Канзи шифо. Муқаддима 6-13

Фасли шашум.
Дар баёни эҳтиёҷ ба мураккаб сохтани давоҳо

Фасли ҳафтум.
Дар баёни кайфияти давоҳои мураккаб ва
муайян кардани миқдори хӯрдани онҳо

Фасли ҳаштум.
Дар баёни донистани дараҷаҳои давоҳои
мураккаб ва муайян кардани онҳо

Фасли нӯҳум.
Дар баёни тариқи муайян кардани
миқдори хӯрдани давоҳои мураккаб

Фасли даҳум.
Дар баёни умрҳои давоҳои муфрад (содда)

Фасли ёздаҳум.
Дар баёни расидан (болиғ шудан) ва муддати
умрҳои давоҳои мураккаб

Фасли дувоздаҳум.
Дар баёни сабаби ихтилофнок будани қавли
табибон дар моҳият ва хусусияти давоҳо

Фасли сенздаҳум.
Дар баёни тариқи гирифтан ва нигоҳ доштани давоҳо

Фасли шашум.
Дар баёни эҳтиёҷ ба мураккаб сохтани давоҳо

Аввалан бояд донист, ки давои муфрад (содда) ҳеҷ
вақт бар зидди бемории дигари дар шафати иллате
мавҷудбуда ба қадри кофӣ муқовамат карда намета-
вонад, яъне дар кайфият ва хосияти худ ба ин кор
кифоятбахш нест, ки дар аксар ҳолат хусусан бемори-
ҳои мураккаби зиддиятнокро дафъ ва нест гардонад.
Бинобар ҳамин давои мураккабро сохтан беҳтар ва
мувофиқтар аст, ки ба он бемориҳо муқовамат намояд
ва таркиби ин давои мураккаб чӣ қадар сабуктар ва
камтар бошад, беҳтар аст. Зеро ки давои содда ба та-
биати бадан нисбат ба давои мураккаб сабуктар ва
сусттар таъсир мебахшад.
Камии миқдори таркиб ва бисёрии қисмҳои он ё
барои қавӣ гаштани даво мебошад, ё барои ҳифзи
(пойдории) қуввати он, ё барои дафъ кардани хусу-
сияти бад, яъне озор ва газанди он, ё барои ба мав-
зеи иллат рафта расидан ва нуфуз кардан ба он, ё
барои дафъ гардонидани кароҳият ва нохушии таъм
ва бӯйи он ва ё монанди ин фоидаҳо ва нест кардани
45
бемориҳои бисёр. Пас, ҳарчанд ин амрҳо зиёд гар-
данд, қисмҳои таркибдиҳанда ҳам афзун мешаванд.
Тафсилоташ он аст, ки сабабҳои умумӣ ва мақсади
таркиб додани давоҳо миқдоран кам ё зиёд гаштани
он барои дафъ кардани бемориҳои матлуб аз ду ҷи-
ҳат кифоятбахш аст: 1. Он ки дар он ягон кайфият ва
сифат пурзӯр ва зиёд бошад аз миқдори матлуб ё ин,
ки заиф ва ноқис бошад ва ё зиддият дошта ва аз ҳам
ҷудо шуда, ба баъзеи узвҳои бадан, қувватҳо ва рӯҳҳо
ё ба баъзе бемориҳо расад. 2. Он ки бемории бадан аз
чанд иллат мураккаб гашта бошад, он даво батанҳоӣ
ба он нуқсони бадан муқобалат нишон дода ва онро
дафъ карда наметавонад. Пас, дар ин мавридҳо ба да-
воро мураккаб кардан зарур надорад, зеро ки бо давое
ё ғизои муолаҷа кардан мумкин бошад, бояд ба давои
ғизоӣ руҷӯъ намуд, ки то ҳоли мизоҷ ва дафъи беморӣ
бо он ислоҳ шавад, инчунин ба даво ихтиёр набояд
кард, агар аз давои камқувват ва осони судбахш ҳо-
ҷат раво гардад, давои қавӣ ва душворро истеъмол
набояд кард. Ҳамчунин бо давои арақовар ва пешоб-
рон мурод ҳосил гардад ва бадан аз таъсири он аз
олойишҳо пок мегашта бошад, давои мулайинро набо-
яд тавсия намуд ва агар бо истеъмоли давои мулайин
бадан аз азият халос мешуда бошад, давои мусҳил
(исҳоловар) додан ҷоиз нест, хусусан давои мусҳили
қавиро бидуни ҳамроҳии давои пазонандаи моддаи
нодаркор набояд фармуд. Зеро давои пазонанда қиво-
ми моддаҳои нодаркорро ба эътидол меоварад ва бои-
си қобилияти дафъ шудани онҳо мегардад. Инчунин
табиб бояд ва ҳатман давоҳои дар таҷрибаҳои худ оз-
мудагаштаро ба кор барад ва инчунин бояд ӯ вуҷуди
шахси шифохоҳ, мизоҷҳои табобат, синну солҳои гуно-
гуни беморонро ба эътибор гирад.
Бояд донист, ки ин ҷо мақсад аз бемории танҳо
гуфтан он аст, ки табиб онро бо як амал, на бо як-
чанд тадбир муолаҷа намояд, масалан, бо хунук гар-
донидан ё таҳлил додани модда, ё бо исҳоловарандаи
сафро ё балғам, ё савдо ва ғайра машғул бояд шавад.
Агар иллат мураккаб аз чанд бемориҳо бошад, муво-
фиқи он чанд навъ усули муолаҷаро ба кор бояд ба-
рад. Масалан: захмҳои гӯшт, ки аз ҷумлаи даридан
ва чок шудан аст, барои дафъ кардани онҳо табиб ба
давои мураккаб ба қувват ва кайфияти иллат дастболо
ба хушккунандаи он мӯҳтоҷ мегардад. Ва агар захми
46
гӯшти бадан мурдор гашта ва бӯйи бад гирифта бошад,
ба давои хӯранда эҳтиёҷ меафтад. Аммо агар иллатҳо
ба давои мураккаб мӯҳтоҷ бошанд, ки он даво кай-
фияте ва сифати қавӣ ва зиёда дошта бошад, пас он
аз шаш қисм иборат аст: 1. Он ки қувват ва кайфияти
давои мураккаб ба қувват ва кайфияти иллат дастболо
бошад ё аз он зоид ва ноқис бошад, масалан, ҳоҷат ба
давое афтад, ки кайфият ва ҳарорати он аз се қисм
иборат бошад ва он давои мувофиқи матлубе, ки ҳа-
рораташ аз чор қисм иборат бошад, пас ночор давои
мураккаб сохта мешавад. Ва ё давое, ки аз чор ҷузъ
иборат бошад, баъди кофӣ гаштани феъл ва таъсир
дар он се ҷузъ аз гармӣ ҳосил шавад, монанди: дар
вақти даромехтани оби бисёр гарм бо оби хунук ва
ҳамчунин аст таркиби давои сардмизоҷ бо давои ху-
нукмизоҷи дигар ё давои сард бо давои гарммизоҷ ва
тармизоҷ; тармизоҷ бо тармизоҷ ё хушкмизоҷ бо давои
мизоҷи хушкдошта, ё хушк бо тар ва ғайра, 2. Он ки
дар он даво сифате ва ҳолате ғолиб бошад, ки зид-
дият ва мухолафат дошта бошад, масалан, қувваташ
бисёр шадид бошад, монанди: афюн, фарфюн, ко-
фур ва монанди инҳо ва ё зуд нуфузкунанда, ки кам-
таре аз он кифоят кунад, монанди: зангор, гӯгирд, зар-
них, оҳак ва монанди инҳо, ки бинобар қувват ва те-
зии баркамол доштанашон ба таркиб кардан бо даво-
ҳои исҳоловари часпандаи шиканандаи қувват ва те-
зии онҳо эҳтиёҷ афтад, монанди: заъфарон ва хояи са-
гобӣ бо афюн ё заъфарон бо кофур; катиро ва шилм-
ҳои дигар бо фарфюн, равғанҳо бо муми занбӯри
асал, сафедаи тухми мурғ бо зангор, гӯгирд ва бо
оҳак. Аз ҳамин қабил аст даромехтани катиро бо мар-
ҷони сӯхтагӣ ва монанди он: биҳӣ, мустако, табошир
ва уди ҳиндӣ дар бемориҳои меъда, ҷигар, рагҳо ва
атрофи ин узвҳо бо сақмуниё ва бо занбӯруғи сафеди
танаи дарахт даромехта мекунанд то он, ки он ҳар ду
даво дар меъда, ҷигар ва рагҳо ва атрофи онҳо нигоҳ
дошта шавад то он, ки онҳо таъсири худро дар он
узвҳо гузаронида тавонанд, ки он таъсир иборат аз ка-
шида берун кардани моддаи сафро ва гудохтани бал-
ғам мебошад, ки аз хосиятҳои сақмуниё ва занбӯруғи
сафеди танаи дарахт аст, ҳамин тариқ ба зудӣ он мод-
даҳои нодаркорро ба рӯдаҳо ва аз рӯдаҳо ба берун
меронанд. Низ ин ҳар ду давоҳо се қувватҳои баданӣ
(нафсонӣ, ҳайвонӣ ва табиӣ) ва се рӯҳи баданӣ ва
47
қувватҳои узвҳои асосӣ ва шарифро маҳфуз медоранд,
ба онҳо манфаатҳои умумӣ мебахшанд, инчунин дил,
ҷигар, меъда ва майнаро аз зарар ёфтан ва офатҳои
дигар нигоҳ медоранд. Зеро ки давоҳои исҳоловари
қавӣ безарар нестанд. Низ бо ҳам омехта кардан ва
таркиб додани давоҳои часпаки тезиро манъкунанда
буда ва суръат» гузариш ва таъсирнокиро маҳдуд ме-
гардонанд, монанди: катиро, шилми бодомҳо ва афюн
бо давоҳои тези қавии зуд нуфузкунанда ва гузаран-
да, монанди: зарнихҳо, танакор, навшодир, шӯра ва
монанди инҳо, то он, ки муддати дароз дар хичак би-
