Ба ҷойи сарсухан
«Чор дарвеш» бори аввал дар соли 1295 ҳиҷрӣ (1878) дар Бамбай (Ҳиндустон) дар матбааи Ҳайдарӣ чоп карда шудааст. Дар ин чоп дар варақаи унвон (титульный лист) ба китоб «Чор дарвеш» ном дода шуда ва номи муаллиф навишта нашудааст.
Аммо автори муқаддимаи ин чоп, ки Мираҳмад бинни Шоҳмуҳаммад ном касест, ин китобро ба Амир Хисрави Деҳлавӣ нисбат медиҳад ва дар як ҷойи муқаддима дар бораи сабаби таълиф мегӯяд (мазмунан): «Дар вақти бемории шайх Низомиддин Амир Хисрави Деҳлавӣ ин қиссаҳоро зеби рақам карда (таълиф намуда), дар ҳузури шайх хонд ва шайх ба баракати хондани ин китоб аз беморӣ сиҳат ёфт».
Ин китоб бори дуюм дар соли 1318 ҳиҷрӣ (1900) дар Бамбай дар матбааи Муҳаммадӣ чоп шудааст. Дар ин чоп «Бахтиёрнома» ном як қиссаи дигар ҳам ба тарзе, ки қиссахон гузаштаро пурра кунад, илова карда шудааст. Дар варақаи унвони ин чоп номи китоб ва муаллиф ба ин тариқа кайд карда шудааст: «…Боғу баҳор мабнӣ бар саргузашти Чор дарвеш маа такмилаи Бахтиёрнома мавсум ба Баҳору боғ таълифи ҳазрати Амир Хисрави Деҳлавӣ».
Дар чопи дуюм ҳам ҳамон муқаддимаи чопи якум айнан нақл ёфтааст.
Хонандагони он муқаддима ва бинандагони унвони чопи дуюми ин китоб, аз ҷумлаи асарҳои Хисрави Деҳлавӣ будани «Чор дарвеш»-ро бе ҳеч шакку шубҳа бовар мекунанд.
Аммо касе, ки ин китобро бо муҳокима ва диққати дуруст хонда мебарояд, мефаҳмад, ки ин асар ба Хисрави Деҳлавӣ ҳеч як алоқа надорад. Чунки муаллифи ин қиссаҳо дар рафти воқеаҳо шеърҳои машҳури Ҳофизи Шерозиро (баъзеҳояшро бо тахаллуси Ҳофиз), якчанд байт аз тарҷеъбанди Абдураҳмони Ҷомиро, ки сарбандаш «Биншинаму бо ғами ту созам. Пинҳон зи ту бо ту ишқ бозам» мебошад ва инчунин шеърҳои Урфии Шерозӣ, Шопури Теҳронии Ҳиндустонӣ, Мӯҳсини Фонии Кашмирӣ ва Ғайратӣ барин шоиронро, ки баъд аз замони Хисрав дар дунё зиндагӣ кардаанд, меорад.
Акнун мо барои равшантар муҳокима кардани масъала замони ин шоиронро бо замони Хисрави Деҳлавӣ андоза намуда мебинем.
Ба мо маълум аст, ки Хисрави Деҳлавӣ дар соли 1329 вафот кардааст. Аммо Ҳофизи Шерозӣ дар соли 1392, Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 1493, Урфии Шерозӣ дар соли 1591, Шопур дар соли 1649 ва Мӯҳсини Фонии Кашмирӣ дар соли 1671 вафот кардааст. Ғайратӣ бошад аз шоирони давраи Муҳаммадшоҳи Темурӣ аст, ки ин шахс дар Деҳлӣ аз соли 1718 то соли 1747 ҳукумат рондааст.
Аз ин ҳисоб ва андозаҳо ошкоро маълум мешавад, ки замони Хисрави Деҳлавӣ нисбат ба замони Ҳофизи Шерозӣ, ки қадимтарин шоирони дар ин ҷо номбаршуда мебошад, 70 сол пеш буда, аз замони Ғайратӣ, ки охирини ин шоирон аст, 400 сол пеш аст.
Агар «Чор дарвеш» асари Хисрави Деҳлавӣ мебуд, лозим меомад, ки ӯ дар таълифи худ аз шеъри шоироне, ки ҳатто баъд аз чорсад соли вафоти худаш зиндагӣ кардаанд, фоида бурда бошад. Ин, як фарази хандаовар мешуд.
Бинобар ин аз ин ҳуҷҷатҳои инкоркарданошуданӣ бо камоли равшанӣ собит мешавад, ки «Чор дарвеш» асари Хисрави Деҳлавӣ нест.
Акнун дар ин ҷо дар хотири ҳар кас мегузарад. ки «пас ин асар аз они кист ва дар кадом вақт таълиф ёфтааст?».
Мо дар ин ҷо ана ҳамин масъаларо ҳал мекунем:
Аз услуби суханронӣ ва приёмҳои ин асар, ҳам аз мундариҷоташ, ки қисман аз ҳокимияти мутлақаи деву парӣ дар олами башарият гап мезанад, маълум мешавад, ки ин қиссаҳо афсонаҳои халқҳои қадимии Ҳиндустонанд. Аз ҷумлаи афсонаҳои қадимии Ҳиндустон будани ин қиссаҳоро аз як ҷой муқаддимаи нусхаҳои чопии Ҳиндустон ҳам пай бурдан мумкин аст: муқаддиманависи он нусхаҳо дар як ҷойи муқаддимаи худ, бо нусхаи урду тарҷима карда шудагӣ татбиқ карда шудани нусхаи ба чопи тайёркардаи худро қайд мекунад. Маълум аст, ки афсонаҳои қадимии Ҳиндустон дар навбати аввал ба забони урду навишта шуда, баъд аз он ба забони тоҷикӣ бо алифбои арабӣ нақл ёфтаанд (афсонаҳои таърихӣ ва дигарҳо, ки соҳиби «Сияр-ул-мутааххирин» дар муқаддимаи китоби худ овардааст, ба ин аҳвол мисол шуда метавонанд).
Аммо аз баъзе иштироккунандагони ин воқеаҳо, аз тасвири баъзе ҷоҳо ва маишатҳо ва ҳам аз оварда шудани шеърҳои баъзе шоирони асри XVIII (масалан Ғайратӣ) дар рафти воқеаҳо тахмин кардан мумкин аст, ки ягон автори номаълум ё ягон авторе, ки маълум кардани номи худро нахостааст, он афсонаҳоро бо таассуроте, ки аз замони худаш гирифтааст, омехта дар охирҳои асри XVIII, ё дар аввалҳои асри XIX ба қалам гирифта, ба шакли ҳозираи «Чор дарвеш» овардааст.
