АЗ МУАЛЛИФ
Дар навиштани «Канзи шифо» асосан аз китобҳои
тибби қадими «Тӯҳфат-ул-мӯъминин», «Ихтиёроти ба-
деӣ», «Махзан-ул-адвия», «Қарободини кабир», «Муҳи-
ти аъзам», «Илоҷ-ул-ғурабо» истифода бурдем. Низ
ҳамчун унсурҳои иловагӣ ва мададрасон аз «Кашф-ул-
луғот», «Бурҳони қотеъ», «Баҳр-ул-ҷавоҳир», «Ғиёс-ул-
луғот», «Суроҳ ва қуроҳ», «Фарҳанги форсӣ ба русӣ»,
«Қомуси арабӣ-русӣ», «Энциклопедический словарь ле-
карственных и ядовитых растений» ва дигар манбаъ-
ҳои тиббии қадим ва даврони мо баҳра бардоштем, ки
хонандаҳои ин китоб ҳангоми истифода аз равиши
матн дармеёбанд, вале як қисмашонро на, бинобар
номбар нагаштани унвони онҳо.
Аз ҳама душвортарини амалиёт он буд, ки шаш ки-
тоби беҳад калонро дар рӯйи миз кушода дошта, аз са-
ҳифаҳои онҳо маъно ва мазмун чидан ба ҳеҷ ваҷҳ им-
конпазир нест, зеро ҳамаи онҳо ба саҳни корӣ намеғун-
ҷид. Барои хайрият аз ҳар яки китобҳои мазкур дар-
ҳои алоҳидаро шарҳан ба рӯйи варақ овардему баъд
аз ҳар шаши онҳо ҷамъбандӣ намуда, ба услуби
тоҷикӣ даровардем. Инак, навиштаҷот дар ҳафтдаҳ
соли пурмашаққат ба поён расид.
Дар китоб маҳз он давоҳое гирд оварда шуданд, ки
дар диёрҳои мо мавҷуданд, мерӯянд, сохта мешаванд,
ки мо онҳоро мешиносем, инчунин он дармонҳои
хориҷӣ дар бозорҳои мо ёфта мешаванд ва дар айни
ҳол ҳамаи онҳо дар китобҳои тибби қадимаи номбурда
дарҷ гардидаанд, низ ин ҷо ба қайд расиданд.
Ҳангоми шарҳ додани баъзе давоҳо низ як миқдор аз
мушоҳидаҳои худро, ки хислатҳои онҳо бо карроти
таҷриба собит гашта буданд, ба матн илова намудем.
Дар моҳияти ин китоб ҳаминро гуфтан кифоя аст, ки
дар ин асар давоҳои мундариҷ гардида ба 98 фоизи
иллат ва бемориҳои мавҷуда бо муваффақият шифо
мебахшанд.
3
МУҚАДДИМА
Мо инро аз рӯйи мазмун ба фаслҳо тақсим намуда
баён месозем.
Фасли якум.
Дар баёни баъзе ҳолатҳо доир ба
ситора ва сайёраҳо ва табииёт
Тамоми мавҷудоти сегонаи Замин, ки иборат аз ҷа-
мод (ҷисмҳои беҷон), набот (растанӣ) ва ҳайвон ҳас-
танд— ҳама аз унсурҳои чоргона, ки оташ, ҳаво, об ва
хок мебошанд, бо ҳам таркиб ёфта ва омехта гашта-
анд. (Ин унсурҳои чоргонаро аркон ҳам меноманд). Ин
ҳама ҳастӣ аз таъсири ситораҳо ва сайёраҳои ҳафтго-
на: 1. Зуҳал (Сатурн); 2. Муштарӣ (Юпитер); 3. Мир-
рих (Марс); 4. Шамс (Офтоб); 5. Зӯҳра (Венера); 6.
Уторид (Меркурий); 7. Қамар (Моҳ) бо мадади сито-
рагони собит пайдо шудаанд, инкишоф меёбанд ва ин-
қироз мегиранд. Ҳар яки ин ҷирмҳои фалаки ба ҳамди-
гар назорат, яъне муносибатҳои хоси табиӣ доранд.
(Ин рӯйхат аз рӯйи ҷойгиршавии онҳо нисбат ба Офтоб
набуда, балки мавқеъҳои онҳо аз ҷиҳати таъсирнокӣ
ба Замин мебошад).
Барои равшан гардонидани моҳияти мавзӯамон
каме тавзеҳ медиҳем.
«Даври Қамар—аз замони Одам то ин замон —
ҳама даври Қамар аст. Даври ҳар як кавкаби сайёра
ҳафт ҳазор сол мебошад. Даври Қамар даври охир аз
ҷумлаи адвори ҳафт ситорагон. Одам алайҳиссалом
дар ибтидои даври Қамар пайдо шудаанд. Аз «Бурҳон»
ва «Сироҷ-ул-луғот». Муаллиф гӯяд: чун аз «Оини
акбарӣ» дарёфта мешавад, ки то имсол, ки соли 1242
ҳиҷрии қамарист (тақрибан 1825 милодист), Одам
алайҳиссаломро 7170 соли шамсӣ гузашта. Аз ин
маълум мешавад, ки билфеъл (ҳоло) даври Қамар
нест, балки даври Зуҳал бошад ва аз он то ҳол 170
соли шамсӣ гузаштааст» («Ғиёс-ул-луғот»).
Мо ҳоло тартиби шартии кавкабҳои сайёраро, ки
дар боло рӯйхаташонро додем, медонем. Ҳар яке аз
онҳо дар фазои кайҳон ба худ муайян мақом ва мадо-
ри ҳаракат доранд. Ҳар яки онҳо нисбат ба Замин дав-
раи муайяни ҳокимӣ доранд, ки ҳар як аз он даврҳо
7000 солро дарбар мекардааст. Инро гузаштагони бос-
тони мо муайян кардаанд. Ҳар як аз ин ҷирмҳои фала-
4
кӣ дар даври худ бо хосиятҳои хеш ба мавҷудоти ҷис-
монӣ, ҳаёт, ҳодисоти қаъри замини ва ҳаво таъсири
худро додаанд ва медиҳанд.
Ҳар як сайёра ба худ хос қуввати мизоҷбахш до-
рад. Қуввати Зуҳал сард ва хушки бисёр, қуввати
Муштарӣ гарм ва тари мӯътадил, қуввати Миррих гарм
ва хушки бисёр, қуввати Офтоб гарм ва хушки мӯъ-
тадил, қуввати Зӯҳра сард ва тари мӯътадил, қуввати
Уторид иборат аз сардӣ ва хушкии бо ҳам омехта, ва-
ле хушкиаш зиёдтар аст; инчунин ӯ ба ҳар як сайёра,
ки наздик шавад, мизоҷи онро ба худ қабул мекунад;
қуввати Моҳ сард ва тар, тариаш мӯътадил аст.
Аркон, яъне чор унсурҳои заминӣ ҳар яке ду таби-
атро (мизоҷро) дорост монанди Офтоб ва ҳаммартаба-
ҳои он, ки онҳо ҳам ду қувват доранд: яке қуввати
фоила, ки қуввати таъсирбахшанда ва дигаре қувва-
ти мунфаила, ки таъсирро ба худ қабулкунанда мебо-
шад. Қуввати фоила (таъсиркунанда) ҳарорат (гармӣ)
ва бурудат (сардӣ), вале қуввати мунфаила (таъсирги-
ранда) рутубат (тарӣ) ва юбусат (хушкӣ) аст.
Се сайёра тобеъ ва ҳамамали се сайёраи дигари бо-
лоӣ мебошанд: Зӯҳра ҳамамали Муштарӣ, Уторид ҳам-
амали Зуҳал, Моҳ ҳамамали Офтоб ҳастанд. Ва ҳар
он чӣ дар назари ҷаҳониён намоён ва воқеъ мегарданд,
аз таъсири ҳамон ҷирмҳои осмонӣ ба амал меоянд хоҳ
дар қаъри Замин, хоҳ дар рӯйи Замин. Кӯҳҳо, соҳилҳо,
уқёнусу баҳрҳо, хоҳ дар қабатҳои ҳаво бошанд, хоҳ
хислати сабукӣ, вазнинӣ, риққат (суюқӣ), ғафсӣ, сах-
тӣ, софӣ, тирагӣ ва ғайра сохт, намуд, ҳолат дошта бо-
шанд, дар натиҷаи омезиши аркон (об, ҳаво, оташ, хок)
сурат мегиранд.
