Ин гиёҳ асосан дар се намуд мерӯяд, ки барои та-
бобат истифода мегарданд. Ҳар серо ҳам тухмаш ба
ҷав монанд аст. Як қисмро баландии пояаш як ваҷаб
ва зиёдтар аз он ҳам ҳаст. Баргаш монанди барги гов-
кафонак, бисёр сурх, гулаш сафед ва монанди гули
шибит чатрӣ, бӯяш ба бӯйи санавбар шабоҳат дорад.
Тухмаш дар ғилоф, сиёҳи дарозак ва монанди ҷав ва
кулӯла ҳам. Ин дар заминҳои сахт ва ҷоҳои нокорам
мерӯяд. Тухмаш аз тухми навъҳои дигараш қавитар
мебошад. Қувваташ то даҳ сол боқӣ мемонад.
Мизоҷи ин навъаш дар дараҷаи саввум гарм ва
хушк аст, вале баъзеҳо гуфтаанд, ки хушкиаш аз гар-
мии он зиёдтар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: ошомидани он кузоз
(столбняк)-ро шифо мебахшад, гиреҳҳои ҷигар, меъда
ва рӯдаҳоро мекушояд, пешоб ва ҳайзро равон меку-
над ва моддаҳои рақиқи сафроро бо исҳол дафъ мена-
мояд. Инро занҳо аз таг бардоранд низ, пешоб ва ҳай-
зи бандшударо равон мекунад.
Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро бо шароб биё-
шоманд ё усораи онро, яъне обашро дар офтоб ғафс
гардонида, чил рӯз пайи ҳам бинӯшанд, дарди суринҳо,
ирқуннасо (радикулит) ва ниқрис (подагра)-ро дафъ
мекунад.
Ҳар рӯз 1,75 грамм тухмашро кӯфта, бо шаҳдоб
биёшоманд, ирқуннасоро дафъ мекунад. Ин миқдор
тухми онро бо ним вазни он судоб биёшоманд, таби
дурӯздармиёнро шифо мебахшад.
Баргашро кӯфта, гузошта банданд, ҷароҳатҳои ка-
лонро аз риму чирк пок мекунад ва даҳани онҳоро ба
ҳам оварда сиҳат мебахшад, решҳои хабиса ва сӯхта-
гии оташро сиҳат мекунад.
Тухми онро кӯфта бипошанд, захмҳои варамида
ва бадбӯро пок мегардонад. Ба ҷойи ин тухми шибит
ва арпабодиёнро ба кор баранд, раво мебошад.
Хислатҳои тиббии решааш монанди решаи кавар
аст.
Чойкаҳаки қисми дуввумро гиёҳаш бузургтар аз
алафи навъи якум аст, шохҳояш бисёртар, баргаш ба
андозаи барги наъно, пуршох ва рост, пояаш сурх, гу-
467
лаш зард. Тухмаш монанди кӯкнор дар ғилофе, рӯяш
хатҳо дорад, бӯяш монанди шилми санавбар аст.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи дуввум гарм ва хушк
мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: 7 грамм тухмашро бо
оби хунук бихӯранд, сафрои ғализро бо исҳол дафъ
мекунад. Хусусияти ин дар ҳама ҷиҳат монанди қисми
якумаш мебошад.
Тухми инро дар шароб ҷӯшонида, он шаробро би-
моланд, ҷароҳатҳои калонро шифо мебахшад.
Гиёҳашро кӯфта гузошта банданд, сӯхтагии оташ-
ро ба ибро меоварад.
Қисми саввумро алафаш баландтар назар ба гиё-
ҳи қисми якум аст, вале хурдтар аз қисми дуввум, ин
бисёр сурх, шохҳояш анбӯҳтар, баргаш сербар, мо-
нанди барги судоб, яъне ба андозаи барги наъно,
бисёр, гулаш зард ва бӯяш монанди қисми аввала аст.
Мизоҷаш дар гармӣ ва хушкӣ аз қисми якум кам-
тар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, рутубат-
ҳои зиёдатии меъдаро бо исҳол дафъ мекунад ва та-
рии онро хушк менамояд. Ин дар ҳамаи ҷиҳатҳои
тиббӣ қавитар аз қисмҳои якум ва дуввум аст. 7 грамм
гиёҳи хушки онро кӯфта, бо оби хунук биёшоманд,
сафрои ғализро бо исҳол дафъ мекунад, меъдаро қавӣ
мегардонад; фолиҷ, ирқуннасо (радикулит) ва душво-
рии шошиданро сиҳат мебахшад; санги гурда ва хи-
чакро майда карда мерезонад, бачаро аз шиками за-
нони ҳомила меафтонад, ҳайзи бастаро мекушояд, рух-
сораро сурх месозад, бар зидди ҳамаи заҳрҳо тарёқ
мешавад: барои иллатҳои истисқо, қулинҷ (колит) ва
таби дурӯздармиёнгиранда дору мешавад.
Инро кӯфта, бо равғани зайтун даромехта бимо-
ланд, фолиҷро, ки гардани бемораш ба пушт хамида
бошад, шифо мебахшад. Агар худи инро кӯфта бимо-
ланд, доғи сафеди пӯст, доғи кунҷидак ва ҳамаи дигар
доғҳои пӯстро дафъ мекунад; бавосир ва дарди луққо-
сии пайвандҳоро ба ибро меоварад, захмҳоро сиҳат
мебахшад.
Вале хӯрдани ин одамони гарммизоҷро дарди сар
мекунад — давои ин зарараш сиркоасал (сиканҷабин)
хӯрдан аст.
468
Миқдори як бор хӯрдан аз ин дар як рӯз то 3,5
грамм аст.
Ҳар як қисми чойкаҳакро ба ҷойи дигараш истеъмол
фармоянд, раво мебошад. Инчунин ба ҷойи ин гиёҳ
баробари нисф вазни ин решаи каварро истифода ба-
ранд, ҷоиз аст.