монанду амал ва таъсири худро бибахшанд, вале за-
рар ва газанде ба ин узв нарасонанд. Низ аз ҳамин
ҷумла аст омехтани давоҳои башиддат исҳоловари
пурқувват бо давоҳои исҳоловари дигар ва чарб наму-
лани онҳо бо равғани бодоми ширин, равғани гов ва
монанди инҳо бо турбуд, ҳалилаҳо. Инчунин парвар-
дан ва ташвия додани баъзеи онҳо, монанди: ҳаб-ус-
салотин (тухми беданҷири хитойӣ), ҳаб-ул-мулук (мо-
ҳудона), мозариюн, сақмуниё, анзарут ва дигар даво-
ҳои исҳоловари пурзӯр. Аз ҳамин ҷумла аст даромех-
тани сирко бо шакар ё сиркоро бо асал сиканҷабин
сохтан барои шикастани тези ва суръати нуфузи сир-
ко ва шикастани ҷӯшиш ва ҳаяҷони сафро ва савдо,
барои он, ки туршии тез маҳз баҷӯшоварандаи сафро
ва савдо мебошад. Низ шакар бо асал бинобар хис-
лати часпандагӣ доштанаш шиддати нуфузи сиркоро
манъ мекунад ва тезии онро мешиканад. Табиат ва
қуввати ҷигар ба сабаби камоли рағбат ба шириниҳо
доштанаш онро ба зудӣ ба худ мекашад. Хислатҳои
гуворои шириниҳо: тезии сафроро мешикананд ва дар
ҳамаи роҳ ва маҷроҳои бадан нуфуз мекунанд, гиреҳ-
ҳоро мекушоянд ва ғайраҳоро ба амал меоваранд. Ин-
чунин омехтани равған бо сирко дар он барои фоида
ва манфаатҳои онҳо ба кор меравад. Ва омехтани ши-
ринӣ бо занҷабил, ҳалилаҳо, омула ва мураббо сохтан
аз онҳо бо шакар ва асал ҳамин гуна фоида мебах-
шад. Инчунин аз ҳамин қабил аст таркиб додани да-
воҳои сабуки таъсирбахшанда бо давоҳои зуд нуфуз-
кунанда, монанди: тухми бодиён, карафс, арпабодиён,
равғани баласон ва монанди инҳо, ки бинобар камоли
қуввати нуфузи худ дар ҷигар ва узви махсус қарор
намегиранд ва аз ин рӯ таъсири матлуб, ки кушодани
гиреҳҳо, таҳлил додани моддаҳо ва ғайра аз онҳо ме-
48
бошад, ба амал омада наметавонад. Аз ин ҷиҳат ба
омехта карданашон ба давоҳои онҳоро ба тарафи ҷи-
гар кашанда эҳтиёҷ пайдо мешавад, то он, ки дар ҷи-
гар қарор гиранду ба тарафи дигар нуфуз намоянд,
монанди: тухми турб, ки ба тарафи сари меъда каши-
да мешавад. 3. Он, ки он даво нуфузи суст ва қуввати
заифу таъсираш кам бошад ва амали он бекора, но-
буд ва суст гардад; ё он, ки он даво ба сабаби заиф
будани қуввати худ ва бинобар дурии масофа то узви
иллатгирифта ё ба сабаби хосият надоштанаш ба он
узв дар роҳ пароканда ва парешон гардад ва аз ин
сабабҳо ҳамаи қувватҳои он ба узви матлуб расида
наравад; ё аз он, ки бо он узв мувофиқ бошаду бино-
бар танҳоӣ расида натавонад. Пас дар ин суратҳо ба
давои мураккаби ба он узв зуд нуфузкунанда мӯҳтоҷ
буда, давое лозим аст, ки боиси қувват бахшидан ва
монеи пароканда шудан гашта, таъсир ва қуввати он-
ро ба узви матлуб бирасонад, монанди: дохилшавии
заъфарон дар қурсҳои кофур ва давоҳои дил. Низ яке
аз хосиятҳои заъфарон он аст, ки баъд аз расонидани
таъсири даво ба дил, ҳам бо қуввати гарммизоҷи худ
ва ҳам бо хосият ва асари заъфарон барҳам мехӯраду
таъсир ва қуввати даво боқӣ мемонад. Аз ҳамин ҷи-
ҳат ҳангоми таркиб кардан миқдори заъфаронро дар
қурсҳои кофурӣ аз вазни кофур камтар ва кофурро
дар давоҳои дил аз вазни давоҳои дигар камтар месо-
занд, то, ки ба онҳо ғолиб наояд, балки маҳз бурда
расонандаи онҳо бошад. Низ аз ин ҷумла аст дохил
кардани сирко ба давоҳои хос ба сипурз. Аз ин ҷиҳат
заъфарон ва асорун (копытень) ба таркиби сақмуниё
ва усораи печаки баргаш нӯгтез ва занбӯруғи сафеди
танаи дарахт дохил карда мешавад барои он, ки хар
дуи он қуввати ҳар дуи инро ба майна ва рагҳои он
бирасонад, ки ин ҳар ду давои асоси таъсири худро
бекамукост ба майна ва рагҳои он бирасонанд. Ило-
ва бар ҳамаи ин дохил кардани давоҳои хушбӯйи манъ-
кунанда, кушояндаи гиреҳҳо ва аз моддаҳои нодаркор
поккунандаи узвҳои бадан ба давоҳои варамҳои ҷигар,
майна, меъда, гурда, хичак ва хояҳо, монанди: муста-
ко, уди ҳиндӣ, гулисурх ва зира ё дар давоҳои исҳоло-
вари меъда нормишк (нори ҳиндӣ)-ро; мустако ва би-
ҳӣ дар давоҳои исҳоловари ҷигар, гулисурх бо даво-
ҳои исҳоловари майна — сунбул-ут-тиб; ва ба давоҳои
исҳоловари хояҳо зираро ва ғайра, ки аз ҳамин қабил
49
аст; дохил кардани зарних барои гурда ва хичак хос
буда, ба давоҳои пешоброни бемориҳои гурда ва хи-
чак фоидабахш барои он, ки қуввати онҳоро бекаму-
кост ва суст нагардонида, ба ҳар дуи ин узв мерасо-
нанд. Низ дохил кардани сирко дар равған дар даво-
ҳои гузошта бастани ва молидани ва бобунаро низ
дар давоҳои гузошта бастани ва нӯшидашаванда аз
ҳамин қабил аст. Зеро ки дар бобуна ду қувват мавҷуд
аст — яке таҳлилдиҳанда ва дуввум қабзияткунандаи
ҳаракоти моддаҳои рақиқи равон, ки бо қуввати таҳ-
лилбахши худ дар ҳастии узв таъсир мекунад ва бо
қуввати қобиза маҷроҳои бадан ва масомҳои пӯстро
баста мегардонаду ҷараёни моддаҳои рақиқро манъ
менамояд. Ҳамчунин, ки дар сирко се қувват мавҷуд
аст: яке кушояндаи гиреҳҳо, дуввум нуфузкунанда ва
саввум қабзиятовар. Дар равғани гулисурх низ се қув-
ват мавҷуд аст: яке кушояндаи гиреҳҳо, дуввум таҳ-
лилдиҳанда ва саввум мулоиму сусткунанда, балки
камтар қуввати қабзиятнокӣ низ дорад хусусан дар
ғунчаи ношукуфтаи он. Инчунин бо ҳам даромехтани
занҷабил бо турбуд барои он, ки турбуд бо тезии худ
моддаҳои бегонаи дар узвҳо часпидаро рақиқ карда
ва моддаҳои балғамии ғафсро бе ёрии занҷабил дафъ
карда наметавонад. Мустако барои қувват бахшидан
ба меъда ва ҷигар хос аст. Ҳамчунин аст мураккаб
кардани баъзе давоҳои исҳоловар бо баъзеи дигар ба-
рои афзойиш додани қуввати ёрирасон барои аз ҷоя-
шон кандан ва дафъ гардонидани моддаҳо. Таркиб
кардан ва омехтани шароби софи райҳонии рақиқ бо
обгӯшт барои бемории беҳушиовар ва барои худи бе-
мори ин иллат; кофур бо оби ҷав омехта гардад, барои
одами лоғар дору мешавад. Зеро ки обгӯшт бинобар
часпандагии худ ба маҷроҳо ва роҳҳои гузаштани мод-
даҳои бадан часпида мемонаду ба зудӣ ба узви мат-
луб ва чуқуриҳои бадан намерасад. Шароб бинобар
шиддати нуфуз доштани худ обгӯштро ба узви матлуб
мерасонад ва худаш ҳам ғизои бадан мегардад. Кофур
ҳам ба зудӣ таъсири оби ҷавро ба дил мерасонад, ин-
чунин ин даво барои дил хос аст, низ бошиддат сард
мегардонад. 4. Он ки даво ба рӯҳҳо, қувватҳо ва баъ-
зе узвҳо зиддият ва мухолафат дошта бошад, монанди:
афюн ва дигар давоҳои заҳрноки пурзӯри исҳоловар,
ки ба муҳофазаткунанда ва ислоҳбахш мӯҳтоҷ мебо-
шанд, мисли: афюн, ки дар давоҳои чашм, ки бе иш-
50
тироки заъфарон қурсҳо сохта намешаванд ва даво-
ҳои назлабанд бо заъфарон, хояи сагобӣ ва мушк ис-
теъмол мегарданд. Ҳамчунин афюн дар давоҳои дил,
ки бе иштироки давоҳои номбурда ба кор бурдан ҷо-
из нест, зеро ки агар он ба танҳоӣ истеъмол гардад,
рӯҳҳо ва қувватҳои баданро барҳам медиҳад, ҳарора-
ти табиӣ, яъне гармии модарзодиро хомӯш мегардо-
над. Инчунин давоҳои пурқувват ва исҳоловари заҳр-
нок, ки бидуни ҳамроҳ намудани доруҳои ислоҳбахши
феъли онҳо ва нигоҳдорандаи қувваҳо, рӯҳҳо ва узвҳо,
