26
Чу бишнавӣ сухани аҳли дил, магӯ, ки хатост,
Суханшинос наӣ, ҷони ман, хато ин ҷост,
Сарам ба дунйиву уқбӣ фурӯ намеояд,
Таборакаллаҳ аз ин фитнаҳо, ки дар сари мост.
Дар андаруни мани хастадил надонам кист,
Ки ман хамӯшаму ӯ дар фиғону дар ғавғост?
Дилам зи парда бурун шуд, куҷоӣ, эй мутриб?
Бинол, ҳон, ки аз ин парда корҳо ба навост.
Маро ба кори ҷаҳон ҳаргиз илтифот набуд,
Рухи ту дар назари ман чунин хушаш орост.
Нахуфтаам зи хаёле, ки мепазад дили ман,
Хумори садшаба дорам, шаробхона куҷост?
Чунин, ки савмаа олуда шуд зи хуни дилам,
Гарам ба бода бишӯед, ҳақ ба дасти шумост.
Аз он ба дайри муғонам азиз медоранд,
Ки оташе, ки намирад, ҳамеша дар дили мост.
Чӣ соз буд, ки дар парда мезад ин мутриб,
Ки рафт умру ҳанӯзам димоғ пур зи ҳавост.
Нидои ишқи ту дишаб дар андарун доданд,
Фазои синаи Ҳофиз ҳанӯз пур зи садост.
27
Хаёли рӯйи ту дар ҳар тариқ ҳамраҳи мост,
Насими мӯйи ту пайванди ҷони огаҳи мост.
Ба рағми муддаиёне, ки манъи ишқ кунанд,
Ҷамоли чеҳраи ту ҳуҷҷати муваҷҷаҳи мост.
Бубин, ки себи занахдони ту чӣ мегӯяд:
«Ҳазор Юсуфи Мисрӣ фитода дар чаҳи мост».
Агар ба зулфи дарози ту дасти мо нарасад,
Гуноҳи бахти парешону дасти кӯтаҳи мост.
Ба ҳоҷиби дари хилватсаройи хос бигӯ:
«Фалон зи гӯшанишинони хоки даргаҳи мост».
Ба сурат аз назари мо агарчи маҳҷуб аст,
Ҳамеша дар назари хотири мураффаҳи мост.
Агар ба соле Ҳофиз даре занад, бикушой,
Ки солҳост, ки муштоқи рӯйи чун маҳи мост.
28
Маталаб тоату паймону салоҳ аз мани маст,
Ки ба паймонакашӣ шӯҳра шудам рӯзи аласт.
Ман ҳамон дам, ки вузӯ сохтам аз чашмаи ишқ,
Чор такбир задам яксара бар ҳар чӣ, ки ҳаст.
Май бидеҳ то диҳамат огаҳӣ аз сирри қазо,
Ки ба рӯйи кӣ шудам ошиқу аз бӯйи кӣ маст?
Камари кӯҳ кам аст аз камари мӯр ин ҷо,
Ноумед аз дари раҳмат машав, эй бодапараст!
Ба ҷуз он наргиси мастона, ки чашмаш марасод,.
Зери ин торуми фирӯза касе хуш нанишаст.
Ҷон фидои даҳанаш бод, ки дар боғи назар
Чаманоройи ҷаҳон хуштар аз ин ғунча набаст.
Ҳофиз аз давлати ишқи ту Сулаймоне шуд,
Яъне аз васли туаш нест ба ҷуз бод ба даст.
29
Шукуфта шуд гули ҳамрову гашт булбул маст,
Салои сархушӣ, эй сӯфиёни бодапараст!
Асоси тавба, ки дар маҳкамӣ чу санг намуд,
Бубин, ки ҷоми зуҷоҷӣ чӣ турфааш бишикаст.
Биёр бода, ки дар боргоҳи истиғно,
Чи посбону чи султон, чи ҳушёру чи маст.
Аз ин работи дудар чун зарурат аст раҳил,
Равоқу тоқи маишат чи сарбаланду чи паст.
