401
Ба мижгони сияҳ кардӣ ҳазорон рахна дар динам,
Биё, к-аз чашми беморат ҳазорон дард барчинам.
Ало, эй ҳамнишини дил, ки ёронат бирафт аз ёд,
Маро рӯзе мабод он дам, ки бе ёди ту биншинам.
Ҷаҳон пир асту бебунёд, аз ин фарҳодкуш фарёд,
Ки кард афсуну найрангаш, малул аз ҷони ширинам.
Зи тоби оташи дурӣ шудам ғарқи арақ чун гул,
Биёр, эй боди шабгире, насиме з-он арақчинам.
Ҷаҳони фониву боқӣ фидои шоҳиду соқӣ,
Ки султонии оламро туфайли ишқ мебинам.
Агар бар ҷойи ман ғайре гузинад дӯст, ҳоким ӯст,
Ҳаромам бод, агар ман ҷон ба ҷойи дӯст бигзинам!
Сабоҳ-ул-хайр зад булбул, куҷоӣ, соқиё, бархез,
Ки ғавғо мекунад дар сар хаёли хоби дӯшинам.
Шаби реҳлат ҳам аз бистар равам дар қасри ҳур-ул-ин,
Агар дар вақти ҷон додан ту бошӣ шамъи болинам.
Ҳадиси орзумандӣ, ки дар ин нома сабт афтод,
Ҳамоно беғалат бошад, ки Ҳофиз дод талқинам.
402
Ҳолиё маслиҳати вақт дар он мебинам,
Ки кашам рахт ба майхонаву хуш биншинам.
Ҷоми май гираму аз аҳли риё дур шавам,
Яъне аз халқи ҷаҳон покдиле бигзинам.
Ҷуз суроҳиву китобам набувад ёри надим,
То ҳарифони дағоро ба ҷаҳон кам бинам.
Сар ба озодагӣ аз халқ барорам чун сарв,
Гар диҳад даст, ки доман зи ҷаҳон дарчинам.
Баски дар хирқаи олуда задам лофи салоҳ
Шармсори рухи соқиву майи рангинам.
Синаи танги ману бори ғами ӯ, ҳайҳот,
Марди ин бори гарон нест дили мискинам.
Бандаи Осафи аҳдам, дилам аз роҳ мабар,
Ки агар дам занам, аз чарх бихоҳад кинам.
Бар дилам гарди ситамҳост, Худоё маписанд,
Ки муқаддар шавад оинаи меҳроинам.
Ман агар ринди хароботаму гар Ҳофизи шаҳр,
Ин матоам, ки ҳамебиниву камтар з-инам.
403
Гарам аз даст бархезад, ки бо дилдор биншинам,
Зи ҷоми васл май нӯшам, зи боғи айш гул чинам.
Шароби талхи сӯфисӯз бунёдам бихоҳад бурд,
Лабам бар лаб неҳ, эй соқиву бистон ҷони ширинам.
Магар девона хоҳам шуд дар ин савдо, ки шаб то рӯз
Сухан бо моҳ мегӯям, парӣ дар хоб мебинам.
Лабат шаккар ба мастон доду чашмат май ба майхорон,
Манам, к-аз ғояти ҳирмон на бо онам, на бо инам.
Чу ҳар хоке, ки бод овард, файзе бурд аз инъомат,
Зи ҳоли банда ёд овар, ки хидматгори деринам.
На ҳар, к-ӯ нақши назме зад, каломаш дилпазир афтад.
Тазарви турфа ман гирам, ки чолок аст шоҳинам.
Агар бовар намедорӣ, рав аз суратгари Чин пурс,
Ки Монӣ нусха мехоҳад зи нӯки килки мушкинам.
Вафодориву ҳақгӯйӣ на кори ҳар касе бошад,
Ғуломи Осафи сонӣ Ҷалолулҳаққи ваддинам.
Румузи мастиву риндӣ зи ман бишнав, на аз Ҳофиз,
Ки бе ҷому қадаҳ ҳар дам надими моҳу Парвинам.
404
Дар хароботи муғон нури Худо мебинам,
Ин аҷаб бин, ки чӣ нуре зи куҷо мебинам.
