Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 75-86

75. Сарв

76. Бангидевона

77. Янтоқ

78. Испанд

79. Гули санг

80. Хори хасак

81. Омула

82. Балила

83. Тӯдарӣ

84. Арзан

85. Қӯноқ

86. Ҳанзал

75. Сарв

Ин дарахти бисёр мавзун, хушқомати баланд аст.
Баргаш реза, хазон намешавад, яъне ҳамешасабз аст.
Андозаи самараш хурдтар аз чормағз, санавбари-
шакл, яъне шаклаш ба дили ҳайвонот монанд аст,
мағз надорад; дар вақти хомӣ сабз ва баъди расидан
андак зардтоб ва сахт мегардад. Тухми самараш са-
феди зардча, ки ба наск монанд аст, вале аз он нозук-
тар.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум
хушк аст. Мизоҷи самараш дар дараҷаи саввум сард
ва хушк аст. Мизоҷи шилмаш гарм, таъмаш тунд ва
тез қариб ба шилми санавбар аст.
Хислатҳои шифобахши он: баргашро дар об ҷӯшо-
нида, он обро бинӯшанд, душвории шошиданро ислоҳ
мекунад ва захмҳои рӯдаҳоро шифо мебахшад; аз хи-
чак равон шудани моддаҳои нодаркорро манъ меку-
над.
9 грамм барги хушкашро ос карда бо 2,5 грамм
шилми бодоми талх бихӯранд, хичакро қувват мебах-
шад; инчунин дар вақти хоб ба ҷогаҳ шошидан ва
душвории пешоб карданро дармон мегардад.
Агар онро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гар-
донанд, барои дарди дандон ва захми милки дандон
дору мебошад, инчунин ин узвҳоро мустаҳкам меку-
над. Онро кӯфта, бо асал хамир карда, лесида бихӯ-
ранд, сурфаи кӯҳнаро дафъ мекунад ва меъдаро қув-
ват мебахшад.
Самарашро хуб кӯфта, бо шароби хушбӯ биёшо-
манд, хунравиро аз дарун манъ мекунад, иллати рост-
нафасро, ки соҳибаш хоб карда нафас гирифта наме-
тавонад, шифо мебахшад; намегузорад, ки моддаҳои
зарарнок ба меъда рехта шаванд, инчунин захми рӯ-
даҳоро дафъ месозад.
Ин самари онро кӯфта, ба ҷойи даридаи шикам, ки
ҷурра (дабба) меноманд, гузошта банданд, даббаро
таҳлил медиҳад ва даридаи шикамро ба ҳам оварда
сиҳат мекунад.
Хӯрдани маҳсулоти сарв ба шуш зарар дорад. Дар
ин ҳолат катиро бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.
Аррамайдаи чӯбашро бо шилми бодоми талх якҷо
карда гузошта банданд, хичакро қавӣ мегардонад,
ҳангоми хоб ба ҷогаҳ шошиданро ба ибро меоварад.
216
Баргашро сӯхта, дар об шуста гузошта банданд,
барои сӯхтагии оташ даво мешавад, вале агар онро
ношуста гузошта банданд ё бипошанд, реш ва захм-
ҳои тарро шифо мебахшад.
Баргашро пухта ба дабба (ҷурра) гузошта бан-
данд, шифо мебахшад; ба ҷароҳатҳо бибанданд, даҳа-
ни онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад; ба узвҳои
нотавонгашта гузошта банданд, онҳоро ба қуввати ас-
лиашон меоварад; ба ҷое, ки хун мерафта бошад, гу-
зошта банданд, хуни онро мебандад, ба захмҳо бан-
данд, онҳоро хушк менамояд; инчунин агар гузошта
банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад ва мондагиро
барҳам мезанад. Баргашро сойида, бо орди ҷав ва об
хамир карда гузошта банданд, варами гарми чашмро
таҳлил медиҳад; сурхбод, доначаҳои сӯзони пӯст ва
сӯхтагии оташро шифо мебахшад.
Шилми онро ос карда, дар бинӣ бирезанд, майна-
ро аз рутубатҳои зиёдатӣ пок месозад; агар дар бинӣ
бипошанд, бавосири даруни биниро, яъне гӯшти зоиди
дар даруни он рӯйидаро дур менамояд. Агар оби сама-
ри тару тозаи онро дар офтоб хушк карда, дар бинӣ
гузоранд, низ бавосири биниро дафъ мекунад; инчу-
нин бар мақъад бипошанд, бавосири он мавзеъро ши-
фо мебахшад. Ва агар бо гулнор ҳамроҳ карда бипо-
шанд, решҳои тари сар ва дигар решҳои баданро хушк
мегардонад, инчунин решҳои римнокро пок месозад.
Самарашро бихоянд, обравии даҳанро ислоҳ меку-
над.
Барг ва самарашро кӯфта, бо мумравғани зайтунӣ
сиришта гузошта банданд, меъдаро қувват медиҳад.
Яке аз хислатҳои сарв он аст, ки агар барг ва са-
мари онро дар хона нигоҳ доранд, ба даруни хона
пашша намедарояд ва агар дохил гардад, онро меку-
шад.
Акнун дар бораи самараш муфассал баҳс намоем.
Ин манъкунандаи хунравиҳо мебошад, асабҳоро қавӣ
мегардонад, рутубатҳои нодаркор ва зарарнокро дар
ҳар як ҷойи бадан, ки бошад, хушк мекунад; меъда,
ҷигар, сипурз ва рӯдаҳоро қувват мебахшад, зеҳнро
тез мекунад, даҳанро хушбӯ менамояд.
Агар онро кӯфта, бо асал ва гулоб сиришта бимо-
ланд, барои дарди нимсар, дарди сари аз хунукӣ ба-
амаломада даво мебошад. Ва кӯфтаи онро бо шароб
биёшоманд, мании зудояндаро дер меомадагӣ мегар-
217
донад, дарунро мебандад; барои иллатҳои фаромӯш-
хотирӣ, сурфаи кӯҳна ва душвор пешоб кардан дар-
мон мешавад.
Кӯфтаи онро бо решаи тару тозаи сиреш хамир
карда, гузошта банданд, ҷойи даридаи шикамро дар
бемориҳои ҷурра, сиҳат мекунад. Чун самари онро
кӯфта, бо анҷир хамир карда, монанди шамъчаи борик
сохта, дар бинӣ гузоранд, гӯшти зоиди дар даруни
бинӣ пайдошударо мехӯрад.
Самари онро дар об ҷӯшонида, дар он об то ноф
даромада нишинанд, мақъади (кӯтани) баромадаро
ба ҷояш мебарад ва он дигар барнамеояд, инчунин
равон шудани рутубати бисёрро аз бачадон манъ ме-
созад.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз самари сарв
то 2 грамм аст.
Вале хӯрдани самари сарв боиси зардии рухсора
мегардад ва дар маҷроҳои бадан гиреҳ пайдо мекунад.
Ин зиёнаш асал ё равғани бодом бихӯранд, ислоҳ меё-
бад.
Агар самари сарв ёфт нашавад, ба ҷойи он решаи
анор ва якуним вазни он самари арчаро истеъмол ку-
нанд, равост.

