226
Шароби беғашу соқии хуш ду доми раҳанд,
Ки зиракони ҷаҳон аз камандашон нараҳанд.
Ман арчи ошиқаму ринду масту номасиёҳ,
Ҳазор шукр, ки ёрони шаҳр бегунаҳанд.
Ҷафо на пешаи дарвешӣ асту роҳравӣ,
Биёр бода, ки ин соликон на марди раҳанд.
Мабин ҳақир гадоёни ишқро, к-ин қавм,
Шаҳони бекамару хусравони бекулаҳанд.
Ба ҳуш бош, ки ҳангоми боди истиғно
Ҳазор хирмани тоат ба ним ҷав наниҳанд.
Макун ки кавкабаи дилбарӣ шикаста шавад,
Чу бандагон бигурезанду чокарон биҷаҳанд.
Ғуломи ҳиммати дурдикашони якрангам,
На он гурӯҳ, ки азрақлибосу дилсияҳанд.
Қадам манеҳ ба харобот, ҷуз ба шарти адаб,
Ки сокинони дараш маҳрамони подшаҳанд.
Ҷаноби ишқ баланд аст, ҳиммате, Ҳофиз,
Ки ошиқон раҳи беҳимматон ба худ надиҳанд.
227
Бувад оё, ки дари майкадаҳо бикшоянд,
Гиреҳ аз кори фурӯбастаи мо бикшоянд?
Агар аз баҳри дили зоҳиди худбин бастанд,
Дил қавӣ дор, ки аз баҳри Худо бикшоянд.
Ба сафои дили риндони сабӯҳизадагон,
Бас дари баста ба мифтоҳи дуо бикшоянд.
Номаи таъзияти духтари раз бинвисед,
То ҳама муғбачагон зулфи дуто бикшоянд.
Гесуи чанг бибурред ба марги майи ноб,
То ҳарифон ҳама хун аз мижаҳо бикшоянд.
Дари майхона бибастанд, Худоё, маписанд,
Ки дари хонаи тазвиру риё бикшоянд.
Ҳофиз, ин хирқа, ки дорӣ, ту бибинӣ фардо,
Ки чӣ зуннор зи зераш ба дағо бикшоянд.
228
Солҳо дафтари мо дар гарави саҳбо буд,
Равнақи майкада аз дарсу дуои мо буд.
Некии пири муғон бин, ки чу мо, бадмастон,
Ҳар чӣ кардем, ба чашми карамаш зебо буд.
Дафтари дониши мо ҷумла бишӯед ба май,
Ки фалак дидаму дар қасди дили доно буд.
Аз бутон он талаб, ар ҳусншиносӣ, эй дил,
К-ин касе гуфт, ки дар илми назар бино буд.
Дил чу паргор ба ҳар сӯ даваронӣ мекард.
В-андар он доира саргаштаи побарҷо буд.
Мутриб аз дарди муҳаббат амале мепардохт,
Ки ҳакимони ҷаҳонро мижа хунполо буд.
Мешукуфтам зи тараб з-он, ки чу гул бар лаби ҷӯй,
Бар сарам сояи он сарви сиҳиболо буд.
Пири гулранги ман андар ҳақи азрақпӯшон,
Рухсати хубс надод, ар на ҳикоятҳо буд.
Қалби андудаи Ҳофиз бари ӯ харҷ нашуд,
К-ин муомил ба ҳама айби ниҳон бино буд.
229
Ёд бод он, ки ниҳонат назаре бо мо буд,
Рақами меҳри ту бар чеҳраи мо пайдо буд.
Ёд бод он, ки чу чашмат ба итобам мекушт,
Мӯъҷизи исавият дар лаби шаккарҳо буд.
Ёд бод он, ки сабӯҳизада дар маҷлиси унс,
Ҷуз ману дӯст набудему Худо бо мо буд.
Ёд бод он, ки рухат шамъи тараб меафрӯхт
В-ин дили сӯхта парвонаи нопарво буд.
Ёд бод он, ки дар он базмгаҳи хулқу адаб
Он, ки ӯ хандаи мастона задӣ, саҳбо буд.