Ҷилва бар ман мафурӯш, эй маликулҳоҷ, ки ту
Хона мебиниву ман хонахудо мебинам.
Хоҳам аз зулфи бутон нофакушоӣ кардан,
Фикри дур аст, ҳамоно, ки хато мебинам.
Сӯзи дил, ашки равон, оҳи саҳар, нолаи шаб,-
Ин ҳама аз назари лутфи шумо мебинам.
Ҳар дам аз рӯйи ту нақше занадам роҳи хаёл,
Бо кӣ гӯям, ки дар ин парда чиҳо мебинам?
Кас надидаст зи мушки Хутану нофаи Чин
Он чӣ ман ҳар саҳар аз боди сабо мебинам.
Дӯстон, айби назарбозии Ҳофиз макунед,
Ки ман ӯро зи муҳиббони шумо мебинам.
405
Ғами замона, ки ҳеҷаш карон намебинам,
Давош ҷуз майи чун арғавон намебинам.
Ба тарки хидмати пири муғон нахоҳам гуфт,
Чаро, ки маслиҳати худ дар он намебинам.
Зи офтоби қадаҳ иртифои айш бигир,
Чаро, ки толеи вақт ончунон намебинам.
Нишони аҳли Худо ошиқист, бо худ дор,
Ки дар машоихи шаҳр ин нишон намебинам.
Бад-ин ду дидаи ҳайрони ман ҳазор афсӯс,
Ки бо ду оина рӯяш аён намебинам.
Қади ту то бишуд аз ҷӯйбори дидаи ман,
Ба ҷойи сарв ҷуз оби равон намебинам.
Дар ин хумор касам ҷуръае намебахшад,
Бибин, ки аҳли диле дар ҷаҳон намебинам.
Нишони мӯйи миёнаш, ки дил дар ӯ бастам,
Зи ман мапурс, ки худ дар миён намебинам.
Ману сафинаи Ҳофиз, ки ҷуз дар ин дарё
Бизоати сухани дурфишон намебинам.
406
Хуррам он рӯз, к-аз ин манзили вайрон биравам
Роҳати ҷон талабам в-аз пайи ҷонон биравам.
Гарчи донам, ки ба ҷое набарад роҳ ғариб,
Ман ба бӯйи сари он зулфи парешон биравам.
Дилам аз ваҳшати зиндони Сикандар бигирифт,
Рахт барбандаму то мулки Сулаймон биравам.
Чун сабо бо дили бемору тани бетоқат
Ба ҳаводории он сарви хиромон биравам.
Дар раҳи ӯ чу қалам гар ба сарам бояд рафт,
Бо дили захмкашу дидаи гирён биравам.
Назр кардам, гар аз ин ғам бадар оям рӯзе,
То дари майкада шодону ғазалхон биравам.
Ба ҳаводории ӯ заррасифат рақскунон,
То лаби чашмаи хуршеди дурахшон биравам.
Тозиёнро ғами аҳволи гаронборон нест,
Порсоён, мададе, то хушу осон биравам!
В-ар чу Ҳофиз зи биёбон набарам раҳ берун,
Ҳамраҳи кавкабаи Осафи даврон биравам.
407
Гар аз ин манзили вайрон ба сӯйи хона равам,
Дигар он ҷо, ки равам, оқилу фарзона равам.
З-ин сафар гар ба саломат ба ватан бозрасам,
Назр кардам, ки ҳам аз роҳ ба майхона равам.
То бигӯям, ки чӣ кашфам шуд аз ин сайру сулук,
Ба дари савмаа бо барбату паймона равам.
Ошноёни раҳи ишқ гарам хун бихӯранд,
Нокасам, гар ба шикоят сӯйи бегона равам.
Баъд аз ин дасти ману зулфи чу занҷири нигор,
Чанду чанд аз пайи коми дили девона равам.
Гар бибинам хами абруи чу меҳробаш боз,
Саҷдаи шукр кунам в-аз пайи шукрона равам.
Хуррам он дам, ки чу Ҳофиз ба таваллои вазир
Сархуш аз майкада бо дӯст ба кошона равам.
