Таҳрири охирин 20.12.2024
Имрӯз дар моҳвораҳо бастаи барномаҳои ТВ ва радиои тоҷикро дарёфтан мумкин аст, ки таркибаш чунин аст:
Tojikiston, Safina-HD, Bahoriston-HD, Jahonnamo-HD, TV-Varzish-HD, Sinamo-HD, ТМТ (Шаҳнавоз)-HD, Душанбе-HD, Futboll-HD, TV-Badakshon, TV-Khatlon, TV-Kulob, TV-Sughd-HD, Ilm va Tabiat-HD, Sayyohi va hunarhoi mardumi-HD, Radio Tojik, Ovozy Tojik, Sadoi Dushanbe, Radio farhang.
Шабакаи якуми ТВ Тоҷикистон, ки имрӯз ТВ Тоҷикистон ном дорад, 03.10.1959 ҳамчун Телевизиони тоҷик арзи ҳастӣ кард ва аз соли 2006 дар тамоми ҷумҳурӣ интишор ёфт.
ТВ Сафина намойишҳои худро 03.09.2005 оғоз кард.
Телевизиони наврасону кӯдакон ТВ Баҳористон барномаи нахустинашро 04.09.2006 пахш намуд.
ТВ Ҷаҳоннамо, ки 31.10.2008 бо қарори Ҳукумати ҶТ таъсис гардидааст, аз 05.11.2008 инҷониб амал мекунад.
ТВ Варзиш HD ва ТВ Синамо HD баробар 01.03.2016 ба кор сар карданд.
ТВ Футбол HD 21.02.2017 ифтитоҳ ёфт. Ба тарзи онлайн ба воситаи сомонаи varzishtv.tj пахш мегардад. Аз сентябри соли 2023 Futbol TV Tajikistan HD моҳворавӣ аст.
ТВ Шаҳнавоз 13.11.2017 ба кор даромад ва аз августи 2019 тариқи моҳвора пахш мешавад.
ТВ Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 01.04.2021 ба кор даромад ва аз декабри ҳамон сол моҳворавӣ шуд.
ТВ Илм ва табиат 14.04.2021 ба кор даромад ва аз декабри ҳамон сол моҳворавӣ гардид.
Аз замони шӯравӣ то истиқлолият кӯҳсор будани сатҳи Тоҷикистон барои интишори мавҷҳои абаркӯтоҳ, ё худ мавҷҳои басомадашон фавқулбаланд (СВЧ)-и шабакаҳои миллии телевизион монеаи ҷиддӣ буданд. Аз ин рӯ мардуми ҷумҳурӣ, бавижа кӯҳистониён агар аз дидани телевизор бенасиб бошанд, баръакс аҳли ноҳияҳои ҳамвори дурдаст ва сарҳадӣ ба барномаҳои кишварҳои ҳамсоя одат карда буданд.
Роҳбарияти Тоҷикистони мустақил ин печидагиҳоро таҳлил намуда, барномаи вижаи насби ретрансляторҳоро дар тамоми хоки ҷумҳурӣ, минҷумла дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздисарҳадӣ ба амал баровард ва дар соли 2006 қариб тамоми кишвар бо барномаҳои Шабакаи якуми телевизиони ҶТ фаро гирифта шуд.
Бо ба кор даромадани шабакаҳои нави телевизионӣ барои фарогирии пурраи ҳудуди ҷумҳурӣ ва барои шаҳрвандони дархориҷабуда, инчунин ҳамватанони бурунмарзӣ иқдом гирифта шуд, ки ТВ моҳворавии тоҷик созмон дода шавад. Ва Тоҷикистон нахустин кишварест, ки дар ҳудуди собиқ Осиёи Миёна ба ТВ моҳворавӣ рӯй овардааст.
Лозим меояд, ки каме аз таърихчаи ин иқдом ёд кунем.
Моҳвораи ABS 1 (LM1-1) — ABS 2 / 2A, 75° т.ш.
То 22.05.2006. Баста бо канали ТВ Сафина дар 12732 V.
Аз 22.05.2006. Баста бо канали ТВ Сафина дар 12742 V, кушода, sr 4400, fec 3/4.
02.09.2006. Шабакаи якуми ТВТ ва ТВ Сафина дар 12740 V, кушода, sr 7408, fec 3/4.