Ёд бод он, ки чу ёқутқадаҳ ханда задӣ,
Дар миёни ману лаъли ту ҳикоятҳо буд.
Ёд бод он, ки нигорам чу камар барбастӣ,
Дар рикобаш маҳи нав пайки ҷаҳонпаймо буд.
Ёд бод он, ки хароботнишин будаму маст
В-он чӣ дар масҷидам имрӯз кам аст, он ҷо буд.
Ёд бод он, ки ба ислоҳи шумо мешуд рост,
Назми ҳар гавҳари носуфта, ки Ҳофизро буд.
230
То зи майхонаву май ному нишон хоҳад буд,
Сари мо хоки раҳи пири муғон хоҳад буд.
Ҳалқаи пири муғон аз азалам дар гӯш аст,
Бар ҳамонем, ки будему ҳамон хоҳад буд.
Бар сари турбати мо чун гузарӣ, ҳиммат хоҳ,
Ки зиёратгаҳи риндони ҷаҳон хоҳад буд.
Бирав, эй зоҳиди худбин, ки зи чашми ману ту,
Рози ин парда ниҳон асту ниҳон хоҳад буд.
Турки ошиқкуши ман маст бурун рафт имрӯз,
То дигар хуни кӣ аз дида равон хоҳад буд.
Чашмам он дам, ки зи шавқи ту ниҳад сар ба лаҳад.
То дами субҳи қиёмат нигарон хоҳад буд.
Бахти Ҳофиз гар аз ин гуна мадад фармояд,
Зулфи маъшуқа ба дасти дигарон хоҳад буд.
231
Пеш аз инат беш аз ин андешаи ушшоқ буд,
Меҳрварзии ту бо мо шӯҳраи офоқ буд.
Ёд бод он сӯҳбати шабҳо, ки бо нӯшинлабон,
Баҳси сирри ишқу зикри ҳалқаи ушшоқ буд.
Пеш аз ин, к-ин сақфи сабзу тоқи мино баркашанд,
Манзари чашми маро абруи ҷонон тоқ буд.
Аз дами субҳи азал то охири шоми абад,
Дӯстиву меҳр бар як аҳду як мисоқ буд.
Сояи маъшуқ агар афтод бар ошиқ чӣ шуд?
Мо ба ӯ мӯҳтоҷ будем, ӯ ба мо муштоқ буд.
Ҳусни маҳрӯёни маҷлис гарчи дил мебурду дин,
Баҳси мо дар лутфи табъу хубии ахлоқ буд.
Бар дари шоҳам гадое нуқтае дар кор кард,
Гуфт: «Бар ҳар хон, ки биншастам, Худо раззоқ буд»,
Риштаи тасбеҳ агар бигсаст, маъзурам бидор,
Дастам андар домани соқии симинсоқ буд.
Дар шаби қадр ар сабӯҳӣ кардаам, айбам макун,
Сархуш омад ёру ҷоме бар канори тоқ буд.
Шеъри Ҳофиз дар замони Одам андар боғи хулд
Дафтари насрину гулро зинати авроқ буд.
232
Ёд бод он, ки сари кӯйи туам манзил буд,
Дидаро равшанӣ аз хоки дарат ҳосил буд.
Рост чун савсану гул аз асари сӯҳбати пок,
Бар забон буд маро он чӣ туро дар дил буд.
Дил чу аз пири хирад нақли маонӣ мекард,
Ишқ мегуфт ба шарҳ он чӣ бар ӯ мушкил буд,
Оҳ аз ин ҷавру тазаллум, ки дар ин домгаҳ аст,
В-оҳ аз он айшу танаъум, ки дар он маҳфил буд.
Дар дилам буд, ки бе дӯст набошам ҳаргиз,
Чӣ тавон кард, ки саъйи ману дил ботил буд.
Дӯш бар ёди ҳарифон ба харобот шудам,
Хуми май дидам хун дар дилу по дар гил буд.
Бас бигаштам, ки бипурсам сабаби дарди фироқ,
Муфтии ақл дар ин масъала лояъқил буд.