Мақоми айш муяссар намешавад бе ранҷ
Бале, ба ҳукми бало бастаанд аҳди аласт.
Ба ҳасту нест маранҷон замиру хуш мебош,
Ки нестист саранҷоми ҳар камол, ки ҳаст.
Шукӯҳи Осафиву асби боду мантиқи тайр,
Ба бод рафту аз ӯ хоҷа ҳеҷ тарф набаст.
Ба болу пар марав аз раҳ, ки тири партобӣ
Ҳаво гирифт замоне, вале ба хок нишаст.
Забони килки ту, Ҳофиз, чӣ шукри он гӯяд,
Ки тӯҳфаи суханаш мебаранд даст ба даст.
30
Зулф ошуфтаву хай кардаву хандонлабу маст,
Пираҳанчоку ғазалхону суроҳӣ дар даст,
Наргисаш арбадаҷӯву лабаш афсӯскунон,
Ними шаб дӯш ба болини ман омад, бинишаст.
Сар фарогӯши ман оварду ба овози ҳазин,
Гуфт: — Эй ошиқи деринаи ман, хобат ҳаст?
Ошиқеро, ки чунин бодаи шабгир диҳанд,
Кофари ишқ бувад, гар набувад бодапараст.
Бирав, эй зоҳиду бар дурдкашон хурда магир,
Ки надоданд ҷуз ин тӯҳфа ба мо рӯзи аласт.
Он чӣ ӯ рехт ба паймонаи мо, нӯшидем,
Агар аз хамри биҳишт асту агар бодаи маст.
Хандаи ҷоми маю зулфи гиреҳгири нигор,
Эй басо тавба, ки чун тавбаи Ҳофиз бишикаст.
31
Дар дайри муғон омад ёрам қадаҳе дар даст,
Маст аз маю майхорон аз наргиси масташ маст.
Дар наъли саманди ӯ шакли маҳи нав пайдо
В-аз қадди баланди ӯ болои санавбар паст.
Охир, ба чӣ гӯям ҳаст, аз худ хабарам чун нест,
В-аз баҳри чӣ гӯям нест, бо вай назарам чун ҳаст?
Шамъи дили дамсозон биншаст, чу ӯ бархост,
В-афғони назарбозон бархост, чу ӯ биншаст.
Гар ғолия хушбӯ шуд, дар гесуи ӯ печид.
В-ар вусма камонкаш гашт, дар абруи ӯ пайваст.
Бозой, ки бозояд умри шудаи Ҳофиз,
Ҳарчанд ки н-ояд боз, тире, ки бишуд аз шаст.
32
Ба ҷони хоҷаву ҳаққи қадиму аҳди дуруст,
Ки мӯниси дами субҳам дуои давлати туст.
Сиришки ман, ки зи тӯфони Нӯҳ даст барад,
Зи лавҳи сина наёрист нақши меҳри ту шуст.
Бикун муомилае в-ин дили шикаста бихар,
Ки бо шикастагӣ арзад ба сад ҳазор дуруст.
Забони мӯр ба Осаф дароз гашту равост,
Ки хоҷа хотами Ҷам ёва карду бознаҷуст.
Дило, тамаъ мабур аз лутфи бениҳояти дӯст,
Чу лофи ишқ задӣ, сар бибоз чобуку чуст.
Ба сидқ кӯш, ки хуршед зояд аз нафасат,
Ки аз дурӯғ сияҳрӯй гашт субҳи нахуст.
Шудам зи дасти ту шайдои кӯҳу дашту ҳанӯз
Намекунӣ ба тараҳҳум нитоқи силсила суст.
Маранҷ, Ҳофиз аз дилбарон ҳифоз маҷӯй,
Гуноҳи боғ чӣ бошад, чу ин гиёҳ наруст.
33
Моро зи хаёли ту чӣ парвои шароб аст?
Хум, гӯ, сари худ гир, ки хумхона хароб аст.
