31. Зулук
Инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон шуллук ҳам ме-
номанд. Ин ҷонвар дар чашмаҳои гуногун ва баъзан
дар кӯлҳо низ пайдо мешавад, гуногун мебошад. Он
чӣ дар обҳои чашма зиндагӣ ба сар барад, сиёҳи кам-
ранг ва дар калониву хурдӣ миёна мебошад, сараш
сиёҳи кулӯла ва таги шикамаш андак ало бошад, хуб
аст. Инчунин гуфтаанд, ки он чӣ зери шикамаш сурх-
ранг ва бар пушти он ду хати сабз ва бо суратҳои
номбурда бошад, некуст. Вале он чӣ бисёр сиёҳ, ало
ва калон бошад, бад аст — ин дар тиб истеъмол наме-
гардад, инчунин майдааш ҳам заиф аст.
Мизоҷаш сард ва хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: зулукро хушк намуда,
кӯфта, бо асал хамир карда, лесида бихӯранд, варам
ва дарди гулӯро таҳлил медиҳад, санги гурда ва хи-
чакро (пешобдонро) майда карда мерезонад.
Кӯфтаи зулукро бо сабир (алоэ) сиришта гузошта
банданд, донаи бавосирро хушк мекунад. Агар онро
бимоланд, доғҳои пӯстро пок месозад.
129
Зулукро дар равғани зайтун пухта, ба закар бимо-
ланд, бағоят онро калон мегардонад ва қавӣ месозад.
Инчунин зулукро дар равғани зайтун сӯхта, батакрор
ба закар гузошта банданд, онро калон ва қавӣ мегар-
донад.
Зулукҳои майдаро сӯхта бо сирко ё оби банг (кирм-
резонак) сиришта, мижаи зоид ва чаппа рӯйидаро кан-
да, ба он ҷо гузошта банданд, дигар намерӯяд,
Сӯхтаи зулукҳои майдаро бо равғани бунафша да-
ромехта, дар сӯрохи закар ё дар фарҷ чаконанд, сӯзи-
ши пешоб (сӯзок) ва захми хичакро (пешобдонро) ши-
фо мебахшад.
Чун понздаҳ адад зулуки калони зиндаро ба 90
грамм кирми лойхӯраки шустагӣ, хушк карда, дар 420
грамм равғани кунҷиди тоза хуб ҷӯшонида, баъд соф
карда, дар шиша нигоҳ доранд. Дар вақти ҳоҷат ин
равғанро ба закар ва атрофи он бимоланд, онро қавӣ
ва серҳаракат мегардонад. Чун ин равғанро ба хояе,
ки дар он об фуромада, сахт ва кӯҳна шуда бошад,
чанд рӯз пайи ҳам гарм карда бимоланд, он обро дур
мекунад — шифо мебахшад.
Зулуки навъи аълоро, яъне тиббиро ба мавзее, ки
хуни мурдор, яъне хуни ҳаром дошта бошад, монанди:
ширинча, решҳои раддии бадфиол, шукуфаи пӯст, до-
начаҳои раддӣ ба ҷоҳои нозук ва заифмонанди пилк-
ҳои чашм, гӯшаҳои чашм, рухсораҳо, ба тифлон ё за-
нони заифбунёд (нимҷон), ки хун гирондан нахоҳанд,
зулукро бичаспонанд, хуни ҳаромро бе азият мекашад,
лекин шарташ ҳамин, ки бадан аз ахлоти мурдор пур
набуда, балки аз онҳо пок бошад. Баъд аз зулук мон-
дан аз нӯшидани оби хунук, баромадан ба ҳавои сард
ва аз ошомидани чизҳои турш парҳез намоянд. Агар
рӯзи дигар ба узве, ки зулук часпонида бошанд, боз
бичаспонанд, бақияи хуни ҳаромеро, ки дар он узв
мондааст, мекашад —ин бад нест, вале адади зулук-
ҳои часпонидашаванда аз пешина камтар бояд бо-
шад, масалан, рӯзи якум даҳ адад зулук часпонида
бошанд, рӯзи дуввум панҷ ё се адад бимонанд. Шарт-
ҳои зулукмонӣ чунин аст, ки бояд ба як дафъа хуни
бисёр нагиранд, ки сустӣ меоварад; инчунин ба рӯйи
раг ҳам начаспонанд. Беҳтар он аст, ки зулуки хуб
ва сараро пеш аз ба бадан часпонидан муддате нигоҳ
доранд, то ки хӯрдаи худро қай карда партояд, пок
гардад. Узви шахси беморро чандон бимоланд, ки сурх
130
гардад ва агар мумкин бошад, баъд зулук бичаспо-
нанд. Баъд аз пур шудани он аз хун зулукро маҷбу-
ран аз бадан ҷудо накунанд, балки бигузоранд, то аз
хун пур шуда ва сер худ ба худ ҷудо гардад, Ё ан-
дак хокистар ё намак бар даҳани он бипошанд, ки бо
ин тадбир худ ба худ ҷудо мегардад. Баъд ҷойи даҳани
газидаи онро дам ба дам бо порчаи карбоси кӯҳнаи
мулоим пок намоянд, то хунаш аз рафтан бимонад.
Агар хун бисёр ояд, бо ин тадбир банд намегардад.
Дар ин маврид бо қадаре хокистар ва ғайра, ки манъ-
кунандаи хун бошад, банд намоянд. Агар он мавзеъ
ба сабаби расидани об ё ҳаво дард ва варам кунад ва
бисёр ба хориш ояд, он ҷойро бо зардчӯбаи кӯфтагӣ
ва бехтагӣ, ки дар латта баста бошанд, гармбандӣ на-
моянд ё зардчӯбаро бо об хамир карда, батакрор гу-
зошта банданду аз об ва ҳавои хунук эҳтиёт намоянд.
Чун баъд аз ҷудо шудани зулук қадаре намак бар
даҳани он бипошанд, ҳамаи хунҳои хӯрдаашро қай
мекунад ва мемирад.
32. Тортанак
Ин ҷонвар навъҳои бисёр дорад. Вале дар тиб он
чӣ дар гӯшаҳои хонаҳо торҳо метанад ва хона месо-
зад, дар назар дошта мешавад.
Мизоҷи ҳамаи навъҳои он сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: тортанаки калони боф-
тааш сафедро бо равғани зайтун даромехта, дар гӯш
чаконанд, дардашро таскин медиҳад.
Тори танидаи тортанакро ба ҷароҳатҳое, ки хун аз
онҳо ҷорӣ бошад, бигузоранд, хунро манъ мекунад ва
ҷароҳатро низ ба ҳам оварда сиҳат мекунад.
