326
Маро корест мушкил бо дили хеш,
Ки гуфтан менаёрам мушкили хеш.
Хаёлат донаду ҷони ман аз ғам,
Ки ҳар шаб дар чӣ корам бо дили хеш.
Зи вопасмондагон ёде кун охир,
Чӣ ронӣ тунд, ҷоно, маҳмили хеш?
Басе гаштам чу Маҷнун кӯҳу саҳро,
Магар ёбам суроғ аз манзили хеш?
Маро дар аввали манзил раҳ афтод,
Кай омад киштиям бар соҳили хеш?
Чӣ фурсатҳо, ки гум кардам дар ин роҳ.
Зи бахти хобноки ғофили хеш!
Бикун ҷавлоне, охир дар, раҳи мо,
Чу Ҳофиз хок кард обу гили хеш.
327
Дилам рамида шуду ғофилам мани дарвеш,
Ки он шикории саргаштаро чӣ омад пеш?
Чу бед бар сари имони хеш меларзам,
Ки дил ба дасти камонабруест кофиркеш.
Хаёли ҳавсалаи баҳр мепазад, ҳайҳот,
Чиҳост дар сари ин қатраи муҳоландеш?
Бинозам он сияҳи шӯхи офияткушро,
Ки мавҷ мезанадаш оби нӯш бар сари неш.
Зи остини табибон ҳазор хун бичакад,
Гарам ба таҷриба дасте ниҳанд бар дили реш.
Ба кӯйи майкада гирёну сарфиганда равам,
Чаро, ки шарм ҳамеоядам зи ҳосили хеш.
На умри Хизр бимонад, на мулки Искандар,
Низоъ бар сари дунёи дун макун, дарвеш!
Бад-он камар нарасад дасти ҳар гадо, Ҳофиз,
Хазонае ба каф овар зи ганҷи Қорун беш!
328
Мо озмудаем дар ин шаҳр бахти хеш,
Берун кашид бояд аз ин варта рахти хеш.
Азбаски даст мегазаму оҳ мекашам,
Оташ задам чу гул ба тани лахт-лахти хеш.
Дӯшам зи булбуле чӣ хуш омад, ки месуруд,
Гул гӯш паҳн карда зи шохи дарахти хеш,
К-эй дил, ту шод бош, ки он ёри тундхӯ,
Бисёр тундхӯй нишинад зи бахти хеш.
Хоҳӣ, ки сахту сусти ҷаҳон бар ту бигзарад,
Бигзар зи аҳди сусту суханҳои сахти хеш!
Вақт аст, к-аз фироқи туву сӯзи андарун
Оташ дарафканам ба ҳама рахту пахти хеш.
Эй Ҳофиз, ар мурод муяссар шудӣ мудом,
Ҷамшед низ дур намондӣ зи тахти хеш.
329
Аз рақибат дилам наёфт халос,
З-он, ки «Ал-қосу ло юҳиббу-л-қос».
Мӯҳтасиб хум шикасту ман сари ӯ,
Синна би-с-синна ва-л-ҷуруҳу қасос.
Ҳамчу Исост ҷоми май, ки мудом,
Мурдаро зинда мекунад ба хавос.
Мутриби ман, раҳе бизан, ки ба чарх
Муштарӣ зӯҳраваш шавад раққос,
Гавҳар аз баҳр кай бурун орад,
Тарки сар то намекунад ғаввос.
Нақде аз ишқ ҷӯй, не аз ақл,
То ки холис шавӣ, чу зарри халос.
Ҳофиз аз дил зи мусҳафи рухи дӯст
Хонд Алҳамду сураи Ихлос.
330
Нест касро зи каманди сари зулфи ту халос,
Мекушӣ ошиқи мискину натарсӣ зи қасос.
Ошиқи сӯхтадил то ба биёбони фано
Наравад дар ҳарами ҷон, нашавад хосалхос.
Ҷон ниҳода ба миён шамъсифат аз сари сидқ,
Кардам исор тани хеш зи рӯйи ихлос.
Ба ҳаводориву ихлос чу парвона зи шавқ
То насӯзӣ, ту наёбӣ зи ғами ишқ халос.
Кимиёи ғами ишқи ту тани хокии ман
Зари холис кунад, арчанд бувад ҳам чу расос.
Оташе дар дили девонаи мо афкандӣ,
Ки чу гардем ҳамеша ба ҳавоят раққос.