хусусан аъзои раиса, ки дил, майна, ҷигар, меъда, гур-
да, хояҳо ва хичак мебошанд, истеъмол карда наме-
шаванд, монанди: сақмуниё бо шилм, катиро ва ғай-
раҳо аз давоҳои часпанда, ислоҳбахш, ташвия, пар-
варда кардан ва давоҳои муҳофазаткунандаи арвоҳ
(рӯҳҳо) ва қувватҳо истеъмолаш ҷоиз нест. Ба ҳамин
монанд аст зангор ва мисли он давоҳо бидуни дохил
кардани шилмҳо, муми занбӯри асал ва равғанҳо ис-
теъмол намешаванд — инро дар боло низ хотирнишон
намудем. 5. Он ки давои бадбӯ ё бадтаъм бошад, та-
биат онро қабул намекунад, монанди: шилми болдир-
ғон, сабир (алоэ), ки ин ҳар ду мӯҳтоҷ мебошанд ба
ислоҳбахши худ ва даромехтан бо давоҳои хушбӯйи
хуштаъми монанди: заъфарон ва асал, баъд онҳо лои-
қи қабули табиат ва барҳам хӯрдани нафрати бадан
нисбат ба онҳо мегарданд, инчунин тезии онҳо ҳам
нест мегардад. 6. Он ки узв ба сабаби шарофат, лато-
фат, шиддат ва тезии ҳисси худ ба давоҳои қавӣ, те-
зи сӯзанда ва доғкунанда бардошт надорад, масалан:
дил, майна, чашм, сари меъда, ки ба давоҳои мурак-
каби тезии онҳоро шикананда ва узвро ба худ ром-
гардонанда, монанди: катиро, луобҳо, афюн, бангдо-
на ва омехтани онҳо ба давоҳои қувватбахши нигаҳ-
дорандаи хислати онҳо дар давоҳои хӯрда ва нӯши-
дашаванда, ки шилмҳо, равғанҳо, муми занбӯри асал
ва сафедаи тухми мурғ мебошанд, мӯҳтоҷанд.
Аммо мураккаб сохтани даво барои иллати бисёр-
ҷинса бошад, он се қисм аст: 1. Он ки беморӣ аз ду
хилт иборат бошад ва давои танҳо ҳар дуи он модда-
ро аз бадан дафъ карда наметавонад, монанди: таби
шатр-ул-ғиббро, ки моддаи он аз сафро ва балғам
таркиб ёфтааст. Пас, дар ин ҳолат барои муолаҷаи он
ба давои мураккаби берункунандаи сафро ва балғам
эҳтиёҷ меафтад. Давои матлуб дар ин амал, масалан.
51
сақмуниё бо гӯшти ҳанзал (тарбузи абӯҷаҳл) омехта
шаванд, шифо мебахшад; вале агар моддаи он иллати
мураккаб аз савдо ва балғам иборат бошад, ба таркиб
кардани санги арманӣ бо лоҷвард эҳтиёҷ меафтад.
Агар захмҳои римнокро табобат кардан лозим ояд,
дар ин ҳолат ба давои поккунандаи рим ва ҷудо кар-
дани гӯшти ҳаром эҳтиёҷ пайдо мешавад, то ки гӯшти
солим бирӯяд. Пас, ночор давоҳои римро дуркунандаю
гӯшти тоза рӯёнандаро бо ҳам омехтан зарур мегар-
дад, ки ин даво шилми санавбар бо зангор марҳам
сохта мешавад. Ва барои табобати варами сахти сар-
ди ҷигар, ки дар он пазонанда ва таҳлил додани ва-
рам зарур аст, барои дафъи ҳамаи ин ҳоли ҷигар да-
вои содда ёфт намешавад. Бинобар ин дар таркиб до-
дани давои муносиб барои пазонидан ҳулбаро, барои
кушодани гиреҳҳо талхшувоқ, барои таҳлил додани
варам заъфарон ва барои қабзият ва нигоҳ доштани
қуввати он гулисурх — ҳамаро бо ҳам даромехтан ло-
зим меояд. Зеро ки агар моддаҳо пухта шаванд, гиреҳ-
хо кушода шуда, варам таҳлил ёфта, он моддаҳо ба
осони дафъ мегарданд; ва аз сабаби банд гаштани
маҷроҳо ва нигоҳ дошта шудани қувват моддаҳои на-
ви бегона ба он узв рехта намегарданд. Сабаби дигаре
он аст, ки агар пеш аз пухта шудани модда давоҳои
таҳлилдиҳанда истеъмол карда шаванд, қисми лати-
фи (суюқи) модда ба таҳлил меравад ва қисми ғаф-
саш шах шуда, дар натиҷа беморӣ кашол меёбад. Он,
ки агар дар варамҳои сахт ва сарди ҷигар, ки ба са-
баби гиреҳ пайдо шудан найчаи мобайни ҷигар ва си-
пурз банд гашта бошад, дар натиҷаи ин ахлоти ғафси
савдовӣ дар ҷигар ҷамъ мегарданд, зеро онро сипурз
аз ҷигар ба худ кашида наметавонад. Инчунин дар
варами гарми хунӣ ё сафровӣ, ки беморӣ мураккаб аз
бадмизоҷӣ ва даридан мураккаб мебошад—дар ин
ҳолат ба таркиб додани давои мураккаби сардмизоҷ
эҳтиёҷ меафтад; барои дафъ кардани мизоҷи бади
гарм ва ба давои радкунандаи моддаҳои зарарноки
аз нав ба ҷигар рехташаванда ва барои титу паро-
канда гардонидани моддаи дар он рехташуда; инчунин
ба давоҳои қувватбахши қабзиятовар монанди: бо ҳам
даромехтани биёраи бебарги каду бо сандал, бобуна
ва ақоқиё ном шилм зарурат пайдо мешавад. Қисми
дуввум он, ки давои соддаи ду қувватдошта пайдо кар-
да мешавад: яке аз он ҳар ду қавитар ва дигаре за-
52
ифтар барои бемории мураккаби иборат аз ду иллат,
бо тезии худ ба он ду беморӣ муқобалат карда наме-
тавонад. Зеро ки яке аз қувватҳои он пурзӯр буда, фа-
қат ба як беморӣ ғолиб меояд, вале бо қуввати дига-
раш, ки заиф аст, дар амри барҳам додани бемории
дуввум ноқис мебошад. Пас, ночор барои тартиб до-
дани он давои мураккабе, ки ҳар ду қуввати онро
мӯътадил гардонад, ҳоҷат меафтад, масалан, ба бобу-
на. Пас ҳар гоҳ бошиддат қабзият намудан мақсад
бошад, бояд онро бо давои қабзиятовар даромехт ва
ғайра. 2. Давоеро, ки дар он ду қувват бошад: яке аз
он қавитар ва дигаре заифтар барои бемории мурак-
каб аз ду иллат бошад, ёфтан даркор аст. Он даво
ба ҳар ду иллат баробар муқобалат ва муқовамат
карда наметавонад. Зеро яке қувватҳои қавӣ буда, ғо-
либ меояд ба яки он беморӣ, вале бо қуввати дувву-
маш аз иллати дигар заиф ва ноқис аст. Пас ночор
эҳтиёҷ ба тартиб додани давон дигар, ки ҳар ду қув-
ваташ баробари он ҳар ду беморӣ бошанд, эҳтиёҷ ме-
афтад. Масалан: дар ин ҷо бобунаро ихтиёр мекунанд,
ки қуввати таҳлилдиҳандааш бештар аст назар ба
қуввати қабзиятовари он. Модом ки мақсад қабзияти
шадид ба амал овардан бошад, онро бо давои қабзия-
товар таркиб додан лозим аст, ки то мурод дар муо-
лаҷа ҳосил гардад. 3. Он ки яке аз ду ҷузъи беморӣ
шадидтар аз дигаре бошад, давои содда бар зидди
ҳар ду беморӣ комилан таъсирбахш ёфт намешавад.
Пас, дар ин сурат ҳам барои сохтани давои мураккаб,
ки ба ҳар дуи беморӣ таъсири мусбат расонад, мӯҳ-
тоҷанд. Барои ҳамин ягон чиз ба бобуна ҳамроҳ на-
моянд, ки қуввати таҳлилдиҳандаи онро кам намояд,
Агар қуввати қабзиятовари онро афзудан мурод бо-
шад, давои афзойишдиҳандаи қабзият бояд ҳамроҳ на-
муд, ва илло қуввати таҳлилдиҳандаи онро изофа сох-
тан мақсуд гардад, то ки қуввати давои мураккаб
баробари беморӣ гардад, ин гуна даво оби ҷав ба бо-
буна ҳамроҳ кардан аст барои иллати захми шуш ва
таби диқ (лоғаркунанда), ки танҳо бо воситаи сардии
мизоҷи худ ҳароратро хомӯш карда наметавонад, ам-
мо бо қуввати поккунандаи худ барои захми шуш ки-
фоятбахш ва баробарқувва мебошад, вале барои час-
понидани захми он каме ноқис аст. Бинобар ҳамин
катиро ва гили махтум дар захми шуш барои зарурат
ва кофур дар таби диқ изофа бояд намуд, то ки қув-
53
вати часпонидан ва сардии мизоҷи онро қавӣ гардо-
нида, ба захми шуш вафо намояд ва таби диқро дафъ
кунад. Як даворо барои як беморӣ ба кор мебаранд
дар он ҳолате, ки иллат мустаҳкам набошад. Аммо
дар сурати зиёд будани миқдори беморӣ дар як бадан
ва ҳангоми мустаҳкам гаштани он барои сохтани да-
вои мураккаб зарурат меафтад. Ҳарчанд таркиби ма-
раз (беморӣ) зиёдтар бошад, таркиби даво ҳам муво-
фиқи он бояд бияфзояд, то он, ки муддао — табобат
ҳосил гардад.

