ДАВОҲОИ НАБОТӢ (РАСТАНӢ)
69. Пахта
Ин зироати машҳур ва хеле қадим аст. Таърихаш
ҳазорҳо солро дар бар мегирад. Ду навъ мебошад:
яке пахтаи сафед медиҳад, ки ниҳолаш сершох мебо-
шад ва дар ҳар шохе мувофиқи қуввати заминаш кӯ-
сакҳо дорад, ки ин самараш қариб кулӯла мебошад.
Дигаре бешох, рост ва баланд мехезад, вале кӯсаки
ин нисбатан майдатар ва дарозаки нӯгдор — нахҳои ин
нисбатан маҳинтар ва дарозтар аст.
Одатан чигити инҳо кишта мешаванд, аз замин
ниҳоли нав дубаргашавон бармеояд ва баъд баргҳои
муқаррарӣ зоҳир намуда, бо мурури рӯзҳо шона ме-
бандад, гул мекунад, кӯсак мегирад ва инак, он раси-
да пахтааш мешукуфад. Дар ҷоҳои мо пахтаро ҳар
сол як бор аз нав мекоранд, вале дар минтақаҳои
гармо як бор коранд, ду сол ҳосил медиҳад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст;
мизоҷи чигиташ дар дараҷаи дуввум гарм ва тар; ми-
зоҷи гулаш гарм ва тар аст, ки илова бар ин боз хис-
лати фараҳбахшӣ ҳам дорад.
Хислатҳои шифобахши он: аз гулаш шароб тайёр
мекунанд ба ин усул. 400 грамм гули тару тозаашро
дар 1,6 килограмм оби борон ё оби муқаттар як ша-
бонарӯз тар карда, баъд то сеяки об мондан бо оташи
мулоим меҷӯшонанд. Пас хуб молида, аз матои боф-
таш зич гузаронида, соф менамоянду бо 800 грамм
қанди сафед қивом месозанд. Дар лаҳзаҳои охири ки-
вом 2,25 грамм заъфаронро ос карда, дохили он меку-
нанд. Аз ин таркиб ҳар рӯз як бор 70 грамм бо гулоб
ё бо бедмишк ва ё бо арақи говзабон бихӯранд, де-
вонаи навро сиҳат мебахшад; васвос ва тапидани дил
(дилбозӣ), ки аз гармӣ бошанд ва инчунин хафа
(бӯғма) шудани гулӯгоҳи бачадонро ба ибро меова-
рад. Агар 25 грамми онро бинӯшанд, аз бисёр хур-
200
сандӣ бахшидан кайф мекунад ва ба ҳолате қариб
ба мастӣ меоварад.
Гули онро батанҳоӣ ё бо барги тараш якҷо кӯфта
гузошта банданд, обила ва сӯхтагии оташро дафъ ме-
кунад — шифо мебахшад.
Агар либоси пахтагин ё либоси пашмин ва абре-
шимро, ки тор ё пудаш аз пахта бошад, бипӯшанд,
баданро қувват мебахшад, гарм нигоҳ медорад, аъзои
баданро хушк ва сахт мегардонад, инчунин барои бе-
мориҳои вобаста ба ҳолати майна ва асаб, ки монан-
ди: ларзак, сустӣ ва нотавонии аъзо, фолиҷ (шал шу-
дани нимаи бадан ба дарозӣ), кузоз (столбняк) ва
монанди инҳо форам ва мувофиқ аст. Дуди пахтаро
дар бинӣ кашанд, зукомро дафъ мекунад.
Пахтаи наддофӣ кардашударо, яъне бечигитро то
сиёҳ шуданаш сӯхта, яъне сӯхтаи онро ба ҳадди хо-
кистар нарасонида гузошта банданд, варамҳоро таҳ-
лил медиҳад, хоришро дафъ мекунад ва сӯхтагии
оташро шифо мебахшад. Пахтаро аз чигиташ ҷудо
карда, даруни захмҳои чуқуррафтаро аз он пур намо-
янд, римашро аз чуқурии он мекашад ва захмро хушк
карда сиҳат мебахшад. Пахтаро то орд барин маҳин
гаштанаш кӯфта бипошанд, ҷароҳатҳоро хушк ва си-
ҳат мекунад. Агар аз ин кӯфта захмҳои кӯҳнаро пур
кунанд, гӯшти ҳароми онҳоро мегудозад ва дафъ ме-
созад, рими онҳоро низ аз ҷоҳои чуқур мекашад.
Пахтаро гарм карда, ба узвҳои дардманд ва ва-
рамҳои сард дар ҳар узве, ки бошанд, гузошта бан-
данд ва муддате ҳамон тавр бигузоранд, инчунин ба
хояҳои об фуромада ҳамин тавр гузошта банданд,
дардро дафъ мекунад, варамро таҳлил медиҳад ва оби
дар хояҳо фуромадаро пароканда мегардонад. Пахта-
ро кӯфта, гарм карда, ба рӯйи барги гарм кардашудаи
беданҷир паҳн намуда, ба варами хоя гузошта бан-
данд, онро таҳлил медиҳад. Чигити нав аз пахта ҷудо
кардашударо кӯфта, андак занҷабили кӯфтагӣ ва об
бар он пошида, гарм карда, чун фатила аз пахта со-
занду як сари онро ба озахҳои мехшакл гузошта, са-
ри дигари онро бисӯзонанд, ки гармӣ ва тезии он ба
озахҳо расад, вале насӯзад ва то се рӯз ҳамин тавр
доғ кунанд, озах нест мешавад.
