Ҳофиз. Ғазалиёт 251-275

251
Хушо диле, ки мудом аз пайи назар наравад,
Ба ҳар дараш, ки бихонанд, бе хабар наравад.
Тамаъ дар он лаби ширин накарданам авло,
Вале чӣ гуна магас аз пайи шакар наравад?
Саводи дидаи ғамдидаам ба ашк машӯй,
Ки нақши холи туам ҳаргиз аз назар наравад.
Зи ман чу боди сабо бӯйи худ дареғ мадор,
Чаро, ки бе сари зулфи туам ба сар наравад.
Дило, мабош чунин ҳарзагарду ҳарҷойӣ,
Ки ҳеҷ кор зи пешат бад-ин ҳунар наравад.
Макун ба чашми ҳақорат нигоҳ дар мани маст,
Ки обрӯйи шариат бад-ин қадар наравад.
Мани гадо ҳаваси сарвқомате дорам,
Ки даст дар камараш, ҷуз ба симу зар наравад.
Ту, к-аз макорими ахлоқи олами дигарӣ,
Вафои аҳди ман аз хотират бадар наравад.
Сиёҳноматар аз худ касе намебинам,
Чӣ гуна чун қаламам дуди дил ба сар наравад?
Ба тоҷи ҳудҳудам аз раҳ мабар, ки бози сафед
Чу боша дар пайи ҳар сайди мухтасар наравад.
Биёр бодаву аввал ба дасти Ҳофиз деҳ,
Ба шарти он, ки зи маҷлис сухан бадар наравад.
252
Соқӣ, ҳадиси сарву гулу лола меравад,
В-ин баҳс бо салосаи ғассола меравад.
Май деҳ, ки наварӯси чаман ҳадди ҳусн ёфт,
Кор ин замон зи санъати даллола меравад.
Тайи макон бибину замон дар сулуки шеър,
К-ин тифли якшаба раҳи яксола меравад.
[Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд,
З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.  — Т. А.]
Он чашми ҷодувонаи обидфиреб бин,
К-аш корвони сеҳр зи дунбола меравад.
Аз раҳ марав ба ишваи дунё, ки ин аҷуз,
Маккора менишинаду мӯҳтола меравад.
Боди баҳор мевазад аз гулситони шоҳ
В-аз жола бода дар қадаҳи лола меравад.
Ҳофиз, зи шавқи маҷлиси султон Ғиёсиддин,
Ғофил машав, ки кори ту аз нола меравад.
253
Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад
В-ин рози сар ба мӯҳр ба олам самар шавад.
Гӯянд санг лаъл шавад дар мақоми сабр,
Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар шавад.
Хоҳам шудан ба майкада гирёну додхоҳ,
К-аз дасти ғам ҳалоси ман он ҷо магар шавад.
Аз ҳар карона тири дуо кардаам равон,
Бошад, к-аз он миёна, яке коргар шавад.
Эй ҷон, ҳадиси мо бари дилдор бозгӯ,
Лекин чунон магӯ, ки саборо хабар шавад.
Аз кимиёи меҳри ту зар гашт рӯйи ман,
Оре, ба юмни лутфи шумо хок зар шавад.
Дар тангнои ҳайратам аз нахвати рақиб,
Ё Раб, мабод он, ки гадо мӯътабар шавад.
Бас нукта ғайри ҳусн бибояд, ки то касе
Мақбули табъи мардуми соҳибназар шавад.
Ин саркашӣ, ки кунгураи кохи васлрост,
Сарҳо бар остонаи ӯ хоки дар шавад.
Ҳофиз, чу нофаи сари зулфаш ба дасти туст,
Дам даркаш, ар на, боди саборо хабар шавад.
254
Гарчи бар воизи шаҳр ин сухан осон нашавад,
То риё варзаду солус, мусулмон нашавад.
Риндӣ омӯзу карам кун, ки на чандон ҳунар аст,
Ҳаявоне, ки нанӯшад маю инсон нашавад.