Чун тори танидаи онро бо шилми пухтагии санав-
бар ба латтаи зағирпоягӣ молида, бар пешонӣ ва чак-
каҳои сар бичаспонанд, таби дурӯздармиёнро шифо ме-
бахшад. Инчунин танидаи тортанаки сафеди фарбеҳ-
ро дар пӯсте баста, ба сар ё ба бозу, ё ба гардани бе-
мори таби рӯздармиёнгиранда банданд, табро дафъ
мекунад.
Дар зери шиками тортанак ҳангоми бача додани он
пардаи ғафсе мебошад, ки тухмҳояш дар он ҷой дода
шудаанд. Чун бачаҳояшон болиғ гарданд, аз он пар-
да берун мераванд. Ҳамон пардаро бар бозуи бемори
таби дурӯздармиёнгиранда бибанданд, табро дафъ ме-
131
кунад; чун ба узвҳое, ки хун аз онҳо равон бошад,
банданд, хунро бозмедорад.
Агар тортанак ба узве молида шавад, обила меку-
над, хориш меоварад, маҷрӯҳ мегардонад. Бинобар
ҳамин онро на ба дарун истеъмолаш раво ва на бар
бадан молиданаш ҷоиз аст.
33. Зоғ
Зоғ ду навъ аст: зоғи ало ва зоғи сиёҳ. Беҳтарини
он бачааш мебошад.
Мизоҷаш умуман дар дараҷаи дуввум гарм ва
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти ин барои одамони
сардмизоҷ ва тармизоҷ, инчунин ба пирон форам аст,
маниро зиёда мегардонад. Аз он ҳариса тайёр карда,
яъне бо гандуми кӯфта, намак ва равған муҳарро пух-
та бихӯранд, боҳро (пушти камарро) қувват мебах-
шад. Дар ин бобат бояд аввал гӯшти онро дар об ҷӯ-
шонида, он обро рехта партоянду баъд бо сирко бипа-
занд, дар ин ҳолат барои одамони гарммизоҷ низ фо-
рам мегардад.
а) Зоғи ало. Беҳтарини он бачааш мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти ин дерҳазм аст,
ғизоияташ раддӣ, яъне ҳангоми хӯрдан бадӣ меоварад.
Беҳтараш он аст, ки аз хӯрдани гӯшти он худдорӣ на-
моянд. Бале агар бихӯранд, боҳро қатъ мекунад. Ва
агар чашмашро ба худ овезанд, бехобӣ меоварад.
б) Зоғи сиёҳ ва зоғча.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани гӯшти он дар
бадан хуни солим пайдо мекунад, боҳро ба ҳаракат
меоварад. Вале барои одамони гарммизоҷ зарарнок
аст. Давои ин зарараш сирко хӯрдан аст.
Заҳраи ҳамаи навъҳои зоғ поккунанда ва тунд аст.
Агар онро ба чашм кашанд, гули чашм ва нохунаки
онро дафъ мекунад; бо заҳраи хурӯс ва асал даромех-
та, ба чашм кашанд, торикии чашмро ба ибро меова-
рад.
Саргини ҳамаи зоғон низ тунд аст ва поккунанда
мебошад. Агар инро гузошта банданд, доғи сафеди
пӯст ва песро шифо мебахшад ва дигар доғҳои пӯстро
нест мекунад.
132
Гӯшти хушки онро ҳар рӯз 0,6 грамм то се рӯз
пайдарҳам бихӯранд, доғи сафеди пӯстро дафъ меку-
над.
Хуни хушккардаи онро бимоланд, бавосирро шифо
мебахшад.
Нарашро сӯхта бимоланд, мӯйро мерӯёнад.
34. Фохтак
Ин парандаест машҳур, ки ғуррак ҳам меноманд,
аз мусича калонтар ва аз кабӯтари саҳроӣ майдатар,
зери гарданаш тавқҳои холмонанд дорад ва рӯйи бол-
ҳояш ҳам пурхол аст.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи дуввум гарм ва хушк
аст. Беҳтаринаш ҷавон ва фарбеҳи он мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшташро муҳарро пух-
та бихӯранд, барои иллатҳои фолиҷ (шал шудани ни-
маи бадан ба дарозӣ), ларзак, карахтӣ ва дигар бе-
мориҳои сарди асабонӣ дору мебошад; бодҳои ғализро
таҳлил медиҳад, гиреҳҳои дар бадан баамаломадаро
мекушояд.
Хуни онро ҳангоми нав кушта шудан гармогарм,
хусусан хуни боли онро бичаконанд, гули чашмро дафъ
мекунад.
Саргинашро бо сирко хамир сохта, гузошта бан-
данд, варамҳоро таҳлил медиҳад ва инчунин онҳоро
мепазонад; доғи кунҷидакро аз рухсора дафъ мекунад.
Гӯшташро бардавом бихӯранд, бехобӣ меоварад,
дер ҳазм мешавад, хусусан кабоби он. Ин навъ зара-
ри он бо шакар хӯрдан ислоҳ меёбад. Агар дар рав-
ған пухта, бо сирко ва кашниз бихӯранд, безарар ме-
гардад.
Саргинашро ба кӯдаке, ки вақти шаб дар хоб ме-
тарсида бошад, биёвезанд, дигар наметарсад.
Мор аз овози он мегурезад, инчунин аз дудаш ҳам
мор гурезон мешавад.
35. Кабк
Ин парандаи машҳур аст.
Мизоҷаш гарм ва хушк дар дараҷаи дуввум мебо-
шад, вале баъзеҳо инро дар гармиву сардӣ мӯътадил
донистаанд. Фикри аввалааш дуруст аст.
133
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти он латифтарини
(сабукҳазмтарини) гӯштҳо мебошад, ғизоияташ бис-
ёр, зудҳазм ва аз хӯрдани он хуни солим пайдо меша-
вад.
Хӯрдани он ба фолиҷ, каҷ шудани рӯй, бемориҳои
сарди вобаста ба майна, узвҳои даруни сина, дил,
меъда, ҷигар ва ба дигар узвҳои даруни шикам ва
сина шифо мебахшад; истисқо (водянка) ва бастагии
дарунро ба ибро меоварад; боҳро зиёда мегардонад ва
баданро фарбеҳ мекунад.
Вале хӯрдани ин ба одамони гарммизоҷ, дар рӯз-
ҳои гармии ҳаво, инчунин дар масканҳои гарм зарар
дорад; бо шароби соф бихӯранд, дарди сар мекунад,
баданро ба хориш меоварад. Давояш сиканҷабин ва
туршиҳо хӯрдан аст, ки ислоҳи зарар намоянд.
4,5 грамм мағзи сарашро бо шароб биёшоманд, ба-
рои иллати зардпарвин даво мебошад.
2,25 грамм ҷигарашро гармогарм фурӯ баранд,
саръро (припадкаро) шифо мебахшад.
Заҳраашро ба чашм кашанд, пардаи дар он афто-
даро, ки чашмро торик месозад, инчунин торикии
чашмро дафъ менамояд, шабкӯриро шифо мебахшад.
