87. Канаф
Ин растаниест, ки зироат мекунанд, гиёҳаш то ба
ҳадде баландтар аз қадди одам ҳам мехезад. Аз пӯс-
ти пояаш монанди зағир нах мегиранд. Аммо пӯшида-
ни либоси аз он тайёр кардашуда ҷоиз нест, зеро ки
ҳоли буғумҳои баданро бад месозад ва лоғар меку-
над. Вале аз он коғази хуб сохта мешавад.
Гул, ғубори пашмакранг ва шабнаме, ки бар он
234
менишинад, ғафс ва часпак аст — ҳамаашро ҷамъ на-
муда, бангиҳо чун тамоку мекашанд, ки карахтӣ ва
мастии шадиди ба худаш хосе меоварад. Хусусан шаб-
нами он, ки ҳар чӣ қадар ғализтар, часпандатар ва
шахтар бошад, қавитар мешавад, басост, ки бо саба-
би камоли қувваташ кашандаашро ҳалок месозад.
Ин растанӣ дар аксари мамлакатҳо мерӯяд: навъ-
ҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ дорад. Қисми бӯстониаш дар
ҳақиқат канаф аст, зеро ки пӯсти пояаш ҷудо меша-
вад, инчунин пояаш миёнхолӣ мебошад. Гулаш са-
федранг, тухмаш монанди мурч кулӯла аст, ки шоҳ-
дона номида шудааст. Кашидани ин касро аз ақл
бегона мекунад, ҳатто девона мегардонад. Хуллас, ки
чизи бадфиол аст.
Мизоҷи баргаш мураккабқувват ва дар дараҷаи
саввум сард ва хушк аст, гармии сабук ҳам дорад.
Мизоҷи тухмаш гарм ва хушк дар дараҷаи саввум,
мизоҷи пӯсташ сард ва хушк дар ғояти бадӣ мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: баргаш бинобар мурак-
каб будани қуввати он аввалан фараҳ ва сурур мео-
варад, ранги рӯйро неку мегардонад, маст мекунад—
ин аз сабаби гармии сабуки мизоҷаш мебошад, вале
аз сабаби ҷузъи сардии мизоҷаш карахти меоварад.
Баъд аз барҳам хӯрдан ва таҳлил ёфтани ҷузъи гар-
мии сабукаш хислати ҷузъи бади сардмизоҷиаш зоҳир
гашта, феълҳои (таъсири) раддиаш ба амал меоянд.
Низ аз сабаби ҷузъи гармиаш хаёл ва фикрро сабук
ва дақиқ мегардонад, ташнагӣ ва иштиҳои таом мео-
варад, дар аввал шаҳвати боҳро зиёда менамояд ва
дар охир аз он акси ҳамаи ин хислатҳо зоҳир мегар-
данд, боиси тира гаштани рӯҳи майна, торикӣ ва кам-
қувватии чашм мешавад; ба иллатҳои девонагӣ, моли-
хулиё, тарсончакӣ ва истисқо гирифтор месозад, қув-
вати боҳ, яъне пушти камарро суст мегардонад ва
оқибат барҳам медиҳад. Зеро ки хушккунандаи манӣ
мебошад. Чизҳои ширин қуввати онро меафзояд, вале
ашёи турш нобудкунандаи қувватҳои он мебошанд.
Барги хушки канафи саҳроиро кӯфта, дар бинӣ би-
резанд ё бикашанд, майнаро аз олойишҳо пок месозад
Барги тари канафи саҳроиро кӯфта, фишурда,
обашро гирифта, дар офтоб ғафс гардонанд — инро
усорааш меноманд, баъд бо он бишӯянд, сабӯсак ва
шапуши сарро дафъ мекунад.
Усораи барги канафи саҳроӣ ва равғани онро ча-
235
конанд, дарди гӯшро таскин медиҳад ва кирми дару-
ни онро низ мекушад.
Баргашро бихӯранд, рутубати меъдаро хушк ме-
гардонад, дарунро мебандад, пешобро меронад ва ба-
рои ҷаранги гӯш даво мебошад, маниро аз зуд ома-
дан нигоҳ медорад ва ҳатто онро хушк мекунад. Пӯс-
ти гиёҳашро бихӯранд, қуввати боҳро қатъ мегардо-
над ва маниро мехушконад.
Канафи пӯсидаро, ки хушк бошад, кӯфта бипошанд,
захм ва ҷароҳатҳои тарро хушк мекунад ва даҳани
онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.
Решаи канафи саҳроиро пухта гузошта банданд,
инчунин баргашро низ кӯфта гузошта банданд, варам-
ҳои гарм ва ҷамра (карбункул)-ро таҳлил медиҳад ва
дарди узвҳои асабониро, ки дар онҳо моддаҳои зиё-
датии мурдор бозмонда ба дард оварда бошанд, тас-
кин медиҳад.
Чун барги хушки онро нимкӯфта ва каме об бар
он пошида, гарм карда, баъд ба рӯйи барги гармкар-
даи беданҷир гузошта, ба хоя банданд, ба ҷурра
(дабба)-и обӣ дору мешавад ва варамҳои онро таҳ-
лил медиҳад.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз он 3,5 грамм
аст, вале агар зиёда аз ин бихӯранд, хусусан аз ка-
нафҳои бадфиол биёшоманд, мекушад. Дар ҳолати ин
гуна зарар рӯй додан илоҷаш равғани гов ва оби гарм
ошомида қай кардан аст, то он ки дар меъда ҳеҷ чиз
намонад. Инчунин дар ин маврид нӯшидани шароби
туршак (щавель) бисёр судманд аст.
Тухмашро бихӯранд, беҷо (беҳузур) шудани дилро
таскин медиҳад, бодҳоро пароканда месозад, вале
моддаҳои бадфиоли башиддат хушккунандаро дар ба-
дан пайдо мекунад, дарунро мебандад ва дар шикам
боду бухор пайдо менамояд; маниро аз равон шудан
нигоҳ медорад ва ҳатто онро хушк мегардонад.
