Канзи шифо. Муқаддима 14-16

Ferratum [micro][sale]Ferratum [micro][sale]

Фасли чордаҳум.
Дар баёни одоби таом хӯрдан,
об нӯшидан ва таомҳое, ки бо ҳам
якҷо хӯрдан раво нест

Фасли понздаҳум.
Дар баёни сӯхтан, тахмис, ташвия, қаля,
тадбир (парварда кардан), шустан ва иҳкоми
(устувор кардани) давоҳо

Фасли шонздаҳум.
Дар баёни танқияи бадан

Фасли чордаҳум.
Дар баёни одоби таом хӯрдан,
об нӯшидан ва таомҳое, ки бо ҳам
якҷо хӯрдан раво нест

Барои нигоҳ доштани тандурустӣ лозим аст, ки ба
ғайр аз ҳангоми гурусна шудан ва ташна мондан чизе
нахӯрад ва нанӯшад. Хӯрокро ба ҳадди серӣ набояд
хӯрд, ки пурхӯрӣ оқибатҳои бадро ба зуҳур меоварад.
Инчунин дар вақти серӣ таом ба ҳеҷ ҳолат набояд
хӯрд ва об нашояд нӯшид. Ҳамчунин баъд аз риёзат
ва ҳаракатҳои шадиду бисёр, вақте гармии зиёда бар
мизоҷ бошад, таоми бисёр хӯрдан ва нӯшокӣ истеъ-
мол кардан ба як дафъа ҷоиз нест, балки таомро кам-
кам бояд хӯрд ва обинаро ҷуръа-ҷуръа бояд нӯшид,
хусусан таоми гаронҳазм ва ё ғайриоддӣ, бисёр гарм
ва ё бисёр сардро набояд ошомид.
Пас, ҳар касе, ки саломатии пойдори худро мехос-
та бошад, дар вақти таом хӯрдан каме аз иштиҳо бо-
қӣ монад, аз таом даст кашад. Ин риоя барои меъда
ва бадани инсон, закои ақл сабуктар аст. Касе агар
хоҳад, ки бардам, солим ва баданаш сабук бошад, бо-
яд ки тарафи шаб таомро камтар бихӯрад. Аммо пи-
ронро таоми шабона нахӯрдан хусусан, ки гурусна хо-
банд, бисёр зарарнок аст. Зеро ки қуввати аз гурус-
нагӣ барҳамхӯрдаи ононро барқарор кардан бо ҳеҷ
тадбир мумкин нест. Табибони ҳозиқ ба Маъмун хитоб
карданд: «Бихӯр ғизои сард дар тобистон ва таоми
гарм дар зимистон, вале дар ду фасли дигар, ки баҳор
ва тирамоҳ мебошанд, таоми мӯътадил бихӯр ба қад-
ри бардошти қувват ва хоҳиши худ. Ибтидо кун ба
таоми сабуктарин; ғизоҳоеро, ки мехӯрӣ, онро ба миқ-
дори одатӣ, мувофиқи тоқат ва нишоти бадани худ би-
хӯр. Бипарҳез аз он, ки бо ҳам —якҷо хӯрдани тухми
мурғ ва моҳӣ дар як вақт, зеро ки ин амр пайдокунан-
даи ниқрис (подагра), қулинҷ (колит), бавосир (ге-
моррой) ва дарди дандонҳои курсӣ мебошад; шир бо
шароб якҷо набояд нӯшид, ки иллатҳои ниқрис ва
песро ба амал меоварад. Тухми мурғро бардавом би-
хӯрӣ, дар рухсораҳо доғҳои кунҷидакро ба амал ме-
оварад, дар сар ва меъда бод пайдо мекунад. Тухми
мурғро дар об ҷӯшонида, ба ҳадди пурӣ бихӯрӣ, ба
дамкӯтаҳӣ ва тангии нафас гирифтор мекунад. Чизҳои
68
шӯр, гӯштҳои хушк, моҳии намакинро баъди хун ги-
рондан бихӯрӣ, ба доғи сафеди пӯст ва қӯтур мубтало
хоҳӣ гашт. Гурдаи гӯсфандро бихӯрӣ, хичакро дағал
мегардонад. Гӯшти хомро бихӯрӣ, боиси пайдо шудани
кирм дар шикам мебошад. Бисёр хӯрдани гӯшти ҳай-
вони ваҳшӣ ва гов, ақлро заиф, фаҳмро кӯтоҳ, зеҳнро
кунд ва фаромӯшхотир мекунад, инчунин шапуш дар
бадан пайдо мешавад. Оби хунукро аз болои таоми
гарм бо ширини бихӯрӣ, ба дандонҳо зарар дорад ва
боиси афтодани онҳо мегардад».
