Ҳофиз. Шоири муъҷизакор

Шоири муъҷизакор

Бузургтарин шоири ғазалсаройи форс-тоҷик Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ аз ҷумлаи адибон ва мутафаккирони барҷаста ва оламшумулест, ки осори гаронбаҳояш кайҳо боз зинатфазойи ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ гардида ва худаш ҳамчун яке аз бузургтарин шоирони лириканавис шинохта шудааст.

Он чӣ аз тамоми кутуб ва тазкираҳо ва навиштаҷоти дигар хулоса шудааст, ин аст, ки Хоҷа Ҳофиз яке аз шуарои номии қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ (чаҳордаҳуми милодӣ) ва саромади тамоми шоирони муосири худ буда, номаш Муҳаммад, лақабаш Шамсуддин ва тахаллусаш Ҳофиз мебошад. Ин тахаллусро аз он ҷо баргузидааст, ки дар ҷавонӣ ҳофизи Қуръон будааст, дар он замон ҳар шаҳри мамлакати Эрон дорои воиз ва ҳофизи худ будааст, ӯ ҳам ҳофизи Қуръони шаҳри Шероз буда, чӣ тавре ки худаш ишора мефармояд, Қуръонро дар чаҳордаҳ ривоят аз бар доштааст:

Ишқат расад ба фарёд, ар худ ба сони Ҳофиз,
Қуръон зи бар бихонӣ дар чордаҳ ривоят.

Боз:

Зи ҳофизони ҷаҳон кас чу банда ҷамъ накард
Латоифи ҳакамӣ бо нукоти Қуръонӣ.

Соли таваллуди Хоҷа Ҳофиз ба қавли соҳиби тазкираи «Майхона» 726 ҳиҷрӣ (1325 милодӣ) мебошад. Соли вафоти шоирро ҳамин тазкира ва бештарини ҳофизшиносон 791 ҳиҷрӣ (1388 милодӣ) нишон медиҳанд ва дар боғи дӯстдоштааш Мусалло мадфун гашт ва он ҷо ба шарофати ӯ номи Ҳофизия гирифта, зиёратгоҳи ҷаҳониён гаштааст. Бар санги мармаре, ки рӯйи мазораш ниҳодаанд, ду ғазали обдортарини ӯро ҳак кардаанд, ки матлаашон ин аст:

Муждаи васли ту ку, к-аз сари ҷон бархезам,
Тоири қудсаму аз доми ҷаҳон бархезам.

то охир, ва боз ғазали дигар:

То зи майхонаву май ному нишон хоҳад буд,
Сари мо хоки раҳи пири муғон хоҳад буд…

ва то охир…

Чӣ хеле ки аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, падари Хоҷа исфаҳонӣ буда, дар замони Атобакони Форс ба Шероз омада, дар он ҷо иқомат ихтиёр кардааст. Ҳофиз дар Шероз ба дунё омада, ҳамон ҷо хондан ва навиштан омӯхта, нашъунамо ёфта, Қуръонро ҳифз намуда, маълумоти олии замонашро гирифта, дар яке аз мадрасаҳои он шаҳр мударрисӣ карда, тамоми умрашро дар Шероз мегузаронад. Ӯ шахси бисёр бомаърифат ва аз ҳамаи фанҳои замона бохабар буд ва забони арабиро ҳам хеле хуб медонистааст.

Бисёр муаррихон, аз ҷумла соҳиби тазкираи «Ирфон-ал-ошиқин» баъд аз тарҷимаи ҳоли мухтасари Хоҷа Ҳофиз хабар медиҳанд, ки яке аз машоихи маъруф ва фақеҳони машҳури реаксионӣ Имоди фақеҳи Кирмонӣ, ки аз ҷумлаи вазирон на надимони шоҳ Шуҷоъ буд, бо Хоҷа Ҳофиз душманӣ варзида, бо иттифоқи зоҳидони риёкори дигар ҷаҳду кӯшиш менамуд, ки Хоҷаро ба назари шоҳ Шуҷоъ ҳамчун як шахси мухолифи ислом нишон дода, ба ягон бало гирифтор намояд. Гӯянд, ки Имоди фақеҳи Кирмонӣ гурбаеро тарбият карда буд. ки чун ба намоз меистод, гурба низ тақлидан ба ӯ рукӯъ ва суҷуд менамуд. Шуҷоъ ин ҳуққабозӣ ва ҳиларо каромати Имод дониста, ақидааш ба Имод беандоза зиёд мешавад, лекин ин ҳилагарӣ аз назари тезбини ду шоири забардасти он замон пинҳон намонд, яке Убайди Зоконӣ, ки қиссаи маъруфи муш ва гурбаро навишта, дар он ба ҷидоли Имоди фақеҳ ва маккорони дигар ишорат намудааст, дигар Хоҷа Ҳофиз, ки дар ин ғазалаш рӯйрост Имодро ҳуққабоз номидааст:

Сӯфӣ ниҳод дому сари ҳуққа боз кард,
Бунёди макр бо фалаки ҳуққабоз кард.
Бозии чарх бишканадаш байза дар кулоҳ,
Зеро ки арзи шуъбада бо аҳли роз кард.
Эй кабки хушхиром, куҷо меравӣ? Биист,
Ғарра машав, ки гурбаи обид намоз кард…

Шоҳ Шуҷоъ аз таҳқири Ҳофиз ба пир ва муршиди худ дар ғазаб шуда, рӯзе ӯро ба ҳузури худ хонда, ба ин мазмун мегӯяд: Ҳеч як аз ғазалиёти шумо пояи саҳеҳе надошта, ибтидо, аз ишқ, баъд, аз висол, сипас, аз фироқ сухан ронда, он гоҳ ба тасаввуф пардохта, билфосила дар сифати шароб шеър гуфта, пас аз он ба зуҳҳод ҳамла карда, билохира аз бевафоии дунё суҳбат медоред, ин талаввун дар шоирӣ писандида набуда ва дур аз қонуни фасоҳат аст, ғазали хуб он аст, ки аз ибтидо то интиҳо дар мавзӯе воҳид, вале бо рангомезии гуногун сохта шавад. Хоҷа дар посух гуфт: Каломи муборак айни сидқу савоб аст, вале чӣ кунам, ки бо тамоми ин маоиб шеъри Ҳофиз билфосила пас аз иншод ба атроф ва акноф рафта, даҳон ба даҳон ва сина ба сина аз кишваре ба кишвари дигар мусофират мекунад, вале ашъори дигарон бо тамоми саноеъ ва бадоеъ ва бо вуҷуди фасоҳати том ва балоғати тамом аз шаҳри худашон қадаме фаротар намеравад.

Шоҳ Шуҷоъ аз ин посух беш аз пеш ранҷида ва ба ҷазо додани Ҳофиз қарор медиҳад, аз қазо дар он айём ғазале аз Ҳофиз ба даст меафтад, ки дар байте аз он ба қиёмат шубҳа кардааст:

Гар мусулмонӣ аз ин аст, ки Ҳофиз дорад,
Оҳ агар аз паси имрӯз бувад фардое.

Шоҳ Шуҷоъ аз ин ҳодиса хурсанд шуда, мехоҳад, ки Ҳофизро ба куфр ва зиндиқа маҳкум гардонад ва бо фатвои уламои реаксионӣ хуни шоири бегуноҳро бирезад. Иттифоқан дар он айём гузари Зайнуддин Абубакри Тойбодӣ, ки яке аз бузургони илму адаб буд, ба Шероз афтод, ин аҳволро фаҳмид ва ба Хоҷа роҳнамойӣ кард, ки қабл аз он байт байте дигар созад ва онро аз забони кофир нақл кунад, ки нақли куфр куфр набошад. Хоҷа ҳам ҳамон тавр кард ва аз он тафриқа халос шуд. Абёт ин аст:

Ин ҳадисам чӣ хуш омад, ки саҳаргаҳ мегуфт
Бар дари майкадае бо дафу най тарсое:
«Гар мусулмонӣ аз ин аст, ки Ҳофиз дорад.
Оҳ, агар аз паси имрӯз бувад фардое».

