426
Сарам хуш асту ба бонги баланд мегӯям,
Ки ман насими ҳаёт аз пиёла меҷӯям.
Убуси зӯҳд ба ваҷҳи хумор наншинад,
Муриди хирқаи дурдикашони хушхӯям.
Шудам фасона ба саргаштагӣ чу абруи дӯст,
Кашида дар хами чавгони хеш чун гӯям.
Гарам на пири муғон дар ба рӯй бикшояд,
Кадом дар бизанам, чора аз куҷо ҷӯям?
Макун дар ин чаманам сарзаниш ба худрӯйӣ,
Чунон, ки парваришам медиҳанд, мерӯям.
Ту хонақоҳу харобот дар миёна мабин,
Худо гувост, ки ҳар ҷо, ки ҳаст бо ӯям.
Ғубори роҳи талаб кимиёи беҳрӯзист,
Ғуломи давлати он хоки анбаринбӯям.
Зи шавқи наргиси масти баландболое,
Чу лола ба қадаҳ афтода бар лаби ҷӯям.
Биёр май, ки ба фатвои Ҳофиз аз дили пок
Ғубори зарқ ба файзи қадаҳ фурӯ шӯям.
427
Мо нагӯем баду майл ба ноҳақ накунем,
Ҷомаи кас сияҳу далқи худ азрақ накунем.
Айби дарвешу тавонгар ба каму беш бад аст,
Кори бад, маслиҳат он аст, ки мутлақ накунем.
Рақами мағлата бар дафтари дониш назанем.
Сирри ҳақ бар варақи шӯъбада мулҳақ накунем.
Шоҳ агар ҷуръаи риндон на ба ҳурмат нӯшад,
Илтифоташ ба майи софи мураввақ накунем.
Хуш биронем ҷаҳон дар назари роҳравон,
Фикри асби сияҳу зини муғаррақ накунем.
Осмон киштии арбоби ҳунар мешиканад,
Такя он беҳ, ки бар ин баҳри муаллақ накунем.
Гар баде гуфт ҳасудеву рафиқе ранҷид,
Гӯ, ту хуш бош, ки мо гӯш ба аҳмақ накунем.
Ҳофиз, ар хасм хато гуфт, нагирем бар ӯ,
В-ар ба ҳақ гуфт, ҷадал бо сухани ҳақ накунем.
428
Борҳо гуфтааму бори дигар мегӯям,
Ки мани дилшуда ин раҳ на ба худ мепӯям.
Дар паси оина тӯтисифатам доштаанд,
Он чӣ устоди азал гуфт, бигӯ, мегӯям.
Ман агар хорам, агар гул чаманорое ҳаст,
Ки аз он даст, ки мепарварадам, мерӯям.
Дӯстон, айби мани бедили ҳайрон макунед,
Гавҳаре дораму соҳибназаре меҷӯям.
Гарчи бо далқи муламмаъ майи гулгун айб аст
Мекунам айб, к-аз ӯ ранги риё мешӯям.
Хандаву гиряи ушшоқ зи ҷое дигар аст,
Месароям ба шабу вақти саҳар мемӯям.
Ҳофизам гуфт, ки хоки дари майхона мабӯй,
Гӯ, макун айб, ки ман мушки Хутан мебӯям.
429
Гарчи мо бандагони подшаҳем,
Подшоҳони мулки субҳгаҳем.
Ганҷ дар остину киса тиҳӣ,
Ҷоми гетинамову хоки раҳем.
Ҳушёри ҳузуру масти ғурур,
Баҳри тавҳиду ғарқаи гунаҳем.
Шоҳиди бахт чун карашма кунад,
Мо-ш оинаи рухи чу маҳем.
Шоҳи бедорбахтро ҳар шаб
Мо нигаҳбони афсару кулаҳем.
Гӯ, ғанимат шумор сӯҳбати мо,
Ки ту дар хобу мо ба дидагаҳем.
Шоҳ Мансур воқиф аст, ки мо
Рӯйи ҳиммат ба ҳар куҷо, ки ниҳем,
Душманонро зи хун кафан созем,
Дӯстонро қабои фатҳ диҳем.
Ранги тазвир пеши мо набувад,
Шери сурхему афъие сияҳем.
Воми Ҳофиз бигӯ, ки боздиҳанд,
Кардаӣ эътирофу мо гуваҳем.