Ҳангоми дам кашидани хӯроки латиф (суюқ) зар-
фи таомро рост ва дар баробари рӯйи худ бояд бар-
дошт, на он ки вай ба як тараф моил бошад. Луқма-
ро кам-кам ва неку хойида бояд хӯрд. Муддати хӯрок
хӯрдан набояд кашол ёбад, яъне таоми нав ба болои
хӯроки хӯрдашуда, ки ҳанӯз ҳазм наёфта бошад, тано-
вул набояд кард. Модоме ки меъда ва сина аз таом
вазнин шуда бошад ва оруғ ояд, таом набояд тановул
шавад. Хуллас, вақти қатъӣ барои хӯрдани таом маҳ-
дуд нест. Зеро ки тарзи талаби бадани шахсони гарм-
мизоҷ, сардмизоҷ, кӯдакон, пирон ва камқувватон гу-
ногун мебошад. Аммо аз хӯрдани нони гарм ва ошо-
мидани оби хунук ба як дафъа аз болои нони гарм
худдорӣ бояд кард. Зеро ки вай дар меъда бадбӯ ме-
гардад, ба дандонҳо зарар мерасонад. Таоми сабуки
ширин аз болои ғизои вазнин набояд хӯрда шавад,
масалан: харбузаву гӯшт. Ҳамчунин аз болои ғизои
дар ҷигар хуб ҳазмёбанда ғизои вазнини бадҳазм ва
ширинӣ набояд хӯрд. Зеро дар вақти ҳазм кардани
таоми ба ин дараҷа мураккаб ба ҷигар футур мерасад
ва боиси пайдо шудани ҳар гуна бемориҳо мегардад.
Ҳамчунин ду таоми гарммизоҷ ё ҳар ду сардмизоҷ, ё
ҳар ду часпак, ё ҳар ду боднок, ё ҳар ду қабзиятовар,
ё ҳар ду ғафсу бадҳазм, ё ҳар ду сустиовар бошанд,
якҷо ва якбора набояд хӯрда шаванд. Аз хӯрдани сир-
ко ба болои биринҷ, аз ҷуғрот бо турб ё баъд аз турб,
аз гӯшти мурғ бо ҷуғрот ва моҳӣ, аз шир бо гӯшти
мурғ, аз шир бо моҳӣ, аз анор бо ҳариса, аз ангур бо
каллаи гӯсфанд ё буз, аз сирко бо наск ё бо мош, аз
харбуза бо асал, мавизи ангур бо асал, аз оби гарм
баъд аз таоми шӯр, аз оби сард баъд аз меваи тар,
аз таоми гарм баъд аз ширин, аз ҷимоъ баъд аз хоб,
аз оби сард баъд аз ҳаммом ва ҷимоъ, аз пушти ҳам-
мом кардан кор ва ҳаракатҳои сахт ва бисёр, аз ҳан-
69
гоми дили наҳор ҳаммом кардан ва дар ҳангоми ҳам-
мом кардан хӯрок хӯрдан худдорӣ бояд кард. Вале
баъзе таомҳоеро, ки хислати нописанди дуввумро ис-
лоҳ мекунанд, якҷо хӯрдан зарар надорад.
Муаллифи ин китоб дар зарфи ҳафт сол се ҳодисаи
мудҳишро мушоҳада кардам: 1. Духтури соҳиби маъ-
лумоти олӣ дар беморхона будааст, бисёр изтироб ме-
кардааст ва бетоқат будааст. Рафиқам раиси суди
райони Айнӣ Аъзам Одинаев аз ман илтимос кард, ки
он беморро ман як бор бинам. Дар беморхона ба ама-
ли духтурон мудохалат карданро кирдори номарғуб
шуморидем ва ин хоҳиши рафиқи деринаамро рад на-
мудам. Вале ӯ бисёр ва сахт илтимос кард, ҳатто ба
зорӣ даромад. Ночор ғайри расмӣ рафта набзи бе-
морро дидаму аз ҳуҷра берун шуда, ба Аъзам гуфтам,
ки беморро ба хонааш баранд, зеро наҷотпазир нест—
ҷигараш аз кор монда буд. Баъд рафиқам иқрор шуд,
ки ӯ кори сахт карда, ташна монда, аз яхдони холо-
дильник оби хунук гирифта нӯшидааст. 2. Ҳамдеҳаи
худам, ҷойи зисташ шаҳри Қӯрғонтеппа Қӯшмат ном
шахс кӯҳгардӣ карда, ташнагӣ ғалаба намояд, аз чаш-
маи хунук то шикастани ташнагиаш ба як дафъа об
нӯшидааст. Илтимос карданд, ки ӯро рафта бинам.
Вале ман аз рафтан ба ин роҳи дур қатъиян даст ка-
шидам. Аммо хешовандонаш дар мошини сабук ӯро
наздам оварданд. Ночор қабул кардам ва инро ҳам ба
набзаш ангушт ниҳода санҷидам ва набз шоҳиди он
буд, ки марг наздик аст. Ин ҷо беморро дилдори кар-
дам, ки ӯ намемирад. Вале рӯзи дигар ба қасабаи Ле-
нин рафта, ҷиянашро огоҳ намудам, ки ҷигари Қӯш-
мат аз шиддати варам кафидагӣ ва ӯ одам намеша-
вад. 3. Аз студияи телевизионии Душанбе ходиме наз-
дам омада, нақл карда, ки падараш бемор аст, дар бе-
морхонаҳо низ бисёр хобид, ба табибони гуногун рафт,
вале аз тадбирҳои онон ҳеҷ беҳ нашуд. Инак, аз ман
илтимос кард, ки ман падарашро қабул кунам. Азбас-
ки ин ходим бисёр тавалло кард, ман розӣ шудам, ки
падарашро аз Панҷакент даъват намояд, майлаш, ме-
бинам, гуфтам. Набзи ин шахс ҳам наздикии маргро
шоҳид буд. Баъд ба ӯ гуфтам, ки дилу ҷигар ва меъ-
даро хунук гирифтааст, чӣ хӯрдед? Ӯ низ иқрор гашт,
ки аз холодильник оби хунук гирифта, то сероб шудан
ба як дафъа нӯшидааст. Барои тасаллои хотираш да-
воеро, ки агарчи нодир буд, додаму илова кардам: —
70
Зудтар ба ватан баргардед. Баъд аз 8—10 рӯз писа-
раш аз Панҷакент бо воситаи телефон хабар дод, ки
падараш аз олам гузаштанд.
