Ғазалиёт 101-125


101
Мири ман хуш меравӣ, к-андар сару по мирамат,
Хуш хиромон шав, ки пеши қадди раъно мирамат.
Гуфта будӣ: «Кай бимирӣ пеши ман, таъҷил чист?»
Хуш тақозо мекунӣ, пеши тақозо мирамат.
Ошиқу махмуру маҳҷурам, бути соқӣ куҷост?
Гӯ, ки бихромад, ки пеши сарви боло мирамат.
Он, ки умре шуд, ки то беморам аз савдои ӯ,
Гӯ: «Нигоҳе кун, ки пеши чашми шаҳло мирамат».
Гуфтаӣ: «Лаъли лабам ҳам дард бахшад, ҳам даво».
Гоҳ пеши дарду гаҳ пеши мудово мирамат.
Хуш хиромон меравӣ, чашми бад аз рӯйи ту дур,
Дорам андар сар хаёли он, ки дар по мирамат.
Гарчи ҷойи Ҳофиз андар хилвати васли ту нест,
Эй ҳама ҷойи ту хуш, пеши ҳама ҷо мирамат.
102
Ҳар он хуҷастаназар, к-аз пайи саодат рафт.
Ба кунҷи майкадаву хонаи иродат рафт.
Зи ратли дурдакашон кашф кард солик роҳ
Румузи ғайб, ки дар олами шаҳодат рафт.
Биёву маърифат аз ман шунав, ки дар суханам,
Зи файзи Рӯҳқудус нуктаи саодат рафт.
Маҷӯ зи толеи мавлуди ман ба ҷуз риндӣ,
Ки ин муомила ба кавкаби валодат рафт.
Зи бомдод ба дасти дигар баромадаӣ,
Вазифаи майи дӯшин магар зиёдат рафт?
Магар ба мӯъҷиза кӯшад табиби исодам,
Чаро, ки кори мани хаста аз иёдат рафт.
Ҳазор шукр, ки Ҳофиз зи роҳи майкада дӯш
Ба кунҷи хонақаҳи тоату ибодат рафт.
103
Чӣ лутф буд, ки ногоҳ рашҳаи қаламат
Ҳуқуқи хидмати мо арза кард бар карамат.
Ба нӯки хома рақам кардаӣ саломи маро,
Ки корхонаи даврон мабод бе рақамат.
Нагӯям аз мани бедил ба саҳв кардӣ ёд,
Ки дар ҳисоби хирад нест саҳв бар қаламат,
Маро залил магардон ба шукри ин неъмат,
Ки дошт давлати сармад азизу мӯҳтарамат.
Биё, ки бо сари зулфат қарор хоҳам кард,
Ки гар сарам биравад, барнадорам аз қадамат.
Зи ҳоли мо дилат огаҳ шавад, магар вақте
Ки лола бардамад аз хоки куштагони ғамат.
Равони ташнаи моро ба ҷуръае дарёб,
Чу медиҳанд зулоли Хизир зи ҷоми Ҷамат.
Ҳамеша вақти ту, эй Исии сабо, хуш бод,
Ки ҷони Ҳофизи дилхаста зинда шуд ба дамат.
104
З-он ёри дилнавозам шукрест бо шикоят
Гар нуктадони ишқӣ, бишнав ту ин ҳикоят.
Бемузд буду миннат, ҳар хидмате, ки кардам,
Ё Раб, мабод касро махдуми беиноят.
Риндони ташналабро обе намедиҳад кас,
Гӯйӣ валишиносон рафтанд аз ин вилоят.
Дар зулфи чун камандаш, эй дил, мапеч, к-он ҷо
Сарҳо бурида бинӣ бе ҷурму бе ҷиноят.
Чашмат ба ғамза моро хун хӯрду меписандӣ,
Ҷоно, раво набошад хунрезро ҳимоят.
Дар ин шаби сиёҳам гум гашт роҳи мақсуд,
Аз гӯшае бурун ой, эй кавкаби ҳидоят.
Аз ҳар тараф, ки рафтам, ҷуз ваҳшатам наяфзуд,
Зинҳор аз ин биёбон в-ин роҳи бениҳоят!
Эй офтоби хубон, месӯзад андарунам,
Як соатам бигунҷон дар сояи иноят.