Фасли ҳафтум.
Дар баёни кайфияти давоҳои мураккаб ва
муайян кардани миқдори хӯрдани онҳо

Дар ин бора қоида чунин аст, агар якчанд давоҳо-
ро бо ҳам даромезанд, ки ҳар яке он ба таркиб даро-
янда барои мақсади муайян бошад, бояд ки таносуби
миқдори хӯрдани ҳар яке аз онҳо монанди нисбати
вазифаи матлуби таркиби онҳо бошад. Масалан: агар
таркиби даво аз панҷ чиз мураккаб шуданаш матлуб
бошад, барои як бор хӯрдани аз ҳар як давои содда
панҷяк миқдори хӯрданашро гирифта, баъд бо ҳам
даромехта мекунанд, ки ин як хӯрдании комил мебо-
шад. Агар мақсад се давои соддаро бо ҳам омехтан
даркор бошад, аз ҳар яки он сеяк миқдори хӯрда-
нашро гирифта, баъд бо ҳам меомезанд, ки ин низ як
хӯрдании комил аст. Вале агар масалан, аз шаш да-
вои содда барои шаш бор хӯрдан давои мураккаб
тайёр кардан даркор бошад, аз ҳар яки онҳо як миқ-
дори хӯрданро гирифта, ба ҳам меомезанд; ва барои
сиву шаш маротиба хӯрдан бошад, аз ҳар яки он шаш
давоҳои матлуб шаш миқдори ошомиданро бо ҳам да-
ромехта, баъд ба сиву шаш тақсим карда, ҳар бор як
қисми онро истеъмол мекунанд.
Агар инро дақиқтар баён намоем, масалан, барои
дафъ кардани сафро ва балғам аз омехтаи сабир, зан-
бӯруғи сафеди танаи дарахт, гӯшти ҳанзал (тарбузи
абӯҷаҳл) ва сақмуниё, ки чор намуд аст, давои му-
54
раккаб тартиб додан даркор бошад дар ҳолате, ки
миқдори як бор хӯрдан аз занбӯруғи сафеди танаи да-
рахт 2 дирам (ҳафт грамм), аз сабир ва гӯшти ҳан-
зал аз ҳар як 2/3 дирам (2,3 грамм) ва аз сақмуниё
ним дирам (1,75 грамм)—ҷамъаш 3 5/6 дирам (13,42
грамм) аст. Аз ин ҳисоби чор дору чоряки он 3,355
грамм, ки миқдори як бори комил хӯрдани он меша-
вад. Агар сафро ё балғам зиёдтар бошад, барои ин
миқдори давои дафъкунандаи ин ё он моддаро ба
нисбати он зиёд ва дигарашро кам кардан даркор аст.
Равшантар бигӯем, ки агар сафроро аз балғам дида
зиёдтар исҳол додан матлуб бошад, бояд ки сабир ва
сақмуниёро зиёда аз занбӯруғи сафеди танаи дарахт
ва гӯшти ҳанзал бигардонем ва ҳар дуи сониро кам
сохта, миқдори хӯрдани даворо муайян намоем. Ба
ҳамин қиёс риоя карда, давои мураккабро тартиб ме-
диҳанд. Масалан, агар аз ҳафт давои содда доруи му-
раккаб сохтан даркор бошад, аз ҳар як ҳафтяки миқ-
дор, ки як бор хӯрдани он аст, гирифта, ҳамаро мео-
мезанд — ин як миқдори хӯрдан ва агар аз ҳар як як
миқдори томи хӯрдан бигиранд, инро барои ҳафт бор
хӯрдан ба ҳафт қисмат бояд намуд. Дар ин хусус як
чизро таъкид намоем, ки ҳангоми давоҳои соддаро бо
ҳам даромехтан қисмҳои асосии онро набояд кам ё
зиёд гардонанд, то, ки доруи мураккаби сохташуда
ноқис, бекора ва заиф нагардад. Инчунин огоҳ мена-
моем, ки ягон даво дар вақти таркиб додани доруи му-
раккаб набояд вайроншуда ё қувваташ барҳамхӯрда
бошад, масалан: гӯшти афъӣ дар тарёқи форуқ; са-
мари ғор дар тарёқи чоргона; сабир дар иёраҷи фай-
каро ва ғайра, ки бояд дар ҳолат ва намуди солим
бошанд. Илова бар ин ҳар як ҷузъи давои мураккаб
аз миқдори худ, ки бояд ҳамон қадар дохил карда ша-
вад, кам ё зиёд набошад, то ки мақсад беоқибат на-
монад. Аммо давоҳои ислоҳдиҳандаи ҳоли давоҳо, ба
узв ва ҷойи матлуб расонанда ва монанди инҳоро, ки
мавқеашон дуввумдараҷа бошад, мумкин аст, дар вақ-
ти зарурат кам ё зиёд карда шаванд. Инчунин даво-
ҳои қувват ва хусусиятҳои давоҳои муҷовирро вайрон
ва заиф мекарда бошанд, набояд ба давои мураккаб
дохил кунанд. Масалан, балодур (анакардия)-ро, ки
мурдоркунандаи гӯшт ва заифкунандаи аксари даво-
55
ҳои тарёқӣ мебошад, ҳангоми таркиб додани давои
мураккаб ба онҳо набояд даромехт.
Хуллас, табиб ҳангоми дору тайёр кардан ва ё дар
вақти фармудан ба бемор барои хӯрдан давои мурак-
кабро мувофиқи ҳар як иллат созад ва мизоҷи бемор
(ё беморӣ), мизоҷи даво, фасли сол, бо ҳам мувофа-
қатнокии давоҳо ва дараҷаву мартабаҳои синну соли
бемор, вуҷуди ахлот (хилтҳо)-и бадан, ҳолат ва қув-
вати узвҳоро дар мадди эътибор дошта бошад, то ки
аз табобат мурод ҳосил гардад. Низ табиб бояд ори-
фи кори худ бошад ҳангоми ба кор бурдани давоҳои
тарёқӣ, заҳрнок, холис ва ғайри холис, сара ва носа-
ра, то ки дар кораш хатоӣ содир нагардад.