Вафоти ин се мард дар ман суолеро ба амал овард,
ки кадом ҷараён содир мешуда бошад, ки бӯҳрони бе-
морӣ ба марг мекашад? Баъд як тарбузро чор тақсим
кардаму ҳар якеро алоҳида дар халтачаи салафан пе-
чонида, се рӯз дар холодильник гузоштам, ки ба ҳад-
де хунук шаванд. Бегоҳии рӯзи чорум яктои онро хӯр-
дам ва аз ҳар ду ҷониб тирезаҳои хонаро кушода хо-
бидам, то ки хунук ба ман сахттар таъсир расонад.
Инак, ҳар рӯз як қисм ва чор қисми тарбузро ҳамин
тавр хӯрдам. Баъд аз дафъаи чорум ҳолам дигар гашт:
ҳатто хамида натавонистам, варами сарди ҷигари худ-
ро эҳсос намудам.
Маълум шуд, меъда чизи аз ҳад берун хунукро,
хусусан чизҳои обинаро, дар худ нигоҳ намедораду
зуд ба ҷигар мефиристонад. Ҷигар ҷойи аз худ хориҷ
кардан надорад. Баъд лоилоҷ ин чизи хунук дар ҷи-
гар монда, онро хунук мегардонад ва вай варам ме-
кунад. Пас, агар инро дар вақташ илоҷ накунанд, но-
чор ба марг мерасонад. Сонӣ ман ҳар рӯз се маҳал
донаи биринҷ барин аз қивоми ҷадвор, як қошуқи чойӣ
кӯфтаи решаи оқирқирҳо ва ба хӯрдани асал мудова-
мат намуда, аз ин офат халос ёфтам.

Фасли понздаҳум.
Дар баёни сӯхтан, тахмис, ташвия, қаля,
тадбир (парварда кардан), шустан ва иҳкоми
(устувор кардани) давоҳо

Сӯхтани давоҳо ва эҳтиёҷ ва он барои чанд фоида
мебошад: ё барои дигар ва мувофиқи муддао сохтани
табиати (мизоҷи) он, ё барои кам кардани қувват ва
шикастани тундии он аст. Масалан: зоки сафед, зоки
зард ва марҷон хусусан барои давоҳои чашм; ё барои
зиёд кардани қувват, басуръат гардонидани нуфуз ва
табдил додани мизоҷи онҳо ба мизоҷи дигар, масалан:
оҳаксанг, марҷон, садаф, барги турб, тамоку ва монан-
ди инҳо; аз намакҳои сунъӣ ва хокистарҳо, инчунин
ҷавҳари давоҳо, масалан: ҷавҳари ҳосилубон (шил-
мест) ва ғайраҳоро; ё аз барои сабук гардонидани ҷав-
71
ҳари онҳо, масалан: намакҳоро; ё барои пок ва соф
гардонидани таркиби онҳо аз чизҳои бегона ва нодар-
кор аст, масалан: сурма, бӯра (танакор), харчангҳо,
шохи гавазн ва монанди инҳоро; барои сохтан ва ос
кардан, масалан: ёқутҳо, тилло, нуқра, абрешим ва
монанди инҳо; ё барои нест гардонидани хислати бад
ва заҳрнокиашонро барҳам додан, масалан: каждум-
ро барои резонидани санги гурда ва хичак (пешоб-
дон), мори афъӣ, мори сиёҳ барои иллати махав — зеро
ки давоҳои тез ё нозукҷавҳар, ё мӯътадили мобайни
ҳар ду навъ чун сӯхта шаванд, қуввати онҳо заиф ва
тезии ҳарорати онҳо кам мегарданд, бинобар ҷудо шу-
да рафтани ҷавҳари гарми оташӣ ва тези онҳо, мо-
нанди ин даво ё ҷавҳарашон зич ва тези гарммизоҷ
нестанд. Дар натиҷаи сӯхтан ва ҳосил кардани ҳаро-
рати оташи давоҳо ҳам қавӣ мегарданд, ҳам тезиашон
меафзояд ва ҳам гармии мизоҷашон иқтидор пайдо
мекунад. Масалан: фулузот, оҳаксанг. Ба сабаби сӯх-
та шудан рутубати часпаки ба худ кашандаашон кам
ва ё нест мегардад. Баъд онҳо ба осонӣ ва ба зудӣ
сойида мешаванд, масалан: сангҳо, абрешим. Ё он ки
дар онҳо хислати бад ва нописандии модда ва ҷавҳар
бошад, сӯхта шаванд, кам ва ё нест мегардад, маса-
лан: каждум ва мор ва ё чизҳои бегона аз таркиби
онҳо дур мегарданд, масалан: натрун (танакори сурх,
ё ки онро танакори арманӣ мехонанд).
