Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 188-197

Ferratum [micro][sale]Ferratum [micro][sale]

188. Бодоми ширин

189. Бодоми талх

190. Лиму

191. Мош

192. Маргимоҳӣ

193. Марҷон

194. Райҳон

195. Райҳони гӯши муш

196. Мармарак

197. Зардолу

188. Бодоми ширин

Ин самари дарахти маълум аст, ки дар шароити
табиии Осиёи Миёна ва дигар мамлакатҳо парвариш
меёбад. Беҳтарини он нозукпӯст, бузургмағз ва сер-
равғани он аст.
431
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар аст ва ба
қавли баъзе табибон дар гармӣ ва тарӣ мӯътадил ме-
бошад.
Хислатҳои шифобахши он: бодомро бо набот бихӯ-
ранд, ҷавҳари мағзи сарро устувор нигоҳ медорад, узв-
ҳои ботиниро аз моддаҳои зарарнок ва нодаркор пок
мегардонад, чашмро қувват мебахшад, дарун ва ҳалқ-
ро мулоим мекунад ва барои узвҳои даруни сина фо-
рам аст.
Шираи мағзи бодомро бо шакар ширин карда би-
нӯшанд, сурфа, дағалии узвҳои даруни сина ва ҳалқ-
ро ба ибро меоварад; дамкӯтаҳӣ ва зот-ул-ҷанб (вара-
ми пардаҳои даруни сина)-ро шифо мебахшад ва хун
қай карданро манъ менамояд.
Мағзи бодомро бо ним вазни он зифт бихӯранд,
сурфаро дафъ мекунад.
Пӯчоқи онро то сиёҳ шуданаш сӯхта, ба дандон би-
моланд, дандон ва милки онро мустаҳкам мекунад ва
худи дандонро аз чирк пок месозад.
Хӯрдани бодом ҳамаи узвҳои ботинӣ ва дарунро
мулоим мекунад, барои захми рӯдаҳо ва хичак, исҳол
(агар аз рутубати меъда бошад), даво мешавад; манӣ
пайдо мекунад ва тезии маниро ислоҳ мегардонад
(зимнан огоҳ намоем, ки агар мании мард тез бошад,
баъди ҳар як муҷомаат зан дар даруни худ хеле муд-
дат сӯзиш ҳис мекунад ва аз он мард фарзанд наме-
шавад), сӯзиши пешобро низ ба ислоҳ меоварад, ба-
данро фарбеҳ мегардонад. Агар инро бо шакар ё бо
қанди сафед бихӯранд, ҳамчун ғизо пурқувват мегар-
дад, дарунро мулоим мекунад гиреҳҳои узвҳои бадан-
ро мекушояд, инчунин бо анҷир бихӯранд, низ дарун-
ро мулоим месозад ва барои иллати қулинҷ, ки дард
ва варами рӯдаҳои ғафс аст, фоида мебахшад.
Бодоми кӯфтагӣ барои меъда вазнин ва дер аз он
мефурояд, вале бо чизҳои иштиҳоовар бихӯранд, аз
меъда зудтар фурӯд меояд.
Аз бодом мураббо тайёр карда бихӯранд, ҳамчун
ғизо ва барои фарбеҳ гардонидани бадан беҳтар ва дар
ислоҳи ҳолати бади гурда бошиддат таъсир мебах-
шад.
Бодомро то бӯяш баромадан тафсонида, баъд мағ-
зи онро ҷудо карда бихӯранд, меъдаро қавӣ мегардо-
над, исҳолро мебандад, нармӣ ва сустии онро (меъда-
432
ро) дафъ мекунад, боҳро пурқувват месозад, маниро
зиёда менамояд.
17,5 грамм мағзи бодомро кӯфта, бо асал хамир
сохта, лесида бихӯранд, дарди ҷигар ва сурфаро шифо
мебахшад; бодҳоро, хусусан бодҳои гурдаро, таҳлил
медиҳад.
Ғӯраи бодомро бо пӯсташ бихӯранд, буни дандон-
ро мустаҳкам мекунад ва мизоҷи пӯсти он бинобар
сард ва хушк буданаш ҳарорати баланди даҳанро тас-
кин медиҳад.
Мағзи бодомро бо анҷир бихӯранд ва аз рӯ гузош-
та банданд, саги девона газидаро шифо мебахшад.
Гулашро бихӯранд, боҳи мардонро ба ҳаракат ме-
оварад, вале боҳи занонро суст мегардонад.
Аммо хӯрдани бодом барои меъдаи сардмизоҷ ва
тармизоҷ вазнин ва дерҳазм аст ва инчунин барои
узвҳои шикам зарарнок мебошад. Барои дафъи ин за-
рарҳояш мустако бояд бихӯранд; инчунин моддаи саф-
роро бармеандозад—дар ин маврид шакар бихӯранд,
ислоҳи зарари он мекунад.
Бодом кӯҳна шавад, вайрон ва талх мегардад, агар
онро бихӯранд, ғамгин месозад, иштиҳоро мебандад,
дилро беҳузур (беҷо) мекунад ва ба иллати беҳушша-
вӣ гирифтор менамояд. Дар ин ҳолат зуд қай карда,
онро аз меъда дур намудан даркор аст ва баъд оби
меваҳои турш бояд бинӯшанд.
Мизоҷи равғани бодоми ширин дар гармию сардӣ
мӯътадил аст, ба майна бағоят намият мебахшад, ху-
сусан нави он.
Хислатҳои шифобахши он: равғани бодоми ширин-
ро бихӯранд, майнаро намнок мегардонад, барои ҷин-
гак шудани узвҳо, ки аз хушкӣ ва варамӣ бошад, фо-
рам аст; варами пардаҳо ва худи майна, инчунин зот-
ул-ҷанбро шифо мебахшад, бехобиро дафъ мекунад ва
хоб меоварад. Ва агар батакрор ба сар бимоланд ҳам,
ҳамин таъсирро дорад.
Ин равғанро бо катиро ва шакар бихӯранд, сурфаи
хушкро дафъ мекунад, овозро соф ва қасабаи шушро
аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад рӯдаҳоро му-
лоим мекунад, зарари давоҳои исҳоловарро дафъ ме-
намояд. Инро бо луобҳои тухми зағир, луоби гулихай-
рӣ ва луоби тухми биҳӣ биёшоманд, исҳолро мебан-
дад, дарди рӯдаҳоро таскин медиҳад рӯдаҳоро муло-
433
им мегардонад, қулинҷро, ки дард ва варами рӯдаҳои
ғафс аст, шифо мебахшад, душвор шошиданро ба иб-
ро меоварад, барои дафъ шудани санги гурда ва хи-
чак кӯмак мерасонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз равғани бодоми ширин
дар як рӯз то 50 грамм аст.
Ин равғани бодомро бо мудовамат ба мӯҳраҳои
пушт бимоланд, иллати ниқрисро, ки дард ва варами
ангуштони дасту поҳо мебошад, дафъ мекунад ва кӯзӣ
ва хамидагии пушти пиронсолонро рост ва ҳамвор ме-
гардонад.
Равғани бодомро бо оби гарм даромехта, бо он ғар-
ғара кунанд, дағалӣ ва дуруштии ҳалқро ба ислоҳ ме-
оварад.
Равғани бодоми ширин ҳангоми истеъмол ба дарун
ба узвҳои даруни шикам, ки заиф бошанд, зарарнок
аст. Дар ин маврид мустако бихӯранд, ислоҳи зарари
он менамояд.
Барги тару тозаи бодоми ширинро кӯфта бихӯранд,
дарунро меронад ва кирмҳои меъдаро мерезонад, вале
хушкашро бихӯранд, дарунро мебандад ва исҳолро
манъ мекунад.

