Ҳофиз. Маснавиёт

Маснавиёт

1

Ало, эй оҳуи ваҳшӣ куҷоӣ?
Маро бо туст чандин ошноӣ.
Ду танҳову ду саргардон, ду бекас,
Даду домат камин аз пешу аз пас.
Биё, то ҳоли якдигар бидонем.
Муроди ҳам биҷӯем, ар тавонем,
Ки мебинам, ки ин дашти мушавваш
Чарогоҳе надорад хурраму хуш.
Маро бигзашт оби фурқат аз сар.
Бад-ин ҳолат мадоро нест дархур.
Кӣ хоҳад шуд бигӯед, эй рафиқон,
Рафиқи бекасон, ёри ғарибон?
Ғарибонро ғарибон ёд доранд.
Ки онон якдигарро ёдгоранд.
Магар Хизри муборакпай дарояд,
Зи юмни ҳимматаш коре кушояд.
Магар вақти вафо парвардан омад,
Ки фолам лотазарий фардан омад.
Чунинам ҳаст ёд аз пири доно,
Фаромӯшам нашуд ҳаргиз ҳамоно,
Ки рӯзе раҳраве дар сарзамине,
Ба лутфаш гуфт ринде раҳнишине,
Ки: Эй солик, чӣ дар анбона дорӣ?
Биё, доме бинеҳ, гар дона дорӣ!
Ҷавобаш доду гуфто: Дом дорам,
Вале симурғ мебояд шикорам.
Бигуфто: Чун ба даст орӣ нишонаш,
Ки аз мо бенишон аст ошёнаш?
Бигуфто: Гарчи ин амри муҳол аст,
Валекин ноумедӣ ҳам вабол аст.
Чу он сарви равон шуд корвонӣ,
Чу шохи сарв мекун дидабонӣ!
Мадеҳ ҷоми маю пойи гул аз даст,
Вале ғофил мабош аз даҳри сармаст!
Лаби сарчашмаеву тарфи ҷӯе,
Нами ашкеву бо худ гуфтугӯе.
Чу нолон омадат оби равон пеш,
Мадад бахшаш аз оби дидаи хеш.
Ниёзи ман чӣ вазн орад бад-ин соз.
Ки хуршеди ғанӣ шуд кисапардоз.
Ба ёди рафтагону дӯстдорон,
Мувофиқ гард бо абри баҳорон.
Чунон бераҳм зад теғи ҷудоӣ,
Ки гӯё худ набудаст ошноӣ.
Накард он ҳамдами дерин мадоро,
Мусулмонон, мусулмонон, Худоро!
Магар Хизри муборакпай тавонад,
Ки ин танҳо бад-он танҳо расонад.
Ту гавҳар бину аз хармӯҳра бигзар,
Зи тарзе, к-он нагардад шӯҳра, бигзар.
Чу ман моҳии килк орам ба таҳрир,
Ту аз нунулқалам мепурс тафсир.
Равонро бо хирад дар ҳам сириштам,
В-аз он тухме, ки ҳосил буд, киштам.
Фараҳбахшӣ дар ин таркиб пайдост,
Ки нағзи шеъру мағзи ҷонаш аҷзост.
Биёвар накҳати ин тиби уммед,
Машоми ҷон муаттар соз ҷовид.
Ки ин нофа зи Чини ҷайби хур аст,
На он оҳу, ки аз мардум нуфур аст.
Рафиқон, қадри якдигар бидонед,
Чу маълум аст шарҳ, аз бар махонед!
Мақолоти насиҳатгӯ ҳамин аст,
Ки сангандози ҳиҷрон дар камин аст.

Соқинома

Сари фитна дорад дигар рӯзгор,
Ману мастиву фитнаи чашми ёр.
Биё, соқӣ, он май, ки ҳол оварад,
Фароғат фазояд, камол оварад,
Ба ман деҳ, ки бас бедил афтодаам,
В-аз ин ҳар ду беҳосил афтодаам.
Биё, соқӣ, он май, ки аксаш зи ҷом,
Ба Кайхусраву Ҷам фиристам паём,
Бидеҳ, то бигӯям ба овози най,
Ки Ҷамшед кай буду Ковус кай?
Биё, соқӣ, он кимиёи футӯҳ,
Ки бо ганҷи Қорун диҳад умри Нӯҳ,
Бидеҳ то ба рӯят кушоянд боз
Дари комрониву умри дароз.
Бидеҳ, соқӣ, он май, к-аз ӯ ҷоми Ҷам
Занад лофи биноӣ, андар адам,
Ба ман деҳ, ки гардам ба таъйиди ҷом,
Чу Ҷам огаҳ аз сирри олам тамом.
Дам аз сайри ин дайри дерина зан,
Салое ба шоҳони пешина зан.
