Аҳмад Зоҳир. А. Чиҳилу як суруд

Ferratum [micro][sale]Ferratum [micro][sale]

Ahmad_Zohir

Аҳмад Зоҳир (14.06.1946–14.06.1979)

А  Б  В  Г  Ғ  Д  Ё  З  И  К  Қ  Л  М  Н  О 
П  Р  С  Т  У  Ф  Х  Ҳ  Ч  Ҷ  Ш  Я 

Аз барои ғами ман синаи дунё танг аст,
Баҳри ин мавҷи хурӯшон дили дарё танг аст.
То зи паймонаи чашмони ту сармаст шудам,
Дигар андар назарам дидаи бино танг аст…
Гуфта будӣ, ки ба дидори ман ойӣ зи вафо,
Фурсат аз даст мадеҳ, вақти тамошо танг аст.
Сар ба домони ту з-ин пас ниҳаму нола кунам,
Баҳри нолидани ман домани саҳро танг аст…

 

Барои фаро кашидан ё шунидани сурудҳо дар намуди mp3 метавонед ба ин саҳифа муроҷиат кунед.

01

Аввалин ишқам

Таҳрири охирини матн 10.07.2020

1-2. Аз AM_Album_2 Bahar ва
Music_Centre_Vol-03 Lylee Jaan:

Аввалин ишқам ту будӣ, охирин ишқам ту будӣ,
Рафтӣ аз ман, дил гирифтӣ, бо гапи мардум намудӣ.

Дарду андуҳам фузудӣ, дар сукути нимашабҳо,
Бо худам танҳо нишастам, нағмаи маргам сурудам.
Кош, ҳаргиз ман набудам! Кош, ҳаргиз ман набудам!

Аввалин ишқам ту будӣ, охирин ишқам ту будӣ.
Рафтӣ аз ман, дил гирифтӣ, бо гапи мардум намудӣ.*

Худ бигӯ, бо ман чӣ ҳастӣ, саркашу мағруру мастӣ,
Ишқ, яъне нима мурдан, риштаи ҳастӣ буридан.
Кош, ҳаргиз ман набудам! Кош, ҳаргиз ман набудам!

Аввалин ишқам ту будӣ, охирин ишқам ту будӣ,
Рафтӣ аз ман, дил гирифтӣ, бо гапи мардум намудӣ.

Оҳ, ай ишқ, аз куҷоӣ, аз ҷаҳони ҳуснҳоӣ,
Бо дили афсурдаи ман солҳо шуд ошноӣ.
Кош, ҳаргиз ман набудам! Кош, ҳаргиз ман набудам!

Аввалин ишқам ту будӣ, охирин ишқам ту будӣ,
Рафтӣ аз ман, дил гирифтӣ, бо гапи мардум намудӣ.

___________________
*Дар Music_Centre_Vol-03 Lylee Jaan ин мисраъ нест.

Шеър аз Абдулло Қодирӣ

Агар зи халқ маломат в-агар зи карда надомат — ниг. 42/83

02

Агар баҳор биёяд

Таҳрири охирини матн 29.06.2020

Аз Radio_Album3:

Агар баҳор биёяд, таронаҳо хоҳам хонд,
Таронаҳои хуши ошиқона хоҳам хонд. (2)

Кушуда лонаи ишқу фишонда донаи меҳр,
Туро, парандаи ғамгин, ба ошёна хоҳам хонд. (2)

Агар баҳор биёяд, таронаҳо хоҳам хонд,
Таронаҳои хуши ошиқона хоҳам хонд.

Ба гаҳвораи оғӯши ман чу хоҳӣ боз,
Ба гӯши хотири ту ман фасонаҳо хоҳам хонд.

Агар баҳор биёяд, таронаҳо хоҳам хонд,
Таронаҳои хуши ошиқона хоҳам хонд. (4)

Шеър аз Аҳмадшоҳи Азҳар

03

Агар ин осмон

Таҳрири охирини матн 29.06.2020

Аз Music_Centre_Vol-02 Ashiq Rooyat Man:

Агар ин осмон ситора надошт, (2)
Чашми худро ситора мекардам.
То биёвезад аз бару дӯшам
Ашкро гӯшвора мекардам.
Агар ин осмон ситора надошт…

Дар чаман лола гар намехандид,
Аз шафақ барги лола мечидам.

Агар ин осмон ситора надошт,
Чашми худро ситора мекардам.
То биёвезад аз бару дӯшам
Ашкро гӯшвора мекардам.
Агар ин осмон ситора надошт…

Бо ҳазорон шақоиқи ваҳшӣ,
Гирди чашмат пиёла мекардам.

Агар ин осмон ситора надошт, (2)
Чашми худро ситора мекардам.
То биёвезад аз бару дӯшам
Ашкро гӯшвора мекардам.
Агар ин осмон ситора надошт… (5)

 

04

Агар ишқ бошад

Таҳрири охирини матн 29.06.2020

Аз AM_Album_14 Shab-e Hijraan:

Агар ишқ бошад гуноҳе, Илоҳӣ, гуноҳе, Илоҳӣ, (2)
Саропо гуноҳам, Илоҳӣ, Илоҳӣ, Илоҳӣ, Илоҳӣ. (2)

Нишон деҳ раҳи Каъбаи ошиқонро, у ошиқонро, о ошиқонро (2)
Ба Маҷнуни гумкар, ба Маҷнуни гумкардароҳе, Илоҳӣ, роҳе Илоҳӣ.

Агар ишқ бошад, агар ишқ бошад гуноҳе, Илоҳӣ,
Саропо гуноҳам, саропо гуноҳам, Илоҳӣ, Илоҳӣ.

Ба майхона ҳам роҳ надоданд моро, надоданд моро, надоданд моро, (2)
Куҷо рӯ кунад бе, куҷо рӯ кунад бепаноҳе, Илоҳӣ, паноҳе, Илоҳӣ.

Агар ишқ бошад, агар ишқ бошад, агар ишқ бошад гуноҳе, Илоҳӣ,
Саропо гуноҳам, саропо гуноҳам, Илоҳӣ, Илоҳӣ. (2)

Маро субҳи рухсори оинарӯе, оинарӯе, оинарӯе, (2)
Нишонда ба рӯзи, нишонда ба рӯзи сиёҳе, Илоҳӣ. сиёҳе, Илоҳӣ.

Агар ишқ бошад, агар ишқ бошад, агар ишқ бошад гуноҳе, Илоҳӣ,
Саропо гуноҳам, Саропо гуноҳам, саропо гуноҳам, Илоҳӣ, Илоҳӣ,
Саропо гуноҳам, Илоҳӣ, Илоҳӣ.

МАТНИ ШЕЪР:
Агар ишқ бошад гуноҳе, Илоҳӣ
Саропо гуноҳам, Илоҳӣ, Илоҳӣ.
Нишон деҳ раҳи Каъбаи ошиқонро,
Ба Маҷнуни гумкардароҳе, Илоҳӣ.
Ба майхона ҳам роҳ надоданд моро
Куҷо рӯ кунад бепаноҳе, Илоҳӣ.
Маро субҳи рухсори оинарӯе,
Нишонда ба рӯзи сиёҳе, Илоҳӣ …

Шеър аз Бежани Тараққӣ.
Оҳанги Шоҳвалӣ Валии Таронасоз

Агар овораву мастам — ниг. 4/45 Ба кас чӣ, ба кас чӣ
Агар пинҳон — ниг. 43/84

05

Агар сабза будам

Таҳрири охирини матн 29.06.2020

Аз Radio_Album1:

Агар сабза будам, агар сабза будам ба домони саҳро,
Суроғи туро аз сабо мегирифтам.
Агар об будам ба оғӯши дарё,
Суроғи туро то Худо мегирифтам.
Агар сабза будам…

Агар чанг будам, ба сад нозу афсун,
Ба домони пурмеҳри ту меғунудам.
(2)

Агар сабза будам ба домони саҳро,
Суроғи туро аз сабо мегирифтам.
Агар об будам ба оғӯши дарё,
Суроғи туро то Худо мегирифтам.
Агар сабза будам…

Агар меҳрубон будӣ, ай нозанинам,
Зи хубон турову туро месутудам.
(2)

Агар сабза будам ба домони саҳро,
Суроғи туро аз сабо мегирифтам.
Агар об будам ба оғӯши дарё,
Суроғи туро то Худо мегирифтам.
Агар сабза будам… (5)

 

06

Агар ту ёраки ман бошӣ

Таҳрири охирини матн 29.06.2020

1. Аз AM_Album_1 Dilakam:

Агар ту ёраки ман бошӣ, (ҳай) ман ба дунё ғаме надорам,
Агар ту меҳмони ман бошӣ, ман ба дунё ҳамаро дорам.
(2)

Агар як шаб ту ойӣ ба барам, ҳама гулҳо ба сарат мепошам. (2)
Агар ту ёд намойӣ аз ман, аз хушӣ то ба саҳар мегӯям, (2)
Ки ту дилдори манӣ, ки ту ҷонони манӣ,
Ки ту ғамхори манӣ, дӯстат дорам.
(2, танҳо байти дувум)

Агар ту ёраки ман бошӣ, ман ба дунё ғаме надорам,
Агар ту меҳмони ман бошӣ, ман ба дунё ҳамаро дорам.

Агар як шаб меҳрубон шавӣ, аз рӯйи лутф бигирӣ хабарам, (2)
Агар аз ноз ба сӯям хандӣ, бикашам дардеро ба чашми сарам.
Ки ту дилдори манӣ, ки ту ҷонони манӣ,
Ки ту ғамхори манӣ, дӯстат дорам.
(2, танҳо байти дувум)

Агар ту ёраки ман бошӣ, ман ба дунё ғаме надорам,
Агар ту меҳмони ман бошӣ, ман ба дунё ҳамаро дорам.
(2)

2. Аз Radio_Album4:

Агар ту ёраки ман бошӣ, (ҳай) ман ба дунё ғаме надорам, (2)
Агар ту меҳмони ман бошӣ, ман ба дунё ҳамаро дорам. (2)

Агар як шаб ту ойӣ ба барам, ҳама гулҳо ба сарат мепошам. (2)
Агар ту ёд намойӣ аз ман, аз хушӣ то ба саҳар мегӯям, (2)
Ки ту дилдори манӣ, ки ту ҷонони манӣ,
Ки ту ғамхори манӣ, дӯстат дорам.
(2, танҳо байти дувум)

Агар ту ёраки ман бошӣ, ман ба дунё ғаме надорам,
Агар ту меҳмони ман бошӣ, ман ба дунё ҳамаро дорам.