408
Он, ки помоли ҷафо кард чу хоки роҳам,
Хок мебӯсаму узри қадамаш мехоҳам.
Ман на онам, ки зи ҷаври ту бинолам, ҳошо,
Бандаи мӯътақиду чокари давлатхоҳам.
Бастаам дар хами гесуи ту уммеди дароз,
Он мабодо, ки кунад дасти талаб кӯтоҳам.
Зарраи хокаму дар кӯйи туам ҷой хуш аст,
Тарсам, эй дӯст, ки боде бибарад ногоҳам,
Пири майхона саҳар ҷоми ҷаҳонбинам дод,
В-андар он оина аз ҳусни ту кард огоҳам.
Сӯфии савмааи олами қудсам, лекин,
Ҳолиё дайри муғон аст ҳаволатгоҳам.
Бо мани роҳнишин хезу сӯйи майкада ой,
То дар он ҳалқа бибинӣ, ки чӣ соҳибҷоҳам.
Хушам омад, ки саҳар хусрави Ховар мегуфт,
Бо ҳама подшаҳӣ бандаи Тӯроншоҳам.
Маст бигзаштиву аз Ҳофизат андеша набуд,
Оҳ агар домани ҳусни ту бигирад оҳам!
409
Ин чӣ шӯр аст, ки дар даври қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.
Пешаи подшаҳон нест ба ҷуз ҷавру ситам,
Адлу инсоф ҳама зеру забар мебинам.
Ҳар касе рӯзи беҳӣ металабад аз айём,
Иллат он аст, ки ҳар рӯз батар мебинам.
Аблаҳонро ҳама шарбат зи гулобу қанд аст,
Қути доно ҳама аз хуни ҷигар мебинам.
Асби тозӣ шуда маҷрӯҳ ба зери полон,
Тавқи заррин ҳама дар гардани хар мебинам.
Духтаронро ҳама ҷанг асту ҷадал бо модар,
Писаронро ҳама бадхоҳи падар мебинам.
Ҳеҷ раҳме на бародар ба бародар дорад,
Ҳеҷ шафқат на падарро ба писар мебинам.
Панди Ҳофиз бишунав, хоҷа, бирав некӣ кун,
Ки ман ин панд беҳ аз дурру гуҳар мебинам.
410
Дидор шуд муяссару бӯсу канор ҳам,
Аз бахт шукр дораму аз рӯзгор ҳам.
Зоҳид, бирав, ки толеъ агар толеи ман аст,
Ҷомам ба даст бошаду зулфи нигор ҳам.
Мо айби кас ба мастиву риндӣ намекунем,
Лаъли бутон хуш асту майи хушгувор ҳам.
Эй дил, башорате диҳамат, мӯҳтасиб намонд,
В-аз май ҷаҳон пур асту бути майгусор ҳам.
Хотир ба дасти тафриқа додан на зиракист,
Маҷмӯае бихоҳу суроҳӣ биёр ҳам.
Бар хокиёни ишқ фишон ҷуръаи лабаш,
То хок лаългун шаваду мушкбор ҳам.
Он шуд, ки чашми бад нигарон будӣ аз камин.
Хасм аз миён бирафту сиришк аз канор ҳам.
Чун коинот ҷумла ба бӯйи ту зиндаанд,
Эй офтоб, соя зи ман бармадор ҳам.
Чун обрӯйи лолаву гул файзи ҳусни туст,
Эй абри лутф, бар мани хокӣ бибор ҳам.
Ҳофиз асири зулфи ту шуд, аз Худо битарс,
В-аз интисофи Осафи ҷамиқтидор ҳам.
Бурҳони мулку дин, ки зи дасти вазораташ
Айёми кон ямин шуду дарё ясор ҳам.
Бар ёди раъйи анвари ӯ осмон ба субҳ,
Ҷон мекунад фидову кавокиб нисор ҳам.
Гӯйи замин рабудаи чавгони адли ӯст
В-ин баркашида гунбади нилӣ ҳисор ҳам.
Азми сабукинони ту дар ҷунбиш оварад
Ин пойдор маркази олимадор ҳам.