Мағзи бепӯсти чигитро бихӯранд, узвҳои даруни
сина ва шикамро мулоим мекунад, сурфаро, ки аз
гармӣ бошад, дафъ месозад. Агар инро бо дорчинӣ ва
201
шакар бихӯранд, боҳи (пушти камари) одамони сард-
мизоҷро қувват мебахшад, вале агар бо сиканҷабин
(сиркоасал) бихӯранд, барои пурқувват кардани боҳи
одамони гарммизоҷ дармон мегардад.
Миқдори як бор хӯрдан аз мағзи чигит дар як рӯз
то 23 грамм аст.
Равғани чигитро бимоланд, доғҳои кунҷидакро дафъ
мекунад ва ҷароҳатҳоеро, ки дар рухсора пайдо шуда
бошанд, шифо мебахшад.
Оби баргҳои тару тозаашро бо воситаи кӯфтан си-
тонида, аз он об чанд бор 75-граммӣ (хусусан бо шар-
бати себ) бинӯшанд, рафтани даруни кӯдакон ва ғай-
ри кӯдаконро мебандад.
Баргашро кӯфта, бо равғани гулисурх сиришта гу-
зошта банданд, ниқрис (дард ва варами ангуштони
дасту поҳо) ва дардҳои дигари луққосзанандаи дои-
миро шифо мебахшад, ки дар ин бобат давои бемисл
аст. Агар барги пахтаро бо барги чилмангӯштак (се-
мизут) якҷо кӯфта гузошта банданд, дарди буғумҳо-
ро, ки хоҳ аз гармӣ ва хоҳ аз хунукӣ бошад, даво
мешавад.
Баргҳои майдатар ва андак решааш—ҳар дуро
дар об ҷӯшонида, дар он об занҳо то ноф даромада
нишинанд, бӯғмаи бачадонро, ки дафъа-дафъа беҳушӣ
меоварад, шифо мебахшад ва дарди ин узвро таскин
медиҳад.
Баргҳои онро дар соя хушк карда, кӯфта бипо-
шанд, хуни ҷароҳатро, ки аз буридани теғ, расидани
тир ва ғайра равон бошад, манъ мекунад.
Ҳар як қисми дарахт ва самари пахтаро кӯфта гу-
зошта банданд, меъдаро қувват мебахшад, хуни дар
узвҳои бадан шахшударо таҳлил медиҳад ва онро ба
рӯйи пӯст мекашад.
Агар як сари шохи пахтаро дар гӯш гузоранд ва
сари беруни онро бисӯзонанд, оби ба даруни гӯш
рафтаро, ки берун оварданаш душвор гашта бошад,
ба худ мекашад.
70. Анзарут
Ин шилми буттаи хорнокест, қаддаш то 1,5—2 метр
мехезад, дар сарзаминҳои Форс, Хуросон ва Осиёи
Миёна мерӯяд. Ранги ин шилм сурх ва сафеди моил
ба зардист. Беҳтарини он ранги сафеди зардтобаш
202
аст, ки зудшикан ва дар таъм талхи андак ширинӣ
дошта бошад.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи дуввум гарм ва дар
аввали ҳамон дараҷа хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин хушккунанда бидуни
дард аст ва беҳтарин давои бо исҳол дафъкунандаи
балғами шахшӯл ва сафроро ҳамоно дафъ мекунад;
бодҳои ғализро таҳлил медиҳад, гиреҳҳои узвҳои ба-
данро мекушояд, бачаи занони ҳомиларо аз шикам
меафтонад, кирми меъда ва рӯдаҳоро мерезонад; ба-
рои иллатҳои пайвандҳо, дарди сурин ва ирқуннасо
(радикулит) дору мешавад; балғами ғафсро аз ҷоҳои
дур ва чуқури бадан мекашад, хусусан бо турбуд ва
ҳалила бихӯранд, ин навъ таъсираш қавӣ мегардад.
Барои фарбеҳ кардани баданҳои лоғар чун 17,5 грам-
ми онро бо 0,6 грамм санги даруни заҳрадони гов ва
35 грамм норгул ҳамроҳ карда, чор ҳисса сохта, ҳар
рӯз як ҳиссаи онро баъд аз ҳаммом кардан ва баъди
хӯрдани зардаи тухми мурғи нимпухта биёшоманд,
бисёр пуртаъсир аст, бо як аҷобат фарбеҳ месозад.
Ҳаким Бағдодӣ гуфтааст, ки занони Миср анзарут-
ро дар оби тарбуз ним рӯз тар карда, барои фарбеҳ
шудан то 35 грамми онро мехӯранд.
Мегӯянд, ки 17,5 грамми анзарутро сойида бихӯ-
ранд, масомҳоро банд карда ва ба узвҳои даруни ши-
кам часпида мекушад.
Ислоҳкунандаи зарари ин шилми бодомҳо ва рав-
ғани бодоми ширин аст.
Ҳар гоҳ худи анзарутро батанҳоӣ истеъмол карда-
нӣ шаванд, бояд ки даҳ баробари он равғани бодоми
ширин ҳамроҳ намоянд.
Миқдори як бор хӯрдан аз анзарут дар як рӯз аз
2,25 то 9 грамм аст, вале агар бо давоҳои дигари ис-
лоҳовар ошомидан хоҳанд, 4,5 граммаш кифоя аст.
Ба ҷойи анзарут ба ҳамон вазн сабир (алоэ)-ро ис-
теъмол фармоянд, равост.
Аммо истеъмоли он аз берун барои беҳ шудани ҷа-
роҳат, рӯёнидани гӯшти солим ва хӯронидани гӯшти
ҳароми реш ва ягон узви дигар, пок сохтани рим аз
захмҳо, хуни равони ягон ҷоро манъ гардонидан, дафъ
кардани доғҳои нағзак даво мебошад; бо натрун (та-
накори арманӣ, яъне танакори сурх) якҷо карда гу-
зошта банданд, ханозерро (хукгарданро) таҳлил ме-
диҳад. Ва агар инро бо асал сиришта, фатилаи борик-
203
ро ба он олонда, дар гӯш гузоранд, рими даруни гӯш-
ро пок месозад.