76. Бангидевона

Ин растании маълум аст, аслан ду навъ мешавад:
якеро гулаш сафед ва ба шакли қиф аст, дигареро
гулаш таҳ бар таҳ, баргаш ва пояаш—ҳама ранги
бунафш доранд. Самараш дар бузургӣ ба андозаи
чормағз аст ва чун самари беданҷир хорнок мебошад.
Дар даруни он тухмҳои бисёри ба миқдори мурч, ва-
ле тираранг ҷойгир ҳастанд.
Мизоҷаш дар дараҷаи чорум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: барг, пӯсти самар ва
тухми онро кӯфта гузошта банданд, дарди сари кӯҳ-
наро, ки аз бисёр ҷамъ шудани сафро ва баланд гаш-
тани фишори хун ҳодис шуда бошад, таскин меди-
ҳад; тафсҳои узвҳои гуногунро паст менишонад, ва-
рамҳоро таҳлил медиҳад.
Барги онро кӯфта гузошта банданд ё равғани тух-
машро бимоланд, бавосир ва дардҳои гарми мақъадро
дафъ мекунад.
218
Агар онро дар сирко пухта бимоланд, варамҳои гу-
ногун ва истисқоро (водянкаро) таҳлил медиҳад, дарди
луққосиро басанда мекунад, арақ карданро қатъ ме-
созад.
Ҳар як қисми наботи онро кӯфта гузошта банданд,
узвҳои суст ва нотавонгаштаро ба ҳоли сиҳати аслиа-
шон бармегардонад ва намегузорад, ки моддаҳои за-
рарнок ба узвҳо рехта шаванд, рутубатҳои бегонаро
хушк мекунад.
Баргашро дар оташ гарм карда ба чашм банданд,
дарди чашмро шифо мебахшад; ба сар гузошта бан-
данд, дарди сари аз хунукӣ сарзадаро таскин меди-
ҳад, назлаҳои сарро аз фуромадан манъ месозад; ба
хояҳо гузошта банданд, оби ба даруни онҳо фурома-
даро пароканда ва дафъ менамояд; агар инро ба ва-
рамҳо ва пучаку чиртакҳо гузошта банданд, онҳоро
таҳлил медиҳад ва мепазонад.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми он то
ним грамм аст. Вале агар аз ин як грамм бихӯранд,
низоми фикрро вайрон ва як шабонарӯз девона мегар-
донад.
Одамоне, ки дар шушашон пуфакчахо дошта бо-
шанд ва ё ба гриппҳои вирусӣ гирифтор гарданд ва
инчунин гирифтори варами пардаҳои даруни сина бо-
шанд, ҳар рӯз як дона барги миёнаҳаҷми онро дар
об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, шифо мебахшад. Ва-
ле дар ин амал баъзе одамонро як ё ним соат гаранг
мекунад.

77. Янтоқ

Инро тоҷикони қадим шутурхор меномиданд.
Дар хусуси мизоҷи ин қавлҳо гуногун мебошанд.
Баъзе гарм ва хушк ва баъзеи дигарҳо сард ва хушк
донистаанд.
Хислатҳои шифобахши он: ин хусусиятҳои гардонан-
дагии варамҳо, кушояндагии гиреҳҳо ва поккунандагӣ
дорад, бар зидди заҳрҳо тарёқ мебошад.
Агар инро бихӯранд ё гузошта банданд ва ё онро
сӯхта ба дудаш бидоранд, бавосирро дафъ мекунад.
Оби гиёҳи тарашро ситонида ба чашм бимоланд,
гули тунуки чашмро дур месозад.
Се қатра оби холиси онро ҳангоми дили наҳор бу-
219
дан дар бинӣ чаконанд ва баъд аз як соат равғани
бунафшаро аз болои он дар бинӣ бикашанд, дарди
сари кӯҳнаро дафъ мекунад.
Аз янтоқ равған ҳам тартиб медиҳанд, ин тавр
аст. Оби барги тари онро дар зарфе андохта, аз бо-
лояш баробари оби барг равғани зайтун андохта, бо
оташи мулоим меҷӯшонанд, то он ки об батамом бу-
хор шаваду равған бимонад. Ин равғани янтоқ ҳисоб
меёбад.
Ин равғанро бихӯранд ё бимоланд, барои дардҳои
буғумҳо ва ҳамаи иллатҳои аз сардӣ баамаломада
дармон мешавад.
Гулашро кӯфта, гузошта банданд, бавосирро хушк
мекунад.