Ростӣ, хотами фирӯзаи Бӯисҳоқӣ
Хуш дурахшид, вале давлати мустаъҷил буд.
Дидӣ он қаҳқаҳаи кабки хиромон, Ҳофиз,
Ки зи сарпанҷаи шоҳини қазо ғофил буд.
233
Хастагонро чу талаб бошаду қувват набувад,
Гар ту бедод кунӣ, шарти мурувват набувад.
Мо ҷафо аз ту надидему ту худ напсандӣ
Он чӣ дар мазҳаби арбоби тариқат набувад.
Хира он дида, ки обаш набарад гиряи ишқ,
Тира он дил, ки дар ӯ шамъи муҳаббат набувад.
Давлат аз мурғи ҳумоюн талабу сояи ӯ,
З-он, ки бо зоғу заған шаҳпари давлат набувад.
Гар мадад хостам аз пири муғон, айб макун,
Шайхи мо гуфт, ки дар савмаа ҳиммат набувад.
Чун таҳорат набувад, Каъбаву бутхона якест,
Набувад хайр дар он хона, ки исмат набувад.
Ҳофизо, илму адаб варз, ки дар маҷлиси шоҳ
Ҳар киро нест адаб, лоиқи сӯҳбат набувад.
234
Қатли ин хаста ба шамшери ту тақдир набуд,
Варна ҳеҷ аз дили бераҳми ту тақсир набуд.
Мани девона чу зулфи ту раҳо мекардам,
Ҳеҷ лоиқтарам аз ҳалқаи занҷир набуд.
Ё Раб, оинаи ҳусни ту чӣ ҷавҳар дорад,
Ки дар ӯ оҳи маро қуввати таъсир набуд?
Сар зи ҳасрат ба дари майкадаҳо баркардам,
Чун шиносои ту дар савмаа як пир набуд.
Нозанинтар зи қадат дар чамани ноз наруст,
Хуштар аз нақши ту дар олами тасвир набуд.
То магар ҳамчу сабо боз ба кӯйи ту расам,
Ҳосилам дӯш ба ҷуз нолаи шабгир набуд.
Он кашидам зи ту, эй оташи ҳиҷрон, ки чу шамъ
Ҷуз фанои худам аз дасти ту тадбир набуд.
Ояте буд азоб андӯҳи Ҳофиз бе ту,
Ки бари ҳеҷ касаш ҳоҷати тафсир набуд.
235
Корам зи даври чарх ба сомон намерасад,
Хун шуд дилам зи дарду ба дармон намерасад.
Бо хоки роҳ рост шудам, лек ҳамчунон
То обрӯ намеравадам, нон намерасад.
Пайпорае намеканам аз ҳеҷ устухон,
То сад ҳазор захм ба дандон намерасад.
Серам зи ҷони худ ба дили ростон, вале
Бечораро чӣ чора, чу фармон намерасад.
Аз орзуст гашта гаронбори ғам дилам,
Оваҳ, ки орзуи ман арзон намерасад.
Яъқубро ду дида зи ҳасрат сафед шуд,
Овозае зи Миср ба Канъон намерасад.
Аз ҳашмат аҳли ҷаҳл ба Кайвон расидаанд,
Ҷуз оҳи аҳли фазл ба Кайвон намерасад.
Аз дастбурди ҷаври фалак аҳли фазлро
Ин ғусса бас, ки даст сӯйи ҷон намерасад.
То сад ҳазор хор намерӯяд аз замин,
Аз гулбуне гуле ба гулистон намерасад.
Сӯфӣ, бишӯй занги дили худ ба оби май,
К-аз шустушӯйи хирқаат ғуфрон намерасад.
Ҳофиз, сабур бош, ки дар роҳи ошиқӣ
Ҳар кас, ки ҷон надод, ба ҷонон намерасад.
236
Дӯш дар ҳалқаи мо қиссаи гесуи ту буд,
То дили шаб сухан аз силсилаи мӯйи ту буд.
Дил, ки аз новаки мижгони ту дар хун мегашт,
Боз муштоқи камонхонаи абруи ту буд.
