151
Даст дар ҳалқаи он зулфи дуто натвон кард,
Такя бар аҳди туву боди сабо натвон кард.
Он чӣ саъй аст, ман андар талабат бинмоям,
Ин қадар ҳаст, ки тағйири қазо натвон кард.
Домани дӯст ба сад хуни дил афтод ба даст,
Ба фусӯсе, ки кунад хасм, раҳо натвон кард.
Оразашро ба масал моҳи фалак натвон гуфт,
Нисбати дӯст ба ҳар бесару по натвон кард.
Сарвболои ман он гаҳ, ки дарояд ба самоъ,
Чӣ маҳал ҷомаи ҷонро, ки қабо натвон кард.
Назари пок тавонад рухи ҷонон дидан,
Ки дар оина назар ҷуз ба сафо натвон кард.
Мушкили ишқ на дар ҳавсалаи дониши мост,
Ҳалли ин нукта ба ин фикри хато натвон кард.
Ғайратам кушт, ки маҳбуби ҷаҳонӣ, лекин
Рӯзу шаб арбада бо халқи Худо натвон кард.
Ман чӣ гӯям, ки туро нозукии табъи латиф
То ба ҳаддест, ки оҳиста дуо натвон кард.
Ба ҷуз абруи ту меҳроби дили Ҳофиз нест,
Тоати ғайри ту дар мазҳаби мо натвон кард.
152
Дил аз ман бурду рӯй аз ман ниҳон кард,
Худоро, бо кӣ ин бозӣ тавон кард?
Шаби танҳоиям дар қасди ҷон буд,
Хаёлаш лутфҳои бекарон кард.
Чаро чун лола хуниндил набошам,
Ки бо мо наргиси ӯ сар гарон кард.
Киро гӯям, ки бо ин дарди ҷонсӯз,
Табибам қасди ҷони нотавон кард?
Бад-он сон сӯхт чун шамъам, ки бар ман
Суроҳӣ гиряву барбат фиғон кард.
Сабо, гар чора дорӣ, вақт вақт аст,
Ки дарди иштиёқам қасди ҷон кард.
Миёни меҳрубонон кай тавон гуфт,
Ки ёри мо чунин гуфту чунон кард?
Аду бо ҷони Ҳофиз он накардӣ,
Ки тири чашми он абрукамон кард.
153
Рӯ бар раҳаш ниҳодаму бар ман гузар накард,
Сад лутф чашм доштаму як назар накард.
Сели сиришки мо зи дилаш кин бадар набурд,
Дар санги хора қатраи борон асар накард.
Ё Раб, ту он ҷавони диловар нигоҳ дор,
К-аз тири оҳи гӯшанишинон ҳазар накард.
Моҳиву мурғ дӯш зи афғони ман нахуфт,
В-он шӯхдида бин, ки сар аз хоб бар накард.
Мехостам, ки мирамаш андар қадам, чу шамъ,
Ӯ худ гузар ба мо чу насими саҳар накард.
Ҷоно, кадом сангдили бекифоят аст,
К-ӯ пеши захми теғи ту ҷонро сипар накард?
Килки забонбуридаи Ҳофиз дар анҷуман
Бо кас нагуфт рози ту, то тарки сар накард.
154
Дилбар бирафту дилшудагонро хабар накард,
Ёди ҳарифи шаҳру рафиқи сафар накард.
Ё бахти ман тариқи мурувват фурӯ гузошт.
Ё ӯ ба шоҳроҳи тариқат гузар накард.
Гуфтам магар ба гиря дилаш меҳрубон кунам,
Чун сахт буд, дар дили сангаш асар накард.
Шӯхӣ макун, ки мурғи дили беқарори ман
Савдои хоми ошиқӣ аз сар бадар накард.
Ҳар кас, ки дид рӯйи ту, бӯсид чашми ман,
Коре, ки кард дидаи ман, беназар накард.
Ман истода то кунамаш ҷон фидо чу шамъ
Ӯ худ гузар ба мо чу насими саҳар накард.
Ҳофиз, ҳадиси нағзи ту азбаски дилкаш аст
Нашнид кас, ки аз сари рағбат зи бар накард.