207. Ёсамин
Инро ёсаман гуфтан ҳам дуруст мебошад, на балки
«ёсуман». Ин гулест хушбӯй, рангҳои сафед, зард, ка-
буд ва пушти гули баъзе навъаш бунафш аст. Ба ғайр
аз навъи зардаш дигарҳои он бӯстонӣ, саҳроӣ ва кӯҳӣ
мебошанд. Қисми сафеди он хушбӯй аст ва бисёртар
вомехӯрад, вале кабуди он камёб аст. Растании ин
на монанди дарахт рост ва на шохҳояш бар рӯйи замин
паҳн мебошад, хусусан навъи сафеди он. Навъҳои
кабуд ва зарди он дар намуди дарахт аст ва дар баъ-
зе сарзаминҳо дарахташ калон мешавад. Танаи навъи
сафеди он андак печдор, баргҳояш андак резаи даро-
зак ва бар ду ҷониби шохҳои он рӯйидааст, гулаш хуш-
бӯй ва банди гулаш борики миёнхолӣ аст
Хуллас, мизоҷи он дар дараҷаи дуввум гарм ва
хушк, ҳатто то дараҷаи саввум низ гуфтаанд.
Хислатҳои шифобахши он: бӯйидани гули он майна-
ро қувват мебахшад; дарди сареро, ки аз сардӣ бо-
шад, сокин месозад, бодҳои майнаро дафъ мекунад,
барои одамони калонсол ва сардмизоҷон фоида дорад.
Инро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва барда-
вом бирезанд, барои дарди сар ва дардҳои узвҳои ди-
гари хунукмизоҷ даво мешавад.
Ошомидани гули ин балғам, савдо ва зардобро бо ис-
ҳол дафъ мекунад, гиреҳҳои баданро мекушояд, бод-
ҳои ғализро таҳлил медиҳад; иллатҳои фолиҷ, каҷ шу-
дани рӯй, карахтӣ ва дардҳои буғумҳоро шифо мебах-
шад, фараҳ меоварад, боҳро ба ҳаракат медарорад,
ҳамаи навъҳои кирми меъда ва рӯдаҳоро ихроҷ меку-
над, пешоб ва ҳайзро равон месозад.
Чун андаке аз гули ин дар шароб андозанд, миқ-
дори ками ин шароб мастии бисёр меоварад.
Се рӯз пай дар пай 7 грамм оби гули инро бинӯ-
шанд, хунравиҳои гуногунро қатъ мекунад
Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан
469
гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад, ҷӯшиши
даруни даҳан ва милки дандонро сиҳат мебахшад.
Инро кӯфта, ба пушт ва закар гузошта банданд,
олати мардиро ба ҳаракат меоварад ва онро калон ме-
гардонад.
Агар гули инро бихӯранд, бар зидди ҳамаи намуд-
ҳои заҳр тарёқ мешавад, инчунин инро кӯфта гузош-
та банданд, ҳамин таъсирро дорад.
Инро кӯфта гузошта банданд, доғи кунҷидакро
дафъ ва рухсораро сурх мекунад. Агар дар ҳаммоми
гарм бо гули ин бишӯянд, мӯйро сафед мегардонад,
ҳатто кӯфта бипошанд ҳам, ҳамин тавр таъсирро до-
рад.
Вале гули ёсамин ба одамони гарммизоҷ зарар до-
рад, дарди сар мекунад ва агар инро бисёр бихӯранд,
ранги рӯйро зард мегардонад. Давои ин зарарҳояш бу-
нафша, гулисурх ва сирко хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз ҷирми ёсамин дар як
рӯз то 10,5 грамм аст, аз обаш то 35 грамм мебошад.
Ба ҷойи ин ёсамини зардро истифода баранд, ра-
вост. Ва дар гарм кардани бадан ва сафед гардонида-
ни мӯй навъҳои зардаш қавитар аст. Ба ҷойи ҳар дуи
навъаш ёсамини саҳроиро истеъмол фармоянд, ҷоиз
аст.
Аз гули ёсамин равған ҳам тайёр мекунанд ба ин
тариқ. Ба даруни шиша то нима равғани кунҷиди тоза
меандозанд ва он равғанро аз гули ёсамин пур карда,
ба офтоб мегузоранд. Ранг, бӯй ва қуввати гул ба рав-
ған гузарад яъне баъд аз 5—6 рӯз гулро фишурда
дур намуда, аз нав гули дигар меандозанд. Ҳамин та-
риқ 5—6 мартаба гулро иваз намуда, баъд гули охи-
ринро ҳам фишурда мепартоянд. Ин равған равғани
ёсамин ҳисоб меёбад.
Мизоҷи равғани ёсамин гарм ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд,
пӯсти баданро мулоим мекунад, варамҳои бадан ва
моддаҳои ғализи дарунро таҳлил медиҳад, бемориҳои
сардмизоҷи асабҳоро шифо мебахшад, барои одамони
куҳансол фоида дорад.
Миқдори як бор хӯрдан аз ин равған дар як рӯз аз
10,5 то 17,5 грамм аст.
Агар ин равғанро гарммизоҷон бибӯянд, дарди сар
мекунад ва биниро хуншор мегардонад.
470
208. Меҳргиёҳ
Ин гиёҳи машҳур ва мӯътабар аст. Навъҳои гуно-
гун дорад. Як навъи растании саҳроияш монанди мар-
миҷон аст, баландиаш то як газ мехезад, баргаш мо-
нанди барги анҷир, вале майдатар аз он, самараш дар
вақти расидан сурх мегардад, ки ба андозаи самари
туғ аст. Гулаш сафед. Решааш ба сурати ду инсони
ба ҳамдигар рӯбарӯистода бо лифҳои сурхранги мӯй-
монанд печида аст — ба хилофи меҳргиёҳи дигар, ки
лифҳои мазкур надорад. Модом ки сари ин суратро
ҷудо накунанд, қувваташ то шаст сол боқӣ мемонад.