Гар хамри биҳишт аст, бирезед, ки бе дӯст,
Ҳар шарбати азбам, ки диҳӣ, айни азоб аст.
Афсӯс, ки шуд дилбару дар дидаи гирён
Таҳрири хаёли хати ӯ нақш бар об аст.
Бедор шав, эй дида, ки эмин натавон буд
3-ин сели дамодам, ки дар ин манзили хоб аст,
Маъшуқ аён мегузарад бар ту, валекин
Ағёр ҳамебинад, аз он баста ниқоб аст.
Гул бар рухи рангини ту то лутфи арақ дид,
Дар оташи рашк аз ғами дил ғарқи гулоб аст.
Сабз аст дару дашт, биё, то нагузорем
Даст аз сари обе, ки ҷаҳон ҷумла сароб аст.
Дар кунҷи димоғам маталаб ҷойи насиҳат,
К-ин гӯша пур аз замзамаи чангу рубоб аст.
Ҳофиз, чӣ шуд, ар ошиқу ринд асту назарбоз,
Бас таври аҷаб лозими айёми шабоб аст.
34
Зулфат ҳазор дил ба яке тори мӯ бибаст,
Роҳи ҳазор чорагар аз чор сӯ бибаст.
То ошиқон ба бӯйи насимаш диҳанд ҷон,
Бикшод нофаеву дари орзу бибаст.
Шайдо аз он шудам, ки нигорам чу моҳи нав,
Абру намуду ҷилвагарӣ карду рӯ бибаст.
Соқӣ ба чанд ранг май андар пиёла рехт,
Ин нақшҳо нигар, ки чӣ хуш дар каду бибаст.
Ё Раб, чӣ ғамза кард суроҳӣ, ки хуни хум
Бо наъраҳои қулқулаш андар гулӯ бибаст.
Мутриб чӣ нағма сохт, ки дар пардаи самоъ,
Бар аҳли ваҷду ҳол дари ҳою ҳӯ бибаст.
Ҳофиз, ҳар он кӣ ишқ наварзиду васл хост,
Эҳроми тавфи Каъбаи дил бевузӯ бибаст.
35
Он шаби қадре, ки гӯянд аҳли хилват, имшаб аст,
Ё Раб, ин таъсири давлат дар кадомин кавкаб аст,
То ба гесуи ту дасти носазоён кам расад,
Ҳар диле аз ҳалқае дар зикри «Ё Раб! Ё Раб» аст.
Куштаи чоҳи занахдони туам, к-аз ҳар тараф,
Сад ҳазораш гардани ҷон зери тавқи ғабғаб аст.
Шаҳсавори ман, ки Маҳ оинадори рӯйи ӯст,
Тоҷи хуршеди баландаш хоки наъли маркаб аст.
Акси хай бар оразаш бин, к-офтоби гармрав
Дар ҳавои он арақ, то ҳаст, ҳар рӯзаш таб аст.
Ман нахоҳам кард тарки лаъли ёру ҷоми май,
Зоҳидон, маъзур доредам, ки инам мазҳаб аст.
Андар он мавқаб, ки бар пушти сабо банданд зин,
Бо Сулаймон чун биронам, ман, ки мӯрам маркаб аст.
Оби ҳайвонаш зи минқори балоғат мечакад,
Зоғи килки ман, баномэзид, чӣ олӣ машраб аст!
Он, ки новак бар дили ман зери чашме мезанад,
Қути ҷони Ҳофизаш дар хандаи зери лаб аст.
36
Агар ба лутф бихонӣ, мазиди алтоф аст,
В-агар ба қаҳр биронӣ, даруни мо соф аст.
Ба нома васфи ту гуфтан на ҳадди имкон аст,
Чаро, ки васфи ту берун зи ҳадди авсоф аст.
Ба чашми ишқ тавон дид рӯйи шоҳиди мо,
Ки нури дидаи ошиқ зи Қоф то Қоф аст.