Агар онро бо равғани зайтун баробарвазн сиришта, ба
беруни чашм гузошта банданд, оби фуромадаро дар
гавҳарак агар дар ибтидои ҳол бошад, дафъ мекунад.
Агар онро бо марвориди сӯрохнокарда сойида ва ба
вазни он мушк дохил карда, ба чашм кашанд, гули
чашм, нохунак, пардаи дудмонанд, пардаи торикку-
нанда ва обравии чашмро шифо мебахшад.
Заҳраи кабкро ҳар моҳ як бор дар бинӣ бичако-
нанд ё хушкашро сойида бирезанд, зеҳнро тез ва неку
мегардонад, нисёнро (фаромӯшхотириро) кам ва
чашмро тез мекунад.
Хуни онро хушк сохта, бо шишаи сафед маҳин ос
карда, бо дарозмурч баробарвазн гирифта, бо асал си-
ришта, дар чашм кашанд, гули чашм ва қӯтури пилки
чашмро дафъ мекунад.
Тухмашро бо сиркои ансул пухта бихӯранд, ба-
рои дарди шикам ва дур намудани дарди рӯдаҳо дору
мебошад, вале бе сирко пухта бихӯранд, овозро соф ва
равшан мегардонад, инчунин сурфаро дафъ мекунад.
Агар хоми онро бо кундур ном шилме бихӯранд, ба-
данро фарбеҳ мегардонад.
134
36. Хорпушт
Ин ҷонварест рӯйи шикамаш мӯй дорад, вале пуш-
таш хорнок аст. Чун хорпушт ба хавф ё ба хашм ояд,
сари худро ба даруни хорҳои пушташ, ки бо он печида
мешавад, ҷо мекунад.
Мизоҷаш гарм ва хушк аст дар аввали дараҷаи
дуввум.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти хорпуштро би-
хӯранд, рутубатҳои нодаркор ва зиёдатии баданро, ин-
чунин захмҳоро хушк мекунад, моддаҳои ғализро ба-
шиддат таҳлил медиҳад ва рехта шудани моддаҳои но-
матлубро ба узвҳои даруни шикам ва сина манъ ме-
кунад.
Ҷигари хушки он ва хокистари сӯхтаи он поккунан-
да, таҳлилдиҳанда ва хушккунанда мебошад.
Гӯшти намакхӯрдаи онро бо сиканҷабин (сирко-
асал) бихӯранд, дарди сарро таскин медиҳад; бо обе,
ки дар он юнучқаи зардак ҷӯшонида шуда бошад, би-
хӯранд, фолиҷ, ҷингак шудани аъзо, бемориҳои асаб,
филпо ва агар таб намегирифта бошад, истисқо (водян-
ка) ва дарди гурдаро низ шифо мебахшад; ва агар гӯш-
ти бенамаки онро бихӯранд, вайрон шудани мизоҷ, сил,
ҳангоми хоб ба ҷогаҳ шошидани кӯдакон ва ғайри кӯ-
даконро дафъ мекунад, ҳатто агар дар хӯрдани он
мудовамат намоянд, ҳоли шошиданро душвор мегар-
донад; аммо боҳи тармизоҷ ва сардмизоҷонро қувват
мебахшад.
Ҷигарашро дар офтоб хушк карда бихӯранд, истис-
қоро шифо мебахшад.
Пӯсташро сӯхта, бо шароб биёшоманд, фолиҷро ба
ибро меоварад ва агар бо сиканҷабин бихӯранд, ҳар
гуна варамҳои гӯшти баданро мегардонад.
Гӯшташро пухта бихӯранд, барои ханозер (хукгар-
дан) ва махав дору мебошад; агар онро гузошта бан-
данд, ғуддаҳо ва гиреҳҳои сахти дар узвҳо пайдошу-
даро мегудозад — таҳлил медиҳад.
Пӯсташро сӯхта гузошта банданд, решҳои рахшон-
ро ба ибро меоварад ва агар он решҳо гӯшти ҳаром
дошта бошанд, онро мехӯрад; захмҳоро хушк мекунад,
зеро ки ин поккунанда ва хушксозанда мебошад.
Гӯшти хушккардаи онро сойида як муддат бихӯ-
ранд, иллати махавро шифо мебахшад. Хокистари он-
ро бимоланд, доғи кунҷидаки тунукро дафъ мекунад;
135
инро бо зифт (қатрон) даромехта бимоланд, ба ҷоҳои
гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад
ва қӯтурро шифо мебахшад. Агар бо хокистари он
бишӯянд, решҳои сарро нест мекунад.
Хӯрдани гӯшти он табҳои кӯҳна ва заҳри ҷонва-
ронро аз бадан дафъ мекунад.
1,75 грамм аз пӯсти сӯхтаи он бихӯранд, таби ду-
рӯздармиёнро нест месозад.
Вале агар хорпушт ва маҳсулоти онро аз ҳад бис-
ёр бихӯранд, мизоҷи меъда ва ҷигарро вайрон меку-
над ва ранги рухсорро паст мегардонад. Давои ин за-
рарҳояш гӯшти онро дар об муҳарро пухта хӯрдан ва
бо равған пухта, бо равғани бодоми ширин ва сиркою
коснӣ хӯрдан аст.
Мизоҷи заҳрааш гарм ва хушк аст, хислати пок ва
хушккунанда дорад. Агар инро ба чашм кашанд, гули
чашмро дафъ мекунад. Агар инро бимоланд, паҳн гаш-
тани захм ва решҳоро дар бадан манъ месозад, ба-
рои махав ҳам фоида дорад.
Заҳраи онро бо муми занбӯри асал даромехта, за-
ни ҳомила бихӯрад ё аз таг бардорад, бачаашро аз
шикам меафтонад.
37. Ҷайра
Ин ҷонвари маълум аст, ки дар баданаш хорҳое
дорад ба дарозии як ваҷаб ва аз он кӯтоҳтар, ки ба-
рои ҳимояи худ ба кор мебарад.
Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дуввум гарм ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: Ҷобир бинни Ҷаббон-ус-
сӯфӣ дар «Китоби ҳавосси кабир», гуфтааст, ки гӯшти
ҷайра барои кушодани пешоби баста шифо мебахшад
ба ин усул, ки онро бо корд гулӯ бурида, пӯсташро
канда, гӯшташро дар офтоб чандон хушк намоянд, ки
қобили кӯфтан ё бо сӯҳон тарошидан гардад. Баъд
кӯфта ё бо сӯҳон тарошида, аз 9 ё 13,5 грамми онро
дар шароб ҳал карда, биёшоманд, пешоб ба зудӣ ку-
шода мегардад ва бо ҳамин аз он иллат шифо меё-
бад.
