Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 94-101

94. Себарга

95. Гандум

96. Тугмачагул

97. Хардал

98. Беданҷир

99. Момирон

100. Турбуд

101. Кӯкнор

94. Себарга

Ин растании маълум аст, ки ду навъ мебошад:
навъи бӯстонӣ ва намуди саҳроӣ дорад. Ду гурӯҳ до-
рад: гулаш сурх ва гулаш сафед. Беҳтаринаш қисми
сафедгули он аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши бӯстонии он: оби аз себар-
гаи тар фишурдаро дар офтоб хушк кунанд, инро усо-
раи себарга меноманд. Усораи инро маҳин ос карда,
чун сурма ба чашм кашанд, пардаи афтодаеро, ки
чашмро торик мегардонад ва гули чашмро дафъ ме-
кунад, реши чашмро шифо мебахшад.
Себаргаро кӯфта бо шароб бихӯранд, истисқо ва
зардпарвинро даво мешавад, қулинҷро, ки варам ва
дарди рӯдаҳои ғафс аст, ба ибро меоварад, дарди рӯ-
даҳоро таскин медиҳад, заҳрҳои қаттолро аз бадан
дур менамояд, пучакҳоро мепазонад ва мекафонад;
ҳолати бади ахлоти сегонаро ки хун, балғам ва саф-
ро мурдор гашта бошанд, ба ислоҳ меоварад, дарун-
ро мулоим мекунад, иштиҳоро мекушояд.
Барги тарашро қима карда, бо андак равған бир-
ён намуда, бардавом тановул кунанд, барои иллати
истисқо, ки сабабаш ҷамъ шудани моддаҳои хунук-
мизоҷ бошад, сиҳат мекунад. Арақи инро низ барда-
вом бинӯшанд, истисқоро шифо мебахшад.
Тариқи гирифтани арақи себарга чунин аст. Бар-
ги тарашро кӯфта, дар анбиқ андохта, ба оташ ме-
гузоранд ва ба рӯйи ин асбоб оби хунук мерезанд. Оби
барги себарга бухор гашта, ба сархонаи сарди анбиқ
расида, қатраҳои об гашта, ба зарфи дар поён гу-
зошташуда мечакад. Вале арақи ин монанди нӯшоки-
ҳои масткунанда таъсир намекунад.
Аз себарга равған ҳам тайёр мекунанд. Ошомида-
ни равғани он ҳар рӯз як маҳал 4,5 грамм, дарди бу-
ғумҳо ва дарди хояҳоро дафъ мекунад. Вале агар ин-
ро аз ҳад бисёр бихӯранд, дарди гулӯро ба амал
меоварад. Дар ин ҳолати зараркардааш коҳу ва кос-
нии тару тоза бихӯранд, ислоҳи зарар мекунад. Ин
равғанро ба мабдои асабҳо ва поҳои касе, ки замин-
гир, яъне барҷомонда бошад ва қобили хестан набо-
шад, бимоланд, шифо мебахшад.
Тайёр кардани равғани он чунин аст. Барг ва бан-
252
ди баргҳои тарашро ҷамъ намуда, дар соя хушк ку-
нанд. Аз ин ҳар қадар, ки хоҳанд, бигиранд. Дар
шаш баробари он оби борон ё оби муқаттар як шабо-
нарӯз тар намоянд. Баъд то ду ҳиссаи об бухор шу-
дан бо оташи мулоим биҷӯшонанд. Сонӣ онро аз ма-
тои бофташ зич гузаронида, соф гардонанду дар зар-
фе бар болои он об аз болояш ҳамон миқдор равғани
зайтун андозанду бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то
он, ки об тамоман бухор шавад ва равған бимонад.
Аломати батамом бухор шудани об он аст, ки аз ҷӯш
мемонад. Вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад.
Гирифтани равғани ин тарзи дигар ҳам дорад. Як
миқдор оби себаргаи тару тозаро дар зарфе карда,
аз болояш ҳамон миқдор равғани зайтун андохта, ба
тариқи якум тайёр мекунанд.
Тухми себаргаи б¬ӯстониро бихӯранд, қуввати боҳ-
ро ба ҳаракат меоварад. Агар инро кӯфта, бо об ха-
мир карда бимоланд, доғи кунҷидакро дафъ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми себаргаи боғӣ то
10,5 грамм аст.
Себаргаи саҳроиро гулаш сурх ва баргаш калон-
тар аст, ки инро юнучқаи кӯҳӣ ё себаргаи сурх мено-
манд.
Мизоҷи ин дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: оби гиёҳи тару тозаи
онро бинӯшанд, саръ ва дарди паҳлуро шифо мебах-
шад, меъдаро қувват медиҳад ва дардашро ҳам дафъ
мекунад; бодҳоро пароканда месозад, исҳолро мебан-
дад, сардии хичакро ислоҳ мекунад, чакмезакро ши-
фо медиҳад; ҳайз, шир ва пешобро равон мекунад,
арақ меоварад. Ин обро дар бинӣ чаконанд, барои
иллати саръ ва девонагӣ дору мешавад. Агар оби ин-
ро ба ҷойи газидаи каждум бирезанд, заҳр ва азияти
онро дафъ мекунад, вале ба узви солим бирезанд,
дар он дард пайдо мекунад.
Инро дар об ҷӯшонида, кӯдаконро дар он об би-
нишонанд, онҳо зуд ба роҳ медароянд.
Равғани инро бимоланд, дарди узвҳоро таскин ме-
диҳад.
Бо оби ин гиёҳ бишӯянд, башараро, яъне пӯстро
аз ҳар гуна доғҳо пок мегардонад.
Истеъмоли ин ба дарун дарди сар меоварад ва ба
одамони гарммизоҷ зарар дорад. Дар ин ҳолат каш-
253
низ ва растаниҳои дигари сардмизоҷ бихӯранд, ислоҳи
зарари он менамояд.
Мизоҷи тухмаш гармтар ва хушктар аз гиёҳи он
аст. Хӯрдани ин қуввати боҳ мебахшад ва поккунан-
даи пӯст мебошад. Агар инро кӯфта, бо об хамир кар-
да бимоланд, чирк ва доғҳои кунҷидаки рӯйро дафъ
мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми ин то
10,5 грамм аст. Вале хӯрданаш дар пӯсти бадан қӯ-
тур пайдо мекунад-—дар ин ҳолат катиро бихӯранд,
ислоҳи зарар менамояд; ба узвҳои даруни сина ҳам
зиён дорад—дар ин маврид каллақанд бояд хӯрд, ки
дафъи зарар кунад.
Яке аз хусусиятҳои он чунон аст, ки барг ва решаи
онро бар рони чапи зан бибанданд, зойиданро осон ва
сабук мегардонад. Бояд ки баъд аз зойидан зуд кушо-
да партоянд.
Муаллифи китоби «Дастур-ул-атиббо» навиштааст,
ки чун решаи себаргаи сафедро дар соя хушк карда,
баъд онро дар об ё дар гулоб бисоянду дар чашм ка-
шанд, мӯйи мижаҳои рехтаро аз нав мерӯёнад, обравӣ
ва қӯтури чашмро дафъ месозад.
Чун ин оби барги тару тозаи онро гирифта, дар
32 грамм обаш 132 грамм шири гов андохта бихӯранд,
пешоби бандшударо мекушояд. Агар решаи онро ба
миқдори мурч бо як дона мурч ба хӯрданаш оғоз на-
муда, ҳар рӯз ба миқдори як дона мурч аз реша зиёд
карда ва мурчро ҳам якдонагӣ афзуда, то чил рӯз ва
рӯзи чилум чил баробари мурч ва бо чил дона мурч
бихӯранд ва аз рӯзи чилум якмиқдорӣ решаро ба ан-
дозаи як мурч ва мурчро низ якдонагӣ кам карда,—
дар рӯзи ҳаштодум боз решаро ба миқдори донаи
мурч ва мурчро ба як дона биёваранду бихӯранд,
ҳамаи бемориҳои аз хунукӣ ва тарӣ сарзада, табҳои
балғамии кӯҳнашуда, фуромадани об дар хояҳо ва
поҳо ва инчунин ба ҷоҳои дигар фурӯдомада дарднок
бошад, барои ҳамааш дармон мешавад.