Ҳамаи ҳодисот ва рӯйдодҳои мағз ва рӯйи Замин ба
ихтиёри инсон вобаста нестанд, балки аз иродаи он 6рл #
рун мебошанд. Масалан, агар борон набораду об на-
бошад ва таъсири ҷирмҳои фалакӣ, аз ҷумла асари
нурҳои Офтоб набошад, ҳеҷ гиёҳе дар Замин намерӯяд;
инчунин таъсири ҷирмҳои осмонӣ амал накунанд, пас-
тию баландиҳо, чуқурию таркиш, баҳру бар ва ғайра-
ҳо пайдо намегарданд. Истиқрори ҳамаи он ҷирмҳои
кайҳонӣ аз қувватҳои ҷозиб-ул-марказ (кашиш ба мар-
каз) ва ториқ-ул-марказ (аз марказ гурезиш) устувор
мебошад, на аз сабабҳои дигар. Инчунин ҷонварони гу-
ногун ва набототи рангбарангро бо ҳамҷинси онҳо ҷуф-
тӣ дода, насли навашонро ҳосил гардонидани инсон
5
ҳам бидуни таъсири ҷирмҳои фалакӣ ба зуҳур наме-
пайванданд. Аз ҳамин боис калон ва хурд омадани
ҳаҷм ва ҷуссаи насли ҷонварону самарҳои наботот низ
холӣ аз ин гуна таъсирот нестанд. Аз ин амалиёти таъ-
сири боло ва ҳодисоти замини хулосаи мантиқӣ зоҳир
мегардад, ки ин ва он намудҳои наботот ва ҷонварони
дигар барои қувватҳои ҳафтгона, ки ҷозиба (кашиш),
мосика (нигоҳдорандагӣ), ҳозима (ҳазмкунӣ), дофиа
(дафъкунанда), ғозия (ғизогирӣ), номия (нашъунамоё-
бӣ) ва муваллида (ҷинси худро офаридан) мебошанд,
аз саховати ҷирмҳои осмонӣ баҳра мегиранд.
Азбаски ин гуна қувватҳо дар ҷисмҳои беҷон бисёр
заифанд ва ба қадри кофӣ ба назар намоён намегар-
данд, мо онҳоро ҳамчун қувваи мавҷуда намеписандем.
Вале дар наботот он ҳафт қувват мавҷуданд ва ба шу-
ури мо мерасанд, ки инро қувваи наботия меноманд.
Ғизои наботот аз қисмҳои обӣ ва хокӣ иборат буда, он-
ро аз замин бо воситаи об ва ҳаво азхуд мегардонанд.
Инашро ҳам бигӯем, ки чор дараҷаи ҳазми ғизо дар
наботот бисёр заиф аст, бинобар ҳамин ба онҳо аз ин
ҷиҳат кам эътибор дода мешавад, вале онҳо низ дорои
ин чор марҳалаи ҳазм мебошанд. Инро як андоза таф-
силот диҳем, ки ғуддаҳо (гиреҳҳо) дар тана ва решаи
дарахтон пайдо шуда зиёдатиҳои (нодаркориҳои) ҳаз-
ми якум ва дуввуми ҷисми онҳо мебошанд; шилм ва
ширҳои баъзе растаниҳои ширдор, кафке, ки дар бехи
баргҳо ва баргҳои баъзе наботот ба ҳам мерасанд — ин
чизҳои зиёдатиест, ки аз ҳазми дараҷаи саввуми онҳо
ба амал меоянд, чунонки дар бадани ҳайвонот пешоб,
саргин ва арақ чизҳои зиёдатӣ мебошанд, зоҳир ме-
гарданд. Ин ҳодиса, яъне ба амал омадани чизҳои зиё-
датӣ дар наботот монанди моддаҳои зиёдатии бадани
инсон аст, ки вақте аз ҳад зиёда гаштани хун бо воси-
таи хун қай кардан, дар пешоб хун омадан,
бавосир, ҳайз, ҷамра (карбункул), варамҳо, доначаҳои
дар пӯст дамида, пучакҳо, қӯтур ва ғайраҳо; хуни мур-
дор, сафро, савдо, балғам ҳангоми ҳодис гаштани бе-
мориҳои ба ин моддаҳо хос моддаҳои зиёдатӣ, яъне
моддаҳои нодаркор дафъ мегарданд. Дар ҳамаи ин рӯй-
додҳо дахли ҷирмҳои осмонӣ иштирок дорад. Сахтӣ,
сабукӣ, ковокӣ, риққат (нармӣ), ғафсӣ, вазнинӣ ва
ҳамчунин хусусиятҳои қисмҳои Замин аз таъсири сай-
ёра ва ситораҳо берун нестанд, хоҳ он чизҳои соҳиби
ҳаёт дар об бошанд, хоҳ берун аз об дар хок ва ё дар
6
сангистон рӯянд. Инчунин шакли набототро гирифтани
ҳайвонот ва шакли ҳайвонот доштани наботот — хул-
лас, тамоми намудҳо ва сохти чизҳои ҷондор аз таъ-
сири ҷирмҳои осмонӣ сурат мегиранд.
Ҳамаи узвҳои ҳайвонот, ки вазифаи хоси ҳаётии
худро иҷро менамоянд, ин қабил узвҳо дар наботот
ҳам мавҷуданд, вале дар сохт ва намудҳои дигар офа-
риниш ёфтаанд. Тафсилоти онро бинобар ба илми рас-
танишиносӣ мансуб буданаш мо ин ҷо зикр намекунем.
Инак, дар пайдо шудани ҷисмҳои гуногуни беҷон,
наботот ва ҷондор, инчунин дар гуногунии офариниши
хислатҳои шифобахш, заҳрнокӣ ва ғайраҳо таъсири
мухталифи ҷирмҳои осмонӣ бечунучаро мерасанд ва
ранг, хислат, бӯ, хусусиятҳои гуногуни ҷисмонӣ, кай-
фият ва мизоҷи хоси онҳоро ба амал меоваранд. Маса-
лан, пиёз аз ҷиҳати гармии мизоҷи худ ва тезии таъм
ба сайёраи Миррих мансуб аст ва бинобар рутубат
доштанаш ба Зӯҳра тааллуқ мебошад. Афюн бинобар
сардии мизоҷи худ ба Зуҳал ва дар хушкии мизоҷ ҳам
ба Зуҳалу Уторид мансуб аст. Ё он ки як даво дорои
чанд кайфият буда, ба якчанд кавкабони сайёра та-
аллуқ аст ва ё пӯсташ ба як сайёра, гулаш ба сайёраи
дигар ва ғайра, қисмҳои дигараш, мумкин аст, ба ди-
гар сайёраҳо мансуб бошанд.
1. Давоҳои мансуб ба Зуҳал мухтасаран: Давоҳои
ғайри хокистарранг ё сиёҳи хорнок, аҷзои даҳанро ба-
ҳамкашанда (даҳанро бурмакунанда) ва бадбӯ, ки дар
ҷоҳои ноҳамвор ва сахтзамини кишварҳои ҷанубӣ би-
рӯянд ва он чи дар вақти некии ҳоли Зуҳал, яъне бар-
гаштан ва дар мақоми баландӣ будани он пайдо ша-
ванд, накухислатанд ва аз он ҷумла барои бемориҳои
сипурз нафъ доранд. Он чӣ дар бадии ҳоли ин сайёра,
яъне ҳангоми бозгашт аз мақоми баланди худ ва поён
фуромаданаш давоҳое, ки пайдо мешаванд, шум ва за-
рарнок мегарданд. Аз ҳамин ҳолат ва мавқеъҳои фа-
лакии ин сайёра кайфият, хосият ва таъсирнокии гу-
ногуни давоҳоро муайян мекунанд.
2. Давоҳои мансуб ба Муштарӣ мухтасаран: Даво-
ҳое, ки равғанноки хушбӯй ва некутаъм буда, гулашон
сурх ё осмониранг ва баргҳояшон софф (сафкашида)
бошанду дар мавзеъҳои баланд ва талу теппаҳо бирӯ-
янд, аз ҷумла ба ҷигар фоида доранд, хунро соф ме-
гардонанд ва ҷароҳатҳоро ба ҳам меоваранд.
3. Давоҳои мансуб ба Миррих мухтасаран: Даво-
7
ҳое, ки ба сурхӣ моил, шахшӯл, хорнок ва он чи сӯзо-
нанда, агар ҷоҳои рӯйидаи онҳо заминҳои хушк бошанд,
ба ин сайёра тааллуқ доранд.
4. Давоҳои мансуб ба Офтоб мухтасаран: Ҳар як
давои расидаи хушбӯй, лазиз, ширин ва гулу баргҳоя-
шон сурх, хусусан дар мавзеъҳои кушода, ки шуои
Офтоб ба онҳо бирасад, қувватбахши дил, рӯҳ ва чашм
мебошанд.
5. Давоҳои мансуб ба Зӯҳра мухтасаран: Давоҳое,
ки таъмашон ширин, бӯяшон форам ва гулу баргҳоя-
шон мулоим бошанд, қувватҳои шаҳвонӣ, бемориҳои
занонаву бачадон ва иллатҳои мардонаро, инчунин бе-
мориҳои хунукмизоҷ ва тармизоҷи начандон шадидро
нафъ доранд; илова бар ин равған, чарбии бадан ва
маниро зиёда мегардонанд.
6. Давоҳои мансуб ба Уторид мухтасаран: Давоҳое,
ки баргашон ғафс, мулоим ва обдор буда, дар замин-
ҳои пурнам, обдор ва дар миёни об бирӯянд, ба ин
сайёра мансуб мебошанд.
7. Давоҳои мансуб ба Моҳ мухтасаран: Ҳар он чӣ
дар мизоҷ сард ва тар бошаду дар ҷоҳои обдор ва дар
об бирӯяд, мансуб ба Моҳ аст.
