Ҳофиз. Қитаот

Қитаот

1

Ту неку бади худ ҳам аз худ бипурс,
Чаро боядат дигаре мӯҳтасиб?
Ва ман яттақи-ллоҳа яҷъал лаҳу.
Ва юрзиқу мин ҳайсу лоюҳтасиб.

2

Саройи мадрасаву баҳси илму тоқу равоқ,
Чӣ суд, чун дили донову чашми бино нест?
Саройи қозии Язд арчи манбаи фазл аст,
Хилоф нест, ки илми назар дар он ҷо нест.

3. Моддаи таърихи вафоти Тӯроншоҳ

Осафи аҳди замон, ҷони ҷаҳон Тӯроншоҳ,
Ки дар ин мазраа ҷуз донаи хайрот накишт.
Нофи ҳафта буду аз моҳи Сафар кофу алиф,
Ки ба гулшан шуду ин гулхани пурдуд биҳишт.
Он, ки майлаш сӯйи ҳақбиниву ҳақгӯйӣ буд,
Соли таърихи вафоташ талаб аз «майли биҳишт».

4

Баҳо-ул-ҳаққи ва-д-дин тоб масвоҳ
Имоми суннату шайхи ҷамоат.
Чу мерафт аз ҷаҳон, ин байт мехонд,
Бар аҳли фазлу арбоби бароат.
Ба тоат қурби Эзид метавон ёфт,
Қадам дарнеҳ, гарат ҳаст иститоат.
Бад-ин дастур таърихи вафоташ,
Бурун ор аз ҳуруфи «қурб тоат».

5

Қуввати шоираи ман саҳар аз фарти малол
Мутанаффир шуда, аз банда гурезон мерафт.
Нақши Хоразму хаёли лаби Ҷайҳун мебаст,
Бо ҳазорон гила аз мулки Сулаймон мерафт.
Мешуд он кас, ки ҷуз ӯ ҷони сухан кас нашинохт,
Ман ҳамедидаму аз колбудам ҷон мерафт.
Чун ҳамегуфтамаш: «Эй мӯниси деринаи ман!»
Сахт мегуфту дилозурдаву гирён мерафт.
Гуфтам: «Акнун сухани хуш, ки бигӯяд бо мо,
К-он шакарлаҳҷаи хушхони хушилҳон мерафт».
Лоба бисёр намудам, ки: «Марав», суд надошт,
З-он, ки кор аз назари раҳмати султон мерафт.
Подшоҳо, зи сари лутфу карам бозам хон,
Чӣ кунад? Сӯхта аз ғояти Ҳирмон мерафт.

6. Моддаи таърих

Раҳмони лоямут чу он подшоҳро
Дид он чунон, к-аз у амалулхайр лояфут.
Ҷонаш ғариқи раҳмат худ кард, то бувад
Таърихи ин муомила «раҳмони лоямут».

7

Ба аҳди салтанати шоҳ Шайх Абӯисҳоқ,
Ба панҷ шахс аҷаб мулки Форс буд обод.
Нахуст подшаҳе ҳамчу ӯ вилоятбахш,
Ки ҷони хеш бипарварду доди айш бидод.
Дигар мураббии ислом шайх Маҷдуддин,
Ки қозие беҳ аз он осмон надорад ёд.
Дигар бақияи абдол шайх Аминуддин.
Ки юмни ҳиммати ӯ корҳои баста кушод.
Дигар шаҳаншаҳи дониш Изуд, ки дар тасниф.
Бинои кори «Мувофиқ» ба номи шоҳ ниҳод.
Дигар қавим чу Ҳоҷӣ Қавоми дарёдил,
Ки номи нек бибурд аз ҷаҳон ба бахшишу дод.
Назири хеш бинагзоштанду бигзаштанд,
Худои аззаваҷал ҷумларо биёмурзод!

8. Дар ситойиши шоҳ Мансур Шарафуддин, Музаффар Муҳаммад

Рӯҳулқудус, он сурӯши фаррух,
Бар қуббаи торуми забарҷад.
Мегуфт саҳаргаҳӣ, ки: Ё Раб,
Дар давлату хашмаш мухаллад
Бар маснади хусрави бнмонод.
Мансури Музаффари Муҳаммад!

9

Ба самъи хоҷа расон, эй рафиқи вақтшинос,
Ба хилвате, ки дар ӯ аҷнабӣ сабо бошад.
Латифае ба миён ору хуш бихандонаш
Ба нуктае, ки дилашро дар он ризо бошад.
Пас он гаҳаш зи корам ин қадар ба лутф бипурс,
Ки: Гар вазифа тақозо кунам, раво бошад?