189. Бодоми талх

Ин ҳам монанди бодоми ширин, вале мағзаш талх
аст. Бинобар ҳамин ҳам дарахт ва ҳам самарашро бо-
доми талх номидаанд. Беҳтаринаш донааш бузург ва
серравғани он аст.
Мизоҷи мағзи ин дар дараҷаи саввум гарм ва дар
охири дараҷаи якум хушк аст, инчунин баъзеҳо дар
дараҷаи дуввум гарм ва хушк гуфтаанд.
Хислатҳои шифобахши он: ин бодом дар бобати
таҳлил додани варамҳо, пок кардан ва дафъ намудани
ахлоти ғафс давои бемисл аст.
Инро кӯфта, бо сирко хамир карда гузошта бан-
данд, дарди сарро таскин медиҳад. Ва кӯфтаи инро ба
чашм кашанд, ин узвро қувват мебахшад.
Инро бихӯранд, дамкӯтаҳӣ, сурфа, варами узвҳои
даруни сина ва шушро шифо мебахшад; ва агар бо
нишоста бихӯранд, таъсираш зиёдтар мегардад: агар
инро бо наъно бихӯранд, дарди гурдаро дафъ меку-
434
над; бо асал бихӯранд, гиреҳҳои ҷигар ва сипурзро ме-
кушояд ва бемориҳои ҷигарро шифо мебахшад, зард-
парвин ва иллатҳои сипурзро дафъ месозад; бо шаҳ-
доб (асалоб) биёшоманд, қулинҷро мекушояд; бо майи
пухтагӣ бихӯранд, иллатҳои гурдаро ба ибро меова-
рад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад,
пешобро равон мекунад ва душвор шошиданро ислоҳ
менамояд, дарди бачадонро дафъ мекунад.
Мағзи инро кӯфта, дар об ҷӯшонида, бо он об сар-
ро бишӯянд, сабӯсаки сарро дафъ мекунад ва шапуш-
ҳоро мекушад.
Кӯфтаи инро занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи банд-
шудаи онҳоро равон мекунад.
Инро кӯфта, бо сирко ё бо шароб сиришта гузошта
банданд, решҳои кӯҳна ва даванда, обилаҳои тар, шу-
куфаи пӯст, сабӯсаки сар, мӯрчагазак, қӯтур, хориш ва
шаро (ҷӯшишҳои аллергия)-ро шифо мебахшад.
Инро кӯфта, бо сирко даромехта бимоланд, доғҳои
кунҷидак ва дигар доғҳои чеҳраро пок менамояд. Агар
инро бо шароб ва асал даромехта бимоланд, мӯрчага-
закро шифо мебахшад. Агар танҳо худашро кӯфта гу-
зошта банданд, газидани саги девонаро фоида дорад.
Хӯрдани бодоми талх ба рӯдаҳо зарар дорад — да-
вояш шакар, набот ва бодоми ширин хӯрдан аст.
Инчунин барои ислоҳ кардани ҳоли бади узвҳои ҳо-
зима ва дарди меъда ҳар рӯз се-чор донаашро шикас-
та, мағзи онро хойида бихӯранд, таъсири бебадал до-
рад.
Решаашро кӯфта гузошта банданд, барои ҳамаи
дардҳо дармон мебошад.
Мизоҷи решаи дарахти бодоми талх гарм ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро кӯфта ё бо
сӯҳон тароша карда, бо равғани гулисурх сиришта гу-
зошта банданд, дарди сареро, ки аз хунукӣ бошад, ши-
фо мебахшад, инчунин доғҳои кунҷидакро дафъ меку-
над.
Агар инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд,
сипурз ва гурдаро аз моддаҳои зарарнок ва зиёдатӣ
пок мегардонад, қулинҷро дафъ мекунад, кирмҳои меъ-
даро ихроҷ менамояд.
Хокистари решаи инро гузошта банданд, сӯхтагии
оташро шифо мебахшад.
435
Баргашро дар шароб пухта бимоланд, сабӯсаки
сарро дафъ мекунад ва дар ин бобат давои беҳамтост.
Ҳаким ва Устоди Аввал Арасту гуфтааст, ки чун
17,5 грамм бодоми талхро кӯфта, ба дили наҳор тано-
вул намоянд, аз нӯшидани шароб маст намегарданд.
Мизоҷи равғани бодоми талх дар аввали дараҷаи
дуввум гарм ва моил ба тарист.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, ах-
лоти часпак ва савдовиро, ки дар наздики меъда бо-
шанд, бо воситаи исҳол дафъ мекунад; бо обе, ки дар
он решаи савсани кӯҳӣ ҷӯшонида шуда бошад, биёшо-
манд, дамкӯтаҳӣ, варами сипурз ва бо наъно бихӯ-
ранд, дарди гурда ва душвории шошиданро шифо ме-
бахшад, қулинҷро дафъ мекунад; хафа (бӯғма) шу-
дани гулӯгоҳи бачадонро, ки беҳушӣ меоварад, ин-
чунин варам ва чаппа шудани онро сиҳат мебахшад,
санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, бача-
ро аз шиками занони ҳомила меафтонад.
Агар ин равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, дар-
ди гӯш, ҷаранг ва овозҳои гуногуни даруни онро дафъ
мекунад, кирми даруни онро мекушад
Латтаи покизаро дар ин равған олонда, занҳои хо-
мила аз таг бардоранд, бача ва ҳамроҳаки онро аз
шикам зуд меафтонад.
Агар ин равғанро бимоланд, доғҳои рухсор, доғи
кунҷидакро дафъ мекунад, чинҳои рӯйро ҳамвор ме-
созад ва аз хунукӣ кафида бошад, шифо мебахшад
(рӯйро).
Ин равғанро бо шароб якҷо карда бимоланд, реш-
ҳои тар, иллатҳои сипурз ва сабӯсаки сарро барҳам
медиҳад.
Миқдори як бор хӯрдан аз равғани бодоми талх дар
як рӯз то 17,5 грамм аст.
Шилми бодоми ширин ва бодоми талхро дар ама-
лиётҳои тиббӣ ба ҷойи самғи (шилми) арабӣ кор фар-
моянд, раво мебошад.
Бодоми намакпарварди бирён кардашуда ислоҳ-
бахши ҳоли бад ва баэътидоловарандаи нафас аст,
узвҳои даруни синаро аз моддаҳои бегона пок мегар-
донад, пешоб ва дарунро меронад, вале дар меъда ҳазм
наёфта дафъ шудани таомро ба амал меоварад. Давои
ин зарарҳояш шакар хӯрдан ва шароби мусаллас ошо-
мидан аст.
436

