Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 278-285

278. Хамиртуруш

279. Дорчинӣ

280. Дӯшоб

281. Мавиз

282. Равғани зайтун

283. Шакар

284. Замбӯруғи танаи дарахт

285. Сабӯс

278. Хамиртуруш

Ин аз орди гандум аст, ки бо равғани кунҷид ё рав-
ғани зайтун, ё равғани гов, ё буз, ё гӯсфанд ва шир
ва ҷуғрот ҳар як, ки бошад, сиришта мегузоранд, то
турш ва бадбӯ гардад. Баъд қадареро аз он дохили
хамири нон менамоянд, то ки хамир барояд (бихезад).
Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон хамирмоя мегӯянд.
Мизоҷаш мураккаб-ул-қувват дар дараҷаи дуввум
гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд,
моддаҳои ғализи баданро рақиқ мегардонад, инчунин
онҳоро ронда, узвҳои баданро пок мекунад ва варам-
ҳоро таҳлил медиҳад. Агар аз рӯ гузошта банданд,
моддаҳои матлубро аз чуқури бадан ба рӯ мекашад.
Ба ин намак омехта гузошта банданд, варамҳои сард-
ро таҳлил медиҳад, хусусан варамҳои таги пойро ба-
шаст мегардонад, инчунин дард ва сӯзиши таги пойро
ба зудӣ таскин медиҳад, пучакҳоро пазонида мекафо-
над, дарди дандонро низ сокин мекунад.
135 грамм обе, ки дар он 17,5 грамм хамирмояи
камнамак ҳал карда, бо ду грамм решаи сӯхтаи най,
баробари ин сӯхтаи реша, шакар, ним грамм заъфа-
рон андохта бихӯранд, хумор, ташнагӣ ва тафси бадан-
ро дафъ мекунад. Агар ба таркиби мазкур 9 грамм
сирко изофа намоянд, барои сурфае, ки аз ҷамъ шу-
дани сафро ба амал омада бошад ва инчунин сабаби
сурфа моддаҳои сӯхта бошад, дармон мешавад.
Чун як ҷузъ оби наъно, як ҷузъ хардал (горчица),
се баробари ҳар дуи ин хамирмоя изофа намуда, дар
даҳ баробар вазни ҳамаи ин об биҷӯшонанд, то об ба
нисф расад. Баъд онро соф намуда, бо нисф вазни
он асал ба қивом оварда бихӯранд, ҳозимаро ба да-
раҷае қавӣ мегардонад, ки сабр натавон кард ва меъ-
даро аз моддаҳои сӯхта пок месозад балғамро дафъ
мекунад, боҳ (пушти камар)-ро ба ҳаракат меоварад.
Ҳар гоҳ баъд аз давои боҳ дарҳол бинӯшанд, бағоят
зуд таъсир мекунад.
Хамирмояро дар об ҳал карда, ба ин таркиб чор-
яки он равғани бунафша даромехта, ғарғара кунанд,
варами ҳалқумро таҳлил медиҳад. Ва агар хамирмо-
яро бо ҳино, намак ва равған сиришта гузошта бан-
данд, ҳамаи сахтиҳои азимро, ки аз сиҳат шуданаш
ноумед гашта бошанд, ба хубӣ таҳлил медиҳад ва му-
642
лоим мегардонад. Чун хамирмояро кӯфта, бо анори
ширин сиришта бихӯранд, монанди шароб кайф меку-
над.
Вале хӯрдани хамирмоя ба узвҳои иллатноки дару-
ни сина зарар мекунад. Дар ин маврид катиро бихӯ-
ранд, ислоҳи зарар мегардонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз хамирмоя дар як рӯз
то 60 грамм аст.