Маълум бод растаниҳое, ки ҳосилашон дар мағзи
хок ба камол расад, варамҳо, обила ва донаҳои дар
пӯст пайдошуда, инчунин мӯйрехтаи болои сарро даво
мебошанд, монанди: ширеш, сир (чеснок), пиёз; он чӣ
решаҳои онҳо сӯрох ва ковокӣ дошта бошанд, ҷароҳат-
ҳоро нафъ мебахшанд; он чӣ дар онҳо луобият ва час-
пандагӣ мавҷуд бошад, монанди: гулихайрӣ, анзарут,
ширеш, сабир (алоэ); агар баргҳояшон сӯрохҳо ва ду-
руштӣ дошта бошанд, хориш, қӯтур, шукуфаи пӯст ва
монанди инҳоро нафъ доранд.
Акнун рӯйхати як қатор давоҳоро дар мансубият
ба сайёраҳои осмони ба таври мушаххас номбар меку-
нем.
1. Ба Зуҳал мансубанд инҳо: мурд (мирт), сурб
(қӯрғошим), самари арча, гази калони кӯҳӣ, олу, зирк,
сунбул, балут, балила, банг, хурмои ҳиндӣ, чинор, ғӯ-
раи ангур, туршак (щавель), ҳино, сагкучула, сафедор,
ҷувории сафед, ревоч (чукрӣ), дӯлона, равғани зайтун,
пиёзаки сафеди саломалек, биҳӣ, татум, савсан, рай-
ҳон, шоҳбалут (кастона), шавкарон, газ, наск, мозу,
мармиҷон, сагангур, санҷид, занбӯруғ, панҷангушт,
олуболу, гелос, карафс, най (қамиш), кабӯтар, сарв,
8
сано, пахта, ток, кашниз, печак, ришибузӣ, зуф, лиму,
мош, бомус (овёс), ҳалила ва инчунин ҳар чӣ мизоҷи
сард ва хушк дошта бошад, мансуб ба Зуҳал аст.
2. Ба Муштарӣ инҳо мансубанд: мурд, зарпечак,
юнучқаи зардак (говришқа), бобуна, бӯймодарони ду-
руштбарг, харбуза, баласон, шакари янтоқ, себ, хурмо,
тут, анҷир, чормағз, ҳулба, гандум, ғӯраи сарв, нахӯд,
ҳандалак, решаи ревоч, ревоч (чукрӣ), сагпистон, кун-
чид, савсан, шоҳитара, сабзии саҳроӣ, шалғам, шилм,
ангур, сагангур, ғор (лавр), писта, рӯян, матинҷ, пах-
та, қанд, пардаарӯсак, пиёзи гандано, кишмиш, печак,
говзабон, лӯбиё, мухаллас, садбарги сафед, гулисурх,
морчӯба (спаржа), ёсамин.
3. Ба Миррих инҳо мансубанд: пойизоғ, офтобпараст,
ишлон, зарпечак, юнучқаи зардак (говришқа), болдир-
ғон, бодён, анзарут, пиёз, биш, сир (чеснок), ҷадвор,
ҷавзи бавво, испанд, индов, ҳилтит, ҳанзал (тарбузи
абӯҷаҳл), хардал (горчица), бедгул, арпабодиён, заъ-
фарон, занҷабил, сарахс (мужской папоротник), пиёза-
ки сафеди саломалек, ҷамилак, лоласурхак, сиёҳдона,
кокутӣ, оқирқирҳо, пиёзи ансул, авсаҷ, ғор (лавр),
турб, мурч, қаламфур, рӯян, пудина, қаранфули гардан,
дил, ишқор, бӯймодарони маҳинбарг, ҷигар, пиёзи ган-
дано, зира, райҳони гӯши муш, чойкаҳак.
4. Ба Офтоб инҳо мансубанд: газна, парпӣ, савсани
кӯҳӣ, бодрангбӯя (лимонная мята ё ки мелисса), бӯйи-
модарони дуруштбарг, панҷангушт, тӯдарӣ, ҷавзи бав-
во, беданҷир, дорчинӣ, решаи ревоч, заъфарон, заҳра,
сагпистон, шибит, сабир (алоэ), зардчӯба, занбӯруғи
сафеди танаи дарахт, писта, ҳил, харбузаи сагак, тух-
ми маҳсар, шунг, норанҷ, чойкаҳак, ёсамин.
5. Ба Зӯҳра инҳо мансубанд: анҷир, беданҷир, сав-
сани сафед, нилуфар, садбарги сафед.
6. Ба Уторид инҳо мансубанд: бобуна, чормағз, ар-
ча, елими пӯсти ҳайвонот.
7. Ба Моҳ инҳо мансубанд: исфанох, боқило, пиёз,
чилмангӯштак (семизӯт), харбуза, бунафша, себ, туг-
мачагул, коҳу, кӯкнор, бед, шафтолу, нилуфар, анор,
обсабз, каду, тарра, зардолу, коснӣ ва инчунин ҳар чи-
зе, ки хунукмизоҷ бошаду дар об бирӯяд, ба Моҳ ман-
суб аст.
Мо ин маълумотро аз муқаддимаи «Махзан-ул-ад-
вия» овардем.
Акнун мушоҳадаҳои худро зикр мекунем.
9
Инро тасаввур кардан душвор нест, ки он ҳафт
ҷирмҳои осмони ҳар яке якборӣ ҳафт ҳазор сол даври
худро тай карда, дар як доираи навбат 49000 солро
дарбар мекарда бошанд, пас ин хусусияти онҳоро, ал-
батта, дар якборӣ гузаштани даври онҳо муайян на-
кардаанд, балки баъди озмойиш ва мушоҳидаҳои такрор
ба такрор ба хулоса омада, муқаррар намудаанд. Ин
миқдор мурури вақтҳо давраҳои геологӣ ва астрономи-
ро ташкил медиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки
гузаштагони мо бо илми нуҷум аз замонҳои хеле қади-
ми барои мо ҳанӯз номаълум машғул будаанд, ҳатто
ранг ва мизоҷҳои сайёраҳоро муайян кардаанд.
Олим ва мутафаккири барҷастаи рус Александр
Леонидович Чижевский ба тадқиқоти таъсири Офтоб
аз соли 1915 машғул шуда, доир ба ин соҳа китобчаи
«Солнце и мы» (Москва, 1938) ва асари «Земное эхо
солнечных бур»-ро чоп кунонидааст. Ӯ ба ҳодисаҳои
вулканӣ, офатҳои гуногуни табиӣ, ҳодис гаштани ҳо-
латҳои мухталиф дар бадани инсон, дар техника ва
ғайра таъсир бахшидани Офтобро бо воситаи афка-
нишҳои худ дар ҳолатҳои гуногуни он баён намудааст.
Вале мутаассифона мавҷуд будани таъсири сайёраҳои
Офтобро ба Замин қайд накардааст. Агар ӯ бо илмҳои
қадимаи мо сарукор медошт, аз тадқиқотҳои пурсама-
ри олимони намоёни форс-тоҷик илҳом гирифта ва ба
онҳо такя намуда, кашфиёти барҷаста ва пурқимати
илмии нав ба навро ба майдон меовард. Наомӯхтани
андӯхтаҳои қадимаи мо танҳо гуноҳи Чижевский нест,
балки нуқсонҳои интеллигентсияи аврупоиасл, ки аз қув-
ваҳои империалистонаи давлати худ мағрур гашта,
илмҳои мардуми Шарқро сарфи назар карда буданд
ва худашон гӯё «илми нави олӣ таъсис дода» роҳи ди-
гарро пеш гирифтанд.
Ҳатто барои ин тадқиқот ва кашфиёти Чижевский,
ки барои олимони аврупоӣ навӣ буд, ӯро хору залил
доштанд ва таҳқир карданд. Ҳол он ки кашфиётҳои
барҷастатарин оид ба таъсири ҷирмҳои фалакӣ ба За-
мин, аз қадимтарин замонҳо маълум буданд. Барои да-
лели ин фикрамон як мафҳуми кӯтоҳро аз «Қонунча»-и
Абӯалӣ ибни Сино меоварем: «Хоб дар офтоб мамнӯъ
ва дар камар нофеъ». (Ин ҷо саҳифаи китобро' зикр
намекунем, зеро саҳифаҳо дар дастнависҳои гуногун
дар як низом набуда, балки дар саҳифа ва ҳаҷмҳои
гуногун қайд гардидааст.)
10
Мо аз таҷрибаҳои худ медонем, ки ҳар кас дар зе-
ри шуои Офтоб хоб кунад, баъд аз бедор шудан гиҷ
гаштани майнаи худро пай мебарад, вале агар дар
моҳтоб бихобад, бедор шуда, худро сабук ҳис мекунад.
Маълум мешавад, ки дар офтоб хоб кардан барои са-
ломатӣ зарар ва дар моҳтоб хобидан фоида доштааст.
Ва ё чанд нафар одами гирифтори ин ё он беморӣ вақ-
ти шаб дар зери осмон бихобад, баъди аз уфуқ боло
хестани сайёраи Зуҳал то ғуруби он ё ҳангоми дар ос-
мон тобон будани сайёраи Муштарӣ ё Миррих ва ғай-
раҳо, ҳолати бемор ё ба хубӣ ё ба бадӣ дигаргун меё-
бад. Инҳо нишон медиҳанд, ки сайёраҳо ҳам ба мав-
ҷудоти Замин таъсир мебахшидаанд.
