Китоби Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» (2006) нигоҳи навест ба таърихи тамаддуни ориёӣ ва давлатдории ориёитаборон. Он давоми мантиқии асарҳои илмӣ ва баромадҳои барномавии Президенти кишвар: асари сегонаи «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» (1996, 1999, 2002), «Давлатдории тоҷикон: аз Сомониён то оғози асри XXI» (Суханронӣ бахшида ба иди Истиқлол ва 1100-солагии Давлати Сомониён — 8 сентябри соли 1999), «Тоҷикистон: дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин» (1996), «Наврӯз – шиносномаи миллат» (Суханрониҳо дар ҷашнҳои наврӯзӣ) ва д. буда, бо ин асарҳо ӯ раванди бозбинии таърихи тоҷиконро, ки Аллома Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшида буд, идома додааст.
Матни асар аз рӯйи китоби «Раҳмонов Эмомалӣ. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. – Д.: Ирфон, 2006. – 372 с.» дар намуди сомонавӣ нашр мешавад. Барои осонии корбурд тавзеҳоти ҳар боб ё зербоб алоҳида оварда шуд.
Мундариҷа
Боби аввал. Муруре ба сароғози таърих ва фарҳанги ориёиҳо
Боби дуюм. Ташаккули давлатҳои ориёӣ ва рушди тамаддуни ориёиҳо
Давлатҳои қадимаи ориёӣ ва ташаккули тамаддуни онҳо
Давлати Мод ва тамаддуни ориёӣ
Давлати Ҳахоманишиён ва рушди тамаддуни ориёӣ
Давлати Ҳахоманишиён ва рушди тамаддуни ориёӣ (давомаш)
Давлати Парфия (Портҳо) ва тамаддуни ориёӣ
Давлати Кушониён ва тамаддуни ориёӣ
Давлати Сосониён ва тамаддуни ориёӣ
Боби сеюм. Оинҳои тозардуштӣ
Эътиқод ва боварҳои ҳиндуориёиҳо
Боби чаҳорум. Оини зардуштӣ
Таълимоти Зардушт дар бораи ҷаҳон, инсон ва ахлоқ
Боби панҷум. Оинҳои монавия ва маздакия
Бехтарин китоб аст.