Зарарҳои тухмаш: дарди сар меоварад, чашмро
торик мекунад, ба меъда ҳам зарар дорад. Вале агар
онро бирён карда бихӯранд, безарар мегардад. Ва
агар ин тухмашро беҳад бихӯранд, дар узвҳои дохилӣ
захмҳоро ба амал меоварад. Ин зарари онро бо хӯр-
дани кӯкнор, шароби лиму, сиканҷабини шакарӣ ис-
лоҳ додан мумкин аст, инчунин мегӯянд, ки оби ху-
нук, барф ва шароби меваҳои турш низ бинӯшанд, ис-
лоҳпазир аст.
236
Равғани тухми канаф, ки онро аз кӯфтааш фишур-
да мегиранд, дар мизоҷ гарм ва хушк аст. Инро би-
чаконанд ва бимоланд, барои дарди гӯш ва асабҳо,
таҳлил додани варамҳои сахт ва сахтии бачадон, ки
онро дар тибби ҳозира ноболиғии бачадон меноманд,
даво мешавад. Агар инро биёшоманд, маниро хушк
мекунад.
Як ақидаро хотиррасон намоем, ки як қисм ода-
мони, хусусан фуқарои Ҳиндустон, инро бисёр мехӯ-
ранд ва онҳо дар гумони онанд, ки гӯё нашъа (маҳсу-
лоти канафӣ) умрро дароз, фикрро равшан мекарда
бошад, вале истеъмолкунандагони зирактар дар хуло-
са ин байтро гуфтаанд:
Банге задему сирри аналҳақ шуд ошкор,
Моро ба ин гиёҳи заиф ин гумон набуд.
Аксаре аз ин тоифа одамон ҳар субҳу шом барги
онро сойида, дар об ҳал карда, соф намуда, аз он об
як қадаҳ менӯшанд. Агар ҳар кӣ назди онҳо ояд, ба
ӯ низ таклифи нӯшидан менамоянд. Баъзеи онҳо онро
хушк карда, андак бирён намуда, муддати дароз ме-
хоянд ва ё бо кунҷиди бепӯст кӯфта, бо шакар даро-
мехта, каф зада мехӯранду бисёртараб ва фараҳнок
мешаванд. Зеро ки ин дар ибтидо ва аввалҳо қуввати
ҳайвонии онҳоро ба ҳаракат меоварад ва хӯрокҳои
бисёру гуногунро мехӯронад, лаззат меёбонад, ҳазм
мекунонад ва бинобар ҷамъ шудани рутубат аз ин
бадани онҳо фарбеҳ мегардад ва баъд ба аксари бе-
мориҳои шадид мубтало мешаванд, аз ҷумла: сустии
узвҳои ҳозима, боднокшавии бисёр, қароқури шикам,
суулқиня (сустии ҷигар), варами дасту поҳо ва рӯй,
вайронии ранги башара, сустии боҳ, афтидани дан-
донҳо, бадбӯйии даҳан, ланҷии ҳоли бадан, тарсончакӣ,
хаёлҳои беҷо, вайронии фикр, худкушӣ ва ғайра. Ин-
чунин барои ҳар гуна ҷиноятҳоро содир кардан ва
номутеӣ ба қоида ва қонунҳо бурда мерасонад. Баъ-
зе касон ҳатто аз он маъҷунҳо сохта мехӯранд, баъ-
зеҳо барои кам кардани хушкии мизоҷи он дар шир
андохта меҷӯшонанд ва баъд қаймоқи онро ҷудо кар-
да меошоманд. Низ равғани онро бо усулҳои дигар
ҳосил мекунанд. Баъзеашон барои қавӣ гардонидани
қувваташ шираи онро дохили таркиби он маъҷун ме-
кунанд, ки он ба шерзодхонӣ машҳур аст — як ҳаби
онро бихӯранд, мастии шадид меоварад.
237
Хуллас, аз истеъмоли қисмҳои канаф дар хӯрдан
ва чун тамоку кашидан ҳеҷ некӣ намеояд, балки бои-
си разолат ва вайронии мизоҷи бадану ахлоқи инсон
мегардад, инчунин боиси дарозии умри инсон гашта-
ни он дар таърихи башар қайд наёфтааст ва алҳол
ҳам маълум нест.
88. Шунгбед
Ин дарахтро бинобар монанд будани тухмаш за-
бони гунҷишк ҳам меноманд, ба русӣ ясень согднй-
ский мегӯянд. Инчунин дар тоҷикӣ содда карда, инро
«шунг» ҳам мехонанд, ки дарахташ дар ҳама ҷоҳои
Осиёи Миёна, хусусан дар ҷоҳои салқинтар бештар
мерӯяд.
Баргаш монанди барги бодом, самараш дар хӯша-
чаҳо — аз ҳам ҷудо-ҷудо, ки тухмаш дар ғилоф ба
андозаи забони гунҷишк нӯгтези паҳн ва дарозак аст.
Рӯйи тухмаш тира, дарунаш ба зарди сафедӣ мезанад.
Таъмаш моил ба тезиву талхӣ. Қувваташ то даҳ сол
боқӣ мемонад.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи дуввум гарм ва хушк
аст, вале ба қавли баъзеҳо дар дараҷаи якум тар аст.
Ба ҳар ҳол рутубат ва тарӣ дорад.
Хислатҳои шифобахши он: тухмаш дафъкунандаи
бодҳои дарун, вале баргаш қабзиятовар аст.
Агар тухмашро бихӯранд, дарди паҳлу ва тиҳигоҳ-
ро таскин медиҳад; дилтапак (дилбозӣ), зиқ-ун-нафас
ва сурфаи кӯҳнаро, ки ҳама аз сардӣ бошанд, дафъ
мекунад; дарди рӯдаҳо, дарди камар, дарди бачадон
ва беихтиёр рафтани пешобро шифо мебахшад; санги
гурда ва хичакро майда карда мерезонад, узвҳои та-
носулро қувват мебахшад, қуввати боҳро ба ҳаракат
меоварад ва зиёда мегардонад.
Тухми онро кӯфта, бо асал ва заъфарон хамир
сохта, занҳо баъд аз пок шудан аз ҳайз аз таг бардо-
ранд, барои ҳомила шудан кӯмак медиҳад.
