451
Карашмае куну бозори соҳирӣ бишикан,
Ба ғамза равнақу номуси Сомирӣ бишикан!
Ба бод деҳ сару дастори оламе, яъне
Кулоҳгӯша ба оини сарварӣ бишикан!
Ба зулф гӯй, ки оини дилбарӣ бигузор,
Ба ғамза гӯй, ки қалби ситамгарӣ бишикан!
Бурун хирому бибар гӯйи хубӣ аз ҳама кас,
Сазои ҳур бидеҳ, равнақи парӣ бишикан!
Ба оҳувони назар шери офтоб бигир,
Ба абрувони дуто қавси Муштарӣ бишикан!
Чу атрсой шавад зулфи сунбул аз дами бод,
Ту қиматаш ба сари зулфи анбарӣ бишикан!
Чу андалеб фасоҳат фурӯшад, эй Ҳофиз,
Ту қадри ӯ ба сухан гуфтани дарӣ бишикан!
452
Болобаланди ишвагари нақшбози ман,
Кӯтоҳ кард қиссаи зӯҳди дарози ман.
Дидӣ, дило, ки охири пириву зӯҳду илм,
Бо ман чӣ кард дидаи маъшуқабози ман.
Метарсам аз харобии имон, ки мебарад
Меҳроби абруи ту ҳузури намози ман.
Гуфтам ба далқи зарқ бипӯшам нишони ишқ,
Ғаммоз буд ашку аён кард рози ман.
Маст аст ёру ёди ҳарифон намекунад,
Зикраш ба хайр, соқии мискиннавози ман.
Ё Раб, кай он сабо бивазад, к-аз насими он
Гардад шамомаи карамаш корсози ман.
Нақше бар об мезанам аз гиря ҳолиё,
То кай шавад қарини ҳақиқат маҷози ман
Бар худ чу шамъ хандазанон гиря мекунам,
То бо ту, сангдил чӣ кунад сӯзу сози ман!
Зоҳид, чу аз намози ту коре намеравад,
Ҳам мастии шабонаву розу ниёзи ман
Ҳофиз зи гиря сӯхт, бигӯ, ҳолаш, эй сабо,
Бо шоҳи дӯстпарвару душмангудози ман.
453
Чун шавам хоки раҳаш, доман бияфшонад зи ман,
В-ар бигӯям дил бигардон, рӯ бигардонад зи ман.
Рӯйи рангинро ба ҳар кас менамояд ҳамчу гул,
В-ар бигӯям бозпӯшон, бозпӯшонад зи ман.
Чашми худро, гуфтам, охир, як назар сераш бибин,
Гуфт: «Мехоҳӣ магар, то ҷӯйи хун ронад зи ман?»
Ӯ ба хунам ташнаву ман бар лабаш, то чун шавад,
Ком бистонам аз ӯ ё дод бистонад зи ман!
Гар чу Фарҳодам ба талхӣ ҷон барояд, бок нест,
Бас ҳикоятҳои ширин бозмемонад зи ман.
Гар чу шамъаш пеш мирам, бар ғамам хандон шавад,
В-ар биранҷам, хотири нозук биранҷонад зи ман.
Дӯстон, ҷон додаам баҳри даҳонаш, бингаред,
К-ӯ ба чизе мухтасар чун боз мемонад зи ман?
Сабр кун, Ҳофиз, ки гар з-ин даст бошад дарси ғам,
Ишқ дар ҳар гӯшае афсонае хонад зи ман.
454
Нуктаи дилкаш бигӯям: холи он маҳрӯ бибин,
Ақлу ҷонро бастаи занҷири он гесу бибин.
Айби дил кардам, ки ваҳшивазъу ҳарҷойӣ мабош,
Гуфт: «Чашми шергиру ғанҷи он оҳу бибин».
Ҳалқаи зулфаш тамошохонаи боди сабост,
Ҷони сад соҳибдил он ҷо бастаи як мӯ бибин.