10

Шаммае аз достони ишқи шӯрангези мост
Он ҳикоятҳо, ки аз Фарҳоду Ширин кардаанд.
Ҳеч мижгони дарозу ишвае ҷоду накард
Он чӣ он зулфи дарозу холи мушкин кардаанд.
Соқиё, май деҳ, ки бо ҳукми азал тадбир нест,
Қобили тағйир набвад, он чӣ таъин кардаам.
Дар сафолин косаи риндон ба хорӣ мангаред,
Қ-ин ҳарифон хидмати ҷоми ҷаҳонбин кардаанд
Накҳати ҷонбахш дорад хоки кӯйи дилбарон,
Орифон он ҷо машоми ақл мушкин кардаанд
Соқиё, девонае чун ман куҷо дар бар кашад
Духтари разро, ки нақди ақл кобин кардаанд?
Хокиён бебаҳраанд аз ҷуръаи каъсалкнром
Ин татовул бин, ки бо ушшоқи мискин кардаанд.
Шаҳпари зоғу заған зебои сайду қайд нест,
Ин каромат ҳамраҳи шаҳбозу шоҳин кардаанд.

11. Моддаи таърихи фавти Қавомуддин

Аъзам қавоми давлату дин он, ки бар дараш,
Аз баҳри хокбӯс намудӣ фалак суҷуд.
Бо он вуҷуду он азамат зери хок рафт,
Дар нисфи моҳи зиқаъда аз арсаи вуҷуд.
То кас умеди ҷуд надорад дигар зи кас.
Омад ҳуруфи соли вафоташ: «Умеди ҷуд».

12. Нобино шудани амир Муборизуддин ба дасти шоҳ Шуҷоъ

Дил манеҳ бар дунйиву асбоби ӯ,
З-он, ки аз вай кас вафодорӣ надид.
Кас асал бе неш аз ин дӯкон нахӯрд,
Кас рутаб бехор аз ин бӯстон начид.
Ҳар ба айёме чароғе барфурӯхт,
Чун тамом афрӯхт, бодаш дардамид.
Бе такаллуф ҳар кӣ дил бар вай ниҳод
Чун бидидӣ, хасми худ мепарварид.
Шоҳи ғозӣ, хусрави гетиситон,
Он ки аз шамшери ӯ хун мечакид.
Гаҳ ба як ҳамла сипоҳе мешикаст,
Гаҳ ба хӯе қалбгоҳе медарид.
Аз ниҳебаш панҷа меафганд шер,
Дар биёбон номи ӯ чун мешунид.
Сарваронро бесабаб мекард ҳабс,
Гарданонро бехатар сар мебурид.
Оқибат Шерозу Табрезу Ироқ,
Чун мусаххар кард, вақташ даррасид,
Он, ки равшан буд ҷаҳонбиниш бад-ӯ
Мил дар чашми ҷаҳонбинаш кашид.

13

Бар сари бозори ҷонбозон мунодӣ мезананд,
Бишнавед, эй сокинони кӯйи риндӣ, бишнавед!
Духтари раз чанд рӯзе шуд, ки аз мо гум шудаст,
Рафт, то гирад сари худ, ҳону ҳон, ҳозир шавед!
Ҷомае дорад зи лаълу ним тоҷе аз ҳубоб,
Ақлу дониш бурду шуд то эмин аз вай, нағнавед.
Ҳар кӣ он талхам диҳад, ҳалво баҳо ҷонаш диҳам,
В-ар бувад пӯшидаву пинҳон, ба дӯзах дарравед.
Духтари шабгарди тунди талхи гулранг асту маст,
Гар биёбедаш, ба сӯйи хонаи Ҳофиз баред!

14. Халили Одил

Бародар Хоҷаодил тоб масво
Пас аз панҷоҳу нӯҳ сол аз ҳаёташ.
Ба сӯйи равзаи ризвон сафар кард,
Худо розӣ зи афъолу сифоташ.
Халили Одилаш пайваста бархон,
В-аз он ҷо фаҳм кун соли вафоташ.

15. Дар сифати бахшиш

Бар ту хонам зи дафтари ахлоқ
Ояте дар вафову дар бахшаш.
Ҳар кӣ бихрошадат ҷигар ба ҷафо.
Ҳамчу кони карим зар бахшаш,.
Кам мабош аз дарахти сояфиган,
Ҳар кӣ сангат занад, самар бахшаш.
Аз садаф ёд дор нуктаи ҳилм
Ҳар кӣ буррад сарат, гуҳар бахшаш'

16. Дар сифати ҳашиш

3-он ҳаббаи хазро хӯр, к-аз рӯйи сабукрӯҳӣ
Ҳар, к-ӯ бихӯрад як ҷав, бар сих занад симурғ,
З-он луқма, ки сӯфиро дар маърифат андозад,
Як зарраву сад мастӣ, як донаву сад симурғ.