Гавҳари пок бибояд, ки шавад қобили файз,
Варна ҳар сангу гиле лӯълӯву марҷон нашавад.
Исми аъзам бикунад кори худ, эй дил, хуш бош
Ки ба талбису ҳиял дев Сулаймон нашавад.
Ишқ меварзаму уммед, ки ин фанни шариф,
Чун ҳунарҳои дигар мӯҷиби ҳирмон нашавад.
Дӯш мегуфт, ки фардо бидиҳам коми дилат,
Сабабе соз, Худоё, ки пушаймон нашавад.
Ҳусни хулқе зи Худо металабам хӯйи туро,
То дигар хотири мо аз ту парешон нашавад.
Зарраро то набувад ҳиммати олӣ, Ҳофиз,
Толиби чашмаи хуршеди дурахшон нашавад.
255
Гар ман аз боғи ту як мева бичинам, чӣ шавад?
Пеши пое ба чароғи ту бибинам, чӣ шавад?
Ё Раб, андар канафи сояи он сарви баланд,
Гар мани сӯхта як дам бинишинам, чӣ шавад?
Охир, эй хотами Ҷамшеди ҳумоюносор,
Гар фитад акси ту бар нақши нигинам, чӣ шавад?
Воизи шаҳр чу меҳри малику шаҳна гузид,
Ман агар меҳри нигоре бигузинам, чӣ шавад?
Сарф шуд умри гаронмоя ба маъшуқаву май,
То аз онам чӣ ба пеш ояд, аз инам, чӣ шавад.
Хоҷа донист, ки ман ошиқаму ҳеҷ нагуфт,
Ҳофиз ар низ бидонад, ки чунинам, чӣ шавад?
256
Бахт аз даҳони дӯст нишонам намедиҳад,
Давлат хабар зи рози ниҳонам намедиҳад.
Аз баҳри бӯсае зи лабаш ҷон ҳамедиҳам,
Инам ҳамеситонаду онам намедиҳад.
Мурдам дар ин фироқу дар он парда роҳ нест,
Ё ҳасту пардадор нишонам намедиҳад.
Зулфаш кашид боди сабо, чархи сифла бин,
К-он ҷо маҷол боди вазонам намедиҳад.
Чандон, ки бар канор чу паргор мешудам,
Даврон чу нуқта раҳ ба миёнам намедиҳад.
Шаккар ба сабр даст диҳад оқибат, вале
Бадаҳдии замона амонам намедиҳад.
Гуфтам: «Равам ба хобу бибинам ҷамоли дӯст»,
Ҳофиз зи оҳу нола амонам намедиҳад.
257
Агар ба бодаи рангин дилам кашад, шояд,
Ки бӯйи хайр зи зӯҳди риё намеояд.
Ҷаҳониён ҳама гар манъи ман кунанд аз ишқ,
Ман он кунам, ки худованди кор фармояд.
Тамаъ зи файзи каромат мабур, ки хулқи карим
Гунаҳ бибахшаду бар ошиқон бибахшояд.
Муқими ҳалқаи зикр аст дил бад-он уммед,
Ки ҳалқае зи сари зулфи ёр бикшояд.
Туро, ки ҳусни худодода ҳасту ҳаҷлаи бахт,
Чӣ ҳоҷат аст, ки машшотаат биёрояд?
Чаман хуш асту ҳаво дилкаш асту май беғаш,
Кунун ба ҷуз дили хуш ҳеҷ дарнамебояд.
Ҷамилаест арӯси ҷаҳон, вале ҳуш дор,
Ки ин мухаддара дар ақди кас намеояд.
Ба ханда гуфт, ки: — Ҳофиз, Худойро маписанд,
Ки бӯсаи ту рухи моҳро биёлояд.
258
Гуфтам: «Ғами ту дорам», Гуфто: «Ғамат сар ояд».
Гуфтам, ки: «Моҳи ман шав!» Гуфто: «Агар барояд».
Гуфтам: «Зи меҳрварзон расми вафо биёмӯз!».
Гуфто: «Зи хубрӯён ин кор камтар ояд».