279. Дорчинӣ

Ин пӯсти шохҳои дарахтест, ки маконаш асосан ҷа-
зираи Сарандеб (Цейлон) мебошад ва дар ҷазираи То-
кукани Дакан, инчунин Зирбод мерӯяд. Он чӣ дар ҷа-
зираи Сарандеб мешавад, хубтарини навъи он аст,
тундбӯй ва тундтаъм, сурхранги ширин мебошад. Ин-
ро дар бозорҳои шаҳрҳои Осиёи Миёна дарёфт кардан
мумкин аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Қувваташ то 15 сол боқӣ мемонад.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдан, гузошта бастан
ва бӯй кардани дорчинии кӯфтагӣ моддаҳои ғафсгаш-
таро дар бадан рақиқ (суюқ) мегардонад, гиреҳҳоро
мекушояд, фараҳ мебахшад, ахлоти бадбӯро мепазонад
ва барои дафъ шудан тайёр месозад; тарёқи ҳамаи
заҳрҳои ҳайвонӣ, наботӣ ва маъданиёт; тамоми қувват-
ҳои рӯҳиро, яъне қувватҳои майна, дил ва ҷигарро, ки
манбаи се қувватҳои бадан мебошанд, ҳифз мекунад,
яъне нигоҳ медорад, чашмро равшан месозад, бодҳо
ва моддаҳои сардмизоҷро пароканда мегардонад, ру-
тубати зарарноки майнаро хушк мекунад, назлаҳои
сарди тарро манъ менамояд; бемориҳои мағзи сарро,
ки аз сардӣ бошанд, шифо мебахшад, пешоб ва ҳайзро
равон менамояд, бачаро аз шиками ҳомила меафтонад,
боҳ (пушти камар)-ро қавӣ месозад, дилтапак (дилбо-
зӣ), тарсончакӣ, васвос ва девонагиро шифо мебахшад;
аъзои раисаро, ки дил, майна, ҷигар, меъда, гурдаҳо
ва хояҳо мебошанд, қувват мебахшад, бадбӯйии даҳан-
ро нест мекунад, сурфаи тар ва дамкӯтаҳиро ба ибро
меоварад; овози хирриро, ки сабабаш ҷамъ шудани
балғами шахшӯл бошад, мекушояд; рутубатҳои часпа-
ки халаловари қасабаи шуш ва роҳи нафасро дафъ ме-
кунад ва узвҳои даруни синаро аз он рутубатҳо
пок мекунад, гиреҳи ҷигарро мекушояд, истисқо (во-
643
дянка)-ро шифо мебахшад, бӯйи бади захм ва решҳоро
дур месозад, заҳрҳои сардмизоҷи ҷонваронро монанди
заҳри каждум ва ғайраро аз бадан дафъ мекунад.
Агар равғани инро бар пешонӣ ва чаккаҳои сар
бимоланд, дарди сарро таскин медиҳад ва ин равғанро
ба пилки чашм бимоланд, паридани онро манъ месозад.
Дорчиниро маҳин сойида, чун сурма ба чашм ка-
шанд, чашмро қувват мебахшад ва агар бо дигар да-
воҳои чашм даромезанд, таъсири онҳоро ба табақоти
чашм мерасонад.
Дорчиниро дар об ҷӯшонида, он обро бо сирко да-
ромехта бинӯшанд, ҳиқкак (ҳиқичоқ)-ро, ки сабабаш
ҷамъ шудани рутубат бошад, ислоҳ медиҳад; агар ин
обро бо пӯсти ҳалилаи кобулӣ биёшоманд, истисқои
лаҳмӣ ва обиро шифо мебахшад.
Инро кӯфта гузошта банданд, узвҳои ларзакро ба
ислоҳ меоварад ва инчунин ларзонидани табҳои бал-
ғамӣ ва савдовиро дафъ мекунад; ба мақъад гузошта
банданд, донаи бавосирро меафтонад ва дарди онро
таскин медиҳад, газидани каждумро даво мешавад.
Агар инро хойида, ба ҳашафа (сари закар) бимо-
ланд, лаззати ҷимоъро афзун мегардонад.
Кӯфтаи дорчиниро бо асал даромехта бимоланд, ри-
хинаки рӯй ва доғҳои кунҷидакро дафъ мекунад; бо
сирко сиришта бимоланд, низ чунин таъсирро дорад.
Хӯрдани дорчинӣ ба одамони гарммизоҷ зарар до-
рад, дарди сар меоварад, ба хичак ҳам зиён мекунад.
Дар ин ҳолатҳо катиро бихӯранд, ислоҳи зарари он
менамояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз дорчинӣ дар як рӯз аз 7
то 14 грамм аст.
Агар дорчинӣ ёфт нашавад, ба ҷойи ин занҷабил ис-
теъмол намоянд, раво мебошад. Ва барои рақиқ гар-
донидани моддаҳои ғафси бадан ва қувват бахшидан
ба бадан баробари вазни ин самари арчаро истифода
намоянд, ҷоиз аст.
Мизоҷи равғани ин аз худи дорчинӣ бисёр гарм ва
хушк дар дараҷаи саввум аст.
Тайёр намудани равғанаш ин тавр аст. Бигиранд
ним килограмм пӯстлох — дорчини тундбӯй, ки цейло-
нӣ мебошад, дар се кило равғани зайтун ё равғани
кунҷид дохил намуда, камаш 10 рӯз дар офтоб гузо-
ранд. Ҳар рӯз барҳам зананд, яъне бикованд. Ҳамин
равғани дорчинӣ ҳисоб меёбад.
644
Агар аз ин равған ҳар рӯз аз 4,5 то 9 грамм биё-
шоманд, барои каҷ шудани рӯй, фолиҷ, газидани каж-
дум ва ғунда, ларзонидани табҳои даврӣ дору меша-
вад.