Ҳамон манзил аст ин ҷаҳони хароб,
Ки дидаст айвони Афросиёб.
Куҷо ройи Пирони лашкаркашаш,
Куҷо Шеда, он турки ханҷаркашаш?
На танҳо шуд айвону қасраш ба бод,
Ки кас дахма низаш надорад ба ёд.
Ҳамон марҳаласт ин биёбони дур,
Ки гум шуд дар ӯ лашкари Салму Тур.
Чӣ хуш гуфт Ҷамшеди ботоҷу ганҷ,
Ки: Як ҷав наярзад саройи сипанҷ.
Биё, соқӣ, он оташи тобнок,
Ки Зардушт меҷӯядаш зери хок.
Ба ман деҳ, ки дар кеши риндони маст,
Чи оташпарасту чи дунёпараст.
Биё, соқӣ, он бикри мастури маст,
Ки андар харобот дорад нишаст,
Ба ман деҳ, ки бадном хоҳам шудан,
Хароби маю ҷом хоҳам шудан.
Биё, соқӣ, он оби андешасӯз,
Ки гар шер нӯшад, шавад бешасӯз,
Бидеҳ, то равам бар фалак шергир,
Ба ҳам барзанам доми ин гурги пир.
Биё, соқӣ, он ман, ки ҳури биҳишт,
Абири малоик дар он месиришт.
Бидеҳ, то бухуре дар оташ кунам,
Машоми хирад то абад хуш кунам.
Бидеҳ, соқӣ, он май, ки шоҳӣ диҳад,
Ба покии ӯ дил гувоҳӣ диҳад.
Маям деҳ, магар гардам аз айб пок,
Барорам ба ишрат саре з-ин мағок.
Чу шуд боғи рӯҳониён масканам,
Дар ин ҷо чаро тахтабандӣ танам?
Шаробам деҳу рӯйи давлат бибин,
Харобам куну ганҷи ҳикмат бибин!
Ман онам, ки чун ҷом гирам ба даст,
Бибинам дар он оина ҳар чӣ ҳаст.
Ба мастӣ дами подшоҳӣ занам.
Дами хусравӣ дар гадоӣ занам.
Ба масти тавон дурри асрор суфт,
Ки дар бехудӣ роз натвон нуҳуфт.
Ки Ҳофиз чу мастона созад суруд,
Зи чархаш диҳад Зӯҳра овози руд.
Муғаннӣ, куҷоӣ ба гулбонги руд,
Ба ёд овар он хусравонӣ суруд.
Ки то ваҷдро корсозӣ кунам.
Ба рақс ояму хирқабозӣ кунам
Ба иқболи дорои дайҳиму тахт,
Беҳин меваи хусравонӣ дарахт.
Хидеви замин, подшоҳи замон,
Маҳи бурҷи давлат, шаҳи комрон,
Ки тамкини авранги шоҳӣ аз ӯст,
Таносойиши мурғу моҳӣ аз ӯст.
Фурӯғи дилу дидаи муқбилон,
Валинеъмати ҷони соҳибдилон.
Ало, эй ҳумои ҳумоюнназар,
Хуҷастасурӯшу муборакхабар,
Фалакро гуҳар дар садаф чун ту нест,
Фаридуни Ҷамро халаф чун ту нест.
Ба ҷойи Сикандар бимон солҳо,
Ба донодилӣ кашф кун ҳолҳо.
Яке теғ донад задан рӯзгор,
Якеро қаламзан кунад рӯзгор.
Муғаннӣ, бизан он навоин суруд,
Бигӯ бо ҳарифон ба овози руд.
Маро бар аду оқибат фурсат аст,
Ки аз осмон муждаи нусрат аст.
Муғаннӣ, навои тараб соз кун,
Ба қавлу ғазал қисса оғоз кун.
Ки бори ғамам бар замин дӯхт пой,
Ба зарби усулам баровар зи ҷой.
Равони бузургон зи худ шод кун,
Зи Парвизу аз Борбад ёд кун.
Муғаннӣ, аз он парда нақше биёр,
Бибин то чӣ гуфт аз дарун пардадор.
Чунон баркаш овози хунёгарӣ,
Ки Ноҳиди чангӣ ба рақс оварӣ.
Раҳе зан, ки сӯфӣ ба ҳолат равад,
Ба мастии васлаш ҳаволат равад.
Муғаннӣ, дафу чангро соз деҳ,
Ба оини хуш нағма овоз деҳ!
Фиреби ҷаҳон қиссаи равшан аст,
Бибин, то чӣ зояд шаб, обистан аст.
Муғаннӣ, малулам, дутоӣ бизан,
Ба яктоии ӯ дутоӣ бизан,
Ҳамебинам аз даври гардун шигифт,
Надонам киро хок хоҳад гирифт?
Дигар ринди муғ оташе мезанад
Надонам чароғи кӣ бармеканад?