Ин роҳро ниҳоят сурат куҷо тавон баст,
К-аз сад ҳазор манзил беш аст дар бидоят.
Ҳарчанд бурдӣ обам, рӯй аз дарат натобам,
Ҷавр аз ҳабиб хуштар, к-аз муддаӣ риоят.
Ишқат расад ба фарёд, ар худ ба сони Ҳофиз,
Қуръон зи бар бихонӣ дар чордаҳ ривоят.
105
Мудомам маст медорад насими ҷаъди гесуят,
Харобам мекунад ҳар дам фиреби чашми ҷодуят.
Пас аз чандин шикебоӣ шабе, ё Раб, тавон дидан,
Ки шамъи дида афрӯзем дар меҳроби абруят.
Саводи лавҳи бинишро азиз аз баҳри он дорам,
Ки ҷонро нусхае бошад зи лавҳи холи ҳиндуят.
Ту гар хоҳӣ, ки ҷовидон ҷаҳон яксар биёройӣ,
Саборо гӯ, ки бардорад замоне бурқаъ аз рӯят.
В-агар расми фано хоҳӣ, ки аз олам барандозӣ,
Барафшон, то фурӯ резад ҳазорон ҷон зи ҳар мӯят.
Ману боди сабо мискин, ду саргардони беҳосил,
Ман аз афсуни чашми масту ӯ аз бӯйи гесуят.
Зиҳӣ ҳиммат, ки Ҳофизрост аз дунёву аз уқбо,
Наёяд ҳеч дар чашмаш ба ҷуз хоки сари кӯят.
106
Муддате шуд, к-оташи савдои ӯ дар ҷони мост
В-ин таманно бин, ки доим дар дили вайрони мост.
Мардуми чашмам ба хуноби ҷигар ғарқ аст аз он-к,
Чашмаи меҳри рухаш дар синаи нолони мост.
Оби ҳайвон қатрае з-он лаъли ҳамчун шаккараш,
Қурси хур аксе зи рӯйи он маҳи тобони мост.
То нафаххат фия мин рӯҳӣ шунидам, шуд яқин,
Бар ман ин маънӣ, ки мо з-они ваю ӯ з-они мост.
Ҳар дилеро иттилое нест бар асрори ишқ,
Маҳрами ин сирри маънидори улвӣ ҷони мост.
Чанд гӯйӣ: «Носеҳо, дар шарҳи дин хомӯш бош!»
Дини мо дар ҳар ду олам сӯҳбати ҷонони мост.
Ҳофизо, то рӯзи охир шукри ин неъмат гузор,
К-он санам аз рӯзи аввал доруи дармони мост.
107
Дарди моро нест дармон, алғиёс,
Ҳаҷри моро нест поён, алғиёс!
Дину дил бурданду қасди ҷон кунанд,
Алғиёс аз ҷаври хубон, алғиёс!
Дар баҳои бӯсае ҷоне талаб
Мекунанд ин дилситонон, алғиёс!
Хуни мо хӯрданд ин кофирдилон,
Эй мусулмонон, чӣ дармон, алғиёс!
Ҳамчу Ҳофиз рӯзу шаб бе хештан
Гаштаам сӯзону гирён, алғиёс!
108
Туӣ, ки бар сари хубони кишварӣ чун тоҷ,
Сазад, агар ҳамаи дилбарон диҳандат боҷ,
Ду чашми шӯхи ту бар ҳам зада Хитову Ҳабаш,
Ба чини зулфи ту Мочину Ҳинд дода хироҷ.
Баёзи рӯйи ту равшан зи орази рухи рӯз,
Саводи зулфи сиёҳи ту ҳаст зулмати доҷ.
Даҳони шаҳди ту дода ривоҷи оби Хизир,
Лаби чу қанди ту бурд аз наботи Миср ривоҷ.
Аз ин мараз ба ҳақиқат шифо нахоҳам ёфт,
Ки аз ту дарди дил, эй ҷон, намерасад ба илоҷ.
Чаро ҳамешиканӣ, ҷони ман, зи сангдилӣ
Дили заиф, ки бошад ба нозукӣ чу зуҷоҷ?
Лаби ту Хизру даҳони ту оби ҳайвон аст,
Қади ту сарву миён мӯву бар ба ҳайати оҷ.
