Айнӣ С. Ёддоштҳо

Садриддин Айнӣ
(15.04.1878–15.07.1954)

«Ёддоштҳо» — охирин асари калони нависанда аст, ки нотамом монда, фақат чор ҷилдаш навишта шудааст.
Қисми якуми он дар соли 1948 навишта шуда буд ва аввалин бор дар журнали «Шарқи Сурх», шумораҳои 8-9, 11-12 соли 1948 ва шумораҳои 1-4 соли 1949 чоп шудааст. Порчаҳои қисми дуюми асар дар ҳамон журнал соли 1949 (шумораҳои 7-8) дарҷ шудаанд. Ин ду қисм ба шакли китобҳои алоҳида дар соли 1949 ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ табъ гардид. «Ёддоштҳо» аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои нависанда мебошад, ки қисми якум ва дуюми он ба бисёр забонҳои халқҳои СССР, инчунин дар чандин забони хориҷа тарҷима ва чоп шудааст.
Ду қисми аввал ба забони тоҷикӣ бори дуюм дар соли 1955 дар як ҷилд ва бо хати арабӣ дар соли 1958 дар ду ҷилд ба табъ расида буд. Нашриёти Давлатии Тоҷикистон ва Нашриёти «Советский писатель» (Москва) онро чандин бор ба забони русӣ хам нашр кардаанд.
Қисми сеюми «Ёддоштҳо» аввал дар журнали «Шарқи Сурх», соли 1949, № 11-12; соли 1950, № 2-5, 7-10 чоп шуда, дар соли 1950 ба шакли китоб нашр гардид. Қисми чорум дар журнали «Шарқи Сурх», соли 1953, № 1-2,4—5, соли 1954, № 6-9 чоп шуда, ба шакли китоби алоҳида ҳамагӣ 11 рӯз пеш аз вафоти нависанда ба чоп имзо шуда буд.
Қисми сеюм ва чоруми «Ёддоштҳо» боз дар соли 1955 дар як ҷилд табъ ёфт ва дар солҳои 1958-1959 чор китоби ин асар бо хати арабӣ ҳам баромад. Нашри пурраи «Ёддоштҳо»-ро ба забони русӣ дар соли 1960 ба унвони «Воспоминания» нашриёти Академияи Фанҳои СССР баровард, ки онро шарқшиносони маъруфи советӣ А. Розенфелд, А. А. Семёнов, Н. А. Кисляков ва А. Н. Болдирев тайёр кардаанд.
Тарҷимаи мухтасари чор қисми «Ёддоштҳо» ба забони русӣ бори охир бо унвони «Бухара» дар ҷилди сеюми чорҷилдаи асарҳои С. Айнӣ соли 1960 дар нашриёти «Известия» ба табъ расидааст.
«Ёддоштҳо» аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои нависанда мебошад, ки ба бисёр забонҳои СССР, инчунин дар чандин забони хориҷа чоп шудааст.
Дар вақти ба чоп тайёр кардани матни асар қайдҳои дар нашри якум кардаи муаллиф низ ба назар гирифта шуданд.

Як-ду сухан ба ҷои сарсухан

Аз бозе, ки ман ба даст қалам гирифта ба қатори нависандагони советӣ даромадаам, ният доштам, ки хотирот ва ёддоштҳои худро таҳрир намуда, ба хонандагон, хусусан ба бачагон ва ҷавонон, пешкаш намоям. Азбаски ёддоштҳоям ба бештарини роман, повест, очерк ва ҳикояҳои таърихиам ба сифати материалҳои асосӣ хизмат кардаанд, мумкин аст дар инҳо ҷоҳои фоидабарӣ барои ҷавонон бисёр ёфт шаванд. Чун ба фикри ман ёддоштнависӣ аз роман ва ҳикоя- нависӣ душвортар менамуд, ман ин корро ба бисёртар таҷриба пайдо кардани худ мавқуф гузошта будам. Зеро, чунон ки кас то зиндагонии гузаштаро покиза ба тарзи воқеӣ-реалӣ надонад, қимати зиндагонии имрӯза – зиндагонии советии сотсиалистиро ба хубӣ тасаввур карда наметавонад, инчунин то касе дар сохтмони советӣ-сотсиалистӣ, хусусан дар адабиёти вай дуруст таҷриба пайдо накунад ва ин сохти зиндагиро комилан аз худ нанамояд, зиндагонии гузашта – зиндагонии феодалиро пурра ва ба тарзи воқеӣ-реалӣ тасвир карда наметавонад.
Ин маълум аст, ки таҷрибаи ҳар кас дар ҳар кор дар охирҳои умраш ба камол мерасад ва ин ҳам маълум аст, ки ҳеҷ кас охири умри худро ба тарзи қатъӣ намедонад. Аммо аз он ҷо, ки умрам аз ҳафтод гузашта, рӯз то рӯз сустии аъзо зиёдтар гардида, қувваи кориам камтар шудан гирифт, ман тахмин кардам, ки вақти ба анҷом расонидани ин кор, ки назар ба дарёфти худам хеле муҳим буд, расидааст ва бинобар ин фурсати танги ин зиндагии боқимондаро ғанимат шумурда ба ин вазифа шурӯъ намудам.