Қимати дурри гаронмоя надонанд авом,
Ҳофизо, гавҳари якдона мадеҳ ҷуз ба хавос.
331
Биё, ки мешунавам бӯйи ҷон аз он ораз,
Ки ёфтам дили худро нишон аз он ораз.
Маоние, ки зи ҳуре ба шарҳ мегӯянд,
Зи ҳусну лутф бипурс ин баён аз он ораз.
Ба гил бимонда қади сарви ноз аз он қомат,
Хиҷил шудааст гули гулситон аз он ораз.
Ба шарм монда тани ёсамин аз он гесу,
Ба хун нишаста дили арғавон аз он ораз.
Гирифта нофаи Чин бӯйи мушк аз он гесу,
Гулоб ёфта бӯйи ҷинон аз он ораз.
Зи меҳри рӯйи ту хуршед гашта ғарқи арақ,
Низор монда маҳи осмон аз он ораз.
Зи назми дилкаши Ҳофиз чакид оби ҳаёт,
Чунон ки хун шуда, ҷоно, чакон аз он ораз.
332
Ҳусну ҷамоли ту ҷаҳон ҷумла гирифта тӯлу арз,
Шамси фалак хиҷил шуда, аз рухи хуби моҳи арз.
Дидани ҳусну хубият бар ҳама халқ воҷиб аст,
Саҷдаи даргаҳи ту бар ҷумла малоик аст фарз
Аз рухи туст муқтабис ҳур зи чаҳорум осмон,
Ҳамчу замини ҳафтумин монда ба зери бори қарз,
Ҷон, ки фидои ӯ нашуд, мурдаи ҷовидон бувад,
Тан, ки асири ту нашуд, лоиқи ӯст қатъу фарз.
Бӯса ба хоки пойи ӯ даст куҷо диҳад туро?
Қиссаи шавқ, Ҳофизо, бод расонадаш ба арз.
333
Қасам ба ҳашмату ҷоҳу ҷалоли шоҳ Шуҷоъ,
Ки нест бо касам аз баҳри молу ҷоҳ низоъ.
Шароби хонагиям бас, майи муғона биёр,
Ҳарифи бода расид, эй рафиқи тавба, видоъ.
Худойро, ба маям шустушӯйи хирқа кунед,
Ки ман намешунавам бӯйи хайр аз ин авзоъ.
Бибин, ки рақскунон меравад ба нолаи ҷанг
Касе, ки рухса нафармудӣ истимои самоъ.
Ба ошиқон назаре кун ба шукри ин неъмат,
Ки ман ғуломи мутеам, ту подшоҳи мутоъ.
Ба файзи ҷуръаи ҷоми ту ташнаем, вале
Намекунем далерӣ, намедиҳем судоъ.
Ҷабину чеҳраи Ҳофиз Худо ҷудо макунод,
Зи хоки боргаҳи кибриёи шоҳ Шуҷоъ.
334
Бомдодон, ки зи хилватгаҳи кохи ибдоъ,
Шамъи ховар фиганад бар ҳама атроф шуоъ.
Баркашад оина аз ҷайби уфуқ чарху дар он
Бинамояд рухи гетӣ ба ҳазорон анвоъ.
Дар завоёи тарабхонаи Ҷамшеди фалак
Арғунун соз кунад Зӯҳра ба оҳанги самоъ.
Чанг дар ғулғула ояд, ки куҷо шуд мункир?
Ҷом дар қаҳқаҳа ояд, ки куҷо шуд манноъ?
Вазъи даврон бинигар, соғари ишрат баргир,
Ки ба ҳар ҳолате ин аст беҳини авзоъ.
Турраи шоҳиди дунё ҳама банд асту фиреб,
Орифон бар сари ин ришта наҷӯянд низоъ.
Умри Хусрав талаб, ар нафъи ҷаҳон мехоҳӣ,
Ки вуҷудест атобахши карими наффоъ.
Мазҳари лутфи азал равшании чашми амал.
Ҷомеи илму амал, ҷони ҷаҳон шоҳ Шуҷоъ.
335
Ба фарри давлати гетифурӯзи шоҳ Шуҷоъ,
Ки ҳаст дар назари ман ҷаҳон ҳақир матоъ.
Биёр май, ки чу хуршед машъал афрӯзад,
Расад ба кулбаи дарвеш низ файзи шуоъ.
Суроҳиеву ҳарифи хушам зи дунё бас,
Ки ғайр аз ин ҳама асбоби тафриқ асту судоъ.
