Мақомҳои берун аз Шашмақом-1


Boymuhammad_Niyoz

Боймуҳаммад Ниёзов (1927–01.02.2009)

1   2   3   4  

Таҳрири охирин 21.04.2024


Ин гуна сурудҳои классикиро мо шартан «мақомҳои берун аз Шашмақом» номидем. Зеро онҳо ҳарчанд аз тарафи шашмақомхонон иҷро шаванд ҳам, дар гурӯҳбандӣ ба Шашмақоми тоҷик дохил намешаванд.

Бештари ин мақомҳо оҳангҳои мардумии бостонианд, ки таърихи чандинҳазорсола доранд ва дар замони худ ба силсилаи «Дувоздаҳмақом» шомил буданд.

Бахши дигар маҳсули оҳангсозӣ ва такмили ҳунармандони саршинохтаи тоҷик Содирхон Ҳофиз Бобошарифови Хуҷандӣ (1847-1931), Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулови Самарқандӣ (1852-1936), Худойбердӣ Ҳофизи Исфарагӣ бо лақаби Зебопарӣ (1826-1910), Умар Ҳофизи Исфарагӣ (1884-1935), Ака Шариф Ҷӯраеви Дарвозӣ (1896-1966) ва дигаронанд. Ҳофизони шашмақомхони имрӯза (Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Наимҷон Маҳкамов ва дигарон) низ баъзе оҳангҳои бостониро такмил додаанд.


Баёти 2

Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ)
(мақоми Баёт)

Эй ёри ман, эй ёри ман, эй ёри безинҳори ман,
Эй ҳаҷри ту дилсӯзи ман, эй лутфи ту ғамхори ман.
Эй дар замин моро қамар, эй нимашаб моро саҳар,
Эй дар хатар моро сипар, эй абри шаккарбори ман.
Эй абри шаккарбори ман.
Хуш меравӣ дар ҷони ман, чун мекунӣ дармони ман,
Эй дину эй имони ман, эй баҳри гавҳарбори ман.
Эй ҷони ман, эй ҷони ман, султони ман, султони ман,
Дарёи бепоёни ман, болотар аз пиндори ман.
Эй хоки ту афлоки ман, эй заҳри ту тарёки ман,
Шавқи дили ғамноки ман, шавқи ҳама асрори ман.
Шавқи ҳама асрори ман.
МАТНИ ШЕЪР:
Эй ёри ман, эй ёри ман, эй ёри безинҳори ман,
Эй дилбару дилдори ман, эй маҳраму ғамхори ман.
Эй дар замин моро қамар, эй нимашаб моро саҳар,
Эй дар хатар моро сипар, эй абри шаккарбори ман.
Хуш меравӣ дар ҷони ман, чун мекунӣ дармони ман,
Эй дину эй имони ман, эй баҳри гавҳарбори ман.
Эй шабравонро машъала, эй бедилонро силсила,
Эй қиблаи ҳар қофила, эй қофиласолори ман.
Ҳам раҳзанӣ, ҳам раҳбарӣ, ҳам Моҳиву ҳам Муштарӣ,
Ҳам ин сарӣ, ҳам он сарӣ, ҳам ганҷу истизҳори ман.
Чун Юсуфи пайғомбарӣ, оӣ, ки хоҳам Муштарӣ,
То оташе андар занӣ дар Мисру дар бозори ман.
Ҳам Мусиӣ бар Тури ман, Исии ҳар ранҷури ман,
Ҳам нури нури нури ман, ҳам Аҳмади мухтори ман.
Ҳам муниси зиндони ман, ҳам давлати хандони ман,
Валлаҳ, ки садчандони ман, бигзашта аз бисёри ман.
Гӯйӣ маро: «Барҷаҳ, бигӯ». Гӯям: «Чӣ гӯям пеши ту?»
Гӯйӣ: «Биё, ҳуҷҷат маҷӯ, эй бандаи таррори ман».
Гӯям, ки : «Ганҷи шойгон». Гӯяд: «Бале, не ройгон,
Ҷон хоҳаму он гаҳ чӣ ҷон!» Гӯям: «Сабук кун бори ман».
Гар ганҷ хоҳӣ, сар бинеҳ в-ар ишқ хоҳӣ, ҷон бидеҳ,
Дар саф даро вопас маҷаҳ, эй Ҳайдари Каррори ман.

