Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт

Абдуҳамид Тағоев / Окт.27.2017. / Гузориш нест

hofiz

Ҳофизи Шерозӣ

Ҳ84 Куллиёт/Мураттиби китоб ва муаллифи сарсухан Ҷамшед Шанбезода. Муҳаррир М. Шералӣ. – Д.: Ирфон, 1983. – 672 с.: ил.

Ҳофиз шоири мутафаккири барҷаста ва оламшумулест, ки осори гаронбаҳояш зинатфазойи ганҷинаи адабиёти ҷаҳон гардида ва худаш ҳамчун яке аз бузургтарин шоирони лирикнавис шинохта шудааст. Ашъори дилангези ӯ ташнагишикани дилу ҷонҳои ташнаи мардуми сухандӯстанд. Ғазалҳояш оби гуворои чашмаест, ки кас ва нӯшидан сер намешавад.

shanbezoda_n
Нодир Шанбезода (1908-1991) ба насли калонсоли адибони тоҷик мансуб аст. Кам андар ками хонандагон медонанд, ки зери унвонҳои шоир Нодир Шанбезода ва олим Ҷамшед Шанбезода ҳамон як шахс нуҳуфтааст. Фаъолияти ӯ серсоҳа буд – ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, шоир, муҳаққиқи адабиёти форсу тоҷик.

Шоир Нодир Шанбезода муаллифи маҷмӯаҳои зиёд ба мисли “Силсилаи Бадахшон”, “Таронаи нур” “Аз боми ҷаҳон”, “Химча ва Набот” мебошад, ки дар солҳои мухталиф ба нашр расидаанд. Ӯ асосгузори назми навиштории шуғнонӣ аст. Маҷмӯаи шеърҳои ӯ ба забони шуғнонӣ бо номи «Гулғунча» ҳанӯз соли 1937 бо сарсухани олими рус С. Климчитский бо ҳуруфи лотинӣ дар Душанбе чоп шудааст.

Олим Ҷамшед Шанбезода солиёни зиёд ба ҳайси мудири шӯъбаи адабиёти нашриёти «Ирфон», сармуҳаррири шӯъбаи илми энсиклопедияи советии тоҷик фаъолият намуда, дар бенуқс ва бо сифати баланд омода намудани се ҷилди “Ҳазору як шаб”, “Куллиёт”-и Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ашъори мунтахаби Саид Нафисӣ, Эраҷ Мирзо ва дигар шоирон, инчунин мақолаҳои ЭСТ саҳм гирифтааст.

***

Хонандаи арҷманд!
Ҳангоми дар компутар чидани матни «Куллиёти Ҳофиз», ки бо заҳмати устод Ҷ. Шанбезода анҷом пазируфтааст, банда кӯшиш намуд, то ҳатталимкон сохти китоб маҳфуз монад. Ба истиснои рақамгузории осор, ба имлои нав баргардонидан ва ислоҳи чанд ғалати ночизи техникӣ, ки ҳангоми чопи соли 1983 рух дода.
Бо арҷгузорӣ, Абдуҳамид Тағоев
15.04.2017

kulliyot

МУНДАРИҶА

Шоири мӯъҷизакор

Ғазалиёт

Ғазалиёт 1-25

Ғазалиёт 26-50

Ғазалиёт 51-75

Ғазалиёт 76-100

Ғазалиёт 101-125

Ғазалиёт 126-150

Ғазалиёт 151-175

Ғазалиёт 176-200

Ғазалиёт 201-225

Ғазалиёт 226-250

Ғазалиёт 251-275

Ғазалиёт 276-300

Ғазалиёт 301-325

Ғазалиёт 326-350

Ғазалиёт 351-375

Ғазалиёт 376-400

Ғазалиёт 401-425

Ғазалиёт 426-450

Ғазалиёт 451-475

Ғазалиёт 476-500

Ғазалиёт 501-525

Ғазалиёт 526-550

Ғазалиёт 551-569

shoiron

Қасоид

Дар ситойиши шоҳ шайх Абӯисҳоқи Инҷӯ

Дар ситойиши Ҷалолуддин Тӯроншоҳ-1

Дар ситойиши Ҷалолуддин Тӯроншоҳ-2

Дар ситойиши шоҳ Шоҳшуҷоъ фармуда

Дар ситойиши Қавомуддин Муҳаммад соҳибиёр вазири шоҳ Шуҷоъ фармуда

Дар ситойиши шоҳ Мансур фармуда

Маснавиёт

1. (Беном)

Соқинома

Қитаот

Рубоиёт

Ашхоси номдоре, ки Хоҷа бо бисёриашон шиносоӣ доштааст


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


5 − = 4


error: Content is protected !!