95. Гандум

Ин растании зироатӣ ба ҳама маълум аст. Дар тиб
аксар дони он истеъмол мешавад. Беҳтарини он ган-
думи нави пурраи сафеди моил ба зардии он аст ва
баъд аз он сафедаш мебошад.
254
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар хушкиву
тарӣ мӯътадил аст, вале гандуми нави хушкнашудаи
он, яъне дулмули он дар дараҷаи якум тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин беҳтарини хӯрокҳо
мебошад, ғизоияташ бисёр, баданро фарбеҳ мегар-
донад, вале ба касоне, ки дар рагҳо ва узвҳои дохи-
лиашон гиреҳҳо пайдо шуда бошанд, зарарнок аст,
инчунин ба занони ҳомила ҳам зиён дорад.
Гандуми пухтагӣ дерҳазм ва пайдокунандаи бод
аст ва барои осон кардани ҳазмаш бояд бо шириниҳо
бихӯранд. Агар аз болои гандуми хом ва норасида об
биёшоманд, иллати қулинҷи бодиро пайдо мекунад.
Гандумро хойида гузошта банданд, пучак ва чир-
такҳоро мепазонад, зеро ин хислати гарм кардани
пӯстро дорад. Инчунин гандуми бирёнкарда ҳам дер-
ҳазм ва бодангез мебошад. Гандумро сӯхта, ос карда,
бо муми занбӯри асал ва равған сиришта гузошта
банданд, рухсораро пок мекунад. Бо орди сафеди ган-
дум, ки он андак сабӯс дошта ва хамираш хеста бо-
шад, нон аз он бипазанду бихӯранд, серғизо мешавад,
баданро фарбеҳ мекунад, қуввати боҳ мебахшад. Но-
ни фатир ё ордаш бисёр маҳин ва дар он мутлақан
сабӯс набошад ва ҳамчунин гандумаш шустагӣ бошад,
нон пухта бихӯранд, ба душворӣ ҳазм мегардад, да-
рунро сахт мекунад, дар узвҳои бадан гиреҳ пайдо
менамояд. Дар ин ҳолат набот, анҷир ва меваҳои гу-
ногуни пухтагӣ истеъмол намоянд, зарари мазкураш
ислоҳ меёбад.
Агар орди гандумро бо шакар ва бодом пухта,
лесида бихӯранд, сурфа, хун қай кардан, дарди узв-
ҳои даруни сина ва гурдаро шифо мебахшад, бадан-
ро фарбеҳ мекунад, боҳро қувват медиҳад.
Аз орди гандум бо об ва наъно ва равғани тоза
нишоиста (крахмал) пухта бихӯранд, дағалӣ ва дуруш-
тии узвҳои даруни синаро ислоҳ мекунад.
Орди гандумро бо об ва равғани зайтун пухта гу-
зошта банданд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад ва
агар бо оби пиёз пухта гузошта банданд, варамҳои
хунукро мегардонад, пучакҳоро мепазонад; бо оби
кашниз пухта гузошта банданд, варамҳои гарм, хано-
зер ва ғадудҳоро таҳлил медиҳад.
Орди гандумро бо сиканҷабин хамир карда бимо-
ланд, рихинакҳои чеҳраро дафъ мекунад; бо оби гиё-
ҳи банг (кирмрезонак) хамир карда бимоланд, рехта-
255
ни моддаҳои нодаркор ва зарарнокро ба асабҳо манъ
мекунад, пурбодшавии рӯдаҳоро барҳам медиҳад. Ор-
ди гандуми сурхро бо шароб ё бо сирко хамир сохта
бимоланд, зиёни заҳри ҷонваронро мешиканад.
Орди гандумро ба мавзеи газидагии саги девона
бипошанд ва аз болои он барги беданҷир банданд,
таъсираш пурқувват мешавад. Агар хамири орди ган-
думро ба ҷойи газидаи саг чанд соат бибанданд ва
баъд онро гирифта, назди саг партоянд, агар саг он-
ро нахӯрад, маълум мешавад, ки саги газида девона
будааст.
Нишоистаи орди гандумро бо арпабодиён хамир
карда бихӯранд, шири занонро зиёда мегардонад.
Аз гандум равған ҳам тайёр мекунанд ба ин та-
риқ. Даруни колбаро то гулӯгоҳаш аз гандум пур ме-
намоянд. Дар гулӯи колба лиф ҷо мекунанд. Баъд ба
колба аз рӯ гили бӯта ё гили ҳикмат мемоланд. Та-
бақи фулузиро аз миёнаш, барои ҷо гиронидани гу-
лӯи колба, сӯрох мекунанду колбаро сарозер ба он
сӯрох мегузоранд. Табақро дар болои ду хишти пухта
ҷо дода, ба поён зарферо мемонанд. Баъд ангишт ба
атроф ва болои колба рехта, онро оташ медиҳанд. Аз
таъсири тафси оташ равған аз гандум ҷудо шуда, дар
лиф софшавон пойин мечакад. Ин равғанро бимоланд,
ширинча ва шукуфаи пӯст, доғҳои кунҷидак ва сабӯ-
саки сарро дафъ мекунад.

