Ҳофиз. Ғазалиёт 1-25

Ғазалиёт

1
Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо,
Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо.
Ба бӯйи нофае, к-охир сабо з-он турра бикшояд,
Зи тоби ҷаъди мушкинаш чӣ хун афтод дар дилҳо.
Маро дар манзили ҷонон чӣ амну айш, чун ҳар дам
Ҷарас фарёд медорад, ки барбандед маҳмилҳо.
Ба май саҷҷода рангин кун, гарат пири муғон гӯяд,
Ки солик бехабар набвад зи роҳу расми манзилҳо.
Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил,
Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо.
Ҳама корам зи худкомӣ ба бадномӣ кашид охир,
Ниҳон кай монад он розе, к-аз ӯ созанд маҳфилҳо.
Ҳузуре гар ҳамехоҳӣ, аз ӯ ғоиб машав, Ҳофиз,
Мато мо талқа ман таҳвӣ даиддунё ва аҳмилҳо.
2
Салоҳи кор куҷову мани хароб куҷо?
Бубин тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо!
Дилам зи савмаа бигрифту хирқаи солус,
Куҷост дайри муғону шароби ноб куҷо?
Чӣ нисбат аст ба риндӣ салоҳу тақвиро,
Самои ваъз куҷо, нағмаи рубоб куҷо?
Зи рӯйи дӯст дили душманон чӣ дарёбанд?
Чароғи мурда куҷо, шамъи офтоб куҷо?
Чу кӯҳли биниши мо хоки остони шумост,
Куҷо равем, бифармо, аз ин ҷаноб куҷо?
Мабин ба себи занахдон, ки чоҳ дар роҳ аст,
Куҷо ҳамеравӣ, эй дил, ба ин шитоб куҷо?
Бишуд, ки ёди хушаш бод рӯзгори висол,
Худ он карашма куҷо рафту он итоб куҷо?
Қарору хоб зи Ҳофиз тамаъ мадор, эй дӯст,
Қарор чист, сабурӣ кадому хоб куҷо?
3
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухоро.
Бидеҳ, соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт,
Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.
Фиғон, к-ин лӯлиёни шӯхи ширинкори шаҳрошӯб,
Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо.
Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист,
Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯйи зеборо?
Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф дошт, донистам,
Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро.
Агар дашном фармойӣ, в-агар нафрин, дуо гӯям,
Ҷавоби талх мезебад лаби лаъли шакархоро.
Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Хадис аз мутрибу май гӯву рози даҳр камтар ҷӯ,
Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо.
Ғазал гуфтию дур суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.
4
Сабо ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро,
Ки сар ба кӯҳу биёбон ту додаӣ моро.
Шаккарфурӯш, ки умраш дароз бод, чаро,
Тафаққуде накунад тӯтии шакархоро.
Ғурури ҳуснат иҷозат магар надод, эй гул,
Ки пурсише накунӣ андалеби шайдоро?
Ба хулқу лутф тавон кард сайди аҳли назар,
Ба банду дом нагиранд мурғи доноро.
Надонам аз чӣ сабаб ранги ошноӣ нест,
Сиҳиқадони сияҳчашми моҳсиморо?
Чу бо ҳабиб нишиниву бода паймойӣ,
Ба ёд ор муҳибони бодапайморо.
Ҷуз ин қадар натавон гуфт дар ҷамоли ту айб,
Ки вазъи меҳру вафо нест рӯйи зеборо.
Дар осмон на аҷаб, гар ба гуфтаи Ҳофиз,
Суруди Зӯҳра ба рақс оварад Масеҳоро.
5
Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро,
Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.
Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез,
Бошад, ки боз бинем дидори ошноро.
Даҳрӯза меҳри гардун афсонаест афсун.
Некӣ ба ҷойи ёрон фурсат шумор, ёро.
Дар ҳалқаи гулу мул, хуш хонд дӯш булбул,
Ҳоти-с-сабӯҳу ҳуббу ё айюҳа-с-сикоро!