Гӯшташро бихӯранд, барои дафъ кардани иллати
ниқрис (подагра) нафъи азим дорад. Агар инро ба-
такрор гузошта банданд ва молидани хуни он доғи
кунҷидак ва чиркҳои баданро дафъ мекунад.
136
Гӯшти онро занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи онҳоро
равон мекунад.
Аз хори он мор ва ҷонварони дигари заҳрнок ме-
гурезанд, ҳатто ба он наздик намеоянд. Хорпушт ва
ҷайра ба мор хусумат доранд, онро мекушанд. Бино-
бар ҳамин морҳо аз онҳо гурезон мебошанд.
Чун ҷайраро бисӯзонанд ва бо навшодир то ба
ҳадде бикӯбанд, ки қариб ҳал гардад, баъд бо асали
кафкгирифта сиришта, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯй-
рехтаи сар ва риш бимоланд, мӯй мерӯёнад ба зудӣ.
Ҷоҳои ин қабил мӯйрехтаи сарро бо танакори арманӣ
то сурх шуданаш бимоланд, баъд саргини ҷайраро бо
равғани зайтун даромехта бимоланд, ба зудӣ мӯй ме-
рӯёнад.
Саргини сӯхтаи онро бо равғани мӯрд ё бо дигар
равғанҳо даромехта, ба ҳар ҷойи бадан, ки хоҳанд, би-
моланд, мӯй мерӯёнад.
Пӯсти ҷайраро сӯхта, бо хардал (горчица) ва аса-
ли сурхи кафкгирифта сиришта, ба сар бимоланд, мӯй-
ро дароз мекунад ва аз тарқидану рехтан нигоҳ медо-
рад, инчунин ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар
ва риш батакрор бимоланд, мӯй мерӯёнад.
Сипурзи хушккардаи онро кӯфта, бо шароб биё-
шоманд, барои гудохташавии сипурз дору мебошад;
чунончи, шахсе иллати шадиди сипурз дошт, сипурзи
ҷайраро бирён карда бихӯрд ва баъди се соат арақи
бисёр кард, дар дарунаш дарди сахт пайдо шуд ва
баъди як соат пешоби бисёре кард, ба қадри 200 грамм
ва зиёда аз он шошиду шифо ёфт.
Заҳраашро бароварда, бо сурмаи аълосифат ос
кунанду онро ба чашм кашанд, гули чашмро ба зудӣ
дафъ мекунад. Заҳраи хушккардаи онро чанд мартаба
бимоланд, песи навро дафъ мекунад; бо гӯгирд даро-
мехта бимоланд, песи кӯҳнаро дафъ мекунад.
Заҳраи ҷайраро хушк карда, кӯфта, бо шароб ха-
мир карда, қурсҳо сохта, хушк намуда, вақти ҳоҷат бо
сирко сойида, ба бавосири кӯҳна бимоланд, онро сиҳат
мебахшад ва ҳамон дам хунашро қатъ менамояд.
38. Панирмоя
Ин меъдаи, яъне ширдони ҳайвоноти ширхора аст,
ки наздик ба зойида шудан очаашро кушта ё баъди
зойида шудан, ки ҳанӯз алаф нахӯрда бошад, аз шика-
137
ми бачааш дарҳол ҷудо карда мегиранд хоҳ дар он
моеъ бошад бо он, хоҳ набошад. Баъди зойида шудан
низ то коҳ хӯрдани он ин узви онро панирмоя мено-
манд ва аз он, ки коҳ ё алаф бихӯранд, онро панир-
моя наменоманд. Панирмояи ҳар як ҳайвон хислати
ба худ хосеро дорад. Инро ҳам дар тариаш ва ҳам
хушк намуда истеъмол мекунанд.
Мизоҷи ҳамаи навъҳои он дар дараҷаи дуввум гарм
ва хушк аст, вале мувофиқи як қатор қавлҳо гарм дар
аввали дараҷаи саввум аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, ба-
рои саръ (припадка) дору мебошад; агар бо сирко ё
бо маска, ё бо асал бихӯранд, саръро, ки аз ҷамъ шу-
дани балғам дар майна бошад, шифо мебахшад, хусу-
сан панирмояи заргӯш дар ин бобат қавитар аст, ки
1,75 грамми онро дар сиркои ангурӣ ҳал намуда бинӯ-
шанд. Чун кӯдаконро камтар аз он бихӯронанд, аз
иллати саръ эмин мегарданд.
Ошомидани ҳамаи навъҳои панирмоя барои тамад-
дуд (беҳаракат мондани узв), кузоз (столбняк)-и бал-
ғамӣ ва хафа (бӯғма) шудани бачадон шифо мебах-
шад, зеро ки ин гудозандаи ҳамаи ахлоти шахшуда
аст ва баръакс шах ва ғафскунандаи ахлоти гудохта
мебошад. Хуллас, онро дар сирко ҳал карда бихӯ-
ранд, хуни дар меъда шахшударо таҳлил медиҳад. Хоҳ
батанҳоӣ бихӯранд ва ё бо давоҳои муносиба инро
биёшоманд, хун ва ширро, ки дар меъда, хичак (пе-
шобдон) ва дигар узвҳо шах шуда бошад, таҳлил ме-
намояд, хуни биниро мебандад, ҳомила шуданро манъ
мекунад, исҳолро мебандад; умуман агар инро бихӯ-
ранд, дилро қавӣ мегардонад, фараҳ мебахшад. Аммо
бинобар он, ки бисёр гарммизоҷ аст, асабро аз фа-
раҳ ҳам зиёда бармеангезад ва инчунин ғазабро ба
ҳаяҷон меоварад.
Агар занҳо баъд аз пок шудан аз ҳайз инро аз таг
бардоранд, ба ҳомила шудан кӯмак мерасонад.
7,75 грамми онро бо шароб биёшоманд, бинобар
қуввати тарёқӣ доштанаш газидани ҷонварони заҳр-
ноки монанди морро шифо мебахшад ва заҳрҳои қат-
толро аз бадан дафъ мекунад; исҳоли кӯҳнаро банд
месозад, дарди шикам ва захми рӯдаҳоро шифо ме-
бахшад ва равон шудани рутубати бемавриди бача-
донро, ки кӯҳна шуда бошад, ислоҳ мекунад.
138
Чун занҳо баъд аз пок шудан аз ҳайз се рӯз пай
дар ҳам инро биёшоманд, саръро дафъ месозад.
Мегӯянд, ки чун зан панирмояи заргӯши нарро ё
хояи онро бо шароб даромехта бихӯрад, ҳомила ме-
гардад— писар мезояд ва аз модаи он биёшомад,
духтар меоварад.
Чун миқдори якуним нахӯд аз панирмояи заргӯш
биёшоманд, таби дурӯздармиёнро дафъ мекунад.