96. Тугмачагул

Ин гиёҳест, ки тоҷикон қалағочкулча ва мӯбофак
низ меноманд.
Баргаш гирдак, гулаш сурхи моил ба бунафшӣ,
тухмаш монанди тугмача гирдаки паҳн аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва тар аст, вале
ба қавли баъзеҳо дар дараҷаи дуввум мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, дарунро
мулоим мекунад, моддаҳои нодаркор ва зарарнокро
пазонида, барои дафъ шудан муҳайё месозад, варам-
ҳои дохилиро рад менамояд, гиреҳҳои ҷигарро меку-
шояд, пешобро меронад, шири занонро зиёда мегар-
донад.
Баргашро хойида, бо намак даромехта, ба чашм гу-
зошта банданд, носури чашмро пок мегардонад, агар
256
ҳамин тавр хойида, бо намак гузошта бардавом бан-
данд, даҳани носурро ба ҳам оварда сиҳат мекунад;
ба устухони шикаста гузошта банданд, онро ба ҳам
мепайвандад. Барги ин гиёҳро кӯфта гузошта банданд,
шикастагии узвҳоро шифо мебахшад, варамҳои гарм-
ро таҳлил медиҳад ва заҳри занбӯрҳои гуногунро аз
бадан дафъ мекунад. Кӯфтаи онро бо равғани зайтун
ё равғани гулисурх сиришта гузошта банданд, сӯхта-
гии оташ, сурхбод ва каждумгазидаро шифо мебах-
шад. Агар хушки онро кӯфта, бо пешоб хамир карда
гузошта банданд, решҳои сар ва сабӯсаки сарро дафъ
мекунад.
150 грамм шохи онро пухта, бо шакар бихӯранд,
сурфа ва гирифтагии овозро шифо мебахшад; овози
дағалро, ки сабабаш хушкӣ ва гармӣ бошад, мулоим
мегардонад; дарди сипурзро таскин медиҳад ва зард-
парвинро сиҳат мебахшад, қӯтури пуст ва захмҳои рӯ-
даҳоро сиҳат мекунад; исҳолро мебандад, захми хи-
чак, чакмезакро нест месозад, гиреҳҳои баданро ме-
кушояд.
Барг ва решаашро пухта гузошта банданд, заҳр-
нокшавии узвҳо, газидаи ғунда ва дарди гурдаро ши-
фо мебахшад.
Баргҳояшро дар об ҷӯшонида, дар он об занҳо то
ноф даромада нишинанд, сахтии бачадонро таҳлил
медиҳад; агар мақъади касе варам карда бошад, низ
нишинанд, шифо медиҳад.
Барги тару тозаи онро сойида, бо маскаи нави гови
даромехта, бар бадан бимоланд, ҳеҷ ҷонвар ӯро наме-
газад.
Барги навбаромадаи онро бо гӯшти парандаҳо як-
ҷо пухта бихӯранд, беҳтарин ғизо мешавад.
Вале истеъмоли ин ба дарун меъдаи заифи одамо-
ни сардмизоҷ ва тармизоҷонро суст мекунад. Агар ба
гарммизоҷон зарар кунад, чизҳои турш бояд бихӯ-
ранд, ислоҳи зарар менамояд, инчунин ҳалилаҷот ис-
теъмол бояд кард.
Миқдори як бор нӯшидан аз оби гиёҳи тари он дар
як рӯз то 175 грамм аст.
Мизоҷи тухмаш сард ва тар аст. Ин луоби, яъне
оби ғафси бисёр дорад, ки часпанда ва лағжонанда
мебошад. Агар инро бихӯранд, дарунро мулоим меку-
над, барои сурфаҳои гарм ва хушк дору мешавад, ин-
чунин гирифтагии овозро мекушояд, назларо дафъ ме-
257
кунад; барои харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо,
захми гурда ва хичак дору мешавад, сӯзонидани да-
воҳои тунд ва гарммизоҷро дафъ мекунад, азият ва
зарари заҳри занбӯрро нест месозад, инчунин ғунда-
газидаро шифо мебахшад. Агар тухми инро бо тухми
себарга баробарвазн гирифта бихӯранд, дарди хичак-
ро шифо мебахшад.
Тухми тугмачагулро дар об ҷӯшонида, бо он об
нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, сӯзиши рӯдаҳо, ба-
чадон ва мақъадро таскин медиҳад; ин обро бо асал
даромехта ҳуқна кунанд, дарди ҷигарро дафъ меку-
над.
Тухмашро кӯфта, батанҳоӣ ё бо ҷави кӯфтаи бе-
сабӯс даромехта гузошта банданд, барои варамҳои
гарм, дард ва варамҳои сахти гарм даво мешавад. ^
Хоҳ барг ва хоҳ тухмашро кӯфта гузошта банданд,
барои газидани занбӯр нафъи тамом дорад.
Тухмаш низ монанди гиёҳаш барои меъдаи заиф
зарар дорад — дар ин маврид оби меваҳоро ҷӯшонида
биёшоманд, ислоҳи зарар хоҳад намуд.
Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз тухмаш аз
10,5 то 17,5 грамм аст. Агар тухми ин ба даст нара-
сад, ба ҷойи ин тухми гулихайриро бихӯранд, раво ме-
бошад.
Гули ин гиёҳро хоҳ хушк карда кӯфта бихӯранд,
хоҳ дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд ва ё кӯфта
гузошта банданд, захми гурда ва хичакро шифо ме-
бахшад.
Агар шохҳояшро хоҳ ба дарун истеъмол намоянд,
хоҳ кӯфта аз рӯ гузошта банданд, дарди рӯдаҳоро
таскин медиҳад.