Кӯфтаи анзарутро дар шири хар ё шири ҷавонза-
нон як шабонарӯз тар карда, баъд ба чашм кашанд,
барои дарди чашм, часпидани пилкҳо ва дафъ намуда-
ни назлаҳо, қӯтур ва шилпуқии чашм дору мешавад.
Чун анзарутро бо марворид ва марҷон сӯхта ва
баробари ҳама наботро маҳин ос карда, якҷоя бипо-
шанд, гули ба чашм афтодаро дафъ мекунад.
Чун даруни пиёзро кофта холӣ карда, он ковокиро
аз анзарути сафед пур сохта, ба ахгари оташ ниҳанд,
то он ки ба ҷӯш ояд, баъд онро дар гӯш чаконанд,
дарди гӯшро таскин медиҳад.
Дастури ташвияи анзарут чунин аст. Бигиранд ан-
зарути сафедро бо шири хар ё бо шири ҷавондухта-
рон хамир карда, ба шохҳои чӯби газ бичаспонанду
дар танӯр, ки гармиаш мӯътадил бошад, биёвезанд,
то он ки хушк ва андаке кабоб шавад. Агар онро бо-
ри дигар сойида, бо андаке сафедаи тухми мурғ сириш-
та, аз нав ба чӯби газ часпонида, чун пешина кабоб
намоянд, мизоҷаш ба мӯътадил наздиктар мегардад.
71. Индов
Ин растанӣ навъҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ дорад. Ин-
ро пештар тоҷикон дар аксар ноҳияҳо кишт мекар-
данд ва аз тухмаш равғани қиматбаҳо мекашиданд.
Алҳол фақат дар баъзе ҷойҳо мекоранд ва аз он рав-
ған ҳосил мекунанд.
Мизоҷи индови саҳроӣ дар дараҷаи саввум гарм
ва дар дуввум хушк аст; мизоҷи бӯстониаш дар да-
раҷаи дуввум гарм ва дар якум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши гиёҳи он: хӯрдани гиёҳи
индов гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд, дарунро
пок мекунад, пешобро меронад, санги гурда ва хичак-
ро майда карда мерезонад, манӣ ҳосил мекунад, ба-
рои мубошарат қуввати ҳаракат мебахшад, бодҳои ба-
данро таҳлил медиҳад, таомро ҳазм мегардонад.
Агар инро кӯфта, бо заҳраи гов хамир карда гу-
зошта банданд, доғи захмро аз пӯст пок мекунад.
Агар онро ба дили наҳор бихӯранд, бадбӯйии зери 6а-
ғалро дафъ мекунад.
Яке аз хислатҳои он чунин аст, ки оби гиёҳи тари
204
инро гирифта, бо он дарахти анори туршро об ди-
ҳанд, минбаъд анораш ширин мегардад. Агар нахӯди
хушкро як шабонарӯз дар он тар карда, баъд бихӯ-
ранд, оби маниро тавлид мекунад.
Вале хӯрдани индови саҳроӣ бинобар гарм будани
мизоҷаш дарди сар мекунад, сарро чарх мезанонад,
чашмро мекашад ва торик мекунад. Дар ин ҳолат
коснӣ, сирко, чилмангӯштак (семизут) бихӯранд, за-
рараш ислоҳ мегардад.
Индови саҳроӣ дар равон кардани пешоб ва ба-
рангехтани боҳ, инчунин дар боби ба ҳаракат оварда-
ни олати мардӣ назар ба индови бӯстонӣ қавитар аст.
Инчунин шифоияти тухмаш аз барги он зиёдтар ва қа-
витар аст. Агар тухмашро бо оби гарм биёшоманд,
балғамро бо қай дафъ мекунад; бо зардаи тухми мур-
ғи нимпухта бихӯранд, боҳ ва олати мардиро ба ҳа-
ракат меоварад ва баданро фарбеҳ мекунад.
Онро кӯфта, ба доғҳои кунҷидак гузошта банданд,
онҳоро аз пӯсти рӯй пок месозад; бо асал хамир кар-
да гузошта банданд, доғи сафеди пӯст ва нуқтаҳои
сафеди пӯстро дафъ мекунад; бо заҳраи гов хамир
карда гузошта банданд, нохуни таркидаро ислоҳ ме-
намояд.
Вале агар инро бисёр хӯранд, хунро ба ҷӯш мео-
варад ва моддаҳои нодаркорро ба узвҳои заифшуда
мерезонад. Дар ин ҳолат шири тозадӯшидаро биёшо-
манд, безарар мегардад.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз индови бӯс-
тонӣ то 17—18 грамм ва аз саҳроии он то 10—11 грамм
аст.
Ранги тухми индови бӯстонӣ, ки зироат мекунанд,
зарди тиратоб, яъне ҷигарӣ аст, бинобар ин инро ин-
дови сиёҳ меноманд. Таъмаш талх.
Мизоҷи тухми индови бӯстонӣ дар дараҷаи сав-
вум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши тухми индов: 10,5 грамм
тухми онро кӯфта, бо оби гарм биёшоманд, қулинҷ
(колит)-ро дафъ мекунад, бодҳоро пароканда мегар-
донад, узвҳои даруни сина ва шушро аз моддаҳои но-
даркори зарарнок пок месозад; барои дамкӯтаҳӣ, ра-
вон намудани ҳайз, газидани ҷонварони заҳрнок, гарм
гардонидани меъда ва ҷигари сард, барангехтани иш-
тиҳои таом ва қуввати пушти камар, хориҷ гардони-
дани ҳамаи кирмҳои шикам, берун овардани ҳамро-
205
ҳаки (ёраки) тифл ҳангоми зойидани занҳо аз шиками
ҳомила даво мешавад; бачаро дар шиками ҳомила ме-
кушад ва берун меоварад.
