Чанд суруду таронаи «Шашмақом» -1


shashmaqom-1

  1    2    3    4    5    6    7    8    9    10 

Таҳрири охирин 05.05.2024


Мо кӯшиш кардаем, ки ба андозаи шойишу тавоноии худ матни чанде аз суруду таронаҳои шинохтаи «Шашмақом»-ро ба табъ расонем. Номи суруду таронаҳо, ки ба ҳамаи шаш мақоми бунёдӣ (Бузрук, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ) мансубанд, ба тариқи алифбоӣ оварда мешавад. Инчунин корвандон метавонанд, ки файли бархе аз онҳоро барои шунидан ё фарокашӣ ба кор баранд.


Бебокча

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Дар чаман то рахти ноз он қадди дилҷӯ мекашад,
Сарв худро аз хиҷолат бар лаби ҷӯ мекашад,
Булбули шӯрида аз гулзор паҳлу мекашад,
Ҳар куҷо наққош нақши он парирӯ мекашад,
Гар ба зулфи анбараш навбат расад, мӯ мекашад.

Он қадар дорад ниҳоли қадди ҷонон нозукӣ,
Бас латофат маҳви ӯ гардиду ҳайрон нозукӣ,
Марҳабо мӯйи миён, чун риштаи ҷон нозукӣ,
Гирди он мӯйи миён гардам, ки бо он нозукӣ,
Ин ҳама бори латофатро ба як мӯ мекашад.

Эй қадат сарву даҳонат ғунчаву рӯят гул аст,
Накҳати зулфи парешони ту рашки сунбул аст,
Ин мухаммас чун зи мазмуни навои булбул аст,
Бо парешонихтилотон ошноӣ мушкил аст,
Шона ҷабри арраро аз баҳри гесу мекашад.

МАТНИ ҒАЗАЛИ ШАВКАТИ БУХОРОӢ:
Ҳар куҷо наққош нақши он парирӯ мекашад,
Гар ба райҳони хаташ навбат расад, мӯ мекашад.
Аз барои бурдани дил донаву дому каманд,
Хол як сӯ, чашм як сӯ, зулф як сӯ мекашад.
Гирди он даври камар гардам, ки бо он нозукӣ,
Ин ҳама бори латофатро ба як мӯ мекашад.
Бо парешонихтилотон ошноӣ мушкил аст,
Шона ҷабри арраро аз баҳри гесу мекашад.
Нозиму Носиралӣ, Соиб, надоранд ин намак,
Шавкати нозуксухан мӯ аз дили мӯ мекашад.

Мухаммаси Сипандӣ бар ғазали Шавкат

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Фирдавс Неъматов. Бебокча.mp3

Гиря

Мақоми Сегоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2

Биё, эй ашк, то бар рӯзгори хештан гирям,
Чу шамъ аз меҳнати шабҳои тори хештан гирям.
Надорам меҳрубоне, то кунад бар ҳоли ман гиря,
Ҳамон беҳтар, ки худ бар ҳоли зори хештан гирям.
Маро ҳам дар ғарибӣ шӯхчашме офати ҷон шуд,
Нагӯйӣ, к-аз ғами ёру диёри хештан гирям.
Мадад фармо ба хун, эй дил, чу дар чашмам намонд обе,
Чу хоҳам имшаб аз ҳиҷрони ёри хештан гирям.
Магӯ, Ҷомӣ, нашояд гиря аз бедоди маҳрӯён,
Ки ман чандин зи бахти хоксори хештан гирям.

МАТНИ ШЕЪР:
Биё, эй ашк, то бар ҳоли зори хештан гирям,
Чу шамъ аз меҳнати шабҳои тори хештан гирям.
Надорам меҳрубоне, то ба ҳоли ман кунад гиря,
Ҳамон беҳтар, ки худ бар ҳоли зори хештан гирям.
Маро ҳам дар ғарибӣ шӯхчашме офати ҷон шуд,
Нагӯйӣ, к-аз ғами ёру диёри хештан гирям.
Набошад дар баҳорон дур аз абри чаман гиря,
Ман он абрам, ки дур аз навбаҳори хештан гирям.
Мадад фармо, ба хун, эй дил, чу дар чашмам намонд обе,
Ки хоҳам имшаб аз ҳиҷрони ёри хештан гирям.
Зи ҳиҷрон буд гиря бештар аз ваъдаи васлат,
Кунун аз дарду доғи интизори хештан гирям.
Магӯ, Ҷомӣ, нашояд гиря аз бедоди маҳрӯён,
Ки ман чандин зи бахти хоксори хештан гирям.

Ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ҷӯрабек Муродов. Гиря.mp3

Ироқ (Ироқи Самарқанд)

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 (силсилаи бухороӣ), аз ихтирооти Ҳоҷӣ Абдулазиз

Агар ба зулфи ту машшота печутоб диҳад,
Сазад, ки шона ба он зад, ки мушки ноб диҳад.
Умеди васли ту, мумкин бувад, наметарсам,
Ба теғи ҳаҷр маро ҳар қадар азоб диҳад.
Яқин, ки ҳусну ҷамолат зи меҳру моҳ накуст,
Ҳазор таъна зи хубӣ бар офтоб диҳад.
Маҳи ҷабини ту оромгоҳи нуру сафост,
Сафову нур ба хуршеду моҳтоб диҳад.
Ба пирӣ гар зи шароби лаби ту нӯш кунам,
Ҳамон шароб маро қуввати шабоб диҳад.
Ба пирӣ гар зи шароби лаби ту нӯш кунам,
Ҳамон шароб маро қуввати шабоб диҳад.
Карашмаи ту кунад ишқро ба дил бедор,
Ба чашми наргису бодоми бӯйи хоб диҳад.
Гирифтам аз лаби ту бӯсае, ба ҳукми хаёл,
Закотро ба фақир соҳиби нисоб диҳад.
Агар ба ваъз бароӣ ба вақти субҳи видоъ,
Бурида бод забоне, туро ҷавоб диҳад.
Нигоҳи наргиси мастат зи Васлӣ ҳуш рабуд,
Ба ҳар ки вонигарӣ, наргисат шароб диҳад.

МАТНИ ШЕЪР:
Биё, биё, ки ба ҷон оразат гулоб диҳад,
Марав, марав, ки дилам руҳро ҷавоб диҳад.
Сазад, ки зинда кунӣ мурдаи ғамат ба даме,
Лабат ба соқии Кавсар шароби ноб диҳад.
Яқин, ки ҳусну ҷамолат зи меҳру моҳ накуст,
Ҳазор таъна зи хубӣ ба офтоб диҳад.
Маҳи ҷабини ту оромгоҳи нуру сафост,
Сафову нур ба хуршеду моҳтоб диҳад.
Ба пирӣ гар зи шароби лаби ту нӯш кунам,
Ҳамон шароб маро қуввати шабоб диҳад.
Карашмаи ту кунад фитнаи ҷаҳон бедор,
Ба чашми зуҳду вараъ ишқи ту хоб диҳад.
Агар ба ноз бароӣ, ситонӣ ҷон аз халқ,
Итоби ту намаке дар дили кабоб диҳад.
Нигоҳи наргиси мастат зи Васлӣ ҳуш рабуд,
Ба ҳар ки вонигарӣ, наргисат шароб диҳад.

Ғазали Саидаҳмади Васлӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Мастона Эргашева. Ироқ (Ироқи Самарқанд).mp3

Ироқи Бухоро (Ироқи кӯчабоғӣ)

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 (силсилаи бухороӣ)

Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.
Агар ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад,
Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем.
Чу дар даст аст руде хуш, бизан, мутриб, суруде хуш,
Ки дастафшон ғазал хонему покӯбон сар андозем.
Сабо, хоки вуҷуди мо бад-он олиҷаноб андоз,
Бувад, к-он шоҳи хубонро назар бар манзар андозем.
Сабо, хоки вуҷуди мо бад-он олиҷаноб андоз,
Бувад, к-он шоҳи хубонро назар бар манзар андозем.
Шароби арғувониро гулоб андар қадаҳ резем,
Насими атргардонро шакар дар миҷмар андозем.
Биё, ҷоно, мунаввар кун зи рӯят маҷлиси моро,
Ки дар пешат ғазал хонему дар поят сар андозем.
Биё, ҷоно, мунаввар кун зи рӯят маҷлиси моро,
Ки дар пешат ғазал хонему дар поят сар андозем.
Сухандониву хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,
Биё, Ҳофиз, ки то худро ба мулки дигар андозем.