78. Испанд

Ин растанӣ дар маҳалҳои Шарқ ва аз ҷумла дар
Осиёи Миёна машҳур аст, ки ҳазориспанд низ мено-
манд.
Инро аз бехаш ҷудо намуда хушк карда бигиранд,
қувваташ то чор сол боқӣ мемонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: истеъмоли испанд узв-
ҳои даруни сина ва шушро аз рутубатҳои часпак пок
мекунад, бодҳои рӯдаҳоро пароканда месозад, модда-
ҳои ғафсгаштаро таҳлил медиҳад, ба одамони сард-
мизоҷ қуввати боҳ мебахшад, баданро фарбеҳ меку-
над; пешоб, шир ва ҳайзро равон менамояд, моддаи
савдо ва балғами ғафсро бо исҳол дафъ мегардонад,
кирмҳои кадудонаро аз рӯдаҳо дафъ мекунад.
Испандро кӯфта бихӯранд, барои иллатҳои саръ
(припадка), фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба да-
розӣ), девонагӣ, фаромӯшхотирӣ ва дигар бемориҳои
сардмизоҷи вобаста ба мағзи сар ва асабҳо даво ме-
шавад; узвҳои майна ва узвҳои дигари баданро гарм
мекунад; истисқо (водянка), зардпарвин, гиреҳҳо, қу-
линҷ (колит) ва ирқуннасоро (радикулитро) дафъ ме-
намояд.
300 грамм испанди хушкро дар ду литр оби ширин
як шабонарӯз тар карда, баъд он обро соф намуда,
аз он ҳар рӯз 100 грамм бинӯшанд, моддаҳои савдо-
220
виро пароканда мегардонад, хунро соф мекунад ва
дарунро мулоим медорад.
Чун 25 грамм испандро кӯфта, дар 100 грамм об
биҷӯшонанд, баъд он обро соф намуда, бо 75 грамм
асал ва 50 грамм равғани кунҷид бинӯшанд, сахт қай
меоварад, узвҳои даруни сина ва қисми болои бадан-
ро аз рутубатҳои часпак пок месозад, зиқ-ун-нафас
(астма) ва сурфаи тарро дафъ мекунад.
300 грамм испанди хушкро кӯфта, дар 9 литр оби
ангур то чоряки об мондан биҷӯшонанд, дарди сари
кӯҳна ва саръро (припадкаро) шифо мебахшад. Чун
зане, ки ҳомила мешуда бошад ва баъд нашуда мон-
да бошад, аз ин таркиб то се рӯз ҳар рӯз 50 грамм
бинӯшад, боз ба зойидан давом мекунад.
Испандро маҳин кӯфта, бо заъфарон, заҳраи мурғи (?-ТА)
ошӣ бо об фурӯ баранд, аз иллати ирқуннасо (ради-
кулит) наҷот меёбанд.
100 грамм испанди кӯфтагӣ, 100 грамм тухми зағи-
ри кӯфтагиро бо 1,5 килограмм асал сиришта, аз ин
таркиб ҳар рӯз се маҳал якқошуқӣ бихӯранд, зиқ-ун-
нафасро дафъ мекунад ба шарте, ки фишори хун ба-
ланд набошад. Агар ба ин 4,5 грамм сӯхтагии шишаро
ҳамроҳ карда бихӯранд, сангҳои гурда ва хичакро
майда карда мерезонад.
Сӯхтани шиша он тавр аст, ки мо дар муқаддима
баён кардем.
Испандро маҳин кӯфта, бо заъфарон, заҳраи мурғи
хонагӣ, асал, шароб, оби арпабодиёни сабз даромехта,
ба чашм кашанд, беқувватии чашмро, ки сабабаш
бисёр шудани балғам дар ин узв бошад, шифо ме-
бахшад.
Испандро дар об ҷӯшонида, он обро ба узвҳои за-
иф бирезанд, онҳоро қувват мебахшад ва карахтиро
дафъ мекунад. Испандро дар об бо равғани кунҷид
ҷӯшонида, биёшоманд ва ба он мудовамат намоянд,
ҳамаи иллатҳои ҷигар ва шушро дафъ месозад.
Испандро маҳин кӯфта, бо равғани шибит даро-
мехта, ба ноф ва тиҳигоҳ (холияки паҳлу) бимоланд,
қулинҷи (колити) кӯҳнаро дафъ мекунад.
Испандро кӯфта, гарм карда, батакрор гузошта
банданд, барои фолиҷ, суст ва нотавон гаштани узв,
карахти, дардҳои боди ва ғайраҳо, ки дар ҳар як узве
бошад, шифо мебахшад. Агар муттасил бо сеяк ваз-
ни он кӯфтаи занҷабили хушк, бо оби барги сагангур
221
хамир карда, дар офтоб гузошта банданд, то он ки
зуд хушк шавад ва аз нав гарм карда гузошта бан-
данд, таъсираш барои иллатҳои номбурда хубтар ме-
гардад.
Оберо, ки дар он испанд ҷӯшонида шуда бошад,
дар офтоб ғафс гардонида, баъд дар бинӣ бирезанд,
назла ва сурхии чашмро дафъ мекунад.
Испандро дар оби турб то қувваташ ба он об гу-
заштан биҷӯшонанд, баъд он обро соф намуда, аз бо-
лояш баробари он равғани зайтун андохта, бо оташи
мулоим биҷӯшонанд, то ки обаш бухор шуда равғани
холис бимонад, вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ на-
гардад. Ин равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, га-
ронӣ ва карии гӯш, инчунин ҷарангҳои гуногуни он-
ро дафъ мекунад.
Испандро кӯфта, ба фарши хона бипошанд, ҳаша-
роти газанда аз он ҷо дафъ мегарданд.
Истеъмоли испанд ба дарун барои одамони гарм-
мизоҷ зарар дорад: дарди сар медиҳад ва дилашонро
беҳузур (беҷо) мекунад. Ин зарар бо хӯрдани мева-
ҳои турш, сиканҷабин ва дигар туршиҳо ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз худи испанд
аз 4,5 то 9 грамм аст.
Мизоҷи равғани испанд дар дараҷаи саввум гарм
ва дар дуввум хушк аст.
Агар инро бихӯранд ва аз рӯ бимоланд, гиреҳи
майнаро мекушояд; барои фолиҷ, каҷ шудани рӯй,
ларзак, нотавон мондани узвҳо, саръ (припадка), па-
ридани аъзо, боди асабҳо ва карахтӣ шифо мебах-
шад.
Бо ин равған нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд,
дарди миён, ирқуннасо (радикулит), сардии гурда ва
бачадонро нафъ мебахшад.
Решаи испандро кӯфта, бо равғани савсани кӯҳӣ
сиришта, дар сӯрохи мақъад бардоранд, даҳани раг-
ҳои бавосирро кушода, хуни бандшудаи онро равон
мегардонад.

79. Гули санг

Он чизест, ки дар рӯйи сангҳои намнок пайдо ме-
шавад. Рангаш сабзи моил ба сафедӣ ё сурхи моил
ба пуштӣ. Агар онро дар каф бимоланд, рангаш ба
даст бармеояд.
222
Мизоҷаш сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин хосияти поккунанда-
гӣ дорад. Агар ос карда гузошта банданд, ҳамаи навъ-
ҳои шукуфаи пӯстро шифо мебахшад, хуни равонро
банд мекунад, тафси узвҳоро таскин медиҳад, варам-
ҳои гармро ба таҳлил мебарад ва агар бипошанд, ва-
рами забонро мегардонад.
Навъи сурхи гули сангро дар об ҷӯшонида, он об-
ро соф карда бинӯшанд, дарди зонуро дафъ мекунад.