430
Фотиҳае, чу омадӣ бар сари хастае бихон,
Лаб бикушо, ки медиҳад лаъли лабат ба мурда ҷон.
Он, ки ба пурсиш омаду фотиҳа хонда меравад,
Гӯ, нафасе, ки рӯҳро мекунам аз паяш равон.
Эй, ки табиби хастаӣ, рӯйи забони ман бибин,
К-ин даму дуди синаам бори дил аст бар забон.
Гарчи шаб устухони ман, кард зи меҳр гарму рафт,
Ҳамчу табам намеравад оташи меҳр аз устухон.
Ҳоли дилам зи холи ту ҳаст дар оташаш ватан,
Чашмам аз он ду чашми ту хаста шудасту нотавон.
Бознишон ҳароратам з-оби ду дидаву бибин,
Набзи маро, ки медиҳад ҳеҷ зи зиндагӣ нишон?
Он, ки мудом шишаам аз майи айш додааст,
Шишаам аз чӣ мебарад пеши табиб ҳар замон?
Ҳофиз, аз оби зиндагӣ шеъри ту дод шарбатам,
Тарки табиб кун, биё, нусхаи шарбатам бихон.
431
Чандон, ки гуфтам ғам бо табибон,
Дармон накарданд мискин ғарибон.
Он гул, ки ҳар дам дар дасти бод аст,
Гӯ, шарм бодат аз андалебон.
Ё Раб, амон деҳ, то боз бинад
Чашми муҳиббон рӯйи ҳабибон.
Дурҷи муҳаббат бар мӯҳри худ нест,
Ё Раб, мабодо коми рақибон.
Эй мунъим, охир, бар хони ҷудат
То чанд бошем аз бенасибон?
Ҳофиз нагаштӣ, шайдои гетӣ,
Гар мешунидӣ панди адибон.
432
Месӯзам аз фироқат, рӯ аз ҷафо бигардон,
Ҳиҷрон балои мо шуд, ё Раб, бало бигардон!
Маҳ ҷилва менамояд бар сабзхинги гардун,
То ӯ ба сар дарояд, бар рахш по бигардон!
Марғулро барафшон, яъне ба рағми сунбул,
Гирди чаман бухуре ҳамчун сабо бигардон!
Яғмои ақлу динро берун хиром сармаст,
Дар сар кулоҳ бишкан, дар бар қабо бигардон.
Эй нури чашми мастон, дар айни интизорам,
Чанги ҳазину ҷоме бинвоз ё бигардон!
Даврон ҳаменависад бар оразаш хати хуш,
Ё Раб, навиштаи бад аз ёри мо бигардон!
Ҳофиз зи хубрӯён бахтат ҷуз ин қадар нест,
Гар нестат ризое, ҳукми қазо бигардон!
433
Ё Раб, он оҳуи мушкин ба Хутан бозрасон,
В-он сиҳисарви равонро ба чаман бозрасон!
Дили озурдаи моро ба насиме бинавоз,
Яъне он ҷони зи тан рафта ба тан бозрасон!
Моҳу хуршед ба манзил чу ба амри ту расанд,
Ёри маҳрӯйи маро низ ба ман бозрасон!
Дидаҳо дар талаби лаъли ямонӣ хун шуд,
Ё Раб он кавкаби рахшон ба Яман бозрасон!
Бирав, эй тоири маймуни ҳумоюнталъат,
Пеши Анқо сухан аз зоғу заған бозрасон!
Сухан ин аст, ки мо бе ту нахоҳем ҳаёт,
Бишнав, эй пайки хабаргиру сухан бозрасон.
Он, ки будӣ ватанаш дидаи Ҳофиз, ё Раб,
Ба муродаш зи ғарибӣ ба ватан бозрасон!
434
Худоро, кам нишин бо хирқапӯшон,
Рух аз риндони бесомон мапӯшон!
Дар ин хирқа басе олудагӣ ҳаст,
Хушо вақти қабои майфурӯшон!
Дар ин сӯфивашон дурде надидам,
Ки софӣ бод айши дурднӯшон!
Ту нозуктабъиву тоқат наёрӣ
Гарониҳои мушти далқпӯшон.
Чу мастам кардаӣ, мастур маншин,
Чу нӯшам додаӣ, заҳрам манӯшон!
Биёву зарқи ин солусиён бин,
Суроҳӣ хундилу барбат хурӯшон.
