Канзи шифо. Давоҳои ҳайвонӣ 41-49

41. Марворид

42. Буз

43. Каргас

44. Мӯрча

45. Эчкиэмар

46. Пӯпишак

47. Заргӯш

48. Инсон

49. Ғоз

41. Марворид

Ин гавҳари машҳур аст, ки аз шиками навъе аз са-
даф бармеоваранд. Марворид дар ҳаҷм гуногун аст:
майдаи он аз тухми кӯкнор резатар ва калони он то
миқдори тухми гунҷишк ва банудрат ба андозаи тухми
кабӯтар низ ёфт мешавад ва то алҳол ба вазни то
14 граммаш мавҷуд ва маълум мебошад. Гуфтаанд:
беҳтарини он сафеди обдори софи ялаққосии кулӯлаи
ғалтони баҳрайнӣ, ҳурмузӣ ва уммонии он аст. Баъд
аз он суроҳӣ (шишарангӣ), ки бо сифатҳои номбурда
аст; ба шаклҳои дигари обдори сафеди ялаққосии он
аз он пасттар аст; зард ва сиёҳи беоб ва бисёр резаи
он бекора мебошад. Дар баҳри ҷазираи Сейлон ва ҷа-
зираҳои дигари монанди Биразил аз арзи ҷадид (нав
кашфшуда)-и арзи ҷанубӣ, ки насоро ба наздикӣ ба
даст овардаанд ва ғайра он ҷо низ ба ҳам мерасад.
Дар Муршидобод ва Ҳавзаи Об ва дигар баҳрҳо
низ марворид ба ҳам мерасад, лекин бисёр резаи
зардранги носара аст. Аҳёнан донаҳои бузург ба ан-
148
дозаи нахӯд ва ниҳоят то 1,4 грамм дар вазн ва моил
ба сурхӣ бармеояд.
Он дар ҳақиқат мобайни ҳайвон, растанӣ ва санг
аст. Сангияти он бар ҳама ғолиб монанди подзаҳри
ҳайвонӣ ва садафи он ҳайвонот аст, ки дар зери баҳр
зиндагӣ ба сар мебарад, монанди растанӣ реша до-
рад ва сиёҳранг, ки дар байни сангҳо ва сангрезаҳои
қаъри баҳр банд менамоянд ва батадриҷ калон меша-
вад.
Ҳангоми гуруснагӣ даҳан, яъне ду садафи худро
мекушояд; моҳиёни реза, кирмҳо ва чизҳои шилмаки
зери баҳрро, ки он чӣ дар даруни он меоянд, ғизои
худ месозад. Ҳарчанд ин махлуқ бузургтар гардад, ре-
шаи он қавитар ва садафаш калонтар, сафед ва ялақ-
қосӣ мегардад. Марворид дар миёни он қариб ба ди-
ли он пайдо мешавад. Ва мегӯянд, ки вай то ҳадди
муайян калон мегардад ва агар ғаввосон он марворид-
ро аз даруни он барнаоваранд, бо мурури вақт боз гу-
дохта шуда, барҳам мехӯрад. Дар ҷоҳое, ки зери дарё
аз хоки соф иборат бошад, марвориди хуб ба камол
мерасад ва ҳарчанд санглохтар бошад, беҳтар меша-
вад.
Он чӣ ривоят аст, ки гӯё вақти боридани борони
найсон садаф рӯйи об омада, даҳани худро мекушояд
ва қатраи борон дар он бичакад, аз он марворид ҳо-
сил мешавад — ин тамоман беасос аст.
Мизоҷи марворид дар охири дараҷаи дуввум сард
ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои умумии он:
фараҳбахшанда, рақиқкунанда (суюқ), қувватбахши
узвҳои ботинӣ, афзункунандаи қувватҳои нафсонӣ, ки
манбааш майна аст; қуввати ҳайвонӣ, ки манбааш дил
аст ва қуввати табиӣ, ки манбааш ҷигар аст, инчунин
қувватбахш ба рӯҳҳои бадан, ки манбаи инҳо низ
ҳар се узвҳои номбаршуда мебошанд. Марворид дар
хислати фараҳбахшӣ қавитар аз тилло аст ва ба тамо-
ми узв ва қисмҳои бадан нуфузкунанда мебошад.
Агар сойидаи инро бихӯранд, хун қай кардан ва ҳар
гуна хунравиҳоро манъ мекунад; васвос, девонагиҳои
гуногун, бадбӯйии даҳан, дамкӯтаҳӣ, ҳамаи навъҳои дил-
тапак (дилбозӣ), хавф, ҳузн ва тарс аз бисёр гашта-
ни моддаи савдо дар майна, бемориҳои дил, сустии
меъдаи гарммизоҷон, инчунин сустии ҷигар ва гурдаро
дафъ мекунад; гиреҳҳоро дар узвҳои бадан мекушояд,
149
санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад; зард-
парвин ва сӯзиши пешоб (сӯзок)-ро дафъ менамояд;
исҳоли хунин ва сафровиро банд мекунад, инчунин
хуни бавосир ва ҳайзро ҳам манъ месозад.
Оберо, ки дар он марворид ҳал карда шуда бошад,
дар бинӣ бирезанд, дарди сарро, ки аз рехтани миж-
гонҳои чашм ба амал омада бошад, дар мартабаи ав-
вали нӯшидан шифо мебахшад.
Марворидро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм
кашанд, дарди чашм, шилпуқӣ, торикии чашм, гули
чашм, пардаи дудмонанди ба чашм афтода, тирагӣ ва
захми онро шифо мебахшад.
Маҳлули марворидро ба чашм бимоланд, гули
чашмро дафъ мекунад, ба чашм қувват мебахшад, си-
ҳати чашмро нигоҳ медорад. Агар инро ба дандонҳо
бимоланд, милки дандонро қавӣ мегардонад ва дан-
донро аз чирк пок месозад.
Маҳлули марворидро занҳо аз таг бардоранд, ҳо-
мила шуданро манъ мекунад.
Марвориди ғайри маҳлулро бимоланд, доғҳои кун-
ҷидак, доғи сафеди пӯст, доғи махав ва ғайраро пок
мекунад. Вале маҳлули онро бимоланд, песро дафъ
месозад — ин ба қавли Арасту аст.
Кӯфтаи онро бипошанд, аз узвҳои берунӣ хун ра-
вон бошад, қатъ мегардонад; ба захмҳо бипошанд,
онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.
Инро бихӯранд ва бимоланд, заҳрҳои хӯрдашуда
ва аз газидани мору каждум бошанд, дафъ мекунад.
Марворидро ба худ биёвезанд, дилро қувват ме-
бахшад. Дар даҳан нигоҳ доштани он барои махав
фоида дорад, ғам ва сустии дилро барҳам медиҳад.
Истеъмоли марворид ба дарун ба қавле барои хи-
чак зарарнок аст, давои ин марҷон хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз марворид дар як рӯз то
2,25 грамм аст. Ба ҷойи ин садафи сафедро истеъмол
намоянд, равост.
Огоҳ намоем, ки марворид аз расидани равған, бӯйи
бад, чирк ва дуд бадранг ва бекора мегардад.
Шустани он дар обе, ки биринҷ пухта бошанд,
нимгарм ё оби биринҷ тар кардашударо бимоланд, он-
ро соф мекунад. Ва ё агар ранг ва хислати марворид
вайрон шуда бошад, ба кабӯтар ва мурғ бихӯронанду
баъди каме фурсат онро кушта, аз шикамаш берун
оваранд, низ соф мегардад.
150
Тариқи ҳал (маҳлул) кардани марворид чунин аст.
Инро сойида, дар шиша андохта, аз болояш то пурра
пӯшонидан оби турунҷ бирезанд, даҳани шишаро маҳ-
кам намуда, дар зарфе, ки дар он сирко бошад, муал-
лақ биёвезанд, баъд он зарфро дар саргини асп то 14
рӯз гӯр кунанд, инак ҳал хоҳад шуд. Баъзе мутахасси-
сон гуфтаанд, ки бар болои сирко овехтан шарт нест,
балки худи ҳамин дар саргин гӯр кардан кифоя мебо-
шад.