МАТНИ ШЕЪР:
Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.
Агар ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад,
Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем.
Шароби арғувониро гулоб андар қадаҳ резем,
Насими атргардонро шакар дар миҷмар андозем.
Чу дар даст аст руде хуш, бизан, мутриб, суруде хуш,
Ки дастафшон ғазал хонему покӯбон сар андозем.
Сабо, хоки вуҷуди мо бад-он олиҷаноб андоз,
Бувад, к-он шоҳи хубонро назар бар манзар андозем.
Яке аз ақл мелофад, дигар томот мебофад,
Биё, к-ин довариҳоро ба пеши довар андозем.
Биҳишти адн, агар хоҳӣ, биё бо мо ба майхона,
Ки аз пойи хумат рӯзе ба ҳавзи Кавсар андозем.
Сухандониву хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,
Биё, Ҳофиз, ки то худро ба мулки дигар андозем.

Ғазали Ҳофиз

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ҷӯрабек Муродов. Ироқи Бухоро.mp3

Қашқарчаи Муғулчаи Дугоҳ

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Муғулчаи Дугоҳ

Боварам н-ояд, ки имшаб ёр ояд дар барам,
Дар барам ояд, бубинам, то биёяд боварам.
Соғарам аз акси рӯйи ёр дорад мавҷи май,
Мавҷ меҷӯшад, таҷаллӣ мезанад дар соғарам.
Дилбарам ҳаргиз намеояд ба хобам дар бағал,
Дар бағал ояд ба бедорӣ зи мастӣ дилбарам.
Гавҳарам олист аз гарди ятимӣ дар назар,
Дар назар оинаи ҳусни маонӣ гавҳарам.
Камтарам донад, Парӣ, аз зарра ҳуснаш, месазад,
Месазад, гӯям, ки ман аз камтари ӯ камтарам.

МАТНИ ШЕЪР:
Боварам н-ояд, ки имшаб ёр ояд дар барам,
Дар барам ояд, бубинам, то биёяд боварам.
Соғарам аз акси рӯйи ёр дорад мавҷи май,
Мавҷи май ҷӯши таҷаллӣ мезанад дар соғарам.
Пайкарам аз захми шамшери ту дорад обрӯ,
Обрӯ то субҳи маҳшар кам мабод аз пайкарам.
Дилбарам ҳаргиз намеояд ба хобам дар бағал,
Дар бағал ояд ба бедорӣ зи мастӣ дилбарам.
Гавҳарам орист аз гарди ятимӣ дар назар,
Дар назар оинаи ҳусни маонӣ гавҳарам.
Ҷавҳарам арзи камоли хеш дорад дар бағал,
Дар бағал оинаи сад обрӯ шуд ҷавҳарам.
Парварам танро ба ишқи лоларӯён то абад,
То абад ин пунба дар тӯфони оташ парварам.
Бар сарам по неҳ, ки монад то қиёмат, эй парӣ,
Эй парӣ, аз нақши поят тоқи шоҳӣ бар сарам.
Камтарам донад, Парӣ, аз зарра ҳуснаш, месазад,
Месазад гӯям, ки ман аз камтари ӯ камтарам.

Ғазали Парии Ҳисорӣ

Қашқарчаи Мустазоди Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Мустазоди Наво

Навбаҳор омад, гулистон аз пайи нашъунамост,
Ғунчахуспони чаманро ғунчаи гул муттакост.
Нозбӯро аз бунафша нозболин зери сар,
Шохи гулро бистаре аз барги ҳин дар зери пост.
Бӯйи гулро мебарад аз боғ пинҳонӣ насим,
Боғбон пай бурдааст: ин кори дузди ошност.
Аз пайи ҳам корвони гул ба бозор омада
Метавон гуфт, ки боғ аз бӯйи гул бӯстонсарост.
Сайри боғ имрӯз дилҳои ҳарифон бурдааст,
Хоки гулшан чун гулистони Ирам одамрабост.

Ғазали Сайидо

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ҷумъабой Қӯзиев. Қашқарчаи Мустазоди Наво.mp3

Қашқарчаи Рок

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 (силсилаи бухороӣ)

Аз ҷустуҷӯят, эй ҷон, ҷонам ба лаб расида,
Во ҳасрато, ки мурдам, рӯйи маҳат надида.
Гоҳи сухан зи лаълат шаҳду шакар бирезад,
Эй кошки бигирам ман аз лабат макида.
То чанд меситезӣ, то чанд мегурезӣ?
Оё бувад, ки гирам аз доманат кашида.
Хуш он шабе, ки оӣ, банди қабо кушоӣ,
Истодаам ба роҳат, рангам зи рӯ парида.