Фитод дар сари Ҳофиз ҳавои чун ту шаҳе,
Камина зарраи хоки дари ту будӣ коҷ.
109
Аз мани дилшуда он ёр намепурсад ҳеҷ,
Хабаре з-ин дили афгор намепурсад ҳеҷ.
Дӣ ба сарманзили ман омаду аҳвол бидид,
Гуфт: — Чун аст туро ёр намепурсад ҳеч?
Гуфтамаш: — Бахти ману толеи шӯридаи ман,
Ҳаста мебинадам он ёр, намепурсад ҳеч.
Ӯ табиби ману ман хаставу бемори ғамаш,
Чун табиб аст, ки бемор намепурсад ҳеч?
Ҷонам аз фурқати рӯяш ба лаб омад сад бор,
Ки аз ин дилшуда он ёр намепурсад ҳеҷ.
Дӯш дар хоб рухи чун маҳи ӯ медидам,
Ба ман ӯ гуфт: — Туро ёр намепурсад ҳеч?
Эй табиби азалӣ, як назаре кун моро,
Ҳофизи сӯхтаро ёр намепурсад ҳеҷ.
110
Агар ба мазҳаби ту хуни ошиқ аст мубоҳ,
Салоҳи мо ҳама он аст, к-он турост салоҳ.
Саводи зулфи сиёҳи ту ҷоилуззулмот.
Баёзи рӯйи чу моҳи ту фолиқуласбоҳ.
Зи чини зулфи камандат касе наёфт халос
Аз он камончаи абруву тири чашми наҷоҳ.
Зи дидаам шуда як чашма дар канор равон,
Ки худ шино накунад дар миёни он маллоҳ.
Лаби чу оби ҳаёти ту ҳаст қуввати ҷон,
Вуҷуди хокии моро аз ӯст лаззати роҳ.
Бидод лаъли лабат бӯсае ба сад зорӣ,
Гирифт ком дилам з-ӯ ба сад ҳазор илҳоҳ.
Дуои ҷони ту вирди забони муштоқон,
Ҳамеша то ки бувад гардиши масоу сабоҳ.
Салоҳу тавбаву тақво зи мо маҷӯ, Ҳофиз
Зи ринду ошиқу маҷнун касе наёфт салоҳ.
111
Дили ман дар ҳавои рӯйи фаррух,
Бувад ошуфта ҳамчун мӯйи фаррух.
Ба ҷуз ҳиндуи зулфаш ҳеҷ кас нест,
Ки бархурдор шуд аз рӯйи фаррух.
Сиёҳе некбахт аст он, ки доим,
Бувад ҳамрозу ҳамзонуи фаррух.
Шавад чун бед ларзон сарви озод,
Агар бинад қади дилҷӯйи фаррух.
Бидеҳ, соқӣ, шароби арғавонӣ
Ба ёди наргиси ҷодуи фаррух.
Дуто шуд қоматам ҳамчун камоне,
Зи ғам пайваста чун абруи фаррух.
Насими мушки тоторӣ хиҷил кард
Шамими мӯйи анбарбӯйи фаррух.
Агар майли дили ҳар кас ба ҷоест,
Бувад майли дили ман сӯйи фаррух.
Ғуломи ҳиммати онам, ки бошад
Чу Ҳофиз бандаву ҳиндуи фаррух.
112
Дӣ пири майфурӯш, ки умраш ба хайр бод,
Гуфто: «Шароб нӯшу ғами дил бибар зи ёд!»
Гуфтам: «Ба бод медиҳадам бода ному нанг».
Гуфто: «Қабул кун сухану ҳар чӣ бод, бод!»
Суду зиёни моя чу хоҳад шудан зи даст
Аз баҳри ин муомила ғамгин мабошу шод.
Бодат ба даст бошад, агар дил ниҳӣ ба ҳеч,
Дар маъразе, ки тахти Сулаймон равад ба бод.
Ҳофиз, гарат зи панди ҳакимон малолат аст,
Кӯтаҳ кунем қисса, ки умрат дароз бод!
113
Шаробу айши ниҳон чист? Кори бебунёд!
Задем бар сафи риндону ҳар чӣ бодо бод!