42. Буз

Ин ҳайвони маълум ва машҳур аст, ки навъҳои аҳ-
лӣ, саҳроӣ ва кӯҳӣ дорад. Мақоми ин баъд аз гӯсфанд
ҷойи дуввумро ишғол мекунад.
Мизоҷаш гарм ва тар аст, вале гармии гӯшти он
аз гӯшти гӯсфанд камтар мебошад, мизоҷи кӯҳиаш
аз аҳлӣ гармтар ва сабуктар, саҳроияш низ аз аҳлӣ
гармтар ва сабуктар аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти буз барои одамо-
ни гарммизоҷ, беморон, барои одамони сарзаминҳои
гарм форам ва мувофиқ аст, аз он дар ҷигар моддаи
солим, инчунин хуни сара пайдо мешаванд. Вале хӯр-
дани гӯшти буз барои одамони савдовимизоҷ зарар до-
рад— дар ин маврид бодом, хурмо хӯрдан даркор аст,
ки ислоҳи зарари он намояд. Бо гӯшти буз меваҳои
тар, туршиҳо ва чаккаи ҷуғрот ё дӯғ хӯрдан бағоят
зарарнок аст.
Гӯшти бузғола, ки аз шашмоҳагӣ гузашта бошад,
рутубаташ афзун ва беҳтарини гӯштҳо буда, фишори
баланди хунро паст мекунад, сабукҳазм ва барои бе-
морон, инчунин барои касони нав аз беморӣ хеста фо-
рам ва мувофиқ аст.
Гӯшти бузро гармогарм ба узви зарба ва латхӯрда,
инчунин ба пӯсти гармогарми он печонидан дардашро
таскин медиҳад, намегузорад, ки он ҷо варам оварад.
Пӯсти сари бузғоларо дар вақти гарм буданаш ба сар
гузошта банданд, варами пардаҳои майна ва худи
майна, инчунин зеҳни беҷошударо ба ибро меоварад.
Майнаашро ба сар гузошта банданд, майнаро ва узв-
ҳои сахтро мулоим ва аз рутубат таъмин мегардонад.
Заҳраи хушкшудаашро ос карда, чун сурма ба
чашм кашанд, пардаи ба он афтодаро, ки чашмро то-
рик мегардонад, дафъ месозад.
151
Ҷигари бузи сиёҳро чун реза-реза намуда, он реза-
ҳои ҷигарро якҷо карда, ба он мурч ва занҷабили кӯф-
таро пошида, кабоб кунанд, оби аз он ҷудошударо
гирифта, дар чашм кашанд, шабкӯриро дафъ мекунад.
Саргини нимсӯхтаи бузро бо намаксанг даромехта,
ба дандонҳо бимоланд, зардии дандонро мебарад ва
бадбӯйии милки онро дафъ мекунад.
Чун хояи таккаро чок карда, дар он зарованди гирд
(карқазон), натрун (танакори арманӣ ё, ки ба русӣ
едкий натрий) ва зира бар он пошида, хушк кунанд,
баъд 4,5 грамми онро сойида бо оби гарм биёшоманд,
кӯтоҳнафасӣ, дамкӯтаҳӣ, дардҳои ҷигар ва хичакро
шифо мебахшад. Агар инро бардавом бихӯранд, боҳ-
ро хеле қувват медиҳад. Чун он хояро бо танакор ва
кокутӣ хушк кунанду 4,5 грамми онро ба сиркои пиё-
зи ансул биёшоманд, иллатҳои сипурзро шифо мебах-
шад.
Чун таккаи чорсолаи сурхи якрангро дар аввали
фасли тобистон ҳангоми ранг гирифтани ангур кушта,
хуни аввал ва охири онро партоянду ва хуни миёна-
омадаи онро дар зарфе гирифта, то шах шудан бигу-
зоранд, баъд онро реза-реза карда, бар рӯйи коҳ ё рӯйи
элак дар соя хушк кунанд, онро ядулло меноманд,
зеро ки барои майда карда резонидани санги гурда
ва хичак қавӣ ва ҳатто бемисл аст.
Аз равғани он бо орди биринҷ ва арзан ҳарира
(кисели) тайёр карда бихӯранд, барои исҳоле, ки аз
харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо, ки аз хӯрок-
ҳои гарммизоҷ ва таъми тездошта ба амал омада бо-
шад, инчунин барои манъи амали исҳол дору меша-
вад.
Равғани онро бо орди ҷав атола сохта, нимгарм
ҳуқна (клизма) кунанд, захми рӯдаҳоро шифо мебах-
шад.
Саргинашро бо пешоби он даромехта бимоланд, ис-
тисқо (водянка) ва варами сипурзро даво мебошад.
Саргинашро бо пешоби кӯдакон ҷӯшонида бимоланд,
қулинҷи (колити) балғамӣ, бодҳои ғализ ва зардобро
дафъ мекунад.
Чарбиашро гузошта банданд, ҳар гуна дардҳоро
таскин медиҳад.
Саргинашро бимоланд, варамҳои кӯҳнаро таҳлил
медиҳад.
Ин саргинашро сӯхта, бо сирко сиришта бимоланд,
152
ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй ме-
рӯёнад; нимсӯхтаи онро бо сирко сиришта бимолаш
низ, ба он ҷоҳои мӯйрехта мӯй мерӯёнад, озахҳои чап-