80. Хори хасак

Ин гиёҳест сохти баргаш монанди барги тарбуз
қайчибарги кунгурадор, вале хеле аз он майда, инчу-
нин соқаш ҳам монанди биёраи тарбуз бар замин
паҳн шуда месабзад, ки дар ҷоҳои намнок мерӯяд.
Самараш сегӯшаи хорнок ба бузургии ду нахӯде. Дар
наздики банди баргҳои биёрааш самар мебандад. Гу-
лаш зарди бисёр реза. Ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо
тоҷикон хори почадаррон низ меноманд.
Мизоҷаш мӯътадил аст дар гармиву сардӣ ва
хушкӣ.
Хислатҳои шифобахши он: истеъмоли ин ба дарун
узвҳои даруни шикамро аз моддаҳои нодаркор ва за-
рарнок пок мекунад, пешобро меронад, дарди хичак-
ро таскин медиҳад, маниро меафзоёнад, санги гурда
ва хичакро майда карда мерезонад, моддаҳои бозмон-
даи дарунро мепазонад ва пароканда месозад: қулинҷ-
ро (колитро), ки аз гармӣ бошад, дафъ мекунад, да-
рунро мулоим мегардонад, инчунин намегузорад, ки
моддаҳои зарарнок ба узве рехта шаванд; агар инро
бо шароб бихӯранд, зарари давоҳои заҳрнокро нест
мегардонад.
Оби барг, реша ва самари онро дар офтоб қивом
карда бихӯранд, захми роҳҳои пешобро, ки сӯзок ме-
номанд, ба ибро меоварад; боҳ (пушти камар)-ро қа-
вӣ месозад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда
мерезонад, душвор шошиданро ислоҳ мекунад, қулинҷ-
ро шифо мебахшад.
Оби ҳар як қисми ин растаниро бо асал даромех-
та, ин таркибро дар даҳан гардонанд, пухтани даруни
даҳан, яъне ҷӯшишҳои даруни даҳанро ва бӯйи бади
онро дафъ мекунад, барои дарди милки дандон дору
223
мешавад, варамҳои мушакҳои ҳалқумро мегардонад
ва таҳлил медиҳад.
Ин гиёҳро дар об ҷӯшонида, он обро дар офтоб
ғафс гардонида, баъд гузошта банданд, варамҳои
гармро рад мекунад ва намегузорад, ки варам аз нав
пайдо шавад, инчунин моддаҳои зарарнокро аз рех-
тан ба узвҳо манъ мекунад. 9 грамм оби дар офтоб
ғафсгардонидаи хори хасаки саҳроиро бихӯранд, заҳ-
ри мори афъиро аз бадан дафъ мекунад.
Гиёҳи инро дар об ҷӯшонида, он обро ба ҷойи лози-
мӣ бипошанд, ҳамаи кайкҳоро бартараф мегардонад.
Нахӯдро дар оби ин гиёҳ се шабонарӯз тар карда
бихӯранд, бағоят боҳро афзун мегардонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз ин гиёҳ дар як рӯз то
17,5 грамм аст.
Вале истеъмоли ин ба дарун ба сар зарар меку-
над. Дар ин маврид бодоми ширин ва равғани кунҷид
бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.
Хосиятҳои тухмаш дар ҳама ҷиҳат монанди оби
дар офтоб қивомкардаи он аст.
Аз ин растанӣ равған ҳам тайёр мекунанд. Як
миқдор оби онро дар зарфе андохта, аз болояш ду
баробари он равғани кунҷид мерезанду бо оташи му-
лоим меҷӯшонанд. Ҷӯшишаш басанда гардад, ин ало-
мати тамоман бухор шуда рафтани оби он аст, яъне
равған тайёр шудааст. Вале эҳтиёт кунанд, ки равған
доғ нагардад.
Агар ин равғанро бихӯранд ё бимоланд ва бо он
нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, боҳро қавӣ мегардо-
над, дарди буғумҳоро таскин медиҳад, ранги рухсор-
ро неку месозад, дарди гурда ва миёнро шифо мебах-
шад, ба душворӣ шошиданро ислоҳ мекунад; ва агар
инро дар сӯрохи закар бичаконанд, инчунин ба зери
ноф ва аз рӯ ба гурдаи санг доштагӣ бимоланд, санги
гурда ва хичакро майда карда мерезонад.
Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз ин равған
32 грамм аст, ба ҳамин шарт, ки бо майи пухтагӣ ва
асал ё бо қанди сафед мехӯранд.
Агар тухми онро то се мартаба дар шири навдӯ-
шида биҷӯшонанд, баъд аз ҳар бор ҷӯшонидан хушк
карда, баъд кӯфта бихӯранд, барои қавӣ кардани боҳ
(пушти камар) давои бемисл аст.