Обидони офтоб аз дилбари мо ғофиланд,
Эй маломатгӯ, Худоро, рӯ мабин, он рӯ бибин.
Зулфи дилдуздаш саборо банд бар гардан ниҳод,
Бо ҳаводорони раҳрав ҳилаи ҳинду бибин.
Ин, ки ман дар ҷустуҷӯйи ӯ зи худ фориғ шудам,
Кас надидасту набинад мислаш, аз ҳар сӯ бибин.
Аз муроди шоҳ Мансур, эй фалак, сар барматоб,
Тезии шамшер бингар, қувваи бозу бибин!
Ҳофиз ар дар гӯшаи меҳроб менолад, равост,
Эй насиҳатгӯ, Худоро, он хами абру бибин!
455
Шароби лаъл кашу рӯйи маҳҷабинон бин,
Хилофи мазҳаби онон ҷамоли инон бин!
Ба зери далқи муламмаъ камандҳо доранд,
Дароздастии ин кӯтаҳостинон бин!
Ба хирмани ду ҷаҳон сар фурӯ намеоранд,
Димоғи кибри гадоёну хӯшачинон бин!
Баҳои ними карашма ҳазор ҷон талабанд,
Ниёзи аҳли дилу нози нозанинон бин!
Ҳуқуқи сӯҳбати моро ба бод доду бирафт,
Вафои сӯҳбати ёрону ҳамнишинон бин!
Асири ишқ шудан чораи халоси ман аст,
Замири оқибатандеши пешбинон бин!
Кудурат аз дили Ҳофиз бибурд сӯҳбати дӯст,
Сафои ҳиммати покону покдинон бин!
456
Мефиган бар сафи риндон назаре беҳтар аз ин,
Бар дари майкада мекун гузаре беҳтар аз ин.
Дар ҳақи ман лабат ин лутф, ки мефармояд,
Сахт хуб аст, валекин қадаре беҳтар аз ин.
Он, ки фикраш гиреҳ аз кори ҷаҳон бикшояд,
Гӯ: «Дар ин кор бифармо назаре беҳтар аз ин.
Носеҳам гуфт, ки: «Ҷуз ғам чӣ ҳунар дорад ишқ?»
Бирав, эй хоҷаи оқил, ҳунаре беҳтар аз ин?
Дил бад-он руди гиромӣ, чӣ кунам, гар надиҳам?
Модари даҳр назояд писаре беҳтар аз ин.
Ман чу гӯям, ки қадаҳ нӯшу лаби соқӣ бӯс,
Бишнав аз ман, ки нагӯяд дигаре беҳтар аз ин
Килки Ҳофиз шакаринмева наботест, бичин,
Ки дар ин боғ набинӣ самаре беҳтар аз ин.
457
Ба ҷони пири хароботу ҳаққи сӯҳбати ӯ,
Ки нест дар сари ман ҷуз ҳавои хидмати ӯ.
Биҳишт агарчи на ҷойи гуноҳгорон аст,
Биёр бода, ки мустазҳирам ба ҳиммати ӯ.
Чароғи соиқаи он саҳоб равшан бод,
Ки зад ба хирмани мо оташи муҳаббати ӯ.
Бар остонаи майхона гар саре бинӣ,
Мазан ба пой, ки маълум нест нияти ӯ.
Биё, ки дӯш ба мастӣ сурӯши олами ғайб
Навид дод, ки ом аст файзи раҳмати ӯ.
Макун ба чашми ҳақорат нигоҳ дар мани маст,
Ки нест маъсияту зӯҳд бе машийяти ӯ.
Намекунад дили ман майли зӯҳду тавба, вале
Ба номи хоҷа бикӯшему фарри давлати ӯ.
Мудом хирқаи Ҳофиз ба бода дар гарав аст,
Магар зи хоки харобот буд тинати ӯ?
458
Гуфто: — Бурун шудӣ ба тамошои моҳи нав,
Аз моҳи абрувони манат шарм бод, рав!
Умрест, то дилат зи асирони зулфи мост,
Ғофил зи ҳифзи ҷониби ёрони худ машав!