97. Хардал

Инро ба русӣ горчица меноманд, ки ҳар як шахсе,
ки замин дошта бошад, метавонад парвариш намояд.
Барги ин гиёҳ монанди баргҳои турб, вале аз он май-
датар, шахшӯл ва андак тундбӯй аст. Пояаш чорқир-
ра, гулаш зард, тухмаш кулӯлаи сурхи тундтаъм аст. ,
Ин растанӣ навъҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ дорад. Дар
тиб бӯстонӣ, яъне боғии он истеъмол мешавад, ки
баъд аз кӯфтан зардоб мегардад.
Мизоҷаш дар дараҷаи чорум гарм ва хушк аст.
258
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, бе-
мориҳои сарди вобаста ба ҳолати майна ва бодии мо-
нанди: лисарғус (летаргия), фолиҷ (шал шудани ни-
маи бадан ба дарозӣ), суст ва нотавон гаштани узв-
ҳо ва дарди сари аз хунукӣ ба ҳам расидаро шифо
мебахшад, сӯрохи бандшудаи сари биниро мекушояд,
назлаҳои сардро манъ мекунад, ҳамаи даҳ ҳисҳои ба-
данро равшан ва бурро мегардонад, зеҳнро тез меку-
над, иштиҳоро қувват медиҳад, дарди ҷигар ва сипурз-
ро сокин мекунад.
Мӯйи сарро тарошида, баъд хардалро хамир карда
гузошта ба сар банданд, лисарғусро шифо мебахшад,
назлаи хунукро манъ мекунад; агар онро бо асал ха-
мир карда, ба пешонӣ гузошта банданд, дарди сарро
таскин медиҳад ва назлаҳои пай дар пайро манъ ме-
созад, дарди ҷигар ва сипурзро низ сокин мегардонад.
Агар кӯфтаи инро дар бинӣ бирезанд ё бо найча
ба дарунаш пуф кунанд, каси саръгирифта ва беҳуш-
ро ҳушёр мекунад; бачадони хафашударо, ки гоҳ-гоҳ
бемораш беҳуш мегардад, шифо мебахшад.
Инро дар об ҷӯшонида, худро ба бухораш бидо-
ранд ва аз шамол хӯрдан эҳтиёт шаванд, гиреҳҳои
рагҳоро дар даруни гӯш мекушояд.
Кӯфтаи хардалро бо об ва асал даромехта, ба
чашм кашанд, пардаеро, ки чашмро торик мегардо-
над, дафъ мекунад ва дағалии пилкҳои чашмро му-
лоим ва ислоҳ мегардонад.
Хардалро дар об ҷӯшонида, ба он об асал даро-
мехта, дар чашм чаконанд, шабкӯриро ба ислоҳ мео-
варад; дар гӯш ва ба дандон бичаконанд, дарди луқ-
қосӣ ва дарди дигари ҳар дуи ин узвро таскин меди-
ҳад.
Чун тухми тари онро кӯфта, оби онро фишурда ги-
рифта хушк намоянд ва баъд маҳин ос карда чун
сурма ба чашм кашанд, ҳамаи бемориҳои чашмро ши-
фо мебахшад ва пайдо шудани ҳар хел намудаҳоро
дар он дафъ мекунад. Тухми онро бо анҷир якҷо кӯф-
та, чун шамъча сохта, дар гӯш гузоранд, дард ва ҷа-
ранги онро дафъ месозад. Инро орд барин ос карда,
бо шаҳдоб (асалоб) даромехта, бо он ғарғара кунанд
ва ё онро дар даҳан бигардонанд, варами таги забон,
гаронӣ ва сусту нотавон гаштани онро шифо мебах-
шад; дарди дандонро таскин медиҳад, дағалии роҳи
нафасро, ки кӯҳна шуда бошад, ислоҳ мекунад. Агар
259
инро батанҳоӣ бихоянд, балғамро бо воситаи даҳан
ихроҷ мекунад.
Агар инро кӯфта бимоланд, дарди луққосии дандон
ва дардҳои дигари онро, ки бе варам бошанд, ҳамон
дам таскин медиҳад.
Кӯфтаи хардалро бо асал ё бо чарбӣ ё бо муми
занбӯри асал дар оташ гудохта, бо равғани зайтун
даромехта, ба чеҳра бимоланд, ранги рӯйро соф ме-
гардонад ва агар инро ба чашм бимоланд, хуни хоб-
рафтагии онро дафъ месозад.
Агар инро бо асал даромехта бихӯранд, дамкӯта-
ҳӣ ва сурфаи тарро шифо мебахшад, боҳро қавӣ ме-
гардонад; агар бо пудина ва шароб даромехта бихӯ-
ранд, бӯғма (хафа) шудани бачадонро, ки гоҳ-гоҳ бе-
ҳушӣ меоварад, шифо мебахшад, кирмҳои меъдаро хо-
риҷ месозад.
Инро нимкӯфта бо об бихӯранд, таби балғамӣ ва
савдовиро сиҳат мебахшад ва ҷаранги гӯшро, ки саба-
баш моддаи ғафси часпак бошад, ба ибро меоварад. |
Агар инро бо анҷир якҷо кӯфта гузошта банданд,
иллати ниқрисро (подаграро), ирқуннасо (радикулит)-
ро шифо мебахшад ва ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯй-
рехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад; моддаҳои дохилиро
ба рӯйи пӯст мекашад, дарди аз боди сард баамалома-
даро таскин медиҳад; варамҳои балғамии кӯҳнаро
дар ҳар узве, ки бошад, мегардонад; бо сирко хамир