Дар ин хунфишон арсаи растахез,
Ту хуни суроҳиву соғар бирез!
Ба мастон навиди суруде фирист,
Ба ёрони рафта дуруде фирист.
Биё, соқӣ, он оби оташхавос,
Ба ман деҳ, ки то ёбам аз ғам халос.
Ба ман деҳ, ки султони дил будаам,
Кунун дурам аз вай, ки олудаам.
Биё, соқӣ, аз бевафоии умр,
Битарсу зи май кун гадоии умр.
Ки май умрро мебияфзоядат,
Даре ҳар дам, аз ғайб бикшоядат.
Биё, соқӣ, аз май бинеҳ маҷлисе,
Ки дунё надорад вафо бо касе.
Ҳубоби маят дод аз он нукта ёд,
Ки чун бурд бод, афсари Кайқубод.
Биё, соқӣ, аз май талаб коми дил,
Ки бе май надидам ман ороми дил.
Гар аз ҳиҷри ҷон тан сабурӣ кунад,
Дил аз май тавонад, ки дурӣ кунад.
Биё, соқӣ, ин ҷом пур кун зи май,
Ки гӯям туро ҳоли Кисрову Кай.
Биё, соқӣ, эмин чӣ бошӣ, ки даҳр,
Бар он аст, к-ат хун бирезад ба қаҳр.
Биё, соқӣ, аммо макун саркашӣ,
Ки аз хокӣ, охир, на аз оташӣ.
Қадаҳ пур кун аз май, ки май хуш бувад,
Хусусан, ки софиву беғаш бувад.
Биё, соқӣ, он роҳи райҳоннасим,
Ба ман деҳ, ки на зар бимонад на сим.
Биё, соқӣ, он бодаи лаъли соф,
Бидеҳ, то кай ин шайду тазвиру лоф?
Зи тасбеҳу хирқа малулам мудом,
Ба май раҳн кун ҳар дуро вассалом!
Биё, соқӣ аз кунҷи дайри муғон,
Машав дур, ки ин ҷост ганҷи равон.
В-арат кас бигӯяд марав сӯйи дайр!
Ҷавобаш чӣ гӯйӣ? Бигӯ: «Шаб ба хайр!»
Биё, соқӣ он арғавонӣ қадаҳ,
Ки дил з-ӯ тараб ёбаду ҷон фараҳ.
Ба ман деҳ, ки аз ғам халосам диҳад,
Нишони раҳи базми хосам диҳад.
Биё, соқӣ, он май, ки ҷонпарвар аст,
Дили хастаро ҳамчу ҷон дархур аст.
Бидеҳ, к-аз ҷаҳон хайма берун занам,
Саропарда болои гардун занам.
Биё, соқӣ, он ҷоми чун меҳру моҳ,
Бидеҳ, то занам бар фалак боргоҳ.
Биё, соқӣ, аз бодаҳои куҳун,
Ба ҷоми паёпай маро маст кун!
Чу мастам кунӣ аз майи беғашат.
Ба мастӣ бигӯям суруде хушат.
Биё, соқӣ, акнун, ки шуд чун биҳишт,
Зи рӯйи ту ин базми анбарсиришт.
Хуз-ал-ҷома лотаҳши фӣ алҷаноҳ,
Ки дар боғи ҷаннат бувад май мубоҳ.
Биё, соқӣ, аз май надорам гузир,
Ба як ҷоми боқӣ маро даст гир!
Ки аз даври гардун ба ҷон омадам,
Равон сӯйи дайри муғон омадам.
Ғами ин ҷаҳонро, к-аз ӯ нест нафъ,
Ба май метавон кард аз хеш дафъ.
Биё, соқӣ, аз бодаи завқбахш
Бидеҳ, то нишинем бар пушти Рахш,
Таҳамтансифат рӯ ба майдон кунем,
Ба коми дил оҳанги ҷавлон кунем.
Биё, соқӣ, он ҷоми ёқутваш,
Ки бар дил кушояд дари вақти хуш.
Биё, соқӣ, он ҷоми чун Салсабил,
Ки дилро ба фирдавс бошад далел.
Ба ман деҳ, ки танб¬ӯр хуш  гуфту най,
Ки як ҷуръа май беҳ, ки дайҳими Кай!
Биё, соқӣ, аз ман бирав пеши шоҳ,
Бигӯ ин сухан, к-эй шаҳи ҷамкулоҳ,
Дили бенавоёни мискин биҷӯй,
Пас он гаҳ ҷоми ҷаҳонбин биҷӯй!
Ҷаҳондору динпарвару додгар,
К-аз ӯ тахти Кай гашт бо зебу фар.
Чӣ гуна диҳам шарҳи осори ӯ,
Ки ақл аст ҳайрон дар атвори ӯ.
