Чанд ғазал аз Абдураҳмони Ҷомӣ

Jomi

Пайкараи Ҷомӣ ва Навоӣ

Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492), ки 600 сол муқаддам чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушодааст, аз адибон охирин абармардест, ки як бахши рӯзгори адабиву фарҳангии садаҳои миёна бо номи ӯ оғоз ва фарҷом мепазирад. Чунки пас аз садаи понздаҳи исавии хуршедӣ шоиру донишманде ба чунин тавоноӣ ва ҳашамати осор дигар ба майдони ҳунар наомадааст.

Ғазалҳои Ҷомӣ дар барномаи сарояндагони «Шашмақом» ва устодон — классикони ҳунари тоҷик ҷойгоҳе шойиста доранд ва чун муште аз хирвор чанде аз онҳо барои Шумо, хонандагони нуктасанҷ, пешкаш мешавад.

Таҳрири охирин 25.08.2019

Симинзақано, сангдило, лолаузоро,
Хуш кун ба нигоҳе дили ғампарвари моро.
Ин қолиби фарсуда гар аз кӯйи ту дур аст,
Алқалбу ало бобика лайлан ва наҳоро.
Озурда мабодо, ки шавад он тани нозук,
Аз баҳри Худо, чуст макун банди қаборо.
Ман чун гузарам аз сари кӯйи ту, к-аз он ҷо,
Ёрои гузаштан набувад боди саборо?
Хуш он, ки зи май маст шавӣ, бехабар афтӣ,
Пинҳон зи ту ман бӯса занам он кафи поро.
Ҷомӣ накунад ҷуз ҳаваси базми ту, лекин
Дар ҳазрати султон кӣ диҳад бор гадоро?
***
Худой хайр диҳод он ҷавони раъноро,
Ки вораҳонд ба пиронасар зи мо моро.
Карашмаҳои ғизолони маст мебахшад
Фароғат аз ду ҷаҳон ошиқони шайдоро.
Шарори синаи Маҷнун зи оташи Лайлӣ
Кабоб сохт ҳама оҳувони саҳроро.
Суҷуди хоки дарат бурданам таманно буд,
Ба хок мебарам имрӯз ин таманноро.
Ба дида сӯйи ту оям, ки аз сари покон
Ба раҳгузори ту ҷо нест бар замин моро.
Чӣ суд панди касон, чун намебарад зи дилам
Ҳавои кадди дилорову рӯйи зеборо?!
Ҳалоки Ҷомии дилхаста хост он, к-орост
Ба шаклу шева саворони сарвболоро.
***
Гузашт аз ҳад хурӯшу гиря абри навбаҳоронро,
Куҷо донист, ё раб, доғу дарди дилфигоронро.
Мабор, эй абр, рӯзи гашти он чобуксавор, охир,
Ки дида дар раҳ аст аз дер гаҳ уммедворонро.
Аз ин ишқи ҷигархора чӣ дорам чашми беҳуда,
Ки бардода ба боди нестӣ чун ман ҳазоронро.
Зи ҷоми нимхӯрди ӯ куҷо як ҷуръа, то бинӣ,
Чу аҳди ман шикаста тавбаи парҳезгоронро.
Чунин к-аз бодаи ишрат ба хоби мастии шабҳо,
Чӣ донӣ меҳнати бехобии шабзиндадоронро?!
Сазад, к-аз бекасии чун мани бедӯсте печад,
Шабе, к-ӯ бастаи фитрок бинад шаҳриёронро.
Саманди ноз ҷавлон деҳ ба раҳ, к-ӯ куштаи Ҷомӣ,
Агар зоеъ шавад мӯре, чӣ нуқсон шаҳсаворонро.
***
Дардмандам, оҷизам, бемори танҳову ғариб,
Ҳоли худ машрӯҳ гуфтам, вақти лутф аст, эй табиб.
Ҳар шифо дар ҳуққаи лаъл асту он дар дасти туст,
Ҳуққа бикшову каромат кун шифое анқариб.
Ҷӯшиши дарёи фазлат неку бадро шомил аст,
Гарчи аз бад бадтарам, ҳошо, ки монам бенасиб.
Ошиқи беморро васли ҳабиб омад илоҷ,
З‐остонат чун равам, чун ҳам табибӣ, ҳам ҳабиб?
Бо ту дастовези ман танҳоиву ғурбат бас аст,
Бо ғарибон лутфу раҳмат нест аз хӯят ғариб.
Умр ширин, айш хуш аз давлати васли ту буд,
Ло бақоӣ баъдаҳу саҷлу вало айшӣ ютиб.
Банда Ҷомиро ба мискинони ин даргоҳ бахш,
Истаҷиб ҳоз‐ад‐дуо фӣ шаъниҳи, ё мустаҷиб!
***
Боз ҳавои чаманам орзуст,
Ҷилваи сарву суманам орзуст.
Накҳати гулро чӣ кунам, э насим,
Бӯе аз он пираҳанам орзуст.
Тавба зи май кардаму омад баҳор,
Соқии тавбашиканам орзуст.
Ман кияму базми ту, лекин зи дур,
Дидани он анҷуманам орзуст.
Зистанам бе ту муяссар мабод!
Бе ту агар зистанам орзуст!