280. Дӯшоб

Ин оби софи меваҳои ширинтаъм аст, ки ҷӯшонида,
аз чор се ҳиссааш бухор гашта, як ҳиссааш монда бо-
шад. Баъд бар он хоки дӯшоб мезананду мегузоранд,
то дурдаи он таҳнишин ва худаш ширин гардад. То
хоки мазкурро бар он назананд, хуб ширин намегар-
дад, балки бидуни ин андак таъми туршӣ дорад ва
каме нософ мебошад. Инро ба тоҷикӣ ширинӣ мегӯ-
янд. Шириниро мумкин аст аз ангур ё аз тути сафед ва
ғайра тайёр кунанд.
Мизоҷи ширинии (дӯшоби) ангури дар дараҷаи дув-
вум гарм ва дар якум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, хуни со-
лим пайдо мекунад, баданро фарбеҳ месозад, гиреҳҳо-
ро мекушояд; агар инро бо судоб бихӯранд, барои ил-
лати саръ (припадка) дармон мешавад; агар бо зарпе-
чак бихӯранд, тарсончакӣ ва девонагиро дафъ меку-
над; бо тухми маҳсар биёшоманд, шаро (аллергия)-ро
ҳамон рӯз ба ибро меоварад; бо анҷир ва ҳулба бихӯ-
ранд, барои сурфаи кӯҳна ва дарди узвҳои даруни си-
на дору мешавад; бо заъфарон биёшоманд ваҳм,
ғам ва ғазаби шадидро дафъ мекунад; инро бо шири
тозадӯшида ва андак бодоми ширин бихӯранд, дилта-
пак (дилбозӣ), лоғарии шадиди бадан, сустӣ ва заи-
фии узвҳои даруни шикамро бо як аҷобате шифо ме
бахшад; бо андак сирко бихӯранд, зардпарвинро дафъ
мекунад, иллатҳои сипурзро ба ибро меоварад; бо оби
ҷав биёшоманд, сангҳои гурда ва хичакро майда кар-
да мерезонад, пешобро равон мекунад.
Агар ин шириниро бо гулихайрӣ ҷӯшонида гузошта
банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад ва пучакҳоро ме-
кафонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз дӯшоб (ширинӣ) дар як
рӯз аз 45 то 90 грамм аст. Агар инро аз ҳад зиёд би-
хӯранд, хунро месӯзонад, дарди сар медиҳад. Дар ин
ҳолат тухми райҳон, сиканҷабин (сиркоасал) ва тур-
шиҳо бихӯранд, зиёнаш ислоҳ мегардад.
645

281. Мавиз

Ин ангури хушконида мебошад, ки мавизи ангур
гуфтан ҳам равост. Беҳтарини мавизҳо пургӯшти кам-
дона ва ширини онҳост. Бадтаринаш хушки камшираи
пуртухми он мебошад.
Мизоҷаш вобаста ба навъи ангураш гуногун мебо-
шад, масалан, агар аз ангури сафед тайёр карда бо-
шанд, гармии мизоҷаш камтар назар ба сиёҳи он ва
дар ширинаш гармӣ зиёдтар аст. Мӯътадилтарини ҳа-
маи онҳо сафед ва баъд аз он сурх ва баъди он сиёҳи
он аст. Мизоҷи хушки камгӯшти пуртухми он моил ба
хушкӣ мебошад. Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи якум
сард ва дар дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: мавизро бихӯранд, хил-
ти ғафсро пазонида, барои дафъ шудан тайёр мекунад,
дарунро мулоим месозад, чизҳои сахти дохили баданро
дар ҳадди эътидол таҳлил медиҳад, меъда ва рӯдаҳоро
аз чизҳои бегона пок мегардонад, ба давоҳои исҳоло-
вар кӯмак мерасонад, барои қасабаи шуш, яъне ба ро-
ҳи нафас форам ва мувофиқ аст; ҷигарро қувват меди-
ҳад, дар одамони сардмизоҷ боҳро ба ҳаракат меова-
рад, баданро фарбеҳ мекунад; барои сурфаи балғамӣ,
бемориҳои гурда ва хичак даво мешавад, инчунин зах-
ми рӯдаҳоро шифо мебахшад.
Агар мавизро бо гули говзабон ва хурмои сабз би-