Эй соҳиби каромат, шукронаи саломат,
Рӯзе тафаққуде кун дарвеши бенаворо.
Осойиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст:
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро.
Дар кӯйи некномӣ моро гузар надоданд,
Гар ту намеписандӣ, тағйир кун қазоро.
Он талхваш, ки сӯфӣ уммулхабоисаш хонд,
Ашҳолано ва аҳло мин қублат-ил-узоро.
Ҳангоми тангдастӣ дар айш кӯшу мастӣ,
К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун кунад гадоро.
Саркаш машав, ки чун шамъ, аз ғайратат бисӯзад
Дилбар, ки дар кафи ӯ мум аст санги хоро.
Оинаи Сикандар ҷоми Ҷам аст, бингар,
То бар ту арза дорад аҳволи мулки Доро.
Хубони порсигӯ бахшандагони умранд,
Соқӣ, бидеҳ башорат риндони порсоро.
Ҳофиз ба худ напӯшид ин ҳирқаи майолуд,
Эй шайхи покдоман, маъзур дор моро.
6
Ба мулозимони султон кӣ расонад ин дуоро,
Ки ба шукри подшоҳӣ зи назар марон гадоро.
Зи рақиби девсират ба Худои худ паноҳам,
Магар он шаҳоби соқиб мададе диҳад, Худоро.
Мижаи сиёҳат ар кард ба хуни мо ишорат,
Зи фиреби ӯ бияндешу ғалат макун, нигоро.
Дили оламе бисӯзӣ, чу узор барфурӯзӣ,
Ту аз ин чӣ суд дорӣ, ки намекунӣ мадоро?
Ҳама шаб дар ин умедам, ки насими субҳгоҳӣ
Ба паёми ошноӣ бинавозад ошноро.
Чӣ қиёмат аст, ҷоно, ки ба ошиқон намудӣ?
Дилу ҷон фидои рӯят, бинамо узор моро.
Ба Худо, ки ҷуръае деҳ ту ба Ҳофизи саҳархез,
Ки дуои субҳгоҳӣ мададе кунад шуморо.
7
Сӯфӣ, биё, ки оина соф аст ҷомро,
То бингарӣ сафои майи лаълфомро.
Рози даруни парда зи риндони маст пурс,
К-ин ҳол нест зоҳиди олимақомро.
Анқо шикори кас нашавад, дом бозчин,
К-ин ҷо ҳамеша бод ба даст аст домро.
Дар базми давр як-ду қадаҳ даркашу бирав,
Яъне тамаъ мадор висоли давомро.
Эй дил, шабоб рафту начидӣ гуле зи айш,
Пиронасар макун ҳунаре нангу номро.
Дар айши нақд кӯш, ки чун обхӯр намонд,
Одам биҳишт равзаи доруссаломро.
Моро бар остони ту бас ҳаққи хидмат аст,
Эй хоҷа, боз бин ба тараҳҳум ғуломро.
Ҳофиз муриди ҷоми май аст, эй сабо, бирав
В-аз банда бандагӣ бирасон шайхи ҷомро.
8
Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро,
Хок бар сар кун ғами айёмро!
Соғари май дар кафам неҳ, то зи сар
Баркашам ин далқи азрақфомро.
Гарчи бадномист назди оқилон,
Мо намехоҳем нангу номро.
Бода дардеҳ, чанд аз ин боди ғурур
Хок бар сар нафси нофарҷомро.
Дуди оҳи синаи сӯзони ман
Сӯхт ин афсурдагони хомро.
Маҳрами рози дили шайдои худ
Кас намебинам зи хосу омро.
Бо дилороме маро хотир хуш аст,
К-аз дилам якбора бурд оромро.
Нангарад дигар ба сарв андар чаман,
Ҳар кӣ дид он сарви симандомро.