Вале хӯрдани тухмаш ба одамони гарммизоҷ дар-
ди сар меоварад. Агар ин тавр зарар кунад, кашниз
бихӯранд ё инро бо кашниз якҷо биёшоманд, безиён
мегардад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми он батанҳоӣ дар
як рӯз то 10,5 грамм аст ва агар бо ёридиҳандааш
238
истеъмол карданӣ бошанд, 7 грамм ошомидан кифоя
аст.
Ба ҷойи тухми ин дарахт барои афзунии боҳ ба ваз-
ни он ҷавзи бавворо бихӯранд, ҷоиз аст, инчунин тух-
ми тӯдарии сурхро ҳам бо ҳамон вазн ё бо мағзи
чормағз бихӯранд, равост.
Баргашро кӯфта, гузошта банданд, захмҳоро аз
чирку рим пок мегардонад, дар онҳо гӯшти солим ме-
рӯёнаду сиҳат мебахшад.
Пӯсти дарахташро кӯфта гузошта банданд, барои
кӯфтагиҳо ва лат хӯрдани узвҳо даво мешавад.
89. Ангурғӯра
Ин самари хоми ангур, яъне норасидаи сабзи тур-
ши он аст аз ҳар навъи ангур, ки бошад.
Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дуввум сард ва дар
дуввум хушк аст. Агар оби онро дар офтоб ғафс гар-
донанд, мизоҷаш сардтар ва хушктар мегардад то да-
раҷаи саввум.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани он ҳарорати
хун ва сафроро хомӯш мекунад, шиддати ҷӯшиши саф-
роро мегардонад, балғами дар меъда пайдошударо
пора-пора месозад, дарунро мебандад; намегузорад,
ки моддаҳои бегона ба меъда рехта шаванд; бадан
ва ҷигарро қувват медиҳад, ташнагиро мешиканад,
сустии аъзоро барҳам медиҳад.
Ғӯраи ангурро хушк карда кӯфта, гузошта бан-
данд, арақи баданро хушбӯй мегардонад, шахшӯлии
пӯстро ислоҳ мекунад ва баъд намегузорад, ки ҳамон
сол арақи нохуш аз бадан берун ояд; ҷӯшишҳои ба-
данро, ки дар тибби ҳозира аллергия меноманд, дафъ
месозад, барои хориш ва сустии бадан фоида дорад.
Вале хӯрдани ин меъдаи сардмизоҷро суст меку-
над, ба қуввати пушти камар (боҳ) футур мерасонад,
дар шикам бод пайдо менамояд, рӯдаҳоро ба дард
меоварад ва дар одамоне, ки меъдаашон балғами
шахшӯл дошта бошад, ташнагӣ пайдо мекунад. Барои
дафъ кардани зарарҳои номбаршудааш гулқанд ва
анҷир бихӯранд, ислоҳ мекунад.
Агар мавсими ғӯраи ангур набошад, ба ҷойи он ре-
воч (чукрӣ) ва туршак (щавель) истеъмол фармоянд,
равост.
239
Оби ғӯраи ангурро ҷӯшонида ғафс карда бихӯранд,
ташнагиро мешиканад, тафс ва ҳарорати меъдаро со-
кин мекунад; барои қатъ кардани исҳоли сафровӣ,
барангехтани иштиҳо, аз афтодан нигоҳ доштани бача
дар шиками модар, қавӣ гардонидани узвҳои даруни
сина ва даруни шикам, манъ кардани беҳузуршавии
дил аз ҷамъ шудани сафро дар меъда дору мешавад.
Оби ғӯраи ангурро дар офтоб хушк кунанд, инро
усораи ғӯра меноманд, хӯрдани усораи он ашаддита-
рин дарди гулӯ, варамҳои ҳалқ, ҷӯшиши (пухтани)
даҳан; хуни бинӣ ва хун қай карданро шифо мебах-
шад. Агар инро бо оби гандано бихӯранд, донаи ба-
восирро хушк мекунад ва баъд аз ин ин беморӣ сиҳат
меёбад.
Усораи ғӯраи ангурро занҳо аз таг бардоранд, ба-
чадонро пок ва ҳоли бади онро ислоҳ мекунад. Ва
инро бо сирко хамир карда биёшоманд, ҳамаи носур-
ҳоро, ки захм ва реши беҳнашаванда мебошанд, ба
ибро меоварад.
Оби ғӯраи ангурро дар гӯш чаконанд, даруни гӯш-
ро аз чирк ва рим пок мегардонад.
Бо оби ғӯраи ангур ғарғара кунанд, варами ҳалқ-
ро таҳлил медиҳад.
Усораи инро сойида, чун сурма ба чашм кашанд,
обравии чашмро нест мекунад, дуруштии пилкҳои
чашм ва захми хӯрандаи онро шифо медиҳад.
Агар бо усораи ғӯраи ангур ҳуқна кунанд, захми
рӯдаҳоро барҳам медиҳад ва инро занҳо дар андома-
шон бирезанд, рутубати зиёдравандаи бачадонро кам
месозад.
Хӯрдани оби холиси ғӯраи ангур қуввати нигоҳ-
дорандагии меъдаро меафзояд.
Чун тӯтиёро бо оби ғӯраи ангур парварда кунанд,
яъне дар он об як шабонарӯз тар карда, баъд хушк
намуда истеъмол намоянд, хислатҳои онро афзун ва
қавӣ мегардонад.
Вале нӯшидани оби ғӯраи ангур ба узвҳои даруни
сина зарар дорад, сурфаро пайдо мекунад. Дар ин
ҳолат гулқанд бихӯранд, кифоя аст, ки ислоҳи зарар
намояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз усораи он 4,5 грамм
аст. Агар оби ғӯраи ангур ёфт нашавад, ба ҷойи ин
истеъмол кардани оби себи турш раво мебошад.
Аз оби ғӯраи ангур шароб ҳам тайёр мекунанд.
240
Ҳангоми об гирифтани ғӯрааш, яъне дар вақти ба ра-
сидан қариб ояд, обашро гирифта, аз он се миқдор
ва асали соф як миқдор — ҳар дуро якҷо карда, се-
чор рӯз дар офтоб мегузоранд, то ба ҷӯш ояд. Баъд
соф карда, дар кӯза ё шиша ба офтоб мегузоранд, то
бирасад.