Бояд донист, агар ҷисм дар ҳолате бошад, ки хис-
лати хоси ҷасади худро асло тарк накунад, пас агар
ковокҷавҳар бошад, баъд аз сӯхта шудан мизоҷаш ба
сардӣ майл мекунад ва агар аз ғояти сӯхташавӣ, ки
ба ҳадди хокистарӣ расад, тезиаш тамоман барҳам
мехӯрад. Агар ҷавҳари ҷисмаш зич ва ковок набошад,
баъди сӯхта шудан мизоҷаш аз сардӣ ба гармӣ майл
менамояд. Изофа намоем, бояд дар мадди назар дош-
та шавад, ки ду чизи гуногунро бо ҳам якҷо насӯзо-
нанд, масалан: намак ва оҳакро. Дар сӯхтани сангҳо
зиёдтар амал кардан даркор аст назар ба наботот ва
ҳайвонот. Аммо ҳарир, шилмҳо ва монанди инҳоро ав-
вале як бор сӯхтан кифоя аст. Агар мақсад хунук гар-
донидани мизоҷи ҷисми сӯхташаванда бошад, баъди
сӯхтан онро бояд бишӯянд, вагарна ношуста истеъмол
бояд кард.
Калимаи «таклис» ба лафзи аҳли Миср аз «килс»
гирифта шудааст, ки ба тоҷикӣ оҳак меноманд ва он
72
сойидашаванда мебошад. Инак, ҳар ҷисми сахтеро, ки
қобили сойидан набошад, вале баъд аз сӯхтан сойидан-
боб гардад, онро мукаллас меноманд, яъне онро, ки
баъди сӯхтан хокистар гардад, ҳамин тавр меноманд.
Баъзе ашё дар ҳолати носӯхта будан истеъмолаш ҷо-
из нест, масалан: абрешим (пилла), сурма, самари
мурд, сурб (қӯрғошим), зар (тилло), харчанг, талк
(талк, ки санги абрақ, низ меноманд), каждум, уд, каҳ-
рабо, ёқут.
Сӯхтани танакор ин тавр аст, ки зарфи сафолеро ба
ахгари оташ гузошта, дар он танакор андозанду то
сӯхта шуданаш пайваста бигардонанд. Ё ин ки қошу-
қи оҳаниро битафсонанду танакорро реза-реза карда
дар он андозанд ва то сӯхта шудан муттасил танакор-
ро бикованд.
Сӯхтани гаҷ, кафки баҳр ва монанди ин ҳар ду, ки
ин амал тақлис номида мешавад, ин тавр аст. Аз ҳар
яки ин чизҳо ҳар миқдор, ки хоҳанд, бигиранд, бо на-
макоб покиза бишӯянд, баъд хушконида, дар кӯзае, ки
бо гили ҳикмат ё гили бӯта молида шуда бошанд, ан-
дозанду дар кӯраи хиштпазӣ ё дар гӯлахи ҳаммом, ё
дар танӯри тафсон ба рӯйи хиште бигузоранд, то он ки
сӯхта монанди оҳак сафед гардад.
Сӯхтани мор он аст, ки бигиранд мори хонагии со-
лимро, зинда дар кӯза андохта, даҳани онро маҳкам
карда, ба кӯза гили ҳикмат ё гили бӯта молида, як
шаб дар танӯри тафсон бигузоранд. Пас онро аз кӯза
бароваранд, ки хушк бояд шуда бошад. Баъд онро
сойида, ба равғани зайтун хамир сохта, ба ханозер гу-
зошта банданд.
Сӯхтани фароштурук он аст, ки бачаи онро гириф-
та, гулӯяшро бибурранд, парҳояшро канда, шикамаш-
ро чок карда ва чизҳои дарунашро бароварда дур на-
моянд, покиза шуста, ба он намак пошида, дар кӯзае
андохта, даҳани кӯзаро гили ҳикмат ё гили бӯта мо-
лида, маҳкам гардонанд, дар танӯр ё оташдони пур-
ахгар бигузоранд, то он, ки сӯхта гардад.
Сӯхтани шиша он аст, ки шишаи софи сафеди шаф-
фофи пок аз сангреза ва ғубор бошад, бигиранду ма-
ҳин сойида, дар кӯзаи гили ҳикмат ё гили бӯта лови-
дашуда андозанд, даҳанашро маҳкам намуда, дар гӯ-
лахи ҳаммом ё дар танӯри тафсон то сурх шуданаш
бигузоранд. Ва агар хокистари шиша матлуб бошад,
кори беҳтарин он аст, ки шишаро дар кафчаи оҳани
73
хуб тафсонида, баъд дар оби ишхор андозанд ва ҳар
он чӣ аз он хокистар шуда бошад, ҷудо карда биги-
ранд. Боқимондаро боз ҳамон тавр тафсонида, дар оби
ишхор андозанд ва ҳамчунин батакрор амал намоянд,
то ки ҳамааш хокистар гардад. Аз ин 4,5 грамм бо
50 грамм оби гарм биёшоманд, санги гурда ва хичак-
ро ба зудӣ майда карда мерезонад.