155
Дидӣ, эй дил, ки ғами ёр дигар бор чӣ кард?
Чун бишуд дилбару бо ёри вафодор чӣ кард?
Оҳ аз он наргиси ҷоду, ки чӣ бозӣ ангехт,
Оҳ аз он маст, ки бо мардуми ҳушёр чӣ кард?
Ашки ман ранги шафақ ёфт зи бемеҳрии ёр,
Толеи бешафақат бин, ки дар ин кор чӣ кард?
Барқе аз манзили Лайлӣ бидурахшид саҳар,
Ваҳ, ки бо хирмани Маҷнуни дилафгор чӣ кард?
Соқиё, ҷоми маям деҳ, ки нигорандаи ғайб,
Нест маълум, ки дар пардаи асрор чӣ кард?
Он, ки пурнақш зад ин доираи миноӣ,
Кас надонист, ки дар гардиши паргор чӣ кард?
Фикри ишқ оташи ғам дар дили Ҳофиз заду сӯхт,
Ёри дерина бибинед, ки бо ёр чӣ кард?
156
Дӯстон духтари раз тавба зи мастурӣ кард,
Шуд сӯйи мӯҳтасибу кор ба дастурӣ кард.
Омад аз парда ба маҷлис, арақаш пок кунад,
То нагӯянд ҳарифон, ки чаро дурӣ кард?
Муждагонӣ бидеҳ, эй дил, ки дигар мутриби ишқ,
Роҳи мастона заду чораи махмурӣ кард.
На ба ҳафт об, ки рангаш ба сад оташ наравад,
Он чӣ бо хирқаи зоҳид майи ангурӣ кард.
Ғунчаи гулбуни васлам зи насимаш бишукуфт,
Мурғи хушхон тараб аз барги гули сурӣ кард.
Ҳофиз, афтодагӣ аз даст мадеҳ, з-он ки ҳасуд
Ирзу молу дилу ҷон дар сари мағрурӣ кард.
157
Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам аз мо мекард,
В-он чӣ худ дошт, зи бегона таманно мекард.
Гавҳаре, к-аз садафи кавну макон берун аст,
Талаб аз гумшудагони лаби дарё мекард.
Мушкили хеш бари пири муғон бурдам дӯш,
К-ӯ ба таъйиди назар ҳалли муаммо мекард.
Дидамаш хурраму хандон, қадаҳи бода ба даст,
В-андар он оина сад гуна тамошо мекард.
Гуфтам: «Ин ҷоми ҷаҳонбин ба ту кай дод ҳаким?»
Гуфт: «Он рӯз, ки ин гунбади мино мекард».
Бедиле дар ҳама аҳвол Худо бо ӯ буд,
Ӯ намедидашу аз дур, «Худоё», мекард.
Ин ҳама шӯъбадаи хеш, ки мекард ин ҷо,
Сомирӣ пеши асову яди байзо мекард.
Гуфт он ёр, к-аз ӯ гашт сари дор баланд,
Ҷурмаш ин буд, ки асрор ҳувайдо мекард.
Файзи рӯҳулқудус ар боз мадад фармояд,
Дигарон ҳам бикунанд он чи Масеҳо мекард.
Гуфтамаш: «Силсилаи зулфи бутон аз пайи чист?»
Гуфт: «Ҳофиз гилае аз дили шайдо мекард».
158
Ба сирри ҷоми Ҷам он гаҳ назар тавонӣ кард,
Ки хидматаш чу насими саҳар тавонӣ кард.
Мабош бе маю мутриб, ки зери тоқи сипеҳр,
Бад-ин тарона ғам аз дил бадар тавонӣ кард.
Гули муроди ту он гаҳ ниқоб бикшояд,
Ки хидматаш чу насими саҳар тавонӣ кард.
Гадоии дари майхона турфа иксирест,
Гар ин амал бикунӣ, хок зар тавонӣ кард.
Ба азми марҳалаи ишқ пеш неҳ қадаме,
Ки судҳо кунӣ, ар ин сафар тавонӣ кард.
Ту, к-аз саройи табиат намеравӣ берун,
Куҷо ба кӯйи ҳақиқат гузар тавонӣ кард?