81. Омула

Ин самари дарахти ҳиндист, рангаш зард, ба бу-
зургии олуча ва то ба андозаи чормағз мешавад. Таъ-
маш туруши тунҷ аст, яъне дар вақти хондан мушак-
ҳои сатҳи даруни даҳанро ба ҳам меоварад (бурма
мекунад). Беҳтаринаш берешаи он аст. Дар аксар
ҳол онро се бор якшабӣ дар шир тар карда ва ҳар
бор хушк намуда, ба истеъмол медиҳанд, инчунин
тарнокардаи онро дар шир истеъмол мекунанд. Инро
хушк карда ҳам истифода мебаранд.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва дар саввум
хушк аст. Яъне ба одамони гарммизоҷ ва тармизоҷ
мувофиқ мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, дарун-
ро мебандад ва намегузорад, ки моддаҳои зарарнок
аз ҷоҳои дигари бадан ба меъда ва рӯдаҳо рехта ша-
ванд, инчунин хилтҳои (моддаҳои) фоидабахши ба-
данро аз вайрону бадбӯ шудан нигоҳ медорад, мод-
даи савдоро аз бадан хориҷ мекунад ва инчунин мод-
даи савдоро аз омехта шудан бо моддаҳои ғайрисав-
довӣ манъ месозад, бинобар ҳамин хислаташ табъро
сара, зеҳнро тез мекунад, хушҳолӣ меоварад ва дилро
қавӣ мегардонад. Инро одамони сардмизоҷ бо асал ё
бо дорчинӣ, ё бо мустако истеъмол менамоянд, баъд ба-
рои онҳо ҳам фоида мебахшад, тарсончакиро зуд дафъ
мекунад. Дар ин ҳолат қуввати боҳро меафзояд, иллати
қайкуниро бозмедорад, ташнагиро таскин медиҳад, обра-
вии даҳанро манъ мекунад, ҳар гуна рафтани хунро (аз
ҷумла хуни бавосирро) мебандад; моддаҳои савдо ва
балғами рақиқро (суюқро) бо исҳол дафъ менамоянд,
меъда ва рӯдаҳоро қувват медиҳад, иштиҳо меоварад,
рутубатҳои зарарнок ва сусткунандаи меъдаро барҳам
медиҳад, хамли (пашмакҳои) даруни меъдаро мустаҳ-
кам мегардонад. Агар ин самарро бо об бихӯранд, ис-
ҳоли кӯҳнаро банд ва ҳарорати хунро паст мегардо-
над, дил ва чашмро қувват мебахшад, асабҳоро мус-
таҳкам месозад ва қувватҳои ҳиссии майнаро меафзо-
яд, инчунин барои молихулиё (меланхолия) нафъ до-
рад. Агар инро бо асал бихӯранд, иллатҳои фаромӯш-
хотирӣ, суст ва нотавон гаштани аъзо, фолиҷ, каҷ шу-
дани рӯйро шифо мебахшад. Ва агар онро бо асал
мураббо тайёр карда бихӯранд, низ ба бемориҳои
номбурда даво мешавад. Ин меваро як шабонарӯз дар
225
об тар карда, он обро биёшоманд, бухорҳои аз меъда
болобарояндаро манъ мекунад. Инро, яъне омуларо
маҳин кӯфта, бо об хамир карда, ба пешонӣ гузошта
банданд, хуни биниро қатъ мекунад.
7 граммашро нимкӯфта як шабонарӯз дар об тар
карда, баъд он обро соф намуда, дар чашм чаконанд,
гули чашмро нест мекунад (хусусан дар ҳар ду-се со-
ат омулаи таршударо фишурда партоянду омулаи ди-
гар тар кунанд, он обро то се мартаба бичаконанд,
таъсираш зиёда мегардад). Омуларо маҳин ос карда,
бо ҳамвазни он шакар даромехта, бо андак равғани
бодоми ширин чарб намуда, 17—18 грамми онро бо
оби нимгарм ба дили наҳор бихӯранд, беқувватии
чашмро ислоҳ мекунад ва онро равшан месозад, инчу-
нин барои харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо
даво мешавад. Омуларо кӯфта, бо ҳамвазни он зираи
сиёҳ даромехта, бо асал хамир карда, лесида бихӯ-
ранд, дар вақти хоб ба ҷогаҳ шошиданро дафъ меку-
над. Омуларо як шабонарӯз дар об тар карда, бо
кашнизи хушки нимкӯфта якҷо бихӯранд, исҳоли кӯҳ-
на, тафси меъда, сӯзиши мақъад ва сӯзокро дафъ ме-
кунад.
Чун ҳинои хушкро кӯфта, бо обе, ки дар он омула
як шабонарӯз тар карда шуда бошад, хамир карда,
ба мӯй бимоланд, онро сиёҳ мекунад.
Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз омула аз
10,5 то 17,5 грамм аст. Агар инро дар об ҷӯш дода, он
обро нӯшиданӣ бошанд, то 35 грамми онро дар об ҷӯ-
шонанд.
Ошомидани омула ба сипурз зарар дорад. Дар ин
маврид асал бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад. Инчу-
нин омула бинобар зиёда будани тунҷиаш иллати қу-
линҷро пайдо мекунад, дар ин ҳолат равғани бодоми
ширин хӯрдан даркор аст, ки ислоҳи зарар намояд.

82. Балила

Ин самари дарахти ҳиндӣ, кулӯлаи андак нӯгдор,
калонтар аз мозу, пӯсташ зарди гӯё гардолуд ва но-
зуктар аз пӯсти ҳалила аст. Дар тиб пӯсти ҳамин са-
мар истеъмол мешавад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум
хушк аст.
226
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, да-
рунро ба некӣ мебандад, меъда ва иштиҳоро қувват
медиҳад, моддаҳои савдо ва сафроро бо исҳол дафъ
мекунад, бухори рутубатҳоро қатъ месозад, барои
дафъ кардани дарди сар ва бавосир дору мешавад.
Агар инро то бӯяш баромадан битафсонанд ва баъд
кӯфта бихӯранд, исҳоли кӯҳнаро мебандад.
Инро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд,
обравии чашмро нест мегардонад.
Вале хӯрдани ин дарунро шах мекунад. Дар ин
маврид асал бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз балила
10,5 грамм аст. Ба ҷойи ин сеяки миқдораш омулаи
кӯфтаро ё баробари он гули ҳиноро бихӯранд, равост
ва ё шашяки он ҳалилаи сиёҳро хӯрдан мумкин аст.
Агар ҳар рӯз 1,5 ё 2 грамм аз балила бо ҳамвазни
он шакар бо оби гарм бинӯшанд, қуввати чашмро зиё-
да мекунад ва обравии даҳанро қатъ месозад.