Тартиби таҳрири ёддоштҳоям тахминан ба тарзи зерин мешавад: дар саҳро; дар шаҳр, ки вай ҳаёти мадрасаи кӯҳна, программаи дарсҳои вай, табақаҳои гуногуни аҳолии шаҳри Бухоро ва машғулоти онҳоро дар бар мегирад; рӯзҳои ҳаракат ба муқобили сохтмони амирӣ ва саргузаштҳои худ; муҳоҷират ба Самарқанд ва воқеаҳое, ки дар байни револютсияҳои феврал ва октябри соли 1917 ва дар рӯзҳои Октябр дар ин ҷо – дар Самарқанд рӯй додаанд, – инҳоянд программаи иҷмолии ёддоштҳои ман.

Садриддин Айнӣ

Ёддоштҳо, қ. 1 – Дар саҳро

 

Дар саҳро
Даромади сухан
Тӯй
Баъд аз тӯй
Ҳалвогархона
Регкӯчӣ
Мубориза бо реги равон
Дар Соктаре
Ятими доно ва бойи фиребгари нодон
Ҳар кор як вақт дорад
«Дев» ва «аждаҳо»
Хайбар
Усто амак
Лутфулло-Гӯппон
Рӯди нави Шофирком
Аҳволи тумани Шофирком баъд аз ҷорӣ шудани рӯди нав
Дар рӯзҳои мактабхонӣ
Баъд аз мактабхонӣ
Хатмашқкунӣ
Рӯзадорӣ ва рӯзафурӯшӣ
Сайри Дарвешобод
«Парвардигорхӯҷа»
Падарам
Аввалин ёддоштҳоям дар бораи Бухоро ва мадраса
Тӯйравии хоҷагони мираконӣ
Деҳқонӣ
Вафоти падару модар дар вабои умумӣ
Ҳосилғундорӣ ва сарфи маҳсулот
Сардор ва дастёри оила
Аҳволи деҳаи мо дар он солҳо
Тайёрӣ ба сафари Бухоро барои таҳсил
Эзоҳот

 

Ёддоштҳо, қ. 2 – Дар шаҳр

 

Дар шаҳр
Даромади сухан
Биноҳои мадрасаҳои Бухоро
Таърихи мулки хусусӣ шудани ҳуҷраҳои мадрасаҳои Бухоро
Роҳи ҳуҷраёбии талаба дар мадрасаҳои Бухоро
Программаи дарсҳои мадрасаҳои Бухоро ва мударрисон
Айёми таҳсил ва тартиби дарсхонӣ дар мадрасаҳои Бухоро
Ҳосили таҳсили 19-сола
Муносибати моддии талабаҳо бо устодони худ дар мадраса
Дар мадрасаи Мири Араб
Махдуми Гав ва Пирак
Паҳлавони фавқулодда
Сайри Файзобод
Мулло Туроб ва Мулло Қамар
Одами аҷиб
Саёҳати саҳро
Дар роҳи шаҳр ва Маҷиди каҳкашонӣ
Соли дуюм дар мадрасаи Мири Араб
Тамошои Регистон – «дарихона», 75 чӯб. Машқи сарбоз ва кушишхонаи одам
Ҳоҷӣ Зокирбойи ғӯзаҷаллоб ва кампири ҳафтодсола
Одамкушӣ ва «бойбачаҳои ҷаноби олӣ»
Майдони машқи сарбоз
Одами бадбашара
Кафангадоии «бойбачаҳои ҷаноби олӣ»
Ба ҷойи як бечора бечораи дигар
Сабаби кушта шудани Мулло Бозор ва Мулло Туроб
Дар рӯзҳои охирине, ки дар мадрасаи Мири Араб будам
«Кафшпешмонии ҳазрати Хоҷа Ӯбон»
Духтари ноком
Ба офтоби оламтоб
Саргузашти саросар дарду алами духтари ноком
Бадбахтии пурфоҷиаи духтари ноком
«Зани мардгардида»
Эзоҳот

 

Ёддоштҳо, қ. 3 – Дар шаҳр

 