То аз натиҷаи фалаку таври даври ӯст
Табдили моҳу солу хазону баҳор ҳам.
Холӣ мабод кохи ҷалолаш зи сарварон
В-аз соқиёни сарвқади гулъизор ҳам.
411
Дардам аз ёр асту дармон низ ҳам,
Дил фидои ӯ шуду ҷон низ ҳам.
Ин, ки мегӯянд: он хуштар зи ҳусн,
Ёри ман ин дораду он низ ҳам.
Ёд бод он, к-ӯ ба қасди хуни мо
Аҳдро бишкасту паймон низ ҳам.
Достон дар парда мегӯям, вале
Гуфта хоҳад шуд ба дастон низ ҳам.
Чун саромад давлати шабҳои васл,
Бигзарад айёми ҳиҷрон низ ҳам.
Ҳар ду олам як фурӯғи рӯйи ӯст,
Гуфтамат пайдову пинҳон низ ҳам.
Эътимоде нест бар кори ҷаҳон,
Балки бар гардуни гардон низ ҳам.
Ошиқ аз қозӣ натарсад, май биёр,
Балки аз ярғуи султон низ ҳам.
Мӯҳтасиб донад, ки Ҳофиз ошиқ аст,
В-Осафи мулки Сулаймон низ ҳам.
412
Мо беғамони маст дил аз даст додаем,
Ҳамрози ишқу ҳамнафаси ҷоми бодаем.
Бар мо басе камони маломат кашидаанд,
То кори худ зи абруи ҷонон кушодаем.
Эй гул, ту дӯш доғи сабӯҳӣ кашидаӣ,
Мо он шақоиқем, ки бо доғ зодаем.
Пири муғон зи тавбаи мо гар малул шуд,
Гӯ, бода соф кун, ки ба узр истодаем.
Кор аз ту меравад, мададе, эй далели роҳ,
К-инсоф медиҳему зи роҳ уфтодаем.
Чун лола май мабину қадаҳ дар миёни кор,
Ин доғ бин, ки бар дили хунин ниҳодаем.
Гуфтӣ, ки: — Ҳофиз, ин ҳама рангу хаёл чист?
Нақши ғалат мабин, ки ҳамон лавҳи содаем.
413
Умрест то ба роҳи ғамат рӯ ниҳодаем,
Рӯву риёи халқ ба як сӯ ниҳодаем
Тоқу равоқи мадрасаву қолу қили илм,
Дар роҳи ҷому соқии маҳрӯ ниҳодаем.
Ҳам ҷон бад-он ду наргиси ҷоду супурдаем,
Ҳам дил бад-он ду сунбули ҳинду ниҳодаем.
Умре гузашт, то ба умеди ишорате
Чашме бад-он ду гӯшаи абру ниҳодаем.
Мо мулки офият на ба лашкар гирифтаем,
Мо тахти салтанат на ба бозу ниҳодаем.
То сеҳри чашми ёр чӣ бозӣ кунад, ки боз
Бунёд бар карашмаи ҷоду ниҳодаем.
Бе зулфи саркашаш сари савдоӣ аз малол,
Ҳамчун бунафша бар сари зону ниҳодаем.
Дар гӯшаи умед чу наззорагони моҳ
Чашми талаб бар он хами абру ниҳодаем.
Гуфтӣ, ки: — Ҳофизо, дили саргаштаат куҷост?
Дар ҳалқаҳои он хами гесу ниҳодаем.
414
Мо бад-ин дар на пайи ҳашмату ҷоҳ омадаем,
Аз бади ҳодиса ин ҷо ба паноҳ омадаем.
Раҳрави манзили ишқему зи сарҳадди адам
То ба иқлими вуҷуд ин ҳама роҳ омадаем.
Сабзаи хатти ту дидему зи бӯстони биҳишт
Ба талабгории ин меҳргиёҳ омадаем.
Бо чунин ганҷ, ки шуд хозини ӯ Рӯҳамин,
Ба гадоӣ ба дари хонаи шоҳ омадаем.
Лангари ҳилми ту, эй киштии тавфиқ, куҷост?
Ки дар ин баҳри карам ғарқи гуноҳ омадаем.