Агар як шаб меҳрубон шавӣ, аз рӯйи лутф бигирӣ хабарам,
Агар бо ноз ба сӯям хандӣ, бикашам дардеро ба чашми сарам.
Ки ту дилдори манӣ, ки ту ҷонони манӣ,
Ки ту ғамхори манӣ, дӯстат дорам.
(2, танҳо байти дувум)

Агар ту ёраки ман бошӣ, ман ба дунё ғаме надорам,
Агар ту меҳмони ман бошӣ, ман ба дунё ҳамаро дорам.
(4)

 

07

Аё сайёд, раҳме кун

Таҳрири охирини матн 14.01.2021

Аз AM_Album_7 Sultan Qalbam:

О-о…
О-о…
Аё сайёд, раҳме кун, маранҷон нимҷонамро,
Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро. (2)

Ба гардан бастаӣ чун риштаву бар пой занҷирам, (2)
Мурувват кун, иҷозат деҳ, ки бикшоям даҳонамро. (2)

Аё сайёд, раҳме кун, маранҷон нимҷонамро,
Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро.

Дар ин кунҷи қафас дур аз гулистон сӯхтам, мурдам, (2)
Хабар кун, ай сабо, аз ҳоли зорам боғбонамро. (2)

Аё сайёд, раҳме кун, маранҷон нимҷонамро,
Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро.

Зи танҳоӣ дилам хун шуд, надорам маҳрами розе, (2)
Ки бинвисад барои дӯстдорон достонамро. (2)

Аё сайёд, раҳме кун, маранҷон нимҷонамро,
Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро.
О-о…
О-о…
О-о…
О-о…

МАТНИ ШЕЪР:
Аё сайёд, шарме кун, маранҷон нимҷонамро,
Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро.
Ба гардан бастаӣ чун риштаву бар пой занҷирам,
Мурувват кун, иҷозат деҳ, ки бикшоям даҳонамро.
Ба перомуни гул азбас халида хор бар поям,
Бувад хунин ба ҳар ҷойи чаман бинӣ нишонамро.
Дар ин кунҷи қафас дур аз гулистон сӯхтам, мурдам,
Хабар кун, эй сабо, аз ҳоли зорам боғбонамро.
Мани бечора он рӯзе ба қатли худ яқин кардам,
Ки дидам, тоза бо гург улфате бошад шубонамро.
Чу Лоҳутӣ ба ҷон миннат пазирам то абад онро,
Ки бо ман меҳрубон созад бути номеҳрубонамро.

Шеър аз Абулқосими Лоҳутӣ

08

Аз барои ғами ман

Таҳрири охирини матн 29.06.2020

Аз AM_Album_4 Madar:

Аз барои ғами ман синаи дунё танг аст,
Баҳри ин мавҷи хурӯшон дили дарё танг аст.
(2)
Аз барои ғами ман…

Сар ба домони ту з-ин пас ниҳаму нола кунам, (2)
Баҳри нолидани ман, баҳри нолидани ман домани саҳро танг аст.

Аз барои ғами ман синаи дунё танг аст,
Баҳри ин мавҷи хурӯшон дили дарё танг аст.
Аз барои ғами ман синаи дунё танг аст.

То зи паймонаи чашмони ту сармаст шудам, (2)
Дигар андар назарам, дигар андар назарам дидаи мино танг аст.

Аз барои ғами ман синаи дунё танг аст …

МАТНИ ШЕЪР:
Аз барои ғами ман синаи дунё танг аст,
Баҳри ин мавҷи хурӯшон дили дарё танг аст.
То зи паймонаи чашмони ту сармаст шудам,
Дигар андар назарам дидаи мино танг аст.
Баски дил дар сари гесуи ту овехта аст,
Аз барои дили ошуфтаи мо ҷо танг аст.
Гуфта будӣ, ки ба дидори ман ойӣ зи вафо,
Фурсат аз даст мадеҳ, вақти тамошо танг аст.
Сар ба домони ту з-ин пас ниҳаму нола кунам,
Баҳри нолидани ман домани саҳро танг аст.
Магар имрӯз ба болини ман ойӣ, ки дигар
Умри кӯтоҳи маро ваъдаи фардо танг аст.
Хандаи ғунча фурӯ мурд зи бедоди хазон,
Чӣ тавон кард, ки чашму дили дунё танг аст.

Шеър аз Баҳодури Ягона

09

Аз ғамат, ай нозанин

Таҳрири охирини матн 29.06.2020

1. Аз AM_Album_8 Az Ghamat Ay Nazaneen:

Аз ғамат, ай нозанин, азми сафар мекунам, азми сафар мекунам,
Қиблаи худ баъд аз ин сӯйи дигар мекунам. (2)

Мераваму мебарам, мераваму мебарам доғи ҷафоят ба хеш, доғи ҷафоят ба хеш,
Ҳиҷру висоли туро хок ба сар мекунам. (2)

Аз ғамат, ай нозанин, азми сафар мекунам,
Қиблаи худ баъд аз ин сӯйи дигар мекунам. (2)

То нахӯрад дигаре, то нахӯрад дигаре боз фиреби туро, боз фиреби туро,
Дар ҳама ҷо аз ғамат ғулғула сар мекунам. (2)

Аз ғамат, ай нозанин, азми сафар мекунам,
Қиблаи худ баъд аз ин сӯйи дигар мекунам.

Қиссаи ҷаври туро, қиссаи ҷаври туро, ай бути ноошно, ай бути ноошно,
Бо дили пурғуссаву дидаи тар мекунам. (2)

Аз ғамат, ай нозанин, аз ғамат, ай нозанин, азми сафар мекунам, азми сафар мекунам,
Қиблаи худ баъд аз ин сӯйи дигар мекунам. (4)

2. Аз Radio_Album1:

Аз ғамат, ай нозанин, азми сафар мекунам, азми сафар мекунам,
Қиблаи худ баъд аз ин ёри дигар мекунам. (2)

Мераваму мебарам, доғи ҷафоят ба хеш, доғи ҷафоят ба хеш,
Ҳиҷру висоли туро хок ба сар мекунам. (2)

Аз ғамат, ай нозанин, азми сафар мекунам, азми сафар мекунам,
Қиблаи худ баъд аз ин ёри дигар мекунам. (2)

То нахӯрад дигаре, то нахӯрад дигаре боз фиреби туро, боз фиреби туро,
Дар ҳама ҷо аз ғамат ғулғула сар мекунам. (2)

Аз ғамат, ай нозанин, азми сафар мекунам,
Қиблаи худ баъд аз ин ёри дигар мекунам. (2)

Қиссаи ҷаври туро, қиссаи ҷаври туро, ай бути ноошно, ай бути ноошно,
Бо дили пурғуссаву дидаи тар мекунам. (2)

Аз ғамат, ай нозанин, азми сафар мекунам, азми сафар мекунам,
Қиблаи худ баъд аз ин ёри дигар мекунам. (2)

Шеър аз Абдулаҳмади Адо.
Оҳанги Фазлаҳмади Найнавоз

Азизам, ба ёдат шабҳои зулмат — ниг. 4/91

10

Аз дастат фиғон-фиғон дорам

Таҳрири охирини матн 29.06.2020

Аз AM_Album_5 Awara:

Аз дастат фиғон-фиғон дорам,
Қалби хунчакон-чакон дорам. (2)
(2)

О-о-о…
Фарҳатамро надида баҳоре,
Ман бинолам чу булбули зоре.
О, ман бинолам чу булбули зоре.
Сад тири ишқи ту, ай дилбар, (2)
Ман ба дил ниҳон-ниҳон дорам.

Аз дастат фиғон-фиғон дорам, (2)
Қалби хунчакон-чакон дорам. (2)

О-о-о…
Ай парирӯ, ту бишнав фиғонам, (2)
Гарчи пирам, ба ишқат ҷавонам. (2)
О, гарчи пирам, ба ишқат ҷавонам.
Сад тири ишқи ту, ай дилбар, (2)
Ман ба дил ниҳон-ниҳон дорам. (2)

Аз дастат фиғон-фиғон дорам, (2)
Қалби хунчакон-чакон дорам. (6)

Оҳанги ҳиндӣ аз филми «Оворагард»

11

Аз ноз чӣ механдӣ

Таҳрири охирини матн 29.06.2020

Аз ?Music_Centre_Vol-05 Too Bamanee:

Аз ноз чӣ механдӣ, бар дида, ки мегиряд,
Ин дида замоне низ хандида, ки мегиряд. (2)

Танҳо на аз ин мардум, сад рӯю риё дида, (2)
Аз мардумаки худ ҳам бад дида, ки мегиряд. (2)

Аз ноз чӣ механдӣ, бар дида, ки мегиряд.

Сад доғи ниҳон дорам, ин сина, ки механдад, (2)
Сад гуна бало дидаст, ин дида, ки мегиряд. (2)

Аз ноз чӣ механдӣ, бар дида, ки мегиряд,
Ин дида замоне низ хандида, ки мегиряд.
Аз ноз чӣ механдӣ…

МАТНИ ШЕЪР:
Аз ноз чӣ механдӣ, бар дида, ки мегиряд,
Ин дида замоне низ хандида, ки мегиряд.
Чун дида туро сармаст, аз бодаи ағёре,
Дар хуни худ аз ғайрат ғалтида, ки мегиряд.
Танҳо на аз ин мардум, сад рӯю риё дида,
Аз мардумаки худ ҳам бад дида, ки мегиряд.
Лаб, неку бади дунё нохонда, ки механдад,
Чашм охири ҳар коре пойида, ки мегиряд.
Сад доғи ниҳон дорад, ин сина, ки механдад,
Сад гуна бало дидаст, ин дида, ки мегиряд.