Ғазали Шамси Табрезӣ (Ҷалолуддини Балхӣ)

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Мирсалим Ашуров. Баёти 2.mp3

Баёти 4

Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ)
(мақоми Баёт)

Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дуруштиҳои ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст,
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир наздат шодмон ояд ҳаме.

Ғазали Рӯдакӣ

Гулъузорам

Суруди классикӣ дар ҳавои «Гулъузорим»-и Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ,
интихоби матни тоҷикӣ ва нахустиҷрои Ҷӯрабек Муродов
(бо тавсияи устод Сотим Улуғзода)

Рӯзгор ошуфтатар ё зулфи ту, ё кори ман?
Зарра камтар ё даҳонат, ё дили ғамхори ман?
Шаб сияҳтар ё дилат, ё ҳоли ман, ё ҳоли ту?
Шаҳд хуштар ё лабат, ё лафзи гавҳарбори ман?

Эй гулъузорам, воей, раҳме ба ҳолам,
Раҳме ба ҳолам, воей, эй гулъузорам,
Ашкони манро ту марез, нигорам.

Назми Парвин хубтар ё дурр, ё дандони ту?
Қомати ту росттар ё сарв, ё гуфтори ман?
Васли ту дилҷӯйтар ё шеърҳои нағзи ман?
Ҳаҷри ту дилсӯзтар ё нолаҳои зори ман?

Эй гулъузорам, воей, раҳме ба ҳолам,
Раҳме ба ҳолам, воей, эй гулъузорам,
Ашкони манро ту марез, нигорам.

Сабри ман кам ё вафои некувон, ё шарми ту?
Хубии ту бештар ё андуҳу тимори ман?
Чашми ту хунрезтар ё чарх, ё шамшери шоҳ?
Ғамзаи ту тезтар ё теғ, ё бозори ман?

Эй гулъузорам, воей, раҳме ба ҳолам,
Раҳме ба ҳолам, воей, эй гулъузорам,
Ашкони манро ту марез, нигорам.
МАТНИ ШЕЪР:
Рӯзгор ошуфтатар ё зулфи ту, ё кори ман?
Зарра камтар ё даҳонат, ё дили ғамхори ман?
Шаб сияҳтар ё дилат, ё ҳоли ман, ё ҳоли ту?
Шаҳд хуштар ё лабат, ё лафзи гавҳарбори ман?
Назми Парвин хубтар ё дурр, ё дандони ту?
Қомати ту росттар ё сарв, ё гуфтори ман?
Васли ту дилҷӯйтар ё шеърҳои нағзи ман?
Ҳаҷри ту дилсӯзтар ё нолаҳои зори ман?
Меҳру маҳ рахшандатар ё рои ман, ё рои ту?
Осмон гардандатар ё хӯйи ту, ё кори ман?…
Сабри ман кам ё вафои некувон, ё шарми ту?
Хубии ту бештар ё андуҳу тимори ман?
Чашми ту хунрезтар ё чарх, ё шамшери шоҳ?
Ғамзаи ту тезтар ё теғ, ё бозори ман?

Ғазали Шопури Нишопурӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ҷӯрабек Муродов. Гулъузорам.mp3

Гулъузорам (2)

Суруди классикӣ, оҳанги Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулови Самарқандӣ

Тарки соғар кардаму андар хумораш сӯхтам,
Тарки дилбар кардаму дар раҳгузораш сӯхтам.
То ба дарёи диле рафтам ба сад дарёдилӣ
Бе канораш об гаштам, дар канораш сӯхтам.
Содалавҳон ишқро нодида донистанду ман
Дидаму донистаму дар интизораш сӯхтам.
Бодахорон зиндагиро бо қадаҳ хӯрданду ман
Дар қатори оқилони ҳушёраш сӯхтам.
Аҳли дил сӯзанд агар аз нобарориҳои дил,
Ман ба саҳни зиндагонӣ аз барораш сӯхтам.
Сабзаҳо сӯзанд агар дар зери гармои тамуз,
Ман тару тоза дар оғози баҳораш сӯхтам.