хӯранд, дилтапак (дилбозӣ)-ро дафъ мекунад; инро
бо сирко бардавом бихӯранд, зардпарвинро дафъ ме-
кунад. Агар ба ҷойи тухмаш дар ҳар мавиз як дона
мурч ҷо карда, ба хӯрдани он мудовамат намоянд, ба-
рои сардии гурда ва чакмезак дармон мешавад, санг-
ҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад.
Чун мавизро бо арпабодиён бипазанд то он, ки му-
ҳарро гардад, баъд соф карда, бо равғани бодоми
ширин бихӯранд, сурфаи тари аз хунукӣ баамалома-
даро шифо мебахшад.
Мавизро як шабонарӯз дар об тар карда ё онро дар
об ҷӯшонида, он обро бо барги пухтаи шилха (қав)
бихӯранд. дарунро мулоим мекунад.
Агар мавизро як шабонарӯз дар сиркои ангурӣ тар
карда, баъд ба дили наҳор бихӯранд, варами сипурзро
таҳлил медиҳад, ки ҳар рӯз чанд дона аз он мавиз
хӯрда, аз болояш аз он сирко ҳам камтар бинӯшанд,
давои аҷибест.
646
Чун мавизро бо мурч ва орди арзан бирён карда,
бо асал бихӯранд, балғамро бо воситаи даҳан берун
мекунад.
Мавизро бо равғани ҳайвонот кӯфта гузошта бан-
данд, варамҳоро таҳлил медиҳад, пучак ва чиртакҳоро
мекафонад; нохуни беҷо баромадаро меафтонад. Кӯф-
таи мавизро бо шароб хамир сохта, ба ғонағароё (ган-
грена), реши шаҳдия (реши рутубаташ асалмонанд),
нағзак (гулак), бадбӯйии буғумҳо, ҷӯшишҳои бадан ва
саратонҳо гузошта банданд, шифо мебахшад. Мавизро
бо орди боқило ва зира кӯфта гузошта банданд, ва-
рами хояҳоро таҳлил медиҳад.
Хӯрдани мавиз ба одамони гарммизоҷ зарар до-
рад—дар ин ҳолат сиканҷабин бихӯранд ё оби меваҳои
турш бимаканд, ислоҳи зиён менамояд. Ба гурда ҳам
зиён мерасонад — дар ин маврид челон бояд бихӯранд.
Миқдори як бор хӯрдан аз мавиз дар як рӯз то 100
грамм аст. Ба ҷойи мавиз кишмишро истеъмол намо-
янд, комилан раво мебошад.
Мизоҷи тухми ангур дар дараҷаи якум хунук ва
дар дуввум хушк аст. Агар инро бихӯранд, дарунро
мебандад, меъдаи тармизоҷ ва рӯдаҳоро қувват мебах-
шад.
Мавизи камшираю камгӯшт дарунро мебандад ва
шикамро қувват мебахшад, вале хунро месӯзонад. Дар
ин гуна зарарҳояш тухми чилмангӯштак (семизут) бо-
яд бихӯранд, то ки зиёнашро ба ислоҳ оварад. Ба гур-
да агар зарар кунад, челон бояд хӯрд.
Мавизи бетухмро, ки кишмиш меноманд, беҳтари-
наш сабзранги он аст ва носараи он сиёҳаш мебошад.
Кишмиш нозуктар аз мавиз аст, ғизо дар он бисёр
мебошад. Агар инро бихӯранд, қуввати боҳ мебахшад.
Оберо, ки дар он кишмиш як шабонарӯз тар кар-
да ё кишмиш дар он ҷӯшонида шуда бошад, бо қанди
сафед қивом карда бихӯранд, сурфаро шифо мебах-
шад, узвҳои даруни синаро аз моддаҳои бегона пок ме-
кунад, овозро соф мегардонад.
Агар инро бо заъфарон ва зардаи тухми мурғ кӯф-
та гузошта банданд, пучакро мекафонад ва сахтиҳоро
таҳлил медиҳад — дар ин бобат давои беҳамто мебо-
шад.
Агар кишмишро бо сабир кӯфта, ба сар бимоланд,
качалиро (каляраро) шифо мебахшад. Дар дигар бо-
бат хислати мавизи аз тухм ҷудо кардашударо дорад.
647
Инро ҳам бисёр бихӯранд, хунро месӯзонад. Дар ҳо-
лати зиён карданаш сиканҷабин бихӯранд ва ё оби
меваҳои турш бимаканд, ислоҳи зарар менамояд.