Гиреҳ зи дил бикушо в-аз сипеҳр ёд макун,
Ки фикри ҳеҷ муҳандис чунин гиреҳ накушод.
Зи инқилоби замона аҷаб мадор, ки чарх
Аз ин фасона ҳазорон ҳазор дорад ёд.
Қадаҳ ба шарти адаб гир, з-он ки таркибаш,
Зи косаи сари Ҷамшеду Баҳман асту Қубод.
Кӣ огаҳ аст, ки Ковусу Кай куҷо рафтанд?
Кӣ воқиф аст, ки чун рафт тахти Ҷам барбод?
Зи ҳасрати лаби Ширин ҳанӯз мебинам,
Ки лола медамад аз хуни дидаи Фарҳод.
Магар, ки лола бидонист бевафоии даҳр,
Ки то бизоду бишуд, ҷоми май зи каф наниҳод,
Биё-биё, ки замоне зи май хароб шавем,
Магар расем ба ганҷе дар ин харобобод.
Намедиҳанд иҷозат маро ба сайру сафар,
Насими боди Мусаллову оби Рукнобод,
Қадаҳ нагир, чу Ҳофиз, магар ба нолаи чанг,
Ки бастаанд бар абрешими тараб дили шод!
114
Дӯш огаҳӣ зи ёри сафаркарда дод бод,
Ман низ дил ба бод диҳам, ҳар чӣ бод, бод.
Корам бад-он расид, ки ҳамрози худ кунам
Ҳар шом барқи ломеу ҳар бомдод бод.
Дар чини турраи ту дили беҳифози ман
Ҳаргиз нагуфт маскани маълуф ёд бод.
Имрӯз қадри панди азизон шинохтам,
Ё Раб, равони носеҳи мо аз ту шод бод!
Хун шуд дилам ба ёди ту ҳар гаҳ, ки дар чаман,
Банди қабои ғунчаи гул бод мекушод.
Аз даст рафта буд вуҷуди заифи ман,
Субҳам ба бӯйи васли ту ҷон боз дод бод.
Ҳофиз, ниҳоди неки ту қомат бароварад,
Ҷонҳо фидои мардуми некуниҳод бод.
115
Рӯзи васли дӯстдорон ёд бод,
Ёд бод, он рӯзгорон ёд бод!
Комам аз талхии ғам чун заҳр гашт,
Бонги нӯши шодхорон ёд бод!
Гарчи ёрон фориғанд аз ёди ман,
Аз ман эшонро ҳазорон ёд бод!
Мубтало гаштам дар ин банду бало,
Кӯшиши он ҳақгузорон ёд бод!
Гарчи сад рӯд аст дар чашмам мудом,
Зиндарӯди боғкорон ёд бод!
Рози Ҳофиз баъд аз ин ногуфта монд,
Эй дареғо, роздорон ёд бод!
116
Ҷамолат офтоби ҳар назар бод!
Зи хубӣ рӯйи хубат хубтар бод!
Ҳумои зулфи шоҳиншаҳпаратро
Дили шоҳони олам зери пар бод!
Касе, к-ӯ бастаи зулфат набошад,
Чу зулфат дар хаму зеру забар бод!
Диле, к-ӯ ошиқи рӯят набошад,
Ҳамеша ғарқа дар хуни ҷигар бод!
Буто, чун ғамзаат новак фишонад,
Дили маҷрӯҳи ман пешаш сипар бод!
Чу лаъли шаккаринат бӯса бахшад,
Мазоқи ҷони ман з-ӯ пуршакар бод!
Маро аз туст ҳар дам тоза ишқе,
Туро ҳар соате ҳусне дигар бод!
Ба ҷон муштоқи рӯйи туст Ҳофиз,
Туро дар ҳоли муштоқон назар бод!
117
Сӯфӣ ар бода ба андоза хӯрад, нӯшаш бод,
Варна андешаи ин кор, фаромӯшаш бод!
Он, ки як ҷуръа май аз даст тавонад додан,
Даст бо шоҳиди мақсуд дар оғӯшаш бод!
Пири мо гуфт: «Хато бар қалами сунъ нарафт!»
Офарин бар назари поки хатопӯшаш бод!
Шоҳи туркон сухани муддаиён мешунавад,
Шарме аз мазлимаи хуни Сиёвушаш бод!