Зи мусҳафи рухи дилдор ояте бархон,
Ки он баёни мақомоти кашфи «Кашшоф» аст,
Чу сарв саркашӣ, эй ёри сангдил, бо мо,
Чӣ чашмҳост, ки бар рӯйи ту зи атроф аст!
Аду, ки мантиқи Ҳофиз тамаъ кунад дар шеър,
Ҳамон ҳадиси ҳумову тариқи ҳаттоф аст.
37
Худо чу сурати абруи дилкушои ту баст,
Кушоди кори ман андар карашмаҳои ту баст.
Марову сарви чаманро ба хоки роҳ нишонд,
Замона то қасаби заркаши қабои ту баст.
Зи кори мову дили ғунча сад гиреҳ бикушуд,
Насими субҳ чу дил дар раҳи ҳавои ту баст.
Маро ба банди ту даврони чарх розӣ кард,
Вале чӣ суд, ки сарришта дар ризои ту баст.
Чу нофа бар дили мискини ман гиреҳ мафиган,
Ки аҳд бо сари зулфи гиреҳкушои ту баст.
Ту худ ҳаёти дигар будӣ, эй насими висол,
Хато нигар, ки дил уммед дар вафои ту баст.
Зи дасти ҷаври ту, гуфтам, зи шаҳр хоҳам рафт,
Ба ханда гуфт, ки: — Ҳофиз, бирав, кӣ пойи ту баст?
38
Хилватгузидаро ба тамошо чӣ ҳоҷат аст,
Чун кӯйи дӯст ҳаст, ба саҳро чӣ ҳоҷат аст?
Ҷоно, ба ҳоҷате, ки туро ҳаст, бо Худо,
К-охир даме бипурс, ки моро чӣ ҳоҷат аст?
Эй подшоҳи ҳусн, Худоро, бисӯхтем,
Охир, суол кун, ки гадоро чӣ ҳоҷат аст?
Арбоби ҳоҷатему забони суол нест,
Дар ҳазрати карим таманно чӣ ҳоҷат аст?
Мӯҳтоҷи қисса нест, гарат қасди хуни мост,
Чун рахт аз они туст, ба яғмо чӣ ҳоҷат аст?
Ҷоми ҷаҳоннамост замири мунири дӯст,
Изҳори эҳтиёҷи худ он ҷо чӣ ҳоҷат аст?
Он шуд, ки бори миннати маллоҳ бурдамӣ,
Гавҳар чу даст дод, ба дарё чӣ ҳоҷат аст?
Эй муддаӣ, бирав, ки маро бо ту кор нест,
Аҳбоб ҳозиранд, ба аъдо чӣ ҳоҷат аст?
Эй ошиқи гадо, чу лаби рӯҳбахши ёр,
Медонадат вазифа, тақозо чӣ ҳоҷат аст?
Ҳофиз, ту хатм кун, ки ҳунар худ аён шавад,
Бо муддаӣ низоу муҳоко чӣ ҳоҷат аст?
39
Равоқи манзараи чашми ман ошёнаи туст,
Карам намову фурӯд о, ки хона хонаи туст.
Ба лутфи холу хат аз орифон рабудӣ дил,
Латифаҳои аҷаб зери дому донаи туст.
Дилат ба васли гул, эй булбули саҳар, хуш бод,
Ки дар чаман ҳама гулбонги ошиқонаи туст.
Илоҷи заъфи дили мо ба лаб ҳаволат кун,
Ки ин муфарреҳи ёқут дар хазонаи туст.
Ба тан муқассирам аз давлати мулозаматат,
Вале хулосаи ҷон хоки остонаи туст.
Ман он наям, ки диҳам нақди дил ба ҳар шӯхе,
Дари хазона ба мӯҳри туву нишонаи туст.
Ту худ чӣ лӯъбатӣ, эй шаҳсавори ширинкор,
Ки тавсане чу фалак роми тозиёнаи туст.
Чӣ ҷойи ман, ки билағзад сипеҳри шӯъбадабоз,
Аз ин ҳиял, ки дар анбонаи баҳонаи туст.