Ҳар рӯз 18 грамм тухми онро бо оби гарм, набот
ва равғани кунҷид биёшоманд, қулинҷро ба зудӣ дафъ
мекунад.
Тухми индовро кӯфта, бо асал сиришта лесида би-
хӯранд, иллатҳои дамкӯтаҳӣ, сурфа ва дарди паҳлу-
ро, ки аз ҷамъ шудани моддаи ғализ (ғафс) ба амал
омада бошад, шифо мебахшад; агар инро бо зардаи
тухми мурғи нимпухта ва асал даромехта бихӯранд,
барои дарди узвҳои даруни сина, даридан ва чок шу-
дани мушакҳо даво мешавад; инчунин моддаҳоеро, ки
аз зарба расидан ба даруни сина рехта бошанд, пок
месозад, яъне дафъ мекунад; бо тухми мурғи нимпух-
та бихӯранд, боҳро бағоят қувват мебахшад, ҳоли ба-
ди даруни синаро ба ислоҳ меоварад ва узвҳои ши-
кастаро пайваст мегардонад. Агар ҳар рӯз 7 грамми
тухми индовро бо шири буз то даҳ рӯз биёшоманд, ба
шарте, ки ғизоро бағоят кам хӯранд, доғи песро аз
пӯсти бадан дафъ мекунад.
Тухми индовро дар зарфе то бӯяш баромадан би-
тафсонанду баъд бихӯранд, исҳоли балғамӣ ва хароши-
да шудани рӯдаҳоро бо ибро меоварад.
Вале хӯрдани тухми индови зироатӣ ба гурда за-
рар дорад. Дар ин маврид шакар, набот ва бодиринг
бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз тухми ин-
дови зироатӣ то 15 грамм аст.
Агар ин тухми индовро кӯфта, бо асал хамир кар-
да гузошта банданд, варами сипурзро ба зудӣ таҳлил
медиҳад; решҳои рутубаташон асалмонанди сар, шу-
куфаи пӯст, қӯтури решгашта ва газидани ҷонварони
заҳрнокро даво мешавад; намегузорад, ки мӯй бире-
зад; дардҳои сар ва суринро дафъ мекунад.
Тухми онро кӯфта, бо орди ҷав даромехта, бо сир-
ко хамир сохта гузошта банданд, ирқуннасо (радику-
лит), варамҳои гарм ва сӯхтагии оташро ба ибро ме-
оварад; бо об ва намак хамир карда гузошта банданд,
пучакҳоро мепазонад.
Баргашро кӯфта муттасил гузошта банданд ҳам,
пучакҳоро мепазонад, вале ин назар ба андозаи тух-
маш заифтар аст. Шустани сар бо оби барги он чирк
ва рутубати часпаки сарро дафъ мекунад, инчунин
206
рехтани мӯйро манъ менамояд. Агар онро бимоланд,
доғи сафеди пӯст ва песро нафъ дорад. Кӯфтаи барги
онро бо хуни фароштурук сиришта бимоланд, доғи са-
феди пӯст ва дигар доғҳоро нест мегардонад; бо асал
хамир карда бимоланд, нуқтаҳои сафедро аз пӯсти
бадан дафъ менамояд; бо собун хамир карда бимо-
ланд, низ нуқтаҳои сафедро аз пӯст пок мекунад; бо
зифт (қатрон) сиришта бимоланд, дарди сари кӯҳна-
ро шифо мебахшад; бо кӯфтаи барги ғор (лавровый
лист) сиришта бимоланд, дарди қисмҳои поёни бадан
ва дарди камарро ба ибро меоварад, дубайларо (кӯр-
яраро) мекафонад. Агар инро дар об ҷӯшонида, бо
он об нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, захми рӯда-
ҳоро сиҳат мебахшад, дарди суринро таскин медиҳад,
исҳолро мебандад, сустии мақъадро дафъ месозад.
Инро сӯхта, ба дудаш бавосирро бидоранд, нафъ до-
рад. Аз дуди ин ҷонварони зарарнок мегурезанд.
72. Сабзӣ
Инро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон зардак ҳам ме-
номанд. Ин қисми зеризаминии растанӣ буда, бӯстонӣ,
ки зироатӣ ва саҳроӣ, ки ғайри корам аст, мерӯяд.
Мо ин ҷо дар навбати аввал дар хусуси сабзии
бӯстонӣ сухан меронем. Беҳтарини он сурх ва ширини
он аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар ҳамон
дараҷа тар аст. Ба қавли баъзеҳо дар дараҷаи якум
гарм ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани сабзии бӯстонӣ
мулоимкунандаи узвҳои дохилӣ мебошад, гиреҳи ҷи-
гарро мекушояд, меъдаро қувват медиҳад, дарунро
мулоим мекунад, боҳ (пушти камар)-ро қавӣ мегардо-
над, моддаи маниро зиёда месозад; барои кандани
балғам, дафъи сурфа, дарди узвҳои даруни сина, меъ-
да ва ҷигар даво мешавад, санги гурда ва хичакро
майда карда мерезонад, пешобро меронад.
Сабзиро ба ҳар тариқ, ки бихӯранд, барои варами
пардаҳои даруни сина, сурфаи кӯҳна шифо мебах-
шад.
Агарчи хомаш душворҳазм аст, вале аз он мураб-
бо тайёр карда бихӯранд, зудҳазм мегардад ва барои
иллати истисқо (водянка) фоидабахш аст; дарди рӯ-
207
даҳоро таскин медиҳад, пешобро меронад, хусусан саҳ-
роии он. Сабзии бӯстониро баргаш ҳам барангезандаи
қуввати боҳ аст.