Соҳиби тазкираи «Ирфон-ал-ошиқин» менависад: «Алқисса баъд аз иҷлоси аҷлоф дар ҳузури он подшоҳи одил бо раҳнамунии он пири комил чизе бар вай лозим наомад ва солиман ва ғолибан аз он ҷо баромад, лекин дар аснои ин қазия авроти вай ҷамеи мусаввадотро пора-пора карданд ва шустанд, то мабодо мазаррате аз онҳо ба вай расад, бале, дӯстии ноқисонро асар аз ин беҳтар намебошад. Хоҷа баъд аз ин воқеа бисёр мутаассир ва мутааллим гардид ва дар ҳамон айём ба ҷавори эзадӣ пайваст. Баъд аз Хоҷа муонидин аз кардаи худ шармсор гардида буданд, кӯчак ва бузург талаби ашъори вай фармуданд, аз ҷумла он подшоҳ амр фармуд, ки ҳар ки ғазале аз Хоҷа биёварад, ашрафие дувист динори ҷоиза биёбад, ба ин тақриб шеъри вай ба ҳар ҷо, ки буд, мунташир гардид, бар забонҳо афтод ва шуҳраташ ба ҷое расид, ки чун мардум ба ҷустуҷӯйи ашъор даромаданд, аз ҳар кас низ шеъри бисёре ба номи вай машҳур шуд, аз он ҷумла ғазали Баҳоуддини Зангонӣ, ки мисраи матлааш ин аст: «Соқиё, мояи шабоб биёр!» ва ғазали «Дили ман дар ҳавои рӯйи фаррух» ва мисли инҳо низ дигар чиз, воқеъ аст». Дар ин ҷо баъзе мавридҳои тазкира ба ҳақиқат баробар намеоянд ва характери афсонавӣ доранд, аз ҷумла шоҳ Шуҷоъ дар соли 786, яъне панҷ сол пеш аз Ҳофиз вафот карда буд, лекин агар аз миён рафтани мусаввадоташ ҳақиқат бошад, барои ҳамин аст, ки нусхаҳои гуногуни девони шоир аз андоза берун ихтилоф доранд, чӣ хеле ки дида мешавад, ғазалҳо ва байтҳои ҷудогонаи илҳоқӣ ба осори аслии Ҳофиз омехта шуда меоянд ва ин ҳодиса асрҳо давом карда, хусусан дар асри нуҳуми ҳиҷрӣ ин вайронкорӣ хеле авҷ гирифта будааст. Барои ҳамин ҳам дар бобати осори аслӣ ва илҳоқии Хоҷа Ҳофиз дар давоми 7 аср баҳсу мунозира ба охир намерасад.

Даврони зиндагонии Хоҷа Ҳофиз ба замони бисёр сахти таърихи Шарқи наздик рост омадааст.

Ҳассостарин шоири мо дар ҳамин давраи пурошӯб зиндагонӣ намуда, воқеаҳои Эронро аз зуҳури Чингиз то зуҳури Темур шунида ва дидааст, ки дар таърихи Эрон ҳеч замоне то ин андоза замонаи пурфитна ва пурошӯб набудааст, чунон ки фармудааст:

Фитна меборад аз ин сақфи муқарнас, бархез,
То ба майхона паноҳ аз ҳама офот барем.

Мовароуннаҳр он замон дар зери ҳукмронии қабилаҳои муғул буд. Пас аз он, ки империяи муғул пароканда шуда, аз миён рафт, чӣ хеле ки дар боло зикр шуд, ҳукмронии майдахонӣ ба миён омад ва қариб ҳар вилоят давлати мустақил ташкил дода, бо ҳамсоягонаш пайваста дар вазъияти ҷангу ҷидол буд. Ин вазъияти ошуфта на пуршӯру шарр зиёда аз 40 сол давом дошт. Картҳо бо сарбадорон ва ҳар дуяшон бо муғулон ҷанг мекарданд, Музаффариҳо бо Ҷалоириҳо, онҳо бо туркманҳо ва тоторҳо мудом мубориза бурда ҷанг мекарданд, дар натиҷа ҳазорон кас аз аҳолии бегуноҳро кушта, шаҳру қишлоқҳоро тала ва тороҷ мекарданд. Ҷангҳои беохир, худсарӣ ва беадолатиҳои хонҳои худӣ ва бегона халқро дучори азобу уқубатҳои тоқатшикан намуда, мамлакати аз тохтутоз ва ғорату тороҷи муғулҳо нав қоматросткардаро боз харобу вайрон мекарданд. Чунончи Ҳофиз мефармояд:

Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам!
Ҳар касе рӯзи беҳӣ металабад аз айём,
Иллат он аст, ки ҳар рӯз батар мебинам.
Аблаҳонро ҳама шарбат зи гулобу қанд аст,
Қути доно ҳама аз хуни ҷигар мебинам.

Тохтутози муғулон аз ҳама зиёдтар ба сари Мовароуннаҳр ва Хуросон, билхоса ба сари он шаҳрҳои қадим — Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Тӯс, Ҳирот, Марв, Нишопур, ки аз ҷиҳати маданият ғанӣ буданд ва дар онҳо адабиёти асри XII тоҷик пешрафт ва нашъунамои комил дошт, ҳалокат оварда буд. Эрони ҷанубӣ ва Озарбойҷон аз ҳуҷуми муғулон нисбатан камтар зарар дида буданд, аз ин сабаб тавонистанд, ки қоматашонро зудтар рост кунанд. Лекин аз ҷангу ҷидолҳои хонҳои майда чи Эрони ҷанубӣ, ки марказаш Шероз буд ва чи Озарбойҷон зулму ситам ва ғорату тороҷи бисёре диданд. Маъхазҳо нишон медиҳанд, ки дар айёми умри Ҳофиз дар зарфи 50 сол (1338—1388) шаҳри Шероз 5 бор ба дасти душманон афтода, харобу вайрон ва аҳолиаш дучори қатли ом ва ғорат гардидаанд.

Дар нимаи дуввуми асри XIV, яъне солҳои 1370 милодӣ ҳукумати марказонидаи Темури хунхор ба вуҷуд омад ва хавфи истилои он дар мамлакатҳои атроф, аз ҷумла, дар Эрон ҳам паҳн мешавад. Аз соли 1381 тохтутози Темур ба Эрон, Озарбойҷон, Сурия ва Туркия сар шуда, то соли 1392 ин мамлакатҳо аз тарафи Темур фатҳ шуда, ҳамаи сулолаҳои маҳаллиро барандохт ва ба сари ин мамлакатҳо харобиҳои диданашударо овард ва боз садҳо ҳазорон одамони бегуноҳро нобуд кард. Темур бори аввал Шерозро дар соли 789 ҳиҷрӣ (1337 милодӣ) забт карда буд, ки Ҳофиз дар он ҷо зиндагонӣ мекард. Ба ривояте шоири бузург бо ҷаҳонгири хунхор мулоқот доштааст ва он ҳам дар он вақте, ки бо фармони вай аз 70000 сари буридаи аҳолии шаҳри Исфаҳон, ки волидайни Ҳофиз аз он ҷоянд, манораҳо сохта буданд. Маълум аст, ки бисёр хешу табори дуру наздики Ҳофиз дар ин воқеаи хунин нобуд шудаанд.

Муҳите, ки Ҳофиз дар он зиндагонӣ мекард ва ҷаҳонбинии ӯ дар он пайдо шуда, ба воя расид, ҳамин хел буд. Чунончи худи ӯ ба он ишора менамояд:

Дар ин чаман макунам сарзаниш ба худрӯйӣ,
Чунон ки парваришам медиҳанд, мерӯям.