190. Лиму

Ин маълум аст, ки самари он дар таъм гуногун,
турш, ширин ва майхуш (туршу ширин) мебошад.
Беҳтарини он калон-калони пӯсташ тунук, ялаққосӣ,
расидагӣ ва сероби он аст. Ин самар ҳангоми норасӣ
сабз ва дар вақти пухта расидан зарди андак ба сур-
хӣ моил мешавад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва дар якум
хушк аст, баъзеҳо тар ҳам гуфтаанд.
Хислатҳои шифобахши он: ошомидани ин дарди са-
ри аз гармӣ ва чарх задани сар, ки сабабаш ба сар
баромадани бухороти ахлоти ғализ бошад, шифо ме-
бахшад, хуморро таскин ва варами гарми ҳалқро таҳ-
лил медиҳад; тапидани дилро, ки сабабаш бисёрии
савдо бошад, шифо мебахшад, фишори баланди хун
ва ҷӯшиши сафроро паст мегардонад; тафси меъдаро
пас менишонад; қайи сафровӣ, беҳузур (беҷо) шудани
дил, ҳазм наёфта ба қафо баргаштани таомро ба ис-
лоҳ меоварад; моддаҳои гармро аз ҷигар ба меъда ка-
шида берун мекунад; меъда ва ҷигари гарммизоҷро
қувват мебахшад, инчунин барои табҳои сафровӣ ва аз
ҷӯшиши хун содир шуда бошанд, бадбӯйии хун, таби
рӯздармиёни бемодда ва моддӣ даво мебошад.
Истеъмоли лиму ба дарун барои асаб ва гирифто-
рони сурфаи хунукмизоҷ зарар дорад. Агар ҳангоми
холӣ будани меъда бихӯранд, рӯдаҳоро заиф мегардо-
над ва дар ин узвҳо дард пайдо мекунад. Давои ҳа-
маи ин зарарҳояш шакар ва асал хӯрдан аст. Огоҳ
намоем, ки агар худи лимуро батанҳоӣ бо мудовамат
бихӯранд, хобро мегурезонад. Бинобар ҳамин бояд, ки
инро бо шакар ё бо қанди сафед бихӯранд.
Чун лимуро бо корд бурида, тарафи буридаи онро
дар оташ гарм намуда, ба пешонӣ ва чаккаҳои сар ба-
такрор бимоланд, дарди сареро, ки сабабаш гармӣ бо-
шад, таскин медиҳад. Ва агар буридан онро бимоланд,
доначаҳои дар пӯст ҷӯшида, шаро (аллергия) ва хушк
шудани пӯсти баданро шифо мебахшад ва агар ба
рухсора бимоланд, онро пок ва чиркҳояшро нест ме-
кунад.
Хӯрдани лиму заҳрҳои ҷонварон ва заҳри давоҳои
қаттолро аз бадан дафъ мекунад. Лимуро дар аксар
ҳолат ба ҷойи сирко истеъмол менамоянд ва барои
437
дафъ намудани бемориҳои сафровӣ беҳтар аз лиму ва
шароби он даво нест.
Мизоҷи шаробаш дар дараҷаи якум сард ва дар
тариву хушкӣ мӯътадил аст, вале шароби асалии он
моил ба хушкист. Ҳаким Антокӣ шароби шакарии он-
ро дар дараҷаи дуввум сард ва дар якум тар дониста-
аст.
Беҳтарин шароби соддаи лиму он аст, ки аз оби
лимуи нави расида молида соф гардонида бошанд, бо
шакар ё бо қанди сафед ва ё бо асали соф тартиб до-
да, яъне ҷӯшонида бошанд, ки туршии хуштаъм дош-
та бошад ва аз сохтани он зиёда аз як сол нагузашта
бошад, дар давогӣ истеъмол кардан равост.
Шакари сафеди софро дар зарфе карда, аз боло-
яш лимуро фишурда обашро бирезанд он миқдор, ки
шакарро тар гардонад. Ҳамин тавр як шабонарӯз би-
гузоранд, пас соф намуда, аз он миқдоре оби лимуро
ба он бирезанд, то таъми онро неку турш гардонад ва
баъд дар оташ ба қивом оваранд, беҳтар аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин шароби лиму дар
навбати аввал барои бемориҳои дар боло зикрёфта
нафъ дорад; барои ҷӯшиши даҳан, бастагии забон, соф
кардани овоз, пок намудани узвҳои даруни сина аз
моддаҳои бегона, дафъ намудани сурфаи гарм, дилта-
пак (дилбозӣ), ки аз моддаҳои гарм бошанд, шикаста-
ни шиддати сафро, дафъи фишор ва ҷӯшиши хун, таб-
ҳои сафровӣ ва мураккабу даврӣ, кандан ва дафъ кар
дани ахлоти сӯхта ва савдовии ғафси часпак, манъ
кардану боло баромадани бухорҳои савдовӣ, аз ҷояш
кандани ҳар як модда ва хилти ғафс ва часпак даво
мебошад.
Чун ин шаробро пеш аз давоҳои исҳоловар бинӯ-
шанд, баданро барои қабул кардани давои исҳоловар
тайёр мегардонад ва баъди он ғусл медиҳад баданро
ва инчунин ҳар он чиро, ки дар бадан мавҷуд бошад,
аз бақияи давои исҳоловар пок менамояд. Касе, ки ҳа-
меша инро биёшомад, саломатиашро нигоҳ медорад ва
барои тамоми бемориҳои кӯдакон фоида дорад. Дар
бобати дафъ кардани зарари заҳрҳо, табҳои даврӣ ва
мураккаб мақомаш баробари тарёқи форуқ аст.
Чун ҷавоҳиротро бо оби лиму бисоянд ва чил рӯз
дар оби лиму бигузоранд, инчунин вақт-вақт оби ли-
муро нав гардонанд, онҳоро ҳал мекунад.
438
Мизоҷи тухми лиму дар дараҷаи дуввум гарм ва
дар охири дараҷаи якум хушк аст.
Инро бихӯранд, фараҳ меоварад, бар зидди заҳрҳо
тарёқ мебошад, яъне заҳрҳоро аз бадан дафъ меку-
над ба шарте, ки аз пӯсташ ҷудо карда бихӯранд. Аз
3,5 то 7 грамми онро бо оби гарм ё бо шароб бихоянд,
кундии дандонҳоро, ки аз расидани туршӣ ба ҳам ра-
сида бошад, ислоҳ мекунад.
Чун лимуро батамом хушк намоянд ва ба вазни он
дар шакар сойида бихӯранд, барои манъи ба сар ба-
ромадани бухорот, кушодани гиреҳҳои узвҳои бадан
давои ба ин монандро ёфтан амри муҳол аст.
Лимуи намакхӯрдаро биёшоманд, меъдаро қувват
мебахшад, бӯйи даҳан ва оруғро хушбӯй мегардонад.
Барги лимуро бо андак қаранфули гардан ва ё
дорчинӣ сойида бимоланд, дарди сарро дафъ мекунад,
бидуни дорчинӣ ҳам бимоланд, ҳамин гуна манфаатро
дорад.
Манфаати лимуи ширин назар ба турши он заиф-
тар, вале ба асаб зарар намерасонад.

