Э. Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор

chehrahoi_mondagor

Китоби мазкур дар асоси осори илмиву таърихӣ ва маърузаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мураттаб гардидааст. Анҷом додани ин кор ба се ваҷҳ муносиб дониста шуд: аввалан, сатҳу савияи илмии нигошта ва маърӯзаҳо дар пояи баланд қарор дорад ва аз онҳо боястӣ аҳли илму адаб, омӯзгорону донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон зимни пажӯҳиши илмӣ, таълими шогирдон ва огоҳии бештаре пайдо намудан бо рӯзгору осори шахсиятҳои варзидаи таърихӣ ва фарҳангамон истифода баранд. Аз ҷониби дигар, ин кор ба он хотир зарур дониста шуд, ки дар айни ҳол теъдоди нашри китобҳои Сарвари кишвар хеле маҳдуд аст ва на ҳамаи ниёзмандон имкони дарёфту мутолиаи онҳоро доранд. Далели севум ин аст, ки дар як маҷмӯа гирд омадани маводи ин китоб, ки қаблан ба сурати пароканда дар маҷмӯаву китобҳои гуногун ва нашрияҳои даврӣ чоп шуда буданд, ба хонандагон имкони мусоиди истифода ва баҳрабардориро фароҳам меорад.
Матн аз нашри зерини китоб гирифта шудааст: Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор / Мушовирони илмӣ: академики АИ ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонзода, д.и.ф., проф. Нуриддин Саид. – Д.: Эр-Граф, 2016. – 364 с. – Эҳдо ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муқаддима

Хонандаи гиромӣ!

Китобе, ки дар даст доред, Шуморо бо саҳифаҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик шинос намуда, аз рӯзгори шахсиятҳои номдору сарбаланди илмӣ, адабӣ ва таърихиву сиёсиамон нақл менамояд. Таърих гувоҳ аст, ки ин сарзамин абармардонеро ба дунё овардааст, ки ҳар кадом дар замони хеш бо хирад, заковат, дониш ва фазилат ба дараҷае шуҳрат пайдо карда буданд, ки самараи умру хидмати беназир, мақому манзалаташон ҳамеша ва дар ҳама давру замон боиси ситойиш ва қадрдонӣ мебошад. Ёд овардан ва муаррифӣ кардани шуҷоату далерӣ, фазлу дониш ва бузургиву тавонмандии онҳо далели эҳтироми мо ба таърих ва симоҳои таърихию фарҳангии халқи азизамон аст.

Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷабру ҷафои аҷнабиёнро бо сабру таҳаммул ва бурдбории мардонавор паси сар намуда, бо дастовардҳои безаволи фарҳангиашон беҳтарин бозёфтҳои маънавии нухбагони сарзамини хешро ҳифз кардаанд. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик пас аз сукути давлати Сомониён қариб ҳазор сол лозим шуд, ки дар порае аз сарзамини таърихии аҷдодиаш давлати худро бунёд намояд ва ба оламиён аз истиқлоли деринтизори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиаш паём фиристад. Хушбахтона, истиқлолияти давлатии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ эътироф гардид. Ниёгони хирадпешаамон ҳамвора дар орзуи расидан ба ин рӯзи хуррамиву фирӯзӣ ниёишҳои зиёдеро ба қалам овардаанд ва танҳо дар даҳсолаи охири асри XX мо ба ин саодати бузург шарафёб шудем.

Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, нишонаи ҳувийят ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.

Мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ҷомеаи мутамаддини демократӣ бо ҳувийят, арзишу анъанаҳо ва чеҳраву симои хоси миллии хеш, ҳамзамон бо дастоварду комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги башарӣ ворид гардидем. Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд.

Баъди соҳибистиқлол гардидан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳи замонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва бо ҷаҳду талоши созандаву бунёдкоронаи халқи азизамон ба кишвари ободу осуда мубаддал гашт. Акнун моро зарур аст, ки баҳри таҳкими ҳувийяти миллӣ ва шакл гирифтани тафаккуру андешаи миллӣ, инчунин ҷиҳати бедор намудани ғурури миллӣ дар зеҳни наврасону ҷавонон гузаштаи пуршебу фарози миллатро хотировар шавем ва аз корномаҳои дурахшони фарзандони халқи худ ҳарчи бештар насли имрӯзаро огаҳ намоем.

Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб, фориғ аз кори давлатдорӣ, ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул шуда, китобҳои зиёдеро мутолиа менамоям ва аз сарчашмаҳои гуногун дар бораи таърихи миллатамон маълумот мегирам. Сабақҳои ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешорӯямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушоянд.