Дар рафти воқеаҳои ин китоб баъзе шаҳрҳои фарангиён, ки дар Ҳиндустон (дар наздикии Вазиробод) дар бандари дарё бино ёфтаанд, монастирҳое, ки дар ин шаҳрҳо ҳастанд, одоби муошарати европагӣ (масалан ба пеши калонон сарбараҳна рафтани духтарони фарангӣ) ва дар бандар тӯп зада киштиро аз сафар боздоштан ва монанди инҳо чизҳое тасвир меёбанд, ки то истилои колонизаторҳои европагӣ дар Ҳиндустон ин чизҳо набуданд.
Аз баъзе ҷоҳои ин қиссаҳо ҳамин ҳам маълум мешавад, ки ин асар баъд аз пайдо шудани фикрҳои прогрессивӣ дар халқҳои маҳаллии Ҳиндустон навишта шудааст. Чунончи: дар як ҷойи ин китоб модари бараҳманон ба муносибате аз марди аҷамӣ мепурсад: «Магар шумо занони худро пинҳон медоред?» Марди аҷамӣ ҷавоб медиҳад: «Бале, ин айбро мо дорем». Модари бараҳманон мегӯяд: «Ин хуб қоида нест».
Ана хамии ин нуктаҳо бо камоли равшанӣ нишон медиҳанд, ки ин қиссаҳо дар замонҳои наздик ба мо, дар таърихҳое, ки мо дар боло тахмин карда қайд намудем, — дар солҳое, ки Ҳиндустон аз тарафи колонизаторҳои европагӣ истило ёфтааст, ба қалам оварда шудаанд. Акнун дар ин ҷо як саволи дигар дар хотири хар кас мегузарад.
Бо ҳамаи ин фактҳо ва ҳуҷҷатҳои инкоркарданошуданӣ, ин китоб чаро дар чопҳои якум ва дуюм ба Хисрави Деҳлавӣ нисбат дода шудааст?
Аввал ин ки асарҳои номаълумавторро ба ягон одами машҳур нисбат додан, хусусан афсонаҳои дур аз ақлро барои «рост карда нишон додан» аз шахсони маълум ривоят кардан, як одати авомонаи умумӣ аст. Аҷаб нест, ки ин китоби номаълуммуаллиф ҳам ба ҳамин ҳодиса дучор шуда бошад, ноширон ва муқаддиманавис ҳам бе муҳокима кардани мундариҷоти китоб ин ривояти даҳонакиро бовар карда, асарро ба Хисрави Деҳлавӣ нисбат дода бошанд; дуюм ин ки аҷиб нест ин кор қасдан карда шуда бошад. Чунки нисбат додани як асари номаълумавтор ба як каси машҳур қимати он асарро зиёд карда, бозорашро хез мекунад. Ноширони онвақта, ки мақсадашон фақат тиҷорат ва бозортезкунӣ буд, аз ин гуна сохтакориҳо рӯй намегардонданд ва муқаддиманавис бошад, яке аз хизматгорони онҳост, ки адо кардани фармойиши онҳоро вазифаи худ медонад.
Дар сабаби таълифи ин китоб шайх Низомиддини машҳурро, ки мардуми авоми Ҳиндустон хоки қабри ӯро дар дидаи худ тӯтиё мекарданд, дахлдор кардан ҳам ба ҳамин мақсад аст. Автори муқаддима баъд аз он. ки «бо хондани ин китоб сиҳат ёфтани шайх»-ро менависад, мегӯяд… «дуо менамуданд (яъне шайх Низомиддин), ки ё раб ҳар кас, ки ин қиссаро бихонад ё бишунавад, аз иллату амроз наҷот ёбад».
Муқаддиманавис бо ин қайди худ онҳоеро ҳам, ки ба қиссахонӣ хуш надоранд, аммо ба шайхҳо ва хусусан ба шайх Низомиддин эътиқод доранд, ба ин китоб харидор мекунад, то ки онҳо «барои наҷот ёфтан аз бемориҳо» ин китобро харида бихонанд. Муқаддиманавис бо зиёда кардани «ё ба шунуд» ҳатто бесаводонро ҳам талабгори ин китоб мекунад. Бечораи бесавод ҳам як нусха аз ин китоб харида, дар ҷойи дуою тӯмор дар токчаи хонаи худ мемонад ва ягон одами саводнокро ёфта оварда, зиёфат карда «барои наҷот ёфтан аз бемориҳо» ин китобро хононда мешунавад.
* * *
Мо бояд ин нуктаро қайд карда гузарем, ки ин асар аз Хисрави Деҳлавӣ набошад ҳам, яке аз шоҳасарҳои бисёр дилчаспи халқӣ аст, ки аз замонҳои бисёр пеш сар шуда, бо пайдо шудани ҳодисаҳои нав дар дунё, то вақти навишта шуданаш пурра ва мукаммал шуда омадааст.
Дар ин китоб воқеаҳои бисёр аҷибу ғариб бо таъбирҳои бағоят дилфиреб зинату зеб ёфтаанд.
Бақаламорандаи ин қиссаҳо чунон устодӣ ба кор бурдааст, ки хонанда афсона ва беасос будани инҳоро дониста истода, бовар карданаш меояд.
Ровӣ, ё автори ин воқеаҳо интригаҳоро хам моҳирона сохтааст, хонанда бо сар кардани хониш китобро аз даст намегузорад. тақдири иштироккунандагон ва сирри ҳодисаҳои аҷибро фаҳмидан хоста, ҳар чӣ қадар корҳои зарур дошта бошад ҳам, ба як сӯ гузошта хонишашро давом медиҳад.
Дар ин қиссаҳо ҳеч як иштироккунандаи бадкирдор (манфӣ) беҷазо намемонад ва инчунин қаҳрамононе, ки хонанда ба онҳо муҳаббат пайдо карда, ба болои тақдири онҳо ларзида меистад, бисёр таҳлукаҳои фоҷионаро аз сар гузаронда, оқибат ба муроду мақсадашон мерасанд. Яъне аз ин китоб ҳеч навмедие дар хонанда пайдо намешавад, балки ӯ ҷасорат ва қаҳрамонӣ, ба ҷазобинии бадкирдорон ва ба мақсад расидани соҳибғайратони софдил боварӣ пайдо мекунанд.