Чун панирмояро бо гулихайрӣ ва равғани зайтун
сиришта, бар бадан бигузоранд, тир ва хори дарома-
даро берун меоварад.
Панирмояро ба сӯрохиҳои бинӣ бимоланд, хуни
биниро манъ мекунад.
Агар бемори табгирифта инро ба нарангушташ биё-
везад, таби онро дафъ месозад.
Панирмояи гӯрхар, бузи кӯҳӣ, оҳу, хачир, гӯсфанд
ва филро ба қадри як нахӯд бихӯранд, боҳро бағоят
қавӣ мегардонад.
39. Саг
Маълум, ки ин ҳайвони аҳлист.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст,
вале мизоҷи бачаи бистрӯзааш гарм ва тар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти сагро пухта, бо
давоҳои хушбӯй бихӯранд, девонагӣ ва молихулиё (ме-
ланхолия)-ро ба зудӣ шифо мебахшад.
Шири аввалин мартабаи сагро чаконанд, гули
чашмро дафъ мекунад.
Агар заҳраи онро бимоланд, мӯйи зоиди дар чашм
рӯйидаро манъ мекунад, агар онро канда, ба ҷойи он
бимоланд.
Саргини сагеро, ки фақат бо устухон парвариш кар-
да бошанд, гузошта банданд, дарди гулӯ ва варам-
ҳои ҳалқро шифо мебахшад.
Чун саргини саги дастнигарро дар тобистон гириф-
та, дар соя хушк кунанду бо шароб ё бо об биёшо-
манд, ё бо шире, ки дар он сангреза ҷӯшонида шуда
бошад, ё оҳани тафсонро дар он хунук карда бошад,
биёшоманд, исҳоли хунинро даво мешавад.
Хуни хушккардаи онро ба қадри 17,5 грамм би-
хӯранд, исҳоли хунинро дафъ мекунад.
Чун бачаи сагро, ки ҳанӯз чашм накушода бошад,
139
батамом дар об ба дараҷае бипазанд, ки бо об омех-
та гардад, баъд 400 грамм гандум дар он дохил кар-
да, то ҳамаи обро ба худ макиданаш биҷӯшонанд, ки
хушк шавад. Он гандумро ба мурғи яксола, ки дар
торикӣ баста бошанд, бихӯронанд ва баъди ҳамаи он
гандумро хӯрдани он, он мурғро кабоб карда, зани
назоянда тановул намояд, вале ғизои дигар дар он
омехта набошад, он зан ба ҳомила шудан қобила ме-
гардад.
Чун сагбача пистони занеро, ки дар он шир шах
шуда бошад, бимакад, он шир гудохта мегардад.
Пешоби сагро занҳо биёшоманд, ҳомила шуданро
манъ мекунад.
Шири сагеро, ки аввалин мартаба зойида бошад, дар
сӯрохи закар чаконанд, сӯзокро дафъ мекунад.
Ҷигарашро кабоб намуда ё бирён карда бихӯранд,
саги девона газидаро шифо мебахшад, хусусан, ки ҷи-
гари ҳамон саги девонаи газидаро бихӯранд, таъси-
раш зиёдтар аст дар ин бобат.
Хокистари ҷигарашро бо сирко сиришта, батакрори
амал гузошта банданд, саги девона газидаро сиҳат
мекунад. Инчунин хуни онро биёшоманд, барои касони
саги девона газида даво мебошад.
Шири сагеро, ки якумин маротиба зойида бошад,
бинӯшанд, заҳрҳои қаттолро аз бадан дафъ мекунад.
Гӯшти сагро дар об пухта, бо давоҳои хушбӯй би-
хӯранд, иллати махавро дафъ мекунад.
Саргинашро бимоланд, варамҳои сахтро таҳлил ме-
диҳад. Саргини хушкашро сойида бипошанд, захмҳои
кӯҳнаро шифо мебахшад, ҳатто хокистари онро гузош-
та банданд ҳам, захмҳои кӯҳна, кафидани узвҳо, ба-
восир ва хоришро ба ибро меоварад.
Пешобашро бимоланд, озахҳоро хушк карда меаф-
тонад.
Равғанашро бимоланд, ханозерро таҳлил медиҳад.
Чун бачаи ҳанӯз чашм накушодам онро бо саргини
гов бисӯзанду ба носур бипошанд, хушк мегардонад.
(Носур — ин захми беҳнашаванда аст.)
Чун пешоби саги модаро дар зарфе рехта бигузо-
ранд, то чун ҷуғрот ғафс гардад, баъд онро ба мӯй
бимоланд, сиёҳ мегардонад — ранги хубест.
Чун устухон ва асаби сагро ба устухони шикаста
ва асаби кандашудаи инсон бимоланд ё гузошта бан-
данд, онҳоро пайваст мегардонад.
140
Дандони озахи онро агар биёвезанд, дар шаб вақ-
ти хоб хуррок кашидан ва гап заданро манъ меку-
над, зардпарвинро шифо мебахшад, вале агар инро
ба тифл биёвезанд, дандонаш бе ҳеҷ гуна дарду офат
мебарояд.
Дандони озахи саги девонаро дар пӯсти ҳамон саг
хушрӯ баста биёвезанд, агарчи саги девона бигазад,
зарар намерасонад.
Канаи сагро ба худ бидоранд, сагон ба он кас на-
меаканд ва фарёд намезананд ба ғайр аз худи он
саги канадор.
Закарашро хушк карда, бар рони худ биёвезанд,
шаҳватро ба ҳаракат меоварад.
Мӯйи саги сиёҳи якрангро биёвезанд, саръро фоида
дорад.
Чун дорчиниро кӯфта, ба хамир печида, ба саг би-
хӯронанд, саг ба тараб ва рақс меояд.
Чун заҳраи сагобиро ба қадри донаи наск ҳар кас,
ки бихӯрад, ҳалок мешавад — илоҷи ин хӯрдани рав-
ғани гов бо дорчинӣ аст.
Чун саги девона касеро бигазад, ҳолаташ монанди
саги девона мегардад, яъне тарсанда аз обу оташ ва
дигар аломатҳои молихулиё (меланхолия) рӯй меди-
ҳад. Илоҷи ин он аст, ки миҳҷама (шохи хунгирӣ) ба
он ҷо гузоранду бо қуввати тамоку бикашанд, то хуни
бисёр аз он ҷо берун шавад. Баъд аз он марҳамҳои
сӯзонанда ва хӯрандаи гӯшт ба он ҷо гузоранд, ки
инҳо сири (чесноки) кӯфта бо сирко ва равғани зай-
тун даромехта гузоштан; бо лаблабу, пиёз, индов, пух-
та, бо равған ё сир ва намаки кӯфта, бо хокистари
чӯби ток сиришта, ба он ҷо гузоранд. Ин тадбир дар
марҳалаи аввали сирояти заҳри саги девона аст. Вале
ҳангоми сироят кардани заҳри он ба тамоми бадан,
бояд, ки доруҳои поккунанда ва исҳоловар хӯрда, ба-
данро пок гардонанд, яъне бо давоҳои исҳоловар дар
иллати молихулиё ва бо хӯронидани давои саратон
тадбир намоянд.