Беш магӯ, Ҷомӣ, аз он лаб сухан,
К-ин суханон з-он даҳанам орзуст.
***
Пирона сар кашидам сар дар раҳи сагонат,
Мӯйи сафед кардам ҷорӯби остонат.
Ай аз ҳилоли абру бар офтоби тобон
Мушкин камон кашида, ман чун кашам камонат?
Кам зан гираҳ миёнро бар қасди ман, ки тарсам
Тоби гираҳ наёрад аз нозукӣ миёнат.
Лаъли ту ҷону ман ҳам дорам рамида ҷоне,
Биншин даме, ки бодо ҷонам фидои ҷонат.
Судам ҷабин ба роҳат, гуфтӣ: — Маҷӯ зиёнам,
Ё Раб, Худо бибахшад сабре бар ин зиёнат!
Ман кистам, ки чинам барге зи гулбуни ту,
Кошам халад ба сина хоре зи бӯстонат.
Як бӯса ваъда кардӣ, лаъли лабат замон шуд,
Худ лутф кун вагарна бистонам аз замонат.
Хай пок кун, Худоро, аз рух, ки шуст моро
Лавҳи сабурӣ аз дил рухсори хунчаконат.
Дашноме аз забонат бошад муроди Ҷомӣ,
Ё аз забони он кас, к-ӯ гӯяд аз забонат.
***
Ин ҳама хуноба, к-андар чашми гирёни ман аст,
Гашта пайдо аз ҷароҳатҳои пинҳони ман аст.
Қосиди ҷонон, ки ояд баҳри қатли дигаре,
Қосиди ҷонон магӯ, к-ӯ қосиди ҷони ман аст.
Парда аз рози дилам чун ғунча бархоҳад гирифт,
Чокҳо, к-аз шавқи он гул дар гиребони ман аст.
Хоб дидам дӯш, к-он лаб мегазам, инак ҳанӯз
Дар лабаш монда нишони захми дандони ман аст.
Мешавам гарди раҳаш, ай бод, гарди ман бибар,
Ҳар куҷо ҷавлонгаҳи сарви хиромони ман аст.
Ҳар шаб аз тасбеҳи худ фавҷи малак монанд боз,
Баски дар авҷи фалак фарёду афғони ман аст.
Аз ҷигар, Ҷомӣ, кабоб овар, зи хуни дил шароб,
К-имшаб он хунхораи бадмаст меҳмони ман аст.
***
Боз чашмам дурфишон аз лаъли гавҳарбори кист?
Ашки ман з-ин гуна гулгун аз гули рухсори кист?
Зери девори ту ҳар шаб зор нолам то саҳар,
Бар лаби бом о шабе, к-ин нолаҳои зори кист?
Чашм медоранд халқе дидани рӯят ба хоб,
То худ ин давлат насиби дидаи бедори кист?
Ман намегӯям ту кардӣ чокҳо дар ҷони ман,
Хар кӣ бинад ҷони ман, донад, ки инҳо кори кист?
Кӯйи ту сад ҷо ба хун оғушта шуд, охир бипурс,
К-ин ҳама аз синаи решу дили афгори кист?
Гаштаам бемор чун чашмат, чӣ бошад, гар гаҳе
Гӯшаи чашм афганӣ сӯям, ки ин бемори кист?
Номи Ҷомӣ тай кун, ай мутриб, Худоро з-ин ғазал,
Тарсам он маҳ нашнавад, гар донад ин гуфтори кист?
***
Рӯзи майдон аст, турки шаҳсавори ман куҷост?
Чашми ҳар кас бар рухи ёрест, ёри ман куҷост?
Ошиқон ҳар кас ба рӯйи ёри худ хандону хуш,
Ман чунин ғамгин чароям, ғамгусори ман куҷост?
То баранд аз ҷилваи хубӣ хиҷолат некувон,
Нимҷавлоне зи сарви гулъузори ман куҷост?
Чанд гардам беқарору сабр ҳар сӯ инчунин,
Он шикебомӯзи ҷони беқарори ман куҷост?
Дод кардам аз ғамаш умреву он бадхӯ нагуфт,
Он ки умре буд, хоки раҳгузори ман, куҷост?
Нест хуш бар домани покаш ғубори чун мане,
Бедиле, к-аз гиря биншонад ғубори ман, куҷост?
Монд Ҷомӣ дур аз он дар, ваҳ чӣ хуш бошад гаҳе
Боз пурсад, к-он ғариби хоксори ман куҷост?
***
Биё, ки шоҳиди бӯстон зи рух ниқоб андохт,
Насим дар сари зулфи бунафша тоб андохт.
Сабо шамими гулу бӯйи ёри гулрух дод,
Марову мурғи чаманро дар изтироб андохт.
Пайи нисори қудуми гул аз шукуфа насим,
Ба саҳни боғ дирамҳои сими ноб андохт.
Зи шабнами саҳарӣ ғунча бомдоди пагоҳ,
Кушод пераҳан аз ҳам, дар офтоб андохт.
Тавон бар абри хурӯшанда таъна зад ба ҷунун,
Зи санги жола, ки бар шишаи ҳубоб андохт.
Даруни соғари лола чарост мушколуд,
Агар на мушк пайи тиб дар шароб андохт.