Сӯхтани зарних он аст, ки зарнихи аълои соф-хо-
лисро ба андозаи нахӯд реза-реза карда, дар кӯзаи ги-
ли ҳикмат ё гили бӯта молидашуда андозанд, даҳани
кӯзаро маҳкам гардонида, дар миёнаҷойи сари он ба-
рои баромадани бухор сӯрохе намоянду ба ахгар гу-
зоранд. Модом ки аз он бухори сиёҳ мебаромада бо-
шад, ҳанӯз тайёр нест ва чун бухори сафед аз он ба-
рояд, комилан сӯхта шудааст.
Сӯхтани сангпушт он аст, ки онро шикаста, чизҳои
дарунашро гирифта партоянду покиза шуста, дар кӯ-
заи гил молидашуда андохта, дар танӯри тафсон ё дар
оташдон он миқдор бигузоранд, ки сӯхта сафед гардад.
Сӯхтани садаф он аст, ки садафи сафеди ҳамвор-
сатҳро гирифта, аз рӯяш гили бӯтаи холис билованду
то сӯхта шуданаш дар танӯри ахгарнок бигузоранд.
Агар ба як бор сӯхта нагардад, аз нав аз рӯяш гили
мазкур молида, то тамом сӯхта шудан дар танӯр гузо-
ранд.
Сӯхтани ақиқ, яшб, ёқут ва монанди инҳо он аст,
ки ҳар якеро ҷудо дар оташ сурх намуда, дар оби ху-
нук андозанд ва ин амалро борҳо такрор намоянд, то
он ки об ва равнақаш сӯхта, хушку майда ва қобили
сойидан гардад.
Сӯхтани нуқра он аст, ки нуқраи холисро гирифта,
дар кӯзачаи гили бӯта, ки бо сафедоби қалъаи (оловь-
яная белила) сиришташуда ё бо он олуда бошад, ан-
дозанду батакрор дар оташ бигузоранд, то он ки ко-
били кӯфтан ва сойидан гардад. Тариқи дигари сӯхта-
наш он аст, ки нуқраро бо сӯҳон тароша намуда, бо
намакоб дар зарфи оҳанӣ бо оташи тез бисӯзонанд.
Агар хуб сӯхта нашавад, камтар гӯгирд бар он бипо-
шанду бисӯзонанд, то ки тамоман сӯхта гардад.
Сӯхтани қатрон барои тайёр намудани молидани-
ҳо ба дандон чунон аст, ки қадаҳе аз гили ҳикмат ё
гили бӯта сохта, қатронро дар он рехта, ба оташ би-
гузоранд, то гудохта нисфаш бимонад. Баъд сихе чӯ-
бин ё оҳанинро дар он фурӯ баранд, ки ба он сих би-
74
часпад. Сонӣ онро бароварда дар ҳаво бидоранд, агар
шах шавад—сӯхта шудааст, вале агар шах нашавад,
ҳанӯз носӯхта аст, ки боз ба оташ гузоранд, то ба ҳад-
де, ки дар нӯги сих шах шавад. Баъд аз он аз оташ
гирифта ба кор баранд.
Сӯхтани пашм ва мӯйи одами он аст, ки бо обу со-
бун покиза шуста, шона карда, бо қайчӣ реза-реза на-
муда, дар зарфи сафолӣ ё оҳанӣ бар рӯйи оташ гузо-
ранд ва он қадар бикованд, ки қобили сойидан ва кӯф-
тан гардад.
Акнун ба ташвия, тақлия ва таҳмис меоем. Маълум
бод, ки маъноҳои ҳар сеи ин калима ба ҳамдигар наз-
диканд. Тафсилоташ он аст, ки ташвия—он чиро дар
миёни хамир ё гил, ё латтаи тар гирифта, дар танӯр,
зери оташ ё хокистари гарм дафн намоянд, ки аз бу-
хори гарми худ бипазад, масалан: пиёзи ансул, анза-
рут, арпабодиён, биҳӣ, себ ва монанди инҳо. Ё он, ки
кӯфта, бо асал сиришта, дар латта баста, ба гил ги-
рифта, дар танӯри гармиаш мӯътадил як шаб бигузо-
ранд. Баъд бароварда ба кор баранд, масалан: арпа-
бодиён, самари газ, инчунин монанди инҳо барои да-
воҳои молиданӣ ба дандонҳо ва ғайра. Таҳмис — он
аст, ки зарферо дар оташ тафсонида, ҳар он чиро хо-
ҳанд, дар он андозанду тез-тез бикованд, ки ҳамаи он
чиз ба қадри ҳоҷат ва як зайл бирён гардад, вале
насӯзад; ба ибораи дигар гӯем, ки ҳамаашро то як ан-
доза сурх гаштан ва бӯяш баромадан тафсонанд, таш-
вия меноманд ва он чизи бо ин усул бирён кардашу-
даро машвӣ меноманд, масалан: тухми зуф, зира, тух-
ми райҳон, тухми мармарак, тухми кӯкнор, кашнизи
хушк — хуллас, ҳар як тухмиро, ки хоҳанд, ҳамин тавр
бирён мекунанд. Беҳтарин зарф барои ташвия сангӣ
ё сафолӣ мебошад ва баъд аз инҳо зарфҳои аз чизҳои
дигар. Тақлия—он аст, ки ҳар чиро бихоҳанд дар
равған то сурх шудан ва бӯяш барҳам хӯрдан бирён
менамоянд, масалан: тухмиҳо; ё ба дараҷае бирён ку-
нанд, ки бишукуфад ва битаркад, масалан: ҳалила,
мозу; ё то ба ҳадде бирён кунанд ва батахмин до-
нанд, ки бирён шудааст, масалан: рими оҳан ва мо-
нанди инҳо.