Барги сабзии бӯстониро кӯфта, занҳо аз таг бар-
доранд ва тухмашро бихӯранд, душвор зойиданро осон
мекунад.
Чун барг ва бехрешаи сабзиро дар об ҷӯшонида.
Бо он об дасту поҳои тифлонро бишӯянд, хуни аз ху-
нукӣ дар ин узвҳои онон шахшударо таҳлил медиҳад.
Сабзиро бо асал мураббо пухта бихӯранд, барои
барангехтани қуввати боҳ бағоят фоида дорад, узвҳои
даруни шикам ва даруни синаро қувват мебахшад, аз
ҷумла бачадонро ҳам қавӣ мегардонад: узвҳои ҳози-
маро, ки меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз мебошанд,
мустаҳкам мекунад. Ин мурабборо бо дорчинӣ ё бо
занҷабил ва ё бо қаранфули гардан бихӯранд, ҷигари
сардмизоҷро қувват медиҳад, рутубатҳои зиёдатии
меъдаро нест мекунад, қуввати боҳро зиёда мегардо-
над.
Сабзиро як шабонарӯз дар сирко тар карда бихӯ-
ранд, барои иллати гудохтагии сипурз давои беҳамто
мебошад, меъда ва ҷигари сардмизоҷро қувват ме-
бахшад.
Сабзиро кӯфта ё бо дигар усул оби онро гирифта,
бо шакар ширин карда биёшоманд, таъсираш ҳамчун
даво қариб ба мураббои он аст, вале аз он сабуктару
латифтар ва қавитар мебошад.
Барги сабзиро кӯфта, ба решҳои хӯранда гузошта
банданд, нафъ дорад.
Хӯрдани сабзии хом бадҳазм, боднок ва бо одамо-
ни гарммизоҷ зарар дорад. Дар ин ҳолат давоҳои
сардмизоҷ ва ошҳои суюқи дӯғдор бихӯранд, зиёнаш
ислоҳ меёбад.
Сабзиро бо гӯшти бузғола пухта бихӯранд, дар ба-
дан моддаи солим пайдо мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз сабзӣ дар як рӯз то ним
килограмм аст, аз мураббои он ба 50 то 100 грамм
хӯрдан равост.
Хӯрдани тухми сабзӣ қуввати боҳро ба ҳаракат
меоварад ва дар ин бобат аз қисми заминии он қави-
тар аст, занҳои ба душворӣ ҳомилашавандаро нафъ
дорад, дарди рӯдаҳоро манъ мекунад. Дар дигар хис-
латҳо монанди худи сабзӣ мебошад.
Агар як миқдор тухми сабзӣ ва ҳамон миқдор тух-
208
ми шалғам гирифта, як турбро дарунковок намуда,
он тухмҳоро дар ковоки он пур кунанду сӯрохашро бо
порчаи турб маҳкам карда ва баъд дар зери оташ
бипазанд, сонӣ он тухмҳоро бароварда бихӯранд, сан-
ги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, барои
занони ба душворӣ ҳомилашаванда бисёр фоида-
бахш аст.
3,5 грамм тухми сабзиро кӯфта, бо 3,5 грамм ша-
кар бихӯранд, барои дарди соқи по дармон мешавад.
Тухм ва барги сабзиро бо ҳам кӯфта, ба решҳои
хӯранда гузошта банданд, шифо мебахшад.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми саб-
зӣ то 7 грамм аст. Ба ҷойи ин тухми сабзии саҳроиро
истеъмол намоянд, равост.
Сабзии саҳроӣ
Бехрешаи ин дар ғафсӣ ба андозаи ангушти даст
ва бориктар аз он низ мебошад.
Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар
дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани тухми сабзии
саҳроӣ дар ҳама бобат қавитар аз сабзии бӯстонӣ ме-
бошад, барои сурфаи кӯҳна дору мешавад, ахлоти но-
даркорро аз узвҳои даруни сина дафъ менамояд; узв-
ҳои ҳозима (меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз) ва боҳ-
ро қавӣ мегардонад, маниро зиёда месозад, бодҳоро
таҳлил медиҳад, моддаҳои ғализи балғамиро парокан-
да мекунад, гиреҳҳои баданро мекушояд, пешобро ме-
ронад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезо-
над; ҳайзи бандшударо равон ва бачадонро пок месо-
зад, инчунин барои ҳомила шудан кӯмак мерасонад,
душвор зойиданро осон мекунад, буғумҳои сустро мус-
таҳкам ва дарди онҳоро дафъ мекунад, дарди рӯда-
ҳоро барҳам медиҳад, харошида шудани рӯдаҳои кӯ-
даконро ба ибро меоварад; ба истисқои бодӣ, ки ҳан-
гоми бо даст бар шикам задан садои табл шунида ме-
шавад, шифо мебахшад, газидани каждум ва дигар
ҷонварони заҳрнокро дармон мешавад.
Агар тухми сабзии саҳроиро кӯфта, гузошта бан-
данд, варамҳои нармро таҳлил медиҳад. Тухмашро
дар об ҷӯшонида, он обро ба ҷойи каждумгазида бире-
занд, нафъ дорад.
Вале хӯрдани ин бинобар он, ки мизоҷаш гарм
209
аст, барои боҳи одамони гарммизоҷ зарар дорад. Дар
ин ҳолат шилми мисвокро бихӯранд, ислоҳи зарар ме-
намояд, ба хичак ҳам зиён дорад, дар ин маврид мус-
тако хӯрдан даркор аст.
Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз тухми саб-
зии саҳроӣ 3,5 грамм аст ва агар эҳтиёҷ афтад, то
7 грамм ошомидан мумкин аст.