Ҷамоли ёр надорад ниқобу парда, вале
Ғубори раҳ бинишон, то назар тавонӣ кард.
Биё, ки чораи завқи ҳузуру назми умур,
Ба файзбахшии аҳли назар тавонӣ кард.
Вале ту то лаби маъшуқу ҷоми май хоҳӣ,
Тамаъ мадор, ки кори дигар тавонӣ кард.
Дило, зи нури ҳидоят гар огаҳӣ ёбӣ,
Чу шамъ хандазанон тарки сар тавонӣ кард.
Гар ин насиҳати шоҳона бишнавӣ, Ҳофиз,
Ба шоҳроҳи тариқат гузар тавонӣ кард.
159
Ёд бод он, ки зи мо вақти сафар ёд накард,
Ба видое дили ғамдидаи мо шод накард.
Он ҷавонбахт, ки мезад рақами хайру қабул,
Бандаи пир, надонам, зи чӣ озод накард?
Коғазинҷома ба хуноб бишӯям, ки фалак
Раҳнамунем ба пойи алами дод накард.
Дил ба уммеди садое, ки магар дар ту расад,
Нолаҳо кард дар ин кӯҳ, ки Фарҳод накард.
Соя то боз гирифтӣ зи чаман, мурғи саҳар,
Ошён дар шикани турраи шамшод накард.
Шояд, ар пайки сабо аз ту биёмӯзад кор,
З-он, ки чолоктар аз ин ҳаракат бод накард.
Килки машшотаи сунъаш накашад нақши мурод,
Ҳар кӣ иқрор бад-ин ҳусни худодод накард.
Мутрибо, парда бигардону бизан роҳи «Ироқ»,
Ки бад-ин роҳ бишуд ёру зи мо ёд накард.
Ғазалиёти Ироқист суруди Ҳофиз,
Кӣ шунид ин раҳи дилсӯз, ки фарёд накард!
160
Чӣ мастист, надонам, ки рӯ ба мо овард?
Кӣ буд соқиву ин бода аз куҷо овард?
Ту низ бода ба чанг ору роҳи саҳро гир,
Ки мурғи нағмасаро сози хушнаво овард.
Дило, чу ғунча шикоят зи кори баста макун,
Ки боди субҳ насими гиреҳкушо овард.
Расидани гули насрин ба хайру хубӣ бод,
Бунафша шоду каш омад, суман сафо овард.
Сабо ба хушхабарӣ ҳудҳуди Сулаймон аст,
Ки муждаи тараб аз гулшани Сабо овард.
Илоҷи заъфи дили мо карашмаи соқист,
Барор сар, ки табиб омаду даво овард.
Муриди пири муғонам, зи ман маранҷ, эй шайх,
Чаро, ки ваъда ту кардиву ӯ ба ҷо овард.
Ба тангчашмии он турки лашкарӣ нозам,
Ки ҳамла бар мани дарвеши якқабо овард.
Фалак ғуломии Ҳофиз кунун ба тавъ кунад,
Ки илтиҷо ба дари давлати шумо овард.
161
Сабо вақти саҳар бӯе зи зулфи ёр меовард,
Дили шӯридаи моро зи нав дар кор меовард.
Ман он шакли санавбарро зи боғи дида баркандам,
Ки ҳар гул к-аз ғамаш бишкуфт, меҳнат бор меовард.
Фурӯғи моҳ медидам зи боми қасри ӯ равшан,
Ки рӯ аз шарми он хуршед бар девор меовард.
Зи бими ғорати ишқаш дили пурхун раҳо кардам,
Вале мерехт хуну раҳ бад-он ҳанҷор меовард.
Ба қавли мутрибу соқӣ бурун рафтам гаҳу бегоҳ,
К-аз он роҳи гарон қосид хабар душвор меовард.
Саросар бахшиши ҷонон тариқи лутфу эҳсон буд,
Агар тасбеҳ мефармуд, агар зуннор меовард.
Афаллаҳ, чини абруяш агарчи нотавонам кард,
Ба ишва ҳам паёме бар сари бемор меовард.