Сабр кун, Ҳофиз, ба сахтӣ рӯзу шаб,
Оқибат рӯзе биёбӣ комро.
9
Равнақи аҳди шабоб аст дигар бӯстонро,
Мерасад муждаи гул булбули хушилҳонро.
Эй сабо, гар ба ҷавонони чаман бозрасӣ,
Хидмати мо бирасон сарву гулу райҳонро.
Гар чунин ҷилва кунад муғбачаи бодафурӯш,
Хокрӯби дари майхона кунам мижгонро.
Эй, ки бар маҳ кашӣ аз анбари соро чавгон,
Музтарибҳол магардон мани саргардонро.
Тарсам, ин қавм, ки бар дурдкашон механданд,
Дар сари кори харобот кунанд имонро.
Ёри мардони Худо бош, ки дар киштии Нӯҳ,
Ҳаст хоке, ки ба обе нахарад тӯфонро.
Бирав аз хонаи гардун бадару нон маталаб,
К-он сияҳкоса дар охир бикушад меҳмонро.
Ҳар киро хобгаҳи охир муште хок аст,
Гӯ, чӣ ҳоҷат, ки ба афлок кашӣ айвонро?
Моҳи канъонии ман, маснади Миср они ту шуд,
Вақти он аст, ки падруд кунӣ зиндонро.
Ҳофизо, май хӯру риндӣ куну хуш бош, вале
Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро.
10
Дӯш аз масҷид сӯйи майхона омад пири мо,
Чист, ёрони тариқат, баъд аз ин тадбири мо.
Мо, муридон, рӯй сӯйи қибла чун орем, чун
Рӯй сӯйи хонаи хаммор дорад пири мо.
Дар хароботи муғон мо низ ҳамдастон шавем,
К-ин чунин рафтаст дар аҳди азал тақдири мо.
Ақл агар донад, ки дил дар банди зулфаш чун хуш аст,
Оқилон девона гарданд аз пайи занҷири мо.
Рӯйи хубат ояте аз лутф бар мо кашф кард,
З-он замон ҷуз лутфу хубӣ нест дар тафсири мо.
Бо дили сангинат оё ҳеҷ даргирад шабе,
Оҳи оташноку сӯзи синаи шабгири мо?
Тири оҳи мо зи гардун бигзарад, Ҳофиз, хамӯш,
Раҳм кун бар ҷони худ, парҳез кун аз тири мо!
11
Соқӣ, ба нури бода барафрӯз ҷоми мо,
Мутриб, бигӯ, ки кори ҷаҳон шуд ба коми мо,
Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем,
Эй бехабар зи лаззати шурби мудоми мо.
Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.
Чандон бувад карашмаву нози сиҳиқадон,
К-ояд ба ҷилва сарви санавбархироми мо.
Эй бод, агар ба гулшани аҳбоб бигзарӣ,
Зинҳор арза деҳ бари ҷонон паёми мо.
Гӯ: номи мо зиёд ба амдо чӣ мебарӣ,
Худ ояд он, ки ёд наёрӣ зи номи мо.
Мастӣ ба чашми шоҳиди дилбанди мо хуш аст,
З-он рӯ супурдаанд ба мастӣ зимоми мо.
Тарсам, ки сарфае набарад рӯзи бозхост
Нони ҳалоли шайх зи оби ҳароми мо.
Дарёи ахзари фалаку киштии ҳилол,
Ҳастанд ғарқи неъмати Ҳоҷӣ Қавоми мо.
Ҳофиз, зи дида донаи ашке ҳамефишон,
Бошад, ки мурғи васл кунад қасди доми мо.
12
Эй фурӯғи моҳи ҳусн аз рӯйи рахшони шумо!
Обрӯйи хубӣ аз чоҳи занахдони шумо!
Азми дидори ту дорад ҷони барлабомада,
Бозгардад ё барояд, чист фармони шумо?
Кас ба даври наргисат тарфе набаст аз офият,
Беҳ, ки нафрӯшанд мастурӣ ба мастони шумо.