Боз як факти дигар дар аксари газетаҳои ватана-
мон, ба ҳолати Офтоб такя карда, ҳар моҳ пешакӣ
огоҳ менамоянд, ки фалон рӯзҳо ҳолати фалон гириф-
торони бемориҳо вазнин мегардад, барои ин фалон-фа-
лон тадбирро ба амал оваранд.
Инаш ҳам пинҳон нест ва дар матбуот зикр ёфт,
инчунин бо далелҳои қатъӣ собит гашт, ки ба Замини
мо сайёраҳои дигари низоми Офтоб наздик оянд, дар
Замин боришот бисёр мегардад.
Ё ки дутор ё танбӯрнавоз ва ғайра навоҳоро дуру
дароз замзама кунад, масалан, вақти саҳар оҳанги то-
раш ё садои асбоби дигари мусиқӣ хуштар ва форам-
тар ё ин, ки рӯҳафзотар мегардад, Ё ин ҳодиса дар ди-
гар соатҳои шабонарӯзӣ рӯй медиҳад. Шунавандагон
мегӯянд, ки «асбобаш гап зад». Ин ҳеҷ як чизи ғаро-
бат надорад. Фақат ҳамин, ки он машқи ба мардум пи-
сандгашта дар соати сайёраи хос, ки ин мақом ба он
мансуб аст, замзама карда шуд, яъне он порчаи муси-
қӣ дар соати худаш навохта шуд.
Инаш ҳам ба мо маълум аст, ки мақомҳои мусиқии
лаҳни Борбад ва Шашмақом ҳар яке вақти муайяни
навохтан доранд ва агар ин ё он оҳанг дар вақти ху-
даш иҷро шавад, комилан таъсирбахш мегардад, ҳам
барои роҳат, ҳам барои табобат.
Акнун доир ба таъсири ҷирмҳои кайҳонӣ ба Замин.
Як чизи оддиро ба мадди назар биёварем. Ҳангоми сар
баровардан сари ҷуворимаккаро аз растании сабзаш
ҷудо кунему дони аз он ҳосилшударо дар замин бико-
рем—намерӯяд. Ин ҷо чӣ ҳодиса рӯй дод? Вақте ки
мо онро бесар мегардонем, аз он сар, ки яке аз узв-
ҳои насл аст ва барои қабул кардани таъсири ҷирм-
11
ҳои осмонӣ баҳра бурдану ба амал овардани ҳуҷайраи
насл хизмат мекард, маҳрум гардонидем ва бо ҳамин
сабаб наслаш қатъ гашт. Ин гуна ҳодисаҳо дар инсон
ҳам рӯй медиҳад. Масалан, шоири туркнажод Машраб-
ро ба хотир биёварем. Ҳангоми дар Кошғар дар дар-
гоҳи пешвои дини ислом Офоқхоҷа буданаш, Офоқхо-
ҷаи солхӯрда ба яке аз занҳои ҷавони худ рашк карда,
ҳамчун ҷазо, мӯҳри фулузиро ба дараҷаи сурхӣ таф-
сонида, ба пушти гардани Машраби ҷавон зер кард ва
аз ин амал шоири мазкур аз хислати мардии худ маҳ-
рум гашта буд.
Ё бигирем, баъзе одамҳо хушрӯ набошанд ҳам, ва-
ле дилкаш ва дидадаро ҳастанд, онҳоро тоҷикони мо
«ситорааш гарм» мегӯянд ё баъзе одамон, ки ҳатто
агарчи хушрӯ бошанд ҳам, дилкаш нестанд ва марду-
ми мо ин қабил одамонро «ситорааш хунук» мегӯянд.
Охир, намуди рӯйи одам ба ситора ва ё ба сайёра ҳеҷ
монандӣ надорад, вале барои чӣ писанд ё нописандии
онҳоро ба ситора нисбат додаанд? Ҷони гап ҳам дар
ҳамин аст, ки таъсири ситора ва сайёраҳоро одамони
мо ҳанӯз аз давраҳои қадим пай бурда буданд. Касо-
неро, ки «ситорааш гарм» мехонанд, албатта хислатҳои
маҳмуда ва корҳои писандида дар онҳо зиёданд ва
шахсонеро, ки «ситорааш хунук» медонанд, ҳамон тавр
хислатҳои номарғуб ва кирдорҳои номатлуб аз онҳо
бештар зоҳир мегарданд. Аз инаш ҳам огоҳ кунем, ки
онони «ситорахунук» ҳам барои худ одамони мувофиқи
табъро меёбанд, бо онҳо унс мегиранд ва ғайра.
Инак, ҳамаи сайёраҳои номбаршуда ҳар шабонарӯ-
зӣ бо навбати худ яксоатӣ бар мавҷудоти Замин ҳоки-
мӣ мекунанд. Ин мафҳум дар як қатор китобҳои қа-
дима дарҷ гардидааст, ки вақтеро «соати Зуҳал» ва
вақти дигарро «соати Муштарӣ» ва ғайра медонанд.
Фасли дуюм.
Дар баёни ғизо, давои зулхосията,
аз подзаҳр ва заҳр, давои мусҳил ва
мулайин ва қисмҳои ҳар як аз онҳо
Бояд донист, ки ғизо ва даво ҳар яке аз модда ибо-
ратанд, кайфият ва сурат низ доранд. Модда ва су-
рат — ин ҳар ду ҷавҳар мебошанд, вале кайфият (гар-
12
мӣ, сардӣ, тарӣ, хушкӣ) — ин хусусияти онҳост, ба тав-
ри дигар гӯем, сифат аст. Сифати гармӣ ва сардӣ —
инҳо кайфияти фоила, яъне таъсиркунанда мебошанд,
вале тарӣ ва хушкӣ — ин ҳар ду ҳодисшавандагии мод-
да, яъне кайфияти ҷавҳар аст, ки мунфаила, яъне таъ-
сирро қабулкунанда мебошанд. Ғизо аз модда ҳосил
мешавад ва даво дар аксар ҳолатҳо бо воситаи кай-
фият таъсир мекунад; ин таъсир гоҳ бо сурат ва гоҳ
бо кайфият — ҳар ду асар мекунад. Хосияти даво, ал-
батта, аз сурат (симо) ба вуҷуд меояд, ки инро сурати
навъия меноманд — ин чигунагии он аст. Ғалаба ва
таъсири даво ё ғизо фақат бо яктои аз он ва ё бо ду-
тои онҳо ё ин ки бо ҳар се хосиятҳои бо ҳам мусовӣ
дар якборагӣ ё дар ғайримусовӣ фароҳам гашта, таъ-
сир мерасонад. Масалан, дар давои мутлақ кайфият
қавӣ, ғолиб ва зоид мебошад. Вале ду амри дигар,
яъне сурат ва модда дар ин мағлуб ва заиф, ба ибо-
раи дигар гӯем, аз ҷиҳати миқдор каманд. Вале дар
давои зулхосията сурат қавӣ, ғолиб ва зоид аст. Ана
ҳамин тавр нисбат дар ғизои давоӣ ва ғизои зулхо-
сията ва ғайраҳо, яъне дар ғизои давоӣ кайфият қавӣ,
ғолиб ва зоид аст, аммо дар ғизои зулхосията сурат ва
модда дар ин мағлуб ва заифанд ва ғайра. Бинобар
мавҷуд будани ҳамин маънӣ, яъне ҳамин таносуб ҳам-
чунин чизи содиршуда намудҳои онҳоро ғизои давоӣ,
давои ғизоӣ, давои подзаҳрӣ, давои саммӣ (заҳрнок)
ва монанди инҳо меноманд.
Зулхосията (хосиятдор) ё мувофиқ, муқаввӣ (қув-
ватбахш), мунаққӣ (поккунанда) ва ҳифзкунанда (ни-
гоҳдоранда) -и мизоҷи аслӣ, ҳарорати табиии бадан ва
қувватҳои он бошад, тарёқ меноманд. Агар зулхосия-
та акси ин хислатҳоро дошта бошад, яъне мизоҷи аслӣ,
ҳарорати табиии бадан ва қувватҳои онро мурдор, вай-
рон ва маҳвкунанда бошад, онро самм (заҳр) мено-
манд. Пас, ҳар чиро, ки инсон ба дарун истеъмол на-
мояд, вай агар фақат бо модда таъсир кунад, онро ғи-
зои мутлақ мегӯянд ва агар фақат бо кайфияти худ
таъсир бахшад, онро давои мутлақ меноманд, вале
агар бо кайфият ва модда—ҳар ду таъсир расонад,
онро давои ғизоӣ, агар танҳо бо сурати худ таъсир на-
мояд, онро зулхосият меноманд. Ин ё мувофиқ, писанд
ва дафъкунандаи нохушиҳо аст, ё мухолиф, нописанд
ва баамаловарандаи зарарҳо ва вайронкунандаи ни-
зоми мӯътадили бадан аст. Ҳар яке аз инҳо чанд қис-
13
мат мешаванд: 1. Аммо он чӣ мувофиқ ва писанди ба-
дан аст, пас фақат бо сурат таъсир мекунад, ки онро
подзаҳр, яъне аз заҳр наҷотдиҳанда меноманд. 2. Агар
таъсираш бо модда ва сурат, яъне бо ҳар ду бошад,
онро ғизои подзаҳрӣ меноманд. 3. Агар чизи ба дарун
истеъмолшуда бо кайфият ва сурат — ҳар ду таъсир
бахшад, онро давои подзаҳрӣ мехонанд. 4. Агар бо ҳар
се, яъне бо модда, кайфият ва сурат асар зоҳир намо-
яд, онро давои ғизоии подзаҳрӣ меноманд.