Шеър аз Алии Аштарӣ

12

Аз он рӯз, ки паймон бо ту бастам

Таҳрири охирини матн 29.06.2020

Аз Ariana-Music_Vol-02 Mosum-e Gul:

Аз он рӯз, аз он рӯз, аз он рӯз, ки паймон бо ту бастам,
Дусад паймони дигарро шикастам.
(2)

Барои он ки танҳо аз ту бошам, (3)
Зи ҳар маҳрӯйи дигар, зи ҳар маҳрӯйи дигар дил гусастам.
Дусад паймони дигарро шикастам.

Аз он рӯз, аз он рӯз, аз он рӯз, ки паймон бо ту бастам,
Дусад паймони дигарро шикастам.

Ба ҷому соғарам коре набошад, (3)
Ки ман паймонаи дигар, ки ман паймонаи дигар шикастам.
Дусад паймони дигар, дусад паймони дигарро шикастам.

Аз он рӯз, аз он рӯз, аз он рӯз, ки паймон бо ту бастам,
Дусад паймони дигар, дусад паймони дигарро шикастам.

Аз он рӯз, аз он рӯз, ки паймон бо ту бастам,
Дусад паймони дигарро шикастам.
(2)

 

13

Аз пеши ман бирав

Таҳрири охирини матн 29.06.2020

Аз Radio_Album4:

Аз пеши ман бирав, ки дилозорам,
Нопойдору сусту гунаҳкорам.
Дар кунҷи сина як дили девона,
Дар кунҷи дил ҳазор ҳавас дорам.

Ман нокомам, нокоми ишқам,
Ман бадномам, бадноми ишқам.

Оҳ, ай Худо, чӣ гуна туро гӯям,
К-аз ҷисми хеш хаставу безорам.
(2)
Ҳар шаб бар остони ҷалоли ту
Гӯйӣ, умеди ҷисми дигар дорам.

Аз пеши ман бирав, ки дилозорам,
Нопойдору сусту гунаҳкорам
Дар кунҷи сина як дили девона,
Дар кунҷи дил ҳазор ҳавас дорам.

Ман нокомам, нокоми ишқам,
Ман бадномам, бадноми ишқам.

Дил нест, ин диле, ки ба ман додӣ,
Дар хун тапида, оҳ, раҳояш кун,
(2)
Ё холӣ аз ҳавову ҳавас дораш,
Ё пойбанди меҳру вафояш кун.

Аз пеши ман бирав, ки дилозорам,
Нопойдору сусту гунаҳкорам
Дар кунҷи сина як дили девона,
Дар кунҷи дил ҳазор ҳавас дорам.

Ман нокомам, нокоми ишқам,
Ман бадномам, бадноми ишқам.
(2)

Шеър аз Фурӯғи Фаррухзод

14

Аз сафар хуш омадӣ
(Хабар овардаанд, омадаӣ)

Таҳрири охирини матн 29.06.2020

Аз AM_Album_3 Shab ha ye zulmane:

Хабар овардаанд, омадаӣ,
Аз сафар баъди солҳои дароз,
Боз ҳам дил ҳавои ишқи ту кард,
Чун кабӯтар, ки мекунад парвоз.

Аз сафар хуш омадӣ! (3)

Қалами орзу ба лавҳи дилам,
Нақши дигар ба ёдгор кашид.
Дили ман мурда буд аз ғами ту,
Баски як умр интизор кашид.

Аз сафар хуш омадӣ! (3)

Хабар овардаанд, омадаӣ,
Аз сафар баъди солҳои дароз,
Боз ҳам дил ҳавои ишқи ту кард,
Чун кабӯтар, ки мекунад парвоз.

Ту, ки рафтиву тарки ман кардӣ,
Бо чӣ пое ба диданат оям?!
Ай, ки бо дигарон ҳамоғӯшӣ,
Бе ту ман солҳост, танҳоям.

Аз сафар хуш омадӣ! (9)

 

Аз тангнои маҳбаси торикӣ — ниг. 44/85

15

Аз ту дурам

Таҳрири охирини матн 29.06.2020

Аз AM_Album_14 Shab-e Hijraan:

Аз ту дурам, аз ту дурам, аз ту дурам…
Аз ту дурам ману девонаю мадҳуши туам, (2)
Ончунон маҳви ту гаштам, ки дар оғӯши туам. (2)

Як дам аз дил набарам ёди диловези туро (2)
Гарчи чун ишқи зи дил рафта фаромӯши туам. (2)

Аз ту дурам, аз ту дурам, аз ту дурам…

Нигаҳи гармаму дар чашми сухангӯйи туам, (2)
Ҳаваси бӯсааму дар лаби хомӯши туам. (2)

Аз ту дурам, аз ту дурам, аз ту дурам…

Гарчи дар ҳасратам аз дурии барқи нигаҳат, (2)
Зинда бо ёди туву гармии оғӯши туам. (2)

Аз ту дурам, аз ту дурам, аз ту дурам… (4)

МАТНИ ШЕЪР:
Аз ту дурам ману девонаву мадҳуши туам,
Ончунон маҳви ту гаштам, ки дар оғӯши туам.
Як дам аз дил набарам ёди диловези туро
Гарчи чун ишқи зи дил рафта фаромӯши туам.
Нигаҳи гармаму дар чашми сухангӯйи туам,
Ҳаваси бӯсааму дар лаби хомӯши туам.
Ҳамчу ашке, ки зи ҷон рехта дар домани ту,
Чун садое, ки зи дил хоста, дар гӯши туам.
Пой то сар ҳама тӯфонаму ошуфтагиям,
Баҳри дар мавҷаму умрест, ки дар ҷӯши туам.
Гарчи дар ҳасратам аз дурии барқи нигаҳат,
Зинда бо ёди туву гармии оғӯши туам.
Дар дили ин шаби торик, ки чун бахти ман аст,
То саҳар мунтазири субҳи баногӯши туам.
Хотири нозукат озурда шуд аз меҳнати ман,
Бори сангинаму овехта аз дӯши туам.

Шеър аз Абулҳасани Варзӣ

16

Аз чашми ту

Аз чашми ту чун ашк сафар кардаму рафтам,
Афсонаи ҳиҷрони ту сар кардаму рафтам.
Дар шоми ғамангези видоъ аз садафи чашм,
Домони туро ғарқи гуҳар кардаму рафтам.
Чун бод барошуфтаму гулҳои чаманро
Бо ёди рухат зеру забар кардаму рафтам.
Ай соҳили уммед, пайи васли ту чун мавҷ,
Дар баҳри ғамат сина сипар кардаму рафтам.
Чун шамъ ба болини хаёлат шаби худро
Бо сӯзи дилу ашки саҳар кардаму рафтам.
Чун мурғи шабоҳанг ҳама халқи ҷаҳонро
Аз рози дили хеш хабар кардаму рафтам.
Чун шамъ ҳадиси ғами дил гуфтаму хуфтам,
Пироҳане аз ашк ба бар кардаму рафтам.

Шеър аз Низомиддини Бақо

17

Аз ҷаҳон бе рухи ӯ

Таҳрири охирини матн 04.07.2020

Аз ҷаҳон
Аз ҷаҳон бе рухи ӯ сарфи назар мекунам, (2)
Булбулу гул
Булбулу гулро ҳамагӣ хок ба сар мекунам. (2)

Хуш наям,
Хуш наям, дурии ӯ карда маро хунҷигар, (2)
З-он ҳаме
З-он ҳаме нола ба ҳар кӯҳу камар мекунам. (2)

Аз ҷаҳон
Аз ҷаҳон бе рухи ӯ сарфи назар мекунам,
Булбулу гул
Булбулу гулро ҳамагӣ хок ба сар мекунам.

Ранҷи ман
Ранҷи ман, ғуссаи ман ҳеҷ, магар оқибат, (2)
Ноласон
Ноласон бар дили санги ту асар мекунам. (2)

Аз ҷаҳон
Аз ҷаҳон бе рухи ӯ сарфи назар мекунам,
Булбулу гул
Булбулу гулро ҳамагӣ хок ба сар мекунам.

Гул ба ту
Гул ба ту, лола ба ту, сарв ба ту, ноз Адо, (2)
Баҳри ту ман
Баҳри ту ман васфи чаман ин ҳама сар мекунам. (2)

Аз ҷаҳон
Аз ҷаҳон бе рухи ӯ сарфи назар мекунам,
Булбулу гул
Булбулу гулро ҳамагӣ хок ба сар мекунам.
(2)

?Шеър аз Адо

18

Ай ба дидаам торик

Таҳрири охирини матн 29.06.2020

1. Аз AM_Album_1 Dilakam:

Ай ба дидаам торик моҳи осмон бе ту, (2)
Сина чок-чокам ман ҳамчу Каҳкашон бе ту. (2)

Лола хуни дил нӯшад, настаран кафан пӯшад, (2)
Сахт мотамангез аст сайри бӯстон бе ту, (2)
(2)
Сайри бӯстон бе ту.

Ай ба дидаам торик моҳи осмон бе ту, (2)
Сина чок-чокам ман ҳамчу Каҳкашон бе ту. (2)

Шишаҳо ҳама холӣ, созҳо ҳама хомӯш,
Бенамак бувад имшаб базми ошиқон бе ту. (2)
(2)

Ай ба дидаам торик моҳи осмон бе ту, (2)
Сина чок-чокам ман ҳамчу Каҳкашон бе ту. (2)

Ғунчаҳои умедам ношукуфта як рӯзе,
Раҳм кун, ки мемирад қалби як ҷавон бе ту.
(2)
Ман наметавонам буд зинда дар ҷаҳон бе ту.

Ай ба дидаам торик моҳи осмон бе ту,
Сина чок-чокам ман ҳамчу Каҳкашон бе ту. (2)

2. Аз Radio_Album3:

Ай ба дидаам торик моҳи осмон бе ту,
Сина чок-чокам ман ҳамчу Каҳкашон бе ту.

Шишаҳо ҳама холӣ, созҳо ҳама хомӯш,
Бенамак бувад имшаб базми ошиқон бе ту.

Ай ба дидаам торик моҳи осмон бе ту,
Сина чок-чокам ман ҳамчу Каҳкашон бе ту.

Лола хуни дил нӯшад, настаран кафан пӯшад,
Сахт мотамангез аст сайри бӯстон бе ту.

Ай ба дидаам торик моҳи осмон бе ту,
Сина чок-чокам ман ҳамчу Каҳкашон бе ту.