Ин намудаш ду синф аст: яке ба мода машҳур аст
ва ранги он моил ба сиёҳӣ, чӯбмонанд, баргаш монан-
ди барги коҳу, аз он нафистар ва майдатар, бӯяш но-
форам — вазнин ва ба рӯйи замин паҳн, дар миёнаи
баргҳояш ба андозаи себи хурд самари хушбӯй ҳам
дорад. Даруни он монанди тухмҳои мурӯд тухмҳо ҷой
гирифтаанд. Решааш ғафс, ду ё се адади ба якдигар
пайваст, берунаш сиёҳ ва дарунаш сафед, он пӯсти
ғафс дорад, гиёҳаш поядор. Синфи дуввуми нарашро
барги сафеди суфтаи ҳамвор, ба андозаи барги лабла-
бу калон, решааш ду баробари решаи модаи он, ки ба
миқдори бодиринг мешавад. Рангаш заъфаронӣ, бӯяш
хуши вазнин. Чӯпонон онро мехӯранд ва баъд онҳоро
хоби дуру дароз мегирад. Шакли решааш ба решаи
навъи модааш монанд, яъне ба сурати инсони мода
аст ва аз решаи синфи модааш андак дарозтар, гиё-
ҳаш бепоя.
Синфи саввум дар сарзаминҳои соядор ва пастӣ ме-
рӯяд. Баргаш сербари дароз, худаш майда аст, даро-
зиаш то як ваҷаб мехезад, бепоя. Ғафсии решааш
баробари нарангушти одам, дарози сафед, гиёҳаш бе-
гулу самар. Ин аз ҳама қавитарини меҳргиёҳҳост.
Низ муаллифи китоби «Ихтиёроти бадеӣ» гуфтааст,
ки дар сарзамини гарми Шероз наздик ба Қалъаи
Шаҳрёр навъе меҳргиёҳ мерӯяд, ки дарозиаш аз як
ваҷаб кӯтоҳтар, бо дасту по, рангаш сафед мешавад.
Беҳтаринаш қавитар ва фарбеҳи он аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум хунук ва хушк аст,
вале баъзеҳо сард дар аввали дараҷаи саввум ва хушк
дар охири он дараҷа донистаанд.
Хислатҳои шифобахши он: ошомидани он хоб мео-
471
варад. Чун инро дар шароб андохта, он шаробро бинӯ-
шанд, сахт маст мекунад. Бӯйидани он низ хоби дуру
дарозро ба судур меоварад. Ва агар дар мақъад даро-
ранд низ, дуру дароз хоб мебарад. Ин хосият махсус
ба сафедбарги бепояи он мебошад, ки зикр ёфт. Агар
инро аз ҳад зиёд бинӯшанд ё бибӯянд, ба иллати сак-
та (мурда барин беҳаракат мондан) гирифтор менамо-
яд. Гоҳ аз он шароб ҳам месозанд барои дафъ кар-
дани бехобӣ ба ин усул: 2,4 килограмм пӯсти решаи
онро дар 38 литр шароби ширин меандозанд. Инак, аз
он шароб 71 грамм менӯшанд. Гоҳо пӯсти онро дар
шароб то қувваташ ба он баромадан меҷӯшонанд ва
барои хоби дароз овардан аз он шароб миқдори бис-
ёре истеъмол мекунанд.
Решаи меҳргиёҳи қисми саввумро бо заъфарон би-
хӯранд. дарди буғумҳо, ирқуннасо ва ниқрисро шифо
мебахшад. Ва агар ин решаро ба гардан овезанд, ил-
лати саръро ба ибро меоварад.
Баргашро кӯфта гузошта банданд, дарди чашм ва
обравии онро дафъ мекунад.
Решаашро бо сиканҷабин биёшоманд, дилтапак
(дилбозӣ)-ро шифо мебахшад.
Решаи меҳргиёро аз чанд ҷояш мехарошанд, аз
он ҷо чун ашк обе таровиш мекунад. Ба таги он зар-
феро гузошта, он обро ҷамъ мекунанд. Агар 25 грамм
аз ин об бо шаҳдоб бинӯшанд, моддаи рақиқи сафро
ва балғамро бо воситаи қай дафъ мекунад. Инчунин
ошомидани ин оби меҳргиёҳ балғам ва сафроро бо ис-
ҳол дафъ месозад. Чун ин обро кӯдакон ва ғайра та-
новул намоянд, гоҳе бинобар қавӣ будани қуввати таъ-
сираш ҳалок мекунад.
Решаи инро биёшоманд, бачадонро аз моддаҳои
ғайрӣ пок менамояд.
Чун меҳргиёҳи норасидаро бо равғани гулисурх
сойида, зани ҳомила ба шикам ва камари худ бимолад,
бачаашро аз афтодан нигоҳ медорад.
Оби аз решааш таровишёфтаи онро ба қадри 0,25
грамм занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаро аз ши-
ками онҳо меафтонад.
Чун решаи онро бо гӯгирди оташнадида даромех-
та, занҳо аз таг бардоранд, хунравии бачадонро қатъ
мекунад. Агар инро бо коснӣ даромехта бихӯранд, сӯ-
зиши пешобро, яъне сӯзокро шифо мебахшад. Агар ин-
472
ро бо асал ва равғани зайтун сиришта бихӯранд, гази-
дани ҷонварони заҳрнок ва заҳри сагангури қотилро
тарёқ мебошад (хусусан синфи саввуми онро, ки ба
синфи сафедбаргаш монанд аст, истеъмол намоянд,
чунин аст).
Чун навъи қотили меҳргиёҳро касе бихӯрад, авва-
лан ӯро хафа (бӯғма) шудани гулӯгоҳи бачадон, сур-
хии чеҳра ва баромадагии он, барҳам хӯрдани ақл ва
ҳолате мисли афюнхӯрда рӯй медиҳад, баъд марг ме-
ояд. Тадбири он равған, оби гарм ва асал хӯрда қай
намудан ва давоҳои баданро поккунанда ошомидан
аст. Низ талхшувоқро дар об ҷӯшонида, он обро бо
асал нӯшида қай фармудан аст. Инчунин мурч, ши-
бит, кокутӣ, мустако, сафедоб, шири навдӯшида, хояи
сагобӣ ва хардал (горчица) хӯронидан даркор ва ҳан-
гоми содир шудани исҳол ҷуғрот нӯшонидан низ яке
аз тадбирҳои дафъи заҳролудшавист.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз меҳргиёҳ аз
0,19 то 0,5 грамм аст гуфтаанд.