17. Таърихи вафоти қозӣ Муҷиддин Исмоил

Муҷиддин сарвару султони қазот Исмоил,
Ки задӣ килки эабоновараш аз шаръ натақ.
Нофи ҳафта буду аз моҳи Раҷаб кофу алиф,
Ки бурун рафт аз ин хонаи беназму насақ.
Канафи раҳмати ҳак манзили ӯ дон в-он гаҳ,
Соли таърихи вафоташ талаб аз «раҳмати Ҳақ».

18. Таърихи вафоти шоҳ Шайх Абӯисҳоқ

Булбулу сарву суман, ё суману лолаву гул,
Ҳаст таърихи вафоти шаҳии мушкинкокул.
Хусрави рӯйи замин, ғавси замон Бӯисҳоқ,
Ки ба маҳ талъати ӯ нозаду хандад бар гул.
Ҷумъаи бисту дувум моҳи ҷамодил-аввал,
Дар пасин буд. ки пайваста шуд аз ҷузв ба кул.

19

Солу фолу молу ҳолу аслу наслу тахту бахт,
Бодат андар шаҳриёрӣ барқарору бардавом.
Сол хуррам, фол неку, мол вофир, ҳол хуш,
Асл собит, насл боқӣ, тахт олӣ, бахт ром.

20. Таърихи вафоти Ҳоҷӣ Қавомуддин Ҳасан

Сарвари аҳли амоим, шамъи ҷамъи анҷуман,
Соҳиби соҳибқирон Ҳоҷӣ Қавомуддин Ҳасан.
Содиси моҳи рабеъалохир андар ними рӯз,
Рӯзи одина ба ҳукми кирдигори зулманан.
Ҳафсаду панҷоҳу чор аз ҳиҷрати хайрулбашар,
Меҳрро Ҷавзо макону моҳро Хӯша ватан,
Мурғи рӯҳаш, к-ӯ ҳумои ошёни қудс буд,
Шуд сӯйи боғи биҳишт аз доми ин дори миҳан.

21. Дар марги фарзанд фармуда

Дило, дидӣ, ки он фарзона фарзанд
Чӣ дид андар хами ин тоқи рангин?
Ба ҷойи лавҳи симин дар канораш,
Фалак бар сар ниҳода лавҳи сангин.

22

Дар ин зулматсаро то кай ба бӯйи дӯст биншинам,
Гаҳе ангушт бар дандон, гаҳе сар бар сари зону?
Биё, эй тоири давлат, биёвар муждаи васле.
Аса-л-айёму ан ярҷиъна қавман ка-л-лазӣ кону.

23. Дар гиламандӣ

Эй муарро, асли олиҷавҳарат аз ҳирсу оз,
В-эй мубарро зоти маймунахтарат аз зарқу рев,
Дар бузургӣ кай раво бошад, ки ташрифотро
Аз фаришта бозгирӣ в-он гаҳе бахшӣ ба дев.

24

Соқиё, паймона пур кун з-он, ки соҳибмаҷлис аст,
Орзу мебахшаду асрор медорад нигоҳ.
Ҷаннати нақд аст ин ҷо, айшу ишрат тоза кун,
З-он, ки дар ҷаннат худо бар банда нанвисад гуноҳ.
Дӯстдорон дӯсткоманду ҳарифон боадаб,
Пешкорон некному сафнишонон некхоҳ.
Сози чанг, оҳанги ишрат, саҳни маҷлис, ҷойи рақс,
Холи ҷонон-донаи дил, зулфи соқӣ-доми роҳ.
Давр аз ин беҳтар набошад, соқиё, ишрат гузин!
Ҳол аз ин хуштар набошад, Ҳофизо, соғар бихоҳ!

25. Дар тирабахтӣ фармуда

Ба гӯши ҷони раҳӣ мунҳие нидо дардод,
Зи ҳазрати аҳади лоилоҳа иллаллоҳ.
Ки: Эй азиз касеро, ки хорӣ аст насиб,
Ҳақиқат он, ки наёбад ба зӯр мансабу ҷоҳ.
Ба оби Замзаму Кавсар сафед натвон кард
Гилеми бахти касеро, ки бофтанд сиёҳ.