73. Чормағз
Ин самари дарахтест, ки маълум мебошад.
Мизоҷи самари чормағзи тар, ки расида бошад,
гармӣ ва хушкиаш камтар аст. Баъди хушк шудан
гармӣ ва хушкиаш зиёда мегардад ва рутубаташ ме-
коҳад. Мизоҷи чормағзи хушк дар дараҷаи дуввум
гарм ва дар якум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрданаш ғизои бисёр
сабук аст, дарунро мулоим мекунад, ахлоти ғализро
таҳлил медиҳад, қуввати боҳ мебахшад, бидуни ҳазм
дафъ шудани ғизоро дар меъда ислоҳ менамояд ва
манъ месозад; узвҳои раисаро, ки иборат аз дил, май-
на, ҷигар, меъда, хояҳо ва гурда мебошанд, қавӣ ме-
гардонад; ҳамаи панҷ ҳисси ботиниро, ки марказаш
дар майна аст, қувват мебахшад, хусусан бо мавизи
бедона ва анҷири зард бихӯранд, ин феълаш бештар
зоҳир мегардад, пиронро бисёр форам ва мувофиқ аст.
Мағзи чормағзро бо анҷир якҷо кӯфта, аз он 45
грамм бихӯранд, даруни сахтгаштаро мулоим мекунад.
Агар худашро танҳо ба дили наҳор бихӯранд, қай-
ро осон мекунад. Чормағзро бо пӯсташ бирён карда,
баъд мағзашро бихӯранд, барои сурфа, ки аз ҳавои
хунук ба ҳам расида бошад, даво мегардад.
Чормағзро бо анҷир ва судоб бихӯранд, газанди
заҳрҳоро мешиканад, хоҳ пеш аз заҳролуд шудан би-
хӯранд ва хоҳ баъд аз он.
Мағзи чормағзро бихӯранд, дарди рӯдаҳоро сокин
мекунад ва захми рӯдаҳоро шифо мебахшад.
Мағзи чормағзро маҳин кӯфта, муттасил ба чашм
гузошта банданд, барои ҷӯшиши хоришнок, шилпуқӣ
ва обравии чашм даво мешавад.
Чормағзро сӯхта, мағзи онро кӯфта, занҳо аз таг
бардоранд, ҳайзи беҷоравандаи онҳоро манъ мекунад.
Агар онро бо асал, намак ва пиёз сиришта гузошта
банданд, газидани саги девонаро нафъ дорад.
210
Чун мағзи чормағзро бо зираи сиёҳ маҳин сойида,
бо асал сиришта, ба сар ва бадани бемори фолиҷ
(шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), рӯяш каҷшу-
да, гирифторони дардҳои буғумҳои аз сардӣ баамало-
мада, табҳои хунуки балғамии кӯҳнадошта бимолан-
ду дар ҳаммом ё дар офтоб ва дар хонаи гарме ба
палоси гарме бо ҳамон тарафи мухолифи иллати фо-
лиҷ ва барҷомонда ва инчунин дигар беморӣ бошад,
ба пушт бихобанду дар кӯрпаи серпахта худро бипе-
чанду то хуб арақ омадан сабр кунанд, баъд баданро
бо матои хушк пок карда, аз зери он бароянд, бада-
ни худро аз расидани ҳавои хунук эҳтиёт кунанд, оби
сард нанӯшанд, дар як ё ду дафъа аз беморӣ наҷот
меёбанд. Ва агар дар ҳаммом ин кор ба амал оварда
шавад, луч шуда ба хонаи гармаш раванд ва давои
мазкурро гарм карда, ба сар ва тамоми бадан би-
моланд, дар иллатҳои фолиҷ ва каҷ шудани рӯй ба
тарафи мухолифи иллат бихобанду он миқдор сабр
кунанд, ки хуб арақ ояд, баъд бадани худро пок кар-
да, обро мутлақан истеъмол нафармоянду бароянд ва
аз ҳавои берун худро нигоҳ доранд, сиҳат меёбанд.
Тару тозаи онро кӯфта гузошта банданд, доғи аз
зарба баамаломадаро нест мекунад; агар бимоланд,
доғи кунҷидакро дафъ месозад ва кашида шудани
мушаки рӯйро ба ислоҳ меоварад.
Мағзи чормағзро ҳангоми дили наҳор будан хойида
бимоланд, шукуфаи пӯстро дар кӯдакон ва варами
савдовиро, ки захм шуда бошад, шифо мебахшад. Мағ-
зи кӯҳна шудаи онро ҳангоми дили наҳор будан хойи-
да, ба обравии муттасили чашм, гонағараё (гангрена),
ҷамра (карбункул), шукуфаи пӯсти кӯдакон, печиши
асаб, ҷингак шудани узв ва рагкашии поҳо, ки аз
хушкӣ ва сардӣ сар зада бошад, инчунин ба гирдак-
гирдак мӯйрехтаи сар ва риш ва ба варами пистон би-
моланд, ҳамаи онҳоро сиҳат мебахшад. Мағзи кӯҳнаи
онро сӯхта, бо зифт (қатрон) сиришта бимоланд, реш-
ҳои сарро дафъ месозад.
Мағзи чормағз аз боиси нозукии таркиби худ ва
равғаннокиаш зуд вайрон мешавад, яъне талх ва за-
рарнок мегардад.
Мағзи чормағзро бисёр бихӯранд, кирми кадудо-
наи (солитёри) шикамро ихроҷ мекунад ва ғадудҳои
бодомшакли ҳалқумро варам мекунонад, дар даҳан
ҷӯшишҳоро ба амал меоварад, хусусан ин ҳодисот дар
211
одамони гарммизоҷ бештар рӯй медиҳад, зеро ки ба
гарммизоҷон зарар дорад. Бинобар ҳамин баъди онро
хӯрдан бояд даҳонро хуб бишӯянд ва анори майхуш-
ро бимаканд ва сиканҷабин (сиркоасал) бихӯранд, ин
зарараш ислоҳ мешавад.