40. Шир
Умуман ширро бо чизҳои турштаъм, шӯр, бо гӯшт,
бо тухми мурғ ва моҳӣ, бо турб ва пиёз, бо меваҳои
тар, сабзаҳо, донҳо ва монанди инҳо хӯрдан раво нест,
инчунин аз болои шир ин чизҳоро истеъмол кардан
141
ва аз болои ин чизҳо шир ошомидан ҷоиз нест. Зеро
бемориҳои гуногунро ба амал меоварад.
Мизоҷи ширҳо умуман мураккаб-ул-қувват бо ҳас-
тии ҳарорат ва рутубат аст. Ба қавли як қатор таби-
бон дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: ҳамаи ширҳои ҳайвонот
поккунанда ва дафъкунандаи ахлоти сӯхта аз бадан
мебошанд, қувватбахш ва фарбеҳкунандаанд ва муво-
фиқи аъзои таносуланд. Фатво медиҳанд, ки шир ба-
рои одамони гарммизоҷ ва хушкмизоҷ мувофиқ мебо-
шад ба шарте, ки агар дар меъдаи онҳо моддаи саф-
ро набошад.
Агар бичаконанд, дарди чашм ва аксари бемориҳои
чашмро шифо мебахшад.
Шири ҳар як ҳайвонро бимоланд, варами мақъадро
таҳлил ва дардашро таскин медиҳад; захми хичакро
ба ибро меоварад; варамҳои зери ноф ва бачадонро
таҳлил медиҳад. Агар биёшоманд, рутубатҳои аслии
баданро нигоҳ медорад, умрро дароз мекунад, баданро
фарбеҳ мегардонад; боҳро ба ҳаракат меоварад, хусу-
сан шири говмешро (буйволро) бо шакар биёшоманд,
таъсираш дар ин бобат зиёдтар аст. Бар зидди ҳамаи
заҳрҳои қаттол подзаҳр мебошад ва доруи ҳамаи да-
воҳои бадбӯ ва хӯрандаи узв мебошад.
Агар ширро бимоланд, доғҳои баднамои баданро
пок мегардонад.
Ширро биёшоманд, ранги рухсорро неку мекунад,
хусусан агар одамони гарммизоҷ ва қоқбадан бо ша-
кар бихӯранд, баданро фарбеҳ мегардонад ва агар
ширбиринҷ пухта тановул намоянд, дар ин бобат боз
ҳам хубтар аст.
Оби панирро бимоланд, доғи кунҷидак ва дигар
доғҳои пӯстро дафъ мекунад ва агар инро бинӯшанд
ҳам, ҳамин таъсирро дорад. Оби панирро бо ҳалила
биёшоманд, қӯтур ва хоришро шифо мебахшад.
Табибони Ҳиндустон нӯшидани шири хомро, ба ғайр
аз шири занон ва шири хар, пайдокунандаи бемориҳои
гуногун медонанд. Шири гови навдӯшида, ки ҳанӯз
гармии пистон дар он боқӣ бошад, бисёр фоидабахш
ва аз қабили оби ҳаёт донистаанд. Вале шири бузи
ҷӯшонидаро беҳтар медонанд. Тариқи ҷӯшонидани он
ин тавр аст, ки ба миқдори чоряки шир оби ширини
холис дохил карда, бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то
он ки об бухор шуда раваду шир бимонад. Пас баъд
142
аз хунук шудан бинӯшанд. Низ ҳар як ширро баъд аз
дӯшида шуданаш 2—4 соат гузашта бошад, хӯрдани
онро бад медонанд. Шири ҳайвоноте, ки бачааш нав
мурда ё аз шикамаш афтода бошад, бисёр лоғар ё
бемор ва ё ҳомила ва ё нав зойида бошад, низ носара
ва пайдокунандаи бемориҳои бисёр мебошад, инчу-
нин дар рӯзҳои аввали гирифтани таб нӯшиданаш за-
рарнок аст, вале дар охирҳои таб фоиданок; қабзияти
шикам, сӯзиши чашм, хушкии майна, лоғарӣ ва сустии
бадан, инчунин пириро дафъ мекунад, узвҳои пешоб
ва аъзои таносулро муфид аст.
Чун дар шир ҳамон миқдор об андохта бинӯшанд,
пешобро бисёр меронад, маҷроҳои шошаро пок ме-
кунад.
а) Шири хар. Мизоҷи ин хунуктар ва рутубатнок-
тар назар ба ҳамаи ширҳои дигар аст, яъне то дара-
ҷаи дуввум хунук ва дар саввум тар аст.
Беҳтаринаш шири хари солим ва он аст, ки нав
зойида бошад. Агар куррааш мода бошад, боз ҳам хуб-
тар аст. Бояд ки гарм-гарм ва хунук нокарда бинӯ-
шанд.
Хислатҳои шифобахши он: ошомидани ин барои ба-
дан бисёр сардӣ меоварад, рутубатро меафзояд, фа-
раҳ мебахшад, дарунро аз моддаҳои бегона пок меку-
над, гиреҳҳоро мекушояд, дили гарммизоҷро қавӣ ме-
гардонад, инчунин ба дигар моддаҳои мавҷудаи бадан
ба зудӣ табдил меёбад; барои одамони гарммизоҷ ва
хушкмизоҷ, агар дар меъдаи онҳо сафро набошад, му-
вофиқ ва форам аст.
Рехтан ва чаконидани он дар бинӣ, гӯш ва тораки
сар ба майна намӣ мебахшад ва инчунин хушкии он
ва бехобиро дафъ мекунад; дарди сар ва бемориҳои
майнаро, ки ин ҳама аз хушкӣ бошанд, шифо мебах-
шад; хуни биниро манъ мекунад, дарди гӯш ва дарди
чашмро, ки аз гармӣ бошанд, таскин медиҳад; сӯзи-
ши чашм, обравӣ, шилпуқӣ, пардаи афтодаи дудранг
ва монанди ин бемориҳои чашмро ба ибро меоварад,
хусусан агар бо сафедаи тухми мурғ ва равғани гу-
ли сурх даромехта бичаконанд, нуқтаҳои сурх, пардаи
дудранги ба чашм афтодаро зудтар дафъ мекунад.
Агар латтаи покизаи пахтагинро ба он шир тар карда,
ба чашм, пеши сар, ба гӯш гузошта банданд, барои
бемориҳои номбаршуда даво мебошад.