Бояд огоҳ кунем, ки меҳргиёҳро бидуни давоҳои ис-
лоҳбахши он хӯрдан ҷоиз нест. Ислоҳи он бо нишоиста,
равғани бодоми ширин ва равғани бунафша даромех-
тан аст; низ барги гули сойида ва рубби решаи бепӯсти
ширинбия, сабир (алоэ), ҳалила, талхшувоқ ва заъфа-
рон аст. (Рубб—оби давоҳост, ки ҷӯшонида ғафс гар-
донида бошанд). Агар инро бе ислоҳкунандааш бихӯ-
ранд, мизоҷро вайрон мекунад, боиси варамидани рӯй,
дарди ҷигар, вайронии ҳолати меъда ва дигар ҳодисо-
ти ногувор мегардад.
Реша ва самари онро кӯфта бипошанд, решҳои хӯ-
ранда ва захмҳои раддиро шифо мебахшад. Агар инро
кӯфта бимоланд, варамҳои сахт ва мулоимро таҳлил
медиҳад ва ханозерро шифо мебахшад. Чун инро ма-
ҳин кӯфта, бо сирко сиришта ба ҷамра (карбункул).
ки реши мӯҳлик аст, гузоранд, дафъ мегардонад, инчу-
нин донача ва обилаҳои дамидаро низ шифо мебах-
шад.
Инро кӯфта, бо орди гандуми бирёнкарда даромех-
та гузошта банданд, дарди буғумҳоро дафъ мекунад.
Агар инро бихӯранд, иллати филпоро шифо мебах-
шад.
Ва агар инро бимоланд, нуқтаҳои сафеди пӯстро
бе ҳеҷ гуна азият пок мекунад.
473
1,5 грамми онро бо шароб биёшоманд, чунон хоби
сахт мегирад, ки ҳар як узви онро бурида аз танаш
ҷудо кунанд, эҳсос намекунад —ин амал дар корҳои
ҷарроҳӣ истифода мешавад.
Чун 4,5 граммашро аз синфи саввумаш батанҳоӣ
ё бо нон ва ё бо орди гандуми бирёнкарда бихӯранд,
ҳамон дам аз ақл берун месозад, хоби сахт мебарад
ва то се-чор соат дар ҳамон ҳолат мемонад, ки ҳеҷ
як чизеро дарк ва эҳсос карда наметавонад бинобар
ҷамъ шудани ҳарорат дар ботин, карахт мондан ва
барҳам хӯрдани ҳис. Баъд баъзе табибон он одамро
дар оби хунук меандозанд, то ки аз ин ҳолат наҷот
ёбад.
Меҳргиёҳро сӯхта, дудашро бигиранд, беҷо шуда-
ни ақл ва девонагиро дафъ мекунад.
209. Зағир
Ин растании зироатӣ ва маълум аст, қадаш то
50—70 сантиметр мехезад ва камтар аз он низ меша-
вад. Гулаш бунафш, тухмаш дар қуббае пур ва зич
ҷой гирифтааст, қариб ба тухми кунҷид монанд аст.
Аз пояи он нахҳо ҳосил карда, матоъ мебофанд. Ли-
босаш дар гармои тобистон бисёр салқин медорад.
Мизоҷи растаниаш хунук ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: пӯшидани либоси зағир-
поягӣ ҳарорати баданро дафъ, арақи баданро кам ва
хушк мекунад; барои иллатҳои қӯтур, хориши бадан
ва варами сахт фоида дорад; ин яке аз либосҳои ода-
мони гарммизоҷ ва фасли гармо мебошад Дар либоси
ин шапуш назар ба пӯшоки пахтагин камтар ҷамъ ва
пайдо мешавад, зеро ки бар бадан хуб намечаспад,
либоси ношустаи он хушккунанда мебошад хусусан дар
зимистон.
Хоҳ нахашро ва хоҳ гиёҳашро сӯхта дудашро би-
гиранд, гиреҳи мағзи сар ва зукомро мекушояд, ҳоли
нохуши бачадонро ислоҳ мекунад.
Агар сӯхтаи инро бипошанд, хуни равони ҷароҳат-
ро манъ мекунад ва захми онро ба ҳам оварда сиҳат
мебахшад. Инчунин даруни захмҳоро бо латтаи зағир-
поягӣ пур кунанд низ, даҳани онҳоро ба ҳам оварда
сиҳат мекунад.
474
Ҳакими машҳур Шариф гуфтааст: «Агар хоҳанд, ки
бадан лоғар гардад, дар зимистон либоси зағирпоягии
нав, яъне ношустаи онро бипӯшанд ва дар тобистон
либоси шустаи онро бипӯшанд. Агар ҳар кас хоҳад, ки
лоғар нагардад, дар зимистон шустаи онро ва дар то-
бистон нави онро бипӯшад».
Гули зағирро бихӯранд, фараҳ меоварад, дилро қа-
вӣ мегардонад.
Ранги тухмаш гуногун аст: зарди тира, моил ба
сурхӣ, қисме сиёҳ ва навъе аз он сафед аст.
Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи якум гарм ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: тухмашро кӯфта, бо оби
хунук сиришта гузошта банданд, дарди сареро, ки аз
варам кардани пардаҳо ва худи майна бошад, шифо
мебахшад; хориши майнаро дафъ мекунад ва захмҳои
сарро ба ибро меоварад.
10 грамм тухми зағирро дар 200 грамм об биҷӯ-
шонанд, он об моддаи шилмак мегардад — ҳамин лу-
оби тухми зағир ҳисоб меёбад. Луоби тухми зағирро
дар чашм чаконанд ё онро ба чашм бимоланд, сурхии
онро дафъ мекунад.
Зағирро кӯфта, бо асал хамир сохта, лесида бихӯ-
ранд, сурфаи балғамиро шифо мебахшад.
10,5 грамм тухми зағирро кӯфта бихӯранд, узвҳои
даруни синаро аз моддаҳои зарарнок ва нодаркор пок
мегардонад, варами ҷигарро пазонида таҳлил меди-
ҳад ва дигар узвҳои бадан варам карда бошанд, ва-
рами онҳоро мегардонад. Агар ин миқдорро бирён
карда, кӯфта бихӯранд, хун қай кардан ва сурфаи
тарро шифо мебахшад.
Ҳар рӯз 2,25 грамми онро кӯфта бихӯранд, дарди
рӯдаҳоро нест мекунад, пешобро меронад, арақ меова-
рад, шири занҳо ва ҳайзи онҳоро равон мекунад, да-
рунро мулоим мегардонад, захми гурда ва хичакро ба
ибро меоварад.