Аҷаб медоштам дишаб зи Ҳофиз ҷому паймона,
Вале манъаш намекардам, ки сӯфивор меовард.
162
Насими боди сабо дӯшам огаҳӣ овард,
Ки рӯзи меҳнату ғам рӯ ба кӯтаҳӣ овард.
Ба мутрибони сабӯҳӣ диҳем ҷомаи чок
Бад-ин навид, ки боди саҳаргаҳӣ овард.
Биё, биё, ки ту ҳури биҳиштро Ризвон
Дар ин ҷаҳон зи барои дили раҳӣ овард.
Ҳамеравем ба Шероз бо инояти бахт,
Зиҳӣ рафиқ, ки бахтам ба ҳамраҳӣ овард,
Ба ҷабри хотири мо кӯш, к-ин кулоҳи намад
Басо шикаст, ки бо афсари шаҳӣ овард.
Чӣ нолаҳо, ки расид аз дилам ба хирмани моҳ,
Чу ёди орази он моҳи хиргаҳӣ овард.
Расонд рояти Мансур бар фалак Ҳофиз,
Ки илтиҷо ба ҷаноби шаҳаншаҳӣ овард.
163
Ёрам чу қадаҳ ба даст гирад,
Бозори бутон шикаст гирад.
Ҳар кас, ки бидид чашми ӯ, гуфт:
«Ку мӯҳтасибе, ки маст гирад?»
Дар баҳр фитодаам чу моҳӣ,
То ёр маро ба шаст гирад.
Дар пош фитодаам ба зорӣ,
Оё бувад он, ки даст гирад?
Хуррам дили он, ки ҳамчу Ҳофиз,
Ҷоме зи майи аласт гирад.
164
Дилам, ҷуз меҳри маҳрӯён, тариқе бар намегирад.
Зи ҳар дар медиҳам пандаш, валекин дарнамегирад.
Худоро, эй насиҳатгӯ, ҳадиси соғару май гӯ,
Ки нақше дар хаёли мо аз ин хуштар намегирад.
Биё, эй соқии гулрух, биёвар бодаи рангин,
Ки фикре дар даруни мо аз ин беҳтар намегирад.
Суроҳӣ мекашам пинҳону мардум дафтар ангоранд,
Аҷаб, гар оташи ин зарқ дар дафтар намегирад.
Ман ин далқи мураққаъро бихоҳам сӯхтан рӯзе,
Ки пири майфурӯшонаш ба ҷоме барнамегирад.
Аз он рӯ ҳаст ёронро сафоҳо бо майи лаълаш,
Ки ғайр аз ростӣ нақше дар он ҷавҳар намегирад.
Сару чашме чунин дилкаш, ту гӯйӣ чашм аз ӯ бардӯз,
Бирав, к-ин ваъзи бемаънӣ маро дар сар намегирад.
Насиҳатгӯйи риндонро, ки бо ҳукми қазо ҷанг аст,
Дилаш бас танг мебинам, магар соғар намегирад?
Миёни гиря механдам, ки чун шамъ андар ин маҷлис,
Забони оташинам ҳаст, лекин дарнамегирад.
Чӣ хуш сайди дилам кардӣ, бинозам чашми мастатро,
Ки кас мурғони ваҳширо аз ин хуштар намегирад.
Сухан дар эҳтиёҷи мову истиғнои маъшуқ аст,
Чӣ суд афсунгарӣ, эй дил, ки дар дилбар намегирад?
Ман он оинаро рӯзе ба даст орам Сикандарвор,
Агар мегирад ин оташ замоне в-ар намегирад.
Худоро, раҳме, эй мунъим, ки дарвеши сари кӯят,
Дари дигар намедонад, раҳи дигар намегирад.
Бад-ин шеъри тари ширин зи шоҳаншоҳ аҷаб дорам,
Ки сар то пойи Ҳофизро чаро дар зар намегирад?
165
Соқӣ ар бода аз ин даст ба ҷом андозад,
Орифонро ҳама дар шурби мудом андозад.
В-ар чунин зери хами зулф ниҳад донаи хол,
Эй басо мурғи хирадро, ки ба дом андозад.