паро хушк карда мерезонад. Ва агар бо асал даро-
мехта бимоланд, қӯтур, доғи сафеди пӯст, варамҳои
сахт ва ширинчаро ба ибро меоварад; бо тухми банг
(кирмрезонак) сиришта бимоланд, пистони занҳо,
хояҳои мардонро кӯчак мегардонад.
Саргинашро дар шароб бо ҳулба бипазанду гузош-
та банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад.
Чун гурдаи онро реза карда, гӯгирди кӯфтаро бар
он пошида, кабоб кунанд, оби аз он баромадаро низ
ба доғи сафеди пӯст бимоланд, дафъ мекунад.
Равғанашро гузошта банданд, ба захмҳо гӯшт ме-
рӯёнад.
Саргинашро сӯхта, бо асал сиришта бимоланд, реш-
ҳои даванда ва рутубаташон асалмонандро шифо ме-
бахшад. Ва агар саргини сӯхтаи инро бихӯранд, заҳри
ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад.
Саргини хушки бузро бо шароб ё бо сирко пухта
бимоланд, заҳри ҷонваронро ба худ мекашад.
Заҳраи бузи кӯҳӣ тарёқи заҳри ҷонварон аст.
Равғанашро бо саргинаш ва заъфарон даромехта
гузошта банданд, ниқрис (подагра)-ро шифо мебах-
шад.
Саргини хушки онро тафсонида, бо он доғ кунанд,
ирқуннасо (радикулит)-ро шифо мебахшад — инро до-
ғи арабӣ меноманд. Тариқи он чунин аст, ки саргин-
ро даргиронида, дар пашм печонида, дар ҷойи чуқура-
ки бехи нарангушти даст, ки дар таҳти бандҳо ва ба-
робари нарангушт аст, то ҳарораташ кам гаштан би-
гузоранд, баъд бо доғи дигаре иваз кунанд, то он, ки
ҳарорати он дар сурин ҳис гардад.
Саргини сӯхта ва ғайрисӯхтаи онро бо асал сириш-
та бимоланд, дарди буғумҳоро, ки аз сардӣ бошад,
шифо мебахшад ва агар бо сирко даромехта бимоланд,
дарди буғумҳоро, ки аз гармӣ бошад, ба ибро меова-
рад.
Саргини бузро дуд кунанд, ҷонварони зарарнок ва
ҳашарот аз он ҷо мегурезанд.
Чун шох ва суми онро сӯҳон карда, бо турб, асал
ва беданҷир муқаттар (перегон) намоянд, фулузот ва
ҳамаи чизҳои сахтро мулоим месозад. Чун инро ҳал
кунанд, ранги бағоят сиёҳ мегардад барои навиштан.
153

43. Каргас

Ин аз ҷумлаи парандаҳои дарранда аст бузургҷус-
са, рангаш қариб ба уқоб монанд ва моил ба сурхӣ,
параш монанди най миёнхолӣ мебошад. Чашм бисёр
тез, лоша ва тӯъмаро аз масофаи хеле дур мебинад ва
бӯяшро ҳам эҳсос мекунад. Инчунин ба ҷоҳои хеле дур
парвоз карда метавонад. Дар вақти хоб як чашмашро
намепӯшонад — ин аз сабаби гармии мизоҷи он аст.
Мувофиқи қавл ва мушоҳадаҳои донишмандони қадим
каргас ҳазор сол умр ба сар мебарад. Ҳар сол як
адад тухм мегузорад ва аз он фақат як бача бармео-
рад.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшташро бихӯранд, ҷин-
гак шудани аъзоро дафъ мекунад.
Хун ва заҳраашро бо об даромехта, ҳафт маротиба
ба чашм кашанд ва молидани он ба атрофи чашм,
гули чашм ва фуромадани зардобро дар гавҳараки
чашм дафъ мекунад, торикии чашм ва қӯтури онро ба
ибро меоварад.
Хоҳ заҳра ва ё майнаашро ба миқдори 0,25 грамм
ба вазни он қатрон ва равғани зайтун даромехта, дар
бинӣ бирезанд, махав ва девонагиро дафъ мекунад.
Равғанашро об карда, нимгарм чанд бор дар гӯш
чаконанд, карии қадимро шифо мебахшад. Равғани
онро бихӯранд, сурфаро дафъ месозад.
Гӯшташро бихӯранд, бодҳои ғализро таҳлил меди-
ҳад, иловус ном дард ва варами рӯдаҳои борикро ши-
фо мебахшад, гиреҳҳои баданро мекушояд, санги гур-
да ва хичакро майда карда мерезонад, инчунин бал-
ғамро меканад.
Зарараш: ҳамчун ғизо раддӣ, яъне бад ва аз он
моддаҳои бад ҳосил мешавад — давои ин дорчинӣ ва
сирко хӯрдан аст.
Тухмашро бимоланд, закарро дар се рӯз қавӣ ме-
гардонад.
Хокистари мӯйи онро бимоланд, қӯтур, хориш ва
захмҳоро дафъ мекунад. Саргинашро бимоланд, доғи
кунҷидакро нест менамояд ва варами шадиди гулӯро,
ки дар Бангола бештар ба ҳам мерасад, дафъ меку-
над.
154