Ғазали Лоиқ

Дугоҳи 1

Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ)
(мақоми Дугоҳи Ҳусайнӣ)

Гуфтӣ ба мо, ки он гули рухсор нозук аст,
Сар то ба пойи нахли қади ёр нозук аст,
Ҳарчанд гуфтугӯйи ту бисёр нозук аст,
Кам гӯ сухан, ки хотири дилдор нозук аст,
Бори гуҳар намекашад, ин тор нозук аст.

Мутриб, садои нағмаи дерин чӣ медиҳӣ?
Таклифи ман ба боғу раёҳин чӣ медиҳӣ?
Ҳар дам навиди лолаву насрин чӣ медиҳӣ?
Соқӣ, ту май ба ҷоми булурин чӣ медиҳӣ?
Аз гул пиёла соз, лаби ёр нозук аст…

Беҳуда гуфтугӯ накунам пеши чашми ёр,
Зеро ки табъи мардуми бемор нозук аст.

Мухаммаси Рофеъ бар ғазали Мулҳам

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Озода Ашурова. Дугоҳи 1.mp3

Дугоҳи 1 (2)

Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ)
(мақоми Дугоҳи Ҳусайнӣ)

Имшаб ту боз чашму чароғи кӣ будаӣ,
Ҷонам бисӯхт, марҳами доғи кӣ будаӣ?
Эй боғи навшукуфта, куҷо рафтаӣ чу абр,
Эй сарви наврасида ба боғи кӣ будаӣ?
Ман чун чароғ чашм ба роҳи ту доштаам,
Эй нури ҳар ду дида, чароғи кӣ будаӣ?
Дорам ҳазор тафриқа дар гӯшаи фироқ,
К-аз фориғони базм фароғи кӣ будаӣ?
Эй гул, ки ҷон зи бӯйи хушат тоза мешавад,
Мурдам зи рашк, атри димоғи кӣ будаӣ?
Боз ин ғубор чист, Ҳилолӣ, ба рӯйи ту?
Дар кӯйи маҳвашон ба суроғи кӣ будаӣ?

Ғазали Ҳилолӣ

Дугоҳи 3

Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ)
(мақоми Дугоҳи Ҳусайнӣ)

Кай шавад мафҳуми ҳар бегона шарҳи ҳоли ман? 2б
Дигаре ҷуз дӯст огаҳ нест аз аҳволи ман. 2б
Мурғи тасвирам, маро дар дил ғами парвоз нест,
Аз ман чаро ранҷидаӣ,
Рӯзи аввал баста бар мӯе мусаввир боли ман. 2б
Бо ғами ҳаҷри ту шабҳои ҷудоӣ рози дил 2б
Мекунад изҳор бе имо забони лоли ман. 2б
З-интизори мақдамат, Қассоб, дар роҳи талаб,
Аз ман чаро ранҷидаӣ,
Ман шудам помоли сабру сабр шуд помоли ман. 2б
МАТНИ ШЕЪР:
Кай шавад маълуми ҳар бегона шарҳи ҳоли ман?
Дигаре ҷуз дӯст огаҳ нест аз аҳволи ман.
Чун зи хеш огаҳ тавонам гашт, к-аз бахти сиёҳ
Тор созад хонаи оинаро тимсоли ман.
Мурғи тасвирам, маро дар дил ғами парвоз нест,
Рӯзи аввал баста бар мӯе мусаввир боли ман.
Ҳамчу доғи лола аз беҳосилӣ дар ин чаман
Менамояд тирабахтӣ дар қабои оли ман.
Шоҳроҳи ишқро нозам, ки дар ҳар як қадам
Ғам ду манзил пеш меояд ба истиқболи ман.
Бо ғами ҳаҷри ту шабҳои ҷудоӣ рози дил
Мекунад изҳор бе имо забони лоли ман.
Зоҳидо, бархез, то қисмат кунем асбоби айш,
Ҳури ҷаннат аз ту, дарди доғи ҷонон моли ман.
З-интизори мақдамаш, Қассоб, дар роҳи талаб,
Ман шудам помоли сабру сабр шуд помоли ман.