Фасли ҳаштум.
Дар баёни донистани дараҷаҳои давоҳои
мураккаб ва муайян кардани онҳо

Вақте ки чӣ гуна будани мизоҷи давоҳои мурак-
кабро, ки гарм, сард, тар, хушк ё мӯътадил аст, му-
айян намуданӣ бошанд, мулоҳаза намоянд, ки миқдо-
ри хӯрдани ҳар як қисми он баробаранд ё на: ё ҳамаи
онҳо гарммизоҷанд бо хушкмизоҷӣ ва ё ҳамаашон
гарммизоҷанд бо тарии мизоҷ ва ё ҳамаашон сарду
хушкмизоҷ ва ё ҳамаашон сарду тармизоҷ, ва ё ин,
ки гуногунанд дар мизоҷ. Дар ин ҳолат тамоми миқ-
дорҳои дараҷаҳои гармӣ, сардӣ, тарӣ ва хушкии ҳар
як гурӯҳро бо ҷинси худ ҷамъ намоянд, баъд ба ада-
ди давоҳо тақсим карда, ҳосили тақсимро дараҷаи
мизоҷи он давои мураккаб донанд. Агар дараҷаи ми-
зоҷ тароват дошта бошад, аз адади бисёр камашро
тарҳ намоянд ва боқимондаро ба адади давоҳо тақсим
кунанду ҳар як қисми ҳаммиқдорро бигиранд. Маса-
лан: миқдори хӯрдани давоҳои содда як хел, дар кай-
фияти, яъне мизоҷи гармӣ ва хушкии онҳо низ якранг,
вале дар мартабаҳои ҳар дуи ин мизоҷ гуногун бошад,
чун: тарёқи чоргона қисмҳояш мувофиқи нусхаи (ре-
цепти) асли он иборат аз самари ғор, ҷинтиёно, мур-
ри маккӣ ва зарованди тавил аст—миқдори ҳар чори
онҳо баробар. Аммо самари ғор ва мурр — гарммизоҷ
ва хушкмизоҷанд дар дараҷаи дуввум; вале ҷинтиёно
ва зарованди тавил—гарммизоҷ дар дараҷаи саввум
56
ва хушкмизоҷ дар дуввуманд. Пас дараҷаҳои гармии
самараи ғору мурр ду дараҷагӣ — ҷамъ чор дараҷа
мешавад; вале ҷинтиёно ва зарованди тавил—ҳар яке
дар дараҷа сетогӣ—ҷамъ шаш дараҷа аст. Инак, ҳа-
маи дараҷаҳои гарм 10-то мешавад. Ду давои дигар
сетогӣ дараҷаҳои хушкӣ доранд—ҷамъ шаш мешавад,
низ ду давои аввал, дар дараҷаи дуввум хушк гуф-
тем— ҷамъ чор дараҷа мешавад. Инак, дараҷаҳои
хушки он чор даво, ҷамъ 8 мебошад. Акнун барои ёф-
тани дараҷаи умумии гармиро ба миқдори давоҳо, ки
чорто буд, тақсим кунем 2,5-тогӣ мерасад —ин дара-
чаи гармии мизоҷи тарёқи чоргона аст, ки дуву ним
дараҷа мебошад. Акнун ҷамъи дараҷаҳои хушкро, ки
ҷамъ 8 буд, ба миқдори давоҳо, ки чор аст, тақсим
кунем, ҳосилаш 2 мешавад — ин дараҷаи хушкии ми-
зоҷи тарёқи чоргона мебошад. Инак, тарёқи чорго-
наи мазкур, ки мураккаб дар 2,5 дараҷа гарм ва дар
2 дараҷа хушк будааст.
Е ки бигирем тарёқи мураккаби ҳаштгонаро, ки аз
самари ғор, ҷинтиёно, мурри маккии соф, зарованди
тавил, решаи ревоч, пӯсти решаи кавар, қусти талх
ва зардчӯба иборат аст — аз ҳама баробар якмиқ-
дорӣ гирифта шудааст. Аммо мизоҷи зарованд, ҷинти-
ёно ва қуст—ҳар се гарм дар дараҷаи саввум ва хушк
дар дараҷаи дуввум; пӯсти решаи кавар, зардчӯба —
мизоҷи ҳар яки инҳо гарм ва хушк дар дараҷаи дув-
вум; самари ғор, мурри маккӣ — мизоҷи ҳар ду гарм
ва хушк дар дараҷаи дуввум; мизоҷи зарованд дар да-
раҷаи якум гарм ва дар дуввум хушк мебошад. Пас,
ҷамъи қисмҳои гарммизоҷ аз 20 дараҷа иборат аст ва
қисмҳои хушкмизоҷ аз 18 дараҷа иборат аст. 20:8 =
=2,5; 18:8 = 2,25 мешаванд. Ҳамин тариқ ин тарё-
қи мураккаб, ки аз ҳашт даво сохта шудааст, дар 2,5
дараҷа гарм ва дар 2,25 хушк аст.
Мисоли дигар. Давои мураккаб аз ду давои соддаи
баробарвазн ва мизоҷаш гуногун: тарёқи гил, ки аз
самари ғор ва гили махтум иборат аст. Мизоҷи сама-
ри ғор гарм ва хушк дар дараҷаи дуввум, гили мах-
тум хунукмизоҷ дар дараҷаи якум ва хушк дар дуввум.
Пас, ҳамаи дараҷаҳои гарм—2, сард — 1, хушк — 4
мебошанд. Чун 1-и сардро аз 2-и гарм тарҳ кунем
(2 —1 = 1 дараҷа гарм мешавад; ва 1-ро ба 2, ки
миқдори давоҳо аст, тақсим намоем, 0,5 мешавад. 4
дараҷаи гармро, ки адади давоҳои таркиб ду аст, тақ-
57
сим кунем (4:2 = 2), ҳосилаш 2 дараҷа мешавад. Маъ-
лум шуд, ки давои мураккаб дар ним дараҷа гарм ва
дар 2 дараҷа хушк мебошад.
Инак, осонтар ва аниқтар таркиб додани давоҳои
мураккаб ба салоҳдиди табибони ҳозиқ мансуб аст.
Инаш ҳам равшан аст, ки агар давои мураккаберо
тартиб доданӣ шавем, миқдори гирифтан аз ҳар қисми
онҳо ба адади давоҳои дохилшаванда вобаста аст.
Масалан: давои мураккабе, ки аз ду давои содда ибо-
рат бошад, агар аз ин таркиб миқдори як хӯрдан тай-
ёр карда бошем, аз ҳар яке ним хӯрданӣ гирифта, ба
ҳам меомезем—ин миқдори як хӯрдании он мебошад.
Агар давои мураккаб аз се, чор ва ғайра иборатбуда-
ро сохтанӣ шавем, фарз кардем, миқдори як хӯрдан
даркор бошад, аз ҳар як даво сеяк; ва аз чор даво
таркиб сохтанӣ бошем, барои як миқдори хӯрдан аз
ҳар яке чоряк миқдори хӯрданӣ гирифта, ҳамаро ҷамъ
мекунем, ки ин як хӯрдании комил мебошад. Агар аз ин
чордору ду миқдори хӯрдан тайёр кардан мурод аф-
тад, аз ҳар як ним миқдори хӯрданӣ гирифта, онҳоро
бо ҳам меомезем.

Фасли нӯҳум.
Дар баёни тариқи муайян кардани
миқдори хӯрдани давоҳои мураккаб

Миқдори хӯрдани ҳар давои мураккабро муайян
карданӣ бошанд, аввал бояд, ки миқдори вазн ва ада-
ди онро аниқ кунанду баъд як қисми нисбати онро
бароваранд, ки ин миқдори як бор ошомидани он аст.
Масалан, агар вазни ҳамаи давои мураккаб 105 грамм
бошад ва даҳ бор хӯрданӣ шаванд, пас 105: 10, ки
миқдори як бор хӯрданаш аз 10,5 грамм иборат аст.
Вале агар сӣ хӯрданӣ бошад ва вазни давои мураккаб
10,5 граммро ташкил кунад, дар ин ҳолат 10,5:30 =
= 0,32, ки миқдори як бор хӯрданаш 0,32 грамм аст
тақрибан. Хуллас, ки дар ин маврид вазни давои му-
раккабро ба адади хӯрданӣ тақсим мекунанд ва ҳо-
сили тақсим миқдори як бор хӯрданӣ мебошад. Ба ҳа-
мин қиёс миқдори як бор хӯрдании давои мураккабро
муайян менамоянд.
58

Фасли даҳум.
Дар баёни умрҳои давоҳои муфрад (содда)