Гуфтам, ки: «Бар хаёлат роҳи назар бибандам»,
Гуфто, ки: «Шабрав аст ӯ, аз роҳи дигар ояд».
Гуфтам, ки: «Бӯйи зулфат гумроҳи оламам кард».
Гуфто: «Агар бидонӣ, ҳам ӯ-т раҳбар ояд».
Гуфтам: «Хушо ҳавое, к-аз боди субҳ хезад».
Гуфто: «Хунук насиме, к-аз кӯйи дилбар ояд».
Гуфтам, ки: «Нӯши лаълат моро ба орзу кушт».
Гуфто: «Ту бандагӣ кун, к-ӯ бандапарвар ояд».
Гуфтам: «Дили раҳимат кай азми сулҳ дорад?»
Гуфто: «Магӯй бо кас, то вақти он дар-ояд».
Гуфтам: «Замони ишрат дидӣ, ки чун сар омад?»
Гуфто: «Хамӯш, Ҳофиз, к-ин ғусса ҳам сар ояд».
259
Гуфтам, ки: «Хато кардиву тадбир на ин буд,»
Гуфто: «Чӣ тавон кард, ки тақдир чунин буд».
Гуфтам, ки: «Басе хатти хато бар ту кашиданд»,
Гуфто: «Ҳама он буд, ки бар лавҳи ҷабин буд».
Гуфтам, ки: «Қарини бадат афганд бад-ин рӯз?»
Гуфто, ки: «Маро бахти бади хеш қарин буд».
Гуфтам: «Зи ман, эй моҳ, чаро меҳр буридӣ?»
Гуфто, ки: «Фалак бо мани бадмеҳр ба кин буд».
Гуфтам, ки: «Басе ҷоми тааб хӯрдӣ аз ин пеш?»
Гуфто, ки: «Шифо дар қадаҳи бозпасин буд».
Гуфтам, ки: «Ту, эй умр, чаро зуд бирафтӣ?
Гуфто, ки: «Фалонӣ, чӣ кунам? Умр ҳамин буд».
Гуфтам, ки: «На вақти сафарат буд чунин зуд».
Гуфто, ки: «Магар маслиҳати вақт дар ин буд».
260
Бар сари онам, ки гар зи даст барояд,
Даст ба коре занам, ки ғусса сар ояд
Хилвати дил нест ҷойи сӯҳбати аздод,
Дев чу берун равад, фаришта дарояд.
Сӯҳбати ҳукком зулмати шаби ялдост,
Нур зи хуршед ҷӯй, бӯ, ки барояд.
Бар дари арбоби бемуруввати дунё,
Чанд нишинӣ, ки хоҷа кай бадар ояд?
Тарки гадоӣ макун, ки ганҷ биёбӣ
Аз назари раҳраве, ки дар гузар ояд.
Солеҳу толеҳ матои хеш намуданд,
То кӣ қабул афтаду кӣ дар назар ояд?
Булбули ошиқ, ту умр хоҳ, ки охир
Боғ шавад сабзу шохи гул ба бар ояд
Ғафлати Ҳофиз дар ин сароча аҷаб нест,
Ҳар кӣ ба майхона рафт, бехабар ояд.
261
Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,
Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд.
Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар,
К-аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд.
Бинмой рух, ки халқе вола шаванду ҳайрон,
Бикшой лаб, ки фарёд аз марду зан барояд.
Ҷон бар лаб асту ҳасрат дар дил, ки аз лабонаш,
Нагрифта ҳеч коме ҷон аз бадан барояд.
Аз ҳасрати даҳонаш омад ба танг ҷонам,
Худ коми тангдастон, кай з-он даҳан барояд?
Гӯянд зикри хайраш дар хайли ишқбозон,
Ҳар ҷо, ки номи Ҳофиз дар анҷуман барояд.
262
Чу офтоби май аз машриқи пиёла барояд,
Зи боғи орази соқӣ ҳазор лола барояд.
Насим дар сари гул бишканад кулолаи сунбул,
Чу аз миёни чаман бӯйи он кулола барояд.