Ғазали Қассоби Кошонӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Мирсалим Ашуров ва Сардорбек Солиев. Дугоҳи 3.mp3

Дугоҳи 4

Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ)
(мақоми Дугоҳи Ҳусайнӣ)

Ин ҳама хуноба, к-андар чашми гирёни ман аст,
Гашта пайдо аз ҷароҳатҳои пинҳони ман аст. 2б
Қосиди ҷонон, ки ояд баҳри қатли дигаре,
Қосиди ҷонон магӯ, к-ӯ қосиди ҷони ман аст. 2б
Хоб дидам дӯш, ки он лаб мегазам, инак ҳанӯз,
Дар лабаш монда нишони захми дандони ман аст. 2б
Аз ҷигар Ҷомӣ кабоб овар, зи хуни дил шароб,
К-имшаб он хунхораи бадмаст меҳмони ман аст. 2б
МАТНИ ШЕЪР:
Ин ҳама хуноба, к-андар чашми гирёни ман аст,
Гашта пайдо аз ҷароҳатҳои пинҳони ман аст.
Қосиде. к-ояд зи ҷонон баҳри қатли дигарон,
Қосиди ҷонон магӯ, к-ӯ қосиди ҷони ман аст.
Парда аз рози дилам чун ғунча бархоҳад гирифт,
Чокҳо, к-аз шавқи ӯ андар гиребони ман аст.
Мешавам хоки раҳат, эй бод, гарди ман бубар,
Ҳар куҷо ҷавлонгаҳи сарви хиромони ман аст.
Хоб дидам дӯш, к-он лаб мегазам, инак ҳанӯз,
Дар лабаш монда нишон аз захми дандони ман аст.
Ҳар шаб аз ташбеҳи худ фавҷи малак монанд боз,
Баски бар авҷи фалак фарёду афғони ман аст.
Аз ҷигар Ҷомӣ кабоб овар, зи хуни дил шароб,
К-имшаб он хунхораи бадмаст меҳмони ман аст.

Ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Мирсалим Ашуров ва Сардорбек Солиев. Дугоҳи 4.mp3

Зулфи парешон

Суруди классикӣ

Соқӣ, магар аз базми ҳаё дар задаӣ боз?
Оташ ба дили шишаву соғар задаӣ боз.
Он зулфи парешон задаӣ, шона надорад,
Бар дафтари дилҳо зи чӣ мистар задаӣ боз?
Он зулфи парешон задаӣ, шона надорад,
Бар дафтари дилҳо зи чӣ мистар задаӣ боз?
Афрӯхтаӣ чеҳра зи тоби арақи шарм,
Бар кулбаи мо оташи дигар задаӣ боз.
Бо тирадилӣ кас нашавад маҳрами чашмат,
Эй сурма, чаро ҳалқа бар ин дар задаӣ боз?
Бедил, зи фурӯғи гуҳари назми ҷаҳонтоб
Доман ба чароғи маҳу ахтар задаӣ боз.
МАТНИ ШЕЪР:
Ҷоме магар аз базми ҳаё дарзадаӣ боз?
К-оташ ба дили шишаву соғар задаӣ боз.
Он зулфи парешон задаӣ шона, надонам,
Бар дафтари дилҳо зи чӣ мистар задаӣ боз?
Бар гӯшаи дастори ту он лолаи сероб,
Лахти ҷигари кист, ки бар сар задаӣ боз?
Эй соғари табхола, аз ин ташна саломе,
Хуш хайма бар он чашмаи Кавсар задаӣ боз!
Махмуриву мастӣ ҳама фарш аст ба роҳат,
Чун чашми худ имрӯз чӣ соғар задаӣ боз?
Абри чӣ баҳор аст, ки бар бисмили нозат
Теғи мижа бо барқ баробар задаӣ боз?
Ҳуш дор, ки парвози ғурурат нарабояд,
Дил байзаи ваҳм асту таҳи пар задаӣ боз!
Бар ҳастии мавҳум мачин хиҷлати таҳқиқ,
Бар киштии дарвеш чӣ лангар задаӣ боз?
Аз хок дамидан ба қабо сарфа надорад,
Эй гул, зи гиребони кӣ сар барзадаӣ боз?
Бедил, зи фурӯғи гуҳари назми ҷаҳонтоб
Доман ба чароғи маҳу ахтар задаӣ боз.