Суруди маҷлисат акнун фалак ба рақс орад,
Ки шеъри Ҳофизи ширинсухан таронаи туст.
40
Бирав ба кори худ, эй воиз, ин чӣ фарёд аст?
Маро фитод дил аз раҳ, туро чӣ афтодаст?
Миёни ӯ, ки Худо офаридааст аз ҳеҷ,
Дақиқаест, ки ҳеҷ офарида накшодаст.
Ба ком то нарасонад маро лабаш, чун ной,
Насиҳати ҳама олам ба гӯши ман бод аст.
Гадои кӯйи ту аз ҳашт хулд мустағнист,
Асири ишқи ту аз ҳар ду олам озод аст.
Агарчи мастии ишқам хароб кард, вале
Асоси ҳастии ман з-он хароб обод аст.
Дило, манол зи бедоду ҷаври ёр, ки ёр
Туро насиб ҳамин карду ин аз он дод аст.
Бирав, фасона махону фусун мадам, Ҳофиз,
К-аз ин фасонаву афсун маро басе ёд аст.
41
То сари зулфи ту дар дасти насим афтодаст,
Дили савдозада аз ғусса дуним афтодаст.
Чашми ҷодуи ту худ айни саводи сеҳр аст,
Лекин ин аст, ки ин нусха сақим афтодаст.
Дар хами зулфи ту он холи сияҳ донӣ, чист?
Нуқтаи дуда, ки дар ҳалқаи ҷим афтодаст.
Зулфи мушкини ту дар гулшани фирдавси узор
Чист? Товус, ки дар боғи наим афтодаст.
Дили ман дар ҳаваси рӯйи ту, эй мӯниси ҷон,
Хоки роҳест, ки дар дасти насим афтодаст.
Ҳамчу гард ин тани хокӣ натавонад бархост,
Аз сари кӯйи ту з-он рӯ, ки азим афтодаст.
Сояи қадди ту бар қолибам, эй исодам,
Акси рӯҳест, ки бар азми рамим афтодаст.
Он, ки ҷуз Каъба мақомаш набуд аз ёди лабат,
Бар дари майкада, дидам, ки муқим афтодаст.
Ҳофизи гумшударо бо ғамат, эй ёри азиз,
Иттиҳодест, ки дар аҳди қадим афтодаст.
42
Биё, ки қасри амал сахт сустбунёд аст,
Биёр бода, ки бунёди умр бар бод аст.
Ғуломи ҳиммати онам, ки зери чархи кабуд
Зи ҳар чӣ ранги тааллуқ пазирад, озод аст.
Чӣ гӯямат, ки ба майхона дӯш масту хароб
Сурӯши олами ғайбам чӣ муждаҳо додаст.
Ки: «Эй баландназар шоҳбози сидранишин,
Нишемани ту на ин кунҷи меҳнатобод аст.
Туро зи кунгураи арш мезананд сафир,
Надонамат, ки дар ин домгаҳ чӣ афтодаст?
Насиҳате кунамат, ёд гиру дар амал ор,
Ки ин ҳадис зи пири тариқатам ёд аст.
Ғами ҷаҳон махӯру панди ман мабар аз ёд,
Ки ин латифаи нағзам зи раҳраве ёд аст.
Ризо ба дода бидеҳ в-аз ҷабин гиреҳ бикушой,
Ки бар ману ту дари ихтиёр накшодаст.
Маҷӯ дурустии аҳд аз ҷаҳони сустниҳод,
Ки ин аҷуза арӯси ҳазор домод аст.
Нишони аҳду вафо нест дар табассуми гул,
Бинол, булбули бедил, ки ҷойи фарёд аст.
Ҳасад чӣ мебарӣ, эй сустназм, бар Ҳофиз,
Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст.
43
Бе меҳри рухат рӯзи маро нур намондаст
В-аз умр маро ҷуз шаби дайҷур намондаст.