Зи дилгармии Ҳофиз барҳазар бош,
Ки дорад синае чун деги ҷӯшон.
435
Шоҳи шамшодқадон, хусрави шириндаҳанон,
Ки ба мижгон шиканад қалби ҳама сафшиканон,
Маст бигзашту назар бар мани дарвеш андохт,
Гуфт: «Эй чашму чароғи ҳама ширинсуханон!
То кай аз симу зарат киса тиҳӣ хоҳад буд
Бандаи ман шаву бар хӯр зи ҳама симтанон!
Камтар аз зарра наӣ, паст машав, меҳр биварз,
То ба хилватгаҳи хуршед расӣ чархзанон.
Бар ҷаҳон такя макун, гар қадаҳе май дорӣ,
Шодии зӯҳраҷабинон хӯру нозукбаданон.
Домани дӯст ба даст ору зи душман бигусил,
Марди яздон шаву фориғ гузар аз аҳриманон!»
Пири паймонакаши ман, ки равонаш хуш бод,
Гуфт: «Парҳез кун аз сӯҳбати паймоншиканон!»
Бо сабо дар чамани лола саҳар мегуфтам,
Ки: «Шаҳидони кианд ин ҳама хунинкафанон?»
Гуфт: «Ҳофиз ману ту маҳрами ин роз наем,
Аз майи лаъл ҳикоят куну шириндаҳанон!»
436
Баҳору гул тарабангез гашту тавбашикан,
Ба шодии рухи гул бехи ғам зи дил баркан.
Расид боди сабо, ғунча дар ҳаводорӣ
Зи худ бурун шуду бар худ дарид пироҳан.
Тариқи сидқ биёмӯз аз оби софии дил,
Ба ростӣ талаб озодагӣ зи сарви чаман.
Зи дастбурди сабо гирди гул кулола нигар,
Шиканҷи гесуи сунбул бибин ба рӯйи суман.
Арӯси ғунча расид аз ҳарам ба толеи саъд,
Биайниҳӣ дилу дин мебарад ба ваҷҳи ҳасан.
Сафири булбули шӯридаву нафири ҳазор
Барои васли гул ояд бурун зи байти ҳазан.
Ҳадиси сӯҳбати хубону ҷоми бода бигӯ
Ба қавли Ҳофизу фатвои пири соҳибфан.
437
Чу гул ҳар дам ба бӯят ҷома бар тан
Кунам чок аз гиребон то ба доман.
Танатро дид гул, гӯйӣ, ки дар боғ,
Чу мастон ҷомаро бидрид бар тан.
Ман аз дасти ғамат мушкил барам ҷон,
Вале дилро ту осон бурдӣ аз ман.
Ба қавли душманон баргаштӣ аз дӯст,
Нагардад ҳеч кас бо дӯст душман.
Танат дар ҷома, чун дар ҷом бода,
Дилат дар сина, чун дар сим оҳан.
Бибор, эй шамъ, ашк аз чашми хунин,
Ки шуд сӯзи дилат бар халқ равшан.
Макун, к-аз синаам оҳи ҷигарсӯз
Барояд ҳамчу дуд аз роҳи равзан.
Диламро машкану дар по маяндоз,
Ки дорад дар сари зулфи ту маскан.
Чу дил дар зулфи ту бастаст Ҳофиз,
Бад-ин сон кори ӯ дар по маяфган.
438
Афсари султони гул пайдо шуд аз тарфи чаман,
Мақдамаш, ё Раб, муборак бод бар сарву суман.
Хуш ба ҷойи хештан буд ин нишасти хусравӣ,
То нишинад ҳар касе акнун ба ҷойи хештан.
Хотами Ҷамро башорат деҳ ба ҳусни хотимат,
К-исми аъзам кард аз ӯ кӯтоҳ дасти аҳриман.
То абад маъмур бод ин хона, к-аз хоки дараш
Ҳар нафас бо бӯйи раҳмон мевазад боди Яман.
Шавкати пури Пашангу теғи оламгири ӯ
Дар ҳама «Шаҳнома»-ҳо шуд достони анҷуман.
Хинги чавгонии чархат ром шуд дар зери зин,
Шаҳсаворо, чун ба майдон омадӣ, гӯе бизан!
Ҷӯйбори мулкро оби равон шамшери туст,
Ту дарахти адл биншон, бехи бадхоҳон бикан!
