад ва узвҳои
дигари сахтгаштаро чун аслӣ сиҳат мегардонад. Агар
бо он об сарро бишӯянд, тарқидани мӯйи сарро ба иб-
ро меоварад. Решаи хушки онро кӯфта, ордаки онро
бо орди боқило даромехта, бо равғани хук сиришта,
бар буғумҳои бадан гузошта банданд, шах шудан ва
варамҳои сахти он ҷоҳоро ислоҳ мекунад. Агар инро
дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм ҳуқна кунанд, бе-
мориҳои номбурдаи рӯдаҳо ва ғайри рӯдаҳоро дафъ
мекунад. Агар ин оби он ҷӯшонидашударо ба ҷойи га-
зидаи занбӯри асал бимоланд, газанди онро дур месо-
зад ва агар бо асал сиришта бимоланд, зарари ҷон-
варони заҳрнок газидаро дафъ менамояд. Агар инро
маҳин кӯфта, бо равғани мурғобӣ сиришта, занҳо аз
таг бардоранд, варами бачадонро таҳлил медиҳад
ва даҳани он банд шуда бошад, мекушояд ва барои
қабул кардани нутфаи мард бачадонро тайёр меку-
над. Ин борҳо дар амали муаллиф низ озмуда шудааст.
Вале истеъмоли гулихайрӣ барои меъда як андоза
зарарнок аст. Барои ислоҳи ин зиёнаш оби зирк, асал
ва арпабодиён хӯрдан даркор аст. Ба қавли баъзеҳо
ба шуш ҳам зарар дорад, дар ин ҳолат асал бояд би-
хӯранд, то ки зиёнаш ислоҳ гардад.
Миқдори як бор хӯрдан аз барг, реша, гул ва тух-
ми он дар як рӯз 4,5 грамм аст, вале агар дар об
ҷӯш дода, он обро нӯшиданӣ бошанд, бояд дар як
рӯз аз он об 100 грамм бинӯшанд.
Ба ҷойи гулихайрӣ растании тугмачагулро истифода
кунанд, раво мебошад.
Шилми гулихайрӣ, ки ҳангоми гармии ҳаво аз та-
наш мегиранд, зард ва сурхранг мебошад. Ин барои
шикастани шиддати ташнагӣ, дар вақтҳои исҳол ва
ҳангоми зарда қай кардан бихӯранд, шифо мебахшад.
561

244. Ғор

Ин дарахтест, ки баргашро ҳамчун хӯриши хушбӯйи
таом ва ҳазмовар дар вақти пухтан ба хӯрокҳо меан-
дозанд. Баргашро ба забони русӣ лавровый лист ме-
номанд, ки дар дӯконҳои хӯрокворӣ фурӯхта меша-
вад. Дарахташро дар сарзамини Кавказ мепарваранд
ва дар дигар мамлакатҳои гармистон аз ин ба таври
васеъ истифода мебаранд. Сабзонидани ин дар Точи-
кистон ҳам ривоҷ дорад. Номи тоҷикии ин дарахт бо-
ҳиштон аст. Баргаш дарозтар аз барги бед, вале ғафс-
тар ва шахшӯлтар аз он аст. Самараш ба андозаи
финдиқ ва хушбӯй мебошад.
Мизоҷаш гарм ва хушк дар дараҷаи дуввум. Ми-
зоҷи мағзи самараш гармтар аз барг ва пӯсти он аст.
Мизоҷи равғанаш назар ба қисмҳои дигари он, ҳатто
аз мағзи чормағз ҳам гармтар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумиаш:
таҳлилдиҳанда, фараҳбахш, қувватафзо, равонкунан-
даи пешоб ва тарёқи заҳрҳо мебошад (хусусан сама-
раш).
Самарашро бо шароб биёшоманд, дарди сари бал-
ғамӣ, бодҳои бандшуда, саръ (припадка) ва васвосро
шифо мебахшад; зеҳнро тез ва фаҳму фаросатро аф-
зун мегардонад. Агар инро кӯфта, дар бинӣ бирезанд,
дарди нимсар ва каҷ шудани рӯйро шифо мебахшад.
Равғанашро бимоланд, дарди асабҳоро таскин ме-
диҳад, мондагӣ ва беҷо шудани зеҳнро дафъ мекунад,
инчунин даҳанҳои рагҳоро мекушояд.