Дар рафти воқеаҳо подшоҳони золим, вазирони бадкирдор ва умуман одамоне, ки аъзои пӯсидаи ҷамъият ҳастанд. аз тарафи қаҳрамонони фидокори ҷонсупор ҷазоҳои ибратомез дода мешаванд (чунончи, дар саргузашти Дарвеши дуюм, подшоҳ ҷазо мебинад, вазири золими ӯ аз тарафи як ҷавони қаҳрамон рӯйрост кушта мешавад. Беҳзодхон пиразанеро, ки ҷосуси подшоҳ буд, дар вақте мехост ду касро ба куштан диҳад, пора-пора мекунад).
Дар ин воқеаҳо ба занон ва духтарон ролҳои бисёр калони қаҳрамонона дода шудаанд: чунончи, духтари подшоҳи Фаранг, духтари подшоҳи Шом ва духтари вазири Рум ҳама чиз, мансаб ва зиндагонии бароҳати худро дар роҳи инсоният, мурувват ва муҳаббат ва аз барои зоҳир кардани ҳақиқат қурбон ва фидо мекунанд. Ин духтарон қаҳрамониро аз мардон мегузаронанд ва ба мардон бо кирдори худ қаҳрамонӣ ва мурувват меомӯзанд ва дар воқеаҳои таҳлуканоки пурхавф шахсан иштирок карда ва корҳои бузургро бо ташаббуси шахсии худ пеш мебаранд. Чунончи, духтари подшоҳи Шом ҷомафурӯши разили ҳақношиноси золими сангдилро бо дастони худ мекушад, аммо барои хотири касе, ки духтари подшоҳ будани ӯро надониста истода, ба ӯ некӣ кардааст ва дил бастааст, тоҷу тахт ва шавкати шоҳзодахонимиро партофта бо ӯ ба биёбонҳои беобу алаф гурехта меравад.
Дар зимни воқеаҳои ин китоб хурофотпарастӣ ва деву париро ҳокими мутлақи олами башарият донистани халқҳои онвақтаи Ҳиндустон, ки аз ин бало ҳатто табақаҳои болои онзамонии онҳо хам холӣ набуданд, тасвир меёбанд. Инчунин разолатҳои табақаҳои болоии ҷамъияти феодалӣ, фасоди ахлоқи онҳо, ба арақ ва шароб қаноат накарда, ҳатто ба дараҷаи кӯкнорнӯшӣ пастӣ карданашон, ба воситаи масхарабозиҳои беадабона ба мансабҳои калон расиданҳо ва сарват ҷамъ карданҳо дар он ҷамъият ва монанди инҳо аҳволи он замон дар воқеаҳои ин асар акс менамоянд.
Автори ҳикоя дар як ҷойи китоб, дар биёбонҳои ваҳшӣ, сарупо бараҳна, бо мӯйҳои жӯлида ва нохунҳои расида, нахӯди хомро бирён карда хурда зиндагӣ карда гаштани аҳолии маҳаллии Ҳиндустонро нишон медиҳад, ки ин аҳвол баъд аз истилои колонизаторҳои европагӣ, дар Ҳиндустон дар байни деҳқонони меҳнаткаши маҳаллӣ ранги умумиятро гирифтааст.
Дар муқобили ин зиндагии фоҷеона шаҳрҳои пуршукӯҳи фарангиён – шаҳрҳое, ки колонизаторҳо барои худ дар Ҳиндустон бино карда буданд, тасвир меёбад. Дар ин шаҳрҳо иморатҳои олии чандошёна. хиёбонҳои пурзебу зинат ва раставу бозорҳои пурмолу матоъ ва ҷавоҳир бино ёфтаанд, ки дар он ҷоҳо фарангиён, зану мард ҳама машғули харидуфурӯш ва хама саргарми айшу нӯшанд.
Аммо дар ин гуна шаҳрҳо мардуми «беруна»-ро (мардуми маҳаллиро) роҳ нест Ҳар каси «беруна», ки дар ин гуна шаҳрҳо қадам гузорад, бе пурсиш кушта мешавад.
Ин аҳвол ҳам айнан ҳамон ҳолатест, ки колонизаторҳои европагӣ дар колонияҳои шарқии худ (хусусан дар Ҳиндустон) ба вуҷуд овардаанд. Маълум аст, ки империалистон дар колонияҳои худ маҳаллаҳо ва шаҳрҳои ба худ махсус бино кардаанд, ки дар он ҷоҳо қадам мондани аҳолии маҳаллӣ мумкин нест.
Бештарин иштироккунандагони ин воқеаҳо ё савдогаранд ва ё подшоҳ ва подшоҳзодагонеанд, ки дар зери либоси савдогарӣ бо корвони савдо аз пайи мақсаде мераванд
Ин ҳодиса ҳам дар замони таълиф ёфтани ин китоб як ҳодисаи хатарнок буд. Чунки дар Ҳиндустон ва умуман дар олами Шарқ баъд аз истилои колонизаторҳо, аз як тараф оммаи аҳолӣ дар зери эксплуататсияи сахти чандтарафа монда ба «нахӯди хом хӯрда зиндагонӣ кардан» маҷбур шавад, аз тарафи дигар табақаҳои болоӣ ба тарзи даллолӣ бошад ҳам, ба савдо ва тиҷорат машғулӣ мекарданд. Ҳатто подшоҳон ва подшоҳзодагони онҳо ҳам, ки дар аввалҳои истило бо номи «подшоҳӣ» дар зери ғуломӣ ва бандагии хӯҷаинҳои европагии худ монда буданд, мехостанд бо роҳи харидуфурӯш ва тиҷорат як манбае барои таъмини ояндаи худ, аз болои мардум ёбанд.
Хулосаи калом аз тарафи Нашриёти Давлатии Тоҷикистони Советӣ чоп карда шудани ин китоб барои хонандагони мо, ки аз аҳволи пештараи Шарқи мустамлика кам хабар доранд, як хизмати адабии сазовори табрик аст.
Ба болои ин, ин китоб як хазинаи пурқимати забони адабии классикии сода аст, ки ҷавонон метавонанд ба кадри ҳиммат ва хоҳиши худ аз ин хазина ҳиссаҳо бардоранд. Ҳарчанд ба чоп тайёркунанда ба нияти осон ва замонӣ кардани забони ин асар дар баъзе ҷоҳо ҷумлаҳоро мувофиқи хоҳиши худ ва бо забони худ таҳрир карда бошад ҳам, ҳанӯз бисёр ҷумлаҳои аслии китоб, ки ба тарзи шеъри мансур тартиб дода шудааст, дар ҳолати худ боқист.
