Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 167-177

Ferratum [micro][sale]Ferratum [micro][sale]

167. Забонгазак

168. Рӯян

169. Ҳил

170. Гиёҳи шӯра

171. Тарра

172. Бодиринг

173. Гелос ва олуболу

174. Кадуи талх

175. Қаранфули гардан

176. Судоб

177. Кофур

167. Забонгазак

Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон занҷабили обӣ
низ меноманд. Зеро он бештар дар ҷоҳои обдор мерӯ-
яд. Дар вақти онро бо дандон газидан гӯё забонро ме-
газад, яъне дар рӯйи забон сӯзише пайдо мекунад.
Баргаш монанди барги бед, вале дар миёнаҷояш гӯё
доғ дорад. Гулаш сурх ва монанди шаддаи мӯҳраҳои
майда дар хӯша аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: Агар инро бихӯранд,
меъда ва ҷигарро гарм мегардонад ва ғизоро ҳазм ме-
кунад.
Барг ва самарашро кӯфта гузошта банданд, варам-
ҳои сахти балғамии барҷастаро таҳлил медиҳад, доғ-
ҳои пӯст ва кабудии зери чашмро, ки аз хуни мурда
бошад, дафъ мекунад.
Решаашро кӯфта, гузошта банданд, доғи кунҷидак
ва ҳамин қабил доғҳоро, ки кӯҳна ва сахт шуда бо-
шанд, башиддат дафъ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушки забонга-
зак дар як рӯз то 7 грамм аст.
394

168. Рӯян

Ин растанӣ ду навъ аст: саҳроӣ ва боғӣ. Боғӣ,
яъне бӯстониашро зироат мекунанд. Мурод аз ин ре-
шааш ба кори рангрезон лозим аст. Решааш сурхи ти-
ра аст. Самараш кулӯла, баъди расидан сиёҳ мегар-
дад. Гиёҳаш майдаи шахшӯл, фақат як поя дорад,
баргҳояш гирдак, самараш анбӯҳ дар миёни баргҳояш
ҷо гирифтааст. Ин растанӣ дар санглохҳо ва заминҳои
сахт бештар мерӯяд.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бо асал би-
хӯранд, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ)-
ро, ки бо беҳиссии узв бошад, шифо мебахшад; каҷ
шудани рӯй, сусту нотавон гаштани аъзо ва зардпар-
винро дафъ мекунад; меъдаро қувват мебахшад, пе-
шоби бисёр ғафс, ҳайз ва ширро равон мекунад, ир-
қуннасоро ба ибро меоварад; агар бо сиканҷабин би-
хӯранд, гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд.
3,5 грамм рӯянро бо 7 грамм решаи ревоч (чукрӣ)
ва як пиёла шароби хурмо (ё бӯза) биёшоманд, барои
зарба хӯрдан (аз ҷумла чалакидани майна) ва сахт
афтодан даво мебошад.
Самари онро бо сиканҷабин бихӯранд, сипурзро ба
дараҷае пок ва соф мегардонад, ки ёфтани он амри
муҳол мегардад; ҷигарро аз моддаҳои бегона пок ме-
созад ва гиреҳҳои ин ҳар ду узвро мекушояд. Инчу-
нин ҳар як қисми рӯянро бо сиканҷабин бихӯранд,
чунин таъсирро дорад.
Ҳар як қисми ин гиёҳро кӯфта гузошта банданд,
фолиҷ, каҷ шудани рӯй, карахтӣ ва дигар бемориҳои
сардмизоҷи асабониро шифо мебахшад; ширинча, са-
бӯсаки сар, шукуфаи пуст ва доғи сафеди пӯстро ба
ибро меоварад; инчунин доғҳои аз зарба хӯрдан ва
афтодан дар пӯст пайдошударо ҳам дафъ мекунад.
Агар инро кӯфта, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи
бандгаштаро ҷорӣ мекунад, бача ва ҳамроҳаки тифлро
аз шиками ҳомила меафтонад.
Решаашро кӯфта, бо асал сиришта гузошта бан-
данд, доғи кунҷидак ва доғҳоеро, ки аз таъсири офтоб
ба ҳам расида бошанд, нест мегардонад; инро бо сир-
ко даромехта гузошта банданд, шукуфа ва доғи са-
395
феди пӯстро барҳам медиҳад, инчунин ҳар доғеро, ки
дар пӯст афтода бошад, пок мекунад.
Решаи онро сойида, бо таом бихӯранд, барои касо-
не, ки саги девона газида бошад, дармон мешавад.
Баргу шох ва самари он — ҳама тарёқи заҳрҳои
ҷонварон аст. Ҳар як қисми рӯянро батанҳоӣ бихӯранд
ҳам, ҳамин таъсирро дорад.
Хӯрдани рӯян бинобар башиддат пешоброн буда-
наш ба хичак зарар дорад, ҳатто хун мемезонад. Ба-
рои дафъи ин зарарҳояш катиро бояд бихӯранд. Ба
сар ҳам зиёнкор аст — ин зарарро бо хӯрдани арпабо-
диён ислоҳ метавон кард.
Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз 4,5 грамм
аст, ва агар ҷӯшонида, обашро нӯшиданӣ бошанд, дар
об 14 грамм андозанд.
Ҳар касе, ки қасди хӯрданӣ рӯян дошта бошад, бо-
яд, ки ҳар рӯз ҳаммом бикунад.

169. Ҳил

Ин тухми растании буттаи ҳиндӣ аст, ки хушбӯй
мебошад. Инро ба забони русӣ кардамон мегӯянд.
Қувваташ ҳангоми дар ғилофаш будан то ду сол боқӣ
мемонад, вале агар аз ғилофаш берун кунанд, то як
сол қуввати худро нигоҳ медорад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дараҷаи
дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, фараҳ
мебахшад, меъдаро қавӣ мегардонад, таомро ҳазм ме-
кунад, оруғро ба ҳаракат меоварад ва дарунро мебан-
дад, хусусан бирёнкардаи он барои бастани дарун
қавӣ мебошад.
Пӯсташ ва тухмашро кӯфта, батакрор ба дандонҳо
бимоланд, милки дандонро мустаҳкам мегардонад,
пухтани (ҷӯшиши) даҳанро манъ мекунад.
Мегӯянд, ки хӯрдани ҳил барои рӯдаҳо зарарнок
аст. Барои ислоҳи ин зиёнаш катиро бояд бихӯранд.
Миқдори як бор хӯрдан аз ҳил дар як рӯз то 9
грамм аст.
396