44. Мӯрча

Ин як намуди ҳашарот аст, дар ҳаҷм гуногун: ка-
лон, миёна ва реза мебошад, баъзеаш пар дорад ва
парвоз карда метавонад. Навъи бузургаш баъзе поча-
дарозу чаққон дар роҳгардӣ, ки ин навъашро мӯрчаи
аспак меноманд.
Мизоҷи мӯрча дар дараҷаи саввум гарм ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: хислати заҳрнокӣ дорад,
хусусан навъи калони он. Табиб Маҳрёрус гуфтааст:
«Чун мӯрро дар равғани зайтун биҷӯшонанд ва он
равғанро дар гӯш чаконанд, карӣ, ҷаранг ва бодҳои
даруни гӯшро дафъ мекунанд».
Чун сад адад мӯрчаи калон-калонро дар 12,5 грамм
равғани савсани сафед ё равғани савсани кӯҳӣ ан-
дохта, се ҳафта дар офтоб бигузоранд, баъд он равған-
ро ба закар ва атрофи он бимоланд, боҳи касонеро, ки
аз хислати мардии худ маҳрум гашта бошанд, бағоят
аз нав ба ҳаракат меоварад, номардро тамоман мард
мегардонад, олати мардиро сахт ва калон месозад.
Мӯрчаи калонро бо сирко сойида бимоланд, ханозер-
ро (хукгарданро) шифо мебахшад. Мӯйро канда, ба
он ҷо мӯрчаро кӯфта бимоланд, дигар мӯй намебарояд
ва ҳоҷат ба такрори молидан нест.
Баданро аз моддаи балғам бо давоҳои танқия пок
карда, мӯрчаи сиёҳи калон-калонро кӯфта гузошта
банданд, песро шифо мебахшад.
Тухми мӯрчаро бо ҳар як равған, ки бошад, даро-
мехта бимоланд, мӯйро мерезонад ва дигар баромада-
ни онро манъ мекунад гуфтаанд.
Вале мӯрча зарар ҳам дорад. Агар онро бихӯранд,
рӯдаҳоро ба дард меоварад, ғамгин мекунад, бод ва
қароқурро дар шикам ба амал меоварад. Давои ин
зарараш асал ва зира хӯрдан аст.
Чун мӯрчаи даштӣ касеро бигазад, сӯзиш, хориши
шадид ва варам ба ҳам мерасад. Давои ин молидани
оҳани сӯҳонкарда бо сирко ва равғани талх аст.
Чун тухми онро бихӯранд, бодҳои шикамро ба та-
рафи поён чунон ба ҳаракат меоварад, ки нигоҳ дош-
тани он ҳеҷ имкон надорад. Даво ва ислоҳи ин зираи
сиёҳ хӯрдан аст.
Гуфтаанд, ки чун касе чизеро ба ягон ҷое гузорад
ва хоҳад, ки ба он мӯрча нарасад, ҳангоми гузоштан
155
дам ба дарун гирад, яъне нафас накашад, мӯрча ба
он ҷо намеравад. Агар дасти каси дигар ба он чиз би-
расад, баъд аз он рафтани мӯрча бар он мумкин аст.
Мӯрчагон аз дуди гӯгирд, заҳраи гови нар, қатрон
ва ҳилтит мегурезанд.