Ғунчаҳои умедам ношукуфта як рӯзе,
Раҳм кун, ки мемирад қалби як ҷавон бе ту.

Ай ба дидаам торик моҳи осмон бе ту,
Сина чок-чокам ман ҳамчу Каҳкашон бе ту.

Шеър аз Абдулҳайи Рустоқӣ.
Оҳанги Фазлаҳмади Найнавоз

19

Ай бехабар аз дарди ман

Таҳрири охирини матн 30.06.2020

Аз AM_Album_5 Awara:

Ай бехабар аз дарди ман, бар осмон шуд гарди ман,
Дидӣ чу ранги зарди ман, дидӣ чу ранги зарди ман,
Моро раҳо кардиву рафтӣ. (2)
(2)

Ишқи маро нашнохтӣ, бо дигарон пардохтӣ,
Моро парешон сохтӣ, дил бохтӣ, дил бохтӣ,
Рӯзам сиёҳ кардиву рафтӣ.

Ай бехабар аз дарди ман, бар осмон шуд гарди ман,
Дидӣ чу ранги зарди ман, дидӣ чу ранги зарди ман,
Моро раҳо кардиву рафтӣ. (2)

Бе ту ба танҳо сохтам, бо ранҷи шабҳо сохтам, бо ранҷи шабҳо сохтам,
Бо чашми дарё сохтам, яъне саропо сохтам,
Ту тарки мо кардиву рафтӣ.

Ай бехабар аз дарди ман, бар осмон шуд гарди ман,
Дидӣ чу ранги зарди ман, дидӣ чу ранги зарди ман,
Моро раҳо кардиву рафтӣ.

Шеър аз Иқбол Раҳбари Тухӣ

20

Ай булбули хушилҳон

Таҳрири охирини матн 03.07.2020

Аз Music_Centre_Vol-02 Ashiq Rooyat Man:

Ай булбули хушилҳон, бо гул бувадат паймон,
Бархез баҳор омад, бо гулбуни гул хӯ кун.
Бо гулбуни гул хӯ кун. (2)
(2)

Ай булбули шӯрангез, шӯри ту шарарбор аст,
Бархез, баҳор омад, кишвар зи ту гулзор аст.
(2)

Ай булбули хушилҳон, бо гул бувадат паймон,
Бархез баҳор омад, бо гулбуни гул хӯ кун.
Бо гулбуни гул хӯ кун. (2)
(2)

Ай булбули шӯрангез, ман ишқи туро нозам,
Бархез, баҳор омад, бар ишқи ту ҷон бозам.
(2)

Ай булбули хушилҳон, бо гул бувадат паймон,
Бархез баҳор омад, бо гулбуни гул хӯ кун.
(2)
Бо гулбуни гул хӯ кун.

Ай булбули хушилҳон, бо гул бувадат паймон,
Бархез баҳор омад, бо гулбуни гул хӯ кун.
Бо гулбуни гул хӯ кун. (2)

 

21

Ай бути бераҳм

Таҳрири охирини матн 03.07.2020

Аз AM_Album_13 Ahange Zindagee:

Ай бути бераҳм, шикорафганам,
Ришта бияндоз, ту дар гарданам.
(2)

Тир бияндоз, ки ман аз ҳаво (2)
Гираму дар сина кунам ҷо ба ҷо. (2)

Тири туро
Тири туро бар дилу ҷон ҷо диҳам,
То тасаллии дили шайдо диҳам.
(2)

Чашми фатонат, ки фусун мекунад, (2)
Ин дилакам ғарқаи хун мекунад. (2)

Он лаби лаъл
Он лаби лаълат, ки зи майхонаҳо
Мега ба гӯшам дусад афсонаҳо.
(2)

Ҷони манӣ, пеши рақибон нарав, (2)
Яккаву танҳо ба гулистон нарав. (2)

Пеши ман о,
Пеши ман о, то ки фидоят шавам,
Куштаи як лаҳза нигоят шавам.
(2)

Ай бути бераҳм, шикорафганам,
Ришта бияндоз, ту дар гарданам.
(4)

Шеър аз Абдулаҳмади Адо.
Оҳанги Фазлаҳмади Найнавоз

22

Ай гулъузори ман

Таҳрири охирини матн 03.07.2020

1. Аз AM_Album_8 Az Ghamat Ay Nazaneen:

Ай гулъузори ман, боғу баҳори ман,
Шамъи мазори ман, биё, биё.
(2)

Оташи ишқи ту сӯзад тани ман,
Ман ҳалоки туву ту душмани ман.
Ҳамчу парвона ба умеди васлат,
Сӯхтам, ай шамъаи равшани ман.

Ай нозанинам, ёри ширинам,
Туӣ Парвинам, биё, биё.
(2)
Ай гулъузори ман, боғу баҳори ман,
Шамъи мазори ман, биё, биё.
(2)

Чашми сиёҳу рухи ҳамчу моҳат,
Бурда аз хешам, ба мастӣ нигоҳат.
Рӯзу шаб овораам дар пайи ту,
То бибинам, магар, бар сари роҳат.

Ай нозанинам, ёри ширинам,
Туӣ Парвинам, биё, биё.
(2)
Ай гулъузори ман, боғу баҳори ман,
Шамъи мазори ман, биё, биё.
(4)

2. Дар варианти суруд аз Radio_Album1
ба ҷойи банди охир ду банди зер суруда шуда:

Оташи ишқи ту сӯзад тани ман,
Ман ҳалоки туву ту душмани ман.
Ҳамчу парвона ба умеди васлат,
Сӯхтам, ай шамъаи равшани ман.

Ай нозанинам, ёри ширинам,
Туӣ Парвинам, биё, биё.
(2)
Ай гулъузори ман, боғу баҳори ман,
Шамъи мазори ман, биё, биё.
(2)
Биё, биё (2)

Оҳанги аврупоӣ

23

Ай дили девона

Таҳрири охирини матн 03.07.2020

Аз ?Албум Vol-01:

Ай дил, ай дил, дили девона,
Дар ишқаш шудӣ афсона,
Дар домаш шудӣ завлона,
Ай дил, ай дил!
(2)
Ай дил, ай дил,
Ай дил, дил, дил, дили девона.

Туро аз дур мебинам, чӣ ҳосил?
Ба паҳлуят намешинам, чӣ ҳосил?
Дарахти умри ту гулзор карда,
Аз он гулҳо намечинам, чӣ ҳосил?

Ай дил, ай дил, дили девона,
Бар ишқаш шудӣ афсона,
Дар домаш шудӣ завлона,
Ай дил, ай дил!
(2)
Ай дил, ай дил,
Ай дил, дил, дил, дили девона.

Биё, ки дар бағал тангат бигирам,
Балои кокули чангат бигирам,
Маро, ки сесаду шаст бӯса додӣ,
Биё, ки аз лаби қандат бигирам.

Ай дил, ай дил, дили девона,
Дар ишқаш шудӣ афсона,
Дар домаш шудӣ завлона,
Ай дил, ай дил!
(2)
Ай дил, ай дил,
Ай дил, дил, дил, дили девона.
(2)

Сияҳчашмак, ба дил банди ту бошад,
Бақои ҷон зи пайванди ту бошад.
Сафар кардам ба гулшанҳои дунё,
Надидам кас, ки монанди ту бошад.

Ай дил, ай дил, дили девона,
Дар ишқаш шудӣ афсона,
Дар домаш шудӣ завлона,
Ай дил, ай дил!
(2)
Ай дил, ай дил,
Ай дил, дил, дил, дили девона.
(2)

Ай дил, ай дил, дили девона,
Дар ишқаш шудӣ афсона,
Дар домаш шудӣ завлона,
Ай дил, ай дил!

Маҷлисӣ.
Шеър аз Абдуллоҳи Шодком

24

Ай дил, ту гиря кам кун

Таҳрири охирини матн 25.07.2020

Аз ?Албум Vol-01:

Ай дил, ту гиря кам кун, (2)
То чашми тар набошад, (2)
Хунобаҳо бибандед, (2)
То кас хабар набошад, то кас хабар набошад. (3)

Коре бикун, дили ман, (2)
То азмати тапишҳо, (2)
Дар пеши маҳрӯён (2)
Дил бесамар набошад, дил бесамар набошад. (3)

Ай дил, ту гиря кам кун, (2)
То чашми тар набошад,
Хунобаҳо бибандед, (2)
То кас хабар набошад, то кас хабар набошад. (2)

Умре ба хоксорӣ (2)
Бигзашт дар харобот,
(2)
Аз умри рафтаи ман (2)
Шояд асар набошад, шояд асар набошад. (3)

Ай дил, ту гиря кам кун, (2)
То чашми тар набошад,
Хунобаҳо бибандед, (2)
То кас хабар набошад, то кас хабар набошад. (2)

Ай дом, мар Худоро,
Ай дом, мар Худоро, раҳме ба ҳоли дил кун, (2)
Мурғест бебизоат, (2)
Беболу пар набошад, беболу пар набошад. (3)

Ай дил, ту гиря кам кун, (2)
То чашми тар набошад,
Хунобаҳо бибандед, (2)
То кас хабар набошад, то кас хабар набошад. (2)
(2)
Дил бесамар набошад, дил бесамар набошад.
Шояд асар набошад, шояд асар набошад.
Беболу пар набошад, беболу пар набошад. (2)

Маҷлисӣ

25

Ай дуздида чашм аз оҳу

Таҳрири охирини матн 02.07.2020

1. Аз Radio_Album3:

Ай дуздида чашм аз оҳу,
Омехта* афсун ба ҷоду.
Сад ваъда додӣ, вафо ку?
Ай фиребгар, ай дурӯғгӯ!
(2)

Дил шикастан кардӣ пеша
Рух пеш оварӣ чу шиша.
Хоҳам чу бӯсам, ҳамеша,
Хандиву гӯйӣ «Намеша».
Оҳ, чӣ бераҳмӣ ту, маҳрӯ,
Ай фиребгар, ай дурӯғгӯ**!

Ай дуздида чашм аз оҳу,
Омехта афсун ба ҷоду.
Сад ваъда додӣ, вафо ку?
Ай фиребгар, ай дурӯғгӯ!