Бо шири хар ғарғара кунанд ё онро дар даҳан
143
гардонанд, дарди гулӯи бадтарин ва дигар дардҳои
гулӯ, варамҳои милки дандон ва забончаи ҳалқ, ин-
чунин варами ғадудҳои бодомшаклро шифо мебахшад;
милки дандонро мустаҳкам мекунад, дарди дандонро
таскин медиҳад.
Каҳрабо ва сандарусро маҳин ос карда, бо шири
хар сиришта, дар бинӣ бирезанд, хуни биниро манъ
мекунад.
Агар шири харро бинӯшанд, барои бемориҳои узв-
ҳои даруни сина, сил, диқ (бемории лоғаркунанда),
захмҳои шуш, таб ва иллатҳои гарму тез, лоғарӣ аз
гармӣ ва хушкӣ, сурфа, душвории нафаскашӣ, тафс,
назлаҳои тез ва хун қай карданро шифо мебахшад
(хусусан бо каҳрабо ва шилми бодом ва катиро биё-
шоманд, хун қай карданро ба зудӣ манъ мекунад),
дарунро мулоим мегардонад; инчунин барои истисқо
(водянка)-и гарм, сахтии сипурз, тафсидани хун ва
сафро шифо мебахшад.
Агар бо шири хар ҳуқна (клизма) кунанд, исҳоли
хунинро мебандад, ҷароҳати рӯдаҳо ва бачадонро си-
ҳат мекунад. Инро бо чакрарез дар сӯрохи закар би-
чаконанд, сӯзиши пешоб (сӯзок)-ро шифо мебахшад;
ва агар бо равғани каду даромехта бичаконанд, захми
роҳи пешобро сиҳат мекунад.
Хӯрдани ин шир зарарҳои давоҳои қаттолро дафъ
мекунад.
Ин ширро бо заъфарон даромехта гузошта банданд,
варамҳои зоҳирӣ ва ботиниро таҳлил медиҳад.
Ошомидани шири хар ба одамони сардмизоҷ ва
тармизоҷ, дарди сари аз хунукӣ, чарх задани сар,
ҷаранги гӯш доштагон зарар дорад, хусусан инро нӯ-
шида, дарҳол хоб кунанд, ҳиккак (ҳиқичоқ) мекунад,
оруғи дуднок меоварад. Ҳамаи ин зарарҳояшро гул-
қанди асалӣ бихӯранд, ислоҳ месозад.
Миқдори як бор нӯшидан аз шири хар дар як рӯз
аз 50 то 150 грамм аст, ки бояд бо шакар, катиро, рав-
ғани тухми каду, оби ширинбияи бо ҷӯш ғафс гардо-
нидашуда ва монанди инҳо биёшоманд.
Вале истеъмоли ширашро барои беморӣ харро бо
хӯрокҳои муносиби онҳо парвариш кардан даркор аст,
масалан, барои хун қай кардан, сил, диқ бо кашнизи
тар, барги ҳино, туршак (щавель), шохҳои авсаҷ, бар-
ги зуф, коҳу, ҷави дар об тар кардашуда ва ғайра.
Барои пок кардани бадан, таҳлили варамҳо ва кушо-
144
дани гиреҳҳо бо карафс, арпабодиён, дармана, бӯй
модарони маҳинбарг, ҷави дар об тар кардашуда ва
бо тухми карафс даромехта додан даркор аст.
Ба ҷойи шири хар шири буз ё шири занонро истеъ-
мол фармоянд, раво мебошад.
б) Шири гов. Беҳтарини он аз шири гови ҷавони
фарбеҳ ва сиҳат аст.
Мизоҷаш мӯътадил дар гармӣ, сардӣ ва тарӣ ме-
бошад.
Хислатҳои шифобахши он: шири навдӯшидаи гов-
ро, ки ҳанӯз сард нашуда бошад, биёшоманд, ҷавҳари
майнаро қувват мебахшад ва онро намнок мегардо-
над, рутубатҳои аслии баданро нигоҳ медорад; нисён
(фаромӯшхотирӣ), молихулиё ва васвосро дафъ ме-
кунад; ранги рухсорро неку мегардонад ва бемориҳои
биниро фоида дорад.
Бо мудовамат чаконидан ва молидани он аксари
беморӣ ва иллатҳои чашмро, ҳатто беилоҷро ҳам ши-
фо мебахшад. Агар бо анзарут даромехта бимоланд,
нохунак ва пардаи ба чашм афтодаро, ки монанди дуд
дар қарнияи (сиёҳии) чашм намоён мешавад, инчунин
ширнокро, ки гӯшти зиёдатии дар болои пилк пайдо
мешавад, дафъ мекунад.
Агар ин шири навдӯшидаро гармогарм биёшоманд,
дилро қавӣ мегардонад, ғамро дур мекунад, васвос,
дилтапак (дилбозӣ), захми шуш ва силро, ки бе таби
моддӣ (бе савдо ва бе балғам) бошад, инчунин ха-
рошида шудани рӯдаҳоро шифо мебахшад; дарунро
мулоим мекунад, манӣ пайдо менамояд, боҳро қувват
мебахшад, баданро фарбеҳ мегардонад. Хӯрдани шир-
биринҷ, ки бо шакар нағз пухта бошанд, дарунро му-
лоим мекунад ва барои қулинҷи ахлотӣ фоида дорад.
Ширеро, ки дар он чанд бор оҳани тафсонро хунук
карда бошанд, биёшоманд, исҳолро мебандад.
Шири говро бо баробари вазни он оби ширини хо-
лис даромехта биёшоманд, пешобро башиддат меронад
ва роҳҳои пешобро пок мегардонад, хусусан бо камтар
(то як грамм) зок ва 3,5 грамм наботро ос карда до-
хил намуда бошанд, таъсираш қавитар мегардад.
Ошомидан ва молидани шири гов барои қӯтур, хо-
риш, шукуфаи пӯст ва махав даво мебошад.
Агар касе заҳр хӯрда бошад ё ӯро ҷонварони заҳр-
нок газида бошанд (масалан: мор, каждум, ғунда ва
ғайра), батакрор ширро нӯшида қай кунанд, то он ки
145
заҳр аз бадан батамом дафъ гардад, тарёқи заҳр ме-
шавад.
Бо шири гов ширбиринҷ пухта бардавом бихӯранд,
умрро дароз мегардонад, ранги рӯйро неку мекунад.
Ширро бо мағзи чормағз ва ё бо хурмо бихӯранд,
гурда ва баданро фарбеҳ мекунад, ранги рӯйро неку
месозад, боҳ ва маниро зиёда мегардонад.
Миқдори як бор нӯшидан аз шири гов аз 150 то
300 грамм аст.
Вале инро аз ҳад зиёд бихӯранд, дар гурда ва хи-
чак санг пайдо мекунад, шапушро дар бадан ба ҳам
мерасонад, ба иллати пес гирифтор месозад ва дар
меъда ҳар як модда, ки зиёд бошад, ба ҳамон мубад-
дал мегардад. Барои дафъи зарараш шакар ва асал
хӯрдан даркор аст. Агар ширро бо ин ҳар ду, яъне бо
асал ва шакар биёшоманд, дар меъда шах шудани он-
ро манъ мекунад.