Чакид нам зи ҳаво ё зи назми тар, Ҷомӣ,
Ба гӯши шоҳиди гул лӯълӯи хушоб андохт.
***
Аз ёри куҳан намекунӣ ёд,
Ин пешаи нав муборакат бод!
Фарёди касе намекунӣ гӯш,
Пеши кӣ кунем аз ту фарёд?
Бо давлати бандагӣ-т ҳастем,
Аз хоҷагии ду олам озод.
Шояд, ки туро фаришта хонанд,
К-ин лутф надорад одамизод.
Он сӯхта ёфт лаззати ишқ,
К-аз васл нишон надиду ҷон дод.
Аз шаккари ҷонфизойи Ширин,
Парвиз наёфт завқи Фарҳод.
Мурғи чамани вафост Ҷомӣ,
Дар доми ғаму бало чӣ афтод!
***
Ҷон аз он лабҳо ҳикоят мекунад,
Тӯтӣ аз шаккар ривоят мекунад.
Хар кӣ мегӯяд ҳадиси Салсабил,
З-он лаби нӯшин киноят мекунад.
Аз рақибон мекунад паҳлу тиҳӣ,
Ҷониби моро риоят мекунад.
Чашми шӯхаш мекашад теғи ҷафо,
Лаъли ҷонбахшаш ҳимоят мекунад.
Дур аз он лаб ҷон яке нолон най аст,
«Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад».
З-он лаби ҳамчун шакар монда чудо,
«Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад».
Қатли Ҷомиро чӣ ҳоҷат захми теғ?
Ғамзае уро кифоят мекунад.
***
Хуш он ки висоли ту муяссар шуда бошад,
Чашмам ба ҷамоли ту мунаввар шуда бошад.
Резам зи мижа ашк дамодам, ки бишӯям,
Гар ғайри ҷамоли ту мусаввар шуда бошад.
Бо ҳеҷ баробар накунам, он ки сари ман,
Дар пойи ту бо хок баробар шуда бошад.
З-ин беш макун саркашӣ, эй моҳ, бияндеш,
З-он лаҳза, ки оҳам ба фалак бар шуда бошад.
Шуд қомати ман ҳалқа дар он фикр, ки дастам,
Дар ҳалқаи он зулфи муанбар шуда бошад.
Ҳаргиз ба вафо бо дигаре аҳд набандам,
Гар худ зи ҷафо аҳди ту дигар шуда бошад.
Ҷомӣ, макун андеша, ки тағйир наёяд,
Дар ҳукми азал ҳар чӣ муқаддар шуда бошад.
***
Шабам дар мотами ҳиҷрон ду абру дар хаёл омад,
Ба сина ҳар куҷо нохун задам, шакли ҳилол омад.
Пас аз марг, ай ҳумоюнзоғ, афган устухонамро,
Дар он саҳро, ки рӯзе бӯйи он мушкинғизол омад.
Равам дар сояи девори он хуршедрӯ мирам,
Чу хоҳад офтоби умрро рӯзе завол омад.
Нишони наълҳои маркабаш ҷӯяд сиришки ман,
Бале, соил ҳамеша моили саффи ниол омад.
Наёяд ҷуз ба хуноби ҷигар дар бар хаданги ӯ,
Ки боғи синаву бӯстони ҷонро чун ниҳол омад.
Зи ҳашмат шояд ар пояш намонад бар замин з-он сон,
Ки сарҳои азизон дар раҳи ӯ поймол омад.
Ба васфи он даҳони танг гуфт аксар сухан Ҷомӣ,
Аз он рӯ ошиқони тангдилро ҳасби ҳол омад.
***
Рухи худ ба хун нигорам, ки нигори ман наёмад,
Ғами ӯ бикушт зорам, ба мазори ман наёмад.
Ба канори ҷӯ надидам чу қадаш ба боғ сарве,
Ки зи оби дида ҷӯе ба канори ман наёмад.
Хати сабз омад аз гил, ки зи пай расидам, инак,
Чӣ кунам, чу ин башорат зи баҳори ман наёмад.
Ба кадом коса сархуш зиям аз шароби роҳат?
Ба сарам чу захми сумме зи савори ман наёмад?
Ба раҳаш чу хок гаштам, чӣ бавақт буд гиря,
Ки ба пушти по-ш боре зи ғубори ман наёмад.
Чӣ диҳам ба ӯ дилеро, ки хароб аз ӯст корам?
Ба чӣ кор ояд ӯро, чу ба кори ман наёмад.
Зари чеҳра сохт Ҷомӣ зи ду дида сурх, яъне
Ки зи кони ишқ нақде ба иёри ман наёмад.
***
Рафтам ба боғу сарви хиромони ман набуд
В-он навшукуфта ғунчаи хандони ман набуд.
Чун абри навбаҳор ба ҳар сӯ гиристам,
К-он сарв пеши дидаи гирёни ман набуд.
Накшод дил зи лола маро з-он ки бе рухаш
Доғи ғаме намонд, ки бар ҷони ман набуд.
Аз ҷайби ғунча, к-оби латофат ҳамечакид,
Ҷуз хуни дил чакида ба домони ман набуд.
Мурғи чаман гирифт сари худ фиғонкунон,
К-аш тоқати шунидани афғони ман набуд.