Ман бо ту намеситезам,
Аз ду дида хун мерезам.
Вақте мехоҳам гурезам,
Мегӯйӣ: «Нарав азизам!»
Оҳ, чӣ бераҳмӣ ту, маҳрӯ,
Ай фиребгар, ай дурӯғгӯ!

Ай дуздида чашм аз оҳу,
Омехта афсун ба ҷоду.
Сад ваъда додӣ, вафо ку?
Ай фиребгар, ай дурӯғгӯ! (7)

__________________________
* Дар варианти суруд аз AM_Album_9
Gulbadan «омӯхта» гӯяд.
** Дар варианти суруд аз AM_Album_9
Gulbadan ба ҷойи ин байтҳо байтҳои зер омада:
Чу хоҳам бӯсам, ҳамеша,
Хандиву гӯйӣ «Намеша».
Ин адо чист, бачаи ҷоду?
Ай фиребгар, ай дурӯғгӯ!

МАТНИ ШЕЪР:
Тобида каманд аз гесу,
Сад ваъда додӣ вафо ку?
Мефиребӣ, чӯҷаи теҳу?
Ай фиребгар, ай дурӯғгӯ!
Дил шикастан кардӣ пеша,
Рух пеш оварӣ чу шиша,
Чун хоҳам бӯсам, ҳамеша,
Хандию гӯйӣ: «Намеша!»
Ин адо чист, бачаи ҷоду?
Ай фиребгар, ай дурӯғгӯ!
Ман бо ту намеситезам,
Аз ду дида хун мерезам,
Вақте мехоҳам гурезам,
Мегӯйӣ: «Нарав, азизам!»
Ваҳ, чӣ бераҳмӣ ту, маҳрӯ,
Ай фиребгар, ай дурӯғгӯ!

Шеър аз Абулқосими Лоҳутӣ бо андак дигаргунӣ

Ай дур, ай маҳол — ниг. 19/244 Ту бо манӣ

26

Ай ишқ

Таҳрири охирини матн 02.07.2020

Аз Music_Centre_Vol-01 Neshe Gashdum:

Ай ишқ! (3)
Зи дасти ту қалби ман сӯхта, сӯхта, сӯхта, сӯхта.
Ай ёр! (3)
Ба роҳи ту чашми ман дӯхта, дӯхта, дӯхта, дӯхта.

Зи роҳи дида дар дил хона кардӣ, (2)
Зи пастӣ-т хонаро вайрона кардӣ. (2)
Нагӯям з-он чӣ кардӣ ё накардӣ,
Фақат як гап: «маро девона кардӣ». (2)

Ай ишқ! (3)
Зи дасти ту қалби ман сӯхта, сӯхта, сӯхта, сӯхта.
Ай ёр! (3)
Ба роҳи ту чашми ман дӯхта, дӯхта, дӯхта, дӯхта.

Нигори нозанини аҳли дардам! (2)
Сарамро гар бурӣ, аз ту нагардам. (2)
Сарамро гар бурӣ бо ханҷари тез,
Ба хун ҷавлон зада даврат бигардам. (2)

Ай ишқ! (3)
Зи дасти ту қалби ман сӯхта, сӯхта, сӯхта, сӯхта.
Ай ёр! (3)
Ба роҳи ту чашми ман дӯхта, дӯхта, дӯхта, дӯхта.
Ай ишқ! (2)
Ай ёр!
Ай ишқ!

 

27

Ай, ки аз ёр нишон металабӣ

Таҳрири охирини матн 02.07.2020

1. Аз AM_Album_1 Dilakam:

Ай, ки аз ёр нишон металабӣ, ёр куҷост? (2)
Ҳама ёранд, вале,
Ҳама ёранд, вале ёри вафодор куҷост?
Ҳама ёранд…

То напурсанд, ба хубон ғами дил натвон гуфт, (2)
В-ар бипурсанд, бигӯ
В-ар бипурсанд, бигӯ: «қуввати гуфтор куҷост?» (2)

Ҳама ёранд, вале
Ҳама ёранд, вале ёри вафодор куҷост?
Ай, ки аз ёр нишон металабӣ, ёр куҷост?
Ай, ки аз ёр…

Дар хароботи муғон ҳуш маҷӯед, ки мо(2)
Ҳама мастем, дар ин
Ҳама мастем, дар ин майкада ҳушёр куҷост! (2)

Ҳама ёранд, вале
Ҳама ёранд, вале ёри вафодор куҷост?
Ай, ки аз ёр нишон
Ай, ки аз ёр нишон металабӣ, ёр куҷост?
Ҳама ёранд…

2. Аз Radio_Album3:

Ай, ки аз ёр нишон
Ай, ки аз ёр нишон металабӣ, ёр куҷост? (2)
Ҳама ёранд, вале,
Ҳама ёранд, вале ёри вафодор куҷост? (2)
Ҳама ёранд…

То напурсанд, ба хубон ғами дил натвон гуфт, (2)
В-ар бипурсанд, бигӯ
В-ар бипурсанд, бигӯ: «қуввати гуфтор куҷост?» (2)

Ҳама ёранд, вале
Ҳама ёранд, вале ёри вафодор куҷост?
Ҳама ёранд…

Дар хароботи муғон ҳуш маҷӯед, ки мо (2)
Ҳама мастем, дар ин
Ҳама мастем, дар ин майкада ҳушёр куҷост! (2)
Ҳама мастем, дар ин
Ҳама мастем, дар ин майкада ҳушёр куҷост!

Ай, ки аз ёр нишон
Ай, ки аз ёр нишон металабӣ, ёр куҷост?
Ҳама ёранд, вале
Ҳама ёранд, вале ёри вафодор куҷост?
Ҳама ёранд, вале
Ҳама ёранд, вале ёри вафодор куҷост?
Ҳама ёранд…

МАТНИ ШЕЪР:
Ай, ки аз ёр нишон металабӣ, ёр куҷост?
Ҳама ёранд, вале ёри вафодор куҷост?
Рафт он тозагулу монд ба дил хори ғамаш,
Гул куҷо ҷилвагару сарзаниши хор куҷост?
То напурсанд, ба хубон ғами дил натвон гуфт,
В-ар бипурсанд маро, қуввати гуфтор куҷост?
Сабр дар хонаи вайронаи дил ҳеҷ намонд,
Хоб дар дидаи ғамдидаи бедор куҷост?
Дар хароботи муғон ҳуш маҷӯянд зи мо —
Ҳама мастем, дар ин майкада ҳушёр куҷост!
Беҳтар он аст, Ҳилолӣ, ки ниҳон монад роз,
Сирри худ фош макун маҳрами асрор куҷост!?

Шеър аз Бадриддини Ҳилолӣ

Ай ки аз килки ҳунар нақши дилангези Худоӣ — ниг. 11/175 Ман надонистам аз аввал-1

28

Ай қавми баҳаҷрафта

Таҳрири охирини матн 02.07.2020

Аз Music_Centre_Vol-02 Ashiq Rooyat Man:

Ай қавми баҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед, (2)
Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. (2)

Маъшуқи ту ҳамсояи девор ба девор, (2)
Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед? (2)

Ай қавми баҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед,
Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед.

Гар қасди шумо дидани он хонаи ҷон аст, (2)
Аввал рухи оина ба сайқал бизудоед. (2)

Ай қавми баҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед,
Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. (2)
(2)

МАТНИ ШЕЪР:
Ай қавми баҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед,
Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед.
Маъшуқи ту ҳамсояи девор ба девор,
Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед?
Гар сурати бесурати маъшуқ бубинед,
Ҳам ҳоҷию ҳам Каъбаву ҳам хона шумоед.
Сад бор аз ин хона бад-он хона бирафтед,
Як бор аз ин хона бар ин бом бароед.
Гар қасди шумо дидани он хонаи ҷон аст,
Аввал рухи оина ба сайқал бизудоед.
Он хона латиф аст, нишонҳош бигуфтед,
Аз хоҷаи он хона нишона бинамоед.
Ку дастае аз гул, агар он боғ бидидед,
Ку гавҳаре аз ҷон, агар аз баҳри Худоед?
Бо ин ҳама он ранҷи Шумо ганҷи Шумо бод,
Афсӯс, ки бар ганҷи Шумо парда Шумоед.
Ганҷед, ниҳон гашта дар ин тӯдаи пурхок,
Чун қурси қамар з-абри сияҳ боз бароед.
Султони ҷаҳон мафхари Табрез намояд,
Ашколи аҷоиб, ки Шумо рӯҳи фазоед.

Шеър аз Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ)

Ай насими ҷонпарвар — ниг. 22/282 Чу дарахти фарвардин пуршукуфта шуд ҷонам
Ай нилгун дарёи ман — ниг. 1/125

29

Ай моҳи канъонии ман

Таҳрири охирини матн 02.07.2020

Аз Ariana-Music_Vol-01 Daard-e Dil:

Ай моҳи канъонии ман, он дил, ки бурдӣ, боздеҳ,
Боздеҳ, боздеҳ,
Мурғи диламро аз қафас парвоз деҳ, парвоз деҳ,
Парвоз деҳ.

Ай ахтари тобандаам, ай кавкаби пояндаам, (2)
Ё нур афшон бар дилам, ё дил, ки бурдӣ, боздеҳ,
Боздеҳ.
Ай моҳи канъонии ман, он дил, ки бурдӣ, боздеҳ,
Боздеҳ.

Аз қавли ман бо ӯ бигӯ, ай бурда аз хотир маро, (2)
Ё пой барнеҳ бар дилам, ё дил, ки бурдӣ, боздеҳ.
Боздеҳ.
Ай моҳи канъонии ман, он дил, ки бурдӣ, боздеҳ,
Боздеҳ, боздеҳ,
Мурғи диламро аз қафас парвоз деҳ, парвоз деҳ,
Парвоз деҳ.

 

30

Ай нозанин, аз ишқи ту

Таҳрири охирини матн 02.07.2020

1. Аз Music_Centre_Vol-05 Too Bamanee:

Ай нозанин, аз ишқи ту девонаам, девонаам, (2)
В-аз дигарон якборагӣ бегонаам, бегонаам. (2)

Ҳар лаҳзае бинвозамат в-аз ҷон нисоре созамат, (2)
У-у
Донӣ, ки ман дар ошиқӣ ҷононаам, ҷононаам. (2)
Ай нозанин, аз ишқи ту девонаам, девонаам,
В-аз дигарон якборагӣ бегонаам, бегонаам.