Агар таъсири он чизи ба бадани инсон дохилшуда
бо мухолафат ва зиддият бошад, низ ба чанд навъ
қисмат меёбад: 1. Агар фақат бо сурат таъсир кунад,
онро самми мутлақ меноманд. 2. Агар бо кайфият ва
сурат — ҳар ду таъсир дошта бошад, ин ҳам мартаба-
ҳои худро дорад: а) Агар он чизи ба дарун истеъмол-
шаванда дар камоли қувват бошад, онро давон саммӣ
мегӯянд ва б) агар дар камоли қувват набошад, он
ҳам ба ду қисмат мешавад: ё он қуввати исҳоловаран-
дагӣ дорад, ки ин ба се навъ ҷудо мешавад — ё қавӣ
аст ё миёнаҳол ва ё заиф. Аммо қисми қавии он бо су-
рат ва кайфият бо ҳам якҷо таъсир мекунад, онро да-
вои мусҳили зулхосията меноманд; аммо қисми миёна-
ҳол бо кайфият ва сурат — ҳар ду таъсир мебахшад,
инро давои мусҳил мегӯянд; вале навъи заиф аксар
ҳол бо кайфият, модда ва сурат — бо ҳар се таъсир
мекунад, вале ҳамаи қисмҳои таъсиркунанда заиф ва
ноқис, ки мебошанд, хусусан сурати он дар ин ҳолат
бошад, инро давои мулайин (сабук ва мулоимкунан-
да) меноманд.
Маъно ва тафсилоти гуфтаҳои боло мухтасаран он
аст, ки: ғизои мутлақ онро мегӯянд, ки таъсир ва таъ-
сирнокии он дар бадан фақат бо модда мебошад, на бо
кайфият ва сурат, ба ин тариқ, ки чун дар бадан во-
рид шуда, дар он бо воситаи кайфияти худ таъсир на-
мояд, вале бадан аз он дар худ дигаргуние наёбад, аз
мизоҷи аслии худ нагардад, балки бар он чизи ворид-
шуда дастболо гашта, қобилияти онро ба феъл овараду
онро аз сурати ғизоӣ ба сурати хилтӣ табдил диҳад ва
ба узви бадан ҳамроҳ гардонад ва он чиз ақтори (ҷи-
ҳатҳои) сегонаи баданро, яъне ба бар, ба қад ва ба
ғафсӣ биафзояд ва фоидабахш гардонад, онро ғизои
мутлақ меноманд. Масалан инҳо: обгӯштҳои сабуки
форам (шӯрбои гӯштдори бо нахӯд, лӯбиё, наск ва ғай-
ра пухташуда), тухми мурғи нимпухта, гандум ва ди-
14
гар тухмии зироатҳо, ки кайфияти ҳосилшуда аз онҳо
хилти бефоида буда ва ба кайфияти аслии бадан ва
аъзо ғолиб намебошанд, — балки бадан онҳоро ба осонӣ
азхуд менамояд.
Давои мутлақ он аст, ки дар вақти ворид шудан
фақат бо кайфияти худ таъсир мерасонад ва моддаи
он ғизо ва қобилияти ҷузъи бадан шудан надорад.
Ҳангоми ба дарун истеъмол карда шуданаш, ҳарорати
табиии (модарзодии) бадан ба он таъсир кунад, аз он
хислаташ дигаргун намегардад, балки сониян он дар
бадан амал намуда, бо кайфияти худ гарми, сардӣ,
тарӣ ва хушкиаш баданро дигаргун месозад ба танҳоӣ
ё дар ҳолати мураккаб будани худ. Як қисм аз даво-
ҳои мутлақ инҳоанд: мурч, занҷабил, нилуфар, кофур,
арпабодиён ва монанди инҳо.
Ғизои давоӣ он аст, ки дар бадан бо модда ва кай-
фияти худ — бо ҳар ду таъсир мекунад ва бо ҳамон та-
лабаи модда, ки баъди таъсир бахшидан аз он ягон
хилт ҳосил менамояд ва он хилт ҷузъи бадан шуда та-
вонад. Дар он андак кайфият ва мизоҷе мебошад, ки
он ҳар ду ба кайфият ва мизоҷи аслии бадан ғолиб
меояд ва бо кайфияти худ дар бадан қисми обиятро
тағйир медиҳад, монанди коҳу, оби ҷав, ангур, боди-
ринг, каду, тарбуз, чилмангӯштак (семизут), исфанох,
бобуна, шибит, шалғам, сабзи, лаблабу, карам, мош,
наск, нахӯд, лӯбиё ва ғайраҳо.
Давои ғизоӣ он аст, ки баъд аз истеъмол кардан
дар бадан бо кайфият ва модда—ҳар ду таъсир ме-
кунад, вале бо кайфият зиёдтар асар менамояд; қисми
обияти баданро дигаргун месозад, баъд аз он бадан ба
он ғолиб омада, онро азхуд мекунад ва аз он хилти
бисёр кам ҳосил мегардад, ки он хилти баамаломада
қобилияти ғизо шудан ва ҷавҳари бадан гаштан дорад,
инчунин мувофиқи хислати худ кайфияти баданро ғо-
либ менамояд, монанди гандано, наъно, барги коснӣ,
сагангур, сир (чеснок), пиёз, тут, олу ва аксари мева-
ҳо, тухмиҳо, монанди тухми бодиринг, тухми харбуза,
тухми тарбуз ва ғайра.
Маълум бод, ки давоҳо ва ғизоҳо феълҳои умумӣ
доранд, монанди: тасхин (гарм кардан), тафриқи ҳорр
(гармиро ҷудо кардан), табрид (хунук кардан), такси-
фи борид (ғафскунандаи хунукӣ), талйин ва саялони
ратб (мулоим ва равон кардани чизи тар), тайбис
(хушк кардан). Хар яке аз ин давоҳо сифатҳои хосе
15
доранд ки монанди феълҳои умумии онҳо мебошанд,
масалан: тафтеҳ (кушодани гиреҳҳо), тасдид (банд
кардани маҷроҳо), радд (манъ кардан аз равиш), таҳ-
лил (ҳал кардан, гардонидани варамҳо) ва монанди
инҳо.
Ҳар давоҳо хислати махсусро соҳибанд, ки ҳаждаҳ
қисмро дарбар мегиранд: ба ин тариқ, ки ғизо гоҳ дар
ҷигар хуб ҳазм меёбад —инро солеҳ-ул-каймус мено-
манд ва гоҳ ҳазмаш дар ин узв бад мебошад, ки ин
навъашро фосид-ул-каймус мехонанд. Ғизои солеҳ-ул-
каймус он аст, ки аз он хуни софи табиӣ пайдо меша-
вад ва дар он ахлоти дигар омехта намебошад, вале
ба қадри ҳоҷат омехта гардад, низ равост. Ғизои фо-
сид-ул-каймус он аст, ки аз он хуни ғайри соф пайдо
мешавад, яъне дар он ахлоти дигар ҳам омехта мебо-
шанд— ин бар хилофи ғизои солеҳ-ул-каймус аст. Ҳар
як аз ин ду намуди ғизо ба се тақсим мешавад: ғизои
сараи хушҳазм, бадҳазм ва мӯътадили байни ин ҳар
ду. Боз се қисми дигар дорад: касир-ул-ғизо, яъне ғи-
зоияташ зиёд; қалил-ул-ғизо, яъне ғизоияташ кам ва
мӯътадили байни ин ҳар ду. Касир-ул-ғизо он аст, ки
баъд аз хӯрдан аз он хуни бисёр пайдо мешавад, ва-
ле қалил-ул-ғизо он аст, ки аз он хун камтар ҳосил ме-
гардад, аммо миёнаҳоли байни ин ҳар ду бошад, аз он
миқдори хун ба андозаи мӯътадил ба амал меояд.
Инак, ғизоҳо аз ҳаждаҳ қисм иборат аст, се зарби
шаш (3X6) ва ба ибораи дигар он аст, ки ғизо ё ла-
тифи сабук аст, монанди исфанох, ё ғализ аст монан-
ди панир ва ё мӯътадил, монанди обгӯшти бузғола.
Ҳар воҳиди аз он ҳар се ё сара аст, монанди обгӯшти
чӯҷаи мурғ, тухми мурғ, моҳии реза ё мӯътадил аст,
монанди обгӯшти бузғола, нахӯд, нони нав пухташу-
да, ва ё носара аст, монанди хардал (горчица), сир
(чеснок) ва пиёз. Ҳар яки аз инҳо ё касир-ул-ғизо аст,
монанди зардаи тухми мурғи нимпухта (нимбирён), ё
дар ғизоят мӯътадил, монанди нахӯдшӯрбо бо асал, ё
қалил-ул-ғизо, монанди дигар давоҳо чунончи дар ин
ҷадвал қайд мегарданд:
1а. Хуби солеҳ-ул-каймуси касир-ул-ғизо, монанди
зардаи тухми нимбирён ё бирён кардашуда, гӯшти
кабк, шароб.
1б. Вазнини солеҳ-ул-каймуси касир-ул-ғизо, мо-
нанди зардаи тухми мурғи дар равған бирён карда-
шуда.