карда гузошта банданд, қӯтури решгашта ва шукуфаи
пӯстро, ки кӯҳна шуда бошад, шифо мебахшад; агар
бо сиканҷабин ва гӯгирд ё бо сиканҷабину карами то-
ҷикӣ сиришта гузошта банданд, ханозерро бо як аҷо-
бате таҳлил медиҳад. Инро бо барги гулихайрӣ якҷо
кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахт ва савдовиро
мегардонад; бо решаи хушки ҷадвор якҷо карда, гу-
зошта банданд, песро нест мекунад; бо равған сириш-
та, ба закар бимоланд ё гузошта банданд, онро ба ҳа-
ракат меоварад.
Агар 20 грамм тухми онро бо шароб ба дили на-
ҳор бихӯранд, боҳро қувват мебахшад. Инро бо нон ё
бо шароб даромехта бихӯранд, кирми меъдаро дафъ
мекунад.
Гиёҳ ва тухми онро бо таом бихӯранд, таомро ҳазм
на меъдаро гарм мегардонад, варами сипурзро таҳлил
медиҳад.
Агар инро пухта ва ё барги тарашро бихӯранд ё
260
тухмашро бо лаблабу ва тугмачагули даштӣ пеш аз
қай кардан бихӯранд, балғамро аз дарун ҷудо наму-
да, барои дафъ кардан тайёр месозад. Инро бардавом
бо лаблабу пухта бихӯранд, барои иллатҳои саръ ва
сиёҳ задани чашм, ки аз ҷамъ шудани балғам дар
мағзи сар бошад, дармон мешавад.
Аз хардал обкома низ тайёр мекунанд, ки тунду
тезмаза, хӯрданаш гудозанда ва башиддатпоккунан-
даи балғам мегардад; меъда ва ҷигарро гарм мегар-
донад; агар ҳамеша инро ва батанҳоӣ ҳам биёшо-
манд низ, меъда ва ҷигарро гарм мегардонад; бо ғи-
зоҳои душворҳазм тановул намоянд, ҳамин тавр таъ-
сир мебахшад — ин гуна зарарашро бо хӯрдани кос-
нӣ, бодом ва сирко ислоҳ метавон кард. (Обкома — ин
нонхӯришест, ки аз ҷуғрот, тухми испанд, хамиртуру-
ши хушк ва сирко тайёр карда мешавад, ва агар ба
ин хардал ҳамроҳ намоянд, хислатҳои номбурдаро
пайдо мекунад).
Муаллифи «Ихтиёроти бадеӣ» гуфтааст, ки шуку-
фаи пӯсте, ки бо ҳеҷ даво илоҷпазир нагашта бошад,
чун баъд аз ҳаммом кардани бемор хардалро сойида,
тайёр намуда, аввал шукуфаро бо матои дағал то
хунолуд гаштанаш бимоланду баъд он хардалро ба
он бимоланд, аз он зардоби бисёр равон мешавад ва
сиҳат меёбад.
Хардалро дуд кунанд, аз он ҷо ҳашарот ва ҷонва-
рони зарарнок мегурезанд. Ҳакими машҳур Розӣ гуф-
тааст, ки хардалро дар сӯрохи мор бирезанд, боиси
ҳалокати он мегардад.
Вале хардал ба одамони гарммизоҷ зарар дорад,
яъне ташна мекунад. Дар ин ҳолат коснӣ, равғани бо-
дом ва сирко биёшоманд, зиёнаш ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз кӯфтаи хар-
дал то 10,5 грамм аст. Дар истеъмоли хардал аз ҳама
пеш бояд мизоҷҳо, намудҳои беморӣ, вақти мувофиқ,
ки обу ҳаво ва мавқеи ҷуғрофии маҳалро риоя ку-
нанд.
Агар хардалро дар оби ангур бияндозанд, ҷӯшида-
ни онро манъ месозад, яъне май ва сирко гаштани
онро монеъ мешавад.
Аз хардал равған ҳам тайёр мекунанд ба ин та-
риқ. Тухми хардалро ҳар қадар, ки хоҳанд, гирифта,
нимкӯфта, ба он каме оби гарм бипошанд ва бо қув-
вати тамом ба ҳар тариқ, ки хоҳанд, бифишоранду
261
ҳамаи равғанашро биситонанд. Агар пеш аз кӯфтан
тухмашро панҷ-шаш соат дар об тар кунанд, баъд фи-
шурда равғанашро бигиранд, инчунин беҳтар меша-
вад агар дар ин амал зарфи мисини қалъагӣ давонда-
гиро ба кор баранду он зарфро ба рӯйи оташ молида
гарм карда, камтар набот дохил намуда, бифишоранд,
равған бештар ва беҳтар бармеояд.
Равғани хардалро биёшоманд, гиреҳи асабҳоро ме-
кушояд, нисёнро (фаромӯшхотириро) дафъ мекунад;
фолиҷ, дардҳои сарди кӯҳна, табҳои кӯҳна ва бӯғма
(хафа) шудани бачадонро ба ибро меоваранд. Агар
нимгарм дар гӯш чаконанд, гаронии гӯшро ислоҳ ме-
кунад, инчунин варами гӯшро, ки сабабаш хунукӣ бо-
шад, таҳлил медиҳад. Агар бимоланд, барои дарди
дандон, бӯғма шудани бачадон дармон мешавад, дард-
ҳои кӯҳнаро таскин медиҳад, инчунин варамҳои сахт
ва дигар варамҳои сардмизоҷро мегардонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз равғани хардал дар як
рӯз то 10,5 грамм аст.