Самарашро дар равғани гулисурх ва сирко ё дар
шароби кӯҳна маҳин ос карда бичаконанд, дардҳои гу-
ногуни гӯшро, ки аз сардӣ бошанд, таскин медиҳад,
ҷарангҳои гуногуни даруни гӯш ва гарони онро ба иб-
ро меоварад, инчунин ин узвро қавӣ мегардонад. Рав-
ғанашро батакрор чаконанд ҳам, чунин хосият дорад.
Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гар-
донанд, дарди дандонро таскин медиҳад.
Барг ё самарашро маҳин кӯфта, бо асал хамир
карда, лесида бихӯранд ё бо шароби мусаллас биёшо-
манд, барои аксари бемориҳои аз хунукӣ содиршуда
дору мешавад; агар бо сиканҷабин биёшоманд, бемо-
риҳои аз гармӣ ҳодисгаштаро дафъ мекунад; сустии
рӯҳ, ростнафас, омадани моддаҳои ғайрӣ аз шуш,
562
захмҳои шуш, сурфаи кӯҳна ва зиқ-ун-нафасро шифо
мебахшад.
Самарашро бихӯранд, бодҳои ғализро таҳлил меди-
ҳад; инчунин дарди рӯдаҳо, қулинҷ (колит), бемори-
ҳои ҷигар ва сипурзро шифо мебахшад. 9 грамм сама-
ри хушкашро ос карда бихӯранд, дарди рӯдаҳоро дар-
ҳол таскин медиҳад.
Хӯрдани равғани ғор дилро беҳузур (беҷо) меку-
над, қай меоварад, вале пешоб ва ҳайзро равон месо-
зад.
Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, бе-
мориҳои хичак ва бачадонро шифо мебахшад; ва агар
ин обро бо асал биёшоманд, барои бемориҳои аз сар-
дӣ баамаломада дору мешавад ва бо сиканҷабин би-
нӯшанд, иллатҳои аз гармӣ ҳодисгаштаро ба ибро ме-
оварад.
Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва
бардавом бирезанд ё дар он об то ноф даромада ни-
шинанд, бемориҳои гурда, хичак ва бачадонро шифо
мебахшад.
3,5 грамм пӯсти самари онро кӯфта бихӯранд, санг-
ҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад ва ба-
чаи занони ҳомиларо дар шикамашон мекушад. Инчу-
нин самарашро батакрор бихӯранд, низ сангҳои гурда
ва хичакро майда карда мерезонад. Ин самари онро
занони ҳомила аз таг бардоранд, бачаро аз шиками
онҳо меафтонад.
Равғанашро бимоланд, кашокаш ва аъзошикании
табҳоро дафъ мекунад.
Самарашро кӯфта. бо шароб биёшоманд, барои га-
зидани мор, каждум ва дигар ҷонварони заҳрнок дору
мешавад. Агар инро кӯфта гузошта банданд, газидани
занбӯрҳои гуногун (аз ҷумла занбӯри асал) ва ҳамчу-
нин ҷонваронро сиҳат мебахшад.
Самарашро кӯфта, бо нон ё бо орди ҷав хамир сох-
та гузошта банданд, дардҳои луққосиро таскин меди-
ҳад ва варамҳои гармро мегардонад.
Самараш ва равғанашро бихӯранд ва ё равғанаш-
ро бимоланд, дардҳои буғумҳо, дарди камар ва ғайра-
ро таскин медиҳад ва шифо мебахшад.
Самараш ва баргашро кӯфта, бо шароб сиришта
бимоланд, доғи сафеди пӯст, доғҳои кунҷидак ва ди-
гар доғҳоро аз пӯст дафъ мекунад.
Вале ҳангоми ба дарун истеъмол намудани сама-
563
раш ва равғанаш меъдаро суст мекунад, инчунин дил-
ро беҳузур (беҷо) месозад, қай меоварад ва ба узвҳои
даруни сина ҳам зиён дорад. Давои ҳамаи ин зарар-
ҳояш катиро хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз самар ва барги ғор дар
як рӯз 2,25 грамм аст. 9 грамми онро бихӯранд, да-
рунро меравонад. Агар маҳсулоти ғор ёфт нашавад,
ба ҷояш бодоми талх ва ҷамилакро истеъмол намоянд,
раво мебошад.
Яке аз хислатҳои ғор чунин аст, ки агар баргаш-
ро дар об ҷӯш дода, он обро дар хона бипошанд, ма-
гас ва ҳамин навъ ҷонварони зарарнок аз он ҷо мегу-
резанд. Инчунин баргҳояшро паҳн кунанд ҳам, ҳамин
гуна таъсир дорад.