Обрӯ меравад, эй абри хатопӯш, бибор,
Ки ба девони амал номасиёҳ омадаем.
Ҳофиз, ин хирқаи пашмина бияндоз, ки мо
Аз пайи қофила бо оташи оҳ омадаем.
415
Фатвии пири муғон дораму қавлест қадим,
Ки ҳаром аст май он ҷо, ки на ёр аст надим.
Чок хоҳам задан ин далқи риёӣ, чӣ кунам?
Рӯҳро сӯҳбати ноҷинс азобест алим.
То магар ҷуръа фишонад лаби ҷонон бар ман,
Солҳо шуд, ки манам бар дари майхона муқим.
Магараш хидмати дерини ман аз ёд бирафт,
Эй насими саҳарӣ, ёд диҳаш аҳди қадим!
Баъди сад сол агар бар сари хокам гузарӣ,
Сар барорад зи гилам рақскунон азми рамим.
Дилбар аз мо ба сад уммед ситад аввал дил,
Зоҳиран аҳд фаромӯш накунад хулқи карим.
Ғунча, гӯ, тангдил аз кори фурӯбаста мабош,
К-аз дами субҳ мадад ёбаду анфоси насим!
Фикри беҳбуди худ, эй дил, зи дари дигар кун,
Дарди ошиқ нашавад беҳ зи мудовои ҳаким.
Гавҳари маърифат имрӯз, ки бо худ бибарӣ,
Ки насиби дигарон аст нисоби зару сим.
Дом сахт аст, магар ёр шавад лутфи худо,
Варна одам набарад сарфа зи шайтони раҷим.
Ҳофиз, ар симу зарат нест, чӣ шуд? Шокир бош,
Чӣ беҳ аз давлати лутфи сухану табъи салим?.
416
Хез, то аз дари майхона кушоде талабем,
Ба раҳи дӯст нишинему муроде талабем.
Зоди роҳи ҳарами васл надорем, магар
Ба гадоӣ зи дари майкада зоде талабем.
Лаззати доғи ғамат бар дили ман бод ҳаром,
Агар аз ҷаври ғами ишқи ту доде талабем.
Нуқтаи холи ту бар лавҳи басар натвон зад,
Магар аз мардумаки дида мидоде талабем.
Ишвае аз лаби ширини ту дил хост ба ҷон,
Ба шакарханда лабат гуфт: «Мазоде талабем!»
То бувад нусхаи атрӣ дили савдозадаро,
Аз хати ғолиясойи ту саводе талабем.
Чун ғаматро натавон ёфт, магар дар дили шод,
Мо ба уммеди ғамат хотири шоде талабем.
Бар дари мадраса то чанд нишинӣ, Ҳофиз?
Хез, то аз дари майхона кушоде талабем.
417
Мо зи ёрон чашми ёрӣ доштем,
Худ ғалат буд, он чӣ мо пиндоштем.
То дарахти дӯстӣ кай бар диҳад?
Ҳолиё рафтему тухме коштем.
Гуфтугӯ оини дарвешӣ набуд,
Варна бо ту моҷароҳо доштем.
Шеваи чашмат фиреби ҷанг дошт,
Мо ғалат кардему сулҳ ангоштем.
Гулбуни ҳуснат на худ шуд дилфурӯз,
Мо дами ҳиммат бар ӯ бигмоштем.
Нуктаҳо рафту шикоят кас накард,
Ҷониби ҳурмат фурӯ нагзоштем.
Гуфт: «Худ додӣ ба мо дил, Ҳофизо!
Мо муҳассил бар касе нагмоштем».
418
Салоҳ аз мо чӣ меҷӯйӣ, ки мастонро сало гуфтем,
Ба даври наргиси мастат саломатро дуо гуфтем.
Дари майхонаам бикшо, ки ҳеҷ аз хонақаҳ накшуд,
Гарат бовар бувад, в-ар на, сухан ин буду мо гуфтем,
Ман аз чашми ту, эй соқӣ, хароб афтодаам, лекин
Балое, к-аз ҳабиб ояд, ҳазораш марҳабо гуфтем.