МАТНИ ШЕЪР:
Аз ҷустуҷӯят, эй ҷон, ҷонам ба лаб расида,
Во ҳасрато, ки мурдам рӯйи маҳат надида.
Гоҳи сухан зи лаълат шаҳду шакар бирезад,
Эй кошки, ки гирам ман аз лабат макида.
То чанд меситезӣ, то чанд мегурезӣ?
Оё бувад, ки гирам аз доманат давида.
Эй шоҳи мулки хубӣ, баҳри Худо, тараҳҳум,
Истодаам ба роҳат, рангам зи рӯ парида.
Хуш он шабе, ки оӣ, банди қабо кушоӣ,
Гирам ба вақти оғӯш аз ғабғабат газида.
Вақте шавад, ки афтӣ танҳо шабе ба дастам?
Доди дилам ситонам, андар бағал кашида!
Авзаҳ шабону рӯзон андар суроғи кӯят
Бар сар калобадастор, кафш аз чакак дарида.

Ғазали Авзаҳ

Қашқарчаи Савти Калон

Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Калон

То зи рӯйи оташини ӯ ниқоб афтодааст,
Раъшаи ғайрат ба ҷони офтоб афтодааст.
Хун арақ кардаст аз шарми узораш офтоб,
Ё зи рӯяш акс дар ҷоми шароб афтодааст.
Дуздро дунбол рафтан ҷон ба ғорат додан аст,
Дил абас дунболи он холи сиёқ афтодааст. *
Фурсати хоридани сар нест, мижгони маро,
То сару корам ба он ошиқнигоҳ афтодааст.*
Огаҳ аст аз печутоби ошиқон дар айни васл,
Мавҷаи хушке, ки дар баҳри сароб афтодааст.
Аз дили садпораам ҳар пора дорад нолае,
То маро аз даст минои шароб афтодааст.
___________________
* Ин байтҳо аз ғазали зери Соибанд:

ҒАЗАЛ:
Рӯзгорам тираву бахтам сиёҳ афтодааст,
Гул ба чашми равзанам аз меҳру моҳ афтодааст.
Субҳи маҳшар сар заду бахти умедам сар назад,
Дар чӣ соат, ё раб, ин Юсуф ба чоҳ афтодааст.
Дар шикасти болу пар маъзур медорад маро,
Дидаи ҳар кас бар он тарфи кулоҳ афтодааст.
Дуздро дунбол рафтан, ҷон ба ғорат додан аст.
Дил абас дунболи он холи сиёҳ афтодааст.
Фурсати хоридани сар нест мижгони маро,
То сару корам ба он ошиқнигоҳ афтодааст.
Аз хати алмосии лаъли лаби ҷонон мапурс,
Барқ дар ҷонам аз ин заррингиёҳ афтодааст.
Огаҳ аст аз беқарориҳои мо дар даври хат
Кори ҳар кас бо чароғи субҳгоҳ афтодааст.
Ҳар сари мӯе ҳавоси ман ба роҳе меравад,
То ба он зулфи парешонам нигоҳ афтодааст.
То назар во кардаам чун шамъ дар базми вуҷуд,
Гиряе аз ҳар сари мӯям ба роҳ афтодааст.
Дар паноҳи даст дорам зинда шамъи оҳро,
Чун кунам вайронаи дил бепаноҳ афтодааст.
Аз занахдони ту дилро нест уммеди наҷот,
Далви мо дар соати сангин ба чоҳ афтодааст.
Нест, Соиб, хокиёнро зарфи ҷурми бекарон,
В-арна афви эзадӣ ошиқгуноҳ афтодааст.

?Ғазали Соиб

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ансамбл. Қашқарчаи Савти Калон.mp3

Қашқарчаи Савти Наво

Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Наво

Чун шавам хоки раҳаш, доман бияфшонад зи ман 2б
В-ар бигӯям дил магардон, рӯ бигардонад зи ман.
Гар чу шамъаш пеш мирам, дар ғамам хандад чу субҳ,
В-ар биранҷам, хотири нозук биранҷонад зи ман. 2б
Орази рангин ба ҳар кас менамояд ҳамчу гул,
В-ар бигӯям бозпӯшон, бозпӯшонад зи ман.
Ӯ ба хунам ташнаву ман бар лабаш, то чун шавад,
Ком бистонам аз ӯ ё дод бистонад зи ман. 2б
Чашми худро гуфтам, охир, як назар сераш бубин,
Гуфт: «Мехоҳӣ магар, то ҷӯйи хун ронад зи ман?»
Гар чу Фарҳодам ба талхӣ ҷон барояд, айб нест,
Бас ҳикоятҳои ширин бозмемонад зи ман.
Хатм кун, Ҳофиз, ки гар з-ин гуна хонӣ дарси ишқ,
Халқ дар ҳар гӯшае афсонае хонад зи ман. 2б