45. Эчкиэмар

Ин ҷонварест монанди калпеса (калтакалос), вале
назар ба ҷуссаи он хеле калон аст. Инро дар баъзе
маҳалҳои тоҷикон бузмак меноманд. Маънои калимаи
«эчкиэмар» ҳамон «бузмаки» тоҷикист, ки аз забони
ӯзбекӣ ба тоҷикӣ дохил шудааст. Ба форсӣ бузмаҷа,
ба арабӣ варал ва ба русӣ варан мегӯянд. Ин ҷонвари ;
саҳрозамин ва даштӣ мебошад, ки маълум аст.
Мизоҷи гӯшташ дар дараҷаи саввум гарм ва хушк
аст, вале баъзеҳо дар дараҷаи дуввум гуфтаанд. Ми-
зоҷи саргинаш бисёр гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти онро бихӯранд,
фолиҷ, каҷ шудани рӯй, ларзак, карахтӣ, кузоз (столб-
няк), ниқрис (подагра), дарди буғумҳо ва бемориҳои
сардмизоҷи асабҳоро шифо мебахшад; баданро гарм
мекунад; боҳро қувват медиҳад, олати мардиро ба ҳа-
ракат меоварад. Хусусан инро бо асал, бо обе, ки наск
дар он пухта бошанд, бо шароби хурмо ва бо шароби
мавизи ангур, бо зардаи тухми мурғи нимпухта та-
новул намоянд, маниро ба он дараҷа ба ҳаракат мео-
варад, ки ҳатто ба ҳалокат мерасонад (шояд ин мубо-
лаға ҳам бошад ва шояд дар баъзе мизоҷҳо ва минта-
қаҳои гарм чунин бошад.)
Чун гӯшти намакини онро кӯфта, бо зардаи тухми
мурғи нимпухта ё тухми индовро сойида, бар он поши-
да бихӯранд, ҳамчунин намакини онро хусусан намак-
чарбӣ ва сараи онро бо дорчинӣ суда, ба зардаи тух-
ми мурғ пошида бихӯранд, барои қуввати боҳ кори ка-
лон аст ва дар ин бобат зиёда аз гӯшт ва равғани он
мебошад.
Ҳамон Маҳрёрус гуфтааст: «Хуни онро бо ҳалила
даромехта бимоланд, ранги доғи сафеди пӯст ва песро
тағйир медиҳад».
Гӯшти эчкиэмар ро гузошта банданд, тир ва хорро,
инчунин заҳрҳои ҷонваронро аз бадан ба худ мекашад.
Чун онро чок карда, ба беруни пӯст банданд, боиси
фарбеҳии он узв мегардад.
156
Гӯшти онро дар равғани зайтун то муҳарро шудан
ҷӯшонида, баъд он равғанро бимоланд, доғҳои пӯст,
калъяра (качалӣ) ва хоришро дафъ мекунад; ба ҷо-
ҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯё-
над. Он равғанро ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ
мекунад. Ин равғанро бимоланд, доғи сафеди пӯст,
доғҳои кунҷидак ва шукуфаҳои пӯстро шифо мебах-
шад, баданро фарбеҳ мегардонад.
Агар равғани эчкиэмарро боқувват ба закар бимо-
ланд, онро калон мекунад.
Хокистарашро бимоланд, узвро беҳис мегардонад.
Гӯшти эчкиэмар барои одамони хунукмизоҷ ва тар-
мизоҷ форам ва мувофиқ аст, вале ба одамони гарм-
мизоҷ ва хушкмизоҷ зарар дорад, хусусан, ки бидуни
ислоҳкунандаи зарари он бихӯранд.
Табиб Исҳоқ гуфтааст; «Ба сар зарар мекунад, да-
вои ин асал хӯрдан аст».
Миқдори як бор хӯрдан аз гӯшти он дар як рӯз аз
4,5 то 13,5 грамм аст.
Гӯшти эчкиэмарро синну сол, обу ҳавои маҳал ва
мизоҷро ба ҳисоб гирифта истеъмол намоянд, хубтар
мебошад.

46. Пӯпишак

Ин мурғи зебо, парҳояш дуранг бо хат ва нуқтаҳои
зард ва сиёҳи бисёр, дар сар тоҷ аз пар дорад. Инро
ба тоҷикӣ шонасарак, муллобудбутак ва ғайра ҳам
меноманд. Ба арабӣ ҳудҳуд ва ба русӣ удод аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: заҳра ё хуни онро ба
чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад.
Гӯшти онро бо шибит дар об муҳарро пухта бихӯ-
ранд, гиреҳҳои баданро мекушояд, печиши рӯдаҳо ва
қулинҷ (колит)-ро дафъ мекунад; хуни дар гурда, хи-
чак ва дар даруни дил шахшударо таҳлил медиҳад.
Чун онро хушк карда, маҳин сойида, бо шароби му-
саллас биёшоманд, боҳро қувват мебахшад.
Заҳра ё хуни онро гузошта банданд, ширинчаи сар
ва доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад. Заҳраи онро дар
ҷойи торик то се рӯз гузошта банданд, каҷ шудани рӯй-
ро ба ибро меоварад.
Шонасаракро кушта, дарҳол дилашро гармогарм
фурӯ баранд, қуввати ҳофизаро зиёда мегардонад;
157
инчунин майнаашро бо равғани кунҷиди тоза даромех-
та, дар бинӣ бирезанд, каҷ шудани рӯйро шифо ме-
бахшад.
Чашми онро бемори нисён (фаромӯшхотирӣ) ба
худ овезад, дигар ҳеҷ чизро фаромӯш намекунад, ҳо-
физааш қавӣ мегардад; агар бемори махав ба худ
овезад, иллаташ ҳарчанд кӯҳна шуда бошад ҳам, асар
мекунад. Забонашро ба худ биёвезанд, бо онҳо мардум
дӯстӣ пайдо мекунанд, ба ғаними худ зафар меёбанд.
Нӯли поёни онро ба худ овезад ҳам, ҳамин хислатро
дорад.
Устухони фуки поёни онро ба худ овезанд, забони
бадгӯён нисбат ба он кас баста мегардад, душманон
дӯст мегарданд.
Пӯпишаки куштаро ба дари хона биёвезанд, аз
сеҳр, чашми бад ва саръи (припадкаи) кӯдакон эмин
мегарданд.
Агар устухонашро ба худ овезанд, таби дурӯздар-
миёнро шифо мебахшад.
Нохун ва парашро ба матои абрешими зард бас-
та, дар зери сари душманон гузоранд, дар байни ҳар
ду дӯстӣ пайдо мегардад.
Парашро сӯхта, дудашро бигиранд, барои захмҳо,
сеҳр ва девонагӣ дору мешавад, ҷонварони зарарнок,
аз ҷумла мӯрча ва кайкҳо мегурезанд.
Мағзи сарашро дар макони кабӯтарон дуд кунанд,
ҳеҷ як осеб ва зиён ба онҳо намерасад.
Гӯшти пӯпишакро бихӯранд, сеҳрро дафъ мекунад
ва гумонеро, ки пеши касеро бастаанд, бартараф ва
ислоҳ менамояд.
Чун хуни онро хушк намуда, бо савсан даромехта
ё бо равғани кунҷиди тоза даромехта, ба мӯй бимо-
ланд, онро сиёҳ ва марғӯла мегардонад.
Чун дарозтарин пареро, ки аз парҳои боли он дар
пӯст печонида, ба рони рост биёвезанд, дар вақти му-
ҷомаат қувват мебахшад.