Ҳофиз ҷангу ҷидолҳои мазҳабиро афсона ва пайравони онро аз дарки ҳақиқат бегона дониста, аз мусулмонии беҳақиқат безорӣ ҷуста, дар муқобили риёкорон ва арбобони тазвир истода, равшану возеҳ «Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ, Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд», «Нақдҳоро бувад оё, ки аёре гиранд», «Орифи вақти худу Ҳофизи рози хешам» гуфта ва «Гар муршиди мо пири муғон шуд чӣ тафовут?» сурудааст, ки ин ғазалҳо ва бисёр ғазалҳои монанди ҳаминҳо зидди хурофот ва мавҳумпарастон будани ӯро бо тамоми равшанӣ нишон медиҳанд.

Он чӣ маълум аст, Ҳофиз дар ҷавонӣ ду хел фикру тамоюл доштааст: яке ишқ ва алоқаи зиёд ба таҳсили илм ва дарки ҳақиқат, дигаре дилбастагӣ ба маъшуқу май, аммо ҳарчи аз таҳсили илму дарки ҳақиқат навмедтар шуда, «Сухан аз мутрибу май гӯву рози даҳр камтар ҷӯ, Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо» ва ҳарчи ба зуҳдфурӯшӣ ва риёкории табааҳои болоии ҷамъияти замонаш: шайху зоҳид, сӯфиву воиз, фақеҳ ва муҳтасиб, қозӣ, муфтӣ ва имоми шаҳр воқифтар гашта ба хидмати маъшуқу май ҳаристар мешавад, яъне маънан худро ба маю маъшуқа мезанад, бо пири муғон, соғар ва соқӣ дӯстӣ ва ҳамдардӣ меварзад.

Ба эҳтимоли қавӣ Ҳофиз, аз 20 солагӣ дар ҳудуди 746 ҳиҷрӣ ба шеъргӯйӣ шурӯъ карда ва ба сабаби доштани табъи равон ва зеҳни баланд аз ибтидои кор пешрафти хубе доштааст, ки битавонад подшоҳе фозил ва шеършинос мисли Шайх Абуисҳоқро мафтуни табъи хеш созад, ба ҳар ҳол оғози шуҳрати Хоҷа Ҳофиз дар замони ҳамин подшоҳ будааст ва то соли 751 ҳиҷрӣ (1353 милодӣ), амир Муборизуддин бинни Музаффари золим Шерозро муҳосира намуда, ӯро ба Исфаҳон гурезонд, робитаи Хоҷа ба он подшоҳ, дар ниҳояти гармӣ ва хубӣ буд, мумкин дар девони ғазалиёти ӯ ашъоре, ки пештар аз ин вақт гуфта шуда низ бошад. Дар бораи хубии ашъораш Ҳофиз ишораҳои бисёре дорад, аз ҷумла:

На ҳар, к-ӯ нақши назме зад, каломаш дилпазир афтад,
Тазарве турфа ман гирам, ки чолок аст шоҳинам!

Ё ки:

Ҳасад чӣ мебарӣ, эй сустназм, бар Ҳофиз,
Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст.

Ашъоре, ки дар ин замон, яъне дар айёми ҷавониаш сурудааст, бисёртар аз маю маъшуқа сухан ронда ва бепарвоёна майли худро ба он иброз доштааст:

Орзу мекунадам,- аз ту чӣ пинҳон дорам,
Шишае бодаву кунҷеву рухи зебое.

Баъзе ашъор, ки дар ҳамгоми шабоб суруда:

Кунун, ки медамад аз бӯстон насими биҳишт
Ману шароби фараҳбахшу ёри ҳурсиришт.
Чаман ҳикояти урдибиҳишт мегӯяд,
На оқил аст, ки нася хариду нақд биҳишт.

Дар ин ғазал комилан маълум аст, ки насими бӯстон ва урдибиҳишти чаман ва шароби фараҳбахш ва ёри ҳурсиришт дили шоири ҷавонро ба худ кашида, нақди онро ба насияи биҳишт тарҷеҳ додааст. Дар ғазали дигаре, ки ба ҳамин тарз навиштааст, мефармояд:

Кунун, ки бар кафи гул ҷоми бодаи соф аст,
Ба сад ҳазор забон булбулаш дар авсоф аст.
Бихоҳ дафтари ашъору роҳи саҳро гир,
Чӣ вақти мадрасаву баҳси кашфи «Кашшоф» аст!

Ва дар «Базмгоҳи дилнишин чун қасри фирдавси барин», ки Ҳоҷӣ Қавомуддин Ҳасан фароҳам намуда «Бодаи гулранги талху тезу хушхору сабук» бо нуктасанҷу базлагӯ чун Ҳофиз ва «Бахшишомӯзе ҷаҳонафрӯз чун Ҳоҷӣ Қавом» фармояд:

Ишқбозиву ҷавониву шароби лаълфом,
Маҷлиси унсу ҳарифи ҳамдаму шурби мудом,
Ҳар кӣ ин ишрат нахоҳад, хушдилӣ бар вай табоҳ,
В-он кӣ ин маҷлис наҷӯяд, зиндагӣ бар вай ҳаром!

Ин марҳилаи таърихи айёми шабоб ва хушвақтиву хушбахтии Ҳофизи ҷавон буд, чунки подшоҳ Камолуддин Шайх Абуисҳоқи Инҷу ӯро бисёр азиз ва муҳтарам медошт ва пайваста мусоҳиб ва муниси вай буд ва ба ҳам иродат меварзиданд, инчунин надими шоҳ Шайх Абуисҳоқ ва муҳассили молиёти девони ӯ Ҳоҷӣ Қавомуддин Ҳасани тамғочӣ Хоҷа Ҳофизро бисёр дӯст ва муҳтарам медошт, дар ҳаққи ӯ некиҳои бисёр кардааст. Ҳофиз ҳам ононро чи дар вақти ҳаёташон ва чи баъди вафот дар ғазалҳои ҷудогона, қасоид ва қитъаҳо ситойиш карда, таърихи вафоташонро ҳам сохтааст.

Дарёи ахзари фалаку киштии ҳилол
Ҳастанд ғарқи неъмати Ҳоҷӣ Қавоми мо!..
Ростӣ хотами фирӯзаи Бӯисҳоқӣ,
Хуш дурахшид, вале давлати мустаъҷил буд.

Дар ҳамин замон ва марҳилаи таърихӣ будааст, ки Ҳофизи ҷавон мудом аз насими ҷаъди гесуи дилбарон масту хароб буда ва аз фиреби ҷодуи сияҳчашмони Шероз дар амон набудааст ва чун боди сабо пайваста саргардон ва мискин ва вола ва саргашта буда:

Мудомам маст медорад насими ҷаъди гесуят,
Харобам мекунад ҳар дам фиреби чашми ҷодуят.
Ману боди сабо мискин ду саргардони беҳосил,
Ман аз афсуни чашмат масту ӯ аз бӯйи гесуят.

Ваъдаи меваҳои биҳиштиро на танҳо нася ва мавҳум хонда, балки хилофи завқ дониста ва барои себ ва нори биҳиштӣ себи занахдони шоҳидон ва нори пистони дилбаронро аз даст надодан мефармояд:

Зи меваҳои биҳиштӣ чӣ завқ дарёбад
Ҳар он, ки себи занахдони шоҳиде нагазид?
Ман ин мураққаи рангин чу гул бихоҳам сӯхт,
Ки пири бодафурӯшаш ба ҷуръае нахарид.

Дар мақтаи ҳамин ғазал бо илтимос мефармояд:

Баҳор мегузарад, додгустаро, дарёб,
Ки рафт мавсиму Ҳофиз ҳанӯз май начашид.

Чунон ки мулоҳиза шуд, бештарин ашъоре, ки Ҳофиз дар рӯзгори ҷавонӣ сурудааст, дорои мазмунҳои хос ва тасвири ҷавонӣ ва маҷлисҳои базм ва сурур ва шаробнӯшиву навбаҳор ва базму ишрат мебошанд.