Давоҳои содда аз се ҷинс берун нестанд: ё маъда-
нӣ мебошанд ё наботӣ ва ё ҳайвонӣ. Пас умрҳои да-
воҳои маъданӣ гуногун мешавад. Умрҳои ҳар як син-
фи онҳо вобаста ба пайдоиш, мустаҳкамӣ, андозаи
пуррагии таркиб, зичии қисмҳои таркиб ва суст буда-
ни ҷавҳарҳо, инчунин ба надоштани ин гуна хислат-
ҳояшон аст, монанди: тилло, санги алмос, ёқут, зумур-
рад ва монанди инҳо аз ҷавоҳирот, ки муддати дароз
бақои худро нигоҳ медоранд, вайрон намегарданд. Ам-
мо нуқра ва маъданиёт (ҷавоҳирот)-е, ки таркибашон
ноқис бошад, монанди: мис, оҳан, сурб (қӯрғошим) ва
ғайраҳо бисёр боқӣ намемонанд ва ба зудӣ вайрон ва
бекора мегарданд, хусусан агар як муддат дар об ни-
гоҳ доранд ва дар хок дафн кунанд, аз кор мебаро-
янд. Аммо зангор, ки қувваташ дар муддати як сол
кам мегардад ва рафта-рафта бекора мешавад; қувва-
ти сафедоб то шаш сол боқӣ мемонад; қуввати мурдор-
санг солҳои бисёр боқӣ мемонад, инчунин иқлимиё,
марқашишо ва тӯтиё ҳам умри дароз доранд. Аммо
заҳрмӯҳраи хитойӣ, подзаҳри қандаҳорӣ ва навъҳои
хушранг, хушбӯй ва суфтаи онро умр муддати дароз
боқӣ мемонад. Вале муддати бақои умри лӯълӯ (мар-
вориди калондона) аз заҳрмӯҳра камтар аст. Муддати
бақои умр ва қуввати гилҳои хушбӯй монанди: гили
доғистонӣ, гили махтум ва он чӣ ба ин ҳар ду монанд
бошад, аз лӯълӯ камтар аст.
Ҳамаи санг ва гилҳои шифобахшро чун бисоянд ва
муддате ҳамон тавр бигузоранд, қуввати онҳо заиф ва
бекора мегардад ва рафта-рафта мисли санг ва гилҳои
дигар мегарданд дар хислат ва мартабаҳои худ. Гил
ва ғайра модом, ки бӯяшон боқӣ бошад, қувваташон
хаст.
Ҳамаи давоҳои аз растаниҳо гирифташаванда, аз
қабили: шилмҳо, усораҳо, гулҳо ё ширҳояшон, ё рав-
ған, ё баргҳо, ё дона ва тухмҳо, ё шохҳо ва решаҳо,
ё ришҳо, пӯстлох ва монанди инҳо мебошанд. Пас,
шилмҳо, ки муддати бақои қувваташонро то се сол
нигоҳ медоранд, вале усораҳо аз инҳо камтар бақо до-
ранд. Аммо гул ва шукуфаҳо, инчунин баргҳо, ки ба-
қои қуввати онҳо бо хосияти худ аз як то ду сол пой-
59
дор мемонад ва баъд онҳо заиф ва бекора мегарданд.
Вале ширҳои растаниҳо ва гиёҳҳои ширдор аз ҷумла:
сақмуниё (аз оилаи печакҳо), фарфюн (ба русӣ мо-
лочай), афюн ва монанди инҳо дуру дароз боқӣ мемо-
нанд, аз ин ҷумла, сақмуниё қуввати худро то бист
сол нигоҳ медорад ва баъд аз он заиф мегардад;
фарфюн то чор сол, афюн—50 сол ва зиёда аз ин
ҳам қуввати худро нигоҳ медорад. Инак, қуввати шир-
ҳои растаниҳо то даҳ сол боқӣ мемонад. Вале равған-
ҳоро мегирифта бошем, агар сардмизоҷ бошанд, хусу-
сан тармизоҷ бошанд, дар ду-се ҳафта заиф мегар-
данд, аммо равғанҳои гарму тармизоҷ ва хушкмизоҷ
вобаста ба мартабаҳои худ аз як то ду сол қуввати
худро нигоҳ медоранд ва баъд бекора мегарданд. Ам-
мо равғани баласон чизи дигар аст ва он аз қабили
ширҳо буда, қувваташ муддатҳои дароз боқӣ мемонад,
инчунин мегӯянд, ки ҳарчанд кӯҳнатар гардад, сара
ва қавитар мешавад. Равғани кофур (камфорное мас-
ло) то ду сол қуввати худро нигоҳ медорад.
Тухмиҳои растаниҳо гуногун мебошанд. Он чӣ рав-
ғани бисёр дошта бошанд, монанди: чормағз, бодом,
писта, чилғӯза, кунҷид, тухми кӯкнор ва бодиринг, тух-
ми тарбуз ва харбузаву каду ва мисли инҳо то як сол
қуввати худро нигоҳ медоранд. Он чӣ камравған бо-
шанд, монанди: тухми ҳулба ва индову хардал, арпа-
бодиён ва мисли инҳо вобаста ба нигоҳ дошта шуда-
ни онҳо аз таъсири рутубат, хок, бод ва ғайра буда, то
ду сол қувваташон боқӣ мемонад.
Шохҳои дарахтон ва гиёҳҳо, ришҳои онҳо, реша ва
пӯстлохҳояшон низ гуногунанд. Бақои қуввати онҳо ба
сахтӣ, сустӣ, заифии ҷавҳарашон вобаста аст. Зардчӯ-
ба, зарованд, дорчинӣ, занҷабил ва монанди инҳо ме-
бошанд, ки қуввати онҳо то даҳ сол боқӣ мемонад. Ва-
ле агар дар онҳо рутубати фузлия (тарии зиёдатӣ)
бошад ҳам, монанди: занҷабил, решаи чӯби чинӣ ва
зарованд ҳамчунин аст. Решаи савсани кӯҳӣ, сабзии
даштӣ ба зудӣ кирм онҳоро мехӯрад, зуд заиф ва бе-
кора мегарданд, вале агар кирм назанад, устувор ме-
истанд.
Он чи аз ришҳои растаниҳо ва решаҳои исҳоловар
бошанд, қуввати онҳо то се сол боқӣ мемонад, баъд
батадриҷ бекора мегардад.
Давоҳои ҳайвония, монанди: чарбӣ, заҳра, ҳазорхо-
наи ҳайвони ҳанӯз алаф нохӯрда, ки инро панирмоя
60
низ мегӯянд ва аз шиками модарашон ситонида шуда,
шох, суми яклухта, суми дутоҳа, саргин, писк ва ху-
нашон ҳар як тарзи ба худ хосро моликанд. Аз инҳо
чарбиро, ки намак хӯронанд, қувваташ то як сол боқӣ
мемонад, аммо барои марҳамҳо истифода бурдан ва
ба давоҳои мураккаб дохил кардан намешояд. Вале
заҳраи ҳайвон бошад, муддати бақои қувват бештар
аз чарбӣ мебошад. Агар инро хуб хушк кунанд ва аз
даромадани ҳаво ва гард ба халтачаи он неку муҳо-
фазат намоянд, қувваташ солҳо боқӣ мемонад, Ё ки
панирмоя, ки инро ширдон низ меноманд, қувваташ
аз як то ду сол боқӣ мемонад. Ё ки шохи ҳайвонот ва
суми хару асп, инчунин нохуни онҳо қуввати худро
солҳо нигоҳ медоранд. Саргин, писк ва хуни ҳайвонот
монанди: саргини саг, кафтор, хар, буз ва сусмор, ин-
чунин хуни онҳо то як сол қуввати худро нигоҳ медо-
ранд. Аммо қуввати хояи сагобӣ то даҳ сол боқӣ ме-
монад.

Фасли ёздаҳум.
Дар баёни расидан (болиғ шудан) ва муддати
умрҳои давоҳои мураккаб