Омӯхтани рӯйдодҳои таърихию фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем. Маҳз ба ҳамин хотир ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, бахусус 1100-солагии давлати маънавибунёди Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб бузургдошти шахсиятҳои сарсупурдаи илмиву адабӣ ва сиёсиву таърихӣ Имоми Аъзам, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигаронро баргузор намуда, аз таъриху фарҳанги миллат ганҷҳо ва ҳикматҳое берун овардем, ки бо моҳият ва арзишҳои ҷаҳониашон худшиносии тоҷиконро таҳким бахшиданд.

Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо мебошад. Он дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯҳои таърихиву миллии тоҷикон марҳалаи комилан тозаро ба вуҷуд овардааст.

Рӯ овардани ман ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон боз ба он хотир мебошад, ки мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони миллатамон, ки сабақи бузурги худогоҳӣ мебошанд, огоҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро ёд диҳем. Зеро эътиқод ва эътимод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад.

Мо дар ҷаҳони имрӯз фарҳанги беназир дорем ва вориси тамаддуни беш аз шашҳазорсола ҳастем. Баробари ин шахсиятҳои бузурги фарҳангию таърихие дорем, ки ҳар кадоми онҳо мавриди эҳтироми хосу ом мебошанд. Вале замони муосир моро водор месозад, ки баробари ифтихор доштан аз гузаштагони хеш дар арсаи зиндагии имрӯза қаҳрамонҳои корзори замонро ба воя расонем, Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, чароғи маърифатро партавафшон созем ва бо наврасону ҷавонони соҳибзавқи хеш ба дастовардҳои тоза ноил гардем, то онҳо шукуфоии миллатро таъмин намуда, кишвари моро ба як сарзамини аз ҳар ҷиҳат пешрафта табдил диҳанд.

Қобили зикр аст, ки дар замони истиқлолият илму маориф ва фарҳанг ба як рукни муҳими иҷтимоӣ табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат эътироф гардидаанд. Зеро ин падидаҳои бузурги башарӣ дар ташаккули маънавии ҷомеа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузоранд. Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳими истиқлолияти давлатӣ мебошад. Мо борҳо таъкид кардаем ва бори дигар хотиррасон менамоем, ки истиқлолияти фарҳангӣ барои мо баробари истиқлолияти сиёсӣ азиз аст.

Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси кишварамон неруи тоза мебахшад.

Эмомалӣ РАҲМОН,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мундариҷа

Куруши Кабир. Бунёдгузори давлатдории мутамаддин
Спитамен. Парчамбардори ҷодаи озодиву истиқлол
Зардушт. Паёмбари ойини ростин

Монӣ. Бозтоби нур дар зулмот
Маздак. Пешвои мардумдӯсти Эрони бостон
Муҳаммад (с). Бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари дини барҳақ
Имоми Аъзам. Асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро

Исмоили Сомонӣ. Абармарди хирад ва сиёсат
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Қофиласолори адабиёти тоҷику форс
Абулқосим Фирдавсӣ. Ситоишгари адлу ростӣ ва нуру хирад
Абӯалӣ ибни Сино. Мутафаккири абадзинда
Носири Хусрав. Суханвари бузург ва марди андеша
Шамси Табрезӣ. Шахсияти бузург ва камназири олами ирфон
Ҷалолуддини Балхӣ. Пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Таблиғгари фарҳанги сулҳ ва хостори ваҳдату субот
Камоли Хуҷандӣ. Бунёдгузори кохи азими сухан
Абдураҳмони Ҷомӣ. Пешвои ҳавзаи илмиву адабии Мовароуннаҳру Хуросон
Мирзо Абдулқодири Бедил. Нобиғаи шеър ва пайвандгари ду кишвар
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ. Суханвари номвари адабиёти тоҷик
Садриддин Айнӣ. Зиндагонӣ ва қаҳрамонӣ
Нусратулло Махсум. Ҷонфидои миллат
Шириншо Шотемур. Тулӯи офтоби зиёбахш
Бобоҷон Ғафуров. Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ
Мирзо Турсунзода. Шоири бузург ва ходими маъруфи ҷамъиятӣ
Сотим Улуғзода. Мусаннифи таърихи пурфоҷиаи халқ

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

гузориш 4

  1. Ман ба унвони як ҷавони тоҷик аз шумо ба хотири кумакрасонӣ барои дастрасии китобҳо изҳори сипосгузорӣ мекунам. Ин миллат ба шумобаринҳо эҳтиёҷ дорад Саломату сарбаланд бошед.

  2. Дасти Шумо дардро набинад!

  3. !!!

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.