Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ
(1321–1380)
Куллиёт /Мураттиби китоб ва муаллифи сарсухан Ҷамшед Шанбезода. Муҳаррир М. Шералӣ. – Д.: Ирфон, 1983. – 672 с.: ил.
Ҳофиз шоири мутафаккири барҷаста ва оламшумулест, ки осори гаронбаҳояш зинатфазойи ганҷинаи адабиёти ҷаҳон гардида ва худаш ҳамчун яке аз бузургтарин шоирони лирикнавис шинохта шудааст. Ашъори дилангези ӯ ташнагишикани дилу ҷонҳои ташнаи мардуми сухандӯстанд. Ғазалҳояш оби гуворои чашмаест, ки кас ва нӯшидан сер намешавад.
Нодир Шанбезода (1908-1991) ба насли калонсоли адибони тоҷик мансуб аст. Кам андар ками хонандагон медонанд, ки зери унвонҳои шоир Нодир Шанбезода ва олим Ҷамшед Шанбезода ҳамон як шахс нуҳуфтааст. Фаъолияти ӯ серсоҳа буд – ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, шоир, муҳаққиқи адабиёти форсу тоҷик.
Шоир Нодир Шанбезода муаллифи маҷмӯаҳои зиёд ба мисли “Силсилаи Бадахшон”, “Таронаи нур” “Аз боми ҷаҳон”, “Химча ва Набот” мебошад, ки дар солҳои мухталиф ба нашр расидаанд. Ӯ асосгузори назми навиштории шуғнонӣ аст. Маҷмӯаи шеърҳои ӯ ба забони шуғнонӣ бо номи «Гулғунча» ҳанӯз соли 1937 бо сарсухани олими рус С. Климчитский бо ҳуруфи лотинӣ дар Душанбе чоп шудааст.
Олим Ҷамшед Шанбезода солиёни зиёд ба ҳайси мудири шуъбаи адабиёти нашриёти «Ирфон», сармуҳаррири шуъбаи илми энсиклопедияи советии тоҷик фаъолият намуда, дар бенуқс ва бо сифати баланд омода намудани се ҷилди “Ҳазору як шаб”, “Куллиёт”-и Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ашъори мунтахаби Саид Нафисӣ, Эраҷ Мирзо ва дигар шоирон, инчунин мақолаҳои ЭСТ саҳм гирифтааст.
***
Хонандаи арҷманд!
Ҳангоми дар компутар чидани матни «Куллиёти Ҳофиз», ки бо заҳмати устод Ҷ. Шанбезода анҷом пазируфтааст, банда кӯшиш намуд, то ҳатталимкон сохти китоб маҳфуз монад. Ба истиснои рақамгузории осор, ба имлои нав баргардонидан ва ислоҳи чанд ғалати ночизи техникӣ, ки ҳангоми чопи соли 1983 рух дода.
Бо арҷгузорӣ, Абдуҳамид Тағоев
15.04.2017
МУНДАРИҶА
Ҳофиз. Шоири муъҷизакор
Ҳофиз. Ғазалиёт
Ҳофиз. Қасоид
Дар ситойиши шоҳ шайх Абуисҳоқи Инҷӯ
Дар ситойиши Ҷалолуддин Туроншоҳ-1
Дар ситойиши Ҷалолуддин Туроншоҳ-2
Дар ситойиши шоҳ Шоҳшуҷоъ фармуда
Дар ситойиши Қавомуддин Муҳаммад соҳибиёр вазири шоҳ Шуҷоъ фармуда
Дар ситойиши шоҳ Мансур фармуда
Ташаккури зиёд барои заҳматҳоятон!
Чун дар ин асри кучманчигӣ имконият нест ки китобҳои дустдоштаамонро бо худ ба ҳама ҷо барем. Ва дар чунин ҳолатҳо чунин сомонаҳо бисёр ҳам ёрирасонанд.
Инчунин дар нтизори китобҳои Мавлонои Бузург ҳастем.
Метавонед ягон суратҳисобе гузоред кӣ мувофиқи тавоноиамон барои дастгирии сомона маблағ равона кунем.
Саломат бошед!
Ташаккур!
Беҳтарин!
Саломат бошед!
Саломат Бошед!