Мафрӯш атри ақл ба ҳиндуи зулфи мо,
К-он ҷо ҳазор нофаи мушкин ба ними ҷав!
Тухми вафову меҳр дар ин кӯҳна киштзор,
Он гаҳ аён шавад, ки расад мавсими дарав.
Соқӣ, биёр бода, ки рамзе бигӯямат,
Аз сирри ахтарони куҳансайру моҳи нав.
Шакли ҳилол ҳар сари маҳ медиҳад нишон
Аз афсари Сиёмаку тарки кулоҳи Зав.
Ҳофиз ҷаноби пири муғон маъмани вафост,
Дарси ҳадиси ишқ бар ӯ хону з-у шунав.
459
Мазраи сабзи фалак дидаму доси маҳи нав,
Ёдам аз киштаи хеш омаду ҳангоми дарав.
Гуфтам: «Эй бахт, бихуспидиву хуршед дамид»,
Гуфт: «Бо ин ҳама аз собиқа навмед машав!»
Гар равӣ поку муҷаррад чу Масеҳо ба фалак,
Аз чароғи ту ба хуршед расад сад партав!
Такя бар ахтари шабдузд макун, к-ин айёр
Тоҷи Ковус бибурду камари Кайхусрав.
Гӯшвори зару лаъл арчи гарон дорад гӯш,
Даври хубӣ гузарон аст, насиҳат бишунав.
Чашми бад дур зи холи ту, ки дар арсаи ҳусн
Байдақе ронд, ки бурд аз маҳу хуршед гарав.
Осмон, гӯ, мафурӯш ин азамат, к-андар ишқ
Хирмани маҳ ба ҷаве, хӯшаи Парвин ба ду ҷав!
Оташи зӯҳду риё хирмани дин хоҳад сӯхт,
Ҳофиз, ин хирқаи пашмина бияндозу бирав!
460
Мутриби хушнаво, бигӯ тоза ба тоза, нав ба нав,
Бодаи дилкушо биҷӯ тоза ба тоза, нав ба нав.
Бо санаме чу лӯъбате, хуш бинишин ба хилвате,
Бӯса ситон ба ком аз ӯ тоза ба тоза, нав ба нав.
Бар зи ҳаёт кай хӯрӣ, гар на мудом май хӯрӣ?
Бода бихӯр ба ёди ӯ тоза ба тоза, нав ба нав.
Соқии моҳрӯйи ман, мушки баҳорбӯйи ман,
Зуд, ки пур кунам сабӯ тоза ба тоза, нав ба нав.
Шоҳиди дилрабойи ман мекунад аз барои ман,
Нақшу нигору рангу бӯ тоза ба тоза, нав ба нав,
Боди сабо чу бигзарӣ, бар сари кӯйи он парӣ,
Қиссаи Ҳофизаш бигӯ тоза ба тоза, нав ба нав.
461
Эй офтоб оинадори ҷамоли ту,
Мушки сиёҳ маҷмарагардони холи ту.
Саҳни саройи дида бишустам, вале чӣ суд,
К-ин гӯша нест дархури хели хаёли ту.
Дар авҷи нозу неъматӣ, эй подшоҳи ҳусн,
Ё Раб, мабод то ба қиёмат заволи ту!
Матбӯътар зи нақши ту сурат набаст боз
Туғронависи абруи мушкинмисоли ту.
Дар чини зулфаш, эй дили мискин, чӣ гунаӣ,
К-ошуфта гуфт боди сабо шарҳи ҳоли ту?
Бархост бӯйи гул, зи дари оштӣ дарой
Эй навбаҳори мо рухи фархундафоли ту!
То осмон зи ҳалқабагӯшони мо шавад,
Ку ишвае зи абруи ҳамчун ҳилоли ту?
То пеши бахт боз равам таҳнияткунон,
Ку муждае зи мақдами иди висоли ту?
Ин нуқтаи сиёҳ, ки омад мадори нур,
Аксест дар ҳадиқаи биниш зи холи ту.