Бирав адибу насиҳат магӯ, ки дигар ту
Набиниям пас аз ин ҳеҷ гаҳ ба кунҷи биқоъ.
Зи зӯҳди Ҳофизу томоти ӯ малул шудам,
Ба сози руду ғазал гӯй бо суруди самоъ.
336
Дар вафои ишқи ту машҳури хубонам чу шамъ,
Шабнишини кӯйи сарбозону риндонам чу шамъ.
Рӯзу шаб хобам намеояд ба чашми ғампараст,
Баски дар бемории ҳаҷри ту гирёнам чу шамъ.
Риштаи сабрам ба миқрози ғамат бибрида шуд,
Ҳамчунон дар оташи меҳри ту сӯзонам чу шамъ.
Гар кумайти ашки гулгунам набудӣ гармрав,
Кай шудӣ равшан ба гетӣ рози пинҳонам чу шамъ?
Дар миёни обу оташ ҳамчунон саргарми туст
Ин дили зори низори ашкборонам чу шамъ.
Дар шаби ҳиҷрон маро парвонаи васле фирист,
Варна аз дардат ҷаҳонеро бисӯзонам чу шамъ.
Бе ҷамоли оламоройи ту рӯзам чун шаб аст,
Бо камоли ишқи ту дар айни нуқсонам чу шамъ.
Кӯҳи сабрам нарм шуд чун мум дар дасти ғамат,
То дар обу оташи ишқат гудозонам чу шамъ.
Ҳамчу субҳам як нафас боқист бе дидори ту,
Чеҳра бинмо, дилрабо, то ҷон барафшонам чу шамъ.
Сарфарозам кун шабе аз васли худ, эй нозанин,
То мунаввар гардад аз дидорат айвонам чу шамъ.
Оташи меҳри туро Ҳофиз, аҷаб дар сар гирифт,
Оташи дил кай ба оби дида биншонам чу шамъ?
337
Саҳар ба бӯйи гулистон даме шудам дар боғ,
Ки то чу булбули бедил кунам илоҷи димоғ.
Ба ҷилваи гули сурӣ нигоҳ мекардам,
Ки буд дар шаби тира ба равшанӣ, чу чароғ.
Чунон ба ҳусну ҷавонии хештан мағрур,
Ки дошт аз дили булбул ҳазор гуна фароғ.
Кушода наргиси раъно зи ҳасрат об аз чашм,
Ниҳода лола зи савдо ба ҷону дил сад доғ.
Забон кашида чу теғе ба сарзаниш савсан,
Даҳон кушода шақоиқ чу мардуми иғоғ.
Яке чу бодапарастон суроҳӣ андар даст,
Яке чу соқии мастон ба каф гирифта аёғ.
Нишоту айшу ҷавонӣ чу гул ғанимат дон,
Ки, Ҳофизо, набувад бар расул ғайри балоғ.
338
Толеъ агар мадад кунад, доманаш оварам ба каф,
Гар бикашам, зиҳӣ тараб, в-ар бикушад, зиҳӣ шараф!
Тарфи карам зи кас набаст ин дили пурумеди ман,
Гарчи сухан ҳамебарад қиссаи ман ба ҳар тараф.
Аз хами абруи туам ҳеҷ кушоише нашуд,
Ваҳ, ки дар ин хаёли каҷ умри азиз шуд талаф.
Абруи дӯст кай шавад дасткаши хаёли ман,
Кас назадаст аз ин камон тири мурод бар ҳадаф.
Чанд ба ноз парварам меҳри бутони сангдил,
Ёди падар намекунанд ин писарони нохалаф.
Ман ба хаёли зоҳидӣ гӯшанишину турфа он-к,
Муғбачае зи ҳар тараф мезанадам ба чангу даф.
Бехабаранд зоҳидон, нақш бихону лотақил.
Масти риёст мӯҳтасиб, бода бидеҳу лотахаф.
Сӯфии шаҳр бин, ки чун луқмаи шубҳа мехӯрад,
Пордумаш дароз бод он ҳаявони хушалаф.
Ҳофиз, агар қадам занӣ, дар раҳи хонадон ба сидқ,
Бадрақаи раҳат шавад ҳиммати шаҳнаи Наҷаф.
339
Забони хома надорад сари баёни фироқ
Вагарна шарҳ диҳам бо ту достони фироқ.
Дареғи муддати умрам, ки бар умеди висол
Ба сар расиду наёмад ба сар замони фироқ.