17.12.2006 — 28.12.2006. Намойиши озмоишии Шабакаи якуми ТВТ ва ТВ Сафина дар 3426V, кушода, sr 7410, fec 3/4.
06.02.2008. Оғози намойишҳои ТВ Баҳористон дар 12740 V, sr 7408, fec 3/4, кушода.
11.02.2008 – 15.04.2009. Шабакаи якуми ТВТ, ТВ Баҳористон ва ТВ Сафина дар 12742 V, sr 7247, fec 7/8, кушода.
15.04.2009. Шабакаи якуми ТВТ, ТВ Баҳористон ва ТВ Сафина дар 12694 V, sr 10750, fec 3/4, кушода.
19.10.2011. Шабакаи якуми ТВТ, ТВ Баҳористон ва ТВ Сафина дар 12695 V, sr 9300, fec 3/4, кушода.
04.02.2012. Шабакаи якуми ТВТ, Ҷаҳоннамо, ТВ Баҳористон ва ТВ Сафина дар 12690 V, sr 4650, fec 2/3, DVB-S2/8PSK, MPEG-4, кушода.
29.03.2014-02.04.2014. Шабакаи якуми ТВТ, Ҷаҳоннамо, ТВ Баҳористон ва ТВ Сафина дар 12690 V, sr 4696, fec 2/3, DVB-S2/8PSK, MPEG-4, кушода.
31.03.2014-30.03.2017. Шабакаи якуми ТВТ, Ҷаҳоннамо, ТВ Баҳористон ва ТВ Сафина дар 11491 V, sr 4650, fec 2/3, DVB-S2/8PSK, MPEG-4, кушода.
Моҳвораи AzerSpace 1, 46° т.ш
03.08.2016. Шабакаи якуми ТВТ, Ҷаҳоннамо, ТВ Баҳористон ва ТВ Сафина дар 11057 V, sr 22710, fec 5/6, DVB-S2/QPSK, MPEG-4, кушода.
Моҳвораи Intelsat-15/Horizons 2, 85.2° т.ш.
07.01.2017-12.01.2017. Шабакаи якуми ТВТ, Ҷаҳоннамо, Синамо, ТВ Баҳористон, ТВ Сафина ва TV Varzish дар 12180 V, sr 15000, fec 3/4, DVB-S2/8PSK, MPEG-4, кушода.
Моҳвораи Экспресс AM6, 53° т.ш.; Yahsat-1A, 52,5° т.ш.; Al Yah 1, 52.5° т.ш.
09.02.2017
11785 H, sr 27500, fec 5/6, DVB-S2/8PSK, MPEG-4:
TV Varzish HD — пӯшида, (рамзи шартӣ — BISS).
30.03.2017
11785 H, sr 27500, fec 5/6, DVB-S2/8PSK, MPEG-4:
Тоҷикистон HD, Синамо HD, ТВ Сафина HD, ТВ Баҳористон, Ҷаҳоннамо, Радиои Тоҷикистон, Садои Душанбе, Овози тоҷик, Фарҳанг — кушода. TV Varzish HD низ дар ҳамин ҷо, фақат пӯшида, бо рамзгузорӣ (рамзи шартӣ — BISS). (ТВ Сафина 05.10.2017 ба стандарти HD гузашт).
Вақтҳои охир барномаҳои мазкур дар Yahsat-1A 11938, H, sr 27500, fec 5/6 (бо ҳосилаи 11933H27499 низ) дастрасанд
07.08.2019
11785 H, sr 27500, fec 5/6, DVB-S2/8PSK, MPEG-4:
Тоҷикистон HD, Синамо HD, ТВ Сафина HD, ТВ Баҳористон HD, Ҷаҳоннамо HD, Радиои Тоҷикистон, Садои Душанбе, Овози тоҷик, Фарҳанг, ТМТ (Шаҳнавоз), Душанбе HD — кушода. TV Varzish HD, Futboll-HD, TV-Badakshon, TV-Khatlon, TV-Kulob низ дар ҳамин ҷо, фақат пӯшида, бо рамзгузорӣ (рамзи шартӣ — BISS).
02.12.2019
11785 H, sr 27500, fec 3/4, DVB-S2/8PSK, MPEG-4:
TV-Sughd HD ‒ кушода.