47. Заргӯш

Маълум аст, ки ин ҳайвони даштӣ, ҷангалӣ ва ку-
ҳӣ мебошад.
Мизоҷаш гарм дар дараҷаи саввум ва тар дар дув-
вум аст.
158
Хислатҳои шифобахши он: гӯшташро бо дам бирён
карда, бо кӯфтаи дорчинӣ, мурч, кокутӣ, хардал (гор-
чица) ва тухми шибити бо сирко туруш кардашуда би-
хӯранд, саръ (припадка), фолиҷ (шал шудани нимаи
бадан ба дарозӣ), нотавон шудани узвҳои бадан, каҷ
шудани рӯй, паридани узв ва ларзакро шифо мебах-
шад, инчунин карахтиро низ бартараф месозад. Низ
дигар бемориҳои аз хунукӣ базуҳуромада, иллатҳои
асабонӣ, дардҳои пайвандҳо, инчунин ҳангоми хоб ба
ҷогаҳ шошиданро барҳам медиҳад. Қайлаи он низ бе-
мориҳои зикрёфтаро ба ибро меоварад.
Дар ширдони бачаи алафнохӯрдаи ин ҷонвар па-
нирмоя мавҷуд аст. Аз ҳамон панирмоя камакакеро ба
кӯдак бихӯронанд, онро аз саръи тифлона эмин ме-
дорад ва дар вақти хоб тарсидани онро дафъ мекунад.
Аммо ба кӯдак он вақт бихӯронанд, ки дар меъдааш
шир набошад. Вале агар шири хӯрдааш ҳазм гашта,
аз меъдаи он поён нафуромада бошад, он ширро шах
мегардонад ва боиси бемориҳои дигар мешавад.
Агар занҳо баъди пок шудан аз ҳайз пас аз се рӯз
2,5 грамм панирмояи онро бихӯранд, ҳомила шудани
онҳоро манъ мекунад ва агар 9 грамми онро бихӯ-
ранд, аз бачадон бисёр рафтани рутубатро ислоҳ ме-
кунад.
Камтар аз як грамм панирмояи онро бо шароб би-
хӯранд, таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад. 4,5
граммашро бо оби нахӯд бихӯранд, хуни дар хичак
шахшударо, ки боиси банд шудани пешоб гашта бо-
шад, тит ва ҳал мекунад.
Аз 0,2 грамм то 2,5 грамм панирмояи онро бо сир-
кои ангурӣ бихӯранд, саръро дафъ мекунад ва шири
дар меъда шахшударо таҳлил медиҳад; мори афъӣ
газида бошад, таъсири заҳри онро мешиканад, инчу-
нин чӣ навъе, ки заҳри қотил хӯрда бошанд, бар зид-
ди онҳо тарёқ мегардад. Агар ин миқдор панирмояи
онро ҳангоми сайд кардан гармогарм бо равғани зай-
тун даромехта фурӯ баранд, ба касоне, ки хобида на-
фас гирифта наметавонад ё дар вақти ҳаракат нафас
мезада бошанд ва нафасашон ба онон ёрӣ намеша-
вад, шифо мебахшад.
Агар касе талхаашро бинӯшад, хоб ба дараҷае ға-
лаба мекунад, ки то сирко нахӯронанд ё онро дар би-
ниаш накашонанд, бедор намегардад.
Чун хояи заргӯшро хушк карда, бо намаксанг ва
159
гули испарак намаксуд намуда, як грамми онро дар
бинӣ бирезанд, каҷ шудани рӯйро нафъ дорад.
Саргини онро занҳо аз таг бардоранду муҷомаат
намоянд, зуд ҳомила хоҳанд гашт.
Майнаашро бирён карда бихӯранд, иллати ларзак-
ро дафъ мекунад. Агар онро ба милки тифлон бимо-
ланд, зуд онҳо дандон мебароранд. Агар бо сирко ва
равғани зайтун сиришта, ҳар кас бар бадани худ би-
молад, аз он шахс ҷонварони газанда мегурезанд ва
наздикаш намеоянд. Агар ҳар рӯз то ҳафт рӯз майна-
ашро ба миқдори ду донаи ҷав бо шири навдӯшида
бихӯрад, мӯяш сафед намегардад.
Хокистари мағзи сари онро бо равғани хирс, шаҳ-
доб (асалоб) ва оби пиёзи ансул даромехта бимоланд,
ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй
мерӯёнад.
Майнаашро дар об ҷӯш дода, дар он об даромада
нишинанд, барои иллати ниқрис (подагра), инчунин
ба дарди буғумҳо дору мебошад.
Хокистари устухони онро гузошта банданд, иллати
ханозерро (хукгарданро) ба ибро меоварад.
Саргинашро аз 1,5 то 3,5 грамм бихӯранд, иллати
дар вақти хоб ба ҷогаҳ шошиданро шифо мебахшад.
Пешобашро дар чашм чаконанд, чашмро тез меку-
над.
Хунашро гармогарм бимоланд, доғҳои кунҷидак ва
доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад, инчунин решҳои
сарро, ки аз онҳо рутубати сафеди монанди шир таро-
виш мекарда бошад, шифо мебахшад. Агар онро бир-
ён карда бихӯранд, захми рӯдаҳоро ислоҳ мекунад ва
даруни рафтаистодаро мебандад.
Хунашро дар латтае бигиранду баъд хушк намуда,
нигоҳ доранд ва вақти ҳоҷат камеро аз он дар шири
модари тифл, ки иллати саръ дошта бошад, ҳал карда
бихӯронанд, кӯдак аз саръ наҷот меёбад.
Равғанашро ба сар бимоланд, тарқидан ва рехта-
ни мӯйро манъ мекунад. Агар инро бихӯранд. бавосир-
ро қатъ мекунад ва инчунин ба бадани он кас хунукӣ
таъсир нахоҳад кард.
Мӯяшро сӯхта, ос карда бипошанд, хуни равоншу-
даро аз ҳар узв, ки бошад, манъ мекунад.
Бинобар он, ки маҳсулоти заргӯш дар мизоҷ гарм
аст, истеъмолаш барои одамони гарммизоҷ зарарнок
мебошад. Агар зарар кунад, коснӣ, сирко ва анори
160
майхуш бихӯранд, зарари онро ислоҳ месозад. Инчу-
нин гӯшти заргӯшро дар бухори оби гарм бо шибит
пухта, бо равған бихӯранд, зарари онро бартараф ме-
гардонад.
Барои дардҳои пайвандҳои бадан ҳеҷ чиз монанди
гӯшти заргӯш даво нест. Дар ин бобат ба ин гӯшт фа-
қат гӯшти оҳубарра метавонад рақобат кунад.
Чун маҷмӯи заргӯшро, яъне ҳамаи ҳастии заргӯш-
ро бо бутуниаш дар зарфе бисӯзонанд ва аз он 15
грамм бихӯранд, санги гурдаро майда карда мерезо-
над.
Аз заргӯш чизҳои дарунашро гирифта, дур сохта,
монанди дар боло гуфташуда бисӯзонанду бо равғани
гулисурх сиришта, ба ҳар ҷойи бадан, ки бимоланд,
мӯй мерӯёнад.