Чун 11 грамм тухми он аз хасҳо пок карда, дар
об ҷӯшонида, луоби онро якҷо бо тухмҳояш биёшоманд
ва чанд рӯз бо ин мудовамат намоянд, санги гурдаро
майда карда мерезонад. Агар инро, яъне луоби тухм-
ноки инро бо асал ширин карда бинӯшанд, варами
сипурзро таҳлил медиҳад. Ба ин луоби тухмдораш, ки
бо асал ширин карда шудааст, 4—5 дона мурчро кӯф-
475
та, ба он дохил намуда, ҳамаашро биёшоманд ва ҳа-
мин тавр шаш-ҳафт рӯз мудовамат намоянд, барои
касоне, ки аз мардиашон маҳрум гашта бошанд, аз нав
барқарори хислати мардӣ медиҳад.
Агар камтареро дар об ҷӯшонида бо он об ним-
гарм ҳуқна кунанд, яъне клизма кунанд, моддаҳои
сегонаро ихроҷ мекунад, сӯзиши рӯдаҳо ва бачадон-
ро таскин медиҳад.
Дар обе, ки тухми зағир ҷӯшонда шуда бошад,
ба такрори амал занҳо то ноф даромада нишинанд,
ҳоли бади бачадонро ислоҳ мекунад ё агар ба дудаш
бидоранд ҳам, ҳамин навъ таъсирро дорад.
Тухми зағирро кӯфта гузошта банданд, варами
сахтро таҳлил медиҳад, решҳои сарро шифо мебахшад.
Инро бо анҷир сиришта бибанданд, доғҳои кунҷидак-
ро дафъ мекунад; бо танакор ва хокистар даромехта
гузошта банданд, озахҳоро хушк карда мерезонад; бо
равғани кунҷид хамир сохта гузошта банданд, захмҳо-
ро шифо мебахшад ва инчунин дард ва сӯзиши он ҷо-
ро таскин медиҳад.
Тухми зағирро сӯхта, сойида, бипошанд, ҷароҳатҳо-
ро хушк мекунад, инчунин дарду сӯзиши онҳоро ҳам
таскин медиҳад.
Вале истеъмоли тухми зағир ба дарун аз ҳад зиёд
гардад, чашмро торик мекунад—дар ин ҳолат кашниз
бояд хӯрд, ки ислоҳи зарари он намояд; ба ҳозима ҳам
зарар мекунад —дар ин маврид сиканҷабин бихӯранд;
Ба хояҳо ҳам зиён дорад —давои ин асал хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми зағир
аз 10,5 то 14 грамм аст.
Ба ҷойи ин ҳулбаро истеъмол намоянд раво мебо-
шад.
Мизоҷи равғани зағир гарм ва тар аст.
Агар равғани зағирро бо равғани гулисурх ҳамроҳ
карда, бо он ҳуқна кунанд, дарди ҷароҳати рӯдаҳоро
таскин медиҳад.
Ин равғанро аз рӯ бимоланд, дарди дилро таскин
медиҳад, шукуфаи пӯст ва ҷароҳатро шифо мебахшад,
инчунин дарди ҷароҳатро ҳам сокин мекунад.
Равғани зағирро хоҳ доғ карда ё доғ нокарда биё-
шоманд, қулинҷи инсонро, ки ба забони русӣ колит
меноманд, дафъ мекунад.
476
Агар инро бардавом бимоланд, чашмро заиф ва
боҳро суст мекунад — давои ин зарарҳояш сиканҷабин
хӯрдан аст.
210. Юнучқаи зардак
Инро тоҷикон дар як қатор маҳалҳо говришқа ва
ришқаи зардак ҳам меноманд. Баргаш ба барги юнуч-
қа шабоҳат дорад, вале гулаш зард аст. Шохҳои баъ-
зе навъаш ба замин паҳн шуда месабзад ва баъзе
навъи он поядор мебошад.
Мизоҷаш мӯътадил дар гармиву сардӣ мебошад. Аз
ин рӯ ҳамаи мизоҷҳоро форам аст.
Хислатҳои шифобахши он. Хусусияти умумиаш:
пазонанда, қувватбахш, таҳлилдиҳанда аст
Гиёҳи инро кӯфта, бо равғани гулисурх сиришта,
ба сар гузошта банданд, ҳамчунин онро дар об ҷӯшо-
нида, бо он оби гармаш бишӯянд, дарди сар, чарх
задани сар, сиёҳ задани чашм, паридани аъзо, сакта
(мурда барин беҳаракат мондан), каҷ шудани рӯй ва
нотавон гаштани узвҳои баданро, ки сабаби ин иллат-
ҳо зиёд гаштани балғам ва сафро бошанд, шифо ме-
бахшад.
Инро дар об ҷӯшонида, ҳар рӯзу шаб бухорашро
дар ҳаммом бигиранд ва инчунин молидани равғани
ин барои бемориҳои номбаршуда, инчунин барои беҷо
шудани зеҳн, аҳмақӣ, телбагӣ, молихулиё ва нисён
(фаромӯшхотирӣ) шифо мебахшад.
7 грамм юнучқаи зардакро бо 17,5 грамм асал би-
хӯранд ва оберо, ки ин гиёҳ. дар он ҷӯшонида шуда
бошад, ба сари бемори васвоси савдовӣ дар ҳар се
рӯз як мартаба дар ҳаммом бирезанд, бемор аз он
иллат наҷот меёбад. Барои фолиҷ (шал шудани ни-
маи бадан ба дарозӣ) ва нотавон шудани узвҳо кӯф-
таи онро ба мабдои (саршавии) асабҳои бемор гу-
зошта мебанданд. Барои таранг кашида шудани узве
ва кузоз (столбняк), ки аз афзудани балғам ҳодис шу-
да бошанд, оберо, ки дар он ин гиёҳ ҷӯшонида шуда-
аст, нимгарм ба меъда ва сари бемор бирезанд, ба иб-
ро меоварад. Инчунин юнучқаи зардакро дар об ҷӯш
дода, он обро бардавом бинӯшанд, аз бемориҳои дар
боло зикрёфта, иллатҳои меъда ва ғайра наҷот хоҳанд
ёфт. Инчунин ин обро биёшоманд, дарди меъда, дарди
477
ҷигар, дарди сипурзро низ фоида дорад Ва агар ба
ин об талхшувоқ ҳамроҳ карда биёшоманд, варам-
ҳои ҳар сеи ин аъзоро ва инчунин варами бачадонро
таҳлил медиҳад. Онро кӯфта, аз рӯ ба ҳамин узвҳо
гузошта банданд, низ ҳамин навъ таъсирро дорад.