27.08.2020
11785 H, sr 27500, fec 5/6, DVB-S2/8PSK, MPEG-4:
Тоҷикистон HD, Синамо HD, ТВ Сафина HD, ТВ Баҳористон HD, Ҷаҳоннамо HD, Радиои Тоҷикистон, Садои Душанбе, Овози тоҷик, Фарҳанг, ТМТ (Шаҳнавоз), Душанбе HD, TV-Khatlon, TV-Badakshon, TV-Kulob, TV-Sughd HD ‒ кушода.
TV Varzish HD ‒ пӯшида (рамзи шартӣ – BISS: 20 20 AB EB CD 01 03 D1 /ID0005);
Futboll-HD ‒ пӯшида (рамзи шартӣ – BISS: 12 34 00 46 AB CD 00 78 /ID0008).
08.09.2023
11785 H, sr 27500, fec 3/4, DVB-S2/8PSK, MPEG-4/HD ва MPEG-4:
Тоҷикистон HD, Синамо HD, ТВ Сафина HD, ТВ Баҳористон HD, Ҷаҳоннамо HD, Душанбе HD, ТМТ Шаҳнавоз HD, Илм ва табиат HD, Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ HD, ТВ Бадахшон, ТВ Кӯлоб, ТВ Суғд HD, ТВ Хатлон — кушода, TV Varzish HD, Futbol TV Tajikistan HD пӯшида, бо рамзгузорӣ (рамзи шартӣ — BISS).
Моҳвораи NSS 12 (NSS 703), 57° т.ш.
09.02.2017
11545 V, sr 10000, fec 3/4, DVB-S2/8PSK, MPEG-4:
TV Varzish HD — пӯшида (рамзи шартӣ — BISS).
03.04.2017
11566 H, sr 10750, fec 3/4, DVB-S2/8PSK, MPEG-4:
Тоҷикистон HD, Синамо HD, ТВ Сафина HD, ТВ Баҳористон, Ҷаҳоннамо, Радиои Тоҷикистон, Садои Душанбе, Овози тоҷик, Фарҳанг — кушода. TV Varzish HD низ дар ҳамин ҷо, фақат пӯшида, бо рамзгузорӣ (рамзи шартӣ — BISS).
(Ҳамаи ин барномаҳо бо ҳосилаи 11565H10742 низ дастрасанд).
07.08.2019
11566 H, sr 10750, fec 3/4, DVB-S2/8PSK, MPEG-4:
Тоҷикистон HD, Синамо HD, ТВ Сафина HD, ТВ Баҳористон HD, Ҷаҳоннамо HD, Радиои Тоҷикистон, Садои Душанбе, Овози тоҷик, Фарҳанг — кушода. TV Varzish HD низ дар ҳамин ҷо, фақат пӯшида, бо рамзгузорӣ (рамзи шартӣ — BISS).
11552 H, sr 11700, fec 3/5, DVB-S2/8PSK/MPEG-4:
ТМТ (Шаҳнавоз), Душанбе HD — кушода, Futboll-HD, TV-Badakshon, TV-Khatlon, TV-Kulob низ дар ҳамин ҷо, фақат пӯшида, бо рамзгузорӣ (рамзи шартӣ — BISS).
02.12.2019
11552 H, sr 11700, fec 3/5, DVB-S2/8PSK/MPEG-4:
TV-Sughd HD ‒ кушода.
27.08.2020.
11566 H, sr 10750 (ё ки 11565 H, sr 10740), fec 3/4, DVB-S2/8PSK, MPEG-4:
Тоҷикистон HD, Синамо HD, ТВ Сафина HD, ТВ Баҳористон HD, Ҷаҳоннамо HD, Радиои Тоҷикистон, Садои Душанбе, Овози тоҷик, Фарҳанг ‒ кушода.
TV Varzish HD ‒ пӯшида (рамзи шартӣ – BISS: 12 34 00 46 AB CD 00 78 /ID0005).
11.12.2021.
11585 H, sr 10750, fec 3/4, DVB-S2/8PSK, MPEG-4:
Тоҷикистон HD, Синамо HD, ТВ Сафина HD, ТВ Баҳористон HD, Ҷаҳоннамо HD, Радиои Тоҷикистон, Садои Душанбе, Овози тоҷик, Фарҳанг ‒ кушода.
TV Varzish HD ‒ пӯшида
Оиди ҳамин мавзӯъ:
1. ТВ моҳвораҳо дар тӯли шарқӣ