Чу қадри вай аз ҳадди васф аст беш,
Сар андозам аз аҷзу ташвир пеш.
Барорам ба ихлос дасти дуо,
Кунам рӯй дар ҳазрати кибриё,
Ки, ё Раб, ба олову наъмои ту,
Ба асрори асмои ҳаснои ту,
Ба ҳаққи каломат, ки омад қадим,
Ба ҳаққи Расулу халқи азим,
Ки шоҳи ҷаҳон бод фирӯзбахт,
Ба иқболаш ороста тоҷу тахт.
Замин то бувад мазҳари адлу ҷавр,
Фалак то бувад мартаи Ҷадю Савр,
Хидеви ҷаҳон шоҳ Мансур бод,
Ғубори ғам аз хотираш дур бод!
Биҳамдуллаҳ, эй хусрави ҷамнигин,
Шуҷоӣ ба майдони дунёву дин.
Ба Мансурият шуд дар офоқ ном,
Ки мансур будӣ бар аъдо мудом.
Фаридуншукӯҳӣ дар айвони базм,
Таҳамтаннабардӣ ба майдони разм.
На танҳо хироҷат фиристад Фаранг,
Ки маҳроҷ боҷат фиристад зи Занг.
Агар Турку Ҳинд асту гар Руму Чин,
Чу Ҷам ҷумла дорӣ ба зери нигин.
Зуҳал камтарин ҳиндуят дар равоқ,
Сипеҳрат ғуломе мурассаънитоқ.
Ҳумоест чатрат ҳумоюнасар,
Ки дорад басити замин зери пар.
Сикандарсифат Рум то Чин турост,
Гар ӯ дошт оина, оин турост.
Чу дарёи васфат надорад канор,
Мадиҳат кунам бо дуо ихтисор.
Зи назми Низомӣ, ки чархи куҳан,
Надорад чу ӯ ҳеч зебосухан.
Биёрам ба тазмин се байти матин,
Ки назди хирад беҳ зи дурри самин.
«Аз он бештар, к-оварӣ дар замир,
Внлоятситон бошу офоқгир!
Замон то замон аз сипеҳри баланд,
Ба фатҳи дигар бош пирӯзманд!
Аз он май, ки ҷондоруи ҳуш бод.
Маро шарбату шоҳро нӯш бод!»
Муғаннӣ, бизан чанг дар арғунун,
Бибар аз дилам фикри дунёи дун.
Магар хотирам ёбад осойише,
Чу набвад зи ғам бо вай олойише.
Ба мастон навиди суруде фирист,
Ба ёрони рафта дуруде фирист.
Муғаннӣ, биё, бо манат ҷанг нест,
Кафе бар дафе неҳ, гарат чанг нест.
Шунидам, ки чун ғам расонад газанд,
Хурӯшидани даф бувад судманд.
Муғаннӣ, куҷоӣ, ки вақти гул аст,
Зи булбул чаманҳо пур аз ғул-ғул аст.
Ҳамон беҳ, ки хунам ба ҷӯш оварӣ,
Даме чангро дар хурӯш оварӣ.
Муғаннӣ, биё, уд барсоз кун,
Навоин навое нав оғоз кун!
Ба як нағма дарди маро чора соз,
Дилам низ чун хирқа садпора соз!
Муғаннӣ, чӣ бошад, ки лутфе кунӣ,
Зи най бозам оташ ба дил афганӣ.
Бурун орӣ аз фикри худ як дамам,
Ба ҳам барзанӣ хонумони ғамам?
Муғаннӣ, куҷоӣ? Навое бизан,
Ба мо бенавоён салое бизан.
Чу хоҳад шудан олам аз мо тиҳӣ,
Гадоӣ басе беҳ, ки шоҳаншаҳӣ.
Муғаннӣ, бигӯ қавлу бардор соз,
Ки бечорагонро туӣ чорасоз.
Ту бинмой роҳи Ироқам ба рӯд,
Ки бинмоям аз дида ман Зиндарӯд.
Муғаннӣ, биё бишнаву кор банд,
Ба қавли ман ин панди донописанд.
Чу ғам лашкар орад, биёро сафе,
Ба чангу рубобеву ною дафе.
Муғаннӣ, ту сирри маро маҳрамӣ,
Замоне ба най зан дами ҳамдамӣ.
Ба май дур кун аз дилат, гар ғамест,
Даме зан ба най з-он, ки олам дамест.
Муғаннӣ, куҷоӣ, бизан барбате,
Биё, соқӣ, аз бода пур кун бате,
Ки бо ҳам нишинему айше кунем,
Даме хуш барорему тайше кунем.
Муғаннӣ, зи ашъори ман як ғазал,
Ба оҳанги чанг овар андар амал.
Биё, бар ҷаҳон дил манеҳ зинҳор,
Касе бар сари пул надорад қарор.

Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.