191. Мош

Ин растанӣ ва дони машҳури зироатӣ аст, ки тух-
машро пухта мехӯранд. Рангаш ба сабзи зардтоб мо-
ил аст.
Мизоҷи мош дар дараҷаи якум сард ва моил ба
хушкист. Агар муқашшар карда, яъне аз пӯсташ ҷудо
карда бошанд, баъд мизоҷаш мӯътадил дар тарӣ ва
хушкӣ мегардад. Мизоҷи пӯсташ мураккаб-ул-қувват
моил ба хушкист.
Хислатҳои шифобахши он: Ин ҳамчун ғизо сабук-
тар аз наск мебошад, бодаш камтар назар ба боқило
ва беҳтарин аз донҳои хӯрокӣ мебошад. Агар бихӯ-
ранд, ғизои хуб, аз он моддаи солим дар ҷигар пайдо
мешавад, вале аз меъда суст мегузарад, хусусан, ки
муқашшари онро пухта бихӯранд. Зеро ки хушкӣ, қув-
вати таҳлилдиҳандагӣ дар худи пӯсташ мавҷуд мебо-
шад.
Мош аз хӯрданиҳои фаслҳои баҳор, тобистон, мав-
зеъҳои гармодор. одамони гарммизоҷ, инчунин беморо-
ни иллатҳои гарм ва тездошта аст. Зеро ки мош тас-
киндиҳандаи ҳарорат, тезӣ ва тафсонандаи сафро ва
хун аст.
Агар инро пухта бихӯранд, асаб ва узвҳои асабони-
ро қувват мебахшад, тавоногии чашмро меафзояд;
барои дарди сари аз гармӣ, назлаҳо, варами забончаи
ҳалқ, сурфа, табҳои гарму тез ва бемориҳои гурда да-
во мебошад, зеро ки табиатан худаш мувофиқи гурда
аст.
Мошро муқашшар карда, бо равғани бодоми ши-
рин кичирӣ пухта бихӯранд, моддаҳои солам дар ба-
дан пайдо мекунад. Аммо барои табҳои сафровӣ бо
барги чилмангӯштак (семизут), коҳу, ҷави кӯфта бо-
яд, ки бипазанд. Мошро муқашшар нокарда бо тур-
шак (щавель) пухта бихӯранд, дарунро мебандад.
Яке аз хусусиятҳои мош он аст, ки бо вуҷуди сар-
дии мизоҷаш моддаи савдоро ҳаракат намедиҳад, ҳам
барои мулоим кардани дарун ва ҳам барои банд кар-
дани дарун фоида дорад. Аммо ҳар гоҳ дарунро му-
лоим кардан мурод бошад, бояд ки муқашшар карда,
бо оби тухми маҳсар ва равғани бодоми ширин бипа-
занд, вале агар мақсад бастани дарун бошад, бо пӯс-
таш бирён намуда, баъд бипазанд ё он ки дар об
ҷӯшонида, он обро рехта дур намоянд, то ки қув-
вати гарммизоҷӣ ва поккунандагии он дур шавад, со-
нӣ оби холиси дигар андохта, пухта бихӯранд.
Агар дарунро банд намудан бо паст гардонидани ҳа-
рорат, ҷӯшиш ва фишори баланди хун мурод бошад,
бо оби туршак ё бо оби анори турш, ки ҳангоми бо
пардаҳои дарунаш будан кӯфта фишурда гирифта бо-
шанд, ё бо татум ва равғани бодоми ширин бипазанд.
Мошхӯрдаи он аз моши муқашшар пухташуда ба-
рои сурфа ва назлаҳои гарм даво мебошад.
Вале хӯрдани мош барои одамони хунукмизоҷ, пи-
рон, инчунин ба касоне, ки дар меъдаашон рутубат,
моддаҳои мурдор ва бод бисёр бошанд, зарар меку-
над, хусусан, муқашшари он; ба дандон ва боҳ ҳам зи-
ён дорад. Давои ин барои одамони сардмизоҷ хӯриш-
ҳои хушбӯйи гарммизоҷ, монанди: занҷабил, дорчинӣ,
зира, мурч, қаранфули гардан, хардал (горчица) ва
ғайра хушбӯйиҳои гарммизоҷ хӯрдан аст; вале барои
гарммизоҷон онро бо оби тухми маҳсар, туршиҳои ном-
бурда ва равғани бодоми ширин пухта хӯрдан аст.
Моши пухтагиро бо сирко хамир сохта, дар вақти
440
ҳаммом кардан гузошта банданд, қӯтури решгаштаро
шифо мебахшад; агар онро бо оби холис хамир сохта
бибанданд, узвҳои сустгаштаро қувват мебахшад ва
дарди онҳоро таскин медиҳад. Пухтаи онро бо шароб
ё бо заъфарон пухта гузошта банданд, дарди узвҳои
латхӯрда ва қатъшударо таскин медиҳад.
Мошро хойида гузошта банданд, узв ва ҷоҳои сар-
мозадаи баданро, агарчи кӯҳна шуда бошад, шифо ме-
бахшад.