Пас аз вафоти Абусаид, ки соли 736 ҳиҷрӣ (1336 милодӣ) воқеъ шуда буд, Ҷамолуддин Шайх Абуисҳоқ писари Шарафуддин Маҳмуд пас аз задухӯрд ва кашмакашҳои бисёре бо душманон ва бародари худ дар соли 743 ҳиҷрӣ дар Шероз подшоҳ шуд. Абуисҳоқи Инҷӯ марде хушмашраб ва аҳли базм ва сурур ва бериё ва бахшанда буд. Воқеаи қатли ногаҳонии Шайх Абуисҳоқ (рӯзи ҷумъа 22 ҷамоди-ул-аввали соли 757) ва барҳам хӯрдани айши ӯ ба Ҳофиз сахт таъсир кард, ки борҳо дар ашъори худ аз хотироти замони ӯ ба некӣ ёд карда, ба давлати мустаъҷили ӯ афсӯс хӯрдааст:

Дар дилам буд, ки бедӯст набошам ҳаргиз,
Чӣ тавон кард, ки кори ману дил ботил буд.
Ростӣ, хотами фирӯзаи Бӯисҳоқӣ
Хуш дурахшид, вале давлати мустаъҷил буд.

Пас аз чунон подшоҳи меҳрубон ва хушмашраб ва базморо ҳукумати амир Муборизуддин Муҳаммади мутаассиб ва ҷоҳил, сахтгирӣ ва мардумозории ӯ ва махсусан авҷ гирифтани риёкорӣ ва зуҳдфурӯшӣ ва дигар бадкориҳо шоири бузурги ҳассос, тезбин ва зиндадилро мутаассир ва дилозурда мекунад. Аҳолии хушзавқи Шероз аз ҷавру ситами амир Муборизуддин ба ҷон омада, ба ӯ лақаби муҳтасиб доданд ва Хоҷа Ҳофиз низ ин ғазалро сурудааст:

Агарчи бода фараҳбахшу бод гулбез аст,
Ба бонги чанг махӯр май, ки муҳтасиб тез аст.
Дар остини мураққаъ пиёла пинҳон кун,
Ки ҳамчу чашми суроҳӣ замона хунрез аст.
Суроҳиеву ҳарифе гарат ба даст афтад,
Ба ақл нӯш, ки айём фитнаангез аст.
Ба оби дида бишӯем хирқаҳо аз май,
Ки мавсими варау рӯзгори парҳез аст.

Дар ғазали зерин низ ба ҳамон муҳтасиб ҳамла овардааст:

Донӣ, ки чангу уд чӣ тақрир мекунанд?
Пинҳон хӯред бода, ки таъзир мекунанд!
Номуси ишқу равнақи ушшоқ мебаранд,
Айби ҷавону сарзаниши пир мекунанд.
Филҷумла эътимод макун бар бинои даҳр,
К-ин корхонаест, ки тағйир мекунанд.

Шоири ҳамасри Хоҷа Ҳофиз Убайди Зоконӣ ҳам дар шеърҳои худ ҳолати вазнини онрӯзаи Шерозро тасвир ва онро ба дӯзах монанд кардааст:

Ку ишрати Шерозу майи андӯҳсӯз,
В-он шоҳидакони чобуки базмафрӯз?
Фардо ба биҳишт ар маю шоҳид набувад,
Дӯзах бошад чунон ки Шероз имрӯз.

Сахтгирӣ ва хунрезии амир Муборизуддин ба дараҷае расидааст, ки писараш шоҳ Шуҷоъ низ ин рубоиро дар ҳаққи ӯ сохтааст:

Дар маҷлиси даҳр сози мастӣ паст аст,
На чанг ба қонуну на даф бар даст аст,
Риндон ҳама тарки майпарастӣ карданд,
Ҷуз муҳтасиби шаҳр, ки бе май маст аст.

Амир Муборизуддин нисбат ба фарзандони худ низ зулму ситам мекард, дашному носазо гуфта, пайваста аз куштан метарсонд, оқибат шоҳ Шуҷоъ ва шоҳ Маҳмуд ҳамдаст шуда, падарашонро гирифта, кӯр карданд ва шоҳ Шуҷоъ бар тахт нишаст. Аз тахт афтодани амир Муборизуддин ба шоир хурсандӣ овард, ки бо ҳама амали зишт ва нангини шоҳ Шуҷоъ лаб ба ситойиши ӯ мекушояд ва ба эҳёи даврони Шайх Абуисҳоқ умедвор мешавад, лекин агарчи шоҳ Шуҷоъ Ҳофизро менавохт ва эҳтиром мекард, аммо на монанди Шайх Абуисҳоқ, балки, чӣ хеле ки дар боло зикр шуд, гоҳе дар зери таъсири бадхоҳон-рӯҳониёни реаксионӣ бо Ҳофиз робитаи хуб надошт. Муҳаққиқон сабабҳои хуб набудани муносибати Шуҷоъ бо Ҳофиз (ба ғайр аз таҳқири муршидаш Имоди фақеҳ аз тарафи Ҳофиз) мегӯянд, боз он аст, ки Шуҷоъ ҳам шоир буд, мумкин ба ашъори Ҳофиз рашк бурда ва ҳамин яке аз сабабҳои беқадрии Ҳофиз дар дарбори шоҳ Шуҷоъ будааст. Ғайр аз ин, пас аз чанд соли подшоҳии шоҳ Шуҷоъ бародараш шоҳ Маҳмуд бо ёрии шоҳ Яҳё ва султон Увайси Ҷалоирӣ ба Шероз ҳуҷум кард, шоҳ Шуҷоъро шикаст дода, бар тахт нишаст. Шуҷоъ ба Кирмон гурехт ва чанд сол дар он ҷо буд, дар ҳамон вақт дар таъсири Имоди фақеҳ равияи тасаннунро қабул карда, хулқу одобаш ҳам тамоман дигар мешавад, бори дуввум, ки дар соли 767 ҳиҷрӣ Шерозро тасарруф намуд, монанди падараш роҳи зулму ситамро пеш гирифт ва дар зери таъсири рӯҳониёни реаксионӣ аз ҷумла, Имоди фақеҳ бо Ҳофиз робита ва муносибати хубе надошт. Шоҳ Шуҷоъ дар соли 786 ҳиҷрӣ вафот мекунад, писараш шоҳ Зайнулобидин ба ҷояш подшоҳ мешавад. Бо вуҷуди он, ки шоҳ Шуҷоъ дар зиндагиаш мамлакати худро дар байни ворисон тақсим карда буд, пас аз вафоти ӯ дар миёни онон ҷангу ҷидоли сахт ва кашмакаши зӯр даргирифт, ки дар Форс, Язд ва Исфаҳон бетартибиҳои фавқулода ба вуҷуд омад. Дар ҳамин вақт Темури хунхор дар шимоли Эрон ба харобу вайрон кардани шаҳру деҳот ва қатли оми аҳолӣ сар карда буд, хабари ин воқеа шерозиёнро ба ваҳшат андохт ва шоҳ Зайнулобидин барои ёрӣ гирифтан аз султон Аҳмади Ҷалоир ба тарафи Бағдод гурехт, лекин дар роҳ шоҳ Мансур ӯро гирифта, дар қалъаи Салосал маҳбус сохт ва худаш бо Темур ҷанги сахт намуд. вале шоҳ Яҳё ва султон Аҳмад ба Темур итоат карданд. Чун дар ҳамин вақт дар Мовароуннаҳр шӯришҳо ба миён омаданд, Темур ҳукумати Шерозро ба шоҳ Яҳё ва ҳукумати Кирмонро ба султон Аҳмад дод ва худ ба Мовароуннаҳр баргашт. Ҳофиз дар баъзе ашъораш ба ин ошӯбу фитна ишора кардааст:

Зи тундбоди ҳаводис наметавон дидан
Дар ин чаман, ки гуле будааст ё сумане?
Мизоҷи даҳр табаҳ шуд дар ин бало, Ҳофиз,
Куҷост фикри ҳакимеву ройи барҳамане?