Ошомидани ин шароб исҳолро мебандад, меъдаро
қавӣ мегардонад, рутубати бисёри бачадонро хушк
мекунад, барои бадҳазмӣ фоида мебахшад, сустӣ ва
поён фуромадани меъдаро ба ибро меоварад; қулинҷ-
ро, ки аз сахт гаштани дарун ба амал омада бошад,
мекушояд, ваборо дафъ мекунад.
Агар ин шароб яксола шавад, беҳтар ва қавитар
мегардад.
90. Ҳулба
Ин растании бӯстонӣ аст, қадаш вобаста ба ша-
роити замин то 65 сантиметр мехезад. Баргаш чун
барги юнучқа, вале каме дарозтар аз он. Тухмаш сур-
хи моил ба зардӣ, чоргӯшаи паҳн, аз наск майдатар
ва чун тухми турб дар ғилоф мебошад. Баъди хушк
шудан бӯйи латиф ва форами атрӣ аз он шамида ме-
шавад. Баргҳояш ҳам баъди хушк шудан муаттар
мегарданд. Таъмаш моил ба талхӣ. Онро зироат меку-
нанд ва номи тоҷикиаш шанбалила аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: баргашро бихӯранд,
моддаҳои бегонаро дар дохили бадан мепазонад ва
барои хориҷ шудан муҳайё месозад; дарунро мулоим
мекунад, моддаҳои шахшуда ва варамҳои дохилиро
таҳлил медиҳад, пешоб ва ҳайзро равон менамояд, ба-
рои бемориҳои аз хунукӣ сарзада ва чакмезак даво
мешавад; суулқиняро, ки сустӣ ва заифии ҷигар аст,
ба ибро меоварад, истисқоро шифо мебахшад: сурфае-
ро, ки сабабаш сардӣ бошад, таскин медиҳад; варами
сипурз, дардҳои камар, ҷигар ва бачадонро дафъ ме-
кунад, сардии хичак ва чакмезакро ба ислоҳ меова-
рад.
Барги онро кӯфта гузошта банданд, мӯйро мустаҳ-
кам мекунад.
Тухмашро кӯфта бихӯранд, дарунро мулоим ме-
гардонад; моддаҳои зарарнокро пазонида, ба хориҷ
241
шудан тайёр месозад; қуввати пушти камарро меаф-
зояд, ҳайзро равон мекунад, шушро қувват мебахшад.
Ин тухмашро дар об ҷӯшонида, он обро бо асад
биёшоманд, исҳол меоварад, моддаҳои нодаркори дар
узвҳои даруни сина бандшударо дафъ мекунад, сур-
фаро сокин месозад, дамкӯтаҳиро шифо мебахшад,
душвории нафасро ислоҳ мекунад, бавосир ва варам-
ҳои ботиниро дафъ менамояд, бодҳоро мешиканад,
балғами часпакро аз даруни сина хориҷ месозад, рӯ-
даҳоро пок мегардонад.
Тухмашро дар об ҷӯш дода, он обро соф намуда,
бо асал қивом карда, бо оби сунбул биёшоманд, ба-
рои зиқ-ун-нафас дору мешавад, овозро мекушояд,
решҳои узвҳои даруни сина ва дарди кӯҳнаи ин аъзо-
ро ба ибро меоварад.
Тухми ҳулбаро давомнок бихӯранд, дарунро меро-
над ва ахлоти бадфиолро дафъ мекунад.
Тухмашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд,
зойиданро осон мекунад, пешоб ва ҳайзро равон ме-
гардонад. Агар инро кӯфта, бо орди гандум, шакар
ва асал сиришта бихӯранд, баданро фарбеҳ мекунад
ва ҳоли бади гурдаро ислоҳ менамояд. Инро дар об
ҷӯш дода, он обро бо 17,5 грамм рӯян бихӯранд, бӯйи
саргинро хуш ва дарунро мулоим мекунад, сустии узв-
ҳоро ба ислоҳ меоварад, устухонҳои шикастаро ба
ҳамдигар мечаспонад, ҳайзро равон месозад, вале бӯйи
арақи бадан ва пешобро нохуш мекунад.
Агар инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахти
зоҳирӣ ва дохилиро таҳлил медиҳад; захмҳои тар ва
хушки ширинчаро шифо мебахшад; сабӯсаки сар, доғ-
ҳои кунҷидак, сӯхтагии оташ, аз сардӣ кафидани пӯс-
ти бадан, каҷии нохун, варами сипурз ва бачадонро
ба ибро меоварад, намегузорад, ки мӯйи сар бирезад
ва доғҳои пӯсти баданро дафъ мекунад.
Тухми ҳулбаро чун орд маҳин кӯфта, бо танакори
сурх даромехта гузошта банданд, сипурзро ба дара-
ҷае таҳлил медиҳад, ки ёфтани он амри муҳол мегар-
дад— ин хуб аст, ки аломати покии сипурз мебошад;
орди онро бо анҷир хамир карда гузошта банданд,
пучак ва чиртакро мекафонад; инро бо орди ҷав, рав-
ғани гулисурх ва сирко хамир карда гузошта банданд,
варамҳои гармро мегардонад ва агар бо асал хамир
карда гузошта банданд, варамҳои хунукро таҳлил ме-
242
диҳад. Агар кӯфтаи тухми ин растаниро бо об хамир
карда бимоланд, ранги рӯйро тару тоза мегардонад.
Инро як шабонарӯз дар об тар карда, он обро
дар чашм чаконанд, обрави, шилпуқӣ ва нуқтаҳои
хунини сурхи чашмро дафъ мегардонад ва бозмон-
даи варами чашмро таҳлил медиҳад.
Ҳулбаро дар об ҷӯшонида, занҳо дар вақти наз-
дик омадани таваллуд кардан дар он об то ноф даро-
мада нишинанд, зойиданро осон мекунад, ҳамроҳаки
(ёраки) тифлро зуд меафтонад, бачадонро пок мена-
мояд.
Тухми ҳулбаро кӯфта, бо равғани ғоз сиришта,
занҳо аз таг бардоранд, сахтии бачадонро, ки дар
тибби ҳозира ноболиғии бачадон меноманд, шифо ме-
бахшад ва даҳани онро кушода, барои ҳомила шу-
дан тайёр мегардонад.
