Ҳофиз. Ғазалиёт 376-400

Ferratum [micro][sale]Ferratum [micro][sale]

376
Ту ҳамчу субҳиву ман шамъи хилвати саҳарам,
Табассуме куну ҷон бин, ки чун ҳамесупарам.
Чунин, ки дар дили ман доғи зулфи саркаши туст,
Бунафшазор шавад турбатам, чу даргузарам.
Бар остони муродат кушодаам дари чашм,
Ки як назар фиганӣ, худ фигандӣ аз назарам!
Чӣ шукр гӯямат, эй хайли ғам, афокаллоҳ.
Ки рӯзи бекасӣ, охир, намеравӣ зи сарам.
Ғуломи мардуми чашмам, ки бо сиёҳдилӣ
Ҳазор қатра биборад, чу дарди дил шумарам.
Ба ҳар назар бути мо ҷилва мекунад, лекин
Кас ин карашма набинад, ки ман ҳаменигарам.
Ба хоки Ҳофиз агар ёр бигзарад чун бод,
Зи шавқ дар дили он тангно кафан бидарам.
377
Ба теғам гар кушад, дасташ нагирам
В-агар тирам занад, миннатпазирам.
Камони абруятро, гӯ, бизан тир,
Ки пеши дасту бозуят бимирам!
Ғами гетӣ гар аз поям дарорад,
Ба ҷуз соғар кӣ бошад дастгирам?
Барой, эй офтоби субҳи уммед,
Ки дар дасти шаби ҳиҷрон асирам.
Ба фарёдам рас, эй пири харобот,
Ба як ҷуръа ҷавонам кун, ки пирам.
Ба гесуи ту хӯрдам дӯш савганд,
Ки ман аз пойи ту сар барнагирам.
Бисӯз ин хирқаи тақвӣ ту, Ҳофиз,
Ки гар оташ шавам, дар вай нагирам.
378
Мазан бар дил зи нӯки ғамза тирам,
Ки пеши чашми беморат бимирам!
Нисоби ҳусн дар ҳадди камол аст,
Закотам деҳ, ки мискину фақирам.
Чу тифлон то кай, эй зоҳид, фиребӣ,
Ба себи бӯстону шаҳду ширам?
Чунон пур шуд фазои сина аз дӯст,
Ки ёди хеш гум шуд аз замирам.
Қадаҳ пур кун, ки ман дар давлати ишқ
Ҷавонбахти ҷаҳонам, гарчи пирам.
Қароре бастаам бо майфурӯшон,
Ки рӯзи ғам ба ҷуз соғар нагирам.
Мабодо ҷуз ҳисоби мутрибу май,
Агар нақше кашад килки дабирам.
Дар ин ғавғо, ки кас касро напурсад,
Ман аз пири муғон миннатпазирам.
Хушо он дам, к-аз истиғнои мастӣ,
Фароғат бошад аз шоҳу вазирам.
Ман он мурғам, ки ҳар шому саҳаргоҳ,
Зи боми арш меояд сафирам.
Чу Ҳофиз ганҷи ӯ дар сина дорам,
Агарчи муддаӣ бинад ҳақирам.
379
Намози шоми ғарибон чу гиря оғозам,
Ба мӯяҳои ғарибона қисса пардозам.
Ба ёди ёру диёр он чунон бигирям зор,
Ки аз ҷаҳон раҳу расми сафар барандозам.
Ман аз диёри ҳабибам, на аз билоди ғариб,
Муҳаймино, ба рафиқони худ расон бозам.
Худойро, мададе, эй рафиқи раҳ, то ман
Ба кӯйи майкада дигар алам барафрозам.
Хирад зи пирии ман кай ҳисоб баргирад,
Ки боз бо санами тифл ишқ мебозам?
Ба ҷуз сабову шамолам намешиносад кас,
Азизи ман, ки ба ҷуз бод нест дамсозам.
Ҳавои манзили ёр оби зиндагонии мост,
Сабо, биёр насиме зи хоки Шерозам.
Сиришкам омаду айбам бигуфт рӯй ба рӯй,
Шикоят аз кӣ кунам, хонагист ғаммозам.
Зи чанги Зӯҳра шунидам, ки субҳдам мегуфт,
Ғуломи Ҳофизи хушлаҳҷаи хушовозам.
380
Гар даст расад бар сари зулфайни ту бозам,
Чун гӯй чӣ сарҳо, ки ба чавгони ту бозам.