Акнун дар бораи тадбир (парварда кардан), ки ис-
лоҳ низ меноманд, сухан меронем; он ба маънои тар-
бият ва парвариш додани баъзе давоҳо мебошад, агар
он давоҳо хислатҳои тезӣ, бадӣ ва зарарнокӣ дошта
75
бошанд, он хислатҳояшон кам мегарданд, масалан: ан-
зарут, ки бо шири ҳар хамир карда, он хамирро ба
чӯби газ кашида, монанди кабоб дар оташ як мартаба
бирён бояд кард. Агар аз ин зиёда бирён шуданаш-
ро хоҳанд, ду мартаба кабоб кунанд ва дар ҳар боре
ҳам дар шири хар сиришта бирён (кабоб) кунанд, ки
беҳтар хоҳад гашт. Ҳаб-ул-мулукро дар равғани бодом
ё шир як шабонарӯз бояд тар кард, баъд парварда,
яъне ислоҳ мегардад. Ҳаб-ус-салотинро, ки тухми бед-
гули хитойӣ низ меноманд, дар саргини гов парварда
(ислоҳ) мегардонанд. Турбудро тарошида, бо равғани
бодом чарб намуда, нимкӯфта, бо занҷабил истеъмол
мекунанд. Чашмезакро дар латта баста, дар саргини
хар биҷӯшонанд, парварда мегардад. Мозариюнро ду
шабонарӯз дар сирко тар мекунанд. Тадбири зарроҳ,
ки ин ҳашаротро ба туркӣ алокуланг ва ба руси шпан-
ская мушка меноманд ва он қисме аз заҳрҳо мебошад,
бояд чанд адади онро зинда дар кӯза андохта, сари
кӯзаро бо латтаи зағирпоягӣ баста, даҳанзер бар бо-
лои бухори сирко, ки бо гармии оташ биҷӯшад, бидо-
ранд, то он ки зарроҳҳо кушта ва парварда шаванд.
Баъд сойида истеъмол менамоянд. Тадбири салоҷа (пе-
шоби бузи кӯҳӣ), ки дар масканаш ҷамъ мешавад, он
аст, ки онро дар зарфи наме рехта, аз болояш оби хо-
ри хасак ва пешоби гов он миқдор бирезанд, ки ӯро
бипӯшонад. Баъд дар офтоб ё бо оташ гарм карда, бо
даст бимоланд ва қисми софи онро дар зарфе рехта,
21 рӯз ба офтоб гузоранд, то он ки монанди асал ғафс
гардад. Ислоҳи шубрум (ба русӣ молочай) он аст, ки
онро кӯфта, як шабонарӯз дар шир тар намоянд. Дар
зарфи он се бор ширро нав кунанду баъд хушк карда
бигиранд. Ҳар гоҳ барои ислоҳи варамҳо, гиреҳҳои
узвҳои даруни қафаси синаву шикам, зардоб, дафъ
кардани балғаму савдо истеъмол кардани шаванд, баъд
аз парвариш дар шир се рӯз дигар, дар оби коснӣ, оби
сагангур ва оби арпабодиён тар намуда, баъд хушк
карда ба кор мебаранд. Ислоҳи дибқ (ба русӣ омела
белая) он аст, ки донакашро бароварда партофта, бо
камтар равғани зайтун ва монанди он даромехта, дар
ҳован мекӯбанд ва бо ҳар як даво, ки бо он муносабат
дошта бошад, кӯфтан мумкин аст. Инчунин ислоҳи да-
воҳои дигари часпак ҳамчунин аст. Ҳар гоҳ дибқро
дар давоҳои дигар мураккаб кардани шаванд, маса-
лан, бо тухмиҳо бошад, дохил кардани равған дар он
76
ҳоҷат нест, бо ҳамон тухмиҳо бикӯбанд ва беҳтараш
бо тухми беданҷир аст дар ин амал.