Ҳам афуллоҳ сабо к-аз ту паёме овард,
Варна дар кас нарасидем, ки аз кӯйи ту буд.
Олам аз шӯру шари ишқ хабар ҳеҷ надошт,
Фитнаангези ҷаҳон ғамзаи ҷодуи ту буд.
Мани саргашта ҳам аз аҳли саломат будам,
Доми роҳам шикани турраи ҳиндуи ту буд.
Бикушо банди қабо, то бикушояд дили ман,
Ки кушоде, ки маро буд, зи паҳлуи ту буд.
Ба вафои ту, ки бар турбати Ҳофиз бигузар,
К-аз ҷаҳон мешуду дар орзуи рӯйи ту буд.
237
Дӯш меомаду рухсора барафрӯхта буд,
То куҷо боз дили ғамзадае сӯхта буд.
Расми ошиқкушиву шеваи шаҳрошӯбӣ
Ҷомае буд, ки бар қомати ӯ дӯхта буд.
Ҷони ушшоқ сипанди рухи худ медонист
В-оташи чеҳра бад-ин кор барафрӯхта буд.
Гарчи мегуфт, ки зорат бикушам, медидам,
Ки ниҳонаш назаре бо мани дилсӯхта буд.
Куфри зулфаш раҳи дин мезаду он сангиндил,
Дар паяш машъале аз чеҳра барафрӯхта буд.
Дил басе хун ба каф овард, вале дида бирехт,
Аллаҳ, аллаҳ, кӣ талаф карду кӣ андӯхта буд.
Ёр мафрӯш ба дунё, ки басе суд накард
Он, ки Юсуф ба зари носара бифрӯхта буд.
Гуфту хуш гуфт: «Бирав хирқа бисӯзон, Ҳофиз»
Ё Раб ин, қалбшиносӣ зи кӣ омӯхта буд.
238
Як-ду ҷомам дӣ саҳаргаҳ иттифоқ афтода буд,
В-аз лаби соқӣ шаробам дар мазоқ афтода буд.
Аз сари мастӣ дигар бо шоҳиди аҳди шабоб,
Раҷъате мехостам, лекин талоқ афтода буд.
Дар мақомоти тариқат ҳар куҷо кардем сайр,
Офиятро бо назарбозӣ фироқ афтода буд.
Соқиё, ҷоми дамодам деҳ, ки дар сайри тариқ
Ҳар кӣ ошиқваш наёмад, дар нифоқ афтода буд.
Эй муаббир, муждае фармо, ки дӯшам офтоб,
Дар шакархоби сабӯҳӣ ҳамвисоқ афтода буд.
Нақш мебастам, ки гирам гӯшае з-он чашми маст,
Тоқату сабр аз хами абруш тоқ афтода буд,
Гар накардӣ Нусратуддин шоҳи Яҳё аз карам,
Кори мулку дин зи назму иттисоқ афтода буд.
Ҳофиз он соат, ки ин назми парешон менавишт,
Тоири фикраш ба доми иштиёқ афтода буд.
239
Гавҳари махзани асрор ҳамон аст, ки буд,
Ҳуққаи меҳр бад-он мӯҳру нишон аст, ки буд.
Ошиқон зумраи арбоби амонат бошанд,
Лоҷарам чашми гуҳарбор ҳамон аст, ки буд.
Аз сабо пурс, ки моро ҳама шаб то дами субҳ
Бӯйи зулфи ту ҳамон мӯниси ҷон аст, ки буд.
Толиби лаълу гуҳар нест, вагарна хуршед
Ҳамчунон дар амали маъдану кон аст, ки буд.
Куштаи ғамзаи худро ба зиёрат дарёб,
З-он ки бечора ҳамон дилнигарон аст, ки буд.
Ранги хуни дили моро, ки ниҳон медорӣ,
Ҳамчунон дар лаби лаъли ту аён аст, ки буд.
Зулфи ҳиндуи ту гуфтам, ки дигар раҳ назанад,
Солҳо рафту бад-он сирату сон аст, ки буд.
Ҳофизо, бознамо қиссаи хунобаи чашм,
Ки бар ин чашма ҳамон об равон аст, ки буд.