16
1в. Мӯътадили солеҳ-ул-каймуси касир-ул-ғизо, мо-
нанди гӯшти барраи яксола.
2а. Сабуки солеҳ-ул-каймуси калил-ул-ғизо, монан-
ди анор ва себ.
2б. Сахти солеҳ-ул-каймуси қалил-ул-ғизо, монан-
ди панири нави ғайри кӯҳна.
2в. Мӯътадили солеҳ-ул-каймуси қалил-ул-ғизо, мо-
нанди шалғам.
3а. Сабуки солеҳ-ул-каймуси ғизоияташ миёнасол,
монанди нони гандуми покиза.
3б. Сахти солеҳ-ул-каймуси дар ғизоият миёнаҳол,
монанди гӯшти бачаи гов.
3в. Мӯътадили солеҳ-ул-каймуси дар ғизоият миё-
наҳол, монанди гӯшти шутурбача.
4а. Сабуки дар ҷигар бадҳазм, яъне фосид-ул-кай-
муси касир-ул-ғизо, монанди шуши ҳайвон.
4б. Вазнини дар ҷигар бадҳазм, яъне радди-ул-
каймуси касир-ул-ғизо, монанди гӯшти гов.
4 в. Мӯътадили дар ҷигар бадҳазм, яъне радди-ул-
каймуси касир-ул-ғизо, монанди карами имрӯза, яъне
каллакарам.
5а. Сабуки дар ҷигар бадҳазм, яъне фосид-ул-кай-
муси қалил-ул-ғизо, монанди турб, пиёз ва ҳар чӣ тез
ва тунд бошад.
5б. Сахти дар ҷигар бадҳазм, яъне радди-ул-кай-
муси қалил-ул-ғизо, монанди гӯшти хушк.
5в. Мӯътадили дар ҷигар бадҳазм, яъне радди-ул-
каймуси қалил-ул-ғизо, монанди зардак (сабзӣ).
6а. Сахти дар ҷигар бадҳазм, яъне радди-ул-кай-
муси ҳамчун ғизо миёнаҳол, монанди нони фатири пуш-
таш носара.
6б. Сахти дар ҷигар бадҳазм, яъне радди-ул-кай-
муси мӯътадил-ул-ғизо, монанди каллакарам.
6в. Мӯътадили дар ҷигар бадҳазм, яъне радди-ул-
каймуси мӯътадил-ул-ғизо, монанди моҳии хушк кар-
дашуда.
Подзаҳр ва тарёқ он аст, ки таъсираш дар бадан,
ҳарорати ғаризӣ (табиӣ), қувватҳо ва арвоҳ (рӯҳҳо)
ба тариқи мувофақат, муҳофазат аст ва моддаи онҳо
ба ҳадде бошад, ки дар амали дафъ ва дур кардани
газанд ва азияти заҳри ғизобахш ёрӣ ва муқобалат на-
мояд, ки инро батафсил зикр мекунем. Он, ки афюн-
ро низ тарёқ меноманд, ба таври маҷоз аст ва дар ин
амр вай ба тарёқи ҳақиқӣ шарик мебошад.
17
Ғизои зулхосията он аст, ки бо модда ва сурат —
ҳар ду таъсир мекунад, монанди равғани гӯсфанд, гов,
шир, мағзи чормағз ва монанди инҳо, ки бо вуҷуди ғи-
зо шудан ва фараҳ бахшидан боз заҳрнокшавиро дафъ
менамоянд.
Давои зулхосията он аст, ки бо кайфият ва сурат —
бо ҳар ду таъсир мекунад, монанди подзаҳри ҳайвонӣ,
ҷадвор, самғи дарахти ғор (боҳиштон), ки бо вуҷуди
тарёқият доштан заҳр ва азияти онро аз бадан дафъ
карданашон боз дар мизоҷи аслии бадан ҳарорате пай-
до менамояд.
Ғизои давоии зулхосията он аст, ки бо модда, кай-
фият ва сурат —бо ҳар се таъсир менамояд, монанди
себ ва май, ки бо вуҷуди ғизо шудан ва андак кайфия-
те бар бадан бахшидан, боз фараҳ ва сурур ҳам ме-
оваранд.
Самми (заҳри) мутлақ он аст, ки он дар бадан зид-
ди таъсири подзаҳрро эҳдос менамояд, ба зудӣ ва мӯҳ-
лат надода, узвҳои баданро фаро мегирад ва амалиёт-
ҳои табиатро муаттал (манъ) мекунад, ҳарорати ғари-
зӣ (модарзодӣ), арвоҳ ва қувваҳоро фосид ва нобуд
месозад, инчунин барои барқарор гаштани онҳо фурсат
намедиҳад, монанди биш, хӯрдани заҳраи афъӣ ва мор-
ҳои пурқувват, инчунин газидани онҳо, ки дарҳол ме-
кушад.
Давои саммӣ (заҳрнок) он аст, ки бо кайфият ва
сурати навъия — ҳар ду таъсир мекунад ва баъди таъ-
сир заҳролуд сохта, ба кайфияти аслии бадан ғолиб
меояд, монанди банги сиёҳ.
Ғизои саммӣ он аст, ки бо модда ва сурат — ҳар ду
таъсир мекунад ва баъди таъсир кардан ва ғизо шудан
бо хислати заҳри номбурда заҳролуд мегардонад, Ин
навъ ғизо дар табиат камтар—кам ёфт мешавад.
Ғизои давон саммӣ он аст, ки бо модда, кайфият
ва сурат — ҳар се таъсир мекунад ва баъди таъсир кар-
дан бо вуҷуди ғизо шудан ва кайфияти афзуни заҳро-
луд мегардонад, монанди гӯштҳои афъӣ, дигар гӯшт-
ҳои заҳрнок ва гиёҳҳои заҳрнок.
Давон мусҳили зулхосията он аст, ки бо кайфият
ва сурат — ҳар ду таъсир мекунад ва баробари ин дар
он қуввати зиёда ва шиддати таъсири исҳоловаранда
вуҷуд дорад, ки барои шикастани ин қуввати номарғуб
ба ташвия ва ғайраҳо мӯҳтоҷ мебошад. Баъди ислоҳ
ёфтанаш дар бадан ворид гашта, дар фазоҳо ва сатҳ-
18
ҳои рагҳои ҷоҳои дур ва чуқури узвҳо таъсир, нуфуз
ва сироят менамояду ба хилтҳо ва рутубатҳои рақиқи
бадан даромехта, аксари онҳоро бо воситаи бухор гар-
донидан, рақиқ сохтан, гудохтан ва аз ҷо баркандан
ва ғайраҳо дафъ мекунад, баъзеро ба таҳлил мебарад,
монанди сақмуниё, ки бо кайфияти ҳарорат пайдо кар-
дан ва сурати навъияи худ сафро ва балғамро дафъ
менамояд. Ҳамчунинанд дигар давоҳои пурқуввати ис-
ҳоловар: мозариюн, данд, харбақ ва ғайра.
Давои мусҳил (исҳоловар) он аст, ки таъсираш ба
давои мусҳили зулхосията монанд нест, балки дар ама-
лиёт аз он заифтар аст ва ба ислоҳи бисёр ҳам мӯҳ-
тоҷ намебошад, монанди сано, турбуд, навъҳои гуно-
гуни ҳалилаҳо ва монанди инҳо, ки ҳангоми саноро бо
гулисурх якҷо истеъмол кардан, турбуд ва ҳалилаҳо-
ро бо равғани бодоми ширин чарб намудан кифоя аст,
ки ислоҳ ёбанд.
Давои мулайин (нармкунанда) он аст, ки таъси-
раш аз давои мусҳил ҳам заифтар мебошад ва ба ах-
лот (хилтҳо), инчунин ба рутубати дар меъда, рӯда-
ҳо ва атрофи онҳо мавҷудбуда дарафтода, онҳоро аз
он ҷоҳо дафъ мегардонад. Вале дар давои мулайин,
монанди давои мусҳил чандон қуввате мавҷуд намебо-
шад, монанди фулуси хиёри шанбар, шакари янтоқ,
шакари сурх, хурмои ҳиндӣ, олуи сиёҳ ва монанди ин-
ҳо; аммо ин гуна давоҳо аз қуввати поккунандагӣ холӣ
нестанд. Аз ин давоҳо ҳам баъзеашон барои ислоҳ кар-
дан мӯҳтоҷ мебошанд, масалан: фулуси хиёри шанбар,
ки бояд бо равғани бодоми ширин ё равғани гулисурх
чарб карда шавад барои дафъ кардани дарафтандагӣ
ва часпандагии он ба сатҳи даруни рӯдаҳо, то ки онро
нахарошад, захм пайдо накунад ва дарунрав нагардо-
над. Вале баъзе аз онҳо ба ин гуна ислоҳ мӯҳтоҷ нес-
танд, монанди шакари янтоқ, олуи сиёҳ ва дигарҳо.