Ҳикояти шаби ҳиҷрон на он ҳикояти ҳолест,
Ки шаммае зи баёнаш ба сад рисола барояд.
Зи гарди хони нигуни фалак тамаъ натавон дошт,
Ки бе малолати сад ғусса як навола барояд.
Ба саъйи худ натавон бурд пай ба гавҳари мақсуд,
Хаёл бошад, к-ин кор бе ҳавола барояд.
Гарат чу Нӯҳи набӣ сабр ҳаст дар ғами тӯфон,
Бало бигардаду коми ҳазорсола барояд.
Насими зулфи ту чун бигзарад ба турбати Ҳофиз,
Зи хоки колбудаш сад ҳазор нола барояд.
263
Зиҳӣ хуҷаста замоне, ки ёр бозояд,
Ба коми ғамзадагон ғамгусор бозояд,
Ба пеши хайли хаёлаш кашидам аблақи чашм,
Бад-он умед, ки он шаҳсавор бозояд,
Агар на дар хами чавгони ӯ равад сари ман,
Зи сар нагӯяму сар худ чӣ кор бозояд.
Муқим бар сари роҳаш нишастаам чун гард
Бад-он ҳавас, ки бад-ин раҳгузор бозояд.
Диле, ки бо сари зулфайни ӯ қароре дод,
Гумон мабар, ки бад-он дил қарор бозояд.
Чӣ ҷаврҳо, ки кашиданд булбулон аз дай
Ба бӯйи он, ки дигар навбаҳор бозояд.
Зи нақшбанди қазо ҳаст умеди он, Ҳофиз,
Ки ҳамчу сарв ба дастам нигор бозояд.
264
Агар он тоири қудсӣ зи дарам бозояд,
Умри бигзашта ба пиронасарам бозояд.
Дорам уммед бар ин ашки чу борон, ки дигар
Барқи давлат, ки бирафт аз назарам, бозояд.
Он, ки тоҷи сари ман хоки кафи пояш буд,
Аз Худо металабам, то ба сарам бозояд.
Хоҳам андар ақибаш рафт ба ёрони азиз,
Шахсам ар боз наёяд, хабарам бозояд.
Гар нисори қадами ёри гиромӣ накунам,
Гавҳари ҷон ба чӣ кори дигарам бозояд?
Кӯси навдавлатӣ аз боми саодат бизанам,
Гар бибинам, ки маҳи навсафарам бозояд.
Монеаш ғулғули чанг асту шакархоби сабӯҳ,
Варна гар бишнавад оҳи саҳарам, бозояд.
Орзуманди рухи шоҳи чу моҳам, Ҳофиз,
Ҳиммате, то ба саломат зи дарам бозояд.
265
Нафас баромаду ком аз ту барнамеояд,
Фиғон, ки бахти ман аз хоб дарнамеояд.
Сабо ба чашми ман андохт хоке аз кӯяш,
Ки оби зиндагиям дар назар намеояд.
Қади баланди туро то ба бар намегирам,
Дарахти кому муродам ба бар намеояд.
Магар ба рӯйи дилоройи ёри мо в-ар не,
Ба ҳеҷ ваҷҳи дигар кор барнамеояд.
Муқими зулфи ту шуд дил, ки хуш саводе дид
В-аз он ғариби балокаш хабар намеояд.
Зи шасти сидқ кушодам ҳазор тири дуо,
Вале чӣ суд яке коргар намеояд.
Басам ҳикояти дил ҳаст бо насими саҳар,
Вале ба бахти ман имшаб саҳар намеояд.
Дар ин хаёл ба сар шуд замони умру ҳанӯз
Балои зулфи сиёҳат ба сар намеояд.
Зи баски шуд дили Ҳофиз рамида аз ҳама кас,
Кунун зи ҳалқаи зулфат бадар намеояд.
266
Ҷаҳон бар абруи ид аз ҳилол вусма кашид,
Ҳилоли ид дар абруи ёр бояд дид.