Дар пеши шоҳ арзи кадомин ҷафо кунам:
Шарҳи ниёзмандии худ ё малоли ту?
Ҳофиз, дар ин каманд сари саркашон басест,
Савдои каҷ мапаз, ки набошад маҷоли ту.
462
Эй хунбаҳои нофаи Чин хоки роҳи ту,
Хуршед сояпарвари тарфи кулоҳи ту.
Наргис карашма мебарад аз ҳад бурун, хиром,
Эй ман фидои шеваи чашми сиёҳи ту!
Хунам бихӯр, ки ҳеҷ малак бо чунин ҷамол
Аз дил наёядаш, ки нависад гуноҳи ту,
Орому хоби халқи ҷаҳонро сабаб тӯӣ,
З-он шуд канори дидаву дил такягоҳи ту.
Бо ҳар ситорае сару кор аст ҳар шабам,
Аз ҳасрати фурӯғи рухи ҳамчу моҳи ту.
Ёрони ҳамнишин ҳама аз ҳам ҷудо шуданд,
Моему остонаи давлатпаноҳи ту.
Ҳофиз, тамаъ мабур зи иноят, ки оқибат,
Оташ занад ба хирмани ғам дуди оҳи ту.
463
Эй дар чамани хубӣ рӯят чу гули худрӯ,
Чини шикани зулфат чун нофаи Чин хушбӯ.
Моҳ аст рухат ё рӯз, мушк аст хатат ё шаб,
Сим аст барат ё оҷ, санг аст дилат ё рӯ?
Лаълат ба дури дандон бишкаст лаби писта,
Зулфат ба хами чавгон бирбуд дилам чун гӯ.
Он роиҳаи зулфат ё лахлахаи анбар,
Ё ғолия месояд дар боғча ҳусни ӯ?
Гуфтӣ сухани худро бо ёр бибояд гуфт,
Эй кош муяссар буд гуфтан сухане бо ӯ!
Бадгӯйи ту он бошад, к-аз ёр кунад манъат,
Гар ёр наку бошад, машнав сухани бадгӯ.
Бо мо беҳ аз ин мебош, то роз нагардад фош,
Набвад бад, агар бошӣ бо дилшудагон некӯ.
Устоди ғазал Саъдист пеши ҳама кас, аммо
Дорад сухани Ҳофиз тарзи сухани Хоҷу.
464
Эй қабои подшоҳӣ рост бар болои ту,
Зинати тоҷу нигин аз гавҳари волои ту.
Офтоби фатҳро ҳар дам тулӯе медиҳад
Аз кулоҳи хусравӣ рухсори маҳсимои ту.
Ҷилвагоҳи тоири иқбол бошад ҳар куҷо,
Соя андозад ҳумои чатри гардунсойи ту.
Аз русуми шаръу ҳикмат бо ҳазорон ихтилоф,
Нуктае ҳаргиз нашуд фавт аз дили донои ту.
Оби ҳайвонаш зи минқори балоғат мечакад
Тӯтии хушлаҳҷа, яъне килки шаккархойи ту.
Гарчи хуршеди фалак чашму чароғи олам аст,
Равшаноибахши чашми ӯст хоки пойи ту.
Он чӣ Искандар талаб карду надодаш рӯзгор,
Ҷуръае буд аз зулоли ҷоми ҷонафзойи ту.
Арзи ҳоҷат дар ҳарими ҳазратат мӯҳтоҷ нест,
Рози кас махфӣ намонад бо фурӯғи ройи ту.
Хусраво, пиронасар Ҳофиз ҷавонӣ мекунад
Бар умеди афви ҷонбахши гунаҳфарсойи ту.
465
Тоби бунафша медиҳад турраи мушксойи ту,
Пардаи ғунча медарад хандаи дилкушои ту.
Эй гули хушнасими ман, булбули хешро масӯз,
К-аз сари сидқ мекунад шаб ҳама шаб дуои ту.