С. Айнӣ
Чор дарвеш
Чор дарвеш
Рамзшиносони сухан ва нуктадонони асрори куҳан 1 ва мудаққиқони маонирез 2 ва ҷигарсӯз ва муҳаққиқони 3 шавқангези меҳрандӯз 4 суханро ба риштаи таҳрир чунин кашидаанд, ки дар замони кадим подшоҳе буд дар мамлакати Рум, маркази салтанаташ Қустантания… Ӯро Озодбахт мегуфтанд… Шоҳи Озодбахт ганҷу гавҳари бешумор ва ҳашаму лашкари бисёр дошт. Чандин шаҳр аз шаҳрҳои Рум, Шом ва тарафҳои мағриб дар таи дасти ӯ буд… Бо ин хама ҳашамат фарзанде надошт ва шабу рӯз аз Худо фарзанд металабид, ки баъд аз ӯ вориси тоҷу тахти ӯ шуда тавонад. Зеро ки қоиммақоме надошт. Ҳамин тавр вай умр мегузаронид, то ки умраш ба 45 расид.
___________________________
1 Асрори куҳан — сирҳои кӯҳна, сирҳои қадима.
2 Мудаққиқони маонирез — тадқиқотчиёни пурмаънӣ, яъне нақлкунандагони ҳикояҳои пурмазмун.
3 Муҳаққиқон — таҳқиқкунандагон, суханро ба далел собиткунандагон.
4 Меҳрандӯз — меҳрҷамъкарда – меҳрнок, хушмеҳр.
Рӯзе, баъд аз намози бомдод оина гирифта, ба мулоҳизаи ҷамоли худ машғул гардид, чанд мӯйи сафед дар риши худ дид ва аз ин ҷиҳат афсурда ва хотирозурда гардида, ба хотир гузаронид, ки «дареғ ва афсӯс, ки муддате умри худро табоҳ кардӣ ва хизона сарф намудӣ ва лашкар ба куштан додӣ ва то ҳол даме наосудӣ ва дами обе ба фароғат наошомидӣ! Ҳоло пайки 1 аҷал, яъне мӯйи сафед қадам ба мулки танат гузошта ва ба ту пайғоми маргро аз рӯйи хатти ғубор мехонад. Ҳайф, сад ҳайф, фарзанде, ки тоҷу тахти туро соҳиб ва ҷонишин бошад, надорӣ ва ин ҳама молу мулки ту ба душман мегузарад.
Афсӯс, ки умрро вафо нест,
В-ин гардиши меҳрро бақо нест.
Гуфтам, ки чу пириам кунад паст,
Фарзанди азиз гирадам даст.
Шарти писарӣ ба ҷой орад,
Номуси маро ба пой дорад.
Шуд умр табоҳу ҳол абтар,
В-ин ком маро нашуд муяссар!»
Шоҳ аз бисёрии ғаму ғусса се рӯз аз хилват набаромад ва ба кори мулку давлат напардохт ва бо оҳу дард рӯз мегузаронид. Аз ин ҳол ғулғула ва ошӯб дар боргоҳ ба миёни умаро ва вазирон ва аркони давлат ва аъён афтод. Авомуннос 2 хаёлҳои аҷиб мекарданд.
Вазирон баъд аз се рӯз ба ҳамин маслиҳат омаданд, ки вазири аъзам, ки ҳамсӯҳбат ва муқарраби подшоҳ ва олами боэътимод буд ва подшоҳ ӯро аз ҷиҳати мӯсафедиаш ва камоли дӯстиаш падар хитоб менамуд ва Равшанрой ном дошт, ба назди подшоҳ равад, тафтиши ҳоли ӯро карда ояд. Вазири аъзам таклифи ёронро қабул карда ба сӯйи хилваткадаи шоҳ рафт. Чун дарбонон ва қаровулон ӯро ҳамсӯҳбати хоси подшоҳӣ медонистанд, мамониат карда натавонистанд. Ӯ ба ҳавлии ҳарами хос расид ва аз ходимони он ҷо барои ба пеши шоҳ даромадан рухсат хост. Чун садои ӯ ба гӯши шоҳ расид, ишора намуд, то рухсат диҳанд. Чун Равшанрой ба назди шоҳ даромад, замини адаб бибӯсид ва ба сони булбули
_______________________
1 Пайк – хабаррасон, хатбари пиёда.
2 Авомуннос — оммаи мардум.
ҳазордастон 1 ба ин мазмун санохон шуд:
— Чӣ шуд, ки бар гули ораз гулоб мерезӣ.
Ситора баҳри чӣ бар офтоб мерезӣ?
Подшоҳо! Сабаби андӯҳ ва малол ба хайру хубӣ анҷом ёбад! Оё боиси ғамат чист?
Озодбахт ба тозагӣ боз сели ашк аз дида равон сохт ва гуфт:
— Чаро парешонхотир ва дилозурда набошам, ки муддати дароз умри азиз зоеъ ва хазинаро сарф ва лашкарҳо талаф кардам, то ин мамлакатҳоро ба тасарруф даровардам. Вале ҷонишине надорам, ки баъд аз ман тоҷу тахти маро соҳиб шавад. Боз душманони ман мустақил хоҳанд шуд ва ранҷи ман беҳуда меравад.
Равшанрой чун ин сухан шунид ва зории подшоҳро дид, ба насиҳат даҳан боз кард ва гуфт:
— Умрат дароз ва давлатат бардавом бод! Инҳо хаёли фосиди 2 шайтонӣ ва қадри неъматро надонистан аст… Валинеъмат, худ мефармоянд, ҳар гоҳ ки дунёро бақо ва ҳаёти онро вафо набошад ва подшоҳро фарзанде, ки ворис ва ҷонишин тавонад буд, набошад, пас дар дурӯза умри зиндагонӣ ғам набояд хӯрд ва то ҳаст боқист ба айшу ишрат ба сар бояд бурд ва ҳар нафасро ғанимат бояд шумурд.
Агар матлаб фарзандёбӣ бошад, бояд, ки дар нимшабон ва бомдодон ва гоҳ-бегоҳ аз Худо талабӣ, садақа ба дарвешон ва мискинон бидиҳӣ ва бандиёни бегуноҳро озод кунӣ, то ки Худо ба ин васила ба ту раҳм оварад ва чароғатро равшан кунад.