Пас аз муддате боз ҷангу ҷидол дар миёни оли Музаффар даргирифт ва чунон ошӯбу исён ва бетартибиҳо барпо сохтанд, ки мардум орзуи бозгаштани Темур менамуданд, чунонки Ҳофиз дар он боб мефармояд:

Сина моломоли дард аст, эй дареғо, марҳаме,
Дил зи танҳоӣ ба ҷон омад, Худоё, ҳамдаме!
Чашми осойиш кӣ дорад з-ин сипеҳри тезрав,
Соқиё, ҷоми маям деҳ, то биосоям даме!
Хез, то хотир бад-он турки самарқандӣ диҳем,
К-аз насимаш «бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме».
Сӯхтам дар чоҳи сабр аз баҳри он шамъи Чигил.
Шоҳи туркон ғофил аст аз ҳоли мо, ку Рустаме?

Шоҳ Мансур, ки аҳволи Форсро бесомон дид, ба он сӯ рӯ ниҳод ва шоҳ Яҳё гурехт. Пас аз ин ҳама кашмакаш ва ҷангу ҷидолу гурезогурез аз ин оромии муваққатие, ки шоҳ Мансур дар Шероз эҷод кард, Ҳофиз гумон бурд, ки дигар давраи фитна ва ошӯб тамом шуд. пас аз муддате Мансурро ситойиш мекунад:

Шаҳаншоҳи Музаффарфар шуои мулку дин Мансур,
Ки ҷуди бедареғаш ханда бар абри баҳорон зад.

Зиндагонии Хоҷа Ҳофиз дар замони шоҳ Мансур ба поён мерасад, пас аз он Темури хунхор бори дуввум дар соли 795 ҳиҷрӣ ба Форс ҳуҷум оварда, бо шоҳ Мансур ҷанг намуд ва ӯро кушт, бо ҳамин силсилаи оли Музаффарро барандохт. Умри Хоҷа Ҳофиз 8 сол дар айёми салтанати Шайх Абуисҳоқ, 6 сол дар айёми салтанати амир Муборизуддин ва 26 сол дар айёми салтанати шоҳ Шуҷоъ ва шоҳ Маҳмуд гузаштааст, вақте ки Шуҷоъ дар соли 786 ҳиҷрӣ вафот кард. Хоҷа 60-сола буд ва аз умраш 5 сол боқӣ монда буд, ки он ҳам дар айёми салтанати шоҳ Зайнулобидин ва шоҳ Мансур гузаштааст.

Ба ғайр аз подшоҳони дар боло зикршуда, пеш аз шоҳ Шайх Абуисҳоқ гурӯҳи дигар низ дар Шероз ҳукумат кардаанд ва, гузашта аз онҳо, ба сабаби он, ки давраи хонхонӣ будааст, подшоҳони дигар ҳам дар Эрон ва атрофи он ҳукмронӣ кардаанд, ки баъзеашон бо Ҳофиз робитаи хуб дошта ва ҷангу кашмакашҳои онҳо низ аз чашми тезбини Ҳофиз дур намондааст, ки номи онон аз қарори зер аст: султон Увайс, султон Аҳмади Элхонӣ, султон Ғиёсуддин, Маҳмудшоҳи Даканӣ, Таҳамтан бинни Туроншоҳ, Темури Курагонӣ ва дигарон.

Шӯҳрати Ҳофиз, ашъори ин устоди назм дар айёми зиндагонии худи ӯ аз зодгоҳаш Шероз берун рафта, дастраси бисёр кишварҳои тоҷикзабони Шарқ гардидааст. Он аҳвол, ки Ҳофизро подшоҳони кишварҳои ҳамсояи гуногуни замонаш ба дарбори худ борҳо даъват намудаанд, далели он аст ки шоир дар замони ҳаёташ шуҳрати зиёд доштааст. Ҳамин суханҳои зерини Ҳофиз ҳам далели шуҳрати ӯ мебошанд:

Зи шеъри Ҳофизи Шероз мегӯянду мерақсанд
Сияҳчашмони кашмириву туркони самарқандӣ.

Ё ки:

Ироқу Форс гирифтӣ ба шеъри хуш, Ҳофиз,
Биё, ки навбати Бағдоду вақти Табрез аст.

Девони Ҳофиз дар зиндагиаш тартиб дода нашуда буд, баъд аз сари ӯ дӯст ва шогирдаш Муҳаммадгуландом девонашро тартиб медиҳад. Сарсухани мухтасаре, ки барои ин девон Муҳаммадгуландом навишт, то ба замони мо расидааст. Он шуҳрати бузурге, ки ашъори шоир дар айёми зиндагиаш пайдо карда буд, баъд аз ӯ пайваста зиёд шудан гирифта ба тезӣ дар ҳамаи мамлакатҳои форсизабон интишор мегардад. Аз асри 19 сар карда, чопи такрории сангии девони Ҳофиз ба расмият медарояд, афзойиши шумораи девони Ҳофиз боиси шуҳрати бемислу монанди шоир мегардад.

Шуҳрати Ҳофиз дар Мовароуннаҳр низ аз замони ҳаёти худи шоир сар шуда, пайваста афзудааст. Илова ба интишори сершумори чопии девони шоир дар ин сарзамин адади нусхаҳои дастнавис ҳам зиёд мешуд. Дар мактабҳои пешинаи мо пас аз «Чоркитоб» девони Хоҷа Ҳофиз яке аз муҳимтарин китобҳои қироат ба шумор мерафт.

Ҳофиз, пеш аз ҳама, шоири халқ ва лирики беҳамтост, барои ҳамин ҳам аз ҳар шоири шаҳири дигар дар байни халқ зиёдтар шуҳрат дорад, ин аст, ки ҳанӯз дар асрҳои гузашта лирикаи Ҳофиз ва шахси ин сухансаройи номӣ диққати бисёр бузургони илму адаби ҷаҳонро ба худ кашидааст. Бисёр шахсони муътабар дар ҳаққи ӯ ва эҷодиёташ фикр ва ҳаяҷони худро баён кардаанд. Дар ин ҷо барои мисол хотирнишон кардани таассуроти яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти вахонӣ шоири асри XIX немис Гёте хеле ҷолиби диққат аст:

«Эй Ҳофиз, сухани ту ҳамчун абадият бузург аст, зеро онро оғоз ва анҷом нест. Каломи ту чун гунбади осмон танҳо ба худ вобаста аст ва нимаи ғазали ту бо матлаъ ва мақтааш фарқе наметавон гузошт, чи ҳамаи он дар ҳадди ҷамол ва камол аст.

Ту он сарчашмаи файзбахши шеъру нишотӣ, ки аз он ҳар лаҳза мавҷе аз паси мавҷи дигар берун метаровад». Байти зерини шарқшиноси маъруф Шиблии Нӯъмонӣ ин фикри Гётеро таъкидкунон тасдиқ мекунад:

Гар худовандӣ ҳавас дорӣ дар иқлими сухан,
Бандагии Ҳофизи Шероз мебойист кард.

Дар лирикаи шоир авзои замони пурошӯб, зиддиятҳои ҷамъиятӣ, муборизаи аҳлу ноаҳл, ақлу ҷаҳл, илму дин, некиву бадӣ, шодиву андуҳ дар шакл ва услуби хоси Ҳофиз акс ёфтаанд. Албатта, хонанда дар ҷараёни баёни ин масъалаҳои мураккаб зиддиятҳои фикрӣ ва маҳдудиятҳои таърихии шоирро низ равшан ҳис мекунад, лекин, пеш аз ҳама, дар назари кас Ҳофизи инсондӯст, ватанпараст, эътирозкор ва озодихоҳ ҷилвагар мешавад.

Албатта, дар ғазалсаройӣ на танҳо аз ҷиҳати ширинкаломӣ ё хушоҳангӣ, балки аз тамоми ҷиҳатҳо, дар навбати аввал, аз ҷиҳати муносибати мазмуну шакл, санъати бадеӣ, дар лафзи андак ҷо додани маънии бисёр Ҳофиз беҳамто ва беназир аст ва ягон шоир, на пеш аз ӯ ва на баъд аз ӯ ба пояи ӯ нарасидааст. Барои ҳамин ҳам, чӣ хеле ки аксарияти адабиётшиносон баҳо медиҳанд, дуруст аст, ки Ҳофиз яке аз бузургтарин лирикҳои тамоми давраҳо ва тамоми халқҳои олам аст.