282. Равғани зайтун

Мурод аз ин равғани зайтуни хӯрокӣ аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: 65 грамм равғани зай-
тунро бо 300 грамм оби гарм ё оби ҷав биёшоманд,
дарунро башиддат меронад, дарди узвҳои бадан ва ир-
қуннасо (радикулит)-ро шифо мебахшад; агар инро бо
шароб ва оби гарм биёшоманд, қулинҷро, ки дард ва
варами рӯдаи ғафс аст ва дарди рӯдаҳоро дафъ меку-
над, кирмҳои меъдаро хориҷ месозад, сангҳои гурда
ва хичакро майда карда мерезонад, арақ меоварад,
пешобро меронад; дардҳои буғумҳо, ирқуннасо, дарди
сурин ва ғайраҳоро ба ибро меоварад.
Агар равғани зайтун хӯрда қай кунанд, заҳрҳоро
аз бадан дафъ месозад.
Бо равғани зайтун нимгарм ҳуқна (клизма) ку-
нанд, қулинҷи варамӣ ва гиреҳӣ, дарди миён, дарди
буғумҳо ва ирқуннасоро шифо мебахшад
Агар инро бимоланд, дардҳоеро, ки сабабашон мод-
даҳои хунукмизоҷ ва аз хунукӣ бошанд, таскин меди-
ҳад.
Миқдори як бор хӯрдани аз равғани зайтун дар як
рӯз то 35 грамм аст.
Агар баъд аз кашида шудани равғани зайтун шаш
сол бигузарад, онро равғани зайтуни қадим меноманд,
вале баъзеҳо инро баъд аз шаш моҳ гуфтаанд. Ба ин
мафҳум илова намоем, ки дар қуттиҳои ба мамлакати
мо аз мамлакатҳои гуногун овардашудаашон тару то-
загии мӯҳлати онро шаш моҳ гуфтаанд.
Мизоҷи равғани зайтуни қадим гармтар аз навъи
нави он аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, моддаҳои
ғализро таҳлил медиҳад, дарун ва башараро мулоим
мекунад, хислати давоҳоро ислоҳ менамояд ва қувват-
ҳои ногувори онҳоро заиф мегардонад, шах шудани
узвҳои баданро манъ мекунад, зарари сарморо дафъ
месозад.
Агар инро ба чашм кашанд, чашмро қувват мебах-
648
шад; гули чашмро, ки тунук бошад, шилпуқӣ ва қӯту-
ри чашмро дафъ мекунад. Ин равған дар бобати дафъ
кардани зардоби дар гавҳараки чашм фуромада ба
ҷойи қадҳ (бахури марям) кор фармуда мешавад, ки он
низ дафъкунандаи зардоби сӯрохи гавҳарак аст.
Ин равғанро гарм карда ба ҷойи каждумгазида би-
моланд. дардашро таскин медиҳад.
Равғани зайтуни навро доғ кунанд, то ба нисф ра-
сад, баробари равғани зайтуни қадим мегардад.
Агар равғани зайтун аз ҳафт сол бигузарад, қувва-
ти шифобахшии он беҳтар аз равғани баласон мегар-
дад. Ин равған ҳарчанд кӯҳнатар шавад, қавитар ме-
гардад. Қуввати равғани зайтун то чор ҳазор сол бо-
қӣ мемонад.
Чун равғани зайтунро бо ҳамвазни он об биҷӯшо-
нанд, то об бухор шуда равад ва ҳамчунин то шаст
маротиба оби нав андохта биҷӯшонанд, баъд он рав-
ғанро то нисфаш мондан доғ кунанд, ки инро дар мар-
табаи шифобахшӣ баландтар аз равғани баласон до-
нистаанд ва инро аз асрори аҷиба шуморидаанд.
Он чӣ равғанро аз самари норасидаи зайтун ги-
ранд, онро зайт-ул-анфоқ меноманд. Беҳтарини он он
аст, ки ба ғайри сӯзон ва бидуни тезӣ бошад.
Мизоҷи ин мӯътадил дар гармиву сардӣ, бо қувва-
ти қабзият аст. Ва ба қавли баъзеҳо мизоҷаш дар да-
раҷаи якум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, баданро
фарбеҳ мегардонад, милки дандон ва худи дандонро
мустаҳкам мекунад, узвҳои баданро қувват мебахшад,
барои меъда форам ва мувофиқ аст; ахлотро (хун, бал-
ғам, сафро ва савдоро) соф мекунад, гиреҳҳои баданро
мекушояд, бадбӯйиро барҳам медиҳад, дамидани арақи
баданро манъ менамояд, сангҳои гурда ва хичакро
майда карда мерезонад, пешоби барзиёдро ислоҳ мена-
мояд. Шустаи онро бихӯранд, ба дарди асабҳо ва мод-
даҳои гарммизоҷ мувофиқ аст, ранги рухсорро неку
мегардонад.
Чун 77 грамми онро бо ҳамон миқдор асал, бо 25
грамм шилми мустако ва 25 грамм равғани сиёҳдона
дар ҳаммом се рӯз пайи ҳам биёшоманд ва дар он рӯз-
ҳо оби хунук нанӯшанд, аз тамоми иллатҳои сардми-
зоҷ: карахтӣ, фолиҷ, каҷ шудани рӯй ва ғайраи бемо-
риҳо наҷот меёбанд ва шаҳвати боҳи пирони садсоларо
ба ҳаракат меоварад, яъне барқарор месозад.
649
Равғане, ки аз зайтуни бӯйгирифта кашида бо-
шанд, хӯрданаш дар бадан моддаҳои мурдор ва хо-
риш пайдо мекунад. Дар ин ҳолат шарбати бунафша
биёшоманд, ислоҳи зарар менамояд.
Равғани зайтуни даштиро дар хосиятҳои тиббӣ мо-
нанди равғани гулисурх медонанд.
Ин навъи равғани зайтунро бихӯранд, моддаҳои рех-
та ва равоншавандаро радд ва узвҳои баданро сард
мегардонад, сиёҳии мӯйро нигоҳ медорад ва рехтани
онро манъ мекунад, дандони ҷунбонакро мустаҳкам ме-
гардонад, намегузорад, ки ба забончаи ҳалқ рутубат-
ҳо, ки ба он сустӣ меоваранд, рехта шаванд, рафтани
хунро аз милки дандон манъ менамояд.
Тарзи тайёр кардани ин равған дар замони қадим
чунин буд. Самари зайтунро ҷамъ карда ба офтоб ме-
гузоштанд ё дар зарфе ба танӯри тафсон мемонданд,
то ки пажмурда ва мулоим гардад. Баъд онро кӯфта,
бо роҳи фишурдан равғанашро меситониданд ё ин, ки
дар об меҷӯшониданд, то бипазад. Баъд молида, соф
карда, аз нав то обаш бухор шуда рафтан меҷӯшони-
данд. Эҳтиёт мекарданд дар вақти ҷӯшидан равған
доғ нагардад.