170. Гиёҳи шӯра

Ин гиёҳ бештар дар он ҷоҳое, ки ҷуфт намерасад,
яъне шудгор карда намешаванд, мерӯяд. Алафаш сабз,
пушти баргҳояш чун шӯра дамидаҳои тунуке дорад.
Дар мавсими баҳор нашъунамо мекунад. Онро мардум
ба усулҳои гуногун мехӯранд. Ин растаниро ба забони
русӣ лебеда меноманд.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи дуввум гарм ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, оруғро
хушбӯй мегардонад, он чӣ дар шикам бошад, ҳазм ме-
кунад, ғизоияташ кам аст ва часпандагӣ дорад. Хул-
лас, ҳар он чӣ дар шикам бошад, бо воситаи исҳол
хориҷ мекунад.
Агар оби гиёҳи тару тозаи онро биёшоманд, зар-
добро бо воситаи исҳол дафъ мекунад.
Аз 25 то 150 грамми онро бо обе, ки дар он як ша-
бонарӯз мавизи ангур тар карда шуда бошад, бо ша-
кари сурх биёшоманд, лоғарӣ, сустии меъда, дарди ка-
мар, дарди пушт ва дарди суринро, агар таб набошад,
шифо мебахшад. Вале дар меъда гаронӣ ҳодис меку-
над бинобар часпандагӣ доштанаш. Бояд ки оби он-
ро наҷӯшонида биёшоманд ва агар биҷӯшонанд, қув-
ваташ барҳам мехӯрад.
Баъзеҳо 300 грамм оби онро бо 35 грамм шакари
сурх меошоманд, қувват ва таъсираш зиёда зоҳир ме-
гардад.
Тару тозаи ин гиёҳро бихӯранд, пешоб ва ширро
равон мекунад, маниро зиёда мегардонад, боҳро ба
ҳаракат меоварад. Вале баъзеро мегӯянд, ки маниро
хушк, ҳатто қатъ мекардааст.
Тухмаш барои дафъ кардани зардоб бо воситаи ис-
ҳол қавитар аз гиёҳаш мебошад.
Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушки шӯрагиёҳ
дар як рӯз то 10,5 грамм ва аз оби гиёҳи тару тозаи
он то 200 грамм аст бо шарте, ки бо 35 грамм шака-
ри сурх биёшоманд.

171. Тарра

Ин аз ҷинси бодиринг, вале аз он хеле дароз ва аз
дарозӣ ҳатто каҷ мегардад. Ранги бодиринг сабзи ба
сиёҳӣ моил бошад, ранги тарра сабзи сафедтоб аст.
397
Инро ҳам чун бодиринг хом мехӯранд. дар фасли ба-
ҳор мерасад. Баргҳояш аз барги бодиринг майдатар ва
биёрааш монанди биёраи бодиринг аст.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи дуввум сард ва тар
аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин баданро аз
моддаҳои бегонаи гарммизоҷ пок мекунад; ташнагӣ,
гармӣ, ҷӯшиши сафро, тафс ва фишори баланди хунро
ва инчунин ҳарорати ҷигарро таскин медиҳад. Хусусан
мағзи расидаи он барои дарди узвҳои дар боло зикр-
ёфта, инчунин хичак ва сӯзиши меъда неку давоест; да-
рунро мулоим мекунад, пешобро меронад, сангҳои гур-
да ва хичакро майда карда мерезонад.
Зарарҳои тарра: дар одамони хунукмизоҷ бодан-
гез, дерҳазм, аз меъда суст мефурояд, дар ҷигар мод-
даи носара пайдо мекунад, зуд бадбӯ мегардад, таб-
ҳои сахт ва дуру дарозро бармеангезад. Ислоҳи ин за-
рарҳояш: намак, зира, мавиз ва арпабодиён хӯрдан аст
ва инчунин пӯсташро пок карда хӯрдан аст. Ва агар
барои одамони гарммизоҷ зиёнаш зоҳир гардад, сикан-
ҷабин хӯранд, ислоҳ меёбад.
Тухми инро бихӯранд, пешобро меронад, гиреҳҳои
узвҳои баданро мекушояд, даруни рагҳоро аз модда-
ҳои часпак пок месозад, вале назар ба тухми бодиринг
заифтар мебошад.
Пӯст ва гӯшташ бодангез ва қулинҷро пайдо меку-
над, тиҳигоҳро, яъне холияки паҳлуро ба дард мео-
варад, дерҳазм, моддае, ки аз он ба ҳам расад, бадбӯ
мегардад.
Тарра дар аксар хислатҳо монанди бодиринг аст.
Низ асал ва дигар шириниҳо бихӯранд, зарарҳои
инро ислоҳ мекунад.
Баргаш барои саги девонагазида даво мебошад,
барои варами балғамӣ бо асал бихӯранд ва шарои
(аллергияи) балғамиро дафъ мекунад Агар онро хушк
намуда, кӯфта бихӯранд, исҳоли сафровиро мебандад.