Бахти хоболуди мо бедор хоҳад шуд магар,
Он, ки зад бар дида обе рӯйи рахшони шумо!
Бо сабо ҳамроҳ бифрист аз рухат гулдастае,
Бӯ, ки бӯе бишнавем аз хоки бӯстони шумо.
Умратон боду мурод, эй соқиёни базми Ҷам,
Гарчи ҷоми мо нашуд пурмай ба даврони шумо.
Дил харобӣ мекунад, дилдорро огаҳ кунед,
Зинҳор, эй дӯстон, ҷони ману ҷони шумо!
Кай диҳад даст ин ғараз, ё Раб, ки ҳамдастон шаванд
Хотири маҷмӯи мо, зулфи парешони шумо?
Дур дор аз хоку хун доман, чу бар мо бигзарӣ,
К-андар ин раҳ гашта бисёранд қурбони шумо.
Мекунад Ҳофиз дуое, бишнав, омине бигӯ:
Рӯзии мо бод лаъли шаккарафшони шумо!
Эй сабо, бо сокинони шаҳри Язд аз мо бигӯ,
К-эй сари ҳақношиносон гӯйи чавгони шумо.
Гарчи дурем аз бисоти қурб, ҳиммат дур нест,
Бандаи шоҳи шумоему санохони шумо.
Эй шаҳаншоҳи баландахтар, Худоро, ҳиммате,
То бибӯсам ҳамчу ахтар хоки айвони шумо.
13
Шаб аз мутриб, ки дил хуш бод вайро,
Шунидам нолаи ҷонсӯзи найро.
Чунон дар ҷони ман сӯзаш асар кард,
Ки бе риққат надидам ҳеҷ шайро.
Ҳарифе буд маро соқӣ, ки дар шаб
Зи зулфу рух намудӣ шамсу файро.
Чу шавқам дид, дар соғар май афзуд,
Бигуфтам соқии фархундапайро:
«Раҳонидӣ маро аз қайди ҳастӣ,
Чу паймудӣ паёпай ҷоми майро».
Ҳамокаллоҳ ан шарр-ин-навоиб?
Ҷазокаллоҳ фи-д-дорайни хайро.
Чу бехуд гашт Ҳофиз, кай шуморад,
Ба як ҷав мулкати Ковусу Кайро.
14
Офтоб аз рӯйи ӯ шуд дар ҳиҷоб,
Сояро бошад ҳиҷоб аз офтоб.
Дасти моҳу меҳр барбандад ба ҳусн,
Моҳи бемеҳрам чу бикшояд ниқоб.
Аз хаёлам боз нашносад касе,
Гар дар оғӯшаш бубинам шаб ба хоб,
Хуни дил дар ҷом дидам аз сиришк
Обрӯ бар бод додам аз шароб.
Ҳар киро аз дида борон нест ашк,
Зери доман бод дорад чун ҳубоб.
Аз барои бода мебояд задан
Мӯҳтасибро ҳадди бе ҳадду ҳисоб.
Ҳофизо, воиз насиҳат, гӯ, макун,
Тарки туркони Хито набвад савоб.
15
Таолуллаҳ, чӣ давлат дорам имшаб,
Ки омад ногаҳон дилдорам имшаб.
Чу дидам рӯйи хубаш, саҷда кардам,
Биҳамдуллоҳ, накукирдорам имшаб.
Ниҳоли сабрам аз васлаш бар овард,
Зи бахти хеш бархурдорам имшаб.
Бар он азмам, ки гар худ меравад сар,
Ки сарпӯш аз табақ бардорам имшаб.
Кашад нақши аналҳақ бар замин хун,
Чу Мансур ар кашӣ бар дорам имшаб,
Ту соҳибнеъматӣ, ман мустаҳиқам,
Закоти ҳусн деҳ ҳақ дорам имшаб,
Ҳаметарсам, ки Ҳофиз маҳв гардад
Аз ин шӯре, ки дар сар дорам имшаб.