240
Лиллаҳулҳамд, ки ёрам зи сафар бозомад,
Шоду хуррам зи дари аҳли назар бозомад,
Ба аларрағми рақиб он, ки ҳама умри дароз,
Дур буд аз назари мо, ба назар бозомад.
Ёри берунии мо аз дари арбоби дарун,
Давлате буд, ки як бори дигар бозомад.
Аз фироқаш дили мо дар хатаре буд азим,
Ҳиммате дор, ки ҷонам зи хатар бозомад.
Ошиқи бедилу мискин, ки дилу ҷон шуд аз ӯ,
Дили ранҷур аз ин шаҳду шакар бозомад.
То гирифт аз лаби чун шаҳди ту ҷон чошнияш,
Гар ба по рафт, зи кӯйи ту ба сар бозомад.
Сафари кӯйи ту чун Ҳофизи пурдард гузид,
Аз ғами ғурбату аз ранҷи сафар бозомад.
241
Дидам ба хоби хуш, ки ба дастам пиёла буд,
Таъбир рафту кор ба давлат ҳавола буд.
Чил сол ранҷу ғусса кашидему оқибат
Тадбири мо ба дасти шароби дусола буд.
Он нофаи мурод, ки мехостам зи бахт,
Дар чини зулфи он бути мушкинкулола буд.
Аз даст бурда буд хумори ғамам саҳар,
Давлат мусоид омаду май дар пиёла буд.
Бар остони майкада хун мехӯрам мудом,
Рӯзии мо зи хони қадар ин навола буд.
Ҳар, к-ӯ накошт меҳру зи хубӣ гуле начид,
Дар раҳгузори бод нигаҳбони лола буд.
Бар тарфи гулшанам гузар афтод вақти субҳ,
Он дам, ки кори мурғи саҳар оҳу нола буд.
Дидем шеъри дилкаши Ҳофиз ба мадҳи шоҳ,
Як байт аз он қасида беҳ аз сад рисола буд.
Он шоҳи тундҳамла, ки хуршеди шергир,
Пешаш ба рӯзи маърака камтар ғазола буд.
242
Ба кӯйи майкада, ё Раб, саҳар чӣ машғала буд?
Ки ҷӯши шоҳиду соқиву шамъу машъала буд.
Ҳадиси ишқ, ки аз ҳарфу савт мустағнист,
Ба нолаи дафу най дар хурӯшу валвала буд.
Мубоҳисе, ки дар он маҷлиси ҷунун мерафт,
Варои мадрасаву қолу қили масъала буд.
Дил аз карашмаи соқӣ ба шукр буд, вале
Зи номусоидии бахташ андаке гила буд.
Қиёс кардаму он чашми ҷодувонаи маст
Ҳазор соҳири чун Сомиреш дар гала буд.
Бигуфтамаш: «Ба лабам бӯсае ҳаволат кун».
Ба ханда гуфт: «Каят бо ман ин муомила буд?»
Зи ахтарам назаре саъд дар раҳ аст, ки дӯш
Миёни моҳу рухи ёри ман муқобила буд.
Даҳони ёр, ки дармони дарди Ҳофиз дошт,
Фиғон, ки вақти мурувват чӣ тангҳавсала буд.
243
Он ёр, к-аз ӯ хонаи мо ҷойи парӣ буд,
Сар то қадамаш чун парӣ аз айб барӣ буд.
Дил гуфт фурӯкаш кунам ин шаҳр ба бӯяш,
Бечора надонист, ки ёраш сафарӣ буд.
Танҳо на зи рози дили ман парда барафтод,
То буд фалак, шеваи ӯ пардадарӣ буд.
Манзури хирадманди ман он моҳ, ки ӯро,
Бо ҳусни адаб шеваи соҳибназарӣ буд.
Аз чанги манаш ахтари бадмеҳр бадар бурд,
Оре, чӣ кунам, давлати даври қамарӣ буд.
Узре бинеҳ, эй дил, ки ту дарвешиву ӯро
Дар мамлакати ҳусн сари тоҷварӣ буд.