Дар ҳамаи замонҳои баъди вафоти шоир ҷаҳду кӯшиш мекарданд, ки эҷодиёти Ҳофизро аз нуқтаи назари комилан мистикӣ (ирфонӣ) тасаввуф маънидод кунанд. Моҳияти реаксионии ин гуна ҷаҳду кӯшишҳо маълум аст. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки осори пурасрори ин шоири бузургро дар шаклу маънои ҳақиқӣ ба хонанда расонем ва аз таҳрифу вайронкуниҳои сӯфиёни риёкор онро муҳофизат намоем. Чунонки худи Ҳофиз мефармояд:

Риё ҳалол шуморанду ҷоми бода ҳаром,
Зиҳӣ тариқату миллат, зиҳӣ шариату кеш.

Ҳофиз дар ғазалҳои худ ҳамеша аз ишқи инсонӣ, аз муҳаббати одамӣ ва дӯстии ҳаминҷаҳонӣ сухан ронда, ба таъвилкунандагон барои ва маънии ҳақиқиашон баровардани гуфтаҳои худ ҳеч роҳ намедиҳад.

Аҳли тасаввуф даъво доранд, ки гӯё мақсади Ҳофиз аз бода шароби ангурӣ набуда, балки майи маърифат мебошад. Албатта, ин даъво асосе надорад ва комилан ботил аст. Барои исботи ин гуфта овардани чанд мисол кофист.

Аввалан бояд гуфт: вақте ки дар ин мавзӯъ аз миқдор ва камият, рангу бӯ ва таъми май, ҷому қадаҳ ва пиёлаву хум, соқӣ, соғар ва кайфияти хӯрдан ва одоби сохтани он сухан меравад чӣ ҷойи он аст гӯянд, ки мақсуди вай аз май ҳазорон таъвилот, таъбирот ва тафсироти дигари нестандарҷаҳон будааст.

Хуш ҳавоест фараҳбахш, Худоё, бифирист
Нозанине, ки ба рӯяш майи гулгун нӯшем.

Мебинед, ки ба муносибати ҳавои фараҳбахш ва ёри нозанин шоир тақозои майи гулгун намудааст. Дар шеъри дигар:

Ман дӯстдори рӯйи хушу мӯйи дилкашам,
Мадҳуши чашми масту майи ноби беғашам.

Рӯйи хуш ва мӯйи дилкашу чашми мастро ба чӣ чизи дигар таъбир кардан мумкин аст? Ё ин, ки:

Зи зӯҳди хушк малулам, биёр бодаи ноб,
Ки бӯйи бода мудомам димоғ тар дорад.
Зи бода ҳечат агар нест, ин на бас, ки туро
Даме зи васвасаи ақл бехабар дорад?

Мегӯянд вақте ки Хоҷа Бурҳонуддин чанд бор ӯро аз шароб манъ мекунад, мефармояд:

Ману инкори шароб? Ин чӣ ҳикоят бошад?
Ғолибо, ин қадарам ақл кифоят бошад.
Зоҳиду уҷбу намозу ману мастиву ниёз,
То туро худ зи миён бо кӣ иноят бошад.

Ё:

Ба яке ҷуръа, ки озори касаш дар пай нест,
Заҳмате мекашам аз мардуми нодон, ки мапурс!

Вақте ки амир Муборизуддин Муҳаммад бо таассуби зиёд ба озори майхорон мебарояд ва муҳтасиб хум мешиканад ва майхонаҳоро мебанданд, Хоҷа сурудааст:

Дари майхона бибастанд, Худоё, маписанд,
Ки дари хонаи тазвиру риё бикшоянд!

Ва изҳори умед ба кушодани дари майхонаҳо мекунад ва мегӯяд:

Бувад оё, ки дари майкадаҳо бикшоянд,
Гиреҳ аз кори фурӯбастаи мо бикшоянд?

Ва замоне, ки шоҳ Шуҷоъ амир Муборизуддинро нобино сохт ва подшоҳ шуд ва тартиби сахтгирии падарашро 6арҳам дод, Ҳофиз хушҳолона мефармояд:

Мо айби кас ба мастиву риндӣ намекунем,
Лаъли бутон хуш асту майи хушгувор ҳам.
Эй дил, башорате диҳамат, муҳтасиб намонд,
В-аз май ҷаҳон пур асту бути майгусор ҳам.

Ҳофиз ғами замонаро ҳам бо май даво мекард:

Ғами замона, ки ҳеҷаш карон намебинам,
Давош ҷуз майи чун арғавон намебинам.

Ва:

Ғами дунёи данӣ чанд хӯрӣ, бода бихӯр,
Ҳайф бошад дили доно, ки мушавваш бошад.

Ё ин, ки:

Тарсам, ки сарфае набарад рӯзи бозхост
Нони ҳалоли шайх зи оби ҳароми мо.

Агар ба қавли аҳли тасаввуф, майи маърифат мешуд, Ҳофиз, албатта, онро оби ҳаром намегуфт:

Моро зи манъи ақл матарсону май биёр,
К-он шаҳна дар вилояти мо ҳечкора нест.
Аз чашми худ бипурс, ки моро кӣ мекушад?
Ҷоно, гуноҳи толеу ҷурми ситора нест.
Табиби ишқ манам, бода деҳ, ки ин маъҷун
Фароғат ораду андешаи хато бибарад.

Дар ҷойи дигар:

Чӣ маломат бувад онро, ки чунин бода хӯрад,
Ин чӣ айб аст бад-ин бехирадӣ в-ин чӣ хатост.
Боданӯшӣ, ки дар ӯ ҳеҷ риёе набувад,
Беҳтар аз зуҳдфурӯшӣ, ки дар ӯ рӯву риёст.

Яке аз муҳаққиқони осори Ҳофиз М. Яктоӣ менависад: «Ҳоло агар гӯем мафҳуми бодаи ирфонӣ аст ва бода ба ҳисоби ҷумал 12 ва дувоздаҳ имом бошад, чӣ гуна мумкин аст онҳоро хӯрд ва дар ин сурат айб ва хатое ҳам набошад». М. Яктоӣ с. 124.

Дар ҷаҳонбинии Ҳофиз унсурҳои бисёре аз тасаввуфи ҳақиқӣ ҳам дучор мешавад, зеро дар он муҳит, ки Ҳофиз умр ба сар мебурд. ӯ наметавонист, ки аз таъсири тасаввуф комилан озод бошад. Ҳофиз шахси бедин ҳам набуд. Дар ашъори ӯ гоҳ-гоҳ ишораҳо аз мазмунҳои динӣ-тасаввуфӣ ҳам дучор меояд, лекин ин гуна ашъор дар осори Ҳофиз аз ашъори дастаи аввал хеле камтар аст. Ба ғайр аз ин асл ва асоси эҷодиёти ӯ ташвиқ ва тартиби динпарастӣ, талқину тақвияти афсонаҳои бофтаи мутааллиқ ба он намебошад.

Баръакс Ҳофиз кирдорҳои мунофиқонаи «пирони ҷоҳил» ва «шайхони гумроҳ», дурӯғ ва фитнаҳои зоҳид ва гуфтори бефоидаи воизони беамалро фош мекунад. Ӯ ҳаёти заминиро ҳамчун асл ва моҳияти ҳастии одам гаштаву баргашта тараннум намуда, парда аз рӯйи дасисаҳои тақво ва тақводорӣ, зӯҳд ва зӯҳдфурӯшӣ ва риёкории зумраи ҷоҳилон мебардорад. Шоир тазвир ва ҳарзагӯйии он носеҳони беамалро ошкоро қайд карда, хитоб мекунад, ки «Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?!». Ва бар хилофи гуфтаҳои сари минбар «-Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд!».