Гиёҳи ҳулбаро дар об ҷӯш дода, бо он об сарро
бишӯянд, мӯйро сара мегардонад, решҳои тар ва са-
бӯсаки сарро дафъ мекунад.
Ҳулбаро ба дарун аз ҳад зиёд истеъмол намоянд,
дарди сар медиҳад, дилро беҷо (беҳузур) мекунад, ба
хояҳо низ зарар мерасонад. Дар ин мавридҳо сикан-
ҷабини турш истеъмол кардан даркор аст, ки ислоҳи
зарар бахшад ё анори майхуш (туршу ширин) бима-
канд.
Бояд огоҳ кунем, ки одамони гарммизоҷ ҳулбаро
ба дарун фақат ҳамроҳи коснӣ бояд истифода баранд.
Ва агар баргашро дар об ҷӯшонида он обро истеъмол
карданӣ бошанд, ҳатман бояд бо барги исфанох ё бо
барги чилмангӯштак (семизут) бихӯранд.
Аз тухми ҳулба равған кашидан ҳам мумкин аст.
Хоҳ онро маҳин кӯфта, дар об биҷӯшонанд ва равған
ба рӯйи об барояд ва ё аз кӯфтаи он бо воситаи фи-
шурдан равғани онро биситонанд.
Мизоҷи равғани ҳулба гарм аст ва таъми тунд до-
рад.
Истеъмоли ин варам ва моддаҳои ғафсро дар да-
руни бадан таҳлил медиҳад, сахтиҳоро дар узвҳо му-
лоим мегардонад, дубайла (кӯряра)-ро мепазонад;
барои банд кардани исҳол ва дафъ намудани сабӯса-
ки сар, ки аз мурдор шудани хун ба зуҳур пайваста
бошад, дору мешавад. Ва инро бимоланд, захмҳои
рухсораро пок мегардонад. Ин равғанро бо муми зан-
бӯри асал даромехта бимоланд, кафидани пӯстро си-
243
ҳат мекунад; ва агар бо кӯфтаи тухми харбуза даро-
мехта бимоланд, башараро, яъне пӯсти баданро аз
ҳар гуна доғҳо пок месозад.
91. Туршак
Инро дар боғот зироат мекунанд ва дар ҳолати хо-
миаш мехӯранд. Таъмаш туруш аст. Ин растаниро ба
русӣ щавель меноманд.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: оби баргҳои туршакро
дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин меди-
ҳад ва даруни даҳанро бод хӯрда бошад, шифо ме-
бахшад.
Баргашро бихӯранд, хуморро дафъ мекунад, илла-
ти қайкуниро, ки сабабаш ҷамъ шудани сафро дар
меъда бошад, бозмедорад; беҳузур (беҷо) шудани дил-
ро, ки сабабаш бисёрии сафро бошад, манъ мекунад.
Баъзе касон ба гил хӯрдан ва ҳамчунин чизҳои раддӣ
истеъмол кардан одат карда бошанд, агар туршакро
истеъмол фармоянд, ислоҳи ҳол мегардонад. Хӯрдани
туршак зардпарвинро дафъ мекунад, ҷигари гармми-
зоҷро қувват медиҳад, тафси меъда ва ташнагиро тас-
кин медиҳад, ба таом иштиҳо меоварад, заҳри каж-
думро аз бадан дафъ месозад.
Агар инро пухта бихӯранд, дарунро мулоим ме-
гардонад ва бо татум ҳамроҳ карда бихӯранд, решҳои
рӯдаҳо ва харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро
шифо мебахшад.
Инро дар об ҷӯшонида, он обро бо шароб даромех-
та бинӯшанд, зардпарвинро нафъ дорад.
Туршакро пухта, баъд бо равғани зайтун бирён
намуда, ба даруни он кашниз, андак зира ва оби анор
дохил карда бихӯранд, даруни равонгаштаро мебан-
дад.
Пухтаи онро бо шароб хамир карда гузошта бан-
данд, иллати ханозер, варамҳои баногӯш, қӯтур, шу-
куфаи пӯст ва доғи песро шифо мебахшад; агар ба
ҷойи шароб сиркоро ба кор баранд, иллатҳои сипурзро
ба ибро меоварад.
Туршакро кӯфта, бо равғани гулисурх ва заъфа-
рон хамир сохта гузошта банданд, решҳоеро, ки руту-
баташон ба асал мемонад, сиҳат мекунад.
244
Вале истеъмоли он ба дарун пушти камарро (боҳ-
ро) зарар дорад. Дар ин ҳолат шарбатҳоро истеъмол
намоянд, ин зиёнаш ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз то 75
грамм аст.
Мизоҷи тухми туршак дар дараҷаи якум сард ва
дар дуввум хушк аст.
Тухми инро бихӯранд, барои бемориҳои дил, меъ-
да, ҷигар, рӯдаҳо ва дафъ кардани заҳрҳо дармон ме-
шавад; инчунин дилтапакро, ки сабабаш ё зиёд шу-
дани хун, ё афзудани моддаи сафро бошад, шифо ме-
бахшад; тафсидани меъда ва зардпарвинро дафъ ме-
кунад, захми рӯдаҳоро сиҳат месозад, қуввати заҳри
каждумро дар бадан мешиканад. Агар инро бирён
карда бихӯранд, исҳолҳои хунин, сафровӣ ва исҳоли
аз ҷигар содиршавандаро манъ мекунад. Ва агар бис-
ёртар бирён карда бихӯранд, дарунро мебандад, ҳат-
то шах мекунад.
Бар зидди заҳри каждум ин давои ба дараҷае ус-
тувор аст, ки агар касеро, ки тухми инро хӯрда бо-
шад, ӯ аз ин озор ва ранҷ намеёбад.
Вале туршак ва қисмҳои онро ба дарун аз ҳад
зиёд истеъмол кунанд, ба гурда ва сипурз зарар до-
рад. Дар ин маврид арпабодиён ва қанд бихӯранд, ис-
лоҳи зарар менамояд.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми тур-
шак то 7 грамм аст.
Агар решаашро бихӯранд, исҳоли хунинро манъ
мекунад, харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо ва
зардпарвинро дафъ мегардонад, обравии бачадонро
ислоҳ менамояд, ҳайзро қатъ мекунад.