Ҳар ҷо намуд ҷилва буте бар саманди ноз,
Ҷонам зи рашк сӯхт, ки ҷонони ман набуд.
Ҷомӣ, магӯй баҳри чӣ мондӣ зи дӯст боз?
Ман чун кунам, ки бахт ба фармони ман набуд.
***
Эй даҳонат зи лабу лаб зи даҳон ширинтар,
Ханда ширину сухан гуфтан аз он ширинтар.
Нарасад бо лаби ту лофи сухан тӯтиро,
Гарчи ҳаст аз ҳама ширинсуханон ширинтар.
Дар дили танг лабат ҳамчу шакар ширин аст,
Лек дар дидаи хунобанишон ширинтар.
Килки тасвир, агар худ зи найи қанд бувад,
Сурате аз ту кашидан натавон ширинтар.
Найшакар гарчи зи сар то ба қадам ширин аст,
Нест аз қадди ту, эй сарви равон, ширинтар.
Ҷомӣ аз васфи лабат гар бишикебад, чӣ аҷаб,
Нуктае н-ояд аз оташ ба забон ширинтар.
***
Халқе чу гул шукуфтаву хандон ба тарфи боғ,
Мову диле зи ҳаҷри ту чун лола доғ-доғ.
Дар боғ агар на бӯйи ту ёбам ба ҳар гуле,
Оҳе занам ман аз дилу оташ занам ба боғ.
Пӯшида дор ғунчасифат пераҳан зи бод,
То бӯйи ӯ чу гул нашавад атри ҳар димоғ.
Ҳоҷат мабар ба хонаи ҳамсоя, ай рафиқ,
К-имшаб шарори синаи ман бас бувад чароғ.
Дар чобукӣ тариқи ту варзанд некувон,
Лекин хироми кабки дарӣ нест кори зоғ.
Кай соя бар сарам фиганад он ҳумои қудс,
Чун бар кулӯх менанишинад маро кулоғ.
Фасли баҳор баста ҷаҳоне ба айш дил,
Ҷомию дарди ишқу зи айши ҷаҳон фароғ.
***
Чӣ гӯям, к-аз ғамат чун метапад дил,
Чу сайди ғарқа дар хун метапад дил.
Зи рӯйи лутф дасте бар дилам неҳ,
Бибин, к-аз дасти ту чун метапад дил.
Зи мурғе, к-афтад андар доми сайёд,
Маро дар зулфат афзун метапад дил.
Чу он моҳӣ, ки берун афтад аз об,
Зи базми васл берун метапад дил.
Гар аз ҷониб омад ишқ, чун аст,
Ки Лайлиро чу Маҷнун метапад дил?
Нахустин ҷунбиш омад ҷунбиши ишқ,
Ҳарифонро на акнун метапад дил.
Пайи таскини Ҷомӣ бӯсае бахш,
Ки имрӯзаш дигаргун метапад дил.
***
Мехиромад сӯйи бӯстон шоҳиди раънои гул,
Меравад оби равон, то сар ниҳад дар пойи гул.
Тофт абр аз сим ришта, сӯзан аз зар сохт меҳр,
То сабо дӯзад қабои лутф бар болои гул.
Ҷилваи гулро бувад чизеву ройи рангу буй,
Нест бе чизе, ки булбул шуд чунин шайдои гул.
Вақти гул коме бигир аз дилбари норастахат,
Пеш аз он рӯзе, ки бинӣ хорҳо дар ҷойи гул.
Базми мастонро биёрой аз гул, ай соқӣ, ки шуд
Базми боғ ороста аз рӯйи базморойи гул.
Лаб-лаби ҷӯй ову гулро бин ба сад раҳ ишвагар,
Ай ки чун оби равонӣ лаб ба лаб ҷӯёи гул.
Васфи гул то чанд, Ҷомӣ, ҳар киро з-он лоларух,
Чун ту бошад доғ бар дил, кай кунад парвои гул.
***
Нодида рухат умре савдои ту варзидам,
Фориғ зи ту чун бошам, акнун ки рухат дидам?
То сохт маро дар дил меҳри рухи ту манзил,
Дил аз ҳама баркандам, меҳр аз ҳама бибридам.
Ҳар ҷо, ки ба базми май бархост ҳавои най,
Дамсоз шудам бо вай в-аз шавқи ту нолидам.
Ҳар хори ғаме, к-аз дил хоҳам кашам, ай гулрух,
З-он хор кунам сӯзан, к-аз хоки дарат чидам.
Аз заъф шудам мӯе, нагзашт даме бар ман,
К-аз оташи ишқи ту бар хеш напечидам.
Ту Каъбаи мақсудӣ, айбе набувад бар ман,
Гар рӯ ба ту овардам, ё гирди ту гардидам.
Завқе дигар аст ин бор ашъори туро, Ҷомӣ,
Ҳаргиз зи найи килкат ин замзама нашнидам.
***
Ҳар ҷо, ки кунам хона, ҳамхона туро ёбам,
Ҳаргиз наравам ҷое, к-он ҷо на туро ёбам.
Гар хоб кунам шабҳо в-ар хона равам танҳо,
Дар хоб туро бинам, дар хона туро ёбам.
Дар базми қадаҳнӯшон, дар чашми вафокӯшон,
Маъшуқа туро донам, ҷонона туро ёбам.
Дар суҳбати хар ҷамъе, к-афрӯхта шуд шамъе,