192. Маргимоҳӣ

Ин гиёҳро кӯфта, дар об андозанд, моҳиёнро бе
ҳис гардонида ва онҳо чаппа гашта ба рӯйи об мебаро-
янд, ҳатто мемиранд. Бинобар ҳамин маргимоҳӣ ном
гирифтааст. Дар баъзе маҳалҳо тоҷикон инро думиғоз
низ меноманд. Қадди ин гиёҳ ба ҳисоби миёна то як
метр мехезад, баргҳояш хокистарранги пашмакдор, ба
рӯйи замин паҳнгашта ва аз миёни он баргҳо пояаш
мехезад. Аз нимаи пояаш то сар гулҳои зардранги он
мешукуфанд. Дар тиб дар навбати аввал пӯсти пояи
он, ки зардранг аст, ба кор меравад ва баъд аз он
қисмҳои дигараш истифода мегарданд. Қувваташ то
се сол боқӣ мемонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: пӯсти пояашро бихӯ-
ранд, ҳамаи навъҳои балғам, ахлоти ғафс (хоҳ сафро
бошад, хоҳ савдо) бо исҳол дафъ мекунад, бодҳоро па-
роканда месозад: дарди буғумҳо, ниқрис (подагра) ва
ирқуннасо (радикулит)-ро шифо мебахшад, зеро ки ин
хориҷкунандаи ахлоти ғафс аст аз рагҳо ва пайванд-
ҳои бадан. Ин барои одамони сардмизоҷ, тармизоҷ ва
балғамимизоҷ бисёр фоидабахш аст.
Вале ба дарун истеъмол кардани ин барои рӯдаҳо
зарар дорад—давояш катиро ва арпабодиён хӯрдан
аст ва инчунин худашро бо равғани бодоми ширин чарб
кардан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз ҳар як қисми он дар як
рӯз бо шакар то 4,5 грамм аст. Агар онро дар об ҷӯ-
шонида, он обро нӯшиданӣ бошанд, то 10,5 грамм ба
об андозанд. Ин барои истисқо, таҳлил додани варам-
ҳои балғамӣ ва бодӣ даво мебошад.
441

193. Марҷон

Ин ҷисмест сахт, монанди дарахт поя ва шох до-
рад, ки намудҳои сурх, сафед ва сиёҳ дорад —дар зе-
ри об аз замин мерӯяд ба баландии то як метр ва зиё-
да низ. Шохҳояш барг ва самар надоранд. Беҳтарини
он қитъаҳои бузурги сурхранг, ялаққосӣ, бесӯрох ва
камгиреҳи он аст. Баъд аз он сафеди бо сифатҳои ном-
бурдаи он мақом дорад. Сиёҳи он заифтарин навъи он
мебошад.
Шох ё дарахти марҷонро рӯзона аз мобайни санг-
ҳои зериобӣ дар як қатор баҳрҳо берун меоваранд.
Баъди берун овардан нури офтоб ва ҳаво ба он таъ-
сир карда, сахт мегардад. Агар ин дар ҷоҳои чуқури
баҳр рӯйида бошад, чангакҳоро ба расанҳо баста, дар
зери об ин тарафу он тараф ҳаракат медиҳанд, то он
ки марҷон ба онҳо дармонад ва ҳамин тавр боло ка-
шида канда мегиранд. Агар ин дар оби он қадар чу-
кур набошад, ғаввосон даромада, аз ҷояш канда берун
меоваранд.
Мизоҷи марҷон дар дараҷаи дуввум сард ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: марҷон хусусиятҳои фа-
раҳ бахшидан, қабзият кардан, хушк гардонидан до-
рад.
Хӯрдани он васвос, девонагӣ, саръ (припадка), дил-
тапак (дилбозӣ), сустии меъда ва вайрон шудани иш-
тиҳоро дафъ мекунад; санги гурда ва хичакро майда
карда мерезонад; барои бемориҳои сипурз даво меша-
вад, бавосирро нафъ дорад; хун қай кардан, хунрави-
ҳои дигари гуногун, исҳоли хунин аз ҷигар ва аз ҳар
узви дохилӣ, ки бошад ва инчунин захмҳои сатҳи да-
руни рӯдаҳоро дафъ мекунад.
2,25 грамми онро сойида, бо нисф вазни он шилми
бодомро бо сафедаи тухми мурғ сиришта, бо оби ху-
нук бинӯшанд, хунравиҳо ва хун қай карданро ба иб-
ро меоварад, қӯтурро шифо мебахшад (агар марҷонро
сӯхта, дар ин таркиб дохил кунанд, боз ҳам хубтар
аст) ва хуни дар дил шахшударо таҳлил медиҳад.
Марҷонро сойида бипошанд, гӯшти зоиди захмҳоро
мехӯрад ва доғҳои захмҳоро аз пӯст дафъ мекунад.
Инчунин марҷонро сӯхта бипошанд, хунравиҳоро аз
узвҳои беруни бадан манъ мекунад ва агар инро ба
442
дандон бимоланд, дандонро мустаҳкам ва зардии он-
ро дафъ мекунад.
Марҷонро сӯхта, дар об шуста, баъд хушк карда,
чун сурма ба чашм кашанд, обилаҳо, обравӣ, қӯтур,
шилпуқӣ ва монанди ин иллатҳои чашмро шифо ме-
бахшад ва инчунин чашмро қавӣ мегардонад. Агар
онро бо равғани баласон даромехта, дар гӯш чако-
нанд, гаронӣ ва карии гӯшро сиҳат мекунад.
Ҳаким Аминуддавла гуфтааст, ки чун се рӯз ҳар
рӯз 2 граммӣ онро бо сиканҷабин бинӯшанд, варами
сипурзро таҳлил медиҳад ва гиреҳи даруни онро ме-
кушояд. Ва агар сӯхтаи онро бо об биёшоманд, дар ин
амал қавитар мегардад.
Маҳлули марҷонро биёшоманд, иллати махавро ши-
фо мебахшад.
3,5 грамм аз марҷони сойида биёшоманд, бар зидди
тамоми заҳрҳо тарёқ мебошад.
Агар онро бар меъда биёвезанд, ҳамаи иллатҳои
меъдаро нафъ лорад, тарс ва хавфи кӯдаконро дар
ҳангоми хоб дафъ мекунад.
Вале истеъмоли марҷон ба дарун барои гурда за-
рар дорад ва дилро беҳузур (беҷо) мекунад.
Давои ин зарарҳояш катиро хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз марҷон дар як рӯз то
4,5 грамм аст.
Яке аз хусусиятҳои марҷон он аст, ки чун тилло
ва нуқраро аз ҳар яке ба миқдори марҷон дарҳам
гудохта, ангуштарини бонигин аз он тартиб дода мар-
ҷонро ба нигини он ҷо диҳанд, дар вақте ки Моҳ ва
Офтоб дар ҳадди интиҳо ва худ муқоранат (наздик-
шавӣ) ба сайёраи Зӯҳра дошта бошад, гирифтори ил-
лати саръ онро бо худ нигоҳ дорад, дарҳол иллаташ
бартараф мегардад; инчунин дорандаи он ангуштар-
ро ҳаргиз ғаме намерасад.
Марҷони сиёҳи сӯхтаи шусташуда барои дил, ки
заиф бошад, бағоят қувватбахшӣ дорад.
Дар омади гап, тариқи сӯхтани марҷон ин аст.
Марҷонро реза-реза карда, дар кӯзаи сафолин андох-
та, даҳанашро бо гили ҳикмат ё бо гили бӯта маҳкам
карда, як шаб дар танӯри тафсон гузоранд. Пас баро-
варда сойида, истеъмол намоянд. Шарташ ҳамин, ки
дар танӯр набояд сӯхта монанди хокистар гардад.
443