26. Моддаи таърихи Хоҷа Фатҳуллоҳи Абӯнаср

Ба рӯзи шанбеи содис зи моҳи зилҳиҷҷа.
Ба соли ҳафтсаду шаст аз ҷаҳон бишуд ногоҳ.
Зи шоҳроҳи саодат ба боғи ризвон рафт.
Вазири комил Абӯнаср Хоҷа Фатҳуллоҳ.

27

Ба ман паём фиристод дӯсте имрӯз,
Ки: Эй натиҷаи килкат саводи биноӣ!
Пас аз ду сол, ки бахтат ба хона бозовард,
Чаро зи хонаи Хоҷа бадар намеойӣ?
Ҷавоб додаму гуфтам: Бидор маъзурам,
Ки ин тариқа на худкомӣ асту худройӣ.
Вакили қозиям андар гузар камин кардаст,
Ба каф қаболаи даъвӣ чу мори шайдоӣ.
Ки гар бурун ниҳам аз остони Хоҷа қадам,
Бигирадам, сӯйи зиндон барад ба расвоӣ.
Ҷаноби хоҷа ҳисори ман аст, агар ин ҷо,
Касе нафас занад аз ҳуҷҷати тақозоӣ.
Ба авни қуввати бозуи бандагони вазир,
Ба силияш бишикофам димоғи савдоӣ.
Ҳамеша бод ҷаҳонаш ба ному аз сари сидқ,
Камар ба бандагияш баста чархи миноӣ.

28. Дар қатли Қавомуддин Муҳаммади соҳибиёр

Гадо агар гуҳари пок доштӣ дар асл,
Бар оби нуқтаи шармаш мадор боистӣ.
В-ар офтоб накардӣ фусуси ҷоми зараш,
Чаро тиҳӣ зи майи хушгувор боистӣ.
В-агар саройи ҷаҳонро сари харобӣ нест,
Асоси ӯ беҳ аз ин устувор боистӣ.
Замона гар на зари қалб дошт, кораш
Ба дасти Осафи Соҳибиёр боистӣ.
Чу рӯзгор ҷуз ин як азиз беш надошт,
Ба умр мӯҳлате аз рӯзгор боистӣ.

29.

Он меваи биҳиштӣ, к-омад ба дастат, эй ҷон,
Дар дил чаро накиштӣ, аз даст чун биҳиштӣ?
Таърихи ин ҳикоят гар аз ту боз пурсанд,
Сарҷумлааш фурӯ хон аз меваи биҳиштӣ.

30. Дар тақозои таъбири хоб

Хусраво, додгаро, шердило, баҳркафо,
Эй ҷалоли ту ба анвои ҳунар арзонӣ.
Ҳама офоқ гирифту ҳама атроф кушод
Сити масъудиву овозаи шаҳсултонӣ.
Гуфта бошад магарат мулҳими ғайб аҳволам,
Ии, ки шуд рӯзи сафедам чун шаби зулмонӣ.
Дар се сол он чӣ биандӯхтам аз шоҳу вазир,
Ҳама бирбуд ба як дам фалаки чавгонӣ.
Дӯш дар хоб чунон дид хаёлам, ки саҳар,
Гузар афтод бар истабли шаҳам пинҳонӣ.
Баста бар охури ӯ астари ман ҷав мехӯрд,
Тубра афшонд, ба ман гуфт. «Маро медонӣ?»
Ҳеч тадбир намедонамаш ин хоб, ки чист,
Ту бифармой, ки дар фаҳм надорӣ сонӣ.

31

Соқиё, бода, ки иксири ҳаёт аст, биёр,
То тани хокии ман айни бақо гардонӣ.
Чашм бар даври қадаҳ дораму ҷон бар кафи даст,
Ба сари хоҷа, ки то он надиҳӣ, настонӣ.
Ҳамчу гул бар чаман аз бод маяфшон доман,
З-он, ки дар пойи ту дорам сари ҷонафшонӣ.
Бар масониву масолис бинавоз, эй мутриб,
Васфи он моҳ, ки дар ҳусн надорад сонӣ.

32. Ба подшоҳ фармояд

Подшоҳо, лашкари тавфиқ ҳамроҳи туанд,
Хез, агар бар азми тасхири ҷаҳон раҳ мекунӣ!
Бо чунин ҷоҳу ҷалол аз пешгоҳи салтанат
Огаҳиву хидмати дилҳои огаҳ мекунӣ.
Бо фиреби ранги ин нилихуми зангорфом.
Кор бор вафқи муроди сабғатуллаҳ мекунӣ.
Он, ки даҳ бо ҳафту ним овард, бас суде накард,
Фурсатат бодо, ки ҳафту ним бо даҳ мекунӣ.

Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.