Ман, ки малул гаштамӣ аз нафаси фариштагон,
Қолу мақоли оламе мекашам аз барои ту.
Давлати ишқ бин, ки чун аз сари фахру ифтихор,
Гӯшаи тоҷи салтанат мешиканад гадои ту.
Хирқаи зӯҳду ҷоми май гарчи на дархури ҳаманд,
Ин ҳама нақш мезанам аз ҷиҳати ризои ту.
Шӯри шароби ишқи ту он нафасам равад зи сар,
К-ин сари пурҳавас шавад хоки дари сарои ту.
Шоҳнишини чашми ман такягаҳи хаёли туст,
Ҷойи дуост, шоҳи ман, бе ту мабод ҷойи ту!
Хуш чаман аст оразат, хоса, ки дар баҳори ҳусн,
Ҳофизи хушкалом шуд мурғи сухансаройи ту.
466
Маро чашмест хунафшон зи дасти он камонабру,
Ҷаҳон бас фитна хоҳад дид аз он чашму аз он абру.
Ғуломи чашми он туркам, ки дар хоби хуши мастӣ
Нигорин гулшанаш рӯй асту мушкин соябон-абру.
Ҳилоле шуд танам з-ин ғам, ки бо туғрои абруяш
Кӣ бошад маҳ, ки бинмояд зи тоқи осмон абру?
Рақибон ғофилу моро аз он чашму ҷабин ҳар дам
Ҳазорон гуна пайғом асту ҳоҷиб дар миён абру.
Равони гӯшагиронро ҷабинаш турфа гулзорест,
Ки бар тарфи суманзораш ҳамегардад чамон абру.
Дигар ҳуру париро кас нагӯяд бо чунон ҳусне,
Ки инро инчунин чашм асту онро ончунон абру!
Ту, кофирдил, намебандӣ ниқоби зулфу метарсам,
Ки меҳробам бигардонад хами он дилситон абру.
Агарчи мурғи зирак буд Ҳофиз дар ҳаводорӣ,
Ба тири ғамза сайдаш кард чашми он камонабру.
467
Хатти узори ёр, ки бигрифт моҳ аз ӯ,
Хуш ҳалқаест, лек бадар нест роҳ аз ӯ.
Абруи дӯст гӯшаи меҳроби давлат аст,
Он ҷо бимол чеҳраву ҳоҷат бихоҳ аз ӯ.
Эй ҷуръанӯши маҷлиси Ҷам, сина пок дор,
К-оинаест ҷоми ҷаҳонбин, ки оҳ аз ӯ!
Кирдори аҳли савмааам кард майпараст,
Ин дуд бин, ки номаи ман шуд сиёҳ аз ӯ.
Султони ғам ҳар он чӣ тавонад, бигӯ, бикун,
Ман бурдаам ба бодафурӯшон паноҳ аз ӯ.
Соқӣ, чароғи май ба раҳи офтоб дор,
Гӯ: «Барфурӯз машъалаи субҳгоҳ аз ӯ!»
Обе ба рӯзномаи аъмоли мо фишон,
Бошад тавон сутурд ҳуруфи гуноҳ аз ӯ.
Оё дар ин хаёл, ки дорад гадои шаҳр,
Рӯзе бувад, ки ёд кунад подшоҳ аз ӯ?
Ҳофиз, ки сози мутриби ушшоқ соз кард,
Холӣ мабод арсаи ин базмгоҳ аз ӯ!
468
Гулбуни айш медамад, соқии гулъузор ку?
Боди баҳор мевазад, бодаи хушгувор ку?
Ҳар гули нав зи гулрухе ёд ҳамекунад, вале
Гӯши суханшунав куҷо, дидаи эътибор ку?
Маҷлиси базми айшро ғолияи мурод нест,
Эй дами субҳи хушнафас, нофаи зулфи ёр ку?
Ҳуснфурӯшии гулам нест таҳаммул, эй сабо,
Даст задам ба хуни дил баҳри худо, нигор ку?