Дар достонҳои куҳан, ҷойи ту бошад назди ман, (2)
Ай беҳтар аз ганҷу гуҳар, вайронаам, вайронаам. (2)
Ай нозанин, аз ишқи ту девонаам, девонаам,
В-аз дигарон якборагӣ бегонаам, бегонаам.

Наздики хешат хондаам, дар интизорат мондаам, (2)
Дигар чаро дар мезанӣ, дар хонаам, дар хонаам. (2)
Ай нозанин, аз ишқи ту девонаам, девонаам,
В-аз дигарон якборагӣ бегонаам, бегонаам.

Донӣ, ки ман дар ошиқӣ ҷононаам, ҷононаам
Ай беҳтар аз ганҷу гуҳар, вайронаам, вайронаам.

2. Аз Mahfeli_Album5:

Ай нозанин, аз ишқи ту девонаам, девонаам, (2)
В-аз дигарон якборагӣ бегонаам, бегонаам. (2)

Дар достонҳои куҳан, ҷойи ту бошад назди ман, (2)
Ай беҳтар аз ганҷу гуҳар, вайронаам, вайронаам. (2)
Ай нозанин, аз ишқи ту девонаам, девонаам,
В-аз дигарон якборагӣ бегонаам, бегонаам.

Наздики хешат хондаам, дар интизорат мондаам, (2)
Дигар чаро дар мезанӣ, дар хонаам, дар хонаам. (2)
Ай нозанин, аз ишқи ту девонаам, девонаам,
В-аз дигарон якборагӣ бегонаам, бегонаам.

Ҳар лаҳзае бинвозамат в-аз ҷон нисоре созамат, (2)
Донӣ, ки ман дар ошиқӣ ҷононаам, ҷононаам. (2)
Дигар чаро дар мезанӣ, дар хонаам, дар хонаам. (2)
Ай нозанин, аз ишқи ту девонаам, девонаам,
В-аз дигарон якборагӣ бегонаам, бегонаам.

Ай беҳтар аз ганҷу гуҳар, вайронаам, вайронаам.
Ман бо ҳама девонагӣ фарзонаам, фарзонаам, (2)
В-аз дигарон якборагӣ бегонаам, бегонаам.

МАТНИ ШЕЪР:
Ай нозанин, аз ишқи ту девонаам, девонаам,
В-аз дигарон якборагӣ бегонаам, бегонаам.
Ин мардуми оқилнамо бигзору пеши ман биё,
Ман бо ҳама девонагӣ фарзонаам, фарзонаам.
Дунболи доноён марав, ёри ҷаҳонҷӯён машав,
Ман аз ҳақиқат хуштарам, афсонаам, афсонаам.
Аз атру лутфу ранги ту, дил мекунад оҳанги ту,
То ҷилва чун гул кардаӣ, парвонаам, парвонаам.
Дар достонҳои куҳан, ҷойи ту бошад назди ман,
Ай беҳтар аз ганҷу гуҳар, вайронаам, вайронаам.
Ҳар лаҳзае бинвозамат в-аз ҷон нисоре созамат,
Донӣ, ки ман дар ошиқӣ ҷононаам, ҷононаам.
Наздики хешат хондаам, дар интизорат мондаам,
Дигар чаро дар мезанӣ, дар хонаам, дар хонаам.

Шеър аз Муҳамад Ҳусайни Алиободӣ

31

Ай, номи ғамат — таронаи ман

Таҳрири охирини матн 01.07.2020

Аз AM_Album_7 Sultan Qalbam:

Ай, номи ғамат – таронаи ман,
Ишқи ту ҳама баҳонаи ман.
(2)

Ай мурғи сафеди ошноӣ, (2)
Бозой ба ошёнаи ман. (2)

Ай, номи ғамат – таронаи ман,
Ишқи ту ҳама баҳонаи ман.

Ишқи ту ҷунуни дигар омехт, (2)
Бо нағмаву бо таронаи ман. (2)

Ай, номи ғамат – таронаи ман,
Ишқи ту ҳама баҳонаи ман.

 

Ай оҳи саҳаргоҳ — ниг. 2/126

32

Ай подшаҳи хубон

Таҳрири охирини матн 01.07.2020

Аз Radio_Album5:

Ай подшаҳи хубон,
Ай подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ,
Дил бе
Дил бе ту ба ҷон омад, вақт аст, ки боз ойӣ.
Ай подшаҳи хубон…

Ай дарди туам дармон, дар бистари нокомӣ, (2)
В-эй ёди туам мунис дар гӯшаи танҳоӣ.
Дар гӯшаи танҳоӣ…

Ай подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ,
Дил бе
Дил бе ту ба ҷон омад, вақт аст, ки боз ойӣ.
Ай подшаҳи хубон…

Доим гули ин бӯстон шодоб намемонад, (2)
Дарёб заифонро дар вақти тавоноӣ.
Дар вақти тавоноӣ…

Ай подшаҳи хубон,
Ай подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ,
Дил бе
Дил бе ту ба ҷон омад, вақт аст, ки боз ойӣ.
Ай подшаҳи хубон… (3)

МАТНИ ШЕЪР:
Ай подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ,
Дил бе ту ба ҷон омад, вақт аст, ки боз ойӣ!
Доим гули ин бӯстон шодоб намемонад,
Дарёб заифонро дар вақти тавоноӣ.
Дишаб гилаи зулфаш бо бод ҳамекардам,
Гуфто: «Ғалате, бигзор з-ин фикрати савдоӣ».
Сад боди сабо ин ҷо бо силсила мерақсанд,
Ин аст ҳариф, ай дил, то бод напаймойӣ.
Муштоқиву маҳҷурӣ дур аз ту чунонам кард,
К-аз даст нахоҳад шуд поёби шикебоӣ.
Ё раб, ба кӣ бояд гуфт ин нукта, ки дар олам
Рухсора ба кас нанмуд он шоҳиди ҳарҷойӣ.
Соқӣ, чамани гулро бе рӯйи ту ранге нест,
Шамшод хиромон кун, то боғ биёройӣ.
Ай дарди туам дармон, дар бистари нокомӣ,
В-ай ёди туам мунис, дар гӯшаи танҳоӣ.
Дар доираи қисмат мо нуқтаи паргорем,
Лутф — он чӣ ту андешӣ, ҳукм – он чӣ ту фармойӣ.
Фикри худу ройи худ дар олами риндӣ нест,
Куфр аст дар ин мазҳаб худбиниву худройӣ.
З-ин доираи мино хунинҷигарам, май деҳ,
То ҳал кунам ин мушкил дар соғари миноӣ.
Ҳофиз, шаби ҳиҷрон шуд, бӯйи хуши васл омад,
Шодӣ-т муборак бод, ай ошиқи шайдоӣ.

Шеър аз Ҳофизи Шерозӣ

33

Ай рашки гулҳо

Таҳрири охирини матн 01.07.2020

Аз AM_Album_13 Ahange Zindagee:

Ай рашки гулҳо, додӣ фиребам, (2)
Ай вой, ай во, додӣ фиребам. (2)

Ай рашки гулҳо, додӣ фиребам,
Ай вой, ай во, додӣ фиребам.

Умрест хоҳам як бӯса з-он лаб, (2)
Имрӯзу фардо додӣ фиребам. (2)

Ай рашки гулҳо, додӣ фиребам, (2)
Ай вой, ай во, додӣ фиребам. (2)

Гуфтам, ки номат дигар нагирам, (2)
Кардӣ дилосо, додӣ фиребам. (2)

Ай рашки гулҳо, додӣ фиребам,
Ай вой, ай во, додӣ фиребам. (2)

Гуфтӣ: «Ба ишқат бепову сар ман», (2)
Дидам, саропо додӣ фиребам. (2)

Ай рашки гулҳо, додӣ фиребам, (2)
Ай вой, ай во, додӣ фиребам. (2)

Ай рашки гулҳо, додӣ фиребам,
Ай вой, ай во, додӣ фиребам. (3)

Шеър аз Абдулаҳмади Адо

34

Ай сорбон

Таҳрири охирини матн 01.07.2020

Аз AM_Album_4 Madar:

Ай сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад, (2)
Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад. (2)

Маҳмил бидор, ай сорбон, тундӣ макун бо корвон, (2)
К-аз ишқи он сарви равон, гӯйӣ, равонам меравад.

Ай сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.

Дар рафтани ҷон аз бадан, гӯянд ҳар навъе сухан, (2)
Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.

Ай сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.

Бозову бар чашмам нишин, ай дилфиреби нозанин, (2)
К-ошӯбу фарёд аз замин бар осмонам меравад.

Ай сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.

МАТНИ ШЕЪР:
Ай сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
В-он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.
Ман мондаам маҳҷур аз ӯ, бечораву ранҷур аз ӯ,
Гӯйӣ, ки неше дур аз ӯ дар устухонам меравад.
Гуфтам, ки бо найрангу фусун пинҳон кунам рози дарун,
Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад.
Маҳмил бидор, ай сорбон, тундӣ макун бо корвон,
К-аз ишқи он сарви равон, гӯйӣ, равонам меравад.
Ӯ меравад доманкашон, ман заҳри танҳоӣ чашон,
Дигар мапурс аз ман нишон, к-аз дил нишонам меравад.
Баргашт ёри саркашам, бигзошт айши нохушам,
Чун миҷмаре пуроташам, к-аз сар духонам меравад.
Бо он ҳама бедоди ӯ, в-ин аҳди бебунёди ӯ,
Дар сина дорам ёди ӯ ё бар забонам меравад.
Бозою дар чашмам нишин, ай дилситони нозанин,
К-ошӯбу фарёд аз замин бар осмонам меравад.
Шаб то саҳар менағнавам, в-андарзи кас менашнавам,
В-ин раҳ на қосид меравам, к-аз каф инонам меравад.
Гуфтам: бигирям, то ибил чун хар фурӯ монад ба гил,
В-ин низ напӯшонам, ки дил бо корвонам меравад.
Сабр аз висоли ёри ман, баргаштан аз дилдори ман,
Гарчи набошад кори ман, ҳам кор аз онам меравад.
Дар рафтани ҷон аз бадан, гӯянд ҳар навъе сухан,
Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад .
Саъдӣ фиғон аз дасти мо, лоиқ набуд, ай бевафо,
Тоқат намеорам ҷафо, кор аз фиғонам меравад.