Саре, ки бар сари гардун ба фахр месудам,
Ба ростон, ки ниҳодам бар остони фироқ.
Чӣ гуна боз кунам бол дар ҳавои висол,
Ки рехт мурғи дилам пар дар ошёни фироқ?
Кунун чӣ чора, ки дар баҳри ғам ба гирдобе
Фитод заврақи сабрам зи бодбони фироқ?
Басе намонд, ки киштии умр ғарқа шавад
Зи мавҷи шавқи ту дар баҳри бекарони фироқ,
Агар ба дасти ман афтад, фироқро бикушам,
Ки рӯзи ҳаҷр сияҳ боду хонумони фироқ!
Рафиқи хайли хаёлему ҳамнишини шикеб,
Қарини оташи ҳиҷрону ҳамқирони фироқ.
Чӣ гуна даъвии васлат кунам ба ҷон, ки шудаст,
Танам вакили қазову дилам замони фироқ.
Зи сӯзи шавқ дилам шуд кабоб дур аз ёр,
Мудом хуни ҷигар мехӯрам зи хони фироқ.
Фалак чу дид сарамро асири чанбари ишқ,
Бибаст гардани сабрам ба ресмони фироқ.
Ба пойи шавқ агар ин раҳ, ба сар шудӣ, Ҳофиз,
Ба дасти ҳаҷр надодӣ касе инони фироқ.
340
Мабод кас чу мани хаста мубталои фироқ,
Ки умри ман ҳама бигзашт дар балои фироқ.
Ғарибу ошиқу бедил фақиру саргардон,
Кашида меҳнати айёму доғҳои фироқ.
Куҷо равам, чӣ кунам, ҳоли дил киро гӯям,
Ки доди ман биситонад, диҳад ҷазои фироқ?
Фироқро ба фироқи ту мубтало созам,
Чунон, ки хун бичаконам зи дидаҳои фироқ.
Ман аз куҷову фироқ аз куҷову ғам зи куҷо,
Магар бизод маро модар аз барои фироқ?
Зи дарди ҳаҷру фироқам даме халосӣ нест,
Худойро, биситон доду деҳ сазои фироқ!
Ба доғи ишқи ту Ҳофиз чу булбули саҳарӣ,
Занад ба рӯзу шабон хунфишон навои фироқ.
341
Мақоми амну майи беғашу рафиқи шафиқ,
Гарат мудом муяссар шавад, зиҳӣ тавфиқ.
Ҷаҳону кори ҷаҳон ҷумла ҳеч дар ҳеч аст,
Ҳазор бор ман ин нукта кардаам таҳқиқ.
Дареғу дард, ки то ин замон надонистам,
Ки кимиёи саодат рафиқ буд, рафиқ!
Ба маъмане раву фурсат шумур ғанимати вақт,
Ки дар камингаҳи умранд қотиони тариқ.
Биё, ки тавба зи лаъли нигору хандаи ҷом
Ҳикоятест, ки ақлаш намекунад тасдиқ.
Агарчи мӯйи миёнат ба чун мане нарасад,
Хуш аст хотирам аз фикри ин хаёли дақиқ.
Ҳаловате, ки туро дар чаҳи занахдон аст,
Ба кунҳи он нарасад сад ҳазор фикри амиқ.
Агар ба ранги ақиқе шуд ашки ман, чӣ аҷаб,
Ки мӯҳри хотами лаъли ту ҳаст, ҳамчу ақиқ.
Ба ханда гуфт, ки, Ҳофиз, ғуломи табъи туям,
Бибин, ки то ба чӣ ҳаддам ҳамекунад таҳмиқ.
342
Агар шароб хӯрӣ, ҷуръае фишон бар хок,
Аз он гуноҳ, ки нафъе расад ба ғайр, чӣ бок?
Бирав, ҳар он чӣ ту дорӣ, бихӯр, дареғ махӯр,
Ки бедареғ занад рӯзгор теғи ҳалок.
Ба хоки пойи ту, эй сарви нозпарвари ман,
Ки рӯзи воқеа по вомагирам аз сари хок.
Чи дӯзахӣ, чи биҳиштӣ, чи одамӣ, чи парӣ,
Ба мазҳаби ҳама куфри тариқат аст имсок.
Муҳандиси фалакӣ роҳи дайри шашҷиҳатӣ
Чунон бибаст, ки раҳ нест зери дайри мағок.
Фиреби духтари раз турфа мезанад раҳи ақл,
Мабод то ба қиёмат хароб торуми ток.