48. Инсон

Дар таркиби бадани он чизҳои фоидабахш ва за-
рарнок бисёранд. Беҳтарини инсон барои истифодаи
қисмҳои бадани он ҷавони тандуруст, пайкараш хуш-
рехта ва сокини маҳалли иқлимаш мӯътадил бошад.
Хислатҳои шифобахши он: агар чирки гӯшашро би-
хӯранд, дарунро пурбод ва касро беҳуш мекунад. Агар
онро ос карда гузошта банданд, дарди нимсарро ши-
фо мебахшад; оскардаи онро чун сурма ба чашм ка-
шанд, дарди чашм ва гули ба он афтодаро дафъ меку-
над.
Хӯрдани устухонаш бемориҳои хатарнокро ба зуҳур
меоварад, аз ҷумла, агар бардавом бихӯранд, кӯр ме-
кунад. Пӯсидаи онро кӯфта, ба решҳои хӯранда бипо-
шанд, сиҳат мебахшад, хусусан устухони каллааш дар
ин бобат қавитар аст. Агар онро сӯхта, ҳар рӯз 4,5
грамм бо 4,5 грамм шакар то се рӯз бихӯранд, барои
бемориҳои саръ (припадка) ва ирқуннасо (радикулит)
даво мешавад.
Оби даҳани каси дили наҳордоштаро дар гӯш ча-
конанд, кирми гӯшро мекушад ва ҳавоеро, ки дар да-
руни он банд шуда бошад, пароканда менамояд. Агар
ба ҷойи газидаи каждум ва ғунда бимоланд, заҳри он-
ҳоро дафъ мекунад; ва агар онро бимоланд, шукуфа-
ҳои пӯст, доғҳои кунҷидак, доғҳои захм ва решҳо, нуқ-
таҳои сурхи хунинро дар чашм ва гули чашмро дафъ
161
мекунад ва ба даҳани мор туф кунанд, фавран он ме-
мирад, хусусан соҳиби туф каси сафровимизоҷ бошад.
Саргини гунҷишкро бо оби даҳани инсон хамир
карда, ба озахҳо, шукуфаҳои пӯст гузошта банданд,
онҳоро дафъ мекунад. Агар оби даҳанро танҳо бимо-
ланд, аз ягон ҷойи пӯсти бадан хун равон бошад, онро
манъ мекунад ва даҳани ҷароҳатҳоро ба ҳам меова-
рад. Бо асал даромехта бимоланд, доғҳои кунҷидак ва
доғҳои решу захмҳоро аз пӯсти бадан пок мекунад.
Чун гандумро ҳангоми дили наҳор будан хойида, ба
варам гузоранд, варамро таҳлил медиҳад ва агар ба
пучакҳо бигузоранд, онҳоро мепазонад.
Чирки бехи дандонро ҳангоми дили наҳор будан
ҷамъ карда, ба шукуфаҳои пӯсти кӯдакон бимоланд,
онҳоро хушк ва нест мекунад; ба доғи кунҷидак ва
доғҳои дигари пӯст бимоланд, онҳоро пок месозад.
Заҳраи (талхаи) инсонро бихӯранд, баданро фар-
беҳ менамояд.
Хуни дар ҳиҷомат ва фасд (хунгирӣ) гирифтаи ин-
сонро ба ниқрис (подагра), буғумҳо ва ирқуннасо (ра-
дикулит) бимоланд, дарди онҳоро таскин медиҳад.
Агар хуни инсонро бихӯранд, ҳатман аҳмақ мекунад.
Хуни ҳайзро бимоланд, дардҳои шадиди узвҳоро тас-
кин медиҳад, даҳани носур (захми бедаво)-ро ба ҳам
оварда сиҳат мебахшад; ва агар инро бихӯранд, заҳри
қотил мебошад. Латтаро, ки ба хуни ҳайз тар карда
шуда бошад, занҳо аз таг бардоранд, ҳомила шудан-
ро манъ месозад. Латтаи ҳайзро сӯхта, дудашро би-
гиранд, табларзаро, яъне вараҷаро шифо мебахшад.
Пешоби он, хусусан пешоби кӯдаконро ё аз они
худро бинӯшанд, сурфаи кӯҳнаро дафъ мекунад, душ-
вории нафаскаширо ислоҳ мегардонад; иллатҳои си-
пурз, истисқо (водянка), зардпарвин, банд шудани пе-
шоб, қӯтури тар, хориши бедаво ва шукуфаи пӯстро
дору мешавад. Агар онро бо оби нахӯд ё бо асал биё-
шоманд, зардпарвинро дафъ мекунад. Агар онро би-
чаконанд, барои дарди чашм даво мешавад; хусусан
ки дар зарфи мис бо асал бисёр ҷӯш дода бошанд,
гули чашмро дафъ мекунад. Инчунин пешобро дар
зарфи мис ҷӯшонида, намаки онро гирифта, ос карда,
ба чашм бипошанд, гули ба он афтодаро ба зудӣ нест
мегардонад, инро ба доғи кунҷидак низ бимоланд, он-
ро дафъ мекунад.
Саргини тифли майдаро ба реши ҷамра (карбун-
162
кул), ки мӯҳлик аст, бимоланд, онро сиҳат мебахшад;
ба ҷароҳатҳо бимоланд, даҳани онҳоро ба ҳам мео-
варад, низ бадбӯйии узвҳоро дур мегардонад. Агар он-
ро сӯхта ба милки дандонҳо бимоланд, бӯйи бади онро
ислоҳ мегардонад.
Агар доғи сафеди пӯст ва доғи пес дар натиҷаи
тарс ба зуҳур пайваста бошад, ду рӯз саргини тифлро
пай дар ҳам молида, дар офтоб нишинанд, бешубҳа аз
ин иллатҳо наҷот меёбанд. Ба соқҳои по бимоланд,
реш ва захмҳои он мавзеъро ба ибро меоварад.
Мӯйи сӯхтаи инсонро бихӯранд, барои дамкӯтаҳӣ,
гирифтагии овоз, истисқо ва заҳрҳои кушанда даво ме-
шавад; санги гурда ва хичакро майда карда мерезо-
над ва инчунин намегузорад, ки мӯй сафед шавад.
Агар ин сӯхтаи мӯйи инсонро маҳин ос карда, чун сур-
ма ба чашм кашанд, гули чашмро мебарад. Мӯйи сух-
таи инсонро чун гард ос карда, дар равғани гулисурх
ҳал намуда, дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро таскин
медиҳад. Оскардаи онро ба решҳои хӯранда, ҷароҳат-
ҳо, захмҳои шадид ва даванда бипошанд, онҳоро ши-
фо мебахшад. Хокистарашро бипошанд, ҷӯшишҳоро
нест мекунад; инро бо шир хамир карда гузошта бан-
данд, варамҳои давандаро аз ҳаракат бозмедорад ва
таҳлил медиҳад.
Хӯрдани равғани инсон боҳро қувват мебахшад.
Мании инсонро бимоланд, доғи пес ва доғи сафеди
пӯстро пок мекунад.
Ҳар кас ҳамроҳаки тифлро, ки ҳангоми таваллуд
кардани зан фуромаданаш бихӯрад, ҳатман ба иллати
махав гирифтор мегардад.