172. Бодиринг

Маълум, ки ин самари растании зироатии биёра-
дор аст. Намудҳои самари ин гуногун аст, вале хис-
латҳои ҳамаи намудҳои он ба ҳам монанд аст.
398
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: бодирингро бихӯранд,
барои дарди сари аз гармӣ ба зуҳуромада даво мебо-
шад, инчунин қоши ё кафи онро гузошта банданд, ё
дар пешонӣ моланд, низ ҳамин таъсирро дорад, ҳам-
чунин пора кардашудаи онро бибӯянд, дарди сарро
таскин медиҳад.
Оби бодиринги тару тозаро дар шиша андохта би-
бӯянд ва дар бинӣ бикашанд, рӯҳи нафсониро, ки мар-
казаш майна аст ва рӯҳи ҳайвониро, ки марказаш
дил аст, баланд мегардонад, инчунин аксари бемори-
ҳои гарми шадиди вобаста ба майна бошанд, шифо
мебахшад ва бехобиро дафъ мекунад.
Хӯрдани бодиринг аксари табҳои гарм ва тезро
дафъ мекунад, ҳарорати сафро, хун ва сӯзиши узвҳои
даруни шикам ва ботини синаро таскин медиҳад, шид-
дати ташнагиро мешиканад, гиреҳи ҷигарро мекушо-
яд, пешобро меронад, санги гурда ва хичакро майда
карда мерезонад, зардпарвин ва исҳоли гарми беист-
ро шифо мебахшад.
Оби инро то 200 грамм бо 35 грамм набот биёшо-
манд, моддаи сафроеро, ки дар меъда ва рӯдаҳо мав-
дуд бошад ва инчунин ахлоти сухтаи сафровӣ ва сав-
довиро бо воситаи исҳол дафъ мекунад, табҳои тези
гарм ва зардпарвинро шифо мебахшад.
Агар бодиринг пири зард ва турш гашта бошад,
қуввати исҳоловариаш назар ба бодиринги сабз зиёд-
тар аст. Чун як миқдор қаранфули гарданро дар бо-
диринги зарди пир фурӯ баранду як шабонарӯз ҳамон
тавр бигузоранд ё миқдореро аз қаранфули гардан
дар оби он як шабонарӯз тар кунанд, баъд рӯзи ди-
гар онро фишурда, он обро бо шаҳдоб (асалоб) биё-
шоманд, ранги рӯйро неку мегардонад, гиреҳҳои узв-
ҳои баданро мекушояд, бодҳои ғализ ва моддаҳои гар-
мидорро таҳлил медиҳад ва пароканда мекунад, дил-
тапак (дилбозӣ) ро, ки сабабаш гармӣ бошад, дар як
рӯз сиҳат мегардонад.
Се рӯз пай дар ҳам пӯсти бодиринги тару тозаро
дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, зардпарвинро
дафъ мекунад.
Хӯрдани бодиринг барои одамони гарммизоҷ фо-
рам аст, вале ба касони сардмизоҷ ва асабу меъда за-
рарнок аст ва нармкунандаи он мебошад, ғизоро дар
399
меъда хом мегардонад, моддаи бод, қароқур ва дарди
тиҳигоҳро пайдо мекунад ва агар бодиринг дар меъ-
да вайрон гардад, моддаи заҳрнокро ба амал меова-
рад. Бодирингро бо таом ва баъд аз таом бихӯранд,
хусусан бо ошҳои ҷуғрот дошта ва оши сиркодор би-
хӯранд, зарар мекунад. Дар ин маврид агар ба гарм-
мизоҷон зарар кунад, сиканҷабин бояд бихӯранд, вале
агар ба касони хунукмизоҷ зиён кунад, мавизи ангур
ва асал бояд бихӯранд, ки ислоҳи зарари он намояд.
Тухми бодиринги норас, яъне сабзи сабукҳазми фо-
рам, вале гӯшти он боднок, вазнин ва дерҳазм аст.
Тухми бодиринги расидаи пири он сардтар, тариаш
бештар аст. Ин дар манфаатҳои зикршуда ва паст гар-
донидани ҳарорат ва тафси сафро, ташнагӣ ва равон
кардани пешоб ва ғайраҳо болиғтар, яъне манфааташ
зиёдтар аст, аммо зуд вайроншаванда мебошад.
Тухмашро кӯфта гузошта банданд, сӯзиши меъда
ва дигар узвҳои шикам ва даруни синаро таскин ме-
диҳад, варамҳои гармро ба таҳлил мебарад; барои
қӯтур, хушк шудани пӯст, шаро (аллергия), хориши
бадан, мулоим кардани пӯст дору мешавад ва шахшӯ-
лию дағалии онро дафъ мекунад. Агар инро ба зери
ноф гузошта банданд, пешоби бандшударо мекушояд,
душвор шошиданро ислоҳ мекунад, пешобро бошиддат
ҷорӣ месозад (хусусан дар кӯдакон). Барои бемори-
ҳои номбурда тухми бодиринги талх қавитар таъсир
дорад назар ба ширини он. Агар инро бо танакор якҷо
кӯфта ё бо асал сиришта гузошта банданд, варамро
таҳлил медиҳад. 10,5 грамм аз тухм ё пӯсти хушкар-
даи он бихӯранд, зойиданро осон мекунад, вале хӯрда-
ни он барои занони ҳомила зарар дорад.
Мизоҷи тухми бодиринг назар ба тухми тарра ху-
нуктар ва барои табобат беҳтар аст, инчунин нисбат
ба он дер вайрон мешавад. Агар инро бихӯранд, сав-
дои дар як ҷо мондаро ба ҷунбиш меоварад, пешобро
равон мекунад, сафрои сӯхтаро бо воситаи пешоб дафъ
месозад; барои дарди шуш ва захми он, сӯзиши пешоб
(сӯзок), варами ҷигар ва сипурзи гарммизоҷ ва ин-
чунин табҳои гарм шифо мебахшад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми бодиринг дар як
рӯз то 17,5 грамм аст.
Аз бодиринг равған ҳам тайёр мекунанд ба ин
тариқ. Оби бодиринги пири расидаи тӯрбастаи онро
400
гирифта, дар зарфе бо равғани кунҷид ё равғани зай-
тун, ки баробари оби бодиринг бошад, бо оташи му-
лоим меҷӯшонанд, то об тамоман бухор шавад ва рав-
ған бимонад. Аломати батамом бухор шуда рафтани
об он аст, ки равған аз ҷӯшиш мемонад. Вале эҳтиёт
кунанд, ки равған доғ нагардад.
Молидан ва ошомидани ин равған барои бехобӣ,
хушкии майна, дарди рӯдаҳо аз ҷамъ шудани сафро,
сил ва табҳои гарм даво мешавад.
Бодирингро дар хамири орди ҷав гирифта, аз бо-
лояш лой печонида, дар танӯри гарм бипазанду баъди
пухтан фишурда оби онро ҳосил карда бинӯшанд, ба-
рои ҳамаи бемориҳои аз гармӣ баамаломада, табҳои
тези сафровӣ ва иллати диқ, ки беморро тамоман ло-
ғар мегардонад, даво мебошад.
Хӯрдани бодиринг барои меъда аз пӯст ҷудо на-
кардааш беҳтар аст назар ба он, ки пӯсташро пок кар-
да бошанд. Зеро агар пӯсти онро пок карда бихӯранд,
боднок ва дар меъда муддати дароз мемонад.
Вале бодирингро бо шир бихӯранд; бисёр бад аст
ва агар одамони хунукмизоҷ онро бо шир бихӯранд,
ба иллати фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба даро-
зӣ) гирифтор мегарданд.