Гирди сари ӯ гардон парвона туро ёбам.
Гар ҷониби майхона оям пайи паймона,
Дар дасти майошомон паймона туро ёбам.
Аз сар бикашам хирқа, дар баҳр шавам ғарқа,
Дар ҳар садафе пинҳон дурдона туро ёбам.
Аз худ бигусил, Ҷомӣ, мезан дари гумномӣ,
К-андар тутуқи ваҳдат бегона туро ёбам.
***
Мани дилхаста ҳар дам баҳри он нозукбадан мирам,
Гаҳ аз ранги қабо, гоҳе зи бӯйи пераҳан мирам.
Чу соя аз сарам бардошт он сарви равон боре,
Равам бар ёди ӯ дар сояи сарви чаман мирам.
Шаҳиди ишқро ҷуз ман касе мотам намедорад,
Кӣ хоҳад мотами ман доштан рӯзе, ки ман мирам?
Гар аз пероҳанаш як ришта пайванди кафан бинам,
Занам пероҳани ҷон чоку аз завқи кафан мирам.
Чунин, к-аш тешаи ғам синаам сад пора шуд охир,
Аз он шириндаҳан бо доғи дарди Кӯҳкан мирам.
Рав, ай ҳамдам, ту дар базми тараб бо дӯстон хуш зӣ,
Маро бигзор, то танҳо дар ин байтулҳазан мирам.
Яке дам нагсалад, Ҷомӣ, дилам з-он шӯхи ошиқкуш,
Аҷаб, гар бо чунин дил ман ба марги хештан мирам!
***
Ҳар замон гӯям, ки аз дил меҳри ӯ берун кунам,
Лек бо худ бас намеоям, надонам чун кунам.
Булъаҷаб коре, ки халқе дар пайи дармони ман,
Ман ба фикри он, ки ҳар дам дарди хеш афзун кунам.
Гар ниҳам гирён сар андар кӯҳ бе лаъли лабаш,
Сангҳоро чашма созам, чашмаҳоро хун кунам.
Нақш бандам сӯйи ӯ сад нома, мазмун сӯзу дард,
Ашки хунин бар рухи унвони он мазмун кунам.
Ҷойи такбиру дуо хоҳам зи Лайлӣ қисса хонд,
Ногаҳ ар рӯзе гузар бар турбати Маҷнун кунам.
Халқро бар маҷмари ғам дил бисӯзонам чу уд,
Нола дар чанги фироқаш гар бад-ин қонун кунам.
Кушта шуд Ҷомӣ зи ҳаҷр, афсонаи васлаш чӣ суд,
Мурғи бисмил кай зияд, сад бор агар афсун кунам?
***
Биё, ай ашк, то бар ҳоли зори хештан гирям,
Чу шамъ аз меҳнати шабҳои тори хештан гирям.
Надорам меҳрбоне, то ба ҳоли ман кунад гиря,
Ҳамон беҳтар, ки худ бар ҳоли зори хештан гирям.
Маро ҳам дар ғарибӣ шӯхчашме офати ҷон шуд,
Нагӯйӣ, к-аз ғами ёру диёри хештан гирям.
Набошад дар баҳорон дур аз абри чаман гиря,
Ман он абрам, ки дур аз навбаҳори хештан гирям.
Мадад фармо, бихон, ай дил, чу дар чашмам намонд обе,
Ки хоҳам имшаб аз ҳиҷрони ёри хештан гирям.
Зи ҳиҷрон буд гиря бештар аз ваъдаи васлат,
Кунун аз дарду доғи интизори хештан гирям.
Магӯ, Ҷомӣ, нашояд гиря аз бедоди маҳрӯён,
Ки ман чандин зи бахти хоксори хештан гирям.
***
Соқӣ, баромад абри баҳорон,
Шуд сабзаву гул хуррам зи борон.
Жола гуҳар рехт дар ҷоми лола,
Лола алам зад бар кӯҳсорон.
Наргис кушода чашме бар ахтар,
Шаб то саҳар чун шабзиндадорон.
Саҳро гирифтанд хилватнишинон,
Паймон шикастанд парҳезгорон.
Хуш он ки гирад чун лола соғар
Бар рӯйи сабза бо гулъузорон.
Карда бунафша бар фавти фурсат,
Дуроҳа нилӣ чун сӯгворон.
Ҷомӣ, хамӯш кун, к-он тозагулро
Ҳамчун ту булбул бошад ҳазорон!
***
Аз ҳайрати шамъи рухат афтода бар тарфи чаман
Як ҷо сабо, як ҷо хазон, як ҷо гулу як ҷо суман.
Бурқаъ зи ораз барфикан, то оламе шайдо шавад,
Халқе зи рӯ, баъзе зи мӯ, ҷамъе зи лаб, ман аз даҳан.
Чун дар такаллум мешавӣ, аз ҳайратат гум мекунад
Савсан забон, қумрӣ наво, булбул фиғон, тӯтӣ сухан,
Ҳар гаҳ ки бархезӣ ба по, мегардад аз гирди сарат
Моҳ аз фалак, шамъ аз замин, ақл аз сару рӯҳ аз бадан.
Пурсид, Ҷомӣ, гуфтамаш, дар васфи он ширинлиқо:
Рухсора маҳ, абру қузаҳ, зулфон сияҳ, чашмон фитан!
***
Биё ҷоно, дили пурдарди ман бин,