Эй хушо давлати он маст, ки дар пойи ҳариф.
Сару дастор, надонад, ки кадом андозад?
Зоҳиди хом, ки инкори маю ҷом кунад,
Пухта гардад, чу назар бар майи хом андозад.
Рӯз дар касби ҳунар кӯш, ки май хӯрдани рӯз
Дили чун оина дар занги залом андозад.
Он замон вақти майи субҳфурӯғ аст, ки шаб
Гирди хиргоҳи уфуқ пардаи шом андозад.
Бода бо мӯҳтасиби шаҳр нанӯшӣ, зинҳор,
Бихӯрад бодаату санг ба ҷом андозад.
Ҳофизо, сар зи кулаҳгӯшаи хуршед барор,
Бахтат ар қуръа бад-ин моҳи тамом андозад.
166
Даме бо ғам ба сар бурдан ҷаҳон яксар намеарзад,
Ба май бифрӯш далқи мо, к-аз ин беҳтар намеарзад.
Ба кӯйи майфурӯшонаш ба ҷоме барнамегиранд,
Зиҳӣ саҷҷодаи тақво, ки як соғар намеарзад.
Рақибам сарзанишҳо кард, к-аз ин боб рух бартоб,
Чӣ афтод ин сари моро, ки хоки дар намеарзад?
Шукӯҳи тоҷи султонӣ, ки бими ҷон дар ӯ дарҷ аст,
Кулоҳе дилкаш аст, аммо ба тарки сар намеарзад.
Чӣ осон менамуд аввал ғами дарё ба бӯйи суд,
Ғалат кардам, ки ин тӯфон ба сад гавҳар намеарзад.
Туро он беҳ, ки рӯйи худ зи муштоқон бипӯшонӣ,
Ки шодии ҷаҳонгирӣ ғами лашкар намеарзад.
Чу Ҳофиз дар қаноат кӯшу аз дунёи дун бигзар,
Ки як ҷав миннати дунон дусад ман зар намеарзад.
167
Дар азал партави ҳуснат зи таҷалло дам зад,
Ишқ пайдо шуду оташ ба ҳама олам зад.
Ҷилвае кард рухат, дид малак ишқ надошт,
Айни оташ шуд аз ин ғайрату бар Одам зад.
Ақл мехост, к-аз он шӯъла чароғ афрӯзад,
Барқи ғайрат бидурахшиду ҷаҳон барҳам зад.
Муддаӣ хост, ки ояд ба тамошогаҳи роз,
Дасти ғайб омаду бар синаи номаҳрам зад.
Дигарон қуръаи қисмат ҳама бар айш заданд,
Дили ғамдидаи мо буд, ки ҳам бар ғам зад.
Ҷони улвӣ ҳаваси чоҳи занахдони ту дошт,
Даст дар ҳалқаи он зулфи хам андар хам зад.
Ҳофиз он рӯз тарабномаи ишқи ту навишт,
Ки қалам бар сари асбоби дили хуррам зад.
168
Саҳар чун хусрави ховар алам бар кӯҳсорон зад,
Ба дасти марҳамат ёрам дари уммедворон зад.
Чу пеши субҳ равшан шуд, ки ҳоли меҳри гардун чист?
Баромад хандаи хуш бар ғурури комгорон зад.
Нигорам дӯш дар маҷлис ба азми рақс чун бархост,
Гиреҳ бикшуд аз гесуву бар дилҳои ёрон зад.
Ман аз ранги салоҳ он дам ба хуни дил бишустам даст,
Ки чашми бодапаймояш сало бар ҳушёрон зад.
Кадом оҳандилаш омӯхт ин оини айёрӣ,
К-аз аввал чун бурун омад, раҳи шабзиндадорон зад.
Хаёли шаҳсаворӣ пухту шуд ногаҳ дили мискин,
Худовандо, нигаҳ дораш, ки бар қалби саворон зад.
Дар обу ранги рухсораш чӣ ҷон додему хун хӯрдем
Чу нақшаш даст дод аввал, рақам бар ҷонсупорон зад,
Манаш бо ҳирқаи пашмин куҷо андар каманд орам,
Зиреҳмӯе, ки мижгонаш раҳи ханҷаргузорон зад.