Гарчи аз кибр сухан бо мани дарвеш нагуфт,
Ҷон фидои шакарин пистаи хомӯшаш бод!
Чашмам аз оинадорони хату холаш гашт,
Лабам аз бӯсарабоёни бару дӯшаш бод!
Наргиси масти навозишкуни мардумдораш
Хуни ошиқ ба қадаҳ гар бихӯрад, нӯшаш бод!
Ба ғуломии ту машҳури ҷаҳон шуд Ҳофиз,
Ҳалқаи бандагии зулфи ту дар гӯшаш бод!
118
Танат ба нози табибон ниёзманд мабод!
Вуҷуди нозукат озурдаи газанд мабод!
Саломати ҳама офоқ дар саломати туст,
Ба ҳеҷ ориза шахси ту дардманд мабод!
Ҷамоли сурату маънӣ зи амни сиҳҳати туст,
Ки зоҳират дижаму ботинат нажанд мабод!
Дар ин чаман чу дарояд хазон ба яғмоӣ,
Раҳаш ба сарви сиҳиқомати баланд мабод!
Дар он бисот, ки ҳусни ту ҷилва оғозад,
Маҷоли таънаи бадбину бадписанд мабод!
Ҳар он, ки рӯйи чу моҳат ба чашми бад бинад,
Бар оташи ту ба ҷуз ҷони ӯ сипанд мабод!
Шифо зи гуфтаи шаккарфишони Ҳофиз ҷӯй,
Ки ҳоҷатат ба илоҷи гулобу қанд мабод!
119
Ҳусни ту ҳамеша дар фузун бод!
Рӯят ҳамасола лолагун бод!
Андар сари ман хаёли ишқат
Ҳар рӯз, ки бод, дар фузун бод!
Ҳар сарв, ки дар чаман дарояд,
Дар хидмати қоматат нагун бод!
Чашме, ки на фитнаи ту бошад,
Чун гавҳари ашк ғарқи хун бод!
Чашми ту зи баҳри дилрабойӣ
Дар кардани сеҳр зӯфунун бод!
Ҳар ҷо, ки дилест, дар ғами ту
Бесабру қарору бесукун бод!
Қадди ҳама дилбарони олам
Пеши алифи қадат чу нун бод!
Ҳар дил, ки зи ишқи туст холӣ,
Аз ҳалқаи васли ту бурун бод!
Лаъли ту, ки ҳаст ҷони Ҳофиз,
Дур аз лаби мардумони дун бод!
120
Хусраво, гӯйи фалак дар хами чавгони ту бод!
Соҳати кавну макон арсаи майдони ту бод!
Зулфи хотуни зафар шефтаи парчами туст,
Дидаи фатҳи абад ошиқи ҷавлони ту бод!
Эй, ки иншои Уторид сифати шавкати туст,
Ақли кул чокари туғрокаши девони ту бод!
Тайраи ҷилваи Тӯбо қади чун сарви ту шуд,
Ғайрати хулди барин соҳати бӯстони ту бод!
На ба танҳо ҳаявоноту набототу ҷамод,
Ҳар чӣ дар олами амр аст, ба фармони ту бод!
121
Дерест, ки дилдор паёме нафиристод,
Нанвишт саломеву каломе нафиристод.
Сад нома фиристодаму он шоҳи саворон
Пайке надавониду саломе нафиристод.
Сӯйи мани ваҳшисифати ақлрамида,
Оҳуравише, кабкхироме нафиристод.
Донист, ки хоҳад шуданам мурғи дил аз даст
В-аз он хати чун силсила доме нафиристод.
Фарёд, ки он соқии шаккарлаби сармаст
Донист, ки махмураму ҷоме нафиристод.
Чандон, ки задам лофи каромоту мақомот,
Ҳеҷам хабар аз ҳеҷ мақоме нафиристод.
Ҳофиз, ба адаб бош, ки вохост набошад,
Гар шоҳ паёме ба ғуломе нафиристод.
122
Пиронасарам ишқи ҷавонӣ ба сар афтод
В-он роз, ки дар дил бинуҳуфтам, бадар афтод.
Аз роҳи назар мурғи дилам гашт ҳавогир,
Эй дида, нигаҳ кун, ки ба доми кӣ дарафтод?