Авқоти хуш он буд, ки бо дӯст ба сар рафт,
Боқӣ ҳама беҳосиливу бехабарӣ буд.
Хуш буд лаби обу гулу сабзаву насрин,
Афсӯс, ки он ганҷи равон раҳгузарӣ буд.
Худро бикуш, эй булбул, аз ин рашк, ки гулро
Бо боди сабо вақти саҳар ҷилвагарӣ буд.
Ҳар ганҷи саодат, ки Худо дод ба Ҳофиз,
Аз юмни дуои шабу вирди саҳарӣ буд.
244
Мусулмонон, маро вақте диле буд,
Ки бо вай гуфтамӣ, гар мушкиле буд.
Ба гирдобе чу меафтодам аз ғам,
Ба тадбираш умеди соҳиле буд.
Диле ҳамдарду ёре маслиҳатбин,
Ки истизҳори ҳар аҳли диле буд.
Зи ман зоеъ шуд андар кӯйи ҷонон,
Чӣ домангир, ё Раб, манзиле буд.
Ҳунар бе айби ҳирмон нест, лекин
Зи ман маҳрумтар кай соиле буд?
Бар ин ҷони парешон раҳмат оред,
Ки вақте кордоне, комиле буд.
Маро то ишқ таълими сухан кард,
Ҳадисам нуктаи ҳар маҳфиле буд.
Магӯ дигар, ки Ҳофиз нуктадон аст,
Ки мо дидему маҳкам ҷоҳиле буд.
245
Дар азал ҳар, к-ӯ ба файзи давлат арзонӣ бувад,
То абад ҷоми муродаш ҳамдами ҷонӣ бувад.
Ман ҳамон соат, ки аз май хостам шуд тавбакор,
Гуфтам ин шох ар диҳад боре, пушаймонӣ бувад.
Худ, гирифтам, к-афганам саҷҷода чун савсан ба дӯш,
Ҳамчу гул бар хирқа ранги май мусулмонӣ бувад.
Бе чароғи ҷом дар хилват намеёрам нишаст,
З-он, ки кунҷи аҳли дил бояд, ки нуронӣ бувад.
Ҳиммати олӣ талаб, ҷоми мурассаъ, гӯ, мабош,
Риндро оби инаб ёқути руммонӣ бувад.
Гарчи бесомон намояд кори мо, саҳлаш мабин,
К-андар ин кишвар гадоӣ рашки султонӣ бувад.
Некномӣ хоҳӣ, эй дил, бо бадон сӯҳбат мадор.
Худписандӣ, ҷони ман, бурҳони нодонӣ бувад.
Маҷлиси унсу баҳору баҳси шеър андар миён,
Настадан, ҷоми май аз ҷонон, гаронҷонӣ бувад.
Дӣ азизе гуфт: «Ҳофиз мехӯрад пинҳон шароб».
Эй азизи ман, гунаҳ он беҳ, ки пинҳонӣ бувад.
246
Кунун, ки дар чаман омад гул аз адам ба вуҷуд,
Бунафша дар қадами ӯ ниҳод сар ба суҷуд.
Бинӯш ҷоми сабӯҳӣ ба нолаи дафу чанг,
Бибӯс ғабғаби соқӣ ба нағмаи наю уд.
Ба даври гул манишин бе шаробу шоҳиду чанг,
Ки ҳамчу рӯзи бақо ҳафтае бувад маъдуд.
Шуд аз фурӯғи раёҳин чу осмон равшан
Замин ба ахтари маймуну толеи масъуд.
Зи дасти шоҳиди симинузори исодам
Шароб нӯшу раҳо кун ҳадиси Оду Самуд.
Ҷаҳон чу хулди барин шуд ба даври савсану гул,
Вале чӣ суд, ки дар вай на мумкин аст хулуд
Чу гул савор шавад бар ҳаво сулаймонвор,
Саҳар, ки мурғ дарояд ба нағмаи Довуд.
Ба боғ тоза кун оини дини зардуштӣ,
Кунун, ки лола барафрӯхт оташи Намруд.