Ҳангоми видои ту зи бас гиря, ки кардам,
Дур аз рухи ту чашми маро нур намондаст.
Мерафт хаёли ту зи чашми ману мегуфт:
«Ҳайҳот аз ин гӯша, ки маъмур намондаст».
Васли ту аҷалро зи сарам дур ҳамедошт,
Аз давлати ҳаҷри ту кунун дур намондаст.
Наздик шуд он дам, ки рақибони ту гӯянд:
«Дур аз рухат он хастаи ранҷур намондаст».
Сабр аст маро чораи ҳиҷрони ту, лекин
Чун сабр тавон кард, ки мақдур намондаст.
Дар ҳаҷри ту гар чашми маро об равон аст,
Гӯ, хуни ҷигар рез, ки маъзур намондаст.
Ҳофиз зи ғам аз гиря напардохт ба ханда,
Мотамзадаро доияи сур намондаст.
44
Боғи маро чӣ ҳоҷати сарву санавбар аст?
Шамшоди хонапарвари мо аз кӣ камтар аст?
Эй нозанин санам, ту чӣ мазҳаб гирифтаӣ,
К-ат хуни мо ҳалолтар аз шири модар аст?
Чун нақши ғам зи дур бибинӣ, шароб хоҳ
Ташхис кардаему мудово муқаррар аст.
Як қисса беш нест ғами ишқу ин аҷаб,
К-аз ҳар забон, ки мешунавам, номукаррар аст.
Дӣ ваъда дод васламу дар сар шароб дошт,
Имрӯз то чӣ гӯяду бозаш чӣ дар сар аст?
Шерозу оби Рукниву он боди хушнасим,
Айбаш макун, ки холи рухи ҳафт кишвар аст.
Фарқ аст аз оби Хизр, ки зулмот ҷойи ӯст,
То оби мо, ки манбааш «Аллоҳуакбар» аст.
Мо обрӯйи фақру қаноат намебарем,
Бо подшаҳ бигӯй, ки рӯзӣ муқаддар аст.
Ҳофиз, чӣ турфа шохи наботест килки ту,
К-аш мева дилпазиртар аз шаҳду шаккар аст?
45
Алминнати лиллаҳ, ки дари майкада боз аст,
З-он рӯ, ки маро бар дари ӯ рӯйи ниёз аст.
Хумҳо ҳама дар ҷӯшу хурӯшанд зи мастӣ
В-он май, ки дар он ҷост, ҳақиқат, на маҷоз аст.
Аз вай ҳама мастиву ғурур асту такаббур
В-аз мо ҳама бечорагиву аҷзу ниёз аст.
Розе, ки бари ғайр нагуфтему нагӯем,
Бо дӯст бигӯем, ки ӯ маҳрами роз аст.
Шарҳи шикани зулфи хам андар хами ҷонон
Кӯтаҳ натавон кард, ки ин қисса дароз аст.
Бори дили Маҷнуну хами турраи Лайлӣ,
Рухсораи Маҳмуду кафи пойи Аёз аст.
Бардӯхтаам дида, чу боз, аз ҳама олам,
То дидаи ман бар рухи зебои ту боз аст.
Дар Каъбаи кӯйи ту ҳар он кас, ки биёяд,
Аз қиблаи абруи ту дар айни намоз аст.
Эй маҷлисиён, сӯзи дили Ҳофизи мискин
Аз шамъ бипурсед, ки дар сӯзу гудоз аст.
46
Имрӯз шоҳи анҷумани дилбарон якест,
Дилбар агар ҳазор бувад, дил бар он якест.
Ман баҳри он яке дилу дин додаам ба бод,
Айбам макун, ки ҳосили ҳар ду ҷаҳон якест.
Савдоиёни олами пиндорро бигӯй,
Сармоя кам кунед, ки суду зиён якест.
Халқе забон ба даъвии ишқаш кушодаанд,
Эй ман ғуломи он, ки дилаш бо забон якест.