Дар хусуси оиладории Ҳофиз сарчашмаҳо ишора менамоянд, ки агар афсонаи Шохи Набот ҳақиқат дошта бошад. Хоҷа ӯро ба ақди хеш даровардааст, ки бо камоли хурсандӣ мегӯяд:

Маро дар хона сарве ҳаст, к-андар сояи қаддаш,
Фароғ аз сарви бӯстониву шамшоди чаман дорам.

Ё ки:

Дар ниҳонхонаи ишрат санаме хуш дорам.
К-аз сари зулфу рухаш наъл дар оташ дорам.

Ҳофиз аз ин ҳамсари азизам фарзандон ёфтааст ва туянд писаре ба номи Шоҳнуъмон дошт, ки ба Ҳиндустон рафта, дар он ҷо вафот кардааст ва дар Бурҳонпур мадфун шудааст. Аз ашъори Хоҷа Ҳофиз низ чунин бармеояд, ки писари бузург дошта ва дар мусофират будааст ва гӯё ин ғазалро ба ёди ӯ навиштааст:

Булбуле хуни диле хӯрду гуле ҳосил кард,
Боди ҳасрат ба садаш хор парешондил кард.
Қурратулайни ман, он меваи дил ёдаш бод,
Ки худ осон бишуду кори маро мушкил кард.
Оҳу фарёд, ки аз чашми ҳасуди маҳу меҳр,
Дар лаҳад моҳи камонабруи ман манзил кард.

Ҳамсараш ҳам пеш аз худаш вафот карда будааст:

Он ёр к-аз ӯ хонаи мо ҷойи парӣ буд.
Сар то қадамаш чун зари аз айб барӣ буд.
Манзури хирадманди ман он моҳ, ки ӯро
Бо ҳусни адаб шеваи соҳибназарӣ буд.
Аз чанги манаш ахтари бадмеҳр бадар бурд,
Оре, чӣ кунам давлати даври қамарӣ буд.
Хуш буд лаби обу гулу сабзаву насрин,
Афсӯс, ки он ганҷи равон раҳгузарӣ буд.

Хоҷа Ҳофиз зодгоҳи худ Шерозро бағоят дӯст медошт ва дар ашъораш онро месутуд ва дар ҷавоби касоне, ки ӯро ба кишварҳои дигар тарғиб мекарданд, мегӯяд:

Намедиҳанд иҷозат маро ба сайру сафар
Насими хоки Мусаллову оби Рукнобод.
Хушо Шерозу вазъи бемисолаш!
Худовандо, нигаҳ дор аз заволаш!

Хоҷа Ҳофиз гӯё дар тамоми умр се маротиба сафар карда бошад, бори аввал ба Язд, ки тахминан дар ҳудуди солҳои 766-67 ҳиҷрӣ мебошад, ки шоҳ Шуҷоъ бори дуввум Шерозро тасарруф менамояд. Сабаби ин сафараш бояд робитаи хуб надоштани шоир бо шоҳ Шуҷоъ бошад, Хоҷа ин ғазалро навишта, ба тарки Форс ва шаҳри азизаш Шероз ризо дод:

Чил сол беш рафт, ки ман лоф мезанам,
К-аз чокарони пири муғон камтарин манам.
Обу ҳавои Порс аҷаб сифлапарвар аст.
Ку ҳамраҳе, ки хайма аз ин хок барканам.
Ҳайф аст булбуле чу ман акнун дар ин қафас,
Бо ин лисони азб, ки хомӯш чу савсанем!

Ҳофиз муддате дар Язд истиқомат дошта, аз подшоҳи он замони Язд, ки шоҳ Яҳё буд ва ӯ дар мумсикӣ ва хасосат зарбулмасали аҳолӣ буд, рӯйи гармӣ ва илтифоте надида, боз ба Шероз бармегардад

Мусофирати дигари Хоҷа ба Ҳурмуз будааст ва сабаби ин сафарро навиштаанд, ки Маҳмудшоҳ бинни Ҳасан аз подшоҳони Дакан ба воситаи Мирзофазлуллоҳи Инҷӯ маблағе ба Ҳофиз фиристод ва ӯро ба дарбори хеш даъват намуд. Хоҷа низ барои мулоқоти ӯ сафар кард, то Ҳурмуз омад ва мехост, ки ба киштӣ нишаста, ба роҳи обӣ ба Дакан равад, лекин он рӯз дар дарё тӯфони зӯр ба амал омад, ки Хоҷа Ҳофиз аз сафар пушаймон гардида ба қавли худ наистод ва ҳамин ғазалро ба воситаи савдогарони эронӣ ба он подшоҳ фиристод ва худ ба Шероз баргашт:

Даме бо ғам ба сар бурдан ҷаҳон яксар намеарзад,
Ба май бифрӯш далқи мо, к-аз ин беҳтар намеарзад.
Чӣ осон менамуд аввал ғами дарё ба бӯйи суд,
Ғалат гуфтам, ки ин тӯфон ба сад гавҳар намеарзад.

Сафари саввуми шоир ба Исфаҳон будааст, ки ҳеч як аз таърихнависон ба он ишора накардаанд. Дар ҳар ҳол сафари Хоҷа Ҳофиз гӯё ба ҳамин се шаҳри Эрон будааст, ки ҳар кадомашон хони мустақил доштаанд ва берун аз хоки Эрон ба ягон мамлакате нарафтааст.

Мероси адабии Ҳофиз аз девони ғазалиёт, ки қисми муҳимми осори ӯст, миқдори каме қасида, рубоӣ, қитъаҳо ва аз маснавии лирикии хурде «Соқинома» иборат мебошад, «дар дастнависҳои охирин боз як маснавӣ — «Муғаннинома», мухаммас ва тарҷеъбанд ва таркиббандҳо низ дида мешаванд).

Дар омӯзиш ва нашри мероси адабии ин устоди беназири кадоми бадеӣ донишмандони бисёр кишварҳои Шарқу Ғарб ҷаҳду кӯшишҳо нишон додаанд ва нишон медиҳанд. Дар ин кори боифтихор хидмати донишмандони Эрон, ки нусхаҳои бисёри ашъори Ҳофизро ба табъ расонда ва доир ба эҷодиёти ӯ чандин асари тадқиқӣ ба вуҷуд овардаанд, хеле бузург аст. Дар соҳаи тадқиқи эҷодиёти Ҳофиз роли олимони Эрон (С. Абдураҳими Халхолӣ, М. Қазвинӣ, Қ. Ғанӣ, С. Нафисӣ, М. Муин, П Хонларӣ, А. Даштӣ, М Фарзод, X. Пажмон, А. Анҷавӣ, М. Фарзон, М. Зарғамфар, М. Лангрудӣ, М. Яктоӣ ва дигарон) ниҳоят калон мебошад. Осори Ҳофиз дар Эрон бо ду роҳ чоп шуда меояд: яке нашри илмӣ-интиқодист: нусхаҳои чопкардаи Абдураҳими Халхолӣ (соли 1928), Муҳаммад Қазвинӣ ва Қосим Ғанӣ (соли 1941). (Асоси ин матни интиқодӣ низ ҳамон дастхати Халхолӣ мебошад, илова бар он боз 17 нусхаи дигар ва «Шарҳи Судӣ бар Ҳофиз» ва бисёр дигар нусхаҳои чопӣ омӯхта ва истифода карда шудаанд). М. Яктоӣ (соли 1950), нашри 151 ғазали Ҳофиз аз тарафи Парвез Нотили Хонларӣ (соли 1958), Абулқосими Анҷавии Шерозӣ (сода 1966), дигаре нашри оммавии куллиёт ва мунтахаботи девона Ҳофиз буда, нашри рангоранги мусаввар аст ва бо саъю эҳтимоми донишмандони гуногуни эронӣ ба амал омадааст.

Як қатор шарқшиносони ғарбӣ ҳам дар ин соҳа корҳои қобили таҳсин кардаанд, ки аз он ҷумла Я. Рипка, А Аберри, X. Рёмер, X. Риттер, X. Бромс, А. 3айонковский, Х. Шедер, К. Викенсро ном бурдан лозим.