Ҳамчунин ӯ насиҳатҳои дилпазир мегуфт. То ки ба сайқали насиҳати он мард занги кудурат аз оинаи хотири подшоҳ дур гардид ва филҷумла дилаш таскин ёфт, забон бо меҳрубонӣ кушуд, аҳволи умаро ва аъён пурсид. Равшанрой замини хизмат бӯсида арз намуд, ки:
________________________
1 Булбули ҳазордастон — булбул, булбули хушилҳон.
2 Фосид – вайроншуда.
— Ба дуои давоми давлати безавол иштиғол доранд, лекин аз маҳрумии пойбӯси султон дар ин айём хастахотир ва дилфигоранд.
Подшоҳ гуфт, ки:
— Фардо дар соати аввали рӯз ба боргоҳ баромада, бо хосон сӯҳбат хоҳам дошт.
Равшанрой бад-ин хушнудӣ маликро дуо гуфта… берун баромад. Умароро розӣ кард ва хизматгоронро фармон дод, то ҳар як ба манзили худ рафтанд.
Подшоҳ аз гузашта тавба кард… барои рафъи бедимоғӣ ба сайр ва сӯҳбати китоб машғул гардид. Ва ҳар лаҳза боз ба фикр меафтод, аммо худро ба он намедошт… то он ки дар китобе навишта дид. ки «агар касеро ғаме ё муҳиме рӯ диҳад ва онро дафъ карда натавонад, бояд ки ба қабристон равад ва фотиҳа хонад… бошад ки дилаш нарм шуда, аз чашмаш чанд қатра ашк резад ва аз он филҷумла дилаш фараҳ ва хотираш таскин ёбад…».
Бинобар ин Озодбахт ба қабристон рафтанро дар хотир гузаронид… сабр кард, то ки шаб даромад, тағйири либос карда, муште танга ва тиллоро гирифта танҳо қадам ба роҳ ниҳод ва аз шаҳр берун омад.
Чун ба пеши марғзори қабристон расид, аввало фотиҳа хонда, баъд ба сайр машғул шуд. Дар миёни қабристон чортоқе ба назараш расид, ки дар он чароғе месӯхт. Шоҳ ба худ гуфт, ки «албатта дар он макон ғарибе хоҳад буд, аз ватан овора ё бечора ё дарвеше аз халқ канора ҷуста… ва аз қайди алоиқ раста ва дар чунин ҷой нишаста…». Чун ба атрофи чортоқ расид, чор нафар дарвешро дид, ки хирқаҳои1 фано дарбар ва дар чор рукни он чортоқ ба рӯйи тахтаҳо нишастаанд, монанди бутемор сар ба зери бол кашида, даст бар сари зону ва сар ба рӯйи даст гузошта, ғарқи баҳри хомӯшӣ ва восили олами мадҳушӣ гаштаанд. Чароғе бар болои санги қабре гузошта шуда, ки чун дили ғарибони аз ёру диёр дурафтода, дар ғурбат ба дарди бенавоӣ дармонда ва гарди кулфат ва ғам пажмурда ва афсурда карда… подшоҳро ба хотир расид, ки гузаштагон гуфтаанд:
________________________
1 Хирқа ҷомаи пора-пора, кӯҳнапораи дӯхташуда.
« — Равзаи хулди барин хилвати дарвешон аст,
Мояи мӯҳтарамӣ хизмати дарвешон аст.
пас, бояд ба хизмати онҳо равам ва аз дами гарми онҳо ёрӣ талабам…».
Шоҳ хост, ки қадам пеш ниҳад, ақл ба вай бонг зад. ки «Эй ҷоҳил! Наёмӯхта ва нашинохта чӣ донӣ, ки инҳо киёнанд! Мумкин аст гургоне бошанд, ба сурати гӯсфандон, ё девон ба либоси инсон!
Аз қазо дар ҳамон вақт яке аз дарвешон атса зад ва шукр гуфт. Дарвешони дигар аз он садо бедор шуданд ва хайрбод гуфтанд. Яке аз онҳо бархоста, чароғро равшантар кард ва боз ба ҷояш нишаст.
Озодбахт ба худ гуфт, ки «алҳол ҳар чизе, ки дар замири инҳо ҳаст, зоҳир мешавад» ва худ дар беруни чортоқ, дар паҳлуи санги қабре нишаст ва гӯш ба овоз ва назар ба андози (ба ҳаракати) онҳо гузошт.
Яке аз дарвешон ба рафиқон гуфт:
— Бародарон, имшаб, ки мо чор фалакзада, аз ватан овора гардида ва ҷаври беҳад кашида, маҷнунвор дар биёбонҳо давида ва лаҳзае дар ҳеч ҷо монанди селоб наёрамида, алҳол ба якдигар расидаем. Намедонем, ки боз аз гардиши фалак бар сари мо, бечорагон, чӣ хок бехта хоҳад шуд! Чаро ба доми ғафлат фурӯ рафтаем?! Ҳамон беҳ, ки аз саргузашти якдигарӣ шунавем ва ин шабро рӯз кунем, то бинем, фардо чӣ хоҳад шуд.
Дарвешон ҳама ин маслиҳатро мавдуд донистанд ва гуфтанд, ки:
— Ҳамон беҳ, ки аввал ту аҳволи худ бигӯйӣ: ба шарти он, ки ба роҳи ростӣ пӯйӣ!
Он дарвеши дилреш ба ду зону даромада чун абри баҳор ба ҳоли фигори худ зор-зор гирист ва тӯтии забонро бад-ин гуна гӯё гардонид…
Охирсухан
ОХИРСУХАН
Дар бораи китоби «Чор дарвеш» ва аҳамияти он дар бораи он ки хонандагони советӣ ба вай аз кадом нуқтаи назар бояд нигоҳ кунанд, устод С. Айнӣ дар сарсухани худ гуфтаанд. Ба ҳиссаи ман якчанд сухан дар бораи мавқеи ин китоб дар тараққиёти насри тоҷик ва мавқеи он дар адабиёти ҷаҳонӣ гуфта гузаштан мондааст.