283. Шакар

Ин оби найшакар аст, ки ҷӯшонида, ба қивом расо-
нида, баъд хушк мекунанд — шакар мегардад. Агар
инро аз оби найшакари сафед тайёр намоянд, шакараш
сафед ва аз оби найшакари сурх бигиранд, шакараш
сурх мегардад.
Агар аз шакар қанди сафед тайёр кунанд, онро дар
тиб набиз ва агар набот созанд, онро шакари сулай-
монӣ мегӯянд.
Мизоҷи шакари сафед дар дараҷаи дуввум гарм
ва дар якум хушк аст. Мизоҷи шакари сурх дар охири
дараҷаи дуввум гарм ва дар охири якум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, дарун,
ҳалқ, узвҳои даруни сина ва шушро мулоим ва инчу-
нин узвҳои мазкурро аз рутубатҳо пок мекунад, бо ин
восита ба ҷоҳои дур ва чуқури бадан нуфуз менамояд
ба зудӣ; барои қувват додан ба рӯҳҳои ҳайвонӣ, наф-
сонӣ ва табиӣ, илова бар ин ба ҷигар, таҳлил додани
бодҳои рӯдаҳо, қувват додан барои боҳ (пушти ка-
мар), пайдо кардани хуни солим, мустаҳкам сохтани
650
асабҳову устухонҳо, манъи пирӣ ва дафъ кардани мод-
даҳои савдовӣ, инчунин бемориҳои савдовӣ ва ғизо
додан барои беморон давои зуд таъсиркунанда аст.
25 грамм шакарро бо оби гарм ва равғани бодо-
ми ширин бихӯранд, барои гирифтагии овоз даво мебо-
шад, иллати қулинҷро шифо мебахшад; бо ду мисли он
равғани гов, ки 50 грамм аст, ки нимгарм бошад, би-
хӯранд, барои дарди ноф ва гиреҳи дарун дармон ме-
гардад ва занонеро, ки қобилаи ҳайз дидан бошанд,
пок мегардонад, душвор шошиданро ислоҳ мекунад.
Ҳар рӯз 25 грамм наботро, ки як пора-як пора ба
даҳан гирифта об кунонида фурӯ баранд, сурфа, даға-
лии овоз, дарди узвҳои даруни сина, ларзак, дилтапак
(дилбозӣ)-ро, ки аз бисёрии мубошарат бошад, дафъ
мекунад. Агар ин миқдор наботро бо оби гарм биё-
шоманд, барои гирифтагии овоз, ки сабабаш назлаҳо
бошад, шифо мебахшад ва агар инро бардавом бихӯ-
ранд, сурфаро дафъ мекунад.
Аз набот ҷуллоб ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ.
Наботи сафед як килограмм бо се килограмм гулоб
якҷо дар оташи мулоим меҷӯшонанд, кафкашро мебар-
доранд ва соф менамоянду то ба нисф расидан боз
меҷӯшонанд. Баъд 3,5 грамм заъфаронро бо гулоб сойи-
да, дохил менамоянду дар зарфе нигоҳ доранд, вақти
ҳоҷат ба кор баранд.
Ҷуллоби наботро бо гулоб ва оби хунук биёшоманд,
барои ибтидои табҳои сӯзон даво мешавад. Агар ҷул-
лобро бо гулоб ва дигар давоҳои хушбӯй хӯриш дода
ё батанҳоӣ бо оби нимгарм барои беморон ба қадри
ҳоҷат бихӯронанд, агар тезтаъм бошад, нафъ меку-
над, зеро ки ин поккунандаи бадан аст. Агар бо мас-
каи нав биёшоманд, хислати поккунандагиаш зиёда ме-
гардад, решҳоро аз рим пок мегардонад; барои хори-
дани пилкҳои чашм бо набот, қанди сафеди сахт қӯ-
тури пилк ва гули чашм ва инчунин гӯшти зоидӣ,
яъне гӯшти ҳароми онро дафъ мекунад; агар бо на-
бот ва марворид бихӯранд, шилпуқӣ ва қӯтури чашм-
ро нест месозад.
Набот ё шакарро кӯфта, бо гӯгирд, қатрон (дёготь),
сандаруси кӯфта ва навшодир даромехта гузошта бан-
данд, шукуфаи пӯст, пес, доғи сафеди пӯст ва дигар
доғҳоро аз пӯсти бадан дафъ мекунад.
Кӯфтаи қанди сафед ва наботро бипошанд, хуне-
ро, ки аз узви қатъшуда ва ҷароҳат равон бошад, боз-
651
меистонад ва гӯшти ҳаром ва мурдори ҷароҳатро дур
карда, гӯшти солим мерӯёнад.
Наботро сӯхта, дудашро ба машом бигиранд, зу-
комро дафъ мекунад, бастагии сӯрохи биниро меку-
шояд.
Вале истеъмоли набот, қанд ва шакар ба дарун ба
беморони сил, исҳол, дарди рӯдаҳо ва касони сафро-
вимизоҷ зарар дорад, хусусан, ки ҳангоми гурусна бу-
дани шикам бихӯранд; дар одамони тармизоҷ агар бал-
ғам ва рутубат дар бадани онҳо зиёд бошад, дарди
сар мекунад. Аммо соҳибони ин мизоҷ бо равған ва
туршӣ истеъмол намоянд, зиёнаш бисёртар аст. Агар
шакар, қанд ва набот хеле кӯҳна шуда бошад, модда-
ҳои фоиданоки баданро мурдор мегардонад ва хунро
месӯзонад. Дар вақти зиён карданаш бодоми ширин,
шири навдӯшида, туршиҳо, оби анорҳо, оби биҳӣ ва
коҳу истеъмол намоянд, ислоҳ менамояд.
Миқдори хӯрдан аз ин дар як рӯз то 100 грамм аст.