16
Субҳи давлат медамад, ку ҷоми ҳамчун офтоб?
Фурсате беҳ з-ин куҷо ёбам, бидеҳ ҷоми шароб!
Хона беташвишу соқӣ ёру мутриб базлагӯ,
Мавсими айш асту даври соғару аҳди шабоб.
Хилвати хос асту ҷойи амну нузҳатгоҳи унс,
«Ин, ки мебинам, ба бедорист, ё Раб, ё ба хоб?»*
Аз пайи тафриҷи табъу зевари ҳусну тараб,
Хуш бувад таркиби зарринҷом бо лаъли музоб.
Аз хаёли лутфи май машшотаи чолоки табъ
Дар замири барги гул хуш мекунад пинҳон гулоб.
Шоҳиду соқӣ ба дастафшону мутриб пойкӯб,
Ғамзаи соқӣ зи чашми майпарастон бурда хоб.
Шоҳи оламбахш дар даври тараб эҳомгӯ,
Ҳофизи ширинкаломи базлагӯ ҳозирҷавоб.
Бошад ин маҳ муштарӣ дурҳои Ҳофизро, аз он
Мерасад ҳар дам ба гӯши Зӯҳра гулбонги рубоб.
_____________________________
* Мисраъро аз Анварӣ тазмин фармудааст
17
Медамад субҳу килла баста саҳоб,
Ассабӯҳ, ассабӯҳ, ё асҳоб.
Мечакад жола бар рухи лола,
Алмудом, алмудом, ё аҳбоб!
Мевазад аз чаман насими биҳишт,
Ҳон, бинӯшед доимо майи ноб.
Тахти сармад задаст гул ба чаман,
Роҳи чун лаъли оташин дарёб.
Дари майхона бастаанд дигар,
Ифтатеҳ, ё муфаттеҳ-ул-абвоб
Лабу дандонтро ҳуқуқи намак
Ҳаст бар ҷону синаҳои кабоб.
Дар чунин мавсиме аҷаб бошад,
Ки бибанданд майкада ба шитоб,
Ба рухи соқии парипайкар,
Ҳамчу Ҳофиз, бинӯш бодаи ноб.
18
Гуфтам: — Эй султони хубон, раҳм кун бар ин ғариб,
Гуфт: — Дар дунболи дил раҳ гум кунад мискин ғариб.
Гуфтамаш: — Магзар замоне. Гуфт: — Маъзурам бидор
Хонапарварде чӣ тоб орад ғами чандин ғариб?
Хуфта бар санҷоби шоҳӣ нозанинеро чӣ ғам,
Гар зи хору хора созад бистару болин ғариб.
Эй, ки дар занҷири зулфат ҷойи чандин ошност,
Хуш фитод он холи мушкин бар рухи рангин ғариб.
Менамояд акси май дар ранги рӯйи маҳвашат,
Ҳамчу барги арғувон бар сафҳаи насрин ғариб.
Бас ғариб афтодааст он мӯри хат гирди рухат,
Гарчи набвад дар нигористон хати мушкин ғариб.
Гуфтам: — Эй шоми ғарибон турраи шабранги ту,
Дар саҳаргоҳон ҳазар кун, чун бинолад ин ғариб.
Гуфт: — Ҳофиз, ошноён дар мақоми ҳайратанд,
Дур набвад, гар нишинад хаставу мискин ғариб.
19
Эй шоҳиди қудсӣ, кӣ кашад банди ниқобат
В-эй мурғи биҳиштӣ, кӣ диҳад донаву обат?
Хобам бишуд аз дида, дар ин фикри ҷигарсӯз,
К-оғӯши кӣ шуд манзили осойишу хобат?
Дарвеш намепурсиву тарсам, ки набошад
Андешаи омурзишу парвои савобат.
Роҳи дили ушшоқ зад он чашми хуморӣ,
Пайдост аз ин шева, ки маст аст шаробат.