Нависанда Ҷалол Икромӣ кори хубе мекунад: вай дар бадали бисёр солҳо хонандагони тоҷикро бо ҷавоҳироти насри бадеии классикии тоҷик шинос мекунад. Қариб зиёда аз бист сол пеш аз ин хонандагон дар шумораи чаҳоруми журнали «Шарқи Сурх» — «Саргузашти Хоҷасагпараст» (Як порча аз қиссаи «Чор дарвеш»)-ро хонда буданд, ки онро Ҷалол Икромӣ ба чоп тайёр карда буд. Дар соли 1951, вай матни пурраи ин китобро бо сарсухан ва таҳрири устод Айнӣ ба чоп тайёр кард, ки онро Нашриёти Давлатии Тоҷикистон худи ҳамон сол аз чоп бароварда, нашр намуд. Ҷалол Икромӣ дар мақолаи худ, ки бо сарлавҳаи «Дар бораи баъзе хусусиятҳои насри тоҷик», дар шумораи 11 «Шарқи сурх» (соли 1958 чоп намудааст), дуруст қайд мекунад, ки мо мутаассифона ба насри классикии тоҷик нағз аҳамият намедиҳем; ва ҳол он ки бо адабиёти даҳонакии халқӣ дар иртиботи қавӣ буда, аз ҷиҳати услубӣ соф ва равшан ва забони сода ва ширини худ фарқ мекунад ва дар байни хонандагон шӯҳрати бузург дорад. Ниҳоят, Ҷалол Икромӣ дар соли 1959 матни тоҷикии «Ҳазору як шаб»-ро ба чоп тайёр карда баровард.
Ҳеч як адабиёти бузург анъанаҳои гузаштаи худро ба таври эҷодӣ наомӯхта ва аз худ накарда, сабзида наметавонад. Ҳарчанд ки дар мо назми классикии тоҷик омӯхта мешавад, санъат ва маҳорати вай ба кор бурда мешавад, вале то ба имрӯз насри классикӣ манзури дидаҳои аҳлаш нашудааст ва ба он диққат намедиҳанд. Шояд, дар натиҷаи ҳамин аст, ки чунин як ақидаи нодуруст паҳн шудааст, ки гӯё, дар собиқ ҳеҷ жанри насрӣ дар адабиёти тоҷик набошад.
Бояд гуфт, ки ин фикр маҳз хатост!
Дар адабиёти собиқи то ба Револютсияи Октябр ду шакли асарҳои насриро қайд кардан мумкин аст: аввалаш осори насрии муаллифони маълум, ки ба онҳо насри классикии таълифӣ ном додаи мумкин аст; дуюминаш осори насрии муаллифони номаълум, ки онҳоро «Китобҳои халқӣ» меномем. Шакли аввалинаш гуногун буда, ба онҳо хам вақоеъномаҳои таърихӣ. ки ба таври нимбадеӣ навишта шудаанд. масалан «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд; ҳам асарҳои дидактикӣ, ба монанди «Гулистон»-и Саъдӣ, «Анвори Суҳайлӣ»-и Ҳусайни Воизи Кошифӣ; ҳам саёҳатномаҳои муаллифони маъруфро даровардан мумкин аст 1. Шакли дуюми насри бадеии классикӣ низ дар гуногунӣ ва бойигарӣ аз аввала монандӣ (монданӣ — ТА) надорад. Дар ин маврид як китоби дастхатиеро мисол овардан мумкин аст, ки бузургин ин бойигариро нишон медиҳад.
Вақто ки бо китобҳои дастнависи фонди китобхонаи давлатии Сталинобод шиносо мешудем, китоби дастхатеро дидам, ки бо рақами 319 ишора шуда. «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» номида шудааст. Ин китоб ҳаҷман хеле калон буда, 850 саҳифаи зич ва маҳин навишта шуда мебошад. Ин на он китоби маъруфи Муҳаммади Авфӣ аст, ки «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт» номида мешавад. Ин «Қомуси афсонаҳо» буд, ки маҳз ба ҳамон «Китобҳои халқӣ» оид буд 2. Дар ин китоб, ба ғайр аз қисса ва ҳикоёти кӯтоҳ ва хурди бисёре, қариб сӣ то повестҳои калон ва пурраи афсонавӣ ҳаст, ки «Бахтиёрнома», «Ҳафт вазир», «Сайфулмулук», «Ҳафт кишвар», «Нӯҳ манзар», «Норисо туҷҷор ва маликаи Гуландом», «Солеҳи хиштрез ва духтари қозии
________________________________________________
1 Дар китоби «Очеркҳо аз таърихи адабиёти тоҷик» (Сталинобод. Нашриёти Давлатии Тоҷикистон, 1956, саҳифаҳои 376 ва пас аз он) ман обзори насри бадеии тоҷикро додаам.
2 Ин китоб ҳоло дар фонди дастхатҳои Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.
Бағдод» ва дигарҳо ба он медароянд. Ба ғайр аз ин, китобҳои «Ҳафт сайри Ҳотами Той», «Синдбоднома» ва ғайра, ки Ҷалол Икромӣ дар мақолаи дар боло зикрёфта қайд кардааст, низ васеъ паҳн шудаанд. Дар фондҳои китобҳои дастнависи китобхонаҳои давлатии Ленинград ва Тошканд низ намунаҳои бисёри ҳамин тавр «китобҳои халқӣ»-и муаллифонаш номаълум мавҷуд аст. Агар ҳамаи ин осори қадимаи насри бадеии классикии тоҷикро баргашта чоп кунем, даҳҳо, садҳо ҷилдҳои калон-калон мешаванд.
Олими маъруф, марҳум А. А. Семёнов дар сарсухани каталоги дастнависҳои шарқӣ навишта буд: «…Дар қатори адабиёти бадеии насри муаллифони маълум, инчунин адабиёти халқии муаллифони номаълум мавҷуд буд. Бисёрии аз ин асарҳо ҳамаи хусусиятҳои такомули бадеиро доро буда, ба гумон, аз давраҳои хеле қадим, шояд аз асарҳои то ба ислом омада баромадаанд. Дар паҳновардаштҳои Осиён Миёна ва дар водию нишебиҳои Эрон, дар шабнишиниҳои гуногун ва сӯҳбатҳо ва маҷлисҳо (гап, гаштак, машварат, базм ва ғайра) ҳамеша ин асарҳои муаллифони номаълумро, ки ба шакли повестҳои афсонавии маҳзун, саргузаштҳои романтикии аҷоиб ва ғароиб ва умуман воқеаҳои гуногуни диққатангез ҳастанд, мехонданд ва бо диққат гӯш мекарданд»1.