194. Райҳон

Ин растании бӯстонии маълум аст баргҳояш ка-
лонтар ва қисми резабаргҳояш ҳам мавҷуд аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, гиреҳҳои
майнаро мекушояд, варамҳои ҳамаи узвҳоро таҳлил
медиҳад; дилтапак (дилбозӣ), сустӣ ва заъфи меъдаро
шифо мебахшад, инчунин бодҳои ғализро таҳлил ме-
диҳад.
Оби барги онро бо шакар ширин карда биёшоманд,
дарди узвҳои даруни сина, дамкӯтаҳӣ ва сурфаро дафъ
мекунад.
Райҳонро бихоянд ё оби онро дар даҳан гардонанд,
ҷӯшиши даруни даҳанро, ки пухтани даҳан низ мено-
манд, дафъ месозад.
Райҳонро як шаб дар об тар карда, баъд он обро
биёшоманд, узвҳои баданро, ки гарм бошанд, ба сардӣ
меоварад ва онҳоро қувват мебахшад.
Бӯйидани райҳон дарди сареро, ки аз гармӣ бошад
ва инчунин дар вақти сафар дарди сар ба ҳам расида
бошад, таскин медиҳад; иллати ваборо дафъ меку-
над. Аз бӯйи райҳон ҷонварони зиёнкор мегурезанд.
Тухмаш барои ҳамаи мизоҷҳо форам аст, зеро ин
дар мизоҷ мӯътадил мебошад.
Огоҳ кунем, ки кӯфтани тухми райҳонро ҳангоми
таркиб додан бо дигар давоҳо, табибон манъ карда-
анд ва инчунин барои табобат луоби он низ даво ме-
бошад, вале ин қисмаш дар вақти кӯфтан барҳам ме-
хӯрад. Инро муаллифони китоби «Кифояи мансурӣ» ва
ғайра қайд кардаанд, ки дар кӯфтаи тухми райҳон
қуввати манъкунанда ва қабзиятовар зиёд мебошад,
ки кӯфтаи онро ҳангоми исҳол истеъмол намоянд, ра-
во мебошад. Беҳтар аст агар кӯфтаи онро бо шилми
бодомҳо ҳамроҳ карда биёшоманд, бар зидди рафта-
ни дарун хеле мувофиқ аст. Инчунин дар об ҷӯшони-
да, оби онро бинӯшанд ҳам, дар ин бобат хуб аст.