Тире, ки задӣ бар дилам аз ғамза, хато рафт,
То боз чӣ андеша кунад ройи савобат.
Ҳар нолаву фарёд, ки кардам, нашунидӣ,
Пайдост, нигоро, ки баланд аст ҷанобат.
Дур аст сари об аз ин бодия, ҳуш дор,
То ғӯли биёбон нафиребад ба саробат.
То дар раҳи пирӣ ба чӣ оин равӣ, эй дил,
Боре ба ғалат сарф шуд айёми шабобат.
Эй қасри дилафрӯз, ки манзилгаҳи унсӣ,
Ё Раб, макунод офати айём харобат.
Ҳофиз на ғуломест, ки аз хоҷа гурезад,
Лутфе куну боз о, ки харобам зи итобат.
20
Хаме, ки абруи шӯхи ту дар камон андохт,
Ба қасди ҷони мани зори нотавон андохт,
Набуд нақши ду олам, ки ранги улфат буд,
Замона тарҳи муҳаббат на ин замон андохт.
Ба як карашма, ки наргис ба хушфурӯшӣ кард,
Фиреби чашми ту сад фитна дар ҷаҳон андохт.
Шароб хӯрдаву хай карда меравӣ ба чаман,
Ки оби рӯйи ту оташ дар арғавон андохт.
Ба базмгоҳи чаман дӯш маст бигзаштам,
Чу аз даҳони туам ғунча дар гумон андохт.
Бунафша турраи мафтули худ гиреҳ мезад,
Сабо ҳикояти зулфи ту дар миён андохт.
Зи шарми он, ки ба рӯйи ту нисбаташ кардам,
Суман ба дасти сабо хок дар даҳон андохт.
Ман аз вараъ маю мутриб надидаме з-ин пеш,
Ҳавои муғбачагонам дар ину он андохт.
Кунун ба оби майи лаъл хирқа мешӯям,
Насибаи азал аз худ наметавон андохт.
Ҷаҳон ба коми ман акнун шавад, ки даври замон
Маро ба бандагии хоҷаи ҷаҳон андохт.
Магар кушоиши Ҳофиз дар ин харобӣ буд,
Ки бахшиши азалаш дар майи муғон андохт.
21
Сина аз оташи дил дар ғами ҷонона бисӯхт,
Оташе буд дар ин хона, ки кошона бисӯхт.
Танам аз воситаи дурии дилбар бигудохт,
Ҷонам аз оташи меҳри рухи ҷонона бисӯхт.
Сӯзи дил бин, ки зи бас оташи ашкам дили шамъ
Дӯш бар ман зи сари меҳр, чу парвона, бисӯхт,
Ошноӣ на ғариб аст, ки дилсӯзи ман аст,
Чун ман аз хеш бирафтам, дили бегона бисӯхт.
Хирқаи зӯҳди маро оби харобот бибурд,
Хонаи ақли маро оташи майхона бисӯхт.
Чун пиёла дилам аз тавба, ки кардам, бишикаст,
Ҳамчу лола ҷигарам бе маю хумхона бисӯхт.
Моҷаро кам куну боз о, ки маро мардуми чашм,
Хирқа аз сар бадар оварду ба шукрона бисӯхт.
Тарки афсона бигӯ, Ҳофизу май нӯш даме,
Ки нахуфтем шабу шамъ ба афсона бисӯхт.
22
Соқиё, омадани ид муборак бодат,
В-он мавоид, ки кардӣ, маравод аз ёдат!
Дар шигифтам, ки дар ин муддати айёми фироқ
Баргирифтӣ зи ҳарифон дилу дил медодат.
Бирасон бандагии духтари раз, гӯ, бадар ой,
Ки даму ҳиммати мо кард зи банд озодат.
Шодии маҷлисиён дар қадаму мақдами туст,
Ҷойи ғам бод ҳар он дил, ки нахоҳад шодат.