Шикаста гашт чу пушти ҳилол қомати ман,
Камони абруи ёрам чу вусма боз кашид.
Магар насими хатат субҳ дар чаман бигузашт,
Ки гул ба бӯйи ту бар тан чу субҳ ҷома дарид.
Набуд чангу рубобу набиду уд, ки буд
Гили вуҷуди ман оғуштаи гулобу набид.
Биё, ки бо ту бигӯям ғами малолати дил,
Чаро, ки бе ту надорам маҷоли гуфтушунид.
Баҳои васли ту гар ҷон бувад, харидорам,
Ки ҷинси хуб мубассир ба ҳар чӣ дид, харид.
Чу моҳи рӯйи ту дар шоми зулф медидам,
Шабам ба рӯйи ту равшан чу рӯз мегардид.
Ба лаб расид маро ҷону барнаёмад ком,
Ба сар расид умеду талаб ба сар нарасид.
Зи шавқи рӯйи ту Ҳофиз навишт ҳарфе чанд,
Бихон зи назмашу дар гӯш кун чу марворид.
267
Расид мужда, ки омад баҳору сабза дамид,
Вазифа гар бирасад, масрифаш гул асту набид.
Сафири мурғ баромад, бати шароб куҷост?
Фиғон фитод ба булбул, ниқоби гул кӣ кашид?
Зи меваҳои биҳиштӣ чӣ завқ дарёбад
Ҳар он, ки себи занахдони шоҳиде нагазид?
Макун зи ғусса шикоят, ки дар тариқи талаб
Ба роҳате нарасид он, ки заҳмате накашид.
Зи рӯйи соқии маҳваш гуле бичин имрӯз,
Ки гирди орази бӯстон хати бунафша дамид.
Чунон карашмаи соқӣ дилам зи даст бибурд,
Ки бо касе дигарам нест барги гуфтушунид.
Ман ин мураққаи рангин чу гул бихоҳам сӯхт,
Ки пири бодафурӯшаш ба ҷуръае нахарид.
Баҳор мегузарад, додгустаро, дарёб,
Ки рафт мавсиму Ҳофиз ҳанӯз май начашид.
268
Абри озорӣ баромад, боди наврӯзӣ вазид,
Ваҷҳи май мехоҳаму мутриб, кӣ мегӯяд расид?
Шоҳидон дар ҷилваву ман шармсори кисаам,
Бори ишқу муфлисӣ саъб асту мебояд кашид.
Қаҳти ҷуд аст, обрӯйи худ намебояд фурӯхт,
Бодаву гул аз баҳои хирқа мебояд харид.
Гӯйиё хоҳад кушуд аз давлатам коре, ки дӯш
Ман ҳамекардам дуову субҳи содиқ медамид.
Бо лабеву сад ҳазорон ханда омад гул ба боғ
Аз кариме гӯйиё дар гӯшае бӯе шунид.
Домане гар чок шуд дар олами риндӣ, чӣ бок?
Ҷомае дар некномӣ низ мебояд дарид.
Ин латоиф, к-аз лаби лаъли ту ман гуфтам, кӣ гуфт?
В-ин татовул, к-аз сари зулфи ту ман дидам, кӣ дид?
Адли султон гар напурсад ҳоли мазлумони ишқ,
Гӯшагиронро аз осойиш тамаъ бояд бурид.
Тири ошиқкуш, надонам, бар дили Ҳофиз кӣ зад?
Ин қадар донам, ки аз шеъри тараш хун мечакид.
269
Муоширон, зи ҳарифи шабона ёд оред,
Ҳуқуқи бандагии мухлисона ёд оред.
Ба вақти сархушӣ аз оҳу нолаи ушшоқ,
Ба савту нағмаи чангу чағона ёд оред.
Чу лутфи бода кунад ҷилва дар рухи соқӣ,
Зи ошиқон ба суруду тарона ёд оред.
Чу дар миёни мурод оваред дасти умед,
Зи аҳди сӯҳбати мо дар миёна ёд оред.
Саманди давлат агарчанд саркашида равад,
Зи ҳамраҳон ба сари тозиёна ёд оред.