Агар шири гов дар меъда шах гардад, аъзошиканӣ
ва ларзаро ба амал меоварад, арақи сард медамад,
беҳуш мекунад, ақлро беҷо мегардонад. Агар ба дар-
ди гулӯ гирифтор намояд, давои он индов, сиркоасал,
инчунин сиркоро бо пудина даромехта, хӯрда, қай
кардан аст ё 4,5 грамм панирмоя хӯрдан аст, ки ши-
ри шахшударо таҳлил диҳад.
Ҳакимони Ҳинд гуфтаанд, ки шири гови сафедро
бинӯшанд, сафроро, шири гови сурхро бинӯшанд, бал-
ғамро ва шири гови зардро бинӯшанд, ҳар сеи ин мод-
даҳоро аз бадан дафъ мекунад.
в) Шири буз. Ин мӯътадилтарин шири ҳайвонот
аст дар мизоҷ.
Хислатҳои шифобахши он: инро биёшоманд, назла-
ҳоро манъ мекунад. Агар бо ин ғарғара кунанд ё ин-
ро дар даҳан гардонанд, варамҳои забончаи ҳалқ, ком
ва варами забонро таҳлил медиҳад.
Агар инро дар бинӣ ва гӯш бичаконанд, майнаро
намнок месозад, хушкии он, бехобӣ ва дарди гӯши аз
гармӣ ба ҳам расидаро дафъ мекунад. Ва латтаеро
дар ин шир тар карда, ба пеши сар бигузоранд ҳам,
чунин хосиятро дорад.
Шири бузро бо катиро ва шилми бодомҳо ё бо
исфанохи шустагӣ биёшоманд, барои хун қай кардан,
сурфа, сил ва захми шуш. инчунин хунравиҳо аз узв-
ҳои ботинӣ даво мешавад, ки миқдори шир аз 110 то
220 грамм бо яке аз шилмҳо аз 1,75 то 3,5 грамм биё-
146
шоманд, барои бемориҳои номбурда дору мебошад ва
инчунин иллатҳои узвҳои даруни сина, дил, дилтапак
(дилбозӣ), ғам, васвос ва тарсончакиро дафъ меку-
над ба шарте, ки шир навдӯшида бошад ва гармогарм
биёшоманд. Бояд буз ҳам ҷавон, фарбеҳ ва беиллат
бошад. Хусусан дар ин бобат шири бузи сурх беҳтар
аз шири бузҳои ранги дигар будааст.
Шири бузро гармогарм биёшоманд, дарунро муло-
им мекунад, пешобро меронад, захми хичакро барта-
раф мекунад.
Вале шири буз ба одамони сардмизоҷ ва тармизоҷ
зарар дорад, бодангез аст, боиси оруғ ва ҳиккак (ҳи-
кичоқ) мегардад.
Дар вақти аз шири буз панир тайёр кардан, оби
панири онро гирифта бинӯшанд, барои манъ кардани
исҳоли сафровӣ, бемориҳои аз сафрои сӯхта ҳодисгаш-
та, иллатҳои савдовӣ, зардпарвин ва барои одамони
гарммизоҷ даво мебошад, бар бадан об медавонад.
Шири буз барои табҳои диқ (лоғаркунанда) ва
табҳои гарми кӯҳна даво мешавад.
Агар ба шири буз зарпечак дохил карда биёшоманд,
дар ин ҳолат обияти он барҳам мехӯрад ва ба ҷойи
рондан дарунро мебандад.
Тухми райҳонро кӯфта, дар шири буз пухта гузош-
та банданд, варамҳо, пучак, чиртак ва донаҳоро ме-
пазонад ва мекафонад.
Мегӯянд, ки шири буз ба узвҳои даруни шикам за-
рар дорад — давояш катиро хӯрдан аст.
г) Шири занон. Беҳтарини ин шир шири ҷавонза-
нони сиҳат ва мӯътадилмизоҷ аст ва агар духтар зойи-
да бошад, боз ҳам хубтар.
Мизоҷи шири занон дар дараҷаи дуввум сард ва
тар аст, агар духтар зойида бошад, мизоҷи шираш боз
ҳам сардтар мегардад.
Хислатҳои шифобахши он: ошомидани шири за-
нон майна ва ҳалқумро намнок мегардонад, бастагии
роҳи биниро мекушояд; сил, диқ (иллати лоғаркунан-
да), хушкии узвҳои даруни сина, захми шуш, сурфаи
хушк ва хун қай карданро шифо мебахшад.
Агар инро дар бинӣ бирезанд, хушкии майна, ва-
рами пардаҳои майна ва худи майна, дарди сари гар-
ми аз хушкӣ, беҷо шудани ақл, молихулиё, девонагӣ аз
бисёрии сафро ва хун ҳодисшуда, бехобӣ ва монанди
инҳоро дафъ мекунад. Инчунин латтаро дар он тар
147
карда, пай дар пай ба пеши сар гузоранд ва чун лат-
та гарм гардад, латтаи дигарро ҳамин тавр ба кор ба-
ранд, бемориҳои номбаршударо даво мебошад.
Агар инро дар чашм чаконанд, дарди чашмро, ки
аз гармӣ бошад ва захми даруни чашмро шифо ме-
бахшад, инчунин дағалии пилки чашмро ислоҳ меку-
над; бо анзарути маҳин сойидашуда даромехта чако-
нанд, нохунак, шилпуқӣ, гӯшти зоиди дар болои пилк
овезон ва монанди инҳоро дафъ менамояд. Агар ин
шири занонро дар гӯш чаконанд, барои дарди он, ки
аз гармӣ ҳодис шуда бошад, захм ва варами гарми
онро шифо мебахшад.
Миқдори як бор нӯшидан аз шири занон дар як рӯз
аз 50 то 150 грамм аст ба шарте, ки гармогарм ва
хунук нокарда биёшоманд ва агар аз пистон макида
бихӯранд, беҳтар аст. Зеро ки бинобар нозукӣ ва ла-
тофати хислаташ он зуд вайрон мегардад. Ба ҷойи ши-
ри занон шири хар биёшоманд, равост.
Агар зани ҳомила бар рӯйи шапуш аз пистони худ
шир бидӯшад, агар шапуш бимирад ё дар зери он би-
монад, зан ба духтар ҳомила аст, вале агар шапуш на-
мирад ва зинда барояд, ҳомила ба писар аст.
Ба мундариҷа
|
Агар имконият мебуд хамин китоби Канзи Шифоро аз аввал то ба охир ба ин E-mail: mirsaidov_2001@mail.ru равон мекардед.