Бояд донист, ки ҳар як фарде аз инсон дар вақти
ҳоҷат ва зоҳир гаштани беморӣ ба одамони баланд ва
доно муроҷаат, яъне ба табибони ҳозиқ ва пухта ра-
ванд ва аз рӯйи фармудаи онҳо ба парҳез, истеъмоли
даво ва ғизо майл намоянд, пеши худ табобат карда,
худро ба ҳалокат нарасонанд. Ба табибон низ лозим
аст, ки ба он беморони муроҷиаткунанда камоли ҳусни
хулқ, муҳаббат ва шафқатро бедареғ харҷ намоянд,
онҳоро ба ҷойи соҳибҳуқуқ, бародарон, хоҳарон, фар-
зандон ва иёли худ донанд, аммо аз онҳо барои муола-
19
ҷа кардани худ пул, молу мулк тамаъ нанамоянд ва
барои амали худ миннат накунанд, балки ба худ мин-
нат доранд, яъне аз расидани фоидаи худ хушҳол бо-
шанд, ки он беморон боиси ба камол расидан воситаи
мавзӯъ ва санъати худи табиб гаштаанд. Низ бояд, ки
дар вақти муолаҷаи бемори маъюс-ул-илоҷ дар тахтаи
машқи табибон ва таҷрибакорон кушта нагарданд. Ва
ҳар як табиб ва таҷрибакор худро дар ин амал бадном
нагардонад ва ба хатари нохостӣ роҳ надиҳанд. Хул-
лас, барои табобати бемор таваҷҷӯҳ варзидан хоҳанд,
муддати кам ё беш мудаво намоянд, агар дардманд рӯ
ба саломат наоварад, бояд ки бо камоли шафқат ва
меҳрубонӣ аз ӯ узр хоҳанд ва бо зории бисёр бигӯ-
янд, ки ба табиби дигар муроҷаат кунад, шояд он ба
илоҷи ин беморӣ қодир бошад. Низ бояд, ки аз илм ва
амали худ мағрур нагарданд ва ҳамеша хоҳандаи ба-
рор ва илоҷи бемори пешомада бошанд, инчунин ҳеҷ
вақт аз барори муолаҷа умедро накананд. Дар ҳар
ҳолат худро аз дигар табибон боло напиндоранд, бал-
ки камина бишуморанд, низ дигар табибонро аз худ
паст надонанд ва сарзанишу таҳқир накунанд, ҳар до-
им аз аҳволу кирдорҳои онҳо бохабар истанд, яъне дар
амалияи донистани фоида ва зарари даво ва ғизоҳо,
илоҷи бемориҳо, инчунин илоҷи бемориҳо ҳамаи онҳоро
мададгор ва ёвари худ донанд ва бинанд. Ин ҳама беҳ-
тарин одоби шахсияти табиб мебошанд.
Фасли сеюм.
Дар баёни мураккаб-ул-қуво,
зулхосията ва таъсири ҳар яки онҳо
Маълум бод, ки қувватҳои давоҳо аз се мартаба
иборатанд: Мартабаи якум ҳолати маҳсус шудани да-
воҳо мебошад, ки бинобар ба ҳам мушобаҳат доштани
таъсири онҳо аз таркиби унсурҳои чоргона (об, оташ,
бод ва хок) ва ба якдигар омезиш ёфтани онҳо иборат
аст. Инро мизоҷи якум меноманд. Мартабаи дуввум
феъли махсусшавии дигари ашёи соҳибмизоҷи дуюм-
индараҷа, яъне дарк ёфтани мизоҷи дуввум ҳангоми
ба ҳам вохӯрдани чизҳои мизоҷи дуввуминдараҷа дош-
та, ки аз омезиши мизоҷи мартабаи якум ба амал ме-
ояд. Он чӣ ашёи дорои мизоҷи дуюминдараҷа аз чанд
20
чизҳое, ки ҳар якеро кайфият ва мизоҷи хос буда, ба
таври гуногун таъсир кунад, онҳо мураккаб мебошанд,
монанди гарм кардани баъзе ва хунук кардани баъзеи
дигар. Аз муттаҳид шудани таъсири кайфиятҳои ав-
вал кайфияти дуввумин ҳосил мегардад ва таъсири он
ба асарҳои чизҳои пешина монанд нест, монанди рад
(манъ кардан), қабз (банд кардан) ва масалан, аз
ин ҷумла: тасхин (гарм кардан) ва табрид (хунук кар-,
дан). Ва ҳар чӣ мизоҷи дуввумини табиӣ дошта бо-
шад, мураккаб-ул-қуво меноманд. Он чиз, ки дорои
мизоҷи сунъӣ бошад, агар мизоҷи дуввум ба қисмҳои
танҳои ӯ мувофақат кунад, он чизи мураккабро мута-
вофиқат-ул-қувват (қувватҳои бо ҳам мос) мегӯянд.
Агар мухолифи инҳо бошад, масалан, ҳам гарм кунад,
ҳам хунук гардонад, онро мутазоддат-ул-қувват (қув-
вати зиддиятнокдошта) мегӯянд. Ҳар як даворо агар
ба он ҳеҷ як монеа набошад, дар ҷойи муносибаш ис-
теъмол менамоянд. Мартабаи саввум аз ҳамон марта-
баҳои якум ва дуввум таркиб меёбад, ки бо воситаи
феълҳои сурати навъия зоҳир мешавад, монанди ҳа-
ҷар-ул-яҳуд (санги яҳудӣ) дар амали реза кардани
сангҳои гурда ва хичак (пешобдон), ки ин таъсир аз
кайфияти мизоҷи ин даво сурат мегирад, ки он ахлот-
ро пора-пора мегардонад. Ва хусусияти таъсири давои
устухудус ба майна бошад, аз гармии хоси мизоҷи он
ба амал меояд, ки ахлоти дар майна бударо бо сурати
навъияти худ рақиқ (суюқ) мегардонад. Инчунин тар-
ёқ ҳам заҳрро бо ҳамин таъсир аз бадан дафъ меку-
над бо мизоҷи дуввумин ва бо воситаи сурати навъияи
худ ин амал ба судур мерасад.
Маълум бод, бинобар қавл ва тариқи Абӯалӣ ибни
Сино, ки ӯ пешвои ҳакимон аст ва дигарон ба он, ки
пойдории суратҳои унсурия аз мураккабот иборат ме-
бошанд, қоиланд, ки мартабаҳои қувватҳо чор намуд
дорад. Онҳо равшан гардониданд, ки мизоҷи аввали аз
кайфиятҳои ба унсурҳо ва аз он, ки бо ҳам сойида ме-
шаванд, ҳосил мегардад. Таъсири аввалии онҳо марта-
баи якум аз мартабаҳо мебошад, ҳамчунин таъсири
мизоҷи дуввумин низ дигар аст, монанди шир, ки аз
обият, равған ва панир таркиб ёфтааст. Яъне шир аз
мартабаҳо бо мартабаи дигари худ таъсир мекунад ва
ба ин қиёс карда мешавад, сурати навъии таркибиро
асараш аз таъсирҳои зикрёфта дигархела мебошад.
Таъсири қисмҳои чизҳои мураккабро, ки феъл надош-
21
та бошанд, мартабае аз мартабаҳо ҳисоб намекарда-
анд. Инро ҳам бояд гӯем, ки баъзе чизҳои мураккаб су-
рати навъия надоранд, монанди хоки бо об омехташу-
да ва кафке, ки мураккаб аст аз обу ҳаво, инчунин бу-
хоре, ки аз обу оташ ҷамъ омадааст. Вале ҳар он чи
сурати навъия дошта бошад, ё маҳкам-ут-таркиб (тар-
кибаш мустаҳкам) аст ё ғайри он.
Мураккаб-ул-қуво давоест, ки ҷавҳари он аз чанд
чиз таркиб ёфтааст, ки ҳар як қисми он ҳангоми бо
дигарон таркиб ёфтан ба мизоҷи хос соҳиб мегардад.
Агар давоҳое, ки дар сурати унсурҳои чоргона таркиб
ёфта бошанду пурра омезиши ягона наёфта бошанд
ва баъд аз дар бадан ворид шудан аз ҳамдигар ҷудо
гашта, яклухт таъсир бахшида наметавонанд ва хар
яке ба таври танҳоӣ таъсир менамоянд, ки ҳар яке аз
онҳо ба як мизоҷ ва як сурат соҳиб мебошанд ва онҳо
замони дуру дароз сурати навъияи худро нигоҳ медо-
ранд— инҳоро том-ут-таркиб меноманд. Агар баъд аз
ворид шудан дар бадан қисмҳои онҳо аз ҳамдигар чу-
до гашта, ҳар яке ба таври ҷудогона таъсир ва кай-
фият зоҳир намояд, онҳоро давоҳои ноқис-ут-таркиб
мегӯянд. Зеро ҳар яки онҳо ба якдигар зид ва гуногун
буда, мувофиқи хислати худ баъзе ба зудӣ, баъзе ба
дерӣ таъсир мебахшанд, монанди ҳаҷар-ул-яҳуд, ҷад-
вор, чӯби чинӣ, гулисурх, гулоб ва аксари давоҳои под-
заҳрияву тарёқия, инчунин ҳамаи давоҳои боҳафзо,
мисли сабзии саҳроӣ, ҷавзи бавво, баҳманҳо, занҷабил
ва монанди инҳо. Дар ин гуна давоҳои растанигӣ ак-
сар рутубати фузлия ба рутубати аслияи он ғолиб ме-
бошад.