Агар бар ман набахшойӣ, пушаймонӣ хӯрӣ охир,
Ба хотир дор ин маънӣ, ки дар хидмат куҷо гуфтем.
Қадат гуфтам, ки шамшод аст, бас хиҷлат ба бор овард,
Ки ин нисбат чаро додему ин бӯҳтон чаро гуфтем?
Ҷигар чун нофаам хун гашт, кам з-инам намебояд,
Ҷазои он, ки бо зулфат сухан аз чин хато гуфтем.
Ту оташ гаштӣ, эй Ҳофиз, вале бо ёр дарнагрифт,
Зи бадаҳдии гул, гӯйӣ, ҳикоят бо сабо гуфтем.
419
Мо дарси саҳар дар раҳи майхона ниҳодем,
Маҳсули дуо дар раҳи ҷонона ниҳодем.
Дар хирмани сад зоҳиди оқил занад оташ
Ин доғ, ки мо бар дили девона ниҳодем.
Султони азал ганҷи ғами ишқ ба мо дод,
То рӯй дар ин манзили вайрона ниҳодем.
Дар дил надиҳам раҳ пас аз ин меҳри бутонро,
Мӯҳри лаби ӯ бар дари ин хона ниҳодем.
Дар хирқа аз ин беш мунофиқ натавон буд,
Бунёд аз ин шеваи риндона ниҳодем.
Чун меравад ин киштии саргашта, ки, охир,
Ҷон дар сари он гавҳари якдона ниҳодем.
Алминнати лиллаҳ, ки чу мо бедилу дин буд
Онро, ки лақаб оқилу фарзона ниҳодем.
Қонеъ ба хаёле зи ту будем, чу Ҳофиз,
Ё Раб, чӣ гадо ҳиммати шоҳона ниҳодем.
420
Бигзор, то зи шореи майхона бигзарем,
К-аз баҳри ҷуръае ҳама мӯҳтоҷи он дарем.
Рӯзи нахуст чун дами риндӣ задему ишқ,
Шарт он бувад, ки ҷуз раҳи он шева наспарем.
Ҷое, ки тахту маснади Ҷам меравад ба бод,
Гар ғам хӯрем, хуш набувад, беҳ, ки май хӯрем.
То бӯ, ки даст дар камари ӯ тавон задан,
Дар хуни дил нишаста чу ёқути аҳмарем.
Воиз макун насиҳати шӯридагон, ки мо
Бо хоки кӯйи дӯст ба фирдавс нангарем.
Чун сӯфиён ба ҳолату рақсанд муқтадо,
Мо низ ҳам ба шӯъбада дасте бароварем.
Аз ҷуръаи ту хоки замин қадри лаъл ёфт,
Бечора мо, ки пеши ту аз хок камтарем,
Ҳофиз, чу раҳ ба кунгураи кохи васл нест,
Бо хоки остонаи ин дар ба сар барем.
421
Хез, то хирқаи сӯфӣ ба харобот барем,
Шатҳу томот ба бозори хурофот барем.
Сӯйи риндони қаландар ба раҳоварди сафар
Далқи бастомиву саҷҷодаи томот барем.
То ҳама хилватиён ҷоми сабӯҳӣ гиранд,
Чанги субҳӣ ба дари пири муноҷот барем.
Бо ту он аҳд, ки дар водии Айман бастем,
Ҳамчу Мӯсо аринӣ гӯй ба миқот барем.
Кӯси номуси ту бар кунгураи арш занем,
Алами ишқи ту бар боми самовот барем.
Хоки кӯйи ту ба саҳрои қиёмат фардо,
Ҳама бар фарқи сар аз баҳри мубоҳот барем.
В-ар ниҳад дар раҳи мо хори маломат зоҳид,
Аз гулистонш ба зиндони мукофот барем.
Шармамон бод зи пашминаи олудаи хеш,
Гар бад-ин фазлу ҳунар номи каромот барем.
Қадри вақт ар нашиносад дилу коре накунад,
Бас хиҷолат, ки аз ин ҳосили авқот барем.
Фитна меборад аз ин сақфи муқарнас, бархез,
То ба майхона паноҳ аз ҳама офот барем.
Дар биёбони фано гум шудан, охир, то кай?