Муаллифи китоби «Филоҳа» гуфтааст, ки «Чун бар-
ги онро бо даст бичинанд ба тавре, ки ба замин наяф-
тад ва онро бар паси гӯши худ гузоранд, ҳар қа-
дар шароб, ки бинӯшанд, маст намегарданд. Чун дар
ҷое, ки кӯдак бихобаду дар хоб битарсад, ин баргро
бигузоранд, тифл дигар наметарсад».
Аз чӯбаш асо сохта, бар он такя кунанд, чашмро
тез мегардонад, ҷавонмардиро меафзояд. Мегӯянд, ки
агар бо он худро шустушӯ кунанд, таъсири сеҳрро
дафъ мекунад. Чун рӯзи чоршанбе пеш аз баромадани
офтоб онро сӯхта, дудашро бигиранд, касе, ки аз мар-
диаш маҳрум гашта бошад, қуввати аслиаш аз нав
барқарор мешавад, қодир мегардад.
Дастури гирифтани равғани ғор чунин аст. Дона-
ки онро нимкӯфта дар об меҷӯшонанд ва то хунук шу-
данаш мегузоранд. Он чӣ дар рӯйи об истад, ҷудо кар-
да мегиранд — ҳамин равғани ғор аст. Ё барг ва са-
мари онро дар об меҷӯшонанд, то он ки қувваташ ба
об гузарад. Баъд он обро соф карда, аз болояш ду-
чанди он равғани зайтун рехта, бо оташи мулоим то
тамом шудани об меҷӯшонанд. Вақте ки аз ҷӯш монд,
маълум аст, ки равған тайёр шудааст ва об батамом
бухор гашта рафтааст. Вале эҳтиёт кунанд, ки равған
доғ нашавад.

245. Харбузаи сагак

Инро сабчаи сагак ҳам мегӯянд. Ба забони ӯзбе-
кӣ итқовун ва ба русӣ кукумис сорнополевой мено-
манд. Гиёҳаш дар заминҳои ғайри корам мерӯяд. Бар-
564
гаш монанди барги харбуза ва бодиринг, шахшӯл,
дар биёра, самараш хурдтар аз тухми мурғ, монанди
харбуза дарозак, дар хомиаш сабз ва бирасад, зард
мегардад. Таъмаш талх аст. Беҳтарин қисми растани-
аш самари расидаи зарди он аст.
Самари инро чун пиёз варақ-варақ бурида, ба риш-
та кашида, дар соя хушк мекунанду барои истифода
дар фаслҳои дигари сол гирифта мемонанд.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд,
моддаҳои ғафсро дар бадан рақиқ (суюқ) мегардонад,
майнаро аз моддаҳои зарарнок ва нодаркор пок мена-
мояд, моддаҳои сафро, балғами хом ва инчунин зар-
добро бо исҳол дафъ мекунад; барои фолиҷ (шал шу-
дани нимаи бадан ба дарозӣ), каҷ шудани рӯй, саръ
(припадка), байза (дарди бефосила ва шиддатноки та-
моми сар), дарди буғумҳо, ниқрис (подагра), ирқун-
насо (радикулит), сурфаи сард, дамкӯтаҳӣ, зиқ-ун-на-
фас (астма), бодҳои ғализ, истисқо (водянка), зард-
парвини сиёҳ ва бавосир даво мешавад; сангҳои гурда
ва хичакро майда карда мерезонад, пешоб ва ҳайзро
равон мекунад.
Самар, барг ва решаи онро агар бихӯранд, хусуси-
ятҳои поккунандагӣ, таҳлилдиҳандагӣ ва хушккунан-
дагӣ дорад. Хислати хушккунандагӣ дар пӯсти он на-
зар ба баргаш зиёдтар аст, вале тезӣ дар усораи барг
ва решаи он бештар мебошад.
Усораи онро, яъне оби онро дар офтоб ғафс гар-
донида, бо шири ҷавонзанон даромехта, дар бинӣ би-
резанд, дарди нимсари шадидро шифо мебахшад ва бай-
заро ва инчунин ҳамаи дардҳои аз сардӣ баамаломадаи
кӯҳнаро ба ибро меоварад. Лекин пеш аз он ки инро дар
бинӣ бирезанд, бо воситаи давоҳои махсус баданро
аз моддаҳои бегона пок намудан даркор аст; инчу-
нин барои каҷ шудани рӯй, карахтӣ, кузоз (столбняк)
ва саръ даво мешавад.