Гиёҳи инро дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд,
моддаҳои зиёдатии узвҳои ботиниро таҳлил медиҳад,
яъне пароканда месозад, хусусан бо анҷир ва асал
биёшоманд, манӣ ва ширро зиёда мегардонад, зарари
заҳрҳоро дафъ мекунад, пешоб ва ҳайзро равон ме-
созад, ташнагиро, ки аз афзудани балғам ба ҳам ра-
сида бошад, таскин медиҳад. Агар онро пухта батан-
ҳоӣ ё бо майи пухтагӣ хамир карда гузошта банданд,
захмҳои шаҳдияи сарро, ки рутубаташон монанди асал
аст, шифо мебахшад; бо гарди осиё хамир карда гу-
зошта банданд, варамҳои гарми мураккаби чашм, гӯш,
мақъад, бачадон ва хояҳоро мегардонад. Агар пухтаи
онро бо майи пухтагӣ хамир карда, ба варамҳои гарм
ва сахт гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад.
Оби гиёҳи тарашро дар офтоб қивом кунанд, инро
усораи говришқа, яъне усораи юнучқаи зардак мено-
манд. Инак, аз усораи он 11 грамм бо майи пухтагӣ
биёшоманд, варамҳои узвҳои дохили баданро таҳлил
медиҳад. Усораи инро дар равғани гулисурх ҳал карда
чаконанд, дарди гӯш ва дарди сареро, ки аз хунукӣ
бошад, таскин медиҳад.
Гиёҳи инро дар об ҷӯшонида, он обро бардавом би-
нӯшанд, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мере-
зонад. Ва бо ин об нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд,
рӯдаҳоро қувват мебахшад, онҳоро аз чизҳои ғайрӣ
пок мегардонад ва дардашонро ҳам таскин медиҳад.
Барг ва шохҳояшро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯ-
шанд, пешоб ва ҳайзро равон мекунад ва бачаро аз
шиками ҳомила меафтонад. Бо он об бадан ва сарро
бишӯянд, захмҳои шаҳдияро, ки рутубаташон асалмо-
нанд аст, шифо мебахшад ва агар хояҳоро бо ин би-
шӯянд, хориши онҳоро дафъ мекунад.
Вале истеъмоли ин ба дарун барои хояҳо зарарнок
аст. Дар ин ҳолат анҷир, мавизи ангур ва асал бихӯ-
ранд, зарари онро ислоҳ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушкаш дар як
рӯз то 9 грамм аст ва аз оби фишурдаи гиёҳи тару
478
тозааш то 70 грамм аст. Ба ҷойи юнучқаи зардак бо-
бунаро истеъмол фармоянд, раво мебошад.
Аз ин гиёҳ равған ҳам тайёр мекунанд ба ин та-
риқ. Оби юнучқаи мазкурро ду миқдор гирифта, аз бо-
лояш ним вазни ин об равғани зайтун бирезанду бо
оташи мулоим биҷӯшонанд, то об тамоман бухор шуда
раваду равған бимонад—ин равғани юнучқаи зардак
мебошад. Инро ба сар бимоланд, дарди сареро, ки дар
натиҷаи зарба хӯрдан ва аз чалакидани майна ба
амал омада бошад, дафъ мекунад. Ба рӯй бимоланд,
каҷ шудани онро ислоҳ мекунад.
211. Каду
Ин самари растании биёрадор аст, ки хеле ранго-
ранг ва гуногун мебошад. Беҳтарини он ширини бере-
шаи он аст, ки бихӯранд.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум хунук ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани он ба мизоҷ
сардӣ меоварад, бар бадан об медавонад, гиреҳҳои
узвҳои дохили баданро мекушояд, пешобро равон ме-
кунад, дарунро мулоим мегардонад; зардпарвин, исҳо-
ли номунтазами меъда ва табҳои тезро шифо мебах-
шад.
Агар инро пухта бихӯранд, ҳамчун ғизо камқувват,
аз меъда ба зудӣ мефурояд ва аз он моддаи солими
бетаъм пайдо мешавад. Ин камҳазмшаванда аст, зе-
ро ки агар худашро танҳо бихӯранд, дар меъда зуд
вайрон мешавад ва ба ҳар моддае, ки дар бадан бис-
ёр бошад, ба зудӣ, ба он табдил меёбад, инчунин бино-
бар осон табдилёбанда буданаш баъзан моддаи заҳр-
нок аз он ба амал меояд. Чун онро бо меваҳои гу-
ногун ҳамроҳ намоянд, кайфияти онро дигар месозад,
монанди он, ки агар бо биҳӣ ё оби ғӯраи ангур, ё оби
анор, ё сирко дар равғани бодом ё равғани софи зай-
тун пухта бихӯранд, моддаҳои солим дар бадан пайдо
мекунад, барои одамони сафровимизоҷ ва гарммизо-
ҷон, инчунин ба табҳои тез фоида дорад. Лекин хӯр-
дани каду барои беморони қулинҷ (колит) ва онро
бисёр хӯрдан зарар дорад, зеро худи каду пайдоку-
нандаи иллати қулинҷ аст. Агар бо чизи тези монан-
ди хардал (горчица) бихӯранд, дар бадан моддаи тез
479
пайдо менамояд; бо чизи намакин бихӯранд, модда-
ҳои шӯр пайдо мекунад; бо қабзиятовар — моддаи
қабзиятнок ва инчунин бо ҳар чизе, ки бихӯранд, ба
моддаи он табдил меёбад.