Сиришки гарму оҳи сарди ман бин.
Ғами маҳҷуриву дарди сабурӣ,
Ҳама бар ҷон ғами пурдарди ман бин.
Чу ҷон аз гарди тан доман фишонад,
Ба домонат нишаста гарди ман бин.
Танамро сели ашк овард сӯят,
Хасу хошоки обоварди ман бин.
Магӯ, ранге надорад Ҷомӣ аз ишқ,
Сиришки сурху рӯйи зарди ман бин.
***
Ораз аст ин, ё қамар, ё лолаи ҳумро-ст ин?
Ё шуои шамс, ё оинаи дилҳост ин?
Қомат аст ин, ё алиф, ё сарв, ё нахли мурод,?
Ё магар гулдастаи боғи ҷаҳонорост ин?
Ё Раб, ин хуршеди тобон аст, ё моҳи тамом?!
Ё фаришта, ё парӣ, ё шӯхи бепарвост ин?
Зулфи ту занҷир, ё қуллоб, ё мушки Хутан?
Сунбули тар, ё суман, ё анбари сорост ин?
Чашми ту оҳуст, ё ҷодуст, ё сайёди халқ,
Ё ду бодоми сияҳ, ё наргиси шаҳлост ин?
Кӯйи ту Каъба-ст, ё фирдавс, ё хулди барин,
Ё гулистони Ирам, ё ҷаннатулмаъво-ст ин?
Ҳуққаи лаъли лабат, ё чашмаи оби ҳаёт,
Ё даҳан, ё мим, ё тӯтии шаккархост ин?
Қумрии боғи ҷинон, ё тӯтии шаккарфишон,
Булбули бехонумон, ё Ҷомии шайдост ин?
***
Соқӣ, биё, ки доранд акнун ба каф пиёла,
Бар тарфи боғ наргис, бар рӯйи дашт лола.
Аз ҷоми лола майгун гашта-ст ғунчаро лаб,
Ё худ ба захми дандон дар хун гирифт жола.
Ҳар дам зи дафтари гул хонад ба боғ булбул,
Ҳарфе, ки шарҳ додан натвон ба сад рисола.
Бо духтари раз аз сар бастем тоза ақде,
Маҳсули ақлу дониш кардем дар қабола.
Не ман ба худ фитодам дар кӯйи ишқу мастӣ,
Аз қисмати азал шуд ин давлатам ҳавола.
Маҳ мекунад таназзул баъд аз чаҳордаҳ, лек
Ҳар лаҳза дар тараққист он моҳи ҳаждасола.
Олист қасри ишрат он шоҳи ошиқонро,
Ҷомӣ, баландтар кун оҳанги оҳу нола.
***
Ҳама як сӯ бувад, нодидани он гулбадан як сӯ,
Фироқи бекасӣ як сӯ бувад, доғи ватан як сӯ.
Саҳар бар ҷониби гулзор рафтам баҳри гул чидан,
Фиғони булбулон як сӯ бувад, сайри чаман як сӯ.
Ки ҳайфи одамизод аст дар ин умри ду – серӯза,
Ба зери хок меафтад, кафан як сӯву тан як сӯ.
Зи кӯҳи Бесутун ногаҳ садо омад ба гӯши ман,
Ки зарби теша як сӯ, зарби дасти Кӯҳкан як сӯ.
Тамоми шоиронро ҷамъ агар созанд дар маҳшар,
Ҳама як сӯ бувад, ин Ҷомии ширинсухан як сӯ.
***
Дар либоси нилгун то ҷилва кардӣ, ай парӣ,
Маҳ дигар нанмуд рух з-ин пардаи нилуфарӣ.
Бо либоси осмонӣ ҳар кӣ дид, ай маҳ, туро,
Шуд бар ӯ чун рӯз равшан, к-офтоби дигарӣ.
Шохи шамшодӣ, ки печида-ст нилуфар бар он,
Сарви озодӣ, ки дорад рух чу гулбарги таре.
Расми даврон аст нилуфар ба зери об, лек
Акси ин кард он тани нозук, зиҳӣ санъатгарӣ!
Барги гул дар ғунча нозук бошад, аммо дар қабо
Ай гули хандон, ту бисёре аз ӯ нозуктарӣ.
Чанд истиғно, чӣ кам гардад зи ҷоҳу ҳашматат,
Гар ба чашми марҳамат сӯйи ғарибон бингарӣ?
Қадри ҳуснат Ҷомии соҳибназар донисту бас,
Қимати ҷавҳар касе нашносад, илло ҷавҳарӣ.
***
Ай мурғи саҳар, чанд кунӣ нолаву зорӣ,
Аз дарди кӣ менолию андуҳи кӣ дорӣ?
Гар ҳаст туро шавқи гуле, хез чу булбул,
Бигзар ба тамошогаҳи гулҳои баҳорӣ.
Чун фохта гар шефтаи сарви равонӣ,
Ин ҷо чӣ кунӣ, тарфи чаманро чӣ гузорӣ?
Не, не, ғалатам, ҳаст туро низ ғаму дард
3-он маҳ, ки чу гул баҳри сафар баст аморӣ.
Ғамномаи ҳиҷрон ба пару боли ту бастам,
Зинҳор, ки онро ба сагонаш бисупорӣ.
Ман низ чу ту сӯхтаи доғи фироқам,
Хоҳам, ки чу он ҷо бирасӣ, ёди ман орӣ.
Гар қиссаи Ҷомӣ зи ту пурсад, хабараш деҳ,
К-афтода зи ҳаҷри ту ба сад меҳнату зорӣ.
Дорад ба раҳат дидаи уммед, ки рӯзе