МАТНИ ШЕЪР:
Чун шавам хоки раҳаш, доман бияфшонад зи ман
В-ар бигӯям дил бигардон, рӯ бигардонад зи ман.
Рӯйи рангинро ба ҳар кас менамояд ҳамчу гул,
В-ар бигӯям бозпӯшон, бозпӯшонад зи ман.
Чашми худро гуфтам, охир, як назар сераш бубин,
Гуфт: «Мехоҳӣ магар, то ҷӯйи хун ронад зи ман?»
Ӯ ба хунам ташнаву ман бар лабаш, то чун шавад,
Ком бистонам аз ӯ ё дод бистонад зи ман.
Гар чу Фарҳодам ба талхӣ ҷон барояд, бок нест,
Бас ҳикоятҳои ширин бозмемонад зи ман.
Гар чу шамъаш пеш мирам, бар ғамам хандон шавад,
В-ар биранҷам, хотири нозук биранҷонад зи ман.
Дӯстон, ҷон додаам баҳри даҳонаш, бингаред,
К-ӯ ба чизе мухтасар чун боз мемонад зи ман.
Сабр кун, Ҳофиз, ки гар з-ин даст бошад дарси ғам,
Ишқ дар ҳар гӯшае афсонае хонад зи ман.

Ғазали Ҳофиз

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Мирсалим Ашуров. Қашқарчаи Савти Наво.mp3

Қашқарчаи Савти Сарвиноз

Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Сарвиноз

Агар ба гулшан зи ноз гардад қади баланди ту ҷилвафармо,
Зи пайкари сарв мавҷи хиҷлат шавад намоён чу май зи мино.
Зи чашми масти ту гар биёбад қабули кайфияти нигоҳе,
Тапад зи мастӣ ба рӯйи оина нақши ҷавҳар чу мавҷи саҳбо.
Рамида аз дида бетааммул, гузаштӣ охир ба сад тағофул,
Агар надидӣ тапидани дил, шуниданӣ дошт нолаи мо.
Ба ҳар куҷо ноз сар барорад, ниёз ҳам по каме надорад,
Туву хиромеву сад тағофул, ману нигоҳеву сад таманно.
Зи ғунчаи ӯ дамид, Бедил, баҳорхатте, назарфиребе,
Ба муъҷизи ҳусн гашт охир раги зумуррад зи лаъл пайдо.

МАТНИ ШЕЪР:
Агар ба гулшан зи ноз гардад қади баланди ту ҷилвафармо,
Зи пайкари сарв мавҷи хиҷлат шавад намоён чу май зи мино.
Зи чашми мастӣ ту гар биёбад қабули кайфияти нигоҳе,
Тапад зи мастӣ ба рӯйи ойина нақши ҷавҳар чу мавҷи саҳбо.
Ба ҳеч сурат зи даври гардун насиби мо нест сарбаландӣ,
Зи баъди мурдан магар насиме ғубори моро барад ба боло.
На шоми моро саҳар навиде, на субҳи моро дами сафедӣ,
Чу ҳосили мост ноумедӣ, ғубори дунё ба фарқи уқбо.
Расида аз дида бетааммул,гузаштӣ охир ба сад тағофул,
Агар надидӣ тапидани дил, шуниданӣ дошт нолаи мо.
Ба аввалин ҷилваат зи дилҳо рамид сабру гудохт тоқат
Куҷост ойина, то бигирад ғубори ҳайрат дар ин тамошо?
Ба даври паймонаи нигоҳат агар занад лофи майфурӯшӣ,
Нафас ба ранги каманд печад зи мавҷи май дар гулӯи мино.
Ба ҳар куҷо ноз сар барорад, ниёз ҳам пой камӣ надорад,
Туву хиромею сад тағофул, ману нигоҳею сад таманно.
Зи ғунчаи ӯ дамид, Бедил, ғубори хатти назарфиребе,
Ба муъҷизи ҳусн гашт охир раги зумуррад зи лаъл пайдо.