Ғазали Бедил

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ҷумъабой Қӯзиев. Зулфи парешон.mp3

Каримқулбегии Содирхон

Суруди классикӣ, оҳанги Содирхон Ҳофиз Бобошарифови Хуҷандӣ

Ба сад афсона шаб дар хоб созам посбонашро,
Равам он дам ба коми дил бибӯсам остонашро.
Ба сад афсона шаб дар хоб созам посбонашро,
Равам он дам ба коми дил бибӯсам остонашро.
Пас аз мурдан аҷаб набвад, ки Маҷнун боз ҷон ёбад,
Саги Лайлӣ агар рӯзе бибӯяд устухонашро.
Зи атри кокулаш аз сӯзи ҳиҷрон дил саросема,
Чу мурғе, к-он ба шаб гум карда бошад ошёнашро.
Гадоеро чӣ ҳадди он, ки бо шоҳе шавад ошиқ,
Чу шоҳонанд дар хизмат сагони остонашро.
Ҳумоюн, ончунон гум карда пай дар водии ҳиҷрон,
Ки пайдо нест, чандоне ки меҷӯям нишонашро.

Ғазали Ҳумоюн

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ансамбл. Каримқулбегии Содирхон.mp3

Кӯчабоғӣ

Суруди классикӣ

Яксар шарори ишқаму оҳам забона аст,
Оинадори дардаму ҳайрат баҳона аст.
Хирман кунед донаи гавҳар зи ашки ман,
Дар ҳар тараф, ки сели сиришкам равона аст.
Мо ошиқему шуҳраи офоқ гаштаем,
Аз мо басе ба олами имкон фасона аст.
Набвад ба сози пардаи «Ушшоқ» зеру бам,
Оҳанги сози нағмаи мо з-ин тарона аст.
Ашке, ки мечакад ба раҳи интизори ӯ,
Дар киштзори муҳраи уммед дона аст.
Туғрал, гузаштаам зи таманнои қасру ҷоҳ,
Боми фалак, ки бар сари ман сақфи хона аст.
МАТНИ ШЕЪР:
Яксар шарори ишқаму оҳам забона аст,
Оинадори дардаму ҳайрат баҳона аст.
Хирман кунед донаи гавҳар зи ашки ман,
Дар ҳар тараф, ки сели сиришкам равона аст.
Эй нохудо, ту лангари киштӣ зи сабр кун,
Баҳри муҳити ишқ аҷаб бекарона аст!
Мо ошиқему шуҳраи офоқ гаштаем,
Аз мо басе ба олами имкон фасона аст.
Набвад ба сози пардаи «Ушшоқ» зеру бам,
Оҳанги сози нағмаи мо з-ин тарона аст.
Ҳайронам аз хаданги камони расои ӯ,
Ҳар ҷо дилест, тири ғамашро нишона аст.
Ашке, ки мечакад ба раҳи интизори ӯ,
Дар киштзори муҳраи уммед дона аст.
Туғрал, гузаштаам зи таманнои қасру ҷоҳ,
Боми фалак, ки бар сари ман сақфи хона аст.

Ғазали Туғрал

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Сабоҳат Наҷмиддинова. Кӯчабоғӣ.mp3