Ҳофиз бар остонаи давлат ниҳода сар,
Давлат дар он сар аст, ки бо остон якест.
47
Агарчи бода фараҳбахшу бод гулбез аст,
Ба бонги чанг махӯр май, ки мӯҳтасиб тез аст.
Суроҳиеву ҳарифе гарат ба чанг афтад,
Ба ақл нӯш, ки айём фитнаангез аст.
Дар остини мураққаъ пиёла пинҳон кун,
Ки ҳамчу чашми суроҳӣ замона хунрез аст.
Ба оби дида бишӯем хирқаҳо аз май,
Ки мавсими варау рӯзгори парҳез аст.
Маҷӯй айши хуш аз даври вожгуни сипеҳр,
Ки софи ин сари хум ҷумла дурдомез аст.
Сипеҳри баршуда парвезанест хунафшон,
Ки резааш сари Кисрову тоҷи Парвез аст.
Ироқу Форс гирифтӣ ба шеъри хуш, Ҳофиз,
Биё, ки навбати Бағдоду вақти Табрез аст.
48
Ҳоли дил бо ту гуфтанам ҳавас аст,
Хабари дил шунуфтанам ҳавас аст.
Тамаи хом бин, ки қиссаи фош
Аз рақибон нуҳуфтанам ҳавас аст.
Шаби қадре чунин азизу шариф,
Бо ту то рӯз хуфтанам ҳавас аст,
Ваҳ ки дурдонае чунин нозук
Дар шаби тор суфтанам ҳавас аст.
Эй сабо, имшабам мадад фармой,
Ки саҳаргаҳ шукуфтанам ҳавас аст.
Аз барои шараф ба нӯки мижа,
Хоки роҳи ту рӯфтанам ҳавас аст.
Ҳамчу Ҳофиз ба рағми муддаиён,
Шеъри риндона гуфтанам ҳавас аст.
49
Ҳадиси сарв кӣ гӯяд ба пеши қомати дӯст,
Ки сарбаландии сарви сиҳӣ зи қомати ӯст.
Ба сарв нисбати қаддат намекунам з-он рӯ,
Ки сарв агарчи баланд аст, қоматаш худрӯст.
Хаёли қомати сарваш муқими дидаи мост,
Аз он, ки сарви сиҳиро мақом бар лаби ҷӯст,
Сабо зи зулфу хату холи ӯ ҳадисе чанд
Ба мушк гуфт, аз он аст, к-ин чунин хушбӯст.
Фарози бадри мунираш хатест, лекин кас
Надонад он, ки ҳилол аст ё хами абруст.
Ҳазор ҷони киромӣ фидои он, ки сараш
Фитода дар хами чавгони зулфи ӯ чун гӯст.
Ту аз даҳонш талаб коми дил, агар ҷӯйӣ,
Чу Ҳофиз аз пайи чашмаш марав, ки арбадаҷӯст.
50
Саҳни бӯстон завқбахшу сӯҳбати ёрон хуш аст,
Вақти гул хуш бод, к-аз вай вақти майхорон хуш аст.
Аз сабо ҳар дам машоми ҷони мо хуш мешавад,
Оре-оре, тиби анфоси ҳаводорон хуш аст.
Нокушуда гул ниқоб, оҳанги реҳлат соз кард,
Нола кун, булбул, ки гулбонги дилафгорон хуш аст.
Мурғи хушхонро башорат бод, к-андар роҳи ишқ,
Дӯстро бо нолаи шабҳои бедорон хуш аст.
Нест дар бозори олам хушдилӣ в-ар з-он, ки ҳаст
Шеваи риндиву хушбошии айёрон хуш аст.
Аз забони савсани озодаам омад ба гӯш,
К-андар ин дайри куҳан кори сабукборон хуш аст.
Ҳофизо, тарки ҷаҳон гуфтан тариқи хушдилист,
То напиндорӣ, ки аҳволи ҷаҳондорон хуш аст.
Ҳофиз. Ғазалиёт 26-50
Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.