Инро бо шир даромехта, ба даруни сӯрохҳои бинӣ
бимоланд, моддаҳои зарарноки бисёрро аз сар мека-
шад ва байза ном дарди тамоми сарро, ки шадид ва
беист мебошад, инчунин дарди сари кӯҳнаро шифо ме-
бахшад.
Усораи баргаш аз худаш заифтар аст барои да-
воӣ. Решамайдаҳои он дар хислати хушккунандагӣ аз
қисмҳои дигараш қавитар мебошад.
565
Решаҳои борики онро кӯфта, бар баногӯш гузошта
банданд, варами онро таҳлил медиҳад. Инро пухта,
бо орди ҷав хамир карда, гузошта банданд, низ вара-
ми баногӯшро мегардонад.
Обашро нимгарм дар гӯш чаконанд дарди онро
таскин медиҳад.
Онро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардо-
нанд, дарди дандонро, ки аз хунукӣ бошад, таскин ме-
диҳад.
Усораи онро бо равғани зайтун даромехта, дар оф-
тоб гарм карда, чанд қатра дар гӯш чаконанд, дарди
онро таскин медиҳад, инчунин гаронии гӯш, ҷаранг ва
садоҳои гуногуни даруни гӯшро, ки аз бисёрии бод ва
моддаҳои ғализ ҳодис гашта бошанд, дафъ мекунад.
Обашро батанҳоӣ гарм карда, дар гӯш чаконанд, кир-
ми онро мекушад.
Оби самари онро бо асал даромехта ва бо равғани
зайтун сиришта ё бо заҳраи гов омехта бимоланд, ва-
рами ҳалқум ва дарди гулӯро шифо мебахшад.
Усораи онро бо равғани зайтун ва асал даромех-
та, ба ком бимоланд, дарди гулӯро, ки сабабаш ҷамъ
шудани балғам дар ин мавзеъ бошад, сиҳат мебах-
шад ва варами ҳалқумро таҳлил медиҳад.
Усораи инро биёшоманд, барои вайрон шудани ни-
зоми нафас даво мебошад.
Оби решаашро ба миқдори як грамм бинӯшанд, су-
улқиня (сустии ҷигар), истисқо (водянка) ва зардпар-
вини сиёҳро бо як аҷобате шифо мебахшад бе ҳеҷ гу-
на заҳмат.
Ду грамм решаи онро ё муддати се рӯз 3 граммӣ
худашро бо шаҳдоб (асалоб) биёшоманд, хилтҳои бал-
ғам ва сафроро ба қай дафъ менамояд, инчунин бал-
ғами хом, сафро ва зардобро ба осонӣ ва беазият бо
исҳол дафъ месозад.
Ҳар рӯз пӯсти самари онро 6 грамм бо шаҳдоб биё-
шоманд, исҳоли неку меоварад. Чун қадареро аз он
дар об ҳал карда, пари мурғро ба он олонда, ба бехи
забон ва атрофи он бимоланд, қай меоварад. Ва агар
зудтар бихоҳанд, инро дар равғани зайтун ё равғани
савсан ҳал карда, ҳамон тавр бимоланд. Чун қайи
бисёр оварад ва аз қай кардан безор шаванд, шароб-
ро бо равғани зайтун даромехта бинӯшанд. Агар бо
ин ҳам қай бознаистад, орди нимбирёнро бо оби сард
ё сиркоро бо об бинӯшанд, ё дар оби хунук даромада
566
нишинанд ва оби хунук бар сар биронанд; инчунин чиз-
ҳои дигари манъкунандаи қай бихӯранд.
Чун решаи онро 150 грамм гирифта, дар 900 грамм
шароб як ҳафта андохта, ҳар рӯз 90 грамми онро то
се рӯз ба дили наҳор биёшоманд, барои иллати истис-
қо даво мебошад.
Усораи онро бо шири ҷавонзанон даромехта, дар
бинӣ бирезанд, зардпарвинро даво мешавад.
Решаашро пухта, кӯфта, бо майи пухтагӣ хамир
сохта, гузошта банданд, истисқои гӯштиро шифо ме-
бахшад.
Усораи решаи онро батанҳоӣ биёшоманд, пешоб ва
ҳайзро равон мекунад. Агар инро занҳои ҳомила аз
таг бардоранд, бачаро дар шиками онҳо мекушад.