83. Тӯдарӣ

Ин тухми гиёҳест баргаш дароз, бепоя, шохҳои он
сурхи сахт ва бо андак хоре; самараш дар ғилофе,
ки борику нозук аст. Тухмаш аз тухми наск кӯчактар,
андак паҳн. Муаллифони «Махзан-ул-адвия» ва «Му-
ҳити аъзам» қайд кардаанд, ки ин се навъ аст: сурх,
зард ва сафед. Вале соҳиби «Ихтиёроти бадеӣ» шаҳо-
дат медиҳад, ки ин чор навъ аст: зард, сафед, сурх,
гулгун. Тухми сафеди он аз қисмҳои сурх ва зарди
он андак калонтар ва паҳнтар аст.
Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар
якум тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: хосиятҳои ҳамаи қисм-
ҳояш ҳам қариб ба якдигар наздиканд. Агар бихӯ-
ранд, иштиҳо меоварад, қуввати боҳро афзун мегар-
донад, олоти мардиро ба ҳаракат меоварад, баданро
фарбеҳ мекунад; агар дар узвҳои дохили сина ва ши-
кам сардӣ афзуда бошад, ба ислоҳ медиҳад; ранги
рӯйро сурх мегардонад, пӯсти баданро пок менамояд,
моддаҳои савдовиро аз бадан дафъ мекунад, овозро
мекушояд; сурфаеро, ки сабабаш зиёд шудани хун
дар роҳи нафас бошад, шифо мебахшад, инчунин сур-
фаи хушкро дафъ месозад.
227
Агар онро дар сирко пухта бихӯранд, аъзои бадан-
ро фарбеҳ мекунад, ранги рӯйро соф мегардонад.
Тухмашро кӯфта, бо об хамир карда, аз рӯ гузош-
та банданд, саратони дохилиро таҳлил медиҳад ва ба-
рад (жировик)-ро нест мекунад, варамҳои сахтро ме-
гардонад.
Агар инро маҳин сойида, бо асал даромехта, ба
чашм бикашанд, захми онро шифо мебахшад ва чашм-
ро аз риму чирк пок месозад. Кӯфтаи онро бо асал
хамир карда, лесида бихӯранд, ахлоти часпаки узв-
ҳои даруни сина ва шушро пароканда менамояд.
Инро дар об ҷӯшонида, он обро бо шароб даро-
мехта бинӯшанд, заҳрҳои гуногуни дар бадан дохил-
гаштаро дафъ мекунад.
Тухми онро як шабонарӯз дар об тар карда, баъд
дар ҳамон об ҷӯшонида, сонӣ полида соф карда, дар
халтача баста, дар мағзи хамир гирифта, дар зери
оташ пухта бихӯранд, ахлоти ғафси часпаки дар да-
руни сина ва шуш бударо ба воситаи қай ва дар на-
муди балғам дафъ мекунад; варамҳои сахти пушти
гӯш, пистон ва хояҳоро таҳлил медиҳад, азияти даво-
ҳои қотилро дафъ месозад.
Миқдори як бор хӯрдан барои дафъ кардани заҳр
аз бадан аз 10,5 то 17,5 грамм аст. Дар дигар ҳолат
миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз 7 то 10,5 грамм
аст.
Гиёҳи ин растаниро бихӯранд, дарунро мебандад
ва варамҳои дохилиро мегардонад.

84. Арзан

Ин растании зироатӣ мебошад ва дар байни халқ-
ҳои мо васеъ паҳн гаштааст. Сараш иборат аз хӯшаи
тити пурдон аст. Ранги донҳояш зарди сафедтоб мебо-
шад. Инро ба забони русӣ просо ва донҳои муқашша-
рашро пшено мегӯянд, ки ба тоҷикӣ сӯк мебошад. Дар
тиб ҳамин донҳои он истеъмол мегардад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум хунук ва дар охири
дуввум хушк аст. Ба қавли баъзе табибони номдор
дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин ҳамчун ғизо сабук-
тар аз қӯноқ аст, моддаҳои рехташавандаро аз ҳара-
кат нигоҳ медорад, яъне аз он, ки онҳо ба узвҳои ба-
228
дан рехта гарданд, нигоҳ медорад; хислати бидуни
дард хушккунандагӣ дорад, вале хуни солим аз ин
дар бадан камтар пайдо мешавад, аммо агар бо рав-
ған истеъмол намоянд, агарчи дерҳазм аст, чун ҳазм
ёбад, баданро қавӣ мегардонад ва ғизоияташ бештар
мегардад. Агар сӯкро муҳарро пухта бихӯранд, печиш-
ҳоро дар роҳҳои нафас мекушояд ва тарқишҳои он
роҳҳоро ба ҳам меоварад; дар бемориҳои назла даво
мешавад. Агар аз орди он нон пухта бихӯранд, исҳо-
ли сафровиро мебандад, пешобро меронад, бачаро аз
шиками занони ҳомила меафтонад.
Маҳсулоти сӯкиро аз ҳад бисёр бихӯранд, дар ба-
дан хилти савдоро зиёд мегардонад, дар узвҳои ба-
дан гиреҳҳо пайдо мекунад. Агар инро бо равғанҳо,
шакар ва ҳалвоҳо бихӯранд, хислатҳои бади мазку-
раш ислоҳ меёбанд.
Касеро хунаш бисёр, яъне фишори хунаш баланд
бошад ва рутубатҳои мурдор дар баданаш афзуда бо-
шанд, инро бихӯрад, меъёри ҳамаи он чизҳоро ба
эътидол меоварад. Сӯкро бо шири навдӯшида пухта,
бо равғанҳо бихӯранд, ҳамаи он ҳолати нохушро ба
эътидол меоварад.
Арзанро бо намак якҷо сойида, дар латта баста, бар
болои он нишинанд, мақъади (кӯтани) баромадаро
ба ҷойи аслиаш мегардонад ва ахлоти дар рӯдаҳо банд-
шударо равон месозад.
Сӯкро бо равғанҳо ё бо сабӯсаш пухта бихӯранду
ба ҳаммом раванд ва он ҷо бар бадани худ равған-
ҳоро бимоланд, боди меъда ва тиҳигоҳро таҳлил ва
дарди рӯдаҳо ва бавосирро таскин медиҳад.
Ба ҷойи ин сиёҳдонаро ҳамчун давоҳои гузоштабан-
дӣ истеъмол фармоянд, равост.
Агар баъд аз ба сӯк гардонидани арзан як сол гу-
зашта бошад, истеъмолаш ҷоиз нест.

85. Қӯноқ

Ин растании зироатист ва донҳои он дар сараш,
ки ғӯлашакл ва бо ғафсии калтаки чӯпонон, дарозиаш
то 20 сантиметр аст. Майсааш гӯё ба қилҳои кӯтоҳак
мемонад, ранги хӯшаи сараш сурхи ҷигарӣ, пӯсти дон-
ҳояш ҳам бо чунин ранг аст. Андозаи донҳояш аз ар-
зан майдатар, ялаққосӣ ва сахт мебошад. Ҳамчун ғи-
229
зо ин назар ба арзан беҳтар аст, низ некуст барои
даво истеъмол намоянд.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи якум хунук ва дар
дуввум хушк, хушкиаш аз арзан камтар аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин ҳамчун ғизо камқув-
ват, вале хушккунандаи рутубатҳои бадан аст, дарун-
ро мебандад, пешобро меронад, аз меъда дер мефуро-
яд. Агар муқашшари инро бо шири навдӯшида ва бо
равғани тоза пухта бихӯранд, ғизои солим мешавад;
узвҳои даруни синаро мулоим мегардонад, манӣ пай-
до мекунад. Вале дар узвҳои бадан гиреҳҳо ва дар
хичак санг пайдо менамояд. Агар аз болои он асал ё
шакар бихӯранд ё бо яке аз ин ҳар ду истеъмол намо-
янд, ду зарари мазкураш ислоҳ мегарданд.