Баъд аз ин нашгифт агар бо накҳати хулқи хушат,
Хезад аз саҳрои Эзаҷ нофаи мушки Хутан.
Гӯшагирон интизори ҷилвае хуш мекунанд,
Баршикан тарфи кулоҳу бурқаъ аз рух барфиган.
Эй сабо, бар соқии базми Атобак арза дор,
То аз он ҷоми зарафшон ҷуръае бахшад ба ман.
Машварат бо ақл кардам, гуфт: Ҳофиз, май бинӯш,
Соқиё, май деҳ ба қавли мусташори мӯътаман.
439
Эй хусрави хубон, назаре сӯйи гадо кун,
Раҳме ба мани сӯхтаи бе сару по кун!
Дорад дили дарвеш таманнои нигоҳе,
З-он чашми сияҳмаст ба як ғамза даво кун!
Гар моҳ занад лоф, ки монад ба ҷамолат,
Бинмой рухи хешу маҳ ангуштнамо кун.
Эй сарви чамон, аз чаману боғ замоне.
Бихром дар ин базму дусад ҷома қабо кун!
Шамъу гулу парвонаву булбул ҳама ҷамъанд,
Эй дӯст, биё раҳм ба танҳоии мо кун!
Бо дилшудагон ҷавру ҷафо то ба кай, охир?
Оҳанги вафо, тарки ҷафо баҳри Худо кун.
Машнав сухани душмани бадгӯй, Худоро,
Бо Ҳофизи мискини худ, эй дӯст, вафо кун!
440
Хуштар аз фикри маю ҷом чӣ хоҳад будан?
То бибинам, ки саранҷом чӣ хоҳад будан?
Ғами дил чанд тавон хӯрд, ки айём намонд,
Гӯ: на дил бошу на айём, чӣ хоҳад будан?
Мурғи камҳавсаларо гӯ, ғами худ хӯр, ки бар ӯ
Раҳми он кас, ки ниҳад дом, чӣ хоҳад будан?
Бода хӯр, ғам махӯру панди муқаллид маниюш,
Эътибори сухани ом чӣ хоҳад будан?
Дастранҷи ту ҳамон беҳ, ки шавад сарф ба ком,
Донӣ, охир, ки ба ноком чӣ хоҳад будан?
Пири майхона ҳамехонд муаммое дӯш,
Аз хати ҷом, ки фарҷом чӣ хоҳад будан?
Бурдам аз раҳ дили Ҳофиз ба дафу чангу ғазал,
То ҷазои мани бадном чӣ хоҳад будан?
441
Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан,
Дар кӯйи ӯ гадоӣ бар хусравӣ гузидан.
Аз ҷон тамаъ буридан осон бувад, валекин
Аз дӯстони ҷонӣ мушкил тавон буридан.
Хоҳам шудан ба бӯстон, чун ғунча бо дили танг
В-он ҷо ба некномӣ пироҳане даридан,
Гаҳ чун насим бо гул рози нуҳуфта гуфтан,
Гаҳ сирри ишқбозӣ, аз булбулон шунидан,
Бӯсидани лаби ёр аввал зи даст магзор,
К-охир малул гардӣ, аз дасту лаб газидан.
Фурсат шумор сӯҳбат, к-аз ин дуроҳа манзил
Чун бигзарем, дигар натвон ба ҳам расидан.
Гӯйӣ бирафт Ҳофиз аз ёди шоҳ Яҳё,
Ё Раб, ба ёдаш овар дарвеш парваридан!
442
Диламро шуд сари зулфи ту маскан,
Бад-ин сонаш фурӯ магзору машкан!
В-агар дил сар кашад чун зулф аз хат,
Ба даст ораш, вале дар по маяфган!
Ба дастам нест чун зулфи ту ваҷҳе.
Ки дар пояш фишонам зар ба доман.
Чу шамъ ар пешам ойӣ дар шаби тор,
Шавад чашмам ба дидори ту равшан.
Зи васфи қоматат наншинам озод,
Ҳама тан гар забон бошам чу савсан.
Ба гулзорам чӣ кор акнун, ки гаштаст
Ҷаҳон бар чашмам аз рӯят чу гулшан.
Зи меҳрат гар битобам заррае рӯй,
Чу хуршеде фурӯд ояд зи равзан.