Бозойию бар вай назари лутф гуморӣ.
***
Дил бурд зи ман ишвагаре, фитнанамое,
Зарринкамаре, каҷкулаҳе, тангқабое.
Дар ҳусну малоҳат чӣ паричеҳра нигоре,
Дар саркашию ноз чӣ шӯхе, чӣ балое!
Ман кай ба висолаш расам, ин бас, ки ба роҳаш
Рӯзе, ки шавам хок, бибӯсам кафи пое.
Сӯзе, ки маро бар ҷигар аз оташи ишқ аст,
Ҷуз шарбати маргаш набувад ҳеч давое.
Рӯзе, ки шавам хоку барад бод ба ҳар сӯ,
Ёбанд ба ҳар зарраи ман бӯйи вафое.
Дорӣ сари хунрези ман, инак кафану теғ,
Бо ҳукми ту касро нарасад чуну чарое.
Бошад ғами ҳаҷри ту ба хуноба бар он нақш,
Гар аз сари хокам бидамад барги гиёе.
Ту хандазанон мегузарӣ бехабар аз ман,
Ман гирякунон мекунам аз дур дуое.
Ё Раб, ба чӣ хурсанд шавад Ҷомии бедил,
Рузе, ки наёбад зи ту ташрифи балое?
***
Аҷаб матбӯу мавзунӣ, аҷаб зебову раъноӣ,
Аҷаб шӯхи дилоромӣ, аҷаб моҳи дилоройӣ.
Ба ғамза офати ҷонӣ, ба қомат сарви бӯстонӣ,
Ба рух шамъи шабистонӣ, ба лаб лаъли шакархойӣ.
Диле дорам зи ғам пурхун, ғаме дорам зи ҳад берун,
Дареғо, гар ту бар ҳоли мани бедил набахшойӣ.
Аҷал наздик шуд, дур аз туам, охир, чӣ кам гардад,
Агар рӯзе қадам дар пурсиши ман ранҷа фармойӣ.
Лаболаб шуд зи хун бе ҷоми лаълат соғари чашмам,
Лаби ширин чӣ бошад гар ба шаккарханда бикшоӣ.
Қадат, ё раб, чӣ мавзун аст, к-аз рафтори ширинаш,
Қиёмат хезад андар шаҳр, агар ногаҳ бурун ойӣ.
Асоси ишқ маҳкам гашту бунёди хирад вайрон,
Ағисунӣ ахлолӣ ахинунӣ аҳбоӣ.
Дилам бас хилвати торик танг омад, биё ҷонам,
Даруни манзари чашмам нишин як дам, чу биноӣ.
Рав, эй ҳамдам, ту дар базми тараб бо дӯстон, хуш зӣ,
Раҳо кун, то бимирад Ҷомӣ андар кунҷи танҳоӣ.
***
Аз сабза бар гул хат мефазойӣ,
Дил мефиребӣ, ҷон мерабойӣ.
Ҳар дам чу ойӣ аз дида дар дил,
Худро ба мардум то кай намойӣ.
Шуд умрам охир дар ҷустуҷӯят,
Эй умри рафта, охир, куҷоӣ?
Дур аз ту ҷонам аз тан ҷудо шуд,
Афғон, зи дурӣ, оҳ, аз ҷудоӣ.
Сад шуъла аз дил, барзад забона,
То бо ғами ту кард ошноӣ.
Шуд равшани ин бар ман, ки бошад,
Дар ошноӣ сад рӯшноӣ.
Ҷомӣ, макун бас аз меҳри хубон,
Чун бо дили худ бас менаойӣ.
***
Осудадило, ҳоли дили зор чӣ донӣ,
Хунхории ушшоқи ҷигархор чӣ донӣ!
Шаб то ба саҳар хуфта ба хилватгаҳи нозӣ,
Бехобии ин дидаи бедор чӣ донӣ!
Ҳаргиз нахалида ба кафи пойи ту хоре,
Озурдагии синаи афгор чӣ донӣ!
Ай фохта, парвозкунон бар сари сарвӣ,
Дарди дили мурғони гирифтор чӣ донӣ!
Кори дили риндони балодида бувад ишқ,
Ай зоҳиди мағрур, ту ин кор чӣ донӣ!
Нодида зи хоки раҳи ӯ куҳли басират,
Бо бебасарӣ лаззати дидор чӣ донӣ!
Ҷомӣ, туву беҳушиву ҷоми маю мастӣ,
Роҳу равиши мардуми ҳушёр чӣ донӣ!
***
Баски дар ҷони фигору чашми бедорам туӣ,
Ҳар кӣ пайдо мешавад аз дур, пиндорам туӣ.
Он кӣ ҷон мебозаду сар дарнамеорӣ, манам,
В-он кӣ хун мерезаду сар дарнамеорам, туӣ.
Гар талаф шуд ҷон, чӣ бок, ин бас, ки ҷонони манӣ,
В-ар зи каф шуд дил, чӣ ғам, ин бас, ки дилдорам туӣ.
Гарчи сад хорӣ расад ҳар дам зи дасти ғам маро,
Ман чӣ ғам дорам, азизи ман, ки ғамхорам туӣ.
Рӯзро дарюзаи нур аз шаби тори ман аст,
То ба он рӯйи чу маҳ шамъи шаби торам туӣ.
Бо кӣ гӯям дарди худ, ё раб, дар ин шабҳои ғам ,
Огаҳ аз сабри каму андуҳи бисёрам туӣ.
Гарчи настонӣ ба ҳеҷам бар сари бозори васл,
Худфурӯшӣ бин, ки мегӯям харидорам туӣ!
Гуфтаӣ ёри туам, Ҷомӣ, маҷӯ ёри дигар,
Ман басе беёр хоҳам буд, агар ёрам туӣ!