284. Замбӯруғи танаи дарахт

Ин дар реша ва танаҳои дарахтони пӯсида ва кун-
даҳои боқимонда монанди замбӯруғ мерӯяд, ки ду
навъ аст: нар ва мода, бо рангҳои гуногун. Таъмаш
бо ширинӣ, тезӣ ва талхӣ ва қабзиятнокӣ мебошад.
Навъи нараш андак сахттар аст назар ба модаи он,
кулӯла, бо табақот, ки гӯё яклухт аст ба хилофи мо-
даи он. Қувваташ то чор сол боқӣ мемонад. Беҳтарин
ва дар тиб истеъмолшавандаи он қисми модаи сафеди
сабуквазни табақадор, ҳамвор ва мулоими он аст, ва-
ле ғайри кулӯла, ки қитъаҳои он бузург ва зуд реза-
шаванда мебошад ва бо андак сойидан аз ҳам пошида
мегардад — ин фоидабахш аст. Агар он чӣ ба хилофи
ин бошад, барои табобат намешояд. Қисмҳои зард ва
сурхи он ба заҳрнокӣ наздик аст ва сиёҳи он заҳрнок—
ва ҳамаи ин навъҳояш истеъмол намегарданд.
Шарти истеъмоли қисми модаи сафеди он чунин
аст, ки ба ордбезак ё ғирбол бимоланд, қисми сабук
ва мулоимат аз он мегузарад, вале қисми заҳрноки
он, ки сахттар аст, нагузашта мемонад. Инро намекӯ-
банд, зеро ки агар бикӯбанд, қисмҳои заҳрнокаш, ки
ба шакли нохуни бурида аст, низ дохил мегарданд.
Дар бобати мизоҷаш қавлҳои бисёр ва гуногун
652
мавҷуданд. Баъзеҳо гарм ва хушк донистаанд, баъзе-
хо сард ва тар мегӯянд. Вале Абӯалӣ ибни Сино дар
дараҷаи якум гарм ва дар дуввум хушк бо ҷавҳари
ҳавоӣ, обӣ, хокии латиф гуфтааст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, балғаму
савдову сафрои ба ҳам омехтаро бо исҳол дафъ меку-
над, ахлоти ғафсро рақиқ (суюқ) мегардонад, модда-
ҳои ғализи часпакро меканад, бодҳои ғализ ва варам-
ҳои сахтро таҳлил медиҳад; қулинҷро ҳар навъ, ки бо-
шад, мекушояд; гиреҳҳои баданро, хусусан гиреҳи ҷи-
гар ва гурдаро мекушояд, давоҳои исҳоловарро ба ҷо-
ҳои дури бадан мерасонад; моддаҳоро аз ҷоҳои дур
ва чуқури бадан мекашад, пешоб ва ҳайзро равон ме-
кунад; чарбии мушакҳо, заҳрҳои ҷонварони газида ва
ошомидашуда ва давоҳои заҳрнокро аз бадан дафъ ме-
кунад; асаб, дил ва майнаро бағоят қавӣ мегардонад,
фавран фараҳ мебахшад, ахлоти мурдорро ба ислоҳ
меоварад, табҳои балғамиро шифо мебахшад ва дар ин
хислатҳо бе ҳеҷ гуна зарар ва некоқибат мебошад.
Ошомидани он барои дарди сари аз сардӣ ва аз зи-
ёд шудани балғам суратгирифта, ки кӯҳна шуда бо-
шад ва барои дарди нимсар даво мебошад. Агар инро
бо ҳалилаи кобулӣ бихӯранд, бухорҳои дар бадан пай-
дошударо нест мекунад ва агар бо решаи чукрӣ (ре-
воч) бихӯранд, назлаҳоро манъ мегардонад.
Агар инро дар майи пухтагӣ ҷӯшонида, бо он моеъ
ғарғара кунанд, варами ҳалқ ва мушакҳои онро таҳ-
лил медиҳад, дандон ва милки онро мустаҳкам мегар-
донад; агар бо ин моеъ нимгарм ҳуқна кунанд, назлаи
вабоиро ба ибро меоварад.
1,75 грамми инро бо об бихӯранд, хун қай кардан
ва хунравиро аз узвҳои даруни сина манъ мекунад;
3,5 граммашро бо арпабодиён биёшоманд, дамкӯтаҳӣ
ва ростнафасро шифо мебахшад; ҳамин миқдори онро
бо қивоми оби решаи ширинбия бихӯранд, дарди узв-
ҳои даруни сина, сурфаи кӯҳнаи сарди балғамӣ, зиқ-
ун-нафас (тангии нафас) ва душвории онро шифо ме-
бахшад; бо шароби мусаллас бихӯранд, захми шушро
дафъ мекунад.
Аз 3,5 то 4,5 грамми онро бо решаи ревоч (чукрӣ)
бихӯранд, бемориҳои ҷигар, меъда ва турш шудани та-
омро дар меъда даво мешавад; ин миқдорро бо сикан-
ҷабин (сиркоасал) биёшоманд, барои зардпарвини аз
гиреҳҳои маҷроҳои моддаҳо суратгирифта бошад ва
653
агарчи сабабаш дар сипурз бошад, шифо мебахшад; ин
миқдори онро бо талхшувоқ даромехта, бо асал маъ-
ҷун сохта, яъне сиришта, бардавом бихӯранд, истис-
қои гӯштӣ ва обиро шифо мебахшад; агар бо арпабо-
диён бихӯранд, дардҳои ботиниро таскин медиҳад, санг-
ҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад; бо
асал бихӯранд, барои қулинҷ (колит) шифо мебах-
шад, инчунин тамоми навъҳои бодро тит ва пароканда
мегардонад.
Агар инро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм
ҳуқна (клизма) кунанд, қулинҷро мекушояд, варам ва
захмҳои рӯдаҳоро ба ибро меоварад.
Хойидани он батанҳоӣ ва фурӯ бурдани оби он неку-
давоест барои дарди меъда, оруғи турш ва истодани
таом дар сари меъда дармон мешавад
3,5 грамми онро бо шаҳдоб (асалоб), агар бемор
таб дошта бошад, барои бо исҳол дафъ кардани бал-
ғаму сафрову савдои бо ҳам омехта, гудохтани хилти
ғализ ва берун кашидани онҳо аз ҷоҳои дури бадан,
равон кардани пешоб ва ҳайз, дафъ кардани дарди
рӯдаҳо ва бӯғмаи бачадон (инчунин таҳлил додани
боди бачадон) даво мешавад, вале агар бемор таб на-
дошта бошад, бо шаҳдоб ва сабир (алоэ) низ бихӯ-
ранд, буғмашавии бачадон ва захми онро шифо ме-
бахшад; агар бо камтар хояи сагобӣ биёшоманд, ҳа-
маи навъҳои қулинҷ ва иловус (дард ва варами рӯда-
ҳои борик)-ро шифо мебахшад; бо решаи ревоч бихӯ-
ранд, сангҳои гурдаро майда карда мерезонад.
Агар инро бо парпӣ ё бо ҷадвор бихӯранд, ҳамаи
намудҳои варамро таҳлил медиҳад.
Аз 1,75 то 3,5 грамми онро бо сиканҷабин сиришта
бимоланд, дардҳои буғумҳо аз ирқуннасо (радикулит)-
ро дафъ мекунад, инчунин ниқрис (подагра), дарди
буғумҳо, бемориҳои асаб ва табҳои доимиро бо сабир
(алоэ) даромехта бимоланд, ба ибро меоварад.
Аз 3,5 то 7 грамми онро бо шароб бихӯранд, барои
газидани мор ва дигар ҷонварони заҳрнок тарёқ ме-
бошад, инчунин ба ҷойи газида батакрор гузошта бан-
данд ҳам, чунин таъсирро дорост. Агар ин замбӯруғро
бо худ доранд, каждум намегазад.
0,8 грамми онро бихӯранд, ранги рухсорро неку ме-
гардонад.
Ҳамаи намудҳои дигари ин замбӯруғ зарарнок аст,
ки ба дарди гулӯи хафакунанда, ғамгинӣ ва бемори-
654
ҳои шуш гирифтор карда мекушад. Ва агар онҳоро
хӯрда бошанд, давояш хӯрдани хояи сагобӣ, оби гарм
нӯшида қай кардан, инчунин шири навдӯшида нӯши-
да, қай кардан ва ғайра аст.
Ба ҷойи ин ду баробари вазни ин зарпечак истеъмол
намоянд, раво мебошад.