Зулфи ту маро умри дароз аст, вале нест
Дар даст сари мӯе аз он умри дарозам.
Парвонаи роҳат бидеҳ, эй шамъ, ки имшаб
Аз оташи дил пеши ту чун мум гудозам.
Он дам, ки ба як ханда диҳам ҷон чу суроҳӣ,
Мастони ту хоҳам, ки гузоранд намозам.
Чун нест вуҷуди мани олуда намозӣ,
Дар майкада з-он кам нашавад сӯзу гудозам.
Дар масҷиду майхона хаёлат агар ояд,
Меҳроб камонхонаи абруи ту созам.
Гар хилвати моро шабе аз рух бифурӯзӣ,
Чун субҳ бар офоқи ҷаҳон сар бифарозам.
Маҳмуд бувад оқибати кор дар ин роҳ
Гар сар биравад дар сари савдои Аёзам.
Ҳофиз, ғами дил бо кӣ бигӯям, ки дар ин давр
Ҷуз ҷом нашояд, ки бувад маҳрами розам.
381
Дар хароботи муғон гар гузар афтад бозам,
Ҳосили хирқаву саҷҷода равон дарбозам.
Ҳалқаи тавба гар имрӯз чу зуҳҳод занам,
Хозини майкада фардо накунад дар бозам.
В-ар чу парвона диҳад даст фароғи боле,
Ҷуз бад-он орази шамъе набувад парвозам.
Сӯҳбати ҳур нахоҳам, ки бувад айни қусур
Ба хаёли ту агар бо дигаре пардозам.
Сирри савдои ту дар сина бимондӣ пинҳон,
Чашми тардоман агар фош накардӣ розам.
Мурғсон аз қафаси хок ҳавоӣ гаштам,
Ба ҳавое, ки магар сайд кунад шаҳбозам.
Ҳамчу чанг ар ба каноре надиҳӣ коми дилам,
Аз лаби хеш чу най як нафасе бинвозам!
Моҷарои дили саргашта нагӯям бо кас,
З-он, ки ҷуз теғи ғамат нест касе дамсозам.
Гар ба ҳар мӯй саре бар тани Ҳофиз бошад,
Ҳамчу зулфат ҳамаро дар қадамат андозам.
382
Муждаи васли ту ку, к-аз сари ҷон бархезам?
Тоири қудсаму аз доми ҷаҳон бархезам.
Ба валои ту, ки гар бандаи хешам хонӣ,
Аз сари хоҷагии кавну макон бархезам.
Ё Раб, аз абри ҳидоят бирасон бороне,
Пештар з-он, ки чу гарде зи миён бархезам.
Бар сари турбати ман бо маю мутриб бинишин,
То ба бӯят зи лаҳад рақскунон бархезам.
Хезу боло бинамо, эй бути ширннҳаракот,
К-аз сари ҷону ҷаҳон дастфишон бархезам.
Гарчи пирам, ту шабе, танг дар оғӯшам каш,
То саҳаргаҳ зи канори ту ҷавон бархезам.
Рӯзи маргам нафасе мӯҳлати дидор бидеҳ,
То чу Ҳофиз зи сари ҷону ҷаҳон бархезам.
383
Чаро на дар пайи азми диёри худ бошам?
Чаро на хоки сари кӯйи ёри худ бошам?
Ғами ғарибиву ғурбат чу барнаметобам,
Ба шаҳри худ раваму шаҳриёри худ бошам.
Зи маҳрамони саропардаи висол шавам,
Зи бандагони Худовандгори худ бошам.
Чу кори умр на пайдост, боре он авло,
Ки рӯзи воқиа пеши нигори худ бошам.
Зи дасти бахти гаронхобу кори бесомон,
Гарам бувад гилае роздори худ бошам.
Ҳамеша пешаи ман ошиқиву риндӣ буд,
Дигар бикӯшаму машғули кори худ бошам.
Бувад, ки лутфи азал раҳнамун шавад, Ҳофиз,
Вагарна то ба абад шармсори худ бошам.
384
Ман дӯстдори рӯйи хушу мӯйи дилкашам,
Мадҳуши чашми масту майи софи беғашам.
Гуфтӣ: «Зи сирри аҳди азал як сухан бигӯ»,
Он гаҳ бигӯямат, ки ду паймона даркашам.
Ман одами биҳиштиям, аммо дар ин сафар,
Ҳоле асири ишқи ҷавонони маҳвашам.
Дар ошиқӣ гузир набошад зи созу сӯз,
Истодаам чу шамъу матарсон зи оташам.