Шамъи саҳаргаҳӣ агар лоф зи орази ту зад,
Хасм забондароз шуд, ханҷари обдор ку?
Гуфт: «Магар зи лаъли ман бӯса надорӣ орзу?»
Мурдам аз ин ҳавас, вале қудрату ихтиёр ку?
Ҳофиз агарчи дар сухан хозини ганҷи ҳикмат аст,
Аз ғами рӯзгори дун табъи сухангузор ку?
469
Эй пайки ростон, хабари ёри мо бигӯ!
Аҳволи гул ба булбули дастонсаро бигӯ!
Мо маҳрамони хилвати унсем, ғам махӯр,
Бо ёри ошно сухани ошно бигӯ!
Бар ҳам чу мезад он сари зулфайни мушкбор,
Бо мо сари чӣ дошт, зи баҳри худо, бигӯ?
Ҳар кас, ки гуфт хоки дари дӯст тӯтиёст,
Гӯ, ин сухан муоина дар чашми мо бигӯ!
Он кас, ки манъи мо зи харобот мекунад,
Гӯ, дар ҳузури пири ман ин моҷаро бигӯ.
Гар дигарат бар он дари давлат гузар бувад,
Баъд аз адои хидмату арзи дуо бигӯ:
Ҳарчанд мо бадем, ту моро бад-он магир,
Шоҳона моҷарои гуноҳи гадо бигӯ.
Бар ин фақир номаи он мӯҳташам бихон,
Бо ин гадо ҳикояти он подшо бигӯ.
Ҷонҳо зи доми зулф чу бар хок мефишонд,
Бар он ғариби мо чӣ гузашт, эй сабо, бигӯ?
Ҷонпарвар аст қиссаи арбоби маърифат,
Рамзе бирав, бипурсу ҳадисе, биё, бигӯ.
Ҳофиз, гарат ба маҷлиси ӯ роҳ медиҳанд,
Май нӯшу тарки зарқ барои Худо бигӯ.
470
Хунук насими муанбар шамомаи дилхоҳ,
Ки дар ҳавои ту бархост бомдоди пагоҳ.
Далели роҳ шав, эй тоири хуҷасталиқо,
Ки дида об шуд аз шавқи хоки он даргоҳ.
Ба ёди шахси низорам, ки ғарқи хуни дил аст,
Ҳилолро зи канори уфуқ кунед нигоҳ.
Манам, ки бе ту нафас мекашам, зиҳӣ хиҷлат!
Магар ту афв кунӣ, варна чист узри гуноҳ?
Зи дӯстони ту омӯхт дар тариқат меҳр
Сапедадам, ки сабо чок зад шиори сиёҳ.
Ба ишқи рӯйи ту рӯзе, ки аз ҷаҳон биравам,
Зи турбатам бидамад сурхгул ба ҷойи гиёҳ.
Мадеҳ ба хотири нозук малолат аз ман зуд,
Ки Ҳофизи ту худ ин лаҳза гуфт: «Бисмиллоҳ!»
471
Айшам мудом аст аз лаъли дилхоҳ,
Корам ба ком аст, алҳамдулиллоҳ!
Эй бахти саркаш, тангаш ба бар каш,
Гаҳ ҷоми зар каш, гаҳ лаъли дилхоҳ.
Моро ба риндӣ афсона карданд,
Шайхони ҷоҳил, пирони гумроҳ.
Аз дасти зоҳид кардем тавба
В-аз феъли обид, астағфируллоҳ!
Ҷоно, чӣ гӯям шарҳи фироқат?
Чашмеву сад нам, ҷоневу сад оҳ!
Кофир мабинод ин ғам, ки дидаст
Аз қоматат сарв, аз оразат моҳ!
Шавқи лабат бурд аз ёди Ҳофиз
Дарси шабона, вирди саҳаргоҳ.
472
Гар теғ борад дар кӯйи он моҳ,
Гардан ниҳодем, алҳукму лиллоҳ.
Оини тақво мо низ донем,
Лекин чӣ чора бо бахти гумроҳ?