86. Ҳанзал

Ин самари гиёҳест ба андозаи тарбузчае ба миқ-
дори норанҷи миёнаҳаҷм, кулӯла низ, бағоят талх аст.
Навъҳои нар ва мода дорад: навъи нараш сахттар ва
майдатар; модааш калонтар, нармтар ва беҳтар аст.
Дар тиб аксар шаҳми (гӯшти) модааш ба кор мера-
вад. Намудаш аз берун зард ва дарунаш ҳам моил ба
зардӣ, ковокдор. Гиёҳаш самари бисёр мебандад, биё-
радор, баргаш монанди барги тарбуз, вале аз он ре-
за мешавад. Тухмаш сиёҳ ва даруни он зард аст, ва-
ле агар сабз бошад, бекора мебошад. Агар дар як
буттааш як адад самар бандад, он самар заҳри қотил
аст.
Ин растаниро ба тоҷикӣ тарбузи абӯҷаҳл мено-
манд ва ба русӣ колоквинт мегӯянд. Дар сарзаминҳои
Осиёи Миёна низ вомехӯрад, яъне мекоранд.
Қуввати самари ин растанӣ модоме, ки дар пӯсташ
бошад, то чор сол барқарор меистад ва агар аз пӯс-
таш ҷудо кунанд, қуввати он то ду сол боқӣ мемонад.
Одатан барои даво даруни онро, ки шаҳмаш мебошад,
бароварда истеъмол мекунанд. Бояд таъкид намоем,
ки ҳанӯз аз нораси он шаҳмашро берун кунанд, зуд
вайрон мешавад.
Мизоҷаш дар дараҷаи чорум гарм (дар саввум низ
гарм гуфтаанд) ва дар дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахшии он: агар инро ба дарун ис-
теъмол кунанд, ҳамаи навъҳои балғамро канда дафъ
230
мекунад, ахлоти балғамиро аз чуқуриҳои бадан каши-
да берун меоварад. Инро бихӯранд, ҳамаи бемориҳои
аз хунукӣ баамаломадаи вобаста ба сарро шифо ме-
бахшад, аз ҷумла: дарди сар, дарди нимсар, фолиҷ,
каҷ шудани рӯй, саръ (припадка), фаромӯшхотирӣ ва
фуромадани назлаҳои кӯҳнаро ба чашм манъ меку-
над.
Шаҳми ҳанзалро дар равғани зайтун ҷӯшонида, он
равғанро дар бинӣ кашанд, гиреҳҳои мағзи сарро ме-
кушояд, ва агар ин равғанро нимгарм бичаконанд,
дарди гӯшро таскин медиҳад.
Самари ҳанзалро ба дандон бимоланд, канданаш
осон мегардад.
Оби самари тару тозаи онро дар бинӣ кашанд,
зардии чашмро нест мекунад.
Барги хушкашро кӯфта, 7 грамми онро бо нишоис-
та ва шилми бодомҳо бихӯранд, исҳоли савдовиро ме-
бандад. Агар бо зарпечак, арпабодиён ва иёриҷи фай-
қаро бихӯранд, иллати молихулиё, саръ, гирдак-гир-
дак мӯйрехтаи сар ва риш, махав ва дигар бемориҳои
савдовиро шифо мебахшад.
Решаашро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан
гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.
Чун даруни самари онро холӣ карда, дар он сирко
бирезанду баъд ҷӯшонида, онро дар даҳан гардонанд,
дарди дандонро дафъ мекунад ва милкҳои онро мус-
таҳкам месозад.
Аз самари ҳанзал равған ҳам тайёр мекунанд ба
ин тариқ. Ду миқдор оби тозаи онро дар зарфе карда,
аз болояш як миқдор равғани кунҷиди нав ё равғани
зайтун рехта, бо оташи мулоим то обаш бухор шуда
рафтан меҷӯшонанд. Вақте ки ҷӯшишаш басанда
гашт — ин аломати тамоман бухор шуда рафтани об
аст, вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад. Ин
равғанро бихӯранд, барои бемориҳо ва дардҳои аз
сардӣ рӯйдода ва ҷӯшишҳои дар пӯсти сар пайдошу-
да даво мебошад. Инро нимгарм дар гӯш чаконанд,
ҷаранг ва садоҳои гуногуни даруни гӯшро дафъ ме-
кунад, кирми гӯшро мекушад ва агар инро ба дандон
бимоланд, дарди онро таскин медиҳад.
Тарбузи абӯҷаҳлро сӯхта, хокистарашро чун сурма
ба чашм кашанд, чашми кабуд ва гӯсфандиро сиёҳ
мекунад.
Самари онро батанҳоӣ бихӯранд, барои иллатҳои
231
меъда, рӯдаҳо, ҷигар, гурда, хичак, бачадон, буғумҳо,
истисқо, махав, гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш,
филпо (слоновая болезнь) ва дигар иллатҳои савдовӣ,
инчунин ба бавосир даво мешавад. Барои ин бемори-
ҳо ҳанзалро бо давоҳои муносиба бихӯранд ҳам, ра-
вост.
Чун шаҳми тарбузи абӯҷаҳлро дар шаҳдоб (аса-
лоб) ҷӯшонида бихӯранд, моддаҳои ғафсеро, ки дар
ҷигар банд шуда бошанд, бо исҳол дафъ менамояд.
Чун самари яклухти онро дар об ҷӯшонида, бо он об
нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, барои фолиҷ даво
мебошад; қулинҷи балғамӣ ва бодӣ, ирқуннасо (ра-
дикулит), дарди суринҳо, дарди пушт ва монанди ин-
ҳоро дафъ мекунад. Агар самари инро монанди шамъ-
ча сохта дар мақъад бардоранд, башиддат исҳол ме-
оварад ва агар ин шамъчаро занҳои ҳомила аз таг
бардоранд, бачаи онҳоро дар шикам мекушад.
3,5 грамм равғанашро, ки тарзи тайёр карданаш-
ро дар боло зикр кардем, биёшоманд, балғам ва ҳа-
маи навъҳои кирмҳои меъда ва рӯдаҳоро аз шикам
хориҷ мекунад. Ва агар ин равғанро бо заҳраи гов
даромехта, ба ноф бимоланд, ҳамаи кирмҳоро аз ши-
кам мерезонад. Бо ин равған ҳуқна кунанд, қулинҷро
дафъ мекунад.
Агар барои тайёр кардани равғани ҳанзал самари