Шероз маъдани лаби лаъл асту кони ҳусн,
Ман ҷавҳарии муфлисам, эро мушаввашам.
Азбаски чашми маст дар ин шаҳр дидаам,
Ҳаққо, ки май намехӯрам акнуну сархушам.
Шаҳрест пуркарашмаву хубон зи шаш ҷиҳат,
Чизем нест варна харидори ҳар шашам.
Бахт ар мадад диҳад, ки кашам рахт сӯйи дӯст,
Гесуи ҳур гард фишонад зи мафрашам.
Ҳофиз, арӯси табъи маро ҷилва орзуст,
Оинае надорам, аз он оҳ мекашам.
385
Хаёли рӯйи ту чун бигзарад ба гулшани чашм,
Дил аз пайи назар ояд ба сӯйи равзани чашм.
Сазои такягаҳат манзаре намебинам,
Манам зи оламу ин гӯшае муайяни чашм.
Биё, ки лаълу гуҳар дар нисори мақдами ту
Зи ганҷхонаи дил мекашам ба махзани чашм.
Саҳар сиришки равонам сари харобӣ дошт,
Гарам на хуни ҷигар мегирифт домани чашм.
Нахуст рӯз, ки дидам рухи ту, дил мегуфт:
«Агар расад халале, хуни ман ба гардани чашм».
Ба бӯйи муждаи васли ту то саҳар шаби дӯш
Ба роҳи бод ниҳодам чароғи равшани чашм.
Ба мардумӣ, ки дили дардманди Ҳофизро
Мазан ба новаки дилдӯзи мардумафгани чашм.
386
Ман, ки аз оташи дил чун хуми май дар ҷӯшам,
Мӯҳр бар лаб зада, хун мехӯраму хомӯшам,
Қасди ҷон аст тамаъ дар лаби ҷонон кардан,
Ту маро бин, ки дар ин кор ба ҷон мекӯшам.
Ман кай озод шавам аз ғами дил, чун ҳар дам
Ҳиндуи зулфи буте ҳалқа кунад дар гӯшам?
Ҳошалиллаҳ, ки наям мӯътақиди тоати хеш,
Ин қадар ҳаст, ки гаҳ-гаҳ қадаҳе менӯшам.
Ҳаст умедам, ки ал-ар-рағми аду рӯзи ҷазо,
Файзи афваш наниҳад бори гунаҳ бар дӯшам.
Падарам равзаи ризвон ба ду гандум бифурӯхт,
Ман чаро мулки ҷаҳонро ба ҷаве нафрӯшам?
Хирқапӯшии ман аз ғояти диндорӣ нест,
Пардае бар сари сад айби ниҳон мепӯшам.
Ман, ки хоҳам, ки нанӯшам ба ҷуз аз ровақи хум,
Чӣ кунам, гар сухани пири муғон нанюшам?
Гар аз ин даст занад мутриби маҷлис раҳи ишқ,
Шеъри Ҳофиз бибарад вақти самоъ аз ҳушам.
387
Гар ман аз сарзаниши муддаиён андешам,
Шеваи мастиву риндӣ наравад аз пешам.
Зӯҳди риндони навомӯхта роҳи бадаҳист,
Ман, ки бадноми ҷаҳонам, чӣ салоҳ андешам?
Шоҳи шӯридасарон хон мани бесомонро,
З-он, ки дар камхирадӣ аз ҳама олам бешам,
Бар ҷабин нақш кун аз хуни дили ман холе,
То бидонанд, ки қурбони ту, кофиркешам.
Эътиқоде бинамову бигузар, баҳри Худо,
То дар ин хирқа надонӣ, ки чӣ нодарвешам.
Шеъри хунбори ман, эй бод, бад-он ёр расон,
Ки зи мижгони сияҳ бар раги ҷон зад нешам.
Ман агар бода хӯрам в-ар на, чӣ корам бо кас,
Ҳофизи рози худу орифи вақти хешам.
388
Ҳиҷоби чеҳраи ҷон мешавад ғубори танам,
Хушо даме, ки аз он чеҳра парда барфиганам.
Чунин қафас на сазои чу ман хушилҳонест,
Равам ба гулшани ризвон, ки мурғи он чаманам,
Аён нашуд, ки чаро омадам, куҷо рафтам?
Дареғу дард, ки ғофил зи кори хештанам!
Чӣ гуна тавф кунам дар фазои олами қудс,
Ки дар сарочаи таркиб тахтабанди танам.