Ба роҳи майкада, Ҳофиз, хуш аз ҷаҳон рафтӣ,
Дуои аҳли дилат бод мӯниси дили пок.
343
Ҳазор душманам ар мекунанд қасди ҳалок,
Гарам ту дӯстӣ, аз душманон надорам бок!
Маро умеди висоли ту зинда медорад,
Вагарна ҳар дамам аз ҳаҷри туст бими ҳалок.
Нафас-нафас агар аз бод бишнавам бӯят,
Замон-замон чу гул аз ғам кунам гиребон чок.
Равад ба хоб ду чашм аз хаёли ту, ҳайҳот,
Бувад сабур дил андар фироқи ту ҳошок
Агар ту захм занӣ беҳ, ки дигаре марҳам,
В-агар ту заҳр диҳӣ, беҳ, ки дигаре тарёк.
Би зарби сайфика қатло ҳаётуно абадан,
Лианна рӯҳӣ қад тоба ан якуна фидок.
Инон мапеч, ки гар мезанӣ ба шамшерам,
Сипар кунам сару дастат надорам аз фитрок.
Туро чунон, ки тӯӣ, ҳар назар куҷо бинад,
Ба қадри дониши худ ҳар касе кунад идрок.
Ба чашми халқ азизи ҷаҳон шавад Ҳофиз,
Ки бар дари ту ниҳад рӯйи масканат бар хок.
344
Эй дили реши маро бо лаби ту ҳаққи намак,
Ҳақ нигаҳ дор, ки ман меравам, аллоҳ маак.
Туӣ он гавҳари покиза, ки дар олами қудс
Зикри хайри ту бувад ҳосили тасбеҳи малак.
Дар хулуси манат ар ҳаст шаке, таҷриба кун,
Кас иёри зари холис нашиносад чу маҳак.
Гуфта будӣ, ки шавам масту ду бӯсат бидиҳам,
Ваъда аз ҳад бишуду мо на ду дидему на як.
Бикушо пистаи хандону шакаррезӣ кун,
Халқро аз даҳани хеш маяндоз ба шак.
Чарх барҳам занам, ар ғайри муродам гардад,
Ман на онам, ки забунӣ кашам аз чархи фалак.
Чун бари Ҳофизи хешаш нагузорӣ боре,
Эй рақиб, аз бари ӯ як-ду қадам дуртарак!
345
Хушхабар бош, эй насими шамол,
Ки ба мо мерасад замони висол!
Қиссат-ул-ишқи ла-инфисома лаҳо,
Фусимат ҳо ҳуно лисон-ул-қол.
Мо ли Салмо ва ман би зӣ Салмин,
Айна ҷиронуно ва кайфа-л-ҳол?
Афати-д-дору баъда офиятин,
Фассъалу ҳолаҳо ани-л-атлол.
Фӣ ҷамол-ил-камоли нилта мунан,
Сараф-аллоҳу анка айна камол.
Ё барид-ул-ҳамӣ, ҳамокаллоҳ
Марҳабан, марҳабан! Таола таол!
Арсаи базмгоҳ холӣ монд,
Аз ҳарифону ҷоми моломол.
Соя афканд ҳолиё шаби ҳаҷр,
То чӣ бозанд шабравони хаёл.
Турки мо сӯйи кас наменигарад,
Оҳ аз ин кибриёву ҷоҳу ҷалол!
Ҳофизо, ишқу собирӣ то чанд?
Нолаи ошиқон хуш аст, бинол!
346
Шамамту рӯҳа видодин ва шимту барқа висол,
Биё, ки бӯйи туро мирам, эй насими шамол!
Уҳодиян ба ҷамол-ил-ҳабиби қиф ва-нзил,
Ки нест сабри ҷамилам зи иштиёқи ҷамол.
Ҳикояти шаби ҳиҷрон фурӯ гузошта беҳ,
Ба шукри он, ки барафганд парда рӯзи висол.
Биё, ки пардаи гулрези ҳафт хонаи чашм
Кашидаем ба таҳрири коргоҳи хаёл.
Чу ёр бар сари сулҳ асту узр металабад,
Тавон гузашт зи ҷаври рақиб дар ҳама ҳол.
Ба ҷуз хаёли даҳони ту нест дар дили танг,
Ки кас мабод чу ман дар пайи хаёли муҳол.
Қатили ишқи ту шуд Ҳофизи ғариб, вале
Ба хоки мо гузаре кун, ки хуни мот ҳалол!