Баъзе давоҳои мураккаб кайфияти мизоҷии худро
дар муддати муайян ба камол мерасонанд. Масалан:
тарёқи форуқ, яъне тарёқи афъиро баъди шаш соли
сохта шудан аз соли ҳафтум истеъмол метавон кард.
Вале баъзе ҳакимони мутааххирин истеъмоли онро
баъди шаш моҳи тартиб додан ҷоиз донистаанд. Аммо
давоҳои мураккаби дигар аз рӯйи гуногуниашон ба чор
табақа ҷудо мешаванд. Табақаи якум, маъҷунҳои ази-
манд, ки дар мартабаи тарёқи форуқанд ва муддати
расидани онҳо шаш моҳ мебошад ва дар моҳи шашум
ва ҳафтум истеъмолаш мумкин аст, монанди: асоноси-
ёи кабир ва сағир, иёриҷоти кабир ва сағири содда,
бодмӯҳра, биришаъшо ва баришҳои дигар, яъне поши-
даниҳои дигар; тарёқ-ут-тин, шиёваритуси асғар ва
акбар, дадмарисо, ки дар он марворид дохил кард.
намешавад. Дар амрҳарон, шалишо, фарёдрас, қиф-
торъони хурдӣ ва калон, маъҷуни анбар, маъҷуни қу-
бод-ул-малик, маъҷуни гӯгирд, маъҷуни ҳурмус ва
арастун, афлуниёи форсӣ ба қавли муаллифи «Комил-
61
ус-синоат» ва хуллас, ҳар як таркибе, ки дар он аф-
юн бошад, ба гурӯҳи инҳо дохиланд, инчунин муалли-
фи «Кифоя» тарёқи чоргона, даҳмарсо бо лӯълӯ
(марвориди калондона); қурсҳои кавкаб, даво-ул-кур-
куми кабир ва сағир, инчунин даво-ул-малики кабир
ва сағирро аз табақаи аввалӣ ҳисобидаанд. Дар «Ку-
нош»-и Юҳано бинни Саробиюн ин мураккаботро аз
табақаи саввумин шумурдаанд.
Табақаи дуввум мураккаботе мебошанд, ки ниҳоят
муддати расидани онҳо се моҳ мебошад, монанди:
маъҷуни қайсар, маъҷуни астамҳиқун; қурсҳои луқ, пиё-
зи ансул ва дигар маъҷунҳои миёнаҳоли пешоброн ва
монанди инҳо.
Табақаи саввум мураккаботе мебошанд, ки мудда-
ти расидани онҳо ду моҳ аст, монанди: амрусиё, тарё-
қи урза, даво-ул-мишки ширин ва талх, панҷнӯш, маъ-
ҷуни фароштурук ва монанди инҳо.
Табақаи чорум мураккаботе мебошанд, ки дар рӯ-
зи аввал ва дуввуми тартиб дода шуданашон истеъ-
мол карда мешаванд, монанди: ҳабҳо, равғанҳо, каф
зада хӯрданиҳо ва пошиданиҳо, нӯшиданиҳо, сурмаво-
рӣ, шиёфҳо, фатилаҳо, марҳамҳо ва монанди инҳо.
Ё ки муддати умрҳои давоҳои мураккаб аз рӯйи мар-
табаҳои худ ба чор табақа тақсим мегарданд. Аммо
тарёқи форуқ то сӣ сол қавӣ мебошад ва баъд аз он
заиф мегардад. Табақаи якум мураккаботе мебошанд,
ки муддати умри онҳо аз панҷ то даҳ сол мебошад ва
баъд аз он заиф мегардад, монанди: масрудитус, иёри-
ҷи луғозиё, иёриҷи Аркағонис, иёриҷи Ҷолинус, афлу-
ниёи форсӣ ва румӣ, баришаъшо, баришҳои дигар ва
монанди инҳо. Табақаи дуввум, давоҳои мураккабе ме-
бошанд, ки муддати умр ва бақои қуввати онҳо аз се
то чор сол мебошад, монанди: амрусиё, арастун, ан-
қардиё, иёриҷҳо, тарёқи гил, тарёқи пӯсти чормағз,
даромаҳрон, даво-ул-малик, даво-ул-куркум, санҷарниё,
савтиро, маъҷуни астамхиқун, маъҷуни анбар, маъҷу-
ни қайсар ва монанди инҳо. Табақае саввум, давоҳои
мураккабанд, ки муддати умр ва бақои қуввати онҳо
то ду сол аст, монанди: шаробҳо, итрифалҳо, гувори-
шот; аз қурсҳо: қурси кавкаб, қурси пиёзи ансул; кил-
килонаҷ, руббҳо, маъҷунҳои кӯчак. Вале ба қавли
Чолинус рубб ва шароби биҳӣ — модом, ки таъм ва
бӯйи онҳо боқӣ бошанд ва худаш вайрон нагашта бо-
шад. то ҳафт сол қувваташ боқӣ мемонад. Табақаи
62
чорум, давоҳои мураккабе ҳастанд, ки қуввати онҳо
аз ду то шаш моҳ ва ниҳоят то як сол боки мемонад,
монанди: ҳабҳо, равғанҳо, пошиданиҳо, кафзада хӯр-
даниҳо, гузошта бастаниҳо ва марҳамҳо. Аммо кафза-
да хӯрдании муклиёсо, аз тухми анор тайёр карда шу-
да ва мисли онҳо, ки оби гарм ё оби хунук дохил на-
моянд — аз вақти сохта шуданаш то даҳ моҳ қуввати
худро нигоҳ медоранд. Вале сурмаворӣ, шиёфҳо, пас,
бақои қуввати инҳо назар ба давоҳои пошиданӣ зиёд-
тар боқӣ мемонад, хусусан, бослиқун ва монанди инҳо.
Бояд дар ин ҷо таъкид кунем, ки ҳарчанд давоҳо са-
ра бошанд ва аз гармию хушкии бисёр, аз тариву
сардӣ ва аз дигар офатҳо эҳтиёт кунанд, умрашон да-
роз мегардад, монанди: асал ё қанд, ё набот, ё он чӣ
бо инҳо сиришта шаванд, тоза (нав) ва беҳтар бо-
шанд, бобақотар мегарданд. Ва агар таркибкунанда
ва пазандаи ин давоҳо каси доно ва аз хислатҳои онҳо
воқиф бошад, умрашонро дароз мегардонад.

Фасли дувоздаҳум.
Дар баёни сабаби ихтилофнок будани қавли
табибон дар моҳият ва хусусияти давоҳо

Махфӣ намонад, ки чун аксари давоҳо бинобар дар
мавзеъҳои гуногун, чор фасли сол, хушкӣ, тару тоза-
гӣ, кӯҳнагӣ, хомӣ, камоли расидагӣ ва монанди инҳо
гуногунсурат ва гуногунмоҳият мегарданд. Масалан,
шахсе як даворо дар ҷоҳои пастизамин, ё дар мавсими
пастӣ, ё ҳангоми навӣ, ё дар вақти хушк буданаш ва
ё дар вақти хомию норасидагиаш, ва ё дар ҳангоми
пухтагию расидагиаш ва ғайра мушоҳада намояд, ин-
чунин аз рӯйи фаҳми худ баёни шакл, ранг, таъм, бӯй
ва ғайраро аз он дарк мекунад; вале шахси дигар дар
ғайри он вақтҳо ва аҳволи номбурдаи онҳоро мулоҳа-
ва менамояду баёни хосиятҳои онро ба таври худ шарҳ
медиҳад. Пас, аҳволи номбурдаи ҳар як даво албатта
мухолифи якдигар мешаванд. Инак, ба донистани ҳа-
маи ин хислатҳо ва мартабаҳо як шахс қодир нест. Аз
ин рӯ ҳар як шахс хосият, нафъ ва зарари онро муво-
фиқи биниши худ зикр менамояд. Маълум аст, ки ин
чизҳои номбаршуда бегуфтугӯ ва қатъӣ намебошанд,
балки инчунин меъёри тағйирот ва ихтилофоти мизоҷ
63
ва хислатҳои гуногуни давоҳо ба авзои ҷирмҳои ос-
монӣ низ вобастаанд, ки моҳият, қувват ва хосияти
аксари онҳо аз онҳо дигаргунӣ меёбанд.