173. Гелос ва олуболу

Ин меваҳои маълум. Меваи гелоси пухтагӣ калон-
тар аз олуболу, рангаш ба сурхӣ моил мебошад, навъи
зардаш ҳам вуҷуд дорад. Вале олуболу бошад, сурхи
кабудтоб мегардад, ҳатто ба ранги хун аст.
Мизоҷи самари олуболуи пухтагӣ дар дараҷаи дув-
вум сард ва тар аст; вале мизоҷи гелоси пухтагӣ дар
дараҷаи якум гарм ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар гелосро бихӯранд,
бинобар рутубати часпак доштанаш аз меъда зуд ме-
фурояд: барои дағалии ҳалқ ва шуш даво мешаваа,
агар аз болои таом бихӯранд. бадҳазмӣ меоварад ва
меъдаро заиф мегардонад, инчунин агар аз болои та-
ом бихӯранд, ҳар моддае, ки дар меъда бисёр бошад,
ин низ ба мизоҷи ҳамон табдил меёбад. Дар вақти рӯй
додани ин гуна ҳол чизҳои ҳазмкунандаи таоми гарм-
мизоҷи қувватбахш бояд хӯрда шавад; инчунин ин да-
401
рунро меронад, шикамро мулоим мекунад (хусусан бо
донакаш хӯрда шавад), вале дар айни ҳол баҳаракат-
оварандаи олати мардӣ низ мебошад. Агар хушкаш-
ро бихӯранд, дарунро мебандад.
Олуболуро бихӯранд, ташнагиро мешиканад, тезӣ
ва ҷӯшиши сафро ва фишори баланди хунро паст ме-
кунад; беҳузур (беҷо) шудани дил, қайи сафровӣ ва
исҳолро дафъ мекунад, меъда ва ҷигари гармро қув-
ват мебахшад. Қуввати бандкунандагии он дар хушки
он зиёда аз тари он мебошад.
Аз донакаш шира кашида, бо даҳяк ҳиссаи он ар-
пабодиён бихӯранд, санги гурда ва хичакро майда кар-
да мерезонад, захми роҳи пешобро, яъне сӯзокро ши-
фо мебахшад, ҳайзи бандгаштаро ҷорӣ мекунад.
Чун мағзи тухми онро бо пахтакӯҳна якҷо кӯфта,
фатилаҳои борик сохта, дар сӯрохи закар гузоранд,
захми роҳи пешобро сиҳат мекунад ва он захмро аз
олойишҳо пок мегардонад, дар пешоб рим омадан ва
сӯзиши пешобро шифо мебахшад.
Мизоҷи шилми ҳар дуи ин дарахт гарм ва хушк аст
ва дар хислат монанди шилми олу мебошад. Хусуси-
яти поккунандагӣ дорад, часпак аст, ахлоти часпакро
меканад. Инак, барои дағалии қасабаи шуш, яъне ро-
ҳи нафас, неку гардондани ранги рухсор ва барангех-
тани иштиҳо даво мебошад, санги гурда ва хичакро
майда карда мерезонад. Зеро агар дағалии узвҳои да-
руни сина аз хушкӣ бошад, бо часпандагии худ шифо
мебахшад ва балғами часпакро аз он меканад, пок
мегардонад ва барои сурфаи кӯҳна даво мебошад,
шарташ ҳамин, ки инро бояд бо оби хунук биёшоманд.
Миқдори як бор хӯрдан аз шилми ҳар дуи ин да-
рахт дар як рӯз 4,5 грамм аст.
Ин шилмро маҳин сойида, чун сурма ба чашм ка-
шанд, нури чашмро тез мекунад ва қӯтури онро дафъ
месозад.
Агар ин шилмро дар об ҳал карда бимоланд, ба-
шараро пок мегардонад.

174. Кадуи талх

Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон чӯбкаду низ
меноманд. Кадуи талх монанди кадуи хӯрокӣ гӯшт на-
дорад, балки фақат аз пӯсти дарунхолӣ иборат буда,
402
дар даруни он аз қисми поёнаш тухмҳо дорад. Наму-
даш гуногун аст: монанди кафлези кулӯлаи дастадор,
ба шакли мурӯд, вале хеле азим ва ғайра. Растаниаш
монанди кадуи ширин биёрадор аст. Фарқ дар он, ки
пашмакҳои барги кадуи талх монанди баргҳои кадуи
хӯрокӣ шахшӯл нест, балки нарм ва суфта мебошад.
Мизоҷаш бисёр гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: одатан инро намехӯранд.
Ва агар камтареро аз он бихӯранд, қайи башиддат
меоварад. Агар ҳамин тавр қай намоянд, зиқ-ун-на-
фасро, ки сабабаш сардӣ ва тарӣ бошад ва ҳатто кӯҳ-
на шуда бошад ва инчунин сурфаи тари қадимаро ши-
фо мебахшад.
Оби гулашро дар бинӣ чаконанд ё бирезанд, зард-
парвин, бемориҳои тармизоҷ ва иллатҳои майнаро си-
ҳат мекунад.
Мизоҷи решааш ҳам гарм ва хушк аст.
Агар решаи инро кӯфта гузошта банданд, варам-
ҳои хунукро таҳлил ва дардҳои аз сардӣ баамалома-
даро таскин медиҳад.
Кадуи талхи хушкшударо бикафонанд, дар миёни
сари гардани он пардае монанди пардаи тортанак мав-
ҷуд аст. Онро бароварда, маҳин ос карда, андакеро аз
он дар бинӣ бирезанд, зардпарвинро, ки чашму рухсо-
раҳо — ҳама зард гашта бошанд ва аксари бемориҳои
майна ва рутубиро бо воситаи ихроҷ кардани рутубат
ва балғамҳои зарди бисёр аз бинӣ ва аз чашм дафъ
мекунад, шифо мебахшад.