195. Райҳони гӯши муш

Ин аз намуди райҳонҳои резабарг аст, ки баргҳо-
яш монанди гӯши муш мебошанд, яъне баргаш мо-
444
нанди гӯши муш дарозак, гулаш сафеди пуштиранг,
тухмаш монанди тухми райҳони расмӣ мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: дар бобати давогӣ ин
райҳон қавитар аз ҷамилак аст.
Инро дар об ҷӯшонида, он обро бин¬ӯшанд, гиреҳи
майна ва бастагии сӯрохи биниро мекушояд; дарди са-
реро, ки аз сардӣ, тарӣ, балғамӣ, савдовӣ ва бодӣ бо-
шад, дафъ мекунад; молихулиёро, ки вобаста ба пар-
даҳои шикам бошад ва каҷ шудани рӯйро шифо ме-
бахшад, зукомро банд менамояд, зеро, ки таҳлилди-
ҳандаи рутубат ва бодҳои майна аст.
Агар инро бибӯянд, майнаро қувват мебахшад, мас-
тии шароб ва хуморро манъ мекунад, бастагии сӯрох-
ҳои биниро мекушояд.
Хушки ин навъи райҳонро кӯфта дар бинӣ бире-
занд ё обашро чунин кунанд, майнаро аз моддаҳои за-
рарнок пок мегардонад, каҷ шудани рӯй ва саръро ши-
фо мебахшад.
Агар инро бо ҳино якҷо кӯфта, дар ҳаммом ба сар
бимоланд, дарди сареро, ки аз хунукӣ бошад, дафъ
мекунад.
Равғани инро бимоланд, фолиҷ ва бемориҳои асаб-
ро, ки аз сардӣ бошанд, монанди: кузоз (столбняк),
карахтӣ, каҷ шудани рӯй ва ғайраро ба ибро меова-
рад. Ва агар инро ба чашм кашанд, фуромадани зар-
добро ба гавҳараки чашм, ки дар давраи ибтидо бо-
шад, дафъ мекунад, чашми заифро қавӣ мегардонад.
Хушкашро кӯфта, бо асал хамир сохта бимоланд,
кабудии зери чашмро, ки аз шах шудани хун дар зе-
ри пӯст бошад, дафъ мекунад.
Райҳони гӯши мушро хойида, обашро фурӯ баранд,
обравии даҳанро манъ мекунад.
Инро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва барда-
вом бирезанд, дарди гӯшро таскин медиҳад.
Обашро ё равғани онро нимгарм дар гӯш чаконанд
ё латтаро дар равғани он тар карда дар гӯш гузоранд,
гиреҳҳои даруни онро мекушояд.
Ин райҳонро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд.
фараҳ мебахшад, дарди узвҳои даруни сина, сурфа,
зиқ-ун-нафас (астма), дилтапак (дилбозӣ) ва дард кар-
дани дилро ба ибро меоварад; узвҳои ботиниро гарм
445
мекунад бодҳои сипурзро таҳлил медиҳад; дарди рӯ-
даҳо, истисқо ва душвории шошиданро шифо мебах-
шад; ҳайзи бандшудаи занонро мекушояд, қулинҷ (ко-
лит)-и бодиро таҳлил медиҳад.
Агар инро хуб кӯфта, занҳо аз таг бардоранд, ҳай-
зи бандшударо равон месозад.
Миқдори як бор хӯрдан аз райҳони гӯши муши хушк
дар як рӯз то 9 грамм аст ва агар дар об ҷӯшонида,
он обро нӯшиданӣ бошанд, то 32 грамми онро дар об
андозанд.
Вале ба дарун истеъмол кардани ин райҳон ба гур-
да ва хичак зарар дорад. Давои ин зарарҳояш коснӣ
ё тухми чилмангӯштак (семизут) хӯрдан аст.
Тару тозаи инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои
балғамӣ, яъне варамҳои сарди мулоимро таҳлил меди-
ҳад; бо тухми банг (кирмрезонак) даромехта гузошта
банданд, варами хояҳоро мегардонад.
Агар ин райҳонро бо мумравған даромехта гузош-
та банданд, печиши асаб, дарди пушт ва дами шуш-
ро ба ибро меоварад; аммо бо асал сиришта бимоланд,
мондагиро дафъ мекунад. Инчунин чанд бор равға-
нашро бимоланд ҳам, мондагиро аз бадан бармеова-
рад.
Ин райҳонро бо сирко сойида бимоланд, доғҳои кун-
ҷидак ва бадбӯйии арақро дафъ мекунад. Ва ба он ҷойи
бадан, ки хун гирифта бошанд, инро бимоланд, асари
захми онро нест мекунад.
Агар инро ба сирко даромехта гузошта банданд,
заҳри каждумро аз бадан хориҷ месозад.
Хушки инро дуд кунанд, ҷонварони заҳрнок аз он
ҷо мегурезанд ва инчунин зарарҳои ҳавои вабоиро дафъ
мекунад.
Аз райҳони гӯши муш равған ҳам тайёр мекунанд
ба ин тариқ. Кӯфтаи тару тозаи онро фишурда, обаш-
ро дар зарфе рехта, аз болояш ҳамон миқдор равға-
ни зайтун андохта, бо оташи мулоим то обаш батамом
бухор гаштан меҷӯшонанд. Равғани боқимонда — рав-
ғани райҳони гӯши муш ҳисоб меёбад. Ин равғанро
бимоланд, барои фолиҷ, каҷ шудани рӯй, кузоз (столб-
няк), ларзак, дарди нимсар ва дарди сари аз хунукӣ
баҳамрасида даво мебошад. Ва агар инро нимгарм би-
чаконанд, гиреҳи даруни гӯшро мекушояд, гаронии
гӯш ва бодҳои даруни онро дафъ мекунад.

196. Мармарак

Ин гиёҳ намудҳои гуногун дорад, беҳтарини ҳама-
аш навъи хушбӯйи он аст. Тухмаш монанди тухми за-
ғир, бинобар ин инро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон зиғи-
рак (зағирак) ҳам мегӯянд.
Мизоҷи навъи хушбӯяш дар дараҷаи дуввум гарм
ва хушк аст. Мизоҷи навъҳои дигараш ба гиёҳ ва хо-
си онҳо вобаста мебошад.
Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумии он:
рақиқкунандаи моддаҳои ғафс, таҳлилдиҳандаи бод
ва балғам аст, инчунин парокандакунандаи бодҳо ва
кушояндаи гиреҳҳои бадан мебошад.
Оби барги онро бо шири занон даромехта, дар гӯш
чаконанд, дардашро таскин медиҳад ва агар дар бинӣ
чаконанд, дардҳои сарро хоҳ аз гармӣ бошанд ё аз
сардӣ, шифо мебахшад.
Мармараки хушбӯйро бибӯянд, дарди сар меова-
рад, хусусан шароб нӯшида, бӯй кашанд, ин хислаташ
зиёдтар зоҳир мегардад.
Ошомидани ин рӯдаҳоро қавӣ мегардонад ва меъ-
даро қувват мебахшад, истисқо ва бодҳои дарунро
дафъ месозад, пешобро меронад, арақ меоварад, бал-
ғами меъдаро таҳлил медиҳад ва дардҳои онро сокин
мегардонад.
Чун касони гирифтори иллати истисқо барг ва тух-
ми онро, ки монанди тухми зағир аст, ҳар рӯз 7 грамм
аз он бо ҳамин миқдор шакар ба дили наҳор бихӯ-
ранд, оби ин бемориро хушк мекунад ва бо воситаи
пешоб ва арақ доимо дафъ менамояд.
Чун тухми онро бирён карда, бо равғани бодоми
ширин чарб намуда бихӯранд, харошида шудани сат-
ҳи даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад, инчунин исҳоли
хунинро мебандад, вале агар бирённокардаи онро би-
хӯранд, балғамро бо воситаи исҳол дафъ мекунад.
Низ бирёнкардаи онро бо тухми туршак (щавель) би-
хӯранд, исҳоли хунин, захм ва харошида шудани сат-
ҳи даруни рӯдаҳоро дармон мешавад.
Инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахт, пу-
чак ва чиртакҳоро мепазонад.
Табиби машҳури бостонӣ Муҳаммад Закариё ми-
зоҷи тухми мармаракро дар дараҷаи дуввум гарм ва
дар якум тар донистааст.
447
Мегӯянд, ки чун бар тухми мармарак андак-андак
об рехта, бо ангушт бимоланд ва луоби онро бо каме
равғани ёсамин даромехта, се рӯз пай дар ҳам ба ди-
ли наҳор бихӯранд, шарои (аллергияи) савдовиро ба-
тамом дафъ мекунад.