98. Беданҷир

Ин растанӣ ду навъ аст: сафедгул ва гулаш сурхи
моил ба бунафш. Навъи дуввумаш дар давогӣ қави-
тар аст. Баргаш монанди барги анҷир, вале гӯшаҳои
барги он баландтар аст нисбат ба барги анҷир, қадаш
аз 1,5 метр то 2,5 метр мехезад. Решааш монанди
най — миёнхолӣ. Самараш хорнок дар хӯша, тухми
донаҳояш гирдак ба андозаи донаи қаҳва, мағзаш са-
феди серравған аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин растанӣ барои му-
лоим кардани асаб, равонидани дарун, моддаҳои но-
даркори сардмизоҷ, пок гардонидани даруни рагҳо,
қувват бахшидан ба аъзо, барои дарди сар, фолиҷ,
каҷ шудани рӯй, ларзак, бемориҳои сардмизоҷ, зиқ-ун-
нафас (бронхиальная астма), сурфаи хунук, таҳлил
додани варами рӯдаҳои ғафс ва бодҳои ғализ, мулоим
намудани сахтиҳо, дарди пушт ва хичак, истисқо да-
во мешавад, хусусан мағзи тухми он, ки қуввати ис-
ҳоловариаш зиёда аст, инчунин барои равон кардани
ҳайз ва берун овардани ҳамроҳаки (ёраки) тифл нафъ
дорад.
262
Чун даҳ адад мағзи тухми онро сойида, бо шаҳдоб
(асалоб) биёшоманд, балғам ва рутубати обшаклро
бо исҳол дафъ мекунад, маҷроҳои ҳаракати моддаҳо-
ро васеъ мегардонад то он, ки моддаҳои бегона гу-
зашта дафъ гарданд, вале иштиҳоро мебандад, ғам-
гин мекунад, дилро беҷо (беҳузур) месозад, ҳатто
қай меоварад. Ин қабил зарарҳояш бо хӯрдани кати-
ро, наъно ва мустако ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш аз 5 то 10 адад
мебошад, вале бояд, ки аз пӯсташ пок карда бихӯ-
ранд. Агар 20 адад аз ин бихӯранд, башиддат маст
мекунад. Давои ислоҳи ин ревоч ва оби анор ошоми-
дан аст.
Мағзи тухмашро кӯфта гузошта банданд, озахҳо-
ро хушк ва доғи кунҷидакро дафъ мекунад: варамҳои
балғамиро таҳлил медиҳад ва узвҳои сахтгаштаро
нарм месозад, ниқрис (подагра) ва дарди буғумҳоро
таскин медиҳад. Кӯфтаи инро бо сирко хамир карда
гузошта банданд, варами пистонро таҳлил медиҳад
ва сурхбодро шифо мебахшад.
Баргаш дар бобати исҳол овардан заифтар аз тух-
маш мебошад, вале бар зидди заҳрҳо тарёқияти он
афзун аст. Оби барги тару тозаашро такрор батакрор
бинӯшанду қай кунанд, заҳрҳои хунукмизоҷ ва заҳри
қаттолтаринро, ки биш меноманд, аз бадан дафъ ме-
созад, инчунин каси афюнхӯрда ҳам наҷот меёбад.
Барги тарашро кӯфта, бо орди ҷав хамир карда,
гузошта банданд, варамҳои гарми чашм, варами зери
гулӯ ва ҷоҳои дигари дури баданро таҳлил медиҳад.
9 грамм оби барги тару тозаашро бо шири навдӯ-
шида биёшоманд, дарди дилро, ки аз сардӣ бошад,
таскин медиҳад.
Пӯсти решаашро хушк карда кӯфта бихӯранд узв-
ҳои ҷингакшударо кушода мегардонад, сахтиҳои ба-
данро мулоим мегардонад, дарди гӯшро таскин меди-
ҳад, даҳани басташудаи бачадонро мекушояд ва бача-
дони чаппагаштаро ба ҳоли аслиаш меоварад; қӯтури
решгаштаро, решҳои тари сар ва варами меъдаро
дафъ мекунад, инчунин доғи кабуди пӯстро барҳам
медиҳад. Агар инро бо пиёзи гандано якҷо карда би-
хӯранд ва гузошта банданд, бавосирро нест мекунад.
Пӯсти решаи онро дар зарфи мис андохта ба оташ
гузоранд ва болои онро бо зарфи мисин бипӯшанд, то
он, ки хуб битафсад. Ба ҳар як 4,5 грамм пӯсти реша
263
ба андозаи як дона гандум кофури холис, дар айни
гармиаш сарпӯшашро бардошта, дар он андозанд ва
аз нав сарпӯши онро бипӯшанд, то он ки гудохта гар-
дад. Баъд аз оташ баргиранду то хунук шуданаш ҳа-
мон тавр кушода монанд. Сонӣ баъд аз шустани мақъ-
ад пас аз қазои ҳоҷат ҳар мартаба мавзеи бавосирро
хушк намуда, ин равғанро нимгарм бимоланд, баво-
сирро дафъ мекунад.
Пӯсти решаи беданҷирро бо пӯсти мор, хардал як-
ҷо дар камтар об биҷӯшонанду он таркибро бимо-
ланд, барои иллати кузоз (столбняк), ба гирдак-гир-
дак мӯйрехтаи сар ва риш, шукуфаҳои гуногуни пӯст
ва доғи кунҷидак доруи бебадал мебошад.

99. Момирон

Ин гиёҳ як намуди зардчӯбаҳост. Поя ва шохҳои
он аз замин баланд. Баргаш монанди баргҳои печаки
калон, моил ба гирдак, сафеди зардтоб ва часпак ме-
бошад. Решааш шоха-шоха аз як ҷо ба ҳар тараф
кашида, кӯчактар ва бориктар аз решаи зардчӯба, ги-
реҳдор ва каҷтар аст, пашмакрешаҳои мӯйшакл до-
рад, ки дар ҷоҳои намнок ва наздики обҳо мерӯяд.
Тухмаш ба кунҷид шабоҳат дорад; беҳтарини он зард,
борик, сахт ва гиреҳдори нави он мебошад. Қувваташ
то бист сол боқӣ мемонад. Ин гиёҳро ба забони русӣ
чистотел большой меноманд. Аксар дар кӯҳистонҳо
месабзад.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи саввум гарм ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои умумиаш:
поккунанда, таҳлилдиҳандаи варам ва моддаҳои ға-
лиз, инчунин решкунандаи пӯсти бадан аст, нохунро
метарконад.
Агар онро кӯфта, бо асал даромехта, ба даруни
бинӣ бирезанд, майнаро аз олойишҳои зарарнок пок ме-
гардонад.
Хушки онро кӯфта, чун сурма ба чашм кашанд, гу-
ли чашм ва нохунаки онро дафъ мекунад, торикии
чашмро барҳам медиҳад ва рӯшноии онро зиёда ме-
гардонад.
Агар бихоянд, дарди дандонро таскин медиҳад.
Решаашро кӯфта, бо шароб бихӯранд, зардпарви-
264
неро, ки сабабаш гиреҳҳои узвҳои дохилӣ бошанд, ши-
фо мебахшад; бодҳои ғализро таҳлил медиҳад, исҳол-
ро манъ мекунад, дарди рӯдаҳоро сокин менамояд,
беихтиёр рафтани пешобро ислоҳ мекунад.
Ин решаро кӯфта, гузошта банданд ё бимоланд,
бачадони чаппагашта ва баргаштаро ба ҷояш меба-
рад ва шифо мебахшад, бавосирро низ нест мекунад.
Баъзе табибон ошомидани инро ба гурда зарар
дорад, гуфтаанд. Агар зарар кунад, асал бихӯранд ё
бо асал бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз то 2,25
грамм аст. Ба ҷойи ин ба ҳамин вазн зардчӯбаро би-
хӯранд, равост.
Момиронро кӯфта, бо асал ва сирко даромехта
бимоланд, нохуни сафедшударо ислоҳ мекунад, доғҳои
кунҷидак ва нуқтаҳои сафеди пӯст, қӯтур ва доғҳои
дигари гуногуни пӯстро дафъ мегардонад.