Агар таъми мағзи чормағз талх ва манфур гашта
бошад, хӯрдани он ҷоиз нест, зеро вай дар он ҳолат
ба заҳр табдил меёбад. Ва агар ин навъашро хӯрда
бошанд, илоҷаш қай кардан ва чизҳои турш хӯрдан
аст.
Мағзи чормағзи солимро бо асал мураббо карда
бихӯранд, гурдаро фарбеҳ мекунад. Модоме ки гурда
фарбеҳ гардад,— он қавӣ мешавад ва дар он санг пай-
до намешавад ва инчунин қуввати мардӣ базарба ме-
гардад. Хӯрдани мураббои он дарунро мулоим меку-
над ва кӯррӯдаро пурқувват месозад.
Мағзи чормағзро як шабонарӯз дар сирко тар
карда, баъд бихӯранд, барои меъдаҳои заиф дармон
мешавад.
Шилми хушки чормағзро ос карда бипошанд,
захмҳои бадфиолро (злокачественные язвы) шифо ме-
бахшад.
Усораи пӯсти сабзи беруни чормағзро, яъне оби
пӯсти беруни чормағзро дар офтоб ғафс гардонида,
баъд бо оби анор якҷо ҷӯшонида, ғафс гардонида бо-
шанд, барои варами мушакҳои ҳалқ давои аҷибест.
Пӯсти сабзи чормағзро дар об ҷӯшонида, бо он об
даҳонро чайқонанд, варамҳои милки дандонро таҳлил
медиҳад ва дандонро мустаҳкам мегардонад.
Пӯчоқи хушки чормағзро маҳин кӯфта, ба ҷаро-
ҳатҳо бипошанд, онҳоро хушк мекунад. Агар маҳин-
кӯфтаи онро се рӯз пай дар ҳам бихӯранд, хунравиро
манъ мекунад, инчунин чакмезакро, ки аз сустии му-
шакҳои пешобгузар ба амал омада бошад, сиҳат ме-
бахшад. Ин ордакро бо шароб хамир карда, занҳо аз
таг бардоранд, хунравии бачадонро манъ мегардо-
над.
Чун аз 13 то 25 грамм пӯсти решаи чормағзро дар
як нӯшиданӣ об ҷӯшонида, он обро баъд аз пур гаш-
тани меъда аз хӯрок, бар болояш бинӯшанд, қай ме-
оварад, бо ин восита ахлоти часпаки бисёрро дафъ
месозад ва дардҳои нимаи поёни баданро, хусусан
дарди шикамро дармон мешавад.
Чун пӯсти беруни чормағзро дар ҳолати тару то-
212
загиаш бикӯбанд ва бар он рими оҳанро ос карда би-
пошанду ҳар рӯз барҳам зананд, яъне бикованд —ин
барои мӯйро сиёҳ кардан ранги неку ва бардавом ме-
гардад. Инчунин чун бо рими оҳани кӯфтагӣ ва сир-
ко биҷӯшонанд, баъд то як ҳафта дар офтоб гузоранд,
ҳар рӯз барҳам мезада бошанд, пас мӯйро ранг ку-
нанд— ин қавитар аст аз аввала.
Пӯсти сабзи самари чормағзро ба шукуфаҳои пӯст
ва сабӯсаки сар бимоланд, фоида мекунад. Агар инро
ба дандон бимоланд, милки дандонро сахт ва худи
дандонро мустаҳкам мегардонад.
Пӯсти тари решаи чормағзро ҳар панҷ рӯз як мар-
таба ба дандон бимоланд, мағзи сарро аз моддаҳои
бегона пок месозад ва нисёнро (фаромӯшхотириро)
дафъ мекунад.
Оби баргашро нимгарм дар гӯш чаконанд, онро аз
чирк пок мекунад.
Оби пӯчоқи сабз ва тару тозаи чормағзро дар зар-
фе бо асал якҷо то ғафс шудан ҷӯшонида, баъд бимо-
ланд, барои дарди шадиди гулӯ, ки аз ҷамъ шудани
хун дар он ҷо ҳодис шуда бошад, ҷӯшиши (пухтани)
даҳан, хунравии бехи дандон ва сустии дандонҳо до-
ру мебошад—дар ин хислат давои бемисл аст.
Пӯсти сабз ва тару тозаи самари чормағзро бо
ҳамвазни он барги ҳино кӯфта бимоланд, назлаҳои
аз сар фурояндаро манъ мекунад; дарди сари кӯҳна,
дарди нимсар, фолиҷ ва дигар дардҳои аз сардӣ ҳо-
дисшавандаро, монанди ниқрис (подагра) ва ғайраро
шифо мебахшад.
Пӯстлохи хушки дарахти чормағзро бо сӯҳон таро-
ша карда, баъд онро бо сирко хамир сохта бимоланд,
рӯйро сурх мегардонад; бо зифт (қатрон) хамир кар-
да, ба ҳар узв, ки бимоланд, онро қавӣ мекунад. Агар
ин тарошаи сӯҳониро чанд рӯз дар равғани зайтун тар
карда, баъд бар бадан бимоланд, намегузорад, ки дар
бадан шапуш пайдо гардад ва агар инро бихӯранд,
барои иллатҳои сипурз дармон мешавад.