Куҷо бар тунги шаккар даст ёбад,
Гар андешад магас аз бодбезан?
Чу Ҳофиз моҷарои ишқбозӣ,
Намегӯяд касе бар ваҷҳи аҳсан.
443
Манам, ки шӯҳраи шаҳрам ба ишқ варзидан,
Манам, ки дида наёлудаам ба бад дидан.
Вафо кунему маломат кашему хуш бошем,
Ки дар тариқати мо кофарист ранҷидан.
Ба пири майкада гуфтам, ки: «Чист роҳи наҷот?»
Бихост ҷоми маю гуфт: «Роз пӯшидан».
Муроди дил зи тамошои боғи олам чист?
Ба дасти мардуми чашм аз рухи ту гул чидан.
Ба майпарастӣ аз он нақши худ задам бар об,
Ки то хароб кунам нақши худ парастидан.
Ба раҳмати сари зулфи ту восиқам варна,
Кашиш чу набвад аз он сӯ, чӣ суд кӯшидан.
Инон ба майкада хоҳем тофт з-ин маҷлис.
Ки ваъзи беамалон воҷиб аст нашнидан.
Зи хатти ёр биёмӯз меҳр бо рухи хуб,
Ки гирди орази хубон хуш аст гардидан.
Мабӯс ҷуз лаби соқиву ҷоми май, Ҳофиз,
Ки дасти зӯҳдфурӯшон хатост бӯсидан.
444
Эй рӯйи моҳманзари ту навбаҳори ҳусн,
Холу хати ту маркази лутфу мадори ҳусн.
Дар чашми пурхумори ту пинҳон фусуни сеҳр,
Дар зулфи беқарори ту пайдо қарори ҳусн.
Моҳе натофт ҳамчу ту аз бурҷи некуӣ,
Сарве нахост чун қадат аз ҷӯйбори ҳусн.
Хуррам шуд аз малоҳати ту аҳди дилбарӣ,
Фаррух шуд аз латофати ту рӯзгори ҳусн.
Аз доми зулфу донаи холи ту дар ҷаҳон
Як мурғи дил намонд нагашта шикори ҳусн.
Доим ба лутф дояи табъ аз миёни ҷон
Мепарварад ба ноз туро дар канори ҳусн.
Гирди лабат бунафша аз он тозаву тар аст,
К-оби ҳаёт мехӯрад аз ҷӯйбори ҳусн.
Ҳофиз тамаъ бурид, ки бинад назири ту,
Дайёр нест ғайри ту андар диёри ҳусн.
445
Эй шом, ба кӯйи мо гузар кун!
Эй субҳ, ба ҳоли мо назар кун!
Дар зулмати шаб танам бифарсуд,
Ё Раб, шаби зулматам саҳар кун!
Эй боди сабо, бигӯ ба ёрам,
Бар куштаи хештан гузар кун!
Гар кушта шудам ба доғи ҳаҷрат,
Худро бари теғи ӯ сипар кун!
Аз зулфи камонкашаш бипарҳез,
В-аз новаки ғамзааш ҳазар кун!
Эй дил, чу намерасӣ ба мақсуд,
Дам даркашу қисса мухтасар кун!
Ҳофиз, агарат ҳавои васл аст,
Бархез зи ҷову тарки сар кун!
446
Гулбаргро зи сунбули мушкин ниқоб кун,
Яъне, ки рух бипӯшу ҷаҳоне хароб кун!
Бифшон арақ зи чеҳраву атрофи боғро
Чун шишаҳои дидаи мо, пургулоб кун.
Айёми гул чу умр ба рафтан шитоб кард,
Соқӣ, ба даври бодаи гулгун шитоб кун!
Бикшо ба шева наргиси пурхоби мастро
В-аз рашк чашми наргиси раъно ба хоб кун!
Бӯйи бунафша бишнаву зулфи нигор гир,
Бингар ба ранги лолаву азми шароб кун!
З-он ҷо, ки расму одати ошиқкушии туст,
Бо душманон қадаҳ кашу бо мо итоб кун!
Ҳамчун ҳубоб дида ба рӯйи қадаҳ кушой,
В-ин хонаро қиёс асос аз ҳубоб кун!
Ҳофиз висол металабад аз раҳи дуо,
Ё Раб, дуои хастадилон мустаҷоб кун!