Агар зи хуни дилам бӯйи шавқ меояд,
Аҷаб мадор, ки ҳамдарди нофаи Хутанам.
Тарози пироҳани заркашам мабин, чун шамъ,
Ки сӯзҳост ниҳонӣ даруни пираҳанам.
Биёву ҳастии Ҳофиз зи пеши ӯ бардор,
Ки бо вуҷуди ту кас нашнавад зи ман, ки манам.
389
Чил сол беш рафт, ки ман лоф мезанам,
К-аз чокарони пири муғон камтарин манам.
Ҳаргиз зи юмни отифати пири майфурӯш
Соғар тиҳӣ нашуд зи майи софи равшанам.
Аз чоҳи ишқу давлати риндони покбоз
Пайваста садри мастабаҳо буд масканам.
Дар шони ман ба дурдкашӣ занни бад мабар,
К-олуда гашт ҷома, вале покдоманам.
Ҳайф аст булбуле чу ман акнун дар ин қафас,
Бо ин лисони азб, ки хомӯш чу савсанам.
Обу ҳавои Форс аҷаб сифлапарвар аст,
Ку ҳамраҳе, ки хайма аз ин хок барканам?
Шаҳбози дасти подшаҳам, ин чӣ ҳолат аст,
К-аз ёд бурдаанд ҳавои нишеманам?
Тӯроншаҳи хуҷаста, ки дар манязиди фазл
Шуд миннати мавоҳиби ӯ тавқи гарданам.
Ҳофиз, ба зери хирқа қадаҳ то ба кай кашӣ?
Дар базми хоҷа парда зи корат барафганам!
390
Умрест, то ман дар талаб ҳар рӯз гоме мезанам,
Дасти шафоат ҳар замон дар некномӣ мезанам.
Бе моҳи меҳрафрӯзи худ, то бигзаронам рӯзи худ,
Доме ба роҳе мениҳам, мурғе ба доме мезанам.
Авранг ку? Гулчеҳр ку? Нақши вафову меҳр ку?
Ҳоле ман андар ошиқӣ дови тамоме мезанам.
То бӯ, ки ёбам огаҳӣ аз сояи сарви сиҳӣ,
Гулбонги ишқ аз ҳар тараф бар хушхироме мезанам.
Ҳарчанд к-он ороми дил, донам набахшад коми дил,
Нақши хаёле мекашам, фоли давоме мезанам.
Донам сар орад ғуссаро, рангин барорад қиссаро,
Ин оҳи хунафшон, ки ман дар субҳу шоме мезанам.
Бо он, ки аз вай ғоибам в-аз май чу Ҳофиз тоибам
Дар маҷлиси рӯҳониён гоҳ-гоҳ ҷоме мезанам.
391
Бе ту, эй сарви равон, бо гулу гулшан чӣ кунам?
Зулфи сунбул чӣ кашам, орази савсан чӣ кунам?
Оҳ, к-аз таънаи бадхоҳ надидам рӯят,
Нест чун оинаам, рӯй зи оҳан чӣ кунам?
Бирав, эй носеҳу бар дурдкашон хурда магир,
Корфармойӣ қадар мекунад, ин, ман чӣ кунам?
Барқи ғайрат чу чунин меҷаҳад аз мумкини ғайб,
Ту бифармо, ки мани сӯхтахирман чӣ кунам?
Шоҳи туркон чу писандиду ба чоҳам андохт,
Дастгир ар нашавад лутфи Таҳамтан, чӣ кунам?
Мададе гар ба чароғе накунад оташи Тӯр,
Чораи тирашаби водии Айман, чӣ кунам?
Ҳофизо, хулди барин хонаи мавруси ман аст,
Андар ин манзили вайрона нишеман чӣ кунам?
392
Ман на он риндам, ки тарки шоҳиду соғар кунам,
Мӯҳтасиб донад, ки ман ин корҳо камтар кунам.
Ман, ки айби тавбакорон карда бошам борҳо,
Тавба аз май вақти гул девона бошам, гар кунам.
Ишқ дурдонасту ман ғаввосу дарё майкада,
Сар фурӯ бурдам дар он ҷо, то куҷо сар бар кунам.
Лола соғаргиру наргис масту бар ман номи фисқ,
Доварӣ дорам басе, ё Раб, киро довар кунам?
Бозкаш як дам инон, эй турки шаҳрошӯби ман,
То зи ашку чеҳра роҳат пурзару гавҳар кунам.