Мо шайху воиз камтар шиносем,
Ё ҷоми бода, ё қисса кӯтоҳ!
Ман ринду ошиқ, дар мавсими гул,
Он гоҳ тавба? Астағфируллоҳ!
Меҳри ту аксе бар мо наяфганд,
Оинарӯё, оҳ аз дилат, оҳ!
Ас-сабру муррун ва-л-умру фонин,
Ё лайта шеърӣ ҳаттома алқоҳ.
Ҳофиз, чӣ нолӣ, гар васл хоҳӣ?
Хун боядат хӯрд дар гоҳу бегоҳ.
473
Висоли ӯ зи умри ҷовидон беҳ,
Худовандо, маро он деҳ, ки он беҳ!
Ба шамшерам заду бо кас нагуфтам,
Ки рози дӯст аз душман ниҳон беҳ!
Ба доғи бандагӣ мурдан бар ин дар,
Ба ҷони ӯ, ки аз мулки ҷаҳон беҳ!
Худоро, аз табиби ман бипурсед,
Ки охир кай шавад ин нотавон беҳ?
Гуле, к-он поймоли сарви мо гашт,
Бувад хокаш зи хуни арғавон беҳ.
Ба хулдам даъват, эй зоҳид, мафармо,
Ки ин себи занах з-он бӯстон беҳ!
Дило доим гадои кӯйи ӯ бош,
Ба ҳукми он, ки давлат ҷовидон беҳ.
Ҷавоно, сар матоб аз панди пирон,
Ки ройи пир аз бахти ҷавон беҳ.
Шабе мегуфт: «Чашми кас надидаст,
Зи марвориди гӯшам дар ҷаҳон беҳ».
Агарчи Зиндарӯд оби ҳаёт аст,
Вале Шерози мо аз Исфаҳон беҳ.
Сухан андар даҳони дӯст шаккар,
Валекин гуфтаи Ҳофиз аз он беҳ.
474
Ногаҳон парда барандохтаӣ, яъне чӣ?
Маст аз хона бурун тохтаӣ, яъне чӣ?
Зулф дар дасти сабо, гӯш ба пайғоми рақиб,
Инчунин бо ҳама дарсохтаӣ, яъне чӣ?
Шоҳи хубониву манзури гадоён шудаӣ,
Қадри ин мартаба нашнохтаӣ, яъне чӣ?
На сари зулфи худ аввал ту ба дастам додӣ,
Бозам аз пой дарандохтаӣ, яъне чӣ?
Суханат рамзи даҳон гуфту камар сирри миён
В-аз миён теғ ба мо охтаӣ, яъне чӣ?
Ҳар кас аз мӯҳраи меҳри ту ба нақше машғул,
Оқибат бо ҳама каҷ бохтаӣ, яъне чӣ?
Ҳофизо, дар дили тангат чу фурӯд омад ёр,
Хона аз ғайр напардохтаӣ, яъне чӣ?
475
Насиби ман чу харобот кардааст Илоҳ,
Дар ин миёна бигӯ, зоҳидо, маро чӣ гуноҳ?
Касе, ки аз азалаш ҷоми май насиб афтод,
Чаро ба ҳашр кунанд ин гуноҳро дархоҳ?
Муроди ман зи харобот чунки ҳосил шуд,
Дилам зи мадрасаву хонақоҳ гашт сиёҳ.
Бигӯ ба зоҳиди солуси хирқапӯши дурӯй,
Ки дасти зарқ дароз асту остин кӯтоҳ.
Ту хирқаро зи барои риё ҳамепӯшӣ,
Ки то ба зарқ барӣ бандагони ҳақ аз роҳ.
Ғуломи ҳиммати дурдикашони хушхӯям,
Ки ҳар ду кавн наярзад ба пешашон як коҳ.
Бирав гадои дари ҳар гадо машав, Ҳофиз,
Муроди хеш наёбӣ, магар бишайаллоҳ.
Ҳофиз. Ғазалиёт 451-475
Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.