Дардо, ки аз он оҳуи мушкини сияҳчашм,
Чун нофа басе хуни дилам дар ҷигар афтод.
Аз раҳгузари хоки сари кӯйи шумо буд
Ҳар нофа, ки дар дасти насими саҳар афтод.
Мижгони ту то теғи ҷаҳонгир баровард,
Бас куштаи дилзинда, ки бар якдигар афтод.
Бас таҷриба кардем дар ин дайри мукофот,
Бо дурдкашон ҳар кӣ дарафтод, барафтод.
Гар ҷон бидиҳад, санги сияҳ лаъл нагардад,
Бо тинати аслӣ чӣ кунад, — бадгуҳар афтод.
Ҳофиз, ки сари зулфи бутон дасткашаш буд,
Бас турфа ҳарифест, к-аш акнун ба сар афтод.
123
Акси рӯйи ту чу дар оинаи ҷом афтод,
Ориф аз хандаи май дар тамаи хом афтод.
Ҳусни рӯйи ту ба як ҷилва, ки дар оина кард,
Ин ҳама нақш дар оинаи авҳом афтод.
Ин ҳама акси маю нақши нигорин, ки намуд,
Як фурӯғи рухи соқист, ки дар ҷом афтод.
Ғайрати ишқ забони ҳама хосон бибурид,
Аз куҷо сирри ғамаш дар даҳани ом афтод?
Ман зи масҷид ба харобот на худ афтодам,
Инам аз аҳди азал ҳосили фарҷом афтод.
Чӣ кунад, к-аз пайи даврон наравад, чун паргор
Ҳар кӣ дар доираи гардиши айём афтод.
Дар хами зулфи ту овехт дил аз чоҳи занах,
Оҳ, к-аз чоҳ бурун омаду дар дом афтод.
Он шуд, эй хоҷа, ки дар савмаа бозам бинӣ
Кори мо бо рухи соқиву лаби ҷом афтод.
Зери шамшери ғамаш рақскунон бояд рафт,
К-он, ки шуд куштаи ӯ, нек саранҷом афтод.
Ҳар дамаш бо мани дилсӯхта лутфи дигар аст,
Ин гадо бин, ки чӣ шойистаи инъом афтод.
Сӯфиён ҷумла ҳарифанду назарбоз, вале
З-ин миён Ҳофизи дилсӯхта бадном афтод.
124
Он, ки рухсори туро ранги гулу насрин дод,
Сабру ором тавонад ба мани мискин дод.
В-он, ки гесуи туро расми татовул омӯхт,
Ҳам тавонад карамаш доди мани ғамгин дод.
Ман ҳамон рӯз зи Фарҳод тамаъ бибридам,
Ки инони дили шайдо ба лаби Ширин дод.
Ганҷи зар гар набувад, ганҷи қаноат боқист,
Он, ки он дод ба шоҳон, ба гадоён ин дод.
Хуш арӯсест ҷаҳон аз раҳи сурат, лекин
Ҳар кӣ пайваст бад-ӯ, умри хушаш ковин дод,
Баъд аз ин дасти ману сояи сарву лаби ҷӯй,
Хоса акнун, ки сабо муждаи фарвардин дод.
Дар кафи ғуссаи даврон дили Ҳофиз хун шуд
Аз фироқи рухат, эй хоҷа Қавомуддин, дод!
125
Бунафша дӯш ба гул гуфту хуш нишоне дод,
Ки: «Тоби ман ба ҷаҳон турраи фалонӣ дод».
Дилам хазонаи асрор буду дасти қазо
Дараш бибасту калидаш ба дилситоне дод.
Шикаставор ба даргоҳат омадам, ки табиб
Ба мӯмиёии лутфи туам нишоне дод.
Танаш дурусту дилаш шод боду хотир хуш,
Ки даст додашу ёрии нотавоне дод.
Бирав муолиҷаи худ кун, эй насиҳатгӯ,
Шаробу шоҳиди ширин киро зиёне дод?
Гузашт бар мани мискину бо рақибон гуфт:
«Дареғ Ҳофизи мискини ман чӣ ҷоне дод».

Ба мундариҷаи «Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт»



error: Content is protected !!