Намехӯред замоне ғами вафодорон,
Зи бевафоии даври замона ёд оред.
Ба ваҷҳи марҳамат, эй сокинони садри ҷалол,
Зи рӯйи Ҳофизу ин остона ёд оред.
270
Биё, ки рояти Мансури подшоҳ расид,
Навиди фатҳу башорат ба меҳру моҳ расид.
Ҷамоли бахт зи рӯйи зафар ниқоб андохт,
Камоли адл ба фарёди додхоҳ расид.
Сипеҳр даври хуш акнун кунад, ки моҳ омад,
Ҷаҳон ба коми дил акнун расад, ки шоҳ расид.
Зи қотиони тариқ он замон шаванд эмин
Қавофили дилу дониш, ки марди роҳ расид.
Азизи Миср ба рағми бародарони ғаюр
Зи қаъри чоҳ баромад, ба авҷи моҳ расид.
Куҷост сӯфии даҷҷолфеъли мулҳидшакл?
Бигӯ бисӯз, ки Маҳдии динпаноҳ расид.
Сабо, бигӯ ки чиҳо бар сарам дар ин ғами ишқ
Зи оташи дили сӯзону дуди оҳ расид?
Зи шавқи рӯйи ту, шоҳо, бад ин асири фироқ
Ҳамон расид, к-аз оташ ба барги коҳ расид.
Марав ба хоб, ки Ҳофиз ба боргоҳи қабул
Зи вирди ними шабу дарси субҳгоҳ расид.
271
Бӯйи хуши ту ҳар кӣ зи боди сабо шунид,
Аз ёри ошно сухани ошно шунид.
Эй шоҳи ҳусн, чашм ба ҳоли гадо фиган,
К-ин гӯш бас ҳикояти шоҳу гадо шунид.
Хуш мекунам ба бодаи мушкин машоми ҷон,
К-аз далқпӯши савмаа бӯйи риё шунид.
Сирри Худо, ки орифи солик ба кас нагуфт,
Дар ҳайратам, ки бодафурӯш аз куҷо шунид?
Ё Раб, куҷост маҳрами розе, ки як замон
Дил шарҳи он диҳад, ки чӣ гуфту чиҳо шунид?
Инам сазо набуд дили ҳақгузори ман,
К-аз ғамгусори худ сухани носазо шунид.
Маҳрум агар шудам зи сари кӯйи ӯ, чӣ шуд?
Аз гулшани замона кӣ бӯйи вафо шунид?
Соқӣ, биё, ки ишқ садо мекунад баланд,
К-он кас, ки гуфт қиссаи мо, ҳам зи мо шунид.
Мо бода зери хирқа на имрӯз мекашем,
Сад бор пири майкада ин моҷаро шунид.
Мо май ба бонги чанг на имрӯз мехӯрем,
Бас давр шуд, ки гунбади чарх ин садо шунид.
Панди ҳаким маҳзи савоб асту айни хайр,
Фархунда он касе, ки ба самъи ризо шунид.
Ҳофиз, вазифаи ту дуо гуфтан асту бас,
Дар банди он мабош, ки нашнид ё шунид.
272
Бӯйи мушки Хутан аз боди сабо меояд,
Ин чӣ бодест, к-аз ӯ бӯйи шумо меояд?
Медиҳад мужда ба Яъқуби ҳазин аз Юсуф,
Ё навиде зи Сулаймон ба Сабо меояд.
Накҳати мушки Хутан медамад аз ҷайби насим,
Корвоне магар аз мулки Хито меояд?
Барнадорам дил аз ӯ, то наравад ҷон зи танам,
Гӯш кун, к-аз суханам бӯйи вафо меояд.
Пеши тири ғамаш, эй дил, сипар аз сина масоз,
Дида барбанд, ки пайкон зи ҳаво меояд.
Ишқи ҷонсӯзи ту пайваста маро мепурсад,
Подшоҳест, ки ёдаш зи гадо меояд.