Шукри Эзид, ки зи тороҷи хазон рахна наёфт,
Бӯстони суману сарву гулу шамшодат.
Чашми бад дур, к-аз он тафриқаат боз овард,
Толеи номвару давлати модарзодат.
Ҳофиз, аз даст мадеҳ давлати ин киштии Нӯҳ
Варна тӯфони ҳаводис бибарад бунёдат.
23
Эй насими саҳар, оромгаҳи ёр куҷост?
Манзили он маҳи ошиқкуши айёр куҷост?
Шаби тор асту раҳи водии Айман дар пеш,
Оташи Тӯр куҷо, мавъиди дидор куҷост?
Ҳар кӣ омад ба ҷаҳон, нақши харобӣ дорад,
Дар харобот, бигӯед, ки ҳушёр куҷост?
Он кас аст аҳли башорат, ки ишорат донад,
Нуктаҳо ҳаст басе, маҳрами асрор куҷост?
Ҳар сари мӯйи маро бо ту ҳазорон кор аст,
Мо куҷоему маломатгари бекор куҷост?
Бозпурсед зи гесуи шикан дар шиканаш,
К-ин дили ғамзада саргашта гирифтор куҷост?
Ақл девона шуд, он силсилаи мушкин ку?
Дил зи мо гӯша гирифт, абруи дилдор куҷост?
Соқиву мутрибу май ҷумла муҳайёст, вале
Айш бе ёр муҳайё нашавад, ёр куҷост?
Ҳофиз, аз боди хазон дар чамани даҳр маранҷ
Фикри маъқул бифармо, гули бехор куҷост?
24
Рӯза як сӯ шуду ид омаду дилҳо бархост,
Май зи майхона ба ҷӯш омаду мебояд хост.
Тавбаи зӯҳдфурӯшони гаронҷон бигузашт,
Вақти шодиву тараб кардани риндон пайдост,
Чӣ маломат бувад онро, ки чунин бода хӯрад,
Ин чӣ айб аст бад-ин бехирадӣ в-ин чӣ хатост.
Боданӯшӣ, ки дар ӯ ҳеҷ риёе набувад,
Беҳтар аз зӯҳдфурӯшӣ, ки дар ӯ рӯву риёст.
Мо на мардони риёему ҳарифони нифоқ,
Он, ки ӯ олими сирр аст, бад-ин ҳол гувост.
Фарзи Эзид бигузорему ба кас бад накунем,
В-он чӣ гӯянд раво нест, нагӯем равост.
Чӣ шавад, гар ману ту чанд қадаҳ бода хӯрем,
Бода аз хуни разон аст, на аз хуни шумост.
Ин чӣ айб аст к-аз он айб халал хоҳад буд,
В-ар бувад, низ чӣ шуд, мардуми беайб куҷост?
Ҳофиз, аз чуну чаро бигзару май нӯш даме,
Назди ҳукмаш чӣ маҷоли сухани чуну чарост.
25
Дилу динам шуду дилбар ба маломат бархост,
Гуфт: — Бо мо манишин к-аз ту саломат бархост.
Кӣ, шунидӣ, ки дар ин базм даме хуш бинишаст,
Ки на дар охири сӯҳбат ба надомат бархост?
Шамъ агар з-он лаби хандон ба забон лофе зад,
Пеши ушшоқи ту шабҳо ба ғаромат бархост.
Дар чаман боди баҳорӣ зи канори гулу сарв
Ба ҳаводории он оразу қомат бархост.
Маст бигзаштиву аз хилватиёни малакут
Ба тамошои ту ошӯби қиёмат бархост.
Пеши рафтори ту по бар нагирифт аз хиҷлат
Сарви саркаш, ки ба ноз аз қаду қомат бархост.
Ҳофиз, ин хирқа бияндоз, магар ҷон бибарӣ,
К-оташ аз хирқаи солусу каромат бархост.

Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.