Ман, ки аз ёқуту лаъли ашк дорам ганҷҳо,
Кай назар дар файзи хуршеди баландахтар кунам?
Чун сабо маҷмӯаи гулро ба оби лутф шуст,
Каҷдилам хон, гар назар бар сафҳаи дафтар кунам.
Аҳду паймони фалакро нест чандон эътибор,
Аҳд бо паймона бандам, шарт бо соғар кунам.
Ман, ки дорам дар гадоӣ ганҷи султонӣ ба даст,
Кай тамаъ дар гардиши гардуни дунпарвар кунам?
Гарчи гардолуди фақрам, шарм бод аз ҳимматам,
Гар ба оби чашмаи хуршед доман тар кунам.
Ошиқонро гар дар оташ меписандад лутфи дӯст,
Тангчашмам, гар назар бар чашмаи Кавсар кунам.
Дӯш лаълаш ишвае медод Ҳофизро, вале
Ман на онам, к-аз вай ин афсонаҳо бовар кунам.
393
Санамо, бо ғами ишқи ту чӣ тадбир кунам,
То ба кай дар ғами ту нолаи шабгир кунам.
Дили девона аз он шуд, ки насиҳат шунавад,
Магараш ҳам зи сари зулфи ту занҷир кунам.
Он чӣ дар муддати ҳиҷри ту кашидам, ҳайҳот,
Дар яке нома муҳол аст, ки таҳрир кунам.
Бо сари зулфи ту маҷмӯи парешонии хеш
Ку маҷоле, ки саросар ҳама тақрир кунам?
Он замон, к-орзуи дидани ҷонам бошад,
Дар назар нақши рухи хуби ту тасвир кунам.
Гар бидонам, ки висоли ту бад-ин даст диҳад.
Дину дилро ҳама дарбозаму тавфир кунам.
Дур шав аз барам, эй воизу беҳуда магӯй,
Ман на онам, ки дигар гӯш ба тазвир кунам.
Нест уммеди салоҳе зи фасоди Ҳофиз,
Чунки тақдир чунин аст, чӣ тадбир кунам?
394
Дида дарё кунаму сабр ба саҳро фиганам,
В-андар ин кор дили хеш ба дарё фиганам.
Аз дили танги гунаҳгор барорам оҳе,
К-оташ андар ҷигари Одаму Ҳаво фиганам.
Мояи хушдилӣ он ҷост, ки дилдор он ҷост,
Мекунам ҷаҳд, ки худро магар он ҷо фиганам.
Бикушо банди қабо, эй маҳи хуршедкулоҳ,
То чу зулфат сари савдозада дар по фиганам.
Хӯрдаам тири фалак, бода бидеҳ, то сармаст
Уқда дар банди камар — таркаши Ҷавзо фиганам.
Ҷуръаи ҷом бар ин тахти равон афшонам,
Ғулғули чанг дар ин гунбади мино фиганам.
Ҳофизо, такя бар айём чу саҳв асту хато,
Ман чаро ишрати имрӯз ба фардо фиганам?
395
Дӯш савдои рухаш, гуфтам, зи сар берун кунам,
Гуфт: «Ку занҷир, то тадбири ин маҷнун кунам»,
Қоматашро сарв гуфтам, сар кашид аз ман ба хашм
Дӯстон, аз рост меранҷад нигорам, чун кунам?
Нукта носанҷида гуфтам, дилрабо, маъзур дор,
Шевае фармой, то ман табъро мавзун кунам.
Зардрӯйӣ мекашам з-он табъи нозук бегуноҳ,
Соқиё, ҷоме бидеҳ, то чеҳраро гулгун кунам.
Эй насими манзили Лайлӣ, Худоро, то ба кай
Рабъро бар ҳам занам, атлолро Ҷайҳун кунам.
Ман, ки раҳ бурдам ба ганҷи ҳусни бепоёни дӯст,
Сад гадое ҳамчу худро баъд аз ин Қорун кунам.
Эй шаҳи соҳибқирон, аз банда Ҳофиз ёд кун,
То дуои давлати он ҳусни рӯзафзун кунам.
396
Ба азми тавба саҳар, гуфтам, истихора кунам,
Баҳори тавбашикан мерасад, чӣ чора кунам?
Сухан дуруст бигӯям: наметавонам дид,
Ки май хӯранд ҳарифону ман назора кунам.
Чу ғунча бо лаби хандон ба ёди маҷлиси шоҳ
Пиёла гираму аз шавқ ҷома пора кунам.