175. Қаранфули гардан

Инро дар як қатор мавзеъҳо тоҷикон қалампурмӯл-
чоқ ҳам меноманд бо як андоза таҳриф. Дарахташ дар
ҳаҷми бутта, дар як қатор кӯҳистонҳои Осиёи Миёна
низ мерӯяд ва ҳосил медиҳад. Вале муаллифони ки-
тобҳои «Махзан-ул-адвия» ва «Муҳити аъзам» дар он
ақида мебошанд, ки гӯё ин дарахт дар яке аз ҷазира-
ҳои Зербод мерӯяд ва дар ҷойи дигар намебошад. Ин
албатта фикри маҳдуд аст. Шохҳояш хамида, баргҳо-
яш монанди баргҳои анор, вале аз он мулоим ва ка-
лонтар. Самараш бандноки дарозак ва сараш қубба
дорад. Самараш ду навъ: нар ва мода. Нари он нис-
403
батан калонтар, ғуборолуд, камрангубӯй ва камтаъм
аст. Модаи он резатар ва хушбӯй, рангин ва барои да-
во қавӣ, ки мо алҳол онро мебинем.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин аз ҳама пеш хусуси-
яти тарёқӣ дорад, ҳангоми хӯрдан фараҳ меоварад.
Агар инро бихӯранд, рӯҳҳои нафсонӣ, ҳайвонӣ ва та-
бииро қувват мебахшад; узвҳои раисаро. ки иборат аз
дил, майна, ҷигар, меъда, гурда ва хояҳо мебошанд,
мустаҳкам мекунад ва онҳоро дар ҳолати сарагӣ ни-
гоҳ медорад; барои қувват бахшидани мағзи сар, тез
кардани зеҳн, равшан ва қавӣ гардонидани фикр дар-
мон ва воситаи хубест: дарди сари аз сардӣ ва тарӣ,
фолиҷ, каҷ шудани рӯй (барои ин агар дар бинӣ бире-
занд), назлаҳои пай дар пай (агар дар бинӣ кашанд)
ва сакта (мурда барин беҳаракат мондан)-ро дафъ ме-
кунад; гиреҳҳои мағзи сарро мекушояд (агар дар би-
нӣ кашанд) ва дигар бемориҳои сардмизоҷ ва тари
савдовии вобаста ба майна ва асабҳо бошанд, шифо
мебахшад. Барои касони савдовимизоҷ аз одамоне, ки
дар мизоҷи онҳо савдо бисёр гашта бошад, хеле да-
вои хуб ва бебадалест.
Қаранфули гарданро бихоянд, милки дандонро мус-
таҳкам мекунад; дарди дандонро, ки аз хунукӣ бошад,
таскин медиҳад; бадбӯйии даҳанро дафъ мекунад ва бо-
иси хушбӯйии ин узв мегардад.
Онро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд,
чашмро қувват мебахшад ва биноии онро зиёда ме-
гардонад; сурхӣ ва пардаи афтодаеро ки чашмро то-
рик месозад, дафъ мекунад. Инчунин хӯрдани он ҳам
барои ин бемориҳо чунин хосиятро дорад
Инро кӯфта бихӯранд, сурфаи тари аз хунукӣ, зиқ-
ун-нафас (астма)-и кӯҳнаи тар, дилтапак (дилбозӣ)-и
аз сардӣ, тарс, хавф, васвос, девонагӣ ва ғайраро ши-
фо мебахшад, дар хӯрандааш шуҷоат пайдо меку-
над. Низ агар инро бихӯранд, меъдаро қувват мебах-
шад: узвҳои ҳозимаро, ки иборат аз меъда, рӯдаҳо, ҷи-
гар ва сипурз мебошанд, гурдаи сард, бачадон ва боҳ-
ро қавӣ мегардонад, барои бадан гармӣ медиҳад ва
бемориҳои аз сардӣ ҳодисшудаи узвҳои номбурдаро
дафъ мекунад; оруғ ва ҳиккакро таскин медиҳад, бод-
ҳои радии аз ғизоҳои бадҳазми часпак пайдошударо
таҳлил медиҳад, истисқои (водянкаи) гӯштиро шифо
404
мебахшад; чакмезак ва беихтиёр равон шудани пе-
шоб, иллатҳои балғамӣ, савдовӣ ва исҳоли рутубиро
ба ибро меоварад. Агар инро занҳо аз таг бардоранд,
ҳамаи бемориҳои ҳодис аз сардии бачадонро шифо
мебахшад.
1,75 грамми онро кӯфта, бо шири навдӯшида бо му-
довамат, яъне ҳар рӯз ҳамин миқдор бихӯранд, боҳро
бағоят ба ҳаракат меоварад; агар 3,5 грамми онро
кӯфта, занҳо дар рӯзҳои покӣ аз ҳайз бихӯранду мубо-
шарат кунанд, боиси ҳомила шудани онҳо мегардад,
бачадонро гарм мекунад.
Қаранфули гарданро кӯфта, бар пеши сар гузошта
банданд, бемориҳои вобаста ба майнаро ҳар навъ, ки
бошанд, яъне хавф, тарсончакӣ, васвос ва девонагиҳои
гуногунро шифо мебахшад; ва агар ба узвҳое, ки аз
сардӣ дард мекарда бошанд, гузошта банданд, дарди
онҳоро таскин медиҳад; ба варамҳои хунук бибанданд,
онҳоро мегардонад.
Қаранфули гарданро хойида, бо оби даҳан якҷо пеш
аз муҷомаат бар закар гузошта банданду баъд аз муд-
дате кушода, онро дур карда, бо зан муҷомаат кунанд,
лаззати ҳар ду ҷонибро меафзояд.
Хӯрдани қаранфули гардан ба гурда ва рӯдаҳо за-
рар дорад. Дар ин маврид шилми бодомҳоро бихӯ-
ранд, ислоҳи зарари он менамояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз ин дар як рӯз то 4,5
грамм аст. Ба ҷойи қаранфули гардан ба ҳамин вазн
дорчиниро истеъмол фармоянд, равост.
Агар қаранфули гарданро бо шакар қивом карда,
шарбат тартиб диҳанд, ошомидани ин ҳамаи бемори-
ҳои шадид ва душворилоҷро шифо мебахшад, дар ин
бобат ба худ назир надорад.
Аз қаранфули гардан равған ҳам тартиб медиҳанд
ба ин усул. Миқдореро аз қаранфули гардан, яъне му-
вофиқи хоҳиш бигиранд, ба 300 грамми он 25 грамм
намак дохил намоянд, дар шаш баробари вазни қаран-
фул оби гарм тар карда, муддате дар ҷойи гарм гу-
зоранд, то ки ба ҷӯш ояд ё дар саргини асп гӯр кунанд,
то биҷӯшад. Баъди он, ки ба ҷӯш омад, дар анбиқ
муқаттар намоянд. Дар вақти тақтир кардан оби му-
қаттар (дистилляция шудан) равған ҳам аз анбиқ фу-
руд меояд. Ин равғанро аз рӯйи об бардошта, дар ши-
ша нигоҳ доранду вақти ҳоҷат истеъмол намоянд.
405
Мизоҷи равғани қаранфули гардан дар дараҷаи
саввум гарм ва хушк аст. Агар аз ин миқдор кама-
как биёшоманд, ҳамаи бемориҳои аз сардӣ баамалома-
да, иллатҳои ҷигар, меъда, дил ва рӯдаҳоро, ки аз сар-
дӣ бошанд, шифо мебахшад; рӯҳи нафсониро, ки ман-
бааш майна аст, рӯҳи ҳайвониро, ки марказаш дил ме-
бошад, рӯҳи табиӣ, ки мақомаш ҷигар аст —ҳамааш-
ро қавӣ мегардонад ва барои тамоми иллатҳои савдо-
вӣ, ки иборат аз тарс, хавф, васвос, тарсончакӣ , сер-
фикрӣ, девонагӣ ва ғайраанд, шифо мебахшад. Қувва-
ти ин равған аз равғани баласон камӣ надорад. Нӯ-
шидани ин барои ҳамаи бемориҳои майна ва камқув-
ватии чашм дору мебошад. Инро ба чашм бимоланд,
зардоби дар гавҳараки чашм фуромадаро, ки кӯҳна
шуда, ҳатто чашмро нобино гардонида бошад, низ ши-
фо мебахшад ва инчунин ба ҳамаи дард ва иллатҳое,
ки қаранфули гардан дору мешавад, равғанаш боз
ҳам аз ин афзалтар шифо мебахшад.