Бояд дар ин ҷо равшантар баён намоем, ки рутуба-
ти фузлия аз рутубати аслия дигар буда, ин иборат аз
он, ки дар қисмҳои тамоми он чиз омезиш наёфта ва
дар андак замоне баъзе қисми он ба таҳлил мераваду
ҷирми онро тарқида месозад, ки баъзе бо воситаи бад-
бӯ шудан дар худ кирм пайдо карда, ҷирмашро мехӯ-
рад ва рафта-рафта тамоми онро нобуд мегардонад.
Ё ки давои зулхосията. Дар ин ҷо аввал маънои ка-
лимаи хосиятро бифаҳмонем, ки хосият бо табдилёбии
феълҳо якҷоя таъсирҳои дуввумини давоҳоро мено-
манд. Инак, кайфияти аввалии давоҳо аз гармӣ, сардӣ,
тарӣ ва хушкӣ иборат буда, аз инҳо латофат (нозуки),
суръати таъсир, кушодани гиреҳҳо, рақиқ гардонидан,
22
гудохтан, таҳлил додан ва монанди инҳо зоҳир мегар-
данд: инчунин таъсирҳои сеюминдараҷаро низ ҳамчу-
нин меноманд, монанди реза-реза кардани сангҳои гур-
да ва хичак, кушодани гиреҳҳо, қувват бахшидан ба
рӯҳҳо, ба бадан, инчунин дафъ кардани заҳрнокшавӣ.
Агар ин даво ба мизоҷи бадан, рӯҳҳо ва ҳаёти одами
мувофақат кунад, подзаҳр ё тарёқ меноманд. Вале
агар ба онҳо зид ва муносабат надошта бошад, онро
заҳр меноманд, зеро аз он мухолифи феълҳои қувват-
ҳо, арвоҳ ва мизоҷи бадан зоҳир мегардад. Бо ифодаи
дигар гӯем, зулхосията он аст, ки таъсираш на бо кай-
фият, балки бо сурат мебошад. Аз ин ҷиҳат ин суратро
сурати навъия меноманд, ки аз он ба навъҳои гуногун
аз якдигар ҷудо гаштаанд ва ҳар яке ба худаш хос
таъсир мебахшад. Хуллас, таъсири давои соддаи бо-
кайфият нисбатан ҷузъист, вале таъсири давои мурак-
каб-ул-қуво аз он зиёда буда соҳиби ҷиҳатҳои бисёр
аст.
Таъсири подзаҳр ва тарёқ. Пас, бояд донист, ки
таъсири подзаҳр бинобар мураккаб-ул-қуво будани он
пойдор аст ва ҳам аз ҷиҳати муносабат ва ба сӯйи худ
кашидани он заҳрро мебошад, инчунин заҳр ҳам дар
навбати худ ба сӯйи подзаҳр майл мекунад, агар ҳар
дуи инҳо бо ҳам вохӯранд. Дар ин амал подзаҳр ба-
робари муҳофизат кардани арвоҳ, мизоҷ ва қувватҳои
бадан, боз маҷроҳои баданро мекушояд, босуръат ну-
фуз мекунад ва ба ҷоҳои чуқури бадан фурӯ мераваду
заҳрро ба худ мекашад. Ҳангоми он навъ —навъҳо, та-
рӣ, қувватҳо ва арвоҳи бадан ҳама бо ҳам алоқадор,
инчунин муттаҳиданд ва иттиҳоди ягона ва табиати
парваришдиҳандаи бадан, инчунин нафси ҳайвонии зуд
ҳаракаткунандаю нигоҳдоранда—ҳама муттаҳид бо-
шанд, инак, дар бадан ворид гаштани даво таъсири
он ба тамоми бадан мерасад. Чунончи, ҳангоми сустӣ
ва гуруснагии шадид баробари дар бадан дохил шу-
дани давои қувватбахш ва ғизои сара (хусусан агар
сабук бошад), ҳамон замон бадан қувват мегирад. Ам-
мо таъсири ғизо баробари дар меъда ворид гаштан ба
ду сабаб молик мегардад: 1. Он ки қисмҳои латифи
(нозуки) он бо воситаи рутубати аввала, ҳарорат, қув-
ватҳо, рӯҳҳо ва пайвасташавии онҳо бо ҳам дафъатан
ба тамоми бадан мерасаду боиси афзойиш ёфтани қув-
ватҳо ва рӯҳҳо мегардад. 2. Он ки табиати парвариш-
диҳанда ва ҳомии бадан он чи аз ғизои омада захира
23
нигоҳ доштааст, дар вақти тамом харҷ шудани он ан-
дак-андак дар бадан сарф менамояд. Таъсири подзаҳр
ва тарёқҳо ҳам дар сурат ҳамин тариқ аст.
Аммо тарёқи аз морҳои афъӣ тайёр кардашуда
хислатҳои дигар ҳам дорад. Он чӣ дар он гӯштҳои
морҳои афъӣ ҳаст, шояд ба ғайр аз он хислати ном-
баршуда хосияти дигар низ дошта бошад, ки он гӯшти
мори афъӣ заҳрҳоро ба худ мекашад. Бинобар ҳамин
ҳакимон таъкид намудаанд, ки ҳангоми гирифтани мо-
ри афъӣ ва дар вақти буридани сару думи он бояд, ки
азият ба он нарасад, захмин ва лоғар нашавад. Онро
дар давраи баркамол будани қувваташ ба ғазаб ова-
ранд, то он, ки тамоми заҳри баданаш ба сар ва ду-
ми он ояд. Ана ҳамон лаҳза ҳар чӣ зудтар сару думи
онро якҷо оварда, бо як зарби табар ё дигар олат қатъ
намоянд, яъне бибурранд, ки сару думи он дафъатан
ҷудо гарданд ва заҳр мутлақан дар баданаш боқӣ на-
монад. Инак, гӯшти он кашандаи заҳрҳо ба худ ме-
гардад монанди он, ки агар давоҳоро дар об ҷӯшо-
нанд, ҳангоми ҷӯш хӯрдан қисми шифобахши худро ба
об медиҳанд ва агар дар гармии он он обро аз он да-
вои дар он ҷӯшонидашуда ҷудо карда нагиранд ва
ҷирми он дар об монаду он об хунук шавад, он ҷирм
қисми даворо аз нав аз об ба худ .мекашад. Низ ба-
рои зиёд гаштани таъсир, қувватбахшӣ ва мадад ба
амалҳои номбурда ҳамаи тарёқҳо (хусусан тарёқи
морҳои афъӣ)-ро дар хамр (шароб) меандозанд, то он,
ки бо суръати тамом ба ҷоҳои дур ва чуқури бадан
нуфуз намуда ва фурӯ рафта, заҳрро ба худ бикашад
ва аз бадан дафъ гардонад. Ҳамин тариқ баъди онро
тановул кардан аввал бадан гарм мегардад ва баъди
он арақи часпаки бадбӯ дафъ мешавад. Дар аксари
ҳолат аз ин пешоб ва саргин ҳам ҳамон тавр бадбӯ
мегарданд. Бинобар ҳамин бе ҳоҷат истеъмол кардани
ҳамаи подзаҳр, тарёқҳо ва давоҳои дигари пурзӯрро
манъ намудаанд, зеро зарар меоварад. Аммо агар ба
онҳо ҳоҷат афтад, истеъмоли онҳоро аз меъёри муай-
ян зиёд нагардонанд.
Инчунин таъсири заҳр бо воситаи асари дар боло
зикрёфта бо зиддият ва болодастии худ ба табиат ва
пурра фарогир гаштани бадан, вайрон ва нобуд кар-
дани ҳарорати ғаризия (модарзодӣ), қувватҳо, рӯҳҳо
ба рутубатҳо мебошад. Заҳр, ки маҷроҳои бадан ва
фазоҳои онро қабз мекунад ва ҳамаи воситаҳои ҳаёти-
24
ро ба чанг мегираду хомӯш мегардонад, дар ин вақт
ранги башара ва ҷоҳои дигари бадан зард ва рафта-
рафта кабуду сиёҳ тофта, ҳарорати бадан ба сардӣ
табдил меёбад.
Муаллифи китоби «Ихвон-ус-сафо» (яъне «Дӯстони
поктинат») навиштааст, ки заҳрҳо ду навъанд: гарм-
мизоҷ ва сардмизоҷ. Таъсири заҳрҳои гарммизоҷ дар
бадан бо воситаи гудохта нобуд кардани рутубатҳо ме-
бошад. Давидани онҳо монанди давидани заъфарон
дар об аст, ки дар як лаҳза тамоми онро рангин ме-
гардонад ва дигаргун месозад. Аммо заҳрҳои сардми-
зоҷ бо воситаи шах кардан ва баста гардонидани хун,
рутубатҳо ва рӯҳҳои нозуки аъзо, ки устувории ҳаёт
ба онҳо вобаста аст, дар бадан таъсир менамоянд. Ҳа-
ракати онҳо монанди панирмоя ва мояи ҷурғот аст, ки
дар шир мезананд ва онро дар андак замон баста ва
ғафс мегардонад. Аммо феъл ва таъсири давоҳои мус-
бӣ ва тарёқҳо баръакси он мебошад, яъне модда, ар-
воҳ, қувват ва рутубатҳои бадан дар ҳоли табоҳ бо-
шанд, қисм бар қисм пойдории онҳоро барқарор ме-
гардонад, инчунин бемориҳоро низ аз ҳар ҷойи бадан
дафъ мекунанд.
Ба мундариҷа
|