Шарқшиносони советӣ ҳам дар соҳаи омӯхтани осори гаронбаҳои Ҳофиз саҳми босазо доранд (А. И. Болдирев, А. М. Мирзоев, А. Е. Бертелс, И. С. Брагинский, В. Котетишвили, Г. Галимова, X. Мирзозода, Н. Маъсумӣ ва дигарон).

Дар Тоҷикистони Советӣ ҳам доир ба нашр ва тадқиқи осори адабии Ҳофиз корҳои шойиста анҷом ёфтаанд. Аввалин «Мунтахабот»-и девони Ҳофиз бо саъю эҳтимоми эроншиноси маъруф профессор А. Н. Болдырев соли 1940 бо алифбои лотинӣ ба табъ расидааст ва бори дуввум худи ҳамин «Мунтахабот» дар соли 1951 бо алифбои нави тоҷикӣ аз чоп баромад. Баъди он нусхаи тартибдодаи адабиётшиноси тоҷик профессор X. Мирзозода таҳти унвони «Мунтахаби девон» дар соли 1957 ба мутолиаи хонандагон расид. Дар соли 1967 «Мунтахаби ғазалиёт»-и Ҳофизро нависандаи ин сатрҳо манзури оммаи хонандагон гардонид.

Ҳамчунин ба муносибати ҷашни 650-солагин Ҳофиз Институти шарқшиносии Академияи фанҳои Тоҷикистон бо ташаббуси адабиётшиноси машҳури тоҷик, профессор марҳум Абдулғанӣ Мирзоев ва корманди илмии Институти шарқшиносии Академияи фанҳои СССР Г. Галимова чопи илмии як силсила аз нусхаҳои дастхати қадими ғазалиёти Ҳофизро, ки дар китобхонаи институти номбурда маҳфуз аст, ба ҳуруфоти арабӣ аз чоп бароварда, ба хонандагон тақдим намуданд. Ниҳоят мунтахабе ба номи «Ашъори гузида» аз осори Ҳофиз бо ҳуруфоти арабӣ ва тоҷикиро номзади фанни филология марҳум Н. Маъсумӣ ва нависандаи ин сатрҳо ба муносибати ҳамин ҷашни зодрӯзи шоир аз чоп бароварданд. Ғайр аз ин, адабиётшиносони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Институти шарқшиносӣ ва Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ду маҷмӯаи мақолаҳои илмиро доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Ҳофиз аз чоп бароварда, ба ҷашни шоири номдор ҳадя кардаанд.

Азбаски нашри якум, дуюм, чаҳорум ва панҷуми мунтахаботи ашъори Ҳофиз хеле мухтасар ва нашри сеюме, ки соли 1957 X. Мирзозода бароварда буд, дорои камбудию нуқсонҳои ҷиддии бисёре буд, талабот ва эҳтиёҷи нисбат ба осори ин суханвари ширинкалом доштаи хонандаи имрӯза пурра қонеъ нашуда меояд.

Аз ин рӯ нашриёти «Ирфон» ва Правленияи Иттифоқи нависандагони республика ин зарурат ва эҳтиёҷро ба назар гирифта, масъалаи нашри пурраи ашъори Ҳофизро ба миён гузоштанд.

Иҷрои ин вазифаи мураккаб ва дар айни ҳол боифтихор ба зиммаи муаллифи ин сатрҳо афтод.

Матни осори девони пурраи шоир аз ду нашри девони Ҳофиз гирифта шуд.

Нашри Муҳаммад Қазвинӣ ва Қосим Ғанӣ (соли 1941) асоси ин матни интиқодӣ ҳамон дастхати ягона таърихдори Халхолӣ ва се нусхаи дигар ҳам мебошанд, ки қариби асри шоир китобат шудаанд, вале таърих надоранд ва аз 485 то 493 ғазалро фаро гирифтаанд. М. Қазвинӣ дар муқаддимааш 30 нусхаи мавҷудаи куллиёти Ҳофизро то кунун аз қадим ва ҷадид аз хаттӣ ва чопӣ нишон медиҳад, ки даҳтои онҳо аз 440 то 495 ғазал ва 20-тои онҳо аз 517 то 597 ғазалро доранд, аз ҷумла нусхаи «Шарҳи Сӯдӣ бар Ҳофиз». ки дар санаи 1003 ҳиҷрӣ таълиф шуда ва дар 1250 ҳиҷрӣ дар Миср ба табъ расидааст, дорои 573 ғазал мебошад. Олими забардасти Туркия Сӯдӣ бори аввал дар нимаи асри 17 осори Хоҷа Ҳофизро аз ғазалиёт ва байтҳои илҳоқӣ тоза кардааст. Гуфтан лозим аст, ки нусхаҳои девони Хоҷа Ҳофиз чи хаттӣ ва чи чопӣ дар рӯйи замин бешумор аст ва дар байни нусхаҳои гуногун ягон мутобиқат дида намешавад, ихтилоф дар ниҳояти зиёд аст. Нусхаи таърихдор ҳамагӣ як дона аст, агар гӯем, ки ҳар ғазал ё манзумаи дигаре, ки дар он набошад, аз они Ҳофиз нест, чӣ тавре ки оғои М. Қазвинӣ бар ин исрор дорад, таърихан хатост, чунки агар осори ягон шоирро дар замони зиндагиаш ҳам тартиб диҳанд, ба сабабҳои гуногун бисёр шеърҳояш мумкин аз он берун монанд, ҳол он ки девони Хоҷа Ҳофиз сиву чанд сол пас аз вафоташ тартиб дода шудааст, дар ин ҷо ҳеч ҷойи шубҳа нест, ки 100 ё қариб 100 ғазал ва баъзе манзумаҳои дигар ба девонаш дохил нашуда монанд. Ғайр аз ин ҳофизшиносон, аз ҷумла М. Яктоӣ, А. Анҷавӣ ва дигарон қайд мекунанд, ки «қадимтарин нусха комилтарин нусха нест». Ба мо маълум аст, ки бисёр ғазалҳои машҳури Хоҷа Ҳофиз монанди «Ин чӣ шӯрест, ки дар …», «Эй боди насим», «Мутриби хушнаво бигӯ» ва ғайра асрҳо боз дар байни халқ интишор ёфтаанд ва аз они ягон шоири дигар буданашонро касе нишон надодааст, фақат барои он, ки дар Халхолӣ нестанд, аз они Ҳофиз намебошанд, гуфтан, даъвои нодуруст аст, бинобар ин мо ғайр аз 495 ғазал, ки аз нусхаи Қазвинӣ гирифтем, 70 ғазали дигарро аз нусхаи М. Яктоӣ, ки дар бисёр девонҳои хаттӣ ва чопии дигар ҳам ҳастанд, гирифта, ҷамъ 565 ғазал, 5 қасида, маснавӣ ва соқинома, 34 қитъа, 42 рубоӣ додем ва бовар дорем, ки дар ин бора ба роҳи хато нарафтаем.

Эҷодиёти Ҳофиз баҳри басо доманадорест, ки амвоҷаш ба бисёр соҳилҳои адабиётҳои миллии ҳозираи халқҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла то ба назми муосири халқҳои тоҷикзабон омада мерасад, осори чунин шахси бузургвор тадқиқоти илмии минбаъдаи бузургеро сазовор ва интизор аст.

Ба бародарони муҳтарам Президенти АФ РСС Тоҷикистон, аъзо-корреспонденти АФ СССР, академики АФ РСС Тоҷикистон Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ, котиби якуми Правленияи Иттифоқи нависандагони РСС Тоҷикистон, Лауреати мукофоти Давлатии СССР, шоир Муъмин Қаноат, номзади фанҳои филология Камол Айнӣ, нависанда Қодир Наимӣ, шоир Муҳиддин Фарҳат ва корманди энсиклопедияи тоҷик Урбатулло Тоҳиров ва ҳамаи онҳое, ки барои таҳияи куллиёти Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ёриҳои амалӣ ва дастгирии ҳарҷониба кардаанд, ташаккури самимона изҳор менамоям.

Ҷ. Шанбезода
Душанбе, соли 1981

Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.