100. Турбуд

Ин решаи гиёҳест берунаш моил ба сиёҳӣ, дару-
наш сафед ва сабук, миёнхолии наймонанд, ду тарафи
он шилмак дорад. Ин гиёҳ дар сарзамин ва кӯҳҳои
Осиёи Миёна низ мерӯяд. Гиёҳаш поядор, баргаш мо-
нанди барги лӯбиё ва печаки калон аст, гирдҳои он
борик, гулаш осмонгунӣ дар пояаш мебошад. Сама-
раш монанди тухми дарахти забони гунҷишк (шунг).
Агар даруни решаи он сиёҳ ё зард буда, низ ковок
набошад, заҳр аст. Беҳтарини он даруни решааш са-
феди ковок, шилмакдор, кирмнохӯрда, дар ғафсӣ ва
борикӣ миёна, софҷавҳари суфта, зудшикан ва осон
кӯфташаванда, береша ё камреша, бо андак тезии
таъм ва ба сатҳи забон нуфузкунандаи покиовар бо-
шад. Агар ин гуна сифатҳоро надошта бошад, раддӣ
аст, ки ба истеъмол намеравад.
Мизоҷаш дар аввали дараҷаи саввум гарм ва дар
охири ҳамин дараҷа хушк аст. Вале муаллифи китоби
«Шифо-ул-аском» мизоҷи инро дар охири дараҷаи
дуввум гарм ва хушк гуфтааст.
Хислатҳои шифобахши он: хусусияти исҳолкунан-
даи балғам ва рутубати рақиқ (суюқ) инчунин дафъ-
кунандаи миқдори ками сафро аст; ахлоти (моддаҳои)
сӯхтаро дафъ мекунад.
265
Агар инро бо занҷабил, ки қувватбахши феъли он
аст, бихӯранд, балғами часпак ва ғафсро меканаду
ҳатто аз ҷоҳои дур ва чуқури бадан дафъ мекунад;
майна, меъда ва бачадонро аз балғамҳои гуногун пок
месозад ва гиреҳҳои дар он пайдошударо мекушояд;
барои фолиҷ, бемориҳои асабонӣ, сурфаи ҳодис ба
иштироки рутубатҳои меъда ва ирқуннасо (радику-
лит) даво мешавад; инро бо равғани бодом ё бо тух-
ми зағир бихӯранд, сурфаи кӯҳна ва дарди узвҳои
даруни синаро дафъ мекунад; бо пӯсти ҳалилаи кобу-
лӣ бихӯранд, барои молихулиё, девонагӣ ва саръ да-
во мешавад. Ба қавле, чун ҷирми хомашро кӯфта би-
хӯранд, балғамро назар ба сафро зиёдтар хориҷ ме-
намояд. Вале агар онро дар об ҷӯшонида, он обро
бинӯшанд, баръакс, сафроро зиёдтар аз балғам дафъ
мекунад. Лекин сазовор ва лозим он аст, ки дар об
ҷӯшонида ва ё кӯфта истеъмол карданӣ бошанд, бис-
ёр ҷӯш надиҳанд ва маҳин накӯбанд, то он, ки ба
пашмакҳои меъда ва рӯдаҳо начаспад. Агар инро ба
маъҷун дохил кардан хоҳанд, бояд ки маҳин бикӯбанд.
Кӯфтаи онро бо занҷабил ва шакар истеъмол кар-
данӣ шаванд, бояд ки бо оби гарм бихӯранд. Агар ин-
ро бо намак хӯрданӣ бошанд, ҳатман бояд бо оби ху-
нук истеъмол шавад. Камтареро аз он бо занҷабил ва
набот ба тариқи қаҳва пухта, бояд ки гарм-гарм ва
андак-андак биёшоманд, барои сурфаи тар ва зиқ-ун-
нафас даво мегардад.
Вале турбуд дар одамони гарммизоҷ ва дилашон
гарм ба рӯдаҳо зарар мекунад, Беҷо (беҳузур) шуда-
ни дилро ба амал меоварад, ғамгин мекунад. Дар ин
ҳолатҳо пӯсти сиёҳи онро тарошида дур намуда, бо .
равғани бодом ё равғани писта чарб карда бихӯранд,
безарар мегардад. Инчунин бо катиро бихӯранд, зиё-
наш ислоҳ меёбад. Аммо ба шарте, ки чарбаш мӯъта-
дил бошад, равғани бисёр набояд андозанд. Зеро ки
аз ҳад зиёд чарб намоянд, ҳол ва феъли онро суст ме-
гардонад. Сабаби тарошида дур кардани пӯсти сиёҳи
он аз ҳамин иборат аст, ки гамбуски алокузанги заҳр-
нок бо он пӯстлох мебошад.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз турбуд то
10,5 грамм аст ва агар дар об ҷӯшонида, он обро нӯ-
шиданӣ бошанд, то 17,5 грамм андозанд.
Ба ҷойи турбуд ба ҳамин вазн пӯсти решаи тутро
истеъмол фармоянд, раво мебошад.
266