Оби кадуи хомро фишурда гирифта, бо шири ҷа-
вонзанон даромехта, дар бинӣ ва гӯш бичаконанд ва ба
такрори амал биёраи (палаки) бебаргашро кӯфта, ба
сар гузошта банданд, дарди сари аз гармӣ, варами
пардаҳои майна ва худи майна (менингит), ҳазаён,
девонагӣ, варамҳои гарм ва бехобиро шифо мебахшад.
Кадуро кӯфта ё тарошида, ба пеши сар гузошта
банданд, варами гарми сарро таҳлил медиҳад; инчу-
нин дарди сари гарм ва хушкии майна, инчунин бехо-
биро дафъ мекунад ва агар ба чашм гузошта банданд,
варами гарми онро таҳлил медиҳад.
Шустани сар бо оби каду, ошомидан ва дар бинӣ
чаконидани он дарди сари гармро таскин медиҳад ва
хоб меоварад.
Бо оби каду ғарғара кунанд ё оби онро дар даҳон
гардонанд, дарди гулӯ ва дарди дандонро, ки ҳама аз
гармӣ бошанд, шифо мебахшад.
Оби онро бо равғани гулисурх даромехта, нимгарм
дар гӯш чаконанд, дарди ин узвро сокин мекунад.
Пӯсти хушки кадуро дар об ҷӯшонида, он обро
батанҳоӣ ё бо равғани гулисурх даромехта, дар бинӣ
бирезанд, дарди дандонро таскин медиҳад
Найчаи самари кадуро, ки гулаш ҳанӯз наафтода
бошад, дар хамир печида, дар зери оташ пухта, оби
онро ситонида, дар чашм чаконанд, зардии зардпар-
винро аз он дафъ мекунад. Оби гулашро батакрор би-
чаконанд, чашмро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебах-
шад.
Кадуро дар об ҷӯшонида, он обро бо тамри (хур-
мои) ҳиндӣ ва шакар биёшоманд, тафси майнаро паст
мегардонад, инчунин дарди сари гарм, васвос, дево-
нагӣ ва дарди чашмро, ки сабабаш аз поён ба чашм
баромадани бухороти меъда бошад, дафъ мекунад.
Кадуро бо кашки ҷав ё бо моши кӯфтагӣ пухта ё
танҳо худашро дар равғани бодом пухта бихӯранд, ба-
рои дарди узвҳои даруни сина ва сурфаи гарм дору
мешавад.
Кадуро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, таш-
нагӣ ва ҳарорати ҷигари гарммизоҷонро таскин меди-
480
ҳад, инчунин ҳузнеро, ки аз бисёрии сафро ба судур
пайваста бошад ва моддаҳои бегонаи баданро дафъ
мекунад, вале ин боиси сустии меъда ва рӯдаҳо мегар-
дад.
Гӯшти кадуро хушконида, чун орд маҳин кӯфта,
дар дег бирён карда бихӯранд, дарунро мебандад,
ташнагӣ, тезии сафро ва хунро, яъне фишори баланди
онҳоро таскин медиҳад, инчунин ғамро ҳам дур ме-
кунад.
75 грамм оби кадуро бо асал ва андак натрун (та-
накори арманӣ) пухта бихӯранд, дарунро мулоим ме-
кунад, инчунин дарунро бо мулоимат меравонад; бо
тамри ҳиндӣ ва шакар пухта бихӯранд, сафрои сӯхта-
ро бо исҳол дафъ мекунад, рӯдаҳо ва гурдаро аз оло-
йишҳо пок месозад, инчунин барои гармии майна, дар-
ди чашм ва табҳои гарм даво мешавад.
Кадуро дар хамир печонида ва аз болояш гил мо-
лида, дар зери оташ дурустакак пухта, баъд обашро
фишурда гирифта, 150 грамм аз он бо 35 грамм ша-
кар ва бо шарбатҳои гуногуни гуворои сардмизоҷ биё-
шоманд, ҳарорати меъда, ҷигар, дил ва табҳои тези
диқ (лоғаркунанда)-ро шифо мебахшад ва аксари бе-
мориҳои тези гармро таскин медиҳад ва шифо мебах-
шад.
Абӯалӣ ибни Сино дар хусуси зот-ул-ҷанб (вара-
ми пардаҳои даруни сина) навиштааст, ки агарчи оби
каду ба он фоида дорад, вале аз ҷиҳати дигар зарар
ҳам дорад, бинобар он, ки пешобро меронад.
Кадуро пухта, бо сирко бихӯранд, низ барои табҳои
тези сафровӣ, шикастани ҷӯшиши сафро ва хун, инчу-
нин барои аксари бемориҳои гарми тез шифо мебах-
шад, низ зудтар аз меъда мефурояд. Агар инро бо
гӯшт пухта бихӯранд, боиси зуд ва хубии ҳазми он
мегардад; бо хӯришҳои мош, нахӯд, инчунин бо равға-
ни бодоми ширин пухта бихӯранд, сурфаро дафъ меку-
над, низоми феъли майна ва баданро сара мегардо-
над, ҳарорати ҷигар ва табҳои гармро хомӯш меку-
над.
Кадуро бо гӯшти хурӯсчӯҷа ва ё бо мағзи тухми
каду шӯрбо пухта бихӯранд, иллати беҳушшавӣ ва
табҳои гарми беҳушкунандаро шифо мебахшад, инчу-
нин заҳри ахлоти заҳрнокро дафъ мекунад ва дар ин
бобат давои бемисл аст.
481
Гӯшти кадуро кӯфта, аз рӯ бар меъда, ҷигар, гур-
да ва дигар узвҳои даруни шикам ва сина гузошта
банданд, тафс ва сӯзиши онҳоро таскин медиҳад.
Пӯсти хушки кадуро кӯфта бихӯранд, барои баво-
сир ва хунравии узвҳои шикам даво мешавад.
Хуллас, ҳамаи навъҳои каду барои одамони гарм-
мизоҷ (сафровӣ ва хунӣ), ҷавонон, мардуми минтақа-
ҳои гарм фоида дорад. Вале барои одамони сардми-
зоҷ (балғамӣ ва савдовӣ), ба пирон ва касони минта-
қаҳои хунук зарар дорад; ба иллати қулинҷ гирифтор
мекунад, бодангез аст, ба меъда гаронӣ меоварад, иш-
тиҳоро мебандад, балғам ва моддаҳои балғамӣ ва сав-
довӣ пайдо мекунад.