176. Судоб

Ин растанӣ се навъ аст: бӯстонӣ, даштӣ ва кӯҳӣ.
Гиёҳи бӯстонии он то якуним метр баланд мешавад,
пуршох аст. Баргаш реза, бадбӯ, бисёр сабз, гӯё бар
он ғуборе нишаста бошад. Гулаш зард, тухмаш дар
ғилофе се адади ба якдигар пайваста, сегӯша аст. Аз
ҳама беҳтарини онҳо сабзу тари тоза ва тундбӯй, ки
ба дарахти анҷир наздик рӯйида бошад. Ин растаниро
ба забони русӣ рута меноманд. Дар мамлакати мо
навъи боғиашро дар нимҷазираи Қрим низ парвариш
мекунанд.
Мизоҷи бӯстониаш дар дараҷаи саввум гарм ва
хушк аст; мизоҷи тару тозаи он дар дараҷаи дуввум
гарм ва хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: баъзе бузургворони тиб
гуфтаанд, ки хӯрдани судоб ақлро зиёда, вале мани-
ро бадбӯ мегардонад, барои дарди гӯш фоида дорад
Ин хусусияти тарёқӣ дорад. Агар бихӯранд, гиреҳ-
ҳои узвҳои баданро мекушояд, бодҳоро таҳлил меди-
ҳад, меъдаро қувват мебахшад, иштиҳои таомро бар-
меангезад, пешоб ва ҳайзро меронад, моддаҳои зиёда-
тӣ ва нодаркори бисёрро аз бадан хориҷ мегардонад,
406
вале маниро хушк мекунад, бачаи занони ҳомиларо аз
шикам меафтонад, боҳро (пушти камарро) қатъ меку-
над.
Агар инро бихӯранд ва гузошта банданд, барои бе-
мориҳои вобаста ба ҳолати майна ва асаб, монанди:
фолиҷ, ларзак, ҷингак шудани аъзо аз бисёрии бал-
ғам, дардҳои гуногуни буғумҳо ва ирқуннасо (радику-
лит) даво мешавад; инчунин барои бемориҳои узвҳои
даруни сина, зардпарвин, иллатҳои сипурз ва қулинҷи
бодӣ шифо мебахшад; ва ҳамин тавр бихӯранд. санги
гурда ва хичакро майда карда мерезонад; бавосири
кӯҳна, бемориҳои мақъад ва бачадонро дафъ мекунад.
Обашро бо асал ҷӯшонида, аз ин таркиб аз 50 то
75 грамм биёшоманд, ҳиккакро дафъ менамояд. Оби
инро бо шибит бихӯранд, дарди паҳлу ва узвҳои дару-
ни синаро таскин медиҳад; барои зиқ-ун-нафас ва сур-
фаи кӯҳна дармон мегардад, дарди рӯдаҳоро таскин
медиҳад, варами гарми шуш, дарди буғумҳо ва ирқун-
насоро даво мебошад, ларзи табҳои сардмизоҷро ба-
санда менамояд.
Инро дар равғани зайтун ҷӯшонида, он равғанро
бихӯранд, кирмҳои меъдаро мерезонад. Ва агар дар
шароб то ними шароб бухор шуда рафтан биҷӯшонан-
ду баъд он шаробро бинӯшанд, истисқои гӯштиро дафъ
мекунад. Инчунин инро бо анҷир пухта, батакрор гу-
зошта банданд, аз ин иллати истисқо наҷот меёбанд
Агар бо намак пухта ё намак хӯронида гузошта бан-
данд, чашмро тез мекунад.
Баргашро бихоянд, бӯйи пиёз ва сирро аз даҳан дур
месозад.
Камтареро аз барги он бихӯранд, ҳозимаро, яъне
меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва сипурзро қувват мебахшад,
иштиҳо меоварад, оруғро дафъ мекунад; агар инро бо
анҷир ва мағзи чормағз бихӯранд. заҳрҳои хӯрдашуда
ва заҳрҳои ҷонварони дигарро аз бадан дафъ мекунад.
Ҳар рӯз аз барги он 3,5 грамм бихӯранд. иллатҳои
фолиҷ, ларзак ва ҷингак шудани аъзоро барҳам меди-
ҳад.
Тухмашро бихӯранд ва онро баъд аз ҷимоъ барда-
вом занҳо аз таг бардоранд, ҳомила шуданро манъ ме-
кунад. Хӯрдани тухмаш бар зидди ҳамаи намудҳои
заҳр тарёқ мебошад.
Тухм ва баргашро батакрор бихӯранд, бачаро аз
407
шиками занҳои ҳомила меафтонад, инчунин агар зан-
ҳо аз таг бардоранд ё ба дудаш бидоранд, ҳамин тавр
таъсир дорад.
Инро бардавом бибӯянд, чашмро заиф мегардонад,
ҳамаи ҳисҳои баданро суст ва дилро камқувват меку-
над.
Баргашро кӯфта гузошта банданд, дарди газидани
ғунда ва каждумро дафъ мекунад, инчунин барои га-
зидани саги девона низ фоида дорад; агар инро занҳо
ба зери шикам банданд, намегузорад, ки онҳо борнок
шаванд.
Усораашро, яъне оби гиёҳи тару тозаи инро дар
офтоб ғафс гардонида, дар гӯш чаконанд, садоҳои гу-
ногуни даруни онро ва гаронии ин узвро дафъ меку-
над.
Судобро дар сирко ҷӯшонида, он сиркоро соф кар-
да, дар бинии кӯдакон чаконанд, саръи (припадкаи)
онҳоро шифо мебахшад, хуни биниро ҳам манъ меку-
над. Барги хушкашро кӯфта, батакрор бо воситаи най-
ча дар сӯрохи бинӣ пуф кунанд, хуни биниро банд ме-
намояд.
Барги хушки онро кӯфта, бо равғани гулисурх, сир-
ко ва ё бо шароб хамир сохта гузошта банданд, дар-
ди сарро таскин медиҳад; бо мумравғани мӯрдӣ даро-