347
Дорои ҷаҳон, нусрати дин, хусрави комил,
Яҳё бинни Музаффар малики олиму одил.
Эй, даргаҳи исломпаноҳи ту кушода,
Бар рӯйи замин равзанаи ҷону дари дил.
Таъзими ту бар ҷону хирад воҷибу лозим,
Инъоми ту бар кавну макон фоизу шомил.
Рӯзи азал аз килки ту як қатра сиёҳӣ
Бар рӯйи маҳ афтод, ки шуд ҳалли масоил.
Хуршед чу он холи сияҳ дид, ба дил гуфт:
Эй коҷ, ки ман будамӣ он ҳиндуи муқбил.
Шоҳо, фалак аз базми ту дар рақсу самоъ аст,
Дасти тараб аз домани ин замзама магсил.
Май нӯшу ҷаҳон бахш, ки аз зулфи камандат
Шуд гардани бадхоҳ гирифтори салосил.
Даври фалакӣ яксара бар минҳаҷи адл аст,
Хуш бош, ки золим набарад роҳ ба манзил.
Ҳофиз, қалами шоҳи ҷаҳон мақсади ризқ аст,
Аз баҳри маишат макун андешаи ботил.
348
Ба вақти гул шудам аз тавбаи шароб хиҷил
Ки кас мабод зи кирдори носавоб хиҷил!
Салоҳи мо ҳама доми раҳ асту ман з-ин баҳо,
Наям зи шоҳиду соқӣ ба ҳеҷ боб хиҷил.
Бувад, ки ёр наранҷад зи мо ба хулқи карим,
Ки аз суол малулему аз ҷавоб хиҷил.
Зи хун, ки рафт шаби дӯш дар сарочаи чашм,
Шудем дар назари раҳравони хоб хиҷил.
Равост наргиси маст, ар фиганд сар дар пеш,
Ки шуд зи шеваи он чашми пуритоб хиҷил.
Туӣ, ки хубтарӣ з-офтобу шукри худо,
Ки нестам зи ту дар рӯйи офтоб хиҷил.
Ҳиҷоби зулмат аз он баст оби Хизр, ки гашт
Зи шеъри Ҳофизу он табъи ҳамчу об хиҷил.
349
Агар ба кӯйи ту бошад маро маҷоли вусул,
Расад ба давлати васли ту кори ман ба усул.
Қарор бурда зи ман он ду наргиси раъно,
Фароғ бурда зи ман он ду ҷодуи макҳул.
Чу бар дари ту мани бенавои безару зӯр,
Ба ҳеҷ боб надорам раҳи хурӯҷу духул.
Куҷо равам, чӣ кунам, чора аз куҷо ҷӯям,
Ки гаштаам зи ғаму ҷаври рӯзгор малул?
Мани шикастаи бадҳол зиндагӣ ёбам,
Дар он замон, ки ба теғи ғамат шавам мақтул.
Харобтар зи дили ман ғами ту ҷой наёфт,
Ки сохт дар дили тангам қароргоҳи нузул.
Дил аз ҷавоҳири меҳрат чу сайқале дорад,
Бувад зи занги ҳаводис ҳар оина масқул,
Чӣ ҷурм кардаам, эй ҷону дил, ба ҳазрати ту,
Ки тоати мани бедил намешавад мақбул?
Ба дарди ишқ бисозу хамӯш кун, Ҳофиз,
Румузи ишқ макун фош пеши аҳли уқул.
350
Ҳар кас, ки надорад ба ҷаҳон меҳри ту дар дил,
Ҳаққо, ки бувад тоати ӯ зоеу ботил.
Бардоштан аз ишқи ту дил фикри муҳолест,
Аз ҷони худ осон бувад, аз ишқи ту мушкил.
Аз ишқи ту носеҳ чу маро манъ намояд,
Эй дӯст, магар ҳам ту кунӣ ҳалли масоил.
Гаштем ҷаҳонро, ки бубинему надидем
Ҳамчун ту касе зебо дар шаклу шамоил.
Эй зоҳиди худбин, ба дари майкада бигзар,
Он дилбари ман бин, ки бувад мири қабоил.
Аз васли ту шустанд рақибон зи тамаъ даст,
Чун гашт маро коми дил аз лаъли ту ҳосил.
Ҳофиз, ту бирав бандагии пири муғон кун,
Бар домани ӯ даст зану аз ҳама бигсил.
Ҳофиз. Ғазалиёт 326-350
Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.