49. Ғоз

Ин аз ҷинси мурғобӣ, вале калонтар аз он аст, ки
ба ҳама маълум мебошад. Ин аҳлӣ ва ваҳшӣ дорад.
Аҳлиаш парвоз намекунад, вале ваҳшии он парвоз ме-
кунад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуюм гарм аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти ин дар ғизоият
дерҳазм, вале чун ҳазм ёбад, баданро фарбеҳ мегар-
донад ва боҳро ба ҳаракат меоварад. Хубтар меша-
вад агар онро бо хӯришҳои гарммизоҷи таомҳо, мо-
нанди: зира, занҷабил, мурч ва ғайра бипазанд. Агар
ҳазмаш вазнинӣ оварад, дар он ҳолат оби анор биё-
163
шоманд, ислоҳ меёбад. Хӯрдани гӯшти ғоз барои ҷи-
гарҳои сардмизоҷ ва дарди онҳо, ки аз сардӣ бошад,
бисёр мувофиқ аст, зеро ки гӯшташ дар мизоҷ бисёр
гарм аст. Барои ислоҳ кардани ин хислати бадаш баъд
аз куштан се-чор соат дар замин гӯр кунанду баъд
бароварда, тоза намуда бипазанд, таъми заҳматова-
раш кам мегардад.
Агар гӯшти инро муҳарро пухта бихӯранд, чарбии
гурдаро зиёда мегардонад, санги гурда ва хичакро
майда карда мерезонад, ҷойи даридаи пардаҳои ши-
камро дар бемориҳои ҷурра (дабба) ба ҳам меоварад
ва инчунин аз рӯ гузошта банданд ҳам, ҷойи даридаи
шикамро ба ҳам меоварад.
Сангдони он барои хӯрдан лазиз, вале дерҳазм аст,
вале агар ҳазм ёбад, ғизоияташ бисёр мебошад.
Ҷигараш лазизтар аз ҷигари ин қабил мурғон аст,
ҳамчун ғизо ҳам аз онҳо беҳтар ва зуд аз меъда поён
фурӯд меояд.
Бозуҳояш хушҳазм ва ғизои хуб мебошанд.
Мағзи сарашро бимоланд, варамҳои мақъадро
(махраҷгоҳро) таҳлил медиҳад. Агар равғанашро би-
моланд, тарангу беҳаракат гаштани узвҳоро ба ибро
меоварад, кузозро (столбнякро) сиҳат мебахшад; ҷин-
гак шудани узвҳои баданро, ки сабабаш зиёд шудани
балғам бошад, шифо мебахшад; варамҳои сардро таҳ-
лил медиҳад; сахтии мақъадро мулоим мекунад; ил-
лати пӯстпартоиро сиҳат мебахшад, инчунин ба ҷоҳои
гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.
Барои ҷингак шудани узвҳои бадан бихӯранд ҳам,
нафъ дорад. Агар ба даруни гӯш об рафта бошад ва
бо ҳеҷ як тадбир берун наояд, равғанашро чаконанд,
обро берун меоварад.
Орди боқилоро бо равғани ғоз хамир карда, гузош-
та банданд, варами пистонро таҳлил медиҳад.
Зардаи тухмашро нимпухта бихӯранд, ақлро афзун
мегардонад, қуввати ҳофизаро мустаҳкам мекунад,
нисён (фаромӯшхотирӣ)-ро дафъ месозад ва сурфаи
хушкро таскин медиҳад.
Тухмашро нимгарм карда, бо равғани зайтун даро-
мехта, занҳо ба даруни фарҷи худ чаконанд, ҳайзи
бандгаштаи онҳоро мекушояд.
Думболаашро бо об ва намак пухта бихӯранд, дар-
ди хичакро дафъ мекунад, санги гурда ва хичакро
майда карда мерезонад.
164
Пӯсти тухми онро маҳин кӯфта бихӯранд, барои
исҳоли хунин давои хубест.
Саргинашро бихӯранд, сурфаи хушкро шифо ме-
бахшад.

Ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.