Решаи инро кӯфта гузошта банданд, қӯтури зах-
мин, шукуфаи пӯст, милкак ва кафидани нохунро
шифо мебахшад; агар бо орди ҷав сиришта гузошта
банданд, хориши баданро барҳам медиҳад; вале инро
пухта, бо сирко хамир карда, аз рӯ гузошта банданд,
варами сипурзро таҳлил медиҳад. Ва онро танҳо ба
гардан овезанд, ханозерро барҳам медиҳад.
Решаи онро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд,
зардпарвинро, ки аз афтодани гиреҳ бошад, шифо ме-
бахшад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезо-
над, ҳайзи бандшударо мекушояд, яъне равон мекунад.
Ин растанӣ навъи саҳроӣ низ дорад, ки инро то-
ҷикон шилха, қав ва аз ӯзбекӣ гирифта, отқулоқ ме-
245
номанд. Баргаш сербартар ва дарозтар, ки ба барги
лаблабу шабоҳат дорад. Агар оби гиёҳи инро бин¬ӯ-
шанд ва ё баргашро пухта бихӯранд, харошида шу-
дани сатҳи даруни рӯдаҳоро, ки сабабаш хушкӣ ва
афзудани сафро дар ин узв бошад, сиҳат мебахшад.
Решааш дар давогӣ қавитар аз решаи туршак аст.
Агар инро бо набот бихӯранд, сурфаро дафъ мекунад.
Ва агар кӯфта гузошта банданд, дарди буғумҳоро
дармон мешавад, лат хӯрдани узвҳоро сиҳат мегардо-
над; ниқриси гармро, ки дард ва варам кардани ан-
гуштони дасту поҳо аз ҷамъ шудани моддаҳои гарм-
мизоҷ дар ин узвҳо бошад, шифо мебахшад.
Решаи инро бо решаи кавар якҷо сӯхта, ба дудаш
бидоранд, донаи бавосирро хушк карда меафтонад.
Шилхаи обӣ, ки ин низ як навъи шилха (қав) аст,
вале он наздики обҳо, ҷӯйборҳо мерӯяд. Баргаш да-
розак, монанди тагбаргҳои коснӣ аст. Тухмаш сиёҳи
моил ба сурхӣ мебошад. Таъмаш монанди мазаи бӯс-
тонии он аст.
Хислатҳои давогиаш қариб ба бӯстонӣ аст: хӯрда-
наш барои дилтапак (дилбозӣ), беҳузур шудани дил
фоида дорад; бо шароб бихӯранд, ғамро дур мекунад,
аз тарсончакӣ наҷот медиҳад; сустии мақъадро ислоҳ
менамояд, фараҳ меоварад, табъро чоқ мегардонад.
Решаи инро кӯфта гузошта банданд, қӯтур, ҷаро-
ҳатҳо ва решу захмҳои бадфиолро (злокачественные
язвы)-ро шифо мебахшад, варамҳои гармро таҳлил
медиҳад; намегузорад, ки захмҳо вусъат ёбанд.
Чун тухм ва баргашро бихоянд, дарди дандонро
сокин мекунад, бехи дандонро мустаҳкам месозад.
Агар инро бардавом бихӯранд, зардпарвинро шифо
мебахшад.
92. Нахӯд
Ин растанӣ навъҳои ҳам бӯстонӣ дорад ва ҳам
саҳроӣ. Нахӯд ба ҳама маълум аст.
Мизоҷи бӯстониаш, яъне зироатиаш дар дараҷаи
якум гарм ва хушк; мизоҷи саҳроияш дар дараҷаи
дуввум гарм ва хушк аст. Мизоҷи сабзи тару тозааш
дар дараҷаи якум тар аст. Қувваташ то се сол боқӣ
мемонад.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, дар
шикам бод пайдо мекунад.
246
Агар нахӯди саҳроиро бихӯранд, дарунро пок ме-
гардонад; гиреҳҳои ҷигар, сипурз ва гурдаро меку-
шояд.
Нахӯди даштиро кӯфта гузошта банданд, қӯтури
решгаштаро пок мекунад, шукуфаи пӯстро шифо ме-
бахшад, варамҳои хояҳо ва баногӯшро мулоим мегар-
донад; кӯфтаашро бо асал хамир карда гузошта бан-
данд, барои ҷароҳат ва захми саратон нафъ дорад.
Нахӯди бӯстониро бихӯранд, дарунро мулоим ме-
гардонад, ҳарорати табиии баданро устувор медорад,
барои шуш ва пушт мувофиқ ва неку аст, дар бадан
хуни солим пайдо мекунад, ҳам чун ғизо пурқувват
мебошад, баданро фарбеҳ месозад, иштиҳоро нигоҳ
медорад. Ғизоияти ин барои шуш зиёда аз донҳои ди-
гар аст. Агар инро бо шири навдӯшида бихӯранд, ги-
рифтагии овозро, ки аз хушкӣ бошад ва агар таб на-
мегирифта бошад, ислоҳ мекунад, вале агар гирифта-
гии овоз бо таб бошад, ба ҷойи шир бо об бинӯшанд.
Чун нахӯдро як шаб дар сирко тар карда, пагоҳӣ
ба дили наҳор бихӯранду ҳамон рӯз чизе дигар тано-
вул накунанд, барои куштани кирми меъда давои бис-
ёр хуб мешавад.
Нахӯдро дар об пухта, дар он об намак андохта
бинӯшанд, моддаҳои часпакро титу пароканда мена-
мояд ва бинобар шӯр будани таъмаш гиреҳҳои бадан-
ро мекушояд, бинобар гарм будани мизоҷаш пешобро
меронад, инчунин барои дарди узвҳои даруни сина ва
захми шуш фоида дорад.
Нахӯдро як шабонарӯз дар об тар карда баъд би-
хӯранд ва аз болояш ҳамон оби таридро бо андак
асал тановул намоянд, барои он одамон, ки аз шаҳ-
вати ҷимоъ маҳрум гашта бошанд, он қуввати онон-
ро барқарор мекунад. Агар нахӯдро дар мобайни таом
бихӯранд, барои ҳазм шудани он ёрӣ медиҳад. Чун аз
нахӯд ҳариса (ҳалим) тартиб дода, онро бо сирко би-
нӯшанд ва дар обе, ки нахӯд ҷӯшонида шуда бошад,
то ноф даромада нишинанд, барои ислоҳи бемориҳои
мақъад, пок намудани бачадон, ихроҷ кардани кирм-
ҳои шикам, инчунин кирми рӯдаи рост беҳтарин да-
вое мебошад.