тару тозаи он ба даст наояд, 75 грамм шаҳми хушки
онро дар об ҷӯшонида, он обро соф карда, аз болояш
300 грамм равған рехта, то бухор шудани обаш бо
оташи мулоим биҷӯшонанд ва аз ҷӯш, ки монд, рав-
ған тайёр мебошад. Эҳтиёт кунанд, ки равған доғ
нагардад.
Чун сари самари ҳанзалро бурида, дар дарунаш
мурч пур карда, он сарашро аз нав ба ҷояш часпо-
нида, ба гили ҳикмат ё гили бӯта бигиранду наздики
оташдон як ҳафта дафн намоянд ба тавре, ки насӯзад,
ҳамон ҷо бигузоранд. Баъд мурчҳоро берун оварда
сойида бихӯранд, ҳамаи бодҳоро дафъ мекунад ва агар
таом намефорида бошад, барои ҳазм шуданаш ма-
дадгор хоҳад гашт.
Самари сабзи ҳанзалро кӯфта бимоланд, ирқунна-
со ва дардҳои аз сардӣ баамаломадаро шифо мебах-
шад.
Як адад сабзи он ва пӯсти тухми онро кӯфта бн-
хӯранд ва ё аз шаҳми (гӯшти) дарунаш зиёдтар та-
232
новул намоянд, ҳамаи кирмҳои даруни шикамро ихроҷ
мекунад. Самари ҳанзалро якчанд мартаба бихӯранд
ва ҳамон миқдор бар кафи по низ бимоланд, барои
иллати махав дору мешавад ва авҷ гирифтани онро
манъ мегардонад.
Решаи ин тарбузи абӯҷаҳлро дар об ҷӯшонида, он
обро бинӯшанд, хуни шахшударо дар ҳар ҷойи бадан,
ки бошад, таҳлил медиҳад ва инчунин заҳри каждум-
ро аз бадан дафъ мекунад. Нақл мекунанд ки ара-
беро аз чанд ҷойи баданаш мори заҳрнок газид. Ӯ зуд
7 грамм ҳанзалро бихӯрд ва безарар монд—сиҳат
ёфт.
Баргашро кӯфта, бо об ва нишоиста сиришта гу-
зошта банданд, хунеро, ки аз кафидан, даридан ё чок
шудани раг равон бошад, манъ мекунад, инчунин ва-
рамҳоро таҳлил медиҳад.
Мегӯянд, ки чун сари самари ҳанзалро бурида,
чанд порча решаи рӯянро ба даруни он фурӯ бурда,
сарашро аз нав ба ҷояш часпонида, ба гили ҳикмат
ё гили бӯта бигиранду наздики оташдон то як ҳафта
гӯр кунанд, ба шарте, ки насӯзад. Баъд аз даруни он
решаҳои рӯянро берун намуда, хушк кунанду вақти
ҳоҷат дар оби лиму сойида, ба кафи даст гузошта бан-
данд ва то се навбат инро такрор намоянд, иллати
махав дафъ мегардад.
Барги ин растаниро дар об ҷӯшонида, он обро дар
хона бипошанд, кайкро мекушад ва намегузорад, ки
дигар пайдо шавад.
Агар ин ро сӯхта, ба дудаш занҳо миёни пойҳои
худро бидоранд, беҷо ва бевақт равон шудани ҳайзро
ислоҳ мекунад.
Решаашро бар камар бибанданд, фуромадани об-
ро дар хояҳо шифо мебахшад.
Тухмашро бихӯранд, исҳол ва қай меоварад, сар-
ро чарх мезанонад. Вале агар инро такрор батакрор
шуста, то талхиаш рафтан дар намакоб тар на-
моянд, баъд кӯфта, бо сир (саримсоқ) ва хурмо ҷӯшо-
нида бихӯранд, барои сиҳати бадан фоида дорад.
Чун ҳанзалро сӯрох карда, тухмҳои онро берун
оварда, равғани занбақ ё равғани савсани кӯҳӣ дар
он пур намуда, сӯрохи онро бо порчаи ҳанзал маҳкам
кунанду ба хамир печонида, ба рӯйи оташ гузошта,
чанд ҷӯше бихӯронанду бо он ранг кунанд ва дар ҳам-
233
мом онро биёшоманд, мӯйро сиёҳ мекунад ва зуд са-
фед гаштани онро манъ месозад.
Равғани он, ки дар боло зикр кардем, рехтани
мӯйро низ манъ мегардонад.
Ҳанзалро ду пора намуда, бар бадани аспе, ки ка-
наи бисёр дошта бошад, ду-се дафъа бимоланд, ҳа-
маашро дафъ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз шаҳми (гӯшти) самари
ҳанзал дар як рӯз аз 1,75 то 3,5 грамм аст, вале зиё-
да набояд истеъмол намуд. Инро дар хунук будани
ҳаво ва зимистон ҳам истеъмол кардан мумкин нест.
Инчунин дар фасли гармо одамони гарммизоҷ набояд
истеъмол фармоянд. Зеро ки дар он вақтҳо ба истеъ-
молкунандааш ғамгинӣ меоварад ва дар рӯдаҳо дард
пайдо мекунад, инчунин басост, ки дар ин мавсимҳо
таъсир намебахшад, балки боиси бемориҳои гуногун
мегардад, аз ҷумла: дарди сар ва иллатҳои меъдаро
ба амал меоварад; дар сардмизоҷон, балғамимизоҷон
ва тармизоҷон рагҳои хунгардро кушода, хуни софи
онҳоро мерезонад. Инчунин касе хоҳад, ки онро истеъ-
мол намояд, бояд ки бо чизҳои ислоҳкунандаи он, ма-
салан, шилми бодомҳо, нишоста, катиро бо ҳар яке
биёшоманд, равост. Шилми бодомҳо сусткунандаи қув-
вати он аст ва катиро ёридиҳандаи таъсири он мебо-
шад. Ва бояд ки ҳанзалро бисёр маҳин бисоянд, агар
нимкӯфта бошад, дар рӯдаҳо дард пайдо мекунад ва
сатҳи даруни онҳоро мехарошад, ҳатто рӯдаҳоро ме-
канад.
Ва ҷойи ҳанзал тухми беданҷирро аз пӯст ҷудо кар-
да истеъмол кардан мумкин аст; инчунин ба вазни он
хардал (горчица) хӯрдан ҳам раво мебошад; илова
бар ин 2 грамм харбузаи сагакро бихӯранд, ҷоиз ме-
бошад. Ва баробари вазни ҳанзал испандро бихӯранд
ҳам, мешояд.

Ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

1 гузориш

  1. хечиз фаҳмо нест чаро

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.