Ба даври лола димоғи маро илоҷ кунед,
Гар аз миёнаи базми тараб канора кунам.
Зи рӯйи дӯст маро чун гули мурод шукуфт,
Ҳаволаи сари душман ба санги хора кунам.
Гадои майкадаам, лек вақти мастӣ бин,
Ки ноз бар фалаку ҳукм бар ситора кунам.
Маро, ки нест раҳу расми луқмапарҳезӣ,
Чаро маломати ринди шаробхора кунам?
Ба тахти гул бинишонам буте чу султоне,
Зи сунбулу суманаш соз тавқу ёра кунам.
Зи бода хӯрдани пинҳон малул шуд Ҳофиз,
Ба бонги барбату най розаш ошкора кунам.
397
Ҳошо, ки ман ба мавсими гул тарки май кунам,
Ман лофи ақл мезанам, ин кор кай кунам?
Мутриб куҷост, то ҳама маҳсули зӯҳду илм,
Дар кори чангу барбату овози най кунам.
Аз қилуқоли мадраса ҳоле дилам гирифт,
Якчанд низ хидмати маъшуқу май кунам.
Кай буд дар замона вафо? Ҷоми май биёр,
То ман ҳикояти Ҷаму Ковуси Кай кунам.
Аз номаи сиёҳ натарсам, ки рӯзи ҳашр
Бо файзи лутфи ӯ сад аз ин нома тай кунам.
Ку пайки субҳ, то гилаҳои шаби фироқ,
Бо он хуҷастатолеи фархундапай кунам?
Ин ҷони орият, ки ба Ҳофиз супурд дӯст,
Рӯзе рухаш бибинаму таслими вай кунам.
398
Рӯзгоре шуд, ки дар майхона хидмат мекунам,
Дар либоси фақр кори аҳли давлат мекунам.
То кай андар доми васл орам тазарви хушхиром?
Дар каминам в-интизори вақти фурсат мекунам.
Воизи мо бӯйи ҳақ нашнид, бишнав, к-ин сухан
Дар ҳузураш низ мегӯям, на ғайбат мекунам.
Бо сабо афтону хезон меравам то кӯйи дӯст
В-аз рафиқони раҳ истимдоди ҳиммат мекунам.
Хоки кӯят заҳмати мо барнатобад беш аз ин,
Лутфҳо кардӣ, буто, тахфифи заҳмат мекунам.
Зулфи дилбар доми роҳу ғамзааш тири балост,
Ёд дор, эй дил, ки чандинат насиҳат мекунам.
Дидаи бадбин бипӯшон, эй карими айбпӯш,
З-ин далериҳо, ки ман дар кунҷи хилват мекунам.
Ҳофизам дар маҷлисе, дурдикашам дар маҳфиле,
Бингар ин шӯхӣ, ки чун бо халқ санъат мекунам!
399
Зи бод накҳати зулфи дутот меҷӯям,
Зи бода лаъли лаби ҷонфазот меҷӯям.
Насими гулшани фирдавсу оби чашмаи Хизр
Ба хоки пот, ки аз хоки пот меҷӯям.
Агар ту пил бирониву асб дарбозӣ,
Чӣ гуна рух биниҳам ман, ки мот меҷӯям.
Ҷафо маҷӯву маёзор беш аз ин моро,
Ғулом, гӯ, чӣ ту гӯйӣ, ҷафот меҷӯям!
Табиби дарди маро гуфтамаш хате бинавис,
Ҷавоб дод, ки Ҳофиз давот меҷӯям.
400
Ман тарки ишқи шоҳиду соғар намекунам,
Сад бор тавба кардаму дигар намекунам.
Боғи биҳишту сояи тӯбиву қасри ҳур
Бо хоки кӯйи дӯст баробар намекунам.
Талқини дарси аҳли назар як ишорат аст,
Гуфтам киноятеву мукаррар намекунам.
Ҳаргиз намешавад зи сари худ хабар маро,
То дар миёни майкада сар бар намекунам.
Носеҳ ба таън гуфт, ки: «Рав тарки ишқ кун»,
Мӯҳтоҷи ҷанг нест, бародар, намекунам.
Ин тақвиям тамом, ки бо шоҳидони шаҳр
Нозу карашма бар сари минбар намекунам.
Ҳофиз, ҷаноби пири муғон ҷойи давлат аст,
Ман тарки хокбӯсии ин дар намекунам.

Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.