Агар насри бадеии классикии шакли аввалин, яъне таълифӣ бо забони пур аз иғроқ ва пур аз печутоб ва баъзан бо забони хеле мураккаб ва мушкил ва номафҳум навишта шуда бошанд (масалан, «Мақомот»-и Мирхонд. «Анвори Суҳайлӣ»), асарҳои насри бадеии классикии шакли дуюм, «китобҳои халқӣ» одатан бо забони хушобуранг ва зебо, бо забони мафҳум ва равон навишта шудаанд. Ба ғайр аз ин дар онҳо тафсилотҳои бисёри зиндагӣ-маишӣ, воқеаҳои реалистона ва ҳаётӣ тасвир ёфта ифодаҳои зебо ва ибораҳои хушмазмун, ҳаҷв, зарбулмасалҳои хуб ҳастанд, ки бартарии ба назар намоёни онҳо мебошанд. Ин асарҳо сазовори онанд, ки нависандаҳо, пропагандистҳо, журналистҳо дар кори эҷодии худ аз онҳо нағз истифода баранд.
________________________________________________
1 Маҷмӯаи дастнависҳои шарқии Академияи фанҳои Ӯзбекистон, ҷилди II, Тошканд, 1954, саҳифаи 11.
Бешубҳа ҳамаи ин китобҳо, ки як вақтҳо аз тарафи муаллифони номашон номаълум навишта шудаанд, самараи эҷодии худи он муаллифон набуда, балки гуфтори гӯяндагон, ноқилон, қиссагӯёни халқӣ буда, аз авлод ба авлод гузашта ва ниҳоят аз тарафи кадом шахсе ба қалам гирифта шудааст. Аз ин нуқтаи назар ин тавр асарҳоро халқӣ, дурусттараш асарҳои дар байни халқҳои эронӣ — тоҷикон ва форсҳо ба майдон омада гуфтан мумкин аст. Аммо халқҳо аз қадим бо ҳам дар иртибот ва муносибат мебошанд ва бинобар он аз ҳамдигар осори маданият ва ҷавоҳири эҷодиро ба иваз мегиранд. Васеъ паҳн шудани зарбулмасал, мақол, тамсил, латифа ва афсонаҳо ба ҳамин тариқа шудааст. Халқҳои эронӣ хусусан бо халқҳои туркизабон ва халқҳои ҳинд зичтар дар муносибат будаанд. Ин муносибат дар бадали асрҳо давом мекунад. Бинобар он маъхази ин ва ё он афсона мумкин аст, масалан Ҳиндустон бошад, вале ин боис намешавад, ки бигӯем: афсонаи тоҷикӣ иборат аз тарҷимаи афсонаи ҳиндугӣ бошад. Не, аз халқе ба халқе асосан дона, реша мубодила мешавад, масалан дар сарзамини тоҷик аз донаи Ҳиндустонӣ халқ — боғбон дар муддати умри як авлод самараи махсуси худашро, ки рангу бӯйи алоҳида ва шоху барги ҷудогонаи тоҷикиро дорад, ба вуҷуд меорад. Аксаран ҳамин тавр ҳам мешавад, ки масалан афсонаи ҳиндугӣ, ки аз маъхази тоҷикӣ баромадааст, худаш як вақтҳо ба Ҳиндустон аз ин ҷо, аз халқҳои эронӣ бурда шудааст ва баъд, гӯё, боз ба халқҳои эронӣ баргаштааст. Инро чун таъсири дуҷониба, чун доду гирифти як халқ, ба халқи дигар тавҷеҳ кардан дуруст мешавад. Аксаран маъхази афсонаҳои тоҷикӣ на афсонаҳои ҳиндугӣ буда, балки афсонаҳои Эрони қадим — ривоёти Авесто ва қиссаҳои суғдӣ будаанд.
Услуб ва устухонбандии «Чор дарвеш» барин асарҳо яке аз услубҳои адабӣ-бадеии хеле аҷоиб ва мароқоваре мебошад, ки онро мо дар баъзе дигар китобҳои халқӣ ва ҳатто дар эпосҳо (масалан, дар «Гӯрӯғлӣ») низ мебинем. Ин услубро дар илми адабиётшиносӣ — «Чаҳорчӯба» (рамка) ё ки «Афсона дар афсона» «Повест дар повест» меноманд.
Дар китоби «Ҳазору як шаб» воқеаи Шаҳрбоз ном подшоҳе, ки аз занҳо ранҷида ва ҳар саҳар ба куштани ҳамхобаи дишабаи худ амр медод ва қисса гуфтани Шаҳрзод ном духтари вазир, ки дар бадали ҳазору як шаб ба шоҳ афсона гуфта, мароқ ва ҳаваси ӯро барангехта ва ба худ ром намуда, дар натиҷа зинда мондааст, «чаҳорчӯба»-и китоб шудааст. Дар ин чаҳорчӯба қисса ва афсонаҳои бисёре дохил шудаанд. «Бахтиёрнома», «Тӯтинома» ва монанди ин асарҳо низ ҳар кадом чаҳорчӯбаи худро доро мебошанд. Инчунин эпоси «Гӯрӯғлӣ» низ чаҳорчӯбаи худро дорад, ки он дар халқҳои ӯзбек ва тоҷик ва халқҳои дигар як чаҳорчӯбаи умумии худашро дорад. Ба подшоҳи мулки ободи Ҷамбул (дар озарбойҷониҳо «Ҷенли Бил») Гӯрӯғлӣ, ки аспи қанотдор — Қратро дорад, чиҳил нафар диловарон — паҳлавонон хизмат мекунанд ва беҳтарини онҳо писархонди ӯ Аваз мебошад. Дар ин чорчӯба достонҳои тамоман гуногун (дар ҳар халқ ҳар хел), дар бораи диловариҳои паҳлавонон, дар бораи корномаҳои худи Гӯрӯғлӣ ва атрофиёни ӯ (дар тоҷикҳо асосан Авазхон) гузошта шудаанд. Ин услуби «чаҳорчӯба» ва инчунин жанри «повести чаҳорчӯбадор», ки аз он омада баромадааст, шубҳа нест, ки маҳсули эҷодии шарқзамин аст ва таърихаш ба замонҳои қадим рафта мерасад. Инчунин папируси маъруфи мисрӣ (Весткарӣ), ки ба асри XVIII қабл аз милод оид аст, яъне қариб 4000 сол пеш аз ин ба ҳамин услуб навишта шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки Хеопс ном фиръавн дар вақти хафагӣ ва зиқии худ чаҳор нафар писарони худ — шаҳзодагонро ба наздаш ҷеғ мезанад ва ҳар як аз онҳо ба вай ҳикоя гуфта медиҳанд. Афсӯс, ки то ба замони мо тамоми он ҳикояҳо боқӣ намондаанд.