Агар давоеро шустан матлуб бошад, тариқаш ин
аст, ки фоидаи шустан, хунук кардан ё аз чизҳои бе-
гона, ё аз буи бад ва ё гармии аз берун даромада хо-
лис ва соф кардан аст. Масалан, аксари давоҳои сан-
гинҷинсро монанди: ёқут, марҷон, лоҷвард, санги ар-
манӣ ва дигарҳо, ки шустанаш ба санг монанд бо-
шад, монанди: иқлимиё, шангарф, мурдорсанг, сафе-
доб, гилҳо, муми занбӯри асал, зифт, сабир (алоэ),
равғанҳо, савиқ (орди гандуми бирёнкарда) ва мо-
нанди инҳо. Тариқи ба шустан тайёр кардани онҳо:
агар давои сангҷинс бошад, дар ҳован бисёр маҳин
кӯфта, об дар он рехта, бо оҳистагӣ бикованд, агар
чизҳои бегонааш монанди ғубор бошад, ба об омехта
мегардад. Баъд онро оҳиста дар зарфи дигар рехта,
таҳшини онро боз бикӯбанд ва амали болоро такрор
намоянд, ки то бо об омехта гашта, ҳамон тавр дар
зарфи дигар равад. Баъд рӯйи онро бо матое бипӯшо-
нанд, ки ғуборе дохил нагардаду таҳшин шавад. Сонӣ
оби болои онро рехта, таҳшинашро истеъмол намоянд.
Акнун шустани гилҳо. Ҳар гилеро, ки шустан би-
хоҳанд, дар зарфе аз болои гил об бирезанд, ки об се-
чор ангушт болои он истад, тар кунад. Сонӣ аз лат-
таи карбос гузаронида, бигузоранд, ки таҳшин шавад
ва оя гили таҳнишастаро хушконида ба кор баранд, ки
тайёр аст.
Шустани равғанҳо, ки инро қитрия меноманд. Рав-
ғанеро, ки вайрон, кӯҳна ва таъмаш талх ё тез гашта
бошад, тариқи нав ва тоза гардониданаш он аст, ки
равғанро дар зарфе рехта, аз болояш ях ё барф бире-
занду баъд то об шудани ях ё барф бикованд. Агар
барфу ях мавҷуд набошад, бо оби хунук низ ҳамин
тавр амал кунанд, хуб аст. Агар бо ин роҳ дар як
дафъа равған ислоҳ наёбад, ин корро се бор такрор
намоянд. Равғани гов ва гӯсфандро бо дӯғи турши гов
ҷӯш диҳанд ва ҳангоми ҷӯшиданаш орди маҳини ган-
дум бипошанд, то он ки дӯғ батамом бухор шавад,
аммо эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад.
Шустани равғани кунҷид он аст, ки онро бо нама-
коб бисёр барҳам зананд, яъне бикованду бо оташи
нарм биҷӯшонанд. Баъд онро аз намакоб ҷудо кунан-
ду бо оби софи холис бисёр барҳам зананд ва биҷӯ-
77
шонанд. Сонӣ обро аз он ҷудо карда партояду равған-
ро ба кор баранд, ки шуста шудааст.
Шустани зифт ва монанди он, муми занбӯри асал,
мӯмиё ва анбар он аст, ки ҳар якеро шустани бошанд,
батанҳоӣ гудохта, дар оби софи нимгарм бирезанд, то
он ки кудураташ таҳшин шудан бигузоранд. Он чӣ дар
рӯйи об истад, бардошта гиранду вақти ҳоҷат ба кор
баранд.

Фасли шонздаҳум.
Дар баёни танқияи бадан

Маънои танқия — баданро аз моддаҳои (хилтҳои)
зарарнок пок кардан аст. Барои танқия аввал он мод-
даи зарарнокро, ки аз бадан дафъ карданаш зарур
аст, пазонидан даркор мебошад. Дар ин мақсад мод-
даҳоеро, ки ғафс бошанд, чунончи, савдо ва балғам —
онҳоро ба риққати (суюқии) мӯътадил оварда, барои хо-
риҷ гаштанашон муҳайё бояд сохт. Вале агар моддаи
матлуб аз эътидол рақиқ (суюқ) бошад, масалан, саф-
ро— барои он, ки ба ҳар манфазҳо даромада ва паро-
канда нагардад, онро ба ҳолати ғафсии мӯътадил биё-
варанд, ки қобили ҳама якҷо аз бадан бадар рафтан
гардад.
Баъд аз ин амалҳо давои мусҳил (исҳоловар) бояд
дод, ки он моддаҳои зарарнокро дафъ гардонад. Мус-
ҳил—дар тиб он давоеро меноманд, ки моддаҳоро аз
рагҳо ва узвҳо фурӯд оварад. Инчунин як қисми даво-
ро мулайин (мулоимкунанда) меноманд, ки он мод-
даи зарарнок дар фазои меъда, рӯдаҳо ва атрофи он-
ҳо бошад, берун оварад.
Инак, пеш аз мусҳил давои мунзиҷ (пазонанда) до-
дан шарт аст. Вале пеш аз давои мулайин пазонида-
ни модда зарурат надорад.
Бо қатъият огоҳ кунем, ки ду намуд давои мусҳил-
ро дар як рӯз додан раво нест.
Ҳангоми ошомидани давои мусҳил сӯрохи биниро
банд кардан лозим аст, ки аз бӯйи нохуши он даво дил-
беҷо (беҳузур) нагардад ва қай наёяд ва ҳар дуи бо-
зуро низ маҳкам банданд. Агар дил беҷо шавад, пуди-
наро бо андак қаранфули гардан бӯйидан — ин монеи
қай мебошад. Баъди аз давои мусҳил хӯрдан то тамо-
78
ман хориҷ шудани моддаи матлуб аз бадан, хоб кар-
дан манъ аст. Давои мусҳилро набояд бисёр ширин
созанд. Об барои шустани мақъад бояд гарм бошад,
на сард.