Бихоҳ ҷоми сабӯҳӣ ба ёди Осафи аҳд,
Вазири мулки Сулаймон Имодиддин Маҳмуд.
Бувад, ки маҷлиси Ҳофиз ба юмни тарбияташ,
Ҳар он чӣ металабад, ҷумла бошадаш мавҷуд.
247
Аз дида хуни дил ҳама бар рӯйи мо равад,
Бар рӯйи мо зи дида, чӣ гӯям, чиҳо равад?
Мо дар даруни сина ҳавое нуҳуфтаем,
Бар бод агар равад дили мо, з-он ҳаво равад,
Хуршеди ховарӣ кунад аз рашк ҷома чок,
Гар моҳи меҳрпарвари ман дар қабо равад.
Бар хоки роҳи ёр ниҳодем рӯйи хеш,
Бар рӯйи мо равост, агар ошно равад.
Сел аст оби дидаву ҳар кас, ки бигзарад,
Гар худ дилаш зи санг бувад, ҳам зи ҷо равад.
Моро ба оби дида шабу рӯз моҷарост,
3-он раҳгузар, ки бар сари кӯяш чаро равад?
Ҳофиз ба кӯйи майкада доим ба сидқи дил,
Чун сӯфиёни савмаадор аз Сафо равад.
248
Чу даст бар сари зулфаш занам, ба тоб равад
В-ар оштӣ талабам, бар сари итоб равад.
Чу моҳи нав раҳи наззорагони бечора
Занад ба гӯшаи абруву дар ниқоб равад.
Шаби шароб харобам кунад ба бедорӣ
В-агар ба рӯз шикоят кунам, ба хоб равад.
Тариқи ишқ, пурошӯбу фитна аст, эй дил,
Бияфтад он, ки дар ин роҳ бо шитоб равад.
Гадоии дари ҷонон ба салтанат мафурӯш,
Касе зи сояи ин дар ба офтоб равад.
Саводи номаи мӯйи сиёҳ чун тай шуд,
Баёз кам нашавад, гар сад интихоб равад,
Ҳубобро чу фитад боди нахват андар сар,
Кулоҳдорияш андар сари сароб равад.
249
Аз сари кӯйи ту ҳар, к-ӯ ба малолат биравад,
Наравад корашу охир ба хиҷолат биравад.
Корвоне, ки бувад бадрақааш ҳифзи Худо,
Ба таҷаммул бинишинад, ба ҷалолат биравад.
Солик аз нури ҳидоят бибарад роҳ ба дӯст,
Ки ба ҷое нарасад, гар ба залолат биравад.
Коми худ охири умр аз маю маъшуқ бигир,
Ҳайфи авқот, ки яксар ба батолат биравад,
Эй далели дили гумгашта, Худоро, мададе,
Ки ғариб ар набарад раҳ, ба далолат, биравад.
Ҳукми мастуриву мастӣ ҳама бар хотимат аст,
Кас надонист, ки охир ба чӣ ҳолат биравад.
Ҳофиз, аз чашмаи ҳикмат ба каф овар ҷоме,
Бӯ, ки аз лавҳи дилат нақши ҷаҳолат биравад.
250
Ҳаргизам нақши ту аз лавҳи дилу ҷон наравад,
Ҳаргиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад.
Аз димоғи мани саргашта хаёли рухи дӯст,
Ба ҷафои фалаку ғуссаи даврон наравад.
Дар азал баст дилам бо сари зулфат пайванд,
То абад сар накашад в-аз сари паймон наравад.
Ҳар чӣ ҷуз бори ғамат бар дили мискини ман аст,
Биравад гар сари ман в-аз дили ман он наравад.
Ончунон меҳри туам дар дилу ҷон ҷой гирифт,
Ки агар сар биравад, аз дилу аз ҷон наравад.
Гар равад аз пайи хубон дили ман, маъзур аст,
Дард дорад, чӣ кунад, к-аз пайи дармон наравад?
Ҳар кӣ хоҳад, ки чу Ҳофиз нашавад саргардон,
Дил ба хубон надиҳад в-аз пайи эшон наравад.
Ҳофиз. Ғазалиёт 226-250
Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.