Чун оби решаи онро нимгарм карда, ба зери ноф
бимоланд, кирмҳои шикамро кушта берун меоварад;
чун бар меъда бимоланд, қай меоварад; чун ба хояҳо
бимоланд, дардашро таскин медиҳад ва оби дар онҳо
фуромадаро ба таҳлил мебарад.
Решаашро пухта, бо орди ҷав хамир карда гузош-
та банданд, варами балғамии кӯҳнаро таҳлил медиҳад
ва пучакҳоро мекафонад. Ва агар усораи инро гузош-
та банданд, дар бобатҳои мазкур қавитар аст.
Усораи онро бихӯранд, дарди пайвандҳои бадан,
ҳамаи дардҳои савдовӣ ва балғами дасту поҳо ва ҳа-
маи аъзоро ва инчунин карахтиро шифо мебахшад.
Агар онро, яъне решаашро дар об ҷӯшонида, бо он
об нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, ирқуннасоро ши-
фо мебахшад. Онро пухта, бо сирко ё бо майи пухта-
гӣ сиришта, гузошта банданд, дарди пушт ва ниқ-
рисро шифо мебахшад.
Гулашро кӯфта гузошта банданд, дарди пайванд-
ҳои бадан, яъне дарди буғумҳоро таскин медиҳад ва
агар пухтаи онро гузошта банданд, низ чунин таъсир-
ро дорад.
Хушкашро кӯфта бипошанд, қӯтури решгашта ва
шукуфаи пӯстро ба ибро меоварад. Агар инро бо асал
ва сирко ва ё бо шароб сиришта, гузошта банданд, низ
барои қӯтури решгашта, озахҳо, шукуфаи пӯст, доғи
сафеди пӯст, доғи сиёҳи рӯй ва барои доғҳои дигари
бадан даво мебошад.
Барг ва решаашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯ-
шанд, барои иллати махав фоида дорад.
Чун оби ин сабчаи сагакро дар равғани кунҷид ё
567
дар равғани зағир то обаш батамом бухор гаштан бо
оташи мулоим биҷӯшонанд, баъд он равғанро бар ба-
восир бимоланд, онро дафъ мекунад.
Чун самари нопухтаи онро реза-реза карда ва ё
оби онро гирифта, бо дучанди он равғани зайтун дар
зарфе андохта, даҳанашро маҳкам карда, чил рӯз дар
офтоб гузоранд ё ба рӯйи ахгари оташ бигузоранд, то
ки рутубаташ хушк гардад, баъд он равғанро бар ба-
дан бимоланд, сардии баданро дафъ мекунад, модда-
ҳои зарарнокро берун мекашад; доғҳои кунҷидак ва
донаҳои наскмонандеро, ки ба рухсора бармеоянд,
дарди буғумҳои кӯҳна ва монанди инҳоро ба ибро ме-
оварад. Агар ин равғанро бардавом биёшоманд, низ
ҳамин манфаатро дорад.
Миқдори як бор хӯрдан аз усораи он дар як рӯз
аз 0,2 то 1,1 грамм аст, аз решааш 2,25 грамм ва аз
обе, ки дар он ҳар як қисми сабчаи сагак ҷӯшонида
шуда бошад, то 50 грамм аст; аз тухм ва гули он то
3,5 грамм бо орди ҷав ва катиро. Дар ҳуқнаҳо зиёда
аз 3,5 грамм ба кор набаранд, зеро ки ба одамони
гарммизоҷ ва баданҳои заиф зарар дорад: қай меова-
рад, рӯдаҳоро мехарошад. Давои ҳамаи ин зарарҳо-
яш: дар қайи барзиёд луоби тухми биҳӣ, луоби тухми
зағир ва луоби гулихайриро бо равғани сардмизоҷ
хӯрдан аст. Чун усораашро истеъмол кардан бихо-
ҳанд, набояд батанҳоӣ биёшоманд, зеро ин рӯдаҳоро
мехарошад. Бинобар ин бо сабир (алоэ), савринҷони
сафед, заъфарон, дорчинӣ, арпабодиён, тухми карафси
кӯҳӣ ва бӯстонӣ, шилмҳои гуногун ва равғанҳо ҳамроҳ
карда истеъмол фармоянд. Миқдораш он аст, ки 0,5
грамм усораи онро сойида, бо ҳамвазни он шилми бо-
домҳо ва ё бо ним вазни он нишоиста сиришта бихӯ-
ранд.