Аз мисолҳои болоӣ мо фақат як хусусияти он услуб: «повести чаҳорчӯбадор»-ро дидем. Вале он услуб боз як хусусияти хеле муҳимми дигар дорад. Ин хусусият ҳамин, ки дар ин услуб ҳикоя ва қиссаҳои ҷудогона на фақат дар як чаҳорчӯба, умуман гирифта шудаанд, балки ҳамаи он қиссаҳоро якҷоя, як натиҷаи умумӣ ва як мақсад дарбар мегирад. Масалан, дар баъзе повестҳои чаҳорчӯбадор ғояи асосӣ, ки иборат аз босабр будан, дар ҳалли масъала саросема нашудан, ҳартарафа фикр карда дидан (дар «Бахтиёрнома») мебошад, натиҷаи умумии он шудааст.
Олимон чунин медонанд, ки жанри повести чаҳорчӯбадор бо ин ду хусусияти худ ва ҳатто бо сюжети ягонаи асосӣ дар Ҳинди қадим, дар адабиёти санскрит ба майдон омадааст. Муҳимтарин ва намоёнтарин асарҳо дар ин услуб дар санскрит иборат аз «Панчатантра» («Панҷ китоб», ки дар адабиёти Эрон кор карда шудаи он «Калила ва Димна» ном дорад). «Витала панча винатти» («25 афсонаи Виталӣ», ки тарҷимаи русии он мавҷуд аст). «Шукасантати» («75 ҳикояи тӯтӣ»), ки ба хонандагони тоҷик ба номи «Тӯтинома» машҳур аст 1.
Дар адабиёти Эрони қадим (дурусттараш дар адабиёти паҳлавӣ) ва баъд аз он дар адабиёти форсӣ китобҳои халқии бисёре ба майдон омадаанд, ки баъзе аз онҳо бевосита сюжетҳои ҷудогонаи он китобҳои санскритро ва аксаран фақат услуби коркардаи онҳоро, ки иборат аз «Чаҳорчӯба» мебошад, истифода бурдаанд. Як қисми аз ин гуна осорро мо ном бурдем ва дар он қатор ҳам ҳамин китоби «Чор дарвеш» офарида шудааст.
«Повестҳои чаҳорчӯбадор», хусусан осори халқҳои эронизабон ва араб ба адабиёти ғарб таъсири фаровоне бахшидаанд. Мисоли равшани ин китоби машҳури «Декамерон» (Даҳшаб») мебошад, ки аз тарафи Бокаччо навишта шудааст. Аз ҳамин нуктаи назар гуфтан мумкин аст, ки баъзе аз китобҳои халқии тоҷикӣ на фақат бойигарии бузурги мадании халқи тоҷик, балки гавҳарҳои қиматбаҳо дар хазинаи адабиёти ҷаҳонӣ ҳам мебошад.
Дар ин китобҳо фантазияи бой ва аҷоиб услуби зебо ва диққатангези адабӣ ва ғояи гуманистӣ, ки дар ҳикматҳои халқӣ ифода ёфтаанд, ҷолиби диққат мебошанд.
Бедарак нест, ки демократи револютсионӣ, мунаққиди бузурги рус Чернишевский бо шавқу муҳаббати зиёд повестҳои чаҳорчӯбадори шарқзаминро таъриф мекунад ва худаш ҳам асари калонаш «Повестҳо дар повестҳо»-ро навишт, ки дар он ҳамин услуб ва сохти қиссаро истифода бурд. Дар сарсухани асари худ Н. Г. Чернишевский дар бораи бартарӣ ва ҳусну латофати бадеии ин услуб батафсил нақл карда мегӯяд, ки ин услуб, ин тарзи ҳикоябандӣ имкон
_____________________________________________
1 Дар ҳамин қарибӣ китоби Л. А. Гринсер дар бораи «Повестҳои чаҳорчӯбадори санскритӣ» аз чоп мебарояд.
медиҳад, ки нависанда хонандаро водор намояд, то ки вай худаш дар бораи тақдири қаҳрамонҳои ҳикоя фикр кунад, бо ҳамроҳии нависанда дар тартиб ва сохти қиссабандӣ иштирок намояд.
Дар бораи яке аз асарҳои классикии шарқ, ки ба тарзи повести чаҳорчӯбадор навишта шудааст, Н. Г. Чернишевский чунин менависад: «Дар синни ҷавонӣ маро афсонаҳои «Ҳазору як шаб» мафтун карда буданд ва он афсонаҳоро ба ҳеч ваҷҳ «Афсонаҳои бачагона» номидан мумкин нест; баъд, дар синни калонсолӣ ҳам ман он афсонаҳоро борҳо гаштаю баргашта хондам ва дар ҳар бори хонданам ин китоби сеҳрангез маро мафтун ва мафтунтар мекард. Ман осори шеърии олиҷанобро медонам, аммо аз ин олиҷанобтарро надидаам ».
Пас аз ин баъзе қайдҳои дар боло зикршуда, ба хонандагон мафҳумтар мегардад, ки барои чӣ С. Айнӣ барин як устоди мӯътабар, ин повести чаҳорчӯбадор — «Чор дарвеш»-ро ба ин дараҷа баҳои аъло медиҳанд. Шубҳа нест, ки барои хонандагони мо дар ин китоб баъзе чизҳое ҳаст, ки чандон рост намеояд. Масалан, ғояи он ки ҳамаи мушкилот аз тарафи худо ва подшоҳон ба тариқи мӯъҷиза ҳал карда мешавад, барои мо бегона ва норавост, ки дар ин бора устод Айнӣ дар сарсухани худ қайд карда, онро ба норасоиҳои асар даровардааст. Вале, аз тарафи дигар китоб дар замонҳои қадим навишта шудааст ва баъзе нуқсонҳои вай аз ҳамин сар бар мезанад. Дар баробари ҳамин танқиди ҷабру зулми ҷамъияти кӯҳнаи феодалӣ, ҳусни таваҷҷӯҳ ба мардуми меҳнатӣ ифодаҳои гуманистӣ барин бартариҳо дорад, ки ба қимати адабии он далолат медиҳанд ва онро сазовори диққат мегардонанд. Бигузор нашр гардидани ин китоб оғози он кори бузурге шавад, ки дар натиҷаи он беҳтарин осори насрии классикии тоҷик ҳартарафа санҷида шуда, таҳлил гардида ба чоп расанд.
И. Брагинский
доктори илмҳои филологӣ
Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.