447
Мо сархушему бодаи мо дар пиёла кун!
Бадмастро ба ғамзаи соқӣ ҳавола кун!
Дар ҷоми моҳ бодаи чун офтоб рез,
Бар рӯйи рӯз сунбули шабро гулола кун!
Эй пири хонақаҳ, ба харобот шав даме,
Ғусле барору тавбаи ҳафтодсола кун!
Сӯфӣ, ба гиря чеҳраи маҷлис бишӯ чу шамъ
В-оҳанги рақси мо ҳама аз оҳу нола кун!
Гар наварӯси даҳр дарояд ба ақди ту,
Маҳри ду кавни Ҳофизаш андар қабола кун!
448
Субҳ аст, соқиё, қадаҳе пуршароб кун,
Даври фалак даранг надорад шитоб кун!
З-он пештар, ки олами фонӣ шавад хароб,
Моро зи ҷоми бодаи гулгун хароб кун!
Хуршеди май зи машриқи соғар тулӯъ кард,
Гар барги айш металабӣ, тарки хоб кун!
Рӯзе, ки чарх аз гили мо кӯзаҳо кунад,
Зинҳор, косаи сари мо пуршароб кун!
Мо марди зӯҳду тавбаву томот нестем,
Бо мо ба ҷоми бодаи софӣ хитоб кун!
Кори савоб бодапарастист, Ҳофизо,
Бархезу азми ҷазм ба кори савоб кун!
449
Зи дар дарову шабистони мо мунаввар кун!
Ҳавои маҷлиси рӯҳониён муаттар кун!
Агар фақеҳ насиҳат кунад, ки ишқ мабоз.
Пиёлае бидеҳаш, гӯ, димоғро тар кун!!
Ба чашму абруи ҷонон супурдаам дилу ҷон,
Биё, биёву тамошои тоқу манзар кун!
Ситораи шаби ҳиҷрон намефишонад нур,
Ба боми қаср барову чароғи маҳ бар кун!
Бигӯ ба хозини ҷаннат, ки хоки ин манзил
Ба тӯҳфа бар сӯйи фирдавсу уди миҷмар кун!
Аз ин музавваҷаҳу хирқа нек дар тангам,
Ба як карашмаи сӯфивашам қаландар кун!
Чу шоҳидони чаман зери дасти ҳусни туанд,
Карашма бар суману ҷилва бар санавбар кун!
Фузули нафс ҳикоят басе кунад, соқӣ,
Ту кори худ мадеҳ аз дасту май ба соғар кун!
Ҳиҷоби дидаи идрок шуд, шуои ҷамол,
Биёву хиргаҳи хуршедро мунаввар кун!
Тамаъ ба қанди висоли ту ҳадди мо набувад,
Ҳаволатам ба лаби лаъли ҳамчу шаккар кун!
Лаби пиёла бибӯс, он гаҳе ба мастон деҳ,
Бад-ин дақиқа димоғи муоширон тар кун!
Пас аз мулозимати айшу ишқи маҳрӯён
Зи корҳо, ки кунӣ, шеъри Ҳофиз аз бар кун!
450
Эй нури чашми ман, сухане ҳаст, гӯш кун!
Чун соғарат пур аст, бинӯшону нӯш кун!
Дар роҳи ишқ васвасаи аҳриман басест,
Пеш ову гӯши дил ба паёми сурӯш кун!
Барги наво табаҳ шуду сози тараб намонд,
Эй чанг, нола баркашу эй даф, хурӯш кун!
Тасбеҳу хирқа лаззати мастӣ набахшадат,
Ҳиммат дар ин амал талаб аз майфурӯш кун!
Пирон сухан зи таҷриба гӯянд, гуфтамат,
Ҳон, эй писар, ки пир шавӣ, панд гӯш кун!
Бар ҳушманд силсила нанҳод дасти ишқ,
Хоҳӣ, ки зулфи ёр кашӣ, тарки ҳуш кун!
Бо дӯстон музояқа дар умру мол нест,
Сад ҷон фидои ёри насиҳатниюш кун!
Соқӣ, ки ҷомат аз майи софӣ тиҳӣ мабод,
Чашми инояте ба мани дурднӯш кун!
Сармаст дар қабои зарафшон чу бигзарӣ,
Як бӯса назри Ҳофизи пашминапӯш кун.
Ҳофиз. Ғазалиёт 426-450
Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.