197. Зардолу

Ин меваи маълум аст, ки навъҳои гуногун дорад:
мағзаш талх ва ширин низ мебошад.
Беҳтарини ҳамааш пӯсташ нафис, шодоб, ширин
ва берешаи мулоими он аст, ки мағзи донакаш низ
ширин бошад.
Мизоҷи ин дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст.
Зоҳиран мизоҷи зардолуи ширин гармтар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он, Хусусиятҳои умумии
зардолу: кушояндаи гиреҳҳо ва мулоимкунандаи сах-
тиҳо мебошад.
Хӯрдани зардолуи ширин, агар дар меъда вайрон
нагардад, барои одамони гарммизоҷ форам аст, бӯйи
бади даҳанро дафъ мекунад. Зардолуро дар об ҷӯшо-
нида ё хушкашро як шабонарӯз дар об тар намуда, он
обро бинӯшанд, моддаи сафроро бо исҳол дафъ ва
дарунро мулоим мекунад, ташнагиро таскин медиҳад,
фишор ва ҷӯшиши баланди хун ва сафроро паст ме-
гардонад, тафси меъдаро сокин мекунад, оруғро дафъ
месозад, хусусан майхуши (туршу ширини) он.
Чун бемори таби гарми сафровӣ пухтагии нави
онро бихӯраду аз болояш оби гарм ва асал ошомида
қай кунад, ахлоти кабудранг ва зангорӣ ба қай дафъ
гашта, таби он нест мешавад.
Хӯрдани зардолу зарар ҳам дорад: дар меъда зуд
бадбӯ ва вайрон мешавад, боднок, оруғи турш пай-
до менамояд, табҳои бадбӯро ба амал меоварад; ин-
чунин ба одамони хунукмизоҷ, касоне, ки баданашон
бод дошта бошад, ба иллати сакта гирифторшудагон,
оруғи турш доштагон, меъдаашон заиф ва пирон за-
рар дорад. Давои ҳамаи ин зарарҳояш шакар, муста-
ко, арпабодиён ва ғайра хӯрдан аст.
Аз болои зардолу оби хунук, ях ва барф ва ё онро
аз болои таоми душворҳазм хӯрдан бағоят зарарнок
аст. Дар ин маврид илоҷи он қай карда, баданро бо
448
воситаи ошомидани ҳалила ё чанд рӯз тухми арпабо-
диён хӯрда, пок гардонидан аст.
Зардолуро ба дили наҳор хӯрдан бисёр бад аст.
Агар зардолуро бардавом бихӯранд, сатҳи даруни рӯ-
даҳоро мехарошад. Давои ин барои ҳамаи мизоҷҳо
шакар ва арпабодиён хӯрдан аст.
Мегӯянд, ки ҳар гоҳ баъд аз хӯрдани зардолу фасд
кунанд, яъне хун гиронанд, ранги хун сафед мушоҳа-
да мешавад. Хуллас, бисёри бад хӯрдани зардолу ил-
лати песро ба амал меоварад, зеро ки зуд бадбӯша-
ванда ва пайдокунандаи моддаи балғамӣ мебошад.
Мизоҷи қисми мағзи донакаш талхи он дар дара-
ҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумии он:
боҳро баҳаракатоваранда, дерҳазм аст, вале агар ин-
ро, яъне мағзашро бирён карда, намак зада бихӯ-
ранд, зарари мазкураш ислоҳ мегардад.
Равғани мағзи талх ва ширини онро биёшоманд,
гиреҳҳои баданро мекушояд, сахтиҳоро мулоим меку-
над, дағалии ҳалқ ва шахшӯлии пӯстро дафъ менамо-
яд.
Равғани мағзи талхи онро ба қадри 4,5 грамм биё-
шоманд, кирмҳои меъдаро кушта, бо воситаи исҳол ба-
шиддат дафъ мекунад, варамҳои мақъадро таҳлил ме-
диҳад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезо-
над, барои исҳол, ки аз хунукӣ бошад, даво мешавад.
Ва агар инро бимоланд, бавосири зоҳирӣ ва ботиниро
шифо мебахшад.
Ин равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди он-
ро таскин медиҳад, кирми даруни онро низ мекушад
ва гаронии гӯшро дафъ мекунад, дар ин бобат давои
бемисл аст. Дар дигар хислат ба равғани бодоми талх
наздик аст.
Миқдори як бор ошомидан аз равғани мағзи тал-
хи зардолу дар як рӯз то 14 грамм аст
Мизоҷи мағзи ширини зардолу дар дараҷаи якум
гарм ва тар аст. Равғани мағзи ширини он дар даво-
гӣ заифтар аз равғани бодоми ширин мебошад.
Мизоҷи қисмҳои дигари дарахти зардолу дар дара-
ҷаи дуввум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: баргашро дар об ҷӯшо-
нида, он обро бинӯшанд, кирми меъдаро мерезонад ва
449
пешобро равон мекунад. Агар ин обро кам-кам ва бар-
давом бирезанд, варамҳоро таҳлил медиҳад
9 грамм барги хушки онро кӯфта, бо оби хунук
биёшоманд, исҳолро мебандад.
Оби барги зардолуи талхро бичаконанд, дарди гӯш-
ро таскин медиҳад ва кирми даруни онро мекушад,
Мизоҷи гули зардолу сард ва хушк аст. Агар инро
бихӯранд ё хушкашро кӯфта бипошанд, хунравиҳои зо-
ҳирӣ ва ботиниро қатъ мекунад.
Мағзи донаки талхи онро бихӯранд, дилро беҳузур
мекунад, беҳушӣ меоварад. Илоҷи он қай кардан аст
ва баъд рубби, яъне обҳои ҷӯшонида ғафснамудаи ме-
ваҳои турши монанди оби ғӯраи ангур ва лимон ошо-
мидан аст.

Ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.