Ғазали Бедил

  1    2    3    4    5    6   7   8   9   10

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

гузориш 20

  1. Салом алекум аввалан ба шумо саломативу сарбаланди хохонам бигзор дастатон дардро набинад бенихоят як икдоми хубро пеша кардаед.Худованд аз шумо рози бошад бори дигар ташуккур.

  2. Дуруду сипос бар Шумо. Бехтарин тарчумахоро аз адабиёти чахон дар ин чо мегузоштед, боз хам миннатдор мешудем.

  3. Салом, бародари гироми! Мехостам шеърхои Фуруги Фаррухзодро низ инчо нашр кунед, зеро китобхояш дар марказхои фуруши китоб дастраси хонанда нест. Ташаккури зиёд!

  4. салом ташакур барои чунин икдоми нек як мушкили вучуд дорад, шеърхоро гуш карда намешавад чаро?

    • Ташаккур, Бобочон. Мегуфтед, кадом суруди фарокашидаатон гуш карда намешавад?

  5. Дар ягон чо газали Туграл «эй акси рухат» ро наефтам. Агар имконият мешуд дар инчо чойгир мекардед. Бори дигар рахмат.

    • Салом, Aziz!
      Чанде пас намунаи пурратари ашъори Туғрал дар сомона нашр хоҳад гардид. Вале барои Шумо ҳамаи қоидаҳоро пушти сар карда, матни мустазоди шоирро ин ҷо меорам:
      Эй акси рухат ҷон диҳад оинаи дилро
      Чун мӯъҷизи Исо,
      Тӯтӣ шуда ҳайрони суханҳои ту, ҷоно
      Бо он лаби гӯё.
      То бо қади шамшод гузаштӣ сӯйи гулшан
      Қумрӣ ба фиғон шуд,
      Наргис пайи наззора шавад дида саропо
      Аз баҳри тамошо.
      Аз шарми ҷамоли ту шуда Юсуфи Мисрӣ
      Дар зовияи чоҳ,
      Савдои ту доранд ба сар Вомиқу Узро
      Танҳо на Зулайхо.
      Пироҳани гул дар чаман аз дасти ту чок аст
      Аз фурқати рӯят,
      Хун баста дили ғунча зи лаъли ту ҳамоно
      Чун бода ба мино.
      Боди саҳар аз накҳати зулфат ба гулистон
      Овард насиме,
      Савсан ба забон таъна зад оҳуи Хиторо
      З-он рафт ба саҳро.
      Туғрал ба хаёли сари зулфи ту асир аст
      Растан натавонад,
      Занҷир бувад ҳар сари мӯ пойи ҷунунро
      З-он зулфи мутарро.

      • Ташаккур барои матни суруд аз шумо минусокаи суруди хамин шерро хохтш мекардам ки дар сомонаи худ гузоред чун ба он ниёз дорем бо эхтиром Зебо аз ш.Душанбе ДМТ донишчу

        • Эй акси рухат ҷонди ҳадойинаи дилро чун мўъҷизи Исо!…
          сароянда Абдулло Султон

          //tugral.tj/index.php/suruda-o

  6. Salom

  7. Бародар, хаста набошед — кори олиро анчом додед. Худо подоши захматхоятонро дихад!!!

  8. Иқдом, ибтикори бемисл. Кулли мардум Шашмақомро бо суруди классикӣ як медонанд. Хуб мешуд, ки схемаи Шашмақом (масалан, аз китоби Ф.Азизӣ) замима мегардид, то донанд чи ба куҷо мутааллиқ. Ин дарку ҳифзи Шашмақомро осон мекунад.

    • Ташаккури беандоза аз Шумо. Бо мадади мисли Шумо корвандони фаъол торнамо беҳтар хоҳад шуд.

  9. мавригӣ аз Бухоро барин сурудҳоро даровардан даркор.
    *********
    Ба куҷо равам зи дардам, чӣ даво кунам чӣ чора?
    Дили ман зи ғусса хун шуд, ҷигарам ҳазор пора.
    *********
    Дарди дили ман даво надорад,
    Танбӯри дилам садо надорад.
    *********
    Кабӯтар будаму парвоз кардаме,
    Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме.
    *********

  10. офарин! Ждем продолжения текстов шашмакомов, включая такие известные народные песни как :
    «Ҷасти-Ҷасти ёр» («Шасту-шасти-чор»), «Юсуфи ман, Юсуфи ман-е…», «Ханда Ханда»

    • Сипосгузорам, farid samarkandi! Худо хоҳад!

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.