Нахӯдро бирён карда, гармогарм бихӯранд, барои
бавосири хунӣ давои аҷибест.
Нахӯди сабзи тозаро як шабонарӯз дар об тар
247
карда, он обро бинӯшанд, варами милки дандонро
дафъ мекунад ва дарди дандонро таскин медиҳад.
Мизоҷи равғани нахӯд дар дараҷаи саввум гарм
ва хушк аст. Агар инро хоҳ бихӯранд, хоҳ бимоланд,
таъсираш то ҷоҳои дур ва чуқурии бадан мерасад.
Инро бихӯранд, мӯйро мустаҳкам месозад, пушти ка-
марро (боҳро) қувват мебахшад, дарди дандон ва
милки онро таскин медиҳад; дардҳоеро, ки сабабашон
сардӣ ё аз афзудани моддаҳои сард ба амал омада
бошанд, инчунин иллати махавро шифо мебахшад;
ранги рӯй ва овозро соф мегардонад. Ва агар инро
бимоланд, боҳро қувват мебахшад, доғи кунҷидакро
дафъ мекунад.
Тайёр кардани равғани нахӯд ин тавр аст. Нахӯд-
ро нимкӯфта, дар даруни колба то гулӯгоҳаш пур ме-
кунанд. Ба колба аз рӯ гили бӯта мемоланд. Як таба-
қи фулузиро мегиранду аз миёнаҷояш барои гардани
колбаро даровардан сӯрох мекушоянд. Баъд даруни
гулӯи колбаро лиф ҷо карда, сарозер ба сӯрохи табақ
ҷо карда, ба атроф ва болои колба ангишт гузошта,
оташ медиҳанд. Табақро дар болои ду хишт мегузо-
ранду ба зери даҳани колба зарферо мегузоранд. Аз
тафси оташ аз нахӯди мазкур равған ҷудо шуда, аз
лиф гузашта софшавон ба зарфи зерин мечакад.
Нахӯди сиёҳро пухта бихӯранд, бачаи занҳои ҳо-
миларо аз шикам меафтонад, санги гурда ва хичакро
майда карда мерезонад, моддаҳои нодаркори зарар-
нокро аз бадан хориҷ мекунад; ва инак, дар ҳама ҷи-
ҳат аз нахӯди сафед пурзӯртар аст; барои иллати ис-
тисқо ва зардпарвин, ки аз гиреҳҳои баамаломада
ҳодис шуда бошад, шифо мебахшад; гиреҳи ҷигарро
мекушояд, бодҳои дарунро таҳлил медиҳад, барои
иллати махав дору мешавад.
Ҳар як навъи нахӯдро кӯфта, бо об атолавор си-
ришта бимоланд, дарди сарро шифо мебахшад, зардии
рухсораро мебарад; сабӯсаки сар ва ширинча, доғи
кунҷидак, хориши аъзо, карахтии узвҳо ва бемориҳои
буғумҳоро дафъ мекунад, мӯйро қувват медиҳад.
Хӯрдани нахӯд ба захми хичак зарар дорад—дар
ин ҳолат камтар кӯкнор бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меё-
бад; дар шикам бод пайдо мекунад ва шикамро дам
менамояд—дар ин маврид зира, шибит, гулқанд —
якеро аз инҳо бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд. Ин-
чунин ба одамони гарммизоҷ зиён мекунад — дар ин
248
маврид сиканҷабин ё кӯкнор бихӯранд, ба зарар ис-
лоҳ мебахшанд.
Инро бояд таъкид кунем, ки аз болои нахӯд оби
хунук нӯшидан бисёр зарарнок аст.
93. Ҳино
Ин растанӣ маълум ва машҳур аст. Қадаш то 60—
90 сантиметр мехезад, вале дар ноҳияҳои Ҳиндустон
то баробари ду қадди одам баланд мешавад. Пояаш
сурх, баргаш монанди барги анор аст, вале нозуктар
ва хурдтар аз он, инчунин мулоимтар аз барги анор
мебошад.
Мизоҷаш мураккабқувват, моил ба сардӣ ва дар
дараҷаи дуввум хушк аст. Ва ба қавли баъзе табибон
дар дараҷаи якум гарм аст.
Хислатҳои шифобахши он: як миқдор ҳинои тар
ва ҳам он миқдор барги чормағзро бигиранд. Аввал
барги чормағзро кӯфта, баъд ҳар дуро якҷо кӯфта гу-
зошта банданд, байза ном дарди тамоми сарро, ки
азияти муттасил мебошад, шифо мебахшад; инчунин
дарди нимсарро низ дафъ мекунад ва дарди сарро, ки
сабабаш ҷамъ шудани бодҳо ва балғам дар сар бо-
шад, ба ибро меоварад. Ва агар барги ҳиноро кӯфта,
бо сирко сиришта, ба пешонӣ гузошта банданд, дар-
ди сарро дафъ мекунад; бо зифт (қатрон) ва равғани
гулисурх ҳамроҳ карда гузошта банданд, захмҳои
сарро шифо мебахшад. Ва агар бо қатрон ва равғани
зайтун сиришта, ба сар гузошта банданд, мӯй мерӯё-
над; бо оби кашниз сиришта, ба чаккаҳои сар гузош-
та банданд, рехтани моддаҳои бегонаро ба чашм манъ
мекунад.
Ҳиноро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гар-
донанд, решҳои даҳан ва ҷӯшиши (пухтани) даруни
даҳани кӯдаконро шифо мебахшад. Ҳиноро кӯфта, бар
кафи обиладори пой гузошта банданд, хусусан бо он
андак гули маҳсар ва заъфарон илова карда бошанд,
таъсираш зӯртар мегардад дар дармон гаштан; агар
ба чашм бибанданд, баромадани обиларо дар он
монеъ мешавад.