мехта гузошта банданд, барои доначаҳои дардноки бар
пӯст дамида дору мешавад; бо шибит ва асал хамир
карда гузошта банданд, шукуфаҳои пӯстро дафъ ме-
кунад.
Оби онро бо натрун (танакори арманӣ) даромех-
та, бо он бишӯянд, барои дафъ кардани доғи сафеди
пӯст дармон мебошад ва навъҳои гуногуни озахро
хушк карда мерезонад.
Судобро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм ҳуқна
(клизма) кунанд, қулинҷро, ки варами рӯдаҳои ғафс
аст, дафъ мекунад.
Ва судобро дар равғани зайтун пухта, бо он аз бо-
лои хичак, яъне ба зери ноф гармбандӣ кунанд, пеш-
оби бандшударо равон мекунад.
Хислати шифобахшии усораи он монанди хусусият-
ҳои баргаш мебошад. Инро бо оби арпабодиён ва асал
даромехта, ба чашм бимоланд, сустии чашмро дафъ
ва нури онро тез мекунад. Агар инро дар пӯсти анор
408
гарм карда дар гӯш чаконанд, дардашро таскин меди-
ҳад.
Усораи онро дар сирко, сафедоб (белила) ҳал кар-
да бимоланд, ҷамра (карбункул)-ро, ки реши мӯҳлик
аст, даво мешавад, мӯрчагазакро ҳам дафъ мекунад ва
решҳои обдори сарро шифо мебахшад; бо асал дар-
омехта бимоланд, дарди буғумҳоро таскин медиҳад,
инчунин ин таркибро дар бинӣ бирезанд, саръи кӯда-
конро шифо мебахшад.
Қавлҳое мавҷуданд, ки агар судобро бихӯранд, ба-
рои иллати фолиҷ, ларзак ва ҷингак шудани узвҳоро
фоида дорад. Агар ҳар рӯз 3,5 грамми онро бихӯранд,
ҳиқкак (ҳиқичоқ)-ро ба ибро меоварад.
Агар инро бихӯранд ва ё бимоланд, барои газидани
каждум, ғунда, мор ва саги девона даво мебошад ва
ҳамаи намуди заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад, ин-
чунин ҳомила шуданро манъ месозад. Баргашро бар-
давом бихӯранд, чашмро хира мекунад, дарди сар мео-
варад, инчунин ба дарди нимсар гирифтор менамояд,
моддаҳои фоиданоки бадан ва маниро месӯзонад.
Агар ин тавр зарар кунад, сиканҷабин (сиркоасал)
ва арпабодиён бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз судоб барои калонсолон
дар як рӯз аз 10,5 то 14 грамм аст.
Ба ҷойи судоб кокутӣ, наъно, пудина ва ҷамилакро
бихӯранд, равост.
Тухмашро кӯфта, аз 3,5 то 7 грамми онро бо асал
ва ё бо сиканҷабин биёшоманд, саръ, кобус (дар хоб
сиёҳӣ пахш кардан)-ро дафъ мекунад чашмро тез ме-
гардонад, ҳиккаки бодиро бозмедорад, сардии меъда
ва қулинҷи бодиро шифо мебахшад, инчунин бар зид-
ди аксари заҳрҳо тарёқ мегардад. Судобро дар об ҷӯ-
шонида, он обро бинӯшанд, низ ҳамин таъсирро дорад.
Чун тухми онро дар равғани зайтун пухта, бо он
хичакро аз рӯ гармбандӣ кунанд, пешоби бастаро ра-
вон мегардонад ва душвории шошиданро дафъ меку-
над.
Тухми судобро дар майҳо дохил намоянд, онҳоро
хушбӯй ва пурқувват мегардонад ва зарари онҳоро
дафъ мекунад, зуд аз бадан хориҷ мегардонад, лекин
дар майна рутубат ва дар худи сар дард пайдо меку-
над, сарро вазнин месозад.
Мизоҷи шилми судоби бӯстонӣ бағоят гарм ва хушк
409
аст, аммо гармиаш назар ба хушкии он камтар мебо-
шад.
Ин барои реши чашм, таҳлил додани ханозер, ва-
рамҳои зери бағал ва каши рон, инчунин барои доғи
пес даво мешавад.
0,5 грамми онро занҳои ҳомила аз таг бардоранд,
бачаи онҳоро аз шикам меафтонад, ҳамроҳаки (ёра-
ки) бачаро зуд хориҷ мекунад ва ҳайзи бандгаштаро
равон менамояд.
Аз судоб равған ҳам тайёр мекунанд ба ин роҳ. Як
миқдори онро бо чор миқдори он об ва даҳ миқдор
равғани зайтун дар зарфе бо оташи мулоим меҷӯшо-
нанд, то он, ки қисми обӣ тамоман бухор шуда рава-
ду равған бимонад. Ин равғани судоб ҳисоб меёбад.
Инро бимоланд, нотавонии аъзо, сардии гурда ва
бачадон, дарди паҳлу ва камар, инчунин дарди бача-
донро, ки аз хафа (бӯғма) шудани гулӯгоҳи он ҳодис
шуда бошад, шифо мебахшад; бодҳои гуногунро таҳ-
лил медиҳад ва ларзи табҳоро дафъ мекунад. Агар 12,5
грамми онро дар ҳаммом бихӯранд, ларзакро дафъ
мекунад. 0,5 грамми онро дар гӯш чаконанд, гаронии
гӯшро ислоҳ мекунад.
Агар бо ин равған нимгарм ҳуқна кунанд, қулинҷи
бодӣ ва моддиро сиҳат мебахшад ва агар инро занҳои
ҳомила аз таг бардоранд, бачаи онҳо ва ҳамроҳаки
тифлро аз шикам меафтонад, ҳайзи бандшударо низ
равон мекунад.