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

гузориш 15

  1. Салом! Шеъри А.Ҷоми (Ахтар бисухт) аз кучо ёбем? Ташакур!

  2. Салом ба ман ғазалҳои сурудкардашудаи Абдураҳмони Ҷоми лозим буд илоҷаш бошад ба ман ёри диҳед!😊😊😊

    • Салом, Меҳробиддин!
      Бештари ғазалҳои охангбастаи шоир дар ҳамин саҳифа дарҷ шудаанд.

  3. Салом Устод, Ташаккури зиёд барои заҳматҳоятон. Матни пурраи марсияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои фарзандаш Сафиуддинро чи хел ёбам?

  4. салом, Ғазали «Парируе, ки доим буд нозаш офати дилҳо» чи хел ёбам,

    • Салом, Мосафар!
      Маъзурам барои дерӣ.
      «Парирӯе, ки нозаш буд доим офати дилҳо»
      Ин ғазалро дар ашъори дастрас наёфтам. Зоҳиран ин яке аз назираҳост ба ғазали машҳури Хоҷаи Шероз:
      «Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо,
      Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо».
      Аз ҷумла Ҷомӣ, Фонӣ, Ҳилолӣ, Соиб, Имло, Мушфиқӣ ва дигарон назира гуфтаанд. Ҷустуҷӯ мекунем. Шояд хонандагон кӯмак кунанд.

  5. Ташаккури зиёд барои хизматхоятон дар таргиби мероси бебахои ниёгон.

  6. Салом Устод! Газали Хар чо ки кунам хона, он хона туро ёбам. Хамин матн ба мо лозим шудааст.

  7. Салом як ғазалиёт аз Абдураҳмони Ҷоми буд. Дар ситк аз куҷо ёбем?

  8. Ба ман кулиётҳо аз Умари Хайём ва Носири Хусрав лозим

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.