Шеър аз Саъдии Шерозӣ

35

Ай суруди вопасинам

Таҳрири охирини матн 01.07.2020

Аз AM_Album_1 Dilakam:

Ай суруди вопасинам,
Ай суруди вопасинам, ҷуз ту паноҳе надорам,
Ҷуз ту паноҳе надорам,
Ай орзуи охирин, ҷуз ту оғӯше надорам.
Ай суруди вопасинам (2)

Оташи ишқи ту ҳамчун, мекушад маро чу Маҷнун, (2)
Дар оғӯшат паноҳи ман, дар нигоҳат умеди ман.

Ай суруди вопасинам,
Ай суруди вопасинам, ҷуз ту паноҳе надорам,
Ҷуз ту паноҳе надорам,
Ай орзуи охирин, ҷуз ту оғӯше надорам.
Ай суруди вопасинам

Ситораи ишқи ман мурд, умеду ҳастии ман рафт, (2)
Ай нолаи шабҳои ман, ай ёри беҳамтои ман!

Ай суруди вопасинам,
Ай суруди вопасинам, ҷуз ту паноҳе надорам,
Ҷуз ту паноҳе надорам,
Ай орзуи охирин, ҷуз ту оғӯше надорам.
Ай суруди вопасинам

Шеър аз Набили Мискинёр

36

Ай тири ғаматро

Таҳрири охирини матн 01.07.2020

Аз AM_Album_12 Ahmad Zahir wa Jila:

Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Ҷамъе ба ту машғулу ту ғоиб зи миёна.
Гаҳ муътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид, (2)
Яъне ки туро металабам хона ба хона. (2)
Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона. (2)

Мақсуди ман аз Каъбаву бутхона туӣ, ту, (2)
Мақсуд туӣ, Каъбаву бутхона баҳона. (2)

Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Ҷамъе ба ту машғулу ту ғоиб зи миёна.
Гаҳ муътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид, (2)
Яъне ки туро металабам хона ба хона. (2)
Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона. (2)

Яъне ҳама ҷо акси рухи ёр тавон дид, (2)
Девона наям ман, ки равам хона ба хона. (2)

Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Ҷамъе ба ту машғулу ту ғоиб зи миёна.
Гаҳ муътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид, (2)
Яъне ки туро металабам хона ба хона. (2)
Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона. (5)

МАТНИ ШЕЪР:
Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Халқе ба ту машғулу ту ғоиб зи миёна.
Гаҳ муътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид,
Яъне ки туро металабам хона ба хона.
Ҳар кас ба забоне сифати мадҳи ту гӯяд,
Мутриб ба суруди наю булбул ба тарона.
Ҳоҷӣ ба раҳи Каъбаву ман толиби дидор,
Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона.
Мақсуди ман аз Каъбаву бутхона туӣ, ту,
Мақсуд туӣ, Каъбаву бутхона – баҳона.
Чун дар ҳама ҷо акси рухи ёр тавон дид,
Девона наям ман, ки равам хона ба хона.
Афсуни дил афсонаи ишқ аст дигар не
Боқӣ ба ҷамолат, ки фусун асту фасона.
Тақсири Ҳилолӣ ба умеди карами туст,
Яъне ки гунаҳро беҳ аз ин нест баҳона.

Ин ғазал дар девони Ҳилолӣ (тасҳеҳи С. Нафисӣ) мавҷуд
бошад ҳам, С. Нафисӣ ба моли Ҳилолӣ буданаш шубҳа дорад ва
менависад: «Абёти 1 ва 2 ва 3 ва 7 ва 8-и он бо ихтилофоте
дар девони Хаёлии Самарқандӣ, шоири маъруфи муосири Ҳилолӣ
ҳаст ва тахаллуси ӯро дода. Ва дар «Маҷолис-ун-нафоис» низ
чаҳор байти он ба номи ӯст ва ба равиши маълуфи Ҳилолӣ ҳам
наздик нест».

Шеър аз Хаёлии Бухороӣ

Ай ту моҳи осмон — ниг. 11/236 Сӯзи қалбам ҷовидонӣ

37

Ай Худо, модари ман

Таҳрири охирини матн 01.07.2020

Аз Music_Centre_Vol-05 Too Bamanee:

Ай Худо… (2)
Ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ,
Модари ман, ахтари ман, гавҳари ман, боз ба ман деҳ, (2)
Модари нозпарвари ман боз ба ман деҳ.

Ҷудо зи рӯйи модарам, қасам ба остони ту,
Ҳалқа шуда ба гарданам моҳи ту, осмони ту,
Шуъла занад ба ҷони ман нури ситорагони ту.
Ай Худо… (3)

Қасам ба номи поки ту, бузургии Қуръони ту,
Хор бувад ба чашми ман, баҳори ту, хазони ту,
Танг бувад ба чашми ман замини ту, замони ту.
Ай Худо…
Ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ.

Шеър ва оҳанг аз Шоҳвалӣ Валии Таронасоз

38

Ай ҳамватан

Таҳрири охирини матн 01.07.2020

Аз Ariana-Music_Vol-02 Mosum-e Gul:

Ай ҳамватан, ай неруи боландаи ҷовид,
Хуш бош, ки боз ахтари омоли ту тобид.
(2)
Ай ранҷбар, ай кори ту созандаи даврон,
Даврон зи туву қудрати ҷовиди ту болид.

Бархез, ки бо мавҷи қавипанҷа кунад разм, (2)
Қавме, ки зи тӯфони ҳаводис наҳаросид.
Хуш бош, ки боз ахтари омоли ту тобид.

Ай ранҷбар, ай кори ту созандаи даврон,
Даврон зи туву қудрати ҷовиди ту болид.

З-ин гуна далерона амал кардани бебок, (2)
Бояд ба туву ҳиммати волои ту нозид.
Хуш бош, ки боз ахтари омоли ту тобид

Ай ҳамватан, ай неруи боландаи ҷовид,
Хуш бош, ки боз ахтари омоли ту тобид.
Ай ранҷбар, ай кори ту созандаи даврон,
Даврон зи туву қудрати ҷовиди ту болид.
(3)

Шеър аз Бориқ Шафеӣ

39

Ай ҷони ман асират

Таҳрири охирини матн 01.07.2020

1. Аз AM_Album_2 Bahar:

Ай ҷони ман асират, ай умри ман фидоят,
Умрам ба охир омад, бе лаъли ҷонфазоят.
(2)

Ту меравӣ хиромон, ман бо ду чашми гирён,
Ошуфтаву парешон, чун кокул аз қафоят.

Ай ҷони ман асират, ай умри ман фидоят,
Умрам ба охир омад, бе лаъли ҷонфазоят.
(2)

Не бахти он, ки як шаб, дастам кашад ба зулфат,
Не пойи он, ки рӯзе бигрезам аз ҷафоят.

Ай ҷони ман асират, ай умри ман фидоят,
Умрам ба охир омад, бе лаъли ҷонфазоят.
(2)
Бе лаъли ҷонфазоят. (2)

2. Аз Radio_Album1:

Ай ҷони ман асират, ай умри ман фидоят,
Умрам ба охир омад, бе лаъли ҷонфазоят.
(2)

Ту меравӣ хиромон,
Ту меравӣ хиромон, ман бо ду чашми гирён,
Ошуфтаву парешон, чун кокул аз қафоят.

Ай ҷони ман асират, ай умри ман фидоят,
Умрам ба охир омад, бе лаъли ҷонфазоят.
(2)

Не бахти он, ки як шаб,
Не бахти он, ки як шаб, дастам кашад ба зулфат,
Не пойи он, ки рӯзе бигрезам аз ҷафоят.

Ай ҷони ман асират, ай умри ман фидоят,
Умрам ба охир омад, бе лаъли ҷонфазоят.
(2)
Умрам ба охир омад, бе лаъли ҷонфазоят.
Бе лаъли ҷонфазоят. (4)

Шеър аз Абдураҳмони Мушфиқӣ

40

Ай шуълаи ҳазин

Таҳрири охирини матн 04.07.2020

Ай шуълаи ҳазин,
Ай ишқи оташин,
Ай дарди вопасин!
(2)

Ин шеъри туст, ё ки ҷунуни сиришкҳо,
Ё шеъри ман, ки медиҳадат сӯзи ҷовидон.
(2)
Ай шуълаи ҳазин,
Ай ишқи оташин,
Ай дарди вопасин!

Дигар наҷӯямат,
Шабҳо напӯямат,
Розе нагӯямат.
(2)
Ай шуълаи ҳазин,
Ай ишқи оташин,
Ай дарди вопасин!

Ин шеъри туст, ё ки ҷунуни сиришкҳо,
Ё шеъри ман, ки медиҳадат сӯзи ҷовидон.
Ай шуълаи ҳазин,
Ай ишқи оташин,
Ай дарди вопасин!

Шабҳои бешумор,
Паҳлуи ҷӯйбор,
Дар саҳни кӯҳсор.
Ай шуълаи ҷунун,
Ай ишқи оташин,
Ай дарди вопасин!

Ин шеъри туст, ё ки ҷунуни сиришкҳо,
Ё шеъри ман, ки медиҳадат сӯзи ҷовидон.
Ай шуълаи ҳазин,
Ай ишқи оташин,
Ай дарди вопасин!

 

41

Афсӯс, ки ишқи поки ту

Афсӯс, ки ишқи поки ту ранги ҳавас гирифт,
Оташ ба ҷони ин самари зудрас гирифт.
Донӣ, умеди зиндагиям буд ишқи ту,
Рафтию ишқ, он чӣ ба ман дод, пас гирифт.
То кай Худо-Худо кунам, ин дил зи васли ту,
Шуд ноумеду домани он додрас гирифт.