Назар бар қуръаи тавфиқу юмни давлати шоҳ аст,
Бидеҳ коми дили Ҳофиз, ки фоли бахтёрон зад.
Шаҳаншоҳи музаффарфар, шуҷои мулку дин Мансур,
Ки ҷуди бедареғаш ханда бар абри баҳорон зад.
Аз он соат, ки ҷоми май ба дасти ӯ мушарраф шуд,
Замона соғари шодӣ ба ёди майгусорон зад.
Зи шамшери сарафшонаш зафар он рӯз бидрахшид,
Ки чун хуршеди анҷумсӯз танҳо бар ҳазорон зад,
Давоми умру мулки ӯ бихоҳ аз лутфи ҳақ, эй дил,
Ки чарх ин сиккаи давлат ба даври рӯзгорон зад.
169
Роҳе бизан, ки оҳе бар сози он тавон зад,
Шеъре бихон, ки бо ӯ ратли гарон тавон зад.
Бар остони ҷонон гар сар тавон ниҳодан,
Гулбонги сарбаландӣ бар осмон тавон зад.
Қадди хамидаи мо саҳлат намояд, аммо
Бар чашми душманон тир аз ин камон тавон зад.
Дар хонақаҳ нағунҷад асрори ишқбозӣ,
Ҷоми майи муғона ҳам бо муғон тавон зад.
Дарвешро набошад барги саройи султон,
Моему кӯҳна далқе, к-оташ дар он тавон зад.
Аҳли назар ду олам дар як назар бибозанд,
Ишқ асту дови аввал бар нақди ҷон тавон зад.
Гар давлати висолат хоҳад даре кушудан,
Сарҳо бад-ин тахайюл бар остон тавон зад.
Ишқу шабобу риндӣ маҷмӯаи мурод аст,
Чун ҷамъ шуд маонӣ, гӯйи баён тавон зад.
Шуд раҳзани саломат зулфи ту в-ин аҷаб нест,
Гар роҳзан ту бошӣ, сад корвон тавон зад.
Ҳофиз, ба ҳаққи Қуръон, к-аз шайду зарқ боз ой,
Бошад, ки гӯйи айше дар ин миён тавон зад.
170
Агар равам зи паяш, фитнаҳо барангезад,
В-ар аз талаб биншинам, ба кина бархезад.
В-агар ба раҳгузарӣ як дам аз вафодорӣ,
Чу гард дар паяш афтам, чу бод бигрезад..
В-агар кунам талаби ним бӯса, сад афсӯс,
Зи ҳуққаи даҳанаш чун шакар фурӯ резад.
Ман он фиреб, ки дар наргиси ту мебинам,
Бас обрӯй, ки бо хоки раҳ баромезад.
Фарозу шеби биёбони ишқ доми балост,
Куҷост шердиле, к-аз бало напарҳезад?
Ту умр хоҳу сабурӣ, ки чархи шӯъбадабоз
Ҳазор бозӣ аз ин турфатар барангезад.
Бар остонаи таслим сар бинеҳ, Ҳофиз,
Ки гар ситеза кунӣ, рӯзгор бистезад.
171
Агар зи кӯйи ту бӯе ба ман расонад бод,
Ба мужда ҷони ҷаҳонро ба бод хоҳам дод.
Агарчи гард барангехтӣ зи ҳастии ман,
Ғуборе аз мани хокӣ ба доманат марасод!
Ту то ба рӯйи ман, эй нури дида, дар бастӣ,
Дигар ҷаҳон дари шодӣ ба рӯйи ман накушод.
Хаёли рӯйи туам дида мекунад пурхун,
Ҳавои зулфи туам умр медиҳад бар бод.
На дар баробари чашмӣ, на ғоиб аз назарӣ,
На ёд мекунӣ аз мо, на меравӣ аз ёд.
Ба ҷойи таъна агар теғ мезанад душман,
Зи дӯст даст надорем, ҳар чӣ бодо бод!
Зи дасти ишқи ту Ҳофиз намебарад ҷонро,
Ки ҷон зи меҳнати Ширин намебарад Фарҳод.