177. Кофур

Ин шилми дарахти азимест, ки аксар ин дарахт дар
сарзаминҳои ҷануби шарқи Осиё парвариш меёбад, ин-
чунин дар соҳили баҳри Сиёҳи Кавказ мавҷуд аст.
Мизоҷи ин шилм дар дараҷаи саввум сард ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, фараҳ
мебахшад, дил ва майнаро қавӣ месозад; таби диқ
(лоғаркунанда) ва дигар табҳои шадидро дафъ ме-
кунад; инчунин зот-ул-ҷанб (варами пардаҳои даруни
сина), захми шуш ва силро шифо мебахшад; исҳоли
гарм ва сафровии бенизомро ба ибро меоварад; таш-
нагӣ, тафси ҷигар ва гурдаро таскин медиҳад, сӯзиши
пешобро, ки сӯзок ҳам меноманд, сиҳат мекунад. Агар
410
кофурро ос карда дар бинӣ бирезанд, низ барои бемо-
риҳои вобаста ба майна ва фараҳ бахшидан дору ме-
шавад. Барои иллатҳои зот-ул-ҷанб ва сил аз рӯ мо-
лиданаш низ кифоя мебошад. Инро бо гулоб даромех-
та бихӯранд, дарди сари аз гармӣ сарзадаро таскин
медиҳад, ҳавосс (ҳамаи ҳисҳо) ва узвҳои мағзи сарро
қавӣ мегардонад.
Ин шилм (кофур)-ро бо равғани гулисурх ё бо сир-
кои ангурӣ даромехта, ба пеши сар бимоланд, дарди
сари сафровиро таскин медиҳад. Агар бо барги кашни-
зи тар ё бо барги зуф кӯфта, ба тораки сар бигузо-
ранд, хуни биниро манъ мекунад.
Ба миқдори як ё ду ҷави онро бо оби барги каш-
низ ё бо сирко даромехта, дар бинӣ бирезанд, хуни
биниро манъ мекунад. Инро бо барги коҳу якҷо кӯф-
та, ба сар гузошта банданд ва дар оби барги коҳу ҳал
карда, дар бинӣ бирезанд, бехобии гарммизоҷонро ба
ибро меоварад ва ҳарорати баланди майнаро таскин
медиҳад; агар бо равғани гулисурх даромехта бимо-
ланд, варамҳои гармро пас мегардонад.
Кофурро маҳин ос карда, ба чашм бипошанд, дар-
ди чашмро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад; бо
оби кашниз ва сурма—ҳамаро якҷо сойида, ба чашм
кашанд, баромадани обиларо дар чашм ҳангоми бемо-
рии нағзак ва сурхакон, манъ мекунад ва агар баро-
мада бошанд, зуд онҳоро дафъ месозад; инчунин ко-
фурро бо оби тӯқумшуллук даромехта ба чашм кашанд,
ҳамин хосиятро дорад.
Кофурро дар равғани гулисурх ҳал карда, дар бинӣ
чаконанд, вайронии мизоҷи сар ва чашмро ислоҳ ме-
кунад. (Вайроншавии соддаи мизоҷи майна ва чашм
он аст, ки ҳангоми баланд хестани офтоб ба само ва
зиёда гаштани нури он, бемории майна ва чашм авҷ
мегирад ва агар офтоб поён фурояд ва дар вақти шаб
иллат суст мегардад).
Кофурро дар оби кашнизи тару тоза ҳал карда,
дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро, ки аз гармӣ бошад,
шифо мебахшад ва хуни биниро, ки аз майна ва пар-
даҳои он ояд, манъ мекунад.
Кофурро дар гулоб ҳал карда, бо он ғарғара ку-
нанд ё онро дар даҳан гардонанд, дарди дандони кирм-
хӯрдаро таскин медиҳад; ҷӯшиши, яъне пухтани да-
ҳанро шифо мебахшад. Кофурро дар ковоки дандони
411
кирмхӯрда бигузоранд, зиёд шудани ковоки онро манъ
мекунад.
Кофурро бо мушк ва анор бихӯранд, низоми сар-
дии онро ба эътидол меоварад ва рӯҳи ҳайвониро, ки
мақомаш дил аст, рӯҳи нафсониро, ки мавзеаш майна
аст, дар одамони сардмизоҷ ва заиф қувват мебахшад:
бар зидди заҳрҳои гарммизоҷ аз ҷумла заҳри кажду-
ми ҷаррора, ки қаттолтарин аст, тарёқ мебошад.
Хӯрдани кофур табҳои диқ (лоғаркунанда) ва гар-
ми тезро шифо мебахшад, вале табҳои моддиро, яъне
табҳоеро, ки аз зиёд гаштани яке аз чор модда (хилт),
ки хун, балғам, сафро ва савдо бошад, зарар дорад.
Хӯрдани кофур барои одамони сардмизоҷ ва заиф-
мизоҷ зарар дорад, дарди сар меоварад, меъдаро суст
мекунад, узвҳои ғизоро ҳам суст менамояд, инчунин
барои боҳ (пушти камар) ҳам зиён дорад (ҳатто бис-
ёр бӯйиданаш ҳам зарар меоварад), маниро шах мегар-
донад, гурда ва хичакро хунук месозад. Кофур дар бо-
бати зарар кардан ба боҳ аз афюн бадтар аст. Агар
кофурро аз ҳад бисёр бибӯянд, бинобар бисёр ба-
ланд будани дараҷаи хушкии мизоҷаш бехобиро ба
амал меоварад, боиси сафед гаштани мӯй ва пир шу-
дани одам мегардад, иштиҳо ва наслро қатъ мекунад,
дар гурда ва хичак санг пайдо мекунад. Ҳамаи ин за-
рарҳои кофурро мушк, анбар, хояи сагобӣ, давоҳои
гарммизоҷи хушбӯй, гулқанд, равғани савсан, равға-
ни гулихайрӣ, равғани бунафша, равғани наргис ва
монанди инҳоро бихӯранд, дафъ мекунад
Миқдори як бор хӯрдан аз кофур дар як рӯз то
0,5 грамм аст. Вале агар 9 граммашро бихӯранд, боҳ-
ро қатъ ва меъдаро вайрон мекунад Ба қавли баъзе-
ҳо 9 грамми он кушанда мебошад.
Мегӯянд, ки агар зан кофурро дар фарҷи худ бимо-
лад, мард ба он зан қодир намегардад
Аз кофур равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ.
Равғани кунҷиди сафеди навро гирифта, ба даруни он
ҳар қадар, ки хоҳанд, кофур андозанд як шаб ҳамон
тавр бигузоранд. Рӯзи дигар ҳамаи онро ба шишае,
ки гили бӯта молида шуда бошад, бирезанд. Он ши-
шаро дар деги анбиқ андохта, дар оташ равған ка-
шанд. Баъд он равғанро дар шишаи муқаррарӣ рехта,
даҳанашро маҳкам кунанду вақти ҳоҷат ба кор ба-
ранд.
410
Ин равған барои табҳои сӯзон, вабоӣ ва тоун (чу-
ма) даво мешавад, ки ба давоҳои ин бемориҳо илова
карда мехӯранд ва инчунин барои захмҳои хабиса (зло-
качественные язвы) низ. Ин равғанро ба забони русӣ
камфорное масло меноманд.

Ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.