285. Сабӯс

Дар тиб асосан сабӯси орди гандум истифода ме-
шавад ва банудрат сабӯси орди донҳои дигарро низ
кор мефармоянд.
Мизоҷи сабӯси орди гандум дар гармӣ камтар аз
орди гандум, вале хушктар аз он аст, хуллас, дар
дараҷаи якум гарм ва хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: сабӯси орди гандумро
дар сирко як шаб тар карда, баъд тафсонда бухорашро
ба машом бикашанд, зукомро дафъ мекунад.
Сабӯси орди гандумро дар об бо шакар, асал ва
равғани бодоми ширин ҷӯшонида ва он обро ҷуръа-
ҷуръа биёшоманд, узвҳои даруни сина ва шикамро му-
лоим мекунад, барои дафъ кардани хуни ҷамъшуда бо
қай мадад мерасонад; дағалии узвҳои даруни сина,
сурфаи кӯҳна, дамкӯтаҳӣ ва бодҳои ғализро дафъ ме-
кунад, инчунин барои одамони камқуввати аз беморӣ
навхеста ғизо мешавад.
Аз сабӯси орди гандум нон пухта бихӯранд, қабзи-
ятовар аст, рутубатҳои зиёдатии меъдаро хушк меку-
над.
Ин сабӯсро дар шароб пухта гузошта банданд, дар-
ди пистонро таскин медиҳад ва варами онро, ки аз
шах шудани шир сурат гирифта бошад, таҳлил меди-
ҳад.
Сабӯсро дар оби барги турб пухта гузошта бан-
данд, дарди газидани каждумро таскин медиҳад. Са-
бӯсро бо намак дар об пухта ё сабӯси хушкро бо на-
мак якҷо кӯфта гузошта банданд, газидани мори афъӣ
ва каждумро шифо мебахшад, бодҳо ва варамҳои сард-
ро таҳлил медиҳад. Сабӯсро бо сирко ва асал пухта
гузошта банданд, ҷӯшишҳои мӯрчагазакро, ки даван-
да бошанд, қӯтури решгашта, шукуфаи пӯст ва варам-
ҳои гармро шифо мебахшад.
Сабӯсро дар сирко як шаб тар карда, баъд гузошта
655
банданд, ҷамра (карбункул)-ро, ки реши мӯҳлик аст.
даво мешавад. Агар сабӯсро бо андак намак тафсони-
да, дар халтача ҷо дода, гармбандӣ кунанд ва вақте,
ки сард шуд, бо халтачаи дигар гармбандӣ намоянд,
варамҳои бодиро таҳлил медиҳад ва дардҳои гуногун-
ро низ сокин мекунад.
Сабӯси орди ҷавро дар об ҷӯшонида, он обро кам-
кам ва бардавом бирезанд, барои хориш ва шаро (ал-
лергия) даво мешавад.
Сабӯси орди наскро сӯзонида, дудашро ба машом
кашанд, ҳангоми хоб дар ҷогаҳ шошиданро шифо ме-
бахшад, шапуш ва ришкро дафъ мекунад. Сабӯси орди
боқилоро дуд кунанд, гули дарахтонро аз рехтан манъ
менамояд.

Ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.