246. Кавар

Ин растаниест, ки хорҳо дорад, шохҳояш аксар ба
рӯйи замин паҳн гаштаанд; баргаш сабзи гирдактар ва
монанди фулус ғафс, гулаш дар ғилофи сабз, бузурги-
аш қариб ба андозаи нахӯд, сабз, баъд калон шуда,
ғунча мегардаду гул мекунад ва дар миёнаи гулаш мо-
нанди мӯйҳо торҳое дорад. Самараш ба ранги тарбуз-
чаи сабз, вале дар ҳаҷм ба андозаи зардолуи миёна
аст — инро ба тоҷикӣ хиёри кавар меноманд. Ин баъ-
568
ди расидан пухта, чун пахта мешукуфад, мағзаш сурх-
ранг; тухмаш зард, андак рутубати часпак дорад; таъ-
маш каме ширини тахирак, яъне ба талхӣ моил мебо-
шад ва агар инро бихоянд, пӯсти даҳанро андак мека-
шад, тунҷӣ дорад, яъне узвҳои даҳанро каме дарҳам
мекунад. Меваи ин ҳарчанд расидатар шавад, тунҷи-
аш камтар ва шириниаш зиёда мегардад. Решааш са-
фед, дароз, пӯсти решааш ғафс. Агар из решаро хушк
кунанд, дар аксар вақт пӯсташ ҷудо мешавад. Таъми
ҳамаи қисмҳои кавар, яъне баргаш ҳам, шохаш ҳам,
пӯстлохаш ҳам, решааш ҳам — ҳама талханд.
Ғунчаи гул ва самари майдаи норасидаи онро дар
намакоб ширин карда ё дар сирко парварда, яъне як
шабонарӯз дар он тар карда, барои хӯрдан тайёр низ
менамоянд.
Қуввати решаи ин барои давогӣ аз қисмҳои дига-
ри ин зиёдтар аст.
Кавар дар заминҳои сахт, харобаҳо, даштҳо ва дар
санглохҳо мерӯяд. Агар дар заминҳои намнок ва дар
наздики об рӯйида бошад, барои давогӣ намешояд, зе-
ро қувваташ суст ва худаш боднок аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст,
инак, барои одамони мизоҷи сард ва тар дошта, ин-
чунин барои касоне, ки мизоҷи мӯътадил доранд, бис-
ёр форам мебошад. Агар ин гиёҳ дар сарзаминҳои
гарм рӯйида бошад, мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм
ва хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: ҳар як қисми онро би-
хӯранд ё дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, гиреҳ-
ҳо, рагҳои хун ва дар ҷоҳои дигари бадан бударо ме-
кушояд; узвҳоро аз моддаҳои зарарнок ва нодаркор
пок мекунад; моддаҳоеро. ки дар ҳар як ҷойи бадан
ғафс ва шах шуда бошанд, таҳлил медиҳад, нарм ва
рақиқ мегардонад; балғам ва моддаи савдоро аз дохи-
ли бадан ҷудо мекунад ва инчунин ахлоти часпакро
аз ҳама ҷоҳои баланд меронад. Барои бемориҳои аз
хунукӣ пайдошаванда, ки вобаста ба майна бошанд,
монанди: фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба даро-
зӣ), истирхо (нотавон гаштани узвҳои бадан), карах-
тӣ, дарди пайвандҳо. ирқуннасо (радикулит), ниқрис
(подагра) — барои ҳамааш нафъ мебахшад.
Ҳар як қисми каварро кӯфта гузошта банданд, му-
шакҳои аз кор мондаро ислоҳ ва сиҳат мекунад. Агар
569
пӯсти меваашро бихоянд, рутубати майнаро кашида
берун мекунад ва дарди дандонро таскин медиҳад.
Агар пӯсти нав ва тозаи онро ё барги тарашро барда-
вом бихоянд ё бо сиркои ангурӣ, ки дар он пӯсти са-
мар ва тухми он ҷӯшонида шуда бошад, даҳанро
чайқонанд, гиреҳҳои мағзи сарро мекушояд ва майна-
ро аз моддаҳои бегона, ки барои саломатии ин узв
зарар мерасонанд, пок менамояд. Оби барг, пӯст, са-
мар ва решаи тари онро нимгарм дар гӯш чаконанд,
кирми даруни онро, ки ҳамеша дарди гӯш меоварад,
мекушад. Агар ҳар як қисми каварро дар об ҷӯшони-
да, бо он об сарро бишӯянд, реши сарро, ки сарро
баъди муддате кал мекунад, сиҳат мебахшад.