Баски аз ашки манат пой фурӯ рафта ба гил,
Мардуми чашми маро аз ту ҳаё меояд,
Ҳофиз, аз бода мапарҳез, ки гул боз ба боғ,
Аз пайи айш ба сад баргу наво меояд.
273
Муоширон, гиреҳ аз зулфи ёр боз кунед,
Шабе хуш аст, бад-ин қиссааш дароз кунед.
Ҳузури хилвати унс асту дӯстон ҷамъанд,
Ва ин якод бихонеду дар фароз кунед.
Рубобу чанг ба бонги баланд мегӯянд,
Ки гӯши ҳуш ба пайғоми аҳли роз кунед.
Ба ҷони дӯст, ки ғам пардаи шумо надарад,
Гар эътимод бар алтофи корсоз кунед.
Миёни ошиқу маъшуқ фарқ бисёр аст,
Чу ёр ноз намояд, шумо ниёз кунед.
Нахуст мавъизаи пири сӯҳбат ин ҳарф аст,
Ки аз мусоҳиби ноҷинс эҳтироз кунед.
Ҳар он касе, ки дар ин ҳалқа нест зинда ба ишқ.
Бар ӯ, намурда ба фатвои ман намоз кунед.
В-агар талаб кунад инъоме аз шумо Ҳофиз,
Ҳаволаташ ба лаби ёри дилнавоз кунед.
274
Ало, эй тӯтии гӯёи асрор,
Мабодо холият шаккар зи минқор!
Сарат сабзу дилат хуш бод ҷовид,
Ки хуш нақше намудӣ аз хати ёр.
Сухан сарбаста гуфтӣ бо ҳарифон,
Худоро, з-ин муаммо парда бардор!
Ба рӯйи мо зан аз соғар гулобе
Ки хоболудаем, эй бахти бедор!
Чӣ раҳ буд ин, ки зад дар парда мутриб,
Ки мерақсанд бо ҳам масту ҳушёр?
Аз он афюн, ки соқӣ дар май афганд,
Ҳарифонро на сар монду на дастор.
Сикандарро намебахшанд обе,
Ба зӯру зар муяссар нест ин кор.
Биёву ҳоли аҳли дард бишнав,
Ба лафзи андаку маънии бисёр.
Бути чинӣ адуи дину дил ҳаст,
Худовандо, дилу динам нигаҳ дор!
Ба мастурон магӯ асрори мастӣ,
Ҳадиси ҷон магӯ бо нақши девор!
Ба юмни давлати Мансуршоҳӣ—
Алам шуд Ҳофиз андар назми ашъор.
Худовандӣ ба ҷойи бандагон кард,
Худовандо, аз офоташ нигаҳ дор.
275
Ид асту охири гулу ёрон дар интизор,
Соқӣ, ба рӯйи шоҳ бибин моҳу май биёр!
Дил баргирифта будам аз айёми гул, вале
Коре бикард ҳиммати покони рӯзгор.
Дил дар ҷаҳон мабанду ба мастӣ суол кун
Аз файзи ҷому қиссаи Ҷамшеди комгор.
Ҷуз нақди ҷон ба даст надорам, шароб ку,
К-он низ бар карашмаи соқӣ кунам нисор?
Хуш давлатест хурраму хуш хусрави карим,
Ё Раб, зи захми чашми замонаш нигоҳ дор.
Май хӯр ба шеъри банда, ки зебе дигар диҳад,
Ҷоми мурассаи ту бад-ин дурри шоҳвор.
Гар фавт шуд саҳур, чӣ нуқсон? Сабӯҳ ҳаст,
Аз май шаванд рӯзакушо толибони ёр.
З-он ҷо, ки пардапӯшии афви карими туст,
Бар қалби мо бибахш, ки нақдест камиёр.
Тарсам, ки рӯзи ҳашр инон бар инон равад
Тасбеҳи шайху хирқаи ринди шаробхор.
Ҳофиз, чу рафт рӯзаву гул низ меравад,
Ночор бода нӯш, ки аз даст рафт кор.

Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.