Раҳ бипурсем, магар пай ба муҳиммот барем.
Ҳофиз, оби рухи худ бар дари ҳар сифла марез,
Ҳоҷат он беҳ, ки бари қозии ҳоҷот барем.
422
Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳе нав дарандозем.
Агар ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад,
Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем.
Шароби арғавониро гулоб андар қадаҳ резем,
Насими атргардонро шакар дар миҷмар андозем.
Чу дар даст аст руде хуш, бизан, мутриб, суруде хуш,
Ки дастафшон ғазал хонему покӯбон сар андозем.
Сабо, хоки вуҷуди мо бад-он олиҷаноб андоз,
Бувад, к-он шоҳи хубонро назар бар манзар андозем.
Яке аз ақл мелофад, дигар томот мебофад,
Биё, к-ин довариҳоро ба пеши довар андозем.
Биҳишти адн агар хоҳӣ, биё бо мо ба майхона,
Ки аз пойи хумат рӯзе ба ҳавзи Кавсар андозем.
Сухандониву хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,
Биё, Ҳофиз, ки то худро ба мулке дигар андозем.
423
Сӯфӣ, биё, ки хирқаи солус баркашем,
В-ин нақши зарқро хати бутлон ба сар кашем.
Назри футӯҳи савмаа дар ваҷҳи май ниҳем,
Далқи риё ба оби харобот баркашем.
Фардо агар на равзаи ризвон ба мо диҳанд,
Ғилмон зи равза, ҳур зи ҷаннат бадар кашем.
Берун ҷаҳем сархушу аз базми сӯфиён
Ғорат кунем бодаву шоҳид ба бар кашем.
Ишрат кунем варна, ба ҳасрат кушандамон
Рӯзе, ки рахти ҷон ба ҷаҳони дигар кашем.
Сирри Худо, ки дар тутуқи ғайб мунзавист
Мастонааш ниқоб зи рухсор баркашем.
Ку ҷилвае зи абруи ӯ, то чу моҳи нав,
Гӯйи сипеҳр дар хами чавгони зар кашем.
Ҳофиз, на ҳадди мост чунин лофҳо задан,
Пой аз гилеми хеш чаро бештар кашем.
424
Дӯстон, вақти гул он беҳ, ки ба ишрат кӯшем,
Сухани аҳли дил аст ину ба ҷон бинюшем.
Нест дар кас караму вақти тараб мегузарад,
Чора он аст, ки саҷҷода ба май бифрӯшем.
Хуш ҳавоест фараҳбахш, Худоё, бифирист,
Нозанине, ки ба рӯяш майи гулгун нӯшем.
Арғунунсози фалак раҳзани аҳли ҳунар аст,
Чун аз ин ғусса нанолему чаро нахрӯшем?
Гул ба ҷӯш омаду аз май назадемаш обе,
Лоҷарам з-оташи ҳирмону ҳавас меҷӯшем.
Мекашем аз қадаҳи лола шароби мавҳум.
Чашми бад дур, ки бе мутрибу май мадҳушем.
Ҳофиз, ин ҳоли аҷаб бо кӣ тавон гуфт, ки мо
Булбулонем, ки дар мавсими гул хомӯшем.
425
Мо шабе даст барорему дуое бикунем,
Ғами ҳиҷрони туро чора зи ҷое бикунем,
Дили бемор шуд аз даст, рафиқон, мададе,
То табибаш ба сар орему давое бикунем.
Он, ки бе ҷурм биранҷиду ба теғам заду рафт,
Бозаш оред, Худоро, ки сафое бикунем.
Хушк шуд бехи тараб, роҳи харобот куҷост?
То дар он обу ҳаво нашъунамое бикунем.
Мадад аз хотири риндон талаб, эй дил, варна
Кори саъб аст, мабодо, ки хатое бикунем!
Сояи тоири камҳавсала коре накунад,
Талаб аз сояи маймуни ҳумое бикунем.
Дилам аз парда бишуд, Ҳофизи хушлаҳҷа куҷост,
То ба қавлу ғазалаш созу навое бикунем?
Ҳофиз. Ғазалиёт 401-425
Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.