 

Аҳд кардам, ки дигар май нахӯрам дар Рамазон – ниг. 9/173 Ман масту ту девона
Аҷаб сабре Худо дорад — ниг. 45/86
Ашкҳои ман ҳамчун — ниг. 46/87

А  Б  В  Г  Ғ  Д  Ё  З  И  К  Қ  Л  М  Н  О  П  Р  С  Т  У  Ф  Х  Ҳ  Ч  Ҷ  Ш  Я 

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

гузориш 28

  1. Аз Устод Лоҳутӣ мисраи боло «Аё сайёд, раҳме кун,», ба фикрам, чунин аст:
    «Аё сайёд, шарме кун,»

    • Салом, Ансор!
      Бале, ҳамин тавр аст. Шоир «шарме» гуфтаасту ҳофиз «раҳме». Аз пайи ҳофиз рафта гуфтаи шоирро беихтиёр фаромӯш кардаем. )))
      Сипосгузорам. Ислоҳ мешавад.

  2. Мкхостам бифахмам муаллифи суруди «мохам расиду норасида рафт»-ро

  3. Ассалому аллайкум!
    Бисьёр х,ам хушх,олам, ки Шумо чунин корро пеша кардаед. Ташаккури зиёд!

    Ман мехостам матни суруди Ах,мад Зох,ир, «Зиндаги чист?»-ро ва муаллифи ин шеърро донам?

    Пешопеш сипос,

    • Салом Алӣ!
      Ин суруд бо номи «Қадаҳро сар кунед» низ омада. Мутаассифона дар бораи муаллифи он маълумоте пайдо накардаам.

  4. Дар як гузориши ББС форсӣ омада ки Аҳмад Зоҳир аз Сутон Шоҳзода ҳам шеъре хонда? Кадом шеърашро? Сипос.

    • Бародар Asli!
      Дар Торкада оиди аз ҷониби Аҳмад сурудани ашъори Лоҳутӣ, Турсунзода, Қодирӣ, Шоҳзода борҳо зикр шуда. Фақат аз Султон Шоҳзода то имрӯз маро чизе дастрас нагардид. Умед дорам, бо ҳам ҷустуҷӯ хоҳем кард!?

  5. Ассалом алайкум!
    Аввало арзи сипос барои чунин кори мушкиле ки Шумо (Шумоён) кардетон. Лоқи ташаккурҳои беохир мебошед!

    Мехостам ба шумоён илтимос ва таклиф кунам, ки он аз ин иборт аст:

    1. Магар тавонед ҳамаи ин шеърҳоро дар як саҳифа ҷамъ кунед.

    оё

    2. Як китобе бо ном (мисол):»Таронаҳои Аҳмад Зоир» сохта дар он ҳаммаи шеърҳоро ҷам карда дар саҳифаи «Китобхона» ҷойгир мекардед бисёр хуб мешуд!

    Ташаккури зиёд!

    • Далер, соли 2015 барориши якуми китобро дар сомона ҷойгир карда будам, тарзи дастрасии он дар гӯшаи Китобхона ҳаст. Дар ин китоб чизҳое мавҷуданд, ки дар сомона дарҷ наёфтаанд. Ин китоб ба онҳое бояд тӯҳфа мешуд, ба сомона ҳамёрӣ (ёрдами пулӣ) кардаанд ва инчунин барои ноширон. Вале то имрӯз касе нагирифтааст.
      Ҳоло барориши дуюми китоб дар дастам аст, ки боз васеътару фарогиртар аст.
      Касоне, ки мехоҳанд, китобҳои гӯшаи Китобхонаро дастрас кунанд, бояд дар пойини сутуни рост тугмаҳои Sпасибо ва Поддержать-ро пахш карда маблағи муайянеро гузаронанд.

  6. Бародарони гиромӣ!Ҳамин сурудҳоро аз куҷо метавонам дастрас кунам?!Агар донед,ёриатонро дареғ надоред.
    musiqi.tj,muzmo.ru,yandex.ru,google…
    баъзе сурудҳоро ёфта наметавонад.
    Пешакӣ муташаккирам…

    • Комронбек, аз ҳамин сомона дарёфта метавонед. Нақшаи ман низ ҳамин буд. Сурудҳои бо ҳарфи А саршавандаро дар ин ҷо гузоштаам. Вале аз сабаби набудани маблағ алҳол сомона ба душворӣ фаъолият дорад ва ман ин корро давом дода натавонистам. Суруди даркориатонро номбар кунед ва ман мувофиқи имкон дар сомона ҷо мекунам.

  7. Хеле ва хеле шодам,ки то ба ҳанӯз мухлисони ашаддии ин Ситораи натакрори Шарқ зиёданд ва ман ҳам аз ҷумлаи онҳоям.Ба муаллиф барои гирд овардани чунин ганҷинаҳо сипоси худро мерасонам…

  8. …рахмат -рахмати калон…?! -бисёр кори хайру савобангез карди.., ташаккури беканор…!?

  9. Бародар кори хеле хуб ва савоб,илохо барака ёби.

  10. Дастатон дард набинад. Бисёр кори хуб.

  11. Ташаккури зиёд,бародари азиз,ки моро дуруст фахмидаед,эродхои мо бегаразона буданд.Мо хам хануз пеши дигарон шогирдему меомузем ва шояд дар навиштахои мо хам хатохо бошанд.Мутаасифона,имруз он китобхое,ки мавриди матни сурудхои Ахмад Зохир дар Точикистон нашр шудаанд,хеч як аз хатохо ори нестанд ва мо як маколаи ночизе хам дар ин мавзуъ навишта будем.Дар сомонаи Фейсбук низ аксар афгонхо дар навиштани матнхо галат кардаанд.Дар хамин сахифа хануз чанд хатои ночизи дигаре хаст.Агар хохиш бошад,мо андешахои худро хохем навишт,казоваташ аз Шумост!Ба хар хол медонам,ки захмати сангине кашидаед,кори осоне нест,ташаккури зиёд,хамеша ободу муваффак бошед!

  12. Ташаккур,бародари азиз,хеле захмат кашидаед,аммо шуморо мебояд пеш аз нашр матни сурудхоро бори дигар аз назар гузаронед,зеро хатохои зиёде рох ёфтаанд.Аз чумла,Ба домони пурмехри ту МЕСУРУДАМ,дурусташ,албатта МЕГУНУДАМ аст;Гул ба ту,лола ба ту,сарв ба ту нозадо,дурусташ:Гул ба ту,лола ба ту,сарв ба ту,ноз Адо (шеъри шоир Адо аст),Бурда аз хешам ба масъум?нигохат,дурусташ»ба масти»,Ба пойи чон зи пайванди ту бошад,дурусташ «Бакои чон…»Зи пасти? хонаро вайрона карди,дурусташ «Сипас ин хонаро…»ва амсоли инхо.Хамин гуна хатохо дар сахифахои дигар низ ахён ба чашм мерасанд.Аз чумла газали Рахии Муййири «На дил мафтуни дилбанде…»(на махзуни)-ро саропо хато навистаед.Дар натичаи хатонависи баъзан маъно низ хароб шудааст.Бахшиш,агар малол расида бошад,аммо тахкикгар бояд матни дурустро пешниход кунад,имкон бошад,асли шеърро пайдо кунад,то дигарон аз паси у ба иштибох рох надиханд.Чун хатохо зиёданд,навиштани ин сатрхоро лозим донистем,боки казоват ба Шумо.

    • Бародари гиромӣ, Аҳроров Комилҷон! Хеле шодам, ки ниҳоят бо мардони шеърфаҳму мухлиси Аҳмади Зоҳири ҷовидонӣ ҳамсӯҳбат мешавам ва аз онҳо барои навиштаҳои шогирдонаи худ маслиҳат мегирам. Сипоси беандоза аз Шумо! Боварӣ дорам, ки ин сӯҳбати нахустину охирин нест… Эродҳои Шумо қабул ва ғалатҳо ислоҳ шуданд.

  13. Нисбати шеъри «Аз ғамат ай нозанин» савол доштам. Инҷо «кулбаи худ… ҷойи дигар мекунам» омадааст. Дар назарам А. Зоҳир «қиблаи худ…. сӯи дигар мекунам» мехонд

    • Бале, ҳамин тавр аст. Ин саҳви ман аст. Дар вақти навиштан ба маънии шеър диққат додаам, зеро дар шеър «кулба» дар ҷойи худ аст, аммо «қибла» на он қадар. Вале фаромӯш кардаам, ки Аҳмад Зоҳири бузург «қибла» гуфтааст. Дурусттараш:
      «Қиблаи худ баъд аз ин ёри дигар мекунам»
      Сипоси беандоза, Фаридунҷон, ки ёдрасон кардед. Ислоҳ шуд.

  14. Ҳазорон ҳазор раҳмат барои ин мавод! Ин маҳз он чизест, ки ман орзу мекардам. Худованд кӯшишҳои шуморо баракат диҳад! Дар меҳнати худ хаста набошед!

    • Саломат бошед, бародар!

  15. Ай нилагун дарёи ман, боз омадам, боз омадам.
    Ай ҷому, ай минои ман, боз омадам, боз омадам.

    Инак садои пои ман, боз омадам боз омадам.
    боз омадам боз омадам.

    Як лаҳза соз, ки гӯш кун.
    В-он гаҳ боз зи оғуш кун.

    Инак садои пои ман, боз омадам боз омадам.
    боз омадам боз омадам.

    Чун булбуле парпар занам.
    Сӯи ту оям з-осмон.

    Ай булбули зебои ман, боз омадам, боз омадам.

    Инак садои пои ман, боз омадам боз омадам.
    боз омадам боз омадам.

    Ай нилагун дарёи ман, боз омадам, боз омадам.
    Ай ҷому, ай минои ман, боз омадам, боз омадам.

    • Барӯманд аст миллате, ки чунин фарзандон дорад, ки хотири ҳаммиллатони бузурги худро пос медоранд ва ба дасти фаромӯшӣ намедиҳанд. Садои Аҳмади Зоҳир ҷовидона хоҳад монд. Сипоси бемар, бародари арҷманд, барои ҳамовозиатон!

  16. Дигар сурудхои Ахмад Зохир хам чоп мешаванд?

    • Бале. Рӯзҳои наздик сурудҳо бо ҳарфи «Б» интишор хоҳанд шуд. Ман тасмим гирифтаам, ки агар умр вафо кунад, матнҳои тамоми сурудаҳои Аҳмадро гирд оварам, интишор кунам ва дар намуди як китобчаи электронӣ ба хонандагон пешкаш кунам.

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.