101. Кӯкнор

Ин растанӣ ба ҳама маълум аст, ки навъҳои бӯс-
тонӣ ва саҳроӣ дорад.
Мизоҷи пӯсти кӯзаи он дар дараҷаи дуввум сард
ва дар якум хушк аст ва афюнаш нагирифтаи он қа-
витар аз афюнаш гирифташудаи он мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: пӯсти кӯзаашро бихӯ-
ранд, карахт мекунад; маҷроҳоеро, ки моддаҳои дар-
кории бадан бо воситаи онҳо ҳаракат мекунанд, танг
гардонида, ҷараёни онҳоро манъ месозад ва дар ба-
дан гиреҳҳо пайдо мекунад (аз ҷумла дар мағзи сар
ҳам).
2 грамм пӯсти кӯзаи кӯкнорро пагоҳӣ ба дили на-
ҳор ва ҳамон миқдор бегоҳӣ пеш аз хоб бо оби хунук
бихӯранд, исҳоли хунин ва сафровиро банд мекунад;
тафси меъда, рӯдаҳо ва сӯзиши хичакро шифо мебах-
шад.
Агар инро кӯфта, ба пешонӣ гузошта банданд, ба-
рои дарди сар дору мешавад; бо ҳулба даромехта,
дар гулоб ҷӯшонида, дар ибтидои дарди чашм гузош-
та банданд, дардашро таскин дода, иллати онро ислоҳ
месозад ва моддаҳои аз сар ба аъзо рехташавандаро
манъ мекунад.
Кӯкнорро бихӯранд, сурфаи гарм ва сурфаи тари
рутубати рақиқнок (суюқнок)-ро ба ибро меоварад —
ин фоидааш бинобар сард, ғафс ва шах гардонидани
моддаҳо мебошад. Агар инро бо шароби мозу бихӯ-
ранд, исҳоли кӯҳнаро мебандад.
Мизоҷи оби он сард ва моил ба рутубат аст. Таъ-
сираш аз тухмаш қавитар мебошад. Инро бардавом
бихӯранд, пай, рагҳо ва маҷроҳои баданро суст мегар-
донад, боҳро қатъ месозад ба дараҷае, ки марди со-
лим ҳез мегардад, узвҳои ҳозима ва иштиҳоро аз амал
бозмедорад, фаромӯшхотириро ба амал меоварад, хун-
ро мурдор мегардонад, ҳарорати табиии баданро но-
ҷӯр ва парешон менамояд, вале дардҳои аз гармӣ ва
хушкӣ ҳодисшударо таскин медиҳад; гӯё як андоза
нишот меоварда бошад, ҳисро дигар мекунад ва ба
шуши сардмизоҷон зарар дорад. Барои дафъ кардани
ин зарараш шакар ва асал бихӯранд, кифоя аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз оби он дар як рӯз аз
4,5 то 6,5 грамм аст.
267
Мизоҷи тухми кӯкнор дар дараҷаи дуввум сард ва
дар якум тар аст.
Инро ҳам бихӯранд, карахтӣ ва хоб меоварад,
моддаҳои рақиқи сафровиро пазонида, барои дафъ
гаштан тайёр месозад ва дарунро шах мекунад. Агар
35 грамм аз он бо шакар бихӯранд, барои дағалии
узвҳои даруни сина ва қасабаи шуш, сурфаи гарми
хушк, хун қай кардан ва таби диқ (лоғаркунанда)
дармон мешавад; майнаро қувват мебахшад, сустии
гурда ва ҷигарро ислоҳ мекунад, баданро фарбеҳ ме-
гардонад, сӯзиш ва бемориҳои гарми хичакро шифо
мебахшад; бо баробари он мағзи бодоми ширин бар-
давом бихӯранд, хуни солим пайдо мекунад, лоғарии
баданро барҳам медиҳад (хусусан дар ин амр тухми
кӯкнорро то бӯяш баромадан тафсонида бошанд, таъ-
сираш зиёдтар аст); бо асал бихӯранд, қуввати боҳро
меафзояд, вале агар бо ин усул бардавом бихӯранд,
боҳро қатъ мекунад. Тухми кӯкнорро тафсонида, бӯйи
онро ба машом кашанд, бехобиро дафъ мекунад. Аз
тухми бӯдодаи кӯкнор аз 7 то 17,5 грамм бихӯранд,
сахт хоб меоварад.
Равғани тухмаш дар хислат заифтар аст аз худи
тухми он. Вале хӯрдани ин ҳам хоб меоварад, дар
бадан гиреҳҳо пайдо мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми он то
35 грамм аст.
Чун пӯсти кӯза ва кунгураи нав ва тозаи онро
кӯфта, қурсҳо сохта бихӯранд, барои сурфа, дарди
узвҳои даруни сина ва сӯзок даво мешавад, шиддати
ташнагиро мешиканад, пешоби хеле вақт боз бандшу-
даи пешобро мекушояд ва рутубатҳои баданро хушк
мекунад. Бинобар ҳамин ҳамаи касоне, ки кӯкнор ис-
теъмол мекунанд, баданашон қоқ ва камгӯшту кам-
равған мебошад, инчунин гузошта бастани он қурсҳо
рутубатҳоро хушк ва аз ҳамин боис варамҳоро ҳам
таҳлил медиҳад.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз қурси он то
17,5 грамм аст.
Низ баъд аз расидан ҳамаи қисмҳои гиёҳи онро
дар об ҷӯш диҳанд, хислати худи кӯкнорро молик
аст, вале заифтар аз қурси он аст.
Гули кӯкнорро бо оби кашниз якҷо карда, ба чашм
кашанд, дард, сӯзиш ва захми онро шифо мебахшад.
Агар гули онро батанҳоӣ гузошта банданд, доғи захм
268
ва решро нест мегардонад: бо оби кашниз даромехта
гузошта банданд, донача ва обилаҳои сурхаки дар
пӯст дамидаро, ки даванда ва зиёдшаванда бошанд,
ба ибро меоварад, инчунин реши раддиро (злокачест-
венные язвы)-ро шифо мебахшад.
Аз гули кӯкнор равған ҳам тайёр мекунанд ба ин
тариқ. Дар зарфи шиша то нима равғани кунҷиди то-
за андохта, онро аз гули тару тозаи кӯкнор пур наму-
да, то чил рӯз ба офтоб мегузоранд, ба шарте, ки хар
ҳафта гулро фишурда дур сохта, гули нав дохил кар-
дан даркор аст. Баъд равғанро соф карда нигоҳ ме-
доранд.
Тарзи дигараш ин аст. Агар гули тари кӯкнор ёфт
нашавад, гули хушки кӯкнорро ҳар чӣ қадар, ки хо-
ҳанд, бигиранд. Дар оби панҷ баробари вазни гул як
шабонарӯз тар карда, баъд онро бо оташи мулоим
биҷӯшонанд, то он ки чоряки об бимонад. Пас моли-
да, аз матои бофташ зич гузаронида соф намуда,
он обро дар зарфе карда, аз болояш баробари вазни
об равғани кунҷиди тоза дохил карда, бо оташи му-
лоим биҷӯшонанд, то об тамоман бухор шуда, равған
бимонад, вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад.
Ин равғани гули кӯкнорро бихӯранд, карахтӣ ме-
оварад, дардҳои гарммизоҷро таскин медиҳад, варам-
ҳои гармро мегардонад; барои назла, сурфаи гарм
дармон мешавад. Агар нимгарм дар гӯш бичаконанд,
дарди онро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад, ин-
чунин варами гарми даруни онро шифо мебахшад.
Барги кӯкнорро дар об ҷӯшонида, он обро бо асал
сиришта, лесида бихӯранд, назлаҳои гуногунро банд
мекунад, сурфаро таскин медиҳад, исҳоли кӯҳнаро ме-
бандад.
Барги онро дар об ҷӯшонида, он обро ба сар бире-
занд, бехобиро дафъ мекунад.
Кунгураи кӯзаи, яъне сари кӯсаки кӯкнорро кӯф-
та, бо орди ҷав хамир сохта гузошта банданд, сурх-
бод ва варамҳои гармро дафъ мекунад.
Решаи онро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд,
ба иллати ҷигар шифо мебахшад, моддаи ғафси меъ-
даро рақиқ мегардонад.
Барги наврӯйидаи онро бо равған ва пиёз бирён
намуда тановул кунанд, фараҳ мебахшад, хоб меова-
рад ва исҳолро банд месозад.
269

Ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.