Фасли сенздаҳум.
Дар баёни тариқи гирифтан ва нигоҳ доштани давоҳо

Бояд дар мадди назар дошт, беҳтар ва лоиқтар он
аст, ки агар давоҳои пурқувват ва машҳури ҳар як ҷо-
ро бигиранд, ки дар он ҷоҳо онҳо қавитар мешаванд
ва ба мардуми маҳаллӣ машҳур мебошанд, инчунин
ҳангоми ба камол расидан ва пухтанашон бояд ихти-
ёр намоянд. Хуллас, ба қавли устод Буқрот ҳар як
беморро то илоҷпазир бо давои маҳаллӣ муолаҷа на-
моянд, беҳтар аст. Зеро ки давоҳои ҳар як мавзеъ ба
бемориҳои он ҷо хубтар ва зудтар таъсир мебахшанд
назар ба он, ки аз ҷоҳои дигар оварда бошанд. Агар
батафсилтар бигӯем, он чӣ конӣ аз қабили сангҳо ва
гилҳо бошанд, беҳтар он аст, ки аз кони машҳураш
дар аввали зимистон бигиранд. Яъне дар ҳар шаҳр,
ҳар мамлакат ва ҳар кон, ки беҳтар мешаванд, биги-
ранд, монанди: зоки сабзро аз Кибрис (Кипр), зоки
сафед ё зард — аз Кирмон, лоҷвард — аз Кошғар, фи-
рӯзаро аз Нишопур, лаълро аз Бадахшон, ёқутро аз
Пилав ва монанди инҳоро, ки ҳар чӣ қадар рангитар,
сахттар, шаффофтар, обдортар, холистар, бузургтар,
поктар бошанд ва резаву майда набуда, бо чизи дигар
аз хок ва ғайра омехта набошанд, бигиранд. Низ бо-
яд, ки ранг, таъм ва бӯйи хоси он давоҳоро дошта бо-
шанд, монанди: подзаҳр ва гилҳо, ки ин хислатҳояшон
барқарор бошанд, хуб аст, ки бигиранд. Оби шишаро
мегуфта бошем, дастури тайёр карданаш чунин мебо-
шад: шишаи соф ва баробари он қалъаиро бигиранду
дар гили бӯта гудохта, хунук кунанд. Он чӣ монанди
кафк дар рӯйи он бошад, бароваранд, ки оби шиша ҳа-
мон аст. Агар он давои матлуб аз растанӣ иборат, ма-
салан, гулбаргҳоро бошад, бояд ки дар ҳамон вақту
фасли шукуфтанаш; фасли сол, замон ва вақти лоиқи
ҳар яке, ки камоли худро ёфта бошанд, пеш аз афто-
дан аз дарахташ, пеш аз пажмурдан ва ҳангоми мав-
ҷуд будани ранг ва бӯяш бигиранду дар соя бо камо-
64
ли эҳтиёт хушк намоянд, аз гарду ғубор, рутубат ва
ғайраҳо маҳфуз доранд. Агар қуввати он чиро, ки оф-
тоб заиф нагардонад, дар офтоб ба камоли эҳтиёт
хушконанд ҳам, раво мебошад. Агар тухми растаниҳо
даркор бошад, баъди бастан, маҳкам шудани ҷирм ва
ба ҳадди эътидол гаштани рутубаташ, барҳам хӯрда-
ни давраи хомӣ ва ҳангоми рӯ ба зардӣ ва пажмурда-
гӣ омадани баргҳояш бигиранду ҳамон тариқ дар соя
хушк намоянд. Баъд, аз гарду ғубор, расидани намӣ
ва гармии бисёр маҳфуз доранд.
Инро дар назар бояд дошт, ки давоҳои кӯҳӣ, регӣ
ва саҳроӣ назар ба бӯстонии онҳо қавитар мебошанд.
Вале давоҳои сардмизоҷ дар сарзаминҳои гарм баръ-
акс, низ кайфияти онҳо дар аксар ҳолат башиддаттар
ва қавитар мебошанд. Давоҳои мӯътадилмизоҷ дар
сарзаминҳои мӯътадилҳарорат ва давоҳои тармизоҷ
дар сарзаминҳои пурнам қавитар мебошанд. Он чӣ аз
намудҳои шох ва пӯстлохҳои растаниҳоро гирифтан
хоҳанд, ҳангоми ба камол расидан, пеш аз пажмурда-
гӣ, хушкӣ, каҷӣ ва печидагӣ бигиранду бо ҳамон усул
хушконида нигоҳ доранд. Он чӣ аз қабили решаҳо
бошад, баъд аз чидани самараш ва ҳангоми рехтани
баргҳояш пеш аз тамоман рехта шудан ҷудо карда би-
гиранд, балки беҳтар аст дар охири тирамоҳ бигиран-
ду ҳамон тариқ бихушконанд. Агар ҳамаи қисмҳои он
растанӣ даркор бошад, ҳангоми булуғ ва расидагӣ,
тару тозагӣ ва бенуқсон буданаш бигиранд, ҳамон тавр
хушконида нигоҳ доранд. Агар самари растаниҳо ман-
зур бошад, дар вақти пухта расиданаш пеш аз паж-
мурда шудан ва қабл аз дарахташ худ ба худ афто-
дан бигиранд, вале агар нимрас ва хоми он даркор бо-
шад, ин таври дигар аст, ҳамон вақт бигиранд. Ва он
чиро дар бутуниаш ва бо пӯсташ лозим бошад, ҳамон
тавр бихушконанд. Он чиро бепӯст ва варақ кардан
зарур бошад, аз пӯсташ ҷудо намуда, варақ-варақ ре-
за карда бихушконанд. Он чиро, ки ба ресмон кашида-
наш матлуб бошад, ба ресмон кашида, аз рӯйи тақозо
дар соя ё офтоб боэҳтиёт бихушконанду аз гарду ғу-
бор, намӣ, тарӣ, вайроншавӣ, хӯрдани кирм ва ғайра-
ҳо маҳфуз бидоранд.
Хуллас, бояд ки ҳамаи давоҳои растаниворро ҳан-
гоми ба камол расидан, тарӣ ва пеш аз хушк, пажмур-
да, заиф шудан ва нуқсон овардан бигиранд ва дар
ҳангоми софӣ, гармӣ ва хушкии ҳаво ҷамъ кардан на-
65
зар ба он, ки ҳаво тира, нам, тар ва сард бошад, беҳ-
тар аст. Агар он боронхӯрда ва аз берунаш тар бо-
шад, қувваташ заиф мегардад. Давоҳои саҳроӣ аз бӯс-
тонӣ қавитар мебошанд. Зеро ҳаҷм ва зичии онҳо дар
он ҳолат камтар мегарданд ва давоҳои кӯҳистонӣ нис-
бат ба даштиву саҳроӣ қавитар мебошанд. Аз гул ва
шукуфаҳо он чӣ болидатар ва хушбӯйтарро бояд бичи-
нанд, ки пажмурда нашуда бошанд, беҳтар аст аз му-
холифи он ва гулисурхро пеш аз батамом шукуфта
гаштан бичинанд, хоҳ бӯстонӣ бошад ва хоҳ дар ҷойи
дигар бирӯяд. Аз баргҳои наботот он чӣ зичтар дар
ҷавҳар, хушбӯтар ва тозатар бошад, беҳтар аст. Шох
ва решаҳоро каҷӣ ва пажмурдагиашон камтар бо-
шад, бигиранд, хубтар аст. Аз меваҳо он чӣ шодобтар
(серобтар), пургӯшттар, вазнинтар бошад; ранг, таъм
ва бӯйи ҳар як аз инҳо, ки беҳтар, зиёда ва қавитар
бошад, қувваташ зиёда аст назар ба акси он. Аммо
шири шубрум (ба руси молочай) ҳар гоҳ нави он пай-
до шавад, ба тариқи муқаррар аз он шир биситонанд,
вале агар нави он ба даст нарасад, монанди дигар
гиёҳҳои ширдор пӯсти навашро бишӯянду ё хушкашро
дар оби гарм тар кунанду то ғафс гаштанаш дар оф-
тоб бигузоранд. Баъд оби онро ҷудо карда, бихушко-
нанд. Шири баласон ва дигар ширҳо дар мавзеъҳои
хосашон, замони лоиқ, хуллас, дар ҳар ҷо, ки хуб ва
пурқувват гарданд, биситонанд, на балки аз ҷоҳое, ки
камқувват гирифта мешавад.
Ё ки шилмҳоро ҳангоми рехтани гули дарахташон
аввали рӯз пеш аз баромадани офтоб ва охири рӯз
баъд аз ғуруби он бояд, ки ҳаво соф ва мӯътадил бо-
шад, пеш аз хушк шудан ва шикаста резаву пора гаш-
тан бигиранд, яъне худ ба худ аз дарахташон ҷудо
гашта наафтанд, беҳтар аст.
Ё ки усораҳо бояд аз давоҳои сара, аз баргҳо, са-
мар ва меваҳо, реша ва қисми заминии гиёҳҳо ва ғай-
раҳо гирифта шаванд. Вале набояд оби онҳоро дар
оташ биҷӯшонанд, балки дар ҳаво ва офтоб бихушко-
нанд, аз гарду ғубор, даромехта гаштани чизҳои бего-
наи сахт муҳофазат намоянд, масалан, ақоқиё, оби
ҳалила, оби зирк ва ғайраҳоро. Ҳангоми истеъмол ҳам
ба қоидаҳои мазкур риоя бояд кард.
Давоҳои ҳайвонӣ воҷиб аст, ки аз ҳайвоноти ҷавони
фарбеҳи комилниҳод ва солим дар фасли баҳор ё дар
аввали тобистон пеш аз лоғар, пир, заиф шудан ва
66
нуқсони дигар овардан гирифта мешаванд ҳамон вақ-
те, ки гулӯяшонро бибурранд, беҳтар аст. Аз ҷумла
хуни бузи ҷавони фарбеҳи беайбу нуқсони чорсола аст,
ки бинобар шиддати таъсир доштанаш бигиранд. Он
чунин аст, ки ҳангоми ранг гирифтани ангур, ки ав-
вали тобистон аст, онро бикушанд. Хуни аввал ва охир
баромадаи онро бигузоранд, ки бирезад ва хуни миё-
наашро дар дег ё зарфи сангӣ, ё сафолӣ бигиранд ва
то шах шуданаш бигузоранд. Баъд реза-реза карда,
ба матои карбоси пок паҳн намоянд ва матои нафи-
серо барои нигоҳ доштан аз гарду ғубор бар он бипӯ-
шанду дар офтоб хушк кунанд. Вақти ҳоҷат 4,5 грам-
мӣ онро бо оби карафси кӯҳӣ ё бо шароб ва монанди
он бинӯшанд.
Дастури нигоҳ доштани заҳраи ҳайвонот, ки дар
ҳолати навиаш бимонад, бояд ҷойи аз ҷигар буридашу-
даи онро аз банд бо ришта маҳкам баста, дар шишае,
ки дар он асал миқдоре бошад, ки онро бипӯшонад,
андохта, нигоҳ доранд. Лекин ин тавр кардан дар ҷое
лозим аст, ки дар ҳавои маҳал гармӣ ва рутубат бис-
ёр бошад. Агар ҳамин тавр накунанд, қуввати он бар-
ҳам мехӯрад.
Дастури нигоҳ доштани чарбӣ ва мағзи устухони
ҳайвонот он тавр аст, ки бӯйи бад нагиранд. Барои ин
бояд чанд рӯз онро дар асал бияндозанд. Баъд аз он
шуста, хушк карда, дар латтаи зағирпоягӣ печонида,
дар ҷойи соя биёвезанд ва ҳар гоҳ дар зарфи қалъаӣ
ҷой диҳанд, вайрон намешавад.
Дастури муҳофазати дигар давоҳо чунин аст, ки
баъзеро бо ҳам якҷо намоянд, то ки боиси бақои қув-
вати он бошад, масалан, кофурро бо мурч, резаҳои
оҳанро бо оҳанрабо, тухми мурғро бо намак, созаҷро
бо занҷабил. Аммо ягон маъданро бо ғайри ҷинси он
набояд ҳамроҳ намуд.
Усора ва шилмҳоро дар зарфи қалъаӣ ва нуқра ни-
гоҳ бояд дошт. Арақ ва обҳои гармро баъди хунук шу-
дан дар шиша ҷо диҳанд ё дар зарфи шишаандуд би-
яндозанд; арақи гул дар зарфи мис беҳтар нигоҳ дош-
та мешавад; арақи қаранфул дар зарфи шиша, анбар
дар зарфи сурбӣ (қӯрғошимин) хуб меистад.
Ҳамаи барг, реша ва гулҳоро аз ҷоҳои намнок ва
офтобӣ тез дур бояд дошт. Зарфи қалъаӣ барои рав-
ғанҳо ва аксари давоҳои содда ва мураккаб беҳтар ме-
шавад нигоҳ доранд.
67

Ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.