Хоҳ самараш, хоҳ дигар қисми ин растаниро дар
об ҷӯшонида, он обро бо асал даромехта биёшоманд,
балғамҳои гуногуни узвҳои даруни синаро таҳлил ме-
диҳад ва аз бадан хориҷ мекунад, инчунин дардҳои
даруни синаро таскин медиҳад. Агар самари инро дар
намак парварда, яъне намак хӯронида бихӯранд, ил-
лати дамкӯтаҳиро шифо мебахшад.
Ҳар як қисми каварро дар об ҷӯшонида, бо он об
ғарғара кунанд, яъне гулӯро чайқонанд, балғамро аз
узвҳои нафас дафъ мекунад.
Ҳар як қисми растании мазкурро кӯфта бихӯранд
ё дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, узвҳои дохили
сина ва шикамро қувват мебахшад, бодҳоро таҳлил
дода, аз бадан дур мекунад, гиреҳҳои дар рагҳои ҷи-
гар ва сипурз бударо мекушояд; моддаи бегонаи но-
пухтаро бо исҳол, яъне аз дарун хориҷ мекунад ва
савдоро аз бадан меронад, кирмҳои меъда ва рӯдаҳо-
ро мекушад, пешоб ва ҳайзро равон мекунад, қуввати
боҳ (пушти камар)-ро зиёда мегардонад. Самари на-
макхӯрдаи онро пеш аз таом бихӯранду баъд хӯрок
истеъмол намоянд, дарунро мулоим мекунад ва ин
беҳтарин давое мебошад барои сипурз, хусусан дар
сирко ва асал як шабонарӯз андохта монда бошанду
баъд бихӯранд; моддаи ғафси савдовиро бо қуввати
тамом аз сипурз бо исҳол ва бо воситаи пешоб хориҷ
мекунад — баъд сипурз комилан сиҳат мегардад. Агар
ба меваи кавар мурчи кӯфтагӣ пошида бихӯранд, ги-
реҳҳои ҷигари хунукмизоҷро мекушояд. Чил рӯз пай-
дарҳам самари дар сирко парвардаи онро бихӯранд,
даруни сипурзро тамоман пок мекунад ба дараҷае,
ки ин узвро аз бадан ёфтан амри муҳол мегардад. Оби
570
баргашро бинӯшанд, ҳамаи хелҳои кирми меъда ва
рӯдаҳоро мекушад.
Баргашро кӯфта, бо орди ҷав хамир карда, аз рӯ
ба сипурз гузошта банданд, варами сипурзро таҳлил
медиҳад; хусусан бо сирко хамир сохта, аз рӯ гузош-
та банданд, пешоб ва ҳайзро равон мекунад, барои ба-
восир нафъ мебахшад. Агар инро ширин нокарда, дар
вақти талхияш бихӯранд, қуввати боҳро меафзояд.
Ҳар як қисми каварро сӯхта, ба дудаш бидоранд,
барои бавосир фоида дорад.
Пӯсти тар ё хушки онро кӯфта гузошта банданд ё
баргашро кӯфта, бо сирко ва асал хамир карда гузош-
та банданд, иллати ханозерро (хукгарданро) таҳлил
медиҳад, инчунин варамҳои калон ва сахтро, варам-
ҳои зери бағал ва каши ронро мегардонад. Агар кӯф-
таи инро бо сирко хамир карда, ба доғи сафеди пӯст
гузошта банданд, он доғро дафъ мекунад ва ба шуку-
фаҳои пӯст низ гузошта банданд, шифо мебахшад. Бар-
ги тарашро кӯфта, ба решҳои хабиса ва ба решҳои
римнок гузошта банданд, онҳоро хушк намуда сиҳат
мебахшад.
Оби барги тари онро хоҳ бинӯшанд ва хоҳ бо он
ҳуқна (клизма) кунанд, бемориҳои ирқуннасо ва дард-
ҳоеро, ки дар сурин (кафал) пайдо шуда бошанд, дафъ
мекунад.
Ҳар як қисми ин гиёҳро бихӯранд ё гузошта бан-
данд, бар зидди аксари заҳрҳо тарёқ мегардад ва
агар инро бо шароби ангурӣ истеъмол кунанд, қави-
тар мегардад.