172
Ба ҳусну хулқу вафо кас ба ёри мо нарасад,
Туро дар ин сухан инкори кори мо нарасад
Агарчи ҳуснфурӯшон ба ҷилва омадаанд,
Касе ба ҳусну малоҳат ба ёри мо нарасад.
Ба ҳаққи сӯҳбати дерин, ки ҳеҷ маҳрами роз
Ба ёри якҷиҳати ҳақгузори мо нарасад.
Ҳазор нақш барояд зи килки сунъу яке
Ба дилпазирии нақши нигори мо нарасад.
Ҳазор нақд ба бозори коинот оранд,
Яке ба сиккаи соҳибиёри мо нарасад.
Дареғ қофилаи умр, к-он чунон рафтанд,
Ки гардашон ба ҳавои диёри мо нарасад.
Дило, зи таъни ҳасудон маранҷу эмин бош,
Ки бад ба хотири уммедвори мо нарасад.
Бисӯхт Ҳофизу тарсам, ки шарҳи қиссаи ӯ
Ба самъи подшаҳи комгори мо нарасад.
173
Ҳар киро бо хати сабзат сари савдо бошад,
Пой аз ин доира берун наниҳад, то бошад.
Ман чу аз хоки лаҳад лоласифат бархезам.
Доғи савдои туам сирри сувайдо бошад.
Ту худ, эй гавҳари якдона, куҷоӣ, охир,
К-аз ғамат дидаи мардум ҳама дарё бошад?
Аз буни ҳар мижаам об равон аст, биё,
Агарат майли лаби ҷӯву тамошо бошад.
Чун гулу май даме аз парда бурун ову даро,
Ки дигарбора мулоқот на пайдо бошад.
Зилли мамдуди хами зулфи туам бар сар бод,
К-андар он соя қарори дили шайдо бошад.
Чашмат аз ноз ба Ҳофиз накунад майл, оре.
Саргаронӣ сифати наргиси шаҳло бошад.
174
Ҳар киро хоки сари кӯйи ту маскан бошад,
Пеши ӯ гулшани фирдавс чу гулхан бошад.
Гар ҷаҳон равшанӣ аз партави хуршед гирифт,
Чашми ушшоқ ба дидори ту равшан бошад.
Ёр чун лутфу муроот кунад ёронро,
Дӯстонро чӣ ғам аз таънаи душман бошад?
Чун кунад ғамзаи қаттоли хушат даст ба теғ,
Зери пойи ту ҳазорон сари бетан бошад.
Бигзар аз ҳар чӣ ту дорӣ, ки ҳиҷобест азим,
Дар раҳи ӯ ҳама гар як сари сӯзан бошад.
Ҳоҷати хеш кунад арз дили ҳоҷатманд
Бо даҳони ту, агар ҳоҷати гуфтан бошад.
Мо чу зулфи ту напечем сар аз теғу синон,
Ғамзаи шӯхи туро гар сари куштан бошад.
Сӯхт гар хушку тари Ҳофизи Шероз, чӣ бок?
Ошиқи сӯхтадил сӯхтахирман бошад!
175
Ману инкори шароб? Ин чӣ ҳикоят бошад?
Ғолибан ин қадарам ақл кифоят бошад!
То ба ғоят раҳи майхона намедонистам,
Варна мастурии мо то ба чӣ ғоят бошад?
Зоҳиду уҷбу намозу ману мастиву ниёз,
То туро худ зи миён бо кӣ иноят бошад.
Зоҳид ар роҳ ба риндӣ набарад, маъзур аст,
Ишқ корест, ки мавқуфи ҳидоят бошад.
Ман, ки шабҳо раҳи тақво задаам бо дафу чанг,
Ин замон сар ба раҳ орам, чӣ ҳикоят бошад?
Бандаи пири муғонам, ки зи ҷаҳлам бираҳонд,
Пири мо ҳар чӣ кунад, айни иноят бошад.
Дӯш аз ин ғусса нахуфтам, ки рафиқе мегуфт:
«Ҳофиз ар маст бувад, ҷойи шикоят бошад».
Ҳофиз. Ғазалиёт 151-175
Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.