Дар шаҳр
Ҳавлии Шарифҷон-махдум
Шарифҷон-махдум ва ҳамсӯҳбатони ӯ
Тарзи зиндагонии шабонарӯзӣ ва ҳафтагии Аҳмад-махдум
«Оби ганда ба хандақ»
Саёҳати солонаи Аҳмад-махдум
Шеърҳои ҳаҷвии Аҳмад-махдум
Хислатҳои хусусии Шарифҷон-махдум
Аҳволи ман дар ҳавлии Шарифҷон-махдум
Дар мадрасаи Олимҷон
Ҳиндуҳои судхӯр
Машғулиятҳои илмӣ ва адабии ман дар мадрасаи Олимҷон
Шариф-махдуми Мӯътасим ва Шукурбеки «дузд»
Никоҳи духтари нӯҳсола
Вабо
Гирифтор шуданам ба бемории вабоӣ
Махдумони байтал
Страхованияи бойҳо
«Маҳдии охирзамон»
Дар Мадрасаи Бадалбек
Машғулиятҳои илмӣ ва адабии ман дар Мадрасаи Бадалбек
Базмҳои Бухоро ва базмгардӣ
Олуфтаҳои Бухоро
Ҷанги Махдуми Муҳаммадӣ ва Барно-тайёр
Шайхи рехтагар ва корхонаи ӯ
Сӯхтор
Хонадории шоир
Дуздӣ
Саёҳати саҳро
Аловуддини Говҷигар
Мардикорӣ
Устохонаи кафшдӯзӣ
Бобои пойафзолдӯзон
Ҷамъиятҳои пешравон дар Бухорои амирӣ
Тахаллусинтихобкунӣ
Хари кирокаш ва беморӣ
Доши шиннипазӣ
Шиносоиям бо Ҳайрат
Тарҷимаи ҳоли Ҳайрат
Мероси адабии Ҳайрат
«Микробҳои одамшакл»
Донишманди нобино
«Наҷибуттарафайн»
Дӯстии ду калонгир
Эзоҳот

 

Ёддоштҳо, қ. 4 – Дар шаҳр

 

Дар шаҳр
Мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид
Соҳиби мадраса
Зиндагонӣ ва машғулияти ман дар Мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид
Ҳалвоисобунпазии Мирзо Абдулвоҳид
Водопроводсозии Мирзо Абдулвоҳид
Обкашак сохтани худам
Қорӣ Нурулло
Чамадони Қорӣ Нурулло
Шоҳзодаи раммол
Аҳволи умумиам ва машғулиятҳои илмӣ ва адабиам дар мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид
Мадрасаи Лаби Ҳавзи Арбоб ва бошандагони он ҷо
Аввалин мулоқоти ман бо Ҳоҷӣ Абдулазизи санъатгари самарқандӣ
Ғайбатхона
«Раияи Русия»
«Дуздии» Ҳоҷӣ-махдум
«Набераи Файзӣ-авлиё»
Ҷанги муллоён бо аробакаш
Интизорӣ ба сангсор карда шудани аробакаш
Хабари «Ҷабраил» дар бораи кори аробакаш
Қарори «Маҳкама» ва сангсор карда шудани аробакаш
Таассуроти Мулло Амон аз сангсор шудани аробакаш
Зиндагии шахсии Мулло Амон ва аҳволи ӯ баъд аз воқеаи аробакаш
Воқеаи «намадисиёҳпӯшон» ва оқибати кори Мулло Амон
Рустами Ашкии ғиждувонӣ
Хабари вафоти Аҳмади Дониш
Аввалин шиносоии ман ба калонтарин асари Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ»
Кӯчидани ман ба Мадрасаи Кӯкалтош
Ҷанги Ҳоҷӣ-махдум бо аълами Бухоро
Театрбозии Ҳоҷӣ-махдум
Моҳи рамазони Бухоро ва бозори шаб
Ҷанги ҷойнамозпаҳнкунӣ дар рамазони Бухоро
Иди наврӯзӣ ва сайри Ширбадан
Достони сайри Ширбадан
Оқибати кори Махдуми Гав
Кушта шудани пурфоҷиаи Рустамча, вафоти Махдуми Гав ва Пирак
Бемории ришта
Сабаб ва тарзи пайдо шудани ришта ва «илоҷе», ки ҳукумати амир ба муқобили он дида буд
Савияи маҳорати доктор ва табибони Бухорои амирӣ ва вафоти Мулло Ҳомиди савтӣ
«Истиқомати даруникуртагӣ»
Хулоса
Гирифтор шуданам ба доми Амир Абдулаҳад ва зуд халос шуданам аз вай
Даҳякгирии талабагони мадраса
Харгургон ва «рӯбоҳон»
Саёҳати махдумони сохта
Эзоҳот

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.