Қалъабандӣ

Суруди классикӣ, оҳанги Акашариф (Шариф Ҷӯраев)-и Дарвозӣ

Эй ҳузури мақдамат, дар зиндагӣ бурҳони ман,
Мурда будам, зиндаам кардӣ, биё, эй ҷони ман.
Пеш меомад ба ҳар ҷо дар раҳат барги гуле,
Бурда буд оинае аз дидаи ҳайрони ман.
Баҳри побӯси ту ҳар ҷо сабзае сар мекашид,
Дошт бо худ нусхае аз касрати мижгони ман.
Интизорӣ доштам дар гӯшаи вайронае,
Юсуфистон кард фазлат кулбаи эҳзони ман.
Бедил, аз сози дилу дасти тиҳӣ шармандаам,
Ҷуз дуо дигар чӣ ояд аз ману сомони ман.
МАТНИ ШЕЪР:
Эй ҳузури мақдамат дар зиндагӣ бурҳони ман!
Мурда будам, зиндаам кардӣ, биё, эй ҷони ман!
Дида бо дидор чун оина аҳде баста буд,
Кардаам забти нафас, то нагсилад паймони ман.
Бо ҳама дурӣ ҳузури қурби ёре доштам.
Бо камоли бехудӣ ғафлат набуд имкони ман.
Ҳар қадам ранги дигар пар мекушуд, огоҳ бош!
Дар тарабгоҳи хиромат гарди болафшони ман.
Пеш меомад ба ҳар ҷо дар раҳат барги гуле,
Бурда буд оинае аз дидаи ҳайрони ман.
Баҳри побӯси ту ҳар ҷо сабзае сар мекашид,
Дошт бо худ нусхае аз ҳасрати мижгони ман.
Ҳар куҷо мехӯрд овозе ба гӯши нозукат.
Бо тапиш сар мекашид он ҷо дили нолони ман.
Аз манозил маънии абёт медодам нишон,
Ҷода ҳам пеши ту сатре буд аз девони ман.
Интизоре доштам дар гӯшаи вайронае,
Юсуфистон кард фазлат кулбаи эҳзони ман.
Туҳфае мехостам назри хиромат оварам,
Бенавоӣ узри тоқат рехт дар домони ман.
Бедил, аз сози дилу дасти тиҳӣ шармандаам,
Ҷуз дуо дигар чӣ ояд аз ману сомони ман!

Ғазали Бедил

Қалъабандӣ (2)

Суруди классикӣ, оҳанги Акашариф (Шариф Ҷӯраев)-и Дарвозӣ

Баъд аз ин ҳаргиз набинад ҳеҷ ғамхори дигар,
Ҳамчу ман майхораву мисли ту хуммори дигар.
Эй хирқаи пашмина бифрӯшему нафрӯшем хум,
Бар сари гесуи ту бандем зуннори дигар.
Май, агар ин асту ин масти азизон мекунӣ,
Бас намедорем мо ҷуз ошиқӣ кори дигар,
Соқӣ, медорӣ чандоне ки май аз дасти мо,
Эй мехӯрему боз мегӯем: «Як бори дигар!»
Ҳурмати дастори Ҳофизро бидор, эй майфурӯш,
Ки ҷуз ин куҳна надорад ҳеҷ дастори дигар.
Баъд аз ин ҳаргиз набинад ҳеҷ ғамхори дигар.

?Ғазали Ҳофиз

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ҷӯрабек Муродов. Қалъабандӣ.mp3

Қашқарчаи Ушшоқи Содирхон

Суруди классикӣ, оҳанги Содирхон Ҳофиз Бобошарифови Хуҷандӣ

Эй, ки мепурсӣ зи ман, к-он моҳро манзил куҷост,
Манзили ӯ дар дил аст, аммо надонам дил куҷост?!
Ҷони пок аст он парирухсор аз сар то қадам,
В-арна шакле инчунин дар нақши обу гил куҷост?!
Носеҳо, ақл аз муқимони сари кӯяш махоҳ,
Мо ҳама девонаем, ин ҷо каси оқил куҷост?!
Орзуи соқию пири муғон дорам басе,
Он ҷавони хубрӯ в-он муршиди комил куҷост?
Дар шаби васл аз суроғи моҳи гардун фориғам,
Инчунин моҳе, ки ман дорам, дар он маҳфил куҷост?!
Чун, Ҳилолӣ, ҳосили мо дарди ишқ омад басе,
Ишқбозонро ҳавои зуҳди беҳосил куҷост?!

Ғазали Ҳилолӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Алишер Бобоҷонов. Қашқарчаи Содирхон.mp3

2. Сабоҳат Наҷмиддинова. Қашқарчаи Содирхон.mp3

1   2   3   4  

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.