Дар тамоми халқҳои ҷануб ва шарқии қитъаи Осиё
анъана шудааст, ки ҳино дарди сарро дафъ мекунад,
нури чашмро афзун мегардонад, боҳро қувват мебах-
249
шад, барои беморӣ ва иллатҳои меъда, ҷигар, сипурз,
роҳҳои пешоб, бачадон, махав, тоун, вабо ва ғайра
нафъ дорад.
2,5 грамм ҳиноро бихӯранд ё 4,5 грамми онро як
шабонарӯз дар об тар карда, он обро соф намуда биё-
шоманд, зардпарвинро шифо мебахшад, иллатҳои си-
пурзро дафъ мекунад, санги гурда ва хичакро майда
карда мерезонад, душвории шошиданро ба ислоҳ ме-
оварад, пешоби бандшударо мекушояд, бачаи занони
ҳомиларо аз ишкам меафтонад. Агар ин оби тариди
ҳиноро то даҳ рӯз пай дар ҳам бинӯшанд, вабо ва
захмҳои роҳи пешобро дафъ месозад, пешоб ва ҳайзро
равон мекунад, ба ҷойи нохуни каҷ ва пӯсида нохуни
аслӣ мерӯёнад. Агар ин обро бо 32 грамм шакар бар-
давом биёшоманд, иллати махав дар давраи ибтидо
бошад, шифо мебахшад. Ба қавли як қатор табибон
агар ҳамин тавр оби ҳино тар кардашударо бо шакар
як моҳ биёшоманд, махав сиҳат наёбад, дигар илоҷпа-
зир нест.
Ҳиноро дар об ҷӯшонида, он обро ба реши ҷамра
(карбункул) ва сӯхтагии оташ кам-кам ва бардавом
бирезанд, шифо мебахшад.
Ҳиноро кӯфта, ба варамҳои гарм, ки аз онҳо зар-
доб таровиш мекарда бошад, бимоланд, сиҳат мебах-
шад; бо равғани гулисурх сиришта бимоланд, қӯтурро
ба ибро меоварад; бо оби барги беданҷир даромехта
бимоланд, кафидагии пӯстро, ки кӯҳна шуда бошад,
сиҳат мекунад ва дарди зонуро нест месозад; бо гули
индов якҷо кӯфта бимоланд, ҷурра (дабба)-ро шифо
мебахшад.
Ҳинои хушкро кӯфта, ба захмҳо бипошанд, онҳоро
хушк мекунад ва сиҳат мебахшад. Барги хушкашро
кӯфта, бо равғани буз хамир карда гузошта банданд,
захмҳоро ба ҳам оварда ислоҳ мекунад, хусусан захм-
ҳои гӯшаи нохунро зудтар сиҳат менамояд.
4,5 грамм тухмашро кӯфта, бо асал ва катиро би-
хӯранд, майнаро хеле қавӣ мегардонад.
Мизоҷи гулаш мӯътадил ва латиф аст.
4,5 грамм гулашро бо 75 грамм об ва асал бихӯ-
ранд, ҳамаи навъҳои дарди сарро дафъ мекунад, наз-
лаҳоро қатъ менамояд, рутубатҳои нодаркор ва за-
рарноки баданро хушк мекунад.
Гули ҳиноро кӯфта, бо сирко сиришта бимоланд,
дарди сарро даво мебошад. Вале гулашро танҳо гу-
250
зошта банданд, барои фолиҷ, бемориҳои вобаста ба
мағзи сар, иллатҳои асабонӣ ва дарди асабҳоро дар-
мон мешавад; дарди бади гулӯро, ки аз ҷамъ шудани
хун дар ин узв аст, дафъ мекунад; агар бо муми зан-
бӯри асал ва равғани гулисурх сиришта бимоланд,
дарди паҳлу ва лат хӯрдани аъзоро ба ибро меова-
рад.
Гули ҳинои хушкро дар либоси мӯйина бигузоранд,
намегузорад, ки онро кирм ва куя бизанад. Баргаш
ҳам ҳамин хислатро дорад.
Аз гули ҳино равған ҳам тайёр мекунанд ба ин
тариқ. Дар зарфи шиша равғани кунҷиди тоза ё рав-
ғани зайтун андохта, онро аз гули ҳино пур месозан-
ду ба офтоб мегузоранд. Баъди шаш-ҳафт рӯз ранги
гул мепарад, он гулро фишурда дур намуда, ба ҷойи
он гули дигар пур мекунанд. Ҳамин тавр панҷ-шаш
маротиба гулро нав карда, охиронашро ҳам фишурда
дур намуда, равғанро соф карда мегиранд—ин рав-
ғани ҳино ҳисоб меёбад.
Мизоҷи ин равған гарм аст. Инро бимоланд, ва-
рамҳоро таҳлил медиҳад, мӯйро мустаҳкам месозад,
ранги рӯйро неку мекунад.
Аз барги ҳино ҳам равған тайёр мекунанд ба ин
тариқ. Оби барги ҳиноро дар зарфе карда, аз болояш
ҳамон миқдор равғани зайтун ё равғани кунҷиди тоза
мерезанду бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то он ки
обаш батамом бухор гардаду равған бимонад. Аломати
тамом шудани об дар ин амал ҳамон аст, ки аз ҷӯш
мемонад. Ин равғанро низ бимоланд, варамҳоро таҳ-
лил медиҳад, дардҳои гуногунро дафъ мекунад, та-
рангу беҳаракат мондани узвҳоро шифо мебахшад,
иллатҳои асабҳо ва буғумҳоро ба ибро меоварад.
Навъи дигари гирифтани равғани барги ҳино ин
тавр аст. Барги ҳиноро дар соя хушк карда, ҳар қа-
дар, ки хоҳанд, бигиранд. Дар шаш баробари вазни
он об як шабонарӯз тар карда, баъд то сеяки об мон-
дан меҷӯшонанд. Сонӣ он обро соф карда, аз болояш
баробари он об равғани кунҷиди тоза ё равғани зайтун
андохта, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то ба ҳадде,
ки об тамоман бухор шуда раваду равған бимонад.
Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз ҷирми ҳино
ва гули он аз 2,25 то 4,5 грамм аст, зиёда аз ин би-
хӯранд, кушанда мебошад.
251
Ба мундариҷа
|