Дар фасли хазонрезӣ мозуро дар равғани зайтун
то сиёҳ шудан биҷӯшонанд, баъд соф намуда, дар ши-
шае рехта, бехи дарахти чормағзро кушода, решаеро
аз он бароварда, сарашро бурида партофта, нӯги он
решаро ба даруни шиша дароранд ба ҳадде, ки дар
равған бошаду ба таги шиша нарасад. Сонӣ атрофи
даҳани онро хуб маҳкам кунанду аз нав хокпӯш на-
213
моянд. Ҳамон тавр гузоранд то замоне, ки он дарахт
бо самар ояд. Пас шишаро аз он ҷо бароваранд, дар
он шиша чизе сиёҳ, монанди сиёҳии хаттотӣ хоҳад
буд. Он ранги бисёр неку аст ва муддатҳои дароз
асари он боқӣ мемонад. Инро эҳтиёҷи ба мӯй моли-
дан нест, балки фақат шонаро дар он тар сохта, бар
мӯ кашидан кофӣ мебошад, ки мӯйро сиёҳ гардонад.
Ин аз асрори тибби қадим аст. Ин рангро пеш аз ба-
ромаданд мӯй дар ҳаммом бар ҳар ду хояҳо бимоланд,
монеи рӯйидани мӯйи сафед мегардад.
Мувофиқи баъзе қавлҳо агар дар сояи дарахти
чормағз бихобанд, баданро лоғар мегардонад ва де-
вонаи ҳуш бойдода дар зери дарахти он бихобад,
ҳушёр мешавад.
Чун хоҳанд, ки мағзи чормағзро аз пӯсти нафиси
он мағз ҷудо намоянд, дар орд андохта, дар зарфе
андак бирён кунанду баъд бо даст бимоланд, пӯсти
он ҷудо мегардад. Равғани аз ин гуна мағз гирифта-
шуда дар хислат монанди мағзи кӯҳнаи он аст. Агар
аз равғани ин ҳар рӯз 10,5 грамм то як ҳафта биё-
шоманд, дарди суринро дафъ мекунад. Ин равған ба-
рои одамони сардмизоҷ ва бемориҳои аз хунукӣ пай-
дошуда фоида мебахшад. Ин равғанро бимоланд, ба-
рои решҳои хӯранда, носурҳои чашм, мулоим кардани
асабҳо, таскин додани дардҳои аз хунукӣ баамалома-
да, дафъ гардонидани шукуфаи пӯст ва рӯёнидани мӯй
ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш даво
мебошад. Агар инро дар бинӣ бирезанд, каҷ шудани
рӯй, фолиҷ ва ҷингак шудани узвҳоро нафъ дорад.
74. Ҷавзи бавво
Калимаи «ҷавзи бӯё»-и тоҷикӣ дар таъсири забони
арабӣ монда, «ҷавзи бавво» гаштааст, инро ба русӣ
мускатный орех меноманд.
Ин самари пӯстдори дарахти азимест. Баъди раси-
дан ҷавзашро ҷудо карда мегиранд ва аз маконаш,
ки мамлакатҳои гарм аст, ба ҷоҳои дигар мебаранд.
Миқдори ин ба бузургӣ баробари олуболу, вале сахти
хушбӯ, тундтаъм мебошад, дар рӯяш чун чинҳо хатҳо
дорад. Ин самар то се сол қуввати худро нигоҳ медо-
рад.
214
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар саввум
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани он ба дил фа-
раҳ меоварад, баданро сабук месозад, андак кайф
ҳам мекунад; ҳарорати табиӣ, яъне ҳарорати аслии
баданро нигоҳ медорад; даҳан, арақи бадан ва пе-
шобро хушбӯй мегардонад, бодҳоро аз бадан паро-
канда мекунад, доғҳои кунҷидак ва нуқтаҳои сафедро
аз пӯст пок мекунад, беҳузур (беҷо) шудани дил ва
қайро манъ месозад; рутубати зиёдатии меъдаро хушк
менамояд; рафтани дарунро хоҳ аз рӯдаҳо ва хоҳ аз
меъда ва узвҳои дигари дарун равон гардад, бозмедо-
рад; рутубати бадбӯгаштаи меъдаро дур менамояд; ба-
рои истисқои лаҳмӣ (водянкаи гӯштӣ) ва душвории
шошидан даво мешавад.
Агар онро бирён карда кӯфта бихӯранд, исҳоли
обдорро манъ мекунад.
Агар онро кӯфта гузошта банданд, барои дарди
сари аз сардӣ, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба
дарозӣ), каҷ шудани рӯй, суст ва нотавон гаштани
аъзо, варамҳои сарди ҷигар ва дардҳои аз сардӣ ва
тарӣ баамаломада дору мешавад. Агар кӯфтаи инро
бо талхшувоқ ва асал хамир карда гузошта банданд,
доғҳои кунҷидак, нуқтаҳои сафеди дар пӯст афшон-
гашта ва доғҳои аз зарба пайдошударо нест мекунад.
Агар инро бо равғани савсани кӯҳӣ ва равғани зай-
тун даромехта, дар гӯш чаконанд, карии гӯшро ва
дард кардани онро, ки аз хунукӣ бошад, ба ибро ме-
оварад.
Ҷавзи бавворо маҳин ос карда, чун сурма ба чашм
кашанд, чашмро қавӣ мегардонад, сурхӣ ва ҷӯшишҳои
хоришноки онро дафъ мекунад.
Аммо хӯрдани ин ба одамони гарммизоҷ зарар ме-
кунад: дарди сар меоварад, ин зарараш бо кашниз
хӯрдан ислоҳ меёбад; инчунин ба ҷигар ва шуши он-
ҳо ҳам зиёнкор аст — дар ин маврид бунафша ва
асал бихӯранд, зиёнаш дафъ мегардад.
Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз ҷавзи бавво
аз 4,5 то 9 грамм аст.
Барои он, ки ҷавзи бавворо кирм нахӯрад, дар да-
руни оҳак нигоҳ медоранд.
215
Ба мундариҷа
|