Агар давои мусҳили пурзӯр хӯрда бошанду он амал
накарда, дилро ба тапидан орад ва беҳуш гардонад,
бояд ки зуд қай фармуда, онро дафъ кунанд.
Мусҳили ноқис, яъне камтаъсир бисёр зарар до-
рад монанди он, ки фасди ноқис аст.
Агар бадан қавӣ бошад, давои мусҳилро пайи ҳам
хӯронидан равост, вале бемор заиф ва нимҷон бувад,
як ё ду рӯз дар миён фосила дода, ин даворо биди-
ҳанд, то ки ӯ аз рафтани дарун бадҳол нагардад.
Рӯзи давои мусҳил хӯрдан аз чизҳои хунук ва ху-
нукӣ парҳез лозим аст. Вале одамони хушкмизоҷ, кӯ-
дак, камқувват ва пиронро набояд давои мусҳили қа-
вӣ диҳанд.
Аз болои давои мусҳил ҳабҳо, каф зада хӯрданҳо,
маъҷунҳо ва арақи бодёни нимгарм ё оби нимгарм
ошомидан барои мадади исҳол беҳтар аст.
Аз болои обе, ки дар он давои мусҳил ҷӯшонида
шуда бошад, арақи бодёни сард диҳанд.
Баъди фориғ гаштан аз таъсири давои мусҳил ба
каси гарммизоҷ тухми аспағӯл (подорожник блошный),
ба одами сардмизоҷ мисли тухми райҳон ё аз тухмҳои
дарунро мулоимкунанда додан муносиб мебошад.
Ҳеҷ як даво мавҷуд нест, ки ба ғайр аз як хилт
(модда) хилти дигарро аз хилтҳои сегона (балғам,
савдо, сафро) берун наёварад. Аммо он чӣ махсус кар-
даанд барои ихроҷи сафро ё балғам, ё савдо — ин би-
нобар он аст, ки он даво ҳамон хилтро назар ба ди-
гарҳояш бештар бармеорад.
Зимнан бояд инро хотирнишон намоем, ки баъзе
касон соле як бор исҳол карданро барои тандурусте
афзал медонанд. Вале ин тамоман хато мебошад. Агар
зарурат пайдо шавад, худи бадан ба ин қодир аст ва
исҳол месозад.
Акнун ба сари мақсад биёем.
Давоҳои пазонандаи сафро: бехрешаи коснӣ, нилу-
фар, сумбул, бехрешаи гулихайрӣ, тухми гулихайрӣ ва
тугмачагул, бунафша, гулисурх, тухми коснӣ, шоҳита-
ра, гули хайру (ҳамешабаҳор).
Сафро дар муддати се рӯз пухта мешавад ба шар-
те, ки сафрои холис бошад. Ва агар сафрои ғайри хо-
79
лис бувад, то муддати панҷ рӯз пазонандаи инро бо-
яд бихӯронанд, баъд вай пухта мегардад.
Давоҳои пазонандаи балғам: бехрешаи бодён, ма-
визи бедонаи ангур, сагангур (ангури сагак), сунбул,
говзабон, бодрангбӯя, бехрешаи карафс, решаи бепӯс-
ти ширинбия, тухми карафс, бехрешаи кавар, арпабо-
диён. Балғам дар нӯҳ рӯз пухта мешавад, бояд ин
миқдор рӯз аз давоиҳои номбурда кадомаш, ки ба даст
ояд, бихӯранд. Вале балғами ғафс дар муддати зиёда
аз ин пухта мегардад. Аммо балғами рақиқ (суюқ)
дар панҷ рӯз пухта мешавад.
Давоҳои пазонандаи савдо: бодрангбӯя (лимонная
трава), говзабон, сагпистон, бехрешаи коснӣ, бодиён,
шоҳитара, челон, сунбул, решаи бепӯсти ширинбия,
анҷир.
Савдо дар муддати понздаҳ рӯз пухта мегардад ва
баъзан пештар ва ё дертар аз ин мӯҳлат пухта меша-
вад.
Акнун оид ба давоҳои исҳоловарандаи ин моддаҳои
пухташуда баҳс мекунем.
Мусҳили сафро, яъне давоҳое, ки хӯрданашон хилти
сафроро бо исҳол дафъ мекунад: пӯсти ҳалилаи зард,
талхшувоқ, гулисурх, тарангабин (шакари янтоқ).
Мусҳили балғам, яъне, давоҳое, ки хӯрданашон бал-
ғамро бо исҳол дафъ мекунад: шаҳми (гӯшти) ҳанзал
(тарбузи абӯҷаҳл), маргимоҳӣ, замбӯруғи сафеди та-
наи дарахт, турбуд, сано.
Давоҳое, ки хӯрданашон мусҳили савдо мебошанд:
ҳалилаи кобулӣ, ҳалилаи сиёҳ, зарпечак, замбӯруғи
сафеди танаи дарахт, сано.
80

Ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.