Мизоҷи гули кавар пеш аз шукуфтан, яъне дар
вақти ғунчагиаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк
аст.
Гули каварро истеъмол кунанд, моддаҳои баданро
нарм мекунад ва дар ҳама хислатҳо монанди реша-
аш, вале каме аз он заифтар мебошад. Инро хушк кар-
да чун орд сойида, ба носурҳои чашм бипошанд, онҳо-
ро хушк месозад ва сиҳат мебахшад. (Носури чашм
ин реши кӯҳнаи беҳнашавандаи чашм аст, ки гоҳ аз
он рим равон мешавад ва гоҳ римаш хушк мегардаду
баъди муддате аз нав равон мешавад).
Самари расидаи ин растаниро дар сирко парварда,
баъд бихӯранд, лазиз мегардад, иштиҳоро мекушояд,
сипурзро ба дараҷае пок мегардонад, ки гӯё он нест
шуда бошад, баданро аз балғам пок месозад, гиреҳи
571
ҷигар ва сипурзро мекушояд, вале дар одамони гарм-
мизоҷ дарди сар меоварад.
Хиёри кавар, яъне самари ношукуфтаи он дар ми-
зоҷ гарм ва тар аст, мизоҷи тухмаш дар дараҷаи сав-
вум гарм ва хушк аст, яъне барои касони мизоҷи ху-
нук ва тар дошта мувофиқ мебошад.
Хиёри расидаи онро, яъне гӯшти самари шукуфтаи
онро нахойида фурӯ баранд ва тухмашро ба дили на-
ҳор бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, вале феъли
меъдаро вайрон месозад. Барои ҳамин худашро хойида
ва тухмашро кӯфта хӯрдан даркор аст.
Мизоҷи шохаш аз баргаш дар дараҷаи якум гарм
ва хушк аст, вале дар манфаат заифтар аз гули он
мебошад. Бо вуҷуди ин агар кӯфта гузошта банданд,
ханозери гулӯро таҳлил медиҳад ва дигар варамҳои
балғамиро мегардонад, инчунин носури чашмро дафъ
мекунад. Оби барг ва оби шохи тари онро бинӯшанд,
ҳамаи навъҳои кирми меъдаро, ки кирмҳои сурхи да-
роз мебошанд, мекушад. Шох, барги тар ё хушки онро
кӯфта, бо зифт даромехта гузошта банданд, решҳои
раддӣ ва беҳнашавандаеро, ки рутубаташон ба асал
монанд аст, шифо мебахшад, захмҳои хабиса (злока-
чественные язвы)-ро низ дафъ мекунад, варамҳои ха-
нозер (хукгардан) ва дигар варамҳои балғамиро зуд
таҳлил медиҳад. Шохаш, яъне пояаш дар хислатҳои
тиббӣ аз барги он қавитар аст.
Ҳамаи қисмҳои каварро дар об ҷӯшонида, бо он об
ғарғара кунанд, майнаро аз олойишҳо пок мегардонад,
гиреҳҳои дар мағзи сар ва дар узвҳои даруни сина
пайдошударо мекушояд.
Миқдори як бор нӯшидан аз оби барги он дар як
рӯз ё аз оби пояаш то 25 грамм аст, ки бояд бо сирко
ва бо шакар ё бо асал ширин карда бинӯшанд. Миқ-
дори як бор хӯрдан аз кӯфтаи решаи хушки он дар
як рӯз то 10,5 грамм аст ва агар дар об ҷӯшонида, он
обро нӯшиданӣ бошанд, то 25—30 граммашро биҷӯ-
шонанд.
Бояд огоҳ кунем, ки истеъмоли ин ба дарун барои
меъдаҳои одамони гарммизоҷ ва меъдаҳои табиатан
гарм зарар дорад. Дар ин ҳолат асалро бо сирко турш
карда бихӯранд, ин зиёнаш ислоҳ меёбад. Ба гурдаи
гарммизоҷон низ зарарнок аст, агар ба ин узв зарар
расонад, асал бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад. Инчу-
нин ба майнаи гарммизоҷон зарарнок аст —дар ин
572
маврид бо оби хунук ғарғара кунанд ё оби хунук би-
нӯшанд, зиёни мазкурро ислоҳ мекунад.
Дар оқибат як хислати наҷиби каварро бигӯем, ки
агар бар бухори решаи ин бидоранд, бемори замин-
гирро, яъне одами барҷомондаро сиҳат мебахшад.

Ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.