Кадуро бо қошуқи дандонадор тарошида, пухта, бо
ҷуғрот, хардал, сир (чеснок), мурч, намак ва наъно
бихӯранд, баъд барои сардмизоҷон мувофиқ мегардад,
вале гарммизоҷонро ба ғайр аз бо намак ва камтар
наъно хӯрдан раво нест.
Агар каду зарар кунад, илоҷаш қай фармудан аст
ва бо шаҳдоб, қаранфули гардан, зира, пиёзаки сало-
малек, наъно ва чизҳои ҳазмкунандаи гарммизоҷ ва
хушбӯй хӯрдан, инчунин пухтани он бо равған ва до-
хил кардани мурч, хардал, чизҳои гарммизоҷи дигар
ва намак аст барои касони хунукмизоҷ. Вале барои
касони гарммизоҷ ва сафровимизоҷон оби ғӯраи ангур,
оби анор, сирко ва монанди инҳоро дохил намуда хӯр-
дан аст.
Кадуро бо шакар ё бо асал мураббо пухта бихӯ-
ранд, мӯътадилтарини мураббоҳост ва лазиз мегардад,
майнаро қувват мебахшад, дар бадан хуни солим пай-
до мекунад, моддаҳои савдовӣ ва бемориҳои аз бис-
ёр гаштани савдо сарзадаро дафъ менамояд; агар дар
меъда балғам бисёр набошад, ин зуд ҳазм мешавад,
вале агар балғам мавҷуд бошад, худаш ба он мубад-
дал мегардад. Мураббои асалии каду барои хунукми-
зоҷон беҳтар ва муносибтар аст назар ба шакарии
он. Кадуи дар сирко парвардашуда сабук ва ҳазмку-
нанда мебошад, ҷӯшиш ва фишори баланди сафро ва
хунро паст мекунад, хусусан таъми майхуш (туршу
ширин) гирифтаи он барои гарммизоҷон мувофиқ аст,
вале инаш барои хунукмизоҷон зарарнок мебошад.
Пӯсти хушки кадуро сӯхта, ос карда бипошанд,
рафтани хунро аз ҷароҳатҳо манъ мекунад, захмҳои
хӯранда, захми закар ва решҳои хушкмизоҷро дафъ
482
мекунад. Агар ин ордаки пӯсти сӯхтаи онро бо равға-
ни нави гов сиришта гузошта банданд, сӯхтагии оташ-
ро ба ибро меоварад ва бо сирко сиришта гузошта
банданд, доғи сафеди пӯстро шифо мебахшад.
Тухми кадуро кӯфта, бо орди ҷав сиришта, батак-
рор гузошта банданд, барои сӯхтагии оташ даво меша-
вад.
Кадуро кӯфта гузошта банданд, сурхбод ва варам-
ҳои гармро ба ибро меоварад.
Аз каду равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ.
Оби гӯшти кадуи нав расидагиро гирифта, бо чоряк
вазни он равғани кунҷид ё равғани бунафша ва ё ду
баробари он равғани бодоми ширин ва ғайри он миқ-
дор андохта, бо оташи мулоим то обаш батамом бухор
шуда рафтан меҷӯшонанд — хислатҳои тиббии ин мо-
нанди равғани бунафша ва равғани нилуфар аст. Ми-
зоҷи ин равған сард ва тар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро биёшоманд ва
дар бинӣ чаконанд, ба баданҳои хушк об медавонад,
майнаи хушкро рутубат мебахшад ва хушкии онро дафъ
месозад, хоб меоварад; барои молихулиё, бехобии ша-
дид, сурфаи гарм, диқ (иллати лоғаркунанда) шифо
мебахшад ва агар бимоланд, сахтиҳои баданро муло-
им мекунад.
Чун пӯсти кадуро ҷудо карда хусусан, ки ҳанӯз тух-
маш нарасида ва хом бошад, ҳамаи қисмҳои онро, ки
гӯшт, шаҳм ва тухми онро бо чарбии гурдаи буз кӯф-
та, то хуб муҳарро шудан биҷӯшонанд ва баъд бигузо-
ранд, ки хунук шавад, сонӣ равғани дар рӯяш бударо
бигиранд. Ин равған дар ҳама хислатҳои тиббӣ, яъне
дар бобати рутубат бахшидан, сард гардонидан ва ғай-
раҳо аз равғани каду қавитар аст дар он ҳолат, ки
агар инро бо равғани кунҷид бисозанд.
Чун сари кадуро бурида, дар ҷойи холии даруни он
рими оҳани кӯфтаро пур намуда ва даҳани онро бо
ҳамон порчаи буридашуда маҳкам карда, чил рӯз би-
гузоранд, баъд оби онро гирифта, бо ҳино хамир со-
занду ба мӯй бимоланд, ранги хуб мешавад.
Мизоҷи мағзи тухми каду дар дараҷаи дуввум сард
ва дар якум тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: мағзи тухмашро бихӯ-
ранд, баданро фарбеҳ мегардонад, барои дафъи даға-
лии узвҳои даруни сина, хун рафтан аз шуш, сурфаи
гарм, ташнагӣ, табҳои гарм, захми рӯдаҳо ва хичак, ки
483
ҳама аз бисёр гаштани моддаҳои тез ба амал омада
бошанд, лоғарии гурда, сӯзиши пешоб (сӯзок) ва мо-
нанди инҳо даво мешавад.
Равғани тухмашро бихӯранд, бимоланд, бичако-
нанд ё дар бинӣ бирезанд, ё гузошта банданд, хушкии
майна, бехобӣ, сил, табҳои гарм, дарди рӯдаҳо, ки аз
ҷамъ шудани сафро бошад, дафъ мекунад ва давои
беназир мебошад.
Равғани тухми кадуи ширинро бо кирми тухми он
сойида, гузошта банданд, захмҳои сар ва бадани кӯда-
кон, гӯшаи даҳан, баногӯш, закар ва дигарҳоро шифо
мебахшад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми каду дар як рӯз
то 32 грамм аст. Ба ҷойи ин мағзи тухми тарбуз, боди-
ринг ва тарраро истеъмол намоянд, раво мебошад.
Ба мундариҷа
|